Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Саудия Эронро дар талошҳои "ҷоҳталабона" гунаҳкор донист

Муовини вазири дифои Саудӣ Холид Бин Салмон

Арабистони Саудӣ Эронро дар он муттаҳам кард, ки ба ҳамлаҳои ахир болои муассисаҳои нафтии ин кишвар амр додааст, ки масъулияти анҷоми ин ҳамлаҳоро шӯришиёни шиамазҳаби ҳутӣ ба дӯш гирифтаанд.

Муовини вазири дифои Саудӣ Холид Бин Салмон дар изҳороти худ дар саҳифаи шабакаи Твиттер рӯзи 16 май гуфт, ки ҳамлаҳоро “режими Теҳрон амр додааст”, ки ҳутиҳоро ба унвони силоҳи татбиқи барномаҳои тавсеаёбиаш дар минтақа истифода мекунад.
Дар ҳамин ҳол Вазорати хориҷаи Арабистони Саудӣ Одил Ҷубайр дар твиттери худ гуфт, ки “шӯришиёни ҳутӣ хостҳои мардуми Яманро ба манфиати Эрон қурбон мекунанд”.
То ҳол Эрон ба ин иттиҳом посух надодааст. Дар гузашта Эрон пуштибониаш аз ҳутиҳоро рад кардааст.

Инчунин рӯзи 16 май эътилофи низомии ба раҳбарии Саудӣ тасдиқ кард, ки болои шаҳри Санъо, пойтахти Яман ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дода, ҳадафаш “безараркунии тавонмандиҳои ҷангиёни ҳутӣ дар анҷоми амалҳои таҷовузгарона” мебошад. Дар ин бора шабакаи Ал-Арабияи марбут ба Саудия хабар дод.

Гузоришҳо ҳокист, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ маконҳои низомиро дар дохил ва атрофи Санъо ҳадаф қарор дода гузоришҳое дар бораи кушта шудани инсонҳо ҳам ба даст меояд.

Эътилофи ба раҳбарии Саудия моҳи марти соли 2015 ба Яман ворид шуд ва гуфт, ки ҳадаф ба қафо задани ҳутиҳо ва барқарор кардани ҳукумати аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофшудаи президент Абдуррабу Мансур Ҳодӣ аст. Низоъҳое, ки то ҳол боиси марги даҳҳо ҳазор сокини маҳаллӣ шудааст, ба унвони ҷанге ёд мешавад, ки бо дастони дигарҳо, яъне Саудӣ ва рақиби минтақавиаш Эрон пеш бурда мешавад.

Шӯришиён гуфтанд, ки ҳамлаҳои дрони рӯзи 14 май партобшуда, ки дар натиҷаи он лӯлаи нафти Саудӣ хароб шуд, посух ба “ҷиноятҳои” Риёз дар Яман мебошад. Хушунатҳои ахир дар ҳолест, ки таниши миёни Эрон ва ИМА дар ҳоли тавсеаёбӣ аст.

Вашингтон рӯзҳои ахир фишорро болои Теҳрон афзоиш дода ҳузури низомии худро дар минтақа ба хотири, ба гуфтаи Вашингтон, “муқобила бо таҳдидҳои ногузири” Эрон алайҳи манфиатҳои ИМА ва муттафиқонаш бештар кардааст. Эрон ин иттиҳомотро рад карда ИМА-ро дар тавсеаи ғайри қобили қабули танишҳо гунаҳгор кардааст.

Эътирози занон дар пушти дарҳои Форуми иқтисодии Нурсултон. ВИДЕО

Даҳҳо зан дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон бо талаби боло бурдани имтиёзҳои иҷтимоӣ раҳпаймоӣ карданд. Эътирози занҳо рӯзи 16 май дар пушти маҷлисгоҳи Форуми байналмилалии иқтисодӣ баргузор шуд. Онҳо аз ҳукумат талаб карданд, ки ба ваъдаҳояш дар амри кӯмак ба оилаҳои серфарзанд ва даромадашон кам вафо карда, барояшон хонаҳои муносиб ҷудо кунанд.

Вазири кор ва ҳифзи иҷтимоӣ Бердибек Сафарбеков ва шаҳрдори Нурсултон Бахит Султонов бо эътирозгарон мулоқот карда ваъда доданд, ки талабҳои онҳоро иҷро мекунанд.

Эътирозҳо аз нокифоя будани шароити зист дар Қазоқистон чанд моҳ баъди он барпо мешавад, ки дар як ҳодисаи моҳи феврали имсол панҷ тифли як хонавода шабонгоҳ дар хонаи зисти худ ба коми оташ рафтанд. Фоҷеа замоне рух дод, ки падару модари ин кӯдакон барои таъмини зиндагӣ дар навбати шабонаи кор буданд. Ин ҳодиса боиси эътирозҳои зиёд дар саросари кишвар шуд.

Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки Қазоқистон ба интихоботи зудраси президентии 9 июн омода мешавад. Интихобот баъди он даъват шуд, ки президенти 78-сола Нурсултон Назарбоев моҳи март хабар дод, ки баъди раҳбарии тахминан 30-сола дар Қазоқистон аз мақомаш канор меравад.

