Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, барои эътироз ҳангоми сафари Э.Раҳмон ҷарима шудааст

Баҳром Ҳамроев

Баҳром Ҳамроев, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, гуфт, аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Твери Маскав, ки ӯро барои эътироз ҳангоми сафари президенти Тоҷикистон 15 ҳазор рубл ҷарима баст, ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳад кард.

Ин ҳомии ҳуқуқ рӯзи 17-уми апрел, дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар наздикии Кремл бо шиори “Рахмон! Освободи политзаключенных!” эътироз кард.

Баҳром Ҳамроев, корманди созмони “Мемориал” аст, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоят мекунад. Ӯ рӯзи 23-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аз қарори додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят мебарад.

Ӯ мегӯяд, "ин ҳукм далели маҳкум кардани садои эътироз дар баробари ҳукуматест, ки мақомоти Русия аз он пуштибонӣ мекунанд".

"Шояд дар Русия ин ҳукмро бекор накунанд, вале то Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар шикоят мекунам”, -- афзуд ӯ.

Ин фаъоли ҷамъиятӣ мегӯяд, ҳадафи эътирозаш ҷалби таваҷҷӯҳ ба “зиндониёни сиёсӣ” дар Тоҷикистон буд. Мақомоти тоҷик вуҷуди “мабусони сиёсӣ”-ро ҳамеша рад карда ва ин ибораро бофта медонанд.

Рӯзи 17-уми апрел, дар лаҳзаҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Кремл мулоқот доштанд, ду тан аз тарафдорони созмони феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав бо шиори "Шинос шавед: Диктатор Эмомалӣ Раҳмон” пикети эътирозӣ ташкил карда, ба раҳгузарон варақаҳоро бо чунин мазмун низ тақсим карданд.

Аъзои “Гурӯҳи 24”-ро низ он рӯз ҳамроҳи Баҳром Ҳамроев ба пулис бурда, протокол карданд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 16-17-уми апрели имсол дар раъси як ҳайати бузурги давлатӣ бо як сафари расмӣ ба Маскав рафт ва бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот кард.

Дар ҷараёни ин сафар байни ду кишвар 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки аксараш дар сатҳи ёддошт буд ва бузургтарин созишномаи имзошуда тавофуқи Русия барои сохтани 5 мактаби русӣ дар 5 шаҳри Тоҷикистон ва тавофуқи Талко бо бонки ВТБ буд.

Кремл: BBC барои истифодаи симои Путин муроҷиат накардааст

"Tonight With Vladimir Putin" - саҳнае аз барномаи нави шабакаи Би-би-си

Кремл гуфт, ки шабакаи BBC (Би-би-си) ҳеҷ гоҳ истифодаи симои президент Владимир Путинро дар як филми тасвирии шакли 3D дархост накардааст. Оҷонсии ТАСС рӯзи 23 май дар нақли қавл аз сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, “на, (муаллифони барнома) ба мо муроҷиат накардаанд”.

Телевизиони бритониёии BBC барномаи наверо ба роҳ монд, ки дар он ба ҳайси барандаи барнома симои сохтакоришудаи президенти Русия Владимир Путин интихоб шудааст ва ин қаҳрамон, ки дар шакли рақамии 3D сохта шудааст, бо инсонҳои воқеӣ мусоҳибаҳо барпо мекунад. Ин барнома ҳанӯз нашр нашудааст, вале як тарҳи 12-дақиқаии санҷишии он аллакай ба шабакаҳо роҳ ёфт.

Дар паи моҷарои заҳролудшавии ҷосуси рус Сергей Скрипал дар шаҳри Салисбурии Бритониё, равобити Лондону Маскав бад шудааст.

Боздошти се нафар дар робита бо куштори духтари 10-сола

21 май, саҳнае аз эътирози зидди куштори бераҳмонаи кӯдак

Мақомоти покистонӣ гуфтанд, ки се нафарро бо гумони дуздӣ ва куштори духтари 10-сола боздошт кардаанд. Холид Овон, сухангӯи полиси Исломобод рӯзи 22 май гуфт, ки дар нисбати чор афсари полис ҳам барои саҳлангорӣ дар иҷрои вазифаҳои касбиашон парванда боз шудааст.

Дар паи ин ҳодиса дар саросари Покистон, ки ҷиноят алайҳи кӯдак як падидаи маъмулӣ шудааст, намоишҳои эътирозӣ барпо шуд. Ҷасади Фариштаи 10-сола бо осори зарбу азияти зиёд рӯзи 15 май дар канори шаҳри Шаҳзод пайдо шуд. Давоми чор рӯз духтарак бедарак буд ва падари ӯ Ғулом Набӣ ходимони полисро дар он гунаҳгор кард, ки сари вақт дар паи ҷустуҷӯи духтари ӯ нашуданд. Ӯ инчунин гуфт, ки замони шикояташ ходимони полис ҳарфҳои ӯро ҷиддӣ нагирифтанд. Хонаводаи Фаришта аз паштутаборҳои шимолуғарби Покистон мебошад. Куштори бераҳмонаи кӯдак боиси эътирози шадиди аксар паштуҳои Исломобод шуд, ки муҷозоти омилони таҷовуз ва куштори духтарро талаб мекунанд.

