Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Ҳаракати нақлиёти Узбекистон ба Чин тавассути Тоҷикистон

Шоҳроҳи ноҳияи Айнии Тоҷикистон

Мақомоти Узбекистон тасмим доранд, ки равуои нақлиёт ба Чинро бо убури қаламрави Тоҷикистон ба роҳ монанд. Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ин бора қарор қабл кардааст.

Чораҳои тақвияти иқтидори транзитии бахши нақлиёти Узбекистон тасдиқ шудааст. "Равуои санҷишии нақлиёт дар масири Узбекистон-Тоҷикистон-Чин ба роҳ монда мешавад", - омадааст дар "харитаи роҳ".

Як намояндаи вазорати нақлиёти Узбекистон хабар дод, ки равуои санҷишӣ бояд имконоти ҳамлу нақли коло аз Узбекистон ба Тоҷикистону Чинро муайян кунад.

Раҳбари пешини ситоди интихоботии Трамп ба 7,5 сол зиндонӣ шуд

Пол Манафорт

Додгоҳи Вашингтон раҳбари пешини ситоди интихоботии президенти ИМА Пол Манафортро дар созиши зидди Амрико ва ҳимояти ғайриқонунии манфиатҳои президенти пешини Украина Виктор Янукович айбдор ва ба муддати 3,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Манафорт ҳамчунин дар додани баёноти дуруғ ба додситони махсус Роберт Мюллер ва тарсондани шоҳидон дар доираи парвандаи дахолати Русия ба интихоботи президентии ИМА айбдор шуд. Ӯ дар додгоҳ барои амалҳояш узр пурсида, дархости афв кард.

Додгоҳи Вирҷиния низ ҳафтаи гузашта Пол Манафортро ба ҷиноятҳои молӣ ва нақзи қонунҳои андоз ҳангоми мушовири сиёсӣ буданаш дар Украина айбдор ва 4 сол зиндонӣ кард.

Нақшаи даромадҳои ғайриқонунии Манафорт дар натиҷаи санҷишҳои додситони махсус Мюллер ошкор шуданд. Манафорт гуноҳро ба гардан гирифт. Дар ИМА мегӯянд, аз эҳтимол дур нест, ки президент Доналд Трамп мушовири пешини худро афв кунад. Дар Кохи сафед гуфтанд, "президент вақте ки омода шуд, тасмим хоҳад гирифт".

Боздошти ронандае, ки видеои баҳсаш бо нозири БДА ҷанҷолӣ шуд

Акс аз навори баҳси ронанда бо нозири БДА дар Душанбе

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба зидди як сокини ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон “барои таҳқири ду нозири роҳ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дафтари матбуоти раёсати умури дохилии Душанбе рӯзи 13-уми март бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, Сироҷиддин Наҷимови 39-сола баъди он дастгир шуд, ки видеои “таҳқир ва дашноми ӯ ба унвони нозирони роҳ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдро барангехт.

Дар ин видео, ки дар шабакаҳои “Однокласнники” ва “Фейсбук” нашр шудааст, дида мешавад, чӣ гуна Сироҷиддин Наҷимов бо як нозири Идораи Бозрасии давлатии Автомобилӣ вориди баҳс мешавад.

Назари вакили мудофеъ ва пайвандони Сироҷиддин Наҷимов дастрас нест. Маълум нест, баҳси ӯ бо нозири БДА ба сари чӣ будааст.

Мақомоти Раёсати умури дохилии Душанбе мегӯянд, ки ронандаи “Тангем” ба талаботи қонунии кормандони милиса итоат накарда, баръакс, онҳоро дашному таҳқир намудааст. Ҳодиса рӯзи 19-уми феврали имсол дар шаҳри Душанбе рух додааст ва видеоро низ ҳамон рӯз дар “Одноклассники” гузоштаанд.

Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт барои чунин рафтор, ки ҷинояти сахт ба ҳисоб меравад, рӯзи 27-уми феврали имсол ба зидди Сироҷиддин Наҷимов бо иттиҳоми таҳқири намояндаи ҳокимият парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.

Барои ин гуноҳ дар Тоҷикистон ҷаримаи бузург ва беш аз як соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.

Айни замон дар Тоҷикистон шикоят аз кори нозирони роҳ бисёр зиёд аст ва онҳоро ба ришвахорӣ муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, онҳо бо ҳар баҳона аз ронандагон пул меситонанд. Дар зери видеои ин ҷанҷол низ аксаран нозирони роҳ танқид шудаанд.

Аҳолии Тоҷикистон дертар аз аҳолии Русия ва Украина пир мешавад

Сокинони Русия зудтар аз бошандагони кишварҳои дигари дунё пир мешаванд. Аз пажуҳиши гурӯҳи байналмилалии донишмандон, ки дар маҷаллаи бонуфузи тиббии Lancet нашр шуд, чунин натиҷа ҳосил мешавад. Муаллифони таҳқиқот суръати рушди бемориҳои марбут ба солмандиро дар байни аҳолии кишварҳои мухталиф омӯхтанд.

Русиягиҳо дар муқоиса бо аҳолии 159 кишвари ҷаҳон зудтар пир мешаванд. Ин таҳқиқот дар навбати аввал таваҷҷӯҳи нашрияи The Bell-ро ба худ кашид.

Муаллифони пажуҳиш суръати пиршавӣ аҳолиро бо усули худ таҳқиқ карданд. Онҳо синни миёнаро ҳисоб карданд, ки одамон акнун ба бемориҳои хоси мардуми солманд гирифтор мешаванд. Ба ин феҳраст 92 ташхис, аз ҷумла бемориҳои Алзоймер, Паркинсон, фишори хун ва глаукома ворид шуданд.

