Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Селаи шоҳпаракҳо ба Душанбе аз куҷо омад?

Рӯзи якшанбе селаи шоҳпаракҳо дар Душанбе пайдо шуд ва сокинони пойтахтро ба ҳайрат овард. Чандин нафар дар "Фейсбук" аз пайдо шудани он хабар доданд. Баъзе аз зебоии он гуфтанд ва баъзеи дигар аз зарар доштан ё надоштанаш пурсиданд. Яке аз корбарон навишт, "ин чӣ навъ шоҳпарак аст? Якбора чунон зиёд шуд, ки ҳайрон ҳастем. Боз заҳрдор набошад?" Неъматулло Сафаров, доктори илми билогия, рӯзи 19-уми май гуфт, “ин навъи шоҳпаракҳоро “бонуи наққошишуда” ҳам меноманд ва онҳо бар асари гармӣ ва ҳамзамон намии зиёд пайдо шудаанд”. Сафаров гуфт, чунин ҳолат панҷ-шаш сол пеш мушоҳида шуда буд. Ӯ афзуд, мумкин аст, ин навъ шоҳпаракҳо боис ба аллергия ва таби кӯдакон шаванд. Гуфта мешавад, “бонуҳои наққошишуда” аввал дар Турсунзодаву Ҳисор пайдо шуда, баъдан ба тарафи Душанбе ҳаракат кардаанд. Мақомот то ҳол расман дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Ду нишасти фаврӣ дар Макка дар пасманзари танишҳо бо Эрон

Арабистони Саудӣ муттаҳидони худро дар минтақа ба ду нишасти фаврӣ даъват кардааст. Шоҳи Саудӣ рӯзи 18-уми май аз раҳбарони Шӯрои Ҳамкории Халиҷ ва Иттиҳодия ё Лигаи Араб хост, ки рӯзи 30-юми май дар Макка ҷамъ оянд. Мавзӯи асосии нишастҳо Эрон хоҳад буд.

Мақомоти Арабистони Саудӣ ҳам гуфтанд, ки дар музокирот ҳамла ба чаҳор киштӣ дар соҳили Имороти Муттаҳидаи Араб ва силсилаи ҳамлаҳо бо дрон ба маҳалли тавлиди нафт дар наздикии Риёз баҳс хоҳад шуд.

Эрон даст доштани худро дар ҳамла ба киштиҳо рад кардааст. Вале шӯришиёни ҳусӣ дар Яман, ки аз пуштибонии Теҳрон бархӯрдоранд, масъулияти ҳамлаҳо бо дрон ба Арабистони Саудиро ба дӯш гирифтаанд.

Одил Ҷубайр, вазири корҳои хориҷии Саудӣ, ба хабаргузории он кишвар гуфтааст, ки дар ду нишасти фаврӣ "ин дастдарозиҳо ва пайомадҳои он дар минтақа"-ро баҳс мекунанд.

Имороти Муттаҳидаи Араб яке аз муттафиқони наздики Саудӣ аз даъвати Шоҳ Салмон барои гирдиҳамоӣ дар Макка истиқбол кардааст. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, “вазъияти буҳронӣ дар Ховари Миёна мавқеи ягонаи кишварҳои арабӣ дар Халиҷи Форс ва гӯшаҳои дигарро талаб мекунад”.

Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб дар набарди геополитикӣ зидди Эрон аз муттаҳидони хеле қавии Амрико ҳастанд.

Одил Ҷубайр, вазири умури хориҷии Саудӣ, рӯзи 19-уми май Эронро "ба талоши бесубот кардани минтақа" муттаҳам кард ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то масъулиятро ба дӯш бигиранд ва Теҳронро аз идомаи ин кор боздоранд.

Exxon Mobil кормандони амрикоии худро аз Ироқ берун кард

Ширкати бузурги нафти Exxon Mobil тақрибан шаст корманди асосан амрикоии худро аз Ироқ берун кардааст.

Ин иқдом дар пасманзари танишҳои афзоянда миёни Амрикову Эрон ва бо "нигаронӣ аз низои ҳарбии билқувва" сурат мегирад.

Вашингтон бо ишора ба таҳдидҳои эҳтимолӣ аз сӯи Эрон ба афзоиши дороиҳои ҳарбии Амрико дар Ховари Миёна ва Халиҷи Форс дастур додааст. Вазорати умури хориҷии ин кишвар ҳам хостааст, он кормандони сафорати Амрико дар Бағдод, ки ҳузурашон дар сафорат ҳатмӣ нест, Ироқро тарк кунанд.

Ширкати Exxon Mobil хабар дод, ки берунории кормандонаш рӯзи 18-уми май аз вилояти ҷанубии Басра оғоз ёфт.

Эҳсон Абдуҷаббор, раиси ширкати давлатии Нафти Ҷануб гуфт, хуруҷи кормандони амрикоӣ “иқдоми пешгирона ва муваққат” аст. Вай афзуд, кор дар майдонҳои нафте, ки Exxon Mobil идора мекунад, бо ёрии муҳанидисони ироқӣ ба таври маъмулӣ идома хоҳад ёфт.

