Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

CPJ аз Остона хост, ки ба фаъолияти хабарнигори Радиои Озодӣ монеа нашавад

Сония Тойкен

Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон (CPJ) аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ки ба таъқиби хабарнигори Бахши қазоқии Радиои Озодӣ Сония Тойкен ва рӯзноманигорони дигарро барои бозтоби мавзуъҳои доғи иҷтимоӣ хотима гузорад

CPJ шаби 14 март бо нашри як изҳорот гуфт, мақомоти Қазоқистон бояд дархости Тойкенро дар робита ба радди ҷаримае бипазиранд, ки додгоҳ пас аз бозтоби эътирози бекорон дар Жанаозен бастааст. Дар изҳорот омадааст, ки рӯзноманигор дар посух ба бозтоби эътирози сокинон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.

Сония Тойкен, ки бо сокинони бекор ва норозии Жанаозен суҳбат карда буд, шаби 11 март боздошт ва ба шуъбаи пулис интиқол дода шуд. Додгоҳи Жанаозен субҳи 12 март ӯро дар "нофармонӣ ба амри кормандони пулис" айбдор ва 50 ҳазору 500 танга (беш аз 130 доллар) ҷарима баст.

Худи Тойкен дар суҳбат бо намояндагони CPJ иддаои пулисро рад карда, ҷаримаи худро сиёсӣ номид. "Мақомоти Қазоқистон бояд ба таъқиби хабарнигор Сония Тойкен ва рӯзноманигоронеро, ки мавзуъҳои доғи иҷтимоиро бозтоб мекунанд" хотима диҳанд., - гуфтааст сардори CPJ Карлос Мартинес де ла Серна.

Хабарнигори Бахши қазоқии Радиои Озодӣ тайи моҳҳои ахир бори севум аст, ки боздошт мешавад. Моҳи гузашта низ ӯ ҳамроҳи наворбардори радио Санат Нурбек барои бозтоби эътирози сокинони бекори Жанаозен дастгир шуд. Тойкен 12 феврал низ ҳангоми анҷом додани мусоҳиба боздошт ва ба шуъбаи пулиси Остона интиқол ёфта буд.

Харҷҳои низомии НАТО чаҳор дарсад афзудааст

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг

Ҳампаймонони НАТО харҷҳои низомиашонро якбора бештар карданд. Аз ҳама бештар Латвия, Литва, Эстония, Лаҳистон ва Нидерланд харҷ доштаанд, омадааст дар гузориши НАТО барои соли 2018.

Гузоришро дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯнамоӣ кард. Ӯ гуфт, харҷи умумии ҳампаймонҳои НАТО дар панҷ соли охир ба нишондоди болотарин расид ва танҳо дар як соли охир харҷҳо 4 дарсад бештар шуд. "Бо ҳадафи пуштибонӣ аз амният шарикон дар бахшҳои мухталиф бештар аз гузашта якҷо амал мекунанд", - гуфт Столтенберг.

Президенти ИМА Доналд Трамп соли 2017 аз ҳампаймонҳои аврупоии НАТО талаб карда буд, ки сармоягузорӣ ба буҷаи созмонро бештар кунанд. Аммо бо ин вуҷуд, тавре дар гузориш омадааст, ҳамагӣ 6 кишвари узви НАТО - Эстония, Юнон, Лаҳистон, Латвия, Литва ва Бритониё тавонистанд, ки ба ин ҳадаф бирасанд - яъне, харҷҳои низомиро то 2 дарсади ММД (Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ) расонанд.

Дар маҷмуъ кишварҳои НАТО дар соли 2018 қариб се триллион доллар харҷи низомӣ доштаанд. Наздики 70 дарсади ин харҷҳо ба ИМА рост меояд.

Эътимодномаи сафирони нави Эрону Амрико дар Тоҷикистон

Ҷон Марк Поммершайм, сафири нави Амрико дар Тоҷикистон бо ҳамсараш Наталя. Акс аз сафорати Амрико

Сафирони тозатаъйини нӯҳ кишвари хориҷӣ дар Тоҷикистон ба президент Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супурданд. Ин маросим рӯзи 15-уми март дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Тайи моҳҳои охир Эрону Қирғизистон, Амрико, Чин, Дания, Шриланка, Венесуэла, Гана ва Конго намояндаҳои расмии худро дар Тоҷикистон нав карданд. Ҷон Марк Поммершайм, сафири нави Амрико ва Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири нави Эрон ин ҳафта вориди Тоҷикистон шуданд.

Сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷээнбеков дар бораи вазъ дар марз

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Сооронбой Ҷээенбеков, президенти Қирғизистон рӯзи 14-уми март вазъ дар марзи ду кишварро баррасӣ карданд. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, сарони ду кишвар ба тавофуқ расиданд, ки низоъ дар марз аз роҳи мусолиҳатомез рафъ шавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Сооронбой Ҷээнбеков дар сӯҳбати телефонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ба наздикони Ҳусейн Ҳакимов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар низои наздисарҳадӣ кушта шуд ҳамдардӣ баён кардааст.

"Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков таъзияву тассалият ва ҳамдардии амиқи худро ба аъзои оила ва наздикони шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейн Ҳакимов, ки дар аснои низои наздисарҳадӣ ба ҳалокат расид, иброз дошт",-мегӯяд манбаъ.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, сарони ду кишвар "ҷиҳати додани супоришҳои дахлдор ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо дар хусуси тафтишоти ҳамаҷонибаи ин низоъ, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, ҳамчунин истифодаи роҳҳои мусолиматомези рафъи он ба мувофиқа расиданд".

