Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Дар Узбекистон омӯзишгоҳи забони арабиро бастанд

Маркази забономӯзии "Ҳикматли билим"-и шаҳри Тошканд 15-уми апрел дар натиҷаи як рейди муштараки кормандони Идораи пулиси ноҳияи Олмазор ва Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон баста шудааст.

Омӯзгори забони арабӣ Дилфуза Каримова мегӯяд, маркази забономӯзӣ пас аз он баста шуд, ки маъмурони интизомӣ ҳангоми санҷиш дар он китоби Қуръонро пайдо карданд. "Онҳо Қуръонро дар синфхонае пайдо карданд, ки ман дарс медодам. Онҳо гуфтанд, ки шумо дарси динӣ медиҳед ва бинобар ин, марказро бастанд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Як кормандони Шуъбаи мубориза бо терроризми Олмазор гуфт, омӯзгорони марказ бо фаъолияте машғул буданд, ки дар ойинномаи он пешбинӣ нашудааст ва суҳбатҳо бо чандин донишомӯз низ нишон дод, ки ба онҳо дарси динӣ мегузаранд.

Вале Каримова мегӯяд, ӯ ба донишомӯзон танҳо забони арабиро меомӯзонд. "Онҳо ба далели он ки ман забони арабиро медонам, фикр мекунанд, ки хатар дорам", - изҳор дошт Каримова.

Дар маркази забономӯзии "Ҳикматли билим", ки пештар "Умар Мирзо" ном дошт, тайи се моҳи ахир бори дувум аст, ки рейди зиддитеррористӣ гузаронида мешавад. Дар пайи санҷиши якум фаъолияти марказ боз дошта шуда, ба ҷои он маркази "Ҳикматли билим" таъсис ёфт.

Узбекистон ширкати шавҳари Гулнора Каримоваро мефурӯшад

Дар Узбекистон 100 дарсади саҳмияҳои ширкати "EDEL VEYS-ALI"-ро, ки молики нахустин радиои хусусии "Радио Гранд" дар ин кишвар аст, ба фурӯш гузоштанд.

Бино ба хабари расонаҳои Узбекистон, арзиши ширкат 4,1 миллиард сӯм (ҳудуди 480 ҳазор доллар) муайян шудааст. Музоядаи фурӯши ширкат 8 майи соли равон баргузор мешавад.

Рустам Мадумаров ба ҳукми тӯлонии зиндон маҳкум шудааст
Рустам Мадумаров ба ҳукми тӯлонии зиндон маҳкум шудааст

Пештар Додситонии кулли Узбекистон хабар дод, ки шавҳари пешини духтари калонии президенти нахустини Узбекистон Гулнора Каримова - Рустам Мадумаров дар нақшаи коррупсионии Каримова даст дошта, моҳи июни соли 2014 ба муҳлати тӯлонӣ зиндонӣ шуд.

Додситонии Шветсия Мадумаровро ба миёнаравӣ дар муомилаҳои Каримова бо бузургтарин ширкатҳои мухобиротӣ ҳангоми доду гирифти пора барои ворид шудан ба бозори алоқаи Узбекистон гумонбар медонад.

Муовини сарвазири Қирғизистон: "ЮрОсиё" аз басташавии кони уран шикояте надорад

Ноиб-сарвазири Қирғизистон Қуботбек Борон гуфт, ки ширкати "ЮрОсиё дар Қирғизистон" дар робита ба бозхонди иҷозатномаи фаъолияташ дар кони урани вилояти Иссиқкӯл шикояте надорад. "Мо бо ширкати "ЮрОсиё" гуфтугӯ кардем. Онҳо нигаронии ҷомеаро ба эътибор гирифтанд ва бе ҳеч даъвое розӣ шуданд", - гуфт Боронов.

Эътирозҳо зидди истихроҷи уран дар Қирғизистон баъди он сар зад, ки хабари коркарди кони уран дар вилояти Иссиқкӯл расонаӣ шуд. Фаъолони маданӣ ба ҷамъоварии имзо шуруъ ва тасмими баргузории эътирозҳоро эълом карданд.

Ширкати русиву қирғизии "ЮрОсиё дар Қирғизистон" мехост, дар кони ноҳияи Тони Иссиқкӯл уран истихроҷ кунад. Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаеро зидди коркарди кон ба роҳ монда, фаъолони маданӣ дар Бишкек эътироз карданд. Онҳо гуфтанд, коркарди уран ба муҳити зист ва саломатии сокинон зарари сахт мерасонад.

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 22-юми апрел дастур дод, ки то эъломи натиҷаи ташхиси зистмуҳитӣ корҳо дар кон қатъ шаванд. Худи ширкат мегӯяд, ҳангоми коркарди уран аз техникаҳои бехатарӣ истифода мекунад ва ба муҳити зист осебе нахоҳад расид.

Бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон пешниҳод карданд, ки то соли 2070 ба истихроҷи уран дар ин кишвар моратория эълом шавад.

Гуайдо аз марги ду эътирозгар дар Венесуэла хабар дод

Роҳбари мухолифон ва раиси порлумони Венесуэла Хуан Гуайдо гуфт, ки дар даргириҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду эътирозгар - ҷавондухтари 27-сола ва ҷавонписари 24-сола кушта шуданд.

"Ин кор бояд қатъ шавад ва қотилон бояд масъулияти амалҳояшонро эътироф кунанд. Ман зиндагиамро дар гарав мегузорам", - навишт Гайдо дар Твиттер.

Хабаргузории Reuters иттилоъ дод, ки эътирозҳои 1-уми май дар Каракас аз тарси мақомоти интизомӣ хомӯш шуданд ва артиш ҳамоно аз Мадуро ҳимоят мекунад.

Ахиран Гуайдо хабар дод, ки "марҳилаи ниҳоӣ"-и маъракаи барканории президент Николас Мадуроро шуруъ кардааст. Вай аз сокинони Венесуэла даъват кард, ки ба эътирозҳои кӯчагӣ бипайванданд.

Додситони кул: Трамп монеи дарёфти адолат нашудааст

Додситони кулли ИМА Уилям Барр 1 май дар робита ба гузориши додситони махсус Роберт Мюллер дар бораи тафтиши робитаи атрофиёни наздики президент Доналд Трамп бо Русия дар Конгресс баёнот дод.

Уилям Барр аз ҷумла гуфт, ки Трамп барои монеъ шудан ба адолат дар "тафтишоти дахолати Русия" ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нахоҳад шуд.

Эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи президентии Амрикоро дар соли 2016 додситони махсус Мюллер ду сол тафтиш карда, натиҷаи он 24 марти соли равон нашр шуд. Барр, ки раҳбари бевоситаи Мюллер аст, ба нашри гузориш иҷозат дод. Вале баъзе аз нуктаҳои он, аз ҷумла маълумоти шахсии гумонбарон махфӣ монданд. Барр гуфт, танҳо 10%-и гузориш махфӣ нигоҳ дошта шуд.

Аммо бештари аъзои Конгресс, аз ҷумла намояндагони Ҳизби демократ аз нашр шудани нусхаи таҳриршудаи гузориш норозиянд. Бинонбар ин, ҳоло онҳо аз додситони кул Барр суол карданианд, ки ҳамчун нафари аз сӯи Трамп таъйинушуда ба муфаттишон фишор овардааст ё не.

Ҳамчунин интизор меравад, демократҳо хулосаи гузориши Мюллерро дар бораи он ки гӯиё Трамп ва атрофиёни ӯ дар муборизаҳо барои курсии президентии ИМА аз Русия кумакеро дарёфт накардаанд, зери шубҳа қарор диҳанд.

Барр 1 май дар суханронии худ гуфт, Мюллерро 30 сол аст, мешиносад ва бовар дорад, ки тафтишотро мушикофона анҷом додааст. Додситони кулли ИМА гуфт, Мюллер дар гузориши худ далелеро наовардааст, ки Трамп дар рафти тафтишот монеа эҷод карда бошад. Бинобар ин, ба гуфтаи ӯ, Трамп ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳад шуд.

Тафтишоти беш аз дусолаи Роберт Мюллер муайян кард, ки Русия бо паҳни иттилои дурӯғ ва ҳамлаҳои ҳакерӣ ба интихоботи президентии ИМА дахолат кардааст. Вале далеле пайдо нашуд, ки созиши Трамп ё тими ӯро бо Русия дар давраи интихобот исбот кунад.

Путин қонуни ҷудокунии интернети Русияро имзо кард

Президент Владимир Путин қонуни ҷудо сохтани интернети Русияро аз шабакаи ҷаҳонӣ имзо кард. Матни қонун дар сомонаи иттилои ҳуқуқии Русия нашр шуда, он аз 1 ноябри соли равон ба иҷро медарояд.

Қонуни мазкур фароҳам кардани имкони техникии ҷудосозии бахши русии Рунетро аз интернети ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад. Иҷрои онро Роскомнадзор назорат ва тартиби насбу интиқоли таҷҳизотҳои лозимиро ҳукумати Русия тасдиқ хоҳад кард.

Муаллифони лоиҳаи қонун раиси кумитаи Шӯрои федеролӣ дар умури қонунҳои конститутсионӣ Андрей Клишас, муовини аввали ӯ Людмила Бокова ва вакили порлумони Русия Андрей Луговой – мегӯянд, қонун бо назардошти "хусусияти таҷовузкоронаи Стратегияи амнияти миллии киберии ИМА аз моҳи сентябри соли 2018" омода шудааст.