Саакашвилӣ аз Зеленский хост, шаҳрвандии ӯро барқарор кунад

Киев, декабри соли 2017. Намоиши эътирозии зиддиҳукуматӣ ба раҳбарии Саакашвилӣ

Михаил Саакашвилӣ, собиқ президенти Гурҷистон ва замоне раҳбари вилояти Одесса, аз президенти нав хост, ки шаҳрвандии украинии ӯро барқарор кунад. Вакили Саакашвилӣ Руслан Чорнолутский рӯзи 22 май дар Фейсбук хабар дод, ки ба унвонии дастгоҳи президенти нави Украина Владимир Зеленский дар ин замина як дархосте навиштааст. Президенти собиқ Петро Порошенко соли 2015 ба Саакашвилӣ шаҳрвандии Украинаро тақдим ва ба мақоми волии Одесса мансуб кард. Баъди ин мақомот дар Гурҷистон бо баҳонаи ин ки қонунгузории Гурҷистон душаҳрвандиро иҷоза намедиҳад, Саакашвилиро аз ҳақи шаҳрвандӣ маҳрум карданд. Вале баъди як сол равобити Порошенкову Саакашвилӣ дар заминаи баҳсҳои марбут ба коррупсия бад шуд ва ноябри соли 2016 Порошенко Саакашвилиро аз мақоми раиси вилоят барканор кард. Июли соли 2017 баъди он ки Саакашвилӣ як ҳизби нави сиёсӣ бо номи “Ҷумбиши нирӯҳои нав”-ро таъсис дод, Порошенко бо судури фармоне шаҳрвандии Саакашвилиро ҳам аз ӯ гирифт. Саакашвилӣ ин қарори Порошенкоро “ғайриқонунӣ” ва мухолиф бо муқаррароти байналмилалӣ номида гуфтааст, ки Порошенко ӯро бидуни шаҳрвандӣ гузошт.

Саакашвилӣ гуфтааст, ки баъди ваъдаи Зеленский дар бораи он ки омода аст ба онҳое, ки барои ояндаи Украина хидмат мекунанд, шаҳрвандӣ тақдим кунад, тасмим гирифт аз ӯ кӯмак хоҳад.

17 сол баъд: Толиби амрикоӣ аз зиндон раҳо мешавад. ВИДЕО

Ду шакли акси Ҷон Волкер Линд аз соли 2002

Ҷон Волкер Линд, як амрикоӣ, ки замони ширкат дар ҷангҳои Афғонистон дар тарафи Толибон ноябри соли 2001 боздошт шуд, қарор аст 23 май зиндонро тарк кунад. Линд 38 сол дорад ва ӯ бо исми “Толиби амрикоӣ” маъруф шудааст. Қарор аст ӯро се сол пештар аз хатми мӯҳлати 20-солаи зиндон барои рафтори хубаш аз зиндони низомаш сангини Индиана озод кунанд. Линд зодаи Калифорния буда, дар 16-солагӣ дини исломро қабул карда дар миёнаҳои соли 2001 ба сафи Толибон пайвастааст.

"Толиби амрикоӣ" озод мешавад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00


ИМА дар паи ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 вориди Афғонистон шуд ва Линд яке аз садҳо ҷангиёни Толибон буд, ки рӯзи 24 ноябр дар Афғонистон боздошт гардид. Ҳоло, ки Линд ба озодӣ мебарояд, шоҳиди он мешавад, ки ҷанги ИМА бар зидди Толибон ҳанӯз ҳам идома дорад. Залмай Халилзод, дипломати собиқадори амрикоӣ то ҳол чандин даври музокирот бо Толибонро анҷом додааст, вале Толибон аз музокира бо намояндагони ҳукумати Афғонистон худдорӣ карда, ҳеҷ гоҳ даст аз хушунатҳо набардоштанд.

"Бритониё барои муқобила бо рахнагарони Русия кумак кардааст"

Ҷереми Ҳант, вазири хориҷаи Бритониё рӯзи 23 май қарор аст эълон кунад, ки Бритониё дар давоми якуним соли гузашта 16 муттафиқи худро дар НАТО дар бораи фаъолиятҳои рахнагарони Русия ва таҳдиди мавҷуда алайҳи кишварҳои онҳо огоҳ кардааст. Матбуот бо нашри пораҳое аз суханронии барномарезишудаи Ҳант менависад, ки қарор аст вазири хориҷаи Бритониё дар ин конфронс хадамоти амниятии Русияро дар он муттаҳам кунад, ки зидди сохторҳои муҳим “як маъракаи сартосарӣ” ба роҳ мондаанд. Қарор аст дар конфронси НАТО дар Лондон раҳбари ин паймони низомӣ Йенс Столтенберг ва сафирони дигар иштирок кунанд. Интизор меравад, ки Ҳант мегӯяд: “Метавонам ин иттилоро ба шумо бирасонам, ки давоми 18 моҳи гузашта Маркази миллии амнияти киберӣ маълумоти бадастовардаашро бо 16 кишвари шарики мо дар НАТО ва ҳатто бештар аз доираи ин паймон дар робита бо фаъолиятҳои киберии Русия дар кишварҳои онҳо тақсим кардааст”. Дар нутқи вазири хориҷӣ бояд инчунин як огаҳӣ ё ҳушдоре садо бидиҳад, ки ин “маъракаи сартосарӣ бо ҳадафи хароб кардани кори шабакаҳои марказии ҳукуматӣ роҳандозӣ шудааст”. Ҳант мегӯяд, ки кишварҳо бояд барои муқобила бо ин таҳдидҳо омода бошанд.

