Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Таркиш дар корхонаи кимиёии Чин 47 нафарро қурбон кард

Оташнишонҳо дар ҷйои таркиш. 21 март, 2019

Дар натиҷаи таркиши корхонаи кимиёӣ дар шаҳри Янчэнеи Чин 47 нафар кушта ва бештар аз 600 тани дигар маҷруҳ шуд. Дар ин бора хабаргузории Reuters иттилоъ медиҳад. Вазъи 32 тан аз маҷруҳшудагон вазнин арзёбӣ мешавад.

Дар пайи таркиш сӯхтор сар зад. Оташ биноҳои дигарро низ фаро гирифт. Мавҷи таркиш шишаи хонаҳои истиқоматӣ ва мактабҳои наздик ба корхонаро шикаст. Ба навиштаи расонаҳо, дар натиҷаи таркиш бачаҳои кӯдакистони наздики корхона ҳам зарар дидаанд.

Сабаби таркиш ҳанӯз дақиқ нест.

Корхонаи истеҳсоли нуриҳо дар шаҳри Янчэне соли 2007 таъсис ёфт. Пештар аз ин корхона барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва расонидани таъсири манфӣ ба муҳити атроф ҷарима шуда буд.

Трамп: Замони ба расмият шинохтани соҳибихтиёрии Исроил ба Ҷулон расидааст

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, фурсати он аст, ки Иёлоти Муттаҳида соҳибихтиёрии Исроил ба Баландиҳои Ҷулонро, ки соли 1967 аз Сурия гирифт, комилан ба расмият бишиносад.

Ӯ рӯзи 21-уми март дар Твиттер навишт, “баландиҳои Ҷулон “барои давлати Исроил ва суботи минтақавӣ, аҳамияти стратегӣ ва амниятӣ дорад.”

Ҳукумати Сурия ба ин баёнияи Трамп вокуниш нишон надодааст, вале ҳамеша хостааст, Баландиҳои Ҷулонро бозпас бигирад.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил бо изҳори сипос ба Трамп дар Твиттер навиштааст: “Дар замоне ки Эрон мехоҳад, бо истифода аз Сурия, Исроилро нобуд кунад, раиси ҷумҳур Трамп мардонавор соҳибихтиёрии Исроил ба Баландиҳои Ҷулонро эътироф мекунад.”

Нетаняҳу иддао мекунад, ки Эрон Сурияро ба ҳайси майдоне барои ҳамла ба Исроил истифода мебарад. Баландиҳои Ҷулонро, ки қаламрави Сурия буд ва 1800 километри мураббаъ масоҳат дорад, Исроил дар ҷанги шашрӯзаи соли 1967 ишғол кард.

Соли 1981 бо қабули қонунҳое ин минтақаро ба қаламраваш ҳамроҳ сохт, вале ҷомеаи байналмилалӣ онро қаламрави Исроил намешуморад.

Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари нави Қазоқистон телефонӣ сӯҳбат кард

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Қосим-Жомарт Тоқаев, иҷрокунандаи мақоми раиси ҷумҳури Қазоқистон суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 22-юми март иттилоъ дод, ки дар ин тамоси телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон оқои Тоқаевро табрик гуфта ва хостори идомаи ҳамкориҳои ин ду кишвари шарики стратегӣ шудааст. Ду раҳбар ҳамчунин ҷашни Наврӯзро, ки дар Тоҷикистон ва Қазоқистон ба таври густурда таҷлил мешавад, ба якдигар табрик гуфтаанд.

Оқои Раҳмон рӯзи 20-уми март бо Нурсултон Назарбоев низ, ки аз мансаби президенти Қазоқистон истеъфо дода буд, суҳбати телефонӣ карда буд. Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон рӯзи сешанбеи 19-уми март эълон кард, ки аз мақомаш канор меравад. Ӯ 30 сол дар сари қудрат буд. Назарбоев аввалин президент дар Осиёи Марказӣ аст, ки бо ихтиёри худ ва бо роҳи осоишта истеъфо дод.

Нахустин тарабхонаи зери об дар Норвегия кушода мешавад. АКС

Барои нахустин бор дар Аврупо тарабхонаи зери об кушода мешавад. Макони ин тарабхона Норвегия буда, дар соҳилҳои ғарбии кишвар ҷойгир аст. Барои дидани ин тарабхона аз ҳоло беш аз 7 ҳазор нафар дархост фиристоданд. Тарабхона лӯлаи бузурги бетониро мемонад, ки дар умқи 5 метрии Баҳри Шимолӣ ҷойгир аст. Тарҳи биноро бюрои машҳури меъмории Норвегия - Snohett кашид. Ин ширкат бинои аввалин театри опера дар Осло ва Осохонаи миллии ёдбуди 11 сенятбр дар Ню-Йоркро тарҳрезӣ карда буд.

Донишҷӯе дар Покистон устодашро барои шабнишинии зану мард кушт

Донишҷӯе дар Покистон устоди донишгоҳро барои гӯё барномарезии шабнишиние, ки ба он занҳо ва мардҳо даъват шуда буданд, бо корд ба ҳалокат расонд.

Пулис Хатиб Ҳуссейнро рӯзи 20 март дар ҳоле боздошт кард, ки ҳамтоҳояш ӯро дар саҳнаи куштор нигаҳ медоштанд. Мақомот мегӯянд, ки ӯ бо ҷурми куштор муттаҳам мешавад.

Ба гуфтаи мақомоти пулис, Халид Ҳамид, устоди англисии Содиқ Егертон Колеҷ дар шаҳри шарқии Баҳавалпур, замоне мавриди ҳамлаи донишҷӯ қарор гирифт, ки дар пайи шабнишии хайрбодӣ барои донишҷӯёнаш буд. Дар ин донишгоҳ 4 ҳазор зан ва 2 ҳазор мард таҳсил мекунад.

"Гумонбар зоҳиран бо ягон гурӯҳи мазҳабӣ робита надорад, вале мо гузаштаи ӯ ва ангезаҳои ӯро таҳқиқ мекунем,- гуфт сухангӯи пулис Фарҳан Ҳуссейн.

Дар гузориши пулис омадааст, ки Хатиб Ҳуссейн гуфтааст, "меҳмониҳои муштараки зану мард хилофи таълимоти исломӣ аст ва ман мехостам ба ин хотима гузорам".

Устоди донишгоҳ, ки шадидан маҷруҳ шуда буд, дар бемористон ҷон дод.

Масоили мазҳабӣ ва гендерӣ дар Покистон аз мавзӯҳои ҳассос аст ва бисёр бунёдгароёни исломӣ ҳуқуқи занро бидъат мешуморанд.

Соли 2018 "Thomson Reuters Foundation" Покистонро яке аз шаш кишвари хатарноки ҷаҳон барои занон унвон кард.

Пулиси Қазоқистон мухолифони таъғири номи Остонаро боздошт кард

Боздошти эътирозгарони зидди таъғири номи Остона

Пулиси пойтахти Қазоқистон ҳудуди 20 эътирозгари мухолифи таъғири номи Остона ба номи президент Нурсултон Назарбоевро боздошт кард. Назарбоев рӯзи 19 март баъди ҳудудан 30 соли фаъолият аз мақоми президентӣ канор рафт.

Эътирозгарон рӯзи 21 март дар муқобили бинои шаҳрдорӣ ҷамъ омада буданд ва қабл аз он ки пулис онҳоро боздошт кунад, ба вокуниши тарафдорони таъғири номи Остона ба номи президент рӯ ба рӯ шуданд.

Ҳоло маълум нест, ки алайҳи онҳо иттиҳоме матраҳ шудааст ё не.

Рӯзи чоршанбе чанд соат баъд аз маросими савганди Қосимжомарт Токаев - иҷрокунандаи вазифаи президент, порлумони Қазоқистон Қонун дар бораи иваз кардани номи Остона ба Нурсултонро тасвиб кард. Пешниҳод аз ҷониби Токаев ворид шуда буд.

Токаев ҳамчунин даъват кард, ки кӯчаҳои асосӣ дар ҳамаи ноҳия ва шаҳрҳо бо исми президенти пешин номгузорӣ шаванд. Назарбоев замоне аз мақом истеъфо дод, ки синнаш ба 78 расид.

Бо рафтан аз мақоми раиси ҷумҳур Назарбоев раиси Шӯрои Амният ва раҳбари ҳизби ҳокими "Нур-Отан" боқӣ мемонад.

Шаҳрванди Латвия беш аз $ 100 миллиони Google ва Facebook-ро дуздид

Шаҳрванди Латвия Эвалдас Римасаускас рӯзи гузашта ҷурми дуздии беш аз 100 миллион долари ширкатҳои интернетии Амрикоро эътироф кард. Ба навиштаи матбуот, ширкатҳои Google ва Facebook мавриди тақаллубкории Римасаускас қарор гирифтанд.

Варақаи матбуотии Додситонии Ҳавзаи Ҷанубии Ню Йорк мегӯяд, ки Римусаускаси 50-сола ширкатеро ба номи шабеҳи Quanta аз Тайван, содиркунандаи таҷҳизоти текноложӣ, дар Латвия сабти ном кард. Ӯ бо истифода аз монандии ном ва иттилоот, ки аз роҳи рахна кардани почтаҳои эелектронии ширкатҳои осебдида ба даст овард, тавонист онҳоро фиреб диҳад ва ҳисобҳоеро барои пардохти фурӯши таҷҳизот пешниҳод кунад. Римасаускас аз соли 2013 то 2015 ин амалро анҷом медод.

Дар ин муддат ширкатҳои осебдида ба ҳисобҳои Римусаускас дар Латвия 123 миллион доллар фиристоданд. Пулҳо аз ин ҳисобҳо зуд ба ҳисобҳои дигари Римусаускас дар Латвия, Қибрис, Словакия, Маҷористон ва Ҳонконг интиқол ёфтанд.

Эвалдас Римусаускас дар заминаи дархости ИМА моҳи марти соли 2017 боздошт ва моҳи августи ҳамон сол ба Ню Йорк истирдод шуд. Аз рӯи қонунҳои ИМА ба ӯ 30 соли зиндон таҳдид мекунад. Эълони ҳукм ба 24 июл барномарезӣ шудааст.

ИМА дахолат ба умури адлияи Украинаро рад мекунад

Додситони кулли Украина Юрий Лутсенко

Департаменти Давлатии ИМА дахолат ба сохтори адлияи Украинаро рад кард. Дар ин бора қаблан Додситони кулли Украина Юрий Лютсенко дар сӯҳбат бо нашрияи The Hill иддао карда буд.

Лутсенко дар сӯҳбат бо ин нашрия гуфт, аз сафири ИМА дар Украина Мари Йованович феҳрасти онҳоеро дарёфт кард, ки бояд таъқиб нашаванд. Додситон ин амалро ғайри қобили қабул номид.