Худи Назарбоев ва президенти муваққатӣ Қосимҷомарт Тоқаев, ки бовар меравад дар интихобот пирӯз мешавад, рӯзи панҷшанбе дар “Форуми иқтисодии Остона” суханронӣ мекунанд.
Дар ин ҳамоиши иқтисодӣ, ки аз соли 2008 ба ин сӯ ҳар сол баргузор мешавад, беш аз 5 ҳазор нафар аз 100 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.
Мухолифон, мунаққидон ва фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ки Назарбоев нисбати дигарандешон таҳаммулпазир набуд ва бисёр шаҳрвандонро аз ҳуқуқи бунёдиашон маҳрум карда, дар давоми се даҳсола бо роҳҳои сохтакорӣ талош кард мӯҳлати раҳбариаш дар кишвари иборат аз 18,7 миллион ҷамъиятро тамдид кунад.

Ҳеҷ як овоздиҳӣ дар Қазоқистон аз соли 1991 озоду демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ баргузор нашудааст.

Истеъфои ногаҳонии Назарбоев таваҷҷӯҳи бисёриҳоро ба худ ҷалб кард. Вале воқеияти ин ки ӯ раҳбарии ҳизби ҳокимро ҳифз карда дар мақоми Пешвои миллат ва раҳбарии Шӯрои амният тамоми умр ҳақ дорад бимонад, бисёр таҳлилгаронро ба ин андеша овардааст, ки истеъфои ӯ аз мақом ба маънои тарки воқеии қудрат нест.

Ҷаласаи гурӯҳи кории С5+1 дар Душанбе

Акс аз сомонаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон

Рӯзи 16-уми май дар Душанбе ҷаласаи Гуруҳи корӣ оид ба масъалаҳои амният дар формати С5+1 баргузор шуд, ки дар он намояндагони Тоҷикистону Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Амрико иштирок карданд.

Дар хабари сафорати Амрико дар Душанбе гуфта мешавад, аз ҷониби ИМА дар нишаст иҷрокунандаи вазифаи муовини ёвари Котиби давлатӣ оид ба Осиёи Марказӣ Марк Муди ва сафир Марк Ҷон Поммершайм ширкат доштанд.

Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода намояндагӣ кард. Дар нишаст масоили ҳамкориҳои минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва таҳдидҳои бозгашти ҷангҷӯён баррасӣ шуд.

C5+1 як ҳамоиши иборат аз мақомоти умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки аз соли 2015 ба ин сӯ ба хотири баррасии масоили мавриди нигаронии ин кишварҳо ташкил мешавад.

Пас аз эътирози Шаҳритус? Барканории сардори раёсати андоз. ВИДЕО

Ҷумъахон Нурзода, сардори раёсати андози вилояти Хатлон, аз мақоми худ барканор ва ба ҷойи ӯ Соҳиб Раҷабов таъйин шудааст. Раҷабов то ин дам ба ҳайси сардори идораи андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор мекард. Мақомот сабаби барканории Ҷумъахон Нурзодаро расман шарҳ надодаанд.

Тағйироти кадрӣ дар раёсати андози вилояти Хатлон дар ҳолест, ки қаблан президенти Тоҷикистон чанд мақомдори Кумитаи гумрук ва андозро аз мақомҳояшон барканор кард ва ба афроди баландпояи ин ду ниҳод ва инчунин Бонки Миллӣ ҳушдор дод.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи “СССР” навиштааст, ки Ҷумъахон Нурзодаро барои эътирози гурӯҳи тоҷирон дар Шаҳритус аз мақом гирифтаанд.

Рӯзи 7-уми май навори эътирози гурӯҳи тоҷирони Шаҳритус дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки аз боло бурдани андоз шикоят мекарданд. Мақомоти ноҳияи Шаҳритус гуфта буданд, ки занҳо ба тафтиши кормандони андоз, ки аз Идораи андози вилоят омада буданд, эътироз карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 10-уми май аз ин эътироз ёд овард ва хитоб ба кормандони андоз гуфт, ки "мардумро ба ҷон расонидед".

Ҳабси беш аз 20 норозии сохтмони калисо дар Екатеринбург

Пулиси шаҳри Екатеринбурги Русия барои намоиши эътирозии бидуни иҷоза беш аз 20 зану мардро дастгир ва ба ҳабс маҳкум кард.

Ҳукми додгоҳ баъди се рӯзи эътирозҳо аз тасмими сохтмони калисои нави провославӣ дар ҷойи боғи ҷамъиятии бисёр маъруф содир шуд.

Дар ҳукми додгоҳ рӯзи 16-уми май гуфта шуд, 21 нафар ба мӯҳлати аз ду то даҳ рӯзи ҳабс маҳкум мешаванд ва гуноҳи онҳо ин аст, ки қонуни таҷаммӯъҳои ҷамъиятиро вайрон кардаанд.

Додгоҳ инчунин гуфт, рӯзи 15-уми май 33 эътирозгари дигар ҳам боздошт шудааст. Вале як гурӯҳи мустақили ҷамъиятӣ бо номи ОВД-инфо, ки назорат аз қонуншиканиҳои полисро ҳадаф қарор додааст, гузориш дод, ки дар саркӯбҳои эътирозгарон на кам аз 70 нафар дастгир шудаанд.

Баробар бо эътироз, ҳудудан 74 ҳазор сокини маҳаллӣ ба вебсайти интернетии Change.org ариза навишта, зидди дар боғи сабзу зебои шаҳр сохта шудани калисо имзо гузоштанд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, боғ ягона нуқтаи сабзу барҳавои шаҳр аст, ки барои гаштугузори сокинон пешбинӣ шудааст.

Тоҷикистон барои 5500-солагии Саразм беш аз $6 млн ҷудо кард

Дар Тоҷикистон 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм таҷлил карда мешавад. Дар ин бора рӯзи 2-юми майи имсол қарор ҳукумати Тоҷикистон қабул шудааст.