Тазоҳурот дар назди сафорати Туркманистон дар Амрико

Гаспар Маталаев

Ба ҷонибдорӣ аз фаъоли мадании зиндонӣ Гаспар Маталаев 22 май дар назди сафорати Туркманистон дар ИМА тазоҳурот баргузор шуд.

Дар тазоҳурот 17 нафар иштирок доштанд. Онҳо дархости озодии Маталаевро, ки зери он 100 ҳазор нафар аз саросари ҷаҳон имзо гузошта буданд, ба кормандони сафорат пешниҳод карданд.

"Ба инҷо омадем, то эътирози худро ба ҳабси Гаспар Маталаев ва меҳнати иҷборӣ дар Туркманистон баён кунем. Мо инҷо ба хотири озодии баёну расонаҳо дар Туркманистон ҳастем. Озодӣ ба Гаспар Маталаев!", - иқтибос овардааст turkmen.news аз сухани тазоҳургарон.

Гаспар Маталаев яке аз ҳомиёни ҳуқуқи туркман аст, ки зидди ҷалби сокинони Туркманистон ба меҳнати иҷборӣ дар мавсими ҷамъоварии пахта мубориза мебурд. Ӯро шаби 4 октябри соли 2016 дар хонааш, дар Туркманобод дастгир карданд.

Ба иттилои turkmen.news, Маталаевро бо барқ шиканҷа кардаанд, то гуноҳро ба гардан гирад ва додгоҳ низ ӯро се сол аз озодӣ маҳрум кард.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Front Line Defenders ва Freedom United борҳо боздошти фаъоли туркманро маҳкум карданд. Гуруҳи кории СММ дар умури боздоштҳои худсарона моҳи июни соли 2018 ҳабс ва ҳукми зиндони Гаспар Маталаевро худсарона номиданд.

Сокини Самарқанд ба нишони эътироз худро оташ зад

Сокини 33-солаи ноҳияи Тайлоқи вилояти Самарқанд ва падари се фарзанд, ки дар эътироз ба тахриби хонааш худро оташ зада буд, дар беморхона ҷон дод.

Модари 60-солаи мард дар натиҷаи талоши хомӯш кардани оташ осеб дида, дар беморхона қарор дорад. Ба гуфтаи шоҳидон, сокини Тайлоқ дар эътироз ба тахриби манзили зисте худсӯзӣ кард, ки мақомот онро ғайриқонунӣ номида, мехостанд, тахриб кунанд.

Ҳодиса рӯзи шанбеи гузашта, 18 май дар ноҳияи Тайлоқ рух додааст.

"Намояндагони мақомот омаданд, то хонаи ӯро тахриб кунанд. Ин мард чанде пеш ба ниҳодҳои дахлдор санадҳои лозимӣ пешниҳод карда буд, то сохтмони хонаи худро қонунӣ гардонад. Вале ба ӯ ҷавоби рад додаанд. Дар натиҷа, дар назди кормандони мақомоти маҳаллӣ ба сару рӯяш бензин пошида, худро оташ зад. Ба гуфтаи табибон, 80%-и баданаш сӯхтааст. Шоми худи он рӯз дар беморхона ҷон дод", - гуфт яке аз шоҳидони ҳодиса.

Ба огаҳии Додситонии кулли Узбекистон дар робита ба худсӯзии сокини Тайлоқ парванда боз ва тафтишот оғоз шудааст. Ба гуфтаи манобеъ, номбурда бо соҳибкорӣ машғул буда, аз ӯ сефарзанд боқӣ монд.

9 шаҳрванди Қазоқистон дар садамае дар Италия маҷруҳ шуданд

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки нуҳ сокини Қазоқистон дар як садамаи нақлиётӣ дар Италия зиён дидаанд. Панҷ тан аз онҳо дар бемористон бистарӣ ва чаҳор тани дигар бо ҷароҳатҳои сабук дар меҳмонсаро ҷо дода шудаанд.

Як дипломати қазоқ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ба онҳо кумак мерасонад, хабар дод вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Садама субҳи 22 май дар вилояти Тоскани Италия рух додааст. Расонаҳои Италия хабар доданд, ки автобуси сайёҳии дуошёна ба ҷарӣ сарозер шудааст.

Сафорати Русия дар Италия хабар дод, ки дар садамаи мазкур 1 шаҳрванди Русия кушта ва 19 тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Нашри эъломияи амвол ва даромади Зеленский дар соли 2018

Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, президенти тозаинтихоби Украина эъломияи амвол ва даромадҳояшро дар соли 2018 нашр кард. Фаъолони маданӣ пеш аз даври дувуми интихоботӣ аз вай хоста буданд, ки эъломияи даромадҳояшро нашр созад.

Зеленский бо ҳамсараш чунин амвол доранд: манзил дар вилояти Киев; қитъаи замин дар вилояти Киев; чаҳор хона дар Киев; як хона дар Қрим; ду хонаи дигар дар Киев, ки ба номи шахси севум сабт шудааст; ду ҷойи мошингузорӣ дар Киев; як ҷойи дигар дар Қрим; ду иншооти ғайриистиқоматӣ дар Киев; иҷораи ду манзил дар Бритониё; ду манзил дар Италия; 10 ҳуҷраи меҳмонсаро дар Гурҷистон (ки сохтмонашон идома дорад).

Онҳо ҳамчунин ду мошин (Range Rover ва Mercedes-Benz S 500), шаш соати гаронбаҳо ва коғазҳои қиматбаҳоро дар эъломия сабт кардаанд.

Дар як соли охир Зеленский қариб 160 ҳазор доллар даромад доштааст. Вай ҳамчунин 400 ҳазор доллар дар ПриватБонк, 38 ҳазор доллар дар бонки ОТП, 190 ҳазор доллар ва 100 ҳазор еврои нақдро вориди эъломияаш кардааст.

Зеленский 20 май ба ҳайси президенти Украина савганд ёд кард.

Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 50 тонна хурмо дод

Арабистони Саудӣ ба ҳукумати Тоҷикистон 50 тонна хурмо тақдим кард. Рӯзи чаҳоршанбеи 22-уми май тайи маросиме, ки дар сафоратхонаи Арабистони Саудӣ дар Душанбе баргузор шуд, масъулони Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи Малик Салмон ин "тӯҳфаи рамазонӣ"-и ҳукумати Арабистонро ба масъулони Оҷонсии захираҳои моддии Тоҷикистон супурданд.

Абдулазиз Муҳаммад Ал-Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон гуфт, 50 тонна хурмо бо дастури подшоҳи Саудӣ тавассути Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи Малик Салмон, ба Тоҷикистон оварда шуд. "Кӯмакҳои Арабистони Саудӣ бо хурмо маҳдуд намешавад, тавре медонед, дигар лоиҳаҳое ҳастанд, ки Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон амалӣ менамояд ва дар оянда ҳам кӯмак хоҳад кард",-гуфт сафири Арабистони Саудӣ.

Зимни қабули ин кӯмаки ҳукумати Арабистони Саудӣ, масъулони ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд, ки он миёни камбизоатон ва ниёзмандон тақсим хоҳад шуд. Ба гуфтаи масъулони тоҷик, ин барои бори савум аст, ки Арабистони Саудӣ дар шакли ғизо ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.

Масъулони Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Малик Салмон гуфтанд, имсол беш аз 10 ҳазор сабади ғизо иборат аз орду равғану дигар маводи хӯрокворӣ ба ниёзмандони Тоҷикистон пешкаш намудааст, ки он тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тақсим гардид.

Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи ду кишвари арабӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон сафорати худро дорад. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо ин кишвари нафтхези арабӣ равобити ҳасана дорад. Ин дар ҳоле аст, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо Эрони ҳамзабон тайи се соли ахир ба печидагиҳо рӯбарӯ буд ва ҳоло дар ин равобит беҳбуде ба мушоҳида мерасад.

Мақомоти эронӣ дар чандин муносибат дар бад шудани муносибатҳои ду кишвар, "бархе аз тарафҳои севум"-ро айбдор карда буданд. Ба гуфтаи огоҳони умур, ангушти ишораи Теҳрон пеш аз ҳама ба сӯи Арабистони Саудӣ, яке аз рақибони аслии Эрон дар Ховари Миёна равона шуда буд. Иддаое, ки қаблан намояндагони Саудӣ рад карда буданд.

Хонандагони шаҳри Ишқободро ба харидани матои сабз маҷбур доранд

Дар остонаи ба охир расидани соли хониш хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Ишқободро вазифадор карданд, ки матои сабз бихаранд. Ба иттилои шоҳидон, матоъ дар худи мактабҳо фурӯхта мешавад.

"Қариб дар ҳамаи мактабҳои Ишқобод ба хонандагон матои сабз доданд. Дарозии матоъ 2 метр аст. Хонанда бояд аз он барои худ либос таҳия кунад. Либосҳоро бояд дар моҳи сентябр пӯшанд",-хабар дод як сокини Ишқобод.

"Бархе аз хонандагон пеш аз гирифтани матоъ гуфтаанд, ки мехоҳанд бо волидонашон машварат кунанд. Аммо омӯзгорон посух додаанд, ки "барои харидани мошин, телевизор, яхдон ва телефон маблағ меёбед, барои матоъ ҳам пайдо кунед". Ба ҳамин тартиб, ба хонандагон имкони интихоб надодаанд", - гуфт шоҳиди ҳодиса.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ натавонист аз вазорати маорифи Туркманистон дар ин робита иттилоъ гирад.

35 оилаи серфарзанд аз Нурсултон ба Экибатсуз кӯчиданд

Акс аз бойгонӣ.

Аз шаҳри Нурсултони Қазоқистон 35 хонаводаи серфарзанд ба шаҳри Экибатсузи вилояти Павлодар кӯч бастанд. Ба ин хонаводаҳо манзил доданд ва ваъда карданд, ки кор ҳам пайдо мекунанд. Дар ин бора мудири бунёди манзили шаҳри Нурсултон Нурсулу Кажахметов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, пештар аз ин ҳокими вилояти Павлодар пешниҳод карда буд, ки қисме аз оилаҳои серфарзанди Нурсултонро ба Экибатсу фиристанд.

"Ба ин хонаводаҳо давоми як сол манзили ройгон пешниҳод мешавад. Яъне, ҳамаи харҷи иҷора, пардохти ҳаққи хизматрасониҳои комуналиро ҳукумат ба зимма мегирад. Ирсоли хонаводаҳои дигар ҳам дар назар аст", - гуфт Нурсулу Кожахметов.

Баъди марги панҷхоҳарон дар шаҳри Нурсултон зимистони имсол, дар минтақаҳои мухталифи Қазоқистон модарони серфарзанд даст ба эътироз заданд. Занон аз мақомот талаб карданд, ки дар ҳалли мушкилоти онҳо кумак расонанд. Иқдомҳои эътирозии хонаводаҳои серфарзанд дар Қазоқистон то кунун идома доранд.

Трамп ҳамкорӣ бо демократҳоро дар масоили зербиноӣ рад кард

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, то намояндагони Ҳизби демократ аз тафтиши ҷанбаҳои фаъолияти ӯ, ки намехоҳад, ифшо шаванд, даст набардоранд, бо онҳо дар робита ба рушди тарҳҳои зербиноӣ ҳамкорӣ нахоҳад кард.

Пештар, рӯзи чаҳоршанбе раиси Палатаи намояндагони ИМА Нэнсӣ Пелосии демократ дар бораи даст доштани Трамп дар кӯшиши пинҳон кардани баъзе аз ҷанбаҳои фаъолияти ҳокимияти иҷроия суҳбат кард. Вай ба рӯзноманигор гуфт, дар назди қонун ҳама баробаранд ва президенти ИМА наметавонад, истисно бошад.

Демократҳо талош доранд, муайян кунанд, ки Трамп ҳангоми тафтиши дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 монеи барқарории адолат шудааст, ё не. Ҳамчунин эҳтимоли қонуншиканӣ ва сӯистифода кардани Трамп аз имкониятҳои моливу робитаҳои корияшро таҳқиқ доранд.

Пелосӣ ва раҳбарони собиқадори дигари Палатаи намояндагон моҳҳо талош карданд, талаби ҳамкорони ҷавони демократи худро барои оғози раванди изҳори нобоварӣ ба президенти ИМА маҳкум кунанд. Вале рӯзи чаҳоршанбе талаботи мазкур пурзӯр шуд. Ба ин худдории мушовири пешини Кохи сафед Дон Макган аз иштирок дар ҷаласаи Кумитаи ҳуқуқии Палатаи намояндагон ва посух додан ба суолҳо сабаб гашт.

Узбекистон воридоти сементи Қирғизистонро дубора иҷозат дод

Марзбонони Узбекистон аз 22-юми май ба мошинҳои ҳомили сементи Қирғизистон дубора иҷозат доданд, ки вориди қаламрави ин кишвар шаванд.

Пештар хабар дода шуд, ки ҷониби Узбекистон бидуни шарҳ воридоти сементро аз Қирғизистон манъ кардааст ва аз ҷониби Қирғизистон дар марз бо Узбекистон шумори зиёди мошинҳо ҷамъ шудааст. Ба гуфтаи ронандагон, вуруди мошинҳои ҳомили сементи қирғизӣ ба Узбекистон аз 12-уми май ба ин сӯ манъ шуда буд.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ пештар хабар дод, ки дар Андиҷон корхонаи нави истеҳсоли семент фаъолиятро оғоз кард ва бинобар ин, воридоти сементи арзонро аз Қирғизистон бидуни шарҳ манъ карданд.

Нахустин таъйиноти кадрии президенти нави Украина

Президенти нави Украина Владимир Зеленский генерал-лейтенант Руслан Хомчакро сардори Ситоди кул - сарфармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар таъйин кард. Хомчаки 51-сола Омӯзишгоҳи низомии Москваро хатм карда, дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи Донбасс иштирок кардааст.

