Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Баррасии роҳҳои ҳамоиши оилаҳои ҷангҷӯён бо ҷомеа дар Душанбе

Ҳамоиши хонаводаҳои ҷангиёну террористон бо ҷомеа – мавзӯи нишастест, ки 16-17 май қарор аст дар Душанбе бо ташаббуси Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Дар ин бора рӯзи 8 май дафтари матбуоти ин сохтор дар Душанбе хабар дод. Ин нишаст дар ҳошияи конфронси байналмилалии “Ҳамкориҳои байналмилаливу минтақавӣ дар амри мубориза бо терроризм ва манобеи маблағгузори он” ташкил хоҳад шуд. Ин конфронсро ҳукумати Тоҷикистон, СММ ва Иттиҳодияи Аврупо муштаракан барпо хоҳанд кард.

Нишасти мазкур дар шароите барпо мешавад, ки охири моҳи апрел ҳукумати Тоҷикистон аз Ироқ бо як ҳавопаймо 84 кӯдаки то 18-сола - фарзандони ҷангиёни тоҷикро ба ватан баргардонид. Модарони ин кӯдакон, ки 43 нафар гуфта мешавад, дар зиндонҳои шаҳри Бағдоди Ироқ ба ҳукмҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки баргардони кӯдакон ба ватан баъди он имкон дод, ки вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо ҳукумати Ироқ ҳамкориҳои наздику ҳамаҷонибаи дипломатӣ барпо кард. Дар навбат нақшаи бозгардони ин занон ба Тоҷикистон аст, ки бояд бар асоси созишномаи истирдоди зиндониҳо сурат гирад. Фаъолон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ба ҷомеа ҳамоиш ёфтани ин шаҳрвандон хеле муҳим аст, ба он хотир, ки ояндаи хубу бидуни хушунат дошта бошанд. Аксари занону кӯдакон, ки баъди соли 2014 ба манотиқи ҷангзадаи Ховари Миёна зери парчами “Давлати исломӣ” рафтаанд, қурбонии тасмимҳои харобкоронам ҳамсару бародаронашон меноманд. Аз Тоҷикистон ба ин ҷангҳо беш аз 1900 шаҳрванд рафтааст.

Сафорати ИМА: Шикоят аз баста будани вебсайти гринкорт ба мо ҳам расид

Навиштае дар як хадамоти кумак дар аризаи гринкорт дар Душанбе

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон мегӯяд, аз он ки муштариҳои зиёд аз дирӯз натавонистанд ба вебсайти https://www.dvlottery.state.gov ворид шуда натиҷаҳои ширкати худ дар лотереяи гринкорти Амрикоро бисанҷанд, огаҳ аст. Ҷефф Райденауер, як масъули сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 8 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан ҳам ба унвонии онҳо имрӯз шикояти муштариёни зиёди лотереяи тақдимкунандаи ҳақи иқомат дар ИМА расид, ки мегӯянд, дастрасӣ ба вебсайт имкон надорад. Ӯ гуфт, ба корбарони ин саҳифа машварат дода мешавад, ки санҷидани онро идома диҳанд.

Айни замон, дар нуқтаҳои вижаи кӯмак ба сокинони Душанбе дар пур кардани аризаи ширкат дар гринкорт субҳи 8 май гуфтанд, ки зоҳиран бо сабаби зиёд будани хосторони бурдани лотерея дар саросари ҷаҳон, дастрасӣ ба ин сайт имрӯз имкон надорад. Дар бархе нуқот навишта шудааст, “баъди 10 май муроҷиат кунанд”. Бино ба шаҳодати сокинони Ҷумҳурии Чех ва худи ИМА ҳам дастрасӣ ба ин вебсайт имрӯз имконпазир набуд.

Ҳар сол ҳукумати ИМА 50 ҳазор гринкортро барои сокинони саросари ҷаҳон пешкаш мекунад ва интихоби барандаи он аз роҳи лотереяи интернетӣ сурат мегирад. Довталабони ширкат дар ин лотерея аз Тоҷикистон ҳам соле ба даҳҳо ҳазор наффр мерасад.

Сафорати ин кишвар гуфтааст, ки дар солҳои 2014-2018 беш аз 115 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар ин лотерея ариза дода, аз ин шумор 3 ҳазор нафар интихоб шудаанд. Ҳақи иқомат дар Амрико шонси зиндагии қонунӣ дар ин кишвар, имкони кору таҳсил ва дарёфти шаҳрвандии ин давлатро фароҳам меорад.

Шаш соли зиндон барои фиреби "Бурҷҳои нафти Норвегия"

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар Душанбе як узви Ҳизби Халқии Демократӣ, ҳизби ҳоким дар Тоҷикистонро барои фиреби 7 нафар бо ваъдаи фиристодани кор ба Норвегия ба 6 соли зиндон маҳкум кардааст.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 8 -уми май бо эълони як баёнияи расмӣ гуфт, Нуралӣ Назриев, раиси собиқи Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон барои ин ҷиноят се соли умрашро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ мекунад.

Назари вакили дифои Назриев ҳануз ба Радиои Озодӣ дастрас нашудааст, аммо додгоҳ мегӯяд, иттиҳомоти тақаллуб ва фиреби 7 нафар собит гашт. Ба гуфтаи додгоҳ, Назриев ба 7 сокини вилояти Хатлон ваъда додааст, ки онҳоро барои кор дар манораҳои нафткаш ба Норвегия мефиристад ва аз онҳо дар маҷмуъ 30 ҳазор сомонӣ гирифта ва ба ваъдааш вафо накардааст ва ба ин талабгорони кор зарари иқтисодӣ расонидааст.