Синни миёна барои рушди бемориҳои марбут ба солмандӣ дар ҷаҳон 65-солагӣ муаян шудааст, аммо дар Русия ин бемориҳо сар аз синни 59 рушд мекунанд,- мегӯянд муаллифони таҳқиқот. Ин син поёнтар аз синни бознишастагӣ ва ҳамчунин поёнтар аз синни пиршавӣ дар Беларусия, Ҳиндустон, Индонезия, Африқои Ҷанубӣ ва Эфиопия аст.

Аз ҳама дертар, ба гуфтаи гурӯҳи таҳқиқотӣ, аҳолии Япония (76,1), Шветсария (76,1), Фаронса (76) ва Сингапур (76) ба пирӣ мерасад. Аз ҳама зудтар аҳолии Папуа-Гвинеяи Нав (45,6), Ҷазираҳои Маршалл (51), ва Афғонистон (51,6) пир мешавад.

Пирӣ дар Русия дар синни 59 солагӣ фаро мерасад, ки болотар синни пиршавӣ дар Украина (57), Узбекистон (58) ва Озарбойҷон (58) аст. Аҳолии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар синни 60-солагӣ ва Қирғизистон, Латвия, Литва дар 61 солагӣ солманд мешаванд. Синни пиршавии аҳолии Эстония 66-солагӣ муайян шудааст.

Нигаронӣ аз ҳалокати кӯдакон баъди фурӯрезии биное дар Нигерия

Саҳнаи наҷоти кӯдакон аз зери оворҳо

Гурӯҳҳои наҷот дар Лагос - пойтахти тиҷоратии Нигерия, баъди фурӯпошии як бинои сеошёна, ки мактаби ибтидоӣ низ дар он ҷойгир буд, ба амалиёт оғоз карданд. Фоҷеа рӯзи 13 март дар ҳоле рух дод, ки кӯдакон дар синфхонаҳо буданд ва ҳоло эҳтимоли хисороти ҷонӣ дар байни онҳо боиси нигаронӣ шудааст.

То ин соат дар бораи хисороти ҷонӣ хабаре дастрас нест.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки наҷотдиҳандагон 7 кӯдакро аз зери оворҳо берун оварданд. Бар пояи хабарҳо, дар ин бинои сеошёна якчанд хонаи зист низ мавҷуд буд.

Фурӯпошии биноҳо дар Нигерия як мушкили умумӣ аст, зеро масолеҳи сохтмонӣ дар бисёр маврид бесифат буда, қоидаҳои сохтмонӣ риоя намешаванд,- мегӯянд хабарнигорон.

Соли 2016 бар асари фурӯ рафтани боми калисое дар ҷануби Нигерия беш аз 100 нафар қурбон шуд.

Рӯзи баробарии маош дар Берлин. Занҳо дар нақлиёт тахфиф мегиранд

Берлин- занони сарбоз аз Бундесвер дар рӯзи 8-март

Ширкати нақлиётии Берлин BVG хабар дод, ки барои як рӯз "чиптаи махсус"-и занонро ҷорӣ мекунд, ки тахфиф дорад. Ин иқдом ба хотири ҷалби таваҷҷуҳ ба нобаробарии маоши занон ва мардони Олмон пиёда мешавад, ки ин фарқият он ҳудудан 21 дар садро дар бар мегирад. Маҳз бо ҳамин тахфиф занҳо рӯзи 18 март метавонанд чиптаи ширкати нақлиёти Берлинро дарёфт кунанд.

Занҳо барои харидории билет ба ҷойи 7 еврои маъмулӣ 5,5 евро сарф хоҳанд кард. BVG мегӯяд, ки ҳамҷинсгароҳо низ метавонанд аз ин тахфиф истифода кунанд. Мардҳое, ки чиптаи тахфифӣ мехаранд мусофири бебилет эътироф мешаванд.

Фарқияти байни маоши марду зан аз рӯи аломатҳои гендерӣ дар Олмон баландтарин дар Иттиҳоди Аврупо аст. Рӯзи баробарии маошҳо дар Олмон маъмулан дар рӯзи 77-уми сол (ин 18 март аст) баргузор мешавад, ки рамзӣ аст. Занҳо бояд ҳамин қадар рӯз кор кунанд, то маоши онҳо бо маоши солонаи мардҳо баробар шуавад.

ИМА ҳукми Насрин Сутударо "бо шадидтарин лаҳн" маҳкум кард

Насрин Сутуда

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки ҳукми нави фаъоли ҳуқуқи башар Насрин Сутударо "бо шадидтарин лаҳн" маҳкум мекунад. "Мо аз шунидани хабаре, ки режими Эрон Сутударо ба 38 соли зиндон ва 148 шаллоқ маҳкум кардааст, хашмгин шудем",- гуфт сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Роберт Паладино рӯзи 12 март ва афзуд, ки "ин ҳукм фаротар аз ваҳшигарӣ аст".

Ризо Хандон, ҳамсари Сутуда мегӯяд, бар иловаи ҳукми панҷ соле, ки ҳамсараш феълан сипарӣ мекунад, ӯ боз ба 10- соли зиндон маҳкум шуд. Хандон ба хабаргузории AFP гуфт, ки ҳукми 10 соли зиндон тӯлонитарин аз ҳафт ҳукми пешин аст. Теъдоди умумии ҳукмҳои зиндони Насрин Сутуда баъди ду мурофиаи ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи инсон "шадидан ғайриодилона" ба 38 сол мерасад. Аммо ба гуфтаи Ризо Хандон аз ин ҳукмҳо Сутуда тӯлонитарини онро дар маҳбас сипарӣ хоҳад кард.

