Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Эълони чаҳор ҷоиза ва як бурсия барои хабарнигорони тоҷик

Як созмони хабарнигорӣ дар Аврупо барои рӯзноманигорону блогнависони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар чаҳор ҷоиза эълон кард.

Кунгураи аврупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик моҳи марти имсол ба кор оғоз намуд. Масъулони сомзон рӯзи 3 май гуфтанд, ҳадаф аз эълони ҷоизаҳо “ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати рӯзноманигорон, беҳбуди вазъи озодии баён ва посдошти арзишҳои рӯзноманигорӣ” аст.

Санҷар Ҳошимӣ, узви раёсати Кунгураи аврупоии хабарнигорону блогнависони тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷоизаҳо барои “бунёдгузории тарҳ ва ниҳодҳои таҳкимбахши озодии баён”, “ҷасорат”, “садоқат” ва “наҷобат” тақдим мешавад. Маблағи ҷоизаҳо аз 3 то 5 ҳазор сомонист.

“Ин ҷоизаҳо дар як сол як бор, дар Рӯзи озодии баён тақдим карда хоҳанд шуд. Шаҳрвандон, идораи расонаҳо ва созмонҳои иҷтимоӣ метавонанд номзадҳои худро ҳамасола то 20-уми март пешниҳод кунанд”, - гуфт Санҷар Ҳошимӣ.

Инчунин, Кунгураи аврупоии хабарнигорону блогнависони тоҷик барои ҷой додани номи 73 тан аз рӯзноманигорони кушташудаи тоҷикистонӣ дар Newseum дар Вашингтон бурсияи 10 ҳазор сомонӣ таъсис додааст. Пажӯҳишгарони масоили расонаҳо, рӯзноманигорон ва созмонҳо метавонанд, ки аз ин бурсия баҳра баранд. То ҳол дар осорхонаи мазкур номи наздик ба 30 рӯзноманигори тоҷик ҷой дода шудааст.

3,4 млн доллари БҶ барои бозсозии 3 ёдгории таърихӣ дар Хатлон

Ёдгориҳои таърихии "Хоҷа Машҳад", "Чилучорчашма" ва "Ҳулбук" дар вилояти Хатлон бо кӯмаки молии Бонки ҷаҳонӣ бозсозӣ мешаванд. Ба гуфтаи мақомоти Хатлон, барои бозсозии ин се ёдгории таърихӣ, аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ 3 миллиону 400 ҳазор доллар ҷудо шудааст.

Аз шуъбаи таҳлил ва иттилооти вилояти Хатлон рӯзи 3-юми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳайате аз Бонки ҷаҳонӣ ҳафтаи гузашта дар шаҳри Бохтар бо масъулони ҳукумати вилоят мулоқоту гуфтугӯ карданд ва ҳамакнун кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ барои бозсозии ёдгориҳои таърии ин вилоят тасдиқ шудааст.

Андреа Далл Олио, иқтисодчии пешбари бахши молияи Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ки ин пул дар ду марҳила ҷудо мешавад ва ҳадаф аз он, пиёда кардани тарҳи рушди деҳот аст.

Аз ин маблағи грантии Бонки ҷаҳонӣ, 2 млн доллари он барои бозсозии мавзеи "Чилучорчашма, 1 млн доллар барои "Ҳулбук" ва 400 ҳазор доллар барои "Хоҷа Машҳад" ихтисос хоҳад ёфт. Ин маблағ барои бозсозии роҳҳои назди ин ёдгориҳои таърихӣ ва навиштаҷотҳо бо се забон, пешбинӣ шудааст.

Дар Афғонистон 175 узви Толибонро аз зиндон озод мекунанд

Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон гуфт, ки муносибати Иди Рамазон тасмим гирифт 175 зиндонии узви гурӯҳи Толибонро афв кунад. Дар суханронии худ дар поёни кори Лоя Ҷирга рӯзи 3 май дар Кобул президенти Афғонистон гуфт, ки ба унвони “ҳусни ният” омода аст то поёни моҳи шарифи Рамазон аъзои гурӯҳи тундравро, ки “аз солиёни пеш зиндонӣ ҳастанд”, аз банд раҳо кунад.

Ин изҳороти Ашраф Ғанӣ дар поёни рӯзи чоруми Лоя Ҷирга садо дод, ки ҷаласаи машваратӣ барои сулҳ мебошад. Дар ин ҷаласа сиёсатмадорону раҳбарони қабилаҳо ва пешвоҳои гурӯҳҳои қавмию динӣ барои поён додан ба низоъҳои ду даҳсола дар Афғонистон, хостори оташбаси фаврӣ шуданд. Наздик ба 3200 намоянда, ки ба даҳҳо кумитаву гурӯҳҳои корӣ ҷудо шуда буданд, дар давоми чор рӯз дар шаҳри Кобул таҳти чораҳои сахти амниятӣ ҷаласа барпо карданд, то барои расидан ба созишномаи сулҳ бо гурӯҳи мусаллаҳи Толибон, забони ягона пайдо кунанд.

Аз рӯи хабарии як телевизиони давлатӣ, Лоя Ҷирга ҳамчунин барои табодули зиндониён ва ифтитоҳи идораи Толибон дар Афғонистон даъват кардааст.

Дар вокуниш ба дархости Лоя Ҷирга барои оташбас, президенти Афғониcтон Ашраф Ғанӣ, ба қавл аз хабагузории AFP гуфтааст, ки ӯ омода аст “дархости одилона ва қонуниро” барои оташбас иҷро кунад, аммо таъкид кардааст, ки ин ҷараён “наметавонад якҷониба бошад”. Дар Лоя Ҷирга гуфта шуд, ки ҳукумати Кобул бояд бо ҳамоҳангсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди сулҳ нақши марказӣ дошта бошад. Дар ин ҷаласа ба ҳимояти ҳуқуқи занон ҳам таъкид шуд.

