Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Таркиш дар маркази Ҳилманд дастикам 2 кушта ба ҷо гузошт

Дар натиҷаи таркиш дар ҷануби Афғонистон дастикам ду нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Таркиш рӯзи 23-юми март ҳангоми таҷлил аз рӯзи кишоварзон дар як майдони боз дар Лашкаргоҳи вилояти Ҳилманд рух додааст. Дар ин маърака тақрибан ҳазор нафар ҷамъ омада буданд.

Умар Звок, сухангӯи волии Ҳилманд, нагуфт, ки дар байни кушташудаҳо ва захмиён намояндаигони ҳукумат ҳастанд ё не. Аммо хабаргузории “Рейтерз” ба нақл аз шоҳидон гуфт, волии Ҳилманд Муҳаммад Ёсинхон дар натиҷаи таркиш маҷруҳ шудааст.

То ба ҳол масъулияти таркишро ҳеч кас ба уҳда нагирифтааст. Аммо бахши асосии вилояти Ҳилманд зери назорати Толибон аст.

Рӯзи 21-уми март дар натиҷаи таркиш дар Кобул 6 нафар кушта ва 23 тани дигар маҷруҳ шуда буданд. Масъулияти ҳамла дар маркази Афғонистонро гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт.

Таҷлил аз Наврӯз дар Афғонистон ба таври густарда таҷлил мешавад. Аммо тундравон алайҳи ин ҷашн ҳастанд ва онро мухолиф ба дини ислом медонанд.

Ғафур Раҳимов баъди панҷ моҳи президентӣ истеъфо дод

Ғафур Раҳимов

Тоҷир ва муштзани собиқи Узбекистон Ғафур Раҳимов, маъруф бо лақаби Ғафур-бойбача, аз мақоми президенти Анҷумани байналмилалии бокси ғайрикасбӣ (AIBA) истеъфо дод. Ӯ ҳамагӣ панҷ моҳ пеш ба ин мақом интихоб шуда буд.

Раҳимов рӯзи 22-юми март сабаби истеъфояшро “ба баҳсҳои охир дар бораи мақоми бокс ҳамчун навъи варзиш” рабт дод. Вай ин баҳсҳоро на варзишӣ, балки “сиёсӣ” ва “ҳадафмандона” хонд.

Вазорати молияи Амрико номи Ғафур Раҳимовро ба далели иртиботаш бо “мафияи фаромиллӣ” ба рӯйхати таҳримшудаҳо шомил кардааст.

Охири моҳи ноябри соли гузашта ва баъди интихоби Ғафур Раҳимов, Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор кард, ки бокс аз рӯйхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 муваққатан берун карда шавад.

Ғафур Раҳимов дар гузашта яке аз раҳбарони олами ҷиноии Узбекистон ном бурда мешуд. Вазорати молияи Амрико ӯ ва чанд нафари дигарро “ба шустушӯи пул, ғасб, ришва ва тиҷорати маводи мухаддир” айбдор мекунад. Аммо худи ӯ ҳамагуна иттиҳомро рад кардааст.

Панҷ сол пеш нашрияи “Новая газета”, чопи Маскав, низ бо такя ба маълумоти Хадамоти махсуси Русия навишт, нуфузи Ғафур Раҳимов дар солҳои 1990 ба сатҳе расида буд, ки то 15 дар сади саноати пахтаи Узбекистонро зери назорат дошт. Раҳимов дар замони раҳбарии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов таҳти пайгарди қонун буд.

Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 номи Ғафур Раҳимов аз феҳристи афроди таҳти пайгарди Интерпол ҳазф шуд. Ӯ соли 2010 аз Узбекистон берун рафта, гуфта мешавад, дар Дубай зиндагӣ дорад.

Аммо тобистони соли гузашта Вазорати умури дохилии Узбекистон Ғафур Раҳимов ва ҳамсараш Лола Раҳимоваро дубора таҳти ҷустуҷӯ қарор дод.

Чаҳор марзбони эронӣ аз асорати ифротиҳо озод шудаанд

Чаҳор афсари марзбонии Эрон пас аз амалиёти наҷоти мақомҳои Покистон озод шуда, дубора ба кишвари худ баргаштаанд. Қаблан расонаҳои давлатии Эрон навореро нашр карданд, ки чаҳор нафар аз тарафи як гуруҳи ифротии мусаллаҳ асир гирифта шудаанд.

Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 22-юми март видеои навро нашр кард, ки дар он нишасти ҳавопаймои ҳомили чаҳор нерӯи сарҳадиро нишон медиҳад.

Генерал Муҳаммад Покпур, фармондеҳи нерӯҳои сарҳадӣ ва ҳамчунон раҳбари нерӯҳои инқилоби посдорон, аз раҳоии чаҳор марзбони эронӣ истиқбол кардааст.

Трамп: Минтақаҳои Сурия аз ҳузури ҷангҷӯёни ДОИШ пок шуд

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, тамоми минтақаҳои Сурия аз ҳузури ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пок шудааст. Трамп дар ҳоле дар ин маврид сухан мегӯяд, ки дар минтақаи Боғузи Сурия ҳанӯз даргирӣ идома дорад.

