Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Русия ҳалокати 3 низомияшро дар Сурия тасдиқ кард

Сурия. Китобе ба забони русӣ ва арабӣ дар саҳнаи ҷанг

Дар Вазорати дифои Русия рӯзи сешанбе тасдиқ карданд, ки охирҳои моҳи феврал се низомии рус дар натиҷаи "ҳамлаи террористҳо" ҷон бохта, ҷасади онҳо ба ватан интиқол ёфтааст.

Масъулони вазорат гуфтанд, аз замони дарёфти хабари бедаракшавии се низомӣ корҳои ҷустуҷӯии бидуни танаффус идома доштанд. "Дертар дар доираи амалиёти махсус гуруҳи иборат беш аз 30 ҷангӣ маҳв карда шуд, ки дар ҳамла ба низомиёни рус даст доштанд", - афзудааст ин ниҳод.

Русия амалиёти низомӣ дар Сурияро тирамоҳи соли 2015 оғоз кард. Президент Владимир Путин баҳори соли 2016 қисми асосии нирӯҳои Русияро аз Сурия берун оварда, охирҳои соли 2017 фармони ихроҷи сарбозони рус аз ин кишварро содир кард.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло дар Тартус ва Ҳмеймим гуруҳи низомиёни рус мустақар ҳастанд.

Дар Сурия 23-уми феврал майори рус Суҳроб Каримов бедарак шуд. Мошине, ки ӯ ҳамроҳи чанд афсар дар он буд, дар Дейр-аз-Зор мавриди ҳамла қарор гирифт. Мақомоти рус ба наздикони Каримов дар ин бора хабар додаанд, вале бедаракшавии ӯро расман эълон накарданд.

Ин низомии рус бори охир рӯзи 22-юми феврал ба хонаводааш занг зада буд. Чанд рӯз баъд аз Вазорати дифои Русия ба хонаводаи Каримов занг зада, аз онҳо хостаанд, ки озмоиши ДНК бисупоранд. Зеро дар натиҷаи ҳамла ба мошини Каримову ҳамроҳонаш танҳо пораҳои ҷасадро пайдо кардаанд. Дертар ба наздикони Каримов гуфтаанд, ки натиҷаҳои озмоиш мувофиқ набаромаданд.

Бино ба иттилои расмии Вазорати дифои Русия, аз 30-юми сентябри соли 2015 дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар Сурия беш аз 40 низомии рус кушта шуд.

Ҳамчунин 50 тани дигар дар пайи суқути чархболу ҳавопаймоҳои Русия ҷон бохтаанд. Ба ин рақам шумори зархаридони кушташудаи ширкати низомии хусусии "Вагнер" шомил намешаванд.

Ду ошиқи ноком ҳамдигарро дар қабристон бо корд заданд

Қабристоне дар Узбекистон

Дар ноҳияи Қанликӯли Қарақалпоқистон як ҷавони 24-сола ва духтари 21-сола якдигароро бо корд заданд. Дар натиҷа духтар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мард зинда монд ва боздошт шудааст.

Ҳодисаи хунин 1 марти соли равон дар қабристони "Ешимахун"-и деҳаи "Жолий" рух дода, танҳо 25 март расонаӣ шуд.

"Писару духтар се сол буд, ки ҳамдигарро дӯст медоштанд. Вале як ҷавони дигар духтарро рабуда, иҷборан бо ӯ издивоҷ кард. Духтар бо баҳонаи ба дарс рафтан ҳамроҳи дӯстписараш аз хонаи шавҳари худ гурехта, дар қабристон қасди худкушӣ кард", - гуфт як ҳамсуҳбати мо аз Қанликӯл.

Ба гуфтаи манбаъ, духтар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, писар дар бемористон бистарӣ шуд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, писарро баъди рухсат шудан аз беморхона боздошт карданд.

Дар изҳороти Додситонии кулли Узбекистон омадааст, "боздоштшуда ҳангоми бозпурсӣ гуфт, ки дӯстдухтараш ба маҳзи ба қабристон расидан худро бо корд зад ва ӯ низ кордро аз дасти духтар гирифта, ба ҷони худ қасд кард".

Зидди ҷавон бо банди "Куштори барқасдона" парванда боз шудааст. Ба гуфтаи додситонӣ, "гумонбар бо қасди куштор нахуст ба гардан ва қалби духтар сипас ба шиками худ чанд корд задааст".

Фаъолони Бишкек ба ҷавобгарӣ кашидани Отамбоевро талаб доранд

Алмосбек Отамбоев

Дар шаҳри Бишкек иштирокдорони мизи мудаввари "Ғасби қудрат ва оқибатҳои он" ба ҷавобгарӣ кашидани президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро талаб карданд.

Талаби фаъолони мадании қирғизро раиси пешини дастгоҳи президенти Қирғизистон Эмилбек Каптагаев ироа кард.

"Аз додситони кул Откурбек Ҷамшедов талаб мекунем, ки зидди Отамбоев бо ҷурми ғасби қудрат, ташкили гуруҳи муташаккили ҷиноӣ ва парвандаҳои сиёсиву иқтисодии коррупсионӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад. Бар асоси қисми 2-и банди 5-и Конститутсия, ғасби қудрат ҷинояти вазнин дониста мешавад", - изҳор дошт Каптагаев.

Каптагаев ҳамчунин талаб кард, ки манбаи дороиҳои президенти пешини Қирғизистон санҷида шавад.