Даромади ҳамсари президенти Тотористон аз шавҳараш бештар будааст

Аз эъломияи даромадҳое, ки дар вебсайти президенти Тотористон нашр шудааст, чунин бармеояд, ки ҳамсари президенти Тотористон Гулсина Миннихонова соли 2018 назар ба ҳамсараш тахминан 20 баробар бештар даромад дидааст. Гулсина Миннихонова дар эъломияи расмӣ дар соли гузашта навиштааст, ки дар ҳаҷми 155 миллион рубл даромад дидааст, дар ҳоле, ки даромади ҳамсараш – раиси ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов каме бештар аз 8,5 миллион рубл гузориш шудааст.

Президент навиштааст, ки ҳеҷ моликияти хусусӣ надорад. Ӯ танҳо истиқоматкунандаи хонае бо ҳаҷми 263 метри мураббаъ ва порчаи замин дар ҳаҷми 414,9 метри мураббаъ мебошад. Дар муқоиса бо соли 2017 даромади расмии президенти Тотористон 780 ҳазор рубл ва даромади ҳамсараш – 17,5 миллион рубл афзоиш ёфтааст.

Дар эъломияти Гулсина Миннихонова гуфта шудааст, ӯ соҳиби се қитъа замин, як меҳмонхона, як хонаи истиқоматӣ, як хона дар бинои бисёрошёна, қароргоҳи мошин ва ҳам соҳиби манзилу ду қароргоҳи мошин дар Имороти Муттаҳидаи Араб мебошад. Ба иттилои бахши Тотории Радиои Озодӣ, Гулсина Миннихонова як соҳибкор мебошад.

Могеринӣ: Хабарҳои бардурӯғ дар давраи интихоботҳо - чолиши аслии матбуот мебошад

Федерика Могеринӣ, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, чолиши аслии матбуоти имрӯза – пахши хабарҳои бардурӯғ ва таҳрифомез дар давраи интихоботҳо аст, ки барои пешбурди ормонҳои демократӣ дар ҷомеаҳо мушкил эҷод мекунанд. Ба ҳамин хотир, ба гуфтаи ӯ, Иттиҳодияи Аврупо нақшаи амал дар заминаи мубориза бо хабарҳои бардурӯғро роҳандозӣ кардааст, ки ба тақвияти муқовимати ҷомеа дар бархӯрд бо ин равандҳо нигаронида шудааст.

Дар изҳороти Могеринӣ, ки рӯзи 3 май ба муносибати рӯзи озодии матбуот нашр шуд, гуфта мешавад, ки нақшаи амал навсозии метод ё шеваҳои шинохти хабарҳои дурӯғу сохтакоришуда ва ҳамоҳангии талошҳои кишварҳои узв барои боло бурдани сатҳи огаҳии мардумро дар назар мегирад. “Баррасиҳои бозу озод ва одилона – асоси сохтори қавии демократӣ мебошад. Мо вазифадор ҳастем, ки ин фазоро ҳифз кунем ва роҳ надиҳем, ки аз роҳи пахши хабарҳои бардурӯғ сабаби эҷоди нафрат, ихтилоф ва нобоварӣ ба демократия шавем”, гуфт Могеринӣ.

Имрӯз 3-ум май дар саросари ҷаҳон Рӯзи озодии матбуот таҷлил мешавад. Тоҷикистон ҳам дар солҳои охир барои рукуди нишондодҳои озодии матбуот интиқод мешавад. Дар раддабандии созмони «Гузоришгарони бидуни марз» соли равон ҷойгоҳи Тоҷикистон аз назари озодии баён 12 зина поён рафта, дар мавқеи 161-ум қарор гирифт.

Туркия гуфт, наметавонад ҷойгузини нафти Эронро пайдо кунад

Туркия гуфт, ки дар фурсати кӯтоҳ тавони бозбинӣ кардани бозори воридоти нафти худро нахоҳад дошт ва ба ин хотир аз Амрико хост, қарори худро дар бораи таҳрими Эрон бозбинӣ кунад.

Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу рӯзи 2 май дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, "мо чунин имкон надорем, ки дар фурсати кӯтоҳ бозори воридоти захираҳои нафтии худро рангин кунем".

Туркия, ки ҳар рӯз ба 1 миллион бушка нафт (1 бушка = наздики 159 литр) эҳтиёҷ дорад, соли гузашта вобастагии сахти худро ба нафти Эрон кам кард. Вале баъдан гуфт, ки корхонаҳои коркарди нафташ барои коркарди нафти баъзе аз кишварҳои дигар қодир нестанд.

"Вақте мо нафтро аз кишварҳои сеюм ворид мекунем, бояд фанноварии корхонаҳои коркарди нафтамонро навсозӣ кунем. Ин ба он маъност, ки корхонаҳо як муддат бекор мемонанд ва ин, табъан, нархи худро дорад”, -- гуфт ӯ.

Изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки Амрико рӯзи 1 май ба харидорони байналмилалии нафти Эрон гуфт, аз харидани он даст кашанд, вагарна бо таҳрим рӯбарӯ хоҳанд шуд. Вашингтон кишварҳои харидори нафти Эронро ташвиқ кард, ки захираҳои алтернативӣ пайдо карда аз шариконаш дар Хариҷи Форс – Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб дархост намуд, ки нафти бештар истеҳсол карда пеши роҳи болоравии нархро бигиранд.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Туркия Ҳомӣ Оқсой рӯзи 26 апрел гуфт, ки Туркия талош дорад Вашингтонро мутақоид кунад, ки ширкати туркии Tupras ба воридоти нафти Эрон идома диҳад.

