Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Номаи ҳомиёни ҳуқуқ дар робита ба ошӯби зиндони Ваҳдат

Созмонҳои "Freedom Now" ва "Hogan Lovells" мақарашон дар Вашингтон мегӯянд, дар ҳодисаи маҳбаси Ваҳдат, шуморе аз маҳбусони сиёсӣ низ кушта шудаанд. Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти тоҷик вуҷуди маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои кишварро радд мекунанд.

Дар изҳороти ин ҳомиёни ҳуқуқи башар, ки рӯзи 20-уми май ба нашр расид, гуфта мешавад, ки дар ин маҳбас шуморе аз маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ ва мухолифи сиёсӣ Зайд Саидов нигаҳдорӣ мешуданд ва дар миёни кушташудаҳо Саттор Каримов, Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Ҷонмаҳмад Боев ҳастанд. Бар пояи изҳороти "Freedom Now" ва "Hogan Lovells", дар ин ҳодиса ба ҷони Зайд Саидов низ қасд шуда, аммо ӯ аз сӯи зиндониён ҳимоят дидааст.

Созмонҳои "Freedom Now" ва "Hogan Lovells" ба унвони як ниҳоди машваратии байналмилалӣ хостори таҳқиқи комил, шаффоф ва мустақилона дар мавриди ошӯби зиндони Ваҳдат шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳодисаи зиндони Ваҳдат, ки шаби 19-уми май рух дод, 29 зиндонӣ ва се зиндонбон кушта шуданд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки омилони ин беназмӣ афроди вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" мебошанд. Маълумоти дигар дар мавриди ин ҳодиса аз манобеи мустақил дастрас нест.

Мулоқоти Зеленский бо қонунгузорон баъд аз як рӯзи адои савганд

Як рӯз пас аз маросими адои савганд, президенти Украина Володимир Зеленский бо қонунгузорони барҷаста дар бораи нақшаи худ барои пароканда кардани порлумон баҳсҳо баргузор мекунад.

Зеленский рӯзи 21-уми май дар бинои маъмурии президент дар Киев бо раиси порлумон Андрей Парубий ва роҳбарони ҷиноҳҳои порлумонӣ вохӯрд.

Зеленский рӯзи душанбе ҳангоми адои савганд эълон кард, ки Верховная Радаро пароканда мекунад ва мушовираҳо бахше аз ин раванд мебошанд.

Интизор меравад, баъд аз гуфтушунид фармони пароканда кардани порлумон имзо шавад. Дар пояи Қонуни асосӣ интихоботи нави порлумонӣ бояд дар муддати ду моҳ, пас аз қабули фармон баргузор карда шавад.

Зеленский ҳаҷвнигор ва бозингари бе ҳеҷ гузаштаи сиёсӣ рӯзи 21-уми апрел дар даври дувуми интихоботи президентӣ Петро Порошенкоро шикаст дод.

Номзади 41-сола бе дастгирии ҳизби сиёсӣ барои расидан ба мансаби президентӣ мубориза бурд ва ҳоло дар порлумон пуштибони расмӣ надорад.

Интихоботи ояндаи порлумонӣ барои моҳи октябр барномарезӣ шудааст.

Бортников аз таҷаммӯи 5000 ҷангҷӯи ДИИШ дар Афғонистон гуфт

Александр Бортников

Раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия гуфт, ҷангҷӯёни гуруҳи “Давлати исломӣ” дар шимоли Афғонистон ва наздик ба сарҳади кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷамъ шудаанд.

Александр Бортников дар ин бора рӯзи 21-уми май дар нишасти раҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои ИДМ дар Душанбе изҳори назар кард. Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад.

Александор Бортников гуфт, вай аз “интиқоли” тақрибан 5 ҳазор ҷангҷӯи ДИИШ ба минтақаҳои шимолии Афғонистон нигарон аст. Вай пешниҳод кард, ки назорати марзҳо сахттар карда шавад.

Вале коршиносони амниятӣ мегӯянд, Русия шумораи ситезаҷӯёнро барзиёд нишон медиҳад. Ба гуфтаи онҳо, Маскав аз як сӯ мехоҳад таблиғоти худро аз Толибон ҳақ шуморад. Ва аз тарафи дигар, ба гуфтаи онҳо, ба ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки барои ҳимоят аз онҳо кумаки Русия зарур аст.

Бино ба ҳисоби низомиёни амрикоӣ, дар Афғонистон ҳудуди 2 ҳазор ҷангҷӯи ДИИШ қарор доранд.

"Бункер". Намоиши филми коргардони тоҷик дар Чин

Филми "Бункер", сохтаи коргардони тоҷик Диловар Султонӣ, дар ҷашнвораи "Филми Осиё" ва "Ҳафтаи ТВ" дар Чин намоиш дода шуд. Ин ҷашнвора рӯзи 16-уми май оғоз шуд ва то 23-юми май идома мекунад. Филми коргардони тоҷик дар шаҳрҳои Пекину Шанхай, Гуанҷоу, Чанду ва Cиан намоиш доданд. Филми "Бункер" соли гузашта рӯи навор омад ва бори аввал баҳори имсол дар Душанбе намиш дода шуд. Дар он нақши асосиро Исфандиёри Ғулом ва Муҳсин Султонӣ бозидаанд. Оҳангсози филм оовзхони шинохтаи тоҷик Далер Назаров аст.