Генерал Хомчак дар ин мақом Виктор Муженкои 57-соларо иваз кард. Муженко хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии низомии Ленинград буда, дар замони авҷи даргириҳои Донбасс нирӯҳои Украинаро раҳбарӣ мекард.

Зеленский рӯзи сешанбе ҳамчунин фармони таъйини чанд нафари дигар ба мақомҳои гуногунро имзо кард. Аз ҷумла, Андрей Богдан, ҳуқуқшиноси олигархи украин Игор Коломойский раиси дастгоҳ ва Сергей Шефир, ҳаммуассиси студияи "Квартал 95" ёвари президент таъйин шуданд.

Тарҳи алифбои нави узбекӣ муаррифӣ шуд

Гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии Донишгоҳи давлатии забони узбекии Тошканд лоиҳаи ниҳоии алифбои узбекиро муаррифӣ кард. Ин гуруҳ ба такмил ва содасозии алифбои узбекии лотиниасос машғул аст.

Дар алифбои нав забоншиносон пешниҳод доранд, ки 30 ҳарф боқӣ монад. Ба ин тартиб, алифбои узбекии лотиниасос ба шакли ниҳоии худ, ки соли 1993 қабул шуда буд, бармегардад.

Дар тарҳи нав пешниҳод шудааст, ҳарфи "с", ки ҳарфи кирилии "ц"-ро ифода мекунад, ба алифбо баргардонида шавад. Муаллифони тарҳ ҳамчунин пешниҳод доранд, ки аз истифодаи "sh" ва "сh" худдорӣ ва барои ифодаи ҳарфҳои "ш" ва "ч" рамзҳои "ş" ва "ç" истифода шавад.

Дар порлумони Қирғизистон гуфтанд, раиси "Мегаком" аз сӯи ҳукумат таъқиб мешавад

Чанде аз вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 22-юми май гуфтанд, ки ҳукумат таъқиби мудири кулли ширкати "Алфа Телеком" (тамғаи тиҷорӣ "Мегаком") Оқилбек Жамангуловро ба хотири ширкати "КТ Мобайл" ташкил кардааст.

"Оқилбек Жамангулов аз низоми бузурги фасодолуд пешгирӣ кард, порлумон аз вай ҳимоят намуд. Касоне, ки аз фасод пешгирӣ мекунанд, набояд таъқиб шаванд. Ба пулиси молӣ ва ВКД расонед, ки ҷамъоварии иттилоъ ва тафтишотро қатъ кунанд. Комисияи вакилон бояд корро то охир расонад", - гуфт вакили порлумон Жанар Акаев дар хитоб ба намояндаи ҳукумат дар порлумон Аширбек Темирбоев.

Вакилони дигар аз Жанар Акаев ҳимоят карданд. "Ба Оқилбек Жамангулов фишор меоранд. Ӯро таъна мезананд, ки чаро ҳамаи асрорро фош месозӣ. Пайвандон ва тиҷорати ӯро таъқиб мекунанд", - гуфт Олтинбек Жунус уулу, вакили дигар.

Оқилбек Жамангулов, мудири кулли ширкати "Алфа Телеком" рӯзи 17-уми май дар ҷаласаи порлумон гуфт, ки аз сӯи Имонқодир Рисалиев, бародарзодаи сарвазир таҳдид шунидааст.

"Имонқодир Рисалиев 3-4 маротиба дар ҳукумат ҷаласа баргузор кард. Вай се маротиба дар утоқи кориаш муовини роҳбари дастгоҳи президентро қабул кард. Он ҷо дастур шуда буд, ки ин лоиҳа "ширкати мобилии "КТ Мабайл"" зудтар амалӣ шавад. Ба ҷуз ин, 2-3 ҳафта пеш дар Кумитаи давлатии алоқа ҷаласа доир шуд. Ҷаласаро худи Рисалиев раисӣ кард. Роҳбарои Фонди амволи давлатӣ, Кумитаи давлатии алоқа, ширкати "Алфа Телеком" ва "КТ Мобайл" ширкат карданд",-гуфт Жамангулов.

"Бори аввал нест, ки таҳдид мешунавам. Таҳдидҳо ба он хотир буданд, ки ман зидди амалисозии ин лоиҳа будам",-афзуд мудири кулли "Алфа Телеком".

Имонқодир Рисалиев, роҳбари котиботи созмони "Ҳукумати боз" рӯзи 15-уми май дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, робитаи вай бо ширкати "КТ Мобайл" танҳо дар он хулоса мешавад, ки писараш онҷо кор мекунад. Вай робитаи дигарро бо ширкат рад мекунад. Рисалиев бародарзодаи сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев аст.

Жанар Акаев, вакили порлумони Қирғизистон гуфт, ширкати нави мобилии "Салам", ки ба "КТ Мобайл" рабт дорад, манфиати афроди алоҳидаро амалӣ мекунад. Вай илова кард, ки вазъ атрофи ширкат мумкин аст, то эъломи нобоварӣ ба ҳукумат бирасад.

Шаҳрванди Русияро, ки ба манораи Эйфел баромад, назди равоншинос фиристоданд

Пулиси Фаронса як шаҳрванди Русияро, ки рӯзи 20-уми май ба манораи Эйфел баромада, шаш соат аз он нафаромад, ба беморхонаи равонӣ фиристод. Дар ин бора хабаргузории AFP бо такя ба пулис иттилоъ медиҳад. Шахсияти боздоштшуда ошкор нашудааст, аммо расонаҳои Фаронса гуфтанд, ки вай шаҳрванди Русия аст.

Ба навиштаи расонаҳо, вай мехост, ба ин тартиб, дар Фаронса паноҳандагӣ гирад. Баъди ин ҳодиса манораи Эйфел рӯзи душанбе баста шуд. Зидди шаҳрванди боздоштшуда мумкин аст, бо айби ғайриқонунӣ ворид шудан ба ҳудуди иншооти фарҳангӣ парванда боз шавад.

Вакили Русияро аз ҳаққи вакилӣ маҳрум карданд

Рауф Арашуков

Як вакили порлумон аз ҳизби ҳокими Русияро, ки дар дохили порлумон дастгир шуд, аз ҳаққи вакилӣ маҳрум карданд. Тамоми 153 аъзои Шӯрои Федератсия рӯзи 22-уми май раъй доданд, ки Рауф Арашуков аз мақоми вакилӣ маҳрум карда шавад, чун ӯ то 1-уми апрел эъломияи даромади солонаашро ба мақомот насупурдааст.

Арашукови 32-соларо рӯзи 30-уми январ баъди маҳрум шудан аз ҳаққи масуният дар ҷаласаи палатаи болоии порлумон дастгир карданд. Ӯро ба чанд ҷиноят аз ҷумла ду қатли фармоишӣ дар Карачаево Черкессия дар соли 2010 муттаҳам карданд. Дар сурати собит шудани гуноҳ, мумкин аст, ӯ ба зиндони якумрӣ маҳкум шавад.

Шанаҳан: "Сухан дар бораи пешгирии Эрон аст, на ҷанг"

Патрик Шанаҳан

Сарпарасти Вазорати дифои Амрико Патрик Шанаҳан гуфтааст, ки мақсади онҳо дар рӯзҳои охир “пешгирӣ кардани Эрон буд”.

Пас аз як рӯзи ҷаласаҳои пушти дарҳои баста дар Capitol Hill, Шанаҳан гуфт, ҳоло маъмурияти президент Доналд Трамп кӯшиш дорад аз тезу тунд шудани вазъ дар оянда пешгирӣ кунад.

Сарпарасти Вазорати дифои Амрико ба рӯзноманигорон гуфт: “Сухан дар бораи пешгирии Эрон мебошад, на ҷанг. Мо ба ҷанг рафтанӣ нестем.

Диққати асосии мо дар марҳилаи кунунӣ пешгирӣ аз арзёбии нодурусти Эрон мебошад. Мо намехоҳем, ки вазъ шиддат гирад.”

Дар изҳороте, ки рӯзи 21-уми май дафтари садри аъзами Олмон Ангела Меркел чоп кард, гуфта мешавад, раҳбарони Олмону Русия ва Фаронса дар як сӯҳбати телефонӣ вазъи Эронро баррасӣ кардаанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, се роҳбар таъкид кардаанд, ки "ба Эрон лозим аст дар созишномаи ҳастаӣ бимонад” ва ин се кишвар тавофуқ кардаанд, ки онро ҳифз кунанд.

Додгоҳи Фаронса ҳукми муҳандиси эрониро содир мекунад

Шаҳри Нис

Қарор аст, як додгоҳи Фаронса дар бораи истирдод як муҳандиси эронӣ ба Амрико ҳукм содир кунад. Ҷалол Руҳуллонажодро рӯзи 2-уми февлар дар шаҳри Нис дар Фаронса рӯзи 2-уми январ бо дархости Амрико дастгир карданд.

Муҳандиси 41-сола, аз тариқи Маскав ба Нис ва бо раводиди кории Фаронса ворид шудааст. Ба гуфтаи мақомоти додгоҳ, Амрико муҳандиси амрикоиро ба талошҳо барои содироти таҷҳизоти лозим барои сохти системаҳои зидди дрон муттаҳам мекунад.

Ба гуфтаи мақомот, ӯ мехост, ин таҷҳизотро аз тариқи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Эрон ворид кунад. Руҳуллоҳнажодро ба кор барои ширкати эронии Ройон Рушд Афзор муттаҳам мекунанд, ки Амрико онро ба феҳрасти ширкатҳои таҳримшудаи Эрон ворид кардааст.

Амрико мегӯяд, ширкат ба Сипоҳи Посдорони Инқилобти Исломии Эрон робита дорад. Ин воҳиди низомии Эронро Амрико ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил кардааст.

Туркия гуфт, барои таҳримоти эҳтимолии Амрико омода мешавад

RUSSIA -- An S-400 Triumf anti-aircraft missile system is deployed in The Kaliningrad region, March 11, 2019

Ҳулусӣ Акар, вазири дифои Туркия гуфт, кишвараш омодаи ҳаргуна таҳримоти эҳтимолиест, мумкин аст, Амрико ба зидди Туркия эъмол кунад. Ӯ айни замон дар бораи “наздиктар” шудани Туркияву Амрико дар робита ба ин масъала суҳбат кард.

Туркия, як узви НАТО мехоҳад, аз Русия системаи муосири зиддимушакии S-400 бихарад, аммо Амрико ва дигар аъзои паймон нигаронанд, ки системаи русӣ барои ҳавопаймоҳои амрикоӣ ва ҷангии Ғ-35 хатар эҷод мекунад.

Вашингтон ба Туркия гуфтааст, ки агар ин системаро бихарад, ба таҳримҳои молии Амрико гирифтор мешавад. Ҳулусӣ Акбар рӯзи 21-уми май ба хабарнигорон гуфт, дар гуфтугуҳои чанде пеш дар Вашингтон “Туркия шоҳиди наздикӣ ва осонӣ” дар масъала шудааст. Айни замон ӯ афзуд, “Туркия ҳамаи гузинаҳоро ба зидди таҳримоти эҳтимолии Амрикоро баррасӣ мекунад.”

Узви ҲНИТ Раҳматуллои Раҷаб дар зиндон муҷозот шудааст

Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии ҳизби мамнуъи Наҳзати исломӣ рузи 20-уми май бо иттиҳоми риоя накардани қоидаҳои маҳбас муҷозот шуда, ба ҳуҷраи ҷазо ё ПКТ интиқол дода шудааст.

Наздикони Раҳматуллои Раҷаб рӯзи 22 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин маълумотро аз сардори маҳбаси рақами 1 Идибек Муҳтоҷзода гирифтаанд.

Як манбаъи дигар дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, Раҳматуллои Раҷаб қоидаҳои зиндонро поймол кард ва аз иҷрои дастури зиндонҳо саркашӣ намуд. Пайвандони маҳбус мегӯянд, Раҳматуллои Раҷаб ба расондани хабарҳои марбут ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат айбдор шудааст. Мақомоти зиндон ин кори ӯро "таблиғ" маънидод кардаанд.

Аммо наздикони маҳбус ин иттиҳомотро рад мекунанд ва мегӯянд, гӯш додан ба радио ва нақли хабарҳо ба дигарон дар маҳбас мамнуъ нест. Онҳо афзуданд, як баҳонаи дигари зиндонбонҳо ин аст, ки аз ҷойи хоби Раҳматуллои Раҷаб асал пайдо кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Раҳматуллои Раҷаб як моҳ пеш сактаи мағзӣ шуда буд ва ҳолаш хуб нест. Гуфта мешавад, шароит дар боздоштгоҳи ҷаримавии мавсум ба ПКТ хеле шадидтар аз ҳамаи бахшҳои дигари муҷозотист ва қарор аст, маҳбус ба баъзе иттилоъ 15 рӯз ва иттилои дигар ду моҳро дар ин ҷо гузаронад. Дар ин муддат ба вай хондани рӯзнома, гуш кардани радио ё қабули ғизое, ки наздиконаш меоранд, манъ аст ва дар як руз танҳо барои ним соат ҳавои кушод бароварда мешавад.

Раҳматуллои Раҷаб ҳамчун фаъоли Ҳизби наҳзати исломӣ дар аввали моҳи июли соли 2016 боздошт ва ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро соли 20015 мамнӯъ ва онро террористӣ унвон кард. Додгоҳ гуфт, аъзои ин ҳизб дар ташкили ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 даст доранд. Ҳизб ва аъзои он ин иттиҳомро рад мекунанд.

Зеленскийро ба нақзи Конститутсия муттаҳам карданд

Зеленский рӯзи 21-уми май бо вакилон мулоқот дошт.

Интизор меравад, имрӯз порлумони Украина нишасти ғайринавбатӣ баргузор кунад. Нишаст ду рӯз баъд аз маросими адои савганди раиси ҷумҳур Володимир Зеленский сурат мегирад.

Нишастро Андрей Парубий раиси Верховная Рада бо дархости Зеленский даъват кардааст. Аз ин пештар дар рӯзи 21-уми май раиси ҷумҳури нави Украина бо як қарор порлумонро пароканда кард ва рӯзи 21-уми июлро рӯзи баргузории интихобот таъйин кард.

Андрей Парубий рӯзи 21-уми май дар Фейсбук навишт, ки қарори раиси ҷумҳур ғайриқонунӣ аст. Ӯ гуфт, “Ғамангез ва нигаронкунанда аст, ки кафили Қонуни асосӣ кори худро дар мақомаш бо нақзи фоҳиши Қонуни асосӣ оғоз мекунад.” Ӯ афзуд, ки вакилон аз Додгоҳи конститутсионӣ хоҳанд хост, ки қарори Володомир Зеленскийро беэътибор кунад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

XS
SM
MD
LG