Ҷабрдидагон аз моҳи октябр мунтазири рафтан барои кор ба Норвегия будаанд, вале ба орзуяшон нарасидаанд. Парвандаи ӯро моҳи январ Оҷонси мубориза бо коррупсия баъди таҳқиқ ба додгоҳ фиристод. Додгоҳ ҳукми Нуралӣ Назриев, сокини 59-солаи ноҳияи Вахшро моҳи апрел эълон кардааст ва гуфтааст, ки ӯ дар гузашта ҳам барои 14 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Таркиш дар ибодатгоҳи сӯфиёни Покистон ҷони 8 нафарро гирифт

Дар паи таркиши пурқудрате дар як ибодатгоҳи сӯфиён дар Покистон, дасти кам 8 нафар кушта ва 25 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҳодиса дар шаҳри Лоҳур рух дод. Навоз Хон, як афсари аршади полиси Покистон рӯзи 8 май гуфт, ки ин таркиш ҳамлаи интиҳорӣ буд, ки мошини афсарони полисро ҳадаф қарор дода буд. Ин мақом гуфт, ки дар миёни кушташудаҳо панҷ афсар ҳам буд, ки ба ҳангоми таркиш дар беруни ибодатгоҳи Дото Дарбар буданд. Ибодатгоҳи сӯфиён макони дафни Алии Ҳаҷверӣ, яке аз орифони маъруфи қарни 11 мебошад. Полис гуфт, ки ҳангоми рух додани таркиш дар дохил ва беруни ибодатгоҳ садҳо зоирон қарор доштанд. Нирӯҳои амниятӣ тамоми минтақаро иҳота кардаанд.

Сафари Помпео ба Бағдод ва нигарониҳо аз Эрон

Лаҳзаҳои вуруди Помпео ба Бағдод

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео бо як сафари ғайримунтазира вориди Бағдод, пойтахти Ироқ шуд. Дар Бағдод қарор аст Помпео бо мақомоти ин кишвар фаъолиятҳои мавриди нигаронии, ба гуфтааш, “тавсеаёбандаи” амниятии Эронро матраҳ кунад. Ин дар ҳолест, ки ИМА дар оғози ҳафтаи ҷорӣ эълон кард, ки як ҳавопайморо бо гурӯҳи низомиён дар дохилаш ба Ховари Миёна интиқол дод ва ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ин тасмим дар посух ба таҳдидҳо ба нирӯҳои амрикоӣ ва муттафиқонаш аз ҷониби Эрон гирифта шуд. Помпео дар Бағдод гуфт, ки маълумоти иктишофии амрикоиҳо “хеле дақиқ” мушаххас карда буд, ки “вуқӯи ҳамлаҳо ногузир” аст. Вале ӯ ҷузъиёти бештар надод. Дар як изҳороташ аз дохили ҳавопаймо Помпео гуфт:

“Сафари ману тадбирҳое, ки аз тарафи вазорати дифо гирифта шудаанд ва паёмҳое, ки ба эрониҳо фиристодем, умедворам, моро дар ҳолате мегузоранд, ки метавонем эрониҳоро водор кунем, ки ду дафъа андеша карда аз ҳамла ба манифитаҳои Амрико худдорӣ кунанд”.

Теҳрон гузоришҳо дар бораи таҳдиди “ҷангҳои равонӣ”-ро рад кард. Таниши миёни Теҳрон ва Вашингтон аз замони сари қудрат омадани президент Доналд Трамп ва як сол пеш аз созиши ҳастаии соли 2015 берун шудани Амрико шиддат ёфт. ИМА дубора нисбати Эрон таҳрим ҷорӣ кард.

Номаи Рӯҳонӣ ба сафирон: Эрон бархе ӯҳдадориҳои ҳастаиро канор мегузорад

Эрон қудратҳои ҷаҳониро дар бораи қарори хатми иҷрои “бархе ӯҳдадориҳояш” аз рӯи созиши ҳастаии соли 2015 огоҳ кардааст. Рӯзи 8 май аз хуруҷи расмии ИМА аз созиши ҳастаӣ бо Эрон як сол сипарӣ шуд ва матбуоти Ҷумҳурии Исломӣ навишт, ки номаҳои президент Ҳасани Рӯҳонӣ дар бораи қисман хориҷ шудани Эрон аз ин созиш ба сафирони ИМА, Фаронса, Олмон, Чин ва Русия таслим шуд. Бо вуҷуди аз созиш хориҷ шудани Амрико, дигар ҳама ҷонибҳо ширкатдори ин санад боқӣ мемонад. Таҳаввулот дар ҳолест, ки чанде пеш Эрон гуфт имкон дорад ғанисозии уранро дубора аз сар бигирад ва ин тасмим бахши муҳими созиши маҳдудкунандаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон буд.

ОSCE аз Тоҷикистон хост, бастани сайтҳоро бас кунад

Ҳарлем Дезир

Як масъули баландпояи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз давлати Тоҷикистон хост, дастрасӣ ба вебсайтҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва хадамоти Гуглро барқарор кунад.

Ҳарлем Дезир, намояндаи созмон дар умури озодии матбуот рӯзи 7-уми май дар як баёнияи расмӣ гуфт: “Ман аз мақомот дархост мекунам, ки дастрасии комил ва номаҳдуди шаҳрвандон ба расонаҳои интернетӣ, чӣ миллӣ ва чӣ байналмилалӣ ва ҳамчунин, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷустӯҷугарони интернетиро фароҳам кунад.”

Ҳарлем Дезир афзудааст, бидуни дастрасии бемамониат ба интернет озодии баён вуҷуд надорад.

Дар ду ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук, Твиттер, Ютуб, Вотсапп, Вайбер ва Телеграмм баста буд. Корбарон ҳамчунин шикоят доранд, ки онҳоро аз ҳаққи дастрасӣ ба вебсайтҳои хабарӣ ба мисли Радиои Озодӣ, Азия Плюс ва Авесто маҳрум кардаанд.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мегӯяд, ки масъули созмон дар умури озодии матбуот борҳо масъалаи бастани вебсайтҳо ва дигар манобеи хабарӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро бо мақомоти кишварҳои минтақа дар миён гузоштааст.

Узбекистону Туркманистон: таъйини марз дубора мавзуи меҳварӣ шуд

Ҳайатҳои ҳукуматии Узбекистон ва Туркманистон масъалаи таъйин ва аломатгузории хати марзи давлатии ду кишварро дубора баррасӣ карданд.

Мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории ду кишвар оид ба таъйин ва аломатгузории хати марз аз 29 апрел то 5 майи соли равон дар шаҳри Урганҷи Узбекистон баргузор шудааст.

Гуфтугӯҳои марзии Узбекистону Туркманистон моҳи марти соли 2017 дубора аз сар гирифта шуда, то ба ҳол ҷонибҳо чандин мулоқот анҷом доданд. Дарозии марзи ду кишвар 1621 километрро ташкил дода, аз вилоятҳои Дашоғус ва Лебап мегузарад.

Тавре хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар минтақа рӯзи 7-уми май хабар дод, ҳамарӯза садҳо одам ба умеди гузаштан ба ҷониби Узбекистон дар гузаргоҳи марзии Дашоғус ҷамъ мешаванд. Раванди гузаштан аз марз ба ҳисоби миёна 5 соатро ташкил медиҳад.

Додгоҳ ҳабси раҳбари "РИА Новости-Украина"-ро тамдид кард

Додгоҳе дар шаҳри Киев муҳлати ҳабси раҳбари "РИА Новости-Украина" Кирилл Вишинскийро, ки дар хиёнат ба давлат айбдор аст, дароз кард.

Ҷониби ҳимоятгар аз додгоҳ хост, ҳукми Вишинский ба ҳабси хонагӣ тағйир дода шавад, вале додрас онро рад ва муҳлати ҳабсро тамдид кард. Вишинский то 22-юми июл дар боздоштгоҳ мемонад.

​Кирилл Вишинский 15-уми майи соли 2018 дар пайи бозҷӯии коргоҳи "РИА Новости Украина" дастгир шуд. Хадамоти амнияти Украина худи он рӯз эълом кард, ки ӯро дар хиёнат ба давлат айбдор мекунад.

Дар коргоҳи рӯзноманигор қарордоди корӣ бо хабаргузории "Россия сегодня", пули калон ва силоҳ пайдо карданд. Ба ӯ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Худи Вишинский ҳамаи айбҳоро рад мекунад.

Мақомоти рус ва расонаҳои рӯ ба Кремл боздошти Вишинскийро маҳкум мекунанд. Иттифоқи журналистони Русия моҳи сентябри соли 2018 ба ӯ дар ғайбаш ҷоиза дод ва худи Вишинский аз президенти Русия Владимир Путин дархости ҳимояти ҳуқуқӣ кард.

Помпео сафараш ба Берлинро лағв кард ва ба Бағдод рафт

Вазири умури хориҷии ИМА Майк Помпео шаби сешанбе дар доираи як сафари ғайриэъломшуда вориди Ироқ шуд. Дар ин бора хабаргузориҳои Reuters, France Presse ва расонаҳои арабӣ бо истинод ба манобеи худ дар ҳукумати Ироқ хабар доданд.

Сафари Помпео ба Бағдод то ҳол расман тасдиқ нашудааст. Манобеъ мегӯянд, сабаби эълом нашудани сафар таъмини амният ва мавзуъҳое ҳастанд, ки бояд дар ҷараёни он баррасӣ шаванд.

Пештар, рӯзи сешанбе котиби давлатии ИМА ғайриинтизор сафари худро ба Берлин лағв кард. Дар сафорати ИМА дар Олмон гуфтанд, сафар ба хотири "масъалаҳои фаврӣ"-е бекор карда шуд, ки Помпео бояд онҳоро ҳал кунад. Ҷузъиёти дигаре гуфта нашуд.

Помпео ахиран бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров дар Финляндия мулоқот карда, қарор буд, рӯзи чаҳоршанбе аз Лондон боздид кунад. Ҳамчунин сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, котиби давлатии ИМА 14-уми май ба Сочӣ меравад.

Сафари ногаҳонии Помпео ба Ироқ эҳтимолан ба хабарҳои ахир дар бораи афзоиши сатҳи хатарҳо аз сӯи Эрон рабт дорад. Мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон гуфт, ба Халиҷи Форс киштиҳои ҳавопаймобари иловагӣ фиристода шуда, шумори ҳамопаймоҳои зарбазанро дар Шарқи Наздик афзоиш хоҳанд дод.

"Садои Амрико" бо истинод ба Пентагон гуфт, тибқи иттилои дастрас кардаи низомиёни амрикоӣ, "нирӯҳои Эрон ба ҳамлаи эҳтимолӣ зидди низомиёни ИМА дар минтақа омодагӣ мебинанд".

Русияву Узбекистон то охири сол шартномаи сохтмони НБА-ро имзо мекунанд

Узбекистону Русия мумкин аст, то охири сол шартномаи сохтмони Неругоҳи барқии атомӣ ё ҳастаиро имзо кунанд. Дар ин бора Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов, мудири кулли оҷонсии "Узатом" хабар дод.

"Мо нақшаи тасдиқшуда дорем. Бар асоси он шартнома то охири сол бояд имзо шавад", - гуфт Мирзомаҳмудов.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар сафари ҳафтаи гузаштааш ба Узбекистон гуфт, ки ҷонибҳо сари макони сохтмони неругоҳ ба созиш расиданд. Аммо то кунун макони сохтмони неругоҳ ошкор нашудааст.

Ба гуфтаи Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов, нахустин қисмати неругоҳ дар соли 2028 ва қисмати дувум дар соли 2030 ба истифода дода мешавад.

"Бино ба таҳлилҳои мо, талаботи Узбекистон ба барқ ду баробар афзуда, ба 170 млрд киловат/соат мерасад. Неругоҳи ҳастаӣ 15-16% ин талаботро таъмин мекунад", - гуфт мудири "Узатом".

19 октябри соли 2018 президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои русаш Владимир Путин бо пахши тугмаи рамзӣ ба сохтмони неругоҳи ҳастаӣ дар Ҷиззахи Узбекистон оғоз бахшиданд.

Тоҷири қирғиз даъвои додгоҳиашро зидди рӯзноманигор пас гирифт

Жалил Отамбоев.

Жалил Отамбоев, тоҷири қирғизистонӣ даъвои додгоҳиашро зидди рӯзноманигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Идрис Исҳоқов пас гирифт. Тоҷир аз рӯзноманигор 50 млн. сом ҷуброн талаб карда буд.

Дар бораи пас гирифтани даъво Шумқорбек Абжапаров, вакили мудофеи тоҷир хабар дод. Ба гуфтаи вакили мудофеъ, Жалил Отамбоев "Исҳоқовро дар моҳи шарифи Рамазон бахшид ва дигар даъво надорад".

Отамбоев ҳамчунин даъвояшро нисбати ду тоҷири дигар пас гирифт, ки аз ҳар кадоми онҳо 5 млн. сомӣ ҷуброн талаб мекард. Дар таҳқиқоти рӯзноманигорӣ тоҷирон аз қонуншиканиҳои Отамбоев нақл карда буданд.

Радиои Озодӣ 17 апрел таҳқиқоти рӯзноманигории Идрис Исҳоқовро бо номи "Тиҷорати соягӣ дар Ӯш чи гуна ба роҳ монда шудааст", нашр кард. Дар таҳқиқот аз пинҳонкорӣ ва напардохтани андоз аз сӯи тоҷири маъруф мисол оварда шудааст.

Баъди нашри таҳқиқот тоҷир ба додгоҳ шикоят бурда, талаби ҷуброни 50 млн сомро кард. 22 апрел мақомоти Қирғизистон дар асоси далелҳои дар таҳқиқот нашр шуда парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Жалил Отамбоев яке аз сарватмандтарин шахсони вилояти Ӯш ном бурда мешавад.

Тоқаев гуфт, ҳукуматаш кӯмакҳои иҷтимоиро ба мардум расонидааст

Президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев мегӯяд, "ҳукумат ҳисобот дод", ки "кӯмакҳои суроғавии иҷтимоӣ" ба ниёзмандон расонида шудааст. Вай дар ин бора дар саҳифаи "Твиттер" хабар дод.

Бердибек Сафарбоев, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон 6-уми май гуфт, ки барои пардохти кӯмакҳои иҷтимоии суроғавӣ бештар аз 340 млн доллар ҷудо шудааст. Ба гуфтаи вазир, то кунун ба 160 ҳазор хонаводаи ниёзманд кӯмаки иҷтимоӣ расонида шудааст.

Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон дар моҳи марти соли ҷорӣ гуфта буд, ки 830 ҳазор сокини ниёзманд кӯмаки иҷтимоӣ дарёфт хоҳанд кард. Ваъдаи президенти пешин дар ҳоле садо дод, ки эътирози модарони серфарзанд авҷ мегирифт.

Моҳи апрел хонаводаҳои ниёзманд шикоят карданд, ки барои дарёфти кӯмак соатҳо навбатпоӣ мекунанд ва мансабдорони маҳаллӣ аз онҳо ҳуҷҷатҳои зиёде талаб менамоянд.

Истад Қурбонова бозбинии ҳукми додгоҳро тақозо кард

Истад Қурбонова, зани 68-солае, ки бо ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар моҳи апрел барои ғасби замин шартан ба як соли ҳабс маҳкум шудааст, бозбинии ин қарорро талаб кард.

Файзулло Насруллоев, вакили дифои ӯ гуфт, шикоятро ҳамин ҳафта ба додгоҳи вилоятӣ супурда бозбинӣ шудани ҳукмро дархост кардаанд. Ӯ рӯзи 7 май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд: “Дар шикоят пуле, ки зерҳимояам барои харидани он қитъаи замин ба ширкати “Сохтмон СТД” додааст, 32 ҳазор сомонӣ, бекор кардани 17,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари гӯё ӯ ба корхонаи мазкур расонидааш ва ба ҷои ҳодиса рафта таҳқиқ кардани қазияро талаб кардем.”

Додгоҳи Хуҷанд 24 апрел Қурбоноваро ба "ғасби замин" ва “қасдан нобуд кардани молу мулк”-и ширкати “Сохтмон СТД”-и ноҳияи Айнӣ гунаҳкор донист ва ҷазои як сол ҳабси шартиву пардохти 17 ҳазору 500 сомонӣ ҷуброни зарар ба ширкати мазкур таъин кард.

Истад Қурбонова: "Бояд ҳақ ба ҳақдор бирасад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Истад Қурбонова мегӯяд, бо қарори додгоҳ розӣ нест ва ба гуфтааш, ба ширкат ҳеҷ осебе нарасонидааст. Қурбонова рӯзи 7 май ба Радиои Озодӣ гуфт, “Фақат як ошхонаи корхонаи хурди корхонаро, ки ба мо гузашт, ду ба ду метр, қариб 20 ҳазор нарх монданд. Он ошхонаро ба 100 сомонӣ сохтан мумкин. Ман бекор кардани ин ҷубронро талаб дорам.”

Ин дар ҳолест, ки ширкати “Сохтмон СТД” ҳанӯз аз даъвояш алайҳи Қурбонова нагузаштааст ва мегӯяд, танҳо баъди ҷуброни моликият домани ӯро раҳо хоҳад кард. Амон Худоёров, муовини раиси ширкати мазкур дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 7 май гуфт: “Талаби мо ин ки ҷубронро пардохт кунанд. Ғайр аз ин девореро, ки назди корхонаи мо сохтаанд, кананд. Он вақт аз даъвоямон мегузарем ва қарори судро қабул мекунем.”