Таҳқиқот. Майли тоҷикон барои кор дар Русия кам шудааст. ВИДЕО

Таҳқиқоти маркази назарсанҷии ВЦИОМ маълум кардааст, ки майли шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Русия бо ҳадафи кор коҳиш ёфтааст.

Нашрияи “Коммерсант” низ рӯзи 21-уми май бо такя ба таҳқиқоти Бонки таҷдид ва рушди АвруОсиё (гузориши “Интеграционный барометр”) навишт, ки муҳоҷирони кишварҳои хориҷӣ дигар ба бозори кори Русия ба унвони макони шуғл ва даромад зиёд умед намебанданд.

“Агар дар соли 2015 - 53 дар сад аз шаҳрвандони Тоҷикистон Русияро ба унвони макони муваққатии кор баррасӣ мекарданд, соли 2017 шумораи онҳо то 37 дарсад коҳиш кам шудааст”, -- навишт “Коммерсант”.

Чунин коҳиш дар миёни шаҳрвандони Молдова ва Қирғизистон ҳам мушоҳида шудааст.

Ин хулосаҳоро гузориши таҳқиқотии дигари донишмандони рус (РАНХиГС) ҳам тасдиқ мекунад. Дар он гуфта мешавад, дар поёни соли 2018 дар муқоиса бо соли 2005 ҷараёни сафари муҳоҷирони корӣ ба Русия коҳиш ёфта, дар бозори кор камбуди нерӯи корӣ эҳсос шудааст.

Таваҷҷуҳи тоҷикон ба кор дар Русия коҳиш ёфтааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон мегӯянд, як сабаби асосӣ дар он аст, ки бисёре аз муҳоҷирон бо нияти сабуктар кардани шароити сафар ва кори худ дар Русия ба қабули шаҳрвандии ин кишвар майл мекунанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар қаламрави он кишвар кору иқомат доранд. Вале ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ин рақам ба тақрибан ним миллион нафар баробар аст.

Сардори пулис баъди видеои "аспи туҳфашуда" аз мақом барканор шуд

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, ки Аян Дуйсембоев аз вазифаи сардори пулиси вилояти Атирау бинобар "вайрон кардани одоби хизматӣ" озод шудааст.

Пештар аз ин дар Интернет видеое нашр шуд, ки шахсе монанд ба Дуйсембоев савори асп мешавад. Ба гуфтаи муаллифи навор, аспро ба Дуйсенбоев туҳфа кардаанд.

Президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳафтаи гузашта дар Твиттер навишт, ки ба вазири корҳои дохилӣ дастур додаанд, дар робита ба "рафтори номуносиб"-и сардори пулиси вилояти Атирау таҳқиқи хизматиро шуруъ кунад.

Тоқаев 6 май ба Дуйсембоев рутбаи генерал-майори милиса тақдим карда буд

Қирғизистон: Фаъолони мазҳабӣ таблиғоти интихоботӣ накунанд

Вакилони порлумони Қирғизистон воридсозии тағйиорот ба қонуни интихоботи президентӣ ва порлумонии он кишварро баррасӣ мекунанд.

Абдуваҳҳоб Нурбоев, вакили порлумон ва яке аз муаллифони лоиҳаи тағйиру иловаҳо гуфт, имкони ба Комисияи марказии интихобот додани ҳаққи тартибдиҳии рӯйхати интихобкунандагон баррасӣ мешавад. Дар ҳоли ҳозир Хадамоти давлатии бақайдгирӣ ба тартибдиҳии рӯйхати интихобкунандагон машғул аст. Ба ҷуз ин, дар сурати қабули тағйирот, аз номзадҳо ба мақоми вакилӣ маълумоти олӣ талаб мешавад.

"Пешниҳод шудааст, ки ба мудирони мактабҳо ва сардухтурони беморхонаҳо иҷозаи иштирок дар интихоботи маҷлисҳои маҳалӣ дода шавад. Ба илова, фаъолони мазҳабӣ аз ширкат дар корҳои таблиғотӣ маҳрум хоҳанд шуд", - гуфт Нурбоев.

Замони баргузории интихоботи порлумонӣ дар соли 2017 дар Қирғизистон ширкати фаъолони динӣ дар маъракаҳои таблиғотӣ ба ҷонибдорӣ аз ҳизбҳои алоҳида мушоҳида шуда буд. Интихоботи навбатии порлумонӣ дар Қирғизистон соли 2020 дар назар аст.

Истеъфои раиси Хадамоти амният ва вазири дифои Украина

Раиси Хадамоти амнияти Украина Василий Гритсак ва вазири дифои ин кишвар Степан Полторак баъди маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб Владимир Зеленский аз мақоми худ истеъфо доданд.

Зеленский дар нахустин суханронии худ ба ҳайси президенти Украина гуфт, раҳбарони Хадамоти амният, Вазорати дифоъ ва Додситонии кулли кишвараш бояд ба истеъфо бираванд. Дар бораи истеъфои додситони кул Юрий Лутсенко ҳоло чизе гуфта намешавад.

Пештар котиби Шӯрои амнияту дифои миллӣ Александр Турчинов ва вазири умури хориҷии Украина Павел Климкин аз мақомашон истеъфо дода буданд. Президенти Украина ҳамчунин ба истеъфои ҳукумат даъват карда, гуфт, порлумони кишварашро низ пароканда эълом хоҳад кард.

Дертар маълум шуд, ки сарвазири Украина Владимир Гройсман тасмим гирифтааст, истеъфо диҳад. Ӯ гуфт, ин тасмимро ҳанӯз рӯзи чаҳоршанбе гирифта буд ва аризаашро расман 22 май пешниҳод хоҳад кард.

Бар асоси қонунгузории Украина, дар пайи истеъфои сарвазир девони вазирон низ пароканда хоҳад шуд. Вале аъзои он то ташкили ҳукумати нав аз сӯи порлумон вазифаҳои худро иҷро хоҳанд кард.

Рӯзноманигорони "Коммерсант": Русия сазовори озодии баён аст

Дар сомонаи "Эхо Москва" шаби душанбе изҳороти рӯзноманигорони нашрияи русии "Коммерсант" нашр шуд.

Дар он, аз ҷумла омадааст, "кормандони нашрия вазифадоранд, ба хонандагон бирасонанд, ки барои як муддати тӯлонии номуайян наметавонанд ба онҳо дар бораи сиёсатҳои Русия хабар диҳанд. Хонандагон ва шарикони нашрия аз бозтоби бетарафонаи як қатор ҳодисаҳои сиёсати дохилӣ маҳрум хоҳанд шуд. Маълум нест, ки ин раванд чи қадар идома хоҳад ёфт ва он дар таърихи 30-солаи нашрия бори нахуст рух медиҳад".

Муаллифони изҳорот гуфтаанд, ин тасмими моликони нашрия яке аз беҳтарин расонаҳои Русияро ба нобудӣ хоҳад расонд. "Кори нашрия барои ҷомеа ва тамоми кишвар зарур аст. Онҳое, ки ба хотири манфиатҳои сиёсии кутоҳмуддат мехоҳанд, онро маҳв кунанд, аз таърихи Русия огаҳӣ надоранд. Мо бовар дорем, ки Русия сазовори ояндаи беҳтару озодии баён аст", - афзудаанд рӯзноманигорони "Коммерсант".

Пештар хабар дода шуд, кормандони шуъбаи сиёсии "Коммерсант" пас аз тасмими саҳмдорон дар бораи барканории ду хабарнигор барои матлаби марбут ба Валентина Матвиенко истеъфои худро эълом карданд. Дар ин бора мудири бахши сиёсии нашрия Глеб Черкасов дар Фейсбук хабар дод. Худи ӯ низ аз мақомаш канор рафтанист. Бархеи ин кормандон аз солҳои 90-ум дар "Коммерсант" фаъолият доштанд.​

Матлаб дар бораи эҳтимоли истеъфои раиси Шӯрои федератсия Валентина Матвиенко 17 май нашр шуд. Муаллиф бо истинод ба чандин манбаъ дар ниҳодҳои давлатии Русия хабар дод, ки Матвиенко эҳтимол аст, аз мақомаш истеъфо дода, барои кор ба Бунёди нафақа биравад. Номзади нисбатан арзанда ба мақоми раисии Шӯрои федератсия раиси Хадамоти иктишофи хориҷии Русия Сергей Наришкин номида шуд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати нашрия, Матвиенко истеъфояшро бо президенти Русия Владимир Путин моҳи май баррасӣ хоҳад кард.

Пас аз нашри ин матлаб хабарнигори махсуси "Коммерсант" Иван Сафронов ва муовини муҳаррири бахши сиёсӣ Максим Иванов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар доданд, ки аз мақом барканор шуданд. Ба гуфтаи онҳо, тасмими мазкурро молики нашрия гирифтааст.

Аммо намояндаи молики нашрия Алишер Усмонов гуфт, соҳибкор дар барканории рӯзноманигорон даст надорад ва дар сиёсати эҷодӣ низ дахолат нахоҳад кард.

Дар Қирғизистон як ширкати мобилии дигар таъсис доданианд

Ширкати мобилии "КТ Мобайл" эълом кард, ки дар Қирғизистон боз як ширкати мухобиротии дигар бо номи "Салом" (Salam) фаъолиятро оғоз хоҳад кард.

Раиси Кумитаи технологияҳои иттилоотӣ ва алоқаи Қирғизистон Бақид Шаршембиев гуфт, дар робита ба таъсиси ширкати "Салом" корҳо шуруъ шуданд. "То ҷое ба мо маълум аст, ҳоло нақшаи тарофаҳоро таҳия доранд. Симкортҳо аллакай омода ҳастанд. Фаъолияти ширкат эҳтимол аст, давоми моҳ ба роҳ монда шавад", - афзуд ӯ.

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 16 май дар ҷаласаи ҳукумат дастур додааст, ки дар давоми як моҳ фаъолияти ширкати "Салом"-ро ба роҳ монанд. Масъулияти иҷрои тарҳ бар зиммаи ширкати "Мегаком" вогузор гаштааст.

Вале Оқилбек Жамангулов, мудири кулли ширкати "Алфа Телеком", ки молики "Мегаком" аст, гуфт, дар асл дар робита ба ширкати "Салом" ҳеч гуна корҳое оғоз нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, сабаб истеъфои раҳбари ширкати "КТ Мобайл" аст. Худи Жамангулов низ зидди таъсиси як ширкати дигар дар асоси "Мегаком" аст. Зеро барои ин кор ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 86 млн доллар лозим аст.

"КТ Мобайл" соли 2003 дар асоси "Қирғизтелеком" таъсис ёфт. Он замон фаъолияти ширкат ба далели набудани сармоя ба роҳ монда нашуд. "Мегаком" ахиран ба он ҳамчун тарҳи мушатарак 345 миллион сом (ҳудуди 5 млн доллар) сармоягузорӣ кард. Вале дар пайи баҳсҳо атрофи ширкати тозатаъсис, ки гӯиё пушти он наздикони сарвазир меистанд, масъулони "Мегаком" пулро бозпас гирифтанианд.

