Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Эрон иҷрои бархе уҳдадориҳои ҳастаиро қатъ мекунад

Эрон қудратҳои ҷаҳониро дар бораи қарори хатми иҷрои “бархе ӯҳдадориҳояш” аз рӯи созиши ҳастаии соли 2015 огоҳ кардааст.

Рӯзи 8 май аз хуруҷи расмии ИМА аз созиши ҳастаӣ бо Эрон як сол сипарӣ шуд ва матбуоти Ҷумҳурии Исломӣ навишт, ки номаҳои президент Ҳасани Рӯҳонӣ дар бораи қисман хориҷ шудани Эрон аз ин созиш ба сафирони ИМА, Фаронса, Олмон, Чин ва Русия таслим шуд.

Бо вуҷуди аз созиш хориҷ шудани Амрико, дигар ҳама ҷонибҳо ширкатдори ин санад боқӣ мемонад. Таҳаввулот дар ҳолест, ки чанде пеш Эрон гуфт имкон дорад ғанисозии уранро дубора аз сар бигирад ва ин тасмим бахши муҳими созиши маҳдудкунандаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон буд.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео рӯзи 7 май ғайриинтизор сафарашро ба Аврупо қатъ кард ва ба Ироқ рафт. Помпео гуфт, дар пайи фаъолшавии Эрон чунин тасмим гирифтааст. Пентагон мегӯяд, мумкин аст, Теҳрон ба низомиҳои амрикоӣ дар минтақа ҳамла кунад.

Созиши Теҳрон бо абарқудратҳои ҷаҳонӣ дар мавриди маҳдудсозии барномаи ҳастаӣ дар ивази бекорсозии таҳримҳои иқтисодӣ соли 2015 ҳосил шуда буд. ИМА соли 2018 эълом кард, ки аз ин созиш хориҷ мешавад. Доналд Трамп, президенти ИМА он замон гуфт, ки созиш ноодилона аст. Баъди он Вашингтон таҳримҳои зидди Теҳронро густариш дод.

Шаҳрдори Қазон ба депутатҳои маҷлис: як моҳ дар ошхонаҳои мактабӣ ғизо мехӯред

Вакилони маҷлиси шаҳри Қазон бояд барои истеъмоли ғизо дар мактаб на бештар аз 1 доллар сарф кунанд

Шаҳрдор Илур Метшин қароре имзо кард, ки бар асоси он давоми моҳи май аъзои думаи шаҳри Қазон рӯзона дар ошхонаҳои мактабӣ ва танҳо дар ҳудуди 69 рубл (муодили 1 доллар) дар рӯз хӯрок хоҳанд хӯрд. Қарори шаҳрдор баъди он содир шуд, ки охири моҳи апрел дар як ҷаласаи назди раиси шаҳр ҷаласае барпо ва дар он мушкилоти ғизои мактабиёни Қазон баррасӣ шуд.

Илур Метшин гуфт, “мо корро хеле содда ҳал мекунем: ҳамаи 162 мактабро байни худ рӯйхат карда, тамоми ҳафта, яъне аз рӯзи душанбе то шанбе дар ошхонаҳои мактабӣ ғизо хоҳем хӯрд. Ҳар нафар, бидуни огаҳӣ, ба ошхона рафта бо арзиши 69 рубл дар киса аз он ҷо ғизо мегирад. Ба ман нозирон лозим нестанд. Ман бояд бидонам, ки дар куҷо мушкил вуҷуд дорад, дар куҷо шароит намерасад, ҷои нишаст нест, кадом муқаррарот вайрон шудааст”, гуфт Метшин.

Чанде пеш дар матбуот хабар дода шуд, ки нархи ғизо дар мактабҳои Қазон гарон шудааст. Бар асоси иттилои TatCenter, барои атфоли синфҳои ибтидоӣ, арзиши ғизои нисфирӯзӣ барои як нафар 66 рубл, арзиши ду дафъа ғизо 92 рубл ва барои шогирдони синфҳои 5 то 11 - 69 рубл муқаррар шудааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ қаблан хабари дар ошхонаи як мактаб ду дафъа истифода шудани лӯлакабоб ё котлет ҳам баррасӣ шуд. Санҷиши ин қазия аз ҷониби додситонӣ идома дорад. Вале раёсати ғизои иҷтимоӣ, ки масъули таъмини хӯрок дар мактабҳо мебошад, гуфт, хабари “истифодаи чандинкаратаи лӯлакабоб” дар ошхонаи мактаб тасдиқ нашуд.

BBC хабарнигорро баъди нашри акси маймун ва ишора ба таваллуди шоҳзода барканор кард

Ширкати садову симои Бритониё BBC як хабарнигори радиои худро аз кор пеш кард. Хабарнигор дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Твиттер акси як маймуни навъи шимпанзеро нашр карда, шарҳе дар бораи таваллуди тифл дар хонаводаи Маликаи Бритониё навишт.

Хабаргузории Reuters навишт, ки хабарнигор дар саҳифааш акси маймуни шимпанзеро бо либоси марбут ба тифли хонаводаи шоҳӣ нашр карда зераш навишт, ки “Шоҳзода зоишгоҳро тарк мекунад”.

Меган, ҳамсари шоҳзода Ҳаррӣ, субҳи душанбе писари нахустини худ - Арчиро таваллуд кард. Ин тифл аввлин кӯдак дар хонаводаи шоҳӣ аст, ки аз волидони гуногуннажод чашм ба дунё кушодааст.

Деннӣ Бейкер, хабарнигори BBC Radio 5 Live баъдан дар Твиттераш навишт, ки аз кор барканор шуд. Навиштаҷоти ӯро бисёриҳо ҳамчун нишонаи нажодпарастӣ интиқод карданд ва худи ӯ маҷбур шуд дар як паёми дигараш барои ин амалаш узр хоҳад. Ширкати BBC, ки ба навиштаи Reuters мавзӯъро шарҳ намедиҳад, хабари барканор шудани журналистро дар барномаҳояш пахш кард.

Сафири Тоҷикистон дар Ҷопон қабри Риҳард Зоргеро зиёрат кард

Дар зодгоҳи Зорге шаҳри Боку ба хотири ӯ санги ёдбуд гузошта шудааст

Сафири Тоҷикистон дар Ҷопон аз қабри Риҳард Зорге, як ҷосуси Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷопон зиёрат карда, рӯйи он гул гузоштааст. Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҷопон, рӯзи 9-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин анъана аст, ки сафирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷамъ омада, хотири қурбониёни ҷангро пос медоранд."

Дар маросими зиёрат аз қабри Риҳард Зорге сафири Узбекистону Қирғизистон, Аманистону Қазоқистон ва Беларусу Русия низ иштирок кардаанд.

Ин маросим ба хотири 74-умин солгарди анҷоми Ҷанги дуввми ҷаҳон ва гиромидошти қурбониёни он сурат гирифт. Риҳард Зорге, ҷосуси Иттиҳоди шӯравӣ дар Ҷопон, аз аввалинҳо шуда, аз нияти Олмон ҷиҳати ҳамла ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва санаи дақиқи он ба мақомот хабар дода буд.

Таърихнигорон мегӯянд, он замон Сталин ба ин иттилои ҷосуси Шӯравӣ бовар накард. Ӯ бо номи мустаори “Рамзай” ва “Инсон” дар Ҷопон зери ниқоби хабарнигор фаъолият мебурд.

Яке дигар иттилои махфие, ки Зорге ба Иттиҳоди Шӯравӣ тавонист фиристад, ин буд, ки “Ҷопон нияти ҳамла ба Иттиҳоди Шӯравиро надорад”. Бар асоси ин иттилоъ, Артиши сурх бахши аъзами нерӯҳояшро аз Шарқи Дур ба Маскав овард ва дар натиҷа артиши Олмонро дар наздикиҳои Маскав шикаст дод.

Моҳи октбяри соли 1941 фаъолияти ҷосусии Зорге аз сӯи хадамоти истихбороти Ҷопон кашф шуд ва пас аз се сол - 7-уми ноябри соли 1944 ӯро дар зиндони Сугамо ба дор овехтанд.

Заҳматҳои Зоргеро ҳукумати Шӯравӣ танҳо соли 1964 эътироф ва қадрдонӣ карда, дар ҷои қабраш дар Ҷопон санге гузошт.

ИА гуфт, ки шартгузориҳои Эронро қабул надорад ва аз таҳримҳои ИМА мутаассиф аст

Иттиҳодияи Аврупо ва се қудрати дигари аврупоӣ аз Эрон тақозо карданд, ки созиши ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳониро эҳтиром кунад, чун бо вуҷуди таҳримҳои ИМА, ин санад аз ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Эрон пуштибонӣ мекунад. Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могеринӣ ва вазирони хориҷаи Бритониё, Фаронса ва Олмон бо пахши изҳороти муштараке рӯзи 9 май гуфтанд, ки онҳо ҳамоно аз созиши калидии соли 2015 пуштибонӣ мекунанд.

Вале, ба таъкиди онҳо, ин кишварҳо ҳама гуна ултиматум ваё шартгузориҳои Теҳронро қабул надоранд. Теҳрон рӯзи 8 май гуфт, ки дигар ба маҳдудиятҳои фаъолиятҳои ҳастаӣ, ки дар созиш муқаррар шудааст, нигоҳ намекунад, то замоне, ки роҳҳали фирор аз таҳримҳои аз нав таҳмилшудаи ИМА пайдо нашавад. ИМА мегӯяд, ки Эрон дубора ба “харобкорӣ” дар минтақаи Ховари Миёна пардохтааст. “Мо ҳама гуна ултиматумро рад мекунем ва ҳама гуна шикоятҳои Эронро бар асоси тарзи рафтораш дар нисбати ӯҳдадориҳои ҳастаиаш арзёбӣ хоҳем кард”, омадааст дар изҳороти Иттиҳодияи Аврупо.

Эрон дирӯз гуфт, ки дар посух ба дубора ҷорӣ шудани таҳримҳои иқтисодӣ аз ҷониби Вашингтон дар соли гузашта, тасмим гирифт аз иҷрои қисме аз ӯҳдадориҳояш бар асоси созиши ҳастаии чор соли пеш канорагирӣ кунад. Таҳримҳои ҷоришуда ба иқтисоди Эрон зарбаи сахте шудааст. Қудратҳои аврупоӣ гуфтанд, ки аз дубора ҷорӣ шудани таҳримҳо “мутаассиф” ҳастанд ва ба қавлашон дар заминаи идомаи ҳамкориҳои қонунии тиҷоратӣ бо Эрон ӯҳдадор мемонад.

Маҳкумияти 14 нафар дар Монтенегро барои талоши анҷоми ҳамлаҳои террористӣ

Подгоритса, Додгоҳи олии Монтенегро ҳукми муттаҳамонро баррасӣ мекунад

Додгоҳе дар Монтенегро (Черногория) 14 нафарро барои талоши терроризм ва ташкили як созмони ҷиноӣ дар моҳи октябри соли 2016 гунаҳгор эълон кард ва гуфт, ки ҳадафи ин нафарон аз қудрат дур кардани ҳукумат ва баҳам задани талошҳои он дар амри расидан ба узвияти НАТО мебошад. Дар миёни маҳкумшудаҳо ду раҳбари Ҷабҳаи оппозитсионии демократии Монтенегро, як шаҳрванди Монтенегро ва нӯҳ шаҳрванди Сербияву ва эҳтимолан ду афсари хадамоти иктишофии Русия мебошанд. Дар ин бора рӯзи 9 май бахши Балкании Радиои Озодӣ хабар дод. Мақомоти Монтенегро гуфтаанд, ки миллатгароҳои сербу рус нақшаи ишғоли бинои парлумонро дар замони баргузории интихоботи парлумонӣ кашида, мехостанд дар сӯиқасде нахуствазири оянда Мило Ҷукановичро ба қатл расонида як раҳбари рӯ ба Русияро сари кор оваранд.

Дар ҳоле, ки мақомот ду гумонбарро дар кор ба манфиати ГРУ-и Русия муттаҳам кардаанд, Кремлин ин иттиҳомотро рад кардааст.

Июни соли 2017 Монтенегро узви 29-уми паймони низомии НАТО шуд ва ин ҳодиса мавриди интиқоди шадиди Маскав гардид. Русия талош кардааст, ки ин кишвар аз назари самтгириҳои сиёсӣ ба Маскав наздик бошад.

Шумори қурбониҳои ҳамлаи Толибон афзоиш ёфт

Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки шумори қурбониёни ҳамлаи Толибон ба дафтарҳои созмонҳои имдодрасони байналмилалӣ дар Кобул то ба 9 нафар расид. Ба гуфтаи мақомот, дар ҳамла ба дафтари Counterpart International дар Кобул панҷ ходими полис, як муҳофизи амниятӣ ва се шаҳрванди мулкӣ ҷон доданд. Ин созмони ғайридавлатӣ бо USAID ҳамкорӣ мекунад. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати дохилии Афғонистон рӯзи 8 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамлаи мусаллаҳон соати 11:40-и вақти маҳаллӣ шурӯъ шуд. Нахуст дар дафтари Counterpart International таркиши пурқудрате рух дод ва баъдан ба задухӯрди миёни муҳофизону ҳамлагарон бадал шуд. Вазорати дохилӣ гуфт, ки ҳамлагарон панҷ нафар буданд ва дар паи ҳамлаи онҳо чандин соат задухӯрди мусаллаҳона барпо шуд. Дар ин ҳодиса инчунин тахминан бист нафар маҷрӯҳ шуда тахминан 200 нафар аз ин минтақа ба ҷои дигар интиқол дода шуданд.

Латту кӯби хонандагон дар Узбекистон барои иҷро накардани вазифаи хонагӣ

Дар наворе, ки 6-уми май нашр шуд, дида мешавад, чи гуна омӯзгоре хонандагонро қатор монда, латту кӯб мекунад. Ин ҳодиса 30-юми апрел дар яке аз мактабҳои шаҳри Ҷиззахи Узбекистон рух додааст.

Модари яке аз хонандагони латтукӯбшуда гуфт, писари ӯро барои иҷро накардани вазифаи хонагӣ задаанд.

"Бори аввал нест, ки ин омӯзгор чунин мекунад. Мудири мактаб латту кӯб кардани омӯзгорро рад мекунад. Билохира яке аз хонандагон ин ҳолатро сабт карду воқеият ошкор шуд",-гуфт модари яке аз хонандагон.

Мақомоти маорифи вилояти Ҷиззах ваъда доданд, ки ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Баррасии роҳҳои ҳамоиши оилаҳои ҷангҷӯён бо ҷомеа дар Душанбе

Ҳамоиши хонаводаҳои ҷангиёну террористон бо ҷомеа – мавзӯи нишастест, ки 16-17 май қарор аст дар Душанбе бо ташаббуси Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Дар ин бора рӯзи 8 май дафтари матбуоти ин сохтор дар Душанбе хабар дод. Ин нишаст дар ҳошияи конфронси байналмилалии “Ҳамкориҳои байналмилаливу минтақавӣ дар амри мубориза бо терроризм ва манобеи маблағгузори он” ташкил хоҳад шуд. Ин конфронсро ҳукумати Тоҷикистон, СММ ва Иттиҳодияи Аврупо муштаракан барпо хоҳанд кард.

Нишасти мазкур дар шароите барпо мешавад, ки охири моҳи апрел ҳукумати Тоҷикистон аз Ироқ бо як ҳавопаймо 84 кӯдаки то 18-сола - фарзандони ҷангиёни тоҷикро ба ватан баргардонид. Модарони ин кӯдакон, ки 43 нафар гуфта мешавад, дар зиндонҳои шаҳри Бағдоди Ироқ ба ҳукмҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки баргардони кӯдакон ба ватан баъди он имкон дод, ки вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо ҳукумати Ироқ ҳамкориҳои наздику ҳамаҷонибаи дипломатӣ барпо кард. Дар навбат нақшаи бозгардони ин занон ба Тоҷикистон аст, ки бояд бар асоси созишномаи истирдоди зиндониҳо сурат гирад. Фаъолон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ба ҷомеа ҳамоиш ёфтани ин шаҳрвандон хеле муҳим аст, ба он хотир, ки ояндаи хубу бидуни хушунат дошта бошанд. Аксари занону кӯдакон, ки баъди соли 2014 ба манотиқи ҷангзадаи Ховари Миёна зери парчами “Давлати исломӣ” рафтаанд, қурбонии тасмимҳои харобкоронам ҳамсару бародаронашон меноманд. Аз Тоҷикистон ба ин ҷангҳо беш аз 1900 шаҳрванд рафтааст.

Сафорати ИМА: Шикоят аз баста будани вебсайти гринкорт ба мо ҳам расид

Навиштае дар як хадамоти кумак дар аризаи гринкорт дар Душанбе

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон мегӯяд, аз он ки муштариҳои зиёд аз дирӯз натавонистанд ба вебсайти https://www.dvlottery.state.gov ворид шуда натиҷаҳои ширкати худ дар лотереяи гринкорти Амрикоро бисанҷанд, огаҳ аст. Ҷефф Райденауер, як масъули сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 8 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан ҳам ба унвонии онҳо имрӯз шикояти муштариёни зиёди лотереяи тақдимкунандаи ҳақи иқомат дар ИМА расид, ки мегӯянд, дастрасӣ ба вебсайт имкон надорад. Ӯ гуфт, ба корбарони ин саҳифа машварат дода мешавад, ки санҷидани онро идома диҳанд.

Айни замон, дар нуқтаҳои вижаи кӯмак ба сокинони Душанбе дар пур кардани аризаи ширкат дар гринкорт субҳи 8 май гуфтанд, ки зоҳиран бо сабаби зиёд будани хосторони бурдани лотерея дар саросари ҷаҳон, дастрасӣ ба ин сайт имрӯз имкон надорад. Дар бархе нуқот навишта шудааст, “баъди 10 май муроҷиат кунанд”. Бино ба шаҳодати сокинони Ҷумҳурии Чех ва худи ИМА ҳам дастрасӣ ба ин вебсайт имрӯз имконпазир набуд.

Ҳар сол ҳукумати ИМА 50 ҳазор гринкортро барои сокинони саросари ҷаҳон пешкаш мекунад ва интихоби барандаи он аз роҳи лотереяи интернетӣ сурат мегирад. Довталабони ширкат дар ин лотерея аз Тоҷикистон ҳам соле ба даҳҳо ҳазор наффр мерасад.

Сафорати ин кишвар гуфтааст, ки дар солҳои 2014-2018 беш аз 115 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар ин лотерея ариза дода, аз ин шумор 3 ҳазор нафар интихоб шудаанд. Ҳақи иқомат дар Амрико шонси зиндагии қонунӣ дар ин кишвар, имкони кору таҳсил ва дарёфти шаҳрвандии ин давлатро фароҳам меорад.

Шаш соли зиндон барои фиреби "Бурҷҳои нафти Норвегия"

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар Душанбе як узви Ҳизби Халқии Демократӣ, ҳизби ҳоким дар Тоҷикистонро барои фиреби 7 нафар бо ваъдаи фиристодани кор ба Норвегия ба 6 соли зиндон маҳкум кардааст.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 8 -уми май бо эълони як баёнияи расмӣ гуфт, Нуралӣ Назриев, раиси собиқи Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон барои ин ҷиноят се соли умрашро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ мекунад.

Назари вакили дифои Назриев ҳануз ба Радиои Озодӣ дастрас нашудааст, аммо додгоҳ мегӯяд, иттиҳомоти тақаллуб ва фиреби 7 нафар собит гашт. Ба гуфтаи додгоҳ, Назриев ба 7 сокини вилояти Хатлон ваъда додааст, ки онҳоро барои кор дар манораҳои нафткаш ба Норвегия мефиристад ва аз онҳо дар маҷмуъ 30 ҳазор сомонӣ гирифта ва ба ваъдааш вафо накардааст ва ба ин талабгорони кор зарари иқтисодӣ расонидааст.

Ҷабрдидагон аз моҳи октябр мунтазири рафтан барои кор ба Норвегия будаанд, вале ба орзуяшон нарасидаанд. Парвандаи ӯро моҳи январ Оҷонси мубориза бо коррупсия баъди таҳқиқ ба додгоҳ фиристод. Додгоҳ ҳукми Нуралӣ Назриев, сокини 59-солаи ноҳияи Вахшро моҳи апрел эълон кардааст ва гуфтааст, ки ӯ дар гузашта ҳам барои 14 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Таркиш дар ибодатгоҳи сӯфиёни Покистон ҷони 8 нафарро гирифт

Дар паи таркиши пурқудрате дар як ибодатгоҳи сӯфиён дар Покистон, дасти кам 8 нафар кушта ва 25 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҳодиса дар шаҳри Лоҳур рух дод. Навоз Хон, як афсари аршади полиси Покистон рӯзи 8 май гуфт, ки ин таркиш ҳамлаи интиҳорӣ буд, ки мошини афсарони полисро ҳадаф қарор дода буд. Ин мақом гуфт, ки дар миёни кушташудаҳо панҷ афсар ҳам буд, ки ба ҳангоми таркиш дар беруни ибодатгоҳи Дото Дарбар буданд. Ибодатгоҳи сӯфиён макони дафни Алии Ҳаҷверӣ, яке аз орифони маъруфи қарни 11 мебошад. Полис гуфт, ки ҳангоми рух додани таркиш дар дохил ва беруни ибодатгоҳ садҳо зоирон қарор доштанд. Нирӯҳои амниятӣ тамоми минтақаро иҳота кардаанд.

Сафари Помпео ба Бағдод ва нигарониҳо аз Эрон

Лаҳзаҳои вуруди Помпео ба Бағдод

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео бо як сафари ғайримунтазира вориди Бағдод, пойтахти Ироқ шуд. Дар Бағдод қарор аст Помпео бо мақомоти ин кишвар фаъолиятҳои мавриди нигаронии, ба гуфтааш, “тавсеаёбандаи” амниятии Эронро матраҳ кунад. Ин дар ҳолест, ки ИМА дар оғози ҳафтаи ҷорӣ эълон кард, ки як ҳавопайморо бо гурӯҳи низомиён дар дохилаш ба Ховари Миёна интиқол дод ва ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ин тасмим дар посух ба таҳдидҳо ба нирӯҳои амрикоӣ ва муттафиқонаш аз ҷониби Эрон гирифта шуд. Помпео дар Бағдод гуфт, ки маълумоти иктишофии амрикоиҳо “хеле дақиқ” мушаххас карда буд, ки “вуқӯи ҳамлаҳо ногузир” аст. Вале ӯ ҷузъиёти бештар надод. Дар як изҳороташ аз дохили ҳавопаймо Помпео гуфт:

“Сафари ману тадбирҳое, ки аз тарафи вазорати дифо гирифта шудаанд ва паёмҳое, ки ба эрониҳо фиристодем, умедворам, моро дар ҳолате мегузоранд, ки метавонем эрониҳоро водор кунем, ки ду дафъа андеша карда аз ҳамла ба манифитаҳои Амрико худдорӣ кунанд”.

Теҳрон гузоришҳо дар бораи таҳдиди “ҷангҳои равонӣ”-ро рад кард. Таниши миёни Теҳрон ва Вашингтон аз замони сари қудрат омадани президент Доналд Трамп ва як сол пеш аз созиши ҳастаии соли 2015 берун шудани Амрико шиддат ёфт. ИМА дубора нисбати Эрон таҳрим ҷорӣ кард.

Номаи Рӯҳонӣ ба сафирон: Эрон бархе ӯҳдадориҳои ҳастаиро канор мегузорад

Эрон қудратҳои ҷаҳониро дар бораи қарори хатми иҷрои “бархе ӯҳдадориҳояш” аз рӯи созиши ҳастаии соли 2015 огоҳ кардааст. Рӯзи 8 май аз хуруҷи расмии ИМА аз созиши ҳастаӣ бо Эрон як сол сипарӣ шуд ва матбуоти Ҷумҳурии Исломӣ навишт, ки номаҳои президент Ҳасани Рӯҳонӣ дар бораи қисман хориҷ шудани Эрон аз ин созиш ба сафирони ИМА, Фаронса, Олмон, Чин ва Русия таслим шуд. Бо вуҷуди аз созиш хориҷ шудани Амрико, дигар ҳама ҷонибҳо ширкатдори ин санад боқӣ мемонад. Таҳаввулот дар ҳолест, ки чанде пеш Эрон гуфт имкон дорад ғанисозии уранро дубора аз сар бигирад ва ин тасмим бахши муҳими созиши маҳдудкунандаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон буд.

ОSCE аз Тоҷикистон хост, бастани сайтҳоро бас кунад

Ҳарлем Дезир

Як масъули баландпояи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз давлати Тоҷикистон хост, дастрасӣ ба вебсайтҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва хадамоти Гуглро барқарор кунад.

Ҳарлем Дезир, намояндаи созмон дар умури озодии матбуот рӯзи 7-уми май дар як баёнияи расмӣ гуфт: “Ман аз мақомот дархост мекунам, ки дастрасии комил ва номаҳдуди шаҳрвандон ба расонаҳои интернетӣ, чӣ миллӣ ва чӣ байналмилалӣ ва ҳамчунин, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷустӯҷугарони интернетиро фароҳам кунад.”

Ҳарлем Дезир афзудааст, бидуни дастрасии бемамониат ба интернет озодии баён вуҷуд надорад.

Дар ду ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук, Твиттер, Ютуб, Вотсапп, Вайбер ва Телеграмм баста буд. Корбарон ҳамчунин шикоят доранд, ки онҳоро аз ҳаққи дастрасӣ ба вебсайтҳои хабарӣ ба мисли Радиои Озодӣ, Азия Плюс ва Авесто маҳрум кардаанд.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мегӯяд, ки масъули созмон дар умури озодии матбуот борҳо масъалаи бастани вебсайтҳо ва дигар манобеи хабарӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро бо мақомоти кишварҳои минтақа дар миён гузоштааст.

Узбекистону Туркманистон: таъйини марз дубора мавзуи меҳварӣ шуд

Ҳайатҳои ҳукуматии Узбекистон ва Туркманистон масъалаи таъйин ва аломатгузории хати марзи давлатии ду кишварро дубора баррасӣ карданд.

Мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории ду кишвар оид ба таъйин ва аломатгузории хати марз аз 29 апрел то 5 майи соли равон дар шаҳри Урганҷи Узбекистон баргузор шудааст.

Гуфтугӯҳои марзии Узбекистону Туркманистон моҳи марти соли 2017 дубора аз сар гирифта шуда, то ба ҳол ҷонибҳо чандин мулоқот анҷом доданд. Дарозии марзи ду кишвар 1621 километрро ташкил дода, аз вилоятҳои Дашоғус ва Лебап мегузарад.

Тавре хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар минтақа рӯзи 7-уми май хабар дод, ҳамарӯза садҳо одам ба умеди гузаштан ба ҷониби Узбекистон дар гузаргоҳи марзии Дашоғус ҷамъ мешаванд. Раванди гузаштан аз марз ба ҳисоби миёна 5 соатро ташкил медиҳад.

Додгоҳ ҳабси раҳбари "РИА Новости-Украина"-ро тамдид кард

Додгоҳе дар шаҳри Киев муҳлати ҳабси раҳбари "РИА Новости-Украина" Кирилл Вишинскийро, ки дар хиёнат ба давлат айбдор аст, дароз кард.

Ҷониби ҳимоятгар аз додгоҳ хост, ҳукми Вишинский ба ҳабси хонагӣ тағйир дода шавад, вале додрас онро рад ва муҳлати ҳабсро тамдид кард. Вишинский то 22-юми июл дар боздоштгоҳ мемонад.

​Кирилл Вишинский 15-уми майи соли 2018 дар пайи бозҷӯии коргоҳи "РИА Новости Украина" дастгир шуд. Хадамоти амнияти Украина худи он рӯз эълом кард, ки ӯро дар хиёнат ба давлат айбдор мекунад.

Дар коргоҳи рӯзноманигор қарордоди корӣ бо хабаргузории "Россия сегодня", пули калон ва силоҳ пайдо карданд. Ба ӯ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Худи Вишинский ҳамаи айбҳоро рад мекунад.

Мақомоти рус ва расонаҳои рӯ ба Кремл боздошти Вишинскийро маҳкум мекунанд. Иттифоқи журналистони Русия моҳи сентябри соли 2018 ба ӯ дар ғайбаш ҷоиза дод ва худи Вишинский аз президенти Русия Владимир Путин дархости ҳимояти ҳуқуқӣ кард.

Помпео сафараш ба Берлинро лағв кард ва ба Бағдод рафт

Вазири умури хориҷии ИМА Майк Помпео шаби сешанбе дар доираи як сафари ғайриэъломшуда вориди Ироқ шуд. Дар ин бора хабаргузориҳои Reuters, France Presse ва расонаҳои арабӣ бо истинод ба манобеи худ дар ҳукумати Ироқ хабар доданд.

Сафари Помпео ба Бағдод то ҳол расман тасдиқ нашудааст. Манобеъ мегӯянд, сабаби эълом нашудани сафар таъмини амният ва мавзуъҳое ҳастанд, ки бояд дар ҷараёни он баррасӣ шаванд.

Пештар, рӯзи сешанбе котиби давлатии ИМА ғайриинтизор сафари худро ба Берлин лағв кард. Дар сафорати ИМА дар Олмон гуфтанд, сафар ба хотири "масъалаҳои фаврӣ"-е бекор карда шуд, ки Помпео бояд онҳоро ҳал кунад. Ҷузъиёти дигаре гуфта нашуд.

Помпео ахиран бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров дар Финляндия мулоқот карда, қарор буд, рӯзи чаҳоршанбе аз Лондон боздид кунад. Ҳамчунин сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, котиби давлатии ИМА 14-уми май ба Сочӣ меравад.

Сафари ногаҳонии Помпео ба Ироқ эҳтимолан ба хабарҳои ахир дар бораи афзоиши сатҳи хатарҳо аз сӯи Эрон рабт дорад. Мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон гуфт, ба Халиҷи Форс киштиҳои ҳавопаймобари иловагӣ фиристода шуда, шумори ҳамопаймоҳои зарбазанро дар Шарқи Наздик афзоиш хоҳанд дод.

"Садои Амрико" бо истинод ба Пентагон гуфт, тибқи иттилои дастрас кардаи низомиёни амрикоӣ, "нирӯҳои Эрон ба ҳамлаи эҳтимолӣ зидди низомиёни ИМА дар минтақа омодагӣ мебинанд".

Русияву Узбекистон то охири сол шартномаи сохтмони НБА-ро имзо мекунанд

Узбекистону Русия мумкин аст, то охири сол шартномаи сохтмони Неругоҳи барқии атомӣ ё ҳастаиро имзо кунанд. Дар ин бора Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов, мудири кулли оҷонсии "Узатом" хабар дод.

"Мо нақшаи тасдиқшуда дорем. Бар асоси он шартнома то охири сол бояд имзо шавад", - гуфт Мирзомаҳмудов.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар сафари ҳафтаи гузаштааш ба Узбекистон гуфт, ки ҷонибҳо сари макони сохтмони неругоҳ ба созиш расиданд. Аммо то кунун макони сохтмони неругоҳ ошкор нашудааст.

Ба гуфтаи Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов, нахустин қисмати неругоҳ дар соли 2028 ва қисмати дувум дар соли 2030 ба истифода дода мешавад.

"Бино ба таҳлилҳои мо, талаботи Узбекистон ба барқ ду баробар афзуда, ба 170 млрд киловат/соат мерасад. Неругоҳи ҳастаӣ 15-16% ин талаботро таъмин мекунад", - гуфт мудири "Узатом".

19 октябри соли 2018 президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои русаш Владимир Путин бо пахши тугмаи рамзӣ ба сохтмони неругоҳи ҳастаӣ дар Ҷиззахи Узбекистон оғоз бахшиданд.

Тоҷири қирғиз даъвои додгоҳиашро зидди рӯзноманигор пас гирифт

Жалил Отамбоев.

Жалил Отамбоев, тоҷири қирғизистонӣ даъвои додгоҳиашро зидди рӯзноманигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Идрис Исҳоқов пас гирифт. Тоҷир аз рӯзноманигор 50 млн. сом ҷуброн талаб карда буд.

Дар бораи пас гирифтани даъво Шумқорбек Абжапаров, вакили мудофеи тоҷир хабар дод. Ба гуфтаи вакили мудофеъ, Жалил Отамбоев "Исҳоқовро дар моҳи шарифи Рамазон бахшид ва дигар даъво надорад".

Отамбоев ҳамчунин даъвояшро нисбати ду тоҷири дигар пас гирифт, ки аз ҳар кадоми онҳо 5 млн. сомӣ ҷуброн талаб мекард. Дар таҳқиқоти рӯзноманигорӣ тоҷирон аз қонуншиканиҳои Отамбоев нақл карда буданд.

Радиои Озодӣ 17 апрел таҳқиқоти рӯзноманигории Идрис Исҳоқовро бо номи "Тиҷорати соягӣ дар Ӯш чи гуна ба роҳ монда шудааст", нашр кард. Дар таҳқиқот аз пинҳонкорӣ ва напардохтани андоз аз сӯи тоҷири маъруф мисол оварда шудааст.

Баъди нашри таҳқиқот тоҷир ба додгоҳ шикоят бурда, талаби ҷуброни 50 млн сомро кард. 22 апрел мақомоти Қирғизистон дар асоси далелҳои дар таҳқиқот нашр шуда парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Жалил Отамбоев яке аз сарватмандтарин шахсони вилояти Ӯш ном бурда мешавад.

Тоқаев гуфт, ҳукуматаш кӯмакҳои иҷтимоиро ба мардум расонидааст

Президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев мегӯяд, "ҳукумат ҳисобот дод", ки "кӯмакҳои суроғавии иҷтимоӣ" ба ниёзмандон расонида шудааст. Вай дар ин бора дар саҳифаи "Твиттер" хабар дод.

Бердибек Сафарбоев, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон 6-уми май гуфт, ки барои пардохти кӯмакҳои иҷтимоии суроғавӣ бештар аз 340 млн доллар ҷудо шудааст. Ба гуфтаи вазир, то кунун ба 160 ҳазор хонаводаи ниёзманд кӯмаки иҷтимоӣ расонида шудааст.

Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон дар моҳи марти соли ҷорӣ гуфта буд, ки 830 ҳазор сокини ниёзманд кӯмаки иҷтимоӣ дарёфт хоҳанд кард. Ваъдаи президенти пешин дар ҳоле садо дод, ки эътирози модарони серфарзанд авҷ мегирифт.

Моҳи апрел хонаводаҳои ниёзманд шикоят карданд, ки барои дарёфти кӯмак соатҳо навбатпоӣ мекунанд ва мансабдорони маҳаллӣ аз онҳо ҳуҷҷатҳои зиёде талаб менамоянд.

Истад Қурбонова бозбинии ҳукми додгоҳро тақозо кард

Истад Қурбонова, зани 68-солае, ки бо ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар моҳи апрел барои ғасби замин шартан ба як соли ҳабс маҳкум шудааст, бозбинии ин қарорро талаб кард.

Файзулло Насруллоев, вакили дифои ӯ гуфт, шикоятро ҳамин ҳафта ба додгоҳи вилоятӣ супурда бозбинӣ шудани ҳукмро дархост кардаанд. Ӯ рӯзи 7 май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд: “Дар шикоят пуле, ки зерҳимояам барои харидани он қитъаи замин ба ширкати “Сохтмон СТД” додааст, 32 ҳазор сомонӣ, бекор кардани 17,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари гӯё ӯ ба корхонаи мазкур расонидааш ва ба ҷои ҳодиса рафта таҳқиқ кардани қазияро талаб кардем.”

Додгоҳи Хуҷанд 24 апрел Қурбоноваро ба "ғасби замин" ва “қасдан нобуд кардани молу мулк”-и ширкати “Сохтмон СТД”-и ноҳияи Айнӣ гунаҳкор донист ва ҷазои як сол ҳабси шартиву пардохти 17 ҳазору 500 сомонӣ ҷуброни зарар ба ширкати мазкур таъин кард.

Истад Қурбонова: "Бояд ҳақ ба ҳақдор бирасад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Истад Қурбонова мегӯяд, бо қарори додгоҳ розӣ нест ва ба гуфтааш, ба ширкат ҳеҷ осебе нарасонидааст. Қурбонова рӯзи 7 май ба Радиои Озодӣ гуфт, “Фақат як ошхонаи корхонаи хурди корхонаро, ки ба мо гузашт, ду ба ду метр, қариб 20 ҳазор нарх монданд. Он ошхонаро ба 100 сомонӣ сохтан мумкин. Ман бекор кардани ин ҷубронро талаб дорам.”

Ин дар ҳолест, ки ширкати “Сохтмон СТД” ҳанӯз аз даъвояш алайҳи Қурбонова нагузаштааст ва мегӯяд, танҳо баъди ҷуброни моликият домани ӯро раҳо хоҳад кард. Амон Худоёров, муовини раиси ширкати мазкур дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 7 май гуфт: “Талаби мо ин ки ҷубронро пардохт кунанд. Ғайр аз ин девореро, ки назди корхонаи мо сохтаанд, кананд. Он вақт аз даъвоямон мегузарем ва қарори судро қабул мекунем.”

Ӯ дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки ширкаташ дар шахси худи ӯ он қитъаи заминро ба Истад Қурбонова бар ивази 32 ҳазор сомонӣ фурӯхта, вале ҳуҷҷатгузорӣ накардааст, гуфт : “Аз мурдани худ хабар дораму аз ин муомила – не. Ин ҳамааш туҳмату буҳтон дар ҳаққи ман аст. Пештар прокуратураи ноҳия ин даъвии ӯро тафтиш кард, тасдиқ нашуд”.

Баҳси замин миёни Истад Қурбонова ва “Сохтмон-СТД” беш аз як сол боз идома дорад. Додситонии ноҳияи Айнӣ бори аввал Қурбоноваро моҳи октябри соли 2018 бо даъвои масъулони ҳамин корхона ба ҷавобгарӣ кашид. Ин ширкат иддао карда буд, ки Қурбонова дар 6 сотих замини корхона анбору ҳоҷатхона сохтааст.

Сипас, рӯзи 2-юми январи имсол ин зани 68-соларо ба далели ҳозир нашудан барои бозпурсӣ дастгир ва ба боздоштгоҳ бурданд. Қазияи Истад Қурбонова баъди он сари забонҳо шуд, ки ӯ рӯзи 11-уми январ аз боздоштгоҳи пулиси Айнӣ бо бадани сӯхта ба бемористон бурда шуд.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъди ин ҳодиса се маъмури пулиси ноҳияи Айниро аз кор озод карданд. Истад Қурбонова мегӯяд, боздошташ ва ба қавли ӯ бадрафтории маъмурони милисаро ба боди фаромӯшӣ супурданӣ нест ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо талош хоҳад кард.

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ҳам аз Додситонии кул хостааст, он маъмурони милисаро, ки Истад Қурбонова дар ҳузури онҳо қасди худсӯзӣ карда буд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашад. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ходимони милисаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд "ҷони ин сокини 68-соларо дар хатар гузоштанд".

Ҳушдори Помпео ба Русия ва кишварҳои узви Шӯрои Қутби Шимол

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфтааст, ки Амрико ҳузури худро дар Қутби Шимол пурзӯр мекунад, то аз рафтори ба гуфтааш “пархошгарона”-и Русия ва Чин дар ин минтақаи ғанӣ аз сарватҳои табиӣ пешгирӣ шавад. “Минтақа як майдони қудрат ва мусобиқа шудааст ва ҳашт аёлати Қутби Шимол бояд ба ин ояндаи нав мутобиқ шаванд”, гуфт Помпео рӯзи 6 май дар суханрониаш дар Филандия, пеш аз вохӯриаш бо вазирони корҳои хориҷии Шурои Қутби Шимолӣ.

Шурои Қутби Шимол кишварҳои мисли ИМА, Русия, Канада, Дания, Финляндия, Исландия, Норвегия, Шведсия ва сокинони бумиро дар бар мегирад.

Ҷараёни гармоиши иқлим ва обшавии ях дастрасиро ба захираҳои табии мисли нафту газ, канданиҳои фоиданоки сайёра афзоиш медиҳад ва боис мешавад, ки кишварҳои ҳамсоя, ҳамчунин қудратҳои ҷаҳонӣ ба монади Чин, барои ин қаламрав даъво кунанд ва ё ҳузури худро дар инҷо афзоиш диҳанд.

Помпео дар суханрониаш дар шаҳри шимолии Рованиемии Финляндия гуфт: “Фақат ба сабаби он ки Қутби Шимол ҷои табиати ваҳшист, ин маънои онро надорад, ки ҷои беқонунӣ бошад. Ва мо омадагӣ дорем, то бовар пайдо кунем, ки чунин нест.”

Ба гузориши Ройтерз, Помпео дар Филандия пас аз нишасташ бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар бораи Эрон гуфтааст, ки фаъолиятҳои Эрон сабаби шиддат ёфтани вазъ мешавад ва Амрико онро зери назар дорад.

Сафари Помпео ба Олмон лағв шуд. Русия аз мулоқоти нав бо Лавров хабар дод

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео ногаҳон ва чанд соат пеш аз сафараш ба Берлин бо далели, ба гуфтаи сухангӯяш “масоили муҳим” барномаи боздид аз Олмонро бекор кард. Морган Ортагус, сухангӯи Департаменти давлатӣ гуфт, ки “мутаассифона, ба хотири бархе масоили муҳим, мо бояд нақшаи сафари Берлинро бозбинӣ кунем”.

Ортагус гуфт, ки нақшаи дидору гуфтугӯҳо бо садри аъзам Ангела Меркел ва вазири хориҷии Олмон Ҳейко Маас бознигарӣ мешавад.

Помпео феълан дар Финляндия буда, дар ҷаласаи Шӯрои Қутби Шимол иштирок мекунад. Қарор буд ӯ рӯзҳои 5 то 9 май аз Лондон ва Гринландия дидан кунад, вале феълан маълум нест, ки ин сафарҳояш бетағйир боқӣ мемонад ё на.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова гуфт, ки Русия ба мулоқоти вазири хориҷаи ин кишвар Сергей Лавров ва Помпео омодагӣ мебинад, ки қарор аст 14 май дар шаҳри соҳилии Сочӣ баргузор шавад. Ин мулоқоти дуюми раҳбарони сиёсатҳои хориҷии Русияву ИМА дар давоми як ҳафта хоҳад буд. Мулоқоти ахири онҳо 6 май дар ҳошияи Шӯрои Қутби Шимол баргузор шуд.
Помпео шоми 6 май гуфт, ки бо Лавров “гуфтугӯи хубе” дошт. Ӯ гуфт:

“Мо манфиатҳои худро дорем, ки табъан мухталиф ҳастанд. Ин хоҳиш баён шуд, ки роҳҳали пешрафте дар масоиле пайдо шавад, ки дар он манфиатҳои ҷонибҳо бо ҳам бархӯрд мекунанд ва ин бархӯрд ҳадди аксар камтар шавад. Умедворем, ки мо ба ин ҳадаф даст меёбем”.

Лавров ин мулоқотро “созанда” арзёбӣ кардааст. Гуфтугӯҳо дар пасманзари бӯҳрони сиёсии Венесуэла баргузор мешавад, ки дар ин баҳс Русия аз президент Николас Мадуро ва ИМА аз раҳбари мухолифон Ҳуан Гуайдо ҷонибдорӣ мекунанд.

Эрдуғон аз бекор шудани натиҷаҳои интихоботи шаҳрдори Истамбул истиқбол кард

Президенти Туркия Раҷаб Таиб Эрдуғон рӯзи 7 май як амри ниҳоди аршади интихоботии ин кишварро ситоиш кард, ки баъди пирӯзии ғайримунтазираи мухолифон дар моҳи март ба баргузории дубораи интихоботи мири шаҳри Истамбул амр додааст. Эрдуғон гуфт, ки ин амр ба тақвияти демократия дар ҷомеаи Туркия нигаронида шудааст. Ҳизби ҳокими Адолат ва тараққиёти Эрдуғон пирӯзии номзади мухолифонро аз ҳизби Ҷумҳуриявии мардумии Туркия зери суол бурда иддао кардааст, ки дар ҳисобу китоби натиҷаҳо “нақзи қонун ва коррупсия” ҷой дошт. Ниҳоди олии интихоботӣ рӯзи 7 май натиҷаҳои раъйдиҳиро бекор карда амр дод, ки овоздиҳии нав рӯзи 23 июн баргузор шавад. Як намояндаи ҳизби ҳоким гуфт, баъзе масъулоне, ки сандуқҳои раъйро назорат мекарданд, ходимони ҷамъиятӣ набуданд ва бархе санадҳои интихоботӣ бо натиҷаҳои овоздиҳӣ бидуни имзо супурда шудаанд. Акрам Имомоғлу, намояндаи ҳизби Ҷумҳуриявии мардумии Туркия, ки дар интихоботи мири шаҳри Истамбул пирӯз шуд, қарори мақомоти интихоботиро ҳамчун тасмими “хоинона” маҳкум кард. Гузоришҳо ҳокист, ки дар паи тасмими ниҳоди интихоботӣ, садҳо мардуми норозӣ ба хиёбонҳо рехта шиорҳои зиддиҳукуматӣ ба забон оварданд.


Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Тарс аз вируси нав дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00
XS
SM
MD
LG