Пештар раиси порлумони Қирғизистон Достон Ҷумъабеков низ Отамбоевро ба ғасби қудрат айбдор кард. "Сарфи назар аз он ки шумо аз мақом рафтед, "шогирдон"-и шумо ҳукумат, додситонӣ, мақомоти қудратӣ, гумрук, пойтахтро дар даст доштанд. Нуфузи шумо дар порлумон ҳам эҳсос мешуд", - афзуд Ҷумабеков.

Алмосбек Отамбоев аз 1 декабри соли 2011 то 24 ноябри соли 2017 Қирғизистонро раҳбарӣ кардааст.

Дар Вахш як мард ҳамсари ҳомилаашро куштааст

Як сокини 24-солаи ноҳияи Вахш бо гумони қатли ҳамсараш дастгир шудааст.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ин мард рӯзи 24-уми март бо ҳамсараш, ки дар батн тифли 3-4-моҳа дошт, вориди муноқиша шуда ва ба сараш бо "термос" задааст.

Ба қавли манбаъ, гумонбар ҳамчунин ҳамсарашро бо рӯймол бӯғӣ карда, бо корд 3 дафъа ба чашми рост ва як бор ба камараш задааст. Зан дар ҷои ҳодиса ҳалокат расидааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, гумонбар ҷасади ҳамсарашро дар чоҳе дар дохили хона пинҳон кардааст.

Нисбат ба ин мард парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқ идома дорад. Аммо ба хотири халал ворид накардан ба ҷараёни тафтиш номи гумонбар ва ҳамсараш гуфта намешавад.

Тайи солҳои охир қатли ҳамсарон ба дасти якдигар бештар шудааст. Мақомот мегӯянд, бештари ҳодисаҳо дар натиҷаи мушкили иқтисодӣ, муноқишаи хонаводагӣ, баҳси хиёнат ва якдигарнофаҳмӣ сар мезанад.

Расонаҳо: низомиҳои Русия ба Венесуэла барои "машваратдиҳӣ" рафтаанд

Ҳавопаймоҳои Русия дар фурӯдгоҳи Каракас, моҳи декабри соли гузашта

Ду ҳавопаймои ҳомили низомиҳои Русия барои ширкат дар машваратҳои низомиву техникӣ ба Венесуэла рафтаанд,- хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба манобеи худ.

Ба навиштаи РИА Новости, дар байни Русия ва Венесуэла аз солҳо пеш чанд шартномаи ҳамкорӣ вуҷуд дорад.

Ин иттилоъро як мансабдор аз Венесуэла низ рӯзи душанбе дар суҳбат бо Associated Press тасдиқ кард. Манбаъ гуфт, низомиҳои Русия барои баррасии хизматрасониҳои техникӣ, инчунин машқу стратегия омадаанд.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ акс ва видеои ду ҳавопаймои вазорати дифои Русия дар майдони ҳавоии пойтахти Венесуэла нашр шуд.

Ба иттилои нашрияи маҳаллии NoticieraDigital, 99 низомии Русия ва ё, эҳтимолан, ҷанговарони ширкати хусусии низомӣ бо роҳбарии генерал Василий Тонкошкуров - роҳбари Ситоди асосии Неруҳои хушкигарди артиши Русия ба Венесуэла омадаанд. Вазорати мудофиаи Русия расман ин хабарро шарҳ намедиҳад.

Бино бар иттилои расонаҳо, ҳавопаймоҳо аз Сурия тавассути Дакар ба Венесуэла рафтаанд.

Ҳар дуи ин ҳавопаймоҳо пештар аз ин низ ба Венесуэла рафта буданд. Ин бор ҳавопаймоҳо чи бурдаанд, расман хабар дода намешавад. Баъди он ки Хуан Гуайдо худро президенти муваққат эълон кард, хабаргузории Reuters навишт, чанд сад ҷанговари ширкати "ЧВК Вагнер" барои ҳимояи президент Николас Мадуро ба Венесуэла оварда шудааст.

Ибтидои соли ҷорӣ дар пасманзари бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ Хуан Гуайдо раҳбари мухолифон худро президенти муваққати Венсуэла эълон кард ва интихоби президент Николас Мадуро ба ин мақомро ғайриқонунӣ номид. ИМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Амрикои Лотин аз Гуйдо ҳимоят карданд. Русия, Чин, Туркия ва Куба аз Мадуро пуштибонӣ мекунанд.

Шаҳрванди Кения ҳамчун муаллими беҳтарин $1 миллион ҷоиза гирифт

Питер Табичӣ аз Кения , ки бахши умдаи маоши худро дар кӯмак ба талабаҳои мактаби деҳкадаи Пванӣ сарф мекард, ҳамчун муаллими беҳтарин ҷоизаи 1 миллион долларӣ дарёфт кард. Дар ин бора бахши русии шабакаи телевизионии Би-би-си рӯзи душанбе хабар дод.

Табичӣ, муаллими улуми табии ва узви Ордени мазҳабии франтсисканҳо ҳар моҳ 80 фоизи маошашро барои харидории китоб ва либоси мактабӣ ба талабаҳои камбизоат медод, ки бисёри онҳо падару модар надоранд. Дар мактаби деҳот, ба гуфтаи Табичӣ, ҳамеша ашёи хониш намерасад ва бисёр талабаҳо пиёда бо тай кардани 6-7 километр ба мактаб меоянд.

