Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

СММ: миллионҳо нафар дар Куриёи Шимолӣ гуруснагӣ мекашанд

Зиёд аз 10 ё наздики 40 дарсади аҳолии Курёи Шимолӣ ҳамарӯза бо камбуди ғизо рӯбарӯяянд ва вазъият дар ин кишвар ба иллати бадтарин хушксоли даҳаи охир бадтар мешавад.

Ин хабар аз гузориши нави СММ бармеояд, ки зимни кори ҳайатҳои Барномаи ҷаҳонии озуқа ва кишоварзӣ дар Курёи Шимолӣ омода шудааст. Коршиносон аз аввали моҳи апрел дар ни кишвар вазъиятро меомӯзанд.

Созмонҳои байнулмилалӣ ба ҳазорон нафаре кумак мекунанд, ки дар бадтарин шароит қарор доранд. Тибқи маъмул инҳо асосан занон ва кӯдаконанд, ки аз тариқи боғчаи бачагон ва бемористонҳо хӯрок ба даст меоранд.

Попи Рум хост, булғорҳо дили худро бар рӯи муҳоҷирон боз кунанд

Попи Рум дар София

Попи Рум аз мардуми Булғористон хост, дилу хонаҳои худро ба рӯи муҳоҷирон боз кунанд. Ӯ гуфт, Булғористон, ки ба сабаби муҳоҷират аҳолиаш кам мешавад, бояд хуб бидонад, ки чӣ мардумро ба тарки сарзаминҳояшон водор мекунад.

Поп Франсис дар ин бора рӯзи 5-уми май ва ҳангоми мулоқот бо гуруҳе аз масеҳиёни католик суҳбат кард. Ӯ ҳамчунин ба як маркази паноҳҷӯён дар наздикии шаҳри София меравад ва сипас ба Македонияи Шимолӣ сафар мекунад.

Боздиди Попи Рум аз Булғористон дорои аҳамияти зиёд аст, чун ба муносибати Калисои Католик ва Калисои Православӣ бармегардад. Поп Франсис саъй дорад, фосила байни ду шохаи умдаи дини насрониро камтар кунад.

Булғористон танҳо кишвари православӣ аст, ки дар комиссиёне ҳузур надорад, ки ҳадафи кори он беҳтар кардани муколама байни ду калисо аст. Дар Булғористон 44 ҳазор пайрави дини католик зиндагӣ мекунанд.

Бародари раиси ҷумҳури Эронро зиндонӣ карданд

Ҳусейн Фаридун

Дар Эрон бародари раиси ҷумҳур Ҳасан Руҳониро бо гуноҳи фасодкорӣ ба зиндон ба маҳкум кардаанд. Ҳусейн Фаридун, ки аз атрофиёни наздики раиси ҷумҳур ба ҳисоб мерафт, рӯзи 4-уми май ба зиндон маҳкум шудааст. Расонаҳои эронӣ дар ин бора гузориш додаанд, аммо муҳлати ҷазои уро нагуфтаанд.

Аз ҷумла хабаргузории расмии ИРНА аз қавли Ҳамидризо Ҳусейнӣ, намояндаи вазорати адлия навиштааст, ки “Баъзе аз иттиҳомот ба зидди Ҳусейн Фаридун собит нашуд ва ӯро барои дигар гуноҳ ба зиндон маҳкум карданд.”

Хабаргузории Меҳр ва ИСНА навиштаанд, ки бародари раиси ҷумҳур ҳақ дорад, ба додгоҳи болоӣ шикоят барад. Ҳусейн Фаридун, аз мушовирони баландпояи раисиҷумҳури Эронро соли 2017 дастгир шуд, вале баъди пардохти васиқа ӯро зуд озод карданд. Ӯро дер боз ба фасодкорӣ муттаҳам мекарданд.

Ҳалқаҳои муҳофизакор ва мухолифи Руҳонӣ талаб кардаанд, ки бародари ӯ барои тақаллуби молӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад, аммо тарафдорони Руҳонӣ, ки ислоҳталаб ба шумор меравад, мегуянд, ин парванда барои беобрӯ кардани раиси ҷумҳур аст.

Ҳимояти Амрико аз ҳаққи Исроил барои дифоъ аз худ

Маҳалли суқути як мушаки Ҳамос дар Исроил

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамлаи ошӯбгарони фаластинӣ ба Исроилро маҳкум кард ва гуфт, аз ҳаққи Исроил барои муҳофизат аз худаш ҳимоят мекунад. Баёнияи вазорати умури хориҷии Амрико дар ин бора рӯзи 4-уми май нашр шуд.

Аз ин пештар ошӯбгарони фаластинӣ ба Исроил 400 мушак андохтанд ва дар посух ба он Исроил ба 200 мавзеъ дар Навори Ғазза зарба зад, ки дар натиҷаи он чанд нафар кушта шуданд. Мақомоти фаластинӣ гуфтанд, як зани ҳомила ва кӯдаки навзоди ӯ аз ҷумлаи қурбониён ҳастанд.