Моҷаро дар марзи миёни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон баъд аз зӯҳри 13-уми март оғоз шуд. Ҳодиса баъди он сар зад, ки сокинони Тоҷикистон бо идомаи сохтмони роҳе дар нуқтаи ба гуфтаи онҳо баҳсии марзӣ бо Қирғизистон мухолифат карданд. Қитъае роҳе, ки сохтмонаш боиси моҷаро шуд, дар ҳудудҳои марзии деҳаи Хоҷа Аъло воқеъ буда, сокинони ҳарду кишвар ин ҳудудҳоро порае аз қаламрави худ медонанд.

Шабакаи аввал филми "бачабозӣ"-и Майкл Ҷексонро аз намоиш бардошт

Ҳунарнамоии Майкл Ҷексон дар Сингапур.31 август, 1993

Шабкаи аввали телевизиони Русия филми мустанади "Тарки Неверланд"-ро, ки дар бораи робитаҳои маҳрамонаи Макл Ҷексон бо кӯдакон ҳикоят мекунад, аз намоиш бардошт. Дар ин бора якчанд нашрияи Русия бо ишора ба манбаҳои худ хабар доданд.

Манбаи "Радио Свобода" дар навбати худ, ин хабарро таъид ё такзиб накард, вале гуфт, ки мавқеи расмии Шабакаи аввалро дар ҳолати зарурӣ дафтари матбуоти пешниҳод мекунад.

Филми мустанади иборат аз ду бахш бо номи "Тарки Неверленд", ки бо дархости шабакаи амрикоии HBO таҳия шуда, дар худи ИМА ҷанҷолбарангез шуд, бояд шоми 15-16-и март дар шабакаи аввал ба намоиш медаромад.

Пахши филм дар ин шабакаро аввалин шуда коргардон ва муҷрии телевизиони "Дожд" Михаил Козирев хабар дод. Ӯ гуфт, ки " раҳбарияти Шабакаи аввал ҳарду бахши филмро бо суръати кайҳонӣ тарҷума карда, охири ҳафта ба намоиш мегузоранд. Козирев ҳамчунин вокуниши тамошобинонро пешгӯӣ кард, ки "даст аз Майкл Ҷексон бардоред!" ва "чаро мо бояд ба ин бовар кунем?" хоҳад буд. "Ҳамаи ин ба хотири "пиар" ва ҳарисӣ аст,- афзӯд ӯ.

Нахустнамоиши "Тарки Неверленд" аввали сол дар фестивали синамои "Сандэнс" сурат гирифт ва HBO пахши филмро аввали моҳи март ба роҳ монд. "Неверленд" номи мазрааи Майкл Ҷексон аст, ки кӯдакони зиёд дар он меҳмон мешуданд.

Дар филми мустанад ду мард, Уэйд Робсон ва Ҷеймс Сейчак дар тӯли се соат бо тамоми ҷузъиёташ дар бораи чӣ тавр Майкл Ҷексон ба онҳо дастдарозӣ кард, қисса мекунанд. Он замон Робсон 7 сол дошт ва Сейфчак 10-сола буд. Волидони онҳо то андозае шефтаи овозхон буданд, ки бовар дошатнд, Ҷексон ба онҳо ҳунарҳои саҳнавиро меомӯзад.

Филми "Тарки Неверденд" ҳаводорони Майкл Ҷексон ва наздикони ӯро нороҳат кард. Ба гуфтаи хонаводаи султони поп, Робсон ва Сефчак дар гузашта таҳти савганд гуфта буданд, ки дастдарозие аз тарафи Ҷексон вуҷуд надошт. Наздикони Ҷексон мегӯянд ин ду нафар ҳануӯз соли 2009, баъди марги овозхон барои ҷубронпулӣ ба додгоҳ муроҷиат карданд, аммо додгоҳ ин даъворо рад кард.

Майкл Ҷексон бори аввал соли 1993 ба озори ҷинсии кӯдакон муттаҳам шуд. Он замон дар заминаи шикояти падари як навраси 13- сола Ҷордан Чандлер пулис тафтишот бурд. Аммо Чандлер баъди марги овозхон гуфт, ки ӯро барои пул тӯҳмат карда буд.

Соли 2002 овозхон дубора мавриди иттиҳоми "бачабозӣ" қарор гирифт. Ин бор сухан аз боби дастдарозӣ ба бачаи 13-сола Гэвин Арвизо буд. Аз рӯи ин парванда пулис хонаи Майкл Ҷексонро кофтукоб ва ҳатто ӯро боздошт кард. Аммо ӯ баъдан бо вазиқа озод шуд. Аъзои мунсифа дар додгоҳ гуфтанд, ки барои иттиҳом далели кофӣ вуҷуд надорад ва Ҷексон бегуноҳ эътироф шуд.

Ҳоло маълум нест, ки чаро Шабакаи аввали телевизиони Русия аз нашри филми мустанад худдорӣ кардааст.

Зоиров дар ҷустуҷӯи Ҷозиба: "Ин саг маро ду бор аз марг наҷот додааст". ВИДЕО

Ҷозиба 10 март дуздида шуд ва то ҳол нопайдо аст

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, баъди эълони мукофот барои пайдо кардани сагаш даҳҳо нафар ӯро таънаву маломат кардаанд, ки чаро барои як ҷонвар чунин ҳаёҳу бардошт. Раҳматулло Зоиров дар муроҷиатномае дар Фейсбук гуфтааст, ки азбаски сагаш бо номи Ҷозибаро аз хурдӣ бузург карда буд, ин ҷонвар мисли падару модар ва дӯсту бародараш ҳаст.

Ҷоиза барои маълумот дар бораи саги Раҳматулло Зоиров
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:31 0:00

Раҳматулло Зойиров навиштааст, сагаш ҳатто ду маротиба ӯро аз марг наҷот додааст ва то кунун ҳеҷ яке аз сокинони маҳалли зисташонро ҳам озор надодааст. Раҳматулло Зойиров навиштааст, ки бо ин саг худро бахтиёр меҳисобид. Саги раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон ба гуфтаи худаш шаби 10-уми март аз хонааш рабудаанд ва ҷустуҷуҳои зиёд натиҷае надодаанд. Раҳматулло Зоиров барои пайдо кардани ӯ 1500 сомонӣ подош таъйин кардааст.