Сафорати ИМА дар Укриана дар навбати худ гуфт, ки суханони Лутсенко воқеият надоранд ва ин ҳарфҳо ҳадаф доранд обрӯи сафири Амрико дар Киевро резонанд,- гуфтааст миссияи дипломатӣ.

ФСБ-и Русия муҳри махфиро аз парвандаи адмирал Колчак бардошт

Александр Колчак

Сокини Санкт-Петербурги Русия Дмитрий Остряков муваффақ шуд, ки "муҳри махфӣ" аз парвандаи ҷиноии бойгонӣ нисбати армирал Александр Колчак бардошта шавад. Аммо сандаҳоро ба ӯ нишон надоданд. Мақомот гуфтанд, Колчак, ки аз тарафи болшевикҳо бидуни мурофиа кушта шуд, ҳанӯз "сафед" нашудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" рӯзи 21 март гузориш дод.

Қаблан Остряков ба Додситони кулл муроҷиат кард ва аз ин ниҳод хост ба қарори Хадамоти федеролии амният, ки "реабилитатсияи адмирал Колчак"-ро рад кардааст, баҳо диҳад.

Гурӯҳи ҳуқуқи башари "Команда 29", ки аз манфиатҳои Дмитрий Остряков намояндагӣ мекунад, тасмим дорад, ба парвандаи адмирал Колчак ба воситаи додгоҳ дастсрасӣ пайдо кунад.

Александр Колчак - муҳаққиқи қутбшинос ва қаҳрамони Ҷанги Аввали Ҷаҳон аст. Колчак соли 1917, баъди инқилоби Октябр барои пешрафти кораш дар ИМА шарот пайдо кард, аммо барои мубориза бо болшевикҳо ба Русия баргашт. Колчак ҳукумати болшевикҳоро барои Русия марговар медонист. Ӯ соли 1920 бо амри кумитаи низомӣ ва инқилобии Иркутск парронда шуд. Маъалаи "сафед" кардани ӯ ҳоло ҳал нашудааст.

Моҳи ноябри соли 2017 лавҳаи ёдгории Александр Колчакро дар Санкт Петербург насб карданд, аммо моҳи июл лавҳа бо қарор додгоҳ бардошта шуд.

Масъулияти ҳамла ба шиамазҳабҳои Кобулро ДИИШ бар дӯш гирифт

Тракиш дар Кобул. Акс аз бойгонӣ

Рӯзи панҷшанбе дар пайи чанд инфиҷор дар Кобул, пойтахти Афғонистон шаш нафар кушта ва 23 нафар захмӣ шуд. Дар ин бора сухангӯи вазорати беҳдошти Афғонистон хабар дод. Дар бораи таркишҳо дар назди зиёратгоҳ ва қабристони Корти Сахӣ, дар маҳалла шианишини ғарби Кобул хабарҳои зиддунақиз мерасанд.

Сухангӯи Вазорати дохилии Афғонистон Насрат Раҳимӣ гуфт, ба сӯи мардум, ки барои таҷлили ҷашни Наврӯз ҷамъ шуданд, аз хумпорандоз оташ кушода шуд.

Вазорати дифоъи Афғонистон дар твиттер навишт, ки ба хонаи мардуми мулкӣ ва ҷамъомадагони Наврӯз се гулӯла партоб шуд. Ба гуфтаи вазорат, пулис ҳамлагарро боздошт ва амнияти минтақаро таъмин кард. Биноба тасвирҳое, ки телевизиони маҳаллӣ ба таври мустақим пахш кард, нерӯҳои амниятӣ тамоми ҷодаҳоро ба сӯи зиёратгоҳ масдуд карданд.

Аз рӯи суннат одамон дар зиёратгоҳ парчами сабз мебардоранд ва ба хотири гирмидошти ёди рафтагон дар канори гуристон ғизо мегузоранд.

Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт ва дар Telegram гуфт, ки "сарбозони хилофат" се дастгоҳи таракнадаро дар байни ҷамъмадагони шиъа, наздик ба зиёратгоҳ, ба кор андохтанд. Ин гурӯҳи террористӣ иддао кардааст, ки дар ҳамла 50 нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Созмони террористии "Давлати исломӣ", ки мусалмонони шиаҳоро бидъатгузорон арзёбӣ мекунанд, дар гузашта борҳо онҳоро ҳадаф қарор додааст.

Раҳбари Туркманистон беш аз 2,000 маҳбусро афв кард

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов беш аз 2 ҳазор маҳбусро афв кард. Дар ин бора матбуоти Туркманистон рӯзи 21 март гузориш дод.

Матбуот аз қавли президент навиштааст, ки афви зиндониён бахшида ба ҷашни Наврӯз аст.

Нарӯз аз ҷашнҳои тоисломии мардуми минтақа аст, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамчун як иди мардумӣ вале дар Эрон ҳамчун оғози соли нав таҷлил мешавад. Наврӯзро мардум дар Ғарб, Осиёи Марказӣ, Қафқоз, ҳавзаи баҳри сиёҳ ва Балкан ҷашн мегиранд.

Қурбогулӣ Бердимуҳаммадов, ки тамоми ҷамбаҳои ҷомеаи Туркманистонро таҳти назорат дорад, фармони афви зиндониҳоро соле чанд дафъа, маъмулан бахшида ба иду ҷашнҳо содир мекунад. Аммо ин фармонҳо ба маҳбусони сиёсӣ рабт намегиранд.