Дар ин қарор гуфта мешавад, 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм "чун маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон 12-уми сентябри соли 2020 дар Панҷакент ҷашн гирифта шавад".

Ҳукумати Тоҷикистон барои таҷлили ин ҷашн аз ҳисоби будҷаи кишвар ва вилояти Суғд дар маҷмӯъ беш аз 66 миллион сомонӣ пул ҷудо кардааст. Аз ҳисоби маблағҳо гунбази мақбараи Абдуабдуллоҳ Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик таъмир шуда, ҳамчунон дар Панҷакент як китобхона ва беморхона бо ғунҷоиши 720 ҷой, сохта мешавад.

Ҳамчунон дар доираи ин ҷашн таҳия ва нашри китоби суратҳо дар назар аст. Тибқи нақша, идораи "Тоҷикфилм" дар бораи шаҳри қадимаи Саразм таърих ва фарҳанги он филми мустанад бояд ба навор бигиранд.

Дар Тоҷикистон то ба ҳол 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва 3000-солагии шаҳри Ҳисорро ҷашн гирифтаанд.

Таърихдонҳо пайдоиши шаҳри бостонии Саразмро, ки харобаҳои он дар 15-километрии шаҳри кунунии Панҷакент қарор дорад, ба асрҳои IV-II-и то милод мансуб медонанд. Тоҷикистон соли 2008 барои ба руйхати мероси тамаддуни башарӣ воридкардани Саразм дархост дод ва соли 2010 ЮНЕСКО онро эътироф кард.

Зеленский ба ҳайси президенти Украина савганд ёд мекунад

Порлумони Украина рӯзи маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби ин кишвар Владимир Зеленскийро ба 20-уми май таъин кард.

Андрей Порубий, раиси порлумони Украина гуфт:

"Мо қарор кардем, ки маросими бахшида ба савгандёдкунии президенти интихобшуда Зеленский соати 10-и субҳи 20-уми май дар Верховная Рада баргузор шавад."

Дар пайи таъхир дар тасмимгирии порлумони Украина, Зеленский аъзои маҷлисро дар он муттаҳам кард, ки махсус дар ин масъала истиҳола мекунанд, чунки ҳарос доранд, ӯ ҳайати кунунии Радаро пароканда хоҳад кард.

Владимир Зеленский, як ҳаҷвнигори маъруф, тавонист дар ду даври интихобот бо дарсади хеле баланд аз президенти амалкунанда Петро Порошенко пеш гузарад. Ба тарафдории Зеленский дар овоздиҳии ниҳоии рӯзи 21-уми апрел беш аз 73 дар сади мардум раъй доданд, дар ҳоле ки шумори тарафдорони Порошенко наздики 24 дарсад будааст.

Аз санаи савгандёдкунии президент замони раҳбарии расмии ӯ дар кишвар оғоз мешавад.

Владимир Зеленский 41 сол дорад. Вай ҳунарпеша, шоумен ва продюсер ва раиси студияи "Квартал-95" буда, то ширкат дар интихоботи президентӣ ба сиёсат машғул набуд ва ҳеҷ гоҳ мансаби давлатӣ низ надошт.

Мулоқоти президент ва мақоми СММ дар остонаи конфронси зидди терроризм

акс аз вебсайти president.tj

Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков дар Душанбе масоили амниятӣ, муқобила бо терроризму маблағгузории он, ҷинояткории муташаккил ва шаклҳои нави фаъолияти гуруҳҳои террористӣ баррасӣ шуд. Ин мулоқот дар остонаи конфронси сатҳи байналмилалие доир шуд, ки ба мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” ихтисос ёфтааст.

Ин нишаст рӯзи 17 май дар Кохи Сомон – маҷлисгоҳи калони ҳукуматӣ баргузор мешавад ва қарор аст дар кори он президент Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кунад. Дар барномаи конфронс гуфта шудааст, ки дар ин нишаст инчунин Владимир Воронков ҳам суханронӣ мекунад, ки раҳбарии дафтари СММ дар умури мубориза бо терроризмро ба ӯҳда дорад. Дар миёни ширкатдорони дигари конфронс вазири хориҷаи Узбекистон Абдулазиз Комилов, Афғонистон – Салоҳуддин Раббонӣ, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Владимир Норов, муовини вазири хориҷии Эрон Ғуломҳусейн Деҳқонӣ ва дигар мақомоти баландпоя хориҷӣ суханронӣ хоҳанд кард. Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси СММ баргузор мешавад.

Трамп мутмаин аст, ки Эрон “базудӣ” хостори музокира хоҳад шуд

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки бовар дорад базудӣ Теҳрон дар ҷустуҷӯи роҳи барпо кардани музокира бо Вашингтон мешавад. Трамп инчунин тахминзаниҳои матбуотро рад кард, ки гуфтааст, миёни президент ва маъмурияташ дар мавзӯи Эрон ихтилофи назар вуҷуд дорад. Трамп дар саҳифаи худ дар Твиттер рӯзи 15 май навишт, “мутмаин ҳастам, ки Эрон базудӣ хостори барпо кардани музокира мешавад”. Ӯ аз ин беш чизе нагуфт.

Ин изҳороти ӯ дар паи он нашр шуд, ки рӯзи 9 май Трамп эҳтимоли сар задани ихтилофҳои низомӣ бо Эронро сарфи назар накард. Вале ӯ гуфт: “Ман мехоҳам бубинам, ки онҳо ба ман занг мезананд”.

Мақомоти эронӣ ҳамон замон вокуниш карда, ҳама гуна музокира бо Вашингтонро рад карданд.

Таниш дар равобити ИМА ва Эрон баъди моҳи маи соли 2018 аз созиши ҳастаӣ бо Эрон берун шудани Вашингтон афзоиш ёфт. Аз тирамоҳи соли гузашта таҳримҳои иқтисодӣ болои Эрон, ки аз соли 2015 бекор шуда буд, дубора ҷорӣ шуд. ИМА Эронро дар фаъолиятҳои харобкорона дар Ховари Миёна айбдор мекунад, вале Эрон ин иттиҳомотро рад карда мегӯяд, ки фаъолияти барномаи ҳастаиаш ҳадафҳои сулҳомез дорад.

Ҳунарманд Меляев барои мондани риш аз "Туркманфилм" иҷозатнома гирифт

Акс аз бойгонӣ.

Дар шабакаҳои иҷтимоии Туркманистон санаде бо имзои раҳбари иттиҳодияи "Туркманфилм" чарх мезанад, ки ба ҳунарманд Анна Меляев иҷозат медиҳад, барои нақшаш дар як филм мӯйлаб ва риш бимонад.

Раҳбари иттиҳодия гуфтааст, онҳо дар асоси китоби президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов "Туркманистон - қалби Роҳи абрешими бузург" филми таърихиеро ба навор мегиранд.

"Филм дорои саҳнаҳои таърихӣ хоҳад буд. Бинобар ин, иттиҳодия ба қаҳрамони асосӣ Анна Меляев иҷозат медиҳад, ки дар давраи наворгирӣ риш ва мӯйлаб дошта бошад", - омадааст дар санад.

Мақомоти Туркманистон ба мардон иҷозат намедиҳанд, ки риш монанд ва онҳоро таҳдид мекунанд, ки дар сурати мондани риш ба тундгароӣ айбдор хоҳанд шуд. Ин маҳдудият ба калонсолоне, ки дар чорабиниҳои гуногуни давлатӣ иштирок мекунанд, дахл надорад.​

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷии Афғонистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми май дар ҳошияи Конфронси "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил", бо Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон мулоқот кардааст. Ин нишаст бо ибтикори Иттиҳодияи Аврупо, САҲА ва ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои 16-17-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Салоҳиддин Раббонӣ роҷеъ ба масоили муносибатҳо ва ҳамкориҳои ин ду кишвари ҳамсоя, гуфтугӯ карданд.

Манбаъ мегӯяд, ки масоили амниятӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир, аз мавзӯъҳои меҳварии гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Салоҳиддин Раббонӣ будааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот ба аҳамияти ҳамкории васеъ ва якҷояи кишварҳо дар мубориза ба гурӯҳҳои террористӣ таъкид кардааст.

Ҳамчунон, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ин мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энержӣ, маориф, фарҳанг, ҳунар, тандурустӣ ва иттилоот, низ гуфтугӯ намуданд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки кишвараш имкон дорад ба таври имтиёзӣ барои Афғонистон ҳазорон мутахассиси арсаи барқ, беҳдошт, обёрӣ, кишоварзӣ, роҳсозӣ, роҳи оҳан, сохтмон, меъморӣ ва кадрҳои илмиро тарбия намояд.

Тоҷикистон бо Афғонистон марзи 1400-километрӣ дорад. Мақомоти тоҷик борҳо аз таҳдиди гурӯҳҳои ифротгаро, қочоқи маводи мухаддир ва таҷаммӯи афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар марзҳои худ бо Афғонистон, ибрози нигаронӣ кардаанд.

Нишасти Ситоди нерӯгоҳи "Роғун" бо ширкати Қоҳир Расулзода

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон субҳи 16-уми май барои баргузор намудани нишасти Ситоди неругоҳи обию барқии Роғун, ба маҳалли нерӯгоҳ рафтааст.

Мақомот мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир сатҳи оби обанбор ба дараҷаи даркорӣ расидааст ва чархае, ки гуфта мешуд, "ба хотири таъмир ва санҷиш" ва ҳам таҳқиқи "обгузарондӣ"-и сарбанд бозистода буд, ба ҳаракати озмоишӣ дароварда шуд. Тибқи барнома, ин амалиёт мебоист то 31-уми март ҷараён мегирифт, аммо гуфта шуд, тармим тӯл кашидааст. Ин ҳолат сабаби қатъи барқ дар чандин минтақаи кишвар гардида буд.

Намояндаи матбуотии неругоҳи Роғун рӯзи панҷшанбеи 16-уми май бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷаласаи ситод таҳти раёсати Қоҳир Расулзода дар нимаи аввали ҳамин рӯз баргузор гашт. "То шурӯи нишасти ситод, нахуствазир Расулзода бо вазъи обанбор ва агрегатҳо ошно шуда, бо масъулони бахшҳои он суҳбат кард",-афзуд манбаъ.

Дафтари матбуоти нерӯгоҳи Роғун мегӯяд, бо шурӯи обгирӣ сатҳи оби обанбор ба нишонаи зарурӣ баробар шудааст ва ҳеҷ мушкиле ҳам дар сарбанд вуҷуд надорад.

Намояндагони ширкати итолиёвии "Имперҷилио Салинӣ" гуфтанд, ки мизони оби обанбор аз сатҳи баҳр ба 1 ҳазору 20 метр ва сатҳи оби обанбор то ба 60 метр расида, чарха ба ҳаркати озмоишӣ дароварда шудааст. Намояндаи ин ширкати итолиёвӣ гуфт, тайи як ҳафтае, ки чарха ба ҳолати озмоишӣ дароварда шуд, ҳеҷ мушкиле пеш наёмадааст.