Табичӣ ҳамчунин бо хонаводаҳое суҳбат мекунад, ки мехоҳанд духтарони ноболиғи худро ба шавҳар диҳанд. Ӯ аз ин хонаҳодаҳо хоҳиш мекунад, ки бигузоранд то духтарҳо мактабро хатм кунанд.

Талабаҳои Табичӣ дар сабқатҳои миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷамъияти кимиёии салтанатии Британия иштирок карда, ҷоиза гирифтаанд.

Ҷоизаи Global Teacher Prize, ки онро сармоядори ҳинду Санни Варқӣ таъсис додааст, ҳамасола тақдим мешавад. Ин ҷоиза 150 ҳакам дорад. Барандаи ҷоизаи соли равонро аз байни номзадҳои 179 кишвар интихоб карданд

Руминия сафораташро аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас мекӯчонад

Виорика а Дэнчилэ

Руминия тасмим дорад, сафоратхонаашро дар Исроил аз шаҳри Тел-Авив ба Байтулмуқаддас кӯчонад.

Дар ин бора Виорика Дэнчилэ, сарвазири Руминия рӯзи 24 март дар конфронси Кумитаи Амрико-Исроил дар умури робитаҳои иҷтимоӣ дар Вашингтон хабар дод.

Сарвазири Руминия гуфт, талош хоҳад кард, ки давраи роҳбарии Руминияро дар Иттиҳоди Аврупо барои "тақвияти ҳамкориҳои Исроил бо Иттиҳоди Аврупо" истифода барад.

Кумитаи Амрико-Исроил дар умури робитаҳои иҷтимоӣ созмони маъруфи ғайридавлатиест, ки дар густариши робитаҳои байни ИМА ва Исроил саҳм мегузорад. Дар конфронси солонаи ин кумита сиёсатмадорони баландпояи байналхалқӣ ширкат мекунанд.

Моҳи декабри соли 2017 президенти ИМА Доналд Трамп Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф ва эълон кард, ки сафорати Амрикоро онҷо мекӯчонад. Маросими кушодашавии сафорати ИМА дар Байтулмуқаддас моҳи майи соли 2018 баргузор шуда буд.

Тағйири номи Остона ба Нур-Султон дар ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон зарур нест

Шиносномаи Қазоқистон

Мақомоти Қазокистон мегӯянд, сокинон маҷбур нестанд, ки дар ҳуҷҷатҳояшон Остонаро ба Нур-Султон тағйир диҳанд. Боқӣ мондани номи пешини пойтахти Қазоқистон дар ҳуҷҷатҳои сокинон онҳоро ғайриқонунӣ ҳиосб намешавад. Дар ин бора вазорати адлияи Қазоқистон хабар медиҳад.

"Тағйири номи пойтахт сокинонро вазифадор намекунад, ки ҳуҷҷатҳои амволашонро тағйир диҳанд. Ҳуҷҷатҳое амсоли шартномаи хариду фурӯш, санади истифода ва ғайра, инчунин санади сабти ақди никоҳ, шаҳодатномаи таваллуд, марг ва ғайра воқеӣ эътироф мешаванд", - омадааст дар хабари вазорат.

Қосим-Жомарт Тоқаев, президенти муваққати Қазоқистон рӯзи 23 март фармони тағйири ном кардани Остонаро ба Нур-Султон имзо кард.

The Sunday Times аз "созиш"-и вазирони Бритониё зидди сарвазир Мэй хабар дод

Тереза Мэй

Ёздаҳ вазири Бритониё тасмим доранд, дар пайи нокомиҳои сарвазир Тереза Мэй дар қазияи бурунрафти ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи душанбе истеъфои ӯро талаб кунанд. Дар ин бора нашрияи The Sunday Times иттилоъ дод.

Ба иттилои нашрия, вазирон аз Мэй талаб хоҳанд кард, ки "бо хоҳиши худ" истеъфо диҳад. Гуфта мешавад, ки яке аз номзадҳои асосӣ ба мақоми сарвазирии Бритониё Дэвид Лидингтон феълан ба котиботи девони вазирони ин кишварро раҳбарӣ мекунад.

Мэй ба он айбдор мешавад, ки натавонист порлумонро ба тасвиби созишномаи бурунрафти ин кишвар аз ИА қонеъ созад.

​The Sunday Times мегӯяд, эҳтимол аст, ба мақоми сарвазирии Бритониё номзадии вазири умури хориҷӣ Ҷеремӣ Ҳант ва вазири ҳифзи муҳити зисти ин кишвар Майкл Гоув пешниҳод шавад.

Ахиран дар шаҳри Лондон садҳо ҳазор нафар ба кӯчаҳо баромада, талаб карданд, ки райъпурсии барои бурунрафти Бритониё аз ИА аз нав баргузор шавад.

Қарор буд, бурунрафти Бритониё аз ИА 29 март оғоз шавад. Аммо ҳафтаи гузашта ИА розӣ шуд, ки онро то 12 апрел ба таъхир гузорад.

Порлумони Бритониё дар аввали моҳи марти имсол созишномаи бурунрафти ин кишварро рад кард. Вакилони Бритониё моҳи январ низ зидди тарҳи пешини созишномаи брекзит раъй дода буданд.

Сиёсатмадори қирғиз тасмим дорад, аз президенти пешин $243 ҳазор ситонад

Бекболот Талгарбеков

Бекболот Талгарбеков, сиёсатмадори қирғиз барои ба додгоҳ кашидани президенти пешин Алмосбек Отамбоев санад омода мекунад. Дар ин бора Талгарбеклв дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод.