Мунаққидони қонун нигаронанд, ки шабакаи алоҳида имкониятро барои сензураи сартосарӣ дар интернет фароҳам мекунад.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз Путин даъват карданд, ки қонунро имзо накунад. "Гузоришгарони бидуни марз" ва Human Rights Watch дар як изҳороти муштарак гуфтанд, ки қонуни мазкур хилофи Конвенсияи ҳуқуқи инсони Аврупо ва аҳдномаи СММ дар бораи ҳуқуқи сиёсиву шаҳрвандӣ аст.

Муаллифони лоиҳа аз аввал гуфтанд, ки барои иҷрои он аз буҷа маблағи иловагӣ сарф нахоҳад шуд, вале дертар Андрей Клишас гуфт, ки он 20 миллиард рубл харҷ хоҳад дошт.

Ҷасади узбекистонии дар Русия кушташударо ба ватан меоранд

Умеда Эгамуродова.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, омодаанд, ҷасади Умеда Эгамуродоваро, ки дар вилояти Тулаи Русия кушта шуд, ба Узбекистон биоранд.

"Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Узбекистон ба аъзои хонаводаи Умеда Эгамуродова изҳори тасаллият мекунад. Сарфи назар аз он ки вай шаҳрванди Русия буд, вазорат омода аст, ки барои интиқол додани ҷасадаш ба Узбекистон кумак расонад", - омадааст дар изҳороти расмии вазорат.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон низ ба наздикон ва пайвандони Умеда изҳори ҳамдарӣ баён кардааст.

Пештар хабар расид, ки рӯзи 28 апрел Андрей К., як сокини 34-сола дар мағозаи "Пятерочка"-и вилояти Тулаи Русия хазинадори мағоза Умеда Эгамуродоваро 21 корд задааст.

Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод, ки Умедаи 33-сола дар бемористон вафот кард. Вай се фарзанди ноболиғ дошт.

Мақомоти Туркманистон ҷустуҷӯи даъватшавандаҳоро сахттар карданд

Дар ҳоли ҳозир дар Туркманистон ҷустуҷӯи ҷавонони 27-солае идома дорад, ки хизмати ҳарбӣ накардаанд. Намояндагони мақомоти ҳарбии Туркманистон ҷустуҷӯи ҷавононро барои даъват ба артиш сахттар карданд.

"Хабарҳое ҳаст, ки аз ин ба баъд донишаҷӯёни дар хориҷ таҳсилкунандаро ба маҳзи расидан ба ватан аз фурудгоҳ мустақим ба қисмҳои низомӣ мебаранд. Волидон ба фарзандонашон дастур медиҳанд, ки то тамом шудани донишгоҳ ба ватан наоянд", - гуфт як сокини маҳаллӣ.

Дар ҳоли ҳозир синни даъват ба артиш то 27-соларо ташкил медиҳад, аммо дар Туркманистон мехоҳанд, синни даъватро то 35-сола боло баранд. "Бар асоси қонунгузории Туркманистон, мардоне, ки соҳиби ду фарзанд ҳастанд, ба артиш даъват намешаванд. Аммо овозаҳое ҳаст, ки ин маҳдудият ҳам бардошта хоҳад шуд", - гуфт сокини дигари маҳаллӣ.

Нашрияи "Turkmen.news" 27 апрел хабар дод, ки мақомоти интизомии Туркманистон "шикор"-и ҷавовонро барои адои хизмат шуруъ карданд.

Шӯрои уламо 6-уми майро аввали моҳи Рамазон эълон кард

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 6-уми майро оғози моҳи мубораки Рамазон, эълон кард. Ба гуфтаи масъулони Шӯрои уламо, ин тасмим дар ҳамоҳангӣ бо Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон муайян шуд.

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 1-уми майи худ ҳамчунин ҳисоби шаръии нисоби закотро 20 ҳазор сомонӣ муқаррар намуд, ки аз он 500 сомонӣ закот дода мешавад.

Ин ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон садақаи фитр ба ҳисоби гандумро 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барои афроди тавонманд), муайян кардааст.

Шӯрои уламо ҳамчунин барои афроде, ки узри шаръӣ (пиронсолон) доранд ва бемороне, ки барои сиҳатшавиашон умеде нест ва наметавонанд рӯзаи моҳи мубораки Рамазонро бигиранд, фидя ба маблағи 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян кардааст.