Мақомоти нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар миёнаҳои моҳи апрели соли равон хабари оғози дубораи обгирии анборро тасдиқ карда ва гуфта буданд, ки баъди анҷоми пурраи таъмир ва санҷиши комили чархаи аввали нерӯгоҳ, баландии об то ба 60 метр бардошта шуда, чархаи аввал дубора ба кор андохта хоҳад шуд.

Ду чархаи нахустини Роғун ба таври муваққат насб шудаанд ва мувофиқи нақша қарор аст то соли 2021 барқ истеҳсол кунанд ва баъдан иваз карда шаванд. Чархаи якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун рӯзи 16-уми ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд.

Нерӯгоҳи Роғун 6 чарха хоҳад дошт ва дар сурати пурра ба кор даромаданаш, солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои содир кардан ба Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд.

Эътирозҳо дар марзи Ғаза бо Исроил: 50 фаластинӣ захмӣ шуданд

Дар натиҷаи эътирозҳои бахшида ба 71-умин солгарди "Накба" (Рӯзи бадбахтӣ) дар марзи Исроил ва навори Ғаза ҳудуди 50 фаластинӣ захмӣ шуданд. Дар ин бора хабаргузории "Reuters" иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои артиши Исроил, дар эътирозҳо ҳудуди 10 ҳазор одам иштирок доранд. Рӯзи 15-уми май эътирозгарон ба ҷониби сарбозони Исроил санг ҳаво доданд ва ба гуфтаи шоҳидон, низомиён дар посух аз тирҳои воқеиву резинӣ ва гази ашковар истифода карданд.

Вазорати тандурустии Фаластин ҷароҳат бардоштани сокинони худро шарҳ намедиҳад.

Фаластиниҳо дар Соҳили ғарбӣ низ тазоҳурот баргузор карданд, вале дар бораи задухурди ҷиддии эътирозгарон бо низомиёни Исроил дар он минтақа хабар дода намешавад.

Соли равон пеш аз рӯзи "Накба" низои дигаре миёни Фаластину Исроил сар зад. Як нишонзани фаластинӣ ду сарбози исроилиро захмӣ кард ва нирӯҳои ҳавоии Исроил дар посух мавзеъҳои гуруҳи "Ҳамос"-ро ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷа ду фаластинӣ ҷон доданд. Сипас аз ҷониби Ғаза ба Исроил садҳо мушак партоб шуд, ки чаҳор сокини Исроилро кушта, даҳҳо тани дигарро захмӣ карданд. Дар натиҷаи зарбаҳои артиши Исроил 20 сокини Фаластин кушта шуданд.

Баъзе аз кишварҳои арабӣ моҳи майи соли 1948 ба қарори СММ дар бораи таъсиси давлате бо номи Исроил норозигӣ баён карда, зидди нирӯҳои мусаллаҳи он амалиёти низомиеро ба роҳ монданд. Исроил ба ҳамлаҳо посух гуфта, як қисми замини кишварҳои арабиро ишғол кард. Дар ҷаҳони араб ин ҳодиса бо номи "Накба" маъруф аст.

Намояндаи САҲА бо номзадҳои интихоботи Қазоқистон мулоқот мекунад

Роҳбари намояндагии Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА дар умури назорати интихоботҳо дар Қазоқистон тасмим дорад, бо ҳамаи номзадҳои ба мақоми президентӣ ва роҳбарони ситоди онҳо мулоқот кунад.

Уршула Гасек, роҳбари намояндагӣ дар ин бора 15-уми май дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Бейбут Атамқулов хабар дод. Уршула Гатсек изҳори умедворӣ кардааст, ки нозирони САҲА имкони назорати раванди интихоботро пайдо хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон бо созмонҳои байналхалқӣ ва комисияҳои интихоботии кишварҳои хориҷӣ дар масъалаи фиристодани нозирон ба интихоботи 9-уми июни Қазоқистон ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. "Ба ҷуз аз САҲА, нозирон аз созмонҳои дигар низ ширкат хоҳанд кард",-хабар медиҳад вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Нозирони САҲА то охири маъракаи интихоботӣ дар Қазоқистон боқӣ мемонанд ва қонуншиканиҳои эҳтимолиро қайд мекунанду барои бартараф кардани онҳо тавсия медиҳанд.

Интихоботи 9-уми июни Қазоқистон шашумин интихоботи президентии ин кишвар аз замони касби истиқлолаш аст. Бори чаҳорум аст, ки интихоботҳои Қазоқистон қабл аз муҳлат анҷом мешаванд

СММ хостори қатъи робитаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо артиши Мянмар шуд

Ҳайати ҳақиқатёби Созмони Милали Муттаҳид бо нашри як гузориш аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то ҳар гуна ҳимоят ва ҳамкорӣ бо артиши Мянмарро қатъ кунад.

Ин гузориш бо ишора ба "наслкушӣ" ва "иртикоби ҷиноят алайҳи башарият" аз сӯи фармондеҳони артиш алайҳи ақалияти Роҳинҷа, ки асосан мусалмонҳо ҳастанд, хостори муҳокимаи фармондеҳони низомӣ шуд.

Ин гузориш, ки рӯзи чоршанбеи 15-уми май мунташир шуд, меафзояд, беш аз як миллион намояндагони ақалияти Роҳинҷа таҳти таъсири сиёсати "поксозии қавмӣ", маҷбур ба фирор ва тарки ҷои зиндагии худ шудаанд.

Ин гузориши Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, аз соли 2017, ки амалиёти артиш алайҳи ақалияти Роҳинҷа оғоз шуд, то ба ҳол дар вазъияти ин ақалият беҳбудие дида намешавад.

Мянмар як кишваре аст, ки аксарияти аҳолии он буддоӣ ҳастанд. Мақомоти низомӣ ва сиёсии он кишвар ҳар гуна иртикоби ҷиноят алайҳи башарият дар робита ба аҳолии қавми Роҳинҷаро радд карда ва мегӯянд, ки алайҳи мардуми оддӣ "ҳаргиз" иқдоме накардаанд.

Дар гузоришҳои қаблии Созмони Милали Муттаҳид низ гуфта шуда буд, ки артиши Мянмар дар амалиётҳои низомии худ ба куштор, таҷовузҳои гурӯҳӣ ва дигар ҷиноят алайҳи башарият даст задааст ва раҳбарони артиш бояд муҳокима шаванд.

Расонаҳо: ба Ирина Хакамада иҷозат надоданд, дар Тошканд суханронӣ кунад

Хабаргузории "Регнум" менависад, ки ба фаъоли ҷамъиятии Русия Ирина Хакамада иҷозат надоданд, дар шаҳри Тошканди Узбекистон дар мазҳари ом суханронӣ кунад. Қарор буд, суханрониҳои Хакамада 11-уми май шуруъ шавад. Дар кӯчаҳои Тошканд дар бораи суханрониҳои Хакамада таблиғоти густардае роҳандозӣ ва билетҳо низ фурӯхта шуда буданд, аммо дар охирин лаҳзаҳо мақомот иҷозат надоданд, ки чорабинӣ доир гардад.

Хабаргузории "Регнум" аз қавли ҳамсуҳбатонаш менависад, ки мақомоти Узбекистон ҳамеша матни суханронии маърӯзакунандагони хориҷиро аз қабл талаб мекунанд. "Аммо Хакамада чунин матне таҳия накарда буд, вай озодона, бидуни матн суҳбат мекунад, танҳо мавзуъ дораду тамом, вале мақомот матни комили суханронии ӯро талаб карданд",-гуфт ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Ирина Хакамада аз соли 1999 то 2004 вакили порлумони Русия ва ҳамраиси ҳизби сиёсии Иттиҳоди неруҳои ростгаро буд. Соли 2004 вай номзадиашро ба мақоми президентии Русия пешбарӣ кард. Аз соли 2012 то 2018 Ирина Хакамада узви Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсони назди президенти Русия буд.

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Афғонистонро эълон карданд

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Афғонистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порлумонии ҳафт моҳи пеш дар кишварро эълон карданд. Кумиссиёни мустақили интихобот рӯзи 14-уми май гуфт, дар шаҳри Кобул 24 мард ва 9 зан вакили Вулуси Ҷирга палатаи поёнии порлумон интихоб шудаанд.

Аҷмал Раҳмонӣ, соҳибкори афғон аз ҳама бештар ва 11 ҳазор раъй ба даст овардааст. Афғонистон рӯзи 20-уми октябри соли гузашта интихоботи порлумонӣ дошт, ки он баъд аз чанд моҳи таъхир сурат гирифт.

Натиҷаҳои пешакии интихоботро моҳи январ эълон карданд, вале баъдан чанде аз аъзои коммиссияро барои сӯистифода аз мақом, аз вазифаҳояшон барканор карданд. Мақомоти интихоботии Афғонистонро барои таъхир дар интихобот ва мушкилоти зиёд, ба мисли набуди кормандонаш дар ҷараёни раъйдиҳӣ танқид кардаанд.

Яке аз мудирони "Роскосмос" ба хориҷа гурехтааст

Акс аз бойгонӣ

Бо идомаи тафтиш ва аудити як идораи моҳвора ва мушаксозии Русия яке аз раҳбарони баландпояи он Юрий Яскин аз ин кишвар фирор кардааст. Бино ба гузоришҳо, Юрий Яскин, намояндаи “Роскосмос”- ро моҳи апрел бо сафари корӣ ба хориҷ фиристодаанд, вале ӯ то кунун ба кишвар барнагаштааст.

Мақомоти Пажуҳишгоҳи Технологияҳои Кайҳоннавардӣ дар ширкати “Роскосмос” гуфтаанд, мудири кулли ин марказ баъди рафтан ба хориҷ аризаи истеъфояшро пешниҳод кардааст. Юрий Яскин аз соли 1993 дар “Роскосмос” кор карда ва соли 2012 мудири пажуҳишгоҳ таъйин шудааст.

Мақомоти Русия аз соли 2019 14 тафтиш ва аудити алоҳидаи идораи зери дасти ӯро оғоз карданд. Ҳоло маълум нест, ки Юрий Яскин дар куҷост, вале нашрияи “Коммерсант” навиштааст, ки ӯро чанде пеш дар Юнон дидаанд.

"Коммерсант": "Суперҷет" бо айби халабонҳо оташ гирифтааст

Коршиносон мегӯянд, ҳавопаймои "Сухой Суперҷет" (SSJ-100), ки рӯзи 5 май дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Маскав ба садама дучор шуд, бо иштибоҳи халабонҳо оташ гирифтааст.

Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" бо такя ба як манбаи огоҳ аз рафти тафтишоти садама хабар додааст.

Ҳамсуҳбатони нашрия гуфтаанд, халабонҳо ҳангоми фурудоӣ ҳаракати муҳаррикро дучанд карда, сари ҳавопайморо якбора поин намуданд. Тасмими идома додани фурудоӣ бо вуҷуди оғози лағжиш аз хати парвоз яке аз хатоҳои дигари халабонҳо гуфта шудааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони нашрия, тафтишот бояд муайян кунад, ки аз ду халабон кадомашон иштибоҳ кардаанд.

Ҳамчунин тавре аз гуфтугӯи халабонҳо бо кормандони фурудгоҳ бармеояд, халабонҳо бонги ҳолати садамавӣ бидуни хатар ба ҷону саломатии мусофиронро задаанд ва бинобар ин, ҳавопайморо дар замин оташнишонҳо пешвоз нагирифтаанд.

Ҳавопаймои ширкати "Аэрофлот" шаби 5 май ҳангоми нишасти изтирорӣ дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Маскав оташ гирифт.

Ҳавопаймои "Суперҷет"-и истеҳсоли Русия дар хатсайри Маскав - Мурманск парвоз дошт. Баъди чанд дақиқаи парвоз сарнишинон нишасти изтирорӣ талаб кардаанд. Хадамоти “FlightRadar” гузориш дод, ки ҳавопаймо 45 дақиқа дар ҳаво буда, пеш аз нишасти изтирорӣ ду дафъа дар атрофи Маскав чарх задааст.

Вазири пешини тандурустии Қирғизистон боздошт шуд

Динора Сангинбоева

Дар доираи парвандаи озодсозии ғайриқонунии "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев, вазири пешини тандурустии Қирғизистон Динора Сагинбоева ва мушовири пешини раиси хадамоти давлатии иҷрои ҷазои он кишвар К.К. боздошт шуданд.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар медиҳад, ки мақомдорони вазорати тандурустӣ барқасдона ба Азиз Батукаев ташхиси бемории вазнин гузоштаанд, то ин ки вай аз ҳабс раҳо шавад. 23 апрели соли 2013 гуруҳи табибон, ки бо қарори порлумон ташкил шуда буд, ташхиси Азиз Батукаевро рад кард. Комисия гуфта буд, ҳангоми ташхиси нахустин ҳуҷҷатҳо сохтакорӣ шудаанд.

Дар доираи ин парванда пештар низ чанд мансабдори дигари Қирғизистон боздошт шуд.

Парвандаи ҷиноии озодсозии ғайриқонунии Азиз Батукаев моҳи январи соли 2019 кушода шуд. Дар доираи парванда табибоне, ки ӯро ташхис ва бемории саратон эълом карданд, ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд. Ба ҷуз табибон, мансабдорон ва вакилони пешин ҳам дар парванда шомил ҳастанд.

Динора Сагинбоева солҳои 2011-2014 вазири тандурустии Қирғизистон буд.

Додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар соли 2013 дар асоси ташхиси табибон, қарори пеш аз муҳлат озод шудани Азиз Батукаевро содир кард. Батукаев ҳамон рӯз аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин рӯйдод дар Қирғизистон вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.

Амрико аз дипломатҳояш хост, Ироқро тарк кунанд

Посбоне дар як маркази тиҷоратӣ дар Карбалои Ироқ

Бо шиддат гирифтани таниш байни Амрикову Эрон, сафорати Амрико дар Бағдод гуфт, дастур гирифтааст, ки тамоми кормандонеро, ҳузурашон дар сафорат ҳатмӣ нест, аз Ироқ хориҷ кунанд.

Сафорат рӯзи 15-уми май бо нашри як баёния гуфт, ки дастурро аз вазорати умури хориҷии Амрико гирифтааст. Ба гуфтаи вазорат, амри тарки Ироқ ҳам ба кормандони сафорат ва ҳам ба дипломатҳо дар консулгарии Амрико дар Ирбил маркази Курдистони Ироқ дахл дорад.

Дар баёния омадааст: “Додани раводид дар ҳарду намояндагӣ муваққатан қатъ мешавад. Ҳукумати Амрико имконот барои расонидани хадамоти фаврӣ ба шаҳрвандони Амрико дар Ироқро маҳдуд кард. Ба гуфтаи сафорат, онҳое, ки дастур гирифтаанд, бояд ҳарчӣ зудтар Ироқро тарк кунанд.

Сафорати Амрико рӯзи 12-уми май ба шаҳрвандони Амрико тавсия дод, ки бо назардошти мавҷудияти хатар ба Ироқ сафар накунанд, вале нагуфт, ки чӣ гуна хатар зиёд шудааст.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ҳафтаи гузашта ғайриинтизор ба Бағдод рафт ва дар онҷо бо мақомоти ироқӣ, нигарониҳои амниятии Амрико ва ба қавли ӯ “зиёд шудани фаъолиятҳои Эрон”-ро баррасӣ кард. Пештар аз ин Вашингтон гуфт, ки дар вокуниш ба таҳдидҳои Эрон ба манофеи Амрико дар минтақа, як нови ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бомбаафканро ба Ховари Миёна фиристодааст.

Помпео Русияро танқид кард, Лавров Амрикоро

Майк Помпео ва Сергей Лавров

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико аз Русия хост, ки ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии кишвараш дахолат накунад, ҳамтои руси ӯ, гуфт, пойфишории Амрико барои ҳукумати нав дар Венесуэла мисли ҷанг дар Ироқ аст.

