Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Вакилони мардумии Ҳонконг якдигарро латукӯб карданд

Ҳонк Конг

Дар натиҷаи ҷангу даъвои гуруҳе аз вакилони мардумӣ дар Ҳонконг чаҳор нафари онҳо маҷруҳ шудаанд. Ҷангу кашмакаш баъди он сар шудааст, ки вакилони тарафдорони ҳукумат ва демократҳои мухолиф ба онҳо хостаанд, барои ҳалли як масъала кумитаҳои алоҳидаи порлумонӣ таъсис диҳанд.

Яке аз вакилонеро, ки рӯи замин афтодааст, бо занбар ба бемористон бурдаанд. Дасти дигаре маҷруҳ шудааст ва вакили зане ҳам ба сараш мушт хӯрдааст.

Даъвову кашмакаш дар порлумони Ҳонконг дар замоне сурат мегирад, ки ба он тарҳи қонун дар бораи истирдоди муттаҳамон ба ҷиноят ба Чинро барои баррасӣ пешниҳод кардаанд. Моҳи апрел 22 ҳазор нафар ба хиёбонҳои Ҳонконг баромаданд ва ба зидди ин тарҳ эътироз карданд.

Таркиши газ ду нафарро дар Ростови Русия кушт

Моҳи январ дар натиҷаи таркиши газ дар Ростов 5 нафар ҳалок шуд.

Баъди таркиши газ дар як хона дар вилояти Ростов, ки як мард ва як кудакро кушт, мақомоти Русия дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Таркиш дар бинои истиқоматие дар ноҳияи Каменски ба вуқуъ пайвастааст ва дар натиҷа чанд хонаи дигар вайрон шудаанд. Мақомот гуфтаанд, мумкин аст, бино фӯру равад.

Ду нафари дигар дар натиҷаи фалокат осеб дидаанд ва дар шифохона муолиҷа мегиранд. Мақомот мегӯянд, мумкин аст, таркиш ба сабаби беэҳтиётӣ сурат гирифта бошад. Моҳи январи имсол дар натиҷаи таркиши газ дар як бино дар Ростов 5 нафар ба ҳалокат расиданд.

Имрон Хон ҳамлаи маргбор дар Гвадарро маҳкум кард

Имрон Хон

Нахуствазири Покистон ҳамлаи маргбор ба як меҳмонсарои муҳташам дар шаҳри Гвадарро маҳкум кард. Рӯзи 11-уми май се марди мусаллаҳ бо аслиҳаи хурд ва норинҷак ба меҳмонхонаи “Марҷон” ҳамла карданд ва зимни муқовимати неруҳои амниятӣ кушта шуданд.

Гуруҳи ҷудоиталаби “Артиши озодихоҳи Балучистон” масъулияти ҳамларо бар уҳда гирифт ва аксҳои ҳамлаваронро наҳр кард. Имрон Хон, нахуствазири Покистон гуфт, “Чунин талошҳо, бахусус дар Балучистон барои осеб задан ба тарҳҳои иқтисодӣ ва тараққиёти мо аст. Мо набояд иҷоза бидиҳем, ки чунин ҳадафҳо амалӣ шавад.”

Ба гуфтаи пулис, ҳамлаварон ҳангоми вуруд ба меҳмонхона, посбони онро куштанд. Баъди даргирии чандсоата ва берун бурдани меҳмононон, ба маъмурони пулис муяссар шудааст, ҳамлаваронро маҳв кунанд. Вилояти Балучистон, яке аз вилоятҳои фақири Покистон ҳоло мунтазири тарҳҳои бузурги иқтисодиест, ки Чин амалӣ мекунад.

"Таърихи Тоҷикон- Эрониҳои Шарқӣ" дар Лондон муаррифӣ шуд

Рӯзи 9-уми Май дар донишгоҳи SOAS (Омӯзиши Осиё ва Африқо) дар шаҳри Лондон китоби “Таърихи Тоҷикон – Эрониҳои Шарқӣ“-ро муаррифӣ карданд, ки ба қалами Ричард Фолтс, донишманди машҳур ва эроншиноси амрикоӣ тааллуқ дорад.

Бори аввал аст, ки дар ҷаҳони ғарб чунин китоб дар бораи тоҷикон ва бо забони инглсӣ рӯи чоп омадааст. Ричард Фолтс дар ин китоб, таърих, фарҳанг, забон ва нақши калидӣ доштани тоҷикон дар сарзаминҳои кишварҳои феълии Осиёи Миёна, Вилояти Шинҷони Чин, Афғонистон ва шимолу ғарби Покистон ва Эрону Ироқи имрӯзаро қабл аз ҳуҷуми арабҳо баррасӣ кардааст.

Профессор Ричард Фолтс, рисолаи докториашро дар Донишгоҳи машҳури Ҳарвард дар риштаи омӯзиши Ховари Миёна дифоъ кардааст ва ҳоло дар донишгоҳи Монтреали Канада кор мекунад.

Шӯришиёни ҳусӣ нерӯҳои худро аз се бандари Яман берун мекашанд

Бино ба гузоришҳо аз Яман, ҳусиҳои зери ҳимояти Эрон рӯзи шанбе нерӯҳои худро аз се бандари калидии ин кишвар берун хоҳанд кард.

Ин иқдом бар асоси мувофиқатномаи Шветсия сурат мегирад, ки моҳи декабри соли гузашта миёни шӯришиёни шиаи ҳусӣ ва нерӯҳои тарафдори ҳукумати Яман ҳосил шудааст.

Раиси Кумитаи ҳамоҳанкунандаи СММ ин иқдоми шӯришиёни ҳусиро “қадами амалӣ” хондааст.

Бар асоси баёнияи СММ, хуруҷи нерӯҳои ҳусӣ аз се бандари асосии Яман, қарор аст, роҳро барои идомаи музокира ва хотимаи ҷанги дохилӣ дар ин кишвари арабӣ ҳамвор кунад. Гуфта мешавад, ин бандарҳо барои тақсими кумак миёни миллионҳо яманӣ, ки аз қаҳтӣ ранҷ мекашанд, зарурӣ аст.

Дар баёнияи Созмони Милал ба иқдомоти нерӯҳои тарафдори ҳукумати Яман ишорае нашудааст. Нерӯҳои ҳукуматӣ аз ҳимояти эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб бархӯрдоранд.

Даргириҳо миёни ҳусиҳои зери ҳимояти Эрон ва нерӯҳои давлатии таҳти ҳимояти Арабистони Саудӣ чаҳор сол боз идома дорад. Дар ин давра даҳҳо ҳазор нафар кушта ва ҳазорҳо тани дигар дучори қаҳтӣ ва гуруснагӣ шудаанд.

Талаби 70 кишвари узви Созмони Милал аз Куриёи Шимолӣ

Ҳафтод кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид силоҳи ҳастаии Куриёи Шимолӣ ва барномаи мушакҳои баллистикии ин кишварро "таҳдиди бузург" ба сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон донистаанд. Онҳо аз Пхенян хостаанд, ки барномаҳои худро канор гузорад.

Амрико, Куриёи Ҷанубӣ, кишварҳои осиёӣ, Амрикои Лотинӣ, Африқо ва Аврупо дар ин бора рӯзи 10 май эъломияро имзо карданд. Матни эъломия аз тарафи Фаронса омода шудааст.

Вале Русияву Чин, ду муттаҳиди асосии Куриёи Шимолӣ, ба эъломия имзо нагузоштанд.

Пхенян ҳафтаи гузашта ду мушак партоб кард ва ин иқдом боис ба афзоиши нигарониҳо дар мавриди барномаҳои Куриёи Шимолӣ шуд.

Ровии шинохтаи телевизионро дар Афғонистон куштаанд

Мино Мангал

Мино Мангал, як ровии машҳури телевизионро дар Афғонистон куштаанд.

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, гуфт, ки ҳодиса 11 май дар ноҳияи ҳаштуми Кобул рух дод.

Мангал беш аз даҳ сол ба ҳайси ровии телевизиони "Тулӯъ" ва хабарнигори телевизиони "Шамшод" кор кардааст.

Вай дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳуқуқи занони Афғонистон баҳс мекард ва барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарони афғон талош дошт. Мино Мангал чанде пеш мушовири фарҳангии Вулуси Ҷиргаи Афғонистон интихоб шуда буд.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, ки ҳамлаварон баъди тирпаронӣ ба Мангал аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд. Ӯ гуфт, пулиси вижа қатли хабарнигорро таҳқиқ мекунад.

Касе ё гуруҳе масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Раҳбарони Толибони Афғонистон дар нишасти ахири сулҳ бо музокиракунандагони Амрико гуфтаанд, ки монеи таҳсили духтарон ва кори занон намешаванд.

Аммо фаъолони ҳуқуқи занон дар Афғонистон ба ин изҳорот бисёр бо шубҳа менигаранд. Онҳо дар ташвишанд, ки созиши сулҳ бо Толибон метавонад таъқиботи даврони ҳукумати Толибонро дубора ба Афғонистон баргардонад.

Боз як шикоят аз ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиши Тоҷикистон

Муҳаммад Сафаров

Волидони як ҷавон аз ноҳияи Фархори вилояти Хатлон иддао доранд, ки мақомот рӯзи 10 май писари гӯё бемори онҳоро маҷбурӣ ба комиссараити ҳарбӣ бурдаанд ва эҳтимол ӯ ба артиш фиристода шавад. Муҳаммад Сафаров 21-сола аст ва ба гуфтаи наздиконаш лакнати забон дорад ва дуруст гап зада наметавонад.

Мақомоти ноҳияи Фархор ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардаанд. Вале дар гузашта масъулони Вазорати дифои кишвар мавридҳои ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артишро рад карда гуфта буданд, ки "баръакс, солҳои ахир сафи довталабони хидмати сарбозӣ афзудааст".

Давлаталӣ Сафаров, бародари Муҳаммад Сафаров, ба Радиои Озодӣ гуфт, бародарашро 10 май аз ҷойи кор дар кинотеатри марказии ноҳияи Фархор “гирифта бурдаанд”.

“Ӯ дар даст санади беморӣ надошт. Вале кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия мешинохтанд, чун дар гузашта ба сабаби бемориаш ӯро ба артиш набурда буданд”, -- афзуд Давлаталӣ Сафаров.

Тасдиқи дурусти ҳарфҳои ин сокини ноҳияи Фархор аз манбаъҳои дигар то ҳоло имкон надодааст.

Волидони Муҳаммад Сафаров мегӯянд, ки фарзандашон модарзод бо лакнати забон ба дунё омадааст. Онҳо мегӯянд, ба додситонӣ муроҷиат хоҳанд кард, то ба қазия расидагӣ кунад.

Тайи як моҳи охир сокинон дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон аз чанд мавриди ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш хабар додаанд. Вале мақомот ҳамагуна “облава”-ро рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, танҳо дар сурате ки ҷавонон даъватномаро гирифта, дар вақташ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир намешаванд, бо ёрии маъмурони милиса ба комиссариат бурда мешаванд.

Дар Тоҷикистон соле ду дафъа даъвати ҷавонон барои хидмат дар артиш сурат мегирад.

Коршинсон мегӯянд, хабарҳои латту кӯб, шиканҷа ва марги баъзе аз сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ зоҳиран ҷавононро ба ҳарос андохтааст ва онҳо ба ҳар роҳе аз хидмат саркашӣ мекунанд.

Тақвияти тавони ҷангии Амрико дар Ховари Миёна ва Халиҷи Форс

Амрико қудрати ҷангии худро дар Ховари Миёна ва Халиҷи Форс тақвият додааст.

Вазорати мудофиаи Амрико рӯзи 10 май дар баёнияи расмӣ гуфт, киштии ҷангии Эрлингтон ва васоили системаи мушакии “Патриот” барои муқобила бо таҳдиди дар ҳоли афзоиши Эрон ба онҷо фиристода шудааст.

Баъди онки Амрико зидди Эрон баъзе аз таҳримҳоро ҷорӣ кард, таниш миёни ду кишвар афзудааст.

Вашингтон мегӯяд, ҳадаф аз ҷорӣ кардани таҳриҳмо фишор ба Теҳрон аст, то аз фаъолиятҳои зиёнборе чун инкишофи аслиҳаи ҳастаӣ ва сармоягузории шӯришиён дар минақта даст бардорад.

Теҳрон чунин иддаро рад кардааст.

Узбекистон чандин сомонаи интернетии бастаро кушод

Дар Узбекистон дастрасӣ ба чандин сомонаи хабарии маҳаллӣ ва хориҷӣ, ки то ин дам баста буданд, барқарор шуд.

Дар ин бора Комил Алламҷонов, мудири Оҷонси иттилоотии назди президенти Узбекистон, рӯзи 10 май дар Фейсбук хабар дод. Вай то ин дам масдуд будани вебсайтҳоро "мушкили фаннӣ" донист.

Алламҷонов гуфт: "Пас аз таҳқиқ, баъзе аз мушкилоти фаннӣ ошкор шуд, ки монеи баҳрабардории пурра аз ин манбаъҳои интернетӣ дар Узбекистон будааст. Барои рафъи онҳо чораҳои мушаххас андешиданд. Аз имрӯз сомонаҳои англисӣ ва узбекии Садои Амрико, бахши узбекии Би-би-сӣ, Мавҷи Олмон, Amnesty International, Human Rights Watch, Хабарнигорони бидуни марз, Eurasianet, AsiaTerra, Оҷонси Фарғона, Centre1, Uzmetronom ва сомонаҳои дигари хабарии байналмилалӣ дастрас аст."

Вале дар рӯйхати пешниҳодкардаи Комил Алламҷонов номи сомонаи бахши узбекии Радиои Озодӣ нест.

Арлем Дезир, масъули бахши озодии матбуот дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо моҳи апрел аз ҳукумати Узбекистон хоста буд, ки бастани сомонаҳои интернетиро бас кунад.

ИМА барои эҷоди боварӣ байни мардум ва милисаи тоҷик маркази нав сохт. ВИДЕО

Ҷон Поммершайм

Бо пули сафорати Амрико дар Тоҷикистон 49-умин маркази ҳамкории милиса бо ҷомеа ба кор оғоз кард. Маркази нав дар шаҳри Турсунзода бунёд шуда, ҳадафи он ба гуфтаи сафири Амрико “эҷоди боварӣ байни милиса ва ҷомеа аст".

Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Душанбе, рӯзи 10 май ҳангоми ифтитоҳи марказ бо зикри онки аз ислоҳоти милиса дар Тоҷикистон хушҳол аст, гуфт, кишвараш бо бунёди марказҳои нав мехоҳад ба ин раванд кумак кунад.

Маркази нав дар шаҳри Турсунзода бо маблағи қариб ним миллион сомонӣ бунёд шуда, барои кормандони милиса ва шӯрои ҷамъиятии назди пулис шароити корӣ фароҳам мекунад. Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам мегӯянд, вақти он расидааст, ки мардум бо пулис ҳамкории зич дошта бошанд.

Абдулло Навҷувонов, муовини вазири корҳои дохилӣ, рӯзи 10 май ба Радиои Озодӣ гуфт, "мардум набояд ягон чизро пинҳон кунанд".

“Мардум бояд ягон чизро пинҳон накунанд, шӯрои ҷамъиятӣ бояд бо милиса дар ҳама самтҳо ҳамкорӣ кунанд. Мақсад танҳо ҳамин аст, бояд ҳама чиз ошкор бошад,” -- гуфт Абдулло Навҷувонов.

Муовини вазири умури дохилӣ аз ин бештар суҳбат накард ва аз ҷумла ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи онки чаро ислоҳоти милиса то ҳол натавонист сатҳи шиканҷаро коҳиш диҳад ва бовари мардумро ба худ бештар намояд, посух надод.

Ислоҳоти милитсия қарор аст то соли 2020 идома кунад ва барои он то имрӯз як миллиард сомонӣ харҷ шудааст.

Бар асоси ин ислоҳот, номи милиса ба пулис иваз мешавад ва ба гуфтаи мақомот бояд ин ниҳод бо мардум алоқаи зич дошта бошад. Аммо ба гуфтаи коршиносон бархе аз падидаҳо аз ҷумла шиканҷа ва беҷазоӣ ба садде миёни мардум ва милиса табдил ёфтааст.

Маркази нави ҳамкории милиса ва ҷомеа дар Турсунзода ифтитоҳ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

RWB аз Тоқаев хост, ки роҳи Назарбоевро идома надиҳад

Созмони Хабарнигорони бидуни марз "сензураи сартосарии Интернет"-ро дар Қазоқистон маҳкум кард. Масъулони созмон рӯзи 10 май аз президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев хостанд, ки аз шеваҳои таъқибгароёнаи раисиҷумҳури пешин Нурсултон Назарбоев даст кашад.

Дар изҳороти созмон омадааст, ки субҳи 9 май дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook, Instagram, YouTube, паёмакрасони Telegram ва чанд сомонаи дигари хабарӣ дар Қазоқистон маҳдуд карда шуданд.

Ба гуфтаи масъулони Хабарнигорони бидуни марз, "сабаби маҳдудияти навбатӣ эътирози осоиштае гашт, ки мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов аз хориҷ ба он даъват карда буд".

"Мақомоти Қазоқистон агар мехоҳанд, воқеӣ будани раванди ислоҳоти худро нишон диҳанд, бояд аз таҷрибаҳои таъқибгароёнаи пешин даст бикашанд. Сензураи дастрасӣ ба Интернет яке аз омилҳое ҳаст, ки Қазоқистонро дар раддабандии ҷаҳонии озодии баён дар миёни 180 кишвар дар мақоми 158-ум қарор додааст. Ин нишондод ба имиҷи кишвар дар арсаи байналмилалӣ таъсир хоҳад расонд", -- гуфтааст раҳбари бахши созмон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Йоҳанн Бир.

Хабарнигорони бидуни марз мегӯяд, маълум аст, мақомоти Қазоқистонро мавҷи эътирозҳое ба ғазаб овардааст, ки дар пайи истеъфои Нурсултон Назарбоев дар миёнаҳои моҳи март оғоз шуданд.

Ба назари масъулони созмон, мақомоти Қазоқистон солҳои ахир батадриҷ сензураро дар расонаҳо ва Интернет сахттар карда, "нашрияҳои миллии мухолифи асосиро дар соли 2012 бастанд".

9 май дар Қазоқистон дастрасӣ ба сомонаи бахши қазоқии Радиои Озодӣ ва чанд сомонаи хабарии маҳаллӣ маҳдуд шуд. Давоми рӯз дар чанд шаҳри Қазоқистон сокинонро дастгир карданд. Боздоштҳо баъди он сурат гирифтанд, ки Мухтор Аблязов - мухолифи қазоқ - аз сокинон хост, бо нишони эътироз ба кӯча бароянд.

Расонаҳо: Абдуллоев мехост, сиёсати давлатро зери назорат гирад

Ихтиёр Абдуллоев

Ихтиёр Абдуллоев, раиси пешини Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон талош дошт, ки бо роҳи таъйин кардани шахсони боэътимоди худ дар ниҳодҳои қудратӣ фаъолияти сиёсии давлатро зери назорат гирад. Дар ин бора нашрияи интернетии Xabar.uz иттилоъ дод.

"Вай ба он айбдор мешавад, ки ҳаваси фармонфармоӣ дошт ва аз доираи қонун берун рафта, дар фасод фурӯ рафта буд. Дар чунин ҳолат президент маҷбур буд, ки ба вай изҳори беэътимодӣ эълом кунад", - навишт Xabar.uz.

Ба навиштаи ин расона, генерали ҳамакнун пешин дастур додааст, ки "сомонаҳои мустақил баста ва дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд шавад ва ҳамчунин фармон додааст, ки аз ҳисоби бархе аз шаҳрвандони ҳассос ҳаракати маснуии мухолифин таъсис дода шавад".

Вай бо ин амалаш ислоҳоти демократии президентро бадном сохтааст, менависад нашрия.

Ихтиёр Абдуллоев 31 январи соли 2018 раиси Хадамоти амнияти давлатӣ таъйин шуд. Вай то он замон додситони кулли Узбекистон буд.

11 феврали соли ҷорӣ бархе аз расонаҳои Узбекистон хабар доданд, ки Ихтиёр Абдуллоев ихтиёран аз мақом канор рафтааст. Вале сомонаҳои дигар навиштанд, ки Абдуллоев дар доираи як парванда бозпурсӣ мешавад.

Ҳаммуассиси Facebook: Шабакаҳо ба демократия хатар доранд

Крис Хюз, ҳаммуассиси Facebook, шабакаи иҷтимоиро инҳисорталаб ё монополист номид ва даъват кард, ки он ба далели хатар доштанаш ба демократия, тақсим карда шавад.