"Моро боздошт карданд ва дар омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ айбдор намуданд. Ин айбномаи ҷиддӣ аст. Бо ҳамин айб ман се сол дар зиндон будам. Акнун бигзор дар додгоҳ исбот кунад, ки ман дар куҷо ин гапҳоро гуфтаам. Мехостанд, маро 17 сол зиндонӣ кунанд, аз ҳамин хотир ман 17 миллион сом ҷуброни зарарӣ маънавӣ талаб мекунам. Ман ҳуҷҷатҳоро ҷамъ овардаам, бо вакили мудофеъ мулоқот хоҳам кард", - гуфт Талгарбеков.

Ин сиёсатмадор 7 март шартан озод шуд. Додгоҳ банди ғасб ва нигаҳдории қудратро аз парвандаи ӯ берун ва банди ангехтани адоватро боқӣ гузошт. Бар асоси моддаи дувум вай 5 сол зиндонӣ шудааст, ки аз ин муҳлат 4,5-солро дар зиндон сипарӣ кард. Қонуни афв ба вай имкон дод, ки ним сол пештар аз муҳлат озод шавад.

Намояндагони "Порлумони мардумӣ" Бекболот Талгарбеков, Торобой Колубоев ва Марат Султонов бо гумони омодагӣ ба ғасби ҳукумат 12 майи соли 2016 боздошт шуданд. Пеш аз боздошт онҳо истеъфои президенти вақт Алмосбек Отамбоевро талаб карда буданд.

Муовини раиси Идораи мусулмонони Узбекистон ба дуздии пулҳои хайрия айбдор шуд

Масҷиди Тошканд

Муовини раиси Идораи мусулмонони Узбекистон Дилшод Ҳошимов бо пас аз гумонбар шудан дар доираи як парвандаи ҷиноятҳои иқтисодӣ 18 март аз мақом барканор шуд.

Ҳошимов корманди пешини Хадамоти амнияти миллии Узбекистон аст. Президенти нахустини Узбекистон Ислом Каримов соли 2015 ӯро бо медали "Ҷасорат" қадрдонӣ карда буд.

Ҳошимов моҳи августи соли 2018 муовини раиси Идораи мусулмонони Узбекистон дар умури вақф таъйин шуд.

Ба гуфтаи ду манбаъ дар Идораи мусулмонон ва Кумитаи дини Узбекистон, Ҳошимов дар дуздии амволи бунёди хайрияи "Вақф"-и ин кишвар ва "сӯистифода аз мақом" айбдор мешавад.

Бунёди хайрияи "Вақф" бо дастури президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев соли 2018 таъсис ёфт. Пулҳое, ки барои сохтмону бозсозии масҷид ва иншооти дигар ҷудо мешаванд, дар ихтиёри ин бунёд қарор доранд.

Марги як сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар таркиши мина

Яке аз гӯшаҳои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Муътабар Назаров, сокини ҷамоати Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрободи собиқ), ба мина бархӯрда, ҳалок шудааст. Ҳодиса рӯзи 23-юми март рух дод.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб рӯзи 24-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, Муътабар Назаров барои чидани алафи баҳорӣ рафта будааст. "Ногаҳон ба мина бармехӯрад ва пойи ростро аз даст медиҳад. То расидан ба бемористон аз хунравии зиёд ҷон медиҳад", - афзуд мусоҳиби мо.

Манбаъ гуфт, ҳамроҳи Муътабар Назаров чанд нафари дигар, аз ҷумла хешовандонаш будаанд. Онҳо осеб надидаанд.

Сироҷ Зиёев, раиси ҷамоати Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, гуфт, Назаровро рӯзи якшанбе дафн карданд. Ӯ 47 сол дошта, соҳиби панҷ фарзанд будааст.

Мирзоватан, яке аз ҳамдеҳаҳои Муътабар Назаров мегӯяд, ӯ ба маҳалле барои чидани алаф рафтааст, ки қаблан минрӯбҳо чанд дафъа ба онҳо ҳушдор дода буданд.

Дар Тоҷикистон дар 20 соли охир аз таркиши мина тақрибан 500 нафар осеб дида ва беш аз 370 нафар ҷон бохтаанд. Баъзе майдонҳои минакоришуда аз замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 боқӣ мондааст.

Матбуот: Дар Бритониё истеъфои Тереза Мэйро талаб мекунанд

Тереза Мэй

Садҳо ҳазор нафар дар Лондон, маркази Бритониё, тақозо карданд, ки ҷараёни берун рафтани ин кишвар аз узвияти Иттиҳодияи Аврупо боздошта шавад. Онҳо талаб доранд, дар ин маврид референдум ё раъйпурсии такрорӣ баргузор гардад.

Дар раъйпурсии тобистони соли 2016 беш аз 50 дар сади шаҳрвандони Бритониё хоста буданд, ки кишварашон аз Иттиҳодияи Аврупо ҷудо шавад. Ҳоло зоҳиран мухолифони ин тасмим бештар шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи The Sunday Times рӯзи 23-юми март хабар дод, ки нахуствазир Тереза Мэй бо "табаддулот" рӯбарӯст ва рӯзи 25-уми март дастикам 11 вазир истеъфои ӯро талаб хоҳанд кард.

Тим Шипман, муҳаррири сиёсии нашрия, бо такя ба манбаъ дар кобинаи вазирони Бритониё гуфт, "охираш наздик омадааст. Ӯ бояд дар давоми даҳ рӯзи дигар биравад."

Яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми нахуствазири Бритониё Дэвид Лидингтон ном бурда мешавад, ки дар ҳоли ҳозир котиботи шӯрои вазиронро раҳбарӣ мекунад. Инчунин, вазири умури хориҷӣ Ҷереми Ҳант ва вазири ҳифзи муҳити зист Майкл Гоув аз номзадҳои дигари эҳтимолӣ гуфта мешаванд.

Қарор буд, хуруҷи Бритониё аз узвияти Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 29-уми март оғоз шавад. Аммо ҳафтаи гузашта Иттиҳодияи Аврупо розӣ шуд, ки ин маъракаро то 12-уми апрел ба таъхир гузорад.

Порлумони Бритониё дар аввали моҳи марти имсол дар робита ба созишномаи бурунрафти ин кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо раъйгирӣ баргузор кард ва онро рад намуд. Порлумони Бритониё моҳи январ низ зидди тарҳи пешини созишномаи бурунрафт раъй дода буд.

Ситоиши Трамп аз маҳви гуруҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – аз шикасти гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия ситоиш кардааст. Аммо ӯ гуфтааст, то замоне ки ДИИШ дар ҳамаи ҷои дунё аз байн наравад, Амрико муроқиби авзоъ хоҳад буд.

Трамп рӯзи шанбе дар як баёния гуфт, бо муттаҳидон ва шарикони худ барои шикасти комили террористон якҷо кор мекунанд. Патрик Шанаҳан, сарпарасти Вазорати дифои Амрико ҳам гуфтааст, ин кишвар ба қавли худ барои пурра шикаст додани гуруҳи “Давлати исломӣ” пойбанд аст.

Нерӯҳои демократии Сурия, ки аз ҳимояти Амрико бархӯрдоранд, рӯзи 23-юми март аз озодии шаҳраки Боғуз, охирин минтақаи зери назорати ДИИШ дар Сурия хабар доданд. Боғуз дар шарқи Сурия ва наздик ба сарҳади Ироқ ҷойгир аст.

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ва Тереза Мей, нахуствазири Бритониё аз ишғоли дубораи Боғуз истиқбол кардаанд. Аммо нахуствазири Бритониё ҳушдор додааст, ки хатари ДИИШ набояд нодида гирифта шавад.

Дар ҳамин ҳол, Башор Ҷаъфарӣ, сафири Сурия дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 22-юми март гуфт, ҳукумати Сурия ба ҳимояти Русияву Эрон нақши аслиро дар шикаст додани ДИИШ доштааст, на Амрико.

Гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” соли 2014 бахшҳои бузурге аз Ироқу Сурияро зери тасарруфи худ дароварда, хилофати худхонда эълон карда буд.

Ҳукумати Ироқ дар соли 2017 пирӯзии худро дар баробари ДИИШ дар ин кишвар эълон кард. Бино ба гузоришҳо, ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дигар ҳеч минтақаеро дар Сурияву Ироқ назорат намекунанд. Аммо ба анҷоми ҳамлаҳо дар ҳарду кишвар идома додаанд.

Ин гуруҳи тундрав дар нимҷазираи Сенайи Миср, Афғонистон ва ҷойҳои дигар низ ҳамфикрон ва муттаҳидони худро доштааст.

Дар Қирғизистон пешниҳод карданд, ки номи пойтахтро Манас гузоранд

Раҳбари пешини дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки номи шаҳри Бишкек, пойтахти ин кишвар, ба Манас иваз карда шавад. Манас қаҳрамони мардуми Қирғизистон аст. Дар ин бора рӯзи 24-уми март бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

Эмилбек Каптагаев дар саҳифаи расмии худ дар Фейсбук гуфтааст, номи ноҳияи Свердлови пойтахтро Бишкек хоҳанд гузошт, то пурра аз ёдҳо наравад. Вай гуфтааст, ҳоло ки фурсат ҳаст, ин масъала баррасӣ ва ниҳоӣ шавад, то бо гузашти солҳо эҳсоси пушаймонӣ накунанд.

Дар шарҳи ин матлаб бархе аз корбарон аз пешниҳоди табдиди номи Бишкек ба Манас тавсиф карда ва онро дурусту саривақтӣ донистаанд. Аммо бархеи дигар мухолифи он баромадаанд.

Пешниҳоди табдили номи пойтахти Қирғизистон дар пайи иваз шудани номи пойтахти Қазоқистон аз Остона ба Нурсултон садо дод.

Қосимҷомарт Тоқаев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қазоқистон рӯзи 23-юми март қарореро имзо гузошт, ки бар асоси он номи пойтахти ин кишвар Нурсултон аст. Инро ба хотири президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гузоштаанд, ки рӯзи 19-уми март баъди сӣ соли дар сари қудрат будан ба истеъфо рафт.

Пойтахти Тоҷикистон дар гузашта номи Сталинободро дошта ва баъдан ба Душанбе иваз шудааст.

Барои таҳҷизоти низомии ИМА дар Лаҳистон захирагоҳ месозанд

Мақомоти НАТО гуфтаанд, ки барои таҷҳизоти низомии Амрико, аз ҷумла зиреҳпӯшҳо, муҳимот ва аслиҳа, дар Лаҳистон (Полша) як захирагоҳ сохта хоҳад шуд.

Як мақоми НАТО рӯзи 23-юми март ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, гузориши рӯзномаи The Wall Street Journal дақиқ аст. Дар он гузориш гуфта шудааст, ки дар 200-километрии ғарби Варшава, пойтахти Лаҳистон, таъсисоте ба арзиши 260 миллион доллар бунёд мешавад.

The Wall Street Journal ба нақл аз Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО гуфтааст, ки сохтмони захирагоҳ тобистони имсол оғоз шуда, ду сол тӯл идома хоҳад кард.

Дар Амрико нашри таҳқиқоти Роберт Мюлерро интизоранд. ВИДЕО

Роберт Мюллер. Вашингтон, 21-уми марти 2019

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Конгресс ва мардуми ин кишвар мунтазири нашри натиҷаи таҳқиқоти Роберт Мюллер, бозраси вижа, ҳастанд.

Мюллер ду сол дар мавриди иттиҳомҳо дар бораи нақши эҳтимолии Русия дар интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико таҳқиқот кардааст.

Ӯ натиҷаи таҳқиқи худро рӯзи 22-юми март ба додситони кулли Амрико Виллиам Бар супурд. Бино ба гузоришҳо, Виллиам Бар арзёбии ин сандаапро рӯзи шанбе оғоз кардааст.

Президент Трамп, ки аз ҷараёни кори Роберт Мюллер сахт интиқод мекард, дар остонаи нашри ин гузориш ҳанӯз чизе нагуфтааст. Ӯ рӯзи шанбе дар клуби голфи худ дар иёлати Флорида буд.

Дар ҳамин ҳол, манобеъ ба хабаргузории “Ассошиайтед Пресс” гуфтаанд, Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико аз Ҳизби демократ хостааст, иттилоот бояд ба гунае ба Конгресс супурда шавад, ки онҳо тавонанд дар мавриди он дар маҳзари ом баҳс кунанд.

Роберт Мюллер гузориши деринтизорашро ба додситон супурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:43 0:00

Остона ба Нурсултон иваз шуд. Мақомот: қонун поймол нашуд

Остона расман ба Нурсултон табдили ном кард

Қосимҷомарт Тоқаев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қазоқистон, номи Остонаро расман ба Нурсултон иваз кард. Қарор дар ин бора рӯзи 23-юми март содир шуд.

Табдили номи пойтахти Қазоқистон ба Нурсултон рӯзи 20—уми март аз тарафи Қосимҷомарт Тоқаев садо дод ва дарҳол аз тарафи порлумон ҳимоят ёфт.

Тоқаев баъди ба истеъфо рафтани Нурсултон Назарбоев, президенти нахустини Қазоқистон, муваққатан идораи ҳукуматро дар ин кишвари ғанӣ аз нафти Осиёи Марказӣ ба даст гирифт. Ӯ рӯзи 20-уми март ба ҳайси президент қасам ёд кард.

Нурсултон Назарбоев баъди сӣ сол дар мақоми раҳбари Қазоқистон, рӯзи 19-уми март, ғайриинтизор истеъфо дод. Аммо ӯ ҳамчун раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон ва раҳбари ҳизби “Нур Отан” мемонад. Инчунин, духтари калониаш Дариға Назарбоева раиси Сенат интихоб шуд, ки амалан шахси дувум дар ҳукумати он кишвар ба шумор меравад.

Табдили номи пойтахти Қазоқистон ислоҳи Қонуни асосиро дар пай дорад, чун номи Остона дар банди нӯҳуми он зикр шудааст. Аммо бино ба моддаи 48-уми Қонуни асосии Қазоқистон, президенти муваққатӣ ҳаққи ворид кардани чунин ислоҳро надорад.

Шӯрои Конститутсионии Қазоқистон хулоса дод, ки ҷараёни табдили номи Остона ба Нурсултон бе қонуншиканӣ сурат гирифт. Вазорати адлияи Қазоқистон ҳам ба ин фикр аст.

Аммо табдили номи Остона бо вокунишҳои тунд дар ҷомеаи Қазоқистон рӯбарӯ шуд. Рӯзҳои 21 ва 22-юми март даҳҳо нафар дар Остонаву Алмаато ва Шимкент ҳангоми норозигӣ ба табдили номи пойтахт дастгир шуданд.

Таркиш дар маркази Ҳилманд дастикам 2 кушта ба ҷо гузошт

Дар натиҷаи таркиш дар ҷануби Афғонистон дастикам ду нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Таркиш рӯзи 23-юми март ҳангоми таҷлил аз рӯзи кишоварзон дар як майдони боз дар Лашкаргоҳи вилояти Ҳилманд рух додааст. Дар ин маърака тақрибан ҳазор нафар ҷамъ омада буданд.

Умар Звок, сухангӯи волии Ҳилманд, нагуфт, ки дар байни кушташудаҳо ва захмиён намояндаигони ҳукумат ҳастанд ё не. Аммо хабаргузории “Рейтерз” ба нақл аз шоҳидон гуфт, волии Ҳилманд Муҳаммад Ёсинхон дар натиҷаи таркиш маҷруҳ шудааст.

То ба ҳол масъулияти таркишро ҳеч кас ба уҳда нагирифтааст. Аммо бахши асосии вилояти Ҳилманд зери назорати Толибон аст.

Рӯзи 21-уми март дар натиҷаи таркиш дар Кобул 6 нафар кушта ва 23 тани дигар маҷруҳ шуда буданд. Масъулияти ҳамла дар маркази Афғонистонро гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт.

Таҷлил аз Наврӯз дар Афғонистон ба таври густарда таҷлил мешавад. Аммо тундравон алайҳи ин ҷашн ҳастанд ва онро мухолиф ба дини ислом медонанд.