Муҳаммад Муқийса, раиси шӯъбаи 28-и Додгоҳи инқилоби исломӣ рӯзи 11 март дар ҳошияи маросими хайрбод ва муаррифии раиси Додгоҳи олии Эрон гуфт, "Насрин Сутуда ба иттиҳоми иҷтимоъ алайҳи амнияти миллӣ ба панҷ сол ҳабс ва ба иттиҳоми тавҳин ба раҳбарӣ (манзур Оятуллоҳ Хоманаӣ), ба ду сол ҳабс маҳкум шудааст.

Аммо Ризо Хандон дар гуфтугӯ бо Радиои Фардо таъкид кардааст, ки ҳар хабари дигар "дурӯғ аст". Ризо Хандон, ҳамсари Насрин Сутуда худ низ давраеро дар зиндон гузаронида ва ҳоло ӯро низ шаш соли зиндон таҳдид мекунад.

Қазоқистон барои оилаҳои камбизоат ва серфарзанд хона месозад

Девони вазирони Қазоқистон

Муовини сарвазири Қазоқистон Алихон Смаилов рӯзи 12 март дар ҷаласаи ҳукумат хабар дод, ки тасмим доранд, барои бунёди манзилҳои иҷораи хонаводаҳои камбизоати серфарзанд ва додани қарзҳои боимтиёз ба онҳо 100 миллиард танга ($263,8 миллион) ҷудо кунанд.

Смаилов ба аъзои ҳукумат тарҳи будҷаи давлатӣ барои соли 2019-ро муаррифӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар он барои иҷрои ваъдаҳои президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар анҷумани ахири ҳизби ҳокими "Нур Отан", моҳи феврал 444,3 миллиард танга пешбинӣ шудааст.

Аз ин маблағ, 100 миллиард танга ба бунёди манзилҳои зисти иҷоравию қарзҳои боимтиёз тавассути "Жилстройсбербонк" ва 224,3 миллиард танга ба тақвияти дастгириҳои иҷтимоии гуруҳи алоҳидаи шаҳрвандон равона хоҳад шуд.

Мақомоти Қазоқистон дар пайи эътирози модарони серфарзанд ваъда доданд, ки манзилҳои зисти иҷоравиро бештар бунёд карда, ҳаҷми кумакпулиҳоро боло баранд. Эътирози модарон дар шаҳрҳои Қазоқистон пас аз он оғоз шуд, ки 5 кӯдаки як хонавода шаби 4 феврал дар натиҷаи сӯхтори кулбаи муваққатие дар Остона ҷон бохтанд. Волидони кӯдакон дар басти шабона кор мекарданд.

Порлумони Бритониё тарҳи созишномаи бурунрафт аз ИА-ро рад кард

Тереза Мэй

Порлумони Бритониё дар робита ба созишномаи бурунрафти ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) бори дигар раъйгирӣ баргузор кард. Тарҳи созишномаи сарвазир Тереза Мэй бо 242 раъйи ҷонибдор ва 391 раъйи муқобил дубора рад шуд.

Вакилони порлумони Бритониё рӯзи 13 март бояд тасмим бигиранд, ки ин кишвар ИА-ро бидуни созишнома тарк кунад, ё не. Бештари вакилон ба ин шеваи бурунрафт аз ИА мухолифанд. Агар онҳо хуруҷи бидуни созишномаро рад кунанд, бурунрафти Бритониё аз иттиҳодро бояд ба таъхир гузоранд.

Сарвазири Бритониё Тереза Мэй ва раҳбари Комиссияи Аврупо Жан-Клод Юнкер ба созишнома, аз ҷумла дар робита ба назорат нашудани марзи Ирландияи Шимолӣ ва Ҷумҳурии Ирландия тағйирот ворид карданд. Ҷонибҳо ҳамчунин ба созиш расиданд, ки то моҳи декабри соли 2020 созишномаи наверо имзо хоҳанд кард.

Ба иттилои Би-би-сӣ, Жан-Клод Юнкер дар нишасти хабарӣ гуфтааст, агар порлумони Бритониё ин бор низ зидди гузинаи нави созишнома раъй диҳад, пас дигар "шонси севум" вуҷуд нахоҳад дошт.

Порлумони Бритониё 15 январи соли равон низ зидди тарҳи пешини созишномаи бурунрафт раъй дода буд. Бритониё бояд 29 марти соли равон ИА-ро тарк кунад. Вале эҳтимол аст, Лондон аз ИА дархост кунад, ки бурунрафтро ба таъхир андозад.

Созишнома ҳамкориҳои Бритониё ва ИА-ро пас аз бурунрафт ба танзим медарорад. Мунаққидон мегӯянд, шартҳои он Бритониёро ба як кишвари "зердаст" табдил хоҳад дод. Зеро он баъди бурунрафт низ бояд як қатор қоидаҳои ИА-ро риоя кунад.

Палатаи намояндагони ИМА қонуни зидди Кремл ва Путинро қабул кард

Тасвире аз ҷаласаи Палатаи намояндагони Конгресс

Палатаи намояндагони ИМА рӯзи сешанбе бастаи қонунҳоеро қабул кард, ки бар зидди сиёсатҳои хушунатангези Кремл равона шуда, таҳқиқи фасодкории марбут ба фаъолиятҳои президенти Русия Владимир Путинро талаб мекунанд.

Яке аз ин қонунҳо "Санади Кремлин" аст, ки ба ҳадди ақал расонидани дахолати Русия ва маҳдуд кардани шабакаҳои иктишофии он кишвар равона шудааст. Санади мазкур аз роҳбари иктишофи миллии ИМА Дэн Коут талаб мекунад, ки дар давоми 90 рӯз "тасмимҳои сиёсии роҳбарияти Русия" ва хатарҳои эҳтимолии Москва ба ИМА ва НАТО-ро баҳогузорӣ кунад.

Лоиҳаи дигари қонун "Дар бораи шаффофият нисбати Владимир Путин" аст, ки аз иктишофи Амрико талаб мекунад, дар бораи харҷ ва дороиҳои президенти Русия иттилоъ диҳад. Элис Стефаник, намояндаи ҷумҳурихоҳон ва яке аз муаллифони лоиҳаи қонун мегӯяд, Владимир Путин ва ҳампаймонҳои фасодзадаи ӯ талош мекунанд, ки демократияро дар саросари ҷаҳон заъиф созанд. Мудири Хадамоти миллии иктишофии ИМА ҳамроҳ бо котиби давлатӣ ва вазири молия вазифадор шудаанд, ки сар аз рӯзи эътибор пайдо кардани қонун дар давоми 180 рӯз дар бораи дороии шахсии президенти Русия гузориш диҳанд.

Дар Кремл пештар аз ин лоиҳаи қонунро "зӯрзаниҳои русбадбинӣ" номида, даъват карданд, ки он ҷиддӣ гирифта нашавад. Дмитрий Песков сухангӯи президенти Русия гуфт, "мумкин аст, Путин аз ин ташаббус огоҳ набошад".

Моҳи июли соли 2017 роҳбари бунёди Hermitage Capital Уилям Браудер дар Сенати ИМА гуфт, ки президенти Русия яке аз доротарин одамони сайёра аст. Браудер дороиҳои Путинро 200 миллиард доллар арзёбӣ кард.

Дипломати пешини Узбекистон ба ҷосусӣ айбдор шуд

Қодирҷон Юсупов

Як мансабдори дар гузашта баландпояи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар хиёнат ба давлат айбдор мешавад.

Қодирҷон Юсупови 67-сола, ки солҳои тӯлонӣ аз бемории равонӣ ранҷ мебарад, 3 декабри соли 2018 талош кард, худро зери чархи қатор партояд. Ӯ аз ин худкушӣ ҷон ба саломат бурд, аммо захмӣ ва бистарӣ шуд. Юспов дар бистари беморӣ дар ҳолати бехудӣ гуфтааст, ки "ҷосуси ғарбӣ" аст. Мақомоти қудратӣ дар асоси ин "изҳорот" алайҳи ӯ парванда боз карданд.

Мақомот Юсуповро 9 декабри соли 2018 аз бемористон ба боздоштгоҳ бурданд. Наздикони дипломати пешин дар бораи буду бош ва сиҳатии Юсупов иттилоъ надоранд.

Қодирҷон Юсупов дар сафорати Узбекистон дар Австрия, Бритониё ва Шарқи Наздик, инчунин ҳамчун намояндаи доимии Узбекистон дар СММ ва САҲА фаъолият кардааст. Вай солҳои 2002-2005 сухангӯи вазорати корҳои хориҷии кишвараш низ буд.

Сафири нави Эрон ба Душанбе омад

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири нави Эрон дар Тоҷикистон.

Cафири тозатаъйини Эрон дар Тоҷикистон, ба Душанбе омад. Хабаргузории нимарасмии "Форс" рӯзи 13-уми март хабар дод, ки Муҳаммадтақӣ Собирӣ суҳби имрӯз аз тариқи парвози Истанбул вориди Душанбе шуд. Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадтақӣ Собирӣ, фардо 14-уми март бо Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуда ва эътимодномаи худро ба ӯ месупорад.

"Форс" мегӯяд, Муҳаммадтақӣ Собирӣ рӯзи ҷумъаи 15-уми март тайи як маросими расмӣ ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот мекунад ва ба таври расмӣ ба унвони сафири Эрон дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз мекунад. Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар мақоми сафири Эрон дар Душанбе ҷойгузини Ҳуҷаттулоҳ Фағонӣ мешавад.

Ҷасади муҳофизи пешини Аҳмад Қодиров дар маҳбас ёфт шуд

Аюб Тунтуев

Ҷасади Аюб Тунтуев, муҳофизи пешини Аҳмад Қодиров, раиси ҷумҳури нахустини Чеченистонро дар маҳбаси рақами 6-и минтақаи Владимиров пайдо карданд. Ӯ бо ҷурми терроризм ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Дар ин бора нашрияи "Медиазона" рӯзи 12-уми март бо такя ба қавли вакили мудофеи ӯ – Тагир Шамсуддинов – хабар дод. Ба гуфти ҳуқуқшинос, бо ӯ аз маҳбас дар тамос шуда ва хабар додаанд, ки Тунтуев худкушӣ кардааст.

Тагир Шамсуддинов гуфт, бори охир нафари таҳти ҳимояташро ду моҳ пеш дида буд ва гӯиё Аюб Тунтуев борҳо шикоят кардааст, ки раҳбарони муассиса ба ҷонаш таҳдид мекунанд.

Аюб Тунтуев, муҳофизи пешини Аҳмад Қодиров, падари Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, соли 2015 ба зиндони Владимиров интиқол ёфт ва қаблан борҳо шикоят карда буд, ки кормандони зиндон шиканҷааш мекунанд.

Ба иддаои Тунтуев, аз ӯ мехостаанд масъулияти ҳамла ба гурӯҳи десантии Псковро, ки соли 2000-ум дар Чеченистон рух дода буд, ба дӯш бигирад. Ба қавли Тунтуев, афроди ношинос ба ӯ таҳдид кардаанд, ки агар ба санадҳои зарурӣ имзо намонад, заҳролуд хоҳад шуд.

Соли 2008 Аюб Тунтуев бо ҷурми даст доштан дар ҳамлаи террористӣ дар деҳаи Знаменское ба 24 соли зиндон маҳкум шуд.

Ду сол пеш дар заминаи ҳамлаи соли 2000-ум ба воҳиди десантӣ, ба ҳукми зиндони ӯ 11 моҳи дигар илова шуд. Тунтуев гуноҳро эътироф накард.

AI: наворҳои онлайнӣ зӯроварӣ ба занони Эронро нишон медиҳанд

Эрон - эътирози зиддиҳиҷоб

Наворҳое, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, "сатҳи ваҳшатноки зӯроварӣ"-ро ба намоиш гузошт, ки пулиси ахлоқӣ ва "каллабурҳо"-и ҳукуматии Эрон дар робита ба риояи шадиди коди либос ба занҳо раво мебинанд",- навиштааст созмони ҳуқуқи башари Amnesty International.

"Маҷбуран пӯшидани ҳиҷоб на танҳо табъизу таҳқир аст, балки он ҳамчун тавҷеҳи ҳамлаҳои хушунатбор алайҳи занону духтарон дар хиёбонҳо истифода мешавад",- гуфт Филипп Лютер - мудири бахши Amnesty International дар умури таҳқиқотҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ рӯзи 12 март дар як изҳорот.

Изҳорот мегӯяд, "пулиси ахлоқӣ занҳоро дар хиёбонҳои Эрон пайваста манъ мекунад, таҳқиру таҳдид мекунад, маҷбур мекунад, ки русариҳои худро пеш кашанд, мӯйҳоро пинҳон кунанд ва ба онҳо дастмол медиҳанд, ки ороиши чеҳраашонро бардоранд". Занҳо ҳамчунин мавриди зӯроварии ҷисмонӣ қарор мегиранд, ба рӯи онҳо силлӣ мезананд, дастбанд мепӯшонанд, бо "дубинка" мезананд ва маҷбуран ба мошини пулис мешинонанд"- афзуд Филипп Лютер.

Додраси Қирғизистон ба маҳви беш аз 1300 парванда айбдор шуд

Мурофиаи додгоҳӣ дар Қирғизистон

Эрнис Чоткараев, додраси додгоҳи ноҳияи Октябри пойтахти Қирғизистон дар "барқасдона маҳв кардани садҳо парвандаи маъмурӣ ва азхуд кардани маблағи калон" айбдор мешавад.

Додситонии кулли Қирғизистон парвандаи додрасро тартиб дод ва ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон супурд.

Додситонии он кишвар тирамоҳи соли 2018 дархост карда буд, ки дахлнопазирии додрас бекор шавад. Эрнис Чоткараев то он замон Қирғизистонро тарк карда буд.

Ба иттилои Наргиса Қувватова, сухангӯи Додситонии Қирғизистон, нисбати Чоткараев бо моддаҳои "сӯистифода аз мақом" ва "қаллобӣ" парванда боз шудааст.

"Чоткараев ҳамроҳ бо кормандони дигари додгоҳ парвандаҳои маъмурии солҳои 2017-2018-ро нобуд кард. Ба ҷуз ин ӯ дар солҳои 2015-2018 бештар аз 57 ҳазор доллари марбут ба ҷаримаҳоро аз худ намудааст", - хабар дод Қувватова.

Раҳбари демократҳои Конгресс зидди изҳори нобоварӣ ба Трамп аст

Нэнси Пелоси ва Доналд Трамп қабл суханронии президент дар Конгресс

Нэнси Пелоси, раиси Палатаи намояндагони Конгресси Амрико гуфт, ки ӯ мухолифи барканорӣ ё изҳори нобоварӣ ба президент Доналд Трамп аст.

Ба гуфтаи Пелоси, танҳо дар сурати ошкор шудани далелҳои "возеҳ"-е зидди президент, мумкин аст, ҷараёни изҳори нобоварӣ ё импичмент оғоз гардад.

"Изҳори нобоварӣ дар ҷомеа ҷудоӣ эҷод мекунад ва ман фикр намекунам, ки мо бояд ин масирро тай кунем", - гуфт Пелоси.

Масъалаи эълони нобоварӣ ба президент аз сӯи чанд қонунгузори демократ баррасӣ шуд. Ин вакилон мегӯянд, бархе аз корҳои президент, амсоли дахолат ба таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи соли 2016 метавонад барои эълони нобоварӣ замина гузорад.

Бори аввал конгрессмени демократ Брэд Шерман дар соли 2017 талош кард, импичменти Трампро оғоз кунад, вале комёб нашуд. Ҳоло аксари демократҳо дар Палатаи намояндагон метавонанд ба президент нобоварӣ изҳор кунанд, аммо ин тасмим аз сӯи Сенат қабул намешавад. Бино ба Конститутсияи Амрико, танҳо Сенат ҳақ дорад, ки қарори барканории президентро қабул кунад. Аксари курсиҳои Сенат дар ихтиёри ҷумҳурихоҳон аст.

Бино ба назарсанҷиҳо, бештари амрикоиҳо ҷонибдори изҳори нобоварӣ ба президент ҳастанд. Роҳбарияти Ҳизби демократ бар ин аст, ки эълони нобоварӣ ба президент мумкин аст, ҳамдардии мардумро нисбат ба президент бештар кунад ва ба нуфузи номзади демократҳо дар интихоботи навбатии президентӣ зарар расонад.

Эрон барои муқовимат бо Амрико дар Ироқ шарик меҷӯяд

Мулоқоти президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ бо нахуствазири Ироқ Одил Абдул Маҳдӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи 11-уми март бори нахуст бо сафари расмӣ вориди Ироқ шуд.

Ҳадафи аслии сафар афзоиши тиҷорат дар байни ду кишвар аз 12 то 20 миллиард доллар дар сол ва бо ин роҳ коҳиш додани таъсири таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон аст.

Рӯҳонӣ дар нишасти муштараки матбуотӣ бо президенти Ироқ Баҳром Солеҳ таъкид кард, ки тарафҳо бо ҳам пайванди таърихиву фарҳангӣ ва мазҳабӣ доранд ва "гусастани онҳо кори осон нест".

Дар рӯзи аввали сафар дар робита ба тиҷорат якчанд созишномаи ибтидоӣ, аз ҷумла барномаи бунёди роҳи оҳан дар байни ду кишвар имзо шуд.

Ироқ аз Амрико кумакҳои молӣ ва низомӣ мегирад, аммо дар робитаҳояш бо Вашингтон ва Теҳрон мехоҳад тавозунро нигаҳ дорад, зеро Эрон ба аҳолии шиамазҳаби Ироқ таъсири қобили мулоҳиза дорад. Теҳрон дар Ироқ ҳузури низомӣ надорад, вале ҳукумати Эрон аз гурӯҳҳои шибҳанизомии нерӯманди шиаҳо, ки теъдодашон ба 150 ҳазор нафар мерасад, пуштибонӣ мекунад.

Дар ҷараёни сафар имзои қарордодҳо дар соҳаи энержӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, саноат ва беҳдошт дар назар аст. Дар ин бора хабаргузории ИРНА гузориш додааст. Рӯҳонӣ ҳамчунин бо нахуствазири Ироқ Одил Абдул Маҳдӣ мулоқот кард.

Мақомдори Узбекистон баъди шарҳаш дар бораи паёмбар таҳдид гирифт

Наргис Раҳимова

Наргис Раҳимова, муовини сардори Оҷонси иттилоот ва коммуникатсияи назди президенти Узбекистон, пас аз нашри шарҳе дар Фейсбук ба рухсатии иҷборӣ рафт. Дар ин бора манбаъҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он кишвар ва ҳамкорони худи Раҳимова хабар доданд.

Раҳимоваи 35-сола пас аз як шарҳ дар мавзӯи бисёрникоҳӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мавриди ҳамлаи гурӯҳи корбарон ва шахсони мазҳабӣ қарор гирифт.

Ҳодиса баъди он шуруъ шуд, ки корбаре бо номи "Hayot Baxtiyor O'gli" рӯзи 8-уми март дар Фейсбук ба ҷонибдорӣ аз бисёрникоҳӣ навишт, "бисёрзаниро танҳо мардон-латтаҳое намехоҳанд, ки аз уҳдаи як зан намебароянд ё занон-палидоне, ки ба болои сари шавҳарҳои худ баромадаанд".

Наргис Раҳимова дар посух ба ӯ навишт, "паёмбари мо дар замони зинда будани модарамон Хадича зани дувум нагирифт. Намедонам, шояд он замон ӯ "латта" ё модарамон Хадича "палид" буд, инро шумо беҳтар медонед".

Дар натиҷа даҳҳо шарҳу изҳороти видеоӣ зидди мансабдори узбек нашр шуда, корбарон ҳатто ба шавҳару фарзандонаш низ таҳдид карданд. Чанд манбаъ дар мақомоти интизомии Узбекистон гуфтанд, дар ҳоли ҳозир маъмурон муаллифони шарҳҳоеро муайян мекунанд, ки ба Наргис Раҳимова таҳдид кардаанд.

Сомонаи телевизиони Azon TV рӯзи 9-уми март муроҷиатномаи Раҳимоваро нашр кард. "Ман ҳамчун бандаи Худо аз тамоми мусулмонон барои изҳори назарам, ки баҳсҳоеро ба бор овард, бахшиш мепурсам", - гуфтааст Раҳимова дар паёми худ.

Дар Узбекистон ин қазияро то ҳол танҳо Кумитаи умури дини назди девони вазирон шарҳ додааст. Кумита дар изҳороти худ ҳарчанд номи Раҳимоваро зикр накард, гуфт, "дар қонунгузории кишвар барои таҳқири эҳсоси динии шаҳрвандон ҷазо пешбинӣ шудааст".

Президенти Алҷазоир аз мубориза барои даври панҷуми раёсат даст кашид. ВИДЕО

Президенти Алҷазоир Абдулазиз Буафлиқа

Президенти Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа баргузории интихоботи президентиро ба таъхир гузошт ва эълон кард, ки номзадии худро барои даври панҷуми раёсат пешниҳод ннамекунад.

Чанд ҳафта пеш Абдулазиз Бутафлиқа эълон карда буд, ки бори панҷум дар интихоботи президентии Алҷазоир иштирок мекунад. Ин тасмими ӯ норозигии алҷазоириҳоро ба бор оварда, ба эътирозҳои оммавӣ сабаб шуд. Бутафлиқаи 82-сола пас аз ду ҳафтаи табобат дар Швейтсария рӯзи 10-уми март ба ватан баргашт.

"Агар бо кумаки Худо то он рӯз бирасам, вазифа ва салоҳиятҳои президентиро ба шахсе хоҳам супурд, ки мардуми Алҷазоир ӯро озодона интихоб кардаанд", - гуфт президенти Алҷазоир. Ӯ иштироки худро дар интихобот рад кард.

Бутафлиқаи 82-сола бори панҷум Президенти Алҷазоир намешавад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

Абдулазиз Бутафлиқа 20 сол боз раҳбари Алҷазоир аст ва солҳои ахир, бахусус пас аз сактаи соли 2013 дар мазҳари ом камтар ҳозир мешавад.

Бутафлиқа ҳамчунин эълон кард, ки дар ҳукумати Алҷазоир тағйирот ворид мешавад. Пас аз изҳороти президенти Алҷазоир сарвазири ин кишвар Аҳмад Уяхя аз мақомаш истеъфо дод.

Муфтиёти Қирғизистон: хутбаи намози ҷумъа бо забони қирғизӣ ва русӣ хонда шавад

Идораи мусулмонони Қирғизистон (ИМҚ) дастур дод, ки минбаъд хутбаи намози ҷумъа дар масҷидҳои ин кишвар танҳо бо забони қирғизӣ ва дар сурати зарурат, бо забони русӣ хонда шавад.

Дар фармони раҳбари ИМҚ Мақсадбек Токтомушев, ки 6 март имзо шуд, омадааст, хутбаи намози ҷумъа бояд бо забони қирғизӣ хонда шавад.

Аҳолии Қирғизистон 6,2 миллион нафар буда, 73 дарсади онҳоро қирғизҳо ташкил медиҳанд.

Дар Қирғизистон забони давлатӣ қирғизӣ буда, забони русӣ забони дувуми расмӣ шумурда мешавад.

Додситонии Узбекистон худкушии Гулнора Каримоваро рад кард

Парвандаи гулнора каримова

Додситонии кулли Узбекистон хабари худкушии Гулнора Каримова дар маҳбасро рад кард.

"Худкушӣ ё талоши худкушӣ ҷой надошт. Гулнора Каримова ҳоло адои ҷазо мекунад", - омадааст дар хабарномаи додситонӣ.

Пештар аз ин дар бахши узбекии шабакаҳои иҷтимоӣ хабари худкушии духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов нашр шуд.

Ҳафтаи гузашта Додситонии кулли Узбекистон хабар дод, Гулнора Каримова ба далели вайрон кардани шароити ҳабси хонагӣ ба маҳбас интиқол дода шудааст.

Ба иттилои додситонӣ, Каримова вазифадор буд, ки манзилашро тарк накунад, аз Интернет истифода набарад ва ҷуброн пардозад. Аммо ӯ дар ҳабси хонагӣ ба таври мунтазам ин қоидаҳоро вайрон кардааст.

Парванда алайҳи ронандаи садамаи маргбор дар Дарвоз

Додситонии ноҳияи Дарвоз алайҳи як сокини маҳаллӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааcт. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 12-уми март хабар дод, ки Арабшо Куканиеви 23-сола, сокини деҳаи Курговад ба он муттаҳам мешавад, ки дар худрави "Опел-Астра"-и худ ба хилофи муқаррарот ба ҷои 6 нафар, 9 тан мусофир бор кардааст.

Мошини Арабшо Куканиев рӯзи 29-уми январи соли равон дар ҳудуди деҳаи Вишхарви Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд, ки дар натиҷа ҳамаи 9 мусофири он ҷони худро аз даст доданд. Аксари қурбониёни ин ҳодиса занон ва кӯдакон буданд. Худи ронанда бо ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол ёфт.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки дар нисбати Арабшо Куканиев бар пояи моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиши онро муфаттишони шӯъбаи тафтишотии раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон пеш мебаранд.

Дар Маскав духтарчаи 5-сола танҳо дар хонаи пур аз партов ошкор шуд

Акс аз бойгонӣ гирифта шудааст

Кумитаи тафтишоти Русия аз рӯи ҳодисаи ошкор шудани духтарчаи 5-солаи танҳо дар як хонаи истиқоматии пур аз партов бар асоси моддаи "сӯиқасд ба куштор" парванда боз карда, модари кӯдакро боздошт кардааст. Александр Бастрикин, раиси ин ниҳод гуфтааст, ки парвандаро таҳти назорат қарор дода, ходимони полиси маҳаллиро, ки нисбати ин ҳодиса дар гузашта беэътиноӣ зоҳир кардаанд, ба ҷавобгарӣ мекашад.

Кӯдаке, ки рӯзи 11 март дар Маскав дар як хонаи пур аз партов ошкор шуд, гап зада наметавонад. Ҳолати ӯро табибон миёнаи сангин арзёбӣ мекунанд. Анна Кузнетсова, масъули ҳуқуқи кӯдак дар назди президенти Русия рӯзи 11 март дар баробари журналистон гуфт, ки духтарчаи дар хонаи пур аз ахлот ошкоршуда феълан дар бемористон аст ва нишонаҳои ин ки ӯ гурусна асту аз набуди ғизо азият мешавад, тасдиқ нашудааст.

«Вале воқеият ин аст, ки ӯ гап зада наметавонад», гуфт Кузнетсова. Рӯзи душанбе дар сарраёсати Кумитаи тафтишоти Русия гуфтанд, ки дар як манзиле дар Маскав дар дохили хонаи истиқоматӣ духтарчаи панҷсола ошкор шуд, ки аз назари аввал, ҳеҷ нишонаҳои рушди иҷтимоӣ надошт. Дар гардани духтарча як ҷавоҳироте ҳам ошкор шуд, ки ба пӯсти танаш часпида буд. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки модари духтарча чандин рӯз дар хона набуд. Духтарчаро ба шӯъбаи эҳёгари бемористоне интиқол доданд ва модарашро ҳам баъди он ки ошкор шуд, барои бозпурсӣ ба полис бурданд.

Кумитаи тафтишот менависад, ки модар дар баёноти аввалияаш гуфтааст, ки ба хотири доштани қарзи калон бояд кор мекард гоҳо кӯдакро дар хона гузошта, дарро қулф карда ба кор мерафат. Ин зан боздошт шуд.

Хабаргузории ТАСС аз қавли ваколатдори ҳуқуқи кӯдак менависад, ки духтарча ҳама навъи ғизо, аз ҷумла меваро аввал бӯй карда баъд ба даст мегирад. “Дар рӯи кат хоб карда наметавонад, бо як азоб маҷбур кардем дар рӯи кат бихобад. Аз об метарсад”. Мудири поликлиникае, ки то соли 2015 ин духтарчаро назорат мекард, гуфтааст, ки то он замон саломатии кӯдак мӯътадил буд. Соли 2015 модари кӯдак бо баҳонаи ин ки тарки макони зист мекунад, духтарчаро аз қайди поликлиника берун карда, вале дигар баъди ин кӯдак ҳеҷ гоҳ зери назари духтур набуд. Кузнетсова изҳори умедворӣ кардааст, ки базудӣ кӯдак шифо ёфта ба ҳаёти маъмулӣ бармегардад.

Шавҳари Насрин Сутуда: ҳамсарам ба 38 соли зиндон маҳкум шуд

Матбуоти Эрон бо такя ба мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯянд, ки вакили ҳомии ҳуқуқи башар дар маҷмӯъ ба 7 соли зиндон, вале шавҳари Насрин Сутуда мегӯяд, ин вакили дифоъ ба 38 сол зиндон ва 148 шаллоқ маҳкум шудааст. Додрасе дар додгоҳи инқилобии Теҳрон рӯзи 11 март ба оҷонсии нимарасмии ИСНА гуфт, ки хонум Сутуда рӯзи шанбе барои "фаъолиятҳои зиддидавлатӣ" ба 5 ва барои таҳқири раҳбари олии Эрон Оятулло Хоманеӣ ба 2 соли зиндон маҳкум шудааст.

Вале шавҳараш Ризо Хандон гуфт, ки дар асл ҳамсараш Насрин Сутуда ба 38 соли зиндон ва ҳам 148 шаллоқ маҳкум шуд.

Ризо Хандон рӯзи 11 март дар сӯҳбат бо Радиои Фардо гуфтааст, ки ҳамсараш Насрин Сутуда аз парвандаи қаблиаш низ панҷ сол зиндон доштааст, ки дар маҷмӯъ маҳкумияти ин вакили зиндонӣ ба 38 сол зиндон мерасад.

Ин дар ҳоле аст, ки Муҳаммад Муқийса, раиси шӯъбаи 28-и Додгоҳи инқилоби исломӣ дар ҳамин рӯз дар ҳошияи маросими хайрбод ва муаррифии раиси Додгоҳи олии Эрон гуфт, "Насрин Сутуда ба иттиҳоми иҷтимоъ алайҳи амнияти миллӣ ба панҷ сол ҳабс ва ба иттиҳоми тавҳин ба раҳбарӣ (манзур Оятуллоҳ Хоманаӣ), ба ду сол ҳабс маҳкум шудааст.

Аммо Ризо Хатндон дар гуфтугӯ бо Радиои Фардо таъкид кардааст, ки ҳар хабари дигар "дурӯғ аст". Ризо Хандон, ҳамсари Насрин Сутуда худ низ давраеро дар зиндон гузаронида ва ҳоло ӯро низ шаш соли зиндон таҳдид мекунад.

Песков: Эътирозгарони тарафдори озодии интернет иштибоҳ мекунанд

Дмитрий Песков

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков эътирозҳои густардаи рӯзи якшанберо, ки бо талаби озодии интернет дар Маскав баргузор шуд, шарҳ дод.

Песков гуфт, ки гузориши эътирозҳоро дар телевизион тамошо кард, аммо нагуфт, ки наворро дар кадом шабака дасторас буд. Ба гуфти ӯ, яке аз эътирозгарон мегуфт, "ҳукумат мехоҳад тугмаро пахш ва интернетро хомуш кунанд", ки ба гуфти Песков "комилан иштибоҳ аст".

Сухангӯи Путин гуфт, "чаро иштирокдори тазоҳурот аз ин нигарон нест, ки тугмаро аз он сӯи уқёнус пахш ва ӯро аз интернетро хомуш мекунанд, дар ҳоле, ки бояд аз ин нигарон бошанд. Песков гуфт, фаъолияти ҳукумат маҳз барои "ҳимояти мардум аз чунин ҳодисаҳо" ва қобили зист будани интернет дар шароити ҳамлаҳои хашини киберӣ равона шудааст".

Рӯзи 12 феврал Думаи давлатии Русия таҳри қонун дар бораи "маҷмаи чораҳои ташкилӣ, маъмурӣ ва фаннии ҳимоят аз кори босуботи интернет дар Русия"-ро дар хониши аввал қабул кард. Яке аз муаллифони тарҳ, узви Шӯрои Федератсия Андрей Клишас гуфт, ки тарҳи қонун барои фаъолияти бетанаффуси интернет дар кишвар таъсиси зерсохтори мустақилро пешбиниӣ мекунад. Дар ёддошти тавзеҳии ин тарҳ гуфта шудааст, ки он дар посух ба қабули Стратегияи милли амнияти киберии ИМА амалӣ мешавад. Ба думболи ин дар чандин шаҳри Русия намоишҳои эътироз сурат гирифт.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Аз мадрасаҳои Бангладеш наврасони тоҷикро баргардонданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00
XS
SM
MD
LG