Аммо сухангӯи артиши Исроил гуфт, ки фаластиниён дар натиҷаи мушакандозиҳои Ҳамос, ки кушта шудаанд, чун мушакҳо пеш аз расидан ба ҳадафашон таркидаанд. Пулис ва матбуоти Исроил гуфт, дар ҳамлаҳои мушакии фаластиниён ба шаҳри Ашкелон як марди исроилӣ ба ҳалокат расидааст.

Морган Ортагус, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, кишвараш ҳамлаи Ҷиҳоди Исломӣ ва Ҳамос ба мардуми бегуноҳ дар Исроилро маҳкум мекунад ва хост, ҳамлаҳоро фавран бас кунанд. Муноқиша баъд аз он авҷ гирифт, ки Исроил рӯзи 3-уми май бо як ҳамлаи ҳавоӣ ду тундгарои созмони Ҳамосро кушт.

Дар ҳамлаи Толибон 20 маъмури пулис захм бардоштаанд

Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи як ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Пули Хумрӣ дар Афғонистон камаш 20 нафар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти расмӣ рӯзи 5-уми май гуфтанд, гуруҳе аз ҷангҷӯёни Толиб ба қароргоҳи пулис дар ин шаҳр ҳамла кардаанд. Толибон бо нашри баёнияе гуфтанд, ки яке аз ҷангҷӯёни гуруҳ мошини бомбгузоришудаи худро дар назди идораи пулис таркондааст.

Асадулло Шаҳбоз, узви шӯрои вилоятии Бағлон гуфт, ки мақомот барои муқовимат ба Толибон аз вилоятҳои ҳамсоя кумак хостаанд. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки маъмурони пулис яке аз Толибонро, ки мехост, вориди идораи пулис шавад, куштанд, аммо ба чанд нафари дигари онҳо муяссар шудааст, ки ба дохил роҳ ёбанд.

Зоҳидӣ ба Теҳрон рафт ва эътимоднома супурд

Низомиддин Зоҳидӣ

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири тозатаъйини Тоҷикистон дар Теҳрон, ба Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон эътимоднома супурдааст. Дар ин бора расонаҳои эронӣ гузориш доданд, вале аз ҷузъиёти мулоқоти ду тараф чизе нагуфтаанд.

Низомиддин Зоҳидӣ, муовини собиқи вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи даҳуми апрел сафир дар Эрон таъйин шуд. Ӯ баъди таъйиноташ ба ин мақом ба Радиои Озодӣ гуфт, барои беҳбуди муносибатҳои сардшудаи ду кишвар кӯшиш хоҳад кард.

Тоҷикистону Эрон, ки даҳсолаҳо равобити гарму наздик доштанд, ҳоло ҳамкориҳои зиёде надоранд. Иштироки раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳидин Кабирӣ дар як конфронсе дар Эрон моҳи декабри соли 2015 боиси норизоиятии ҳукумати Тоҷикистон шуд.

Тоҷикистон ин ҳизбро террористӣ эълон карда гуфтааст, ки он аз ҷониби Эрон ҳимоят мешавад. Раҳбарони ҳизб мегӯянд, ҳеҷ гоҳ ақидаҳои ифротӣ надоштанд ва манъи фаъолияти онҳо дар соли 2015 фақат аз саҳнаи сиёсӣ канор задани як ҳизби исломӣ ва мухолифи давлат буд.

Интиқоди Раҳмон аз афзоиши қиматҳо дар остонаи Рамазон

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии Иди Рамазон боло рафтани қиматҳо дар остонаи ин идро танқид кардааст.

Ӯ гуфтааст, онҳое, қимати маҳсулоти озуқаро “беасос баланд мебардоранд, боиси озурдахотирии ҳамватанони мусулмони хеш мегарданд” ва худу аҳли хонаводаашонро аз савоби ин моҳ маҳрум месозанд.

Дар Тоҷикистон дар остонаи Иди Рамазон ва бо афзудани талабот ба маводи хӯрока, умдатан қимати молу маҳсулот боло меравад ва имсол ҳам истисно набуд. Аммо айни замон мақомоти расмиро танқид мекунанд, ки бо усулҳои фармонфармоӣ на бо назардошти қонуни бозор мехоҳанд, қиматҳоро поин биёранд, аммо баръакс ба гаронтар шудани он мусоидат мекунанд.

Паёми Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми май дар вебсайти расмии раиси ҷумҳур нашр шуд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин паём ҳамчунин аз авҷ гирифтани ифротгароӣ ва муноқишаҳо дар кишварҳои мусулмоннишин ёдоварӣ карда ва аз мардум хостааст, ҳадафи равияҳои ифротиро ба наврасону ҷавонон фаҳмонанд ва нагузоранд, ки дар ҷомеа андешаҳои бегона нуфуз пайдо кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 2014 то кунун бештар аз 1000 шаҳрванди кишвар ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи гуруҳҳои ифротиву тундраву террористӣ ба мисли “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Дар Тоҷикистон моҳи Рамазон аз 6-уми май шуруъ мешавад.

Як ширкат баста будани Google-ро дар Тоҷикистон тасдиқ кард

Як ширкати фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон дастнорас будани хадамоти Google ва баъзе аз шабакаҳои иҷтимоиро дар кишвар расман тасдиқ кард ва аз муштариёни худ узр хост.

Ширкати “Интерком” 2 май дар изҳороте навишт, ки дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯгари Google ва баъзе аз мессенҷерҳо масдуд аст. Аммо ширкат гуфтааст, сабаби дастнорас будани хадамоти Google ва паёмрасонҳо аз онҳо вобаста нест.

“Дар баъзе аз дастгоҳҳо, мумкин аст, аломати “интернет нест” пайдо шавад, аммо интернет кор мекунад. Вале дастрасӣ ба хадамоти Гугл нест”, -- гуфтанд дар ширкат.

Солҳои охир масдуд шудани сомонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон маъмул буд. Аммо тайи як ҳафтаи охир бозори замимаҳои интернетии “Play market” ва “App store” ва хадамоти Google (ҷустуҷӯгар, имейл ва тарҷумон) низ дар Тоҷикистон баста шудаанд.

Ҳарчанд чунин рафтори мақомот боис ба нигаронӣ шуда, сулҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст, онҳо расман далели кори худро шарҳ надодаанд. Баъзеҳо тахмин мезананд, ки шояд Тоҷикистон ба пайравӣ аз Русия хадамоти Гуглро бастааст. Бархеи дигар мегӯянд, шояд Душанбе аз ин ширкат андоз ситонданист.

Вале муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев охири ҳафта ба Радиои Озодӣ гуфт, “шояд мушкили техникӣ аз берун аст”. Ҷавобе, ки бисёриҳо ба он бо шубҳа менигаранд.

"Гуруҳи вижа бозкушоии дари беш аз 500 масҷидро баррасӣ дорад"

Мумкин аст, дар Тоҷикистон ба беш аз 500 масҷид иҷозаи дубораи фаъолият дода шавад. Қаблан, бо баҳонаи надоштани санади расмӣ, ба дари ин масҷидҳо қуфл зада буданд ё ба чойхонаву коргоҳи дӯзандагӣ табдил доданд.

Дар Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 4 май тасдиқ карданд, ки ҳоло як гуруҳи вижа «масъаларо таҳқиқ дорад», вале ҷузъиёти бештар надоданд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ аз ҷараёни қазия гуфт, таҳияи рӯйхати масҷидҳое, ки бояд иҷозаи дубораи фаъолият ба даст оранд, аз соли гузашта идома дорад. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад, «ҳукумат низ дар ин бора ризоят додааст».

«Муроҷиат зиёд шуд, ки дар як деҳаи калон масҷид нест ва, барои мисол, чаҳор пирамард даҳ киломтер роҳро тай карда, ба деҳаи ҳамсоя ба намози ҷумъа мераванд. Мақомот ба хулоса расиданд, ки дар чунин деҳаҳо бояд масҷидҳо фаъол карда шаванд», -- афзуд ӯ.

Аммо кай ва чигуна ин иқдом татбиқ хоҳад шуд, маълум нест. Мақомот низ тасмими худро пурра шарҳ надодаанд.

Соли гузашта ба тақрибан сад масҷид дар шаҳри Ваҳдат иҷозаи дубораи фаъолият дода шуда буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, баъзеҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба эҳтимоли бозкушоии дари тақрибан 600 масҷид ибрози умед кардаанд.

Хабаргузории «Азия-Плюс» менависад, соли 2017 дар Тоҷикистон фаъолияти беш аз 1 ҳазору 700 масҷид қатъ шудааст. Соли 2018 танҳо дар вилояти Суғд беш аз 120 масҷиду мадраса ба бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, толорҳои варзишӣ ва китобхонаҳо табдил ёфтаанд.

Дар гузашта мақомоти Кумитаи дин дар гузоришҳои худ мегуфтанд, ки дар кишвар 4 ҳазор масҷиди ҷомеъ ва панҷвақта амал мекунад.

Моҳи апрели имсол дар мусоҳибаи худ бо «Садои мардум», нашрияи порлумонӣ, Фаррухулло Олимзода, муовини раиси Кумитаи дин гуфт, «айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 3800 масҷиди ҷомеъ ва панҷвақта, 3 ҷамоатхона ва 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ амал мекунанд.»

Помпео ва Лавров дар нишасти Финландия аз чӣ хоҳанд гуфт?

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико

Як дипломати баландпояи Русия тасдиқ кард, ки вазирони корҳои хориҷии Русия ва Амрико ҳафтаи оянда бо ҳам мулоқот мекунанд.

Дидори Майк Помпео ва Сергей Лавров дар авҷи танишҳо миёни ду кишвар дар масъалаи буҳрони Венесуэла сурат мегирад.

Мақомоти амрикоӣ, ки нахостанд номашон фош шавад, гуфтанд, Помпео ва Лавров рӯзи 6 май дар нишасти дурӯзаи Шӯрои Арктик дар шимоли Финландия иштирок мекунанд.

Хабаргузориҳои Русия аз Сергей Рибаков, муовини вазири умури хориҷии он кишвар нақли қавл карданд, ки мегӯяд, ин нишаст баргузор мешавад.

Эҳтимол нооромиҳо дар Венесуэла мавзӯи асосии баҳси ду вазири умури хориҷӣ бошад. Вашингтон интихоби дубораи Николас Мадуроро ба ҳайси президенти Венесуэла ғайриқонунӣ медонад. Амрико раҳбари мухолифони Венесуэла Хуан Гайдоро ба ҳайси президенти муваққати он кишвар эътироф кардааст. Русия аз Николас Мадуро ҳимоят мекунад.

"Қотили дувум"-и бародари Ким Чен Ин озод шуд

Доан Тхи Хионг

Доан Тхи Хионг, шаҳрванди 28-солаи Ветнам, ки моҳи апрел барои қатли Ким Чен Нам, бародари роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин маҳкум шуда буд, баъди як моҳи ҳукми додгоҳ аз зиндон баромад.

Ким Чен Нам моҳи феврали соли 2017 дар фурудгоҳи Куала-Лумпур кушта шуд. Он замон рӯймолчаи заҳролудшудаеро ба рӯйи вай партофта буданд. Бо айби куштори Ким Чен Нам ду зан - Доан Тхи Хионг ва шаҳрванди Индонезия Сити Айсиа зиндонӣ шуданд. Вакилони дифои маҳкумшудаҳо мегӯянд, занҳоро фиреб доданд. Онҳо гумон мекарданд, ки дар кадом як "намоиши воқеӣ" ё мазҳакае ширкат доранд.

Доан Тхи Хионг 1 апрел ба 3 солу 4 моҳи зиндон маҳкум шуда буд. Аммо вай дархости озодии пеш аз муҳлатро кард ва ба ин тартиб озод шуд. Сити Айсиа моҳи март озод шуда буд.

Писари калонии роҳбари пешини Куриёи Шимолӣ дар гузашта ҷойнишини падараш унвон мешавад. Аммо мавриди номеҳрубонӣ қарор гирифт ва ба хориҷ фирор кард. Баъди марги Ким Чен Ир - роҳбари пешини Куриёи Шимолӣ - писари дувуми Ким Чен Ин сари қудрат омад. Ким Чен Нам аз сиёсатҳои бародараш интиқод мекард. Тахмин меравад, ки хадамоти махсуси Куриёи Шимолӣ дар қатли Ким Чен Нам даст дорад.

Президенти пешини Қирғизистон ва "Апрел-TV" ба ҷарима маҳкум шуданд

Додгоҳи шаҳри Бишкек телевизиони "Апрел"-ро вазифадор кард, ки ба раиси пешини порлумон Аҳмадбек Келдибеков ва сиёсатмадорон Азимбек Бекназарову Кенешбек Дуйшебоев 10-ҳазорсомӣ (1400 доллар) ҷуброн пардохт кунад.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ бояд ба онҳо 100-ҳазорсомӣ бипардозад. Бино ба иттилои "Институт Медиа полисӣ", ҳукми додгоҳ дар ин бора 2 май содир шудааст.

Аҳмадбек Келдибеков, раиси пешини порлумон, Азимбек Бекназаров ва Кенешбек Дуйшебоев аъзои пешини Ҳукумати муваққат 26 декабри соли 2018 Отамбоев ва мудири телевизиони "Апрел" Дмитрий Ложниковро ба додгоҳ кашиданд. Баҳс сари мусоҳибае буд, ки Отамбоев 10 декабр дар телевизиони мазкур доир кард.

Ба бовари даъвогарон, президенти пешин дар мусоҳибааш ба шарафу номуси онҳо латма задааст. Даъвогарон аз президенти пешин 18 миллион сом ҷуброни зарари маънавӣ талаб доштанд.

Ҳалокати се фаластинӣ ва захмӣ шудани ду сарбози исроилӣ

Мақомоти тандурустии Ғазза аз кушта шудани се фаластинӣ дар марз бо Исроил хабар доданд.

Ба гуфтаи онҳо, як фаластинӣ дар ҷараёни эътирозҳо ва дуи дигар дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил кушта шудаанд. Ҳодиса рӯзи ҷумъаи 3 май рӯй додааст.

Артиши Исроил хабар дод, ки ду сарбозаш дар як тирандозӣ дар марз захмӣ шуданд. Ба гуфтаи ҷониби Исроил, дар пайи ин тирандозӣ ҳавопаймоҳои ҷангиаш болои як пойгоҳи низомии ҷунбиши “Ҳамос” ҳамла карданд. “Ҳамос” назорати Ғаззаро дар даст дорад.

Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва Исроил ҷунбиши “Ҳамос”-ро созмони террористӣ мешиносанд.

Таниш миёни Исроил ва Ғазза дар ҳафтаҳои охир афзоиш ёфтааст. Нерӯҳои фаластинӣ ба қаламрави Исроил мушак партоб карданд ва дар ҷавоб ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ҳадафҳоро дар борикаи соҳилӣ бомбаборон кард.

Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, аз моҳи март ба ин сӯ дар ҷараёни эътирозҳо дар марз бо Исроил 270 фаластинӣ кушта шудаанд.