Дар ин бора Хюз дар як матлабаш дар нашрияи The New York Times зикр кард.

Ӯ мегӯяд, молики Facebook Марк Сукерберг бештар аз ҳар каси дигари аҳли тиҷорат ва ё ҳукуматдор нуфуз дорад.

"Танҳо Марк метавонад, тасмим гирад, ки алгоритмҳои Facebook-ро тағйир диҳад. Вай қоидаҳоро муқаррар мекунад, муайян месозад, ки ин ва ё он навишта таҳдидомез аст ё барангезандаи адоват ва метавонад, даҳони рақибонро бандад... Қудрати Марк нотакрор ва ғайриамрикоист", - навишт Хюз.

Крис Хюз пешниҳод кард, Instagram ва WhatsApp, ки ба Facebook тааллуқ доранд, ба ширкатҳои ҷудогона табдил дода шаванд. Ба гуфтаи Хюз, Комисияи федеролии тиҷорат набояд ба ҳамроҳшавии ин ширкатҳо иҷозат медод.

Вай афзуд, ки Facebook бояд давоми чанд соли оянда аз харидани ширкатҳои дигар манъ карда шавад, зеро Facebook бо харидан ва ё нусхабардории идеяҳои ширкатҳои дигар онҳоро маҳв месозад.

Хюз ҳамчунин аз Конгресс даъват кард, ки барои ҳифзи иттилои маҳрамонаи корбарони интернет оҷонсии нав таъсис диҳад.

Корманди "Амонатбонк" 25 моҳ нафақаи зани мурдаро гирифтааст

Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 май дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони бахши молияву бонкдорӣ аз қонуншиканӣ дар сохторҳои бонкӣ махсусан ёдовар шуд ва гуфт, ки санҷиши кори «Амонатбонк», як бонки давлатӣ дар даҳ соли гузашта (2009-2018) даҳҳо ҳолати азонихуд кардани нафақаҳои афроди фавтидаро ошкор кардааст. Ба гуфтаи президент, дар паи «беназоратӣ ва фориғболии шахсони масъул» бархе кормандони бонк ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа «дар 211 ҳолат нафақаи шахсони фавтидаро ба маблағи 360 ҳазор сомонӣ тасарруф кардаанд».

Яке аз ин қазияҳо – марбут ба парвандаи маъюби гурӯҳи дуюм, нафақахӯр Надежа Лебедева будааст, ки 1-уми ноябри 2012 вафот кардааст. Ба гуфтаи президент, дар давоми 25 моҳи баъди марги ин зан ҳам ба суратҳисоби нафақаи ӯ зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ пардохт шуда, аз ҷониби корманди “Амонатбонк” Э. Алифбеков бо истифодаи корти бонкии қалбакӣ тасарруф шудааст. Дар маҷмӯъ давоми даҳ соли гузашта дар «Амонатбонк» 235 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шуда, ба маблағи 151 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ва қариб 2 миллион сомонӣ истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ошкор шуд.

Дар робита ба озодии Батукоев се табиби қирғиз боздошт шуданд

Азиз Батукоев.

Дар робита ба ғайриқонунӣ озод шудани яке аз афроди маъруф дар олами ҷиноии Қирғизистон Азиз Батукоев се табиби кунунӣ ва пешини Хадамоти зиндонҳои ин кишварро боздошт карданд.

Раҳбари Маркази миллии ҳушдор аз шиканҷа Нуриддин Сулайманов гуфт, гумонбарон ба боздоштгоҳ интиқол ёфта, масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтанашон дар ҳоли баррасӣ аст. Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар ҳоли ҳозир аз шарҳи қазия худдорӣ мекунад.

Додгоҳи шаҳри Норин соли 2013 дар асоси хулосаи табибон Батукоевро пеш аз муҳлат озод кард. Ӯ худи он рӯз аз Бишкек ба Русия сафар кард. Озодии пеш аз муҳлати вай баҳсҳои тундеро дар ҷомеаи Қирғизистон ба бор овард.

Додситони кулли Қирғизистон Откурбек Ҷамшедов рӯзи 17-уми апрели соли равон дар порлумон гуфт, ки роҷеъ ба парвандаи озодии пеш аз муҳлати Батукоев тафтишот дубора шуруъ шудааст. Дертар табиб Эмил Макимбетовро боздошт карданд. Ӯ дар додани маълумотнома дар бораи он ки Батукоев ба бемории табобатнашаванда гирифтор аст, айбдор мешавад.

Раиси Додгоҳи олии Қирғизистон Гулбар Калиева рӯзи 1-уми май гуфт, ҳукми озодии Батукоев бозбинӣ хоҳад шуд.

Мудири ТВ-и давлатӣ дар Туркманистон барои "камбудҳои ҷиддӣ" сабукдуш шуд

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 7-уми май мудири телевизиони давлатии "Мирас"-ро аз мақом барканор карда, раиси Кумитаи радио ва телевизиони ин кишварро бори охир огоҳӣ додааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Бяшима Атаева ба хотири роҳ додан ба "камбудии ҷиддӣ" аз мақоми раҳбари телевизиони "Мирас" барканор шудааст. Қувватбердӣ Хеззиева иҷрокунандаи муваққати вазифаи раҳбари телевизиони мазкур таъйин гаштааст.