Президенти пешини ин кишвар Сафармурод Ниёзов соле як дафъа, дар анҷоми моҳи Рамазон зиндониҳоро афв мекард. Бердимуҳаммадов моҳи декабр 796 зиндониро дар робита ба "Рӯзи Бетарафӣ-и кишвар бахшид.

Созмони Милали Муттаҳид Туркманистонро аз соли 1995 ҳамчун кишвари бетраф эътироф кардааст.

Трамп аз интишори гузориши прокурори вежа пуштибонӣ кард

Доналд Трамп ва Роберт Мюллер

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 20 март аз интишори гузориши комиссиюни Роберт Мюллер, ки дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи соли 2016-и Амрикоро таҳқиқ мекунад, пуштибонӣ кард. Гуфта мешавад, ки таҳқиқи Мюллер базудӣ анҷом меёбад.

Изҳороти Трамп дар ҳоле пахш шуд, ки ҳафтае пеш Палатаи намояндагони Конгресси ИМА ба интишори ин гузориш якдилона овоз дод. Қатънома хусусияти тавсиявӣ дорад.

Моҳи майи соли 2017 муовини вазири адлияи ИМА раҳбари пешини Идораи федеролии таҳқиқот (FBI) Роберт Мюллерро прокурори бозҷӯии маълумот дар бораи дахолати Русия ба интихоботи президентӣ таъин кард. Дар баробари ҷамбаҳои дигари таҳқиқот Мюллер бояд мушаххас кунад, ки оё нафароне аз ситоди интихоботии Трамп барои заъиф кардани мавқеи номзади рақиб аз Ҳизби Демократ Ҳиллари Клинтон бо Русия муомилоте доштанд ё не. Кремл даст дахолат ба умури интихоботи ИМА-ро қотеона рад мекунад.

Бар пояи қонунҳои ИМА, Мюллер муваззаф аст, ки натиҷаи фаъолияташро ба Додситони кулл Уилям Барр ба таври маҳрамона пешниҳод кунад. Масъулияти инитшор кардан ё накардан, нима ё пурра пахш кардани гузориш дар салоҳияти Додситони кулл аст.

Уилям Барр моҳи январ гуфта буд, ки дар робита ба гузориши Мюллер ҳадафи ӯ таъмини шаффияти бештар аст. Аммо додситон ба таври мушаххас нагуфт, ки гузориш нашр мешавад ё не. Мухолифони Доналд Трамп аз ин нигаронанд, ки агар дар гузориш робитаи нафарони Трамп аз ситоди интихоботӣ бо Кремл зикр шавад президент аз нашри он ҷилавгирӣ мекунад.

Худи Доналд Трамп иттиҳоми ҳамагуна муомилот бо Путинро қотеъона рад мекунад ва таҳқиқоти Мюллерро "кори беҳуда" ва харҷи беҳудаи пули андозсупорандаҳо меномад.

Додгоҳ Радован Караҷичро ба ҳукми абад маҳкум кард

Радован Караҷич

Додгоҳи таҷдиди назар дар Гаага аввалин президенти Ҷумҳурии Сербистон Радован Караҷичро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Дар ин бора Reuters рӯзи 20 март хабар дод.

Караҷичи 73-сола қаблан барои қатли оми беш аз 8 ҳазор марду бачаҳои мусалмон дар Сребреница ва ҷиноятҳои дигари замони низоъи Босния ва Ҳезоговина 40 сол ҳукми зиндон гирифта буд. Ҷаласаи додгоҳии Караҷич ба таври мусақим дар сомонаи додгоҳ пахш шуд.

Ҳукми навро додгустарҳои ба истилоҳ "механизми боқимонда" содир карданд, зеро Додгоҳи байналмилалии ҷинояти ҷанг барои Югославияи собиқ фаъолияташро соли 2017 қатъ кард.

Ҳукми аввали Караҷичро ҳам тарафи ҳимоя, ки талаб дошт қарори суд бекор карда шавад ва ҳам айбдоркунанда, ки мехост ҳукм шадидтар бошад, қабул надоштанд. Караҷич худро гунаҳкор намедонад.

Дар ибтидо Радован Караҷич ба қатли оми на танҳо муалмонҳои Србреница, балки ҳафт шаҳраки дигар муттаҳам мешуд, аммо ин бахши иттиҳом дар додгоҳ исбот наёфт. Ҳамзамон ӯ барои содир кардани ҷиноят алайҳи башар ва нақзи қонун ва суннатҳои пешбурди ҷанг - кушторҳо, департатсия, муносибати ғайриинсонӣ, ҷиноятҳои дигари зидди мусалмонҳо ва хорватҳои Босния, террори сокинони Сараево аз тӯпхонаҳо ва снайперҳо ва гаравгон гирифтани кормандони СММ гунаҳкор эътироф шуд.

Караҷич соли 2008 дар Сербистон боздошт шуд. Ӯ 13 сол аз таъқиби додгоҳи байналмилалӣ фирор кард. Ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи қазияи Караҷич 11 ҳазор далелу шавоҳид ҷамъоварӣ шуд ва ҳудудан 600 нафар шоҳид буданд.

Интихоботи президентии Афғонистон бори дуввум мутавақиф шуд

Интихоботи порлумонӣ дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Раиси Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон гуфт, ки интихоботи президентӣ барои ду моҳи дигар мутавақиф шуд. Ин ниҳод гуфтааст, ки тасмими дар моҳи сентябр баргузор кардани интихобот ба хотири омодагии беҳтари мақомот ба ин маърака ва ҷилавгирӣ аз иштибоҳҳоест, ки дар интихоботи порлумонии моҳи октябр ҷой доштанд.

Ҳаво Алам Нуристонӣ рӯзи 20 март дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, ки интихоботи раёсати ҷумҳур акнун ба 28 сентябр барномарезӣ шудааст.

Нуристонӣ гуфт, овоздиҳӣ ба шӯроҳои маҳаллӣ ва порлумон дар вилояти Ғазнӣ низ дар ҳамин сана баргузор мешаванд.

Интихоботи порлумонӣ, ки бояд моҳи апрел баргузор мешуд, баъдан ба моҳи июл интиқол ёфт.

Райъдиҳӣ ба порлумон дар моҳи октябр бинобар камбудиҳое мисли набуди кормандони интихоботӣ ва гум шудани санадҳои овоздиҳӣ халалдор шуда буд.

Э.Раҳмон Н.Назарбоевро "як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ" номид

Қазоқистон, 14 марти соли 2018

Президенти Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ бо Нурсултон Назарбоев аз раиси ҷумҳурии инак собиқи Қазоқистон ба унвони “як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ” ситоиш кардааст. Дар ин бора рӯзи 20 март хабаргузории расмии “Казинформ” хабар дод. Бино ба ин манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Назарбоев нақши ӯро дар ташаккули истиқлолияти Қазоқистон, тақвияти субот ва амният дар минтақа ва ҷаҳон хеле муҳим арзёбӣ кардааст.

“Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки мардуми Тоҷикистон нақши таърихии президенти нахустини Қазоқистонро дар татбиқи ҳамкориҳои стратегии ду кишвар муҳим хонд”, омадааст дар хабар. Дар поёни ин сӯҳбати телефонӣ ду раҳбар ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда ҳам ҳамкориву иртиботи худро идома медиҳанд.

Дар ҳоле, ки ин хабарро оҷонсии давлатии Қазоқистон ба чанд забон, аз ҷумла англисӣ нашр кардааст, вебсайти президенти Тоҷикистон дар ин замина ҳеҷ хабаре чоп накардааст.

Путин: Умедворем, интиқоли қудрат таъмин мешавад

Хабаргузории давлатии Қазоқистон ҳамчунин хабарҳое аз сӯҳбатҳои телефонии дигар президентони кишварҳои собиқи шӯравӣ бо Нурсултон Назарбоевро нашр карданд, ки рӯзи 19 март расман эълон кард, ки аз мақомаш канор меравад. Назарбоеви 78-сола баъди раҳбарии қариб 30-сола дар Қазоқистон гуфт, ки аз мақоми раёсатҷумҳурӣ канор меравад, вале дар раҳбарии шӯрои амният ва раиси ҳизби «Нуротан»-ро ҳифз мекунад. Ба ҷои ӯ рӯзи 20 март раҳбари Сенат Қосимҷомарт Тоқаев иҷрокунандаи президенти Қазоқистон шуд ва раҳбарии Сенатро дар паи як овоздиҳӣ дар парлумон Дариға Назарбоева, духтари 55-солаи президенти собиқ ба ӯҳда гирифт.

Дар як сӯҳбати телефониаш бо Назарбоев президенти Русия Владимир Путин нақши ӯро дар барномаҳои ҳамгироии авроосиёӣ ситоиш кардааст. «Умедвор ҳастем, ки масъалаи интиқоли қудрат таъмин мешавад».

Дар тамоси телефониаш аз Тошканд президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз қарори қабулкардаи Назарбоев «изҳори таассуф кардааст», менависад «Казинформ». Мирзиёев гуфтааст, ки тасмими Назарбоев аз «як сиёсатмадор ва президенти бузург» будани ӯ далолат мекунад.

Комиссиюни Аврупо "Google"-ро якуним миллиард доллар ҷарима баст

Комиссиюни Аврупо ширкати "Google"-ро барои риоя накардани меъёрҳои аврупоии рақобат ҳангоми ҷой додани таблиғот ва дарёфти он ҳангоми ҷустуҷӯ, ба маблағи якуним миллиард доллар ҷарима кард. Қарор дар асоси тафтишот ҳосил шуд, ки аз соли 2016 идома мекард.

Танзимгари аврупоӣ муайян кард, ки ширкат аз соли 2006 қарордоди таблиғи ширкатҳои рақибро коҳиш дод. Гуфта мешавад, ки "Google" бо сомонаҳои беруна қарордод мебаст ва иҷозат намедод, ки рақибон таблиғоти худро дар пойгоҳи ҷустуҷӯ ҷой диҳанд. Ба ғайр аз ин, ширкати "Google" талаб мекард, ки таблиғоти худаш дар вазъи бартар қарор бигирад.

Соли 2017-2018 Комиссиюни Аврупо "Google"-ро барои нақзи кори сохтори ҷустуҷӯ ва маҳдудият дар насби замимаҳо дар телефони ҳамроҳ, ду дафъа дар маҷмуъ ба маблағи 7 миллиард евро ҷарима кард.

Покистон модели Чехияро бо ҷурми қочоқи ҳероин 8 сол зиндонӣ кард

Модели Чехия Тереза Ҳлушкова баъди эълони ҳукми додгоҳ - 20 март, 2019

Додгоҳи Покистон модели 22-солаи Чехияро бо ҷурми кӯшиши қочоқи ҳероин ба муҳлати 8 солу ҳашт моҳ зиндонӣ кард.

Ҳукми Тереза Ҳлушковаро додгоҳи шаҳри Лоҳур, маркази маъмурии вилояти Пунҷоб, рӯзи 20 март эълон кард.

Ба гуфтаи додгоҳ, Ҳлушкова бо 8,5 кило ҳероин моҳи январи соли 2018 дар фурӯдгоҳи Лоҳур боздошт шуд. Ӯ мехост тавассути Иморати Муттҳаидаи Араб ба Ирландия равад.

Ҳлушкова баъди боздошташ ба муфаттишон гуфт, ки мехост дар Покистон ҳамчун модел кор кунад, аммо ҳангоми бозгашт касе дар бағоҷаш маводи мухаддир гузошт.

Вакили модели Чехия гуфтааст, ки ҳукми додгоҳро дар зинаҳои болотар ба чолиш мекашад.

Як нафари дигар бо гумони ҳамлаи террористии Утрехт боздошт шуд

Амалиёти пулис дар Утрехт. 18 март, 2019

Пулиси Нидерландия боз як нафарро бо гумуони даст доштан дар ҳамлаи террористии шаҳри Утрехт боздошт кард. Ба гуфтаи матбуот, сухан аз боби як марди 40-сола аст. Мақомот ҳоло мушаххас мекунанд, ки ин мард дар ҳамла чӣ нақш дошт.

Ду гумонбари дигар, ки аз боздошти онҳо рӯзи гузашта хабар расид, раҳо шуданд. Пулис натавонист даст доштани онҳоро дар ин ҳамла собит кунад.

Рӯзи 18 март як марди мусаллаҳ ба сӯи трамвайи пуродам дар шаҳри Утрехт оташ кушод. Се нафар кушта ва панҷ нафар захмӣ шуд.гумонбари аслӣ, зодаи 37-солаи Туркия Гекман Танис баъди чанд соати тирпарронӣ боздошт шуд. Пулис ҳамлаи ӯро тарҳрезишуда арзёбӣ мекунад. Исботи ин фарзия номаест, ки аз мошини Танис дарёфт карданд.

Номи шаҳри Остона ба Нурсултон иваз шуд. ВИДЕО

Рӯзи 20 март дар як раъйдиҳии парлумони Қазоқистон шаҳри Остона - пойтахти Қазоқистон ба Нурсултон тағйири ном кард. Номи нави пойтахти Қазоқистон ба ифтихори президенти каноррафтаи ин кишвар Нурсултон Назарбоев номгузорӣ шудааст.

Ба тарафдории тағйири ном кардани пойтахти кишвар аксар аъзои парлумони ин кишвар овоз доданд.

Нурсултон Назарбоеви 78-сола рӯзи 19 март дар як изҳороти телевизионии худ гуфт, ки тасмим гирифтааст аз 20 март салоҳиятҳои худро дар мақоми президенти Қазоқистон канор мегузорад. Дар як маросими савгандёдкунӣ рӯзи чоршанбе собиқ раиси Сенат Қосимҷомарт Тоқаев иҷрокунандаи вазифаи президент ва чанд соат баъд духтари Назарбоев - Дариға Назарбоева раиси Сенат интихоб шуд.

Исми пойтахти кунунии Қазоқистон дар давоми солҳои шӯравӣ се дафъа иваз шудааст. Дар таърихчаи расмии ин шаҳр гуфта мешавад, ки то соли 1961 исми шаҳр Акмолинск буд, баъдан солҳои 1961-1992 ба Селиноград табдили ном кард. Баъди истиқлолият исми шаҳр Акмола шуд ва баъди тасмими кӯч додани маркази маъмурӣ ё пойтахти Қазоқистон ба он, исмаш Остона шуд. Дар матбуот маъмулан Остонаро шаҳри "ободшуда бо дасти Нурсултон Назарбоев" меноманд, ки феълан беш аз 1 миллион аҳолӣ дорад.

Дар китоби интиқодиаш дар ҳақи президент Назарбоев "Крестный тесть" домоди марҳуми ӯ ва ҳамсари собиқи Дариға Назарбоева - Роҳат Алиев навишта буд: президент ба хотири таъмини амнияташ дар баробари хатари эътирозу таҷаммӯи эҳтимолии мардум қарор кард пойтахтро аз Алмаато ба Остона кӯч диҳад. Ба навиштаи Алиев, Остона, як шаҳри "сарду дурафтода ва дастнорас" аст ва ташкили ҳама гуна таҷаммӯъҳои эҳтимолии мардумӣ дар назди қасри раёсатҷумҳурии Оқорда ғайриимкон мебошад.

Назарбоевро барои саркӯби мухолифону эътирозгарон зиёд интиқод кардаанд.

Остона ба Нурсултон тағйири ном кард. Назари сокинон дар ин замина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

Нахуствазири Австралия шарҳи Эрдуғонро маҳкум кард

Скотт Моррисон

Нахуствазири Австралия Скотт Моррис шарҳи президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро, ки ба думболи қатли ом дар масҷид пахш шуд, маҳкум кард ва гуфт, ки дар робита ба муносибат бо Туркия "тамоми гузинаҳо"-ро арзёбӣ хоҳад кард.

"Шарҳи президенти Туркия Эрдуғонро дар ин шароити ҳассос ман барои Австралиягиҳо бисёр таҳққиромез ва бисёр бемасъулиятона мешуморам",- гуфт Моррис рӯзи 20 март.

Эрдуғон қаблан ҳушдор дод, ки Австралиягиҳои зидди мусалмон "дар тобутҳо бармегарданд", ба мисли падарбузургҳои онҳоро дар Галлиполӣ, майдон набардҳои хунини Ҷанги Якуми Ҷаҳон.

Беш аз 8 ҳазор сарбози Австралия ва Зеландияи Нав дар шаҳри соҳилии Галлиполӣ, дар ҷанг алайҳи неруҳои Туркия кушта шуданд. Ин сана ҳодисаи муҳими таърихи ҳарду кишвар ҳисоб мешавад ва шаҳрвандони ду кишвар ҳар сол моҳи апрел, дар солгарди ҳодиса ба Галлиполӣ мераванд.

Моррис гуфт, ки Эрдуғон бо чунин шарҳ рӯҳи сарбозони кушташудаи Австралия ва Зеландияи Навро таҳқир кард.

"Ман интизор дорам, ман дархост мекунам, ки ин гуфтаҳо шарҳ дода шаванд ва бардошта шаванд",- гуфт Моррис.

Ҳамла ба масҷиди Зеландияи Навро, ки дар он 50 намозгузор кушта шуд, марди 28-солаи Австралиягӣ анҷом дод, ки бовар меравад аз тарафдорони бартарии сафедпӯстҳо бар дигарон аст.

Боздошти гумонбарони ҳамла ба муҳоҷирон дар Ёқутистон. ВИДЕО

Айсен Николаев - раҳбари минтақавӣ ҳангоми сӯҳбат бо тазоҳургарони Ёқутистон

Пулиси Русия дар Ёқутистон гурӯҳи иборат аз сокинони маҳаллиро бо гумони ҳамла ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ боздошт кард. Ҳамлаҳо ба дунболи силсилаи эътирозҳо дар заминаи таҷовуз шудани як зан аз тарафи шаҳрванди Қирғизистон ҷараён гирифтанд.

Пулиси шаҳри Якутск, ки рӯзи 20-уми март бо Радиои Озодӣ сӯҳбат дошт, теъдоди боздоштшудаҳоро ошкор накард.

Ин ниҳод аз сокинон даъват кард, ки аз "таҳрики нафрати қавмӣ" канораҷӯӣ кунанд.

Рӯзи 19-уми март дар пасманзари ҳамлаҳо дастикам 80 мусофирбар, ки ронандаҳояшон шарҳвандони Осиёи Марказӣ буданд ва тиҷоратҳои мансуб ба муҳоҷирони корӣ дар Якутск масдуд шуд.

Ташаннуҷ дар Якутск, шаҳре дар 4,900-километрии пойтахти Русия, рӯзи 17-уми март дар ҳоле оғоз шуд, ки пулис шаҳрванди 23-солаи Қирғизистонро бо гумони рабудан ва таҷовуз кардани як зани 36-сола боздошт кард.

Видео бо забони русӣ аст:

Тоҷикистону Қирғизистон гуфтугӯҳои марзиро моҳи апрел идома медиҳанд. ВИДЕО

Музокироти Тоҷикистону Қирғизистон барои коҳиши ташаннуҷ дар марз

Интизор меравад, рӯзҳои 4-5 апрел мулоқоти навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар робита ба таъйин ва аломатгузории хати марз дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Дар ҳамин ҳол, шуъбаи иттилооти дастгоҳи президенти Қирғизистон назари муовини сарвазири ин кишвар Жениш Разоқовро нашр кардааст, ки ҳайати Бишкекро дар гуфтугӯҳои марзӣ бо Душанбе раҳбарӣ мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, дар минтақаҳои баҳсии Қирғизистону Тоҷикистон пайваста низоъ сар мезанад ва бинобар ин мақомоти ду кишвар пешниҳод кардаанд, ки комисияи муштаракеро ба раҳбарии раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон таъсис диҳанд. Ҳамчунин марзбонони қирғизу тоҷик бо ҳам кӯчаҳоеро назорат хоҳанд кард, ки шаҳрвандони ду кишвар дар онҳо равуо мекунанд.

"Хабареро хондам, ки гӯиё барои бунёди роҳи "Исфара-Ворух" иҷозат дода шудааст. Бояд донист, ки Исфара аввали роҳ ва Ворух охири роҳ аст. Дар ин миён роҳи мазкур аз ҳудуди Қирғизистон се бор мегузарад. Соли 2014 протоколе имзо шудааст, ки бар асоси он роҳи иловагӣ сохта мешавад ва он деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодкандро давр хоҳад зад. Дар ҳоли ҳозир роҳи асосӣ аз деҳаи мазкур мегузарад ва роҳи дувум берун аз деҳа, дар ҷое, ки хонаҳо нестанд, бунёд мешавад. Ин роҳ мустақил нест ва дар бораи ҷудо шудани кадом як коридоре низ суҳбат нашудааст. Танҳо ин як роҳи иловагие аст, ки ҳам шаҳрвандони Қирғизистон ва ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон аз он метавонанд истифода кунанд. Яъне, ду гузина аст. Як роҳ аз деҳаи Оқсой ва роҳи дувум берун аз он мегузаранд", - изҳор доштааст Разоқов.

Ба гуфтаи ӯ, минтақае, ки дар он роҳ бунёд мешавад, ҳудуди Қирғизистон аст. Разоқов мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар бунёди роҳ кумак кунад, вале ба далели он ки роҳ дар ҳудуди Қирғизистон аст, Бишкек тасмим гирифтааст, ки онро худ бунёд кунад.

13 март дар байни сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон ва Меҳнатободи Тоҷикистон низоъ сар зад. Ба ин низоъ бунёди роҳи Оқсой-Тамдиқи ноҳияи Бодканд сабаб шуд, ки аз минтақаи баҳсӣ мегузарад. Дар натиҷаи задухӯрд ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, се шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шуданд. 15 март вазъ дар марз дубора ба эътидол омад ва рӯзи 18 март дар пайи гуфтугӯи мақомоти ду кишвар роҳҳо низ дубора боз шуданд.

