Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Тавсияи сафорати ИМА ба шаҳрвандони амрикоӣ дар Тоҷикистон

Сафорати Амрико дар Душанбе ба шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон тавсия додааст, ки дар рӯзҳои таътили наврӯзӣ, аз ҳушёрӣ кор бигиранд. Дар як ҳушдори амниятии ин сафоратхона аз рӯзи 18-уми март, ки дар сафҳаи "Фейсбук"-и ин ниҳоди дипломатӣ низ ба нашр расид, гуфта мешавад, ки раҳбарони гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДИИШ бо ин маъруф ҳастанд, ки афродро истихдом ва ё таҳрик мекунанд, ки бар зидди ҳар касе, ки пойбанди андешаҳои ифротии онҳо набошад, ҳамла кунанд.

Сафорат мегӯяд, ки бинобар амалкарди қаблии ДИИШ дар Тоҷикистон ва шеваҳои таърихие, ки ин гурӯҳ дар саросари ҷаҳон истифода кардааст, ба шаҳрвандони амрикоӣ тавсия дода мешавад, ки аз ҷойҳои серрафтуомад дурӣ биҷӯянд ва бо ҷонибҳое, ки масъулияти ҳифозати онҳо бар дӯши онҳост, машварат кунанд.

Сафорат ҳамчунин ба шаҳрвандони амрикоӣ тавсия додааст, ки барномаҳои амниятии шахсии худро бозбинӣ карда ва дастгоҳҳои иртибототии худро рӯшан нигаҳ бидоранд. Шаҳрвандони амрикоӣ ҳамчунин тавсия шудаанд, ки аз афроди боваринок дар сафар ва нақшаи ҳаракати худ хабар диҳанд ва аз муҳити атрофи худ ва таҳаввулот амниятӣ дар маҳал огоҳ бошанд.

Ин ҳушдори сафорати Амрико дар Душанбе ба шаҳрвандони он кишвар дар ҳолест, ки сафорати ИМА дар Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон низ ҳушдор додааст, ки мумкин аст ҷангиён дар ҷараёни маросими Наврӯз бар хориҷиҳо ҳамла кунанд. Сафорати Амрико дар Кобул дар сафҳаи "Фейсбук"и худ гуфтааст, ки гузоришҳои зиёдеро дар ин маврид аз нимаи моҳи ҷорӣ ба ин сӯ дарёфт кардааст.

Бар асоси ин хабарнома, гурӯҳҳои мусаллаҳ тасмим доранд то дар Кобул -пойтахти Афғонистон ба ниҳодҳои давлатӣ ва ҳамчунин ниҳодҳои амрикоӣ ва хориҷӣ ҳамла кунанд. Сафорати Амрико дар эъломия гуфтаааст, шӯришиён ҳамчунон таҳдид кардаанд, ки бар маҳалли таҷаммӯи хориҷиҳо, аз ҷумла меҳмонхонаҳо ва мактабҳо низ ҳамла хоҳанд кард. Дар хабарнома аз ҳама шаҳрвандони амрикоӣ хоста шудааст, ки аз эҳтиёт кор бигиранд.

Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ва Афғонистон сар аз рӯзи панҷшанбеи 21-уми март оғоз меёбад ва чанд рӯз идома хоҳад кард. Дар Тоҷикистон ба ин муносибат рӯзҳои 21-25 таътили расмӣ эълон шудааст.

Путин ба қонуни ҷазои "фейкҳо" ва беҳурматӣ ба мақомот имзо гузошт

Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин қавонин дар бораи ҷарима, масдуд кардани "фейкҳо" ё хабарҳои дуруғин дар матбуот ва ҳамчунин беҳурматӣ ба мақомот ва намодҳои давлатӣ дар интернетро имзо кард.

Сандаҳои марбута дар портали маълумоти ҳуқуқӣ ба нашр расид.

Санади аввал пахши "фейкҳо" ё хабарҳои ғайри қобили эътимод ва дар интернет воқеъӣ ҷилава додани хабарҳоеро, ки "барои ҳаёти инсон, сиҳатии шаҳрвандон, дороиҳои онҳо, тартибот ва амнияти ҷамъияти таҳдид эҷод мекунад, мамнӯъ месозад.

Барои нашри чунин шарҳ бори аввал аз 30 то 100 ҳазор рубл ва дафъаҳои баъдӣ то 300 ҳазор рубл ҷарима ё боздошт пешбинӣ мешавад.

Маблағи ҷарима барои нашри "фейкҳо" аз ҷониби шаҳрвандон 100 ҳазор рубл, мақомот то 200 ҳазор рубл ва ашхоси ҳуқуқӣ ду миллион рубл муайян шудааст.

Барои таҳқири мақомот ва намодҳои давлатӣ дар интернет ҷарима аз 100 ҳазор ё 15 рӯзи зиндон сар мешавад. Дар сурати нақзи такрории қонун ҷарима то 200 ҳазор мефазояд. Нашри шарҳҳое, ки беҳруматӣ ба мақомотро нишон медиҳанд, "авбошии кӯчак" арзёбӣ хоҳад шуд.

Ҳангоми хониши дуюми тарҳи қонун ба он сабукиҳое ворид шуд. Аз ҷумла, ба васоити ахбор, ки расман сабти ном шудаанд, имкон дода мешавад, "хабари тақаллубӣ"-ро дарҳол ҳазф кунанд ва аз ҷарима халос шаванд.

Хабарнигорон ва фаъолони ҳуқуқи инсон аз тарҳи қонун ҳамчун санади маҳдудкунандаи озодии баён шадидан интиқод карданд.

Миср аз Русия даҳҳо ҳавопаймои ҷангии Су-35 харидорӣ мекунад

Ҳавопаймои ҷангии Su-35

Миср бо Русия барои харидории даҳҳо ҳавопаймои ҷангии Су-35 қарордод имзо кард. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" рӯзи 18 март бо такя ба намояндаи саноати таслиҳоти Русия хабар дод.

Қарордоди фурӯши ҳавопаймоҳо ва таҷизоти маҳви ҳавоӣ ба маблағи 2 миллиард доллар имзо шудааст. Гуфта мешавад, ки созишнома охири соли 2018 ҳукми иҷро гирифт, аммо интиқоли ҳавопаймоҳо ва таҷҳизоти дигар ба солҳои 2020-2021 барномарезӣ шудааст. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати "Коммерсант", ин қарордод корхонаи таслиҳотии Комсомолск -на -Амурро "чандин сол бо кор таъмин мекунад".

Қоҳира баъди ба қудрат расидани Абдулфаттоҳ ал-Сисӣ, соли 2013, ки бо кӯмаки низомиҳо президент Муҳаммад Мурсиро аз раёсат дур кард, фаъолона ба бозсозии таслиҳотӣ оғоз намуд. Ҳоло Миср яке аз харидорони аслии таҷҳизоти низомии Русия аст. Феълан Маскав ба Миср ҳавопаймои ҷангии МиГ-29/M2, чархболи ҷангии Ка-52, маҷмаи дифои мушакӣ, силоҳои оташфишон ва муҳмоти ҷангӣ мефурӯшад.

Соли 2015 Русия барои фурӯши ҳавопаймои Су-35 бо Чин, ва охири соли 2018 бо Индонезия созишнома имзо кард. Ин созиш Чинро таҳти таҳримҳои ИМА қарор дод. Бинобар таҳрими бахшҳои Вазорати дифои Русия, онҳо ҳақ надоранд муҷаввизи содиротро дарёфт кунанд ва ё бо ширкатҳои амрикоӣ ҳамкорӣ намоянд.

Сарфи назар аз таҳдиди таҳримҳо, ҳукумати Индонезия тасмим надорад, ки қарордод бо Русияро бекор кунад. Интиқоли нахустин ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ба он кишвар метавонад охири соли 2019 оғоз шавад.

Дар робита ба тирпарронӣ Утрехт пулис турктабори 37-соларо меҷӯяд

Утрехт -Нидерландия

Пулиси дар робаита ба тирпарронии субҳи рӯзи душанбе дар Утрехти Нидерландия, ки дастикам як нафарро қурбон ва чанд нафари дигарро маҷруҳ кард, як марди 37-солаи турктаборро меҷӯяд.

"Пулис аз шумо мехоҳад дар заминаи ҳодисаи субҳи имрӯз мутаваҷеҳи марди 37-сола бо номи Гокман Танис (зодаи Туркия) бошед",- навишт пулис дар твиттер ва афзӯд, ки "зинҳор ба ӯ наздик нашавед".

Биноба хабарҳои охирин, нерӯҳои вежаи пулис биноеро, ки бовар меравад гумонбар дар онҷо пинҳон шудааст, муҳосира карданд. Дар шаҳр чораҳои амнияти тақвият ёфта, мактабу масҷидҳо таҳти назорат қарор доранд.

Ба гуфтаи пулис гумонбар баъди ҳодиса ҳоло ҳам боздошт нашудааст. Ҳузури густардаи пулис дар назди истгоҳи трамвай, ки тирпарронӣ дар онҷо оғоз шуд ба назар мерасад.

"Тирпарронӣ дар истгоҳи Октоберплейн 24 дар Утрехт сурат гирифт... Чандин нафар захм бардошт. Манотиқи атрофро дар муҳосира гирифтем ва қазияро таҳқиқ мекунам",- гуфт пулиси Утрехт дар твиттер.

Нахуствазири Нидерландия Марк Рютте гуфт, ки дар заминаи ин ҳодиса ҳукумат ҷаласаи изтирорӣ баргузор мекунад.

Пентагон дар Сурия мондани 1,000 сарбози ИМА-ро рад мекунанд

Сарбозони ИМА дар Манбиҷи Сурия

Пентагон гузориш дар бораи барномаи боқӣ гузоштани 1,000 сарбози амрикоӣ дар Сурия, ки маънои ақиб рафтан аз қарори қаблии бурунрафти комили ИМА -ро хоҳад дошт, рад мекунад.

"Иддаое, ки ин бегоҳ аз тарафи як расонаи бузурги ИМА нашр шуд, ки гӯё низомиҳо барномаи нигаҳ доштани 1,000 сарбоз дар Сурияро пайгирӣ мекунанд, аз рӯи далелҳо ғалат аст,- гуфт генерал Ҷозеф Данфорд, фармондеҳи ситоди муштарак рӯзи 17 март.

"Ҳеҷ дигаргуние бар барномаи моҳи Феврал нест ва мо ба татбиқи дастури президент барои коҳиши нерӯҳои ИМА идома медиҳем.- гуфт Данфорд.

Биноба гузориши The Wall Street Journal, музокироти ИМА бо шарикони Аврпуоӣ ва Туркия барои эҷоди минтақаи амн дар шимолу шарқи Сурия, бо ҳадафи ҳимоя аз ҷангиёни Курд, ки шарики Ғарб ба шумор меоянд, ба нокомӣ анҷомид ва Пентагон маҷбур шуд, ки 1,000 сарбози амрикоиро дар онҷо боқӣ гузорад.

Моҳи Декабр президенти ИМА Доналд Трамп эълон кард, ки ҳамаи 2 ҳазор сарбози амрикоиро аз Сурия берун меорад.

Мунаққидон, бо шумули ҳамҳизбҳои Доналд Трамп тасмими президентро танқид карданд ва гуфтанд, ки ин иқдом ҷангиёни Курдро дар ихтиёри Туркия қарор медиҳад, ки онҳоро террорист медонад.

Хабарнигори телевизиони хусусӣ дар Афғонистон кушта шуд

Мошини хабарнигори дигар баъди таркиш дар Ҳилманд

Масъулияти кушторро гурӯҳи тундрави марбут ба ДИИШ бар дӯш гирифт. Хабарнигори 60-сола Султон Маҳмуд Киркхва рӯзи 15 март дар вилояти шарқии Хост кушта шуд.

Дар изҳороте, ки гурӯҳи тундрав рӯзи 17 март нашр кард, азгезаи куштор шарҳ дода нашудааст. Киркхва корманди телевизиони хусусии "Замон" буд. Биноба маълумоти дарёфтӣ, онҳое, ки ба сӯи хабарнигор оташ кушоданд, аз байн бурда шуданд.

Ҳафтаи гузашта хабарнигори дигар - Нисор Аҳмад Амадӣ дар пайи таркиши мошинаш дар вилояти Ҳилманд ба ҳалокат расид.

Ба маълумоти Созмони дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Ню Йорк, соли гузашта дар Афғонистон дастикам 13 корманди матбуот қурбон шуд. Фаъолони ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки ин кушторҳо ба фаъолияти кории хабарнигорон рабт дошт. Биноба натиҷагирии фоҷеабори соли гузашта Афғонистон хатарноктарин кишвар барои фаъолияти хабарнигорон номбар шуд.

Николас Мадуро истеъфои ҳукуматро талаб кард

Николас Мадуро

Николас Мадуро, президенти Венесуэла аз ҳукумати кишвараш талаб кард, ки ба хотири "бозсозии фарогир" ба истеъфо равад. Дар ин бора ноиби президенти Венесуэла Делсӣ хабар дод. Вале худи Мадуро то ин замон изҳороти расмӣ надодааст.

Бино бар назарсанҷии иҷтимоӣ, ки 17 март нашр шуд, қариб 89 дарсади сокинони Венесуэла аз истеъфои президент ва ҳукумат ҷонибдорӣ кардаанд.

Венесуэла гирифтори буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ аст. Соли 2018 нишондоди таваррум дар ин кишвар аз сатҳи 1 миллион дарсад гузашт. Ин ҳам дар ҳоле, ки сокинон аз камбуди ғизо ва дору ранҷ мебаранд. Ҳафтаи гузашта ба далели садама дар бузургтарин нерӯгоҳи тавлиди барқ чанд манотиқи кишвар дар торикӣ монд.

Эътирозҳои густарда дар Венесуэла охири моҳи январ бар зидди даври дувумӣ президентии Мадуро шуруъ шуданд. Он замон раиси порлумон Хуан Гуайдо худро иҷрокунандаи вазифаи президент эълон ва интихоботи мустақилро талаб кард. ИМА, чанде аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва бештаре аз кишварҳои Аврупо аз Гуайдо ҳимоят карданд. Русия, Чин, Кубо ва Мексика Мадуроро президенти қонунӣ эътироф мекунанд.

Зеландияи Нав қонуни хариду нигаҳдории силоҳро шадид мекунанд

Нахуствазири Зеландияи Нав Ҷасинда Ардерн

Нахуствазири Зеландияи Нав Ҷасинда Ардерн гуфт, ки ҳафтаҳои назидик мақомот тарҳи қонун дар бораи шадид шудани қоидаҳои нигаҳдории силоҳро таҳия мекунанд. Ин тарҳ посухест ба ҳамла ба ду масҷиди шаҳри Краистчёрч, воқеъ дар ҷанубу шарқи ин кишвар, ки ба ҳалокати 50 нафар ва даҳҳо захмӣ мунҷар шуд.

Нахуствазир чораҳои мушаххасро номбар накард. Қаблан гуфта шуд, ки мақомоти Зеландияи Нав барнома доранд, дар навбати аввал фурӯши силоҳи нимаавтоматиро маҳдуд кунанд.

Феълан қонунгузории ин кишвар дар робита ба силоҳ яке аз қонунҳои либералӣ дар кишварҳои пешрафта ба шумор меояд. Дар ин давлати аҳолияш ҳудуди панҷ миллион дастикам якним миллион силоҳ сабт шудааст. Сатҳи ҷиноятҳое, ки бо истифода аз силоҳ содир мешаванд дар Зелендияи Нав назарногир аст ва мухолифони маҳдуд кардани силоҳ инро ҳамчун далел истифода мекунанд.

Гуфта мешавад, Брентон Таррант- марди австралиягӣ, ки ба масҷидҳо ҳамла кард, силоҳояш, бо шумуили камони нимаавтоматиро дар асоси қонун ва бо иҷозаи пулис ба даст овард.

Ба гуфтаи пулиси Зеландияи Нав, Таррант, ки худро "миллатгарои сафедпӯст" меномад ва ангезаи ҳамлаашро бадбинӣ нисбати мусалмонҳову муҳоҷирон гуфтааст, танҳо амал мекард. Маълумоти ибтидоӣ, ки ӯ метавонист шарике дошта бошад, тасдиқ нашуд. Аммо додгоҳи Крайстчёрч рӯзи душанбеи 18 март як ҷавонро барои нашри наворҳои ҳамла ба масҷидҳо дар шабакаҳои иҷитмоӣ боздошт кард. Пахши мустақими ҳамла ба масҷидҳо дар Фейсбукро худи Таррант ба роҳ монд. Фейсбук дар рӯзҳои охир беш аз якуним миллион навори тирандозӣ дар Крайстчёрчро масдуд кард.

Белград. Қароргоҳи президент дар муҳосираи эътирозгарон

Белград: Эътирозгарон ва кормандони пулис дар бинои Телевизион

Эътирозгарон дар шаҳри Белград, пойтахти Сербистон бинои қароргоҳи президенти ин кишвар Александр Вучичро ба муҳосира гирифтанд.

Дар дохили бино воҳиди махсуси пулис ҳузур дорад, вале то ҳол бар зидди эътирозгарон аз нирӯ кор нагирифтааст.

Бино ба маълумоти ахир, Александр Вучич низ дар дохили бино аст. Пештар ӯ дар як нишасти хабарӣ ба муҷозоти эътирозгароне ваъда дод, ки ба бинои телевизиони давлатии он кишвар ҳамла карданд.

Вучич мухолифони сиёсии худро ба истифодаи хушунат ва бетартибиҳо айбдор карда, раҳбари эътирозгарон Бошко Обрадович аз ҳизби миллии "Двер" ва шаҳрдори пешини Белград Драган Ҷиласро "фасодкор"-у "фашист" номид. Ӯ ҳамчунин сӯиқасд ба озодии расонаҳоро ғайри қобили қабул хонд.

Шоми 16 март дар Белград , ҳамчунин шаҳрҳои Ниш ва Нови Сади ин кишвар бо талаби истеъфои президент Вучич ва эълони интихоботи нав гирдиҳамоӣ баргузор шуд.

Эътирозгарон муваққатан бинои телевизиони давлатии RTS-ро ишғол карданд, аммо бо гузашти чанд муддат пулис тавонист онҳоро аз бино берун кунад. Чанд нафар дастгир шуд.

Мухолифон телевизиони давлатии Сербистонро ба бозтоби якҷонибаи хабарҳо айбдор карданд.

СММ ба Қазоқистон тавсия дод, ки ҳуқуқи ҳамҷинсгароёнро қонунӣ кунад

Намоди ҳамҷинсгароҳо

Кумитаи ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии СММ қабули қонунеро ба Қазоқистон тавсия додааст, ки ҷомеаи ҳамҷинсгароёнро аз табъиз ҳимоят хоҳад кард.

Намояндагони Остона дар СММ гуфтанд, Қазоқистон лоиҳаи қонуни манъи ҳама гуна табъиз таҳия кардааст, вал феълан ба порлумон нафиристодааст.

Фаъоли маданӣ ва ҳаммуассиси ташаббуси "Занон" Гулзода Сержан мегӯяд, ҳамҷинсгароён бештари вақт дар идораи пулис ва бемористонҳои Қазоқистон табъиз мешаванд.

Сержан дар ҷаласаи 40-уми Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ низ дар бораи ин қонуншиканиҳо суханронӣ кард. Намояндаи ҳайати порлумонии Қазоқистон Тастемир Абишев гуфт, ҳамҷинсгароён бояд ба ниҳодҳои махсуси Қазоқистон муроҷиат кунанд.

Намояндагони ҷомеаи ҳамҷинсгароён дар Қазоқистон мегӯянд, ҳатто наметавонанд барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ созмонеро таъсис диҳанд. Аз ҷумла, мақомоти қазоқ дархости ташаббуси "Занон"-ро барои сабти ном се бор рад кардаанд.

Кумитаи мазкури СММ бо нигаронӣ мегӯяд, қонунгузорӣ ва Конститутсияи Қазоқистон баъзе аз намудҳои табъиз, аз ҷумла аз нигоҳи тамоюли ҷинсиро манъ намекунад. Дар натиҷа ҳамҷинсгароён ҳангоми пайдо кардани ҷои кор, муроҷиат ба ниҳоде ё омӯзиш табъиз мешаванд.

Отамбоев барои ба сари қудрат овардани Ҷеенбеков узр хост

Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон дар ҷаласаи Ҳизби сотсиал-демократии кишвараш дар шаҳри Бишкек рӯзи 17 март гуфт, "аз он таассуф мехӯрад, ки Ҷеенбековро сари қудрат овард".

"Маро бубахшед, ки тамоми умр зидди режимҳои авторитарии хонаводагӣ мубориза карда, ба умқи чунин одам назар накарда, танҳо ба зоҳираш иктифо кардам ва чунин хонаводаро сари қудрат овардам", - гуфт Отамбоев.

Вай ҳамчунин илова кард, "талош мекунад, ки иштибоҳашро ҷуброн ва ҳақиқатро баён кунад". Отамбоев ҳукумати кунуниро дар мудирияти хонаводагӣ айбдор кард ва аз президент хост, аз ин роҳ баргардад.

"Сооронбой Ҷеенбеков, ту на танҳо дар ҳизби "Айкол Ала-Тоо" нифоқ меангезӣ, балки мардумро ҷудо менамоӣ. Ман туро аз вилояти Ӯш ба он хотир овардам, ки "мардум ба ҷанубу шимол тақсим нашавад, муттаҳид бошад". Ту ҷудоӣ андохтӣ ва мардумро тақсим кардӣ. Ҳатто ба ибодати мардум дахолат кардӣ. Даст бардор, ҳанӯз дер нашудааст! Зеро мардум - мавҷи сел аст. Мардум сабр хоҳад кард. Аммо то кай, ман намедонам. Агар рӯзе мардум бедор шуд, касе ӯро манъ карда наметавонад. Мо инро дидем", - гуфт президенти пешин.

Вай ҳамчунин илова кард, ки мардум ба Қирғизистони мустақил ниёз доранд ва роҳбари давлат бояд сиёсати баробариро амалӣ кунад. Отамбоев гуфт, бо гузашти ҳар рӯз ҳукумати кунунӣ ба низоми Қурмонбек Боқиев шабеҳ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, президенти кунунии Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков рӯзи 17 март дар ноҳияи Ҷалолободи кишвараш дар як дидор бо мардум гуфт, "ба унвони яке аз роҳбарони муборизи зидди ҳукумати хонаводагӣ", ҳаргиз ба мудирияти оилавӣ иҷозат нахоҳад дод.

"Замонҳое буд, ки давлати моро мафиёи ҷиноӣ идора мекард. Мо ормонҳои мардумро хуб медонем. Беҳуда нагуфтаанд, ки "Ҳокими росткор хешу ақрабо надорад, вале касе ки манфиати наздиконашро бароварда мекунад, виҷдон надорад". Ман ва ҳамаи се шохаи ҳокимият набояд инро фаромӯш кунанд", - гуфт Сооронбой Ҷеенбеков.

Аз 3 то 77-сола – Қурбониёни ҳамла ба ду масҷиди Зеландияи Нав

Ҳукумати Зеландияи Нав то ҳанӯз рӯйхати расмии қурбониёни ҳамла ба ду масҷид дар шаҳри Крайстчерчро нашр накардааст. Аммо тибқи рӯйхате, ки бо ёрии хонаводаи қурбониён тартиб ёфтааст, қурбониёни ҳодиса аз 3 то 77-сола будаанд. Ин феҳрист рӯзи 17-уми март нашр шуд.

Бар асоси он, аз 50 қурбонии ҳамлаи ахир дар шаҳри Крайстчерч, 44 нафар мард ва чаҳор нафар зан будаанд. Ду нафари боқимонда дар ин лист шомил нестанд.

Ҷасинда Ардерн, нахуствазири Зеландияи Нав гуфтааст, ин рӯйхат расмӣ нест ва баъд аз мушаххас шудани ҳувияти қурбониён рӯйхати расмӣ нашр хоҳад шуд. Дар ин ҳодиса ҳудуди чиҳил нафари дигар захмӣ шудаанд, ки вазъи саломати бархеи онҳо вазнин гуфта мешавад.

Ҳамлаи ахир ба ду масҷид дар Зеландияи Нав бузургтарин ва хунинтарин куштори дастҷамъӣ дар ин кишвар ба шумор меравад. Ин тирандозӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки садҳо намозгузор дар дохили масҷид буданд.

Ҳамлавар як марди 27-солаи австралиягӣ муаррифӣ шудааст.

Нахуствазири Зеландияи Нав мегӯяд, ҷасади қурбониён то се рӯзи дигар пурра ба хонаводаҳояшон супурда хоҳад шуд. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, гумонбар ба ин ҳамла дар қатори 30 сиёсатмадори Зеландияи Нав барои ӯ низ имейл фиристода буд, ки дар давоми ду дақиқа пулиси кишварро огоҳ кардааст. Аммо ӯ гуфт, дар ин паёмҳо дар мавриди маҳал ва ҷузъиёти ҳамлаҳо чизе гуфта нашуда буд.

Эрон як афсари пешини амрикоиро даҳ сол ба зиндон андохт

Майкл Вайт

Майкл Вайт, афсари пешини нерӯи баҳрии Амрико, дар Эрон ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд. Дар ин бора вакили мудофеъ Марк Зайд рӯзи 16-уми март ба оҷонси "Ассошиайтед Пресс" хабар додааст.

Ӯ афзудааст, Майкл Вайт "ба иҳонат ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ" ва низ "пахши маълумоти шахсӣ дар интернет" гунаҳкор шуд.

Аз замони ба қудрат расидани Доналд Трамп ин нахустин шаҳрванди Амрикост, ки дар Эрон боздошт ва зиндонӣ шудааст.

Вайти 46-сола сокини иёлати Калифорния буд. Ӯ моҳи июли соли гузашта ба Эрон рафт ва дар онҷо дастгир шуд.

Алиев садҳо зиндониро афв кард, ба ҷуз аз маҳбусони сиёсӣ

Илҳом Алиев

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, беш аз 400 зиндониро озод кард. Дар миёни озодшудагон шуморе аз мухолифони Алиев ҳам ҳастанд. Фармони афви ин афрод рӯзи 16-уми март имзо шуд. Дар Озарбойҷон расм аст, ки ҳар сол ба пешвози Наврӯз раиси ҷумҳур шуморе аз зиндониҳоро аз банд раҳо кунад. Аммо озодии зиндониёни сиёсӣ ба муносибати Наврӯз дар ин кишвар пешбинӣ нашудааст. Илҳом Алиев қудрат дар Озарбойҷонро соли 2003, баъди марги падараш Ҳайдар Алиев, ки солҳо раҳбари ин кишвар буд, ба даст гирифт.

Муроҷиати президент баъди ишғоли бинои RTS аз сӯи эътирозгарон

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон қавл дод, ки аз қонун ва тартибот дар саросари кишвараш дифоъ хоҳад кард. Муроҷиати телевизионии ӯ рӯзи 17-уми март ва як рӯз баъди гирдиҳамоии эътирозӣ сурат гирифт.

Шоми 16-уми март дар Белград, маркази Сербистон ва, инчунин, шаҳрҳои Ниш ва Нови Сади ин кишвар бо талаби истеъфои президент Вучич ва эълони интихоботи нав гирдиҳамоӣ баргузор шуд.

Эътирозгарон муваққатан бинои телевизиони давлатии RTS-ро ишғол карданд, аммо бо гузашти чанд вақт пулис тавонист онҳоро аз бино берун кунад. Чанд нафар дастгир шудаанд.

Мухолифон телевизиони давлатии Сербистонро ба пӯшиш ё бозтоби якҷонибаи хабарҳо айбдор карданд.

Ба Салиби Сурх ва вакили тоҷик иҷоза надодаанд, ки ба Ворух раванд

Манобеи расмӣ дар Исфара гуфтанд, нерӯҳои марзбонии Қирғизистон шаби гузашта иҷоза надодаанд, ки имдодгарони Салиби Сурх ба ҷамоати Ворух рафта, ба мардуми осебдидаи он кумаки тиббӣ расонанд.

Як ҳамсуҳбати мо дар ниҳодҳои расмии Исфара рӯзи 17-уми март бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло онҳо дар Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ ҳастанд. Дар мошин дору ва таҷҳизоти зарурии тиббӣ доранд".

Инчунин, Мавзуна Шамсиддинзода, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, натавонистааст рӯзи шанбе ба Ворух рафта, бо вазъ аз наздик шинос шавад. Ӯро аз Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ пас гардондаанд.

Талоши тамосҳои мо бо вакили порлумони Тоҷикистон, ки ҳоло дар Исфара қарор дорад, то ин дам бенатиҷа буд.

Мақомоти марзбонии Қирғизистон ва намояндагии Салиби Сурх дар Тоҷикистон низ вазъиятро шарҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, рӯзи 17-уми март дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "вазъият хуб аст, ҷои нигаронӣ нест, тафсилотро баъди анҷоми гуфтушунид мегӯем."

Роҳи миёни Исфара ва Ворух ва Ӯш-Бодканд-Исфана чаҳор рӯз боз бастааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон дар музокироти рӯзи 16-уми март ин масъаларо баррасӣ кардаанд, вале маълум нест, ба чӣ натиҷа расиданд.

Ин роҳҳо дар пайи муноқишаи рӯзҳои 13 ва 14-уми март баста шудаанд. Дар ин муноқишаҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз бист нафари дигар захмӣ шуданд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар ин ҳодиса се шаҳрванди он кишвар низ маҷруҳ шудаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб беш аз чаҳорсад километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ҳамин номуайянӣ боис мешавад, ки сари чанд вақт сокинон барои сохтмони роҳ ва обу чарогоҳ бо ҳам даргир шаванд.

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба анҷом расид

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Даври дувуми музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 16-уми март оғоз ёфта буд, ба анҷом расид.

Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз ҷои ҳодиса гузориш дод, ки ҳайатҳо ба раҳбарии муовинони нахуствазири ду кишвар ба марзи деҳаи Оқсойи Қирғизистон ва ҷамоати Ворухи Тоҷикистон рафтаанд. Интизор меравад, онҳо бо сокинони ду деҳа ва раҳбарони маҳалҳо вазъият дар сарҳадро баррасӣ кунанд.

Дар ҳоли ҳозир роҳи Ӯш-Бодканд-Исфана ва роҳе, ки шаҳри Исфараро бо ҷамоати Ворух мепайвандад, бастааст. Хабар дода мешавад, ки дар музокироти рӯзи шанбе ин масъала баррасӣ шудааст, вале маълум нест, ҷонибҳо ба чӣ қарор расидаанд.

Музокироти аввал рӯзи 14-уми март ва пас аз муноқишаи маргбор миёни сокинони Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон сурат гирифта буд. Дар ин муноқиша ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз бист нафар, аз ҷумла се сокини Қирғизистон захмӣ шуданд.

Муноқиша дар пайи сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ шуруъ шуд. Роҳро Қирғизистон месозад. Ҷониби Тоҷикистон бо он розӣ нест.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол дар мавриди музокирот ва ҷузъиёти он чизе нагуфтаанд. Қаблан онҳо дар сар задани низоъ дар марз сокинон ва нерӯҳои марзбонии кишвари ҳамсояро муттаҳам карда буданд.

Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.

Ҳамид Исмоилов: “То мақомот расман узр напурсад, намеравам”

Ҳамид Исмоилов

Ҳамид Исмоилов, сардори бахши Осиёи Марказии радиои Би-би-сӣ ва муаллифи романи "Базми ҷинҳо", ба суолҳои хабаргузории расмии Узбекистон (УзА) посух надодааст. Исмоилов дар Лондон зиндагӣ мекунад ва ҳафтаи гузашта ҷоизаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро соҳиб шуд.

Хабарнигори УзА ба Ҳамид Исмоилов муроҷиат кардааст, то ба чанд суол дар бораи адабиёт ҷавоб гӯяд. Вале Исмоилов гуфтааст, ду сол қабл мақомоти Узбекистон ӯро бе сабаб аз кишвар ронданд. Ва афзудааст, то замоне мақомот аз ӯ расман узр нахоҳанд, ба Узбекистон нахоҳад рафт.

Дар ин бора рӯзи 15-уми март бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

Ҳамид Исмоилов рӯзи якуми марти соли 2017 аз Лондон ба Тошканд рафт ва дар фурудгоҳи пойтахт дастгир ва ҳамон рӯз аз Узбекистон ихроҷ гардид.

Он вақт Исмоилов бо ҳайате аз намояндагони Бритониё ба онҷо рафта буд. Сабаби ихроҷи хабарнигор ва нависандаи узбек аз Тошканд то ҳанӯз маълум нест.

Ҳамид Исмоилов дар оғози солҳои навадум дар таҳияи филми ҳуҷҷатӣ дар бораи Узбекистон бо Би-би-сӣ ҳамкорӣ кардааст. Комиссияи давлатии Узбекистон ин филмро “хилоф бо ҷараёнҳои фарҳангии” он кишвар донист ва баъдан алайҳи Исмоилов парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ӯро ба талош барои сарнагунии ҳукумат айбдор карданд.

Ҳамид Исмоилов соли 1992 Узбекистонро тарк кард ва аз он замон то кунун дар Лондон зиндагӣ мекунад.

Раиси ҷумҳури Амрико як қатъномаи Конгрессро вето кард

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, шоми 15-уми март бо радди як қатъномаи Конгресс аввалин ветои давраи раёсати ҷумҳурии худро содир кард, то маблағи сохтмони девор дар марз бо Мексикаро таъмин кунад.

Трамп дар Кохи Сафед гуфт, “Конгресс ҳақ дорад, қатъномаро тасвиб кунад ва ман вазифа дорам, ки онро рад намоям.”

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи гузашта бо як шикасти хиҷолатовар рӯбарӯ шуд, зеро сенаторҳо, аз ҷумла беш аз даҳ сенатори Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, раъй доданд, то фармони ӯ барои эълони ҳолати фавқулода дар марз бо Мексика лағв шавад.

Эҳтимоли ин ки Конгресс битавонад аз се ду бахши раъй барои лағви ин фармони раиси ҷумҳурро ба даст биорад, зиёд нест. Аммо демократҳо мегӯянд, ки ба ҳар ҳол дар ин роҳ иқдом мекунанд.

Доналд Трамп мехоҳад, бо истифода аз эълони ҳолати изтирорӣ миллиардҳо доллари будҷаи федералро барои бунёди девор дар марзи Амрико бо Мексика харҷ кунад.

Даври дувуми музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар марз

Музокироти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз вебсайти Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон

Даври дувуми музокироти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли муноқишаҳои марзӣ рӯзи 16-уми март идома кард.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфт, музокирот дар ҳудуди ин кишвар ва дар минтақае бо номи “Дача” ҷараён дорад. Ҳайати Тоҷикистонро муовини нахуствазир Азим Иброҳим ва ҳайати Қирғизистонро муовини сарвазири он кишвар Ҷениш Раззоқов раҳбарӣ мекунанд.

Музокирот рӯзи 14-уми март ва пас аз муноқишаи маргбор миёни сокинони Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон оғоз ёфта буд. Дар ин муноқиша 2 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз бист нафар, аз ҷумла се сокини Қирғизистон захмӣ шуданд.

Муноқиша дар пайи сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ шуруъ шуд. Роҳро Қирғизистон месозад. Ҷониби Тоҷикистон бо он розӣ нест.

Бо гузашти ду рӯз мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти музокиротро ошкор накардаанд. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 15-уми март натиҷаҳои аввали музкоиротро эълон кард ва гуфт, дар навбати аввал гумонбарони ташкили низоъ пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Инчунин, маъмурони пулиси ду кишвар дар марз навбатдории шабона ташкил мекунанд.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон рӯзи шанбе вазъият дар марзи ду кишварро “муътадил” арзёбӣ кард ва гуфт, “таҷаммӯи сокинон мушоҳида нашудааст”.

Гумонбари ҳамла дар Зеландияи Нав дар додгоҳ ҳозир шуд

Брентон Таранти 27-солаи австралиягӣ, ки ба ҳамла болои ду масҷид дар Зеландияи Нав муттаҳам аст, рӯзи 16-уми март бори нахуст дар додгоҳ ҳозир шуд. Ӯ дар даст завлона ва дар тан либоси сафеди хоси зиндониҳоро дошт.

Додраси додгоҳи Крайстчерч, шаҳре, ки рӯзи 15-уми март болои ду масҷид ҳамла сурат гирифт, Брентон Тарантро расман ба қатл муттаҳам кард.

Тарант ба эълони иттиҳоми қатл ҳеч вокуниш нишон надод ва то 5-уми апрел дар боздошт хоҳад монд.

Рӯзи ҷумъа бар асари ҳамлаи террористӣ ба ду масҷид дар шаҳри Крайстчерчи Зеландияи Нав, ​49 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Зеландияи Нав ба хотири ҳамлаҳои маргбор мотам эълон кардааст.

Нахуствазири Зеландияи Нав рӯзи ҷумъаро "рӯзи сиёҳ" дар таърихи кишвараш унвон намуд.

Беларусия сафири Русияро "ҳисобдори умедбахш" номид

Сафири Русия дар Беларусия Михаил Бабич

Вазорати корҳои хориҷии Беларусия изҳороти ахири сафири Русия Михаил Бабичро шадидан интиқод кард ва худи сафирро "ҳисобдори умедбахш" номид.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Беларусия Анатолий Глаз рӯзи 15 март дар шарҳи изҳороти Бабич ба хабаргузории РИА "Новости" гуфт, ки равобити Русияву Беларусия амиқтар аз " бастаи ҳисобҳои ҷаълӣ" аст, ки ба гуфтаи ӯ "сафири Русия ба он такя мекунад". Ӯ ба Михайил Бабич, сафири Русия дар Беларусия, машварат дод, ки беҳтар аст ба вежагиҳое кишваре, ки дар он сафир шудааст тармакуз кунад, бо таърихаш шинос шавад ва каме эҳтиромро нигаҳ дорад".

Худи Бабич дар посух гуфт: "Эҳтимол баландтарин қуллаи мактаби дипломатӣ, ки дар ин шарҳ зикр шудааст, ҳамин бошад". Бабич дар ҷавоб ба шарҳи Глаз таъкид кард, муҳимтар аз ҳама қазовати далелҳои ҳам тарафи Русия ва ҳам Беларусия ва пайдо кардани қарорест, ки барои ҷонибҳо қобили қабул аст.

Бабич рӯзи 14 март ба РИА "Новости" гуфт, ки саҳми Русия дар рушди иқтисоди Беларусия, шартҳои муносиби қарз ба Минск ва фуруши гази арозон ба ин кишвар нодида гирифта мешавад"

Ӯ ҳамчунин гуфт, "ҳайратовар" мебуд агар Русия барои истиқрори иншоотҳои низомиаш дар Беларусия пул падохт кунад".

Қаблан президенти Беларусия Александр Лукашенко гуфтугӯҳоеро, ки Русия Беларусияро мехуронад, "гапи беҳуда" номид.

Харҷҳои низомии НАТО чаҳор дарсад афзудааст

Йенс Столтенберг

Ҳампаймонони НАТО харҷҳои низомии худро якбора афзоиш доданд. Дар гузориши НАТО барои соли 2018 омадааст, "аз ҳама бештар Латвия, Литва, Эстония, Лаҳистон ва Нидерланд харҷ доштаанд."

Гузоришро дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯзи 14-уми март рӯнамоӣ кард. Ӯ гуфт, харҷи умумии ҳампаймонони НАТО дар панҷ соли охир ба нишондоди болотарин расид ва танҳо дар як соли охир харҷҳо 4 дарсад бештар шудаанд.

"Бо ҳадафи пуштибонӣ аз амният ҳампаймонон дар бахшҳои мухталиф бештар аз гузашта якҷоя бо ҳам рафтор мекунанд", - гуфт Столтенберг.

Президенти Амрико Доналд Трамп соли 2017 аз ҳампаймонони аврупоии НАТО талаб карда буд, ки сармоягузорӣ ба буҷаи созмонро бештар кунанд.

Бо ин вуҷуд, тавре дар гузориш омадааст, ҳамагӣ 6 кишвари узви НАТО - Эстония, Юнон, Лаҳистон, Латвия, Литва ва Бритониё тавонистанд, ки ба ҳадафи пешгузошта бирасанд - яъне, харҷҳои низомиро то 2 дарсади ММД (Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ) расонанд.

Дар маҷмуъ, кишварҳои НАТО дар соли 2018 қариб се триллион доллар харҷи низомӣ доштаанд. Наздики 70 дарсади ин харҷҳо ба Амрико рост меояд.

Қирғизистон сокинони ду деҳаи ҳаммарз бо Исфараро кӯчонд

Мақомоти Қирғизистон шаби 14-уми март ва баъди муноқишаи маргбор дар сарҳад, сокинони ду деҳаи ҳаммарз бо Исфараи Тоҷикистонро ба маконҳои дигар кӯч додаанд.

Дар баёнияи ҳукумати Қирғизистон гуфта шудааст, ки онҳоро тариқи автобус ва мошинҳои сабукрав ба шаҳри Бодканд бурданд. Баёния рӯзи 15-уми март нашр шуд.

Бино ба хабари ҳукумати Қирғизистон, сокинони рустои Оқсой ва Куктош дар бинои литсейи касбии рақами 57 ва хонаҳои истиқоматӣ дар кӯчаи С.Айтматов ҷобаҷо шудаанд. Бархе ба хонаҳои наздикони худ рафтаанд.

Чингиз Есенқулов, сардори дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон, аз посух гуфтан ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи онки кӯч додани сокинони Оқсой ва Куктош ба шаҳри Бодканд чӣ маъно дорад, худдорӣ кард. Ӯ рӯзи 15-уми март гуфт, "ин тасмими муваққатист ва асосан занону кӯдаконро барои оромиши онҳо ба ҷойи дигар бурдаанд".

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 13-уми март ва баъди оғози сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ оғоз шуд. Моҷаро ду рӯз давом кард ва дар натиҷаи он ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз ду ҷониб зиёда аз бист нафар захмӣ шуданд.

Музокироти мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 15-уми март баргузор шуд. Ба иттилои ҷониби Қирғизистон, ду тараф тавофуқ кардаанд, ки "гунаҳкорони низоъ"-ро муайян ва нисбат ба онҳо "қарори воқеӣ" қабул мекунанд.

Тарафи Тоҷикистон ҷузъиёти музокиротро ошкор накардааст.

Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.

Дар минтақаҳои номуайяни марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, сокинон борҳо барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.

Интерпол ба боздошти 20 гумонбари куштори Хошуқчӣ амр дод

Рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ

Пулиси байналмилалӣ - Интерпол қарори боздошти 20 шаҳрванди Арабистони Саудиро содир кард, ки дар куштори хабарнигори мунаққиди Оли Сауд Ҷамол Хошуқчӣ айбдор мешаванд.

Дар ин бора нашрияи Daily Sabah бо истинод ба Вазорати адлияи Туркия иттилдодааст. Қарори боздошти шаҳрвандони Арабистони Саудӣ дар асоси дархости Анқара содир шуд.

Рӯзноманигори саудӣ Ҷамол Хошуқчӣ бо нашрияи The Washington Post ҳамкорӣ ва сиёсатҳои Риёзро танқид мекард. Рӯзноманигорро 2 октябри соли гузашта дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул куштанд. Вале ҷасади ӯ то ҳол пайдо нашудааст.

Ангушти иттиҳом ба сӯи валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон баланд шудааст. Аммо Риёз даст доштани валиаҳдро дар ин ҳодиса рад мекунад. Мақомоти Арабистони Саудӣ дар робита ба қатли Хошуқчӣ 21 нафарро дастгир карданд. Боздоштшудаҳо даст доштани худро дар ин ҷиноят рад мекунанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Тоҷикистону Эрон масъалаи визаро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
XS
SM
MD
LG