Трамп рӯзи 22-юми март ба хабарнигорон дар як нақша нишон дод, ки дар вақти интихоби ӯ дар соли 2016 ДОИШ дар куҷо буд ва акнун дар куҷо қарор дорад. Ӯ афзуд, вақти он расидааст, ки бигӯянд гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар ҳеч ҷои Сурия ҳокимият надорад.

Қабл аз ин, Сара Сандерз, сухангӯи Кохи Сафед, ҳам гуфта буд, ки гуруҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия аз байн рафтааст. Аммо нерӯҳои демократии Сурия, ки таҳти ҳимояти Амрико мебошанд, гуфтаанд, дар минтақа ҳанӯз ҷанг ҷараён дорад.

Мустафо Балӣ, сухангӯи нерӯҳои демократии Сурия рӯзи 22-юми март дар Твиттер навишт, “ҷанги сахт дар Боғуз идома дорад, то боқимондаҳои ДОИШ аз байн бурда шавад.”

Илова ба ин ин, сафири Сурия дар Созмони Милали Муттаҳид Башор Ҷаъфарӣ гуфтааст, ҳокимияти ДОИШ дар ин кишвар ҳанӯз хотима нафтааст. Ӯ иддао кард, нерӯҳои ҳукуматии Сурия, ки таҳти ҳимояти Эрону Русия қарор доранд, бо ДОИШ дар ҷанг ҳастанд, на нерӯҳои таҳти ҳимояти Амрико.

Чехия сафири Русияро дар робита ба ҷанҷоли иҷораи хонаҳо эҳзор кард

Александ Змеевский - сафири Русия дар Чехия

Вазорати умури хориҷии Чехия дар пасманзари ҷанҷоли ба иҷора додани хонаҳои дипломатӣ, сафири Русияро эҳзор кард.

Вазорат рӯзи 21 март дар як изҳорот гуфт, ки Александр Змеевский ба ин хотир эҳзор шуд, то ба... масъалаи ҷиддии истифодаи баъзе апартаментҳо аз тарафи Сафорати Федератсияи Русия таваҷҷӯҳ шавад".

Ташаннуҷ дар ҳоле зуҳур кард, ки матбуоти Чехия навишт, Оҷонсии ҳукумати Русия дар умури амлок дар хориҷи кишвар, апартаментҳои дипломатӣ дар Прагаро бо шартҳои ғайримаъмулӣ ба шаҳрвандони хусусӣ иҷора додааст.

Шабакаи телевизионии "Настоящее Время" мегӯяд Оҷонсии Русия эҳтимол барои берун кардани баъзе сокинони қадимӣ онҳоро тарс медод.

Як рӯз пеш, Вазорати хориҷии Русия гуфт, сафири Чехия дар Маскавро даъват кард, ки бо ӯ "фазои носолимеро ки ин тавтеа ба таври фаъолона ба он кишвар ворид месозад", баррасӣ кунад.

"Ба ҷониби Чехия дар бораи зарурати хештандорӣ гуфта шуд, то аз паёмади харобиовар ҷилавгирӣ шавад",- гуфт Вазорати хориҷии Русия.

Яке аз иҷоранишинҳо - Александр Степанов ба шабакаи телевизионии "Настоящее Время" гуфт, ба ӯ иҷозат надоданд, ки матни шартномаро мустақилона бихонад, танҳо иҷозат доданд, ки аз он акс бигирад.

Ба гуфтаи як сокини дигар дар пасманзари маъракаи тарсдиҳӣ лулаи гази онҳо қатъ шуд ва гурбаашро дуздиданд.

Ёвари аршади раҳбари мухолифони Венесуэла боздошт шуд

Раҳбари оппозитсиюни Венесуэла Хуан Гуайдо

Роберто Марреро, ёвари аршади Хуан Гуайдо - раҳбари мухолифони Венесуэла, рӯзи ҷумъа боздошт шуд. Пеш аз боздошт Хадамоти иктишофи миллии Венесуэла манзили Маррероро кофтукоб кард.

Хуан Гуайдо гуфт, мақомоти қудратӣ аз боздошти ӯ ҳарос доранд ва биноан, ҳамсафонашро ҳадаф қарор доданд. Қаблан Вашингтон ҳушдор дода буд, ки ҳамагуна амали хасмонба бар зидди Гуайдо "бепосух" намемонад.

Вашингтон талаб кард, ки Марреро озод карда шавад. Ҷон Болтон, мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ боздошти Маррероро "боз як иштибоҳи бузург"-и Мадуро номид.

Ибтидои соли ҷорӣ дар пасманзари бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ Хуан Гуайдо худро президенти муваққати Венсуэла эълон кард ва интихоби президент Николас Мадуро ба ин мақомро ғайриқонунӣ номид. ИМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Амрикои Лотин аз Гуйдо ҳимоят карданд. Русия, Чин, Туркия ва Куба аз Мадуро пуштибонӣ мекунанд.

Венесуэла гирифтори буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ аст. Соли 2018 нишондоди таваррум дар ин кишвар аз сатҳи 1 миллион дарсад гузашт. Ин ҳам дар ҳоле, ки сокинон аз камбуди ғизо ва дору ранҷ мебаранд. Ахиран ба далели садама дар бузургтарин нерӯгоҳи тавлиди барқ чанд манотиқи кишвар дар торикӣ монд.

Русия шаҳрванди Украинаро ба шаш соли зиндон маҳкум кард

Павел Гриб

Додгоҳи ҳавзаи низомии Қафқози Шимолӣ шаҳрванди Украина Павел Грибро бо иттиҳоми "мусоидат ба терроризм" ба шаш соли зиндон маҳакум кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС рӯзи 22 март гузориш дод.

Қаблан додситонии Русия аз додгоҳ ҳамин муҳлати ҳабсро талаб карда буд. Айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, ки гумонбар барқасдона ҷинояти вазнин содир кард, аммо дар таҳқиқи парванда фаъолона мусоидат кард.

Рӯзи гузашта дар мурофиаи додгоҳи низомӣ ҳоли Павел Гриб бад шуд ва табибон хуруҷи бемориро ташхис доданд. Қаблан падари гумонбар гуфта буд, ки писараш аз бемории қалб ранҷ мебирад ва ба малиёти оҷил ниёз дорад.

Донишҷӯи украинӣ Павел Гриб моҳи августи соли 2017 дар қаламрави Беларусия нопадид шуд. Ӯ барои мулоқот бо духтари шиносаш ба он кишвар рафта буд. Баъдтар Грибро дар боздоштгоҳи Краснодар пайдо карданд. Наздикон ва вакилони Павел Гриб мегӯянд, ки ӯро хадамоти махсуси Русия дуздид.

Ба маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия, Павел Гриб як духтари шиносашро барои инфиҷор додани бомбаи худсохт дар ҷамъомади хатми мактаб дар Сочӣ ташвиқ мекард. Ин духтар баъдан ба хабарнигорон эътироф кард, ки бо фишори ФСБ Грибро ба мулоқот даъват карда буд.

Киев боздошти Грибро тавтеаи хадамоти махсуси Русия медонад ва талаб дорад, ки шаҳрванди Украина оҷилан озод шавад.

Афви муҳоҷирони қирғизистонӣ пеш аз сафари Путин ба Бишкек

Дар остонаи сафари давлатии президенти Русия Владимир Путин ба Қирғизистон, Маскав тасмим дорад, барои муҳоҷирони қирғизистонӣ "афв" эълон кунад. Дар ин бора сафорати Қирғизистон дар Русия хабар дод.

"Афви муҳоҷирон ба қирғизистониҳо имкон медиҳад, ки сарфи назар аз нақзи қонуни муҳоҷирати Русия, то 22 апрели соли ҷорӣ бе монеа ҳудуди Русияро тарк кунанд ва дубора ба Русия баргарданд. Онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб намешаванд",- мегӯяд сафорат.

Сафорати Қирғизистон аз муҳоҷирони қирғизистонӣ даъват кард, ки аз фурсати "афв" истифода баранд.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, ҳоло беш аз 640 ҳазор шаҳрванди ин кишвар дар Русия муҳоҷир ҳастанд.

Сафари давлатии Путин ба Қирғизистон ба 28 март барномарезӣ шудааст.

Боздошти хабарнигори ТВ "Настоящее Время" дар Остона

Дар Остона, пойтахти Қазоқистон, беш аз 10 нафар, бо шумули хабарнигори шабакаи телевизионии "Настоящее Время" Светлана Глушкова, боздошт шуд. Пулис гуфт, ки Глушковаро бар пояи гӯё шикояти як зан дастгир кард.

Қабл аз боздошт хабарнигор дар фурсати кӯтоҳ навишт: "Маро боздошт карданд. Ман ба вакил ниёз дорам. Ман ҳоло дар идораи пулиси Сариаркин ҳастам".

Рӯзи гузашта 20 нафар, ки ба тағйири номи Остона ба Нурсултон - номи президенти пешин Нурсултон Назарбоев мухолиф буданд дар назди идораи шаҳрдорӣ боздошт шуданд. Пулис чанд нафари дигарро ҳангоми ҷашни Наврӯз дар маркази Алмаато гирифт. Тавре бахши қазоқии Радиои Озодӣ гузориш дод, боздоштшудаҳо аз мухолифони тағйири номи Остона ба Нурсултон буданд.

Рӯзи чоршанбе чанд соат баъд аз маросими савганди Қосимҷомарт Тоқаев - иҷрокунандаи вазифаи президент, порлумони Қазоқистон Қонун дар бораи иваз кардани номи Остона ба Нурсултонро тасвиб кард. Пешниҳод аз ҷониби Тоқаев ворид шуда буд.

Токаев ҳамчунин даъват кард, ки кӯчаҳои асосӣ дар ҳамаи ноҳия ва шаҳрҳо бо исми президенти пешин номгузорӣ шаванд. Назарбоев замоне аз мақом истеъфо дод, ки синнаш ба 78 расид.

Бо рафтан аз мақоми раиси ҷумҳур Назарбоев раиси Шӯрои Амният ва раҳбари ҳизби ҳокими "Нур-Отан" боқӣ мемонад.

Дахости демократҳо барои маълумот оиди сӯҳбати Трамп бо Путин рад шуд

Владимир Путин ва Доналд Трамп

Кохи сафед дархости конгрессменҳои демократро, ки мехоҳанд дар бораи музокироти президенти ИМА ва Русия - Доналд Трамп ва Владимир Путин маълумот бигиранд, рад кард. Дар ин бора нашрияи The Hill ва шабакаи телевизионии CNN рӯзи 21 март гузориш доданд.

Дар посухе бо имзои ҳуқуқдони Кохи сафед Пэт Чипаллоне гуфта мешавад, ки музокироти президент бо раҳбарҳои кишварҳои хориҷӣ маҳрамона буда, Конгресс салоҳият надорад онҳоро дархост кунад.

Аввали моҳи март раҳбарони кумитаҳои Палатаи намояндагон дар умури истихборот, равобити хориҷӣ ва назорат - конгрессменҳои демократ Адам Шифф, Элиот Энҷел ва Элайҷа Каммингс аз Кохи сафед ва Котиби давлатии ИМА Майк Помпео хостанд дар бораи муҳтавои гуфтугӯи ҷойдошта дар байни Трамп ва Путин санад пешниҳод кунанд ва ҳамчунин ба суолҳои марбута посух диҳанд.

Ин дархост баъди мақолаи The Washington Post ворид шуд. Нашрия иддао кард, ки Трамп матни тарҷумони сӯҳбати президент бо Путинро гирифт ва талаб кард, ки муҳтавои сӯҳбат ошкор нашавад. Конгрессменҳо дархост карданд, ки тарҷумонҳо низ барои гузориш додан даъват шаванд. Онҳо аз ҷумла ба нафароне таваҷҷӯҳ доранд, ки моҳи июли соли 2018 мулоқоти Трамп ва Путинро дар Ҳелсинки ташкил карданд.

Дар ИМА таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихобти соли 2016 идома дорад. Прокурори махсус Роберт Мюллер бояд мушаххас кунад, ки дар байни ситоди интихобтии Доналд Трамп ва Кремл муомилот вуҷуд дошт ё не.

Кремл: Назарбоев дар робита ба "ҷойгузинаш " машварат накардааст"

Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев

Кремл рӯзи 21 март хабар дод, ки Владимир Путин, президенти Русия бо ҳамтои ҳамакнун пешини қазоқистониаш масоили ҳамкориҳоро баррасӣ кард.

Дар хабар омадааст, ки роҳбари Русия "саҳми бузург"-и Нурсултон Назарбоевро дар рушди муносибатҳои дуҷониба зикр ва Қосим-Жомарт Тоқаевро ба муносибати иҷрокунандаи вазифаи президент таъйин шуданаш табрик кардааст. "Ҳамкориҳои танготанги ду кишвар ва омодагӣ ба сафари Қосим-Жомарт Тоқаев ба Русия ҳамоҳанг шуд", - хабар дод Кремл.

Ахиран Путин дар мулоқот бо ҳайати ҳукумати Русия дар Кремл дар бораи тағйироти чашмгир дар Қазоқистон изҳори назар кард. "Мо шоҳиди рӯйдоди сиёсии ҳамсояамон, ҳампаймони наздиктаринамон ҳастем. Ин рӯйдод бо тағйири роҳбарияти сиёсии он кишвар рабт дорад. Мо умед дорем, ки ҷойнишинӣ таъмин хоҳад шуд", - гуфт Путин.

Путин бо Назарбоев рӯзи 19 март, пеш аз эълони истеъфои роҳбари Қазоқистон суҳбати телефонӣ анҷом дод. Хабаргузории "Интерфакс" аз қавли сухангӯи Кремл Дмитрий Песков навишт, ки Назарбоев бо Путин дар робита ба ҷойгузини эҳтимолӣ суҳбат накардааст, "аммо аз он ҷо ки роҳбарони ду кишвар муносибатҳои наздик доранд, Назарбоев тасмим гирифтааст, ҳамтои русашро дар ҷараён гузорад".

Таркиш дар корхонаи кимиёии Чин 47 нафарро қурбон кард

Оташнишонҳо дар ҷйои таркиш. 21 март, 2019

Дар натиҷаи таркиши корхонаи кимиёӣ дар шаҳри Янчэнеи Чин 47 нафар кушта ва бештар аз 600 тани дигар маҷруҳ шуд. Дар ин бора хабаргузории Reuters иттилоъ медиҳад. Вазъи 32 тан аз маҷруҳшудагон вазнин арзёбӣ мешавад.

Дар пайи таркиш сӯхтор сар зад. Оташ биноҳои дигарро низ фаро гирифт. Мавҷи таркиш шишаи хонаҳои истиқоматӣ ва мактабҳои наздик ба корхонаро шикаст. Ба навиштаи расонаҳо, дар натиҷаи таркиш бачаҳои кӯдакистони наздики корхона ҳам зарар дидаанд.

Сабаби таркиш ҳанӯз дақиқ нест.

Корхонаи истеҳсоли нуриҳо дар шаҳри Янчэне соли 2007 таъсис ёфт. Пештар аз ин корхона барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва расонидани таъсири манфӣ ба муҳити атроф ҷарима шуда буд.

Трамп: Замони ба расмият шинохтани соҳибихтиёрии Исроил ба Ҷулон расидааст

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, фурсати он аст, ки Иёлоти Муттаҳида соҳибихтиёрии Исроил ба Баландиҳои Ҷулонро, ки соли 1967 аз Сурия гирифт, комилан ба расмият бишиносад.

Ӯ рӯзи 21-уми март дар Твиттер навишт, “баландиҳои Ҷулон “барои давлати Исроил ва суботи минтақавӣ, аҳамияти стратегӣ ва амниятӣ дорад.”

Ҳукумати Сурия ба ин баёнияи Трамп вокуниш нишон надодааст, вале ҳамеша хостааст, Баландиҳои Ҷулонро бозпас бигирад.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил бо изҳори сипос ба Трамп дар Твиттер навиштааст: “Дар замоне ки Эрон мехоҳад, бо истифода аз Сурия, Исроилро нобуд кунад, раиси ҷумҳур Трамп мардонавор соҳибихтиёрии Исроил ба Баландиҳои Ҷулонро эътироф мекунад.”

Нетаняҳу иддао мекунад, ки Эрон Сурияро ба ҳайси майдоне барои ҳамла ба Исроил истифода мебарад. Баландиҳои Ҷулонро, ки қаламрави Сурия буд ва 1800 километри мураббаъ масоҳат дорад, Исроил дар ҷанги шашрӯзаи соли 1967 ишғол кард.

Соли 1981 бо қабули қонунҳое ин минтақаро ба қаламраваш ҳамроҳ сохт, вале ҷомеаи байналмилалӣ онро қаламрави Исроил намешуморад.

Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари нави Қазоқистон телефонӣ сӯҳбат кард

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Қосим-Жомарт Тоқаев, иҷрокунандаи мақоми раиси ҷумҳури Қазоқистон суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 22-юми март иттилоъ дод, ки дар ин тамоси телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон оқои Тоқаевро табрик гуфта ва хостори идомаи ҳамкориҳои ин ду кишвари шарики стратегӣ шудааст. Ду раҳбар ҳамчунин ҷашни Наврӯзро, ки дар Тоҷикистон ва Қазоқистон ба таври густурда таҷлил мешавад, ба якдигар табрик гуфтаанд.

Оқои Раҳмон рӯзи 20-уми март бо Нурсултон Назарбоев низ, ки аз мансаби президенти Қазоқистон истеъфо дода буд, суҳбати телефонӣ карда буд. Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон рӯзи сешанбеи 19-уми март эълон кард, ки аз мақомаш канор меравад. Ӯ 30 сол дар сари қудрат буд. Назарбоев аввалин президент дар Осиёи Марказӣ аст, ки бо ихтиёри худ ва бо роҳи осоишта истеъфо дод.

Нахустин тарабхонаи зери об дар Норвегия кушода мешавад. АКС

Барои нахустин бор дар Аврупо тарабхонаи зери об кушода мешавад. Макони ин тарабхона Норвегия буда, дар соҳилҳои ғарбии кишвар ҷойгир аст. Барои дидани ин тарабхона аз ҳоло беш аз 7 ҳазор нафар дархост фиристоданд. Тарабхона лӯлаи бузурги бетониро мемонад, ки дар умқи 5 метрии Баҳри Шимолӣ ҷойгир аст. Тарҳи биноро бюрои машҳури меъмории Норвегия - Snohett кашид. Ин ширкат бинои аввалин театри опера дар Осло ва Осохонаи миллии ёдбуди 11 сенятбр дар Ню-Йоркро тарҳрезӣ карда буд.

Донишҷӯе дар Покистон устодашро барои шабнишинии зану мард кушт

Донишҷӯе дар Покистон устоди донишгоҳро барои гӯё барномарезии шабнишиние, ки ба он занҳо ва мардҳо даъват шуда буданд, бо корд ба ҳалокат расонд.

Пулис Хатиб Ҳуссейнро рӯзи 20 март дар ҳоле боздошт кард, ки ҳамтоҳояш ӯро дар саҳнаи куштор нигаҳ медоштанд. Мақомот мегӯянд, ки ӯ бо ҷурми куштор муттаҳам мешавад.

Ба гуфтаи мақомоти пулис, Халид Ҳамид, устоди англисии Содиқ Егертон Колеҷ дар шаҳри шарқии Баҳавалпур, замоне мавриди ҳамлаи донишҷӯ қарор гирифт, ки дар пайи шабнишии хайрбодӣ барои донишҷӯёнаш буд. Дар ин донишгоҳ 4 ҳазор зан ва 2 ҳазор мард таҳсил мекунад.

"Гумонбар зоҳиран бо ягон гурӯҳи мазҳабӣ робита надорад, вале мо гузаштаи ӯ ва ангезаҳои ӯро таҳқиқ мекунем,- гуфт сухангӯи пулис Фарҳан Ҳуссейн.

Дар гузориши пулис омадааст, ки Хатиб Ҳуссейн гуфтааст, "меҳмониҳои муштараки зану мард хилофи таълимоти исломӣ аст ва ман мехостам ба ин хотима гузорам".

Устоди донишгоҳ, ки шадидан маҷруҳ шуда буд, дар бемористон ҷон дод.

Масоили мазҳабӣ ва гендерӣ дар Покистон аз мавзӯҳои ҳассос аст ва бисёр бунёдгароёни исломӣ ҳуқуқи занро бидъат мешуморанд.

Соли 2018 "Thomson Reuters Foundation" Покистонро яке аз шаш кишвари хатарноки ҷаҳон барои занон унвон кард.

Пулиси Қазоқистон мухолифони таъғири номи Остонаро боздошт кард

Боздошти эътирозгарони зидди таъғири номи Остона

Пулиси пойтахти Қазоқистон ҳудуди 20 эътирозгари мухолифи таъғири номи Остона ба номи президент Нурсултон Назарбоевро боздошт кард. Назарбоев рӯзи 19 март баъди ҳудудан 30 соли фаъолият аз мақоми президентӣ канор рафт.

Эътирозгарон рӯзи 21 март дар муқобили бинои шаҳрдорӣ ҷамъ омада буданд ва қабл аз он ки пулис онҳоро боздошт кунад, ба вокуниши тарафдорони таъғири номи Остона ба номи президент рӯ ба рӯ шуданд.

Ҳоло маълум нест, ки алайҳи онҳо иттиҳоме матраҳ шудааст ё не.

Рӯзи чоршанбе чанд соат баъд аз маросими савганди Қосимжомарт Токаев - иҷрокунандаи вазифаи президент, порлумони Қазоқистон Қонун дар бораи иваз кардани номи Остона ба Нурсултонро тасвиб кард. Пешниҳод аз ҷониби Токаев ворид шуда буд.

Токаев ҳамчунин даъват кард, ки кӯчаҳои асосӣ дар ҳамаи ноҳия ва шаҳрҳо бо исми президенти пешин номгузорӣ шаванд. Назарбоев замоне аз мақом истеъфо дод, ки синнаш ба 78 расид.

Бо рафтан аз мақоми раиси ҷумҳур Назарбоев раиси Шӯрои Амният ва раҳбари ҳизби ҳокими "Нур-Отан" боқӣ мемонад.

Шаҳрванди Латвия беш аз $ 100 миллиони Google ва Facebook-ро дуздид

Шаҳрванди Латвия Эвалдас Римасаускас рӯзи гузашта ҷурми дуздии беш аз 100 миллион долари ширкатҳои интернетии Амрикоро эътироф кард. Ба навиштаи матбуот, ширкатҳои Google ва Facebook мавриди тақаллубкории Римасаускас қарор гирифтанд.

Варақаи матбуотии Додситонии Ҳавзаи Ҷанубии Ню Йорк мегӯяд, ки Римусаускаси 50-сола ширкатеро ба номи шабеҳи Quanta аз Тайван, содиркунандаи таҷҳизоти текноложӣ, дар Латвия сабти ном кард. Ӯ бо истифода аз монандии ном ва иттилоот, ки аз роҳи рахна кардани почтаҳои эелектронии ширкатҳои осебдида ба даст овард, тавонист онҳоро фиреб диҳад ва ҳисобҳоеро барои пардохти фурӯши таҷҳизот пешниҳод кунад. Римасаускас аз соли 2013 то 2015 ин амалро анҷом медод.

Дар ин муддат ширкатҳои осебдида ба ҳисобҳои Римусаускас дар Латвия 123 миллион доллар фиристоданд. Пулҳо аз ин ҳисобҳо зуд ба ҳисобҳои дигари Римусаускас дар Латвия, Қибрис, Словакия, Маҷористон ва Ҳонконг интиқол ёфтанд.

Эвалдас Римусаускас дар заминаи дархости ИМА моҳи марти соли 2017 боздошт ва моҳи августи ҳамон сол ба Ню Йорк истирдод шуд. Аз рӯи қонунҳои ИМА ба ӯ 30 соли зиндон таҳдид мекунад. Эълони ҳукм ба 24 июл барномарезӣ шудааст.

ИМА дахолат ба умури адлияи Украинаро рад мекунад

Додситони кулли Украина Юрий Лутсенко

Департаменти Давлатии ИМА дахолат ба сохтори адлияи Украинаро рад кард. Дар ин бора қаблан Додситони кулли Украина Юрий Лютсенко дар сӯҳбат бо нашрияи The Hill иддао карда буд.

Лутсенко дар сӯҳбат бо ин нашрия гуфт, аз сафири ИМА дар Украина Мари Йованович феҳрасти онҳоеро дарёфт кард, ки бояд таъқиб нашаванд. Додситон ин амалро ғайри қобили қабул номид.

Сафорати ИМА дар Укриана дар навбати худ гуфт, ки суханони Лутсенко воқеият надоранд ва ин ҳарфҳо ҳадаф доранд обрӯи сафири Амрико дар Киевро резонанд,- гуфтааст миссияи дипломатӣ.

ФСБ-и Русия муҳри махфиро аз парвандаи адмирал Колчак бардошт

Александр Колчак

Сокини Санкт-Петербурги Русия Дмитрий Остряков муваффақ шуд, ки "муҳри махфӣ" аз парвандаи ҷиноии бойгонӣ нисбати армирал Александр Колчак бардошта шавад. Аммо сандаҳоро ба ӯ нишон надоданд. Мақомот гуфтанд, Колчак, ки аз тарафи болшевикҳо бидуни мурофиа кушта шуд, ҳанӯз "сафед" нашудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" рӯзи 21 март гузориш дод.

Қаблан Остряков ба Додситони кулл муроҷиат кард ва аз ин ниҳод хост ба қарори Хадамоти федеролии амният, ки "реабилитатсияи адмирал Колчак"-ро рад кардааст, баҳо диҳад.

Гурӯҳи ҳуқуқи башари "Команда 29", ки аз манфиатҳои Дмитрий Остряков намояндагӣ мекунад, тасмим дорад, ба парвандаи адмирал Колчак ба воситаи додгоҳ дастсрасӣ пайдо кунад.

Александр Колчак - муҳаққиқи қутбшинос ва қаҳрамони Ҷанги Аввали Ҷаҳон аст. Колчак соли 1917, баъди инқилоби Октябр барои пешрафти кораш дар ИМА шарот пайдо кард, аммо барои мубориза бо болшевикҳо ба Русия баргашт. Колчак ҳукумати болшевикҳоро барои Русия марговар медонист. Ӯ соли 1920 бо амри кумитаи низомӣ ва инқилобии Иркутск парронда шуд. Маъалаи "сафед" кардани ӯ ҳоло ҳал нашудааст.

Моҳи ноябри соли 2017 лавҳаи ёдгории Александр Колчакро дар Санкт Петербург насб карданд, аммо моҳи июл лавҳа бо қарор додгоҳ бардошта шуд.

Масъулияти ҳамла ба шиамазҳабҳои Кобулро ДИИШ бар дӯш гирифт

Тракиш дар Кобул. Акс аз бойгонӣ

Рӯзи панҷшанбе дар пайи чанд инфиҷор дар Кобул, пойтахти Афғонистон шаш нафар кушта ва 23 нафар захмӣ шуд. Дар ин бора сухангӯи вазорати беҳдошти Афғонистон хабар дод. Дар бораи таркишҳо дар назди зиёратгоҳ ва қабристони Корти Сахӣ, дар маҳалла шианишини ғарби Кобул хабарҳои зиддунақиз мерасанд.

Сухангӯи Вазорати дохилии Афғонистон Насрат Раҳимӣ гуфт, ба сӯи мардум, ки барои таҷлили ҷашни Наврӯз ҷамъ шуданд, аз хумпорандоз оташ кушода шуд.

Вазорати дифоъи Афғонистон дар твиттер навишт, ки ба хонаи мардуми мулкӣ ва ҷамъомадагони Наврӯз се гулӯла партоб шуд. Ба гуфтаи вазорат, пулис ҳамлагарро боздошт ва амнияти минтақаро таъмин кард. Биноба тасвирҳое, ки телевизиони маҳаллӣ ба таври мустақим пахш кард, нерӯҳои амниятӣ тамоми ҷодаҳоро ба сӯи зиёратгоҳ масдуд карданд.

Аз рӯи суннат одамон дар зиёратгоҳ парчами сабз мебардоранд ва ба хотири гирмидошти ёди рафтагон дар канори гуристон ғизо мегузоранд.

Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт ва дар Telegram гуфт, ки "сарбозони хилофат" се дастгоҳи таракнадаро дар байни ҷамъмадагони шиъа, наздик ба зиёратгоҳ, ба кор андохтанд. Ин гурӯҳи террористӣ иддао кардааст, ки дар ҳамла 50 нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Созмони террористии "Давлати исломӣ", ки мусалмонони шиаҳоро бидъатгузорон арзёбӣ мекунанд, дар гузашта борҳо онҳоро ҳадаф қарор додааст.

Раҳбари Туркманистон беш аз 2,000 маҳбусро афв кард

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов беш аз 2 ҳазор маҳбусро афв кард. Дар ин бора матбуоти Туркманистон рӯзи 21 март гузориш дод.

Матбуот аз қавли президент навиштааст, ки афви зиндониён бахшида ба ҷашни Наврӯз аст.

Нарӯз аз ҷашнҳои тоисломии мардуми минтақа аст, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамчун як иди мардумӣ вале дар Эрон ҳамчун оғози соли нав таҷлил мешавад. Наврӯзро мардум дар Ғарб, Осиёи Марказӣ, Қафқоз, ҳавзаи баҳри сиёҳ ва Балкан ҷашн мегиранд.

Қурбогулӣ Бердимуҳаммадов, ки тамоми ҷамбаҳои ҷомеаи Туркманистонро таҳти назорат дорад, фармони афви зиндониҳоро соле чанд дафъа, маъмулан бахшида ба иду ҷашнҳо содир мекунад. Аммо ин фармонҳо ба маҳбусони сиёсӣ рабт намегиранд.

Президенти пешини ин кишвар Сафармурод Ниёзов соле як дафъа, дар анҷоми моҳи Рамазон зиндониҳоро афв мекард. Бердимуҳаммадов моҳи декабр 796 зиндониро дар робита ба "Рӯзи Бетарафӣ-и кишвар бахшид.

Созмони Милали Муттаҳид Туркманистонро аз соли 1995 ҳамчун кишвари бетраф эътироф кардааст.

Трамп аз интишори гузориши прокурори вежа пуштибонӣ кард

Доналд Трамп ва Роберт Мюллер

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 20 март аз интишори гузориши комиссиюни Роберт Мюллер, ки дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи соли 2016-и Амрикоро таҳқиқ мекунад, пуштибонӣ кард. Гуфта мешавад, ки таҳқиқи Мюллер базудӣ анҷом меёбад.

Изҳороти Трамп дар ҳоле пахш шуд, ки ҳафтае пеш Палатаи намояндагони Конгресси ИМА ба интишори ин гузориш якдилона овоз дод. Қатънома хусусияти тавсиявӣ дорад.

Моҳи майи соли 2017 муовини вазири адлияи ИМА раҳбари пешини Идораи федеролии таҳқиқот (FBI) Роберт Мюллерро прокурори бозҷӯии маълумот дар бораи дахолати Русия ба интихоботи президентӣ таъин кард. Дар баробари ҷамбаҳои дигари таҳқиқот Мюллер бояд мушаххас кунад, ки оё нафароне аз ситоди интихоботии Трамп барои заъиф кардани мавқеи номзади рақиб аз Ҳизби Демократ Ҳиллари Клинтон бо Русия муомилоте доштанд ё не. Кремл даст дахолат ба умури интихоботи ИМА-ро қотеона рад мекунад.

Бар пояи қонунҳои ИМА, Мюллер муваззаф аст, ки натиҷаи фаъолияташро ба Додситони кулл Уилям Барр ба таври маҳрамона пешниҳод кунад. Масъулияти инитшор кардан ё накардан, нима ё пурра пахш кардани гузориш дар салоҳияти Додситони кулл аст.

Уилям Барр моҳи январ гуфта буд, ки дар робита ба гузориши Мюллер ҳадафи ӯ таъмини шаффияти бештар аст. Аммо додситон ба таври мушаххас нагуфт, ки гузориш нашр мешавад ё не. Мухолифони Доналд Трамп аз ин нигаронанд, ки агар дар гузориш робитаи нафарони Трамп аз ситоди интихоботӣ бо Кремл зикр шавад президент аз нашри он ҷилавгирӣ мекунад.

Худи Доналд Трамп иттиҳоми ҳамагуна муомилот бо Путинро қотеъона рад мекунад ва таҳқиқоти Мюллерро "кори беҳуда" ва харҷи беҳудаи пули андозсупорандаҳо меномад.

Додгоҳ Радован Караҷичро ба ҳукми абад маҳкум кард

Радован Караҷич

Додгоҳи таҷдиди назар дар Гаага аввалин президенти Ҷумҳурии Сербистон Радован Караҷичро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Дар ин бора Reuters рӯзи 20 март хабар дод.

Караҷичи 73-сола қаблан барои қатли оми беш аз 8 ҳазор марду бачаҳои мусалмон дар Сребреница ва ҷиноятҳои дигари замони низоъи Босния ва Ҳезоговина 40 сол ҳукми зиндон гирифта буд. Ҷаласаи додгоҳии Караҷич ба таври мусақим дар сомонаи додгоҳ пахш шуд.

Ҳукми навро додгустарҳои ба истилоҳ "механизми боқимонда" содир карданд, зеро Додгоҳи байналмилалии ҷинояти ҷанг барои Югославияи собиқ фаъолияташро соли 2017 қатъ кард.

Ҳукми аввали Караҷичро ҳам тарафи ҳимоя, ки талаб дошт қарори суд бекор карда шавад ва ҳам айбдоркунанда, ки мехост ҳукм шадидтар бошад, қабул надоштанд. Караҷич худро гунаҳкор намедонад.

Дар ибтидо Радован Караҷич ба қатли оми на танҳо муалмонҳои Србреница, балки ҳафт шаҳраки дигар муттаҳам мешуд, аммо ин бахши иттиҳом дар додгоҳ исбот наёфт. Ҳамзамон ӯ барои содир кардани ҷиноят алайҳи башар ва нақзи қонун ва суннатҳои пешбурди ҷанг - кушторҳо, департатсия, муносибати ғайриинсонӣ, ҷиноятҳои дигари зидди мусалмонҳо ва хорватҳои Босния, террори сокинони Сараево аз тӯпхонаҳо ва снайперҳо ва гаравгон гирифтани кормандони СММ гунаҳкор эътироф шуд.

Караҷич соли 2008 дар Сербистон боздошт шуд. Ӯ 13 сол аз таъқиби додгоҳи байналмилалӣ фирор кард. Ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи қазияи Караҷич 11 ҳазор далелу шавоҳид ҷамъоварӣ шуд ва ҳудудан 600 нафар шоҳид буданд.

Интихоботи президентии Афғонистон бори дуввум мутавақиф шуд

Интихоботи порлумонӣ дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Раиси Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон гуфт, ки интихоботи президентӣ барои ду моҳи дигар мутавақиф шуд. Ин ниҳод гуфтааст, ки тасмими дар моҳи сентябр баргузор кардани интихобот ба хотири омодагии беҳтари мақомот ба ин маърака ва ҷилавгирӣ аз иштибоҳҳоест, ки дар интихоботи порлумонии моҳи октябр ҷой доштанд.

Ҳаво Алам Нуристонӣ рӯзи 20 март дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, ки интихоботи раёсати ҷумҳур акнун ба 28 сентябр барномарезӣ шудааст.

Нуристонӣ гуфт, овоздиҳӣ ба шӯроҳои маҳаллӣ ва порлумон дар вилояти Ғазнӣ низ дар ҳамин сана баргузор мешаванд.

Интихоботи порлумонӣ, ки бояд моҳи апрел баргузор мешуд, баъдан ба моҳи июл интиқол ёфт.

Райъдиҳӣ ба порлумон дар моҳи октябр бинобар камбудиҳое мисли набуди кормандони интихоботӣ ва гум шудани санадҳои овоздиҳӣ халалдор шуда буд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Эътирозгаронро аз назди бинои парламенти Гурҷистон хориҷ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00
XS
SM
MD
LG