Аз Венесуэла то Корея. Суҳбати телефонии Трамп ва Путин

Президентҳои Амрикову Русия телефонӣ суҳбат кардаанд. Онҳо бори охир соли гузашта дар нишасти раҳбарони G20 дар Аргентина дидор доштанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, 3 май дар "Твиттер" навишт, ки бо ҳамтои руси худ Владимир Путин "суҳбати тӯлонӣ ва хеле хуб" дошт. Трамп навишт, онҳо дар бораи тиҷорат, буҳрони Венесуэла, Украина, Кореяи Шимолӣ, назорати силоҳи ҳастаӣ ва гузориши Роберт Мюллер вобаста ба дахолати Русия дар интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико баҳс кардаанд.

Дертар Трамп ҳангоми мулоқот бо нахуствазири Словакия Петер Пеллегрини дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт:

"Ман бо президент Путин суҳбати хубе доштам ва тақрибан як соат дар бораи масъалаҳои зиёд гап задем. Венесуэла яке аз мавзуъҳо буд. Ӯ ҳеч майли дахолат ба масъалаи Венесуэларо надорад, ба ғайр аз инки таҳаввулоти мусбатеро дар ин кишвар бубинад. Ман ҳам ҳамин эсҳсосро дорам. Мо мехоҳем кумаки башардӯстона кунем. Ҳоло мардум гурусна ҳастанд. Обу хӯрданӣ надоранд. Ин кишвар бист сол пеш яке аз давлатҳои сарватманд буд ва ҳоло барои мардуми худ обу ғизо надорад. Мо мехоҳем кумаки башардӯстона кунем.”

Пеш аз ин, Сара Сандерз -- сухангӯи Кохи Сафед -- гуфта буд, ки Трамп ва Путин як паймони нави чандҷонибаи ҳастаӣ байни Амрикову Русия ва Чинро баррасӣ карданд.

Роҳи ҳавопаймоҳои Туркманистон ба Аврупо дубора боз шуд

Ширкати миллии ҳавопаймоии Туркманистон (Туркменховаёлларӣ) эълон кард, ки парвози ҳавопаймоҳои он дар масири Ишқобод-Франкфурт, Ишқобод-Лондон ва Ишқобод-Бирмингем аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ба огаҳии сомонаи ширкат, парвози ҳавопаймоҳо дар масирҳои мазкур аз 1 июни имсол дубора оғоз мешавад.

Рӯзи 4-уми феврали имсол дар сомонаи Вазорати умури хориҷии Бритониё хабар нашр шуд, ки Оҷонсии амнияти ҳавонавардии Аврупо ширкати "Туркменҳовайолларӣ"-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст. Вале гуфта нашуд, ки ширкат чӣ меъёрро вайрон кард.

"Туркменховаёлларӣ" миёнаҳои моҳи феврал барои бартараф кардани мушкилиҳо ва мутобиқсозии худ ба меъёрҳои байналмилалии амнияти ҳавоӣ аз ширкати "Lufthansa Consulting" кумак хост.

"Чанде пеш "Туркменховаёлларӣ" дар робита ба иҷрои талаботи Оҷонси амнияти ҳавонавардии Аврупо (EASA) бо мушкил рӯбарӯ шуд. Ширкат камбудҳои худро эътироф мекунад ва ҳоло тасмим гирифтааст, дар ҳамкорӣ бо коршиносони олмонӣ онҳоро бартараф кунад", - омада буд дар изҳороти муштараки "Туркменховаёлларӣ" ва "LufthansaConsulting" аз 13 феврал.

Ба огаҳии сомонаи расмии "Туркменховаёлларӣ", ҳавопаймоҳои ин ширкат дар дохили Туркманистон рӯзона то 5 ҳазор мусофирро интиқол дода, дар як сол дар масирҳои дохиливу минтақавӣ ба ҳудуди 3 миллион нафар хидмат мерасонанд.

То даҳ соли зиндон барои истифода аз дронҳо дар Узбекистон

Барои истифодаи ғайриқонунӣ аз дронҳо ё дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар Узбекистон ҷазо муқаррар карданд.

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, тарҳи иловаҳо ба Кодекси ҷиноии он кишварро имзо кард, ки барои воридот, фурӯш, нигоҳдорӣ ва истифодаи дронҳо то се соли маҳрумӣ аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Мақомот мегӯянд, агар ҳамин кирдор такрор шавад, нафари муттаҳам аз 8 то 10 сол зиндонӣ хоҳад шуд.

Тағйироти нав ба қонуни ҷиноии Узбекистон аз моҳи октябри имсол ба иҷро медарояд. Мақомоти Узбекистон гуфтаанд, касе, ки ихтиёрӣ дронҳои худро ба мақомот месупорад, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод хоҳад буд.

Дар ҳоли ҳозир барои сабти тӯйи арӯсӣ ва клипҳо асосан аз дронҳо истифода мекунанд. Тоҷикистон моҳи апрели соли 2016 воридоту содирот ва хариду фурӯши ҳавопаймоҳои бесарнишин, аз ҷумла "дрон" ё "квадракоптер"-ҳоро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода буд. Ҳоло дар кишвар воридоту содирот ва истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин танҳо бо иҷозатномаи махсус имконпазир аст.

Зеленский гуфт, феълан робитаи Украинаву Русия бародарона нест

Раисҷумҳури нави Украина гуфт, дар ҳоли ҳозир равобити миёни Киев ва Маскав "бародарона нест". Владимир Зеленский гуфтааст, ду кишвар дар мавриди марзи муштарак мушкилот доранд. Зеленский рӯзи 3 май дар Фейсбук дар баробари изҳороти ахири раисҷумҳури Русия аксуламал нишон дод. Владимир Путин фармонеро содир кардааст, ки бар асоси он шаҳрвандони Украина метавонанд ба осонӣ шаҳрвандии Русияро соҳиб шаванд.

Эълони чаҳор ҷоиза ва як бурсия барои хабарнигорони тоҷик

Як созмони хабарнигорӣ дар Аврупо барои рӯзноманигорону блогнависони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар чаҳор ҷоиза эълон кард.

Кунгураи аврупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик моҳи марти имсол ба кор оғоз намуд. Масъулони сомзон рӯзи 3 май гуфтанд, ҳадаф аз эълони ҷоизаҳо “ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати рӯзноманигорон, беҳбуди вазъи озодии баён ва посдошти арзишҳои рӯзноманигорӣ” аст.

Санҷар Ҳошимӣ, узви раёсати Кунгураи аврупоии хабарнигорону блогнависони тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷоизаҳо барои “бунёдгузории тарҳ ва ниҳодҳои таҳкимбахши озодии баён”, “ҷасорат”, “садоқат” ва “наҷобат” тақдим мешавад. Маблағи ҷоизаҳо аз 3 то 5 ҳазор сомонист.

“Ин ҷоизаҳо дар як сол як бор, дар Рӯзи озодии баён тақдим карда хоҳанд шуд. Шаҳрвандон, идораи расонаҳо ва созмонҳои иҷтимоӣ метавонанд номзадҳои худро ҳамасола то 20-уми март пешниҳод кунанд”, - гуфт Санҷар Ҳошимӣ.

Инчунин, Кунгураи аврупоии хабарнигорону блогнависони тоҷик барои ҷой додани номи 73 тан аз рӯзноманигорони кушташудаи тоҷикистонӣ дар Newseum дар Вашингтон бурсияи 10 ҳазор сомонӣ таъсис додааст. Пажӯҳишгарони масоили расонаҳо, рӯзноманигорон ва созмонҳо метавонанд, ки аз ин бурсия баҳра баранд. То ҳол дар осорхонаи мазкур номи наздик ба 30 рӯзноманигори тоҷик ҷой дода шудааст.

3,4 млн доллари БҶ барои бозсозии 3 ёдгории таърихӣ дар Хатлон

Ёдгориҳои таърихии "Хоҷа Машҳад", "Чилучорчашма" ва "Ҳулбук" дар вилояти Хатлон бо кӯмаки молии Бонки ҷаҳонӣ бозсозӣ мешаванд. Ба гуфтаи мақомоти Хатлон, барои бозсозии ин се ёдгории таърихӣ, аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ 3 миллиону 400 ҳазор доллар ҷудо шудааст.

Аз шуъбаи таҳлил ва иттилооти вилояти Хатлон рӯзи 3-юми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳайате аз Бонки ҷаҳонӣ ҳафтаи гузашта дар шаҳри Бохтар бо масъулони ҳукумати вилоят мулоқоту гуфтугӯ карданд ва ҳамакнун кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ барои бозсозии ёдгориҳои таърии ин вилоят тасдиқ шудааст.

Андреа Далл Олио, иқтисодчии пешбари бахши молияи Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ки ин пул дар ду марҳила ҷудо мешавад ва ҳадаф аз он, пиёда кардани тарҳи рушди деҳот аст.

Аз ин маблағи грантии Бонки ҷаҳонӣ, 2 млн доллари он барои бозсозии мавзеи "Чилучорчашма, 1 млн доллар барои "Ҳулбук" ва 400 ҳазор доллар барои "Хоҷа Машҳад" ихтисос хоҳад ёфт. Ин маблағ барои бозсозии роҳҳои назди ин ёдгориҳои таърихӣ ва навиштаҷотҳо бо се забон, пешбинӣ шудааст.

Дар Афғонистон 175 узви Толибонро аз зиндон озод мекунанд

Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон гуфт, ки муносибати Иди Рамазон тасмим гирифт 175 зиндонии узви гурӯҳи Толибонро афв кунад. Дар суханронии худ дар поёни кори Лоя Ҷирга рӯзи 3 май дар Кобул президенти Афғонистон гуфт, ки ба унвони “ҳусни ният” омода аст то поёни моҳи шарифи Рамазон аъзои гурӯҳи тундравро, ки “аз солиёни пеш зиндонӣ ҳастанд”, аз банд раҳо кунад.