Октябри соли 2017 Зоиров дар кӯча мавриди ҳамлаи афроди ношиносе қарор гирифт. Ӯ баъдан гуфт, ки ҳамин Ҷозиба буд, ки ҳамлагаронро тарсон ва онҳо натавонистанд ба ӯ осеби бештар расонанд
Октябри соли 2017 Зоиров дар кӯча мавриди ҳамлаи афроди ношиносе қарор гирифт. Ӯ баъдан гуфт, ки ҳамин Ҷозиба буд, ки ҳамлагаронро тарсон ва онҳо натавонистанд ба ӯ осеби бештар расонанд

Ҷозиба аз зоти овчаркаи осиёимиёнагӣ буда 27 моҳ дорад ва аз якмоҳагӣ дар тарбияи Зоиров буд.

Маҳмурод Одинаев, яке дӯстони Зоиров, ки дар ҷустуҷӯи саг ба ӯ кумак мекунад, рӯзи 14-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт:

“Бечора устод аз шаб то саҳар дар ҷустуҷӯи саг аст. Ӯ хислати нарме дорад ва бо сагаш унс гирифта буд. Онро аз хурдӣ парвариш кардааст. Ин саг ёвару посбонаш буд. Ҳар гоҳе бо ин саг ба кӯча мебаромад, касе ба ӯ наздик шуда наметавонист".

Дар як мусоҳибаи Радиои Озодӣ бо Р.Зоиров моҳи феврал Ҷозиба дар рӯи ҳавлӣ бозӣ мекард
Дар як мусоҳибаи Радиои Озодӣ бо Р.Зоиров моҳи феврал Ҷозиба дар рӯи ҳавлӣ бозӣ мекард

Ду талабаи пешин дар ҳамла ба мактаби Бразилия 8 нафарро куштанд

Саҳнаи кӯмак Кӯмак ба навресе, ки дар ҳамлаи мусаллаҳона BRAZIL -- A teenager who was injured during a shooting inside the Raul Brasil State School, is carried on a gurney into a hospital, in Suzano, March 13, 2019

Ду талабаи пешини мактабе дар Бразилия, наздикиҳои Сан-Паулу, ки дар чеҳраҳояшон ниқоб доштанд, аз силоҳ оташ кушода, 7 талаба ва кормандони мактабро куштанд ва чандин тани дигарро захмӣ карданд,- мегӯянд мақомоти Бразилия.

Сарҳанги пулис Марсело Сейлс гуфт, ду нафаре, ки субҳи 13 март ба мактаб ҳамла кард бо таппонча, корду табари хурд ви коктейли молотов мусаллаҳ буданд. Ба гуфтаи мақомдори пулис ин ду нафар ҳамларо дар ҳавлии мактаб пиёда карда, сипас ба қисмати дигари мактаб рафтанд ва як нафари онҳо нахуст ба сӯи шарикаш оташ кушод ва сипас худашро парронд.

Мақомот ҳамлагаронро Гулермо Тауччи Монтерои 17-сола ва Энрике де Кастрои 25 сола шиносӣ карданд, аммо ангезаи ҳамла то ҳол номаълум боқӣ мондааст. Модари навраси 17-сола иддао кард, ки писараш дар мактаб мавриди озору азият қарор дошт.

Дар ин ҳамла панҷ талабаи аз 15 то 17-сола ва ду мақомдори 38 ва 59-сола кушта шуданд. Мақомот мегӯянд, соҳиби 51-солаи хадамоти мошиншӯӣ, ки қабл аз ворид шудани ҳамлагарон ба мактаб ҳадафи тир қарор гирифт, даргузашт. 11 нафари дигар захмӣ шуданд.

Икромов гуфт, ки чаро натавонист вожаи "ҳамҷинсгароӣ"-ро талаффуз кунад. ВИДЕО

Тозабек Икромов

Тозабек Икромов, вакили порлумони Қирғизистон шарҳ дод, ки чаро натавонист, вожаи "ҳамҷинсгароӣ"-ро дар ҷаласаи порлумон талаффуз кунад.

"Бархе аз рӯзноманигорон қисме аз суханронии дирӯзии маро дар бораи ҳамҷинсгароён қайчӣ ва аз ҳар зовия нашр карданд. Бале, ман иштибоҳ кардам. Ҳангоми баҳсу баррасиҳо ман эҳсосотамро идора карда натавонистам ва ин вожаро нодуруст талаффуз кардам. Агар дар пойтахти кишвар чорабиние зидди арзишҳои мардуми мо барпо шавад ва бархе аз ҳамкорони мо аз он ҳимоят кунанд, ман наметавонам ба хашм наоям. Аз ҳамин хотир ман эҳсосамро натавонистам, идора кунам. Ба илова, ин вожаест, ки як ҷавонмард набояд талаффуз кунад", - шарҳ дод вай.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 8 март дар робита ба ҳуқуқи занон роҳпаймоӣ баргузор шуд. Бархе аз ширкатдорони роҳпаймоӣ дар даст шиорҳои ҳамҷинсгароёна доштанд, ки боиси эътирози сокинон шуд.

Порлумони он кишвар рӯзи 13 март гузориши КДАМ ва ВКД Қирғизистонро дар бораи созмондиҳандагон ва ҳадафи роҳпаймоӣ шунид. Дар он ҷаласа вакили порлумон Тозабек Икромов натавонист вожаи «гомосексуализм»" (ҳамҷинсгароӣ)-ро такрор кунад ва мавриди танқиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт.

