Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Кайҳоннавардони Амрико ба Моҳ бармегарданд

Ҳамсафари Замин зери соя

НАСА ва ё Оҷонси Кайҳоншиносии Амрико мегӯяд, мумкин аст, соли 2024 дигарбора кайҳоннавардонашро ба Моҳ бифристад. Созмон рӯзи 23-уми май бо нашри як баёнияи расмӣ дар бораи барномаҳои нав ҷиҳати таҳқиқу иктишофи ҳамсафари замин хабар дод.

Ҷим Брайденстайн, мудири НАСА гуфт, ки аввал як ковишгари бесарнишинро соли 2020 ба курраи Моҳ мефиристанд. Сипас як фазонаварди дигареро соли 2022 партоб мекунанд, ки дар атрофи Моҳ чарх мезанад.

Соли 2024 кайҳоннавардон аз ҷумла як зан ҳам ба Моҳ мераванд. Амрико баъди солҳои 60 ва 70-уми қарни гузашта, дигар барномаҳои таҳқиқотии мукаммал дар курраи Моҳро амалӣ накардааст.

Вазир гуфт, Эрон хоҳони робитаҳои дуруст бо кишварҳои арабист

Муҳаммад Ҷавод Зариф дар нишасти хабарии рӯзи 25-уми май дар Бағдод

Вазири умури хориҷӣ Муҳаммад Ҷавод Зариф, дигарбора гуфт, Эрон хоҳони ҳамкории мӯътадил бо ҳамсояҳои арабаш дар Халиҷи Форс аст ва хост, кишварҳои минтақа аҳдномаи манъи ҳамла ба якдигарро имзо кунанд.

Вазири умури хориҷии Эрон дар ин бора рӯзи 26-уми май ҳангоми нишасти муштараки хабарӣ бо Муҳаммад Алӣ Ҳаким ҳамтои ироқиаш дар шаҳри Бағдод сухан гуфт.

Алҳаким гуфт, Ироқ мехоҳад, байни Эрону Амрико, ки таниш байнашон авҷ гирифтааст, миёнҷигарӣ кунад, вале таъкид кард, ки Ироқ мухолифи ҳаргуна “иқдомоти якҷонибаи” Вашингтон аст. Ироқ баръакси кишварҳои дигари арабӣ бо Эрону Амрико ҳамкориҳои наздик дорад.

Робитаҳо байни Теҳрону Вашингтон баъди хуруҷи Амрико аз созиши атомии соли 2015 бо Эрон бисёр сард шудааст. Ҳукумати Доналд Трамп баъд аз ин таҳримот ба зидди Эронро барқарор кард ва дар чанд ҳафтаи гузашта ҳузури неруҳояш дар Ховари Миёнаро тақвият бахшид.

Ба гуфтаи мақомоти ироқӣ, рӯзи 25-уми май нахуствазир Одил Маҳдӣ ва раиси ҷумҳур Барҳом Солеҳ бо Муҳаммад Ҷавод Зариф “хатари ҷанг ва зарурати ҷилавгирӣ аз ҷангу танишҳоро” баррасӣ кардаанд.

Боварии мардуми Русия ба Путин бисёр кам шудааст

Акс аз бойгонӣ

Як муассиаи давлатии назарсанҷии Русия мегӯяд, боварии мардум ба раиси ҷумҳур Владимир Путин ба ҳадде кам шудааст, ки дар 13 соли гузашта собиқа надошт. Маркази Таҳқиқи Афкори Умуми Русия рӯзи 24-уми май натиҷаҳои назарсанҷиеро нашр кард, ки нишон додааст, фақат 31.7 дар сади мардум ба Владимир Путин бовар доштаанду тамом. Чунин рақами поин фақат дар соли 2016 дида шудааст.

Айни замон Владимир Путин аз маҳбубияти зиёд бархурдор будааст ва бештар аз 65 дар сади мардум ӯро тарафдорӣ мекардаанд. Баъди интихоби дигарбора ба мақоми раиси ҷумҳур дар соли 2018 обрӯи Владимир Путин дар миёни мардум камтар шуд.

Боло бурдани синни нафақа, коҳиши даромади мардум ва афзоиш додани молиёт аз арзиши изофа аз сабабҳои кам шудани обрӯву эътибори Владимир Путин дониста мешавад. Соли 2015 баъди ишғоли нимҷазираи Қрим аз тарафи Русия, 71 дар сади мардум гуфтанд, ки ба Путин боварӣ доранд. Аммо маҳбубияти ӯ аз он сол ба тадриҷ коҳиш ёфт.

СММ мегӯяд, Толибон асиронашонро мекушанду шиканҷа мекунанд

Акс аз бойгонист.

Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон мегӯяд, Толибон бо афғонҳое, ки асир мегиранд, бадрафторӣ мекунанд ва чунин амалкарди онҳо баробар бо шиканҷаи маҳбусон аст.

Дар як баёнияи расмии созмон, ки рӯзи 26-уми май нашр шуд, омадааст, намояндагони СММ бо 13 асири гуруҳи 53 нафарие, гуфтӯгу кардаанд, ки маъмурони амниятии Афғонистон онҳоро моҳи гузашта аз як боздоштгоҳи Толибон дар вилояти Урузгон озод карданд.

Аксарияти онҳое, ки рӯзи 25-уми май озод шуданд, сарбозон, маъмурони амният, мақомоти расмӣ ва ғайринизомиён будаанд. Дар баёния омадааст, ба истиснои се нафар, ки аз соли 2016 дар асорати Толибон будаанд, бақияро аз соли 2018 дар ин зиндон нигаҳ медоштанд.

Ба гуфтаи Созмони Милал, шароит дар ин зиндон бисёр бад будааст ва бандиёнро маҷбуран кор мефармудаанд. Дафтари Созмони Милал аз қавли маҳбусони раҳошуда навиштааст, ки Толибон баъзе аз бандиёнро куштаанд. Дар баёния омадааст, тасвири маҳбусон аз зиндон воқеӣ аст ва онҳо дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ ва дасти кам қатли 11 бандӣ аз тарафи Толибон нақл кардаанд.

Интихоботи Иттиҳодияи Аврупо имрӯз поён меёбад

Рӯзи 26-уми май даҳҳо миллион нафар аз сокинони 21 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо барои интихоби вакилони порлумони иттиҳодия раъй медиҳанд.

Интихоботи порлумонӣ дар Олмон, Фаронса, Итолиё, Булғористон, Хорватия ва Маҷористон сурат мегирад ва аҳолии ин кишварҳо намояндагони хеш дар Порлумони Аврупоро интихоб мекунанд. Порлумон дар шаҳри Страссбурги Фаронса қароргоҳ дорад ва аз 751 намоянда иборат аст.

Интихобот рӯзи 23-уми май шуруъ шуд ва ҳафт кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо аз он рӯз то кунун раъй додаанд. Бино ба назарсанҷиҳо, мумкин аст, дар интихобот вакилони миллатгаро ва шуҳратталаби мухолифи Иттиҳодияи Аврупо сеяки курсиҳои порлумонро ба даст оварда ва қабули қарорҳо дар порлумонро дар 5 соли оянда мушкил кунанд.

Айни замон ҳамин назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки ин гуруҳи довталабон назар ба ончӣ ки тасаввур мешуд, тарафдори зиёд надоштаанд. Бештар аз 400 миллион нафар ҳаққи ширкат дар интихоботи Иттиҳодияи Аврупоро доранд, ки бузургтарин интихоботи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Раисҷумҳури Амрико бо сафари давлатӣ ба Ҷопон рафт

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, бо сафари давлатӣ ба Ҷопон рафт, то бо вуҷуди танишҳои тиҷорӣ равобити қавӣ бо Токиоро намоиш диҳад.

Трамп ва бонуи аввали Амрико Меланиа Трамп рӯзи 25-уми май пас аз сафари чаҳордаҳсоата вориди Ҷопон шуданд.

Нахуствазири Ҷопон Шинзо Абе Трампро ба зиёфати бошукӯҳ ва сабқати сумо даъват кардааст.

Ӯ ҳамчунин яке аз нахустин раҳбарони кишварҳои хориҷӣ хоҳад буд, ки императори нави Ҷопон Наруҳиторо мебинад. Наруҳито дар оғози моҳи ҷорӣ тахти шоҳаншоҳиро ба мерос гирифт.

Трамп рӯзи 23-юми май гуфт, "нахуствазир Абе бисёр мушаххас ба ман гуфт, ки шумо меҳмони боиззате ҳастед. Дар онҷо фақат як кас меҳмони боиззат аст. Ман меҳмони боифтихори яке аз маъракаҳои бузургтарини онҳо дар дусад соли ахир ҳастам."

Сафари раисҷумҳури Амрико ба Ҷопон то 28-уми май идома мекунад.

"Писарамро кӣ парронд?" Нома аз Исфара ба додситони кулли Қирғизистон

Нусхаи шиносномаи русии Расоиддин Тешаев

Як сокини ҷамоати Ворухи Исфара аз додситони кулли Қирғизистон Откурбек Ҷамшедов хостааст, ки гумонбарони қатли писараш Расоиддин Тешаевро боздошт карда ва ба ҷавобгарӣ кашад.

Расоиддин Тешаеви 37-сола, шаҳрванди Тоҷикистону Русия, рӯзи 14-уми марти имсол ҳангоми муноқиша дар марз аз тири силоҳи оташфишон кушта шуд. Наздиконаш дар ин кор сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистонро муттаҳам мекунанд. Қаблан мақомот гуфта буданд, ки ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Нома ба додситони кулли Қирғизистон рӯзи 14-уми май тавассути почта ва рӯзи 23-юми май тавассути имейл фиристода шудааст. Ҷониби Қирғизистон гуфт, муроҷиати интернетии Иномиддин Тешаевро рӯзи 24-уми май дастрас кардааст ва он баррасӣ мешавад.

Нусхаи нома рӯзи 25-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр шуд. Бино ба он, Иномиддин Тешаев гуфтааст, аз марги писараш ду моҳ гузашт, вале то ҳол касе ба ҳайси гумонбар дар ин ҳодиса дастгир нашуд.

"Ҳар рӯз набераҳоям аз ман мепурсанд, ки падари мо куҷост? Кай меояд? Ман қудрати ба ин суол посух гуфтанро надорам. Ва ин фикр маро низ ором намегузорад, ки кӣ бо истифода аз силоҳи оташфишон писари маро кушт?" -- навиштааст ӯ.

Иномиддин Тешаев мегӯяд, дар ин ҳодиса арӯси 28-солааш бо се фарзанд танҳо монд: "Мо бе ноновар мондем. Ман 84-сола ва оилаам 76-сола аст. Таҳаммули чунин фоҷиа барои мо хеле сахт аст."

