Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Боздошти як фаъоли Бишкек бо шиори "Путин – ишғолгар"

Рӯзи 27 март дар назди сафорати Русия дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон фаъоли ҷамъиятиеро боздошт карданд, ки зидди сиёсатҳои президенти Русия Владимир Путин эътироз мекард.

Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ Рита Карасартова, фаъоли ҷамъиятӣ Нурлан Каримшаков дар даст шиорҳои "Путин - хушунаткор", "Ишғолгар", "Қотил" ва "Мо ба пойгоҳи низомӣ ниёз надорем" дошт.

Карасартова мегӯяд, боздоштшуда дар даъват ба адовати миллӣ айбдор мешавад. Мақомот манзили ӯро кофтукоб кардаанд.

"Пулис бо такя ба назари коршиносон хулоса кард, ки шиорҳои Каримшаков даъват ба хусумати миллӣ ҳастанд ва нисбати вай бо моддаи "Ангехтани адовати нажодӣ, қавмӣ, миллӣ, динӣ ва ё минтақавӣ" парванда боз кард", - гуфт Карасартова.

Каримшаковро ҳамроҳ бо ҳамсараш ба раёсати корҳои дохилии Бишкек бурда ва давоми 15 соат обу ғизо надодаанд, мегӯяд ҳомии ҳуқуқ.

Имрӯз, 28 март, дар шаҳри Бишкек сафари давлатии президенти Русия Владимир Путин баргузор мешавад.

Оташи чоҳи нафти Каламкаси Қазоқистон хомӯш шуд. ВИДЕО

Вазорати энержии Қазоқистон хабар дод, ки оташи чоҳи нафти Каламкаси вилояти Мангистау хомӯш шуд. Ин оташ беш аз се шабонарӯз сӯхт.

Дар ин бора рӯзи 28 март сухангӯи вазорати энержӣ Нурилбек Женисбек хабар дод. Ба гуфтаи вай, оташ дар қубури партоби газ сар зада буд.

Сӯхтор дар чоҳи нафти Каламкас 25 март шуруъ шуд. Ба иттилои расмӣ, партоби газ 13 март сурат гирифта буд. Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба мақомот навиштанд, ки хуруҷи нафт пештар аз ин мушоҳида нашудааст.

Мақомот 24 март гуфтанд, ки таҳқиқи садама дар кони нафти Каламкас шуруъ шудааст.

HRW аз Русия тақозо кард, ки ҳукми Иван Лузин бекор шавад

Созмони ҳомии ҳуқуқи башар Human Rights Watch аз Русия тақозо кард, ки ҳукми додгоҳии як фаъоли 18-соларо бекор кунад.

Иван Лузин нахустин шаҳрванди Русия шуд, ки бар асоси қонуни баҳсбарангези декабри соли 2018 дар бораи пайгарди ҷиноии афрод барои ҷалби хурдсолон ба эътирозҳои хиёбонии ғайриқонунӣ маҳкум шуд.

Созмони ҳомии ҳуқуқ рӯзи 27 март гуфт, ки ба пардохти ҷарима маҳкум шудани ӯ хилоф бо ҳуқуқи озодӣ ба баён ва ташкили гирдиҳамоиҳо аст.

“Мақомоти Русия роҳи нави саркӯби таҷаммӯъҳои сулҳомезро пайдо карданд ва аз ин роҳ мехоҳанд насли ҷавонро аз он пешгирӣ кунанд, ки одатҳои демократиро дар синни хурдсолӣ ташаккул диҳанд”, гуфта шудааст дар изҳороти Human Rights Watch. Додгоҳе дар Калининград моҳи март Лузинро барои “ташкили як эътирози ғайриқонунӣ” бо иштироки ду духтари 16-сола ба ҷарима дар ҳаҷми 50 ҳазор рубл (муодили 775 доллар) маҳкум кард.

Ҳукми додгоҳ дар паи намоишҳои моҳи феврал дар Калининград содир шудааст, ки ӯву ду духтари наврас ба нишони ҳимоят аз ҳуқуқи ду фаъоли дигари шиканҷашуда дар зиндон баргузор карданд. Бар асоси қонуне, ки моҳи декабри соли гузашта қабул шуд, гумонбарон метавонанд ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми то 50 ҳазор рубл ваё 15 рӯзи ҳабс маҳкум шаванд.

Залмай Халилзод ба Афғонистон меравад

Фиристодаи ИМА, ки ба хотири хатми ҷанг дар Афғонистон бо Толибон гуфтугӯ мекунад, дубора вориди минтақа хоҳад шуд. Залмай Халилзод, ки аз ҷониби Вашингтон раҳбарии музокиротро ба ӯҳда дорад, барои он интиқод мешавад, ки дар ҷараёни гуфтугӯҳо бо Толибон ҳукумати Афғонистонро сарфи назар кардааст. Рӯзи 26 март Халилзод дар шабакаи Твиттер навишт: «Ман дубора ба роҳ баромадам, то ки дастовардҳои моҳи гузаштаро амалӣ кунам. Хабарҳоро пайгирӣ кунед, чун мо талошҳои ба ҳам овардани афғонҳоро ба хотири баррасии ояндаи кишварашон вусъат мебахшем».

Халилзод, ки раҳбарии ҳайати музокиротӣ бо Толибонро ба ӯҳда дорад, то имрӯз дар Қатар чандин даври музокиротро бо Толибон барпо намуд. Ҳукумати Кобул, ки аз ғарб пуштибонӣ мешавад, шикоят дорад, ки намояндагони ҳукумати расмӣ дар музокираҳо сарфи назар шуданд, вале Толибон гуфтаанд, ки бо ин ҳукумате, ки «як лӯхтаки Ғарб» аст, музокира намекунанд. Халилзод гуфт, ки дар Кобул «бо ҳукумати Афғонистон ва дигар афғонҳо дар бораи ҷараёни гуфтугӯҳо бо Толибон» сӯҳбат карда, онҳоро ба таъсиси «як тими музокиракунандаи дохилӣ ташвиқ мекунад», гуфтааст Департаменти давлатӣ.

Додгоҳ Дмитрий Язов, вазири дифои СССР-ро ба 10 соли зиндон маҳкум кард

Соли 2014 президент Владимир Путин вазири собиқи дифои СССР Дмитрий Язовро бо зодрӯзаш табрик кард

Додгоҳи минтақавии Вилнюс рӯзи 27 март бо як қарори худ Дмитрий Язов, собиқ вазири дифои Иттиҳоди Шӯравиро дар ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият гунаҳгор эълон кард. Дар қарори додгоҳ гуфта мешавад, ки Язов дар соли 1991 дар ҷараёни ҳаракатҳои истиқлолталабии Литва саркӯби мардумро дар Маскав раҳбарӣ мекард.

Бо қарори додгоҳ, Язов дар ғайбаш ба 10 ва собиқ афсари КГБ Михаил Головатов ба 12 соли зиндон маҳкум шуданд. Мурофиае, ки се сол идома дошт, тафсилоти кушта шудани 14 нафарро аз ҷониби артиши шӯравӣ дар ҳодисаҳои моҳи январи соли 1991 ба баррасӣ гирифта буд.

Додситонҳои Литва гуфтанд, ки қариб ҳамаи онҳо 13 январи соли 1991 ҳангоми кӯшиши ҳуҷум ба қароргоҳи телевизион аз ҷониби ниманизомиҳои шӯравӣ кушта шуда, беш аз 700 нафар маҷрӯҳ шуданд. Литва моҳи марти соли 1990 истиқлолияти худро эълон кард ва нахустин ҷумҳурӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки ба чунин иқдом даст зад. Язови 94-сола он замон вазири дифои Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Ҳукми додгоҳ метавонад ба равобити Русияву Литва таъсиргузор шавад, чунки Маскав гуфт, ки дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ширкат намекунад. Дар оғози мурофиае, ки се сол пеш шурӯъ шуд, додситонии кулли Литва нисбати 65 низомии собиқи артиши шӯравӣ, аксар шаҳрвандони Русия, Беларус ва Украина айб эълон кард. Матбуоти русӣ менависад, ки дар курсии айбдоршавандаҳо аз ин 65 нафар танҳо ду нафар нишаста буданд ва дигарҳо ҳама дар ғайбашон муҳокима шуданд. Дар гузашта Думаи давлатии Русия ин мурофиаро “дорои ангезаҳои сиёсӣ” номида маҳкум кардааст. Вокуниши худи Язов феълан маълум нест.

Вазири собиқи кабинаи Путин барои тақаллуб боздошт шуд

Михаил Абизов

Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки нисбати собиқ вазир Михаил Абизов бо эҳтимоли тақаллуб дар ҳаҷми 62 миллион доллар парванда боз шуда худи ӯ боздошт шудааст. Ин муомилаи аз назари тафтишот машкук марбут ба фаъолияти “Ширкати энержии Сибир” буда, ба солҳои вазири “ҳукумати боз” будани Абизов дар солҳои 2011-2018 бармегардад. Абизов барои шаффофияти ҳукумат ва технологияҳо масъул буд.

Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки вазири собиқ 26 март аз ҷониби кормандони Хадамоти федеролии амният боздошт шуд. Светлана Петренко, сухангӯи Кумитаи тафтишот гуфт, ки Абизов дар тақаллуби 4 миллиард рубл, муодили 62 миллион доллар гумонбар мешавад. Гӯё ӯ ва панҷ муттафиқаш солҳои 2011-2014 пулҳои ду муассиса - “Ширкати энержии Сибир” ва “Шабакаҳои минтақавии барқӣ”-ро ба хориҷа интиқол додааст.

Вакили дифои Абизов – Александр Аснис ба ТАСС гуфт, ки зерҳимояи ӯ бо иттиҳоми ворида розӣ нест ва худро бегуноҳ меҳисобад. Ӯ гуфт, ки Абизов рӯзи 27 март барои шунидани қарори пешакии додгоҳ ҳозир мешавад. Сухангӯи президент Путин – Дмитрий Песков дирӯз ба ТАСС гуфт, ки “президент дар бораи Абизов гузоришеро аз қабл дарёфт карда буд”. Абизовро як шахси наздик ба нахуствазир Дмитрий Медведев арзёбӣ мекунанд, ки як дафъа давоми чор сол то баргаштаи Путин дар мақоми раиси ҷумҳурии Русия кор кардааст. Баъди сари кор баргаштани Путин, Абизов як соли дигар ҳам дар ҳайати кабинаи вазирон кор карда буд.

Президенти Узбекистон арзу доди сокинонро мешунавад

Шавкат Мирзиёев

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон қарор аст, рӯзи 1 апрел қабулгоҳи президент Шавкат Мирзиёев боз шавад. Дар ин бора Бахтиёр Ҷамолов, мудири Қабулгоҳи мардумии дастгоҳи президенти Узбекистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, бо касоне, ки дар садри рӯйхат номнавис шудаанд, Мирзиёев шахсан мулоқот ва арзу додашонро хоҳад шунид.

Баъдан ин гуна пазироиҳо тавассути интернет сурат хоҳанд гирифт.

Пушти дари биное, ки ба қабулгоҳ табдил шудааст, соатҳои қабули президентро навиштаанд.

Ба гуфтаи Ҷамолов, дар ҳоли ҳозир 20 сокин барои қабул ба ҳузури президент интихоб шудаанд. Мирзиёев бо ҳар кадоми онҳо шахсан мулоқот мекунад.

CPJ аз Ишқобод хост, таъқиби рӯзноманигоронро бас кунад

Солтан Очилова

"Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон" (Committee to Protect Journalists, CPJ) аз мақомоти Туркманистон хост, ки "таъқиби мудовим"-и рӯзноманигорони мустақилро қатъ ва маҳдудияти хориҷравии хабарнигор Солтан Очиловаро бекор кунанд.

"Таъқиби мудовими Очилова ва чанд рӯзноманигори дигар бояд қатъ шавад, зеро онҳо бо инъикоси ҳодисаҳо дар яке аз пӯшидатарин кишварҳои дунё кори муҳимеро анҷом медиҳанд", - омадааст дар изҳороти созмон.

Очилова хабарнигори ишқободии сомонаи хабарии "Хроника Туркменистана" аст.

Ӯро рӯзи 11 март нагузоштанд, ки ба қасди ширкат дар як давраи омӯзишӣ ба Гурҷистон парвоз кунад.

Дар гузашта Очилова борҳо боздошт шуда, аз сӯи кормандони мақомот ва ҳам ашхоси ношинос хушунат дидааст.

Ҷаласаи нахустини Дариға Назарбоева ба ҳайси раиси Сенат

Раиси нави сенат ва духтари президенти пешини Қазоқистон Дариға Назарбоева 26 март ҷаласаи бюрои сенатро баргузор кард. Дар он ба кумитаҳои сенат лоиҳаи қонунҳоеро тақсим карданд, ки аз сӯи маҷлис пешниҳод шуда буданд.

Яке аз лоиҳаҳои пешниҳодӣ марбут ба будҷаи соли 2019-2020 буд. Ба иттилои сомонаи сенат, Назарбоева ба баррасии тарҳи будҷаи ҷумҳуриявӣ, ки 4 апрел баргузор мешавад, бештар таваҷҷуҳ кардааст.

Дариға Назарбоева духтари калонии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст. Номзадии ӯро ба мақоми раҳбарии сенат президенти муваққати ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев, ки пештар худ раиси он буд, пешниҳод кард. Раиси сенат дар сурати истеъфо додани президент муваққатан иҷрои вазифаҳои ӯро бар зимма мегирад.

Номзадии Назарбоеваро аъзои сенат якдилона қабул карданд. Вакилон ҳамчунин пешниҳодҳои дигари Тоқаевро низ пазируфтанд, ки 20 март ҳангоми савгандёдкунияш ироа карда буд. Аз ҷумла бо пешниҳоди ӯ номи шаҳри Остона ба Нурсултон иваз ва ба президенти пешин Назарбоев чандин мукофоти давлатӣ дода шуд.

Помпео рафтори Русияро дар Венесуэла "тахрибгарона" номид

Майк Помпео

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео зимни суҳбат бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, "то замоне, ки Русия ташаннуҷи Венесуэларо амиқтар мекунад, ИМА дар канор нахоҳад монд".

Помпео ҳамчунин кумаки низомии Русияро ба режими Николас Мадуро маҳкум ва аз Москва хост, "рафтори тахрибкоронаи худро қатъ кунад".

Ахиран хабар расид, ки наздики 100 низомии Русия вориди Венесуэла шудаанд. Мақомоти Русия расман ин хабарро шарҳ надоданд, аммо хабаргузории РИА Новости аз қавли як манбаи дипломатӣ дар Каракас навишт, ки ҳавопаймоҳои ҳомили низомиҳои Русия дар Венесуэла ҳастанд.

Пештар аз ин котиби давлатии ИМА намояндаи Русия дар СММ Василий Небензяро танқид кард. Небензя гуфта буд, ки вазъи сиёсии Венесуэла барои кишварҳои дигар хатар надорад.

Сар аз соли 2014 ба ин тараф дар пасманзари буҳрони конститутсиониву иқтисодӣ дар Венесуэла ҳар чанд аз гоҳе зидди президент Николас Мадуро эътирозҳои оммавӣ ташкил мешавад. Бисёре аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ, инчунин Бразилия, ИМА, Австралия, Канада ва Исроил президентии Мадуроро эътироф надоранд.

Русия, Туркия, Чин, Куба ва Боливия баракс Мадуроро президенти қонунӣ медонанд. Владимир Путин, президенти Русия бо Мадуро суҳбати телефонӣ анҷом ва ваъдаи "кумаки бе қайду шарт"-ро дод. Вазоратҳои корҳои хориҷии Русияву Венесуэла мегӯянд, буҳрони сиёсии Венесуэларо ИМА эҷод кардааст.

Фаъолони ҳуқуқ аз Султон Очилова пуштибонӣ карданд

Султон Очилова

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, ситодаш дар Ню Йорк, аз мақомоти Турманистон даъват кард, ки мамнуъияти сафари журналист Султон Очилова ба хориҷи кишварро лағв ва таъқиби рӯзноманигорони мустақилро бас кунанд.

Очиловаро рӯзи 11 март ҳангоми сафар ба Гурҷистон дар фурӯдгоҳи Ишқобод манъ карданд. Ба ӯ гуфта шуд, ки барои сафар ба хориҷ ҳақ надорад.

Қаблан "Хабарнигорони бидуни марз" низ аз мақомоти Туркманистон даъват карданд, ки ба таъқиби хабарнигорон хотима диҳанд.

Султон Очилова хабарнигори пешини бахши туркмании Радиои Озодӣ аст. Очилова борҳо аз тарафи пулис боздошт шуда, борҳо мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтааст. Ӯ ҳоло барои нашрияи "Хроника Туркменистана" кор мекунад.

Фаъолони ҳуқуқи башар Туркманистонро яке аз кишварҳои баста ва ноозоди ҷаҳон меноманд. Аз рӯи шохиси Озодӣ, ки онро "Хабарнигорони бидуни марз" таҳия мекунанд, Туркманистон дар байни 180 кишвар дар ҷойи 178 қарор дорад. Мақомот хабарнигорони мустақилро, ки теъдодашон зиёд нест, ба таври муназзам таъқиб мекунанд.

Чӯпони гурҷӣ барои куштори хонаводаи амрикоӣ гунаҳкор эълон шуд

Тасвири Горӣ

Ҳайъати мунсифа дар додгоҳи Горӣ чӯпони маҳаллиро дар куштори як ҷуфти амрикоиву гурҷӣ ва писари чорсолаи онҳо, ки соли гузашта ин кишвари Қафқози Ҷанубиро такон дода буд, гунаҳкор эътироф кард.

Ҳукми Малхаз Кобаури, ки моҳи июли соли 2018 ҳангоми боздошт 19 сола буд, рӯзи чоршанбе дар додгоҳи Горӣ бо ҷурми таҷовуз ва куштори Лаура Смити 43-сола, Рийан Смити 44-сола ва писари чорсолаи онҳо Калеб эълон мешавад. Ӯ дар ростои ҳабси якумрӣ қарор дорад.

Смитҳо амрикоӣ буданд, аммо шаҳрвандии Гурҷистонро доштанд. Онҳо шаш сол боз дар шаҳраки Марнеулӣ зиндагӣ мекарданд. Онҳо аввали моҳи июл пеш пеш аз онки нопадид шаванд, ба дӯстонашон гуфтанд,ки барои истироҳати дурӯза ба кӯҳҳои атроф мераванд.

Ҷасади онҳоро 16 июл дар дараи Хада пайдо карданд.

Лаура Смит дар мактаби Марнеулӣ, ки асосан дар онҷо озариҳо зиндагӣ мекунанд, муаллими забони англисӣ буд.

Рийан Смит раҳбари тарҳи reWoven буд, ки ҳадафаш рушди суннати қолибофӣ ва имкони дарёфти маош барои занҳои деҳот буд.

Зодаи Калифорния Рийан Смит аз соли 2002 то соли 2005 дар Озарбойҷон зиндагӣ кард.

Тоҷикистониҳои муқими Торонто Наврӯзро ҷашн гирифтанд

Оши палави тарабхонаи "Националь", ки аз ҷониби тоҷикистонии собиқ Валерий Баротов дар Торонто таҳия шудааст

Дар шаҳри Торонтои Канада беш аз 200 тоҷику тоҷикистонӣ ҷашни муштараки Наврӯзро таҷлил карданд. Базми наврӯзӣ бо ширкати тоҷикистониҳои муқими Торонто ва ҳамчунин ҷамъияти самарқандиҳо баргузор шуд.

Ҷашне, ки рӯзи 24 март дар тарабхонаи "Националь" баргузор гардид, аз барномаи калони консертӣ ва ҳам дастурхони идона иборат буд. Ин тарабхона марбут ба як шаҳрванди собиқи Тоҷикистон – Валерий Баротов аз шаҳри Хуҷанд аст, ки беш аз ду даҳсола пеш муқими Канада шуда тиҷорати худро ба роҳ монд. Барои меҳмонони базм оши палави хуҷандии идона тақдим шуд.

Марианна Орипова ва фарзандонаш дар ҷашни наврӯзии тоҷикони Канада
Марианна Орипова ва фарзандонаш дар ҷашни наврӯзии тоҷикони Канада

Марианна Орипова, журналист ва як узви ҷомеаи тоҷикистониҳои Торонто рӯзи 26 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар базми наврӯзӣ ҳамаи онҳое ҷамъ омаданд, ки худро як бахше аз фарҳанги Тоҷикистон меҳисобанд ва дар миёни онҳо тоҷикону русҳо, узбекҳову яҳудиҳо ва намояндагони миллатҳои дигар мебошанд.

“Масалан, дар “маҳаллаи русҳо”-и Торонто, - мегӯяд Марианна Орипова, - мураббии маъруфи тими футболи «Помир» Марк Тунис зиндагӣ мекунад. Ҳарчанд ӯ дар ин базм иштирок карда натавонист, вале ин шахсро дар ҷомеаи тоҷикистониҳои Канада ба хотири хидматҳояш барои футболи тоҷик хеле эҳтиром мекунанд».

Аксар аъзои ҷомеаи тоҷикистониҳои Канада намояндагони касбу кори мухталиф ҳастанд, мегӯяд Орипова. Дар миёни онҳо ҳам сохтмончиҳо ва ҳам ронандаҳои UBER ҳастанд, вале онҳое, ки каме пештар омада муқимӣ шуданд ваё дар мактабҳои маҳаллӣ таҳсил карданд, ба ҳайси табибу мутахассисони компютер, муаллим, тоҷиру соҳибкор кор мекунанд. “Ба Торонто нахустин ҳамватанони мо шояд беш аз ду даҳсола пеш омада бошанд, вале баъди солҳои 2007 шуморашон бешар шуд”, мегӯяд Орипова.

Ташкили ҷашни наврӯзӣ барои бисёриҳо хеле муҳим аст, чунки мардуми дур аз ватану зодгоҳ дар чунин маҳфилҳо метавонанд фарҳанги миллии худро ба ёд оваранд, бо ҳамватанон дидорбинӣ кунанд ва бо ҳамин роҳ, фарзандони худро ҳам бо решаҳои миллии худ ошно гардонанд.

Яке аз ин нафарон Сайёра Фаромарз аст, ки ба духтарон рақси тоҷикӣ ёд медиҳад. Шогирдони ӯ дар базми наврӯзӣ барномаҳои ҳунарӣ, аз ҷумла чанд рақси бадахшӣ иҷро карданд.

Шумори дақиқи узви ҷомеаи тоҷикистониҳои сокини Торонто маълум нест, вале ба қавли худи онҳо, сол то сол шуморашон тадриҷан зиёд мешавад. Тоҷикистониҳои зиёди дигар дар шаҳрҳои дигари Канада ҳам зиндагӣ мекунанд.

Пентагон барои бунёди девор дар марзи Мексика $1 миллиард ҷудо кард

Вазорати дифои Амрико барои бунёди бахше аз девор ба дарозои 91 километр дар марз бо Мексика 1 миллиард доллар ҷудо кард. Дар ин бора Патрик Шанаҳин, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Пентагон рӯзи 25-уми март хабар дод.

Қаблан Конгресс тахсиси 6 миллиард доллар барои бунёди девори марзиро, ки президент Доналд Трамп дар чаҳорчӯби мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир дархост карда буд, рад намуд.

Моҳи феврал Трамп гуфт, барои ба даст овардани маблағи боқимонда аз буҷа вазъи изтирориро эълон мекунад. Конгресс ба вазъи изтирорӣ мухолифат кард, аммо Трамп ба ин қарор вето гузошт.

Охири соли гузашта талаби Трамп барои ҷудо шудани маблағи девор ба "шатдаун" ё қатъ шудани фаъолияти муассисаҳои давлатӣ расонд, ки 35 рӯз идома кард ва тӯлонитарин дар таърихи Амрико номида шуд.

Ба маълумоти The Washington Post, Трамп тасмим дорад, барои бунёди девор 5 миллиардро аз буҷаи Вазорати амнияти дохилӣ ва 3,6 миллиардро аз буҷаи Пентагон дарёфт кунад.

Тасмими бунёди девор дар марзи Мексика аз ваъдаҳои Доналд Трамп дар интихоботи соли 2016 буд. Шиори "деворро ба итмом мерасонем" акнун аз шиорҳои муҳими маъракаи ӯ барои интихоби дуборааш дар соли 2020 аст.

Макгрегор эълон кард, ки аз муҳорибаи бидуни қоида меравад

Конор Макгрегор ва Ҳабиб Нурмагамедов

Бозигари ирландӣ Конор Макгрегор эълон кард, ки аз муҳорибаи бидуни қоида хориҷ мешавад.

"Тасмим гирифтам ин варзишро, ки бо номи муҳорибаи бидуни қоида маълум аст, канор гузорам", - навишт ӯ дар Твиттер ва ба ҳамкорони собиқаш дар муҳорибаҳои оянда комёбӣ орзу кард.

Бори аввал нест. ки Макгрегор чунин изҳорот медиҳад. Моҳи апрели соли 2016 ӯ навишта буд, ки "мехоҳам ба варзиш хотима диҳам ва онро ба ҷавонон вогузорам".

Макгрегори 30-сола 25 набарди бидуни қоида баргузор кардааст. Ин варзишгари ирландӣ аввалин унвони қаҳрамони UFC-ро соли 2015 ба даст овард.

Набарди ахири ӯ барои унвони қаҳрамони UFC рӯзи 6-уми октябри соли гузашта дар Лас-Вегас алайҳи Ҳабиб Нурмагамедов баргузор шуд. Варзишгари Русия дар даври чаҳоруми бозӣ бо усули хафа кардани рақиб пирӯз шуд. Аммо унвони қаҳрамони UFC-ро ба ӯ надоданд, чун қоидаи бозиро вайрон кард ва то эълони расмии натиҷаи набард аз саҳна берун шуд.

Он замон Нурмагемедов аз панҷараи атрофи саҳна ба берун ҷаҳид ва бо ҳаводорон вориди даргирӣ шуд. Ба гуфтаи Ҳабиб Нурмагамедов, сабаби даъво ин буд, ки Макгрегор баъди мағлубияташ мусалмонҳоро таҳқир кард. Варзишгари ирландӣ иттиҳомро рад мекунад.

Дар пайи ин муноқиша ҳарду варзишгар радди салоҳият шуданд. Муҷозоти Макгрегор миёнаҳои моҳи апрел ба поён мерасад. Ӯ гуфта буд, ки мехоҳад варзишро идома диҳад ва дубора бо Нурмагамедов набард кунад.

Моҳи апрели соли гузашта Макгрегор дар Ню-Йорк ба автобусе ҳамла кард, ки Ҳабиб Нурмагамедов дар дохилаш буд. Ӯ боздошт ва ба гуноҳаш иқрор шуд. Барои ҳамин ҷазояш ҳам сабук буд. Макгрегор муваззаф шуд, ки хисоротро ҷуброн кунад, панҷ рӯз ба корҳои ҷамъиятӣ ва дарси идоракунии хашм машғул шавад.

ИМА ба Исроил тааллуқ доштани баландиҳои Ҷулонро эътироф кард

Президент Трамп бо эъломияи тааллуқи Баландиҳои Ҷулон ба Исроил

Президенти ИМА Доналд Трамп эъломияеро имзо кард, ки ба Исроил тааллуқ доштани минтақаи баҳсии баландиҳои Ҷулонро эътироф мекунад. Эъломия рӯзи гузашта дар Кохи Сафед дар ҳузури сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу имзо шуд.

"Баландиҳои Ҷулон бояд даҳсолаҳо пеш қаламрави Исроил эътироф мешуд", – гуфт президенти Амрико.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, эътирофи баландиҳои Ҷулон ҳамчун ҳудуди Исроил метавонад ба афзоиши ташаннуҷ дар Ховари Миёна сабаб шавад.

Баландиҳои Ҷулон то соли 1967 ба Сурия тааллуқ дошт. Вале дар натиҷаи ҷанги моҳи июни ҳамон сол бештари ин минтақа таҳти идораи Исроил гузашт. Дертар, соли 1981, порлумони Исроил бо қабули як қонун минтақаи мазкурро ҳудуди худ эълон кард, вале Шӯрои амнияти СММ онро эътироф накард.

СММ борҳо баландиҳои Ҷулонро ишғолӣ номида, аз Исроил хост, минтақаро ба Сурия баргардонад.

Як қисми баландиҳои Ҷулон дар замони ҷанги шаҳрвандии Сурия то соли 2018 дар дасти шӯришгарон буд, вале ҳоло онро артиши Сурия ғасб кардааст ва ин нигаронии раҳбарияти Исроилро ба бор овард.

"Трамп дар замоне ки Эрон мехоҳад, бо истифода аз Сурия Исроилро маҳв созад, мардонавор эътироф кард, ки баландиҳои Ҷулон ба Исроил тааллуқ доранд. Ташаккур ба Шумо, президент Трамп", - навишт Нетаняҳу чанд рӯз пеш аз имзои эъломия дар Твиттер.

Амрико баъди ба сари қудрат омадани Трамп сиёсати рӯ ба Исроилро пеш гирифтааст. Вашингтон моҳи майи соли 2018 сафорати худро дар Исроил аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас кӯчонд.

Баррасии имкони сафари бе виза барои шаҳрвандони Русия ва Туркия

Меҳмондорони ҳавопаймои Туркия

Мақомоти Русия ва Туркия имкони ҷорӣ кардани низоми бидуни раводид (виза)-ро баррасӣ доранд, ки ба шаҳрвандони ду кишвар иҷозат медиҳад, бо шиносномаҳои дохилӣ ба кишварҳои якдигар сафар кунанд.

Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфт, қарор аст, дар ин замина бо ҳамтои русаш Сергей Лавров рӯзи 28-уми март дар шаҳри Анталия гуфтугӯ кунад.

"Русия дар пайи гуфтугӯҳо тасмим гирифт, ки раводидро барои соҳибони шиносномаҳои махсус, соҳибкорон ва ронандагони мошинҳои боркаши Туркия бекор кунад. Вале ҳадаф бекор кардани раводид барои ҳамаи шаҳрвандон аст. Мо барои сафар ба кишварҳои ҳамдигар бо шиносномаҳои дохилӣ гуфтугӯро оғоз кардем. Ин масъаларо муфассал баррасӣ хоҳем кард", - афзуд Човушоғлу.

Бар асоси созишномаҳои имзошуда, шаҳрвандони Русия дар ҳоли ҳозир метавонанд бо шиносномаи хориҷӣ ба муҳлати то 60 рӯз бе раводид ба Туркия сафар кунанд. Ба ҳисоби Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Туркия, соли гузашта 5,954 миллион сайёҳи рус аз ин кишвар боздид кардааст.

Русия ҳалокати 3 низомияшро дар Сурия тасдиқ кард

Сурия. Китобе ба забони русӣ ва арабӣ дар саҳнаи ҷанг

Дар Вазорати дифои Русия рӯзи сешанбе тасдиқ карданд, ки охирҳои моҳи феврал се низомии рус дар натиҷаи "ҳамлаи террористҳо" ҷон бохта, ҷасади онҳо ба ватан интиқол ёфтааст.

Масъулони вазорат гуфтанд, аз замони дарёфти хабари бедаракшавии се низомӣ корҳои ҷустуҷӯии бидуни танаффус идома доштанд. "Дертар дар доираи амалиёти махсус гуруҳи иборат беш аз 30 ҷангӣ маҳв карда шуд, ки дар ҳамла ба низомиёни рус даст доштанд", - афзудааст ин ниҳод.

Русия амалиёти низомӣ дар Сурияро тирамоҳи соли 2015 оғоз кард. Президент Владимир Путин баҳори соли 2016 қисми асосии нирӯҳои Русияро аз Сурия берун оварда, охирҳои соли 2017 фармони ихроҷи сарбозони рус аз ин кишварро содир кард.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло дар Тартус ва Ҳмеймим гуруҳи низомиёни рус мустақар ҳастанд.

Дар Сурия 23-уми феврал майори рус Суҳроб Каримов бедарак шуд. Мошине, ки ӯ ҳамроҳи чанд афсар дар он буд, дар Дейр-аз-Зор мавриди ҳамла қарор гирифт. Мақомоти рус ба наздикони Каримов дар ин бора хабар додаанд, вале бедаракшавии ӯро расман эълон накарданд.

Ин низомии рус бори охир рӯзи 22-юми феврал ба хонаводааш занг зада буд. Чанд рӯз баъд аз Вазорати дифои Русия ба хонаводаи Каримов занг зада, аз онҳо хостаанд, ки озмоиши ДНК бисупоранд. Зеро дар натиҷаи ҳамла ба мошини Каримову ҳамроҳонаш танҳо пораҳои ҷасадро пайдо кардаанд. Дертар ба наздикони Каримов гуфтаанд, ки натиҷаҳои озмоиш мувофиқ набаромаданд.

Бино ба иттилои расмии Вазорати дифои Русия, аз 30-юми сентябри соли 2015 дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар Сурия беш аз 40 низомии рус кушта шуд.

Ҳамчунин 50 тани дигар дар пайи суқути чархболу ҳавопаймоҳои Русия ҷон бохтаанд. Ба ин рақам шумори зархаридони кушташудаи ширкати низомии хусусии "Вагнер" шомил намешаванд.

Ду ошиқи ноком ҳамдигарро дар қабристон бо корд заданд

Қабристоне дар Узбекистон

Дар ноҳияи Қанликӯли Қарақалпоқистон як ҷавони 24-сола ва духтари 21-сола якдигароро бо корд заданд. Дар натиҷа духтар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мард зинда монд ва боздошт шудааст.

Ҳодисаи хунин 1 марти соли равон дар қабристони "Ешимахун"-и деҳаи "Жолий" рух дода, танҳо 25 март расонаӣ шуд.

"Писару духтар се сол буд, ки ҳамдигарро дӯст медоштанд. Вале як ҷавони дигар духтарро рабуда, иҷборан бо ӯ издивоҷ кард. Духтар бо баҳонаи ба дарс рафтан ҳамроҳи дӯстписараш аз хонаи шавҳари худ гурехта, дар қабристон қасди худкушӣ кард", - гуфт як ҳамсуҳбати мо аз Қанликӯл.

Ба гуфтаи манбаъ, духтар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, писар дар бемористон бистарӣ шуд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, писарро баъди рухсат шудан аз беморхона боздошт карданд.

Дар изҳороти Додситонии кулли Узбекистон омадааст, "боздоштшуда ҳангоми бозпурсӣ гуфт, ки дӯстдухтараш ба маҳзи ба қабристон расидан худро бо корд зад ва ӯ низ кордро аз дасти духтар гирифта, ба ҷони худ қасд кард".

Зидди ҷавон бо банди "Куштори барқасдона" парванда боз шудааст. Ба гуфтаи додситонӣ, "гумонбар бо қасди куштор нахуст ба гардан ва қалби духтар сипас ба шиками худ чанд корд задааст".

Фаъолони Бишкек ба ҷавобгарӣ кашидани Отамбоевро талаб доранд

Алмосбек Отамбоев

Дар шаҳри Бишкек иштирокдорони мизи мудаввари "Ғасби қудрат ва оқибатҳои он" ба ҷавобгарӣ кашидани президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро талаб карданд.

Талаби фаъолони мадании қирғизро раиси пешини дастгоҳи президенти Қирғизистон Эмилбек Каптагаев ироа кард.

"Аз додситони кул Откурбек Ҷамшедов талаб мекунем, ки зидди Отамбоев бо ҷурми ғасби қудрат, ташкили гуруҳи муташаккили ҷиноӣ ва парвандаҳои сиёсиву иқтисодии коррупсионӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад. Бар асоси қисми 2-и банди 5-и Конститутсия, ғасби қудрат ҷинояти вазнин дониста мешавад", - изҳор дошт Каптагаев.

Каптагаев ҳамчунин талаб кард, ки манбаи дороиҳои президенти пешини Қирғизистон санҷида шавад.

Пештар раиси порлумони Қирғизистон Достон Ҷумъабеков низ Отамбоевро ба ғасби қудрат айбдор кард. "Сарфи назар аз он ки шумо аз мақом рафтед, "шогирдон"-и шумо ҳукумат, додситонӣ, мақомоти қудратӣ, гумрук, пойтахтро дар даст доштанд. Нуфузи шумо дар порлумон ҳам эҳсос мешуд", - афзуд Ҷумабеков.

Алмосбек Отамбоев аз 1 декабри соли 2011 то 24 ноябри соли 2017 Қирғизистонро раҳбарӣ кардааст.

Дар Вахш як мард ҳамсари ҳомилаашро куштааст

Як сокини 24-солаи ноҳияи Вахш бо гумони қатли ҳамсараш дастгир шудааст.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ин мард рӯзи 24-уми март бо ҳамсараш, ки дар батн тифли 3-4-моҳа дошт, вориди муноқиша шуда ва ба сараш бо "термос" задааст.

Ба қавли манбаъ, гумонбар ҳамчунин ҳамсарашро бо рӯймол бӯғӣ карда, бо корд 3 дафъа ба чашми рост ва як бор ба камараш задааст. Зан дар ҷои ҳодиса ҳалокат расидааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, гумонбар ҷасади ҳамсарашро дар чоҳе дар дохили хона пинҳон кардааст.

Нисбат ба ин мард парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқ идома дорад. Аммо ба хотири халал ворид накардан ба ҷараёни тафтиш номи гумонбар ва ҳамсараш гуфта намешавад.

Тайи солҳои охир қатли ҳамсарон ба дасти якдигар бештар шудааст. Мақомот мегӯянд, бештари ҳодисаҳо дар натиҷаи мушкили иқтисодӣ, муноқишаи хонаводагӣ, баҳси хиёнат ва якдигарнофаҳмӣ сар мезанад.

Расонаҳо: низомиҳои Русия ба Венесуэла барои "машваратдиҳӣ" рафтаанд

Ҳавопаймоҳои Русия дар фурӯдгоҳи Каракас, моҳи декабри соли гузашта

Ду ҳавопаймои ҳомили низомиҳои Русия барои ширкат дар машваратҳои низомиву техникӣ ба Венесуэла рафтаанд,- хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба манобеи худ.

Ба навиштаи РИА Новости, дар байни Русия ва Венесуэла аз солҳо пеш чанд шартномаи ҳамкорӣ вуҷуд дорад.

Ин иттилоъро як мансабдор аз Венесуэла низ рӯзи душанбе дар суҳбат бо Associated Press тасдиқ кард. Манбаъ гуфт, низомиҳои Русия барои баррасии хизматрасониҳои техникӣ, инчунин машқу стратегия омадаанд.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ акс ва видеои ду ҳавопаймои вазорати дифои Русия дар майдони ҳавоии пойтахти Венесуэла нашр шуд.

Ба иттилои нашрияи маҳаллии NoticieraDigital, 99 низомии Русия ва ё, эҳтимолан, ҷанговарони ширкати хусусии низомӣ бо роҳбарии генерал Василий Тонкошкуров - роҳбари Ситоди асосии Неруҳои хушкигарди артиши Русия ба Венесуэла омадаанд. Вазорати мудофиаи Русия расман ин хабарро шарҳ намедиҳад.

Бино бар иттилои расонаҳо, ҳавопаймоҳо аз Сурия тавассути Дакар ба Венесуэла рафтаанд.

Ҳар дуи ин ҳавопаймоҳо пештар аз ин низ ба Венесуэла рафта буданд. Ин бор ҳавопаймоҳо чи бурдаанд, расман хабар дода намешавад. Баъди он ки Хуан Гуайдо худро президенти муваққат эълон кард, хабаргузории Reuters навишт, чанд сад ҷанговари ширкати "ЧВК Вагнер" барои ҳимояи президент Николас Мадуро ба Венесуэла оварда шудааст.

Ибтидои соли ҷорӣ дар пасманзари бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ Хуан Гуайдо раҳбари мухолифон худро президенти муваққати Венсуэла эълон кард ва интихоби президент Николас Мадуро ба ин мақомро ғайриқонунӣ номид. ИМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Амрикои Лотин аз Гуйдо ҳимоят карданд. Русия, Чин, Туркия ва Куба аз Мадуро пуштибонӣ мекунанд.

Шаҳрванди Кения ҳамчун муаллими беҳтарин $1 миллион ҷоиза гирифт

Питер Табичӣ аз Кения , ки бахши умдаи маоши худро дар кӯмак ба талабаҳои мактаби деҳкадаи Пванӣ сарф мекард, ҳамчун муаллими беҳтарин ҷоизаи 1 миллион долларӣ дарёфт кард. Дар ин бора бахши русии шабакаи телевизионии Би-би-си рӯзи душанбе хабар дод.

Табичӣ, муаллими улуми табии ва узви Ордени мазҳабии франтсисканҳо ҳар моҳ 80 фоизи маошашро барои харидории китоб ва либоси мактабӣ ба талабаҳои камбизоат медод, ки бисёри онҳо падару модар надоранд. Дар мактаби деҳот, ба гуфтаи Табичӣ, ҳамеша ашёи хониш намерасад ва бисёр талабаҳо пиёда бо тай кардани 6-7 километр ба мактаб меоянд.

Табичӣ ҳамчунин бо хонаводаҳое суҳбат мекунад, ки мехоҳанд духтарони ноболиғи худро ба шавҳар диҳанд. Ӯ аз ин хонаҳодаҳо хоҳиш мекунад, ки бигузоранд то духтарҳо мактабро хатм кунанд.

Талабаҳои Табичӣ дар сабқатҳои миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷамъияти кимиёии салтанатии Британия иштирок карда, ҷоиза гирифтаанд.

Ҷоизаи Global Teacher Prize, ки онро сармоядори ҳинду Санни Варқӣ таъсис додааст, ҳамасола тақдим мешавад. Ин ҷоиза 150 ҳакам дорад. Барандаи ҷоизаи соли равонро аз байни номзадҳои 179 кишвар интихоб карданд

Руминия сафораташро аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас мекӯчонад

Виорика а Дэнчилэ

Руминия тасмим дорад, сафоратхонаашро дар Исроил аз шаҳри Тел-Авив ба Байтулмуқаддас кӯчонад.

Дар ин бора Виорика Дэнчилэ, сарвазири Руминия рӯзи 24 март дар конфронси Кумитаи Амрико-Исроил дар умури робитаҳои иҷтимоӣ дар Вашингтон хабар дод.

Сарвазири Руминия гуфт, талош хоҳад кард, ки давраи роҳбарии Руминияро дар Иттиҳоди Аврупо барои "тақвияти ҳамкориҳои Исроил бо Иттиҳоди Аврупо" истифода барад.

Кумитаи Амрико-Исроил дар умури робитаҳои иҷтимоӣ созмони маъруфи ғайридавлатиест, ки дар густариши робитаҳои байни ИМА ва Исроил саҳм мегузорад. Дар конфронси солонаи ин кумита сиёсатмадорони баландпояи байналхалқӣ ширкат мекунанд.

Моҳи декабри соли 2017 президенти ИМА Доналд Трамп Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф ва эълон кард, ки сафорати Амрикоро онҷо мекӯчонад. Маросими кушодашавии сафорати ИМА дар Байтулмуқаддас моҳи майи соли 2018 баргузор шуда буд.

Тағйири номи Остона ба Нур-Султон дар ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон зарур нест

Шиносномаи Қазоқистон

Мақомоти Қазокистон мегӯянд, сокинон маҷбур нестанд, ки дар ҳуҷҷатҳояшон Остонаро ба Нур-Султон тағйир диҳанд. Боқӣ мондани номи пешини пойтахти Қазоқистон дар ҳуҷҷатҳои сокинон онҳоро ғайриқонунӣ ҳиосб намешавад. Дар ин бора вазорати адлияи Қазоқистон хабар медиҳад.

"Тағйири номи пойтахт сокинонро вазифадор намекунад, ки ҳуҷҷатҳои амволашонро тағйир диҳанд. Ҳуҷҷатҳое амсоли шартномаи хариду фурӯш, санади истифода ва ғайра, инчунин санади сабти ақди никоҳ, шаҳодатномаи таваллуд, марг ва ғайра воқеӣ эътироф мешаванд", - омадааст дар хабари вазорат.

Қосим-Жомарт Тоқаев, президенти муваққати Қазоқистон рӯзи 23 март фармони тағйири ном кардани Остонаро ба Нур-Султон имзо кард.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Манъи парвариши чорво дар гӯшаҳои нави пойтахти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
XS
SM
MD
LG