Домоди Сергей Шойгу муовини додстони кулли Русия таъин шуд

Владимир Путин ва Сергей Шойгу

Шӯрои федератсияи Русия дар ҷаласаи рӯзи чоршанбе барои додситони кулл Юрий Чайка муовини нав таъин кард. Ин мақомро Алексей Захаров - ҳамсари духтари бузурги вазири дифоъ Сергей Шойгу соҳиб шуд.

Номзадии Захаровро барои баррасӣ дар палати борлоии порлумон, ки зинаи ниҳоии тасдиқи номзадҳост, президенти Русия Владимир Путин пешниҳод кард. Захаров то ин вақт додситони вилояти Маскав буд.

Ба навиштаи нашрияи "Коммерсант", Алексей Захаров дар ин мақом ба ҳавзаи федеролии Шимолу Ғарбӣ назорат мекунад.

Моҳи октябри соли 2018 муовини додситони кулли Русия Саак Карапетян дар суқути чархбол ҳалок шуд. Баъди як моҳи ин ҳодиса ду муовини додситони кулл аз мақом истеъфо доданд. Ҷои ду муовини Юрий Чайка ҳоло ҳам холӣ аст.

ИМА Русия ва Чинро барои нақзи ҳуқуқи инсон танқид кард

Майк Помпео

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар гузориши солонаи вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон ба вазъи уйғурҳои мусулмон дар минтақаи Шинҷони Чин тамаркуз кард. Гузориш рӯзи гузашта аз ҷониби Котиби давлатии ИМА Майк Помпео муаррифӣ шуд.

ИМА, Ғарб ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ бар инанд, ки Чин бо боздошту нигаҳдории уйғурҳо ва ақаллиятҳои дигари мусулмон дар марказҳои махсус маъракаи "покорӣ"-и диниву нажодиеро ба роҳ мондааст.

Вале Пекин иддао дорад, ки барномаи мубориза зидди ифротгароиро иҷро мекунад. Чин марказҳои мазкурро омӯзишгоҳҳое меномад, ки дар онҳо сокинон забони чинӣ ва қонунҳои он кишварро меомӯзанд.

Пештар Помпео хабар дода буд, Вашингтон имкони таҳрим бар зидди мансабдорони Чин барои нақзи ҳуқуқи уйғурҳоро баррасӣ мекунад.

Дар мавриди Русия гуфта шудааст, ки мухолифони рус моҳи марти соли гузашта дар интихоботи президентӣ имкон надоштанд номзади худро ба мақоми раҳбарии он кишвар пешниҳод кунанд.

Департаменти давлатии ИМА вазъи ҳуқуқи инсонро дар Қрими ишғолшуда низ бад арзёбӣ кард ва таҷовузкориҳои Русияро дар шарқи Украина зикр намуд. Департаменти давлатии ИМА аз ҷумла гуфтааст, ки мақомоти Русия шаҳрвандони Украинаро дар Донбасс боздошт мекунанд ва ба додгоҳ мекашанд.

Ҳаракати нақлиёти Узбекистон ба Чин тавассути Тоҷикистон

Шоҳроҳи ноҳияи Айнии Тоҷикистон

Мақомоти Узбекистон тасмим доранд, ки равуои нақлиёт ба Чинро бо убури қаламрави Тоҷикистон ба роҳ монанд. Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ин бора қарор қабл кардааст.

Чораҳои тақвияти иқтидори транзитии бахши нақлиёти Узбекистон тасдиқ шудааст. "Равуои санҷишии нақлиёт дар масири Узбекистон-Тоҷикистон-Чин ба роҳ монда мешавад", - омадааст дар "харитаи роҳ".

Як намояндаи вазорати нақлиёти Узбекистон хабар дод, ки равуои санҷишӣ бояд имконоти ҳамлу нақли коло аз Узбекистон ба Тоҷикистону Чинро муайян кунад.

Раҳбари пешини ситоди интихоботии Трамп ба 7,5 сол зиндонӣ шуд

Пол Манафорт

Додгоҳи Вашингтон раҳбари пешини ситоди интихоботии президенти ИМА Пол Манафортро дар созиши зидди Амрико ва ҳимояти ғайриқонунии манфиатҳои президенти пешини Украина Виктор Янукович айбдор ва ба муддати 3,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Манафорт ҳамчунин дар додани баёноти дуруғ ба додситони махсус Роберт Мюллер ва тарсондани шоҳидон дар доираи парвандаи дахолати Русия ба интихоботи президентии ИМА айбдор шуд. Ӯ дар додгоҳ барои амалҳояш узр пурсида, дархости афв кард.

Додгоҳи Вирҷиния низ ҳафтаи гузашта Пол Манафортро ба ҷиноятҳои молӣ ва нақзи қонунҳои андоз ҳангоми мушовири сиёсӣ буданаш дар Украина айбдор ва 4 сол зиндонӣ кард.

Нақшаи даромадҳои ғайриқонунии Манафорт дар натиҷаи санҷишҳои додситони махсус Мюллер ошкор шуданд. Манафорт гуноҳро ба гардан гирифт. Дар ИМА мегӯянд, аз эҳтимол дур нест, ки президент Доналд Трамп мушовири пешини худро афв кунад. Дар Кохи сафед гуфтанд, "президент вақте ки омода шуд, тасмим хоҳад гирифт".

Боздошти ронандае, ки видеои баҳсаш бо нозири БДА ҷанҷолӣ шуд

Акс аз навори баҳси ронанда бо нозири БДА дар Душанбе

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба зидди як сокини ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон “барои таҳқири ду нозири роҳ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дафтари матбуоти раёсати умури дохилии Душанбе рӯзи 13-уми март бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, Сироҷиддин Наҷимови 39-сола баъди он дастгир шуд, ки видеои “таҳқир ва дашноми ӯ ба унвони нозирони роҳ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдро барангехт.

Дар ин видео, ки дар шабакаҳои “Однокласнники” ва “Фейсбук” нашр шудааст, дида мешавад, чӣ гуна Сироҷиддин Наҷимов бо як нозири Идораи Бозрасии давлатии Автомобилӣ вориди баҳс мешавад.

Назари вакили мудофеъ ва пайвандони Сироҷиддин Наҷимов дастрас нест. Маълум нест, баҳси ӯ бо нозири БДА ба сари чӣ будааст.

Мақомоти Раёсати умури дохилии Душанбе мегӯянд, ки ронандаи “Тангем” ба талаботи қонунии кормандони милиса итоат накарда, баръакс, онҳоро дашному таҳқир намудааст. Ҳодиса рӯзи 19-уми феврали имсол дар шаҳри Душанбе рух додааст ва видеоро низ ҳамон рӯз дар “Одноклассники” гузоштаанд.

Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт барои чунин рафтор, ки ҷинояти сахт ба ҳисоб меравад, рӯзи 27-уми феврали имсол ба зидди Сироҷиддин Наҷимов бо иттиҳоми таҳқири намояндаи ҳокимият парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.

Барои ин гуноҳ дар Тоҷикистон ҷаримаи бузург ва беш аз як соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.

Айни замон дар Тоҷикистон шикоят аз кори нозирони роҳ бисёр зиёд аст ва онҳоро ба ришвахорӣ муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, онҳо бо ҳар баҳона аз ронандагон пул меситонанд. Дар зери видеои ин ҷанҷол низ аксаран нозирони роҳ танқид шудаанд.

Аҳолии Тоҷикистон дертар аз аҳолии Русия ва Украина пир мешавад

Сокинони Русия зудтар аз бошандагони кишварҳои дигари дунё пир мешаванд. Аз пажуҳиши гурӯҳи байналмилалии донишмандон, ки дар маҷаллаи бонуфузи тиббии Lancet нашр шуд, чунин натиҷа ҳосил мешавад. Муаллифони таҳқиқот суръати рушди бемориҳои марбут ба солмандиро дар байни аҳолии кишварҳои мухталиф омӯхтанд.

Русиягиҳо дар муқоиса бо аҳолии 159 кишвари ҷаҳон зудтар пир мешаванд. Ин таҳқиқот дар навбати аввал таваҷҷӯҳи нашрияи The Bell-ро ба худ кашид.

Муаллифони пажуҳиш суръати пиршавӣ аҳолиро бо усули худ таҳқиқ карданд. Онҳо синни миёнаро ҳисоб карданд, ки одамон акнун ба бемориҳои хоси мардуми солманд гирифтор мешаванд. Ба ин феҳраст 92 ташхис, аз ҷумла бемориҳои Алзоймер, Паркинсон, фишори хун ва глаукома ворид шуданд.

Синни миёна барои рушди бемориҳои марбут ба солмандӣ дар ҷаҳон 65-солагӣ муаян шудааст, аммо дар Русия ин бемориҳо сар аз синни 59 рушд мекунанд,- мегӯянд муаллифони таҳқиқот. Ин син поёнтар аз синни бознишастагӣ ва ҳамчунин поёнтар аз синни пиршавӣ дар Беларусия, Ҳиндустон, Индонезия, Африқои Ҷанубӣ ва Эфиопия аст.

Аз ҳама дертар, ба гуфтаи гурӯҳи таҳқиқотӣ, аҳолии Япония (76,1), Шветсария (76,1), Фаронса (76) ва Сингапур (76) ба пирӣ мерасад. Аз ҳама зудтар аҳолии Папуа-Гвинеяи Нав (45,6), Ҷазираҳои Маршалл (51), ва Афғонистон (51,6) пир мешавад.

Пирӣ дар Русия дар синни 59 солагӣ фаро мерасад, ки болотар синни пиршавӣ дар Украина (57), Узбекистон (58) ва Озарбойҷон (58) аст. Аҳолии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар синни 60-солагӣ ва Қирғизистон, Латвия, Литва дар 61 солагӣ солманд мешаванд. Синни пиршавии аҳолии Эстония 66-солагӣ муайян шудааст.

Нигаронӣ аз ҳалокати кӯдакон баъди фурӯрезии биное дар Нигерия

Саҳнаи наҷоти кӯдакон аз зери оворҳо

Гурӯҳҳои наҷот дар Лагос - пойтахти тиҷоратии Нигерия, баъди фурӯпошии як бинои сеошёна, ки мактаби ибтидоӣ низ дар он ҷойгир буд, ба амалиёт оғоз карданд. Фоҷеа рӯзи 13 март дар ҳоле рух дод, ки кӯдакон дар синфхонаҳо буданд ва ҳоло эҳтимоли хисороти ҷонӣ дар байни онҳо боиси нигаронӣ шудааст.

То ин соат дар бораи хисороти ҷонӣ хабаре дастрас нест.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки наҷотдиҳандагон 7 кӯдакро аз зери оворҳо берун оварданд. Бар пояи хабарҳо, дар ин бинои сеошёна якчанд хонаи зист низ мавҷуд буд.

Фурӯпошии биноҳо дар Нигерия як мушкили умумӣ аст, зеро масолеҳи сохтмонӣ дар бисёр маврид бесифат буда, қоидаҳои сохтмонӣ риоя намешаванд,- мегӯянд хабарнигорон.

Соли 2016 бар асари фурӯ рафтани боми калисое дар ҷануби Нигерия беш аз 100 нафар қурбон шуд.