Бердимуҳаммадов ҳамчунин ба раиси Кумитаи радио ва телевизиони Туркманистон Нурмаммет Гарлиев барои "вазифаҳои худро дуруст анҷом надодан ва назорати сусти фаъолияти телевизионҳо" охирин огоҳиро додааст.

​Аз раиси Кумитаи радио ва телевизион талаб шудааст, ки камбудҳои мавҷударо дар зудтарин муҳлат ислоҳ кунад. Дар хабарҳои расмӣ гуфта нашудааст, ки сухан аз кадом камбудҳо меравад.

"Мирас" яке аз телевизионҳои маъруф ва сербинандаи Туркманистон шумурда мешавад.

NetBlocks аз "сайтбандии саросарӣ" дар Қазоқистон хабар дод

Провайдер ё фароҳамкунандагони Интернет дар Қазоқистон рӯзи 9-уми май дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, амсоли Facebook, Instagram ва YouTube, инчунин паёмакрасони Telegram ва чанд сомонаи хабариро масдуд карданд.

Дар ин бора гуруҳи NetBlocks хабар дод, ки озодии Интернетро мониторинг мекунад. Муаллифон мегӯянд, бархе аз шабакаҳо комилан аз кор монданд. "Масдудсозӣ субҳи рӯзи панҷшанбе ё шаби чаҳоршанбе роҳандозӣ шудааст",-хабар медиҳад гуруҳи NetBlocks.

"Маҳдудсозии мазкур ба эҳтимоли зиёд баъди он роҳандозӣ шуд, ки гуруҳи дигарандешон тасмим гирифтанд, 9-уми май иқдоми эътирозӣ ба роҳ монанд",-омадааст дар хабар. Ба иттилои ин гуруҳ, масдудсозии рӯзи 9-уми май камсобиқа будааст.

Рӯзи 9-уми май дар Қазоқистон дастрасӣ ба сомонаи бахши қазоқии Радиои Озодӣ ва чанд сомонаи хабарии маҳаллӣ низ маҳдуд буд. Давоми рӯз дар чанд шаҳри Қазоқистон сокинонро боздошт карданд. Боздоштҳо баъди он сурат гирифтанд, ки Мухтор Аблязов - мухолифи қазоқ - аз сокинон хост, бо нишони эътироз ба кӯча бароянд.

Қирғизистон 4 осоишгоҳро дар Иссиқкӯл ба Узбекистон барнагардонд

Ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки баҳси ба Узбекистон додани 4 истироҳатгоҳ дар соҳили Иссиқкӯл дар додгоҳ баррасӣ мешавад. Сарвазири вақти Қирғизистон Сафар Исҳоқов дар соли 2017 истироҳатгоҳҳои мавриди назарро дар ивази сармоя ва қатъи даъвоҳои додгоҳӣ ба Тошканд дод.

Ҳукумати Қирғизистон ахиран хабар дод, ки баҳси истироҳатгоҳҳо дар Додгоҳи байналхалқии ҳакамӣ баррасӣ мешавад. Соли 2016 ҳукумати Қирғизистон бо роҳбарии сарвазир Темир Сариев тасмим гирифт, истироҳатгоҳҳои марбут ба Узбекистонро дар соҳили Иссиқкӯл миллӣ гардонад.

Аммо Узбекистон ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят бурд. Тошканд даъво дорад, ки Қирғизистон созишномаи байни давлатҳои пешини шӯравиро аз соли 1992 вайрон кардааст. Созишномаи мазкур истифодаи иншоотеро ба танзим медарорад, ки баъди пошхӯрии СССР дар ҳудуди ҷумҳурии дигар боқӣ мондаанд.

Моҳи декабри соли 2017 сарвазири вақти Қирғизистон Сафар Исҳоқов хабар дод, Бишкек истироҳатгоҳҳоро ба Узбекистон медиҳад, аммо заминро дар ихтиёри худ нигаҳ медорад. Дар иваз Узбекистон уҳдадор шуда буд, ки дар истироҳатгоҳҳо сармоягузорӣ кунад ва даъвои додгоҳиашро пас гирад.

Аммо рӯзи 8-уми майи соли 2019 ҳукумати феълии Қирғизистон хабар дод, ки созишномаи Сафар Исҳоқов бо ҷониби Узбекистон дар ниҳоят имзо нашуда буд.

Дар Тошканд бонкдорони "Давр" баъди дуздии пули муштариҳо ҳабс шуданд

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон кормандони бонки "Давр" бо гумони дуздӣ боздошт шуданд. Ба иттилои мақомоти Узбекистон, як сокини вилояти Сирдарё шикоят кардааст, ки 9 ҳазор доллари вай ба суратҳисоби бонкиаш интиқол дода нашудааст. Ба ҷуз ин, 20 сокини дигар ҳам ба мақомот айни ин шикоятро бурдаанд. Бо гумони содир кардани ҷинояти дуздӣ кормандони бонки "Давр" Ю.Ж. ва М.Б. боздошт шудаанд. Нисбати онҳо бо моддаи "Қаллобӣ" парванда боз шудааст.

Эрон иҷрои бархе уҳдадориҳои ҳастаиро қатъ мекунад

Эрон қудратҳои ҷаҳониро дар бораи қарори хатми иҷрои “бархе ӯҳдадориҳояш” аз рӯи созиши ҳастаии соли 2015 огоҳ кардааст.

Рӯзи 8 май аз хуруҷи расмии ИМА аз созиши ҳастаӣ бо Эрон як сол сипарӣ шуд ва матбуоти Ҷумҳурии Исломӣ навишт, ки номаҳои президент Ҳасани Рӯҳонӣ дар бораи қисман хориҷ шудани Эрон аз ин созиш ба сафирони ИМА, Фаронса, Олмон, Чин ва Русия таслим шуд.

Бо вуҷуди аз созиш хориҷ шудани Амрико, дигар ҳама ҷонибҳо ширкатдори ин санад боқӣ мемонад. Таҳаввулот дар ҳолест, ки чанде пеш Эрон гуфт имкон дорад ғанисозии уранро дубора аз сар бигирад ва ин тасмим бахши муҳими созиши маҳдудкунандаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон буд.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео рӯзи 7 май ғайриинтизор сафарашро ба Аврупо қатъ кард ва ба Ироқ рафт. Помпео гуфт, дар пайи фаъолшавии Эрон чунин тасмим гирифтааст. Пентагон мегӯяд, мумкин аст, Теҳрон ба низомиҳои амрикоӣ дар минтақа ҳамла кунад.

Созиши Теҳрон бо абарқудратҳои ҷаҳонӣ дар мавриди маҳдудсозии барномаи ҳастаӣ дар ивази бекорсозии таҳримҳои иқтисодӣ соли 2015 ҳосил шуда буд. ИМА соли 2018 эълом кард, ки аз ин созиш хориҷ мешавад. Доналд Трамп, президенти ИМА он замон гуфт, ки созиш ноодилона аст. Баъди он Вашингтон таҳримҳои зидди Теҳронро густариш дод.

Шаҳрдори Қазон ба депутатҳои маҷлис: як моҳ дар ошхонаҳои мактабӣ ғизо мехӯред

Вакилони маҷлиси шаҳри Қазон бояд барои истеъмоли ғизо дар мактаб на бештар аз 1 доллар сарф кунанд

Шаҳрдор Илур Метшин қароре имзо кард, ки бар асоси он давоми моҳи май аъзои думаи шаҳри Қазон рӯзона дар ошхонаҳои мактабӣ ва танҳо дар ҳудуди 69 рубл (муодили 1 доллар) дар рӯз хӯрок хоҳанд хӯрд. Қарори шаҳрдор баъди он содир шуд, ки охири моҳи апрел дар як ҷаласаи назди раиси шаҳр ҷаласае барпо ва дар он мушкилоти ғизои мактабиёни Қазон баррасӣ шуд.

Илур Метшин гуфт, “мо корро хеле содда ҳал мекунем: ҳамаи 162 мактабро байни худ рӯйхат карда, тамоми ҳафта, яъне аз рӯзи душанбе то шанбе дар ошхонаҳои мактабӣ ғизо хоҳем хӯрд. Ҳар нафар, бидуни огаҳӣ, ба ошхона рафта бо арзиши 69 рубл дар киса аз он ҷо ғизо мегирад. Ба ман нозирон лозим нестанд. Ман бояд бидонам, ки дар куҷо мушкил вуҷуд дорад, дар куҷо шароит намерасад, ҷои нишаст нест, кадом муқаррарот вайрон шудааст”, гуфт Метшин.

Чанде пеш дар матбуот хабар дода шуд, ки нархи ғизо дар мактабҳои Қазон гарон шудааст. Бар асоси иттилои TatCenter, барои атфоли синфҳои ибтидоӣ, арзиши ғизои нисфирӯзӣ барои як нафар 66 рубл, арзиши ду дафъа ғизо 92 рубл ва барои шогирдони синфҳои 5 то 11 - 69 рубл муқаррар шудааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ қаблан хабари дар ошхонаи як мактаб ду дафъа истифода шудани лӯлакабоб ё котлет ҳам баррасӣ шуд. Санҷиши ин қазия аз ҷониби додситонӣ идома дорад. Вале раёсати ғизои иҷтимоӣ, ки масъули таъмини хӯрок дар мактабҳо мебошад, гуфт, хабари “истифодаи чандинкаратаи лӯлакабоб” дар ошхонаи мактаб тасдиқ нашуд.

BBC хабарнигорро баъди нашри акси маймун ва ишора ба таваллуди шоҳзода барканор кард

Ширкати садову симои Бритониё BBC як хабарнигори радиои худро аз кор пеш кард. Хабарнигор дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Твиттер акси як маймуни навъи шимпанзеро нашр карда, шарҳе дар бораи таваллуди тифл дар хонаводаи Маликаи Бритониё навишт.

Хабаргузории Reuters навишт, ки хабарнигор дар саҳифааш акси маймуни шимпанзеро бо либоси марбут ба тифли хонаводаи шоҳӣ нашр карда зераш навишт, ки “Шоҳзода зоишгоҳро тарк мекунад”.

Меган, ҳамсари шоҳзода Ҳаррӣ, субҳи душанбе писари нахустини худ - Арчиро таваллуд кард. Ин тифл аввлин кӯдак дар хонаводаи шоҳӣ аст, ки аз волидони гуногуннажод чашм ба дунё кушодааст.

Деннӣ Бейкер, хабарнигори BBC Radio 5 Live баъдан дар Твиттераш навишт, ки аз кор барканор шуд. Навиштаҷоти ӯро бисёриҳо ҳамчун нишонаи нажодпарастӣ интиқод карданд ва худи ӯ маҷбур шуд дар як паёми дигараш барои ин амалаш узр хоҳад. Ширкати BBC, ки ба навиштаи Reuters мавзӯъро шарҳ намедиҳад, хабари барканор шудани журналистро дар барномаҳояш пахш кард.

Сафири Тоҷикистон дар Ҷопон қабри Риҳард Зоргеро зиёрат кард

Дар зодгоҳи Зорге шаҳри Боку ба хотири ӯ санги ёдбуд гузошта шудааст

Сафири Тоҷикистон дар Ҷопон аз қабри Риҳард Зорге, як ҷосуси Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷопон зиёрат карда, рӯйи он гул гузоштааст. Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҷопон, рӯзи 9-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин анъана аст, ки сафирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷамъ омада, хотири қурбониёни ҷангро пос медоранд."

Дар маросими зиёрат аз қабри Риҳард Зорге сафири Узбекистону Қирғизистон, Аманистону Қазоқистон ва Беларусу Русия низ иштирок кардаанд.

Ин маросим ба хотири 74-умин солгарди анҷоми Ҷанги дуввми ҷаҳон ва гиромидошти қурбониёни он сурат гирифт. Риҳард Зорге, ҷосуси Иттиҳоди шӯравӣ дар Ҷопон, аз аввалинҳо шуда, аз нияти Олмон ҷиҳати ҳамла ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва санаи дақиқи он ба мақомот хабар дода буд.

Таърихнигорон мегӯянд, он замон Сталин ба ин иттилои ҷосуси Шӯравӣ бовар накард. Ӯ бо номи мустаори “Рамзай” ва “Инсон” дар Ҷопон зери ниқоби хабарнигор фаъолият мебурд.

Яке дигар иттилои махфие, ки Зорге ба Иттиҳоди Шӯравӣ тавонист фиристад, ин буд, ки “Ҷопон нияти ҳамла ба Иттиҳоди Шӯравиро надорад”. Бар асоси ин иттилоъ, Артиши сурх бахши аъзами нерӯҳояшро аз Шарқи Дур ба Маскав овард ва дар натиҷа артиши Олмонро дар наздикиҳои Маскав шикаст дод.

Моҳи октбяри соли 1941 фаъолияти ҷосусии Зорге аз сӯи хадамоти истихбороти Ҷопон кашф шуд ва пас аз се сол - 7-уми ноябри соли 1944 ӯро дар зиндони Сугамо ба дор овехтанд.

Заҳматҳои Зоргеро ҳукумати Шӯравӣ танҳо соли 1964 эътироф ва қадрдонӣ карда, дар ҷои қабраш дар Ҷопон санге гузошт.

ИА гуфт, ки шартгузориҳои Эронро қабул надорад ва аз таҳримҳои ИМА мутаассиф аст

Иттиҳодияи Аврупо ва се қудрати дигари аврупоӣ аз Эрон тақозо карданд, ки созиши ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳониро эҳтиром кунад, чун бо вуҷуди таҳримҳои ИМА, ин санад аз ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Эрон пуштибонӣ мекунад. Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могеринӣ ва вазирони хориҷаи Бритониё, Фаронса ва Олмон бо пахши изҳороти муштараке рӯзи 9 май гуфтанд, ки онҳо ҳамоно аз созиши калидии соли 2015 пуштибонӣ мекунанд.

Вале, ба таъкиди онҳо, ин кишварҳо ҳама гуна ултиматум ваё шартгузориҳои Теҳронро қабул надоранд. Теҳрон рӯзи 8 май гуфт, ки дигар ба маҳдудиятҳои фаъолиятҳои ҳастаӣ, ки дар созиш муқаррар шудааст, нигоҳ намекунад, то замоне, ки роҳҳали фирор аз таҳримҳои аз нав таҳмилшудаи ИМА пайдо нашавад. ИМА мегӯяд, ки Эрон дубора ба “харобкорӣ” дар минтақаи Ховари Миёна пардохтааст. “Мо ҳама гуна ултиматумро рад мекунем ва ҳама гуна шикоятҳои Эронро бар асоси тарзи рафтораш дар нисбати ӯҳдадориҳои ҳастаиаш арзёбӣ хоҳем кард”, омадааст дар изҳороти Иттиҳодияи Аврупо.

Эрон дирӯз гуфт, ки дар посух ба дубора ҷорӣ шудани таҳримҳои иқтисодӣ аз ҷониби Вашингтон дар соли гузашта, тасмим гирифт аз иҷрои қисме аз ӯҳдадориҳояш бар асоси созиши ҳастаии чор соли пеш канорагирӣ кунад. Таҳримҳои ҷоришуда ба иқтисоди Эрон зарбаи сахте шудааст. Қудратҳои аврупоӣ гуфтанд, ки аз дубора ҷорӣ шудани таҳримҳо “мутаассиф” ҳастанд ва ба қавлашон дар заминаи идомаи ҳамкориҳои қонунии тиҷоратӣ бо Эрон ӯҳдадор мемонад.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Тарс аз вируси нав дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00
XS
SM
MD
LG