Тоқаев расман номзади интихоботи президентии Қазоқистон шуд

Қосимҷомарт Тоқаев

Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон (КМИҚ) рӯзи 3 май президенти муваққат Қосимҷомарт Тоқаевро расман номзади интихоботи президентии 9 июн сабти ном кард.

"Шахсони боэътимоди Қосимҷомарт Тоқаев имзои 315 910 сокинро ба ҷонибдорӣ аз номзад шудани вай ҷамъ оварданд", - хабар дод КМИҚ. Бино бар қонунгузории Қазоқистон, номзадҳо ба мақоми президентӣ бояд барои сабти ном шуданашон на камтар аз 118 140 имзо ҷамъ оваранд.

КМИҚ гуфт, ки Тоқаев ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро барои расман сабти ном шудан таҳия кардааст. Вай расман ҳамчун номзад сабти ном шуд ва шаҳодномаи номзадӣ дарёфт кард.

Тоқаев дар моҳи марти соли ҷорӣ - баъди ба истеъфо рафтани Назарбоев - иҷрокунандаи вазифаи президенти Қазоқистон таъйин шуд.

Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон ӯро 23 апрел ба интихоботи президентӣ пешбарӣ кард.

Ҳамчунин рӯзи панҷшанбеи 2 май номзади эътилофи "Халик демографияси" Жуматой Алиев аз забони давлатӣ имтиҳон супорид.

Интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Қазоқистон 9 июн таъйин шудааст. Сабти номи номзадҳо 11 май ба поён мерасад. Марҳилаи пешазинтихоботӣ дар ҳоле ҷараён мегирад, ки дар бархе аз шаҳрҳои Қазоқистон сокинон зидди баргузории интихоботи ғайринавбатӣ эътироз доранд. 1 май дар чанде аз шаҳрҳои Қазоқистон сокинон бо талаби таҳрим кардани интихобот ба кӯча баромаданд.

Сӯзишворӣ дар Қирғизистон гарон шуд

Тибқи таҳлилҳо, дар робита ба боло рафтани арзиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ, дар моҳи май қимати сӯзишворӣ дар Қирғизистон 10-15 дарсад боло хоҳад рафт. Дар ин бора президенти Эътилофи нафтфурӯшони Қирғизистон Канат Эшатов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, аз оғози сол қимати як бушка нафт дар бозори ҷаҳонӣ 16 доллар боло рафт. Ба ин далел, қимати як тона сӯзишворӣ дар Русия ҳам ба 150 доллар расид.

"Барои мисол, агар як тона сӯзишвории навъи АИ-92-ро 460 долларӣ мехаридем, ҳамакнун ин навъи сӯзишворӣ ба 585 доллар расид", - гуфт Эшатов.

Дар ҳоли ҳозир, бензини навъи АИ-92 дар Қирғизистон ба ҳисоби миёна 40,5 сом фурӯхта мешавад.

Қирғизистон солона наздики 1 тона сӯзишворӣ сарф мекунад, ки миқдори зиёди он аз Русия оварда мешавад.

Лоя Ҷирга ё анҷумани Афғонистон ба кори худ хотима мебахшад

Рӯзи 3 май қарор аст дар Кобул ҷаласаи чаҳоррӯзаи Лоя Ҷирга натиҷагирӣ шавад. Дар ин ҷаласа сиёсатмадорону раҳбарони қабилаҳо ва пешвоҳои гурӯҳҳои миллию динӣ дурнамои ин кишвари ҷангзада мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳудудан 3200 вакил, ки дар даҳҳо кумитаву гурӯҳҳои корӣ тақсим шудаанд, дар ҷаласае таҳти шароити сахти амниятӣ роҳҳои расидан ба сулҳ бо Толибонро баррасӣ намуданд.

Яке аз мувофиқаҳои шӯрои Лоя Ҷирга – муроҷиат ба СММ оиди аз феҳристи гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ берун кардани исми Толибон хоҳад буд. Дар ҳоле, ки бисёр аъзои Лоя Ҷирга ба хотири кӯмак дар дастёбии кишвар ба сулҳ дар ин нишаст ширкат мекунанд, бархе сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат кори ҷаласаро бойкот кардаанд. Раҳбари ҳукумати иҷроия доктор Абдулло яке аз онҳост, ки дар ин нишаст иштирок накард. Ғанӣ дар гузашта элитаи сиёсии Афғонистонро барои канорагирӣ аз ҷараёнҳои сулҳи ҳукумат интиқод кардааст.

Ватан Абдураҳмонов: “журналистон зиёд худсонсурӣ мекунанд”

Акс аз бойгонӣ

Ватан Абдураҳмонов, ҳуқуқшиноси варзида ва дар гузашта додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, аз хонандаҳои доимии матуботии тоҷик аст, аммо вақтҳои охир матбуот он ҷаззобияте, ки қаблан дошт, аз даст додааст. Ватан Абдураҳмонов дар ҳошияи як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ рӯзи 2 май аз ҷумла ба вазъи матбуоти тоҷик рӯ овард ва гуфт:

«Ба назарам, журналистон зиёд худсонсурӣ мекунанд. Ин чиз ҷоиз нест. Ман доим газетаҳоро мехарам, аммо муҳтавои онҳо дигар мубрам - актуалӣ нест. Ман то ба ҳол газетаҳоро мехарам, мехонам, аммо бисёриҳо дигар намехаранд, чунки онро сарфи беҳудаи маблағ медонанд».

Абдураҳмонов гуфт, интизороти ӯ ва хонандандагоне мисли вай аз матбуот ин аст, ки журналистон дар бораи масъалаҳое, ки дар ҷомеа вуҷуд доранд, кушоду ошкоро сухан гӯянд, нависанд ва ин «як кӯмаке ба президент ва рушди минбаъдаи ҷомеа» хоҳад буд.

Ин додраси собиқ гуфт, дар саҳифаҳои матбуот мавзуъҳое шурӯъ аз худсарии бархе аз ронандагони ҷавон аз оилаҳои доро то масъалаҳои дахлнопазирии моликияти хусусӣ ва ҳолатҳои ғасби рейдерии амволро хондан мехоҳад.

Имрӯз 3-ум май дар саросари ҷаҳон Рӯзи озодии матбуот таҷлил мешавад. Дар раддабандии созмони «Гузоришгарони бидуни марз» соли равон ҷойгоҳи Тоҷикистон аз назари озодии баён 12 зина поён рафта, дар мавқеи 161-ум қарор гирифт. Бинобар иттилои расмӣ, айни замон дар Тоҷикистон 378 газета, 265 маҷалла, 71 нашриёт ва 10 оҷонсии иттилоотӣ амал мекунанд.

Хадамоти амнияти Узбекистон донишманди туркро таҳдид ба ихроҷ кард

Чагатай Кучар.

Донишманди турк Чагатай Кучар, ки мехост, рӯзи 9-уми май бо гуруҳи таърихшиносон ва ҳунармандони узбек мулоқотеро анҷом диҳад, 28-уми апрел дар шаҳри Тошканд боздошт шуд.

Маъмурони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон донишманди 70-соларо ҳамроҳи духтараш ҳамчун "террорист" боздошт ва пас аз чаҳор соати бозпурсӣ озод карданд. Кучарро огаҳ кардаанд, ки агар дар чорабиние иштирок кунад, аз Узбекистон ихроҷ хоҳад шуд.

Гуруҳи донишмандони узбеке, ки 28-уми апрел дар Маркази “Result” дар шаҳри Тошканд барои мулоқот бо Кучар ҷамъ омада буданд, маҷбур шуданд, пароканда шаванд.

Созмондиҳандаи чорабинӣ ва таърихшинос Анвар Нозир гуфт, Кучар мехост, дар бораи бойгонии президенти Легиони Туркистон суҳбат кунад.

​Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, маъмурони амниятии Узбекистон иштироки Чагатай Кучарро дар тамоми чорабиниҳо, аз ҷумла чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи 9-уми май манъ кардаанд.

Талошҳои рӯзноманигорон барои дарёфти назари намояндагони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон дар ин замина бенатиҷа буд.

Оташсӯзӣ дар хобгоҳе дар шаҳри Нурсултон

Баъди оташсӯзӣ дар хобгоҳе дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон 20 одам, аз ҷумла 14 кӯдак барои дарёфти кумаки тиббӣ ба бемористон муроҷиат карданд.

Шаби панҷшанбеи 2 май, соати 22:30 дақиқа хабар расид, ки хобгоҳи панҷошёнае оташ гирифтааст.

"32 одам, аз ҷумла 28 кӯдак наҷот дода шуд. 350 тани дигар мустақилона аз хобгоҳ берун омаданд", - иттилоъ дод кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон.

Оташ хомӯш карда шуда, сабабҳои сар задани он мушаххас мешавад.

Туркманистон аз Русия гандум мехарад

Интизор меравад, миёнаҳои моҳи май байни Туркманистон ва Русия дар мавриди хариди гандум шартнома баста шавад.

Гандуми Ставрополи Русияро ба Туркманистон интиқол хоҳанд дод. Дар ин бора сомонаи news.1777.ru 30 апрел хабар дод.

"Ҳаҷми интиқоли гандум дар соли 2019 10 ҳазор тонаро ташкил медиҳад", - хабар дод Андрей Олейников, як масъули кишвари Ставрополи Русия.

Хариди гандум аз Ставропол дар ҳолест, ки дар Туркманистон норасоии орди маҳаллӣ мушоҳида мешавад. Сокинон хабар доданд, рӯзҳои охир дар мағозаҳои давлатии Туркманистон қимати орд боло рафтааст.

Радиои Озодӣ: мақомот ҳанӯз ҳам ба кори расонаҳо дахолат мекунанд

Мақомоти бештари кишварҳо ҳанӯз ҳам ба кори рӯзноманигорон дахолат карда, амнияти онҳоро зери хатар мегузоранд. Ин нуктаро иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Дейзи Синделар дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии озодии баён изҳор дошт.

"Радиои Озодӣ тайи чандин даҳсолаҳо ҳаводисро дар кишварҳои гуногун зери хатарҳои зиёд бозтоб мекард, ки ин кори осон набуд. Бештар аз ҳама амалҳои худсаронаи мақомот ва беҷазоии ҷинояткорон мушкил ва хатарҳоеро печидатар мекунад, ки рӯзноманигорон бо онҳо рӯбарӯ мешаванд", - омадааст дар изҳороти Синделар.

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Озодӣ маҳдудиятҳое дар самти озодии баён ёдовар шудааст, ки тайи солҳои ахир рӯзноманигорони радио рӯбарӯ шудаанд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Псков зидди Светлана Прокопева, ки аз соли 2014 бо радио ҳамкорӣ мекунад, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯро барои як назараш дар бораи ҳамла ба бинои ФСБ дар Архангелск ба ҷонибдорӣ аз терроризм айбдор кардаанд.​ Прокопева гуфтааст, шояд саркӯбгариҳои режими сиёсӣ, эҳсоси ноумедие, ки миёни ҷавонони Русия паҳн шудааст, ҷавони 17-соларо ба ин кор водор карда бошад.

Ба гуфтаи Синделар, ҳамчунин қабули қонуни ахир дар бораи ҷудокунии интернети Русия низ нигарониҳоро ба бор овардааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қонун имкони мақомотро барои ҷорӣ кардани сензура дар шабакаҳо бештар кард.