Сафири нави САҲА дар Тоҷикистон 11 май ба кор шурӯъ мекунад

Валерий Чивери шурӯъ аз 11 майи соли ҷорӣ ба иҷрои вазифаҳои раҳбари дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон шурӯъ хоҳад кард. Ҳарчанд ҷаноби Чивери мудири барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон унвон мешавад, аммо вай мақоми сафирӣ хоҳад дошт. Ваколатҳои Туула Юрюла, мудири пешини барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон 31 октябри соли 2018 анҷом ёфта ва то ҳол роҳбарияти ин созмони байналмиллалӣ ба вазифаи намояндаи худ дар Тоҷикистон номзадеро интихоб накарда буданд. Дар солҳои мудирияти хонум Юрюла дар дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон муносибатҳои ду кишвар рӯ ба сардӣ ниҳода, Душанбеи расмӣ ин созмонро дар фароҳам кардани минбар барои мухолифонаш дар Варшаваи Лаҳистон аз ҷумлаи аъзои ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзат айбдор мекард. САҲА низ бо дарназардошти бархе аз маҳдудиятҳо теъдоди кормандонаш дар Тоҷикистонро коҳиш дод, аммо умедвор аст, ки бо оғози фаъолияти мудири нави барномаҳо дар Душанбе муносиботи ду ҷониб беҳтар мешаванд.

Толибон гуфтанд, ки даври нави музокироти сулҳ дар Қатар шурӯъ мешавад

Намояндагони ИМА ва Толибон қарор аст рӯзи 1 май даври нави музокироти сулҳро барпо кунанд, ки ҳадафаш хатми ҷанги 17-сола дар Афғонистон аст. Дар ин бора рӯзи чоршанбе намояндагони Толибон изҳорот доданд. Сухангӯи ин гурӯҳ Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ки аз октябри соли 2018 ин даври шашуми музокироти мустақими миёни Толибон ва ИМА мебошад ва он дар шаҳри Давҳа баргузор хоҳад шуд.

Вашингтон гуфтааст, ки Залмай Халилзод, раҳбари гурӯҳи музокиротии ИМА ба пойтахти Қатар ба хотири музокирот бо Толибон сафар хоҳад кард. То ин замон Толибон гуфтаанд, ки аз музокирот бо ҳукумати Афғонистон худдорӣ мекунанд ва ҳукумати марказии Кобулро “як лӯхтаки Ғарб” меноманд. Шарти Толибон ин аст, ки пеш аз шурӯи гуфтугӯҳо бо Кобул нирӯҳои хориҷӣ аз кишвар берун карда шаванд. Залмай Халилзод, ки зодаи Афғонистон аст, дар ҷараёни сафараш ба Кобул рӯзи 28 апрел гуфт, ки Толибон бояд шеваи рафтори худро иваз кунанд ва дар сурати барқарории сулҳ дар кишвар барои оташбас омода шаванд.

Эътирозгарон дар Қазоқистон: "мардум хаста шудааст"

1 май, Алмаато

Дар ду шаҳри марказии Қазоқистон беш аз 100 эътирозгар таҷаммӯъ карда ба озод кардани зиндониҳои сиёсӣ ва бойкоти интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ даъват карданд. Дар паи тарки мақоми президентӣ кардани Нурсултон Назарбоев, ки аз соли 1991 раҳбарии Қазоқистонро ба ӯҳда дошт, қарор аст рӯзи 9 июн дар кишвар интихоботи зудраси президентӣ баргузор шавад.

Дар Алмаато, шаҳри калонтарини Қазоқистон, даҳҳо эътирозгар дар боғи марказӣ ҷамъ омада, шиорҳои “Шармандагӣ”, “Бойкот”, “Ман интихоб дорам” ва “Озодӣ ба зиндониҳои сиёсӣ”-ро ба забон оварданд. Дар пойтахт, шаҳри Нурсултон, эътирозгарон бо айни чунин шиорҳо дар наздикиҳои толори консертии Остона ва ҳукумати маҳаллӣ раҳпаймоӣ карданд.

Дар миёни шиорҳои онҳо ҷумлаҳои “мардум хаста шудааст” ва “ҳукумат – истеъфо” ҳам хонда мешуд. Эътирозҳои худҷӯшро нирӯҳои зиёди полис назорат ва мақомоти дигар пайваста аз мардум даъват мекарданд, ки пароканда шаванд. Дар шаҳри Нурсултон полис ба ҳангоми боздошти чанд эътирозгар аз чӯбдаст истифода кард, вале каме дертар ҳамаи онҳо аз дохили автобуси полис озод шуданд.

Табиби беморхонаи руҳӣ дар Ӯзбекистон бемореро латукуб кардааст (видео)

Хешовандони беморони Беморхонаи руҳии Тошканд аз таҳқирҳои доимӣ ва латту кӯби кормандони беморхона шикоят карданд.

Мадина Набиҷоноваи 21-сола гуфт, рӯзи 24 апрел дурбинҳои наворбардорӣ лаҳзаи латту кӯб шудани шавҳари ӯро аз сӯи як корманди бемористон сабт карданд.

Дар навор дида мешавад, ки марде дар либоси табиб бемореро ба замин афканда, талоши бӯғӣ кардани ӯро мекунад. Мадина мегӯяд, шавҳари ӯро танҳо ба хотири он ки мехост, бе иҷозат ба берун равад, латту кӯб карданд.

Ин дар ҳолест, ки сардухтури беморхона Хайруло Ҳусанхоҷаев латту кӯб шудани беморонро рад мекунад. Вай афзуд, табибон дар ҳолатҳои изтирорӣ метавонанд, нисбати беморон аз зӯр кор гиранд.

Баъди обхезиҳо дар Туркманистон масолеҳи сохтмон гарон шуд

Дар Туркманистон баъди обхезиҳои ахир масолеҳи бинокорӣ гарон шуд. Ба иттилои сокинон, семент ду баробар гарон шудааст.

Дар ҳоли ҳозир вилояти Марӣ бештар аз вилоятҳои дигар зарар дида ва қимати маҳсулоти сохтмонӣ ҳам дар ин вилоят нисбатан боло рафтааст.

Ин дар ҳолест, ки обхезиҳои ахир харобиҳои зиёде дар пай дошт. Боронгариҳо роҳҳои мошингард, хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои кишоварзиро хароб карданд.

Дар Туркманистон бештар қисмати ғарбӣ ва ҷанубу шарқ зиён дид.

Назарбоев Рӯзи ваҳдати мардумро шодбош гуфт

Дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон 1 май Рӯзи ваҳдати мардум таҷлил шуд. Чорабиниҳои ҷашнӣ дар майдони марказӣ баргузор гардид ва сокинонро баъди тафтиш ба майдон иҷозаи вуруд доданд.

Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон ҳам дар мазҳари ом суханронӣ кард. Вай аз мардум даъват кард, "ягонагиро ҳифз кунанд". Духтари калонии Назарбоев Дариға Назарбоева ва шахсони дигари расмӣ ҳам дар ин маросим ҳузур доштанд.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, Назарбоевро дар майдон кӯдакон бо рақс истиқбол кардаанд.

Дар шаҳри Алмато ҳам сокинонро баъди тафтиш ба ҷашнгоҳ роҳ додаанд. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти муваққати Қазоқистон дар ҷашнҳои Алмато ширкат ва суханронӣ кард. Вай як рӯз пеш бо сафари корӣ ба Алмато омада буд.

Помпео гуфт, Русия нагузошт, ки Мадуро биравад

Майк Помпео мегӯяд, Русия нагузошт, ки Николас Мадуро аз Венесуэла биравад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико иддао кардааст, ки Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла, омода буд, кишварашро тарк карда ба Куба биравад, аммо Русия ӯро аз раъйаш баргардонидааст.

Майк Помпео рӯзи 30-уми апрел ба телевизиони Си Эн Эн гуфт, “Ҳавопаймои ӯ дар фурудгоҳ омодаи парвоз буд, мо фаҳмидем, ки ӯ омода буд, ҳамин субҳ биравад, вале русҳо ишора карданд, ки бояд бимонад.”

Ба қавли Майк Помпео, чанде аз мақомоти баландпояи ҳукумати Венесуела ба онҳо гуфтаанд, ки дар сурати исён ба тарафи ошӯбгарон мегузаранд. Ӯ аз ин бештар иттило надод.

Вазири умури хориҷии Амрико дар ин баъд аз он суҳбат кард, ки танишҳо дар Венесуэла авҷ гирифтааст. Баъди онки Хуан Гуайдо, пешвои мухолифони давлат аз артиш хост, раиси ҷумҳур Николас Мадуроро аз мақомаш барканор кунад, хушунат дар Венесуэла зиёдтар шуд.

Ҳазорон нафар аз мардуми кишвар рӯзи 30-уми апрел ба кӯчаҳои Каракас баромаданд аз даъвати Хуан Гуайдо ҷиҳати шуруи “марҳилаи ниҳоӣ” барои ба даст гирифтани қудрат ҳамроҳ шуданд. Ҳукумати Николас Мадуро, амалкарди Гуайдоро талош барои табаддулот номида ва гуфтанд, ки ҳамчунон аз ҳимояти артиш бархурдор ҳастанд.

Қирғизистон мехоҳад, аз лӯлаи "Туркманистон-Чин" газ бигирад

Қирғизистон дар робита ба имкони дарёфти газ аз лӯлаи "Туркманистон-Чин" гуфтугӯ анҷом дод. Дар ин бора Жиргалбек Сагинбоев, як масъули кумитаи давлатии саноат ва энержии Қирғизистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, барои ҳалли ин масъала бояд бо ҳамаи кишварҳои узви лоиҳа гуфтугӯ анҷом шавад.