Дар ҳоли ҳозир дар бозори алоқаи Қирғизистон се ширкат -- "Мегаком", "Билайн" ва "О!" фаъолият доранд.

Ҳамлавар ба 2 масҷиди Зеландияи Нав ба терроризм муттаҳам шуд

Пулиси Зеландияи Нав ҳамлавари австролиёӣ ба ду масҷиди шаҳри Крайстчёрчро дар баробари иттиҳомҳои дигар, ба анҷоми амалиёти террористӣ низ айбдор кард. Дар ин ҳодиса дар моҳи марти имсол 51 нафар кушта шуданд.

Дар баёнияи пулиси Зуландияи Нав омадааст, ин иттиҳом ба пояи қонуни мубориза бо терроризм ба Брентон Таррант ворид шудааст.

Таррант, ки як нажодпарасти сафедпӯст аст, айни ҳол бо 51 мавриди иттиҳоми қатл в 40 мавриди иттиҳоми талош ба қатл, рӯбарӯ аст. Ҷаласаи баъдии додгоҳ барои расидагӣ ба ҳамлаҳои Крайстчёрч, моҳи оянда баргузор мешавад.

Тарранти 28-сола рӯзи 15-уми марти имсол ин ҳамлаи хунинро анҷом дод.

Эълони иттиҳомҳои нав алайҳи ҳамлавар ба ду масҷид дар Зеландияи Нав баъд аз он сурат мегирад, ки як марди турк, ки дар ин ҳамла ҷароҳат бардошта буд, дар яке аз бемористонҳои Крайстчёрч ҷон бохт.

Пулис дар бораи тафсилоти нав дар парвандаи ҳамлавар ба ду масҷид, дар мулоқот бо хонаводаҳои қурбониён ва онҳое, ки аз он ҷони солим ба дар бурданд, хабар додааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин ҳамла вокуниши густарда нишон дод. Як ҳафта пас аз ин ҳамла нахуствазири Зеландияи Нав ба намояндагӣ аз ҳукумат истифода аз навъҳои гуногуни аслиҳаи нимаавтоматиро мамнуъ кард.

Як моҳ пас аз ин ҳамлаҳо, порлумони Австралия низ бори нахуст дар ҷаҳон, қонунеро қабул кард, ки бар пояи он шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадор ҳастанд, муҳтавои хушунатомезро "бидуни таъхир" ҳазф кунанд.

Мулоқоти Э.Раҳмон бо раҳбарони хадамоти амниятии ИДМ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони хадамоти амниятии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе мулоқот кардааст.

Рӯзи 21-уми май дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шӯрои раҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси кишарҳои ИДМ ба кор оғоз кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш аз вазъ дар Афғонистон нигаронӣ карда ва гуфтааст, "имрӯз терроризми байналмилалӣ ба як ҷузъи бозиҳои геополитикӣ табдил ёфта, торафт доираи бештари қаламрави давлатҳои гуногунро фаро мегирад".

Оқои Раҳмон ҳамзамон таъкид кардааст, ки баъзе аз кишварҳо дар муносибат бо гурӯҳҳои экстремистӣ аз сиёсати "меъёрҳои дугона" истифода мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз пеш низ ин суханронро дар як нишасти дигари байналмилалӣ дар Душанбе баён карда буд.

Тоҷикистон марзи ҷанубии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор меравад. Мақомоти Тоҷикистон ва Русия дар гузашта борҳо аз таҷаммӯи гурӯҳҳои тундгаро дар шимоли Афғонистон ҳаммарз бо Афғонистон нигаронӣ карда буданд. Аввалҳои соли ҷорӣ мақомоти марзбонии Тоҷикистон шумораи ҷангҷӯёнеро, ки дар вилоятҳои ҳаммарз ҷамъ омадаанд, 6 ҳазор гуфта буданд.

Гумонбарони қатли як хонавода дар Узбекистон боздошт шуданд

Бо гумони қатли панҷ узви як хонавода дар вилояти Самарқанд чаҳор тан боздошт шуданд. Дар ин бора вазорати корҳои дохилии Узбекистон 19-уми май хабар дод.

"Бо гумони содир кардани ин ҷиноят се сокини ноҳияи Иштихони вилояти Самарқанд ва як сокини ноҳияи Қошработ боздошт шуданд", - иттилоъ доданд аз ВКД.

Ҳамаи гумонбарон бекор буда ва ҳадафи қатл ҳам дуздии дороиҳои хонаводаи кушташуда унвон мешавад.

Ба иттилои Додситонии кулли Узбекистон, чаҳор гумонбар шаби 15-уми май вориди манзили кушташудаҳо гардида, баъд аз қатли аъзои хонавода 2600 доллар ва як телефони мобилиро рабудаанд.

Рӯзноманигорони "Коммерсант": Русия сазовори озодии баён аст

Дар сомонаи "Эхо Москва" шаби душанбе изҳороти рӯзноманигорони нашрияи русии "Коммерсант" нашр шуд.

Дар он, аз ҷумла омадааст, "кормандони нашрия вазифадоранд, ба хонандагон бирасонанд, ки барои як муддати тӯлонии номуайян наметавонанд ба онҳо дар бораи сиёсатҳои Русия хабар диҳанд. Хонандагон ва шарикони нашрия аз бозтоби бетарафонаи як қатор ҳодисаҳои сиёсати дохилӣ маҳрум хоҳанд шуд. Маълум нест, ки ин раванд чи қадар идома хоҳад ёфт ва он дар таърихи 30-солаи нашрия бори нахуст рух медиҳад".

