Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Раисони Кӯлобу Истаравшан нав шуданд

Хайрулло Амонулло

Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон аз рӯзи 6 май, раисони як қатор шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Аз ҷумла, дар мақоми раиси шаҳри Кӯлоб ба ҷои Хайрулло Амонулло – Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Истаравшан, дар шаҳри Истаравшан ба ҷои Иноятзода – Амирхон Қурбонзода иҷрокунандаи раиси шаҳр таъин шуданд. Санавбар Самизода аз вазифаи раиси шаҳри Левакант озод шуда, Зарина Давлатзода иҷрокунандаи ин вазифа таъин шуд.

Бо фармони дигари президент Абдуҷаббор Баҳодурзода аз мақоми раиси ноҳияи Ҷомӣ озод шуда, Ёқуб Саид иҷрокунандаи раиси ноҳия таъин шудааст. Ҳамаи барканоршудаҳо бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштан аз мақомҳои худ озод карда шудаанд.

Бо фармони дигари президент Султон Раҳимзода сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъин шуд. Вазифаи сафир аз моҳи октябри соли гузашта баъди аз ин мақом озод шудани Мирзошариф Ҷалолов холӣ буд. Ҷалолов он замон ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Япония таъин шуда буд.

Рӯзи 6 май инчунин Султон Раҳимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон озод карда шуд.

Дар Тоҷикистон вазифаҳои раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва вазирон интихобӣ нест ва танҳо бар асоси фармони президент таъин шуда, баъдан ин номзад дар маҷлисҳои маҳаллӣ тасдиқ мешаванд.

Майк Помпео гуфт, русҳо бояд аз Венесуэла бираванд

Майк Помпео

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико аз Русия хостааст, ки аз Венусеэла берун шавад, дар ҳоле ки Сергей Лавров ҳамтои руси ӯ “аз Вашингтон даъват кард, ки аз “барномаҳои бемасъулиятона”-и худ дар Амеркои Лотинӣ даст кашад.

Помпео ва Лавров рӯзи 5 май, ва дар замоне суҳбат карданд, ки кашмакашҳо миёни Маскав ва Вашингтон доир ба бӯҳрони Венесуэла авҷ мегирад. Интизор меравад ду вазир ҳафтаи оянда дар Финландия мулоқот кунанд.

Хуан Гуайдо роҳбари мухолифон моҳи январ худро раҳбари давраи гузариш эълон кард. Ӯ ҳамчун раиси Шурои миллии таҳти назорати мухолифони кишвар аз қонуни асоси истифода кард ва бо тасдиқи он ки интихоботи президентии Николас Мадуро дар соли гузашта ғайри қонунӣ буд, худро президенти муваққатӣ эълон кард.

Гуайдоро беш аз 50 кишвар ҷонибдорӣ мекунанд, аз ҷумла Русия, Эрон, Чин дар миёни кишварҳое мебошанд, ки Мадуроро дастгирӣ мекунанд.

“Русҳо бояд бароянд,” гуфт Помпео ба телевизиони ABC. “Ман рӯзҳои наздик бо вазири корҳои хориҷии Русия Лавров вохӯрӣ мекунам. Ин рушан аст. Мо мехоҳем, Русҳо берун шаванд, мо мехоҳем Эрониҳо берун шаванд, мо мехоҳем Кубоиҳо ҳам берун раванд ва ин хеле рушан” аст, илова кардааст Помпео.

Имрӯз Сергей Лавров Иёлоти Муттаҳидаро ба роҳбарии “як маъракаи бемонанде” муттаҳам кард, ки ба гуфтаи ӯ барои сарнагунии мақомоти Венусеэла ба роҳ монда шудааст.

Музокироти сулҳи намояндагони ИМА ва Толибон ба таъхир афтод

Музокираҳои сулҳи миёни намояндагони ИМА ва Толибон дар пойтахти Қатар шаҳри Давҳа бо шурӯи моҳи Рамазон дар таърихи 6 май ба таъхир гузошта шуд. То ин замон мушкили аслии ду ҷониб бар сари мушаххас кардани замони тарки Афғонистон кардани нирӯҳои хориҷӣ буд. Дар давоми чандин ҳафтаи ахир амрикоиҳову Толибон аз наздик музокира мекунанд ва ин даври шашуми музокироти сулҳи миёни ИМА ва Толибон мебошад. Ҳадафи ниҳоӣ – хатми ҷанги 18-сола дар Афғонистон аст, вале Толибон мегӯянд, ки ҷараёни музокираҳо дучори мушкил шудааст.

Сухангӯи сиёсии Толибон Суҳайл Шоҳин дар Твиттери худ навишт, ки музокираҳои сулҳ дар рӯзи аввали моҳи Рамазон боздошта шуда, қарор аст дар рӯзҳои баъдӣ идома ёбад. Шоҳин рӯзи 5 май ба хабаргузории AFP гуфт, ки дар марҳилаи баррасии замони хориҷ шудани нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон музокираҳо вориди “бунбаст” шуд. Пеш аз расидан ба созиш дар заминаи хуруҷи нирӯҳо, Вашингтон талаб дорад, ки гурӯҳҳои ҷангӣ амниятро таъмин ва оташбасро риоя кунанд ва дигар ӯҳдадориҳои муҳимро дар музокираҳои миёни ҳукумат ва мухолифон ба ӯҳда бигиранд.

Толибон мегӯянд, то замоне, ки ИМА фурсати замонии тарки хоки Афғонистон карданро эълон накунад, онҳо ба ҳеҷ як амале даст намезананд. Дар поёни ҷаласаи чоррӯзаи Лоя Ҷирга дар Кобул охири ҳафтаи гузашта президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Толибон пешниҳоди оташбас дар моҳи шарифи Рамазон кард, вале ҷангиён ин пешниҳодро рад карданд.

Дар Узбекистон даромадан ба маҷмааи Ичан-Қалъаро пулакӣ карданд

Дар шаҳри Хиваи Узбекистон даромадан ба маҷмааи таърихии "Ичан Қалъа"-ро пулакӣ карданд. Аз ин ба баъд ҳар як нафар барои ворид шудан ба он бояд 10000 сӯм (беш аз $1) пардохт кунад.

Мудири маҷмаа гуфт, тасмим ба хотири афзоиши даромад аз ҳисоби сайёҳон гирифта шудааст. Вале сокиноне, ки дар атрофи маҷмаа зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, тасмими мазкур зиндагии онҳоро мушкил кардааст.

"Дар як рӯз ман маҷбурам, ба воситаи дарвозаи маҷмаа ду бор гузарам. Агар ҳар бор 10000-сӯмӣ диҳам, аз пули нафақаам чизе намемонад", - мегӯяд як сокини 69-солаи маҳаллӣ бо номи Ҷуманазар.

Як донишҷӯй аз Хива бо номи Равшанбек мегӯяд, ҳар рӯз ҳангоми баргашт ба хона маҷбур аст, ҳудуди маҷмааро давр бизанад. "Агар шумо ба воситаи "Ота дарвоза" гузаштан хоҳед, бояд 10000 сӯм пардохт кунед. Равуои сокинони атрофи маҷмаа хеле мушкил шудааст. Роҳ ба сӯи хонаҳои худамонро пулакӣ кардаанд",-афзуд ӯ.

Раҳбарияти маҷмааи давлатии таърихии Ичан-Қалъа мегӯяд, ба хотири афзоиши даромад аз ҳисоби ҷаҳонгардон ворид шудан ба шаҳракро пулакӣ кардаанд. "Сокинон метавонанд ҳудуди маҷмааро давр бизананд. Дар оянда ният дорем, ки барои сокинони атрофи Ичан-Қалъа корти махсус ҷорӣ кунем",-изҳор дошт яке аз масъулони маҷмаа.

Хиваи Узбекистон ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО ҳамчун яке аз қадимитарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ворид шудааст.

Дар мактабҳои Қирғизистон таҷлили "Занги охир" манъ шуд

Гулмира Худойбердиева, вазири маориф ва илми Қирғизистон фармоне содир кард, ки дар асоси он, мудирон ва омӯзгорони мактабҳо аз дарёфти туҳфа ва ҷамъоварии маблағ барои баргузории занги охир манъ шудаанд. Ташкили чорабиниҳо дар марказҳои дилхушӣ бо иштироки хатмкунандагон ҳам манъ шудааст.

Сардорони шуъбаҳову раёсатҳои маорифи шаҳриву ноҳиявӣ дар остонаи хатми мактаб навбатдории шабонарӯзӣ ташкил ва аз истифодаи маводи оташангез, мушакҳои маҷруҳсозанда ва дигар василаҳои ба сиҳатии хатмкунандагон зараррасон пешгирӣ мекунанд. Барои риоя накардани фармони мазкур мудирон аз мақом барканор хоҳанд шуд.

Занги охир дар мактабҳои Қирғизистон соати 9-и субҳи рӯзи 25-уми май садо медиҳад.

"Ҳомии қазоқтаборон" як моҳи дигар дар ҳабси хонагӣ мемонад

Серикҷон Билаш.

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи 5-уми май додгоҳе ҳабси хонагии роҳбари созмони сабтиномнашудаи "Атажурт ериктилерӣ" Серикҷон Билашро, ки ҳомии ҳуқуқи қазоқтаборон ҳам ном бурда мешавад, то 10 июн тамдид кард.

Айман Умарова, вакили мудофеи Серикҷон аз додгоҳ хост, ки ӯро аз Нурсултон ба Алмато фиристад ва вай ҳабси хонагиро дар маҳалли зисташ пушти сар кунад.

Серикҷон Билаш дар додгоҳ гуфт, ки баъди интиқол ёфтанаш ба Нурсултон ба вай фишор овардаанд, ки зидди сиёсатмадори мухолиф Мухтор Аблязов изҳорот диҳад ва аз хизмати вакили мудофеъ Аймар Умарова даст кашад. Билаш мегӯяд, парвандааш сиёсӣ аст.

Серикҷон Билаш дар "роҳбарӣ ва ширкат дар фаъолияти созмони сабтиномнашуда" айбдор мешавад. Билаш - қазоқтаборест, ки аз Чин ба Қазоқистон кӯч бастааст.

Билаш дар гузашта гуфта буд, ки бо айбнома розӣ нест. Вай афзуд, гуруҳи таъсисдодаи вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба касоне кумак мерасонад, ки дар Шинҷони Чин зери фишор буданд. Аъзои гуруҳ ҳеҷ гуна ҳуҷҷат паҳн намекунанд ва муҳру имзо надоранд.

Билаш гуфт, гуруҳи онҳо танҳо дафтари корӣ дорад.

Серикҷон Билаш дар моҳҳои охир дар шаҳри Алмато чанд нишасти хабарӣ анҷом дода, аз саргузашти қазоқтабороне нақл кард, ки дар Чин иҷборан нигаҳ дошта мешаванд.

Натиҷаҳои муқаддамотӣ: Стево Пендаровски президенти Македонияи Шимолӣ шуд

Стево Пендаровски, номзади Иттиҳоди сотсиал-демократҳои Македонияи Шимолӣ бар асоси натиҷаҳои муқаддамотӣ, барандаи интихоботи президентӣ шуд. Пендаровски бо ваъдаи ба узвияти НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо шомил кардани кишвараш дар интихобот пешгом буд. Дар паи шумориши 100 дарсади раъйҳои интихобот, ки 5 май баргузор шудки Пендаровски 51,66 дарсади овозҳоро бурда, аз рақиби ӯ Гордана Силяновска-Давкова 44,73 дарсади мардум пуштибонӣ кардаанд. Силяновска-Давкова аз ҷониби ҳизби муҳофизакори мухолифи ҳукумат намояндагӣ мекард. Комиссиюни марказии интихоботҳои Македонияи Шимолӣ гуфт, ки дар интихобот 46,6 дарсади шаҳрвандони қобили раъй ширкат карданд. Барои баргузоршуда эътироф шудани интихобот ширкати 40 дарсади мардум кифоят мекунад. Комиссиюни интихоботҳо гуфт, ки интихобот бидуни кадом ҳодисае баргузор шуд, вале як ҳизби мухолифин ҳукуматро дар “дасткориҳои интихоботӣ” айбдор карда гуфт, ки дар ҷараёни ин маърака хилофкориҳое мушоҳида шудааст.

Дар Ишқобод "шикор"-и мошинҳои сиёҳ қатъ шудааст

Пулиси шаҳри Ишқобод боздошт ва ҷаримаи ронандагони мошинҳои сиёҳро қатъ кардааст. Чандин манбаъ гуфтанд, ки қарори манъи истифодаи мошинҳои ғайрисафед барои сокинони пойтахти Туркманистон бекор карда шуд.

"Аз ибтидои ҳафтаи гузашта боздошт ва ба ҷаримагоҳ бурдани мошинҳое, ки рангашон сафед нест, қатъ шудааст. Ҳоло танҳо барои санҷиши ҳуҷҷатҳо боз медоранд", - иттилоъ дод хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ 5 май.

Дар Туркманистон беш аз як сол буд, ки истифодаи мошинҳои ғайрисафед барои сокинон манъ гашта буд. Нозирони роҳ бо истинод ба дастури шифоҳии раҳбарияти худ ронандагони чунин мошинҳоро боз дошта, ҷарима мекарданд.

Ба гуфтаи хабарнигори мо, аз ҳафтаи гузашта ба ин сӯ дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахти Туркманистон мошинҳои дорои ранги ғайрисафед пайдо шудаанд.

"Хабар хеле тез ба воситаи телефон ва паёмакрасонҳо паҳн шуд. Манъи истифодаи мошинҳои ғайрисафед яке аз мавзуъҳои доғ дар ҷомеа буд", - мегӯяд хабарнигор.

Талошҳо барои дарёфти назари мақомот дар ин замина бенатиҷа буданд.

Радиои "Гранд" робитаи худро бо шавҳари пешини Гулнора Каримова рад кард

Рустам Мадумаров.

Раҳбарияти нахустин радиои хусусӣ ва тиҷории Узбекистон – Радиои "Гранд" робитаи худро бо шавҳари пешини Гулнора Каримова рад карда, қарори ба нафъи давлат мусодира шудани радиоро шарҳ дод. Дар шаҳри Тошканд ахиран саҳмияҳои ширкати "EDEL VEYS-ALI"-ро, ки молики Радиои "Гранд" аст, ба фурӯш гузоштанд.

Масъулони радио бо нашри баёнияе дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" гуфтанд, "пас аз 20 соли фаъолият ба назди раҳбар ва муассиси мо Светлана Хон омада, гуфтанд, ки ин радиои шумо нест. Ҳамаи санадҳое, ки аз соли 2002 молик будани Хон С. Н.-ро тасдиқ мекунанд, мавҷуданд. Ба тамоми ниҳодҳо муроҷиат кардем, вале бенатиҷа буд".

Ҳамчунин қайд шудааст, ки дар ягон санад номи шавҳари пешини Гулнора Каримова -- Рустам Мадумаров оварда нашудааст ва он ҳеч робитае бо радио надорад.

"Додгоҳ қарор кард, ки радио ба нафъи давлат мусодира шавад. Ягон корманди моро ба мурофиа даъват накарданд. Танҳо охири соли гузашта Светлана Хонро аз содир шудани чунин қарор огаҳ карданд. Мо бовар дорем, ки инҷо иштибоҳи бузурге шудааст, вале бо сабабҳое он ислоҳ намешавад",-афзудаанд масъулони радио.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки ширкати мазкур гӯиё ба шавҳари пешини духтари калонии президенти нахустини Узбекистон тааллуқ дорад. Онро 8-уми май дар музояда ба фурӯш гузошта, нархашро 4,1 миллиард сӯм муайян кардаанд.

"Тавре аз хабарҳо маълум шуд, арзиши радио ду баробар поин бурда шудааст ва шахсе аллакай тасмим гирифтааст, ки онро бихарад ва танҳо рӯзи музоядаро мунтазир аст", - омадааст дар баёния.

Зиёиёни узбекистонӣ мехоҳанд, ба забони русӣ мақоми расмӣ дода шавад

Дар остонаи сафари вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Узбекистон, наздики 20 тан аз намояндагони зиёиёни русзабон пешниҳод карданд, ки дар Узбекистон ба забони русӣ мақоми расмӣ дода шавад.

Ин муроҷиати зиёиён, ки дар саҳифаҳои расонаҳои интернетӣ нашр шуд, таблиғоти Кремл унвон гирифт. Ташаббуси мазкур дар чорабинии бахшида ба 25-солагии Маркази фарҳанги русӣ дар шаҳри Тошканд рӯ зад ва масъулияти ҷамъоварии имзоҳоро рӯзноманигор Аъло Хоҷаев ба дӯш гирифт.

"Дар рӯзи нашри мақола оиди додани мақоми расмӣ ба забони русӣ ҳамагӣ се имзо дида мешуд. Вале баъдтар имзои зиёиёни дигар пайдо гардид", - гуфт рӯзноманигор Сардор Салим.

21 октябри соли 1989 Шӯрои олии Узбекистони Шӯравӣ ба забони ӯзбекӣ мақоми давлатӣ дод.

Ҳалокати 41 нафар ҳангоми сӯхтори ҳавопаймо дар Шереметево. ВИДЕО

Як ҳавопаймои ширкати "Аэрофлот" ҳангоми нишасти изтирорӣ дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Маскав оташ гирифт. Ҳодиса рӯзи 5 май рӯй дод.

Хабаргузории ТАСС навишт, ки дар дохили ҳавопаймо 73 мусофир ва 5 узви экипаж буданд. Кумитаи тафтишотии Русия шаби якшанбе дар баёнияи расмӣ гуфт, аз 78 нафар 37 нафар зинда мондааст. Қаблан ин ниҳод ҳалокати сездаҳ нафарро тасдиқ карда буд.

Ҳавопаймои "Суперҷет"-и истеҳсоли Русия дар хатсайри Маскав-Мурманск парвоз дошт. Баъди чанд дақиқаи парвоз сарнишинон нишасти изтирорӣ талаб кардаанд.

Хадамоти “Flight Radar” гузориш дод, ки ин ҳавопаймо 45 дақиқа дар ҳаво буда, пеш аз нишасти изтирорӣ ду дафъа дар атрофи Маскав чарх задааст.

Ширкати "Аэрофлот" гуфт, ҳангоми нишасти изтирорӣ муҳаррики ҳавопаймо оташ гирифтааст. Ҳамин манбаъ афзуд, ҳавопаймо бо мушкили фаннӣ ё техникӣ ба фурудгоҳи “Шереметево” баргашта буд. Таҳқиқи ҳодиса оғоз шудааст.

Ҳалокати камаш 13 нафар дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:06 0:00

СММ: миллионҳо нафар дар Куриёи Шимолӣ гуруснагӣ мекашанд

Зиёд аз 10 ё наздики 40 дарсади аҳолии Курёи Шимолӣ ҳамарӯза бо камбуди ғизо рӯбарӯяянд ва вазъият дар ин кишвар ба иллати бадтарин хушксоли даҳаи охир бадтар мешавад.

Ин хабар аз гузориши нави СММ бармеояд, ки зимни кори ҳайатҳои Барномаи ҷаҳонии озуқа ва кишоварзӣ дар Курёи Шимолӣ омода шудааст. Коршиносон аз аввали моҳи апрел дар ни кишвар вазъиятро меомӯзанд.

Созмонҳои байнулмилалӣ ба ҳазорон нафаре кумак мекунанд, ки дар бадтарин шароит қарор доранд. Тибқи маъмул инҳо асосан занон ва кӯдаконанд, ки аз тариқи боғчаи бачагон ва бемористонҳо хӯрок ба даст меоранд.

Попи Рум хост, булғорҳо дили худро бар рӯи муҳоҷирон боз кунанд

Попи Рум дар София

Попи Рум аз мардуми Булғористон хост, дилу хонаҳои худро ба рӯи муҳоҷирон боз кунанд. Ӯ гуфт, Булғористон, ки ба сабаби муҳоҷират аҳолиаш кам мешавад, бояд хуб бидонад, ки чӣ мардумро ба тарки сарзаминҳояшон водор мекунад.

Поп Франсис дар ин бора рӯзи 5-уми май ва ҳангоми мулоқот бо гуруҳе аз масеҳиёни католик суҳбат кард. Ӯ ҳамчунин ба як маркази паноҳҷӯён дар наздикии шаҳри София меравад ва сипас ба Македонияи Шимолӣ сафар мекунад.

Боздиди Попи Рум аз Булғористон дорои аҳамияти зиёд аст, чун ба муносибати Калисои Католик ва Калисои Православӣ бармегардад. Поп Франсис саъй дорад, фосила байни ду шохаи умдаи дини насрониро камтар кунад.

Булғористон танҳо кишвари православӣ аст, ки дар комиссиёне ҳузур надорад, ки ҳадафи кори он беҳтар кардани муколама байни ду калисо аст. Дар Булғористон 44 ҳазор пайрави дини католик зиндагӣ мекунанд.

Бародари раиси ҷумҳури Эронро зиндонӣ карданд

Ҳусейн Фаридун

Дар Эрон бародари раиси ҷумҳур Ҳасан Руҳониро бо гуноҳи фасодкорӣ ба зиндон ба маҳкум кардаанд. Ҳусейн Фаридун, ки аз атрофиёни наздики раиси ҷумҳур ба ҳисоб мерафт, рӯзи 4-уми май ба зиндон маҳкум шудааст. Расонаҳои эронӣ дар ин бора гузориш додаанд, аммо муҳлати ҷазои уро нагуфтаанд.

Аз ҷумла хабаргузории расмии ИРНА аз қавли Ҳамидризо Ҳусейнӣ, намояндаи вазорати адлия навиштааст, ки “Баъзе аз иттиҳомот ба зидди Ҳусейн Фаридун собит нашуд ва ӯро барои дигар гуноҳ ба зиндон маҳкум карданд.”

Хабаргузории Меҳр ва ИСНА навиштаанд, ки бародари раиси ҷумҳур ҳақ дорад, ба додгоҳи болоӣ шикоят барад. Ҳусейн Фаридун, аз мушовирони баландпояи раисиҷумҳури Эронро соли 2017 дастгир шуд, вале баъди пардохти васиқа ӯро зуд озод карданд. Ӯро дер боз ба фасодкорӣ муттаҳам мекарданд.

Ҳалқаҳои муҳофизакор ва мухолифи Руҳонӣ талаб кардаанд, ки бародари ӯ барои тақаллуби молӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад, аммо тарафдорони Руҳонӣ, ки ислоҳталаб ба шумор меравад, мегуянд, ин парванда барои беобрӯ кардани раиси ҷумҳур аст.

Ҳимояти Амрико аз ҳаққи Исроил барои дифоъ аз худ

Маҳалли суқути як мушаки Ҳамос дар Исроил

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамлаи ошӯбгарони фаластинӣ ба Исроилро маҳкум кард ва гуфт, аз ҳаққи Исроил барои муҳофизат аз худаш ҳимоят мекунад. Баёнияи вазорати умури хориҷии Амрико дар ин бора рӯзи 4-уми май нашр шуд.

Аз ин пештар ошӯбгарони фаластинӣ ба Исроил 400 мушак андохтанд ва дар посух ба он Исроил ба 200 мавзеъ дар Навори Ғазза зарба зад, ки дар натиҷаи он чанд нафар кушта шуданд. Мақомоти фаластинӣ гуфтанд, як зани ҳомила ва кӯдаки навзоди ӯ аз ҷумлаи қурбониён ҳастанд.

Аммо сухангӯи артиши Исроил гуфт, ки фаластиниён дар натиҷаи мушакандозиҳои Ҳамос, ки кушта шудаанд, чун мушакҳо пеш аз расидан ба ҳадафашон таркидаанд. Пулис ва матбуоти Исроил гуфт, дар ҳамлаҳои мушакии фаластиниён ба шаҳри Ашкелон як марди исроилӣ ба ҳалокат расидааст.

Морган Ортагус, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, кишвараш ҳамлаи Ҷиҳоди Исломӣ ва Ҳамос ба мардуми бегуноҳ дар Исроилро маҳкум мекунад ва хост, ҳамлаҳоро фавран бас кунанд. Муноқиша баъд аз он авҷ гирифт, ки Исроил рӯзи 3-уми май бо як ҳамлаи ҳавоӣ ду тундгарои созмони Ҳамосро кушт.

Дар ҳамлаи Толибон 20 маъмури пулис захм бардоштаанд

Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи як ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Пули Хумрӣ дар Афғонистон камаш 20 нафар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти расмӣ рӯзи 5-уми май гуфтанд, гуруҳе аз ҷангҷӯёни Толиб ба қароргоҳи пулис дар ин шаҳр ҳамла кардаанд. Толибон бо нашри баёнияе гуфтанд, ки яке аз ҷангҷӯёни гуруҳ мошини бомбгузоришудаи худро дар назди идораи пулис таркондааст.

Асадулло Шаҳбоз, узви шӯрои вилоятии Бағлон гуфт, ки мақомот барои муқовимат ба Толибон аз вилоятҳои ҳамсоя кумак хостаанд. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки маъмурони пулис яке аз Толибонро, ки мехост, вориди идораи пулис шавад, куштанд, аммо ба чанд нафари дигари онҳо муяссар шудааст, ки ба дохил роҳ ёбанд.

Зоҳидӣ ба Теҳрон рафт ва эътимоднома супурд

Низомиддин Зоҳидӣ

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири тозатаъйини Тоҷикистон дар Теҳрон, ба Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон эътимоднома супурдааст. Дар ин бора расонаҳои эронӣ гузориш доданд, вале аз ҷузъиёти мулоқоти ду тараф чизе нагуфтаанд.

Низомиддин Зоҳидӣ, муовини собиқи вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи даҳуми апрел сафир дар Эрон таъйин шуд. Ӯ баъди таъйиноташ ба ин мақом ба Радиои Озодӣ гуфт, барои беҳбуди муносибатҳои сардшудаи ду кишвар кӯшиш хоҳад кард.

Тоҷикистону Эрон, ки даҳсолаҳо равобити гарму наздик доштанд, ҳоло ҳамкориҳои зиёде надоранд. Иштироки раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳидин Кабирӣ дар як конфронсе дар Эрон моҳи декабри соли 2015 боиси норизоиятии ҳукумати Тоҷикистон шуд.

Тоҷикистон ин ҳизбро террористӣ эълон карда гуфтааст, ки он аз ҷониби Эрон ҳимоят мешавад. Раҳбарони ҳизб мегӯянд, ҳеҷ гоҳ ақидаҳои ифротӣ надоштанд ва манъи фаъолияти онҳо дар соли 2015 фақат аз саҳнаи сиёсӣ канор задани як ҳизби исломӣ ва мухолифи давлат буд.

Интиқоди Раҳмон аз афзоиши қиматҳо дар остонаи Рамазон

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии Иди Рамазон боло рафтани қиматҳо дар остонаи ин идро танқид кардааст.

Ӯ гуфтааст, онҳое, қимати маҳсулоти озуқаро “беасос баланд мебардоранд, боиси озурдахотирии ҳамватанони мусулмони хеш мегарданд” ва худу аҳли хонаводаашонро аз савоби ин моҳ маҳрум месозанд.

Дар Тоҷикистон дар остонаи Иди Рамазон ва бо афзудани талабот ба маводи хӯрока, умдатан қимати молу маҳсулот боло меравад ва имсол ҳам истисно набуд. Аммо айни замон мақомоти расмиро танқид мекунанд, ки бо усулҳои фармонфармоӣ на бо назардошти қонуни бозор мехоҳанд, қиматҳоро поин биёранд, аммо баръакс ба гаронтар шудани он мусоидат мекунанд.

Паёми Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми май дар вебсайти расмии раиси ҷумҳур нашр шуд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин паём ҳамчунин аз авҷ гирифтани ифротгароӣ ва муноқишаҳо дар кишварҳои мусулмоннишин ёдоварӣ карда ва аз мардум хостааст, ҳадафи равияҳои ифротиро ба наврасону ҷавонон фаҳмонанд ва нагузоранд, ки дар ҷомеа андешаҳои бегона нуфуз пайдо кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 2014 то кунун бештар аз 1000 шаҳрванди кишвар ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи гуруҳҳои ифротиву тундраву террористӣ ба мисли “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Дар Тоҷикистон моҳи Рамазон аз 6-уми май шуруъ мешавад.

Як ширкат баста будани Google-ро дар Тоҷикистон тасдиқ кард

Як ширкати фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон дастнорас будани хадамоти Google ва баъзе аз шабакаҳои иҷтимоиро дар кишвар расман тасдиқ кард ва аз муштариёни худ узр хост.

Ширкати “Интерком” 2 май дар изҳороте навишт, ки дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯгари Google ва баъзе аз мессенҷерҳо масдуд аст. Аммо ширкат гуфтааст, сабаби дастнорас будани хадамоти Google ва паёмрасонҳо аз онҳо вобаста нест.

“Дар баъзе аз дастгоҳҳо, мумкин аст, аломати “интернет нест” пайдо шавад, аммо интернет кор мекунад. Вале дастрасӣ ба хадамоти Гугл нест”, -- гуфтанд дар ширкат.

Солҳои охир масдуд шудани сомонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон маъмул буд. Аммо тайи як ҳафтаи охир бозори замимаҳои интернетии “Play market” ва “App store” ва хадамоти Google (ҷустуҷӯгар, имейл ва тарҷумон) низ дар Тоҷикистон баста шудаанд.

Ҳарчанд чунин рафтори мақомот боис ба нигаронӣ шуда, сулҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст, онҳо расман далели кори худро шарҳ надодаанд. Баъзеҳо тахмин мезананд, ки шояд Тоҷикистон ба пайравӣ аз Русия хадамоти Гуглро бастааст. Бархеи дигар мегӯянд, шояд Душанбе аз ин ширкат андоз ситонданист.

Вале муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев охири ҳафта ба Радиои Озодӣ гуфт, “шояд мушкили техникӣ аз берун аст”. Ҷавобе, ки бисёриҳо ба он бо шубҳа менигаранд.

"Гуруҳи вижа бозкушоии дари беш аз 500 масҷидро баррасӣ дорад"

Мумкин аст, дар Тоҷикистон ба беш аз 500 масҷид иҷозаи дубораи фаъолият дода шавад. Қаблан, бо баҳонаи надоштани санади расмӣ, ба дари ин масҷидҳо қуфл зада буданд ё ба чойхонаву коргоҳи дӯзандагӣ табдил доданд.

Дар Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 4 май тасдиқ карданд, ки ҳоло як гуруҳи вижа «масъаларо таҳқиқ дорад», вале ҷузъиёти бештар надоданд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ аз ҷараёни қазия гуфт, таҳияи рӯйхати масҷидҳое, ки бояд иҷозаи дубораи фаъолият ба даст оранд, аз соли гузашта идома дорад. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад, «ҳукумат низ дар ин бора ризоят додааст».

«Муроҷиат зиёд шуд, ки дар як деҳаи калон масҷид нест ва, барои мисол, чаҳор пирамард даҳ киломтер роҳро тай карда, ба деҳаи ҳамсоя ба намози ҷумъа мераванд. Мақомот ба хулоса расиданд, ки дар чунин деҳаҳо бояд масҷидҳо фаъол карда шаванд», -- афзуд ӯ.

Аммо кай ва чигуна ин иқдом татбиқ хоҳад шуд, маълум нест. Мақомот низ тасмими худро пурра шарҳ надодаанд.

Соли гузашта ба тақрибан сад масҷид дар шаҳри Ваҳдат иҷозаи дубораи фаъолият дода шуда буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, баъзеҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба эҳтимоли бозкушоии дари тақрибан 600 масҷид ибрози умед кардаанд.

Хабаргузории «Азия-Плюс» менависад, соли 2017 дар Тоҷикистон фаъолияти беш аз 1 ҳазору 700 масҷид қатъ шудааст. Соли 2018 танҳо дар вилояти Суғд беш аз 120 масҷиду мадраса ба бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, толорҳои варзишӣ ва китобхонаҳо табдил ёфтаанд.

Дар гузашта мақомоти Кумитаи дин дар гузоришҳои худ мегуфтанд, ки дар кишвар 4 ҳазор масҷиди ҷомеъ ва панҷвақта амал мекунад.

Моҳи апрели имсол дар мусоҳибаи худ бо «Садои мардум», нашрияи порлумонӣ, Фаррухулло Олимзода, муовини раиси Кумитаи дин гуфт, «айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 3800 масҷиди ҷомеъ ва панҷвақта, 3 ҷамоатхона ва 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ амал мекунанд.»

Помпео ва Лавров дар нишасти Финландия аз чӣ хоҳанд гуфт?

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико

Як дипломати баландпояи Русия тасдиқ кард, ки вазирони корҳои хориҷии Русия ва Амрико ҳафтаи оянда бо ҳам мулоқот мекунанд.

Дидори Майк Помпео ва Сергей Лавров дар авҷи танишҳо миёни ду кишвар дар масъалаи буҳрони Венесуэла сурат мегирад.

Мақомоти амрикоӣ, ки нахостанд номашон фош шавад, гуфтанд, Помпео ва Лавров рӯзи 6 май дар нишасти дурӯзаи Шӯрои Арктик дар шимоли Финландия иштирок мекунанд.

Хабаргузориҳои Русия аз Сергей Рибаков, муовини вазири умури хориҷии он кишвар нақли қавл карданд, ки мегӯяд, ин нишаст баргузор мешавад.

Эҳтимол нооромиҳо дар Венесуэла мавзӯи асосии баҳси ду вазири умури хориҷӣ бошад. Вашингтон интихоби дубораи Николас Мадуроро ба ҳайси президенти Венесуэла ғайриқонунӣ медонад. Амрико раҳбари мухолифони Венесуэла Хуан Гайдоро ба ҳайси президенти муваққати он кишвар эътироф кардааст. Русия аз Николас Мадуро ҳимоят мекунад.

"Қотили дувум"-и бародари Ким Чен Ин озод шуд

Доан Тхи Хионг

Доан Тхи Хионг, шаҳрванди 28-солаи Ветнам, ки моҳи апрел барои қатли Ким Чен Нам, бародари роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин маҳкум шуда буд, баъди як моҳи ҳукми додгоҳ аз зиндон баромад.

Ким Чен Нам моҳи феврали соли 2017 дар фурудгоҳи Куала-Лумпур кушта шуд. Он замон рӯймолчаи заҳролудшудаеро ба рӯйи вай партофта буданд. Бо айби куштори Ким Чен Нам ду зан - Доан Тхи Хионг ва шаҳрванди Индонезия Сити Айсиа зиндонӣ шуданд. Вакилони дифои маҳкумшудаҳо мегӯянд, занҳоро фиреб доданд. Онҳо гумон мекарданд, ки дар кадом як "намоиши воқеӣ" ё мазҳакае ширкат доранд.

Доан Тхи Хионг 1 апрел ба 3 солу 4 моҳи зиндон маҳкум шуда буд. Аммо вай дархости озодии пеш аз муҳлатро кард ва ба ин тартиб озод шуд. Сити Айсиа моҳи март озод шуда буд.

Писари калонии роҳбари пешини Куриёи Шимолӣ дар гузашта ҷойнишини падараш унвон мешавад. Аммо мавриди номеҳрубонӣ қарор гирифт ва ба хориҷ фирор кард. Баъди марги Ким Чен Ир - роҳбари пешини Куриёи Шимолӣ - писари дувуми Ким Чен Ин сари қудрат омад. Ким Чен Нам аз сиёсатҳои бародараш интиқод мекард. Тахмин меравад, ки хадамоти махсуси Куриёи Шимолӣ дар қатли Ким Чен Нам даст дорад.

Президенти пешини Қирғизистон ва "Апрел-TV" ба ҷарима маҳкум шуданд

Додгоҳи шаҳри Бишкек телевизиони "Апрел"-ро вазифадор кард, ки ба раиси пешини порлумон Аҳмадбек Келдибеков ва сиёсатмадорон Азимбек Бекназарову Кенешбек Дуйшебоев 10-ҳазорсомӣ (1400 доллар) ҷуброн пардохт кунад.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ бояд ба онҳо 100-ҳазорсомӣ бипардозад. Бино ба иттилои "Институт Медиа полисӣ", ҳукми додгоҳ дар ин бора 2 май содир шудааст.

Аҳмадбек Келдибеков, раиси пешини порлумон, Азимбек Бекназаров ва Кенешбек Дуйшебоев аъзои пешини Ҳукумати муваққат 26 декабри соли 2018 Отамбоев ва мудири телевизиони "Апрел" Дмитрий Ложниковро ба додгоҳ кашиданд. Баҳс сари мусоҳибае буд, ки Отамбоев 10 декабр дар телевизиони мазкур доир кард.

Ба бовари даъвогарон, президенти пешин дар мусоҳибааш ба шарафу номуси онҳо латма задааст. Даъвогарон аз президенти пешин 18 миллион сом ҷуброни зарари маънавӣ талаб доштанд.

Ҳалокати се фаластинӣ ва захмӣ шудани ду сарбози исроилӣ

Мақомоти тандурустии Ғазза аз кушта шудани се фаластинӣ дар марз бо Исроил хабар доданд.

Ба гуфтаи онҳо, як фаластинӣ дар ҷараёни эътирозҳо ва дуи дигар дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил кушта шудаанд. Ҳодиса рӯзи ҷумъаи 3 май рӯй додааст.

Артиши Исроил хабар дод, ки ду сарбозаш дар як тирандозӣ дар марз захмӣ шуданд. Ба гуфтаи ҷониби Исроил, дар пайи ин тирандозӣ ҳавопаймоҳои ҷангиаш болои як пойгоҳи низомии ҷунбиши “Ҳамос” ҳамла карданд. “Ҳамос” назорати Ғаззаро дар даст дорад.

Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва Исроил ҷунбиши “Ҳамос”-ро созмони террористӣ мешиносанд.

Таниш миёни Исроил ва Ғазза дар ҳафтаҳои охир афзоиш ёфтааст. Нерӯҳои фаластинӣ ба қаламрави Исроил мушак партоб карданд ва дар ҷавоб ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ҳадафҳоро дар борикаи соҳилӣ бомбаборон кард.

Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, аз моҳи март ба ин сӯ дар ҷараёни эътирозҳо дар марз бо Исроил 270 фаластинӣ кушта шудаанд.

Аз Венесуэла то Корея. Суҳбати телефонии Трамп ва Путин

Президентҳои Амрикову Русия телефонӣ суҳбат кардаанд. Онҳо бори охир соли гузашта дар нишасти раҳбарони G20 дар Аргентина дидор доштанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, 3 май дар "Твиттер" навишт, ки бо ҳамтои руси худ Владимир Путин "суҳбати тӯлонӣ ва хеле хуб" дошт. Трамп навишт, онҳо дар бораи тиҷорат, буҳрони Венесуэла, Украина, Кореяи Шимолӣ, назорати силоҳи ҳастаӣ ва гузориши Роберт Мюллер вобаста ба дахолати Русия дар интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико баҳс кардаанд.

Дертар Трамп ҳангоми мулоқот бо нахуствазири Словакия Петер Пеллегрини дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт:

"Ман бо президент Путин суҳбати хубе доштам ва тақрибан як соат дар бораи масъалаҳои зиёд гап задем. Венесуэла яке аз мавзуъҳо буд. Ӯ ҳеч майли дахолат ба масъалаи Венесуэларо надорад, ба ғайр аз инки таҳаввулоти мусбатеро дар ин кишвар бубинад. Ман ҳам ҳамин эсҳсосро дорам. Мо мехоҳем кумаки башардӯстона кунем. Ҳоло мардум гурусна ҳастанд. Обу хӯрданӣ надоранд. Ин кишвар бист сол пеш яке аз давлатҳои сарватманд буд ва ҳоло барои мардуми худ обу ғизо надорад. Мо мехоҳем кумаки башардӯстона кунем.”

Пеш аз ин, Сара Сандерз -- сухангӯи Кохи Сафед -- гуфта буд, ки Трамп ва Путин як паймони нави чандҷонибаи ҳастаӣ байни Амрикову Русия ва Чинро баррасӣ карданд.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Тарс аз вируси нав дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00
XS
SM
MD
LG