Дар изҳороти иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Радиои Озодӣ низ омадааст, ки рӯзноманигорони таҳқиқотгар дар Украина зери фишори мансабдорони давлатӣ ва олигархҳо қарор доранд. Блогер ва яке аз ҳамкорони Радиои Озодӣ дар Донетск Станислав Асеев беш аз ду сол мешавад, дар ҳабс аст. Бино ба хабарҳои ахир, ӯро ҷудоихоҳони рӯ ба Русия боздошт кардаанд.

Дар Қазоқистон пулис ҳангоми бозтоби ҳамоишҳои эътирозӣ ба кори рӯзноманигорон монеа эҷод мекунанд.

Рӯзи ҷаҳонии озодии баён аз соли 1994 ба ин сӯ ҳамасола 3 май таҷлил мешавад.

Боздошти марде дар Шаҳритус бо гумони олуда кардани дигарон ба СПИД

Утоқи бемористони зиндоне дар Русия, ки гирифтори СПИД дар он нигаҳдорӣ мешаванд

Додситони ноҳияи Шаҳритус, дар ҷануби Тоҷикистон мардеро бо итттиҳомӣ дидаю дониста олуда кардани дигарон ба ВНМБ СПИД (вируси норасоии масунияти бадан) боздошт намуда, дар боздоштгоҳ нигоҳ медорад.

Ин марди 48-сола сокини ҷамоати Холматови ноҳияи Шаҳритус дар тақзи моддаи 125-и Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон, қисми 3, яъне “Сироят кардан бо инфексияи ВИЧ нисбати ду ё зиёда шахс” гумонбар мешавад, ки дар сурати исбот шудани гуноҳаш, аз 5 то 10 соли ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Марде, ки аз бо андешаҳои ахлоқӣ исми ӯ танҳо бо ҳарфҳои Н. Р. ёд мешавад, дар пурсишҳои аввалия гуфтааст, ки ба гуноҳи худ иқрор мешавад, вале сабаби ба ин кор даст заданашро шарҳ надодааст.

Умед Каримзода, додситони ноҳияи Шаҳритус рӯзи 2 май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин мард як моҳи пеш дар натиҷаи як амалиёти сохторҳои ҳифзи қонун боздошт шуда, тафтишоти парвандааш идома дорад. Ба бовари тафтишот, ин мард панҷ соли пеш гирифтори беморӣ шуда, дар гузашта дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буда баъди бозгашт дар Тоҷикистон барои содир кардани ҷинояте як муддат зиндонӣ ҳам шудааст. Гумонбар дар пурсишҳои аввалия гуфтааст, ки гӯё дар дохили зиндон гирифтори вируси норасоии масунияти бадан шудааст. Умед Каримзода гуфт, ки ин иддаои гумонбар бояд санҷида ва дақиқ шавад.

“Ҳоло тафтишот идома дорад, сабабҳояшро муайян мекунем. Вале худаш гуфт, ки дар зиндон ба ин вирус олуда шудааст, яъне дар ҳабс ва зиндон, вале тафтишоти ин фарзияҳо идома дорад. Ҳоло чанд нафарро ба беморӣ гирифтор кардааст. Маълум нест, вале ҳамсараш, ки низ дар зиндон аст, ӯ ба ин вирус олуда кардааст. Хонаводаи ин мард чандон хонаводаи солим нест, ҳамсараш низ бо дуздӣ зиндонӣ шудааст.”

Мақомоти тафтишотӣ мегӯяд, фарзияи аслии гирифтории ин мард ба вирус истифода аз сӯзандоруи олуда ба ҳангоми истеъмоли нашъа гуфта мешавад. Мақомот мегӯянд, ки ин мард дар гузашта нашъаманди тазриқӣ буд.

Феълан фаҳмидани мавқеи худи гумонбар ба ин қазия ва иттиҳоми зидди ӯ имкон надорад, чун ӯ дар боздошт аст ва ба гуфтаи мақомот, феълан барои ҳимояи худ вакил надорад. Мақомот мегӯянд, ки бо анҷом расидани тафтишот ва оғози баррасии парвандаи ҷиноӣ бо вакил аз додгоҳ таъмин хоҳад шуд.

Вале дар маълумоти расмӣ гуфта шудааст, ки ҳамсари аввали ин мард соли 1992, замони шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ ва гурезагӣ дар Афғонистон фавтида ӯ баъдан дар Тоҷикистон бори дуюм оиладор шудааст. Ҳамсари дуюмаш, ки як фарзанд дорад, бо ҷурмӣ дуздӣ зиндонӣ шудааст. Бовар меравад, ки ин занро шавҳараш олудаи вирус кардааст. Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, пеш аз издивоҷ ин мард бояд занро дар бораи вуҷуди беморӣ хабардор мекард.

Як ҷомеашиноси тоҷик бидуни бурдани номаш дар робита бо ин қазия гуфт, ки саргузашти ин мард як фоҷеаро мемонад, чунки ба назар мерасад, ки аз тамоми мушкилоте, ки ба сараш омадааст, ноумед ва ҳам хашмгин шудааст. "Ва агар воқеан ҳам аз роҳи берабту огоҳона ҳамхоба шуданаш бо занон дигарҳоро олуда карда бошад, ин ҷо як масъалаи дигар ҳам рӯшан мешавад, ки ӯ натавонистааст дили худро таскин бидиҳад. Шояд дар зиндагӣ бо рафтори бади ҷомеа, ки гирифторони СПИД-ро қабул надоранд ва таҳаммулпазир нестанд, рӯбарӯ шуда бошад. Ба ҳар сурат, зиндагиаш як фоҷеа аст, ки вокуниш ба мушкилоти зиндагӣ ва бархӯрд бо мардум буда метавонад".

Мақомот мегӯянд, ки ба эҳтимоли онҳо ин мард дар олуда шудани чанд зани дигар ҳам ба ВНМБ СПИД гумонбар мешавад, вале феълан ин бахши маълумот дар ҳоли таҳқиқ қарор дорад.