Майк Помпео ва Сергей Лавров дар ин бора рӯзи 14-уми май дар шаҳри Сочӣ дар як нишасти хабарии муштарак суҳбат карданд. Ду тараф гуфтанд, ки саъй доранд, то робитаҳои бадшудаи Амрикову Русияро ислоҳ кунанд. Муносибатҳои ду тараф бинобар дахолати Русия ба интихоботи Амрико, муноқиша дар Украина, Сурия, Венесуэла ва дигар масоил бад шудааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико баъди хатми таҳқиқи Роберт Мюллер дар бораи дахолати эҳтимолии Русия ба интихобот, ҳоло талош дорад, ҳамкориҳо бо ин кишвар беҳтар шавад. Ӯ рӯзи 13-уми май ба хабарнигорон гуфт, моҳи оянда дар Ҷопон дар ҳошияи нишасти Гуруҳи 20 бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мулоқот мекунад. Владимир Путин баъди мулоқот бо Майк Помпео гуфтааст, умедвор аст, ки ҳамкориҳои Маскав ва Вашингтон “комилан барқарор” мешаванд.

Амрико ба марзбонони тоҷик кӯмаки нав расонд

Ҷон Марк Поммершайм

Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Душанбе ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон бо арзиши 100 ҳазор доллар таҷҳизоти ташхиси санад тақдим кард. Дар ин маросим дар рӯзи 15-уми май Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ ҳузур дошт.

Сафорати Амрико бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, ки тақдими таҷҳизот бахше аз барномаи 500 ҳазор долларӣ аст, ки Амрико барои тақвияти ҳамкориҳои неруҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон амалӣ мекунад.

Ба гуфтаи сафорат бар илова ҳукумати Амрико ҳамин моҳ ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон барои посбонии сарҳадҳои кишвар бо арзиши 300 ҳазор доллар васоили мухобирот ва нақлиёт тақдим мекунад. Сафорат гуфтааст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯмак барои таъмини истиқлол ва амнияти Тоҷикистонро идома хоҳад дод.

Мардуми Амрико аз соли 1992 то кунун барои иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маориф ва мусоидат ба демократия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 800 миллион доллар кӯмак кардаанд.

Тартиби нави шомилшавӣ ба донишгоҳҳо дар Узбекистон

Дар Узбекистон соли ҷорӣ довталабон бо тартиби нав шомили донишгоҳҳо мешаванд. Дар ин бора президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев фармон имзо кард. Соли ҷорӣ имтиҳонҳои шомилшавӣ моҳҳои июл-август баргузор мешаванд. Натиҷаи имтиҳон як рӯз баъди баргузорӣ эълом мегардад.

Ба ҷуз ин, довталабон метавонанд, якбора ба се донишгоҳ ҳуҷҷат супоранд. Ҳуҷҷатҳо танҳо дар Маркази хизматрасониҳои давлатӣ ё тавассути Портали ягонаи хадамоти интерактивии давлатӣ қабул мешаванд. Бар асоси фармони нав, сар аз соли 2020 довталабони узбекистонӣ на аз 3, балки аз 5 фан имтиҳон хоҳанд супорид.

Вазорати хориҷии Туркия аз сафираш дар Қирғизистон ҳимоят кард

Сафири Туркия дар Қирғизистон.

Вазорати корҳои хориҷии Туркия вокуниши сафири ин кишварро дар Қирғизистон дар маросими ифторе бо иштироки роҳбари пешини "Себат" "одилона" унвон кард.

Сафорати Туркия дар Қирғизистон изҳороти сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Туркия Ҳамӣ Оқсойро дар робита ба даъват шудани роҳбари пешини мактабҳои "Себат" ба ифтор нашр кард.

"Ғайри қобили қабул аст, ки дар ифтори аз сӯи муфтиёти Қирғизистон рӯзи 8 май ташкилшуда роҳбарони пешини мактбаҳои туркӣ даъват шуданд. Аммо сафири Туркия дар Қирғизистон ҳам, ки ба ин ифтор даъват шуда буд, ин ҳолатро дида, вокуниши худро расонидааст, ки одилона буд", - омадааст дар изҳорот.

Дар изҳорот ҳамчунин гуфта шудааст, "мубориза бо сохторҳои Фатҳуллоҳ Гюлен дар хориҷи Туркия яке аз самтҳои афзалиятнок аст". "Мо борҳо гуфтем, ки ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюлен хатар дорад. Мо интизор дорем, ки ин мавзуъ на танҳо аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ, балки аз сӯи ҳамаи ниҳодҳои миллӣ ҷиддӣ гирифта мешавад", - омадааст дар изҳорот.

Ахиран дар Интернет видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, сафири Туркия ба нишони эътироз ифтореро тарк мекунад.

Комил Фурот ба иштироки раҳбари пешини шабакаи мактабҳои "Сапат" Орхан Инон дар ифтори мазкур норозигӣ баён кардааст. Дипломати турк муфтии Қирғизистон Мақсадбек Тоқтомушевро сарзаниш карда, гуфтааст, "ё Туркия ё созмони террористиро интихоб кунед". Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки Туркия бо 35 млн доллар дар Қирғизистон масҷид сохт.

Ин ҳодиса 8-уми май рух дода, талошҳо барои дарёфти назари сафорати Туркия дар ин замина бенатиҷа буданд.

Мактабҳои "Сапат" соли 1992 фаъолиятро дар Қирғизистон бо номи "Себат" оғоз карданд. Бунёдгузори онҳо руҳонии мухолифи турк Фатҳуллоҳ Гюлен аст, ки Анқара ӯро дар ташкили табаддулоти нокоми давлатӣ дар Туркия айбдор мекунад.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Тарс аз вируси нав дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00
XS
SM
MD
LG