Рӯзи баробарии маош дар Берлин. Занҳо дар нақлиёт тахфиф мегиранд

Берлин- занони сарбоз аз Бундесвер дар рӯзи 8-март

Ширкати нақлиётии Берлин BVG хабар дод, ки барои як рӯз "чиптаи махсус"-и занонро ҷорӣ мекунд, ки тахфиф дорад. Ин иқдом ба хотири ҷалби таваҷҷуҳ ба нобаробарии маоши занон ва мардони Олмон пиёда мешавад, ки ин фарқият он ҳудудан 21 дар садро дар бар мегирад. Маҳз бо ҳамин тахфиф занҳо рӯзи 18 март метавонанд чиптаи ширкати нақлиёти Берлинро дарёфт кунанд.

Занҳо барои харидории билет ба ҷойи 7 еврои маъмулӣ 5,5 евро сарф хоҳанд кард. BVG мегӯяд, ки ҳамҷинсгароҳо низ метавонанд аз ин тахфиф истифода кунанд. Мардҳое, ки чиптаи тахфифӣ мехаранд мусофири бебилет эътироф мешаванд.

Фарқияти байни маоши марду зан аз рӯи аломатҳои гендерӣ дар Олмон баландтарин дар Иттиҳоди Аврупо аст. Рӯзи баробарии маошҳо дар Олмон маъмулан дар рӯзи 77-уми сол (ин 18 март аст) баргузор мешавад, ки рамзӣ аст. Занҳо бояд ҳамин қадар рӯз кор кунанд, то маоши онҳо бо маоши солонаи мардҳо баробар шуавад.

ИМА ҳукми Насрин Сутударо "бо шадидтарин лаҳн" маҳкум кард

Насрин Сутуда

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки ҳукми нави фаъоли ҳуқуқи башар Насрин Сутударо "бо шадидтарин лаҳн" маҳкум мекунад. "Мо аз шунидани хабаре, ки режими Эрон Сутударо ба 38 соли зиндон ва 148 шаллоқ маҳкум кардааст, хашмгин шудем",- гуфт сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Роберт Паладино рӯзи 12 март ва афзуд, ки "ин ҳукм фаротар аз ваҳшигарӣ аст".

Ризо Хандон, ҳамсари Сутуда мегӯяд, бар иловаи ҳукми панҷ соле, ки ҳамсараш феълан сипарӣ мекунад, ӯ боз ба 10- соли зиндон маҳкум шуд. Хандон ба хабаргузории AFP гуфт, ки ҳукми 10 соли зиндон тӯлонитарин аз ҳафт ҳукми пешин аст. Теъдоди умумии ҳукмҳои зиндони Насрин Сутуда баъди ду мурофиаи ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи инсон "шадидан ғайриодилона" ба 38 сол мерасад. Аммо ба гуфтаи Ризо Хандон аз ин ҳукмҳо Сутуда тӯлонитарини онро дар маҳбас сипарӣ хоҳад кард.

Муҳаммад Муқийса, раиси шӯъбаи 28-и Додгоҳи инқилоби исломӣ рӯзи 11 март дар ҳошияи маросими хайрбод ва муаррифии раиси Додгоҳи олии Эрон гуфт, "Насрин Сутуда ба иттиҳоми иҷтимоъ алайҳи амнияти миллӣ ба панҷ сол ҳабс ва ба иттиҳоми тавҳин ба раҳбарӣ (манзур Оятуллоҳ Хоманаӣ), ба ду сол ҳабс маҳкум шудааст.

Аммо Ризо Хандон дар гуфтугӯ бо Радиои Фардо таъкид кардааст, ки ҳар хабари дигар "дурӯғ аст". Ризо Хандон, ҳамсари Насрин Сутуда худ низ давраеро дар зиндон гузаронида ва ҳоло ӯро низ шаш соли зиндон таҳдид мекунад.

Қазоқистон барои оилаҳои камбизоат ва серфарзанд хона месозад

Девони вазирони Қазоқистон

Муовини сарвазири Қазоқистон Алихон Смаилов рӯзи 12 март дар ҷаласаи ҳукумат хабар дод, ки тасмим доранд, барои бунёди манзилҳои иҷораи хонаводаҳои камбизоати серфарзанд ва додани қарзҳои боимтиёз ба онҳо 100 миллиард танга ($263,8 миллион) ҷудо кунанд.

Смаилов ба аъзои ҳукумат тарҳи будҷаи давлатӣ барои соли 2019-ро муаррифӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар он барои иҷрои ваъдаҳои президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар анҷумани ахири ҳизби ҳокими "Нур Отан", моҳи феврал 444,3 миллиард танга пешбинӣ шудааст.

Аз ин маблағ, 100 миллиард танга ба бунёди манзилҳои зисти иҷоравию қарзҳои боимтиёз тавассути "Жилстройсбербонк" ва 224,3 миллиард танга ба тақвияти дастгириҳои иҷтимоии гуруҳи алоҳидаи шаҳрвандон равона хоҳад шуд.

Мақомоти Қазоқистон дар пайи эътирози модарони серфарзанд ваъда доданд, ки манзилҳои зисти иҷоравиро бештар бунёд карда, ҳаҷми кумакпулиҳоро боло баранд. Эътирози модарон дар шаҳрҳои Қазоқистон пас аз он оғоз шуд, ки 5 кӯдаки як хонавода шаби 4 феврал дар натиҷаи сӯхтори кулбаи муваққатие дар Остона ҷон бохтанд. Волидони кӯдакон дар басти шабона кор мекарданд.

Порлумони Бритониё тарҳи созишномаи бурунрафт аз ИА-ро рад кард

Тереза Мэй

Порлумони Бритониё дар робита ба созишномаи бурунрафти ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) бори дигар раъйгирӣ баргузор кард. Тарҳи созишномаи сарвазир Тереза Мэй бо 242 раъйи ҷонибдор ва 391 раъйи муқобил дубора рад шуд.

Вакилони порлумони Бритониё рӯзи 13 март бояд тасмим бигиранд, ки ин кишвар ИА-ро бидуни созишнома тарк кунад, ё не. Бештари вакилон ба ин шеваи бурунрафт аз ИА мухолифанд. Агар онҳо хуруҷи бидуни созишномаро рад кунанд, бурунрафти Бритониё аз иттиҳодро бояд ба таъхир гузоранд.

Сарвазири Бритониё Тереза Мэй ва раҳбари Комиссияи Аврупо Жан-Клод Юнкер ба созишнома, аз ҷумла дар робита ба назорат нашудани марзи Ирландияи Шимолӣ ва Ҷумҳурии Ирландия тағйирот ворид карданд. Ҷонибҳо ҳамчунин ба созиш расиданд, ки то моҳи декабри соли 2020 созишномаи наверо имзо хоҳанд кард.

Ба иттилои Би-би-сӣ, Жан-Клод Юнкер дар нишасти хабарӣ гуфтааст, агар порлумони Бритониё ин бор низ зидди гузинаи нави созишнома раъй диҳад, пас дигар "шонси севум" вуҷуд нахоҳад дошт.

Порлумони Бритониё 15 январи соли равон низ зидди тарҳи пешини созишномаи бурунрафт раъй дода буд. Бритониё бояд 29 марти соли равон ИА-ро тарк кунад. Вале эҳтимол аст, Лондон аз ИА дархост кунад, ки бурунрафтро ба таъхир андозад.

Созишнома ҳамкориҳои Бритониё ва ИА-ро пас аз бурунрафт ба танзим медарорад. Мунаққидон мегӯянд, шартҳои он Бритониёро ба як кишвари "зердаст" табдил хоҳад дод. Зеро он баъди бурунрафт низ бояд як қатор қоидаҳои ИА-ро риоя кунад.

Палатаи намояндагони ИМА қонуни зидди Кремл ва Путинро қабул кард

Тасвире аз ҷаласаи Палатаи намояндагони Конгресс

Палатаи намояндагони ИМА рӯзи сешанбе бастаи қонунҳоеро қабул кард, ки бар зидди сиёсатҳои хушунатангези Кремл равона шуда, таҳқиқи фасодкории марбут ба фаъолиятҳои президенти Русия Владимир Путинро талаб мекунанд.

Яке аз ин қонунҳо "Санади Кремлин" аст, ки ба ҳадди ақал расонидани дахолати Русия ва маҳдуд кардани шабакаҳои иктишофии он кишвар равона шудааст. Санади мазкур аз роҳбари иктишофи миллии ИМА Дэн Коут талаб мекунад, ки дар давоми 90 рӯз "тасмимҳои сиёсии роҳбарияти Русия" ва хатарҳои эҳтимолии Москва ба ИМА ва НАТО-ро баҳогузорӣ кунад.

Лоиҳаи дигари қонун "Дар бораи шаффофият нисбати Владимир Путин" аст, ки аз иктишофи Амрико талаб мекунад, дар бораи харҷ ва дороиҳои президенти Русия иттилоъ диҳад. Элис Стефаник, намояндаи ҷумҳурихоҳон ва яке аз муаллифони лоиҳаи қонун мегӯяд, Владимир Путин ва ҳампаймонҳои фасодзадаи ӯ талош мекунанд, ки демократияро дар саросари ҷаҳон заъиф созанд. Мудири Хадамоти миллии иктишофии ИМА ҳамроҳ бо котиби давлатӣ ва вазири молия вазифадор шудаанд, ки сар аз рӯзи эътибор пайдо кардани қонун дар давоми 180 рӯз дар бораи дороии шахсии президенти Русия гузориш диҳанд.

Дар Кремл пештар аз ин лоиҳаи қонунро "зӯрзаниҳои русбадбинӣ" номида, даъват карданд, ки он ҷиддӣ гирифта нашавад. Дмитрий Песков сухангӯи президенти Русия гуфт, "мумкин аст, Путин аз ин ташаббус огоҳ набошад".

Моҳи июли соли 2017 роҳбари бунёди Hermitage Capital Уилям Браудер дар Сенати ИМА гуфт, ки президенти Русия яке аз доротарин одамони сайёра аст. Браудер дороиҳои Путинро 200 миллиард доллар арзёбӣ кард.

Дипломати пешини Узбекистон ба ҷосусӣ айбдор шуд

Қодирҷон Юсупов

Як мансабдори дар гузашта баландпояи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар хиёнат ба давлат айбдор мешавад.

Қодирҷон Юсупови 67-сола, ки солҳои тӯлонӣ аз бемории равонӣ ранҷ мебарад, 3 декабри соли 2018 талош кард, худро зери чархи қатор партояд. Ӯ аз ин худкушӣ ҷон ба саломат бурд, аммо захмӣ ва бистарӣ шуд. Юспов дар бистари беморӣ дар ҳолати бехудӣ гуфтааст, ки "ҷосуси ғарбӣ" аст. Мақомоти қудратӣ дар асоси ин "изҳорот" алайҳи ӯ парванда боз карданд.

Мақомот Юсуповро 9 декабри соли 2018 аз бемористон ба боздоштгоҳ бурданд. Наздикони дипломати пешин дар бораи буду бош ва сиҳатии Юсупов иттилоъ надоранд.

Қодирҷон Юсупов дар сафорати Узбекистон дар Австрия, Бритониё ва Шарқи Наздик, инчунин ҳамчун намояндаи доимии Узбекистон дар СММ ва САҲА фаъолият кардааст. Вай солҳои 2002-2005 сухангӯи вазорати корҳои хориҷии кишвараш низ буд.

Сафири нави Эрон ба Душанбе омад

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири нави Эрон дар Тоҷикистон.