Рӯзи 19-уми марти имсол Додситонии кулли Қирғизистон эълон карда буд, ки дар пайи низоъ дар марз бо Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи ҳодиса оғоз шудааст.

Ҳамчунин Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон гуфта буд, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, дар навбати аввал афродеро, ки даст ба ҷиноят зада, боиси сар задани муноқиша шуданд ва боиси кушта шудани ду нафар гардиданд, ба ҷавобгарӣ мекашанд.

Бо гузашти ду моҳ ду тараф дар ин бора иттилое надодаанд.

Дар муноқишаи рӯзҳои 13 ва 14-уми марти имсол дар марз ду шаҳрванди Тоҷикистон аз тири силоҳ кушта ва беш аз 20 шаҳрванди Тоҷикистону Қирғизистон маҷруҳ шуданд. Моҷаро баъди он сар зад, ки сокинони деҳоти Ворухи Тоҷикистон бо корҳои сохтмонии роҳи Ботканд-Оқсой-Тамдиқ мухолифат карданд. Ҳодисае. ки ҳарду тараф ба ҳақ будани худ пофишорӣ доранд.

Борону сел дар Афғонистон боис ба марги 24 нафар шуд

Бар асари омадани сел дар Афғонистон 21 нафар ҷон бохтаанд.

Бахши дарии Радиои Озодӣ навишт, бориши сахти борон ва омадани сел заминҳои кишт ва хонаҳои мардум ва роҳҳоро низ вайрон кард.

Муҳаммадаслам Сиёсӣ, муовини вазири ҳолатҳои фавқулодаи Афғонистон, рӯзи 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз вилояти Ҳирот, Ғӯр ва Ғазнӣ дар маҷмуъ аз марги 24 нафар гузориш шудааст.” Вай афзуд, дар миёни ҳалокшудаҳо се кӯдак низ ҳаст.

Дар ҳамин ҳол, Созмони Милали Муттаҳид гузоришеро дар мавриди вазъяти башарӣ дар Афғонистон ба нашр расонд.

Дар гузориш гуфта шудааст, пеш аз ин селобҳо наздик ба сесад ҳазор нафар ба хотири хушксолӣ беҷо шуда буданд. Ба қавли масъулони созмон, хушксолии пайдарпай ва акнун боронҳои шадид ва омадани сел афғонҳоро дар вазъияти бади башарӣ қарор додааст.

Моҳи марти имсол бар асари омадани сел дар Эрону Афғонистон даҳҳо нафар ҷон бохта ва маҷруҳ шуданд.

Маводи мухаддир дар зиндонҳои Тоҷикистон аз куҷост? Баҳс дар порлумон. САДО

Абдуманнон Холиқзода

Муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон мавридҳои истифода аз маводи мухаддир дар зиндонҳои кишварро тасдиқ кард. Абдуманнон Холиқзода дар ҷаласаи се рӯз пеш дар порлумон гуфт, барои ҷилавгирӣ аз ин масъалаи доғ чора меҷӯянд.

Ин масъаларо Абдуҳалим Ғаффоров, узви Маҷлиси Намояндагон ва раиси ҳизби сотсиалист, матраҳ кард. Ҳарчанд мавзӯи ҷаласаи порлумон “дар бораи эъломияи дороиҳои кормандони ниҳодҳои қудратӣ” буд, ӯ аз муовини якуми Вазорати адлия тақозо намуд, сабабҳои вуҷуди маводи мухаддир дар зиндонҳоро шарҳ диҳад.

Абдуҳалим Ғаффоров
Абдуҳалим Ғаффоров

“Ҳодисаҳои дар муассисаҳои ислоҳӣ аз воситаҳои нашъадор истифода бурдани маҳбусон зиёд аст. Бо кадом роҳу восита он дастраси маҳбусон мешавад?” -- пурсид Ғаффоров.

Ҳарчанд муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон Абдуманнон Холиқзода бо назардошти аз мавзуъ берун будани масъала хоҳиш кард, ба ин суол посух надиҳад, муовини раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ исрор намуд, ки “масъала шарҳ дода шавад”.

Абдуманнон Холиқзода дар ҳузури вакилон гуфт, “воқеан, ин гуна ҳолатҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ҷой доранд. Роҳбарияти вазорат кӯшиш дорад, ки пеши роҳи онҳо гирифта шавад. Як қатор омилҳое ҳастанд, ки ба паҳншавии маводи мухаддир дар муассисаҳои ислоҳӣ мусоидат менамоянд ва яке аз онҳо ба кормандони ин муассисаҳо вобастагӣ дорад.”

Маводи мухаддир дар зиндонҳои Тоҷикистон аз куҷост?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00
Линки мустақим

Холиқзода гуфт, “аттестатсия” ё санҷиши маъмурони зиндонҳо гузаронда шудааст ва бар асоси он чанде аз онҳо “бинобар сатҳи пасти дониш ва қонуншиканиҳо, аз кор ва хидмат озод карда мешаванд”.

Вале Холиқзода дар хусуси теъдоди маҳбусоне, ки гирифтори маводи мухаддир ҳастанд ва дар соли равон чӣ қадар маводи мухаддир ба маҳбасҳо ворид шудааст ва манбаъҳои таъминкунанда кадомҳоянд? посух нагуфт.

Қаблан ҳомиёни ҳуқуқ ва омбудсмени Тоҷикистон фавт ва ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани зиндониёни тоҷикро мушкили асосӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ номида буданд. Дар гузорише, ки Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нашр кард, гуфта шудааст, “ҳоло дар муассисаҳои ислоҳӣ 307 маҳбуси мубтало ба вируси норасоии масунияти бадан адои ҷазо менамоянд. Теъдоди гирифторони бемории сил дар зиндонҳо 173 нафар аст"

Дар маҳбасҳои Тоҷикистон, бино ба иттилои расмӣ, 12 ҳазор маҳбус нигоҳдорӣ мешаванд. Баҳори соли гузашта Кумитаи мубориза зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, ки барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятии сил ва ВИЧ дар боздоштгоҳу зиндонҳо даст ба кор шавад.

Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо, ба Тоҷикистон меояд

Доналд Туск

Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо, ҳафтаи оянда аз чанд кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дидан хоҳад кард.

Шӯрои Аврупо дар баёнияи расмӣ гуфт, Туск сафарашро ба Осиёи Марказӣ рӯзи 30-юми май аз Тоҷикистон оғоз мекунад. Қарор аст, ӯ дар Душанбе бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунад. Ҳамкориҳои дуҷониба, тағйири иқлим, ҳифзи марз ва амнияти минтақа аз мавзуъҳои суҳбат хоҳад буд.

Раиси Шӯрои Аврупо баъдан ба Қазоқистону Узбекистон меравад. Мулоқоти ӯ бо раисҷумҳури муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва президенти нахустини он кишвар Нурсултон Назарбоев пешбинӣ шудааст. Вай дар Узбекистон бо президент Шавкат Мирзиёев дидор хоҳад кард.

Сафари раиси Шӯрои Аврупо дар минтақа то 2-юми июн идома мекунад. Туск дар ҳоле ба кишварҳои Осиёи Марказӣ меояд, ки дипломатҳои Иттиҳоди Аврупо рӯзи 15-уми май дар Брюссел ёддошти муштараки ин ниҳодро дар бораи стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ қабул карданд. Ин қадами ниҳоӣ дар остонаи қабули стратегияи “ИА ва ОМ: Имкониятҳои нав ба хотири ҳамкориҳои қавӣ” аст, ки интизор меравад моҳи июни имсол аз тарафи вазирони умури хориҷии эътилоф тасвиб ва моҳи июл дар мулоқоти раҳбари сиёсати хориҷии ИА Федерика Могеринӣ дар Бишкек муаррифӣ шавад.

Стратегияи нав бо ҳадафи мусоидат ба минтақа дар муқобила бо ҳама гуна зарбаҳои (иқтисодии) дохиливу хориҷӣ, риояи қонун ва ҳуқуқи башар, фароҳам овардани фазои озоди кор барои сохторҳои маданӣ ва матбуоти мустақил амалӣ мешавад.

Вайнштейн ба қурбониёни озори ҷинсӣ $44 млн медиҳад

Ҳарвӣ Вайнштейн

Коргардони собиқи Ҳолливуд Ҳарвӣ Вайнштейн бо заноне, ки ӯро ба озори ҷинсӣ муттаҳам карда буданд, ба "тавофуқ" расидааст.

Ба гузориши The Wall Street Journal, Вайнштейн вазифадор шудааст, ки ба онҳо ҳудуди 44 миллион доллар медиҳад. Бо ин ҳол, ӯ даст доштан дар даҳҳо ҳолати озори ҷинсиро эътироф накардааст.

Парвандаи Вайнштейн аз рӯйи моддаи дастдарозӣ ба номус моҳи июн баррасӣ хоҳад шуд. Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом, мумкин аст, коргардони собиқи Ҳолливуд ба ҳабси абад маҳкум шавад.

Моҳи октябри соли 2017 даҳҳо зан, аз ҷумла ҳунарпешаҳои машҳур, Ҳарвӣ Вайнштейнро ба озору азияти ҷинсӣ муттаҳам карданд. Баъди он Вайнштейн аз шӯрои мудирони ширкати продюсерӣ ва аз ҳайати Академияи синамои Амрико хориҷ карда шуд.

Дертар ширкате, ки ӯ бо бародараш Боб таъсис дода буд, муфлис эълон гардид.

60 моҳвораи интернети бепул ба кайҳон расид

Субҳи ҷумъа ширкати Илон Маск -- SpaceX бахши аввали моҳвораҳои худро барои ташкили интернети моҳвораӣ ба мадори Замин баровард. Бо расидан ба хатти парвози доимии худ ҳамаи 60 моҳвораи хурд бо шабакаи интернет пайваст шуданд.

Сафина барои ба мадор баровардани моҳвораҳои Илон Маск аз космодроми гулугоҳи Канаверал дар Флоридаи Иёлоти Мутаҳида партоб шуд. Партоби моҳвораҳо нахуст мебоист рӯзи 16-уми май амалӣ мегашт, вале бо сабаби бад будани ҳаво ва тафтиши ниҳоии таҷҳизот ба таъхир афтод.

Оғози кори ин моҳвораҳо бахши аввали тарҳи Starlink аст, ки аз соли 2015 ба ин сӯ таҳия шуда, ҳадафаш таъмини аҳолии ҷаҳон бо интернети тез ва ройгон дар ҳамаи нуқоти ҷаҳон аст.

Ду моҳвораи озмоишии ин тарҳ ҳанӯз моҳи феврали соли 2018 ба мадори Замин расонда шуданд. Илон Маск мақсад дорад дар чанд соли оянда шумораи онҳоро ба чанд ҳазор адад расонад. Харҷи умумии тарҳ 10 миллиард доллар ҳисоб шудааст.

Ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб хост, ӯро аз ПКТ озод кунанд

Валамат Иброҳимзода

Ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб, яке аз аъзои зиндонии ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, аз мақомот талаб кард, то ӯро аз ҳуҷраи ҷазо ё ПКТ озод кунанд.

Қаблан мақомоти интизомӣ гуфта буданд, ки Раҳматуллои Раҷаб бо иттиҳоми риоя накардани қоидаҳои маҳбас ба ҳуҷраи ҷазо интиқол ёфтааст. Ӯ дар зиндони шаҳри Ваҳдат нигоҳдорӣ мешавад.

Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб, рӯзи 24-уми май дар изҳороти видеоӣ гуфт:

"Мо бояд рӯзи 25-уми май бо шавҳарам мулоқот мекардем. Пештар ба зиндон рафта пурсидам, ки оё воқеан мулоқот мешавад ё не? Ба раиси зиндон Идибек Муҳтоҷзода муроҷиат кардам ва ӯ гуфт, мо дар давоми ду моҳи оянда ӯро дида наметавонем. Сабабашро пурсидам, гуфт, ки ӯро дар ПКТ ҷойгир кардаанд ва ҳама медонад, он чист."

Гуфта мешавад, шароит дар боздоштгоҳи ҷаримавии мавсум ба ПКТ хеле шадидтар аз ҳамаи бахшҳои дигари муҷозотист. Дар онҷо хондани рӯзнома, гӯш кардани радио ё қабули ғизое, ки наздикони маҳбусон меоранд, манъ аст. Маҳбус дар як рӯз танҳо барои ним соат ҳавои кушод бароварда мешавад.

Мақомоти зиндон то ба ҳол қазияро шарҳ надодаанд. Аммо Валамат Иброҳимзода гуфт, рӯзи шанбе ба қабули сардори идораи зиндонҳо меравад, то ба мушкилаш расидагӣ кунанд.

"Агар ба мушкили мо расидагӣ нашавад, гуруснанишинӣ хоҳам кард", -- гуфт ӯ.

Раҳматуллои Раҷаб як моҳ пеш сактаи мағзӣ шуда буд. Ҳамсараш мегӯяд, ҳоли ӯ чандон хуб набуд ва ҳоло мехоҳад бо чашмони худ бубинад, ки дар чӣ вазъ аст.

Раҳматуллои Раҷаб ҳамчун фаъоли Ҳизби наҳзати исломӣ дар аввали моҳи июли соли 2016 боздошт ва ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро соли 2015 мамнӯъ ва онро террористӣ унвон кард. Додгоҳ гуфт, аъзои ин ҳизб дар ташкили ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 даст доранд. Ҳизб ва аъзои он ин иттиҳомро рад мекунанд.

Амрико зидди муассиси "Викиликс" айбҳои нав эълон кард

ИМА зидди муассиси Викиликс (Wikileaks) Ҷулиан Ассанж бар асоси 17 банди дигар айб эълом кард. Муассиси Викиликс дар нашри ғайриқонунии санадҳои махфӣ ва созиш барои рахнаи компютерҳо айбдор мешавад.

Вашингтон то ба ҳол Асанжро танҳо барои кӯшиши рахнаи шабакаи компютерҳои Пентагон мехост, ба ҷавобгарӣ кашад. Барои ин навъи ҷиноят то 5 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Дар сурати истирдодаш аз Бритониё ба ИМА айбҳои нав ҳукми вайро тӯлонитар хоҳанд кард.

Ассанж аз августи соли 2012 аз тарси ин ки боздошт ва ба Шветсия истирдод мешавад, дар дохили сафорати Эквадор зиндагӣ мекард. Мақомоти Эквадор моҳи апрели соли равон ҳаққи паноҳандагии Асанжро бекор карда, вайро ба мақомоти Бритониё супурданд. Ҳоло ӯро барои нақзи қоидаҳои раҳоӣ бар ивази гаравпулӣ 50 рӯз ба ҳабс гирифтанд. Ҳамчунин масъалаи истирдодаш ба ИМА баррасӣ мешавад. Шветсия низ истирдоди Асанжро талаб карданист.

Асанж ҳамеша мегуфт, ки аз истирдод шуданаш ба ИМА ҳарос дорад. Зеро дар онҷо ӯро иттиҳомҳои ҷиддӣ мунтазир аст.

Дар WikiLeaks дубора боз шудани парванда зидди муассиси худро дар Шветсия "фишори сиёсӣ" номиданд.

Нахуствазири Бритониё эълон кард, ки ба истеъфо меравад

Тереза Мей

Тереза Мей эълон кард, ки рӯзи 7-уми июн аз мақоми раҳбари ҳизби муҳофизакори Бритониё канор меравад. Ин амал майдонро барои сабқати ишғоли курсии нахуствазир дар ҳизби ҳокими Бритониё боз мекунад.

Хонум Мей рӯзи 24-уми май гуфт, ӯ то замони интихоби сарвазири нав ба ҳайси сарпарасти ин мақом хоҳад монд. Интихоби сарвазир метавонад чанд ҳафта идома кунад.

Мей, яке аз мухолифони узвияти Бритониё дар Иттиҳодияи Аврупо, соли 2016, баъд аз ҳамапурсии Брекзит ба мақоми нахуствазир расид.

Аз се соли раёсат, Тереза Мей як соли охирро доим бо ҳамҳизбиҳо, аъзои ҳизби мухолиф ва сарони Иттиҳодияи Аврупо гузаронд, то тарҳи ҷудоии Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупоро амалӣ кунад. Вале ӯ рӯзи 24-уми май гуфт, “ин андӯҳи амиқ ҳамеша бо ман хоҳад буд, ки натавонистам Брекзитро амалӣ кунам.”

Тереза Мей ба хотири ончи нокомиаш дар заминаи берун кардани Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо хонда мешавад, аз сӯи ҳизбаш зери фишор қарор доштааст.

Акнун қарор аст Бритониё рӯзи 31-уми октябр аз Иттиҳодияи Аврупо берун шавад, аммо порлумон ҳануз шароити хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳодияи Аврупоро тасвиб накардааст.

Зариф дар Покистон, дар пасманзари танишҳо байни Эрону ИМА

Муҳаммадҷавод Зариф бо Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ

Дар ҳоле ки таниш байни Теҳрону Вашингтон афзоиш ёфтааст, вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф рӯзи 24-уми май бо ҳамтои покистониаш Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ мулоқот мекунад.

Зариф рӯзи 23-юми май вориди Покистон шуд. Ба гузориши хабаргузории "Форс", вай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то зидди "бархӯрди таҳоҷумии" Амрико бо Эрон иқдом кунанд.

Зариф гуфт, “ҳоло минтақаи мо дар вазъияти бисёр бӯҳронӣ аст ва дар минтақа иқдомҳои хатарнок сурат мегирад. Бино ба ин, мо ба машварат бо ҳамаи ҳамсояҳо ниёз дорем.”

Дар изҳороти расмии Вазорати корҳои хориҷии Поркистон низ вазъият дар минтақа “ҷиддӣ” тасвир шудааст.

Равобити миёни Эрону Амрико як сол пеш, баъди аз созиши ҳастаӣ берун шудани Вашингтон бад шуд. Созиши соли 2015 миёни қудратҳои ҷаҳон ва Эрон, дар ивази бекор кардани таҳримҳои иқтисодӣ аз Ҷумҳурии Исломӣ тақозо мекард, то фаъолияти ҳастаиашро коҳиш диҳад.

Вашинтон соли гузашта дубора алайҳи Эрон таҳрим ҷорӣ кард.

Моҳи ҷорӣ Амрико ҳузури низомии худро дар Ховари Миёна ва Халиҷи Форс низ тақвият дод ва гуфт, ин иқдом дар вокуниш ба таҳдидҳо аз сӯи Эрон гирифта шудааст.

Теҳрон ин иттиҳомро рад мекунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи 23-юми май гуфт, ҳатто дар сурати бомбборон, кишвараш ба фишорҳои Амрико таслим нахоҳад шуд.

Дар Узбекистон мусофирбарҳоро мошини пулис ҳамроҳӣ мекунад

Дар Узбекистон аз 1-уми сентябри имсол мусофирбарҳоро шабона мошини пулис ҳамроҳӣ хоҳад кард. Дар ин бора Девони вазирони Узбекистон қарореро содир намуд.

Қоидаи нав ба масирҳои байнивилоятӣ, байнишаҳрӣ, байналмилалӣ, сайёҳӣ ва интиқоли кӯдакон дахл хоҳад дошт.

Қарори мазкур ҳамчунин ширкатҳои мусофиркашониро вазифадор мекунад, ки аз 1-уми сентябр дар автобусҳо дастгоҳи муайянкунандаи сатҳи хастагии ронандагонро насб кунанд.

Ба ронандагон танҳо пас аз 12 соати истироҳат иҷозат дода хоҳад шуд, ки дубора ба роҳ бароянд.

Ба ҷуз ин, аз моҳи сентябри соли 2021 дар Узбекистон интиқоли мусофир бо автобусҳое, ки беш аз 15 сол истифода шудаанд, манъ мегардад.

Дар вилояти Тошканди Узбекистон охирҳои моҳи апрели имсол як автобуси хонандагон чаппа шуда, оташ гирифт. Дар дохили он 37 хонанда, 3 омӯзгор, 10 падару модар ва се ронанда ҳузур доштанд. Ҳамаи мусофирон наҷот дода шуданд.

Ҳалокати чаҳор нафар дар чоҳи фозилоб дар Қазоқистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дод, ки шаби 23-юми май дар шаҳри Нурсултон чаҳор корманди ширкати коммуналии "Остона су арнасӣ" ба ҳалокат расиданд.

Ба огаҳии кумита, шаш корманди "Остона су арнасӣ" қубури фозилобро таъмир мекарданд ва якеашон ба чоҳ афтодааст. Кормандони дигар ҳангоми берун овардани шарикашон аз дохили чоҳ беҳуш шудаанд. Бино ба маълумоти пешакӣ, онҳо аз гази ботлоқ заҳролуд гаштаанд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон Владимир Беккер гуфт, ҳалокшудаҳо аз 24 то 52 сол доштанд.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон барои таҳқиқи ҳодисаи мазкур як комиссияи махсус ташкил кардааст.

Ба гуфтаи Владимир Беккер, маъмурони наҷот ҷасади ҳалокшудаҳоро аз ҷуқурии 10-метрие баровардаанд, ки се метраш фозилоб буд.

Лукашенко хост, ки Белорус аз Қазоқистон нафт харад

Александр Лукашенко

Президенти Белорус Александр Лукашенко пешниҳод кард, ки барои воридоти нафт аз Қазоқистон гуфтугӯро оғоз кунанд.

Ба иттилои хабаргузории давлатии БелТА, Лукашенко дар ин бора дар мулоқот бо сафири Қазоқистон дар Минск Ёрмуҳаммад Ёртисбоев изҳори назар кардааст. Дипломати қазоқ дар навбати худ гуфта, ки ҷониби Қазоқистон омодааст, Белорусро бо нафт таъмин кунад, вале барои ин розигии ҷониби Русия зарур аст.

Русия моҳи апрели соли равон, пас аз ошкор шудани нафти ифлос дар лӯлаи "Дӯстӣ", интиқоли нафтро ба воситаи он қатъ кард.

Ширкати Transpetrol рӯзи 23-юми май хабар дод, ки интиқоли нафт ба Словакия аз сар гирифта шуд. Лӯлаи "Дӯстӣ" аз Қазоқистону Русия тавассути Белорус ба Лаҳистону Олмон низ нафт интиқол медиҳад.

Пеш аз ин, ширкати давлатии "Белнефтихим" иттилоъ дода буд, ки барои азсаргирии интиқоли нафт тавассути лӯлаи мазкур пас аз қазияи ошкор шудани маводи ифлос ду моҳ лозим аст.

Президенти Русия Владимир Путин ҳодисаи мазкурро ба обурӯ ва низоми зербиноии нафти кишвараш "хисороти хеле ҷиддӣ" номид. Ширкати русии "Транснефт" дар он қазия як ширкати хусусиро айбдор кард.

Интернет ба замин. SpaceX 60 моҳвораро ба кайҳон бурд

Мушаки борбари Falcon 9-и ширкати SpaceX субҳи 24 май 60 моҳвораи хурди тарҳи Starlink-ро ба кайҳон бурд. Ин моҳвораҳо барои ташкили шабакаи ҷаҳонии интернет пешбинӣ шудаанд.

Ҳамаи онҳо ба интернет вайваст ҳастанд. Дар ин бора молики ширкати SpaceX Илон Маск хабар дод. Партоби мушак аз космодроми Канаверали аёлати Флорида сурат гирифт.

Парвози мушак тариқи шабакаи SpaceX дар YouTube нишон дода шуд.​

Ин дар ҳолест, ки партоби мушак ду дафъа ба таъхир гузошта шуда буд. Ибтидо мебоист, рӯзи 16-уми май маҳвораҳо ба кайҳон бурда шаванд, аммо бори аввал ба далели ҳавои номусоид ва бори дувум ба далели санҷиши дастгоҳҳо партоб сурат нагирифт.

Тарҳи Starlink, ки соли 2015 таҳия шудааст, барои таъмини тамоми кураи замин бо интернети боэътимоду баландсуръат пешбинӣ гардидааст. Ду моҳвораи санҷишӣ моҳи феврали соли 2018 мувафаққона ба кор дароварда шуданд.

Илон Маск тасмим дорад, давоми чанд соли оянда чанд ҳазор мушакро ба кайҳон барорад. Харҷи ин тарҳ 10 миллиард доллар ҳисоб шудааст.

Шикояти доруфурӯшон аз Узбекистон: "Маҷбур мекунанд, ки..."

Як доруфурӯш аз ноҳияи Шаҳрихони Узбекистон хабар дод, ки ширкати дорусозии "Андиҷон Дору-Дармон" соҳибони дорухонаҳоро дар вилояти Андиҷон ба фурӯхтани доруҳои муҳлатгузашта ва доруҳое, ки муҳлати истифодаашон кам мондааст, маҷбур мекунад.

Дар як огоҳие аз рӯзи 22-юми апрел роҳбарияти ширкати саҳҳомии "Андиҷон Дору-Дармон" аз соҳибони дорухонаҳо дархост кардааст, ки дар фурӯши 30 номгуи доруҳо кумак кунанд. "Агар ман доруҳои муҳлатгузаштаашонро намегирифтам, онҳо ба ман дигар дору намедоданд",-шикоят кард як доруфурӯш.

Аз ширкати "Андиҷон Дору-Дармон" гуфтанд, ки ин мушкил бартараф ва касоне, ки чунин тасмим гирифта буданд, аз мақом барканор шуданд. Вале доруфурӯшҳо мегӯянд, сарфи назар аз иваз шудани роҳбарияти ширкат, ҳанӯз ҳам ин мушкил ҳал нашудааст.

Таъсиси гурӯҳҳои махсус барои пешгирӣ аз низоъҳо дар марз

Мақомоти марзбонии Қирғизистону Узбекистон тасмим доранд, гуруҳҳои фаврии муштараке барои ҳалли мушкилоти марзӣ таъсис диҳанд. Ин гуруҳҳо қарор аст, аз низоъҳо ва баҳсҳои марзӣ пешгирӣ кунанд.

Ба иттилои мақомоти марзбонии Қирғизистон, дар Намангони Узбекистон мулоқоти мақомоти ду кишвар баргузор шудааст. Онҳо вазъи марз ва хатарҳои эҳтимолиро баррасӣ кардаанд. Соли 2018 чунин вохӯриҳо 21 дарсад афзуда, назорати муштарак ҳам 20 дарсад боло рафтааст. "Ҳолатҳои марзшиканӣ аз ду ҷониб дар соли гузашта "бамаротиб" кам шудааст",- хабар медиҳанд мақомоти Қирғизистон.

Пештар аз ин мақомоти марзбонии Қирғизистон гуфтанд, ки дар соли 2018 дар марзҳои ин кишвар 11 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 7 ҳодиса, дар марзи ин кишвар бо Узбекистон 4 ҳодиса сар задааст.

Ҷаримаи ду қазоқистонӣ барои "назарсанҷӣ" дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Акс аз бойгонӣ.

Додситонии кулли Қазоқистон 23-юми май хабар дод, ки ду шаҳрвандро ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб кардааст: онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавзуи интихоботи президентӣ назарсанҷӣ доир ва ба ин тартиб, қонун дар бораи интихоботро вайрон кардаанд.

Қонуншикани аввал, сокини шаҳри Алмато, рӯзи 17-уми май дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" назарсанҷӣ анҷом дод ва 100 доллари ИМА ҷарима шуд. Қонуншикани дувум, сокини вилояти Алмато, чунин назарсанҷиро дар "Фейсбук" анҷом дод ва ӯ низ ҷарима баста шуд.

Додситонӣ ҳамчунин хабар дод, ки роҳандозии назарсанҷӣ аз сӯи молики сомонаи интернетии Nur.kz - яке аз маъруфтарин сомонаи хабарӣ дар Қазоқистон - мушоҳида шудааст. Ба гуфтаи додситонӣ, сомонаи мазкур "бидуни дар ҷараён гузоштани Комисияи марказии интихоботӣ" ин корро анҷом додааст.

Қонунгузории Қазоқистон талаб мекунад, ки назарпурсӣ дар бораи интихоботҳоро танҳо шахсони ҳуқуқие метавонанд, анҷом диҳанд, ки таҷрибаи на камтар аз 5-солаи баргузории назарсанҷиҳоро дошта бошанд. Қонунгузорӣ ҳамчунин талаб мекунад, ки пеш аз баргузории назарсанҷӣ Комисияи марказии интихоботӣ бояд дар шакли хаттӣ дар ҷараён гузошта шавад. Интихоботи ғайринавбатӣ дар Қазоқистон 9-уми июн баргузор мешавад.

Ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, барои эътироз ҳангоми сафари Э.Раҳмон ҷарима шудааст

Баҳром Ҳамроев

Баҳром Ҳамроев, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, гуфт, аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Твери Маскав, ки ӯро барои эътироз ҳангоми сафари президенти Тоҷикистон 15 ҳазор рубл ҷарима баст, ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳад кард.

Ин ҳомии ҳуқуқ рӯзи 17-уми апрел, дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар наздикии Кремл бо шиори “Рахмон! Освободи политзаключенных!” эътироз кард.

Баҳром Ҳамроев, корманди созмони “Мемориал” аст, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоят мекунад. Ӯ рӯзи 23-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аз қарори додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят мебарад.

Ӯ мегӯяд, "ин ҳукм далели маҳкум кардани садои эътироз дар баробари ҳукуматест, ки мақомоти Русия аз он пуштибонӣ мекунанд".

"Шояд дар Русия ин ҳукмро бекор накунанд, вале то Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар шикоят мекунам”, -- афзуд ӯ.

Ин фаъоли ҷамъиятӣ мегӯяд, ҳадафи эътирозаш ҷалби таваҷҷӯҳ ба “зиндониёни сиёсӣ” дар Тоҷикистон буд. Мақомоти тоҷик вуҷуди “мабусони сиёсӣ”-ро ҳамеша рад карда ва ин ибораро бофта медонанд.

Рӯзи 17-уми апрел, дар лаҳзаҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Кремл мулоқот доштанд, ду тан аз тарафдорони созмони феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав бо шиори "Шинос шавед: Диктатор Эмомалӣ Раҳмон” пикети эътирозӣ ташкил карда, ба раҳгузарон варақаҳоро бо чунин мазмун низ тақсим карданд.

Аъзои “Гурӯҳи 24”-ро низ он рӯз ҳамроҳи Баҳром Ҳамроев ба пулис бурда, протокол карданд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 16-17-уми апрели имсол дар раъси як ҳайати бузурги давлатӣ бо як сафари расмӣ ба Маскав рафт ва бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот кард.

Дар ҷараёни ин сафар байни ду кишвар 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки аксараш дар сатҳи ёддошт буд ва бузургтарин созишномаи имзошуда тавофуқи Русия барои сохтани 5 мактаби русӣ дар 5 шаҳри Тоҷикистон ва тавофуқи Талко бо бонки ВТБ буд.

Кремл: BBC барои истифодаи симои Путин муроҷиат накардааст

"Tonight With Vladimir Putin" - саҳнае аз барномаи нави шабакаи Би-би-си

Кремл гуфт, ки шабакаи BBC (Би-би-си) ҳеҷ гоҳ истифодаи симои президент Владимир Путинро дар як филми тасвирии шакли 3D дархост накардааст. Оҷонсии ТАСС рӯзи 23 май дар нақли қавл аз сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, “на, (муаллифони барнома) ба мо муроҷиат накардаанд”.

Телевизиони бритониёии BBC барномаи наверо ба роҳ монд, ки дар он ба ҳайси барандаи барнома симои сохтакоришудаи президенти Русия Владимир Путин интихоб шудааст ва ин қаҳрамон, ки дар шакли рақамии 3D сохта шудааст, бо инсонҳои воқеӣ мусоҳибаҳо барпо мекунад. Ин барнома ҳанӯз нашр нашудааст, вале як тарҳи 12-дақиқаии санҷишии он аллакай ба шабакаҳо роҳ ёфт.

Дар паи моҷарои заҳролудшавии ҷосуси рус Сергей Скрипал дар шаҳри Салисбурии Бритониё, равобити Лондону Маскав бад шудааст.

Ёфтҳои бештар

ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG