Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Брайан Ҳук: эрониҳо ҷойи кор мехоҳанд, на лаънат хондан ба Амрико

Брайан Ҳук

Дипломати баландпояи ИМА ба президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ гуфт, ки ба ҷойи даъвати эрониҳо барои лаънат хондан ба Амрико, дар заминаи иқтисоди фалаҷ, онҳоро бо ҷойи кор таъмин кунад.

Рӯзи сешанбе дар номае бо забони форсӣ дар твиттер Брайан Ҳук, намояндаи вежаи ИМА дар умури Эрон, ки гоҳо ба изҳороти мақомоти баландпояи ин кишвар посух медиҳад, навишт: "Дар посух ба иқтисоди фалаҷ Рӯҳонӣ аз мардуми Эрон даъват кард, ки ба Ийолоти Муттаҳида, Исроил ва Арабистони Саудӣ лаънат фиристанд! Бо рӯ овардан ба лаънат ва сеҳру ҷоду ӯ мехоҳад масъулияти мушкили иқтисодиро бар души дигарон бор кунад",- гуфт Брайан Ҳук.

Рӯзи 18 март Ҳасан Рӯҳонӣ дар сӯҳбати телевизионӣ аз эрониҳо даъват кард, ки ба ИМА, Исроил ва Арабистони Саудиро лаънат фиристанд. Изҳори назари Рӯҳонӣ талоши муттаҳам кардани ИМА барои иқтисоди фалаҷшудаи Эрон буд. Вашингтон соли гузашта аз қарордоди ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ, ки даст кашидани Эрон аз барномаҳои ҳастаӣ ба ивази сабукӣ дар таҳримҳоро пешбинӣ мекард, хориҷ шуд ва таҳримҳои зидди Теҳронро дубора барқарор кард.

Рӯҳонӣ, соли 2017 бо ваъдаи рушди иқтисод ба қудрат расид, иддао кард, ки "Амрико мехоҳад Эронро "таҳти султаи худ қарор диҳад".

Баъди берун шудани ИМА аз қарордоди ҳастаии соли 2015 бо Эрон, иқтисоди ин кишвар ва ҳамин тавр пули милии Эрон шадидан коҳиш ёфт ва нархҳо осмонӣ шуданд. Соли гузашта мавҷи тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ Эронро фаро гирифт. Буҳрони иқтисодӣ шадидан ба Эрон зарба зад ва мунақидон ошкоро истеъфои Ҳасан Рӯҳониро талаб карданд.

Эрдуғон гуфт, Эрон ба амалиёти мусаллаҳона алайҳи Курдҳо ҳамроҳ шуд

Мулоқоти Эрдуғон бо Рӯҳонӣ дар Сочӣ.14 феврал, 2019

Анқара дубора иддао кард, ки Туркия ва Эрон алайҳи курдҳои ҷудоиталаб якҷо амалиёти низомӣ пеш мебаранд, дар ҳоле, ки матбуоти нимарасмии Эрон бо такя ба низомиён ин иддаро рад мекунад.

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 18 март гуфт, ки амалиёт ҷангиёни Ҳизби мамнуъи Коргарии Курдистонро ҳадаф қарор медиҳад. Эрдуғон афзӯд, ки ин аввалин амалиёт аст амалиёт аст ва изҳори умед кард, ки чунин рисолат дар оянда низ анҷом шавад.

Шабакаи телевизиони Туркия аз қавли вазири умури дохилии ин кишвар гуфт, "Имрӯз соати 8- саҳар Туркия якҷо бо Эрон нахустин амалиёти муштаракро анҷом доданд". Маълум нест, ки ин амалиёт дар куҷо сурат гирифт.

Миллионҳо курд дар манотиқи марзии Туркия, Ироқ, Сурия ва Эрон зиндагӣ мекунанд. Баъзи онҳо ба гурӯҳи мусаллаҳи Ҳизби Коргарии Курдистон робита доранд, ки даҳсолаҳо боз барои истиқлолият мубориза мебарад.

Хбаргузории нимарасмии Форс гузориш дод, ки мақомоти Эрон даст доштани кишварашон дар ин амалиётро рад мекунанд. "Нерӯҳои Туркия бар зидди Ҳизби Коргарии курдисон амалиёт пешмебаранд, аммо нерӯҳои Эрон бахши ин амалиёт нестанд", гуфт манбаи хабаргузории Форс ва афзуд, "нерӯҳои Эрон ҳар гурӯҳеро, ки барои нооромии кишвар талош мекунанд, саркӯб хоҳад кард.

Сипоҳи Посдоронии Инқилоби Эрон дар гузашта бо шӯришгарони Курд дар шимоли кишвар, наздик ба марзи Туркия ва марзи Ироқ вориди даргирӣ шуда буд.

Вазорати дифоъ:Толибон 58 сарбози амниятиро асир гирифтанд

Марзи Туркманистон бо Афғонистон

Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, ҷангиёни Толибон 58 сарбози нерӯҳои давлатиро, ки дар ҷараёни даргирии дурӯза қаламрави Туркманистонро убур карданд, асир гирифтанд.

Нерӯҳо ҳудудан ду ҳафта пеш дар ноҳияи Бала Марғоби вилояти Бодғиз, ҳаммарз бо ин кишвари Осиёи Марказӣ, ба ҳамлаи Толибон рӯ ба рӯ шуданд.

Вазорат изҳороташро дар ҳоле нашр кард, ки гузоришҳо аз даргириҳо дар Бала Марғоб рӯзҳо боз пахш мешуданд.

"Мутаассифона, 58 сарбози нерӯҳои марзбонӣ аз тарафи душманон боздошт шуданд",- омадааст дар изҳороти Вазорати дифои Афғонистон, ки рӯзи 18 март дар твиттер нашр шуд. Вазорат ҳамчунин навишт, ки ҷустуҷӯи сарбозон то дами озод шудани онҳо идома хоҳад ёфт.

Вазорат гуфт, ки 58 сарбози дигар "аз Туркманистон ба Афғонистон баргашт".

Ҷамшед Шаҳобӣ, сухангӯи волии Бодғиз аввали ҳафтаи равон гуфт, ки ба қаламрави Туркманистон гузаштани баъзе сарбозон "ақибнишинии тактикӣ" буд.

Гурӯҳи ҷангии Толибон рӯзи рӯзи 17 март иддао кард, ки дар Бала Марғоб 72 сарбози нерӯҳои амниятии Афғонистонро асир гирифт.

Асорати даҳҳо сарбози давлатӣ дар ҳолест, ки даври навбатии музокироти байни ИМА ва Толибон дар Доҳа ба поён расид. Амрико талош дорад роҳи поён додан ба ҷанги 18-солаи Афғонистонро пайдо кунад.

Ҳукумати Кобул аз ин нороҳат аст, ки аз раванди музокирот дар канор мондааст.

Иттиҳодияи Аврупо озодии оҷили Аюб Титиевро талаб кард

Аюб Титиев

Иттиҳодияи Аврупо талаб кард, ки раҳбари бахши созмони "Мемориал" дар Грозний Аюб Титиев, ки рӯзи гузашта бо ҷурми "нигаҳдории маводи мухаддир" ба чаҳор соли зиндон маҳкум шуд, "оҷилан ва бидуни қайду шарт" озод шавад.

Дар изҳороти Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи душанбе пахш шуд, таъкид мешавад, ки ҳукми Титиев мустақиман ба фаъолияти ӯ ҳамчун ҳомии ҳуқуқи инсон рабт дорад ва ҳуқуқи ӯ барои мурофиаи одилона риоя нашуд.

Иттиҳодияи Аврупо ҳамчун ёдовар шуд, ки то ҳол ҳеҷ нафаре барои куштори раҳбари пешини "Мемориал" дар Чеченистон Наталя Эстемирова дар соли 2009, ҷазо нагирифтааст.

Раҳбари Комиссиюни Шӯрои Аврупо дар умури ҳуқуқи инсон Дуня Миятович бо нигаронӣ аз ҳукми Титиев онро намунаи навбатии "фазои хасмона ва хатарнок" барои фаъолони ҳуқуқ дар Чеченистон номид.

Миятович бори дигар аз Русия даъват кард, ки тааҳудоти байналмилалиашро риоя кунад ва мутаваҷеҳ бошад, ки сохтори додгоҳӣ барои таъқиби ҳомиёни ҳуқуқ истифода нашавад.

Титиев моҳи январи соли гузашта дар Чеченистон боздошт шуд ва ба гуфтаи тафтишот гӯё бо худ ҳудудан 200 грам марихуана дошт. Титиев иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки маводи мухаддирро махсус ба мошини ӯ партофтанд.

Ҳамкорони Титиев мегӯянд, ки парвандаи ӯ сохта аст ва ҳукумати Чеченистон мехоҳад бо роҳи шиканҷа аз фаъолон халос шавад. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров борҳо аз фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқ дар ин ҷумҳурӣ шадидан интиқод кардааст.

Сафири Қазоқистон дар Узбекистон ба дуздӣ муттаҳам шуд

Прачами Узбекистон ва Қазоқистон

Президент Нурсултон Назарбоев сафири Қазоқистон дар Узбекистон Ерик Утембоевро аз мақом барканор кард.

Утембоев моҳи октябри соли 2018 бо фармони президенти Қазоқистон ба иллати гумонбарӣ дар дуздӣ муваққатан барканор шуда буд.

Мақомоти мубориза бо коррупсияи Қазоқистон 16 октябри соли 2018 хабар доданд, ки сафири ин кишвар дар Узбекистон ба дуздии пулҳои буҷа дар ҳаҷми махсусан калон гумонбар мешавад.

"Ерик Утембоев ба он айбдор мешавад, ки ҳамчун шахси масъул санади сохтаи иҷрои корҳои сохтмонӣ дар бинои сафорати Қазоқистон дар Узбекистонро имзо кардааст. Дар натиҷаи амали ғайриқонунии ӯ будҷаи давлат 140 миллион танга (ҳудуди 378 ҳазор долар) зарар дид", - гуфта буд намояндаи Оҷонси умури давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Қазоқистон Жанна Бастарова.

Сафирро дар ин мақом раиси пешини Чимкент ва собиқ узви сенати ин кишвар Дархон Сотиболдӣ иваз кард.

Гумонбари тирпаронӣ дар Утрехти Нидерландия боздошт шуд

Акси гумонбари ҳамлаи Утрехт дар твиттери пулиси Нидерландия

Пулиси Нидерландия гумонбари тирпаронии шаҳри Утрехтро, ки се кушта бар ҷой гузошт, боздошт кард. Аз ӯ шаҳрванди 37-солаи Туркия Гюкман Танис ном бурда мешавад.

Тадобири амниятӣ дар Утрехт пурзӯр ва тамоми мактабу масҷидҳо зери назорат гирифта шудаанд. Ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ ба далели амниятӣ муваққатан қатъ шуд.

Ба маълумоти пулис, гумонбар дар як ҷо - дар трамвай тирпаронӣ кардааст. Пештар хабар дода шуд, ки одамон дар чанд ҷой мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Як қатор шоҳидон ҳам гуфтанд, ки ҳамлагарон чанд нафар буда, бо мошине дар шаҳр чарх мезаданд.

Фарзияи асосии ҳодиса ҳамлаи террористӣ нест. Пулис куштор дар асоси хусумати шахсиро низ ҳамчун яке аз фарзияҳо меомӯзад. Шоҳидон мегӯянд, марди ҳамлагар ошкоро ба самти як зан оташ кушода, сипас онҳоеро низ ҳадаф қарор дод, ки ба кумаки ӯ шитофтанд.

Сарвазири Нидерландия Марк Рютте гуфт, ҳукумати ин кишвар дар робита ба ҳодисаи мазкур ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард.

Отамбоев расман мухолифати худро бо ҳукумати кунунӣ эълон кард

Алмосбек Отамбоев

Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон (ҲСДҚ), раҳбараш президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев, расман эълом кард, дар баробари ҳукумат ва президенти кунунӣ Сооронбой Ҷеенбеков мавқеи мухолифро мегирад.

Дар гузашта Ҷеенбеков ва Отамбоев ҳамсаф буданд ва Ҷеенбеков дар интихоботи соли 2017 аз ҲСДҚ ба президентӣ пешбарӣ ва аз сӯи Отамбоев пуштибонӣ шуда буд.

"ҲСДҚ худро мухолиф эъломн кард, ки ин имкон медиҳад, мақомотро танқид ва роҳҳои дигари рушди кишварро пешниҳод намояд", - хабар дод сухангӯи ҳизб Қундуз Жолдубоева рӯзи душанбеи 18 март.

ҲСДҚ - яке аз қадимитарин ҳизбҳои сиёсии Қирғизистон аст, ки соли 1993 ташкил шудааст. Отамбоев яке аз асосгузорони ин ҳизб аст. Аммо дар пайи ихтилофҳои ду ҳамсафи пешин ҳизб ба чанд қисм тақсим шуд: як шохаро Отамбоев роҳбарӣ мекунад, шохаи дигар ё ҷиноҳи порлумонӣ қисман аз президенти кунунӣ ҳимоят мекунад. Анҷумани навбатии ҳизб, ки бояд ин масъаларо баррасӣ намоянд, 6 апрел баргузор хоҳад шуд.

Шумори заҳролудшудагон дар Қазоқистон ба 45 нафар расид

Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон шумори афроде, ки эҳтимолан дар наздикии мактаби рақами 54 аз газ заҳролуд шудаанд, ба 45 нафар расид. Сардухтури беморхонаи шаҳрии Чимкент Мадина Ёрмаханбетова 19 март гуфт, 41 тани заҳролудшудаҳо хонандагони мактабанд.

"Дараҷаи заҳролуд шудани ҳамаи онҳо сабук буд ва пас аз дарёфти ёрии тиббӣ ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - афзуд ӯ.

Пештар хабар доданд, ки 38 хонанда ва ду корманди мактаби рақами 54 бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз бӯи ғализе ба беморхона интиқол ёфта, ҳудуди 100 омӯзгору корманди мактаб ва 877 хонанда аз маҳалли заҳролудшавӣ кӯчонида шудаанд.

Як масъули Вазорати тандурустии Қазоқистон Жандарбек Бекшин рӯзи 19 март дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, "кӯдакон аз дарди сар ва меъда шикоят мекарданд. Ҳодиса пас аз нисфирӯзӣ рух дод. Он замон кӯдакон гурусна буданд ва баъди хурдани ғизо вазъашон беҳтар шуд".

Ба гуфтаи Бешкин, дар наздикии мактаби рақами 54 истгоҳе ҷойгир аст, ки сохтори интиқоли гази он фарсуда шудааст ва эҳтимол дорад, кӯдакон аз гази он заҳролуд шуда бошанд. Ӯ афзуд, ки кормандони озмоишгоҳи онҳо дар маҳалли ҳодиса ҳеч гуна маводи заҳрогинро ошкор накардаанд.

Эътирози зидди муҳоҷирони меҳнатӣ дар Якутски Русия

Митинг дар Ёқутистон

Дар шаҳри Якутски Русия баъди таҷовузи як зан аз сӯи зодаи Осиёи Марказӣ, рӯзи душанбеи 18 март сокинони маҳаллӣ гирдиҳамоӣ ташкил карданд.

Дар гирдиҳамоӣ бештар аз 3 ҳазор сокини маҳаллӣ, аз ҷумла раиси Ёқутистон Айсен Николаев, шаҳрдори Якутск Сардана Авксентева ва дигар мансабдорони баландпоя ширкат карданд.

Николаев мардумро ба муттаҳидӣ ва роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ даъват кард. Ӯ ваъда дод, ки бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза хоҳад буд. "Агар зарур шавад, зидди муҳоҷирон чораҳои нави маҳдудкунанда қабул хоҳем кард", - гуфт Николаев.

Авксентева изҳор дошт, ки "бояд назму тартибот риоя шавад". Ӯ баъдтар аз саҳифаи Фейсбук навишт, ки гирдиҳамомадагон аз тасмим дар бораи тафтиши муассисаҳое, ки муҳоҷирон он ҷо кор мекунанд, ҳимоят кардаанд.

Рӯзи якшанбе дар шаҳри Якутск зидди муҳоҷирон гирдиҳамоии худҷӯш ташкил шуд. Хабари таҷовузи як сокини маҳаллӣ аз сӯи муҳоҷирон боиси гирдиҳамоии мардум гардид. Кумитаи тафтишотӣ гуфт, ки субҳи 17 март се марди ношинос як занро иҷборан дар мошин шинонда, ба самти номаълум бурдаанд. Баъди чанде зан ба мақомот хабар дод, ки таҷовуз шудааст.

Баъди гирдиҳамоӣ мақомоти қудратӣ масҷидҳои Якутскро зери назорат гирифтанд. Намозгузорон аз сокинон таҳдид шунида, ҳафт сокини маҳаллӣ ба як ронандаи автобус ҳамла карданд, ки муҳоҷир буд.

Пулис се нафарро бо гумони таҷовуз боздошт кардааст.

Тавсияи сафорати ИМА ба шаҳрвандони амрикоӣ дар Тоҷикистон

Сафорати Амрико дар Душанбе ба шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон тавсия додааст, ки дар рӯзҳои таътили наврӯзӣ, аз ҳушёрӣ кор бигиранд. Дар як ҳушдори амниятии ин сафоратхона аз рӯзи 18-уми март, ки дар сафҳаи "Фейсбук"-и ин ниҳоди дипломатӣ низ ба нашр расид, гуфта мешавад, ки раҳбарони гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДИИШ бо ин маъруф ҳастанд, ки афродро истихдом ва ё таҳрик мекунанд, ки бар зидди ҳар касе, ки пойбанди андешаҳои ифротии онҳо набошад, ҳамла кунанд.

Сафорат мегӯяд, ки бинобар амалкарди қаблии ДИИШ дар Тоҷикистон ва шеваҳои таърихие, ки ин гурӯҳ дар саросари ҷаҳон истифода кардааст, ба шаҳрвандони амрикоӣ тавсия дода мешавад, ки аз ҷойҳои серрафтуомад дурӣ биҷӯянд ва бо ҷонибҳое, ки масъулияти ҳифозати онҳо бар дӯши онҳост, машварат кунанд.

Сафорат ҳамчунин ба шаҳрвандони амрикоӣ тавсия додааст, ки барномаҳои амниятии шахсии худро бозбинӣ карда ва дастгоҳҳои иртибототии худро рӯшан нигаҳ бидоранд. Шаҳрвандони амрикоӣ ҳамчунин тавсия шудаанд, ки аз афроди боваринок дар сафар ва нақшаи ҳаракати худ хабар диҳанд ва аз муҳити атрофи худ ва таҳаввулот амниятӣ дар маҳал огоҳ бошанд.

Ин ҳушдори сафорати Амрико дар Душанбе ба шаҳрвандони он кишвар дар ҳолест, ки сафорати ИМА дар Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон низ ҳушдор додааст, ки мумкин аст ҷангиён дар ҷараёни маросими Наврӯз бар хориҷиҳо ҳамла кунанд. Сафорати Амрико дар Кобул дар сафҳаи "Фейсбук"и худ гуфтааст, ки гузоришҳои зиёдеро дар ин маврид аз нимаи моҳи ҷорӣ ба ин сӯ дарёфт кардааст.

Бар асоси ин хабарнома, гурӯҳҳои мусаллаҳ тасмим доранд то дар Кобул -пойтахти Афғонистон ба ниҳодҳои давлатӣ ва ҳамчунин ниҳодҳои амрикоӣ ва хориҷӣ ҳамла кунанд. Сафорати Амрико дар эъломия гуфтаааст, шӯришиён ҳамчунон таҳдид кардаанд, ки бар маҳалли таҷаммӯи хориҷиҳо, аз ҷумла меҳмонхонаҳо ва мактабҳо низ ҳамла хоҳанд кард. Дар хабарнома аз ҳама шаҳрвандони амрикоӣ хоста шудааст, ки аз эҳтиёт кор бигиранд.

Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ва Афғонистон сар аз рӯзи панҷшанбеи 21-уми март оғоз меёбад ва чанд рӯз идома хоҳад кард. Дар Тоҷикистон ба ин муносибат рӯзҳои 21-25 таътили расмӣ эълон шудааст.

Путин ба қонуни ҷазои "фейкҳо" ва беҳурматӣ ба мақомот имзо гузошт

Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин қавонин дар бораи ҷарима, масдуд кардани "фейкҳо" ё хабарҳои дуруғин дар матбуот ва ҳамчунин беҳурматӣ ба мақомот ва намодҳои давлатӣ дар интернетро имзо кард.

Сандаҳои марбута дар портали маълумоти ҳуқуқӣ ба нашр расид.

Санади аввал пахши "фейкҳо" ё хабарҳои ғайри қобили эътимод ва дар интернет воқеъӣ ҷилава додани хабарҳоеро, ки "барои ҳаёти инсон, сиҳатии шаҳрвандон, дороиҳои онҳо, тартибот ва амнияти ҷамъияти таҳдид эҷод мекунад, мамнӯъ месозад.

Барои нашри чунин шарҳ бори аввал аз 30 то 100 ҳазор рубл ва дафъаҳои баъдӣ то 300 ҳазор рубл ҷарима ё боздошт пешбинӣ мешавад.

Маблағи ҷарима барои нашри "фейкҳо" аз ҷониби шаҳрвандон 100 ҳазор рубл, мақомот то 200 ҳазор рубл ва ашхоси ҳуқуқӣ ду миллион рубл муайян шудааст.

Барои таҳқири мақомот ва намодҳои давлатӣ дар интернет ҷарима аз 100 ҳазор ё 15 рӯзи зиндон сар мешавад. Дар сурати нақзи такрории қонун ҷарима то 200 ҳазор мефазояд. Нашри шарҳҳое, ки беҳруматӣ ба мақомотро нишон медиҳанд, "авбошии кӯчак" арзёбӣ хоҳад шуд.

Ҳангоми хониши дуюми тарҳи қонун ба он сабукиҳое ворид шуд. Аз ҷумла, ба васоити ахбор, ки расман сабти ном шудаанд, имкон дода мешавад, "хабари тақаллубӣ"-ро дарҳол ҳазф кунанд ва аз ҷарима халос шаванд.

Хабарнигорон ва фаъолони ҳуқуқи инсон аз тарҳи қонун ҳамчун санади маҳдудкунандаи озодии баён шадидан интиқод карданд.

Миср аз Русия даҳҳо ҳавопаймои ҷангии Су-35 харидорӣ мекунад

Ҳавопаймои ҷангии Su-35

Миср бо Русия барои харидории даҳҳо ҳавопаймои ҷангии Су-35 қарордод имзо кард. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" рӯзи 18 март бо такя ба намояндаи саноати таслиҳоти Русия хабар дод.

Қарордоди фурӯши ҳавопаймоҳо ва таҷизоти маҳви ҳавоӣ ба маблағи 2 миллиард доллар имзо шудааст. Гуфта мешавад, ки созишнома охири соли 2018 ҳукми иҷро гирифт, аммо интиқоли ҳавопаймоҳо ва таҷҳизоти дигар ба солҳои 2020-2021 барномарезӣ шудааст. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати "Коммерсант", ин қарордод корхонаи таслиҳотии Комсомолск -на -Амурро "чандин сол бо кор таъмин мекунад".

Қоҳира баъди ба қудрат расидани Абдулфаттоҳ ал-Сисӣ, соли 2013, ки бо кӯмаки низомиҳо президент Муҳаммад Мурсиро аз раёсат дур кард, фаъолона ба бозсозии таслиҳотӣ оғоз намуд. Ҳоло Миср яке аз харидорони аслии таҷҳизоти низомии Русия аст. Феълан Маскав ба Миср ҳавопаймои ҷангии МиГ-29/M2, чархболи ҷангии Ка-52, маҷмаи дифои мушакӣ, силоҳои оташфишон ва муҳмоти ҷангӣ мефурӯшад.

Соли 2015 Русия барои фурӯши ҳавопаймои Су-35 бо Чин, ва охири соли 2018 бо Индонезия созишнома имзо кард. Ин созиш Чинро таҳти таҳримҳои ИМА қарор дод. Бинобар таҳрими бахшҳои Вазорати дифои Русия, онҳо ҳақ надоранд муҷаввизи содиротро дарёфт кунанд ва ё бо ширкатҳои амрикоӣ ҳамкорӣ намоянд.

Сарфи назар аз таҳдиди таҳримҳо, ҳукумати Индонезия тасмим надорад, ки қарордод бо Русияро бекор кунад. Интиқоли нахустин ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ба он кишвар метавонад охири соли 2019 оғоз шавад.

Дар робита ба тирпарронӣ Утрехт пулис турктабори 37-соларо меҷӯяд

Утрехт -Нидерландия

Пулиси дар робаита ба тирпарронии субҳи рӯзи душанбе дар Утрехти Нидерландия, ки дастикам як нафарро қурбон ва чанд нафари дигарро маҷруҳ кард, як марди 37-солаи турктаборро меҷӯяд.

"Пулис аз шумо мехоҳад дар заминаи ҳодисаи субҳи имрӯз мутаваҷеҳи марди 37-сола бо номи Гокман Танис (зодаи Туркия) бошед",- навишт пулис дар твиттер ва афзӯд, ки "зинҳор ба ӯ наздик нашавед".

Биноба хабарҳои охирин, нерӯҳои вежаи пулис биноеро, ки бовар меравад гумонбар дар онҷо пинҳон шудааст, муҳосира карданд. Дар шаҳр чораҳои амнияти тақвият ёфта, мактабу масҷидҳо таҳти назорат қарор доранд.

Ба гуфтаи пулис гумонбар баъди ҳодиса ҳоло ҳам боздошт нашудааст. Ҳузури густардаи пулис дар назди истгоҳи трамвай, ки тирпарронӣ дар онҷо оғоз шуд ба назар мерасад.

"Тирпарронӣ дар истгоҳи Октоберплейн 24 дар Утрехт сурат гирифт... Чандин нафар захм бардошт. Манотиқи атрофро дар муҳосира гирифтем ва қазияро таҳқиқ мекунам",- гуфт пулиси Утрехт дар твиттер.

Нахуствазири Нидерландия Марк Рютте гуфт, ки дар заминаи ин ҳодиса ҳукумат ҷаласаи изтирорӣ баргузор мекунад.

Пентагон дар Сурия мондани 1,000 сарбози ИМА-ро рад мекунанд

Сарбозони ИМА дар Манбиҷи Сурия

Пентагон гузориш дар бораи барномаи боқӣ гузоштани 1,000 сарбози амрикоӣ дар Сурия, ки маънои ақиб рафтан аз қарори қаблии бурунрафти комили ИМА -ро хоҳад дошт, рад мекунад.

"Иддаое, ки ин бегоҳ аз тарафи як расонаи бузурги ИМА нашр шуд, ки гӯё низомиҳо барномаи нигаҳ доштани 1,000 сарбоз дар Сурияро пайгирӣ мекунанд, аз рӯи далелҳо ғалат аст,- гуфт генерал Ҷозеф Данфорд, фармондеҳи ситоди муштарак рӯзи 17 март.

"Ҳеҷ дигаргуние бар барномаи моҳи Феврал нест ва мо ба татбиқи дастури президент барои коҳиши нерӯҳои ИМА идома медиҳем.- гуфт Данфорд.

Биноба гузориши The Wall Street Journal, музокироти ИМА бо шарикони Аврпуоӣ ва Туркия барои эҷоди минтақаи амн дар шимолу шарқи Сурия, бо ҳадафи ҳимоя аз ҷангиёни Курд, ки шарики Ғарб ба шумор меоянд, ба нокомӣ анҷомид ва Пентагон маҷбур шуд, ки 1,000 сарбози амрикоиро дар онҷо боқӣ гузорад.

Моҳи Декабр президенти ИМА Доналд Трамп эълон кард, ки ҳамаи 2 ҳазор сарбози амрикоиро аз Сурия берун меорад.

Мунаққидон, бо шумули ҳамҳизбҳои Доналд Трамп тасмими президентро танқид карданд ва гуфтанд, ки ин иқдом ҷангиёни Курдро дар ихтиёри Туркия қарор медиҳад, ки онҳоро террорист медонад.

Хабарнигори телевизиони хусусӣ дар Афғонистон кушта шуд

Мошини хабарнигори дигар баъди таркиш дар Ҳилманд

Масъулияти кушторро гурӯҳи тундрави марбут ба ДИИШ бар дӯш гирифт. Хабарнигори 60-сола Султон Маҳмуд Киркхва рӯзи 15 март дар вилояти шарқии Хост кушта шуд.

Дар изҳороте, ки гурӯҳи тундрав рӯзи 17 март нашр кард, азгезаи куштор шарҳ дода нашудааст. Киркхва корманди телевизиони хусусии "Замон" буд. Биноба маълумоти дарёфтӣ, онҳое, ки ба сӯи хабарнигор оташ кушоданд, аз байн бурда шуданд.

Ҳафтаи гузашта хабарнигори дигар - Нисор Аҳмад Амадӣ дар пайи таркиши мошинаш дар вилояти Ҳилманд ба ҳалокат расид.

Ба маълумоти Созмони дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Ню Йорк, соли гузашта дар Афғонистон дастикам 13 корманди матбуот қурбон шуд. Фаъолони ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки ин кушторҳо ба фаъолияти кории хабарнигорон рабт дошт. Биноба натиҷагирии фоҷеабори соли гузашта Афғонистон хатарноктарин кишвар барои фаъолияти хабарнигорон номбар шуд.

Николас Мадуро истеъфои ҳукуматро талаб кард

Николас Мадуро

Николас Мадуро, президенти Венесуэла аз ҳукумати кишвараш талаб кард, ки ба хотири "бозсозии фарогир" ба истеъфо равад. Дар ин бора ноиби президенти Венесуэла Делсӣ хабар дод. Вале худи Мадуро то ин замон изҳороти расмӣ надодааст.

Бино бар назарсанҷии иҷтимоӣ, ки 17 март нашр шуд, қариб 89 дарсади сокинони Венесуэла аз истеъфои президент ва ҳукумат ҷонибдорӣ кардаанд.

Венесуэла гирифтори буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ аст. Соли 2018 нишондоди таваррум дар ин кишвар аз сатҳи 1 миллион дарсад гузашт. Ин ҳам дар ҳоле, ки сокинон аз камбуди ғизо ва дору ранҷ мебаранд. Ҳафтаи гузашта ба далели садама дар бузургтарин нерӯгоҳи тавлиди барқ чанд манотиқи кишвар дар торикӣ монд.

Эътирозҳои густарда дар Венесуэла охири моҳи январ бар зидди даври дувумӣ президентии Мадуро шуруъ шуданд. Он замон раиси порлумон Хуан Гуайдо худро иҷрокунандаи вазифаи президент эълон ва интихоботи мустақилро талаб кард. ИМА, чанде аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва бештаре аз кишварҳои Аврупо аз Гуайдо ҳимоят карданд. Русия, Чин, Кубо ва Мексика Мадуроро президенти қонунӣ эътироф мекунанд.

Зеландияи Нав қонуни хариду нигаҳдории силоҳро шадид мекунанд

Нахуствазири Зеландияи Нав Ҷасинда Ардерн

Нахуствазири Зеландияи Нав Ҷасинда Ардерн гуфт, ки ҳафтаҳои назидик мақомот тарҳи қонун дар бораи шадид шудани қоидаҳои нигаҳдории силоҳро таҳия мекунанд. Ин тарҳ посухест ба ҳамла ба ду масҷиди шаҳри Краистчёрч, воқеъ дар ҷанубу шарқи ин кишвар, ки ба ҳалокати 50 нафар ва даҳҳо захмӣ мунҷар шуд.

Нахуствазир чораҳои мушаххасро номбар накард. Қаблан гуфта шуд, ки мақомоти Зеландияи Нав барнома доранд, дар навбати аввал фурӯши силоҳи нимаавтоматиро маҳдуд кунанд.

Феълан қонунгузории ин кишвар дар робита ба силоҳ яке аз қонунҳои либералӣ дар кишварҳои пешрафта ба шумор меояд. Дар ин давлати аҳолияш ҳудуди панҷ миллион дастикам якним миллион силоҳ сабт шудааст. Сатҳи ҷиноятҳое, ки бо истифода аз силоҳ содир мешаванд дар Зелендияи Нав назарногир аст ва мухолифони маҳдуд кардани силоҳ инро ҳамчун далел истифода мекунанд.

Гуфта мешавад, Брентон Таррант- марди австралиягӣ, ки ба масҷидҳо ҳамла кард, силоҳояш, бо шумуили камони нимаавтоматиро дар асоси қонун ва бо иҷозаи пулис ба даст овард.

Ба гуфтаи пулиси Зеландияи Нав, Таррант, ки худро "миллатгарои сафедпӯст" меномад ва ангезаи ҳамлаашро бадбинӣ нисбати мусалмонҳову муҳоҷирон гуфтааст, танҳо амал мекард. Маълумоти ибтидоӣ, ки ӯ метавонист шарике дошта бошад, тасдиқ нашуд. Аммо додгоҳи Крайстчёрч рӯзи душанбеи 18 март як ҷавонро барои нашри наворҳои ҳамла ба масҷидҳо дар шабакаҳои иҷитмоӣ боздошт кард. Пахши мустақими ҳамла ба масҷидҳо дар Фейсбукро худи Таррант ба роҳ монд. Фейсбук дар рӯзҳои охир беш аз якуним миллион навори тирандозӣ дар Крайстчёрчро масдуд кард.

Белград. Қароргоҳи президент дар муҳосираи эътирозгарон

Белград: Эътирозгарон ва кормандони пулис дар бинои Телевизион

Эътирозгарон дар шаҳри Белград, пойтахти Сербистон бинои қароргоҳи президенти ин кишвар Александр Вучичро ба муҳосира гирифтанд.

Дар дохили бино воҳиди махсуси пулис ҳузур дорад, вале то ҳол бар зидди эътирозгарон аз нирӯ кор нагирифтааст.

Бино ба маълумоти ахир, Александр Вучич низ дар дохили бино аст. Пештар ӯ дар як нишасти хабарӣ ба муҷозоти эътирозгароне ваъда дод, ки ба бинои телевизиони давлатии он кишвар ҳамла карданд.

Вучич мухолифони сиёсии худро ба истифодаи хушунат ва бетартибиҳо айбдор карда, раҳбари эътирозгарон Бошко Обрадович аз ҳизби миллии "Двер" ва шаҳрдори пешини Белград Драган Ҷиласро "фасодкор"-у "фашист" номид. Ӯ ҳамчунин сӯиқасд ба озодии расонаҳоро ғайри қобили қабул хонд.

Шоми 16 март дар Белград , ҳамчунин шаҳрҳои Ниш ва Нови Сади ин кишвар бо талаби истеъфои президент Вучич ва эълони интихоботи нав гирдиҳамоӣ баргузор шуд.

Эътирозгарон муваққатан бинои телевизиони давлатии RTS-ро ишғол карданд, аммо бо гузашти чанд муддат пулис тавонист онҳоро аз бино берун кунад. Чанд нафар дастгир шуд.

Мухолифон телевизиони давлатии Сербистонро ба бозтоби якҷонибаи хабарҳо айбдор карданд.

СММ ба Қазоқистон тавсия дод, ки ҳуқуқи ҳамҷинсгароёнро қонунӣ кунад

Намоди ҳамҷинсгароҳо

Кумитаи ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии СММ қабули қонунеро ба Қазоқистон тавсия додааст, ки ҷомеаи ҳамҷинсгароёнро аз табъиз ҳимоят хоҳад кард.

Намояндагони Остона дар СММ гуфтанд, Қазоқистон лоиҳаи қонуни манъи ҳама гуна табъиз таҳия кардааст, вал феълан ба порлумон нафиристодааст.

Фаъоли маданӣ ва ҳаммуассиси ташаббуси "Занон" Гулзода Сержан мегӯяд, ҳамҷинсгароён бештари вақт дар идораи пулис ва бемористонҳои Қазоқистон табъиз мешаванд.

Сержан дар ҷаласаи 40-уми Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ низ дар бораи ин қонуншиканиҳо суханронӣ кард. Намояндаи ҳайати порлумонии Қазоқистон Тастемир Абишев гуфт, ҳамҷинсгароён бояд ба ниҳодҳои махсуси Қазоқистон муроҷиат кунанд.

Намояндагони ҷомеаи ҳамҷинсгароён дар Қазоқистон мегӯянд, ҳатто наметавонанд барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ созмонеро таъсис диҳанд. Аз ҷумла, мақомоти қазоқ дархости ташаббуси "Занон"-ро барои сабти ном се бор рад кардаанд.

Кумитаи мазкури СММ бо нигаронӣ мегӯяд, қонунгузорӣ ва Конститутсияи Қазоқистон баъзе аз намудҳои табъиз, аз ҷумла аз нигоҳи тамоюли ҷинсиро манъ намекунад. Дар натиҷа ҳамҷинсгароён ҳангоми пайдо кардани ҷои кор, муроҷиат ба ниҳоде ё омӯзиш табъиз мешаванд.

Отамбоев барои ба сари қудрат овардани Ҷеенбеков узр хост

Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон дар ҷаласаи Ҳизби сотсиал-демократии кишвараш дар шаҳри Бишкек рӯзи 17 март гуфт, "аз он таассуф мехӯрад, ки Ҷеенбековро сари қудрат овард".

"Маро бубахшед, ки тамоми умр зидди режимҳои авторитарии хонаводагӣ мубориза карда, ба умқи чунин одам назар накарда, танҳо ба зоҳираш иктифо кардам ва чунин хонаводаро сари қудрат овардам", - гуфт Отамбоев.

Вай ҳамчунин илова кард, "талош мекунад, ки иштибоҳашро ҷуброн ва ҳақиқатро баён кунад". Отамбоев ҳукумати кунуниро дар мудирияти хонаводагӣ айбдор кард ва аз президент хост, аз ин роҳ баргардад.

"Сооронбой Ҷеенбеков, ту на танҳо дар ҳизби "Айкол Ала-Тоо" нифоқ меангезӣ, балки мардумро ҷудо менамоӣ. Ман туро аз вилояти Ӯш ба он хотир овардам, ки "мардум ба ҷанубу шимол тақсим нашавад, муттаҳид бошад". Ту ҷудоӣ андохтӣ ва мардумро тақсим кардӣ. Ҳатто ба ибодати мардум дахолат кардӣ. Даст бардор, ҳанӯз дер нашудааст! Зеро мардум - мавҷи сел аст. Мардум сабр хоҳад кард. Аммо то кай, ман намедонам. Агар рӯзе мардум бедор шуд, касе ӯро манъ карда наметавонад. Мо инро дидем", - гуфт президенти пешин.

Вай ҳамчунин илова кард, ки мардум ба Қирғизистони мустақил ниёз доранд ва роҳбари давлат бояд сиёсати баробариро амалӣ кунад. Отамбоев гуфт, бо гузашти ҳар рӯз ҳукумати кунунӣ ба низоми Қурмонбек Боқиев шабеҳ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, президенти кунунии Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков рӯзи 17 март дар ноҳияи Ҷалолободи кишвараш дар як дидор бо мардум гуфт, "ба унвони яке аз роҳбарони муборизи зидди ҳукумати хонаводагӣ", ҳаргиз ба мудирияти оилавӣ иҷозат нахоҳад дод.

"Замонҳое буд, ки давлати моро мафиёи ҷиноӣ идора мекард. Мо ормонҳои мардумро хуб медонем. Беҳуда нагуфтаанд, ки "Ҳокими росткор хешу ақрабо надорад, вале касе ки манфиати наздиконашро бароварда мекунад, виҷдон надорад". Ман ва ҳамаи се шохаи ҳокимият набояд инро фаромӯш кунанд", - гуфт Сооронбой Ҷеенбеков.

Аз 3 то 77-сола – Қурбониёни ҳамла ба ду масҷиди Зеландияи Нав

Ҳукумати Зеландияи Нав то ҳанӯз рӯйхати расмии қурбониёни ҳамла ба ду масҷид дар шаҳри Крайстчерчро нашр накардааст. Аммо тибқи рӯйхате, ки бо ёрии хонаводаи қурбониён тартиб ёфтааст, қурбониёни ҳодиса аз 3 то 77-сола будаанд. Ин феҳрист рӯзи 17-уми март нашр шуд.

Бар асоси он, аз 50 қурбонии ҳамлаи ахир дар шаҳри Крайстчерч, 44 нафар мард ва чаҳор нафар зан будаанд. Ду нафари боқимонда дар ин лист шомил нестанд.

Ҷасинда Ардерн, нахуствазири Зеландияи Нав гуфтааст, ин рӯйхат расмӣ нест ва баъд аз мушаххас шудани ҳувияти қурбониён рӯйхати расмӣ нашр хоҳад шуд. Дар ин ҳодиса ҳудуди чиҳил нафари дигар захмӣ шудаанд, ки вазъи саломати бархеи онҳо вазнин гуфта мешавад.

Ҳамлаи ахир ба ду масҷид дар Зеландияи Нав бузургтарин ва хунинтарин куштори дастҷамъӣ дар ин кишвар ба шумор меравад. Ин тирандозӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки садҳо намозгузор дар дохили масҷид буданд.

Ҳамлавар як марди 27-солаи австралиягӣ муаррифӣ шудааст.

Нахуствазири Зеландияи Нав мегӯяд, ҷасади қурбониён то се рӯзи дигар пурра ба хонаводаҳояшон супурда хоҳад шуд. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, гумонбар ба ин ҳамла дар қатори 30 сиёсатмадори Зеландияи Нав барои ӯ низ имейл фиристода буд, ки дар давоми ду дақиқа пулиси кишварро огоҳ кардааст. Аммо ӯ гуфт, дар ин паёмҳо дар мавриди маҳал ва ҷузъиёти ҳамлаҳо чизе гуфта нашуда буд.

Эрон як афсари пешини амрикоиро даҳ сол ба зиндон андохт

Майкл Вайт

Майкл Вайт, афсари пешини нерӯи баҳрии Амрико, дар Эрон ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд. Дар ин бора вакили мудофеъ Марк Зайд рӯзи 16-уми март ба оҷонси "Ассошиайтед Пресс" хабар додааст.

Ӯ афзудааст, Майкл Вайт "ба иҳонат ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ" ва низ "пахши маълумоти шахсӣ дар интернет" гунаҳкор шуд.

Аз замони ба қудрат расидани Доналд Трамп ин нахустин шаҳрванди Амрикост, ки дар Эрон боздошт ва зиндонӣ шудааст.

Вайти 46-сола сокини иёлати Калифорния буд. Ӯ моҳи июли соли гузашта ба Эрон рафт ва дар онҷо дастгир шуд.

Алиев садҳо зиндониро афв кард, ба ҷуз аз маҳбусони сиёсӣ

Илҳом Алиев

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, беш аз 400 зиндониро озод кард. Дар миёни озодшудагон шуморе аз мухолифони Алиев ҳам ҳастанд. Фармони афви ин афрод рӯзи 16-уми март имзо шуд. Дар Озарбойҷон расм аст, ки ҳар сол ба пешвози Наврӯз раиси ҷумҳур шуморе аз зиндониҳоро аз банд раҳо кунад. Аммо озодии зиндониёни сиёсӣ ба муносибати Наврӯз дар ин кишвар пешбинӣ нашудааст. Илҳом Алиев қудрат дар Озарбойҷонро соли 2003, баъди марги падараш Ҳайдар Алиев, ки солҳо раҳбари ин кишвар буд, ба даст гирифт.

Муроҷиати президент баъди ишғоли бинои RTS аз сӯи эътирозгарон

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон қавл дод, ки аз қонун ва тартибот дар саросари кишвараш дифоъ хоҳад кард. Муроҷиати телевизионии ӯ рӯзи 17-уми март ва як рӯз баъди гирдиҳамоии эътирозӣ сурат гирифт.

Шоми 16-уми март дар Белград, маркази Сербистон ва, инчунин, шаҳрҳои Ниш ва Нови Сади ин кишвар бо талаби истеъфои президент Вучич ва эълони интихоботи нав гирдиҳамоӣ баргузор шуд.

Эътирозгарон муваққатан бинои телевизиони давлатии RTS-ро ишғол карданд, аммо бо гузашти чанд вақт пулис тавонист онҳоро аз бино берун кунад. Чанд нафар дастгир шудаанд.

Мухолифон телевизиони давлатии Сербистонро ба пӯшиш ё бозтоби якҷонибаи хабарҳо айбдор карданд.

Ба Салиби Сурх ва вакили тоҷик иҷоза надодаанд, ки ба Ворух раванд

Манобеи расмӣ дар Исфара гуфтанд, нерӯҳои марзбонии Қирғизистон шаби гузашта иҷоза надодаанд, ки имдодгарони Салиби Сурх ба ҷамоати Ворух рафта, ба мардуми осебдидаи он кумаки тиббӣ расонанд.

Як ҳамсуҳбати мо дар ниҳодҳои расмии Исфара рӯзи 17-уми март бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло онҳо дар Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ ҳастанд. Дар мошин дору ва таҷҳизоти зарурии тиббӣ доранд".

Инчунин, Мавзуна Шамсиддинзода, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, натавонистааст рӯзи шанбе ба Ворух рафта, бо вазъ аз наздик шинос шавад. Ӯро аз Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ пас гардондаанд.

Талоши тамосҳои мо бо вакили порлумони Тоҷикистон, ки ҳоло дар Исфара қарор дорад, то ин дам бенатиҷа буд.

Мақомоти марзбонии Қирғизистон ва намояндагии Салиби Сурх дар Тоҷикистон низ вазъиятро шарҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, рӯзи 17-уми март дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "вазъият хуб аст, ҷои нигаронӣ нест, тафсилотро баъди анҷоми гуфтушунид мегӯем."

Роҳи миёни Исфара ва Ворух ва Ӯш-Бодканд-Исфана чаҳор рӯз боз бастааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон дар музокироти рӯзи 16-уми март ин масъаларо баррасӣ кардаанд, вале маълум нест, ба чӣ натиҷа расиданд.

Ин роҳҳо дар пайи муноқишаи рӯзҳои 13 ва 14-уми март баста шудаанд. Дар ин муноқишаҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз бист нафари дигар захмӣ шуданд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар ин ҳодиса се шаҳрванди он кишвар низ маҷруҳ шудаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб беш аз чаҳорсад километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ҳамин номуайянӣ боис мешавад, ки сари чанд вақт сокинон барои сохтмони роҳ ва обу чарогоҳ бо ҳам даргир шаванд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Тоҷикистону Эрон масъалаи визаро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
XS
SM
MD
LG