Cафири тозатаъйини Эрон дар Тоҷикистон, ба Душанбе омад. Хабаргузории нимарасмии "Форс" рӯзи 13-уми март хабар дод, ки Муҳаммадтақӣ Собирӣ суҳби имрӯз аз тариқи парвози Истанбул вориди Душанбе шуд. Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадтақӣ Собирӣ, фардо 14-уми март бо Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуда ва эътимодномаи худро ба ӯ месупорад.

"Форс" мегӯяд, Муҳаммадтақӣ Собирӣ рӯзи ҷумъаи 15-уми март тайи як маросими расмӣ ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот мекунад ва ба таври расмӣ ба унвони сафири Эрон дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз мекунад. Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар мақоми сафири Эрон дар Душанбе ҷойгузини Ҳуҷаттулоҳ Фағонӣ мешавад.

Ҷасади муҳофизи пешини Аҳмад Қодиров дар маҳбас ёфт шуд

Аюб Тунтуев

Ҷасади Аюб Тунтуев, муҳофизи пешини Аҳмад Қодиров, раиси ҷумҳури нахустини Чеченистонро дар маҳбаси рақами 6-и минтақаи Владимиров пайдо карданд. Ӯ бо ҷурми терроризм ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Дар ин бора нашрияи "Медиазона" рӯзи 12-уми март бо такя ба қавли вакили мудофеи ӯ – Тагир Шамсуддинов – хабар дод. Ба гуфти ҳуқуқшинос, бо ӯ аз маҳбас дар тамос шуда ва хабар додаанд, ки Тунтуев худкушӣ кардааст.

Тагир Шамсуддинов гуфт, бори охир нафари таҳти ҳимояташро ду моҳ пеш дида буд ва гӯиё Аюб Тунтуев борҳо шикоят кардааст, ки раҳбарони муассиса ба ҷонаш таҳдид мекунанд.

Аюб Тунтуев, муҳофизи пешини Аҳмад Қодиров, падари Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, соли 2015 ба зиндони Владимиров интиқол ёфт ва қаблан борҳо шикоят карда буд, ки кормандони зиндон шиканҷааш мекунанд.

Ба иддаои Тунтуев, аз ӯ мехостаанд масъулияти ҳамла ба гурӯҳи десантии Псковро, ки соли 2000-ум дар Чеченистон рух дода буд, ба дӯш бигирад. Ба қавли Тунтуев, афроди ношинос ба ӯ таҳдид кардаанд, ки агар ба санадҳои зарурӣ имзо намонад, заҳролуд хоҳад шуд.

Соли 2008 Аюб Тунтуев бо ҷурми даст доштан дар ҳамлаи террористӣ дар деҳаи Знаменское ба 24 соли зиндон маҳкум шуд.

Ду сол пеш дар заминаи ҳамлаи соли 2000-ум ба воҳиди десантӣ, ба ҳукми зиндони ӯ 11 моҳи дигар илова шуд. Тунтуев гуноҳро эътироф накард.

AI: наворҳои онлайнӣ зӯроварӣ ба занони Эронро нишон медиҳанд

Эрон - эътирози зиддиҳиҷоб

Наворҳое, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, "сатҳи ваҳшатноки зӯроварӣ"-ро ба намоиш гузошт, ки пулиси ахлоқӣ ва "каллабурҳо"-и ҳукуматии Эрон дар робита ба риояи шадиди коди либос ба занҳо раво мебинанд",- навиштааст созмони ҳуқуқи башари Amnesty International.

"Маҷбуран пӯшидани ҳиҷоб на танҳо табъизу таҳқир аст, балки он ҳамчун тавҷеҳи ҳамлаҳои хушунатбор алайҳи занону духтарон дар хиёбонҳо истифода мешавад",- гуфт Филипп Лютер - мудири бахши Amnesty International дар умури таҳқиқотҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ рӯзи 12 март дар як изҳорот.

Изҳорот мегӯяд, "пулиси ахлоқӣ занҳоро дар хиёбонҳои Эрон пайваста манъ мекунад, таҳқиру таҳдид мекунад, маҷбур мекунад, ки русариҳои худро пеш кашанд, мӯйҳоро пинҳон кунанд ва ба онҳо дастмол медиҳанд, ки ороиши чеҳраашонро бардоранд". Занҳо ҳамчунин мавриди зӯроварии ҷисмонӣ қарор мегиранд, ба рӯи онҳо силлӣ мезананд, дастбанд мепӯшонанд, бо "дубинка" мезананд ва маҷбуран ба мошини пулис мешинонанд"- афзуд Филипп Лютер.

Додраси Қирғизистон ба маҳви беш аз 1300 парванда айбдор шуд

Мурофиаи додгоҳӣ дар Қирғизистон

Эрнис Чоткараев, додраси додгоҳи ноҳияи Октябри пойтахти Қирғизистон дар "барқасдона маҳв кардани садҳо парвандаи маъмурӣ ва азхуд кардани маблағи калон" айбдор мешавад.

Додситонии кулли Қирғизистон парвандаи додрасро тартиб дод ва ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон супурд.

Додситонии он кишвар тирамоҳи соли 2018 дархост карда буд, ки дахлнопазирии додрас бекор шавад. Эрнис Чоткараев то он замон Қирғизистонро тарк карда буд.

Ба иттилои Наргиса Қувватова, сухангӯи Додситонии Қирғизистон, нисбати Чоткараев бо моддаҳои "сӯистифода аз мақом" ва "қаллобӣ" парванда боз шудааст.

"Чоткараев ҳамроҳ бо кормандони дигари додгоҳ парвандаҳои маъмурии солҳои 2017-2018-ро нобуд кард. Ба ҷуз ин ӯ дар солҳои 2015-2018 бештар аз 57 ҳазор доллари марбут ба ҷаримаҳоро аз худ намудааст", - хабар дод Қувватова.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Тоҷикистону Эрон масъалаи визаро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
XS
SM
MD
LG