Тошмурод Ғуломов, роҳбари маркази бемории ВИЧ СПИД дар ноҳияи Шаҳритус гуфт, ки дар ноҳия 100 нафар ба ҳайси гирифторони вирус ба қайд гирифта шудаанд ва онҳо аз ҳама кӯмаки зарурии тиббӣ бархӯрдоранд. Ба гуфтаи Ғуломов, ҳамаи онҳо сари вақт огоҳонида мешаванд, ки бояд эҳтиёткор бошанд ва ҳам дар сурати барпо кардани оила ваё робитаи ҷинсӣ, бояд ҷониби дигарро дар бораи вуҷуди беморӣ огоҳ кунанд.

Зимнан моҳи августи соли 2018 Додгоҳи ноҳияи Шаҳритус як занро барои гирифтор чанд мард ба вируси СПИД ба як соли зиндон маҳкум карда буд. Октябри порсол ҳам як сокини Душанбе бо айни чунин иттиҳом гумонбар дониста шуд.

Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар Тоҷикистон аз се то чаҳор нафар ба ВИЧ – вируси норасоии масунияти бадан олуда мешудааст.

Илёсиддин Саидов, роҳбари маркази мубориза ВИЧ СПИД дар Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар зиндонҳо тамоми онҳое, ки дар қайди марказ ҳастанд, ба доруҳои махсуси ройгон таъмин ҳастанд ва сари вақт онҷо ташхиси масуниятро анҷом медиҳанд. Дар Хатлон 100 нафар зане, ки ба танфурӯши банд будаанд гирифтори ВИЧ-СПИД будаанд, ки онҳо ба қайд гирифта шуда, дар назорат қарор доранд.

Дар вилояти Хатлон охири соли 2018 шумораи гирифторони ВИЧ-СПИД 2863 нафар гуфта мешуд, ки ин омор дар кишвар бештар будааст, вале дар соли 2018 дар кишвар беш аз 1000 нафар бори аввал ба ин беморӣ гирифтор шудааст.

Дар Узбекистон омӯзишгоҳи забони арабиро бастанд

Маркази забономӯзии "Ҳикматли билим"-и шаҳри Тошканд 15-уми апрел дар натиҷаи як рейди муштараки кормандони Идораи пулиси ноҳияи Олмазор ва Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон баста шудааст.

Омӯзгори забони арабӣ Дилфуза Каримова мегӯяд, маркази забономӯзӣ пас аз он баста шуд, ки маъмурони интизомӣ ҳангоми санҷиш дар он китоби Қуръонро пайдо карданд. "Онҳо Қуръонро дар синфхонае пайдо карданд, ки ман дарс медодам. Онҳо гуфтанд, ки шумо дарси динӣ медиҳед ва бинобар ин, марказро бастанд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Як кормандони Шуъбаи мубориза бо терроризми Олмазор гуфт, омӯзгорони марказ бо фаъолияте машғул буданд, ки дар ойинномаи он пешбинӣ нашудааст ва суҳбатҳо бо чандин донишомӯз низ нишон дод, ки ба онҳо дарси динӣ мегузаранд.

Вале Каримова мегӯяд, ӯ ба донишомӯзон танҳо забони арабиро меомӯзонд. "Онҳо ба далели он ки ман забони арабиро медонам, фикр мекунанд, ки хатар дорам", - изҳор дошт Каримова.

Дар маркази забономӯзии "Ҳикматли билим", ки пештар "Умар Мирзо" ном дошт, тайи се моҳи ахир бори дувум аст, ки рейди зиддитеррористӣ гузаронида мешавад. Дар пайи санҷиши якум фаъолияти марказ боз дошта шуда, ба ҷои он маркази "Ҳикматли билим" таъсис ёфт.

Узбекистон ширкати шавҳари Гулнора Каримоваро мефурӯшад

Дар Узбекистон 100 дарсади саҳмияҳои ширкати "EDEL VEYS-ALI"-ро, ки молики нахустин радиои хусусии "Радио Гранд" дар ин кишвар аст, ба фурӯш гузоштанд.

Бино ба хабари расонаҳои Узбекистон, арзиши ширкат 4,1 миллиард сӯм (ҳудуди 480 ҳазор доллар) муайян шудааст. Музоядаи фурӯши ширкат 8 майи соли равон баргузор мешавад.

Рустам Мадумаров ба ҳукми тӯлонии зиндон маҳкум шудааст
Рустам Мадумаров ба ҳукми тӯлонии зиндон маҳкум шудааст

Пештар Додситонии кулли Узбекистон хабар дод, ки шавҳари пешини духтари калонии президенти нахустини Узбекистон Гулнора Каримова - Рустам Мадумаров дар нақшаи коррупсионии Каримова даст дошта, моҳи июни соли 2014 ба муҳлати тӯлонӣ зиндонӣ шуд.

Додситонии Шветсия Мадумаровро ба миёнаравӣ дар муомилаҳои Каримова бо бузургтарин ширкатҳои мухобиротӣ ҳангоми доду гирифти пора барои ворид шудан ба бозори алоқаи Узбекистон гумонбар медонад.

Муовини сарвазири Қирғизистон: "ЮрОсиё" аз басташавии кони уран шикояте надорад

Ноиб-сарвазири Қирғизистон Қуботбек Борон гуфт, ки ширкати "ЮрОсиё дар Қирғизистон" дар робита ба бозхонди иҷозатномаи фаъолияташ дар кони урани вилояти Иссиқкӯл шикояте надорад. "Мо бо ширкати "ЮрОсиё" гуфтугӯ кардем. Онҳо нигаронии ҷомеаро ба эътибор гирифтанд ва бе ҳеч даъвое розӣ шуданд", - гуфт Боронов.