Ин изҳороти Ашраф Ғанӣ дар поёни рӯзи чоруми Лоя Ҷирга садо дод, ки ҷаласаи машваратӣ барои сулҳ мебошад. Дар ин ҷаласа сиёсатмадорону раҳбарони қабилаҳо ва пешвоҳои гурӯҳҳои қавмию динӣ барои поён додан ба низоъҳои ду даҳсола дар Афғонистон, хостори оташбаси фаврӣ шуданд. Наздик ба 3200 намоянда, ки ба даҳҳо кумитаву гурӯҳҳои корӣ ҷудо шуда буданд, дар давоми чор рӯз дар шаҳри Кобул таҳти чораҳои сахти амниятӣ ҷаласа барпо карданд, то барои расидан ба созишномаи сулҳ бо гурӯҳи мусаллаҳи Толибон, забони ягона пайдо кунанд.

Аз рӯи хабарии як телевизиони давлатӣ, Лоя Ҷирга ҳамчунин барои табодули зиндониён ва ифтитоҳи идораи Толибон дар Афғонистон даъват кардааст.

Дар вокуниш ба дархости Лоя Ҷирга барои оташбас, президенти Афғониcтон Ашраф Ғанӣ, ба қавл аз хабагузории AFP гуфтааст, ки ӯ омода аст “дархости одилона ва қонуниро” барои оташбас иҷро кунад, аммо таъкид кардааст, ки ин ҷараён “наметавонад якҷониба бошад”. Дар Лоя Ҷирга гуфта шуд, ки ҳукумати Кобул бояд бо ҳамоҳангсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди сулҳ нақши марказӣ дошта бошад. Дар ин ҷаласа ба ҳимояти ҳуқуқи занон ҳам таъкид шуд.

Даромади ҳамсари президенти Тотористон аз шавҳараш бештар будааст

Аз эъломияи даромадҳое, ки дар вебсайти президенти Тотористон нашр шудааст, чунин бармеояд, ки ҳамсари президенти Тотористон Гулсина Миннихонова соли 2018 назар ба ҳамсараш тахминан 20 баробар бештар даромад дидааст. Гулсина Миннихонова дар эъломияи расмӣ дар соли гузашта навиштааст, ки дар ҳаҷми 155 миллион рубл даромад дидааст, дар ҳоле, ки даромади ҳамсараш – раиси ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов каме бештар аз 8,5 миллион рубл гузориш шудааст.

Президент навиштааст, ки ҳеҷ моликияти хусусӣ надорад. Ӯ танҳо истиқоматкунандаи хонае бо ҳаҷми 263 метри мураббаъ ва порчаи замин дар ҳаҷми 414,9 метри мураббаъ мебошад. Дар муқоиса бо соли 2017 даромади расмии президенти Тотористон 780 ҳазор рубл ва даромади ҳамсараш – 17,5 миллион рубл афзоиш ёфтааст.

Дар эъломияти Гулсина Миннихонова гуфта шудааст, ӯ соҳиби се қитъа замин, як меҳмонхона, як хонаи истиқоматӣ, як хона дар бинои бисёрошёна, қароргоҳи мошин ва ҳам соҳиби манзилу ду қароргоҳи мошин дар Имороти Муттаҳидаи Араб мебошад. Ба иттилои бахши Тотории Радиои Озодӣ, Гулсина Миннихонова як соҳибкор мебошад.

Могеринӣ: Хабарҳои бардурӯғ дар давраи интихоботҳо - чолиши аслии матбуот мебошад

Федерика Могеринӣ, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, чолиши аслии матбуоти имрӯза – пахши хабарҳои бардурӯғ ва таҳрифомез дар давраи интихоботҳо аст, ки барои пешбурди ормонҳои демократӣ дар ҷомеаҳо мушкил эҷод мекунанд. Ба ҳамин хотир, ба гуфтаи ӯ, Иттиҳодияи Аврупо нақшаи амал дар заминаи мубориза бо хабарҳои бардурӯғро роҳандозӣ кардааст, ки ба тақвияти муқовимати ҷомеа дар бархӯрд бо ин равандҳо нигаронида шудааст.

Дар изҳороти Могеринӣ, ки рӯзи 3 май ба муносибати рӯзи озодии матбуот нашр шуд, гуфта мешавад, ки нақшаи амал навсозии метод ё шеваҳои шинохти хабарҳои дурӯғу сохтакоришуда ва ҳамоҳангии талошҳои кишварҳои узв барои боло бурдани сатҳи огаҳии мардумро дар назар мегирад. “Баррасиҳои бозу озод ва одилона – асоси сохтори қавии демократӣ мебошад. Мо вазифадор ҳастем, ки ин фазоро ҳифз кунем ва роҳ надиҳем, ки аз роҳи пахши хабарҳои бардурӯғ сабаби эҷоди нафрат, ихтилоф ва нобоварӣ ба демократия шавем”, гуфт Могеринӣ.

Имрӯз 3-ум май дар саросари ҷаҳон Рӯзи озодии матбуот таҷлил мешавад. Тоҷикистон ҳам дар солҳои охир барои рукуди нишондодҳои озодии матбуот интиқод мешавад. Дар раддабандии созмони «Гузоришгарони бидуни марз» соли равон ҷойгоҳи Тоҷикистон аз назари озодии баён 12 зина поён рафта, дар мавқеи 161-ум қарор гирифт.

