Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Эътирози ҳазорҳо нафар ба даври панҷуми президентии Бутафлиқа

Эътирозҳо дар хиёбони донишҷӯёни Алҷазоир

Ҳазорҳо нафар дар Алҷазоир рӯзи сешанбе алайҳи бори панҷум ба мақоми президентӣ номзад шудани Абдулазиз Бутафлиқа эътроз карданд. Дар пойтахти Алҷазоир садҳо донишҷӯ бар зидди даври панҷуми раҳбарии президент шиор доданд ва талаб карданд, ки интихоботи 18 апрел дар вақти дигар баргузор шавад.

Ба гуфтаи хабаргузории AFP сокинони шаҳр, ки дар раҳпаймоии эътирозӣ иштирок надоштанд, ба таҷамӯъ назорат карданд ва таҳсин мегуфтанд.

Reuters мегӯяд, рӯзи гузашта донишҷӯён дар шаҳрҳои Константина, Анаба ва Блида даст ба тазоҳурот заданд. Мавҷи эътирозҳои оммавӣ дар заминаи норозигии мардум дар Алҷазоир рӯзи 22 феврал сар зад. Авҷи эътирозҳо ба замоне мувофиқ омад, ки президент Бутафлиқа номзадиашро барои даври панҷуми президентӣ пешниҳод кард.

Феълан президент дар Шветсария қарор дорад ва ба гуфтаи намояндагонаш аз "ташхиси маъмулӣ" мегузарад. Ҳизбҳои мухолифин рӯзи душанбе ба истифодаи банди Қонуни асоси талаб карданд, ки дар ҳоли иҷро нашудани вазифаҳои хидматии президент, бино бар вазъи сиҳатияш, мақоми ӯ холӣ ҳисоб мешавад. Мухолифин ба таъхир дар баргузории интихобот, таъсиси ҳукумати нав ва эълони интихобот баъди ним сол даъват карданд, то дар ин муддат тавонанд тарҳи нави Қонуни асосиро таҳия кунанд.

Клинтон гуфт, ки барои курсии президентӣ мубориза намебарад

Ҳиллари Клинтон

Ҳиллари Клинтон гуфт, ки дар интихоботи президентии соли 2020 ба ҳайси номзад иштирок намекунад, аммо ваъда дод, ки "ба ҷойе намеравад". Собиқ вазири хориҷии ИМА, сенатор ва бонуи аввал Ҳиллари Клинтон имкони иштирокаш дар маъракаи нави интихоботро соқит кард.

Аз сӯи дигар Ҳиллари Клинтон, ки интихоботи соли 2016-ро ба номзади ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп бохта буд, гуфт, ки фаъолияташро идома медиҳад, сӯҳбатҳо мекунад ва аз аррзишҳое, ки ба онҳо бовар дорад, ҳимоят мекунад. Ӯ аз вазъи сиёсии ИМА изҳори нигаронӣ кард ва гуфт," "ман аз ончӣ имрӯз дар кишвари мо мегузарад шадидан нигарон ҳастам".

Ҳоло беш аз 10 нафар аз Ҳизби Демократ ва се нафар аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар интихоботи оянда муддаии курсии раиси ҷумҳур шудаанд. Дар байни демократҳо чеҳраи нисбатан шинохта сенатори аёлати Вермонт Берни Сандерс, вазири пешини ИМА дар умури сохтмони маскан ва рушди шаҳр Хулиан Кастро ва додситони пешини Калифорния Камал Харрис номбар мешаванд. Аз ҷумҳурихоҳон сенатори пешини аёлати Теннеси Боб Коркер ва волии собиқи аёлати Оҳаё Ҷон Кейсик шинохта ҳастанд.

Як муҳоҷири тоҷик дар Русия бо 11 зарби корд кушта шуд

Муҳоҷирони корӣ рӯзи 5-уми март ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия ба Душанбе фиристоданд, ки дар натиҷаи 11 зарби корд кушта шудааст.

Амриддин Шарипов, сокини маҳаллаи Лучоб, дар канори пойтахт, рӯзи ҷумъаи якуми март дар Воронеж ба ҳалокат расидааст.

Мақомоти Русия ба муҳоҷирони тоҷик гуфтаанд, ҳамсояи руси Амриддин Шариповро бо иттиҳоми қатли шаҳрванди Тоҷикистон дастгир кардаанд.

Марди 58-солаи тоҷик тақрибан 20 сол боз дар Русия кор мекард ва дар Тоҷикистон ду писару як духтар доштааст.

Муҳоҷироне, ки видеои интиқоли тобутро ба Радиои Озодӣ фиристоданд, гуфтанд, хешовандони ӯро аз марги Амриддин Шарипов огаҳ кардаанд.

Эрон шарҳ дод, ки чаро Зариф мехост истеъфо диҳад.

Муҳаммадҷавод Зариф

Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, ки Муҳаммадҷавод Зариф - вазири хориҷии ин кишвар, моҳи ферал дар заминаи бехабарӣ аз сафари президенти Сурия Башор Асад ба Теҳрон мехост истеъфо диҳад.

Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ дар ниҳояти амр дархости истеъфои Зарифро рад ва аз ин дипломат, ки бо шаш қудрати ҷаҳонӣ бар сари барномаҳои ҳастаии Эрон гуфтушунид бурдааст, ҳимоят кард. Зариф баъдан ба кораш баргашт.

