Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Таркиши телевизор дар хонае дар Душанбе боиси сӯхтор дар манзил шуд

Дар паи сӯхторе дар як хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе ду нафар ба бемористони интиқол ёфтанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳодиса дар утоқи воқеъ дар ошёнаи сеюми як манзили сетабақа дар кӯчаи Садриддин Айнӣ рух дод, ки дар муқобили фурӯшгоҳи "Пайкар" ҷойгир аст. Фарзияи аввалия ин аст, ки дар паи ногаҳон таркидани телевизори хона сӯхтор рух дод.

​ Ҳангоми рӯй додани ҳодиса дар дохили хона модар ва духтари 9-солааш қарор доштанд. Ҳардуи онҳо ба бемористон интиқол ёфтанд ва ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, осори ҷароҳат дар бадани онҳо дида намешуд.

"Вале модару духтар дар ҳолати шок буданд", гуфтанд ҳамсояҳо ба Радиои Озодӣ. Ба маҳалли ҳодиса хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ ва ёрии таъҷилӣ расиданд. Тафсилоти дигар феълан маълум нест.

Вакили пешини Трамп алайҳи ӯ дар Конгресс шаҳодат медиҳад

Майкл Коэн

Майкл Коэн, вакили пешини Доналд Трамп, рӯзи чоршанбе дар бораи робитаи эҳтимолии Трамп ба нашри маводи Wikileaks, ки ба рақиби ӯ аз Ҳизби демократ Ҳилларӣ Клинтон дар интихоботи соли 2016 халал расонд, дар Конгресс шоҳидӣ медиҳад.

Ӯ ҳамчунин сарвари давлатро ба қаллобӣ ва нажодпарастӣ муттаҳам мекунад. Тарҳи 20-саҳифагии суханронии Коэнро нашрияи Politico рӯзи 27-уми феврал нашр ва онро хабаргузории Reuters бозгӯ кард.

Трамп субҳи чоршанбе дар Твиттер навишт, ки Коэн дурӯғ мегӯяд ва ҳадафаш кам кардани ҳукмаш аст.

Ҳафтаи равон Коэн розӣ шуд, ки дар чанд кумитаи Конгресси ИМА шоҳидӣ диҳад. Ӯ дар ҷараёни суханрониаш ҳамчунин қавл медиҳад, барои исботи суханонаш, ки президент шахсан дар амалиёти ғайриқонунӣ даст дорад, ба Конгресс санад пешниҳод хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин хоҳад гуфт, бо дастури президент, барои харидани хомӯшии ҳунарманди "порно" Сторми Дэниэлс, оид ба робитаҳои маҳрамонааш бо президенти оянда, ба ӯ $130 000 дод. Ин пардохт метавонад тартиби сармоягузории маъракаи интихоботиро нақз кунад.

Майкл Коэн ҳамчунин хоҳад гуфт, ки президенти оянда замоне ки вориди маъракаи интихотӣ буд, ба гуфтушуниди тарҳи бунёди бинои осмонбӯс дар наздикиҳои маркази Маскав, музокирот пеш мебурд, ҳарчанд дар мазҳари ом эълон мекард, дар Русия манфиатҳои тиҷоратӣ надорад.

Вакили пешин ҳамчунин хоҳад гуфт, ки мушовири сиёсии Трамп, Роҷер Стоун, ки чанде пеш боздошт шуд, аз қабл Коэнро аз гуфтушунид бо бунёдгузори Wikileaks Ҷулиан Ассанҷ, нашри мукотибаҳои Ҳилларӣ Клинтон ва таъсири ин амал ба маъракаи интихоботии номзади Ҳизби демократ огоҳ карда буд.

Коэн ҳамчунин дар бораи суханони нажодпарастонаи Трамп дар бораи аҳолии сиёҳпӯсти Амрико сӯҳбат хоҳад кард.

Аз сӯи дигар, дар тарҳи суханронии Коэн гуфта мешавад, ӯ далели мустақими робитаи ситоди пеш аз интихоботии Трамп бо Русияро, ки прокурори вежа таҳқиқ мекунад, дар даст надорад.

Моҳи декабри соли гузашта Коэн бо ҷурми дурӯғгӯӣ дар зери савганд, нақзи таъминоти молии маъракаи интихоботӣ ва сарпечӣ аз пардохти молиёт ба се соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ моҳи феврал оғози давраи адои ҷазои ба 6-уми май гузаронд.

Доналд Трамп қаблан тамоми иттиҳомоти пешнависи суханронии Коэнро рад карда буд. Роҷер Стоун музокирот бо Ассанҷро такзиб мекунад.

Трамп рӯзи чоршанбе гуфт, "Коэн яке аз чандин вакиле буд, ки аз ман намояндагӣ мекард. Ӯ муштариҳои дигар низ дошт. Ӯ барои дурӯғгӯӣ ва қаллобӣ муҷаввизашро аз даст дод. Ӯ корҳои баде кардааст, ки ба Трамп рабт надорад. Ӯ дурӯғ мегӯяд, то муҳлати ҳабсашро камтар кунад."

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Жанаозен боздошт шуданд

Сония Тойкен, хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ

Пулиси вежаи Қазоқистон ду хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ - гузоришгар Сония Тойкен ва наворбардор Санат Нурбекро, ки дар пайи омода кардани гузориш аз тазоҳуроти сокинони шаҳри Жанаозен буданд, боздошт кард.

Дар бораи боздошти хабарнигорон як сокини маҳаллӣ хабар дод ва гуфт, чанд рӯзи ахир дар шаҳр вазъи фавқулода амал мекунад ва даҳҳо нафар боздошт шудаанд.

Тавре Сония Тойкен хабар медиҳад, дар вақти боздошт пулис алайҳи онҳо аз нерӯ истифода кард. Хабарнигоронро ба мошин ба департаменти пулиси шаҳри Актау интиқол доданд, ки дар фосилаи якуним соат аз Жанаозен қарор дорад. Ба гуфтаи пулис, гӯиё аз рӯи хабарнигорон шикоят ворид шудааст.

Аз 9-уми феврал дар майдони назди идораи шуғли аҳолӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ тазоҳуроти сокинони бе ҷойи кор ҷараён дорад. Дар эътирозҳо ҷавонон, кормандони пешини соҳаи нафткашӣ, нафақахӯрон ва маъюбон иштирок доранд.