Финландия хушбахттарин кишвари дунё. Тоҷикистон дар ҷойи 74-ум аст

Дар раддабандии кишварҳои хушбахти дунё (World Happiness Report), ки бахши Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҷустуҷӯи роҳи босубот таҳия кард, Финландия хушбахттарин кишвари дунё номбар шуд. Тоҷикистон дар ҷойи 74 ва Русия дар мақоми 59-ум қарор доранд.

Бар пояи гузориши солонаи ин ниҳод, ки 20 март дар Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ нашр шуд, Финландия бали аз ҳама аз ҳама баланд, 7,63-ро гирифт.

Дар ҷойи дуввум Норвегия, баъдан Дания, Исландия ва Шветсария кишварҳои хушбахт эълон шуданд. Русия аз ҷиҳати хушбахтӣ даҳ зина поён рафт ва дар ҷойи 59-ум, дар байни Перу ва Қазоқистон қарор гирифт. Рӯйхати кишварҳои хушбахти дунё бо Бурунди тамом мешавад, ки дар мақоми 156 ҷой дорад.

Барои мушаххас кардани хушбахтӣ шаш омил: тавлиди нохолиси дохилӣ бар сари аҳоли, тӯли умр, саховатмандӣ, пуштибонии иҷтимоӣ, озодӣ ва таъсири фасодкорӣ дар қабули қарорҳои ҳаётан муҳим ба назар гирифта шуд.

Ҳар як омил аз рӯи ҷадвали 10-балӣ арзёбӣ ва баъдан ҳисоби миёна барои кишвар бароварда шудааст.

Шавкат Мирзиёев бахшида ба Наврӯз 44 маҳбусро афв кард

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба ҷашни Наврӯз фармони афви 44 маҳбусро имзо кард.

Бар пояи ин фармони Мирзиёев, ки 19 март имзо шуд, ​7 маҳбус пурра ва 11 кас шартан озод шуда, ҷазои 12 тан сабук ва аз муҳлати ҳафбси 13 нафари дигар кам карда мешавад. Ҷамъан 30 нафар аз зиндон озод хоҳанд шуд.

Синни ду тани афвшудаҳо аз 60 боло буда, панҷ нафари онҳо занон буданд.

Дар миёни афвшудаҳо 23 нафар онҳое буданд, ки бо иттиҳоми иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ зиндонӣ шудаанд.

Вазири умури дохилии Ёқутистон аз санҷиши сартосарии муҳоҷирон хабар дод

Тазоҳуроти зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Ёқутистон

Вазири умури дохилии Ёқутистон Владимир Прокопенко дар мулоқот бо намояндагони мақомоти Қирғизистон гуфт, ки дар кишвараш "санҷишҳои иловагии сартосарӣ"-и муҳоҷирони корӣ ба роҳ монда мешавад.

Ба маълумоти Вазорати умури дохилии Ёқутистон, Прокопенко афзуд, ки дар асоси қонунҳои муҳоҷирати ин кишвар бахши мусофирбарӣ ва соҳибкории ғайриқонунӣ санҷида мешавад.

Дар Ёқутистон 18 март сокинон бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ тазоҳурот карданд. Дар он раиси Ёқутистон Айсен Николаев, шаҳрдори Якутск Сардана Авксентева ва мансабдорони баландпояи дигар иштирок доштанд. Мақомоти Ёқутистон ваъда доданд, ки қоидаҳои будубоши муҳоҷиронро дар минтақа пурзӯр хоҳанд кард.

Ба ин тазоҳурот хабари таҷовузи як сокини маҳаллӣ аз сӯи муҳоҷирон сабаб шуд. Ба гуфти Кумитаи тафтишотӣ Русия яке аз онҳо шаҳрванди Қирғизистон буд. Ин ниҳод гуфт, кирӯзи 17 март се марди ношинос як занро иҷборан ба мошин шинонда, ба самти номаълум бурдаанд. Баъди чанде зан ба мақомот хабар дод, ки таҷовуз шудааст.

Вале раиси Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони кории Русия Ренат Каримов тазоҳуроти зидди муҳоҷиронро маҳкум кард. Ӯ гуфт, дар баробари миллатгароии русу украин миллатгароии ёқутистонӣ низ шакл мегирад.

"Куштору таҷовуз дар байни русу, тотор, ёқутиву қирғиз ва миллатҳои дигар низ ҳаст. Чаро бояд як ҷиноятро бар сари як гуруҳи муайяни муҳоҷирон бор кард?", - гуфт ӯ дар суҳбат бо ​Znak.com.

Дар Ёқутистон пас аз тазоҳуроти 18 март ҳамлаи сокинони маҳаллӣ ба муҳоҷирони корӣ афзоиш ёфт. Аз ҷумла, ахиран ҳафт сокини маҳаллӣ ба як ронандаи автобус, ки муҳоҷир аст, ҳамла кардаанд.

Як гуруҳ аз мансабдорони Қирғизистон барои баррасии вазъ ба Ёқутистон рафтанд. Ба ҳайати гуруҳ муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Қирғизистон Самад Тоқтоболотов, мушовири сафорати ин кишвар дар Русия Достон Ниёзалиев ва раҳбари ҷамъияти қирғизҳо дар Русия Жазбек Бекболиев шомиланд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 22-уми ноябри соли 2019
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG