Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Путин генералҳои сохторҳои низомиро барканор кард

Президенти Русия Владимир Путин беш аз даҳ фармондеҳи низомиро, ки дар ҳукумат вазифа доштанд, барканор кард. Бар асоси фармоне аз рӯзи 8 феврал, Путин нӯҳ генерал ва ду полковникро, ки дар Кумитаи тафтишот ва вазоратҳои дохиливу ҳолатҳои изтирорӣ кор мекарданд, аз мақом барканор кард. Дар миёни онҳо генерал Сергей Солопов, сардори раёсати ҷилавгирӣ аз фасоди полиси Маскав ва генерал Ирина Зейберт, мушовири аршади раиси Кумитаи тафтишот низ ҳастанд.

Дар бораи сабабҳои барканории онҳо чизе гуфта намешавад. Ҳеҷ як аз барканоршудаҳо дар миёни ҷомеа шинохта набуданд.

Лондон 650 ҳазор доллари писари нахуствазирро ҳабс кард. ВИДЕО

Владимир Филат соли 2016 ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳе дар Бритониё амр кард, ки 650 ҳазор доллари писари собиқ нахуствазири Молдова Владимир Филат дар чаҳорчӯби таҳқиқоти Оҷонсии ҷиноятҳои Бритониё ҳабс мешавад. Ин оҷонсӣ рӯзи 7 феврал гуфт, ки Лука Филат барои иҷораи як пентҳаузаш дар ғарби Лондон 500 ҳазор доллар пешпардохт додааст. "Ин маблағ дар паи фаъолиятҳои ғайриқонунии падараш” ба даст омадааст, гуфтааст оҷонсӣ.

Владимир Филат соли 2016 бо қарори додгоҳе дар Молдова ба мӯҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ӯро ба он гунаҳгор карданд, ки дар давоми кораш ба ҳайси нахуствазир солҳои 2009 то 2013 дар нопадид шудани 1 миллиард доллари бонкҳои Молдова даст задааст. Пулҳои гумшуда ба 10 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Молдова баробар аст.
Лука Филати 22-сола дар он муттаҳам мешавад, ки баъди ба хотири таҳсил ба Лондон кӯчиданаш зиндагии шик дошта моли гаронбаҳо мехарид ва аз ҷумла арзиши мошини Bentley-и ӯ 259 ҳазор доллар буд.
Оҷонсӣ мегӯяд, бо ин ки Лука Филат манбаи сабтшудаи даромади молӣ надорад, ба се ҳисоби бонкии ӯ аз ширкатҳои воқеъ дар Туркия ва Ҷазираҳои Кайман пулҳо ворид мешавад.

Пули бедардимиён на ба сарвазири собиқ насиб кард, на ба писараш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00

Ин пулҳо ҳанӯз моҳи маи соли 2018 масдуд шуда баъди ин таҳқиқи манбаи воридшавии онҳо шурӯъ шуд. Дар ҳукми додгоҳии рӯзи 7 февралаш додрас Майкл Сноу гуфт, ки баъди таҳқиқу таҳлил ба ин натиҷа омадааст, ки пулҳо дар натиҷаи фаъолиятҳои ҷиноии падари ин ҷавон ба даст омадааст.

Бар асоси қонуни соли 2017 дар бораи дороиҳои машкук, Бритониё ҳақ дорад хориҷиҳоро ҳам аз назари фасоду даромадҳои молии сабтнашуда таҳқиқ кунад. Нахустин нафаре, ки мавриди ҳадафи ин қонун қарор гирифт, ҳамсари бонкдори собиқи Озарбойҷон Замира Ҳоҷиева мебошад. Ҳоҷиева ҳоло талош дорад ба Озарбойҷон истирдод нашавад, чун дар ватанаш дар ду парвандаи марбут ба тақаллуб гумонбар мешавад. Ҳамсари Ҳоҷиева ҳам мӯҳлати 15-солаи зиндонро пушти сар мекунад. Ҳоҷиевҳо ин иттиҳомотро рад мекунанд.

Муолиҷаи 56 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон.ВИДЕО

Ноҳияи Ишкошим

Дар беморхонаҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон соли гузашта 56 шаҳрванди Афғонистон муолиҷа гирифта, як нафар амалиёти пайвандсозии гурдаро дар Душанбе пушти сар кардааст.

Дар ин бора рӯзи 8 феврал дар нишасти матбуотии раҳбарияти вазорати беҳдошти Тоҷикистон хабар дода шуд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар заминаи кӯмаки тиббӣ ба сокинони он сӯи дарё тавофуқе миёни вазорат ва Бунёди Оғохон амал мекунад.

Соли 2018 дар Тоҷикистон 56 шаҳрванди Афғонистон муолиҷаи тиббӣ гирифтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфт, дар доираи шартнома табибони тоҷик асосан ба шаҳрвандони манотиқи наздимарзии Бадахшони Афғонистон кӯмаки тиббӣ мерасонанд.

Ба гуфтаи вазир, “ҳамзамон агар ҳолатҳои фаврии ҷарроҳӣ, табибони тоҷик ба қаламрави Афғонистон мераванд.”

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 км марзи муштарак дорад ва як бахши он аз байни вилоятҳои Бадахшон мегузарад, ки дар ҳарду ҷониби марз воқеъ аст. Дар миёни муштариҳои афғони бемористонҳои Бадахшони Тоҷикистон гоҳо низомиёни нирӯҳои давлатии Афғонистон ҳам вомехӯранд, ки дар паи ҳодисаҳои марзӣ бо ҷароҳатҳои мухталиф барои муолиҷа муроҷиат мекунанд.