Эътирозҳо зидди истихроҷи уран дар Қирғизистон баъди он сар зад, ки хабари коркарди кони уран дар вилояти Иссиқкӯл расонаӣ шуд. Фаъолони маданӣ ба ҷамъоварии имзо шуруъ ва тасмими баргузории эътирозҳоро эълом карданд.

Ширкати русиву қирғизии "ЮрОсиё дар Қирғизистон" мехост, дар кони ноҳияи Тони Иссиқкӯл уран истихроҷ кунад. Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаеро зидди коркарди кон ба роҳ монда, фаъолони маданӣ дар Бишкек эътироз карданд. Онҳо гуфтанд, коркарди уран ба муҳити зист ва саломатии сокинон зарари сахт мерасонад.

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 22-юми апрел дастур дод, ки то эъломи натиҷаи ташхиси зистмуҳитӣ корҳо дар кон қатъ шаванд. Худи ширкат мегӯяд, ҳангоми коркарди уран аз техникаҳои бехатарӣ истифода мекунад ва ба муҳити зист осебе нахоҳад расид.

Бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон пешниҳод карданд, ки то соли 2070 ба истихроҷи уран дар ин кишвар моратория эълом шавад.

Гуайдо аз марги ду эътирозгар дар Венесуэла хабар дод

Роҳбари мухолифон ва раиси порлумони Венесуэла Хуан Гуайдо гуфт, ки дар даргириҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду эътирозгар - ҷавондухтари 27-сола ва ҷавонписари 24-сола кушта шуданд.

"Ин кор бояд қатъ шавад ва қотилон бояд масъулияти амалҳояшонро эътироф кунанд. Ман зиндагиамро дар гарав мегузорам", - навишт Гайдо дар Твиттер.

Хабаргузории Reuters иттилоъ дод, ки эътирозҳои 1-уми май дар Каракас аз тарси мақомоти интизомӣ хомӯш шуданд ва артиш ҳамоно аз Мадуро ҳимоят мекунад.

Ахиран Гуайдо хабар дод, ки "марҳилаи ниҳоӣ"-и маъракаи барканории президент Николас Мадуроро шуруъ кардааст. Вай аз сокинони Венесуэла даъват кард, ки ба эътирозҳои кӯчагӣ бипайванданд.

Додситони кул: Трамп монеи дарёфти адолат нашудааст

Додситони кулли ИМА Уилям Барр 1 май дар робита ба гузориши додситони махсус Роберт Мюллер дар бораи тафтиши робитаи атрофиёни наздики президент Доналд Трамп бо Русия дар Конгресс баёнот дод.

Уилям Барр аз ҷумла гуфт, ки Трамп барои монеъ шудан ба адолат дар "тафтишоти дахолати Русия" ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нахоҳад шуд.

Эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи президентии Амрикоро дар соли 2016 додситони махсус Мюллер ду сол тафтиш карда, натиҷаи он 24 марти соли равон нашр шуд. Барр, ки раҳбари бевоситаи Мюллер аст, ба нашри гузориш иҷозат дод. Вале баъзе аз нуктаҳои он, аз ҷумла маълумоти шахсии гумонбарон махфӣ монданд. Барр гуфт, танҳо 10%-и гузориш махфӣ нигоҳ дошта шуд.

Аммо бештари аъзои Конгресс, аз ҷумла намояндагони Ҳизби демократ аз нашр шудани нусхаи таҳриршудаи гузориш норозиянд. Бинонбар ин, ҳоло онҳо аз додситони кул Барр суол карданианд, ки ҳамчун нафари аз сӯи Трамп таъйинушуда ба муфаттишон фишор овардааст ё не.

Ҳамчунин интизор меравад, демократҳо хулосаи гузориши Мюллерро дар бораи он ки гӯиё Трамп ва атрофиёни ӯ дар муборизаҳо барои курсии президентии ИМА аз Русия кумакеро дарёфт накардаанд, зери шубҳа қарор диҳанд.

Барр 1 май дар суханронии худ гуфт, Мюллерро 30 сол аст, мешиносад ва бовар дорад, ки тафтишотро мушикофона анҷом додааст. Додситони кулли ИМА гуфт, Мюллер дар гузориши худ далелеро наовардааст, ки Трамп дар рафти тафтишот монеа эҷод карда бошад. Бинобар ин, ба гуфтаи ӯ, Трамп ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳад шуд.

Тафтишоти беш аз дусолаи Роберт Мюллер муайян кард, ки Русия бо паҳни иттилои дурӯғ ва ҳамлаҳои ҳакерӣ ба интихоботи президентии ИМА дахолат кардааст. Вале далеле пайдо нашуд, ки созиши Трамп ё тими ӯро бо Русия дар давраи интихобот исбот кунад.

Путин қонуни ҷудокунии интернети Русияро имзо кард

Президент Владимир Путин қонуни ҷудо сохтани интернети Русияро аз шабакаи ҷаҳонӣ имзо кард. Матни қонун дар сомонаи иттилои ҳуқуқии Русия нашр шуда, он аз 1 ноябри соли равон ба иҷро медарояд.

Қонуни мазкур фароҳам кардани имкони техникии ҷудосозии бахши русии Рунетро аз интернети ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад. Иҷрои онро Роскомнадзор назорат ва тартиби насбу интиқоли таҷҳизотҳои лозимиро ҳукумати Русия тасдиқ хоҳад кард.

Муаллифони лоиҳаи қонун раиси кумитаи Шӯрои федеролӣ дар умури қонунҳои конститутсионӣ Андрей Клишас, муовини аввали ӯ Людмила Бокова ва вакили порлумони Русия Андрей Луговой – мегӯянд, қонун бо назардошти "хусусияти таҷовузкоронаи Стратегияи амнияти миллии киберии ИМА аз моҳи сентябри соли 2018" омода шудааст.