Ҳарду - Рӯҳонӣ ва Зариф, ки аз шарикони муътадил номбар мешаванд, баъди он ки президент Доналд Трамп ИМА-ро аз созиши ҳастаӣ хориҷ кард, таҳти фишори афзоянда қарор гирифтаанд. Вашингтон аз шарикони аврупоияш низ талаб кард, ки аз ин тасим пайравӣ кунанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон Баҳром Қосимӣ рӯзи 5 март гуфт, "як сабаби истеъфохоҳии Зариф "набуди ҳамоҳангии мақомоти дигари Эрон бо Dазорати хориҷӣ дар қазияҳои мисли сафари Асад буд".

Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ рӯзи 25 феврал Башор Асадро гарму самимона ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти Хоманеӣ бо Асад президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ва генерал Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоб иштирок карданд.

Як сокини шаҳри Турсунзода бо ҷурми пайравӣ аз ДИИШ зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Турсунзода як сокини шаҳрро барои қасди пайвастан ба гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 4-уми март бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, Ҷӯрабек Султонови 22-сола ҳангоми муҳоҷирати кории чаҳорсола дар Русия ба тарғиботи аъзои “Давлати исломӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ дода шуда ва ақидаҳои онҳоро пазируфтааст.

Ба иттилои додситонӣ, Ҷӯрабек Султонов рӯзи 1-уми декабр бо роҳбаладии “Абузар” ном ДИИШ ба Киев рафта ва аз онҷо ба Туркия расидааст. Ҷавони тоҷикро ҳангоми убур аз марзи Туркияву Сурия марзбонони турк дастгир карда ва ба Тоҷикистон баргардондаанд.

Додситонӣ мегӯяд, тамоми гуноҳҳои Ҷӯрабек Султонов собит шуд ва барои ҳамин ӯ 12 соли умрашро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ мекунад. Назари вакили дифои ӯ то кунун маълум нест.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз тарма ва сангрезӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз ронандагон дар кишвар хостааст, ки бе зарурат ба манотиқи кӯҳистонӣ ҳаракат накунанд, зеро мумкин аст, зери тарма ё сангреза бимонанд.

Кумита бо нашри як баёния рузи 4-уми март гуфт, ки танҳо дар шаби 3 ба чоруми март, дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошим, ноҳияҳои Тоҷикобод ва Варзоб 76 тарма фаромадааст.

Ба гуфтаи мақомоти кумита, вазъи хатарнок бештар аз ҳама дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Тоҷикобод, Душанбе-Айнӣ, Хоруғ-Ишкошим дида мешавад. Роҳҳои Душанбе-Айнӣ ва Хоруғ-Ишкошим муваққатан бастаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, ки барои таъмини амнияти ронандагон дар роҳҳо ва расонидани кумакҳои фаврӣ дар қитъаҳои гуногуни роҳҳо маъмурони наҷот навбатдорӣ мекунанд. Дар баёнияи кумита омадааст, дар иртибот ба тағйири боду ҳаво, борону барфҳои пуршиддат ва афзудани хатари лағзиши тарма Кумита бори дигар аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки хеле эҳтиёткор бошанд. Аз сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва тармарезу сангрез муваққатан худдорӣ намоянд.

Дар таърихи тиб бори дувум гирифтори ВИЧ шифо ёфт

Як сокини шаҳри Лондон эҳтимол аст, дар таърихи тиб дувумин шахсе бошад, ки аз вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) табобат меёбад.

Бино ба натиҷаи таҳқиқоти нашркардаи маҷаллаи "Nature", дар бадани ин сокини Лондон, ки чанд сол пеш пайванди ҳуҷайраҳои ирсии инсон сурат гирифта буд, нишонаҳои ВИЧ дубора мушоҳида нашудааст.

Агар озмоишҳои баъдӣ низ ангал ё вируси мазкурро дар бадани ӯ, ки ному насабаш ифшо намешавад, ошкор накунанд, дар таърихи тиб дувумин ҳолате хоҳад шуд, ки бемор аз ВИЧ наҷот меёбад.

Ҳолати якум 12 сол пеш, дар натиҷаи пайванди мағзи устухон рух дода буд. Вале донишмандон то ҳол натавонистаанд, ин таҷрибаро комёбона такрор кунанд.

Сокини Лондон дар посух ба номаи нашрияи New York Times навиштааст, ки эҳтимоли табобат ёфтани ӯ аз ВИЧ барои худаш "ҳайратовар" буд.

Президенти Туркманистон дар бораи аспҳои ахалтека китоби нав навишт

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон бо номи "Аспҳо ҳам вафодорӣ мекунанд ва ҳам хушҳолӣ меоранд" дар бораи аспҳои зоти ахалтека ва дар маҷмуъ асппарварӣ китоби нав навишт. Дар ин бора сомонаи "Туркменпортал" иттилоъ медиҳад.

Бердимуҳаммадов дар ин китоб дар бораи таърихи аспҳои ахалтека ва санъати асппарварии муосир иттилоъ додааст.

Зимнан, ин китоби аввали Бердимуҳаммадов нест, ки ба асппарварӣ бахшида мешавад. Китоби "Гомҳои сареи асп" моҳи апрели соли 2016 ҳамчун ҳадя ба туркманистониҳо дар арафаи ҷашни Аспи туркманӣ нашр шуда буд.

Бердимуҳаммадов давоми 12 соли президентиаш наздики 50 китоб таълиф кардааст. Китобҳои президент мавзуъҳои гуногунро дар бар мегиранд ва нахуст бо забони туркманӣ таълиф ва баъдан ба забонҳои дигар баргардон мешаванд. Китобҳои президент тариқи радио ва телевизионҳои Туркманистон қироат мешаванд.

Бархе асарҳои навиштаи президент ба барномаи таълимии мактабӣ ворид шудаанд. "Афсонаи зинда", "Мурғи давлат" ва "Паёмовари саодати мардумӣ" дар синфҳои болоӣ таълим дода мешаванд.

Модарони серфарзанд истеъфои Назарбоевро талаб карданд (видео)

Бонувони қазоқ дар долони бинои ҳукумат

Даҳҳо зан дар Алмато, ки рӯзи 4 март ба ҷаласаи раиси ноҳияи Наврӯзбой рафта буданд, бо изҳори нобоварӣ ба мақомоти Қазоқистон истеъфои президент Нурсултон Назарбоевро талаб карданд.

Ҳудуди 30 модари танҳову серфарзанди ноҳияи Наврӯзбой гуфтанд, ки мушкили бехонагии онҳо солҳо боз ҳал намешавад ва барномаи ҳукуматӣ онҳоро давр мезанад. Бонувони қазоқ дар долони бинои ҳукумати Наврӯзбой шиор доданд, ки "Назарбоев биравад!", "Бигзор президент ҷойро холӣ кунад!", "Бигзор ӯ дар интихобот иштирок накунад" ва "Мо зидди иштироки Назарбоев дар интихоботем!".

Вазъро кормандони пулис назорат мекарданд. Хабарнигори Бахши қазоқии Радиои Озодиро кормандони пулис ва муовини раиси ноҳияи Наврӯзбой аз толори ҷаласа бароварданд.

Яке аз бонувон пас аз ҷаласа гуфт, сухани модарон шунида нашуд. Зани дигаре бо номи Лаура Боймолдонова гуфт, "се сол мешавад, ба ҳукумати ноҳия муроҷиат мекунам. Вале ягон кумак дарёфт накардам. Дар манзили иҷора зиндагӣ мекунам".

Дар Қазоқистон эътирози модарони серфарзанд бо талаби манзилҳои дастраси иҷтимоӣ ва афзоиши ҳаҷми кумакпулӣ 6 феврал пас аз он оғоз шуд, ки 5 кӯдаки як хонавода дар натиҷаи сӯхтори кулбаи муваққатие ҷон бохтанд. Ҳодиса шаби 4 феврал дар ноҳияи Сариаркаи Остона рух дода, 5 хоҳар ҳангоми сар задани сӯхтор танҳо буданд.

Даъвати модарон барои истеъфои Нурсултон Назарбоев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00

Трамп муҳлати таҳримҳои зидди Русияро тамдид кард

Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи душанбе муҳлати таҳримҳои зидди Русияро то як соли дигар тамдид кард. Ин таҳримҳо дар робита ба вазъи Украина ҷорӣ шуданд. Дар ин бора Кохи сафед хабар дод.

Русия дар робита ба вазъи Украина бори нахуст 6 марти соли 2014 таҳти таҳрим қарор гирифт. Дар санади нашркардаи Кохи сафед омадааст, ки "амалу сиёсатҳои ҳукумати Русия равандҳои демократӣ дар Украина сулҳу субот, амният, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украниаро заъиф ва ба амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии ИМА таҳдид мекунад".

Реферундуми ҳамоиши Қрим бо Русия 16 марти соли 2016 бо нақзи қонунҳои Украина ва баъди он баргузор шуд, ки иншоотҳои асосии шибҳаҷазира таҳти назорати низомиёни Русия қарор гирифтанд. Украина ва ҷомеаи байналмилалӣ ин назархоҳӣ ва натиҷаи онро эътироф намекунанд.

Моҳи марти соли 2014 ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ карданд. Ин чораҳо масдуд шудани дороиҳо, маҳдудияти раводид барои як қатор мақомоти расмии Русия, ҳамчунин манъи ҳамкории ширкатҳои бо доираҳои тиҷоратии он кишварро пешбинӣ мекунад.

Охири моҳи феврал Конгресси ИМА тарҳи қонун дар бораи таҳримҳои нави зидди Русияро нашр кард.

Генерал Қаҳҳоров: "Барои хизмат кардан дар мансаб будан шарт нест"

Абдураҳим Қаҳҳоров, ки 4-уми март аз мақоми дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон барканор ва ба нафақа фиристода шуд, гуфт, тамоми ҳаёт ба мардуму давлат хидмат кардааст ва бо вуҷди ба нафақа баромадан, хизматро идома хоҳад дод.

Оқои Қаҳҳоров имрӯз, 5 март дар як сӯҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, "албатта мехостам дар паҳлӯи намерагонам бошам, лекин чи хеле, ки тамоми ҳаёт ба мардум, ба давлат хидмат кардам ҳарчанд дар нафақа ҳам бошам, оянда низ ҳар чӣ аз дастам ояд хидмат мекунам. Барои хидмат кардан шарт нест дар ягон мансаб будан".

Собиқ дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар посух ба саволе, ки натиҷаи кори худро чӣ гуна арзёбӣ мекунад, гуфт бигузор кори ӯро дигарҳо баҳо диҳанд ва худ наметавонад ба фаъолияти кории худ баҳо диҳад. Ӯ гуфт, феълан зиёд банд аст ва бо пайдо кардани фурсат, сӯҳбат бештар хоҳад кард.

Абдураҳим Қаҳҳоров дар моҳи январи соли 2012 ба курсии дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон нишаста буд. Ӯ то он замон вазири умури дохилии Тоҷикистон буд. Ба ҷои Абдураҳим Қаҳҳоров дар мақоми дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, Маҳмадалӣ Ватанзода, ки ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ буд, таъин гардид.

Таҳқиқоти рӯзноманигорон: "Тройка Диалог" дар пулшӯӣ иштирок дошт

Сергей Ролдугин

Таҳқиқоти рӯзноманигорон аз Тарҳи байналмилалии бозҷӯии ҷиноятҳои мутташакил ва фасодкорӣ (OCCRP) мегӯяд, ки "Тройка Диалог" - бонки хусусии сармоягузорӣ, ки як замон аз бонкҳои бузурги Русия буд, дар тарҳи пулшӯи иштирок дошт ва ҳудудан $9 миллиардро "шустушӯ" дод.

Дар гузориши таҳқиқотӣ, ки рӯзи душанбе нашр шуд, рӯзноманигорон мегӯянд, схемаи пулшӯӣ ё ба гуфтаи онҳо "Тройка- Laundromat", ба афроди марбут ба олами ҷиноӣ ва фасодкорон имкон медод, ки аз пардохти молиёт фирор ва дороиҳои худро дар хориҷ пинҳон кунанд.

Дар байни онҳое, ки аз схемаи пулшӯӣ истифода карданд, аз ғижакнавоз Сергей Ролдугин ном мебаранд, ки аз дӯстони президент Путин гуфта мешавад. Ролдугин дар таҳқиқоти дигари OCCRP - "Авроқи панама" низ буд, ки мегӯяд ҳудуди 2 миллиард доллар тавассути офшор ба номи Ролдугин ворид шудааст.

Таҳқиқоти OCCRP аз баракати берун омадани санадҳои бонкӣ имконпазир шуд. Дар таҳқиқот ҳамчунин сомонаи литвагии 15min.lt иштирок кард.

"Тройка Диалог", омадааст дар таҳқиқот, миёнаҳои солҳои 2000-ум шабакаи 75 ширкати офшориро таъсис дод, ки аз ҷумла дар бонки литвагии Ukio Bankus ҳисоб боз карданд. Ин банк соли 2013 баста шуд. Пулҳо аз Русия дар ҳамин бонк "шустушӯ" мешуданд. Муомилаҳои бонкӣ ба сурати умум тақаллубӣ буданд ва барои коло ва хадамоти набуда интиқол меёфтанд. Ин пулҳо баъдан аз бонки литвагӣ ба ҳисоби бонкҳои ғарбӣ мерехт. Иддао мешавад, ки тавассути ҳисобҳои марбут ба Ролдугин 69 миллион доллар берун бурда шуд.

Ба маълумоти таҳқиқотгарон, "Тройка Laundromat" ҳамчунин дар берун бурдани маблағҳое истифода шуд, ки ҳуқуқшинос Сергей Магнитский сарнавишти онҳоро пайгирӣ мекарад. Магнитский дар боздошгоҳи Русия даргузашт. Ин схема ба намояндагони доираҳои сиёсӣ ва тиҷоратии Русия имкон медод, ки ба таври пинҳонӣ саҳҳоми ширкатҳои давлатӣ шаванд ва дар хориҷ амволи ғайриманқул харидорӣ кунанд, омадааст дар таҳқиқот.

Саҳмиядори аслии "Тройка Диалог" бонки сармоягузории Рубен Варданян буд. Соли 2012 "Тройка Диалог" ба "Сбербанк" фурухта шуд ва Sberbank CIB унвон гирифт.

Путин татбиқи созишномаи маҳви мушакҳои миёна ва кӯтоҳпарвозро манъ кард

Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин татбиқи Созишномаи маҳви мушакҳои миёна ва кӯтоҳпарвозро, ки дар байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА имзо шуда буд, манъ кард. Дар ин бора сомонаи Кремлин рӯзи 4 март хабар дод.

Бар пояи матни фармони президент, ин тасмим "биноба нақзи созишнома аз ҷониби ИМА" гирифта шуд. Вазорати умури хориҷии Русия бояд ҷониби Амрикоро аз ин қарор огоҳ кунад. Фармони президент дар бораи қатъи созишнома ҳамин рӯз ба иҷро даромад.

Қаблан дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ки паймони низомӣ бе назардошти Созишномаи маҳви мушакҳои миёна ва кӯтоҳпарвози байни ИМАва Русия "ба сулҳ омода мешавад". Раҳбари паймон гуфт, Маскав фурсати охиринро дорад, ки ба риояи созиш баргардад. Столтенберг аз Русия даъват кард, ки ин фурсадро аз даст надиҳад. Ӯ гуфт, ки НАТО аз пайи сабқати таслиҳотӣ нест ва мушкаҳои ҳастаиро дар Аврупо мустақар намекунад.

ИМА рӯзи 2 феврал ба раванди берун шудан аз қарордоди маҳдудияти таслиҳоти мушакӣ оғоз кард. Санадро соли 1987 Роналд Реган ва Михаил Горбачев имзо карда буданд. Амрико мегӯяд, ки ворид шудани мушаки 9М729 "Новатор" ба таслиҳоти Русия шарти созишномаро нақз кард.

Тӯфон дар Алабама дасткам 23 нафарро қурбон кард

Тӯфон дар Алабама

Дастикам 23 нафар, бархе кӯдакон, бар асари тӯфон дар аёлати ҷанубии Алабама ҳалок шуд. Ба гуфтаи мақомот, хисороти ҷонӣ дар ҳоле ба бор омад, ки тӯфон рӯзи 3 март ба Алабама зарба зада, дарахтонро решакан ва роҳу биноҳоро шадидан хароб кард. Ҷей Ҷонс, раиси пулис ба матбуот гуфт, ки 23 нафар ҳалок шуда, маҷрӯҳшудаҳо ба бемористон интиқол ёфтанд. Вазъи баъзеи онҳо вахим арзёбӣ мешавад.

Мақомот мегӯянд, дар Алабама ҳудудан 6 ҳазор ва минтақаи ҳамсояи Ҷорҷиа 16 ҳазор хона бебарқ монд. Наворҳои видеои баъди тӯфон дарахтҳои шикаста пораҳои хонаҳои харобшуда ва ҷодаҳои пур аз ғайҷиро ба намоиш гузошт.

Президенти ИМА Доналд Трамп тавассути твиттер аз сокинони Алабама ва минтақаҳои осебдидаи дигар даъват кард, ки "муроқиб ва амн бошанд"

Сардабири портали Tut.by барои "бемасъулиятӣ" ҷарима шуд

Марина Золотова - сардабири портали Tut.by

Додгоҳе дар Минск сардабири портали Tut.by Марина Золотоваро дар қазияи истифодаи ғайриқонунии маводи обунавии хабаргузории давлатии Украина - BelTA барои "бемасъулияти ҳамчун раҳбар" ба маблағи беш аз сеюним ҳазор доллар ҷарима кард.

Мурофиаи Золотова 12 январ оғоз шуд. Ҷазои ҳади аксар барои ин иттиҳом аз 2 то 5 соли зиндон аст. Сардабири Tut.by айбномаро эътироф накард.

Додситонҳо мегӯянд, Золотова аз истифодаи ғайриқонунии хабарҳои BelTA аз тарафи кормандонаш огоҳ буд, аммо аз он ҷилавгирӣ накард. Ҳамзамон раҳбари бахши ҳисобдории хабаргузории давлатӣ Ирина Горбачевская дар додгоҳ гуфт, ки Tut.by бо BelTA қарордод надошт ва кормандони он бо рамзҳои интишороти "Беларус Сегодня ва "БелКП-ПРЕСС" ба хабаргузории давлатӣ ворид шуда, хабарҳои онро истифода карданд. Ин дар ҳолест, ки BelTA истифодаи рамзҳои худро барои тарафи сеюм манъ накарда буд.

Аввали моҳи августи соли гузашта муфаттишон идораҳои BelaPan ва TUT.by-ро кофтукоб карданд. Ин кофтукоб дар чаҳорчӯби парвандаи истифодаи ғайриқонунии хабарҳои BelTA сурат гирифт. Он замон якчанд хабарнигор боздошт шуданд. Онҳоро баъди чанд рӯз озод карданд.

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд мақомот бо ин роҳ мехоҳанд даҳони мунаққидони президенти дарозумри Беларусия Александр Лукашенко ва ҳукумати ӯро банданд. Вазорати хориҷии Беларусия ин иттиҳомро рад мекунад.

Раҳбари мухолифини Венесуэла Хуан Гуайдо ба Каракас баргашт

Хуан Гуайдо

Раҳбари оппозитсиюни Венесуэла Хуан Гуайдо сарфи назар аз таҳдиди боздошт рӯзи душанбе баъди силсилаи сафарҳо дар Америкаи Лотинӣ ба Каракас баргашт. Дар ин сафар ӯ ҳадаф дошт барои кишвараш кӯмаки башардӯстона ҷамъ кунад ва давлатҳои Америкаи Лотиниро ба мусоидат дар барканор кардани Николас Мадуро мутақоид созад.

Ҳазорҳо тарафдораш Гуайдоро дар фурудгоҳи Каракас истиқбол карданд.

Ӯ қаблан аз сокинони кишвар даъват кард, ки рӯзи душанбе, ҳангоми бозгашти ӯ ба Венесуэла ба кӯча бароянд.

ИМА ва 50 кишвари дигар раиси порлумони Венесуэла Хуан Гуайдоро ҳамчун президенти муваққатӣ эътироф карданд. Ӯ бо истифода аз салоҳияташ ва муқаррароти Қонуни асосӣ, бинобар тақаллуб дар интихобот, интихоби Николас Мадуро ба мақоми президентро ғайриқонунӣ ва рӯзи 23 январ худро раҳбари муваққатӣ эълон кард.

Мақомоти Венесуэла алайҳи Гуайдо таҳқиқ оғоз карданд. Додгоҳи Олӣ хуруҷи ӯро аз кишвар мамнуъ кард.

Ахиран ёвари президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон дар твиттер навишт, ки ҳамагуна таҳдид ё амалкард алайҳи бозгашти амни Гуайдо "ба посухи шадиди Амрико рӯ ба рӯ хоҳад шуд".

Олигарх Усмонов дар Намангонн $50 млн сармоягузорӣ кард

Алишер Усмонов

Олигархи узбектабори Русия Алишер Усмонов дар доираи барномаи "Обод қишлоқ" (Қишлоқи обод) дар вилояти Намангон 50 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни сафари худ ба вилояти Намангон иттилоъ дод.

Ёдрас мешавем, Мирзиёев 1 март дар мулоқот бо фаъолони Намангон хабар дод, ки дар вилоят маркази тиҷории ҷавонон ба номи Алишер Усмонов боз хоҳад шуд. Дар марказ мутахассисони хориҷӣ ба ҷавонон соҳибкориро хоҳанд омӯзонд.

Бунёдгузори ширкати USM Holdings Алишер Усмонов дар ноҳияи Чусти Намангон ба дунё омадааст. Маҷаллаи Forbes дороии ӯро $12,5 млрд арзёбӣ карда буд.

Президенти Ӯзбекистон моҳи августи соли 2018 фармони "Қадрдонии Алишер Усмоновро бо орден" имзо карда буд.

Арабистони Саудӣ шаҳрвандии писари Усома бин Лоденро бекор кард

Ҳамза бин Лоден

Мақомоти Арабистони Саудӣ шаҳрвандии Ҳамза бин Лоден, писари Усома бин Лоден, раҳбари пешини гуруҳи террористии "ал-Қоида"-ро бекор карданд.

Қарори Вазорати умури дохилии Арабистони Саудӣ дар ин замина рӯзи ҷумъа дар нашрияи расмии он кишвар чоп шудааст. Падари Ҳамза ибни Лодин соли 2011 дар натиҷаи як амалиёти хадамоти махсуси Амрико дар Покистон кушта шуд.

Департаменти давлатии ИМА рӯзи панҷшанбе гуфт, Вашингтон барои маълумот дар бораи маҳалли будубоши писари раҳбари пешини "ал-Қоида" то 1 миллион доллар мукофот хоҳад дод.

Моҳи январи соли 2017 ИМА алайҳи Ҳамза бин Лоден таҳрим ҷорӣ кард. Вашингтон бар ин назар аст, ки фаъолиятҳои писари бин Лоден ба амнияти Амрико таҳдид мекунад. Ба маълумоти Департаменти давлатӣ, Ҳамза бин Лоден соли 2015 расман ба "Ал-Қоида" ворид шуд. Баъди як сол тарадоронашро ба ҷанги зидди ИМА даъват кард.

Мирзиёев ба милиса ва низомиёни муҳлат дод, ки лоғар шаванд

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо фаъолони вилояти Намангон кормандони вазоратҳои умури дохилӣ ва дифои ин кишварро барои фарбеҳӣ ва доштани вазни барзиёд танқид кард.

Бино ба хабари расонаҳои маҳаллӣ, президент Мирзиёев ба кормандони ду вазорат аз 3 то 6 моҳ муҳлат дода, ки лоғар шаванд.

"Ба мо афсар, корманди фарбеҳи умури дохилӣ лозим нест. Ӯ бо он вазн чи гуна ҷинояткорро дастгир карда метавонад? Бигзор бо варзиш машғул шаванд. Ин на барои ман, балки барои саломатии худи онҳо зарур аст. Ба онҳо 3 ё 6 моҳ муҳлат медиҳем, то худро ба тартиб оранд ва лоғар шаванд", - иқтибос меорад Daryo.uz аз суханони Мирзиёев.

Шавкат Мирзиёев мушкили фарбеҳӣ ва доштани вазни зиёдро 9 ноябри соли 2018 дар як ҷаласаи видеоӣ бахшида ба натиҷаҳои ислоҳоти хадамоти тиббӣ дар Узбекистон низ ёдрас карда буд.

"Ними аҳолии Узбекистон дар натиҷаи камҳаракатӣ ва ғизои нодуруст фарбеҳ мешаванд. Дар натиҷа 31 дарсади сокинон ҳоло ба бемории фишорбаландӣ гирифторанд", - гуфта буд Мирзиёев он замон.

Пас аз ин суханҳои Мирзиёев хабарҳое нашр шуданд, ки як қатор муассисаҳои давлатӣ аз кормандони худ талаб доранд, дар муддати кутоҳ лоғар шаванд. Дар баъзе аз корхонаҳо ба кормандон ҳатто дастурамали партофтани вазнини зиёдатиро тақсим карданд.

Sunday Times: Трамп аз Ким бастани корхонаи махфиро талаб кард

Доналд Трамп ва Ким Чен Ун

Сабаби ба нокомӣ мувоҷеҳ шудани гуфтугӯҳои президенти ИМА Доналд Трамп бо роҳбари Куриёи Шимолӣ дар ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ханой талаби бастани корхонаи махфии ғанисозии урани Куриёи Шимолӣ будааст, - хабар медиҳад нашрияи бритониёии Sunday Times.

Нашрия рӯзи 3 март навишт, ҳайати ИМА дар саммити Ханой ба намояндагони Куриёи Шимолӣ хабар додааст, ки иктишофи Амрико дар бораи иншооти махфие бо номи "Кангсон", дар наздикии Пхенян иттилоъ дорад. Трамп аз Ким талаб кард, ки иншооти мазкурро тахриб кунад, аммо Ким посухи рад дод. Баъди ин радду бадал гуфтугӯҳо пеш аз вақт, бидуни ғизои нисфирӯзии муштарак ва имзои қатъномае ба поён расиданд.

Гуфта мешавад, иктишофи ИМА корхонаи мазкурро тавассути таҳлили аксҳо аз кайҳон ошкор кардааст. Дар бораи корхонаи мазкур пештар низ иттилоъ буд, аммо расонаҳо дар ин бора нисбатан гузориши камтар нашр мекарданд.

Доналд Трамп баъди анҷоми гуфтугӯҳои Ханой хабар дод, ки Ким Чен Ин дар ивази маҳви силоҳи ҳастаӣ бекорсозии комили таҳримҳои амрикоиро талаб кардааст. Трамп мегӯяд, ба ҳамин далел гуфтугӯҳоро тарк кард. Намояндагони Куриёи Шимолӣ гуфтанд, лағви таҳримҳоеро талаб кардаанд, ки ба аксарияти аҳолии он кишвар таъсир дорад.

Дар ҳамин ҳол, роҳбарони ИМА хабар доданд, ки омодаи идомаи гуфтугӯҳо ҳастанд. Рӯзи якшанбе ИМА ва Куриёи Ҷанубӣ гуфтанд, размоишҳои ҳамасолаи низомиро дар соли ҷорӣ баргузор нахоҳанд кард. Чунин тасмим бо ҳадафи фароҳам кардани шароит барои эҳёи гуфтугӯҳо бо Куриёи Шимолӣ, гирифта шуд.

Парванда алайҳи як шаҳрванди Чехия дар Тоҷикистон барои қаллобӣ

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди Ҷумҳурии Чех бо ҷурми қаллобӣ хабар дод. Мақомоти Оҷонӣ мегӯянд, Васлав Скоҳоутил бо се шаҳрванди Тоҷикистон бо ваъдаи таъмини кор дар Ҷумҳурии Чех аз шаҳрвандон даҳҳо ҳазор сомонӣ гирифтаанд.

Дафтари матбуоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод, ки Васлав Скоҳоутил ва се масъули ҶДММ “Гардуна” барои таъмини ҷойи кор дар Ҷумҳурии Чех аз 37 нафар 32 ҳазор доллар ва 101 ҳазор сомонӣ маблағ гирифтаанд. Мақомот гуфтанд, онҳо бар ивази маблағ ваъдаи худро иҷро накарданд.

Манбаъ афзуд, нисбати роҳбарони ташкилоти “Гардуна” ва шаҳрванди Ҷумҳурии Чех бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз кардаанд.

Ин нафарон дар ҳоле бо ваъдаи таъмин кор дар Чехия аз шаҳрвандон маблағ гирифтаанд, ки Тоҷикистон бо ин кишвар шартнома барои муҳоҷират надорад. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қаблан аз сокинон хоста буд фирефтаи ваъдаҳои таъмини ҷойи кор дар Аврупо нашаванд. Тоҷикистон феълан бо Русия, Қазоқистон ва Қатар шартнома дар бораи таъмини ҷойи кори шаҳрвандонро дорад.

Аз Тоҷикистон ба хориҷ солона беш аз як миллион нафар ба муҳоҷират мераванд ва маблағаи фиристодаи онҳо чархаи аслии иқтисоди кишвар гуфта мешавад.

Дар Ишқобод билети парвоз ба хориҷ камёфт шудааст

Дар Туркманистон билети парвоз дар масирҳои хориҷӣ ҳанӯз ҳам камчин буда, дар нуқтаҳои фурӯш барои моҳҳои наздик наметавон билет пайдо кард.

"Мегӯянд, билет барои ду моҳ баъд аст. Пешниҳод мекунанд, ки рӯзи парвоз равем, шояд касе аз сафар даст мекашад ва билети ӯро ба мо медиҳанд. Ба гуфтаи як корманди билетфурӯшӣ, дар ҳар парвоз чаҳор билет - ду адад барои аъзои ҳукумат ва дуто барои кормандони амнияту умури дохилӣ фармоиш шудааст", - иттилоъ дод хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ 1 март.

Ба гуфтаи хабарнигор, тамоми билетҳои парвоз ба шаҳрҳои Минску Москва то моҳи декабр фурӯхта шудаанд.

Дар натиҷа туркманистониҳо маҷбуранд, барои дарёфти билет аз роҳҳои гуногун истифода кунанд. Дар бештари маврид онҳо ба миёнараве муроҷиат мекунанд, ё корманди билетфурӯширо "мехаранд" ва дар ҳоли ҳозир ҳаққи миёнарав бар сари ҳар як билет то ба 1500-2000 манат (беш аз 480 доллар) боло рафтааст.​

Марзбони тоҷик барои шикастани бинии ҳамхидматаш зиндонӣ шуд

Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе як марзбони тоҷикро барои шикастани бинии ҳамхидматаш ба як соли зиндон маҳкум кардааст. Додгоҳ рӯзи 1-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, Ҳабибулло Оев, сарбози воҳиди низомии 0113 дар ноҳияи Лахш моҳи октябри соли 2018 бо ҳадафи нишон додани зӯрӣ ва "бартарии худ" бо сараш ба бинии ҳамхидматаш Русланҷон Дӯстов зада, устухони бинии ӯро шикастааст.

Ба гуфтаи додгоҳ, Ҳабибулло Оев, рафтори худро чунин шарҳ додааст, ки Русланҷон Оев ӯро дар гузашта латукӯб кардааст ва барои ҳамин хостаааст, аз ӯ ниқор бигирад. Ба гуфтаи додгоҳ, барои риоят накардани оиномаи артиш ва паст задани шаъну эътибори ҳамхидматаш ва расонидани осеб ба саломатии ӯ Ҳабибулло Оев рӯзи 4-уми феврал ба як соли зиндон маҳкум шуд.

Дар артиши Тоҷикистон бадрафторӣ ва дағалӣ бо сарбозон, ки борҳо бо марг ҳам анҷомидааст, як мушкили доғ боқӣ мемонад.

Нашри акс ва видеои нав аз Мирҳусейн Мӯсавӣ ва ҳамсараш

Мирҳусейн Мӯсавӣ ва Заҳро Раҳнавард

Акси нави Мирҳусейн Мӯсавӣ ва ҳамсараш Заҳро Раҳнавард, аз фаъолони мухолифон дар Эрон, ки ҳашт сол боз дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Онро рӯзи севуми март бори аввал канали марбут ба вебсайти мухолифон – "Калима" – дар "Телеграм" нашр кард.

Бисёре аз хабарнигорон ва фаъолон дар дохили Эрон ҳамчунин навореро паҳн карданд, ки дар он Мирҳусейн Мӯсавӣ ҳангоми адои намоз тасвир ёфтааст. Гуфта мешавад, видео дар манзили хоҳари Мӯсавӣ сабт шудааст.

Бино ба гузоришҳо, мақомоти Эрон дар моҳҳои охир ба Мирҳусейн Мӯсавӣ ва занаш иҷоза додаанд, ки бо хешовандони наздики худ дидор кунанд.

Мӯсавӣ ва рӯҳонии ислоҳталаб Меҳдии Каррӯбӣ дар ҷараёни интихоботи президентии соли 2009 дар Эрон аз раҳбарони мухолифон буданд.

Мӯсавӣ, Каррубӣ ва, инчунин, ҳамсари Мӯсавӣ, профессори донишгоҳ Заҳро Раҳнавард, баъди борҳо ба чолиш кашидани мақомоти Эрон дар мавриди интихобот ва ҳуқуқи инсон моҳи феврали соли 2011 ба ҳабси хонагӣ гирифта шуданд.

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, ба хотири онки натавонист ваъдаи додаи худро дар интихоботи солҳои 2013 ва 2017 иҷро кунад ва ин се нафарро аз банд озод намояд, бо танқиди ислоҳталабон рӯ ба рӯ шуд.

Ахиран Вазорати корҳои хориҷии Амрико аз идомаи ҳабси Мӯсавӣ, Раҳнавард ва Каррубӣ интиқод кард ва озодии онҳоро талаб намуд.

Роберт Палладино, сухангӯи Департаменти давлатии Амрико рӯзи 14-уми феврал гуфт, "мо озодии фаврии онҳо ва озодии ҳамаи зиндониҳоро тақозо мекунем."

Блогнависи зидди фасод баъди ду сол аз зиндон озод шуд

Меҳмон Ҳусейнов баъди раҳоӣ аз зиндон

Блогнависи маъруфи зидди фасод дар Озарбойҷон Меҳмон Ҳусейнов рӯзи 2-юми март аз маҳбас озод шуд. Вай моҳи марти соли 2017 бо ҷурми туҳмат ба мақомоти пулис ба ду соли зиндон маҳкум шуда шуда буд.

Худаш ва ҷонибдоронаш ин ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Меҳмон Ҳусейнов баъди раҳоӣ аз зиндон ба сари мазори Элмера Ҳусейнова, журналисти озарӣ рафт, ки чаҳордаҳ сол пеш парронда шудааст.

Ҳусейнов гуфт, “ман имрӯз ба инҷо омадам, то мазори журналисти кушташударо зиёрат кунам. Фикр мекунам, бояд журналистоне бошанд, ки роҳи ӯро идома диҳанд. Ва ман барои худам ин роҳро интихоб кардам. Ман дар журналистика роҳи мушкилро пеш гирифтам ва то охираш хоҳам рафт”, - гуфт Ҳусейнов.

Арлем Дезир, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури озодии матбуот дар “Твиттер” аз озодии Меҳмон Ҳусейнов ситоиш кард.

Мақомоти Озарбойҷон дар охири соли гузашта алайҳи Меҳмон Ҳусейнов дар заминаи банди “зӯроварии хатарнок ба ҳаёти намояндаи ҳукумат” парванадаи нав дуруст карда буданд. Вале мухолифон бо намоишҳои эътирозӣ ва эълони гуруснанишинӣ ба лағви парванда даъват намуданд.

Додситонии кулли Озарбойҷон охири моҳи январи имсол хабар дод, ки иттиҳоми нав алайҳи блогнависи зидди фасод Меҳмон Ҳусейнов лағв шудааст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

XS
SM
MD
LG