Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Bloomberg: Путин таъқиби Калвиро тавҷеҳшуда номид

Майкл Калви дар додгоҳ

Президенти Русия Владимир Путин таъқиби додгоҳиии сармоягузори амрикоӣ Майкл Калви ва мудирони аршади бунёди "Бэрин Восток"-ро тавҷеҳшуда унвон кард. Дар ин бора оҷонсии Bloomberg рӯзи 25-уми феврал бо такя ба се иштирокчии гуфтугӯи пушти дарҳои баста бо Путин хабар дод. Гуфта мешавад, ки ин мулоқот ҳафтаи гузашта доир шуд.

Ба гуфти онҳо, аз Путин дар ин мулоқот дар бораи қазияи Калви ва таъсири эҳтимолии он ба фазои сармоягузории Русия суол шуд. Президенти Русия гуфтааст, "ба натиҷагирии тафтишот, ки бунёдгузори "Бэринг-Восток" ва ҳамкорони ӯ бо роҳи қаллобӣ 2,5 миллиард рублро аз худ кардаанд, наметавон чашм пӯшид".

Путин ҳамчунин гуфтааст, мақомоти тафтишот боздошти Каливиро бо ӯ ҳамоҳанг накардаанд, аммо афзӯд, дар баъзе мавридҳо боздошти гумонбар ҳатто дар қазияҳои иқтисодӣ низ роиҷ аст. Ин дар ҳолест, ки ӯ борҳо ошкоро ба нигаҳдории гумонбарони ҷиноятҳои иқтисодӣ дар боздоштгоҳҳо мухолифат нишон дода буд.

Калви ва панҷ нафари дигар рӯзи 15-уми феврал дар Маскав боздошт шуданд. Соҳибкор расман ба қаллобӣ дар ҳаҷми бузург муттаҳам мешавад.

Кремл то ҳол хабари Bloomberg-ро шарҳ надодааст.

Ба фарзияи тафтишот, Калви барои дуздии 2,5 миллиард рубл аз "Восточный" схемаи қаллобӣ кашид. Худи соҳибкор иттиҳомро рад мекунад. Қаблан Майкл Калви дар додгоҳ иттиҳомро ба низои дохилӣ дар байни ӯ ва узви шӯрои мудирони "Бэринг-Восток" Шерзод Юсупов ва саҳмиядори дигар Артем Аветисян рабт дод.

Роҳбарияти "Сапат" шикояти бадрафторӣ дар литсейҳои туркиро месанҷад

Литсеи "Сапат" дар Қирғизистон

Роҳбарони мактабҳои "Сапат" тасмим доранд, аризаҳои хушунат ва бадрафторӣ нисбати хонандагон дар ин муассисаро мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Хонандагони "Сапат" ахиран дар интернет бо хэштег ё барчаспи #metoosebat дар бораи бадрафториҳои дар паси девори мактабҳои мазкур хабар шикоят нашр карданд.

Ба гуфтаи Нурлан Худойбердиев, роҳбари муассисаи мазкур, муносибат бо хонандагон ҳамеша зери назорат аст. "Зоҳиран дар бораи хушунатҳо хатмкардагони 10-15 сол пеш менависанд. Сарфи назар аз ин, мо тафтиш хоҳем кард. Дар сурати тасдиқи шикоятҳои интернетӣ, омӯзгорон аз кор ронда хоҳанд шуд", - гуфт вай.

Дар чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ хатмкардагони литсейҳои туркии "Сапат" аз бадрафториҳое ёд мекунанд, ки нисбати онҳо сурат гирифтааст. Хонандагон аз бадрафтории омӯзгорон, таҳқир ва ҳатто озори ҷисмонӣ қисса мекунанд.

Дар Қирғизистон шабакаи литсейҳои туркии "Сапат" амал мекунад, ки садҳо хонандаро бо таҳсил фаро гирифтааст.

Ҳунарманди шабеҳи Ким Чен Ун аз Ветнам "депорт" шуд

Ҳовард Икс ва Рассел Уайт

Дар фосилаи кӯтоҳ аз вуруди раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун ба Ҳаной, мақомоти Ветнам ҳунарманди шабеҳи ӯро аз кишвар хориҷ карданд. Музокироти Ким Чен Ун бо президенти Амрико Доналд Трамп дар ин кишвар баргузор мешавад.

Ҳунарманди мазҳака, ки худро Ҳовард Икс меномад, рӯзи ҷумъа ҳамроҳ бо рафиқаш, ки Доналд Трампро тақлид мекунад, ба Ветнам омад. Онҳо дар кӯчаҳои пойтахти Ветнам зоҳир шуданд ва таваҷҷуҳи раҳгузарон ва журналистонро ҷалб карданд.

Рӯзи 25-уми феврал кормандони пулис ба меҳмонхонае, ки Ҳовард Икс дар он ба сар мебурд, омаданд, то ба фурудгоҳ сафабар кунанд. Мақомоти расмӣ қарори худро шарҳ надоданд. Чораҳои амниятӣ дар Ҳаной дар остонаи саммити Амрико-Кореяи Шимолӣ таҳким ёфтанд.

Ҳовард Икс соли гузашта ҳангоми мулоқоти Трамп ва Ким Чен Ун ба Сингапур рафт. Ӯ дар онҷо боздошт шуд, вале мақомот аз депортатсия худдорӣ варзиданд.

Ба Рассел Уайт - ҳунарпешаи шабеҳи Трамп иҷозат доданд, ки дар Ветнам бимонад, аммо дар мазҳари ом ҳозир нашавад.

Мулоқоти дуюми раҳбарони ИМА ва Кореяи Шимолӣ дар Ветнам ба рӯзҳои 27-28 феврал барномарезӣ шудааст. Дар мулоқот масълаи халъи силоҳи ҳастаии Кореяи Шимолӣ дар назар аст. Ким Чен Ун ду рӯз пеш савори қатори зиреҳпӯш ба роҳ баромад. Ӯ аз тариқи Чин ба Ветнам меравад.

Коргардони шинохта Георгий Данелия дар вазъияти кома қарор дорад

Герогий Данелия

Коргардони шинохтаи синамои Иттиҳоди Шӯравӣ Георгий Данелия бо бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ба бемористон интиқол ёфт ва дар Маскав дар вазъияти комаи иҷборӣ қарор дорад.

Галина Юркова-Данелия, ҳамсари коргардони 88-сола гуфт, ки ӯро рӯзи 23-юми феврал оҷилан ба бемористон бурданд.

Данелияи гурҷитабор силсилаи филмҳоро таҳия кард, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ маҳбубият пайдо карданд. Филмҳои машҳури Данелия бо шумули "Я шагаю по Москве", "Афоня", "Мимино", "Осенний марафон" ва "Джентелмен удачи" то ҳол тамошобин доранд.

Филми "Осенний марафон" соли 1979 баландтарин ҷоизаи фестивали байналмилалии Сан Себастианро дар Испания ва ҷоизаи муътабари дигарро дар фестивали байналмилалии Венетсия дарёфт кард.

Трамп боло бурдани таърифаҳоро барои Чин мутаваққиф кард

Доналд Трамп

Доналд Трамп, президенти Амрико, қарори боло бурдани таърифаҳо ба маҳсулоти истеҳсоли Чинро, ки бояд рӯзи 1-уми март ба иҷро медаромад, мутавақиф кард. Дар ин бора Трамп дар "Твиттер" хабар дод ва тасмимашро ба "музокироти сермаҳсул" бо Чин вобаста донист.

Ба гуфтаи президенти ИМА, "дар сурати идомаи пешрафти бештар" дар гуфтушунидҳо, мулоқоти ӯ бо раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин барои бастани шартномаи тиҷоратӣ барномарезӣ хоҳад шуд. Аммо ӯ дар бораи замони мушаххаси мулоқот бо раҳбари Чин маълумот надод.

Доналд Трамп ҳамчунин ба нақши созандаи Сӣ Ҷинпин дар омода шудани мулоқоти Амрико-Кореяи Шимолӣ дар сатҳи олӣ барои 27-28-уми феврал дар Ветнам таъкид кард.

ИМА барнома дошт, ки аз моҳи январи соли 2019 таърифаҳои воридоти маҳсулоти Чинро аз 10 ба 25 дар сад боло бубарад. Аммо моҳи декабр Трамп ва Сӣ Ҷинпин дар нишасти бистгона дар Аргентина қарор карданд, ки боло бурдани таърифаҳо барои 90 рӯз мутавақиф шавад.

Охири моҳи январ бахши навбатии музокироти тиҷоратӣ дар Вашингтон баргузор шуд. Трамп гуфт, умедвор аст, ки созишнома то 1-уми март ба имзо бирасад, зеро дар акси ҳол Вашингтон таърифаҳоро барои маҳсулоти Чин ба маблағи 200 миллирд доллар боло хоҳад бурд.

68% дар Русия ришваситонӣ ва боздоштҳоро аломати пӯсидагии ҳукумат медонанд

Қонунгузори Русия Рауф Арашуков

Аз се ду ҳиссаи русиягиҳо ришваситонии мақомот ва боздошти онҳоро аломати фасодзадагӣ ва пӯсидагии ҳукумат медонанд. 22 дар сад инро мавридҳои алоҳида ва ғайри маъмул барои кишвар хонданд. Дар ин бора бунгоҳи омӯзиши афкори умум - "Левада-центр" дар як пажуҳиш хабар дод, ки ҳафтаи гузашта анҷом шуд.

Боздошти узви Шӯрои Федератсия аз Карачево-Черкесия Рауф Арашуков ва падари ӯ дар охири моҳи январро чаҳоряки пурсидашудаҳо аломати муборизаи ҷиддӣ бо фасодкорӣ ва қариб сеяк мубориза барои тақсими минтақаҳои нуфуз дар байни мақомдорон арзёбӣ карданд.

Рауф Арашуков рӯзи 30-юми январ ҳангоми ҷаласаи Шӯрои Федератсия боздошт шуд. Ӯ ба куштори ду шахсияти ҷамъиятӣ ва сиёсии Карачаево-Черкесия, фишор ба шоҳидон ва дуздии газии табии ширкати "Газпром" ба маблағи 30 миллиард рубл муттаҳам мешавад.

Аз рӯи ин парванда ҳамчунин падари Арашуков, машҳур бо лақаби "султони газ" дар Қафқози Шимолӣ боздошт шуд. Арашуков иттиҳомро рад мекунад ва онро "фармоишӣ" медонад.

Рӯзи 21-уми феврал Бунёди мубориза бо коррупсияи Алексей Навалний дар бораи клани бонуфузи Каитов-Батдиевҳо дар Карачево-Черкесия матлаби таҳқиқотӣ нашр кард. Ба гуфтаи раҳбари мухолифини Русия, "тамоми буҷае, ки аз марказ ба ин минтақа интиқол меёбад дар байни чанд хонавода ҳаллу фасл мешавад".

Венесуэла нерӯҳояшро дар марз бо Колумбия ҷойгир кард

Фармондеҳии артиши Венесуэла "ба хотири ҳифзи сулҳу амнияти мардум тариқи бастани сарҳад" нерӯҳоро дар марз бо Колумбия ҷойгир кард.

Дар ин бора артиши Венесуэла дар Твиттер хабар дод. Қарор буд, 23 феврал амалиёти интиқоли кумаки башардӯстона ба Венесуэла сурат бигирад.

Муовини президенти Венесуэла Делсӣ Родригес низ тасдиқ кард, ки марзҳо бо Колумбия баста шуданд. "Ҳукумат ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки пулҳои ба номи Симон Боливар, Сантандер ва Унион ба далели таҳдидҳои ҷиддӣ ва ғайриқонунии ҳукумати Колумбия зидди сулҳ ва тамомияти арзии Венесуэла муваққатан баста шуданд", - гуфт ӯ.

Дар шаҳри Кукутаи Колумбия, ки бо Венесуэла ҳаммарз аст, корвони мошинҳои кумаки башардӯстонаи ИМА қарор доранд. Мақомоти Венесуэла дастур доданд, марзҳо бо Колумбия ва Бразилия баста шаванд, зеро ба гуфтаи онҳо, кумаки башардӯстона ба тағйири қудрат дар ин кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ба навиштаи хабарнигори "Новая газета", президенти худхондаи Венесуэла Хуан Гуайдо дар шаҳри Кукута қарор дорад. Ӯ 22 феврал дар як консерти хайрия дар Колумбия иштирок кард, ки барои ҷамъоварии кумаки башардӯстона ба сокини Венесуэла баргузор шуда буд.

Маскав ҳазфи матни русиро аз пули миллии Қазоқистон шарҳ дод

Мария Захарова

Ҳазви матни русӣ аз пули миллии Қазоқистон бо фармони президент Нурсултон Назарбоев кори дохилии он кишвар аст. Ин нуктаро сухангӯи Вазорати умури хориҷӣ (ВУХ)-и Русия Мария Захарова рӯзи ҷумъа дар як нишасти хабарӣ баён дошт.

"Ба назари мо, кори дохилии он кишвар аст. Аз сӯи дигар, мо ҷонибдори ҳамкорӣ бо ҳамтоён ва шарикони қазоқи худ дар робита ба ҳуқуқи сокини Қазоқистон ҳастем, ки барояшон забони русӣ ҷойгоҳи махсус дорад", - изҳор дошт Захарова.

Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти Қазоқистон барои ҳифзи ҷойгоҳи забони русӣ талош мекунад. "Инҳо танҳо суханҳои холӣ нестанд. Иқдому гомҳои воқеӣ ҳастанд", - афзуд сухангӯи ВУХ Русия.

"Вале ин масъала на танҳо дар Қазоқистон, балки дар тамоми ҳавзае зери назорат қарор дорад, ки забони русӣ барои сокинонаш забони модарӣ аст", - гуфт Мария Захарова.

Дар Лос-Анҷелес барандагони ҷоизаи "Оскар"-ро эълон карданд

Шаби якшанбе ба душанбе дар толори "Dolby Theatre”-и шаҳри Лос-Анҷелес барандагони ҷоизаи "Оскар"-ро эълон карданд. Маросими ҷоизасупорӣ бори нахуст дар 30 соли ахир бидуни баранда баргузор шуда, мукофотро меҳмонони маъруф тақдим карданд.

Унвони беҳтарин филмро "Китоби сабз"-и Питер Фареллӣ соҳиб шуд, ки ба давраи табъизи нажодӣ дар ИМА бахшида шудааст.

Ҷоизаи "Оскар"-ро дар бахши беҳтарин коргардон Алфонсо Куарон аз Мексика барои филми "Рома"-аш ба даст овард. "Рома" беҳтарин филми хориҷӣ дониста шуда буд. Ин филм пештар ҷоизаи "Шери тилоӣ"-и ҷашнвораи синамои Венетсияро соҳиб шуда буд.

Ромӣ Малик, ҳунарманде, ки дар филми "Бадеҳаи Боҳемия"-и Брайан Сингер нақши Фредди Меркюриро бозидааст, ҷоизаи беҳтарин нақши мардонаро соҳиб шуд. Ромӣ Малик дар ҷараёни эътои ҷоиза гуфт:

“Мо дар бораи як марди ҳамҷинсгаро, як муҳоҷир ва марде, ки ба таври нобахшиданӣ барои худ мезист, филм сохтем. Ин воқеият, ки ман дар ин ҷо истода ҳамроҳ бо шумо имшаб ҷашм мегирам, маънои онро дорад, ки мо ба ингуна қиссаҳо эҳтиёҷ дорем. Худи ман писари як муҳоҷир аз Миср ҳастам. Ман аз амрикоиҳои насли аввал ҳастам ва як бахши зиндагиномаи ман ҳам ҳамин ҳоло иншо шудааст. Аз ин хотир, ман аз ҳар яки шумо сипосгузорам, ки дар чунин як лаҳза ба ман эътимод кардед. Ин як ҷавҳарест, ки тамоми умр онро ҳифз хоҳам кард”.

"Оскар"-ро барои беҳтарин нақши зан ба Оливия Колман доданд.

Дар бахши беҳтарин нақши дувуми мардона Махершалӣ Алӣ, бозигари филми "Китоби сабз" ва дар бахши беҳтарин нақши дувуми занона Реҷинӣ Кинг, бозигари филми "Агар Бил-стрит ба гап медаромад" соҳиби ҷоиза шуданд.

Филми "Кӯҳбарои танҳо"-и Ҷиммӣ Чин ва Элизабет Чай Васархелӣ беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ дониста шуд. Ин филм дар бораи Алекс Хоннолд аст, ки нахустин шуда бидуни кумаке ба куҳи Эл-Капитани Йосемитӣ баромад.

Роҳпаймоии гиромидошти хотираи Немтсов дар даҳҳо шаҳри Русия. ВИДЕО

Дар Маскав, Санкт-Петербург, Воронеж, Ярослав ва як қатор шаҳрҳои дигари Русия рӯзи 24-уми феврал ҳазорон нафар ба кӯча баромада, хотираи Борис Немтсов, мухолифи кушташудаи русро гиромӣ доштанд.

Сокинони Маскав дар "Булварное колтсо" роҳпаймоӣ карда, бино ба иттилои созмони "Ҳисоби сафед", дар он беш аз 10 ҳазор одам иштирок карданд. Пулис гуфт, дар ин роҳпаймои Маскав шаш ҳазор иштирок кардааст.

Роҳпаймоиро ҳаракати "Ҳамраъйӣ", ҳизбҳои ПАРНАС ва "Яблоко", Бунёди мубориза бо коррупсия ва созмонҳои дигари мухолифи Русия ташкил карданд.

Дар он сиёсатмадорон Михаил Касянов, Владимир Рижков, Алексей Навалний, Иля Яшин, Дмитрий Гудков ва Владимир Кара-Мурза иштирок доштанд. Ҷамъшудаҳо ҳамчунин озодии маҳбусони сиёсиро дар Русия талаб карда, баъзе аз онҳо дар даст шиорҳое доштанд, ки ба табодули зиндониён бо Украина даъват мекарданд.

Хотираи Борис Немтсовро дар Санкт-Петербург аз ду то се ҳазор одам гиромӣ доштанд. Тазоҳургарон дар майдони Ленин, дар наздикии истгоҳи Финляндский ҷамъ шуда, бо изҳори норозигӣ аз пайдо нашудани фармоишгарони куштори сиёсатмадори мухолиф тағйироти демократиро дар Русия талаб карданд.​

Раҳпаймоӣ ба ёди Борис Немтсов дар Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

Дар баъзе аз шаҳрҳои Русия, аз ҷумла Томск сокинон ба далели он ки мақомот ба баргузории таҷаммуъҳо иҷозат надоданд, маҷбур шуданд бо тазоҳуроти инфиродӣ хотираи Немтсовро гиромӣ доранд.​

Борис Немтсов шаби 27 ба 28 феврали соли 2015 дар болои Пули калони Москва, дар маркази шаҳр кушта шуд. Панҷ гумонбари ин куштор - шаҳрвандони Чеченистон ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд. Вакили дифои духтари Немтсов Олга Михайлова 24 фервал дар суҳбат бо “Интерфакс” гуфт, наздикони сиёсатмадори кушташуда натавонистанд, дар робита ба раванди тафтишот маълумоте ба даст оранд.

Дар Кумитаи тафтишотии Русия пештар гуфтанд, тафтиши парвандаи узви пешини баталони "Шимол"-и ВКД Чеченистон Руслан Муҳиддинов идома дорад, ки фармоишгар ва созмондиҳандаи куштор шумурда мешавад. Муҳиддинов таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад.

Назарбоев Маминро ба мақоми сарвазирӣ пешбарӣ кард

Аскар Мамин бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон, номзадии Аскар Маминро ба мақоми сарвазири кишвар пешниҳод кард. Назарбоев ин пешниҳодро ба баррасии порлумон фиристод.

Аскар Мамин то 21-уми феврали имсол ба ҳайси муовини аввали сарвазир фаъолият карда буд. Баъди истеъфои сарвазири пешини Қазоқистон Бакитҷон Сагинтаев дар таърихи 21-уми феврал, Мамин иҷрокунандаи вазифаи сарвазир таъйин шуд.

Мамини 53-сола дар гузашта роҳбари ширкати "Роҳи оҳани Қазоқистон", ҳокими шаҳри Остона, вазири нақлиёт ва иртиботот буд.

Ҷустуҷӯи гумонбар дар қатли як зани рус дар Душанбе

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи гумонбари қатли як зани рус дар Душанбе оғоз карданд. Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Наталя Жирнова рӯзи 24-уми феврал аз хонааш пайдо шуд.

Ба қавли манбаъ, Жирнова 65 сол дошт ва дар маҳаллаи 102-и пойтахт зиндагӣ мекард. Ҳамсояҳои ин зани рус гуфтанд, баъди он ки ӯ се рӯз аз хона набаромад, ба пулис муроҷиат карданд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, пулис ҷасади занро аз хонааш пайдо кард.

Гуфта мешавад, зан бо зарби корд кушта шудааст, аммо мақомот ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни таҳқиқ дар ин бора расман ҷузъиёт намедиҳанд.

Сафири нави Амрико дар Тоҷикистон савганд ёд кард

Маросими савгандёдкунии Поммершайм

Марк Поммершайм ба ҳайси сафири нави Амрико дар Тоҷикистон савганд ёд кард. Маросим рӯзи 22-юми феврали имсол дар Вашингтон баргузор шуд.

Номзадии дипломати собиқадор ба мақоми сафири Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми сентябри соли гузашта пешниҳод шуд ва рӯзи 7-уми январи имсол тасдиқ гардид.

Бо ин ҳол, замони ба Тоҷикистон омадани ӯ ҳанӯз маълум нест.

Марк Поммершайм аз соли 2015 то соли 2018 муовини сафири Амрико дар Қазоқистон буд. Аз ин пештар дар Вазорати умури хориҷии Амрико ба ҳайси як дипломати баландпоя дар умури Қафқоз ва АвруОсиё кор кардааст.

Ӯ собиқаи хабарнигорӣ ҳам дорад ва дар дафтари телевизиони CNN дар Русия кор кардааст. Соҳиби зан ва се фарзанд аст. Марк Поммершайм ҷойгузини хонум Элизабет Миллард шуд, ки ӯ баъди анҷоми масъулиятҳояш соли 2018 Тоҷикистонро тарк кард.

Шикоят аз шиканҷа. "Ангуштони Алиҷон доғи сиёҳ дошт"

Нурулло Қодиров. Акс аз Маркази мустақили ҳизфи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, узви Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, рӯзи 22-юми феврал хабар дод, ки сокини ноҳияи Рӯдакӣ Алиҷон Ашӯров барои эътирофи гуноҳ шиканҷа шудааст.

Ашӯрови 27-сола ба ҳайси сартарош дар Русия кор мекард ва моҳи декабри соли гузашта ҳамроҳи зану кӯдаконаш аз онҷо ихроҷ шуд ва ба Тоҷикистон баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе маъмурони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дастгир кардаанд.

Наздиконаш гуфтанд, ки ӯ барои "таваҷҷуҳ ба терроризм" ва "нияти сафар ба Сурия" муттаҳам аст. Нурулло Қодиров, падари Алиҷон, ба Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон гуфтааст, писараш то 3-юми январи имсол дар бинои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил нигоҳдорӣ шуда, баъдан ба СИЗО интиқол ёфт.

Ӯ нақл кардааст, ки рӯзи 28-уми декабри соли гузашта гӯиё як нафари ношинос аз Тоҷикистон ба Алиҷон занг зада ва пешниҳоди сафар ба Сурияро кардааст. “Алиҷон дар навбати худ ҷавоби рад додааст. Рӯзи дигар мақомоти шаҳри Санкт-Петербург ӯро аз Русия ихроҷ карданд. Вале ман ба ин иттиҳом бовар намекунам", - афзудааст Нурулло Қодиров.

Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, мақомот то замони ба СИЗО фиристодан, имкони дидор бо писарашро надодаанд. Ба қавли ӯ, "баъди ин, ман ба худ омада наметавонам. Ангуштони Алиҷон доғҳои сиёҳ доштанд ва ӯ базӯр ҳаракат мекард."

Худи Алиҷон ҳам ба падараш гуфтааст, ӯро шиканҷа кардаанд, то қасди сафар доштан ба Сурияро эътироф кунад. Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Алиҷон Ашӯров мегӯяд, нисбат ба нафари таҳти ҳимояти ӯ "аз усулҳои ғайриқонунии тафтишот ва зӯроварии ҷисмонӣ истифода бурда шудааст. Ба ангуштони дасту пояш ноқил пайваст карда, қувваи барқ сар додаанд."

Абдураҳмон Шарифов мегӯяд, нафари таҳти ҳимояташ танҳо баъди гирифтани ин таҳдид, ки "волидонашро “маҳкам” ва бо зану модараш бадрафторӣ мекунанд”, гуноҳро ба дӯш гирифтааст.

Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ин замина ба Додситонии кул муроҷиат кардааст. Манобеи Додситонии кул ба ин созмон гуфтаанд, ки аз рӯи далели эҳтимоли шиканҷа санҷиши прокурорӣ оғоз шуда ва ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ ҳам гузаронда шудааст.

Вале мақомот дар ин бора ҳанӯз шарҳи расмӣ надодаанд. Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳам мегӯяд, муроҷиати онҳо дар ин бора ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бенатиҷа буд.

Истифода аз шиканҷа ҳангоми бозпурсӣ дар Тоҷикистон аз масъалаҳои доғ ба шумор меравад. Созмонҳои байналмилалӣ борҳо Тоҷикистонро барои шиканҷа танқид карда ва аз мақомот хостаанд, ки шиканҷаро аз байн бибаранд.

Соли гузашта беш аз 40 нафар аз шиканҷа шудани худ ё наздиконашон ба Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон шикоят кардаанд. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, соли гузашта дар робита ба шиканҷа чаҳор парвандаи ҷиноӣ боз карда, ду парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристоданд.

Дар Узбекистон қасд доранд, никоҳи хешутабориро манъ кунанд

Вазорати тандурустии Узбекистон тарҳи иловаҳо ба Кодекси оиларо таҳия кардааст, ки никоҳи хешони наздик, аз ҷумла издивоҷ бо писар ё духтари аммаву амакро дар ин кишвар манъ мекунад. Дар ин бора рӯзи 23-юми феврал вебсайти Podrobno.uz хабар дод.

Қарор аст, ин ислоҳ ба моддаи 16-уми Кодекси оилаи Узбекистон ворид карда шавад.

Дар ҳоли ҳозир никоҳи хешутаборӣ дар Узбекистон иҷоза аст. Вале мақомот издивоҷи бародару хоҳар ва афроди гирифтори касалиҳои рӯҳиро манъ кардаанд. Инчунин, гирифтани ҳамсари дувум иҷоза нест.

Бино ба қонунгузории Узбекистон синни никоҳ барои мардон аз 18-солагӣ ва барои духтарон аз 17-солагӣ таъйин шудааст. Танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва узрнок, аз ҷумла ҳомила шудани духтари ноболиғ, ҳокими шаҳру ноҳия ҳақ дорад, синни никоҳи навхонадоронро як сол поин биоварад.

Дар Тоҷикистон аз моҳи июли соли 2016 никоҳи хешутаборӣ манъ шуд. Далели аслии манъи никоҳи хешутаборӣ таваллуди кӯдакони маъюб будааст.

Мақомот дар Тоҷикистон иддао доранд, ки 30 дар сади кӯдакони маъюб аз чунин издивоҷҳо ба дунё омадаанд.

Соли гузашта дар Афғонистон беш аз 3800 ғайринизомӣ кушта шудааст

Созмони Милали Муттаҳид соли 2018-ро "маргбортарин сол" барои ғайринизомиҳо дар Афғонистон донист.

Ин созмон дар гузориши тозаи худ, ки рӯзи 24-уми феврал нашр шуд, гуфт, соли 2018 дар Афғонистон беш аз 3800 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 7100 нафари дигар маҷруҳ шуданд.

Ин рақам дар муқоиса ба талафоти ғайринизомиён дар соли 2017 ёздаҳ дар сад бештар будааст.

Афзоиши талафоти сокинони осоишта дар Афғонистон ба ҳамлаҳои гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ва идомаи амалиёти Толибон дар ин кишвар рабт дода шудааст.

Соли гузашта дар Афғонистон дастикам 65 ҳамла сурат гирифтааст, ки дар натиҷаи он 2200 нафар ҷон бохтааст. Ҳудуди 500 сокини осоишта дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва муттаҳидонаш кушта шудаанд.

Омори тоза аз талафот дар Афғонистон дар остонаи даври дигаре аз гуфтугӯҳои сулҳ миёни намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон бо гуруҳи Толибон, ки қарор аст дар рӯзи душанбе анҷом шавад, нашр шудааст.

Марги беш аз сад нафар аз шароби олуда дар Ҳиндустон

Мақомоти Ҳиндустон гуфтанд, ки бар асари нӯшидани шароби олуда дар иёлати Ассам дастикам 133 нафар ҷон бохта ва тақрибан 225 нафари дигар бистарӣ шудаанд. Ҳамаи ин афрод баъди хӯрдани ҳуч, як навъ шароби маҳаллӣ, ки ғайриқонунӣ истеҳсол шудааст, заҳролуд гардидаанд.

Мукеш Агарвал, як мақоми пулис, рӯзи 24-уми феврал гуфт, аксари осебдидаҳо кормандони корхонаи истеҳсоли чой буданд.

Агарвал афзуд, молики як корхонаи истеҳсоли машрубот ва чандин нафари дигар дастгир шуда, таҳқиқот идома дорад.

Ҳиманта Бисва Шарма, вазири тандурустии иёлати Ассам, гуфт, ба таҳиякунандагони шароби ғайриқонунӣ ҳеч раҳм нахоҳанд кард.

Нӯшидани шароби заҳролуд ваё ба гуфтаи мақомот ғайриқонунӣ дар Ҳиндустон пеш аз ин низ боис ба талафоти сангин шудааст. Соли 2011 дар иёлати Банголи Ҳиндустон беш аз 170 нафар ҷон бохта буданд.

Гуайдо гуфт, роҳи кумакҳои башардӯстона ба Венесуэла боз шуд

Николас Мадуро ва Хуайн Гуайдо

Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифон дар Венесуэла, хабар дод, ки гузаштани корвони кумакҳои башардӯстона аз марзи Бразилия ба дохили ин кишвар оғоз шудааст. Гуайдо рӯзи 23-юми феврал дар Твиттер ин иқдомро "як дастоварди олӣ" хонд.

Горди миллии Венесуэла ба шуморе аз сокинони Урена, минтақаи сарҳадӣ бо Бразилия, гази ашковар пошид. Ин сокинон мехостанд монеаҳоро, ки пули сарҳадӣ миёни Венесуэла ва Колубмияро баста буд, бардоранд, то кумакҳои башардӯстона вориди кишвар шаванд.

Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифи ҳукумати Венесуэла, ваъда карда буд, ки аз Колубмия кумакҳои башардӯстона ворид мекунад.

Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла, аммо мухолифи дохил шудани кумакҳо ба кишвар аст ва дастур дода буд, ки минтақаи сарҳадӣ бо Колубмия баста бимонад.

Арабистони Саудӣ як занро сафир дар Амрико таъйин кард

Рима бинти Бандар

Арабистони Саудӣ бори аввал як занро ба ҳайси сафири ин кишвар дар Амрико таъйин кардааст. Расонаи давлатии Саудӣ рӯзи 23-юми феврал гузориш дод, ки Рима бинти Бандар бинни Султон – духтари сафири пешини Арабистон дар Вашингтон – ба ҳайси сафири тозаи он кишвар таъйин шудааст. Ӯ дар ин вазифа Холид бин Салмон - бародари Муҳаммад бин Салмон - валиаҳди Саудиро иваз хоҳад кард. Холид ҳоло ба ҳайси муовини вазири дифои Арабистони Саудӣ таъйин шудааст. Таъйини нахустин сафири зан дар Саудӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки Риёз ба хотири қатли хабарнигор Ҷамол Хошуқҷӣ мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст. Хошуқҷӣ моҳи октябри соли гузашта дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул нопадид шуд ва сипас хабари маргаш бозтоб ёфт.

Трамп Келли Крафтро сафири Амрико дар СММ интихоб кард

Келли Найт Крафт - Нафари чаҳорум аз тарафи чап ба рост

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Келли Найт Крафтро сафири ин кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ кард. Трамп дар ин бора рӯзи 23-юми феврал дар “Твиттер” хабар дод. Келли Крафт аз соли 2017 сафири Амрико дар Канада аст. Дар сурати тасдиқ шудани номзадиаш аз тарафи Сенат, ӯ дар ин мақом Никки Ҳейлиро иваз хоҳад кард. Крафт зодаи иёлати Кентакки аст ва то замони фаъолияти дипломатӣ дар созмонҳои хайрия кор мекард. Пешниҳоди нави Доналд Трамп дар мавриди намояндаи Амрико дар Созмони Милал як ҳафта баъди он матраҳ шуд, ки Ҳезер Нойерт аз пазируфтани ин масъулият сарфи назар намуд. Никки Ҳейлӣ сафири пешини Амрико дар СММ чаҳор моҳ пеш аз мақом рафт.

Файзов бекориро аз мушкили асосии сокинони Бадахшон номид

Ёдгор Файзов

Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон, гуфтааст, дар минтақа 6 ҳазор нафар расман ҳамчун бекор сабтином шудаанд, вале дар асл шумораи бекорон ба маротиб бештар аст. Нишасти хабарии Файзов рӯзи ҷумъаи гузашта дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд.

Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси Бадахшон, 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, "эътироф карданд, ки омори расмӣ баёнгари воқеият нест. Дар асл шумораи бекорон ба 30 дар сади вилоят мерасад. Ҳамчунон раис эътироф карданд, ки айни замон мақомот имкони бо ҷойи кор таъмин кардани ҳамаи бекоронро надоранд."

Ҳамсуҳбати мо гуфт, барои то ҳадде коҳиш додани шумораи бекорон, хусусан дар миёни ҷавонони Хоруғ, 100 нафар ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун фиристода шудаанд. Интизор меравад, баҳори имсол сад нафари дигар бо ҷои кор дар маҳалли бунёди Роғун таъмин шаванд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки соли 2018 дар кишвар беш аз 50 ҳазор нафар мақоми бекорӣ гирифтаанд.

Аммо мунтақидон мегӯянд, ин рақам ба эҳтимоли зиёд танҳо нафаронеро дар бар мегирад, ки аз бекории худ мақомотро огоҳ кардаанд. Вагарна, ба гуфтаи онҳо, солона танҳо як миллион нафари қобили кор барои дарёфти рӯзӣ ба Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар мераванд. Ҳамаи онҳо ё аз бекорӣ в аё аз маоши кам азият мекашанд.

Ёдгор Файзов моҳи октбяри соли 2018 ба симати иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд. Шодихон Ҷамшед, ки то 1 октябри соли 2018 дар мақоми раиси Бадахшон кор мекард, баъди интиқодҳои президенти Тоҷикистон аз тартибу интизом дар вилоят аз мақомаш барканор шуд ва ҳоло муовини вазири тандурустист.

Нерӯҳои Фаронса дар Мали як мақоми “Ал-Қоида”-ро куштаанд

Артиши Фаронса эълон кард, ки як фармондеҳи аршади “Ал-Қоида”-ро дар Мали, ҷумҳурие дар ғарби Африқо, куштааст. Мақомҳои Фаронса рӯзи 22-юми феврал гуфтанд, талош барои қатли Яҳё Абу ал-Ҳаммом солҳо боз идома дошт. Ӯ ба “тарроҳии ихтилофи ғарбиҳо” дар минтақаи соҳили Африқо муттаҳам будааст. Вазорати дифои Фаронса мегӯяд, Яҳё Абу ал-Ҳаммом рӯзи панҷшанбеи гузашта ва баъди он кушта шуд, ки нерӯҳои фаронсавӣ, чархболҳо ва як ҳавопаймои бесарнишини ин кишвар ба корвони мошинҳои ӯ ҳамла карданд.

Ҷанҷол дар як шаҳри Венесуэла авҷ гирифт

Бархурд бо пулис дар шаҳри Урена

Сарбозони Горди миллии Венесуэла барои пароканда кардани гуруҳе аз мардум, ки монеаҳои пули марзӣ бо Колумбияро мебардоштанд, аз гази ашковар истифода бурданд.

Сокинони шаҳри Урена талош доштанд, пул боз шавад, то аз тариқи он ба кишвар кӯмакҳои башарӣ биёранд. Ҷанҷолу кашмакаш рӯзи 23-уми август дар ин шаҳри марзии Венесуэла авҷ гирифт.

Бо вуҷуди мухолифатҳои раиси ҷумҳур Николас Мадуро барои қабули кумакҳои башарӣ, Хуан Гуайдо, пешвои мухолифони давлат ваъда додааст, ки аз Колумбия ин кумакҳоро ворид мекунад. Мақомоти Венесуэла амр доданд, марз бо Колумбия баста шавад.

Онҳо аз ин ин пештар марзи кишвар бо Бразилияро бастанд. Аммо сокинони Урена бар хилофи амри ҳукумат, ба барчидани монеаҳои оҳанӣ ва симхорҳо дар пул шуруъ кардаанд.

Чин гуфт, барои Афғонистон роҳи сулҳ ҷустуҷӯ мекунанд

Ванг Йӣ вазири умури хориҷии Чин

Вазорати умури хориҷии Афғонистон аз омодагии Чин барои эҷоди гурӯҳи тамоси Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба хотири поёни ҷанг дар ин кишвар истиқбол кард. Сибғат Аҳмадӣ, сухангӯи вазорат мегӯяд, ки бидуни шак талошҳои Пекин дар ин росто муфид хоҳад буд.

Ӯ рӯзи 23-уми феврал бо ишора ба ҳамкориҳои Пекин ва Исломобод ба бахшии дарии Радиои Озодӣ гуфт, ки нақши Чин ба ҳайси яке аз кишварҳои бузурги минтақа дар робита ба сулҳи Афғонистон муҳим аст.

Афғонистон ҳамеша Покистонро ба пуштибонӣ аз гурӯҳи Тобион айбдор мекунад. Покистон як шарики муҳими Чин дар минтақа аст.

Ӯ гуфт: “Чин ба ҳайси яке аз бузургтарин сармоягузорҳо дар ҷумҳурии исломии Покистон метавонад, нақши худро дар заминаи овардани сулҳ дар Афғонистон ифо кунад”.

Аммо Сибғат Аҳмадӣ гуфт, ки масъалаи сулҳ дар Афғонистон бояд бо ҳукумати қонунии кишвар мувофиқа шавад.

Ванг Йӣ, вазири умури хориҷаи Чин ба тозагӣ дар дидор бо вазири хориҷаи Қирғизистон дар Пекин гуфт, ки барои хатми ҷанг дар Афғонистон гурӯҳи тамоси Созмони ҳамкориҳои Шанхайро хоҳанд сохт.

Вазири хориҷии Чин изҳор дошт, ки бо эҷоди гурӯҳи кории Созмони ҳамкориҳои Шанхай талош мекунад, то як роҳи ҳали сиёсии муносиб барои қазияи Афғонистон дарёбад.

Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Ҳинд ва Покистон аз аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳастанд. Чин дар ҳоле аз ин омодагӣ сухан гуфт, ки қарор аст, рӯзи душанбе марҳилаи панҷуми гуфтугуҳои сулҳ миёни мақомоти амрикоӣ ва ҳайати Толибон дар Қатар оғоз шавад.

Доналд Трамп аз ҷанҷоли Ҳинду Покистон изҳори нигаронӣ кард

Доналд Трамп, президенти Амрико ҷанҷол миёни Ҳиндустон ва Покистон бар сари минтақаи Кашмирро «бисёр хатарнок» хонд. Ӯ ҳушдор дод, ки Деҳлии Нав пас аз ҳамла ба нерӯҳояш дар минтақаи баҳсбарангези Кашмир “чизи бисёр қавие”-ро баррасӣ мекунад.

Трамп рӯзи 22-уми феврал гуфт: «Ин вазъи бисёр хатарнок миёни ду кишвар аст. Мо мехоҳем, ин вазъ хотима ёбад».

Ӯ афзуд, ки «ҳоло миёни Покистон ва Ҳиндустон мушкилиҳои зиёде вуҷуд дорад, ки пас аз он ҳодиса ба миён омадааст.»

Ба гуфтаи президенти Амрико "Ҳиндустон дар андешаи чизи бисёр қавие аст. Қариб 50 нафарро дар ҳамла аз даст дод. Барои ҳамин, ман инро дарк мекунам» - гуфт ӯ.

Ҳиндустон Покистонро ба ҳамлаи рӯзи 14-уми феврал дар минтақаи ҷанҷолии Кашмир муттаҳам мекунад, ки дар он 40 сарбоз кушта шуд. Ҳиндустон ҳушдор дод, ки ба ин ҳамла «посухи дандоншикан хоҳад дод». Исломобод даст доштанаш дар ин ҳамларо рад мекунад.

Гурӯҳи ифротгарои «Ҷайши Муҳаммад», ки дар Покистон қарор дорад, масъулияти ҳамларо бар уҳда гирифтааст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Боздошти даҳҳо зиндонии афвшуда дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00
XS
SM
MD
LG