Муаллифони изҳорот гуфтаанд, ин тасмими моликони нашрия яке аз беҳтарин расонаҳои Русияро ба нобудӣ хоҳад расонд. "Кори нашрия барои ҷомеа ва тамоми кишвар зарур аст. Онҳое, ки ба хотири манфиатҳои сиёсии кутоҳмуддат мехоҳанд, онро маҳв кунанд, аз таърихи Русия огаҳӣ надоранд. Мо бовар дорем, ки Русия сазовори ояндаи беҳтару озодии баён аст", - афзудаанд рӯзноманигорони "Коммерсант".

Пештар хабар дода шуд, кормандони шуъбаи сиёсии "Коммерсант" пас аз тасмими саҳмдорон дар бораи барканории ду хабарнигор барои матлаби марбут ба Валентина Матвиенко истеъфои худро эълом карданд. Дар ин бора мудири бахши сиёсии нашрия Глеб Черкасов дар Фейсбук хабар дод. Худи ӯ низ аз мақомаш канор рафтанист. Бархеи ин кормандон аз солҳои 90-ум дар "Коммерсант" фаъолият доштанд.

Матлаб дар бораи эҳтимоли истеъфои раиси Шӯрои федератсия Валентина Матвиенко 17-уми май нашр шуд. Муаллиф бо истинод ба чандин манбаъ дар ниҳодҳои давлатии Русия хабар дод, ки Матвиенко эҳтимол аст, аз мақомаш истеъфо дода, барои кор ба Бунёди нафақа биравад.

Номзади нисбатан арзанда ба мақоми раисии Шӯрои федератсия раиси Хадамоти иктишофи хориҷии Русия Сергей Наришкин номида шуд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати нашрия, Матвиенко истеъфояшро бо президенти Русия Владимир Путин моҳи май баррасӣ хоҳад кард.

Пас аз нашри ин матлаб хабарнигори махсуси "Коммерсант" Иван Сафронов ва муовини муҳаррири бахши сиёсӣ Максим Иванов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар доданд, ки аз мақом барканор шуданд. Ба гуфтаи онҳо, тасмими мазкурро молики нашрия гирифтааст.

Аммо намояндаи молики нашрия Алишер Усмонов гуфт, соҳибкор дар барканории рӯзноманигорон даст надорад ва дар сиёсати эҷодӣ низ дахолат нахоҳад кард.

Чӣ монеи муносибати Қирғизистон ва Белорус шудааст?

Қурмонбек Боқиев.

Дар остонаи ҷаласаи Ассамблеяи порлумонии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) раиси порлумони Қирғизистон Достонбек Ҷумабеков бо раиси Палатаи намояндагони порлумони Белорус Владимир Андрейченко мулоқот кард. Яке аз мавзуъҳои баррасишаванда ҳузури президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар Белорус буд, хабар доданд аз порлумони Қирғизистон.

Ҷумабеков изҳори норизоӣ ва нигаронии ҷониби Қирғизистонро аз он баён кард, ки расонаҳо аз фаъолиятҳои Қурмонбек Боқиев ва наздиконаш дар Белорус хабар медиҳанд. Ба вижа, ба онҳо шароити мусоид фароҳам ва шаҳрвандӣ дода шуда, инчунин ба чорабиниҳои оммавӣ даъват мешаванд. Раиси порлумони Қирғизистон афзуд, "ин хабарҳо боис мегарданд, ки муносибатҳои дуҷонибаҳо ба кундӣ пеш раванд".

Ҷумабеков илова кард, "ҷониби Қирғизистон интизор дорад, ки Белорус барои иҷрои дархости Қирғизистон дар мавриди истирдоди Боқиев чораҷӯӣ хоҳад кард".

Қурмонбек Боқиев дар пайи инқилоби соли 2005 сари қудрат омад ва ҳам баъди инқилоби соли 2010 ба Белорус фирор кард. Писари вай Максим дар Бритониё қарор дорад.

Қурмонбек Боқиев ва 28 тани дигар дар доираи парвандаи ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум шуданд. Президенти пешин дар ғайбаш ба 30 соли зиндон маҳкум шуд. Қирғизистон аз Белорус хост, Боқиевро истирдод кунад.

Расонаҳои Белорус хабар доданд, ки Боқиевҳо дар он кишвар тиҷорат ба роҳ мондаанд.

Ҷасади донишҷӯи дар Алмато гумшуда пайдо гардид

Шаҳри Алмато.

Ҷасади Ойгул Амангелдӣ, донишҷӯи 18-сола дар вилояти Алматои Қазоқистон пайдо гардид. Дар ин бора мақомоти Қазоқистон хабар доданд. Ба иттилои пулис, донишҷӯ шоми 19-уми май дар минтақаи куҳии ноҳияи Талгар нопадид шуда буд.

"Наздиконаш ҷасади ӯро шиносоӣ карданд. Дар ҷасади вай нишонаҳои марги маҷбурӣ мушоҳида нашудааст. Ба иттилои пешакӣ, вай худкушӣ кардааст",-хабар дод пулис. Мақомот бо моддаи "Ба худкушӣ расонидан" парванда боз кардаанд.

Ойгул Амангелдӣ 13-уми май аз хонаашон фирор карда буд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, вай он рӯз барои супоридани имтиҳонҳо ба шаҳри Алмато равона буд. Пулис ҷустуҷӯи ӯро 15-уми май оғоз кард.

Мақомоти Ишқобод сагҳоро "шикор" мекунанд ва президент дар бораашон китоб менависад

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 16-уми май таълифи китоби наверо оғоз кард, ки ба саг бахшида шудааст. Ин дар ҳолест, ки "шикори бераҳмона"-и сагу гурбаҳои бесоҳиб дар кӯчаҳои шаҳри Ишқобод идома дорад.

"Корманди хадамоти коммуналии Ишқобод бо номи Бегенч 14-уми май дар ҳудуди боғчаи рақами 84-и маҳаллаи Гаудан дар соати корӣ, ки кӯдакон ҳанӯз дар онҷо буданд, сагеро бо як оҳанпора зада, ба ҳалокат расонд", - иттилоъ дод хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи шоҳидон, куштори ҳайвон дар назди чашми сокинони маҳаллӣ сурат гирифтааст. "Саг хеле фарёд кашиду сипас хомуш шуд. Аз биноҳои ҳамсоя ҳама сар бароварда, ҳодисаро тамошо мекарданд, вале касе дахолат накард. Саги ҳомила дар ҳудуди боғча ҷои оромеро пайдо карда, аз одамон паноҳ бурда буд. Вале мудири боғча кормандони коммуналиро даъват кард", - гуфт як сокини Ишқобод.

Боздошт ва куштори ҳайвонҳои бесоҳиб дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Ишқобод вақтҳои ахир ба як падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст.

Нашрияи "Туркманистони бетараф" хабар дод, ки Бердимуҳаммадов таълифи китоберо дар бораи зоти саги Алабай 16-уми май оғоз кардааст. Президенти Туркманистон моҳи феврали соли равон ба бунёди беморхонаи махсусе барои сагҳо дастур дода, гуфта буд, ки "мардуми туркман ба ҳайвонҳои хонагӣ ҳамеша ғамхоранд".

Як зан дар Узбекистон аз таркиши газ кушта шуд

Як сокини 32-солаи маҳаллаи "Тошогалик"-и ноҳияи Риштони Узбекистон 17-уми май дар натиҷаи таркиши газ кушта шуд. Пулис сабабҳои таркишро таҳқиқ мекунад. Ҳамсояҳои зан гуфтанд, таркиш замоне рух дод, ки вай дар ошхонааш машғули пухту паз буд.

"Вай мехост, барои ифтор ғизо пазад, ки таркиш рух дод. Зан дар ҷои ҳодиса вафот кард. Вай ду фарзанди ноболиғ дошт", - нақл кард яке аз ҳамсояҳо.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, маҳаллаи "Тошогалик"-и ноҳияи Риштон аз низоми умумии газрасонӣ ҷудо аст ва сокинон аз "балонҳо" истифода мекунанд.

Ҳизби наҳзат ошӯб дар Ваҳдатро маҳкум кард

Раёсати Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ шӯриши маргбор дар зиндони ноҳияи Ваҳдатро қотеона маҳкум карда ва хостааст, сабабҳои ин ҳодисаро як комиссияи мустақил таҳқиқ кунад.

Дар баёнияи расмӣ, аз рӯзи 20-уми май, ки ҳизб ба расонаҳо фиристод, аъзои раёсат ҳукумати Тоҷикистонро масъули ошӯб ва онро натиҷаи сиёсатҳои нодурусти раҳбарияти кишвар номидааст.

Ҳизби наҳзат, мақомоти Тоҷикистонро ба доман задани ихтилофоти мазҳабиву сиёсӣ “ва ба якдигар душман кардани қишрҳои гуногуни ҷомеа номида” ва гуфтааст, чунин амалкард, ба ғайр аз “чунин натиҷаҳо” чизи дигаре нахоҳад дошт.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки 5 узви “ДОИШ” ошӯбро барангехтаанд ва се посбони зиндону чанд зиндонӣ аз ҷумла аъзои Ҳизби наҳзатро куштаанд. Ба гуфтаи мақомот дар ҳодиса дар умум 29 нафар ба ҳалокат расиданд.

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 20-уми май гуфтанд, дар миёни 32 кушташуда дар ошӯб, Саттор Каримов, узви раёсати ҲНИТ, Сайид Қиёмиддини Ғозӣ - собиқ узви раёсати ҲНИТ ҳастанд. Ҳарду нафар бо гуноҳи терроризм ва ё хиёнат ба ватан ба солҳои тулонии зиндон маҳкум шудаанд, вале ин иттиҳомотро беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Дар баёнияи ҳизб омадааст, ки барои равшан кардани ҳодиса “ҲНИТ талаб мекунад, ки гурӯҳи таҳқиқотии мустақил бо ширкати созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Салиби Сурх ва хабарнигорони мустақил ташкил карда шавад, то ҷузъиёти ин ҳодиса дақиқ баррасӣ ва ба мардум расонида шавад. “

Вакилони афғон якдигарро латукӯб карданд

Акс аз бойгонӣ

Гуруҳе аз вакилони мардумӣ дар Афғонистон ба сабаби ихтилофоти назар дар бораи интихоби раиси порлумон занозанӣ карданд. Дар видеоҳое, ки дар Интернет нашр шудаанд, дидан мумкин аст, ки чӣ гуна вакилон барои интихоби Мирраҳмон Раҳмонӣ ба ҳайси раиси Вулуси Ҷирга, палатаи поёнии порлумон ҳамдигарро латукӯб мекунанд.

Баъди интихоботи баҳсбарангези соли гузашта ин аввалин нишасти вакилон буд. Ҳангоми раъйдиҳӣ барои интихоби раиси порлумон Мирраҳмон Раҳмонӣ, 123 раъй ва Камол Носир Осулӣ 55 раъй ба даст овард.

Аммо ба Раҳмонӣ, муяссар нашуд, ки як раъйи дигар ва аксариятро ба даст биёрад. Порлумони Афғонистон 247 курсӣ дорад. Тарафдорони Раҳмонӣ гуфтанд, ки ӯ раиси интихоб шудааст ва як раъй набояд масъала бошад. Мухолифон инро қабул надоранд.

Доналд Трамп гуфт, ҷанг "поёни расмии Эрон" хоҳад буд

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, таҳдид кард, ки дар сурати ҷанг бо Амрико Эрон расман “поён меёбад.” Пештар аз ин баёнияи Доналд Трамп дар Твиттер, Арабистони Саудӣ шарики аслии Амрико дар Ховари Миёна гуфт, омода аст, “бо тамоми қудрат” ба иғвогариҳои эҳтимолии Эрон посух диҳад.

Изҳороти Амрикову Саудӣ дар ҳолест, ки таниш байни Амрикову Эрон авҷ гирифтааст ва ба нигарониҳо доир ба эҳтимоли ҷанг байни ду тараф доман задааст.

Вашингтон бо зикри таҳдидҳо аз тарафи Эрон нерӯҳояшро дар Ховари Миёна ва Халиҷи Форс тақвият дод ва вазорати умури хориҷии Амрико дастур дод, дипломатҳояш аз Ироқ хориҷ шаванд, ба истиснои онҳое, ки ҳузурашон дар сафорат дар Бағдод ҳатмӣ аст.

Эрон гуфтааст, ки хоҳони ҷанг бо Амрико нест ва иддаоҳои Вашингтон дар бораи “хатарҳои бармало” аз тарафи Эронро рад кардааст. Рӯзи 19-уми май як мушаке дар назди сафорати Амрико дар Бағдод суқут кард, вале касе дар он осеб надидааст. Ҳеҷ кас масъулияти ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.

Доналд Трамп рӯзи 20-уми май дар Твиттер навишт: “Агар Эрон ҷанг бихоҳад, пас ин ҷанг поёни расмии Эрон мешавад. Дигарбора ҳеҷ гоҳ ба Амрико таҳдид накунед.”

Арабистони Саудӣ гуфтааст, ки ҳамлаи бо дронҳо ба ду истгоҳи нафкашӣ дар он кишвар бо дастури Эрон сурат гирифтааст. Ҳамларо ошӯбгарони ҳусии таҳти ҳимояти Эрон дар Яман бар ӯҳда гирифтанд.

Доналд Трамп моҳи майи соли гузашта Амрикоро аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ кард. Бар асоси ин созиш, ки 6 қудрати ҷаҳонӣ имзо карданд, Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кард ва дар таҳримоти иқтисодӣ ба зидди онро сабуктар карданд. Баъди хуруҷ, Амрико таҳримот ба зидди Эронро барқарор кард.

Пашиниён аз оғози марҳилаи дуввуми "инқилоб" сухан гуфт

Ҳангоми нишасти аъзои ҳукумат дар рӯзи 20-уми май

Даҳҳо нафар аз арманиҳо бо даъвати нахуствазир Никол Пашиниён, пеши дарвозаҳои додгоҳҳои кишварро баста ба ҳамин навъ аз амри раҳоии Роберт Кочариён, раиси ҷумҳури пешин эътироз карданд.

Додгоҳи Арманистон амр дод, Роберт Кочариён, рақиби ашаддии Никол Пашиниён, ки ба ришвахорӣ ва талоши табаддулоти давлатӣ муттаҳам мешавад, аз боздошт озод карда шавад.

Рӯзи 20-уми май даҳҳо нафар дари Додгоҳи Ереванро бастанд. Ду рӯз пештар аз ин додгоҳ Роберт Кочариёнро бо замонати раҳбарони феълӣ ва собиқи Кӯҳистони Қаробоғ озод кард.

Никол Пашиниён, баҳори соли гузашта ва баъд аз он сари қудрат омад, ки Серж Саркиссиён, раиси ҷумҳури пешин аз мақомаш рафт. Ӯ рӯзи 20-уми май дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки “Марҳилаи дуввум ва муҳимтарини инқилоби Арманистонро оғоз мекунад.” Ӯ афзуд, ки дар бораи “вазъи низоми додгоҳӣ ва ба дасти мардум додани ин соҳа” баёнияи муҳим медиҳад.

Нигаронии гузоришгари СММ аз маҳдудияти сартосарии Интернет дар Қазоқистон

Гузоришгари махсуси СММ дар умури ҳимояти ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ Фионнула Ни Аолэйн 17-уми май дар шаҳри Нурсултон аз "маҳдудияти сартосарии дастрасӣ ба Интернет" дар Қазоқистон изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ, ки дар як нишасти хабарӣ суҳбат мекард, гуфт, аъзои тимаш шахсан шоҳиди маҳдудияти дастрасӣ ба Интернет шуданд. Ба гуфтаи Аолэйн, мақомоти Қазоқистон аз ин нигаронии ӯ огаҳ карда шуданд.

"Дастрасӣ ба тамоми сомонаҳо маҳдуд шуд. Ҳамаи ин иқдомҳо гӯё ба хотири таъмини амният рӯи даст гирифта мешаванд. Озодии ҷамъомад ва озодии баёнро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳимоят мекунад. Вақте таъмини амният ҳамчун баҳона барои маҳдуд кардани иҷрои ҳуқуқҳои қонунӣ мешавад, ин моро хеле нигарон мекунад",-афзудааст Фионнула Ни Аолэйн.

Мушкили маҳдудияти сартосарии дастрасӣ ба Интернет дар Қазоқистон 9-уми май ба миён омад. Субҳи он рӯз баъзе аз сомонаҳои хабарӣ масдуд шуда, корбарон натавонистанд ба шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram ва дигарон ворид шаванд. Дертар гуруҳи NetBlocks, ки озодии Интернетро мониторинг мекунад, масдудсозии 9-уми майро "беназир" номид.

9-уми май дар Қазоқистон дастрасӣ ба сомонаи бахши қазоқии Радиои Озодӣ низ маҳдуд буд. Давоми рӯз дар чанд шаҳри Қазоқистон сокинонро боздошт карданд. Боздоштҳо баъди он сурат гирифтанд, ки Мухтор Аблязов - мухолифи қазоқ - аз сокинон хост, ба кӯчаҳо бароянд.

Сарвазири Қирғизистон ҳимояташро аз "КТ Мобайл" пинҳон намекунад

Нахуствазири Қирғизистон.

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев гуфт, аз тарҳи таъсиси ширкати давлатии мобилии "КТ Мобайл" шахсан ҳимоят мекунад ва сарусадоҳо атрофи ширкатро "сиёсӣ" номид. Абилғозиев баҳсҳо атрофи ширкати "КТ Мобайл"-ро, ки пушти он яке аз наздиконаш Имонқодир Рисалиев меистад, бори нахуст ба таври оммавӣ шарҳ дод.

"Ба назари ман масъалаи иқтисодиро набояд сиёсӣ кард. Албатта, робитаҳои хешутаборӣ бояд дар умури давлатӣ дахолат накунанд. Вале ин ҳамаро бояд нахуст муайян кард. Ман шахсан тарҳи фаъолияти муштараки ширкатҳои "КТ Мобайл" ва "Мегаком"-ро ҷонибдорӣ кардам ва гуфтам, ки он бояд роҳандозӣ шавад. Дар ҳоли ҳозир дар бозори алоқа ширкати мобилие нест, ки руҳияи қирғизӣ дошта бошад. Фикр мекунам, агар ширкати давлатие таъсис ёбад, кори баде нахоҳад шуд", - афзуд ӯ.

Худи он рӯз Имонқодир Рисалиев аз мақоми роҳбарии котиботи созмони "Ҳукумати боз" истеъфо дод. Сухангӯи сарвазири Қирғизистон Адолат Султоналиев гуфт, Абилғозиев ба раҳбари намояндагии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо тавсия дод, ки дар робита ба баҳсҳои ахир номзадии Рисалиев аз мақоми ишғолкардааш бозхонд шавад.

Дар порлумони Қирғизистон барои омӯзиши қазияи марбут ба ширкати "ТК Мобайл" комиссияи махсус ташкил шудааст. Оқилбек Жамангулов, мудири кулли ширкати "Алфа Телеком" дар ҷаласаи нахустини комиссия гуфт, аз сӯи Имонқодир Рисалиев таҳдид шунидааст.

Имонқодир Рисалиев 15-уми май дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, робитаи вай бо ширкати "КТ Мобайл" танҳо дар он хулоса мешавад, ки писараш онҷо кор мекунад. Вай робитаи дигарро бо ширкат рад кард.

Жанар Акаев, вакили порлумони Қирғизистон гуфт, ширкати нави мобилии "Салам", ки ба "КТ Мобайл" рабт дорад, манфиати афроди алоҳидаро амалӣ мекунад. Вай илова кард, ки вазъ атрофи ширкат мумкин аст, то эъломи нобоварӣ ба ҳукумат бирасад.

"КТ Мобайл" соли 2003 дар асоси "Қирғизтелеком" таъсис ёфт. Он замон фаъолияти ширкат ба далели набудани сармоя ба роҳ монда нашуд. Вале ҳоло мехоҳанд, онро бо 345 миллион сом (ҳудуди 5 млн доллар)-и ширкати "Алфа Телеком" ба роҳ монанд.

Қатораи Тошканд-Иссиқкӯл аз моҳи оянда ба гардиш медарояд

Сар аз рӯзи 6-уми июни соли ҷорӣ қатораи мусофирбари Тошканд - Бишкек - Балиқчӣ (Иссиқкӯл) ба гардиш медарояд, хабар доданд аз ширкати "Роҳи оҳани Узбекистон".

Қатора, ки бо ҳадафи рушди туризм миёни Узбекистону Қирғизистон ба гардиш дароварда шудааст, ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе, соати 20:50 дақиқа аз Тошканд ҳаракат карда, тавассути Қазоқистон, рӯзи баъдӣ соати 20:29 дақиқа дар Иссиқкӯл мерасад. Қатора аз бозгашт рӯзҳои шанбе соати 01:59 дақиқа ба роҳ баромада, субҳи рӯзи якшанбе, соати 05:00 дақиқа дар Тошканд мерасад.

Ба иттилои "Роҳи оҳани Узбекистон", билетҳои қатораи мазкур дар вагонҳои умумӣ $35, дар вагонҳои алоҳида $48 ва дар вагонҳои олӣ $94 арзиш дорад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

XS
SM
MD
LG