Туркия гуфт, наметавонад ҷойгузини нафти Эронро пайдо кунад

Туркия гуфт, ки дар фурсати кӯтоҳ тавони бозбинӣ кардани бозори воридоти нафти худро нахоҳад дошт ва ба ин хотир аз Амрико хост, қарори худро дар бораи таҳрими Эрон бозбинӣ кунад.

Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу рӯзи 2 май дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, "мо чунин имкон надорем, ки дар фурсати кӯтоҳ бозори воридоти захираҳои нафтии худро рангин кунем".

Туркия, ки ҳар рӯз ба 1 миллион бушка нафт (1 бушка = наздики 159 литр) эҳтиёҷ дорад, соли гузашта вобастагии сахти худро ба нафти Эрон кам кард. Вале баъдан гуфт, ки корхонаҳои коркарди нафташ барои коркарди нафти баъзе аз кишварҳои дигар қодир нестанд.

"Вақте мо нафтро аз кишварҳои сеюм ворид мекунем, бояд фанноварии корхонаҳои коркарди нафтамонро навсозӣ кунем. Ин ба он маъност, ки корхонаҳо як муддат бекор мемонанд ва ин, табъан, нархи худро дорад”, -- гуфт ӯ.

Изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки Амрико рӯзи 1 май ба харидорони байналмилалии нафти Эрон гуфт, аз харидани он даст кашанд, вагарна бо таҳрим рӯбарӯ хоҳанд шуд. Вашингтон кишварҳои харидори нафти Эронро ташвиқ кард, ки захираҳои алтернативӣ пайдо карда аз шариконаш дар Хариҷи Форс – Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб дархост намуд, ки нафти бештар истеҳсол карда пеши роҳи болоравии нархро бигиранд.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Туркия Ҳомӣ Оқсой рӯзи 26 апрел гуфт, ки Туркия талош дорад Вашингтонро мутақоид кунад, ки ширкати туркии Tupras ба воридоти нафти Эрон идома диҳад.

Тоқаев расман номзади интихоботи президентии Қазоқистон шуд

Қосимҷомарт Тоқаев

Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон (КМИҚ) рӯзи 3 май президенти муваққат Қосимҷомарт Тоқаевро расман номзади интихоботи президентии 9 июн сабти ном кард.

"Шахсони боэътимоди Қосимҷомарт Тоқаев имзои 315 910 сокинро ба ҷонибдорӣ аз номзад шудани вай ҷамъ оварданд", - хабар дод КМИҚ. Бино бар қонунгузории Қазоқистон, номзадҳо ба мақоми президентӣ бояд барои сабти ном шуданашон на камтар аз 118 140 имзо ҷамъ оваранд.

КМИҚ гуфт, ки Тоқаев ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро барои расман сабти ном шудан таҳия кардааст. Вай расман ҳамчун номзад сабти ном шуд ва шаҳодномаи номзадӣ дарёфт кард.

Тоқаев дар моҳи марти соли ҷорӣ - баъди ба истеъфо рафтани Назарбоев - иҷрокунандаи вазифаи президенти Қазоқистон таъйин шуд.

Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон ӯро 23 апрел ба интихоботи президентӣ пешбарӣ кард.

Ҳамчунин рӯзи панҷшанбеи 2 май номзади эътилофи "Халик демографияси" Жуматой Алиев аз забони давлатӣ имтиҳон супорид.

Интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Қазоқистон 9 июн таъйин шудааст. Сабти номи номзадҳо 11 май ба поён мерасад. Марҳилаи пешазинтихоботӣ дар ҳоле ҷараён мегирад, ки дар бархе аз шаҳрҳои Қазоқистон сокинон зидди баргузории интихоботи ғайринавбатӣ эътироз доранд. 1 май дар чанде аз шаҳрҳои Қазоқистон сокинон бо талаби таҳрим кардани интихобот ба кӯча баромаданд.

Сӯзишворӣ дар Қирғизистон гарон шуд

Тибқи таҳлилҳо, дар робита ба боло рафтани арзиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ, дар моҳи май қимати сӯзишворӣ дар Қирғизистон 10-15 дарсад боло хоҳад рафт. Дар ин бора президенти Эътилофи нафтфурӯшони Қирғизистон Канат Эшатов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, аз оғози сол қимати як бушка нафт дар бозори ҷаҳонӣ 16 доллар боло рафт. Ба ин далел, қимати як тона сӯзишворӣ дар Русия ҳам ба 150 доллар расид.

"Барои мисол, агар як тона сӯзишвории навъи АИ-92-ро 460 долларӣ мехаридем, ҳамакнун ин навъи сӯзишворӣ ба 585 доллар расид", - гуфт Эшатов.

Дар ҳоли ҳозир, бензини навъи АИ-92 дар Қирғизистон ба ҳисоби миёна 40,5 сом фурӯхта мешавад.

Қирғизистон солона наздики 1 тона сӯзишворӣ сарф мекунад, ки миқдори зиёди он аз Русия оварда мешавад.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Тарс аз вируси нав дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00
XS
SM
MD
LG