Вазири нафти Ироқ рӯзи19-уми май дар баёнияи расмӣ гуфт, тасмими Exxon Mobil "ғайри қобили қабул аст ва тавҷеҳ надорад". Ӯ афзуд, "ин тасмим бо вазъияти амниятӣ ё таҳдидҳо дар майдонҳои нафт дар ҷанбуи Ироқ вобаста нест" ва "сиёсӣ аст".

Эрон иддаои Вашингтонро дар бораи “таҳдидҳои қарибулвуқӯъ аз сӯи Теҳрон” рад карда ва, баръакс, Амрикоро ба “афзоиши ғайриқобили қабули танишҳо” айбдор намудааст.

Ду тараф гуфтаанд, ки ҷангро намехоҳанд.

Додгоҳ мусодираи хонаи хабарнигорони "Озодӣ"-ро рад кард

Додгоҳи олии Узбекистон

Додгоҳи олии Узбекистон рӯзи 16-уми май қарори зинаи поёнӣ дар бораи мусодираи хонаи Ғайрат ва Шӯҳрат Бобоҷоновҳоро бекор кардааст. Ин қарор соли 2018 содир шуда буд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ чанд сол пеш ба тарки хонаҳои худ дар Узбекистон маҷбур шуданд ва ҳоло дар хориҷа зиндагӣ мекунанд.

Соли гузашта додгоҳе дар вилояти Хоразм қарор кард, ки хонаи Бобоҷоновҳо "бесоҳиб аст" ва бояд ба тавозуни ҳукумати маҳаллӣ гузаронда шавад. Бо вуҷуди пофишории ҳукумат, Додгоҳи олии Узбекистон ҳуқуқи хабарнигорони Радиои Озодиро ба манзил тасдиқ кард.

Баъд аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбекистон дар соли 2016, дар рафтори ҳукумат каме нармиш ба назар мерасад. Мақомот дар ҳоли ҳозир талош доранд, ки дар муқоиса ба ҳукумати пешина ба шаҳрвандон озодии бештари иқтисодӣ ва сиёсӣ диҳанд.

Дар оғози моҳи майи имсол Узбекистон чанд сомонаи расонаҳои хабарӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла “Садои Амрико”, бахши узбекии Би-би-сӣ ва Дидбони ҳуқуқи башарро боз кард. Вале ба ин рӯйхат сомонаи бахши узбекии Радиои Озодӣ шомил нашудааст. Ин вебсайт дар Узбекистон ҳамоно бастааст.

Eurovision-2019 бо пирӯзии намояндаи Ҳолланд ба поён расид

Дункан Лауренс

Дар рақобатҳои имсолаи Eurovision, ки шаби 18-уми май дар шаҳри Телавиви Исроил баргузор шуд, Дункан Лауренс – намояндаи Ҳолланд – ҷойи аввалро касб кард. Бар асоси муқаррароти Eurovision, Ҳолланд соли оянда мизбони ин ҷашнвораи мусиқӣ хоҳад буд. Даҳҳо миллион нафар дар сартосари ҷаҳон рақобати Eurovision-ро аз тариқи телевизионҳои худ ба гунаи зинда тамошо карданд. Мақоми дувумро Итолиё ва ҷойи севумро Русия гирифт.

Дар Тоҷикистон дави миллӣ ва маъракаи дучархаронӣ доир шуд

Рӯзи 19-уми май дар Тоҷикистон дави миллӣ ва марафони дучархаронӣ ё веломарафон доир гардид. Дар ин чорабиниҳо, ки ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида шуд, ҳазорҳо одамони сину сол ва касбу корашон гуногун ширкат карданд.

Ба иттилои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, дар дави миллӣ ва веломарафон дар пойтахти кишвар ҳудуди 50 ҳазор кормандони вазорату идораҳо, ва донишгоҳҳо иштирок карданд.

Ба ғолибон ва иштирокдорони фаъоли дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар манотиқи мухталифи кишвар ҷоиза супурда шуд.

Дави миллӣ бо фармони президенти Тоҷикистон аз соли 2006 "бо ҳадафи таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва оммавияти он миёни аҳолӣ" ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир мегардад.

Дар се моҳ дар Тоҷикистон беш аз 3000 оила пош хӯрдааст

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар се моҳи аввали имсол беш аз 3 ҳазор оила аз ҳам пошидааст, ки баъзе аз онҳо навхонадор ва баъзеи дигар соҳиби чанд кӯдак ҳастанд.

Дар Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС гуфтанд, ин рақам дар муқоиса ба се моҳи аввали соли гузашта тақрибан 150 ҳолат зиёд ва нигаронкунанда аст.

Мақомот сабабҳои талоқу ҷудошавии оилаҳоро ба зӯроварӣ, муҳоҷират ва дахолати тарафи севум медонанд. Коршиносон ҳам мегӯянд, зиндагии якҷояи чанд оила дар як ҳавлӣ, камбизоатӣ, издивоҷҳои бармаҳал, афзоиши таваққӯи фарзандон аз чанд омилест, ки ба ҷудоӣ дар байни ҷуфтҳо мусоидат кардааст.

Соли гузашта дар Тоҷикистон 8 ҳазор ҷуфт аз тариқи додгоҳ расман аз ҳам ҷудо шудаанд.

Эътирози якка зидди сиёсати молиявии “Агроинвестбонк”

Бино ба як аксе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, зоҳиран муштарии “Агроинвестбонк” - бонки гирифтори буҳрон - бо шиоре ба кӯча баромада, эътирози худро аз кори бонк баён доштааст.

Дар шиори дасти ӯ аз он изҳори норизоиятӣ шудааст, ки кормандони бонк ҳамоно музди баланд мегиранд, дар ҳоле ки гӯё 600 ҳисоби пиронсолон, модарон ва маъюбон баста буда, ба онҳо моҳе 50, 100 ва 300 сомонӣ медиҳанд.

Ба эҳтимоли зиёд дар ин навишта аз бахши бонки мазкур дар шаҳри Хуҷанд сухан меравад ва гуфта мешавад, дар он 5 ҳисобдор, ҳар кадом бо моҳонаи 3000 сомонӣ, хазинадор 5000 сомонӣ кор мекунанд ва моҳонаи раҳбари бахш номаълум аст.

Ҳуввияти эътирозгар ва кай рух додани пикети якка маълум нест, вале акс рӯзи 18-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд.

“Агроинвестбонк” ҳамроҳ бо “Тоҷиксодиротбонк” – яке аз ду бонки бузурги Тоҷикистон аст, аз соли 2015 ба сӯ гирифтори мушкиланд. Давлати Тоҷикистон барои наҷоти ин бонк 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ кумак кардааст.

Гуфта мешавад, бонкҳои мазкур ба сабаби додани вомҳои бузруг ва мушкилситон ба ин ҳол афтодаанд. Муштариёни ин бонкҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори норизоиятӣ мекунанд, вале бори аввал аст, ки дар ин робита пикети якка сурат гирифтааст.

Мулоқоти вазири Ҷопон бо панҷ вазир дар Душанбе

Таро Коно, вазири умури хориҷии Ҷопон

Таро Коно, вазири умури хориҷии Ҷопон бо ҳамтоёни худ аз Осиёи Марказӣ дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амният дар минтақаро гуфтӯгу кардааст. Мулоқот рӯзи 18-уми май дар шаҳри Душанбе дар доираи муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” сурат гирифт ва дар он вазирони панҷ кишвари минтақа ҳузур доштаанд. Салоҳиддин Раббонӣ вазири умури хориҷии Афғонистон ҳам дар мулоқот ширкат кардааст.

Расонаҳои Ҷопон навиштаанд, ки вазири кишварашон дар нишаст технологияҳои пешрафта барои зербунёдҳои лозим дар Осиёи Марказиро муаррифӣ мекунад. Мавзӯи дигари гуфтугу ташвиқи мардуми Ҷопон барои саёҳат ба Осиёи Марказӣ будааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки Таро Коно ҳамчунин рӯзи 18-уми май бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардааст.

Дар хабари вазорат омадааст, ки ду тараф дар бораи “Таъсиси маркази бизнес-инкубатор, Фонди японии сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақими Япония ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, илмию техникӣ суҳбат кардаанд.

Ҷопон яке аз кишварҳои аслии кумакрасон ба Тоҷикистон аст ва барои бунёди мактабу роҳу дигар иншоот ба кишвар даҳҳо миллион доллар кумак кардааст.

Дар Эрон се нависандаро ба зиндон андохтанд

Ризо Хандон Моҳободӣ, Бактош Обтин, Кайвон Божан

Додгоҳе дар Эрон се нависандаро ба иқдом ба зидди амнияти миллӣ гунаҳкор дониста ва ҳарсеро дар маҷмуъ ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

Ризо Хандон Моҳободӣ, Бактош Обтин, Кайвон Божан ба “тарғиботи зиддидавлатӣ” ва “иқдом ба зидди амнияти миллӣ” гунаҳкор дониста шудаанд ва ҳарсеро ҳафтаи гузашта ба 6 солии зиндон маҳкум кардаанд. Бино ба гузоришҳо, муҳокима моҳи апрел шуруъ шудааст.

Ҳарсе нафар узви Иттиҳодияи Нависандагони Эрон ҳастанд, ки зери фишори мақомот мондааст ва дар гузашта чанд узви онро бо айни иттиҳом зиндонӣ кардаанд. Иттиҳодия ҳукми нависандагонро беасос номида ва гуфтааст, ки ин амали додгоҳ зери по кардани ҳаққи озодии баён аст.

Ҳушдори Амрико аз парвозҳо дар фазои Халиҷи Форс

Акс аз бойгонӣ

Идораи Ҳавопаймоии Амрико ба ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар ҳушдор додааст, ки бо авҷ гирифтани танишҳо бо Эрон мумкин аст, дар фазои Халиҷи Форс онҳоро иштибоҳан ҳадаф бигиранд.

Дар тавсияномаи идора аз рӯзи 17-уми май омадааст, огаҳӣ гирифтаанд, ки “афзоиши фаъолиятҳои низомӣ ва танишҳои сиёсӣ дар минтақа, ба сабаби иштибоҳу сӯитафоҳум метавонад, барои ҳавопаймоиҳои ғайринизомӣ хатар эҷод кунад.”

Танишҳо байни Амрикову Эрон дар рӯзҳои ахир афзуда ва нигарониҳоро аз эҳтимоли ҷанг байни ду тараф зиёд кардааст. Амрико дар чанд ҳафтаи ахир бо зикри таҳдидҳои эҳтимолӣ аз тарафи Эрон неруҳои ҷангиаш дар Халиҷи Форс ва Ховари Миёнаро тақвият дод.

Вазорати умури хориҷии Амрико ҳам ба дипломатҳояш дар Ироқ, ки ҳузурашон дар онҷо ҳатмӣ нест, амр дод, ки хориҷ шаванд. Эрон иддаоҳои Амрико дар бораи “таҳдидҳои бармало” аз тарафи ин кишварро рад кард ва Вашингтонро ба шиддат бахшидани ғайриқобили қабули танишҳо муттаҳам кард. Ҳарду тараф гуфтаанд, ки хоҳони ҷанг нестанд.

Фармондеҳи ротаи Гвардияи миллиро ҷарима бастанд

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи низомии Душанбе фармондеҳи як ротаи Гвардияи миллии Тоҷикистонро барои сӯистифода аз мақом бештар аз 13 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.

Додгоҳи мазкур рӯзи 16-уми май хабар дод, майор Алиакбар Назаров, командири ротаи ҳифз ва таъминоти қисми ҳарбии 051057 латукӯби яке аз сарбозони ин воҳиди низомиро пинҳон доштааст ва барои фош нашудани қонуншиканӣ Самандар Қувватови маҷруҳро 10 руз ба хона ҷавоб додааст.

Ба гуфтаи додгоҳ, Нуралишо Нажмиддинов, яке аз ҳамхидматони Самандар рӯзи 23-уми март бе ҳеҷ сабаб ва бо ҳадафи худнамоӣ бо зарби мушт ҷоғи Самандарро шикастааст. Муфаттишон гуфтаанд, Алиакбар Назаров, ки бояд аз ин қонуншиканӣ ба фармондеҳон хабар медод, ин корро накарда ва зоҳиран Самандар Қувватовро барои муолиҷа рухсатӣ додааст.

Дар ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 13-уми май содир кардаанд, гуфта нашудааст, ки сарбозе, ки Самандар Қувватовро озор додааст, чӣ ҷазо гирифт. Аммо фармондеҳи ротаи Гвардияи миллӣ ҳаққи шикоят аз ҳукмро дорад ва аз ҳаққи ишғоли вазифа ҳам маҳрум нашудааст.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта нашудааст, ки оё майори Гвардияи миллӣ иттиҳомотро эътироф мекунад, ё не. Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, назари Алиакбар Назаровро бигирад.

Дар Тоҷикистон масъалаи бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳ як масъалаи доғ боқӣ мемонад ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, фармондеҳон низ аксар вақт ин ҷиноятҳоро пинҳон медоранд ва ё нодида мегиранд.

Неруҳои Покистон 9 ҷангҷӯи "ДОИШ"-ро куштанд

Дар ин ҳамла дар рӯзи 13-уми май 5 афсари пулис кушта шуданд.

Маъмурони амниятии Покистон дар як амалиёте дар шаҳри Кветта дар вилояти Балучистон 9 ҷангҷӯи гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ”-ро куштаанд.

Мақомоти расмӣ рӯзи 16-уми май зимни нашри ин хабар гуфтанд, ки дар ҷараёни амалиёти чандсоата дар минтақаи Кӯҳи Меҳрон дар 47-километрии Кветта чаҳор маъмури амниятӣ захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи мақомот, ҷасадҳои ҷангҷӯёнро ба як шифохонае ба Кветта овардаанд. Амалиёт ба зидди ҷангҷӯён баъди он шуруъ шуд, ки ҳамлаву бомбгузориҳо дар моҳи Рамазон дар Балучистон афзоиш ёфт.

Дар як ҳамла дар рӯзи 13-уми май дар Кветта 5 афсари пулис ба ҳалокат расиданд ва масъулияти ҳамларо гуруҳи “Давлати исломӣ” бар уҳда гирифт. Дар вилояти Балучистони Покистон, ки маъданҳои табиӣ зиёд дорад, гуруҳҳои гуногуни ошӯбгар ва тундрав бо ҳукумати марказӣ меҷанганд.

Зариф дар Пекин гуфт, имзогузорони созиши ҳастаӣ бояд ин санадро ҳифз кунанд

Пекин, 17 май. Вазирони хориҷаи Эрону Ҷопон Ҷавод Зариф ва Ван И

Вазири хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф аз Чину Русия ва дигар “шарикон” тақозо кард, ки ба хотири ҳифзи созиши ҳастаии соли 2015, ки онро соли пеш ИМА тарк карда буд, аз “иқдоми мушаххас” кор бигиранд. Зариф ин ҳарфҳоро субҳи 17 май дар Пекин ироа кард. Ҷавод Зариф бо ҳадафи дидору гуфтугӯ бо Ван И, вазири хориҷаи Чин ба Пекин сафар кардааст. Чин яке аз кишварҳои имзокарда зери созиши ҳастаӣ бо Эрон мебошад, ки аз Теҳрон шадидан маҳдуд кардани фаъолиятҳои ҳастаӣ бар ивази озодӣ аз таҳримҳоро ваъда медиҳад. Вале баъди хориҷ шудани ИМА аз ин созиш дар моҳи маи соли 2018, Вашингтон ба таври якҷониба Эронро таҳрим кард.

Теҳрон ҳафтаи гузашта гуфт, ки ба хотири водор кардани имзогузорони дигари созиши ҳастаӣ барои ҳимоят аз Эрон (Бритониё, Фаронса, Олмон, Русия, Чин) аз таҳримҳо, маҷбур мешавад, ки ӯҳдадориҳои худро дар баробари созиши чор соли пеш кам кунад.
Зариф гуфт, то ҳозир ба ҷои ҳифзи ин созишнома ҷомеаи ҷаҳонӣ фақат бо додани изҳорот иктифо кардааст.
Ӯ гуфт, коре, ки бояд анҷом шавад “хеле рӯшан” аст: “муносибатҳои иқтисодӣ бо Эрон бояд маъмулӣ шавад. Ин ҳамон чизест, ки дар созишнома навишта шудааст”.

Пеш аз Чин, дипломати аршади эронӣ дар Ҷопону Ҳинд ҳам буд.

Дар оғози моҳи май маъмурияти ИМА манъи воридоти нафти Эронро ба кишварҳои Чин, Ҷопон, Ҳинд ва шаш давлати дигар бекор кард ва иҷоза дод, ки ин маҳсулотро бидуни таҳрим дастрас кунанд.

Рӯзҳои охир фишори Вашингтон болои Теҳрон афзоиш ёфта, низомиёни амрикоӣ дар Ховари Миёна ва Халиҷи Форс ҳузур пайдо кардаанд. Амрико мегӯяд, ки дар робита бо таҳдидҳои ногузири Эрон ба манфиатҳои Вашингтон ва муттафиқонаш дар минтақа ба чунин иқдом даст задааст.

Эрон ҳама гуна иттиҳомотро рад карда ИМА-ро дар тавсеаи “ғайри қобили қабули таниш” муттаҳам мекунад.
Зариф зимни боздидаш аз Ҷопон гуфт, ки “ҳеҷ имкони” музокира бо ИМА ба хотири коҳиши танишҳо вуҷуд надорад.

Президент Доналд Трамп замони тарки созиши ҳастаӣ кардани ИМА гуфт, ки шарту шурути ин санад барои пешгирӣ кардани Эрон аз истеҳсоли силоҳи ҳастаӣ “зиёд шадид нест” ва инчунин барномаи мушакӣ ва пуштибонии Эрон аз ҷангиён дар минтақаро дар назар намегирад. Эрон иттиҳоми пуштибонӣ карданаш аз фаъолияти шӯришиёнро рад карда гуфтааст, ки барномаи ҳастаиаш сирф ҳадафҳои мулкӣ дорад.

Овозхони маъруфи узбек Ортиқ Отаҷонов даргузашт

Дар Узбекистон дар синни 72-солагӣ овозхони маъруфи даврони шӯравӣ Ортиқ Отаҷонов даргузашт. Ба навиштаи матбуот, ҷанозаи ҳунарманди номӣ рӯзи 17 май дар оромгоҳи Саид Ваққосотаи маҳаллаи Уриқзори Тошканд ба хок супурда мешавад.

Ортиқ Отаҷонов, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводори зиёд дошт, зодаи вилояти Хоразм буда, замони шӯравӣ раҳбарии ансамбли маъруфи ҳунарии “Лазгӣ”-ро ба ӯҳда дошт. Ӯ унвони ҳунарпешаи мардумии Узбекистон, Туркманистон ва Қароқалпоқистонро дошт.

Отаҷонов дар як радда бо овозхонҳои дигари маъруфи узбек мисли Шералӣ Ҷӯраев, Муноҷот Йӯлчиева, Ғуломҷон Ёқубов борҳо бо консертҳои ҳунарӣ ба Тоҷикистон рафтааст.

Эътилофи муҳими аврупоии Украина дар парлумон пароканда шуд

Максим Бурбак

Дар паи тарки эътилофи калидии парлумони Украина кардани ҳизби Фронти халқӣ, ба гуфтаи раиси маҷлис Андрей Парубий, ин эътилоф пароканда шуд. Дар бораи тарки эътилофи муҳими парлумонӣ карданаш рӯзи 17 май раҳбари Фронти халқӣ Максим Бурбак изҳорот дод. Ин тасмим се рӯз пеш аз баргузории маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб Владимир Зеленский дар парлумони Украина гирифта шуд. Бар асоси конститутсия, парлумон ҳоло 30 рӯз фурсат дорад, ки эътилофи нави ҳукуматиро таъсис диҳад. Дар сурати таъхир дар таъсиси эътилофи нав, президент ҳақ дорад, ки парлумонро пароканда ва таърихи нави интихоботи парлумониро эълон кунад. Интихоботи парлумонии навбатии Украина ба рӯзи 27 октябр таъин шудааст. Эътилофи аврупоии Украина ноябри соли 2014 таъсис шуда буд.

Таҷлили 70-солагии Шӯрои Аврупо дар пасманзари танишҳо бо Русия

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи Шӯрои Аврупо ширкат мекунад

Шӯрои Аврупо, ки барои таҷлили 70-солагии таъсиси ин ниҳоди ҳомии ҳуқуқи башар дар Финляндия ташкили ҷаласа мекунад, равобит бо Русияро дар маркази таваҷҷӯҳи худ қарор додааст. Барои ширкат дар ҷаласаи дурӯза дар Ҳелсинки рӯзи 16 май беш аз 30 вазири хориҷаи қораи Аврупо ҷамъ шудаанд. Ҷаласа дар Кохи таърихиву рамзии «Финляндия» ташкил шудааст, ки соли 1975 дар пушти деворҳои он санади муҳим ба имзо расида буд. Ин замоне буд, ки Аврупо ва Ғарб талош доштанд танишҳои эҷодшуда дар паи Ҷанги Сардро фурӯ нишонанд. Русия аз соли 1996 узви ин ниҳод буд, вале баъди ишғол шудани нимҷазираи Қрим аз ҷониби Маскав дар соли 2014, Шӯрои Аврупо Русияро аз ҳуқуқи овоз додан маҳрум кард.

Дар посух Русия аз пардохти аъзоҳақӣ дар ҳаҷми 37 миллион доллар ба шӯро сарпечӣ кард. Пардохт нашудани аъзоҳақӣ метавонад узвияти Русияро дар ин ниҳод дар моҳи июни имсол мутаваққиф кунад. Вале дар рӯзҳои охир Маскав аломат медиҳад, ки хостори беҳтар шудани равобиташ бо ин ниҳод буда, нақшаҳои аз созмони ҳомии ҳуқуқи башар берун шуданро надорад. Дар як изҳороти вазорати хориҷаи Русия гуфта мешавад, ки “Русия манфиатдори ҳифз ва тақвияти Шӯрои Аврупо ба унвони як созмони байналмилалии бонуфуз ва боэътимод дар қораи Аврупо мебошад”.

Сергей Шойгу ба Тоҷикистон меояд

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия авохири моҳи равон бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтааст, ки интизор меравад оқои Шойгу бо Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дидору гуфтугӯ намояд.

Бархе расонаҳои русӣ қаблан навиштаанд, ки интизор меравад, ки Сергей Шойгу бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ дидору гуфтугӯ дошта бошад. Аммо ин хабар то ба ҳол ба таври расмӣ таъйид нашудааст.

Ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ, сафари вазири дифои Русия дар даҳаи савуми моҳи май сурат мегирад ва интизор меравад тайи ин дидору мулоқотҳо, масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои низомӣ ва фаннии ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор бигиранд.

Ба навиштаи манобеъ, Сергей Шойгу дар чаҳорчӯбаи ин сафар ҳамчунин аз пойгоҳи низомии 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон, боздид хоҳад кард. Хабаргузориҳои давлатии Тоҷикистон бо такя ба вазорати дифои кишвар хабари сафари Шойгу ба Душанберо таъйид карданд.

Душанбе ва Маскав шарикони стратегӣ ҳастанд ва Тоҷикистон мизбони пойгоҳи низомии 201-и Русия мебошад. Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон бузургтарин воҳиди хушкигарди низомии он кишвар дар хориҷ аз он мебошад, ки дар гузашта гуфта мешуд, ҳудуди 7 ҳазор низомӣ дар он хидмат мекунанд. Ин пойгоҳ то соли 2042 ҳақ дорад, ки дар Тоҷикистон бимонад.

Вазири умури хориҷии Чин аз Тоҷикистон дидан мекунад

24 маи соли 2016 конфронси вазирони узви СҲШ дар Тошканд баргузор шуда буд

Вазири хориҷаи Чин Ван И бо як сафари корӣ дар охири моҳи май аз Тоҷикистон дидан мекунад. Рӯзи 17 май дар як нишасти хабарии вазорати хориҷаи Чин намояндаи расмии ин ниҳод Лу Кан хабар дод, ки раҳбари сиёсати хориҷии кишвар қарор аст дар охири моҳи ҷорӣ аз чанд кишвар, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дидан кунад. Дар ин бора оҷонсии русии ТАСС хабар медиҳад. Лу Кан гуфт, ки сафари вазир Ван Ин дар таърихи 24 то 27 май «бо даъвати вазоратҳои хориҷии ин кишварҳо сурат мегирад». Дар ҷараёни боздидаш аз Қирғизистон дипломати чинӣ инчунин дар кори конфронси вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат хоҳад кард.

Чин яке аз шарикони муҳими сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад.


9 полиси афғон дар ҳамлаи иштибоҳии ҳавоӣ кушта шуданд

Дар паи як ҳамлаи ҳавоӣ дар ҷараёни задухӯрдҳои нирӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон дар Ҳилманд ба таври иштибоҳӣ 9 афсари полиси маҳаллӣ, аз ҷумла фармондеҳи онҳо кушта шуданд. Дар ин бора рӯзи 17 май мақомоти Афғонистон изҳорот доданд.

Онҳо гуфтанд, ки дар ҳамлаи ҳавоии ноҳияи Наҳри Сароқ рӯзи 16 май, ки дар беруни маркази вилоят шаҳри Лашкаргоҳ ҷойгир аст, инчунин 14 афсар маҷрӯҳ шуданд.

Раиси вилояти Ҳилманд Муҳаммад Ёсин гуфт, ки ин ҳодиса таҳқиқ мешавад. Сухангӯи ӯ Умар Звак гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ бахше аз амалиёти нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон буд.

Дар изҳороти гурӯҳи ҷангӣ иддао мешавад, ки ҳамларо нирӯҳои ИМА анҷом додаанд.

То ҳол дар ин замина на нирӯҳои НАТО ва на низомиёни амрикоӣ изҳори назар накардаанд. Бо вуҷуди барпо шудани чанд даври музокирот бо Толибон, ҳамлаҳои ин гурӯҳи шӯришӣ алайҳи нирӯҳои давлатӣ ва хориҷӣ кам намешавад.

Дар Тайван издивоҷҳои ҳамҷинсгароҳо иҷоза шуд

17 май. Як фаъоли ҳуқуқи ҳамҷинсгароҳо бо навиштае ба ҳимояи қабули қонун интизори натиҷаи овоздиҳӣ дар парлумон қарор дошт

Барои нахустин бор дар қораи Осиё қонунгузорони Тайван тарҳи қонунеро қабул карданд, ки издивоҷи ҳамҷинсгароҳоро иҷоза медиҳад. Субҳи 17 май дар пушти бинои парлумон ҳазорҳо ҳомиёни ҳуқуқи ҳамҷинсгароҳо ҷамъ омада интизори қабули қонуни нав буданд. Тсай Инвен, президенти Тайван дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт: «Имрӯз мо шонси тағйир додани таърихро дорем ва метавонем аз ин роҳ ба ҷаҳон намоиш бидиҳем, ки чӣ гуна дар ҷамъияти шарқи Осиё арзишҳои пешрафта реша медавонанд».

Қабули қонун баъди баррасиҳои бисёрсола имконпазир шуд.

Соли 2017 додгоҳи конститутсионии ҷазира эълон кард, ки намояндагони як ҷинс ҳақ доранд, ки расман ақди никоҳ бубанданд ва барои қабули қонун то 24 май мӯҳлат дод.

Чиншиноси маъруфи Қазоқистон бо гумони "хиёнат ба давлат" боздошт шуд

Константин Сироежкин, чиншиноси маъруфи Қазоқистонро боздошт ва дар хиёнат ба давлат айбдор карданд. Дар ин бора сомонаи "Интерфакс-Қазоқистон" бо такя ба мақомоти Қазоқистон иттилоъ дод.

"15 январи соли 2019 нисбати Константин Сироежкин бо моддаи "Хиёнат ба давлат" парванда боз шуд", - навишт сомона аз қавли Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон.

Чиншинос ва сиёсатшиноси 62-сола ҳанӯз 19 феврали соли ҷорӣ боздошт шудааст. Ҷузъиёти дигари боздошт ва парвандаи вай ошкор нест.

Сироежкин дар Қазоқистон яке аз мутахассисони ботаҷриба дар мавриди Чин аст. Вай бештар аз 1000 мақола бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ навиштааст. Сироежкин аз соли 2006 ба ин сӯ дар Институти таҳқиқотҳои стратегии Қазоқистон фаъолият мекард.

Пештар аз ин расонаҳо дар бораи эҳтимоли боздошт шудани вай хабар дода буданд. Аммо ҳамакнун мақомот расман боздошти ӯро таъйид карданд.

Қирғизистону Узбекистон масоили марзиро баррасӣ карданд

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистону Узбекистон дар масъалаи муайянсозӣ ва аломатгузории марз баргузор шуд. Дар ин бора аз девони вазирони Қирғизистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот муайянсозии қитъаҳои боқимондаи марз баррасӣ шудааст. "Дар доираи мулоқот гуруҳҳои корӣ ба созиш расиданд, ки дар қитъаҳои алоҳидаи марзӣ корҳои саҳроӣ анҷом диҳанд. Интизор меравад, ки мулоқоти навбатӣ дар ҳудуди Узбекистон сурат гирад",-омадааст дар хабар.

Узбекистону Қирғизистон 1 ҳазору 378 километр марзи муштарак доранд. Соли гузашта дар робита ба 1 ҳазору 170 километри он ба созиш расиданд. Қарор буд, 208 километри боқӣ то охири соли 2017 муайян карда шавад, вале то ҳол нашудааст.

Рӯзноманигори узбек: "Аз интернет огаҳ шудам, ки зиддам парванда боз кардаанд"

Вазорати умури дохилии Узбекистон хабар дод, ки зидди шоир ва рӯзноманигор Маҳмуд Раҷаб парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот оғоз шудааст. Ба огаҳии вазорат, ба боз шудани парвандаи мазкур 26 китоб ва навору видеоҳои телефони мобилие сабаб шуданд, ки 26-уми марти соли равон марзбонон дар фурудгоҳи Тошканд аз рӯзноманигор мусодира карданд.

Дар иттилоияи вазорат ҳамчунин бозҷӯии манзили зисти Маҳмуд Раҷаб низ шарҳ дода шудааст. "Ҳангоми бозҷӯӣ аз хонаи шаҳрванд Маҳмуд Раҷаб як телефони мобилӣ, ноутбук, чандин фита ва се китоб (аз ҷумла китоби "Таърихи паёмбарон"-и мухолифи узбек Муҳаммад Солеҳ) барои омӯзиш мусодира карда шуд",-омадааст дар иттилоия.

Худи Маҳмуд Раҷаб гуфт, дар Интернет хондааст, ки зиддаш парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. "То имрӯз касе маро аз эълон шудани айб расман огаҳ накардааст. Онҳо ҳатто ба дархости вакили дифоам дар ин бора посух надоданд. Бо сабабҳое хабари боз шудани парвандаро пинҳон медоранд. Имрӯз изҳороти онҳоро хондам, ки пур аз ҳарфҳои дурӯғ аст", - афзуд Маҳмуд Раҷаб.

Дар фурудгоҳи шаҳри Тошканди Узбекистон охирҳои моҳи март аз Маҳмуд Раҷаб телефони ҳамроҳ ва 26 китоб мусодира карда буданд.

Маҳмуд Раҷаб ҳангоми бозгашт аз шаҳри Тифлиси Гурҷистон дар Истамбул бо Муҳаммад Солеҳ мулоқот кард, ки дар Туркия паноҳ мебарад. "Бародар ва дигар ҳаводорони Муҳаммад Солеҳ аз ман хоста буданд, ки китобҳояшро биорам",-мегӯяд Маҳмуд Раҷаб.

Аммо дар гумруки фурудгоҳи Тошканд китобҳоро аз рӯзноманигор мусодира карданд. Кормандони интизомии Узбекистон 10-уми май манзили зисти рӯзноманигорро низ дар ноҳияи Гурлани вилояти Хоразм кофтукоб намуданд.

Аз Узбекистон хостанд, таъқиби ду ҳомии ҳуқуқро қатъ кунад

Шаш созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Узбекистон хостанд, ки таъқиб ва тарсдиҳии ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ Аъзам Тургунов ва Дилмурод Саидовро қатъ кунанд.

"Кормандони мақомоти махсус пайваста Аъзам Тургунов ва Дилмурод Саидовро назорат мекунанд ва ин ду ҳомии ҳуқуқ аз таъқибу тарсдиҳӣ ранҷ мекашанд. Онҳо ҳамчунин таҳдид мешаванд. Ба ҷуз ин, мақомот созмони ҷамъиятии Аъзам Тургуновро сабти ном накарданд", - омадааст дар изҳороти муштараки Amnesty International, Эътилофи "Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ" (AHRCA), Civil Rights Defenders (CRD), Ҳамкории байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ ва Бунёди лаҳистонӣ оид ба ҳуқуқи инсони Ҳелсинкӣ.

Ба иттилои созмонҳо, Аъзам Тургунов, Дилмурод Саидов ва Аъзам Фармонов ҳанӯз 28-уми феврали соли ҷорӣ барои сабти номи созмони ҷамъиятии "Барқарории адолат" ариза дода буданд. Аммо аризаи онҳо 29-уми март рад шуд. Моҳи март як корманди мақомоти қудратӣ Тургуновро таҳдид кардааст, ки "мумкин аст, зери чархи мошин монад". "Мо аз таъқибшавии ҳамкоронамон ҷиддан нигаронем", - омадааст дар изҳорот.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

XS
SM
MD
LG