Дар ҳоли ҳозир Бишкеку Пекин сохтмони лӯлаи "Қирғизистон-Чин"-ро баррасӣ доранд, ки шомили тарҳи лӯлаи Туркманистону Чин аст. Созишнома дар бораи лӯла ҳанӯз 11 сентябри соли 2013 имзо шуда буд. Тарҳи мазкур аз Туркманистон шуруъ шуда, тавассути Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Чин мерасад.

Сохтмони тарҳ дар ҳудуди Қирғизистон 1,2 млрд доллар харҷ дорад.

Тавсияи ИМА ба Ӯзбекистон: зиндони "Жаслиқ"-ро бандед

Комисияи ИМА дар умури озодиҳои динӣ қарори Департаменти давлатии Амрикоро ба эътибор нагирифта, Ӯзбекистонро дар рӯйхати кишварҳое боқӣ гузошт, ки озодиҳои диниро сахт саркӯб мекунанд.

Дар гузориши Комисияи байналхалқии озодиҳои динӣ, ки рӯзи 29 апрел нашр шуд, омадааст, Ӯзбекистон дар як саф бо кишварҳое амсоли Чин, Мянмар, Русия, Туркманистон, Тоҷикистон, Эрон ва Покистон шомили рӯйхати 16 кишваре шудааст, ки "таваҷҷуҳи ҷиддиро талаб мекунанд".

Ба навиштаи муаллифон, сарфи назар аз тағйироти мусбат дар сатҳи болоии ҳукумат, дар Ӯзбекистон то ҳанӯз озодиҳои мазҳабӣ поймол мешаванд. "Ҳазорон мусалмон то кунун бо айби тундгароии диннӣ дар зиндонҳо ҳастанд", - омадааст дар гузориш.

Комисия мегӯяд, дар мактабҳо ва коллеҷҳои Ӯзбекистон хонандагон иҷозат надоранд, ки бо ҳиҷоб дар дарсҳо ширкат кунанд ва бархе блогнависон барои ҳимоят аз ҳуқуқи мусалмонон зиндонӣ ва ҷарима шуданд. Комисия ба Ӯзбекистон тавсия додааст, қонун дар бораи динро, ки соли 1998 қабул шудааст, бозбинӣ ва ба меъёрҳои ҷаҳонии ҳуқуқи инсон мувофиқ гардонад.

Ҳамчунин ба Тошканд тавсия шудааст, ки зиндони "Жаслиқ"-ро банданд. Дар ин зиндон бештар касоне нигаҳдорӣ мешаванд, ки бо айби тундгароӣ зиндонӣ шудаанд.

Полторанинро ба дастаи мунтахаби лижаронҳои Қазоқистон роҳ надоданд

Ҳайати нави тими мунтахаби Қазоқистон оид ба пойгаи лижаронӣ барои мавсими имсола муайян шуд. Ба ҳайати даста 15 варзишкор – 9 мард ва 6 зан шомил шуданд.

Варзишкори маъруф ва барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон Алексей Полторанин ба тими мунтахаб роҳ наёфт. Дар ин бора Федератсияи миллии Қазоқистон оид ба пойгаи лижаронӣ хабар дод.

Полторанин ва чандин лижарони дигар аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо баъди он маҳрум шуданд, ки пулиси Австрия ва Олмон 27 феврал дар натиҷаи як санҷиш онҳоро дар шаҳри Зеефелд боздошт кард. Варзишкорон дар нақзи қоидаҳои зиддидопингӣ айбдор шуданд.

Дертар вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон Аристонбек Муҳаммадиулӣ хабар дод, ки бо ташаббуси ниҳоди зери раҳбарии ӯ ба қонуни фаъолиятҳои варзишӣ тағйирот ворид ва чораҳо зидди варзишкороне, ки дар истифодаи доруҳои мамнуи нирӯфизо айбдор мешаванд, сахттар карда шудааст.

Лижарони қазоқ Полторанин соли 2013 дар чемпионати ҷаҳон дар Итолиё медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ӯ барандаи даҳҳо медали тило ва қаҳрамони чаҳоркаратаи бозиҳои Осиё аст. Дар бозиҳои олимпии солҳои 2006, 2010, 2014 ва 2018 иштирок кардааст.

Задухӯрдҳои мусаллаҳона бо иштироки низомиён дар Венесуэла

Дар шаҳри Каракаси Венесуэла миёни ҷонибдорони раҳбари мухолифон Хуан Гуайдо ва нирӯҳои амниятӣ задухӯрдҳо оғоз шудаанд.

Видеоҳои нашршуда истифодаи гази ашковарро нишон медиҳанд ва хабарнигорони Reuters мегӯянд, тирпаронӣ низ мушоҳида мешавад.

Ҷонибдорони Гуайдо дар назди пойгоҳи низомии ҳавоӣ дар Каракас пас аз он ҷамъ шуданд, ки раҳбари мухолифон субҳи сешанбе бо нашри изҳороти видеоӣ аз артиши Венесуэла хост, ба эътирозҳо зидди президент Николас Мадуро бипайвандад. Вай дертар ба хабарнигорони ғарбӣ гуфт, ки ними артиш аллакай ба ҷониби ӯ гузаштааст.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки чи қадар низомиён аз Гуайдо ҷонибдорӣ мекунанд ва ё артиш аз ӯ ҳимоят хоҳад кард, ё не. ​

Мухолиф Леополдо Лопес, ки дар ҳабси хонагӣ қарор дошт, ба сафи ҷонибдорони Гуайдо пайваст. Лопес гуфт, ӯро низомиёни ҷонибдори Гуайдо озод карданд.

Вазири иттилооти Венесуэла Хорхе Родригес гуфт, "як гуруҳи кучаки низомиёни хоин" мехостанд, дар ин кишвар табаддулот кунанд. Вазири дифои Венесуэла Владимир Падрино - ҷонибдори Мадуро изҳор дошт, ки дар артиш касе аз "ошӯб" ҷонибдорӣ накард.

Мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон дар Твиттер артиши Венесуэларо ба "ҳимояти конститутсия ва ҳокимияти қонунӣ" даъват кард. ИМА раиси порлумони Венесуэла Гуайдоро раҳбари қонунии ин кишвар меҳисобад.

​Буҳрони сиёсии Венесуэла аз моҳи январи соли равон ба ин сӯ идома дорад. Гуайдо Мадуроро дар ғасби ҳукумат айбдор ва худ ҳамчун президенти муваққат савганд ёд кард. Фишангҳои идораи кишвар ва ниҳодҳои қудратӣ дар дасти Мадуро ҳастанд. ИМА, бештари кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва Иттиҳоди Аврупо аз Гуайдо ва Куба, Русия, Чину Туркия аз Мадуро ҷонибдорӣ мекунанд.

Дар Туркманистон орд гарон ва фурӯши он маҳдуд шуд

Дар фурӯшгоҳҳои давлатии шаҳри Ишқобод фурӯши орд дубора маҳдуд шуда, ҳар як хонавода ҳақ дорад, дар ду моҳ як халта орди 50-килоӣ бихарад.

Тавре хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ 29 апрел хабар дод, фурӯши орд дар пайи болоравии нархи он маҳдуд шудааст. Ҳоло як кило орди навъи якум 1,9 манат фурӯхта мешавад (1 доллар 3,5 манат). Тайи як соли ахир як кило орд дар Туркманистон 1 манат буд.

Ба гуфтаи як сокини шаҳри Ишқобод, вақтҳои ахир сифати орд низ поин рафтааст ва бештари сокинон талош мекунанд, ки ордҳои истеҳсоли хориҷӣ, аз ҷумла қазоқӣ ва русиро харидорӣ кунанд.

Дар баъзе аз ноҳияҳои Туркманистон сокинон шикоят доранд, ки наметавонанд ордро дар фурӯшгоҳҳо пайдо кунанд. Барои намуна, аз аввали моҳи апрел дар фурӯшгоҳҳои давлатии баъзе аз ноҳияҳои вилояти Марӣ орд нест.

Манобеъ мегӯянд, камчинии орд дар ноҳияҳои атрофи Ишқобод низ мушоҳида мешавад.

Гуайдо гуфт, "марҳилаи ниҳоии" барканории ҳукумати Мадуро амалӣ мешавад

Раҳбари мухолифони Венесуэла Ҳуан Гуайдо гуфт, ки «марҳилаи ниҳоии» нақшаи барканории президент Николас Мадуроро ба роҳ монда, иддао кард, ки аз пуштибонии «сарбозони ҷасур» бархурдор аст. Вале тарафдорони президент Мадуро гуфтанд, ки чизе тағйир наёфтааст ва кишварро онҳо назорат мекунанд. Мақомот дар ҳукумати Мадуро рӯзи 30 апрел амалкарди Гуайдоро ҳамчун талоши табаддулоти давлатӣ маҳкум карданд. Бархе гузоришҳо ҳокист, ки дар пойгоҳи ҳавоии беруни Каракас ба сӯи Гуайдо ва ҳам даҳҳо мардони низомипӯш бо гази ашковар ҳамла сурат гирифт.

Дар нақли қавл аз шоҳидон Reuters гузориш дод, ки тарафдорони низомипӯши Гуайдо ва ҳам сарбозони тарафдори Мадуро ба сӯи ҳам оташ кушоданд. Вазири иттилоот Хорхе Родригес дар саҳифаи худ дар Twitter навишт, ки ҳукумати сотсиалистии Мадуро бо як “талоши кудатои” хурд, ки аз ҷониби низомиёни “хоин” ҳимоят мешавад, дастбагиребон шудааст.

Вазири дифоъ Владимир Падрино гуфт, ки нирӯҳои мусаллаҳ дар ҳимояти ҳукумати Мадуро қарор доранд ва ҳамаи воҳидҳои низомӣ гузориш доданд, ки дар ҳама ҷо ва ҳам пойгоҳҳо вазъ мӯътадил мебошад. Гуайдо, ки президентии ӯро ИМА ва дигар кишварҳо дастгирӣ мекунанд, дар як навори видеоӣ ҳозир шуд ва дар он дида мешавад, ки ӯ дар пойгоҳи ҳавоии Ла Карлота дар иҳотаи афроди мусаллаҳ ва ҳам мошинҳои қавии ҳарбӣ қарор доранд.

Нахустин форуми вакилони ҷавони Қирғизистон ва Қазоқистон

Дар шаҳри Бишкек рӯзҳои 29-30 апрел Форуми I вакилони ҷавони Қазоқистону Қирғизистон баргузор мешавад.

Дар ин чорабинӣ, ки бо ҳимояти Клуби дипломатии Остона ташкил шудааст, намояндагони Кумитаи кор дар умури ҷомеаи шаҳрвандии вазорати иттилоот ва ризоияти ҷамъиятии Қазоқистон, Эътилофи вакилони ҷавони Қирғизистон, вакилони маҳаллӣ ва вакилони шаҳрии ду кишвар, тоҷирон, коршиносон, аъзои созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва созмонҳои ҷавонон ширкат мекунанд.

Дар ин чорабинӣ мавзуи "Модели идораи маҳаллӣ дар Қирғизистон ва Қазоқистон: таҷрибаи мусбати ҳамсояҳо дар рушди минтақа" баррасӣ шуд. Давоми ду рӯз ширкатдорон масоил ва мушкилоти ду кишварро баррасӣ карданд.

"Ҳадафи форум - тақвияти гуфтугӯи минтақавӣ ва робитаҳои сиёсии байни ду кишвар аст. Оянда дар назар аст, ки ҳамасола ин гуна форум баргузор шавад", - гуфт Кайирболат Сахметов, президенти Клуби дипломатии Остона.

Дарозтарин пули Тоҷикистон аз болои обанбори Роғун

акс аз бойгонӣ

Ду бонки байналмиллалӣ барои таҷдиду азнавсозии роҳи Ваҳдат-Рашт- Лахш- Қарамиқ, ки аз сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад, ба Тоҷикистон 350 миллион доллар қарз медиҳанд.

Бинобар маълумоти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки рӯзи 30-уми апрел дастраси Радиои Озодӣ шуд, 350 миллион доллар қарзро Бонки Осиёи Рушд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар доираи тарҳи СAREC ихтисос медиҳанд.

Ин маблағ барои таҷдиди қитъаи 72 то 158-ум километри роҳ аз Обигарм то Нурободро дар бар мегирад. Дар доираи ин лоиҳа ҳамчунон сохтмони пуле ба дарозии 800 метр дар назар аст.

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бинобар тадриҷан боло рафтани сатҳи оби обанбори нерӯгоҳи Роғун як қисмати роҳи кунунӣ зери об мемонад ва аз ин рӯ зарурати сохтмони пул ба ин дарозӣ ба вуҷуд омадааст.

Дар сурати бунёд шудан, ин дарозтарин пул дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд гуфтааст, пас аз семоҳаи дуввум пешбинӣ мешавад, барои интихоби ширкати пудратчӣ озмун ё тендер эълон мешавад.

Аммо дар мавриди шарту фоизҳои ин қарз ба Тоҷикистон чизе гуфта намешавад.

Зеленский расман президенти тозаинтихоби Украина эълон шуд

Комисияи марказии интихоботӣ (КМИ)-и Украина рӯзи 30 апрел натиҷаҳои даври дувуми интихоботи президентии ин кишварро эълом дошт ва зимни ин Володимир Зеленскийро расман президенти тозаинтихоби Украина номид.

Пайнавишти ин ҷаласаи КМИ-ро намояндагони ҳамаи номзадҳои интихобот имзо карданд, шикоятҳое, ки ин қарорро зери шубҳа гузоранд, садо надоданд.

Зеленский дар даври дувум зиёда аз 73 ва арқиби ӯ Петро Порошенко беш аз 24 дарсад раъй гирифтанд.

Маросими савганди президенти нави Украина бояд дар давоми 30 рӯз пас аз эълони натиҷаҳои интихобот баргузор шавад.

Володимир Зеленский 41 сол дорад. Вай ҳунарпеша, шоумен ва продюсер, раҳбари студияи "Квартал-95" буда, то ширкат дар интихоботи президентӣ бо сиёсат шуғл надошт ва мансаби давлатиеро ишғол накардаасст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Барфи аввал дар Душанбе (бидуни шарҳ)
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00
XS
SM
MD
LG