Ӯ дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки ширкаташ дар шахси худи ӯ он қитъаи заминро ба Истад Қурбонова бар ивази 32 ҳазор сомонӣ фурӯхта, вале ҳуҷҷатгузорӣ накардааст, гуфт : “Аз мурдани худ хабар дораму аз ин муомила – не. Ин ҳамааш туҳмату буҳтон дар ҳаққи ман аст. Пештар прокуратураи ноҳия ин даъвии ӯро тафтиш кард, тасдиқ нашуд”.

Баҳси замин миёни Истад Қурбонова ва “Сохтмон-СТД” беш аз як сол боз идома дорад. Додситонии ноҳияи Айнӣ бори аввал Қурбоноваро моҳи октябри соли 2018 бо даъвои масъулони ҳамин корхона ба ҷавобгарӣ кашид. Ин ширкат иддао карда буд, ки Қурбонова дар 6 сотих замини корхона анбору ҳоҷатхона сохтааст.

Сипас, рӯзи 2-юми январи имсол ин зани 68-соларо ба далели ҳозир нашудан барои бозпурсӣ дастгир ва ба боздоштгоҳ бурданд. Қазияи Истад Қурбонова баъди он сари забонҳо шуд, ки ӯ рӯзи 11-уми январ аз боздоштгоҳи пулиси Айнӣ бо бадани сӯхта ба бемористон бурда шуд.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъди ин ҳодиса се маъмури пулиси ноҳияи Айниро аз кор озод карданд. Истад Қурбонова мегӯяд, боздошташ ва ба қавли ӯ бадрафтории маъмурони милисаро ба боди фаромӯшӣ супурданӣ нест ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо талош хоҳад кард.

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ҳам аз Додситонии кул хостааст, он маъмурони милисаро, ки Истад Қурбонова дар ҳузури онҳо қасди худсӯзӣ карда буд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашад. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ходимони милисаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд "ҷони ин сокини 68-соларо дар хатар гузоштанд".

Ҳушдори Помпео ба Русия ва кишварҳои узви Шӯрои Қутби Шимол

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфтааст, ки Амрико ҳузури худро дар Қутби Шимол пурзӯр мекунад, то аз рафтори ба гуфтааш “пархошгарона”-и Русия ва Чин дар ин минтақаи ғанӣ аз сарватҳои табиӣ пешгирӣ шавад. “Минтақа як майдони қудрат ва мусобиқа шудааст ва ҳашт аёлати Қутби Шимол бояд ба ин ояндаи нав мутобиқ шаванд”, гуфт Помпео рӯзи 6 май дар суханрониаш дар Филандия, пеш аз вохӯриаш бо вазирони корҳои хориҷии Шурои Қутби Шимолӣ.

Шурои Қутби Шимол кишварҳои мисли ИМА, Русия, Канада, Дания, Финляндия, Исландия, Норвегия, Шведсия ва сокинони бумиро дар бар мегирад.

Ҷараёни гармоиши иқлим ва обшавии ях дастрасиро ба захираҳои табии мисли нафту газ, канданиҳои фоиданоки сайёра афзоиш медиҳад ва боис мешавад, ки кишварҳои ҳамсоя, ҳамчунин қудратҳои ҷаҳонӣ ба монади Чин, барои ин қаламрав даъво кунанд ва ё ҳузури худро дар инҷо афзоиш диҳанд.

Помпео дар суханрониаш дар шаҳри шимолии Рованиемии Финляндия гуфт: “Фақат ба сабаби он ки Қутби Шимол ҷои табиати ваҳшист, ин маънои онро надорад, ки ҷои беқонунӣ бошад. Ва мо омадагӣ дорем, то бовар пайдо кунем, ки чунин нест.”

Ба гузориши Ройтерз, Помпео дар Филандия пас аз нишасташ бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар бораи Эрон гуфтааст, ки фаъолиятҳои Эрон сабаби шиддат ёфтани вазъ мешавад ва Амрико онро зери назар дорад.

Сафари Помпео ба Олмон лағв шуд. Русия аз мулоқоти нав бо Лавров хабар дод

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео ногаҳон ва чанд соат пеш аз сафараш ба Берлин бо далели, ба гуфтаи сухангӯяш “масоили муҳим” барномаи боздид аз Олмонро бекор кард. Морган Ортагус, сухангӯи Департаменти давлатӣ гуфт, ки “мутаассифона, ба хотири бархе масоили муҳим, мо бояд нақшаи сафари Берлинро бозбинӣ кунем”.

Ортагус гуфт, ки нақшаи дидору гуфтугӯҳо бо садри аъзам Ангела Меркел ва вазири хориҷии Олмон Ҳейко Маас бознигарӣ мешавад.

Помпео феълан дар Финляндия буда, дар ҷаласаи Шӯрои Қутби Шимол иштирок мекунад. Қарор буд ӯ рӯзҳои 5 то 9 май аз Лондон ва Гринландия дидан кунад, вале феълан маълум нест, ки ин сафарҳояш бетағйир боқӣ мемонад ё на.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова гуфт, ки Русия ба мулоқоти вазири хориҷаи ин кишвар Сергей Лавров ва Помпео омодагӣ мебинад, ки қарор аст 14 май дар шаҳри соҳилии Сочӣ баргузор шавад. Ин мулоқоти дуюми раҳбарони сиёсатҳои хориҷии Русияву ИМА дар давоми як ҳафта хоҳад буд. Мулоқоти ахири онҳо 6 май дар ҳошияи Шӯрои Қутби Шимол баргузор шуд.
Помпео шоми 6 май гуфт, ки бо Лавров “гуфтугӯи хубе” дошт. Ӯ гуфт:

“Мо манфиатҳои худро дорем, ки табъан мухталиф ҳастанд. Ин хоҳиш баён шуд, ки роҳҳали пешрафте дар масоиле пайдо шавад, ки дар он манфиатҳои ҷонибҳо бо ҳам бархӯрд мекунанд ва ин бархӯрд ҳадди аксар камтар шавад. Умедворем, ки мо ба ин ҳадаф даст меёбем”.

Лавров ин мулоқотро “созанда” арзёбӣ кардааст. Гуфтугӯҳо дар пасманзари бӯҳрони сиёсии Венесуэла баргузор мешавад, ки дар ин баҳс Русия аз президент Николас Мадуро ва ИМА аз раҳбари мухолифон Ҳуан Гуайдо ҷонибдорӣ мекунанд.

Эрдуғон аз бекор шудани натиҷаҳои интихоботи шаҳрдори Истамбул истиқбол кард

Президенти Туркия Раҷаб Таиб Эрдуғон рӯзи 7 май як амри ниҳоди аршади интихоботии ин кишварро ситоиш кард, ки баъди пирӯзии ғайримунтазираи мухолифон дар моҳи март ба баргузории дубораи интихоботи мири шаҳри Истамбул амр додааст. Эрдуғон гуфт, ки ин амр ба тақвияти демократия дар ҷомеаи Туркия нигаронида шудааст. Ҳизби ҳокими Адолат ва тараққиёти Эрдуғон пирӯзии номзади мухолифонро аз ҳизби Ҷумҳуриявии мардумии Туркия зери суол бурда иддао кардааст, ки дар ҳисобу китоби натиҷаҳо “нақзи қонун ва коррупсия” ҷой дошт. Ниҳоди олии интихоботӣ рӯзи 7 май натиҷаҳои раъйдиҳиро бекор карда амр дод, ки овоздиҳии нав рӯзи 23 июн баргузор шавад. Як намояндаи ҳизби ҳоким гуфт, баъзе масъулоне, ки сандуқҳои раъйро назорат мекарданд, ходимони ҷамъиятӣ набуданд ва бархе санадҳои интихоботӣ бо натиҷаҳои овоздиҳӣ бидуни имзо супурда шудаанд. Акрам Имомоғлу, намояндаи ҳизби Ҷумҳуриявии мардумии Туркия, ки дар интихоботи мири шаҳри Истамбул пирӯз шуд, қарори мақомоти интихоботиро ҳамчун тасмими “хоинона” маҳкум кард. Гузоришҳо ҳокист, ки дар паи тасмими ниҳоди интихоботӣ, садҳо мардуми норозӣ ба хиёбонҳо рехта шиорҳои зиддиҳукуматӣ ба забон оварданд.


Сафари Попи Рум ба Македонияи Шимолӣ

Попи Рум Франсис рӯзи 7 май бо сафари нахустини таърихаш вориди Македонияи Шимолӣ шуд. Франсисро дар пойтахти ин кишвар президенти рафтаистода Гиорги Иванов ва мақомоти дигари давлативу чеҳраҳои ҷамъиятӣ пазироӣ карданд. Сафари нахустини раҳбари католикҳои ҷаҳон ба Скопйе дар шароите баргузор мешавад, ки баъди даҳсолаҳо баҳсу ихтилоф бо Юнон кишвар тоза тағйири ном кард ва роҳи худро ба узвияти НАТОву Иттиҳодияи Аврупо боз намуд. Қарор аст попи Рум дар майдони марказии Скопйе намози ҷамъӣ баргузор кунад. Македонияи Шимолӣ, ки аз 2,1 миллион ҷамъият иборат аст, макони зисти аксар провославҳо мебошад. Дар ин кишвар ҷомеаи азими мусалмонони албанитабор ҳам зиндагӣ мекунад ва шумори католикҳояш тақрибан 15 ҳазор нафар гуфта мешавад. Дар як мулоқот бо раҳбарияти кишвар, попи Рум фазои бисёрмиллатаи Македонияи Шимолиро ситоиш карда ин кишварро намунаи ҳамзистии сулҳомез ва ҳам пуле миёни Шарқу Ғарб номидааст.

Сафири ИМА дар Киев пеш аз мӯҳлат мақомашро тарк мекунад

Сафири ИМА дар Украина моҳи май ва ду моҳ пеш аз анҷоми мӯҳлати расмии кораш мақомашро тарк мекунад. Чор нафари огоҳ аз ин тасмим рӯзи 6 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Мери Йованович дар миёнаҳои моҳи май аз мақом канор меравад. Бар асоси иттилое, ки тавассути имейли ирсолшуда ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нашр шудааст, Йованович қарор аст 20 май аз мақом канор равад. Вале чор мусоҳиби Радиои Озодӣ сабаби тарки мақом кардани сафири Амрикоро фош накарданд. Зоҳиран то таъин шудани сафири нав дар ин мақом кордоре раҳбарии намояндагии дипломатиро ба ӯҳда хоҳад дошт, ки маъмулан ин мақомро афсари аршади амалкунанда ба ӯҳда мегирад. Чор нафар, аз ҷумла кормандони сафорат ва дигарҳо ба шарти ифшо нашудани номашон сӯҳбат мекарданд, ба он хотир, ки салоҳияти сӯҳбат бо матбуотро надоранд.

Дар изҳороти департаменти давлатии Амрико, ки рӯзи 6 май аз ҷониби сухангӯи ин ниҳод ба Радиои Озодӣ ирсол шуд, гуфта мешавад, ки Йованович “ҳамонгуна ки ба нақша гирифта шуда буд, рисолати сесолаашро дар Киев соли 2019 ба анҷом расонидааст”. Сухангӯ гуфт, ки “таърихи тасдиқшудаи хатми салоҳиятҳояш дар моҳи май бо мӯҳлати интиқоли қудрат дар Украина мувофиқ омадааст”. Сухангӯ гуфт, ки “тими сафорати ИМА дар Киев ва Вашингтон ҳамкории худро бо ҳукумати Украина ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири тақвияти шарикӣ идома меёбад”. Ҷузъиёти бештар аз ин нашр намешавад.

Йованович, ки августи соли 2016 ба вазифаи сафири ИМА дар Киев таъин шуд, дар хатти пеши талошҳо барои ба эътидол овардани иқтисоди заъиф ва суръат бахшидан ба ислоҳот дар самти мубориза бо коррупсия қарор дошт. Йованович инчунин пуштибони ҳукумати Украина дар муқовимати нирӯҳои ҳукуматии ин кишвар бо ҷангиёни ҷудоиталаб дар шарқи Украина аз соли 2014 буд.

Йованович оғози моҳи марти соли ҷорӣ ва дар остонаи интихоботи президентӣ таваҷҷӯҳро ба худ ҷалб кард. Ӯ аз Киев тақозо кард, ки додситони вижаи зидди коррупсияро аз мақомаш барканор кунад ва ин изҳороти як дипломати ғарбӣ аз назари матубот дур намонд.

Президент Петро Порошенко, ки барои беамалӣ дар муқобили коррупсия интиқод шудааст, рӯзи 21 апрел дар даври дуюми интихобот дар баробари ҳаҷвнигори маъруф Владимир Зеленский мағлуб шуд.

Йованович инчунин моҳи марти соли ҷорӣ мавриди ҳадафи додситони кулли Украина Юрий Лутсенко қарор гирифт, ки иддао кард, ки гӯё сафири Амрико дар мулоқоти аввали рӯбарӯяш ба ӯ “феҳристи афродеро додааст, ки набояд мавриди пайгард қарор гиранд”.

Ин иддао дар як мусоҳиба бо нашрияи The Hill, мақарраш дар Вашингтон нашр шуд, ки баъдан мавриди вокуниши ғайримаъмулии Департаменти давлатӣ гардид. Дар изҳороте, ки ин ниҳод нашр кард, гуфта шуд, “иттиҳомоти додситони кулли Украина дуруст нест ва бо ҳадафи ба ҳам задани обрӯи сафир Йованович карда шудааст”.


Изҳороти Лутсенко дертар ҳам мавриди таваҷҷӯҳи бештар шуд, вақте писари президенти ИМА Доналд Трамп онро дар саҳифаи худ дар Твиттер бознашр кард.

Хабарнигорони Reuters аз зиндони Мянмар озод шуданд. ВИДЕО

Ду хабарнигори зиндонии оҷонии Reuters, ки барои пӯшиши бӯҳрони мардуми роҳинҷа дар Мянмар муҷозот шуданд, рӯзи 7 май бар асоси афви президентӣ ва дар паи маъракаи сартосарӣ бо даъвати раҳоии онҳо ба озодӣ баромаданд. Хабарнигорон Ва Лони 32 ва Сое Оои 28-сола баъди 16 моҳи ҳабс аз зиндони Инсейни воқеъ дар шаҳри Янгони Мянмар озод шуданд.

Онҳо моҳи сентябри соли 2018 бо иттиҳоми фош кардани асрори давлатӣ ба ҳангоми гузориш додан аз маъракаи зиддишӯришиён ба 7 соли ҳабс маҳкум шуданд. Амалиёти артиши Бирма, ки мавриди маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд, 700 ҳазор мусалмони роҳинҷаро маҷбур кард, ки аз Мянмар ба самти Бангладеш фирор кунанд.

Низомиён гуфтанд, ки амалҳои онҳо вокуниш ба ҳамлаҳои шӯришиёни мусаллаҳи роҳинҷа буд.

Хабарнигорони Рейтерс аз зиндони Мянмар раҳо шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

Мақомоти СММ ва дигар ҷонибҳо ҳодисаҳои Мянмарро поккориҳои қавмӣ ва ҳатто наслкушӣ унвон карданд.

Ҳабси ду хабарнигор маҳкумият ва интиқодҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ҳукуматҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҳомии журналистонро ба бор овард. Моҳи апрел ба журналистони зиндонӣ ҷоизаи Пулитсер барои гузоришҳои байналмилалӣ тақдим шуд, ки баландтарин ҷоиза дар бахши журналистика ба шумор меравад.
Рӯзи 23 апрел Додгоҳи олии Мянмар муроҷиати ахири журналистонро, ки зидди ҳукми 7 соли зиндон ариза дода буданд, рад кард, вале ниҳоят президент Вин Мин дар қатори 6520 зиндонии афвшуда исми ин ду хабарнигорро ҳам ворид кард.

Ҳарду хабарнигор гуфтанд, ки ба хотири норизоияти мақомот бо гузоришҳои онҳо пушти зиндон рафтанд.

Дар Қазоқистон тадобири амниятӣ пурзӯр шуд

Вазорати умури дохилии Қазоқистон эълом кард, ки аз 6 то 12-уми майи соли равон тадобири амниятӣ дар ин кишвар пурзӯр хоҳад шуд.

"Пулис ба хотири таъмини амният ҳангоми баргузории роҳпаймоии "Полки абадӣ" дар шаҳрҳои кишвар чора хоҳад андешид. Дар робита ба ҳама гуна навъи нақзи тартибот ва амалҳое, ки ба иштирокчиёни роҳпаймоии мазкур нороҳатӣ эҷод мекунанд, дар доираи қонунгузорӣ вокуниши сареъ карда мешавад",-омадааст дар иттилоияи вазорат.

Ба огаҳии манбаъ, шумори кормандони пулис дар кӯча ва ҷойҳои ҷамъиятӣ афзоиш дода шудааст.

Пештар, дар ҷараёни ҳамоишҳои осоиштаи эътирозии 1-уми май дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмаато 80 кас боздошт карда шуд. Бештари онҳо дар "нақзи тартиботи баргузории ҷамъомади осоишта" айбдор гаштанд. Додгоҳ даҳҳо фаъоли маданиро аз 5 то 15-рӯзӣ ҳабс ё ҷарима кард.

Вакили дифои пешини Трампро ба зиндон бурданд

Вакили дифои пешини президенти ИМА Доналд Трамп -- Майкл Коэн рӯзи 6-уми май ба зиндони Отисвилл, воқеъ дар 100-километрии шаҳри Ню-Йорк интиқол ёфт. Ӯ дар онҷо се соли муҳлати ҷазояшро адо мекунад.

Коэн дар як суҳбати кутоҳ ба рӯзноманигорон гуфт, "рӯзеро, ки метавонад ҳақиқатро ифшо кунад, бесаброна мунтазир аст". Вай ҳамчунин афзуд, бадбинии нажодӣ, фиребгарӣ ва ноадолатиеро, маҳкум мекунад, ки дар раҳбарияти кишвараш дида мешаванд.

Додгоҳ моҳи декабри соли гузашта Коэнро дар нақзи қоидаҳои сармоягузории маъракаи интихоботӣ ва саркашӣ аз андоз айбдор кард. Коэн моҳи феврал ҳангоми суханронӣ дар Конгресс Трампро "қаллоб" ва "нажодпараст" номид.

Ба гуфтаи ӯ, Трамп дар ҷараёни маъракаи пеш аз интихоботии худ бо ҷониби Москва дар бораи сохтмони биноҳое гуфтугӯ мекард. Ҳарчанд бар асоси қонун ин ҳақро надошт. Трамп дар посух Коэнро ба дуруғгӯӣ айбдор кард.

Тирандозӣ ба сӯи хабарнигори "Настояшее Время" дар Киев

Владимир Рунетс.

Як иштирокчии задухурдҳои мусаллаҳонаи Донбасси Украина хабарнигори "Настояшее Время" дар Киев Владимир Рунетсро шаби 5-уми май паронд. Рӯзноманигор аз ноҳияи пояш захмӣ шуда, ба беморхона интиқол ёфт. Ба гуфтаи табибон, дар ҳоли ҳозир ҷони ӯ дар хатар нест, вале бояд ду ҷарроҳиро паси сар кунад.

Аз нафари ҳамлагар ихтиёрии артиши Украина Владимир Регеши 45-сола ном бурда мешавад. Ба гуфтаи Рунетс, низомӣ аз духтаре, ки шиноси рӯзноманигор аст, қарздор буда, пайваста ӯро таҳдид мекардааст. Регеш шаби 5-уми май бо силоҳ ба майхонае, ки рӯзноманигор ҳамроҳи духтару чанд дӯсти дигараш нишаста буданд, ҳамла кардааст.

"Дар даст тапонча омад ва ба осмон тир андохт ва таҳдид кард, ки духтарро мепаронад",-афзуд рӯзноманигор.

Рунетс талош кардааст, то мардро ба гап дарорад, ки силоҳро канор гузорад, вале дар натиҷа захмӣ шудааст. Регеш пас аз ҳодиса нахуст ба ҷои номаълум паноҳ бурда, вале дертар худро ба пулис таслим кард.

Ба огаҳии Вазорати умури дохилии Украина, зидди низомӣ бар пояи банди "авбошӣ бо истифода аз силоҳ" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба ӯ аз се то ҳафт соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Владимир Рунетс яке аз рӯзноманигорони маъруфи украин буда, борҳо аз маҳалли задухурдҳои мусаллаҳонаи Донбасс гузориш додааст. Аз соли 2017 ба ин сӯ хабарнигори "Настояшее Время" аст.

Манзили ҳомии ҳуқуқи зиндонӣ дубора ба ҳабс гирифта шуд

Манзили ҳомии ҳуқуқ Азимҷон Аскаров, ки ба зиндони якумрӣ маҳкум шудааст, дубора ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора вакили мудофеи вай Валерян Вахитов хабар дод. Ба гуфтаи вакил, бори нахуст манзили Аскаровро дар соли 2010 ба ҳабс гирифтанд, аммо бо талошҳои ҳомиёни ҳуқуқ ва вакилони мудофеъ, манзил аз ҳабс раҳо шуд. Соли 2012 додгоҳ Аскаровро вазифадор кард, ки ба ҳамсари пулиси кушташуда бештар аз 2400 доллар ҷуброн пардозад.

"Манзил ба Азимҷон Аскаров мерос мондааст. Дар робита ба он ки Аскаров ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудааст, ҳамсари вай мехост, хонаро ба номи худ сабт кунад. Аммо додгоҳи вилоятӣ қарори ҳафт соли пешро ёдовар шуда, манзилро дубора ба ҳабс гирифт. Дар ин манзил ҳамсари куҳансоли Аскаров бо фарзандонаш зиндагӣ мекунад", - хабар дод вакили мудофеъ.

Азимҷон Аскаров, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи ноҳияи Бозор-Қурғони вилояти Ҷалолобод баъди даргириҳои қавмии байни қирғиз ва ӯзбекҳо дар моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо ва ширкат дар куштори корманди пулис боздошт шуд. Бо қарори ҳамаи зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси абад маҳкум гардид.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки ҳукми Аскаров бозбинӣ шавад.

Мақоми аввали Узбекистон дар раддабандии фурӯши тилло

Дар 3-моҳаи аввали соли ҷорӣ Узбекистон дар ҷаҳон аз рӯи фурӯши ҳаҷми тилло дар мақоми аввал қарор гирифт. Дар ин бора дар ҳисоботи World Gold Council (Шӯрои ҷаҳонии тилло) зикр шудааст.

Бино бар ин ҳисобот, Узбекистон аз моҳи январ то март 6 тонаву 200 кило тило фурӯхтааст. Мақоми дувумро Муғулистон бо 3,4 тона ва мақоми севумро Тоҷикистон бо фурӯши 1 тона тилло касб кардааст.

Русия - бузургтарин кишвари харидори тилло унвон шуд. Аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ Бонки марказии Русия 55,3 тона тилло харидааст. Мақоми дувумро Туркия (40 тона) ва севумро Чин (33 тона) ишғол карданд.

Моҳи апрел Бонки марказии Узбекистон хабар дод, ки то охири соли ҷорӣ тасмим дорад, 80 тона тило фурӯшад. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 10 тона бештар аст.

Ба иттилои Бонки марказии Узбекистон, буҷаи давлатӣ аз ҳисоби фурӯши 80 тона тило 3,4 миллиард доллар даромад мебинад.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Тарс аз вируси нав дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00
XS
SM
MD
LG