Мунаққидони қонун нигаронанд, ки шабакаи алоҳида имкониятро барои сензураи сартосарӣ дар интернет фароҳам мекунад.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз Путин даъват карданд, ки қонунро имзо накунад. "Гузоришгарони бидуни марз" ва Human Rights Watch дар як изҳороти муштарак гуфтанд, ки қонуни мазкур хилофи Конвенсияи ҳуқуқи инсони Аврупо ва аҳдномаи СММ дар бораи ҳуқуқи сиёсиву шаҳрвандӣ аст.

Муаллифони лоиҳа аз аввал гуфтанд, ки барои иҷрои он аз буҷа маблағи иловагӣ сарф нахоҳад шуд, вале дертар Андрей Клишас гуфт, ки он 20 миллиард рубл харҷ хоҳад дошт.

Ҷасади узбекистонии дар Русия кушташударо ба ватан меоранд

Умеда Эгамуродова.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, омодаанд, ҷасади Умеда Эгамуродоваро, ки дар вилояти Тулаи Русия кушта шуд, ба Узбекистон биоранд.

"Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Узбекистон ба аъзои хонаводаи Умеда Эгамуродова изҳори тасаллият мекунад. Сарфи назар аз он ки вай шаҳрванди Русия буд, вазорат омода аст, ки барои интиқол додани ҷасадаш ба Узбекистон кумак расонад", - омадааст дар изҳороти расмии вазорат.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон низ ба наздикон ва пайвандони Умеда изҳори ҳамдарӣ баён кардааст.

Пештар хабар расид, ки рӯзи 28 апрел Андрей К., як сокини 34-сола дар мағозаи "Пятерочка"-и вилояти Тулаи Русия хазинадори мағоза Умеда Эгамуродоваро 21 корд задааст.

Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод, ки Умедаи 33-сола дар бемористон вафот кард. Вай се фарзанди ноболиғ дошт.

Мақомоти Туркманистон ҷустуҷӯи даъватшавандаҳоро сахттар карданд

Дар ҳоли ҳозир дар Туркманистон ҷустуҷӯи ҷавонони 27-солае идома дорад, ки хизмати ҳарбӣ накардаанд. Намояндагони мақомоти ҳарбии Туркманистон ҷустуҷӯи ҷавононро барои даъват ба артиш сахттар карданд.

"Хабарҳое ҳаст, ки аз ин ба баъд донишаҷӯёни дар хориҷ таҳсилкунандаро ба маҳзи расидан ба ватан аз фурудгоҳ мустақим ба қисмҳои низомӣ мебаранд. Волидон ба фарзандонашон дастур медиҳанд, ки то тамом шудани донишгоҳ ба ватан наоянд", - гуфт як сокини маҳаллӣ.

Дар ҳоли ҳозир синни даъват ба артиш то 27-соларо ташкил медиҳад, аммо дар Туркманистон мехоҳанд, синни даъватро то 35-сола боло баранд. "Бар асоси қонунгузории Туркманистон, мардоне, ки соҳиби ду фарзанд ҳастанд, ба артиш даъват намешаванд. Аммо овозаҳое ҳаст, ки ин маҳдудият ҳам бардошта хоҳад шуд", - гуфт сокини дигари маҳаллӣ.

Нашрияи "Turkmen.news" 27 апрел хабар дод, ки мақомоти интизомии Туркманистон "шикор"-и ҷавовонро барои адои хизмат шуруъ карданд.

Шӯрои уламо 6-уми майро аввали моҳи Рамазон эълон кард

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 6-уми майро оғози моҳи мубораки Рамазон, эълон кард. Ба гуфтаи масъулони Шӯрои уламо, ин тасмим дар ҳамоҳангӣ бо Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон муайян шуд.

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 1-уми майи худ ҳамчунин ҳисоби шаръии нисоби закотро 20 ҳазор сомонӣ муқаррар намуд, ки аз он 500 сомонӣ закот дода мешавад.

Ин ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон садақаи фитр ба ҳисоби гандумро 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барои афроди тавонманд), муайян кардааст.

Шӯрои уламо ҳамчунин барои афроде, ки узри шаръӣ (пиронсолон) доранд ва бемороне, ки барои сиҳатшавиашон умеде нест ва наметавонанд рӯзаи моҳи мубораки Рамазонро бигиранд, фидя ба маблағи 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян кардааст.

Сафири нави САҲА дар Тоҷикистон 11 май ба кор шурӯъ мекунад

Валерий Чивери шурӯъ аз 11 майи соли ҷорӣ ба иҷрои вазифаҳои раҳбари дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон шурӯъ хоҳад кард. Ҳарчанд ҷаноби Чивери мудири барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон унвон мешавад, аммо вай мақоми сафирӣ хоҳад дошт. Ваколатҳои Туула Юрюла, мудири пешини барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон 31 октябри соли 2018 анҷом ёфта ва то ҳол роҳбарияти ин созмони байналмиллалӣ ба вазифаи намояндаи худ дар Тоҷикистон номзадеро интихоб накарда буданд. Дар солҳои мудирияти хонум Юрюла дар дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон муносибатҳои ду кишвар рӯ ба сардӣ ниҳода, Душанбеи расмӣ ин созмонро дар фароҳам кардани минбар барои мухолифонаш дар Варшаваи Лаҳистон аз ҷумлаи аъзои ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзат айбдор мекард. САҲА низ бо дарназардошти бархе аз маҳдудиятҳо теъдоди кормандонаш дар Тоҷикистонро коҳиш дод, аммо умедвор аст, ки бо оғози фаъолияти мудири нави барномаҳо дар Душанбе муносиботи ду ҷониб беҳтар мешаванд.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Тарс аз вируси нав дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00
XS
SM
MD
LG