Ҷавонон бо нашри як видео аз президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хостанд, ки ба маошҳои ночиз ва набуди ҷойи кори муносиб таваҷҷуҳ кунад. Майдон дар иҳотаи кормандони пулис қарор дорад.

Мақомоти вилояти Мангистау рӯзи сешанбе бо пахши як изҳорот вуруди нерӯҳо ба Жанаозенро такзиб карданд. Дар изҳорот вазъи Жанаозен "ором" арзёбӣ шудааст.

Соли 2011 нафткашҳои Қазоқистон бо талаби имтиёзи молӣ даст ба тазоҳурот заданд. Рӯзи 16-уми декабри соли 2011 тазоҳурот ба бетартибӣ печид ва пулис ба сӯи коргарон оташ кушод. Дар натиҷа даҳҳо нафар кушта ва 400 нафар захмӣ шуд. Мақомот 37 нафарро ба бетартибии оммавӣ муттаҳам ва даҳҳо фаъоли коргариро ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ кард. Панҷ ходими пулис барои суистифода аз салоҳият зиндонӣ шуд.

Сӯхтор дар роҳи оҳани Қоҳира даҳҳо нафарро кушта ба ҷой гузошт

Сӯхтор дар истгоҳи роҳи оҳани Қоҳира. 27-уми феврал, 2019

Гузоришҳо аз Миср мегӯянд, ки дар пайи сӯхтор дар истгоҳи роҳи оҳани Қоҳира дастикам 25 нафар кушта ва беш аз 50 нафар захмӣ шуд.

Ба гуфтаи манбаъҳои амниятӣ, оташ дар ҳоле аланга зад, ки қатор ба платформаи истгоҳи Рамзез бархӯрд. Бино ба хабарҳои таъйиднашуда, сӯхтор дар пайи таркиши танкери ҳомили сӯзишворӣ ба бор омад.

Муҳаммад Саид, сарвари бемористони роҳи оҳани Қоҳира гуфт, ки эҳтимол теъдоди қурбониҳо афзоиш ёбад.

Даҳҳо мошини ёрии таъҷилӣ ва оташнишон ба ҷойи ҳодиса, ки дуди ғализ аз он боло мешавад, ҷалб шуданд.

Пулиси Испания дар марги Малашенко осори ҷиноятро ошкор накард

Игор Малашенко

Пулиси Испания осори ҷиноятро дар марги Игор Малашенко - бунёдгузори шабакаи телевизионии НТВ пайдо накард. Бино ба маълумоти ибтидоӣ, сиёсатшинос ва мудири расона дар шаҳри Сотогранди Испания худкушӣ кард.

Натиҷаи ниҳоии колбадшикофӣ ҳудудан баъди як моҳ мушаххас мешавад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости рӯзи 26-уми феврал бо такя ба Додгоҳи олии Аналузия хабар дод.

Хабари марги Малашенкои 64-сола рӯзи 25-уми феврал пахш шуд. Пулиси Испания аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кард ва бо ҳамсари сиёсатшинос, блогнависи шинохта Божена Ринска сӯҳбат анҷом дод.

Ба гуфтаи Ринска, ҷасади Малашекоро, ки ҳеҷ номаи худкушӣ нагузоштааст, нигаҳбон пайдо кард. Чанд манбаъ дафъатан худкушӣ будани марги ӯро тасдиқ кард, аммо тасдиқи расмӣ вуҷуд надошт.

Миёнаҳои моҳи феврал Ринска навишт, ки Малашенко дар бемористони Латвия бистарӣ шуд ва бояд "аз муоинаи тӯлонии неврологӣ" гузарад. Ба гуфтаи ӯ, сабаби хароб шудани асаби Малашенко даъвои давомдори талоқ бо ҳамсари аввалаш Елена Пивоварова аст.

Бино ба эътирофи Ринска, чанде пеш аз фоҷеа ӯ бо ҳамсараш муноқиша дошт ва Малашенко танҳо ба Испания рафт. Ӯ ҳолати равонии ҳамсарашро бисёр хароб арзёбӣ кард ва гуфт, ки эҳтимол ӯро ба худкушӣ расонданд.

"Марги Малашенко барои хонаводаи пешинаш, ки 80 дар сади дороии ӯро талаб кардааст, муфидтар аз зинда буданаш аст", - навишт Божена Ринска.

Игор Малашенко соли 1993 шабакаи телевизионии НТВ-ро таъсис дод ва чанд соли баъдӣ мудири кул ва президенти ин шабака буд. Соли 1996 ӯ раҳбари ситоди интихоботии президенти пешини Русия Борис Елтсин шуд. Баъди пирӯзии Елтсин ба ӯ вазифаи раҳбари маъмурияти президентро пешниҳод карданд, аммо ӯ қабул накард.

Авоили соли 2000-ум баъди пароканда шудан ва ба ихтиёри Кремл гузаштани НТВ, Малашенко аз Русия ба Ню-Йорк рафт ва 9 сол дар онҷо зиндагӣ кард. Дар ин муддат ӯ мудири кулли шабакаи RTVI, саҳоми "Эхо Москвы" ва сомонаи Newsru.com буд. Аз соли 2010 Малашенко раҳбари ширкати "Интер ТВ" буд. Ӯ соли 2012 ба Русия баргашт ва соли гузашта ситоди интхоботии Ксения Собчакро раҳбарӣ кард.

Мирҷоновро баъди чор соли ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим зиндонӣ карданд

Акс аз бойгонӣ

Бо гузашти 4 сол аз ошӯби нофарҷоми зиддиҳукуматӣ дар Тоҷикистон, додгоҳе дар Душанбе як нафарро бо гуноҳи пинҳон доштани ҷиноят ба зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи низомии Душанбе рӯзи 25-уми феврал хабар дод, ки Аминҷон Мирҷонов, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, аз тарҳи ошӯб хабар дошт, аммо ба мақомоти интизомӣ хабар надод. Ӯ ба якуним сол зиндон маҳкум шуд.

Дар ҳукми Додгоҳи низомии Душанбе гуфта шудааст, ки Аминҷон Мирҷонов қабл аз ошӯби рӯзҳои 3 ва 4-уми сентябри соли 2015 дар масҷиди деҳаи "Роҳи Сотсиализм"-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз тарҳи ин ошӯб огаҳ шудааст, вале дидаву дониста онро аз мақомот пинҳон доштааст.

Дар ҳукми додгоҳ омадааст, Аминҷон Мирҷонов шоҳиди ташвиқоту таблиғоти имоми масҷиди деҳа шудааст, ки чӣ гуна чанд нафарро барои иштирок дар ошӯб ҷалб кардааст. Додгоҳ мегӯяд, «имоми масҷид Маҳмаддовуд Ноибов, узви Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ буда ва ҷавононро “ба шаҳид шудан” даъват мекард.»

Ба қавли мақомоти додгоҳ, Маҳмаддовуд Ноибов шаш нафарро ба “ошӯб” сафарбар кардааст, вале Аминҷон Мирҷонов ба ин гуруҳ шомил нашуда, айни замон хомӯширо ихтиёр кардааст. Назари вакили мудофеи Аминҷон Мирҷонов маълум нест ва ҳам рӯшан нест, чаро Мирҷонов пас аз чаҳор сол муҳокима шудааст.

Дар бораи сарнавишти Маҳмаддовуд Ноибов ва аъзои дигари гурӯҳе, ки дар ошӯб ширкат кардаанд, чизе гуфта намешавад.

Абдуҳалим Назарзода
Абдуҳалим Назарзода

Дар ошӯб ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 даҳҳо нафар ба шумули худи Назарзода кушта шуданд.

Ҳукумат Ҳизби наҳзати исломиро тарҳрези ошӯб номида, фаъолияташро мамнуъ кард, вале раҳбарони ҳизб мегӯянд, ин иддао ҳеҷ асос надорад ва ҳукумат ошӯбро ба ҳайси баҳонае барои аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани ягона ҳизби сиёсии мухолиф ба кор бурд.

Тазоҳуроти назди дафтари "Нур Отан"-и Қазоқистон пароканда шуд

Боздошти тазоҳургарон дар назди дафтари ҳизби "Нур Отан". 27-уми феврал, 2019

Кормандони пулис эътирози назди идораи ҳизби "Нур Отан" дар шаҳри Алматои Қазоқистонро пароканда карданд. Ҳамзамон чанде аз эътирозгарон боздошт шуданд.

Пулис замоне ба боздошти эътирозгарон оғоз кард, ки дар гирдиҳамоӣ талаби истеъфои президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев садо дод.

Намояндагони додситонӣ ба маҳалли таҷаммӯи мардум ҳозир ва талаб карданд, ки гирдиҳамоӣ пароканда шавад. Ба гуфтаи мақомот, гирдиҳамоии сокинон дар назди идораи ҳизби ҳокими Қазоқистон "ғайриқонунӣ" аст.

Рӯзи 27-уми феврал дар Остона бо иштироки Нурсултон Назарбоев анҷумани ҳизби "Нур Отан" баргузор шуд. Анҷуман ба 20-солагии ташкилшавии ҳизб бахшида шудааст.

Эътирозгарони Алмато гуфтанд, ба хотири изҳори мавқеи шаҳрвандӣ ҷамъ омадаанд. Бархе аз онҳо талаби ҷойи кор барои ҷавонон, тақвияти кумакҳои иҷтимоӣ, амалисозии ислоҳот ва тағйири роҳбари ҳизби ҳокимро пеш гузоштанд.

Назарбоев соли 1991 - дар замони Шӯравӣ сари қудрат омад ва давоми тақрибан 30 сол бе танаффус Қазоқистонро идора мекунад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Назарбоеви 78-сола таҳаммули дигарандешонро надорад ва барои аз саҳна дур сохтани рақибони сиёсиаш аз фишорҳои қудратӣ кор мегирад.

Конгресс фармони Трамп оиди вазъи фавқулоддаро рад кард

Доналд Трамп

Палатаи намояндагони Конгресси ИМА рӯзи сешанбе бо қабули як қатънома фармони Трамп дар робита ба эъломн вазъи фавқулодда дар марз бо Мексикаро рад кард.

Фармони эълони вазъи фавқулода аз сӯи Трамп рӯзи 15 феврал бо ҳадафи дарёфти харҷи сохтмони девор дар марз ва бе назардошти мавқеи назари Конгресс имзо шуда буд.

Бисёре аз қонунгузорон, аз ҷумла бархе аз ҷумҳурихоҳон бар инанд, ки Трамп аз ҳуқуқи худ барои эълони вазъи фавқулода сӯистифода мекунад. Бар асоси Конститутсияи ИМА назорати харҷҳои давлатӣ дар ихтиёри Конгресс аст.

Қонун дар бораи салоҳияти эълони вазъи фавқулода аз сӯи роҳбари давлат соли 1976 қабул шуда буд. Аз он замон то кунун президентҳои ИМА борҳо аз ин қонун истифода кардаанд, аммо Конгресс боре ҳам монеи президентҳо нашуда буд. Демократҳои кунунии ИМА мегӯянд, вазъи буҳронӣ дар марзҳои ҷанубии Амрико - натиҷаи тахайюлоти Трамп аст.

Фавти як бинокори Масҷиди калонтарини Душанбе

Яке аз бинокороне, ки бар асари сарозер шудан аз гунбази Масҷиди калонтарин дар бемористон бистарӣ шуда буд, ҷон бохтааст. Хабаргузории "Азия плюс" ба нақл аз масъулон дар бемористони Қаряи Боло навишт, ки Давлатшоҳ Юсупови 60-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз замони ҳодиса дар рӯзи душанбеи 25-уми феврал дар ҳолати беҳушӣ ба сар мебурд ва шаби гузашта ҷон бохт. Табибон вазъи саломатии яке дигар аз бинокоронро вахим мегӯянд.

Ҳашт бинокор субҳи 25-уми феврал аз баландии 33 метр ба замин афтода, бо захмҳои мухталиф дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ шудаанд. Коргарон ба кафшергарӣ машғул буданд, ки зинапояи зери пояшон ба замин афтод. Табибон гуфтанд, ки бинокорон ба оҳану қубур бархӯрда, захмҳои гуногун бардоштаанд. Гунбази Масҷиди бузургтарин дар Душанбе 60 метр баландӣ дорад.

Раиси ноҳияи Рашт аз мақомаш барканор шуд

Раиси ноҳияи Рашт Қаноатшоҳ Лоиқзода аз мақомаш барканор шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 27-уми феврал фармон ва амрҳои президент дар мавриди тағйироти кадрӣ дар бархе аз сохторҳои давлатиро ба нашр расонд.

Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ноҳияи Рашт Қаноатшоҳ Лоиқзода аз мақомаш барканор ва Раҳимҷон Набизода иҷрокунандаи ин мақом таъйин шудааст. Сабаби барканории Лоиқзода гуфта нашудааст ва маълум нест, ки ба фаъолияти худ дар сохторҳои давлатӣ идома хоҳад дод ё на.

Бар пояи қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин Лолахон Раҳмонзода ба сабаби ба нафақа рафтан аз вазифаи директори Оҷонсии таъминоти амволи махсус озод гардида ва Савзаалӣ Назирдода ба ҷои ё таъйин шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Хуршед Файзуллозодаро бинобар таъйин шудан ба вазифаи директори корхонаи "Тоҷинвест", аз вазифаи директори телевизиони "Варзиш" озод кардааст. Ба ҷой ӯ Парвиз Нориён директори телевизиони “Варзиш” таъйин шудааст .

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки дар сатҳи раҳбарии дастгоҳи Додситонии кулл, додситонҳои ноҳияи Рӯшон, Мурғоб, Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Лахш, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, шаҳрҳои Роғуну Норак, Хуҷанд ва Панҷакент низ тағйирот сурат гирифтааст. Сардорони шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Вахшу Шаҳритус низ иваз шудаанд.

Таркиши газ чанд хонандаро дар шаҳри Андиҷон захмӣ кард

Субҳи 26-уми феврал дар беморхонаи марказии шаҳри Андиҷони Узбекистон маркази гармидиҳии маҳаллӣ таркид. Ба гуфтаи мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Узбекистон, 18 хонандаи мактаб ва 4 муаллим, ки дар он лаҳзаҳо аз ташхиси табибон мегузаштанд, маҷруҳ ва бистарӣ шуданд.

"Маркази гармидиҳӣ дар пушти бинои бемористон ҷойгир аст. Утоқи рентген ҳам дар наздикии он аст. Ҳангоми таркиш хонандагони мактаб аз ташхис мегузаштанд",-гуфтаанд мақомот.

Як корманди бемористони шаҳри Андиҷон гуфт, бино ба иттилои пешакӣ, таркиш дар пайи хориҷшавии газ сар задааст. Хонандагони мактаб бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ таҳқиқи ҳодисаро шуруъ карданд.

Гумонбарони парвандаи хиёнат ба давлат аз 14 то 22 сол ҳукм гирифтанд

Додгоҳи ҳавзаи Маскав ноиби пешини Маркази амнияти иттилоотии Хадамоти фереролии амнияти Русия сарҳанг Сергей Михайлов ва собиқ мудири аршади "Озмоишгоҳи Касперов" Руслан Стояновро, ки қаблан дар Вазорати дохилӣ кор мекард, мутаносибан ба 22 ва 14 соли зиндони низомаш сангин маҳакум кард.

Михайлов ҳамчунин аз унвони сарҳанги эҳтиётӣ ва ордени дараҷаи аввали "Барои хизмат ба ватан" маҳрум шуд. Дар ин бора шабакаи телевизионии РБК бо такя ба хабарнигораш дар толори додгоҳ гузориш дод.

Ба навиштаи "Коммерсант", биноба фарзияи тафтишот, Михайлов ва Стоянов соли 2011 дар бораи раҳбари ширкати Chronopаy Павел Врублевский ба Идораи амнияти федеролии ИМА (ФБР) маълумот доданд. ИМА Врублевскийро дар содир кардани ҷиноятҳои киберӣ гумонбар медонад.

Ба маълумоти The Bell, гумонбарон эҳтимол дар бораи рахнагароне, ки қабл аз интихоботи президентии соли 2016-и ИМА ба сервери Ҳизби Демократ ҳамла карданд, ба мақомоти Амрико маълумот додаанд.

Нашрия мегӯяд, ки Михайловро Идораи марказии истихбороти ситоди генралии Русия (ГРУ) таъқиб мекард. Мутахасисони амрикоӣ ба ин назаранд, ки ҳамлаҳои ҳакерии пеш аз интихоботро маҳз ГРУ ташкил кард.

Як қатор расонаҳо боздошти Михайлов ва Стояновро ба суқути гурӯҳи рахнагари "Шалтай-болтай" марбут мекунанд. Раҳбари пешини гурӯҳ Владимир Аникеев рӯзи 22 феврал дар сӯҳбат бо Би-би-си робитаи гурӯҳ бо ФСБ-ро рад кард.

Генерали тоҷик: "ДИИШ ҳанӯз талош дорад шаҳрвандони моро ҷалб кунад"

Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон

Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон гуфт, гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳанӯз ҳам талош дорад, ки аз роҳҳои гуногун шаҳрвандони кишварро ба сафи худ ҷалб кунад.

Абдураҳим Қаҳҳоров дар ин бора рӯзи 26-уми феврал дар як нишасти минтақаии мубориза бо терроризм дар Душанбе изҳорот дод. Вай гуфт, то кунун эмиссарҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ба амалиёти ҷангӣ дар Ироқу Сурия ва Афғонистон ҷалб кардаанд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки то моҳи сентябри соли 2018 тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар ба майдонҳои ҷанг дар Ироқу Сурия рафтаанд.

“Бо изҳори таассуф мегӯям, ки теъдоди қобили мулоҳизаи шаҳрвандони кишвари мо шабакаҳои террористиро ташкил медиҳанд. Ва дар созмонҳои террористӣ нақши муҳимро бозӣ мекунанд”, - афзуд дабири Шӯрои амннияти Тоҷикистон.

Вай дар нишаст аз мақомоти амниятӣ, марзбонӣ ва ниҳодҳои дигари кишварҳои ҳамсуд (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) хост, ки дар баробари ҳамагуна таҳдидҳо ҳамкории зич ва ҳамоҳангӣ дошта бошанд.

СММ: Дар шаш соли ҷангҳои Украина 13 ҳазор нафар кушта шуд

Комиссионери олии СММ оид ба ҳуқуқи башар дар як гузориши худ аз рӯзи 25 феврал навишт, ки аз замони оғози низоъҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина - апрели соли 2014 ҳудудан 13 ҳазор нафар кушта шудааст. Чоряки қурбониҳо сокинони мулкӣ мебошанд ва 30 ҳазор нафари дигар аз оташи ҷанг ҷароҳат бардоштаанд. Як нусхаи гузориши СММ дирӯз дастраси Радиои Озодӣ шуд. Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи муқовиматҳои мусаллаҳонаи нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоиталабон дар шарқи Украина 3300 сокини мулкӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки бо гузашти тахминан шаш сол аз шурӯи ҷангҳо, пешравии андаке дар амри расидан ба оташбас ва иҷрои созиши сулҳи Минск ҳосил шудааст. Дар гузориши СММ гуфта мешавад, ки дар муддати ҷангҳо дар маҷмӯъ 40 то 43 ҳазор хисороти марбут ба ҷанг ба қайд гирифта шуда, шумори қурбониҳо аз 14 апрели соли 2014 то 31 январи соли 2019 ба 13 ҳазор нафар наздик шудааст.

Дар гузориш мусофирони ҳавопаймои MH17-и ширкати Малайзия ҳам ба унвони қурбониҳои низоъҳои мусаллаҳонаи Украина ёд шудаанд. Дар ҳодисаи суқут дода шудани ҳавопаймои мусофирбар рӯзи 17 июли соли 2014 - 298 сарнишини ҳавопаймои мулкӣ ҷони худро аз даст доданд. Ин ҳавопаймо аз Амстердам ба Куала Лумпур парвоз мекард. Тими байналмилалии таҳқиқотии Ҳолланд гуфт, ки ин ҳавопаймо аз қаламрави таҳти контроли ҷудоиталабон бо истифода аз мушаки навъи “Бук” ҳадаф қарор дода шуд. Худи мушакандоз аз Русия вориди хоки Украина шуда, баъдан дубора ба Русия баргардонида шуд. Дар санади СММ гуфта мешавад, ки аз миёни низомиён дар ҷангҳои шаш соли охир 4 ҳазор узви артиши Украина ва 5400 узви гурӯҳҳои мусаллаҳ кушта шудаанд.

Ин санад инчунин мегӯяд, ки дар қиёс бо соли 2014-и авҷи мухолифатҳо шумори қурбониҳо дар миёни афроди мулкӣ тадриҷан коҳиш ёфта, агар шаш соли пеш 33-34 дарсади қурбониҳо шаҳрвандони оддӣ буданд, соли 2018 - 10-11 дарсади кушташудаҳоро афроди мулкӣ ташкил доданд.

Русия ба мусаллаҳони ҷудоиталаб дар Украинаи шарқӣ, ки манотиқи Донетск ва Луҳанскро дар бар мегирад, кӯмаки низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ фароҳам мекунад. Ноябри соли 2016 Додгоҳи байналмилалии ҷиноёни ҷангӣ ҳукм кард, ки ҷанг дар шарқи Украина “як низои мусаллаҳи байналмилалии миёни Украина ва Федератсияи Русия мебошад”.

Сафири Британия зинда будани Скрипалҳоро таъид кард

Сафорати Британия дар Маскав

Сафири Британия дар Русия Лори Бристоу дар сӯҳбат бо хабаргузории "Интерфакс" зинда будани Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлияро тасдиқ кард. Дипломати британиявӣ ҳамчунин гуфт, ки дахости Русия барои мулоқот бо Скрипалҳо ба онҳо супурда шуд. Ба ин тартиб, сафири Британия ба изҳороти сафорати Русия дар Лондон вокуниш нишон дод, ки гуфтааст наметавонад зинда будани Скрипалҳоро "таъид кунад".

Лари Бристоу гуфт, ки агар Скрипалҳо хоҳиши бо намояндагони дипломатии Русия мулоқот кардан дошта бошанд, ҷониби Британия чунин шароитро фароҳам месозад. Агар чунин хоҳиш набошад, гуфт сафир, ҷониби Британия наметавонад ин мулоқотро ба Скрипалҳо таҳмил кунад. Бристоу тасдиқ кард, ки Сергей Скрипал ва духтари ӯ дар ҷойи амн қарор доранд. "Талош карданд, ки онҳоро бо истифода аз гази фалаҷкунандаи асаб ба ҳалокат расонанд. Мо вазифадорем, ки аз онҳо ҳимоят кунем",- гуфт сафир.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Британия ба таҳқиқи муштараки қазияи Скрипалҳо якҷо бо Русия манфиатдор нест.

"Мо боварр дорем, ки медонем ин одамҳо кӣ буданд. Мо ҳамчунин бовар дорем, ки Русия низ ин одамҳоро медонад. Агар Русия дар бораи даст доштанаш ва ё даст доштани нафаронаш ба мо маълумот бидиҳад, мо аз ин истиқбол мекунам, аммо намехоҳем бо онҳо таҳқиқоти муштарак анҷом диҳем",- гуфт Лори Бристоу ба хабаргузории "Интерфакс".

Сергей Скрипал- корманди пешини идораи истихбороти Русия, ки Маскав ӯро ба ҷосусӣ муттаҳам карда буд, ва духтари ӯ Юлия моҳи марти соли 2018 дар як боғи шаҳри Солсберии Британия дар ҳоли беҳушӣ пайдо шуданд. Онҳо чандин моҳ дар бемористон таҳти назорати табибон буданд.

Британия борҳо гуфтааст, ки ҳамла ба Скрипалҳо кори дасти Русия аст ва гази фалаҷкунандаи асаб -"Новичок" дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсол мешуд.

Кардинал Пелл ба бадрафтории ҷинсӣ муттаҳам шуд

Кардинал Ҷорҷ Пелл

Додгоҳи мунсифа дар Австралия кардинал Ҷорҷ Пеллро дар содир кардани ҷиноятҳои ҷинсӣ муҷрим шинохт. Ба ин тартиб, ин баландтарин мақоми зинанизоми католикӣ аст, ки ба ҷиноятҳои ҷинсӣ айбдор шуд. Дар ин бора бахши русии Би-би-сӣ рӯзи 26-уми феврал хабар дод.

Ҳукми додгоҳ ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта содир шуд, аммо бо назардошти баъзе масоили ҳуқуқӣ аз эълонаш худдорӣ карданд. Додгоҳ таъйид кард, ки Пелл соли 1996 дар ҳуҷраи калисои Мелбурн нисбат ба ду бача иқдомоти хушунатомезро ба кор бурд. Кардинал гуноҳро комилан рад кард.

Ҳайати мунсифа далелҳои вакили Пеллро рад кард, ки иттиҳомро бепоя ва маҳсули тахайюли қурбониҳо хонд.

Ҳамчун хазинадори Ватинкан Пелли 77-сола шахси сеюм дар зинанизоми католикӣ буд. Ӯ моҳи июни соли гузашта ба кӯдакозорӣ муттаҳам шуд. Он замон Пелл рухсатӣ гирифт ва аз Ватикан ба Австралия рафт, то шахсан дар додгоҳ иштирок кунад.

Мурофиаи Пелл соли гузашта ду дафъа баргузор шуд, зеро ҳайати мунсифаи аввал натавонист ба қарори мушаххас бирасад.

Миёнаҳои моҳи декабр попи Рум Франсиск се кардиналро аз кобинаи ғайрирасмиаш хориҷ кард. Гуфта мешавад, ки ду нафари онҳо, аз ҷумла Пелл ба дастдарозии ҷинсӣ рабт доштанд.

Калисои католикӣ солҳои ахир ба силсилаи иттиҳомоти марбут ба дастдарозии роҳибон алайҳи бачаҳо ва талошҳои Ватикан барои пинҳон доштани ин мавридҳо рӯ ба рӯ шуд. Ҷанҷол моҳи август баъди нашри гузориши ҳакамони бузурги Пенсилвания сар зад. Бинобар ин санад, ходимони калисои католикӣ беш аз 70 сол бо ин ё он шева дар баробари ҳазорҳо бача ҷинояти ҷинсӣ содир кардаанд.

Вакилони Манафорт додгоҳро ба тараҳҳум даъват карданд

Манафорт дар додгоҳ

Вакилони мудофеи Пол Манафорт, раҳбари собиқи ситоди интихоботии президент Доналд Трамп, аз додгоҳи амрикоӣ даъват карданд, ки ҳукми зерҳимояи онҳоро нарм кунад ва на бештар аз 10 сол диҳад.

Дар муроҷиат ба додгоҳи федеролӣ, ки бояд 13-уми март ҳукми Манафортро эълон кунад, вакилони мудофеъ навиштанд, ҷиноятҳои содиркардаи Манафорт ба маъракаи интихоботии Доналд Трамп рабт надорад.

Зимнан, додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер дар робита ба эҳтимоли ҳамкории Манафорт бо Русия дар раванди маъракаи интихоботии соли 2016 Амрико таҳқиқ анҷом медиҳад. Пол Манафорт чанд моҳ роҳбари ситоди интихоботии Доналд Трамп буд.

"Парвандаи ӯ - ҷинояти одамкушӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфта ва ё пирамидаи молӣ нест. Пол Манафорт замони мушовир буданаш дар Украина аз роҳҳои дигар пул кор карда, аммо дар ин бора ба давлат хабар надодааст. Вай ин айбро эътироф мекунад", - омадааст дар муроҷиати вакилони мудофеъ.

Вакилон мегӯянд, дар таҷрибаҳои гузашта онҳое, ки айни ҷинояти Манафортро анҷом дода буданд, ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ нашудаанд. Ба илова, Манафорт зиёни расондаашро ҷуброн кард ва розӣ шуд, ки ҷаримаи чандмиллиониро пардохт намояд.

Роберт Мюллер, додситони махсус мегӯяд, Пол Манафорт барои "мудовим ва бармало" анҷом додани ҷинояткорӣ бояд то 25 сол зиндонӣ шавад. Вакилони мудофеъ даъво доранд, ки ӯ аз карда пушаймон ва сазовори гузашт аст.

Ҷасади бунёдгузори НТВ дар меҳмонхонаи Испания ошкор шуд

Игор Малашенко

Хабари марги сиёсатшинос ва мудири расона Игор Малашенко дар Испания шоми гузашта пахш шуд.

Бунёдгузори шабакаи телевизиони НТВ зоҳиран худкушӣ кардааст. Дар ин бора чанд манбаи наздик ба хонаводаи Малашенко ба нашрияи "Коммерсант" хабар доданд.

Вақтҳои ахир Игор Малашенко даргири баҳси додгоҳӣ бо ҳамсари собиқаш Елена Пивоварова буд, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад. Онҳо се фарзанд доранд. Пивоварова барои тақсими дороиҳои хонаводагӣ ба додгоҳи Амрико муроҷиат кард.

Божена Ринска, блогнавис ва ҳамсари ахири Малашенко дар бораи ин баҳс дар Фейсбук бисёр матлаб нашр мекард. Ӯ аз ҷумла навишта буд, ки Пивоварова 80 дар сади дороиҳои ҳамсари собиқашро талаб кардааст.

Миёнаҳои моҳи феврал Ринска аз пайравонаш дар Фейсбук, ки теъдодашон ба 200 ҳазор мерасад, кумак хост ва аз эҳтимоли марги ҳамсараш ҳушдор дод. Ринска навишт, ки барои "пешгирӣ аз куштори ҳамсараш" тасмим гирифт аз мавқеи ҷамъиятии худ истифода кунад.

Ӯ Малашенкоро ҳамчун шахси "моил ба зиндагибезорӣ ва дорои руҳияи ноуствор" тасвир кард. Миёнаҳои моҳи феарал Малашенко бо бемории асаб ба бемористон афтид.

Елена Пивоварова баҳси додгоҳӣ бо ҳамсари собиқаш ва ҳамин тавр хабари марги ӯро шарҳ надод.

Игор Малашенко соли 1993 шабакаи телевизионии НТВ-ро таъсис дод ва чанд соли баъдӣ мудири кул ва президенти ин шабака буд. Соли 1996 ӯ раҳбари ситоди интихоботии президенти пешини Русия Борис Елтсин шуд. Баъди пирӯзии Елтсин ба ӯ вазифаи раҳбари маъмурияти президентро пешниҳод карданд, аммо ӯ қабул накард.

Авоили соли 2000-ум баъди пароканда шудан ва ба ихтиёри Кремл гузаштани НТВ, Малашенко аз Русия ба Ню-Йорк рафт ва 9 сол дар онҷо зиндагӣ кард. Дар ин муддат ӯ мудири кулли шабакаи RTVI, саҳоми "Эхо Москвы" ва сомонаи Newsru.com буд. Аз соли 2010 Малашенко раҳбари ширкати "Интер ТВ" буд. Ӯ соли 2012 ба Русия баргашт ва соли гузашта ситоди интхоботии Ксения Собчакро раҳбарӣ кард.

Ҳамкорони собиқаш ба марги ӯ вокуниш ва аз ӯ ҳамчун корманди ҳирфаӣ ситоиш карданд.

Трамп барои мулоқот бо Ким Чен Ин ба Ветнам рафт

Парчамҳои ИМА, Кореяи Шимолӣ ва Ветнам

Президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи 25-уми феврал ба Ветнам сафар кард. Қарор аст, дар онҷо мулоқоти навбатии ӯ бо раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин баргузор шавад.

Раҳбарони ду кишвар рӯзҳои 27 ва 28-уми феврал дар Ҳаной вохӯрда, барномаи ҳастаии Пхенянро баррасӣ хоҳанд кард. Интизор меравад, ҷонибҳо қатъи расмии ҷанги Куриёро низ ба баҳс бикашанд, ки бо имзои созишномаи оташбаси Пханмунҷом дар рӯзи 27-уми июли соли 1953 ба поён расида буд.

"Куриёи Шимолӣ пас аз халъи комили силоҳи ҳастаӣ аз назари иқтисодӣ хеле зуд рушд хоҳад кард. Бидуни халъ, тавре ки ҳаст, мемонад. Ким тасмими дуруст мегирад", - навишт Трамп дар Твиттер пеш аз сафараш ба Ветнам.

Президенти Амрико рӯзи 25-уми феврал ҳангоми суханронияш дар Кохи Сафед гуфта буд, ки ӯро дар пеш "саммити бошукуҳ" мунтазир аст. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео низ 24-уми феврал дар суҳбат бо телевизиони Fox изҳори умед кард, ки ҷонибҳо дар саммит ба "пешрафти муҳим"-е ноил хоҳанд шуд".

"Эҳтимол аст, ин ҳосил нашавад, вале умед дорам, ки хоҳад шуд", - афзуд ӯ.

Ким Чен Ин бо қатораи зиреҳпӯши худ озими Ветнам шуда, интизор меравад, субҳи 26-уми феврал вориди Ҳаной шавад.

Амрико 4,6 млн доллари Боқиевҳоро ба Қирғизистон медиҳад

Қурмонбек Боқиев - президенти пешини Қирғизистон

ИМА тасмим дорад, ки 4,6 миллион доллари дуздии хонаводаи президенти пешин Қурмонбек Боқиевро ба Қирғизистон бозпас диҳад. Дар ин бора муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА Элис Уэллс хабар дод.

Додгоҳе дар ИМА қарор кард, ки дар маҷмуъ 6 млн доллари дуздии Боқиевҳоро ба Қирғизистон баргардонад.

Ҳукумати Қирғизистон тавассути ширкатҳои ҳуқуқӣ аз ИМА дархост карда буд, ки пулҳои мусодирашударо ба Қирғизистон супорад. 4 октябри соли 2018 вазорати адлияи ИМА дархостро таъйид кард. Аммо аз 6 млн доллари даъвошуда танҳо 4,6 миллионашро ошкор карданд.

"Баргардонидани ин маблағ дар муносибатҳои ду кишвар аҳамияти зиёд дорад. Ин рӯйдод баёнгари пуштибонии ҳукумати ИМА аз сиёсати зиддикоррупсионии президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков аст", - гуфт Элис Уэллс.

Ӯ афзуд, пулҳои мазкур барои рушди минтақаҳо, таъмини аҳолии деҳот бо оби ошомиданӣ ва ғайра харҷ мешаванд.

Қурмонбек Боқиев аз соли 2005 то 2010 президенти Қирғизистон буд. Ӯ дар таърихи 7 апрели соли 2010 дар натиҷаи инқилоби мардумӣ аз мақом барканор шуд. Боқиев ҳоло дар Белорус зиндагӣ мекунад.

Ҳукумати нави Қазоқистон ба кор шуруъ кард

Девони вазирони Қазоқистон

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ҳайати ҳукумати нави кишварашро тасдиқ кард.

Аскар Мамин - сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд. Женис Қосимбек, ки то ин замон вазири саноат ва рушди зерсохтор буд, муовини сарвазир таъйин шуд. Алихон Смаилов вазири молия ва ҳамзамон муовини аввали сарвазир аст.

Асар Жумагалиев вазири рушди рақамӣ, мудофиа ва саноати кайҳонӣ таъйин гардид.

Даврон Абаев, ки дар ҳукумати пешин вазири иттилоот ва иртиботот буд, ҳамакнун ба вазирии иттилоот ва рушди ҷомеа расид. Вазирони пешин: Бейбут Атамқулов - вазири корҳои хориҷӣ; Нурлан Ермекбоев - вазири мудофиа; Ерлан Тургумбоев - вазири корҳои дохилӣ; Марат Бекетаев - вазири адлия; Елжан Биртанов - вазири тандурустӣ мақомҳои худро ҳифз карданд.

Фаронса ба рӯзноманигори фирории қирғиз паноҳгоҳи сиёсӣ дод

Улуғбек Бобоқулов

Фаронса ба рӯзноманигор Улуғбек Бобоқулов, ки ду сол пеш, пас аз иттиҳоми барангехтани кинаи байниқавмӣ Қирғизистонро тарк карда буд, мақоми паноҳандагӣ дод.

Бобоқулов дар суҳбат бо “Фергана.ру” гуфт, ки масъулони Идораи муҳоҷират ва шахсони бешаҳрвандии Фаронса рӯзи 25 феврал бо ӯ тамос гирифта, хабар доданд, ки минбаъд таҳти ҳимояи ин кишвар қарор дорад.

Ҳамчунин ба рӯзноманигор гуфта шудааст, ки дар ҳолати баргашт ба ватан, муроҷиат ба намояндагиҳои дипломативу консулгарии Қирғизистон дар Фаронса ва хориҷ аз он мақоми паноҳандагияшро аз даст хоҳад дод.

“Мақомоти кишварам зидди ман бо айбҳои сохта парванда боз карданд ва мақомоти Фаронса ба ману аъзои хонаводаам паноҳгоҳ доданд ва барои пайдо кардани ҷои кор низ шароит фароҳам шудааст”, -- афзуд Бобоқулов.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 9 июни соли 2017 бар зидди Бобоқулов парвандаи ҷиноӣ боз кард. Бобоқулов ба ин айбдор мешавад, ки гӯё дар Fergananews.com ва расонаҳои дигар матолиби ҳангомасоз ва ва бо ангезандаи зидди қавмӣ нашр кардааст.

Вале худи рӯзноманигор иттиҳомро як тарҳи сохта ва кори президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев меномад.

ТАСС: "Русия ба Тоҷикистон таҷҳизоти зиддиҳавоӣ додааст"

Акс аз бойгонӣ.

Русия ахиран ба таври ройгон дар ҳаҷми 9 миллион доллар ба артиши Тоҷикистон таҷҳизоти зиддиҳавоӣ додааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС рӯзи 25-уми феврал бо такя ба манобеи худ дар вазорати дифои Русия хабар додааст.

Ин вазорат гуфтааст, интиқоли таҷҳизот низомӣ дар чаҳорчӯбаи иҷрои барномаи навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон анҷом мешавад. Дар вазорати дифои Русия ҳамчунин ба ТАСС гуфтаанд, ки Русия ин барномаро ба унвони як абзори калидӣ барои афзоиши қобилиятҳои ҷангии ин шарики Маскав дар минтақаи Осиёи Миёна дар назар дорад.

Дар моҳи сентябри соли 2018 раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев гуфта буд, ки Боку аз Маскав бо маблағи 5 миллиард доллар доллар таҷҳизоти низомӣ мехарад. Дар моҳи июли соли гузашта гузоришҳо мунташир шуд, ки ҷониби Русия ба маблағи 200 миллион доллар ба Арманистон аслиҳа додааст.

Худкушии эҳтимолии корманди раёсати андози Хатлон

Як корманди Раёсати андози вилояти Хатлон худкушӣ кардааст.

Ҷасади Сайвалӣ Абдуллоеви 56-соларо субҳи 25-уми феврал аз банди доре дар манзили падараш дар шаҳри Кӯлоб ёфтанд. Ба қавли наздикон, ӯ ду рӯз пеш аз шаҳри Бохтар ба Кӯлоб барои дидори пайвандон рафта буд. Аз рӯи ин ҳодиса Додситони шаҳри Кӯлоб таҳқиқро оғоз кардааст.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии Кӯлоб рӯзи 25-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин мард чанд сол боз дар Кумитаи андоз ва раёсатҳои он дар шаҳру навоҳӣ кор мекард. Ҳоло тафтишот дар баробари дурустии фарзияи худкушии Абдуллоев, бояд сабабҳои сар задани ҳодисаро ҳам бисанҷанд."

Хешовандони Абдуллоев нахостанд дар бораи ҳодиса изҳори назар кунанд. Феълан маълум нест, то куҷо ҳодиса ба фаъолиятҳои касбии Сайвалӣ Абдуллоев дар идораи андоз рабт дорад.

Ба иттилои ҳамкорон, Сайвалӣ Абдуллоев ду ҳафта қабл аз Кумитаи андози ҷумҳурӣ ба Раёсати андози вилояти Хатлон ба кор рафт ва иҷрои вазифаҳояшро дар ин идора тоза оғоз карда буд.

Як корманди раёсати андози вилояти Хатлон дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт: "Рӯзи ҷамъа бо мо буд ва то рӯзи душанбе худоҳофизӣ карда ба Кӯлоб рафт. Вале саҳар хабар доданд, ки Сайвалӣ даст ба худкушӣ задааст. Ростӣ, мо ҳама ҳайронем, чун бисёр одами кордон ва мутахассиси хуб буд."

Бори аввал нест, ки кормандони мақомот дар шаҳри Кӯлоб даст ба худкушӣ мезананд. Як сол қабл дар ҳамин шабу рӯз Азизмад Юсупов, сардори идора ё ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Кӯлобро аз банди дор дар таҳхонаи манзили иҷорааш пайдо карда буданд.

Баъди таҳқиқ ва хулосаи Маркази ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ дақиқ карда шуда буд, ки ӯ даст ба худкушӣ задааст. Аммо пайвандони Азизмад Юсупов бовар надоштанд, ки ӯ худкушӣ кардааст. Пас аз ин ҳодиса хонаводаи Юсупов тақозо карда буданд, фавти писарашон ҷиддӣ таҳқиқ шавад ва ба Додситони кул шикоят бурданд.

Беш аз 1 миллион $. Фурӯши амволи "Умед 88" ба фоидаи "Роғун"

Мақомот дар шимоли Тоҷикистон амволи ширкати “Умед 88”, яке аз ширкатҳои дар гузашта пештози тиҷорати сӯзишвориро ба музояда гузоштаанд.

Ин амвол аз чанд нуқтаи фурӯш ва анбори нигоҳдории сӯзишворӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд иборат аст ва аз якуним миллион то тақрибан 16 миллион сомонӣ (муодили 1 миллиону 600 ҳазор доллар) нархгузорӣ шудааст.

Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки музояда рӯзи 25-уми феврал баргузор шуд, аммо тафсилот дар даст нест.

Дар огоҳии музояда гуфта шудааст, ки “савдои оммавии молу мулки ғайриманқули мансуб ба қарздор, барои рӯёндани маблағи зарар ба манфиати нерӯгоҳи Роғун амалӣ мешавад.”

Раҷабалӣ Одинаев
Раҷабалӣ Одинаев

Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати “Умед-88”, моҳи октябри соли 2017 дастгир ва баъдан ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Дар аввал мақомот ӯро барои барнагардондани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки Вазорати молия ҳамчун қарз ба ширкати зери раҳбарии ӯ дода буд, айбдор карданд.

Сипас ба парвандаи ӯ “дуздии моликияти давлатӣ” ва “исрофкорӣ” ҳам зам шуд.

Мақомот мегӯянд, ҳоло як парвандаи дигари Раҷабалӣ Одинаев дар баррасӣ аст. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар аввали моҳи феврали имсол дар нишасти матбуотӣ гуфт, парвандаи нави Одинаев ба қарзҳои бонкие рабт дорад, ки то ҳол баргардонда нашудаанд.

Қаблан наздиконаш боздошт ва ҳабси Раҷабалӣ Одинаевро маҳкум карда ва гуфта буданд, ки дар сурати раҳо шудан ӯ имкон дорад қарзҳоро баргардонад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Боздошти даҳҳо зиндонии афвшуда дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00
XS
SM
MD
LG