Ғафур Раҳимов баъди панҷ моҳи президентӣ истеъфо дод

Ғафур Раҳимов

Тоҷир ва муштзани собиқи Узбекистон Ғафур Раҳимов, маъруф бо лақаби Ғафур-бойбача, аз мақоми президенти Анҷумани байналмилалии бокси ғайрикасбӣ (AIBA) истеъфо дод. Ӯ ҳамагӣ панҷ моҳ пеш ба ин мақом интихоб шуда буд.

Раҳимов рӯзи 22-юми март сабаби истеъфояшро “ба баҳсҳои охир дар бораи мақоми бокс ҳамчун навъи варзиш” рабт дод. Вай ин баҳсҳоро на варзишӣ, балки “сиёсӣ” ва “ҳадафмандона” хонд.

Вазорати молияи Амрико номи Ғафур Раҳимовро ба далели иртиботаш бо “мафияи фаромиллӣ” ба рӯйхати таҳримшудаҳо шомил кардааст.

Охири моҳи ноябри соли гузашта ва баъди интихоби Ғафур Раҳимов, Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор кард, ки бокс аз рӯйхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 муваққатан берун карда шавад.

Ғафур Раҳимов дар гузашта яке аз раҳбарони олами ҷиноии Узбекистон ном бурда мешуд. Вазорати молияи Амрико ӯ ва чанд нафари дигарро “ба шустушӯи пул, ғасб, ришва ва тиҷорати маводи мухаддир” айбдор мекунад. Аммо худи ӯ ҳамагуна иттиҳомро рад кардааст.

Панҷ сол пеш нашрияи “Новая газета”, чопи Маскав, низ бо такя ба маълумоти Хадамоти махсуси Русия навишт, нуфузи Ғафур Раҳимов дар солҳои 1990 ба сатҳе расида буд, ки то 15 дар сади саноати пахтаи Узбекистонро зери назорат дошт. Раҳимов дар замони раҳбарии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов таҳти пайгарди қонун буд.

Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 номи Ғафур Раҳимов аз феҳристи афроди таҳти пайгарди Интерпол ҳазф шуд. Ӯ соли 2010 аз Узбекистон берун рафта, гуфта мешавад, дар Дубай зиндагӣ дорад.

Аммо тобистони соли гузашта Вазорати умури дохилии Узбекистон Ғафур Раҳимов ва ҳамсараш Лола Раҳимоваро дубора таҳти ҷустуҷӯ қарор дод.

Чаҳор марзбони эронӣ аз асорати ифротиҳо озод шудаанд

Чаҳор афсари марзбонии Эрон пас аз амалиёти наҷоти мақомҳои Покистон озод шуда, дубора ба кишвари худ баргаштаанд. Қаблан расонаҳои давлатии Эрон навореро нашр карданд, ки чаҳор нафар аз тарафи як гуруҳи ифротии мусаллаҳ асир гирифта шудаанд.

Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 22-юми март видеои навро нашр кард, ки дар он нишасти ҳавопаймои ҳомили чаҳор нерӯи сарҳадиро нишон медиҳад.

Генерал Муҳаммад Покпур, фармондеҳи нерӯҳои сарҳадӣ ва ҳамчунон раҳбари нерӯҳои инқилоби посдорон, аз раҳоии чаҳор марзбони эронӣ истиқбол кардааст.

Трамп: Минтақаҳои Сурия аз ҳузури ҷангҷӯёни ДОИШ пок шуд

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, тамоми минтақаҳои Сурия аз ҳузури ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пок шудааст. Трамп дар ҳоле дар ин маврид сухан мегӯяд, ки дар минтақаи Боғузи Сурия ҳанӯз даргирӣ идома дорад.

Трамп рӯзи 22-юми март ба хабарнигорон дар як нақша нишон дод, ки дар вақти интихоби ӯ дар соли 2016 ДОИШ дар куҷо буд ва акнун дар куҷо қарор дорад. Ӯ афзуд, вақти он расидааст, ки бигӯянд гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар ҳеч ҷои Сурия ҳокимият надорад.

Қабл аз ин, Сара Сандерз, сухангӯи Кохи Сафед, ҳам гуфта буд, ки гуруҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия аз байн рафтааст. Аммо нерӯҳои демократии Сурия, ки таҳти ҳимояти Амрико мебошанд, гуфтаанд, дар минтақа ҳанӯз ҷанг ҷараён дорад.

Мустафо Балӣ, сухангӯи нерӯҳои демократии Сурия рӯзи 22-юми март дар Твиттер навишт, “ҷанги сахт дар Боғуз идома дорад, то боқимондаҳои ДОИШ аз байн бурда шавад.”

Илова ба ин ин, сафири Сурия дар Созмони Милали Муттаҳид Башор Ҷаъфарӣ гуфтааст, ҳокимияти ДОИШ дар ин кишвар ҳанӯз хотима нафтааст. Ӯ иддао кард, нерӯҳои ҳукуматии Сурия, ки таҳти ҳимояти Эрону Русия қарор доранд, бо ДОИШ дар ҷанг ҳастанд, на нерӯҳои таҳти ҳимояти Амрико.

Чехия сафири Русияро дар робита ба ҷанҷоли иҷораи хонаҳо эҳзор кард

Александ Змеевский - сафири Русия дар Чехия

Вазорати умури хориҷии Чехия дар пасманзари ҷанҷоли ба иҷора додани хонаҳои дипломатӣ, сафири Русияро эҳзор кард.

Вазорат рӯзи 21 март дар як изҳорот гуфт, ки Александр Змеевский ба ин хотир эҳзор шуд, то ба... масъалаи ҷиддии истифодаи баъзе апартаментҳо аз тарафи Сафорати Федератсияи Русия таваҷҷӯҳ шавад".

Ташаннуҷ дар ҳоле зуҳур кард, ки матбуоти Чехия навишт, Оҷонсии ҳукумати Русия дар умури амлок дар хориҷи кишвар, апартаментҳои дипломатӣ дар Прагаро бо шартҳои ғайримаъмулӣ ба шаҳрвандони хусусӣ иҷора додааст.

Шабакаи телевизионии "Настоящее Время" мегӯяд Оҷонсии Русия эҳтимол барои берун кардани баъзе сокинони қадимӣ онҳоро тарс медод.

Як рӯз пеш, Вазорати хориҷии Русия гуфт, сафири Чехия дар Маскавро даъват кард, ки бо ӯ "фазои носолимеро ки ин тавтеа ба таври фаъолона ба он кишвар ворид месозад", баррасӣ кунад.

"Ба ҷониби Чехия дар бораи зарурати хештандорӣ гуфта шуд, то аз паёмади харобиовар ҷилавгирӣ шавад",- гуфт Вазорати хориҷии Русия.

Яке аз иҷоранишинҳо - Александр Степанов ба шабакаи телевизионии "Настоящее Время" гуфт, ба ӯ иҷозат надоданд, ки матни шартномаро мустақилона бихонад, танҳо иҷозат доданд, ки аз он акс бигирад.

Ба гуфтаи як сокини дигар дар пасманзари маъракаи тарсдиҳӣ лулаи гази онҳо қатъ шуд ва гурбаашро дуздиданд.

Ёвари аршади раҳбари мухолифони Венесуэла боздошт шуд

Раҳбари оппозитсиюни Венесуэла Хуан Гуайдо

Роберто Марреро, ёвари аршади Хуан Гуайдо - раҳбари мухолифони Венесуэла, рӯзи ҷумъа боздошт шуд. Пеш аз боздошт Хадамоти иктишофи миллии Венесуэла манзили Маррероро кофтукоб кард.

Хуан Гуайдо гуфт, мақомоти қудратӣ аз боздошти ӯ ҳарос доранд ва биноан, ҳамсафонашро ҳадаф қарор доданд. Қаблан Вашингтон ҳушдор дода буд, ки ҳамагуна амали хасмонба бар зидди Гуайдо "бепосух" намемонад.

Вашингтон талаб кард, ки Марреро озод карда шавад. Ҷон Болтон, мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ боздошти Маррероро "боз як иштибоҳи бузург"-и Мадуро номид.

Ибтидои соли ҷорӣ дар пасманзари бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ Хуан Гуайдо худро президенти муваққати Венсуэла эълон кард ва интихоби президент Николас Мадуро ба ин мақомро ғайриқонунӣ номид. ИМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Амрикои Лотин аз Гуйдо ҳимоят карданд. Русия, Чин, Туркия ва Куба аз Мадуро пуштибонӣ мекунанд.

Венесуэла гирифтори буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ аст. Соли 2018 нишондоди таваррум дар ин кишвар аз сатҳи 1 миллион дарсад гузашт. Ин ҳам дар ҳоле, ки сокинон аз камбуди ғизо ва дору ранҷ мебаранд. Ахиран ба далели садама дар бузургтарин нерӯгоҳи тавлиди барқ чанд манотиқи кишвар дар торикӣ монд.

Русия шаҳрванди Украинаро ба шаш соли зиндон маҳкум кард

Павел Гриб

Додгоҳи ҳавзаи низомии Қафқози Шимолӣ шаҳрванди Украина Павел Грибро бо иттиҳоми "мусоидат ба терроризм" ба шаш соли зиндон маҳакум кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС рӯзи 22 март гузориш дод.

Қаблан додситонии Русия аз додгоҳ ҳамин муҳлати ҳабсро талаб карда буд. Айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, ки гумонбар барқасдона ҷинояти вазнин содир кард, аммо дар таҳқиқи парванда фаъолона мусоидат кард.

Рӯзи гузашта дар мурофиаи додгоҳи низомӣ ҳоли Павел Гриб бад шуд ва табибон хуруҷи бемориро ташхис доданд. Қаблан падари гумонбар гуфта буд, ки писараш аз бемории қалб ранҷ мебирад ва ба малиёти оҷил ниёз дорад.

Донишҷӯи украинӣ Павел Гриб моҳи августи соли 2017 дар қаламрави Беларусия нопадид шуд. Ӯ барои мулоқот бо духтари шиносаш ба он кишвар рафта буд. Баъдтар Грибро дар боздоштгоҳи Краснодар пайдо карданд. Наздикон ва вакилони Павел Гриб мегӯянд, ки ӯро хадамоти махсуси Русия дуздид.

Ба маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия, Павел Гриб як духтари шиносашро барои инфиҷор додани бомбаи худсохт дар ҷамъомади хатми мактаб дар Сочӣ ташвиқ мекард. Ин духтар баъдан ба хабарнигорон эътироф кард, ки бо фишори ФСБ Грибро ба мулоқот даъват карда буд.

Киев боздошти Грибро тавтеаи хадамоти махсуси Русия медонад ва талаб дорад, ки шаҳрванди Украина оҷилан озод шавад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Боздошти даҳҳо зиндонии афвшуда дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00
XS
SM
MD
LG