Хоманаӣ: шиори "марг бар Амрико" яъне "марг бар Трамп" аст

Ayatollah Khamenei met with Iranian air force officers-- 8 Feb 2019

Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ гуфт, ки шиори “марг бар Амрико” на ба мардуми Амрико, балки ба президенти ин кишвар Доналд Трам ва дигар тасмимгирандагони амрикоӣ марбут аст. Хоманеӣ гуфт, ки манзури онҳо аз шиори “марг бар Амрико” – “марг ба Трамп, Ҷон Болтон (мушовири амнияти миллӣ) ва Помео (Майк Помпео, котиби давлатии ИМА) мебошад.

Ин маънои марг бар ҳукуматдорони Амрикоро дорад”, гуфт раҳбари олии Эрон дар ҷараёни суханронии рӯзи 8 февралаш дар маросиме бо ширкати афсарони нирӯҳои ҳавоӣ, ки ба 40-солагии инқилоби исломӣ бахшида шуда буд.

Шиори мазкур одатан дар ҷараёни маъракаҳои серҷамъияти давлатии Эрон, аз ҷумла дар намозҳои ҷумъа пахш мешавад. Хоманаӣ гуфт, “ин шиор ба маънои марг бар чанд шахсест, ки ин кишварро раҳбарӣ мекунанд. Мо чизе бар зидди мардуми амрикоӣ надорем”.

Хоманеӣ гуфтааст, то замоне, ки Эрон сиёсати душманонааш нисбати Эронро идома медиҳад, ин шиор аз байн намеравад. Таниш дар равобити Теҳрону Вашингтон баъди он шиддат гирифт, ки бо қарори Доналд Трамп ИМА аз созиши соли 2015-и ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуд ва дубора таҳримҳои иқтисодиро барқарор кард. Кишварҳои дигари имзогузошта зери ин санад аз Аврупо, ки талош доранд созишномаро ҳифз кунанд, аз назари Хоманаӣ, “қобили эътимод нестанд”.

Хоманаӣ гуфт, “машварат медиҳам, ҳамон тавре, ки ба амрикоиҳо эътимод надорем, ба аврупоиҳо ҳам бархурд шавад”. Ӯ дар идома гуфт: “Намегӯем, ки бо онҳо робитаҳоро қатъ мекунем, вале ин ҷо масъалаи эътимод матраҳ аст”.

Бритониё, Фаронса ва Олмон ахиран механизми нави пешбурди тиҷорат бо Эронро муаррифӣ карданд, ки ба ширкатҳои аврупоӣ имкон медиҳад бидуни нақзи таҳримҳои амрикоӣ бо Эрон додугирифтҳои тиҷоратии қонунӣ дошта бошанд.

Ин тасмим мавриди истиқболи Иттиҳодияи Аврупо шуд, ки Эронро барои барномаи “бесуботкунанда”-и баллистикӣ ва “фаъолиятҳои душманонааш” дар чанд кишвари узви ИА ва дахолат дар умури кишварҳои Ховари Миёна интиқод мекунад.

Парлумони Юнон барои тасвиби протоколи Македония овоз медиҳад

Парлумони Юнон қарор аст рӯзи 8 феврал протоколи ба узвияти НАТО пазируфтани ҳамсоякишвари Македонияро ба тасвиб расонад ва бо ҳамин қарор аст ихтилофҳое, ки даҳсолаҳо идома дошт, хотима меёбад. Овоздиҳӣ баъди он баргузор шуд, ки ин ҷумҳурии бахше аз Югославияи пешин розӣ шуд, ки бо талаби Юнон исмашро ба Македонияи Шимолӣ иваз кунад. Ин овоздиҳӣ шоми ҷумъа баргузор мешавад. Мухолифатҳои Юнон барои Македония номгузорӣ шудани кишваре дар Балкани Ғарбӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки Македония исми як вилояти қадимие дар қаламрави Юнон мебошад. Юнон гуфт, ҳаросаш ин аст, ки рӯзе ба хотири муштаракоти ном, иддаоҳои марзӣ сар мезанад. Ихтилоф дар исми кишвар талошҳои Македонияро барои узвияташ дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО дучори мушкил карда буд. Музокироти миёни Юнону Македония хеле мушкил пеш мерафт. Гурӯҳҳои миллатгаро дар ҳарду кишвар мухолифи ин созиш буданд. Вале дар ниҳоят нахуствазирони ду кишвар – Алексис Тсипсаси юнонӣ ва Зоран Заеви мақдунӣ тавонистанд ин созишномаро ба тасвиб расонанд, то ки равобити ду кишвар оддӣ шавад.

Сергей Юрский, ҳунарпешаи маъруфи рус даргузашт

Дар шаҳри Маскав дар синни 83-солагӣ яке аз ҳунарпешаҳои маъруф ва пурмаҳсули Русия, коргардон ва шоир Сергей Юрский даргузашт. Дар ин бора рӯзи 8 феврал дафтари матбуоти театри Моссовет хабар дод. Юрский соли 1935 дар шаҳри Ленинград таваллуд шуда, Институти театрии ба номи Островскийро хатм кардааст. Солҳои баъдӣ дар театри драмавии ба номи Горкий таҳти раҳбарии Георгий Товстоногов нақшҳо офаридааст.

Аз соли 1978 Юрский муқими Маскав шуд ва дар театри Моссовет кор мекард. Чанде баъд раҳбари ҳамин театр шуд. Барои тамошобинони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Юрский бештар бо нақшҳояш дар синамо шиносу маъруф шудааст. Ӯ дар беш аз панҷоҳ филм нақш бозӣ кардааст.

Сергей Юрский дар зиндагиаш мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дошт, борҳо дар масоили маҳдудияти озодии баён ва ҷанг дар Чеченистон, озод шудани маҳбусони сиёсӣ баромад карда, шурӯи ҷанг дар Украинаро интиқод ва хатми таъқиби ҷиноии Кирилл Серебренников, режиссери русро талаб кардааст.

Русия: ИМА бояд системаи дифои мушакиашро дар Руминия хароб кунад

Русия гуфт, ки ИМА бояд системаи дифои мушакии МК-41-и худро дар Руминия ба хотири мувофиқат бо талаботи созиши ҳастаии замони Ҷанги Сард тахриб кунад. Дар изҳороте, ки рӯзи 7 феврал нашр шуд, вазорати дифои Русия инчунин гуфт, ки Вашингтон бояд дастгоҳҳои парвози бидуни сарнишинашро ҳам бо ҳамин сабаб нобуд кунад. Вазорати дифои Русия атташеи низомии сафорати ИМА-ро даъват карда, талаби хаттии Маскавро ба дасти ӯ супурд.

Русия рӯзи 3 феврал иҷрои созиши нирӯҳои миёнапарвози ҳастаии соли 1987-ро боздошт ва ин тасмим як рӯз баъди он гирифта шуд, ки ИМА дар бораи хориҷ шуданаш аз созиш дар фурсати шаш моҳи баъдӣ хабар дод. Маскав мегӯяд, ки шартҳои созишномаро вайрон накардааст. Системаи дифои мушакӣ дар шаҳри Девеселуи ҷануби Руминия ҷойгир шудааст. Он моҳи маи соли 2016 мустақар шуда қодир ба нобуд кардани мушакҳо дар масофаҳои тӯлонӣ мебошад.

Дар посух ба ин таҳаввулот вазири дифои Руминия Теодор Мелешкану рӯзи 7 феврал гуфт, ки ин танҳо як системаи дифои мушакӣ асту бас. Мелешкану гуфт, ки талаби Русия танҳо баҳонае барои барномаи низомии худи ин кишвар аст, ки шартҳои созиши аслиҳаро нақз мекунад. Ӯ афзуд, ки ин мавзӯъро бо муттафиқонашон дар миён гузошта ба як мавқеи воҳид меоянд.

Варзиши киберӣ дар Қирғизистон расман навъи варзиш эътироф шуд

Варзиши киберӣ ё интернетӣ дар Феҳристи миллии навъҳои варзиш ва риштаҳои варзишии Қирғизистон шомил шуд.

Ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2018 Оҷонсии давлатии кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ин бора қарор содир карда буд.

Нуриддин Султамбоев, сухангӯи Оҷонсӣ хабар дод, се навъи дигари варзиш - кунг-фу, варзиши чир ва карлинг шомили феҳрасти миллии Қирғизистон шуданд.

Сарватмандтарин марди дунё мегӯяд, ӯро "шантаж" мекунанд

Ҷефф Безос, молики ширкати Amazon рӯзи панҷшанбе гуфт, вай мавриди қаллобӣ ва "шантаж"-и нашрияи National Enquirer қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи Безос, нашрия таҳдид кардааст, агар миллиардер аз идомаи таҳқиқот дар бораи пайдо кардани аксҳои хусусӣ ва муколамаи электронии Безос даст накашад, аксҳои урёни ӯро нашр хоҳад кард.

Безос номаҳои электронии нашрияи National Enquirer ҳамагонӣ кард, ки аз вай талаб мешавад, аз идомаи таҳқиқот даст кашад. Безос, ки бештар аз 130 миллард доллар сарват дорад, бо киро кардани детективи хусусие мехоҳад, дақиқ кунад, ки чи гуна аксҳои ишқварзии вай бо маъшуқааш ба дасти нашрия расидааст. Чанде пеш нашрияи National Enquirer мақолаеро дар бораи робитаҳои ғайриникоҳии Безос нашр кард. Як рӯз пеш аз нашри мақола Безос хабар дод, ки аз ҳамсараш ҷудо мешавад.

Ба гуфтаи молики Amazon, хабари шуруъи таҳқиқ роҳбари нашрия Дэвид Пекерро ба хашм овард. Пекер бо тими президенти ИМА Доналд Трамп робитаҳои зич дорад. Безос ҳамчунин афзуд, инъикоси қатли рӯзноманигори Саудӣ Ҷамол Хошуқчӣ аз сӯи нашрияи Washington Post низ мумкин аст, Пекерро ба хашм оварда бошад. Нашрияи Washington Post ба Безос тааллуқ дорад.

Дар минтақаҳои Қазоқистон ба иллати сармо мактаб ва роҳҳо баста шуданд

Дарсҳо барои хонандагони мактабҳои вилоятҳои Қарағанда, Павлодар, Кокшетау, Қазоқистони Шарқӣ ва Қазоқистон Шимолӣ қатъ шуд.

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон низ 8 феврал барои хонандагони басти аввали мактабҳо ва коллеҷҳо дарсҳоро бекор карданд. Сармои сахт дар қисмати марказӣ ва шимолии Қазоқистон боиси чунин тасмимгирӣ шудааст.

Сардиҳо ҳамзамон ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳҳоро манъ кард. Ҳаракат дар роҳҳои вилояти Павлодар ва аз Остона ба ҳамаи самтҳо қатъ шудааст. Дар вилоятҳои Қазоқистони Шарқӣ, Акмолин ва Қазоқистони Шимолӣ ҳаракати нақлиёти ҷамъиятиро қатъ намуданд.

Ҳавосанҷони Қазоқистон аз сардиҳои 45-дараҷаӣ хабар медиҳанд.

Муҳоҷири узбек барои наҷоти 8 одам медал гирифт

Борис Дубровский, губернатори вилояти Челябинск рӯзи 6 феврал дар як ҷамъомади тантанавӣ ба шаҳрванди Узбекистон Оламафрӯз Абдуллоев ноишоне бо номи "Ба некӣ кардан биштоб" тақдим кард. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе маркази иттилооти вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар дод.

Оламафрӯз Абдуллоев рӯзи 31 декабри соли 2018 аз зери харобаҳои биное дар шаҳри Магнитогорск 8 нафарро наҷот дод. Вай яке аз аввалинҳо буд, ки то омадани наҷотдиҳандагон ба кӯмаки сокинони бинои сарозершуда шитофт.

Ба Оламафрӯз рӯзи 5 феврал дар бинои Консулгарии Узбекистон дар Екатеринбурги Русия ҳам аз номи вазорати корҳои хориҷии Узбекистон туҳфа ва сипоснома тақдим карданд.

Дар натиҷаи таркиш дар бинои истиқоматии Магнитогорск рӯзи 31 декабри соли 2018 - 39 нафар кушта шуд. Дар миёни онҳо як зани тоҷик бо се фарзандаш ҳам даргузашт. Мақомоти Русия гуфтанд, бино бар асари таркиши гази табиӣ фурӯ рехт.

Ҳукумат ба хонандаи ҳушманди бухороӣ хона сохт

Дониёр Исмоилов бо модараш.

Дар вилояти Бухорои Узбекистон мақомоти маҳаллӣ барои хонаводаи хонандаи синфи 9 Дониёр Исмоилов хона сохтанд. Дониёр борҳо дар олимпиадаҳои байналхалқӣ аз фанни риёзӣ ширкат кардааст. Дар ҳоли ҳозир дар хонаи навсохт корҳои рангу бор идома дорад.

Соли гузашта расонаҳои маҳаллӣ хабар дода буданд, ки модари Дониёр Исмоилов аз дарди ҷигар ранҷ мекашад ва падараш мардикор аст. Ба далели мушкилиҳои хонаводагӣ вай натавонист, ки таҳсилашро идома диҳад.

Ба навиштаи расонаҳо, раиси вилояти Бухоро Уктам Барноев Дониёрро ба ҳузур пазируфтааст. Раёсати маориф ба Дониёр ноутбук ва шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Узбекистон китобхонаи шахсӣ тақдим мекунанд.

Сирояти ВИЧ СПИД дар Тоҷикистон изтиробангез шудааст

Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, гирифторшавӣ ба вируси норасоии масунияти бадан ё СПИД дар кишвар ташвишовар аст.

Масъулини Вазорати тандурустӣ рӯзи 8-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, соли гузашта дар Тоҷикистон 1422 ҳолати нави сирояти вируси норасоии масунияти бадан ошкор карда шудааст. Ба ин тартиб, ҳар рӯз дар Тоҷикистон то чаҳор нафар ба вируси норасоии масъунияти бадан ё СПИД гирифтор мешудаанд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ аз чунин вазъ нигаронӣ карда, онро мояи ташвиш хонд. Вазир гуфт, барои пешгирӣ аз ин вазъ соли гузашта ҷазо барои табибон ва кормандони сартарошхона ва кошонаҳои ҳусн сахттар карда шудааст.

Масъулини Вазорати тандурустӣ гуфтанд, аксари шаҳрвандон дар Тоҷикистон ё 72,6 дарсад бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба вируси норасоии масъунияти одам сироят ёфтанд. Ба қавли манбаъ, дигар гирифторшудагон ба вируси норасоии масъунияти бадан аз роҳҳои тазриқӣ, аз модар ба кӯдак ва аз роҳҳои номаълум гирифтори ин вирус шудаанд.

Парлумон бо "стратегияи аврупоӣ будани Украина" мувофиқат кард

Парлумони Украина – Верховная Рада дар хониши ниҳоӣ тағйирот ба конститутсияи кишварро қабул кард, ки ба ҳадафҳои ниҳоии ин кишвар дар амри узвият дар НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо созгор мебошад. Дар ҷараёни ҷаласаи рӯзи 7 феврали парлумонӣ, 334 вакил ба ҷонибдорӣ ва 7 вакил мухолифи қабул шудани тағйиру иловаҳо овоз доданд. Бар асоси ин тағйирот, дар конститутсияи Украина навишта мешавад, ки "украиниҳо мардуми аврупоӣ буда, самтгириҳои Украина аврупоиву авроатлатнтикӣ хоҳад буд".

Президенти Украина Петро Порошенко, ки дар баробари парлумон суханронӣ кард, инро “як рӯзи таърихӣ барои Украина” номид ва “иқдоми дигари муҳим” дар амри узвияти ниҳоии Украина дар сохторҳои Авроатлантикӣ номид. Тарҳи қонун рӯзи 22 ноябр дар хониши аввал қабул шуда буд.

Порошенко гуфт, ки Русия метавонад зидди Украина иқдом кунад, чунки бархе сиёсатмадорони украинии ташвиқкунандаи нейтралитет ё бетарафӣ “машварат медиҳанд, ки Украина аз ҳама гуна созмонҳо дар канор бошад”. Порошенко, ки мехоҳад дар интихоботи соли ҷорӣ иштирок кунад, баъди он сари қудрат омад, ки президенти собиқи рӯ ба Маскав Виктор Янукович дар паи эътирозҳо кишварро тарк карда дар Маскав муқимӣ шуд.

Дар телевизион "бояд таҳлилу танқид бошад", мегӯяд раиси кумита. ВИДЕО

Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯяд, розӣ аст, ки дар ин шабакаҳо бояд матолиби танқидӣ пахш шавад, то ки, ба гуфтааш, мушкилоти ҷомеа ҳалли худро пайдо кунанд. Рӯзи 7 феврал дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш Шоҳиён дар посух ба саволи ин ки то куҷо амри таҳия ва пахш шудани гузоришҳои танқидӣ дар шабакаҳои давлатии ТВ ва радио амалӣ мешавад, посухи якранг надод. Шоҳиён нагуфт, ки то куҷо воқеан ҳам онҳо аз паи пахши гузоришҳои интиқодӣ ҳастанд, вале гуфт, ки ҷонибдори нашри матолиби воқеъбинона дар бораи мушкилоти ҷомеа ҳастанд. Ӯ гуфт, ки шахсан худаш феҳристи мавзӯъҳои танқидиро таҳия кардааст:

“Ман қариб 80 мавзӯъ навишта ба шабакаҳои телевизионӣ пешниҳод кардам. Бояд (барномаҳои) таҳлилию танқидӣ бошанд. Сиёҳро сиёҳ ва сафедро сафед бояд гуфт”.

"Дар телевизион бояд таҳлилу танқид бошад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00

Шоҳиён кори журналистро бо касби табиб шабоҳат доду гуфт, ки “пеш аз он ки табиб як беморро муолиҷа кунад, бояд аввал сабаби касалии ӯро аввал аниқ кунад. Журналист ҳам ҳамин хел аст. Агар ки аввал таҳлил накунем, он ба дарди касе намехӯрад”.

Ин дар ҳолест, ки шабакаҳои давлатии телевизионӣ дар Тоҷикистон ба унвони дастгоҳи таблиғи сиёсати давлат барои пахши матолиби якҷонибаи таърифӣ “дар бораи дастовардҳои кишвар” интиқод мешаванд. Мунаққидон мегӯянд, ки гузоришҳои барномаҳои хабариву иттилоотӣ бо таърифу тавсиф маҳдуд шуда, мушкилоти марбут ба бахши иқтисоду иҷтимоиёт, масоили муҳоҷират, бекорӣ ва дигар матраҳ намешавад.

Моҳи декабр хабарнигорони телевизионҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла шабакаи “Тоҷикистон” ва “Ҷаҳоннамо” дастур гирифтаанд, ки аз ин ба баъд бештар ба таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва танқидӣ пардозанд. Бино ба нусхаи рӯйхате, ки рӯзи 16-уми декабр дастраси Радиои Озодӣ шуд, ба хабарнигорони ин ду шабака дастикам то ҳафтод мавзӯи таҳлилӣ ва танқидӣ пешниҳод шудааст. Мавзӯъҳо аз сохтмонҳои нотамом гирифта, то таҳсил дар вагонҳо, роҳҳои харобу валангор, баҳси замину ифротгароӣ, ҳиҷоб, камбуди оби ошомиданӣ, партовҳо ва аз фаъолият бозмондани корхонаҳоро дар бар мегиранд. Вале аз он замон то кунун, ба қавли бархе тамошобинон, мӯҳтавои барномаҳои телевизионҳо давлатӣ зиёд тағйир наёфт.

Як сол пеш аз интихоботҳои Тоҷикистон: ҳизби ҳоким анҷуман барпо кард

анҷумани ҳизби ҳоким дар соли 2018

Дар Душанбе рӯзи 7 феврал таҳти раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон анҷумани Ҳизби ҳокими халқии демократӣ баргузор шуд. Анҷуман пушти дарҳои бастаи маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати намояндагони беш аз 4 ҳазор ташкилоти ҳизбӣ дар манотиқи кишвар баргузор шуд. Дар ҳоле, ки ҷузъиёти масоили мавриди баррасии ин анҷуман ҳанӯз нашр намешавад, бархе коршиносон мегӯянд, ин анҷуман соле пеш аз интихоботҳои кишвар баргузор шуда, ба хотири муайян кардани стратегияи ҳизб дар ростои интихоботҳои президентиву парлумонӣ барпо мешавад.

Аъзои ҳизби ҳоким аксариятро дар парлумони Тоҷикистон ташкил мекунанд ва бисёр тасмиму қарорҳо ва қонунҳову таҳрирҳо ба санадҳои ҳуқуқӣ бидуни баҳсу баррасиҳои зиёд қабул мешаванд. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки дар мавқеи ин ҳизб дар интихоботи оянда ҳам ҳеҷ тағйироте намешавад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ҳизби халқии демократӣ аст ва интизор меравад, ки дар интихоботи президентии соли оянда ҳам дар сари қудрат боқӣ хоҳад монд.

Як намояндаи дафтари матуботи ҳизби ҳоким ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар анҷуман аз фаъолияти ҳизб дар соли 2018 натиҷагирӣ намуда, нақшаҳои ояндаи онро барои соли ҷорӣ муайян мекунад.

Ҳизби ҳоким соли 1994 таъсис ёфтааст. Ин ҳизб феълан шумораи аъзои худро беш аз 460 ҳазор нафар мегӯяд. Дар ҳоли ҳозир аксари мансабдорони ҳукуматӣ аъзои ин ҳизб мебошад.

Хонандагону омӯзгорони беш аз 50 мактаби Ишқобод ба кӯчарӯбӣ баромаданд

Хонандагону омӯзгорони беш аз 50 мактаби шаҳри Ишқободро 2 феврал ғайриинтизор ба шанбегӣ бароварданд. Мудирони мактаб барои ба шанбегӣ баровардани омӯзгорону хонандаҳо субҳи ҳамон рӯз аз раҳбарияти шаҳру ноҳияҳо дастур гирифтанд.

Хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ тавонист бо чандин мудири мактабҳои Ишқобод суҳбат кунад. "Хонандагону омӯзгорони беш аз 50 мактаби шаҳр рӯзи шанбеи гузашта ба ҳашар бароварда шуданд. Мудирони мактаб ҳатто рӯзи чумъа намедонистанд, ки фардо шанбегӣ аст", - гуфт яке аз ҳамсуҳбатҳои мо.

Иштирокдорони шанбегӣ баргҳои дарахтонро дар кӯчаҳои протоколӣ чида, хиёбонҳои Арчабил, Чандибил ва Копетдоғро дар ҷануби Ишқобод рӯбучин карданд. Ин шанбегии дастаҷамъии омӯзгорону хонандаҳо як рӯз пеш аз боздиди президенти Туркманистон аз Маҷмааи аспсавории Ахалтекин ва дучархасавории ӯ дар доманакуҳҳои Капетдоғ сурат гирифтааст.

Хонандагону омӯзгорон маҷбур буданд, се роҳеро рӯбучин кунанд, ки ба маҷмааи аспсаворӣ мераванд. Зеро маълум набуд, ки президенти Туркманистон бо каме аз онҳо хоҳад гузашт.

Ҳашарҳои дастаҷамъӣ бо иштироки кормандони муассисаҳои давлатӣ дар Туркманистон пайваста сурат мегирад. Дар як сол ду бор - баҳор ва тирамоҳ шанбегии умумимиллӣ дар ин кишвар ташкил карда мешавад.

Дар порлумони Қирғизистон масъалаи фурӯши об ба ҳамсоякишварҳо дубора баҳс шуд

Порлумони Қирғизистон масъалаи истифодаи пулакии захираҳои обро барои Узбекистону Қазоқистон баррасӣ кард.

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 6 феврал лоиҳаи қонун "Дар бораи ворид кардани тағйирот ба бархе аз санадҳои ҳуқуқии Қирғизистон (Кодекси об, қонун "Дар бораи об")"-ро ба баррасӣ гирифт. Ҳадафи асосии ин тағйирот пулакӣ кардани истифодаи захираҳо ва иншооти обии кишвар аст. Бархе аз вакилон пешниҳод карданд, ки аз Узбекистону Қазоқистон барои истифодаи оби Қирғизистон маблағ талаб карда шавад.

"Наздики 22 миллиард метри мукааб оби обанборҳои Қирғизистон ҳамасола ба Узбекистону Қазоқистон меравад. Яъне, бештар аз 80 дарсади об ба ҳамсояҳо дода мешавад. Чанде пеш мо мехостем, барои таъмири обанбори Токтогул 450 миллион доллар ҷудо кунем. Чаро ҳукумати мо аз ҳамсоякишварҳо талаб намекунад, ки барои сарбанд маблағ пардохт кунанд?", - гуфт вакил Умбеталӣ Қидиралиев.

Жанибек Карималиев, муовини вазири кишоварзии Қирғизистон посух дод, ки бо ворид кардани тағйирот ба қонунҳо имкони талаб кардани пардохт барои истифодаи об аз ҳамсояҳо пайдо мешавад.

Карималиев гуфт, Қазоқистон барои истифодаи об наздики 313 ҳазор доллар пардохт мекунад.

Масъалаи танзими истифодаи об дар солҳои 2007-2008 бо ширкати кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон баррасӣ шуда буд, аммо он замон ин масъала ба нафъи Қирғизистон ҳал нашуд.

Омӯзгорони узбек барои надодани маблағ ба кори хайрия бемаош монданд

Дар баъзе ноҳияҳои Узбекистон кормандони муассисаҳои давлатӣ ошкоро ба қарори ҳукумат норозигӣ баён доранд, ки интиқоли маоши якрӯзаи "буҷавиҳо"-ро ба беҳсозии вазъи зистмуҳитии атрофи баҳри Арал пешбинӣ мекунад.

Як омӯзгор аз ноҳияи Ҷалолқудуқи Узбекистон гуфт, ӯву чанд ҳамкораш барои он натавонистанд моҳонаашонро дарёфт кунанд, ки қарори мазкурро "бо хоҳишу ташаббуси хеш" иҷро накарданд.

Ба гуфтаи намояндаи Вазорати маорифи Ӯзбекистон, иҷбори омӯзгорон ба корҳои хайрия зидди қонунҳои ин кишвар аст. Зеро дар қарори девони вазирон кумакро ихтиёрӣ гуфтаанд.

Омӯзгори мактаби рақами 31-и Ҷалолқудуқ Дилбар Кобулова мегӯяд, иҷрои қарори № 41-и Девони вазирони Узбекистон аз 22 январ ба як абзори ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ табдил ёфтааст.

"Дар қарори девони вазирон омадааст, ки метавонем бо хоҳиши худ кумак кунем. Дар онҷо гуфта нашудааст, ки якрӯза маошро ситонанд. Гуфтам, ки ин ташаббуси ман нест ва маоши якрӯзаамро намедиҳам. Мудир ва муҳосиби мактаб дар аввал гуфтанд, ки кумак ихтиёрӣ аст. Вале дертар маълум шуд, ки раҳбарияти ноҳия ба мудири мактаб фишор овардааст, то имзо ва "розигӣ"-и ҳамаи омӯзгоронро барои интиқоли 5 миллион сӯм (ҳудуди $600) ба даст орад", - гуфт ӯ.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки ӯ ва чанд ҳамкораш ба додани маоши якрӯзаи худ розӣ нашуданд ва бинобар ин, натавонистанд маоши моҳи январро дарёфт кунанд.

Як гуруҳи омӯзгорони Самарқанд низ гуфтанд, дар асоси дастури раҳбарияти маориф ба таври хаттӣ иҷборан "розигӣ" доданд, ки маоши якрӯзаашон ба беҳсозии вазъи зистмуҳитии атрофи баҳри Арал интиқол ёбад.

Аз Бонки халқии Узбекистон дар рӯзи равшан $100 000-ро дуздиданд

Аз бахши Бонки халқии Узбекистон дар ноҳияи Ёзёвони вилояти Фарғона 5 феврал 100 ҳазор доллари амрикоиро дуздиданд. Дуздӣ пас аз соати корӣ ошкор шуда, шабона тамоми кормандони бахш, аз мудир то посбонро боздошт карданд.

Ба гуфтаи наздикони яке аз масъулони Бонки халқӣ, маъмурони ҳифзи ҳуқуқ кормандони бонкро тамоми шаб бозпурсӣ карда, субҳи 6 феврал ба шуъбаи пулис бурдаанд. Як корманди пулиси Ёзёвон бо тасдиқи ин хабар гуфт, то ҳол маълум нест, ки пулро кӣ дуздидаааст.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, хазинадори бонк тахминан наздикиҳои соати 10-и шаб фаҳмидааст, ки 100 ҳазор доллар гум шудааст. "Тамоми кормандони бонкро шаб аз хонаҳояшон ба бинои бахш оварда, то субҳ бозпурсӣ карданд ва сипас ба шуъба бурданд", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, субҳи 6 феврал манзили дасти кам 20 корманди бонкро бозҷӯӣ карданд.

Рӯзноманигорони маҳаллӣ мегӯянд, як гуруҳи махсуси муфаттишон аз Идораи умури дохилии вилояти Фарғона ҳодисаро таҳқиқ доранд.

"Чанд рӯз пеш ба бахши Бонки халқӣ доллари нақдина овардаанд. Дар говсандуқ 180 ҳазор доллар будааст, ки 100 ҳазор долларашро дуздидаанд. Калиди говсандуқ дар дасти се кас - мудири бахш, сармуҳосиб ва хазинадор будааст", - изҳор дошт манбаъ.

​Яке аз кормандони Бонки халқӣ, ки аз ҷузъиёти ҳодиса огаҳ аст, гуфт, он шаб дар бинои бахш дар халтаҳои калон сӯми узбекӣ буд, вале касе ба онҳо даст нарасондааст.

Мақомоти Қирғизистон: агар дар додгоҳ шаҳодат диҳанд, нисбати Отамбоев парванда боз мешавад

Котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Дамир Сагинбоев рӯзи 6 феврал эҳтимоли бекоршавии дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро шарҳ дод.

Ба гуфтаи вай, лоиҳаи қонуни марбут ба дахлнопазирии президенти пешинро порлумони Қирғизистон баррасӣ мекунад ва баъди тағйири лоиҳа масъалаи дахлнопазирии Отамбоев ҳал мешавад.

"Масъалаи ҷалби вай ба ҷавобгарии ҷиноӣ баррасӣ мешавад. Агар дар ҷараёни додгоҳ мансабдорони боздоштшуда нисбати вай (Отамбоев) шаҳодат диҳанд, ки дар ҷинояте даст дорад, эҳтимол ба ҷавобгарӣ ҷалб шавад", - гуфт Сагинбоев.

Лоиҳаи қонун "Дар бораи фаъолияти президенти Ҷумҳурии Қирғизистон"-ро порлумони он кишвар баррасӣ мекунад.

Ибтидои моҳи октябри соли 2018 Палатаи конститутсионии Қирғизистон моддаи 12 қонун "Дар бораи кафолати фаъолияти президент"-ро ғайриконститутсионӣ эътироф кард. Ин модда дахлнопазирии мутлақи президенти пешинро кафолат медиҳад. Палатаи конститутсионӣ қарор кард, ки дахлнопазирӣ бекор шавад.

Роза Отунбоева ва Алмосбек Отамбоев аз статус ё унвони президенти пешин бархурдоранд. Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев баъди инқилобҳои мардумӣ аз ин статус маҳрум шуданд.

Дар Қазоқистон чаҳор узви як хонавода аз бӯи газ ҳалок шуданд

Дар вилояти Павлодари Қазоқистон чаҳор узви як хонавода - зану шавҳар ва ду кӯдаки онҳо - аз газ заҳролуд шуда, фавтиданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар медиҳанд, ки ҷасади 4 узви як хонавода рӯзи чаҳоршанбе дар манзили хусусие пайдо шуд. Онҳо аз бӯи газ фавтидаанд.

Мақомот ному насаби фавтидаҳоро нашр карданд: Рустам Бекболотов (соли таваллуди 1979), Наталя Бекбатирова (соли таваллуди 1982), Динара Бекбатирова (соли таваллуди 2004) ва Дамир Бекбатиров (соли таваллуди 2007). Ба иттилои мақомот, Наталя Бекбатирова дар моҳи 5-уми ҳомиладорӣ қарор дошт.

Мақомот мегӯянд, аз рӯи ин ҳодиса тафтиши пешакӣ шуруъ шудааст.

Трамп: ИМА ҳафтаи оянда маҳви ДИИШ-ро расман эълом мекунад

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе гуфт, эҳтимол аст, ҳафтаи оянда расман эълом карда шавад, ки тамоми минтақаҳои зери назари гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИИШ) аз дасти ҷангҷӯён озод шуданд.

Ин изҳорот дар ҷараёни мулоқоти Трамп бо намояндагони эътилофи низомии 79 кишвар ба раҳбарии Амрико садо дод, ки давоми чанд соли ахир зидди ДИИШ мубориза мебаранд. Ба гуфтаи президенти ИМА, ҷангҷӯёни созмони тундрав ҳоло як қисмати хурди минтақаеро дар даст доранд, ки "хилофат"-и худ эълом карда буданд.

Мақомҳои расмии ИМА ҳафтаҳои ахир эълом карданд, ки ҷангҷӯёни ДИИШ 99,5 дарсади минтақаҳои зери назорати худро аз даст додаанд ва ҳоло танҳо 5 километри мураббаъро дар навоҳии рӯдхонаи Фурот, дар Сурия идора мекунанд.

"Эҳтимол аст, ҳафтаи оянда расман эълом карда шавад, ки мо 100 дарсади ҳудуди хилофатро озод кардем", - гуфт Трамп. Вай афзуд, ки ИМА бо вуҷуди бурунрафти нирӯҳояш аз Сурия ҳамла ба ҷангҷӯёни боқии созмонро идома хоҳад дод.

Қарори Трамп барои бурунрафти нирӯҳои ИМА за Сурия қонунгузорҳои амрикоӣ -- ҳам демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳонро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, эҳтимол дорад, ДИИШ дубора фаъол шавад.

Расонаҳо: Қирғизистон ба Русия пешниҳод кард, ба сохтмони неругоҳҳо баргардад

Қирғизистон ба Русия пешниҳод кард, ки ба амалисозии лоиҳаи сохтмони силсиланеругоҳҳои Норини болоӣ баргардад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба вазорати энержии Русия иттилоъ дод.

Ба иттилои хабаргузорӣ, "ин масъала аз сӯи ҳукумат ва ширкатҳои хусусӣ баррасӣ мешавад". Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки бо ҷониби Қирғизистон шароити барқарории ҳамкорӣ муҳокима нашудааст. Мақомоти Қирғизистон ин хабарро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Соли 2012 ҳукуматҳои Қирғизистону Русия дар мавриди сохтмони силсиланеругоҳҳои Норини болоӣ созишнома имзо карданд. Дар доираи ин созишнома қарор буд, дар Қирғизистон 4 неругоҳ сохта шавад.

Аммо моҳи августи соли 2016 Қирғизистон якҷониба аз созишнома хориҷ шуд. Бишкек гуфт, ки ҷониби Русия ба далели буҳрони молӣ имкон нахоҳад дошт, ки дар солҳои наздик созишномаро иҷро кунад.

Ширкати "РусГидро" талаб кард, ки маблағҳои сарфшуда баргардонида шаванд. Ширкат гуфт, ҳаҷми маблағи сармоягузоришуда 37 млн долларро ташкил медиҳад. Қирғизистон дар навбати худ талаб кард, ки харҷҳо исбот шаванд. 31 октябри соли 2018 "РусГидро" ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят бурд. Қирғизистон вазифадор аст, на дертар аз 15 апрели соли ҷорӣ посухи шикоятро диҳад.

Боздошти як ҳуқуқшиноси "Агроинвестбонк"

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар як ҳуқуқшиноси "Агроинивестбонк"-ро барои гирифтани пора боздошт кард ва нисбати ӯ бар асоси моддаи 279-и Кодекси ҷиноятӣ ,парванда боз намуд.

Сӯҳроб Раҳимов, ҳуқуқшиноси "Агроинивестбонк" аз як муштарии бонк барои аз гарави бонк озод намудани се манзил 2500 доллар талаб карда, ҳангоми гирифтани 1500 доллар дастгир шуд. Оҷонсӣ мегӯяд, Сӯҳроб Раҳимов бар асоси шикояти як сокини Душанбе боздошт шуд, ки моҳи ноябри соли гузашта аз ӯ ришва талаб карда буд.

Дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "ин ҳуқуқшинос барои аз гарави бонк озод намудани манзилҳои истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаҳои Чортут - 61, Ҳилолӣ - 44 ва Хлопзаводская - 95, аз ӯ пора ба маблағи маблағи 2500 доллари ИМА талаб намуда, аз ин маблағ 1000 доллари ИМА-ро пешакӣ гирифта, боқимонда 1500 доллари ИМА-ро талаб намудааст".

Кормандони ин оҷонсӣ Сӯҳроб Раҳимовро ҳангоми гирифтани 1500 доллари боқимонда (14 ҳазор сомонӣ) дастгир кардаанд. Боздошти ин ҳуқуқшиноси бонк дар ҳолест, ки "Агроинвестбонк" яке аз бонкҳои дучори мушкил дар Тоҷикистон аст.

"Агроинвестбонк" ба амонатдоронаш то оғози соли 2018 ҳар моҳ 500-сомонӣ пардохт мекард, вале моҳҳои охир ин пардохтҳо боз ҳам коҳиш ёфта, бархе аз муштариҳо мегӯянд, моҳҳо боз ҳамин маблағро ҳам дарёфт карда наметавонанд.

Мақомоти "Агроинвестбонк" дар гузашта гуфтаанд, ки барои ислоҳи вазъ ва хидматрасонии муносиб ба муштариён барномаҳои зиёде иҷро мекунад. Аз ҷумла, ду ҳазор корманди бонкро ихтисор карданд, то харҷ камтар шавад.

Ёфтҳои бештар

ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG