Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Парлумон бо "стратегияи аврупоӣ будани Украина" мувофиқат кард

Парлумони Украина – Верховная Рада дар хониши ниҳоӣ тағйирот ба конститутсияи кишварро қабул кард, ки ба ҳадафҳои ниҳоии ин кишвар дар амри узвият дар НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо созгор мебошад. Дар ҷараёни ҷаласаи рӯзи 7 феврали парлумонӣ, 334 вакил ба ҷонибдорӣ ва 7 вакил мухолифи қабул шудани тағйиру иловаҳо овоз доданд. Бар асоси ин тағйирот, дар конститутсияи Украина навишта мешавад, ки "украиниҳо мардуми аврупоӣ буда, самтгириҳои Украина аврупоиву авроатлатнтикӣ хоҳад буд".

Президенти Украина Петро Порошенко, ки дар баробари парлумон суханронӣ кард, инро “як рӯзи таърихӣ барои Украина” номид ва “иқдоми дигари муҳим” дар амри узвияти ниҳоии Украина дар сохторҳои Авроатлантикӣ номид. Тарҳи қонун рӯзи 22 ноябр дар хониши аввал қабул шуда буд.

Порошенко гуфт, ки Русия метавонад зидди Украина иқдом кунад, чунки бархе сиёсатмадорони украинии ташвиқкунандаи нейтралитет ё бетарафӣ “машварат медиҳанд, ки Украина аз ҳама гуна созмонҳо дар канор бошад”. Порошенко, ки мехоҳад дар интихоботи соли ҷорӣ иштирок кунад, баъди он сари қудрат омад, ки президенти собиқи рӯ ба Маскав Виктор Янукович дар паи эътирозҳо кишварро тарк карда дар Маскав муқимӣ шуд.

Дар телевизион "бояд таҳлилу танқид бошад", мегӯяд раиси кумита. ВИДЕО

Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯяд, розӣ аст, ки дар ин шабакаҳо бояд матолиби танқидӣ пахш шавад, то ки, ба гуфтааш, мушкилоти ҷомеа ҳалли худро пайдо кунанд. Рӯзи 7 феврал дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш Шоҳиён дар посух ба саволи ин ки то куҷо амри таҳия ва пахш шудани гузоришҳои танқидӣ дар шабакаҳои давлатии ТВ ва радио амалӣ мешавад, посухи якранг надод. Шоҳиён нагуфт, ки то куҷо воқеан ҳам онҳо аз паи пахши гузоришҳои интиқодӣ ҳастанд, вале гуфт, ки ҷонибдори нашри матолиби воқеъбинона дар бораи мушкилоти ҷомеа ҳастанд. Ӯ гуфт, ки шахсан худаш феҳристи мавзӯъҳои танқидиро таҳия кардааст:

“Ман қариб 80 мавзӯъ навишта ба шабакаҳои телевизионӣ пешниҳод кардам. Бояд (барномаҳои) таҳлилию танқидӣ бошанд. Сиёҳро сиёҳ ва сафедро сафед бояд гуфт”.

"Дар телевизион бояд таҳлилу танқид бошад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00

Шоҳиён кори журналистро бо касби табиб шабоҳат доду гуфт, ки “пеш аз он ки табиб як беморро муолиҷа кунад, бояд аввал сабаби касалии ӯро аввал аниқ кунад. Журналист ҳам ҳамин хел аст. Агар ки аввал таҳлил накунем, он ба дарди касе намехӯрад”.

Ин дар ҳолест, ки шабакаҳои давлатии телевизионӣ дар Тоҷикистон ба унвони дастгоҳи таблиғи сиёсати давлат барои пахши матолиби якҷонибаи таърифӣ “дар бораи дастовардҳои кишвар” интиқод мешаванд. Мунаққидон мегӯянд, ки гузоришҳои барномаҳои хабариву иттилоотӣ бо таърифу тавсиф маҳдуд шуда, мушкилоти марбут ба бахши иқтисоду иҷтимоиёт, масоили муҳоҷират, бекорӣ ва дигар матраҳ намешавад.

Моҳи декабр хабарнигорони телевизионҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла шабакаи “Тоҷикистон” ва “Ҷаҳоннамо” дастур гирифтаанд, ки аз ин ба баъд бештар ба таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва танқидӣ пардозанд. Бино ба нусхаи рӯйхате, ки рӯзи 16-уми декабр дастраси Радиои Озодӣ шуд, ба хабарнигорони ин ду шабака дастикам то ҳафтод мавзӯи таҳлилӣ ва танқидӣ пешниҳод шудааст. Мавзӯъҳо аз сохтмонҳои нотамом гирифта, то таҳсил дар вагонҳо, роҳҳои харобу валангор, баҳси замину ифротгароӣ, ҳиҷоб, камбуди оби ошомиданӣ, партовҳо ва аз фаъолият бозмондани корхонаҳоро дар бар мегиранд. Вале аз он замон то кунун, ба қавли бархе тамошобинон, мӯҳтавои барномаҳои телевизионҳо давлатӣ зиёд тағйир наёфт.

Як сол пеш аз интихоботҳои Тоҷикистон: ҳизби ҳоким анҷуман барпо кард

анҷумани ҳизби ҳоким дар соли 2018

Дар Душанбе рӯзи 7 феврал таҳти раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон анҷумани Ҳизби ҳокими халқии демократӣ баргузор шуд. Анҷуман пушти дарҳои бастаи маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати намояндагони беш аз 4 ҳазор ташкилоти ҳизбӣ дар манотиқи кишвар баргузор шуд. Дар ҳоле, ки ҷузъиёти масоили мавриди баррасии ин анҷуман ҳанӯз нашр намешавад, бархе коршиносон мегӯянд, ин анҷуман соле пеш аз интихоботҳои кишвар баргузор шуда, ба хотири муайян кардани стратегияи ҳизб дар ростои интихоботҳои президентиву парлумонӣ барпо мешавад.

Аъзои ҳизби ҳоким аксариятро дар парлумони Тоҷикистон ташкил мекунанд ва бисёр тасмиму қарорҳо ва қонунҳову таҳрирҳо ба санадҳои ҳуқуқӣ бидуни баҳсу баррасиҳои зиёд қабул мешаванд. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки дар мавқеи ин ҳизб дар интихоботи оянда ҳам ҳеҷ тағйироте намешавад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ҳизби халқии демократӣ аст ва интизор меравад, ки дар интихоботи президентии соли оянда ҳам дар сари қудрат боқӣ хоҳад монд.

Як намояндаи дафтари матуботи ҳизби ҳоким ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар анҷуман аз фаъолияти ҳизб дар соли 2018 натиҷагирӣ намуда, нақшаҳои ояндаи онро барои соли ҷорӣ муайян мекунад.

Ҳизби ҳоким соли 1994 таъсис ёфтааст. Ин ҳизб феълан шумораи аъзои худро беш аз 460 ҳазор нафар мегӯяд. Дар ҳоли ҳозир аксари мансабдорони ҳукуматӣ аъзои ин ҳизб мебошад.

Хонандагону омӯзгорони беш аз 50 мактаби Ишқобод ба кӯчарӯбӣ баромаданд

Хонандагону омӯзгорони беш аз 50 мактаби шаҳри Ишқободро 2 феврал ғайриинтизор ба шанбегӣ бароварданд. Мудирони мактаб барои ба шанбегӣ баровардани омӯзгорону хонандаҳо субҳи ҳамон рӯз аз раҳбарияти шаҳру ноҳияҳо дастур гирифтанд.

Хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ тавонист бо чандин мудири мактабҳои Ишқобод суҳбат кунад. "Хонандагону омӯзгорони беш аз 50 мактаби шаҳр рӯзи шанбеи гузашта ба ҳашар бароварда шуданд. Мудирони мактаб ҳатто рӯзи чумъа намедонистанд, ки фардо шанбегӣ аст", - гуфт яке аз ҳамсуҳбатҳои мо.

Иштирокдорони шанбегӣ баргҳои дарахтонро дар кӯчаҳои протоколӣ чида, хиёбонҳои Арчабил, Чандибил ва Копетдоғро дар ҷануби Ишқобод рӯбучин карданд. Ин шанбегии дастаҷамъии омӯзгорону хонандаҳо як рӯз пеш аз боздиди президенти Туркманистон аз Маҷмааи аспсавории Ахалтекин ва дучархасавории ӯ дар доманакуҳҳои Капетдоғ сурат гирифтааст.

Хонандагону омӯзгорон маҷбур буданд, се роҳеро рӯбучин кунанд, ки ба маҷмааи аспсаворӣ мераванд. Зеро маълум набуд, ки президенти Туркманистон бо каме аз онҳо хоҳад гузашт.

Ҳашарҳои дастаҷамъӣ бо иштироки кормандони муассисаҳои давлатӣ дар Туркманистон пайваста сурат мегирад. Дар як сол ду бор - баҳор ва тирамоҳ шанбегии умумимиллӣ дар ин кишвар ташкил карда мешавад.

Дар порлумони Қирғизистон масъалаи фурӯши об ба ҳамсоякишварҳо дубора баҳс шуд

Порлумони Қирғизистон масъалаи истифодаи пулакии захираҳои обро барои Узбекистону Қазоқистон баррасӣ кард.

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 6 феврал лоиҳаи қонун "Дар бораи ворид кардани тағйирот ба бархе аз санадҳои ҳуқуқии Қирғизистон (Кодекси об, қонун "Дар бораи об")"-ро ба баррасӣ гирифт. Ҳадафи асосии ин тағйирот пулакӣ кардани истифодаи захираҳо ва иншооти обии кишвар аст. Бархе аз вакилон пешниҳод карданд, ки аз Узбекистону Қазоқистон барои истифодаи оби Қирғизистон маблағ талаб карда шавад.

"Наздики 22 миллиард метри мукааб оби обанборҳои Қирғизистон ҳамасола ба Узбекистону Қазоқистон меравад. Яъне, бештар аз 80 дарсади об ба ҳамсояҳо дода мешавад. Чанде пеш мо мехостем, барои таъмири обанбори Токтогул 450 миллион доллар ҷудо кунем. Чаро ҳукумати мо аз ҳамсоякишварҳо талаб намекунад, ки барои сарбанд маблағ пардохт кунанд?", - гуфт вакил Умбеталӣ Қидиралиев.

Жанибек Карималиев, муовини вазири кишоварзии Қирғизистон посух дод, ки бо ворид кардани тағйирот ба қонунҳо имкони талаб кардани пардохт барои истифодаи об аз ҳамсояҳо пайдо мешавад.

Карималиев гуфт, Қазоқистон барои истифодаи об наздики 313 ҳазор доллар пардохт мекунад.

Масъалаи танзими истифодаи об дар солҳои 2007-2008 бо ширкати кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон баррасӣ шуда буд, аммо он замон ин масъала ба нафъи Қирғизистон ҳал нашуд.

Омӯзгорони узбек барои надодани маблағ ба кори хайрия бемаош монданд

Дар баъзе ноҳияҳои Узбекистон кормандони муассисаҳои давлатӣ ошкоро ба қарори ҳукумат норозигӣ баён доранд, ки интиқоли маоши якрӯзаи "буҷавиҳо"-ро ба беҳсозии вазъи зистмуҳитии атрофи баҳри Арал пешбинӣ мекунад.

Як омӯзгор аз ноҳияи Ҷалолқудуқи Узбекистон гуфт, ӯву чанд ҳамкораш барои он натавонистанд моҳонаашонро дарёфт кунанд, ки қарори мазкурро "бо хоҳишу ташаббуси хеш" иҷро накарданд.

Ба гуфтаи намояндаи Вазорати маорифи Ӯзбекистон, иҷбори омӯзгорон ба корҳои хайрия зидди қонунҳои ин кишвар аст. Зеро дар қарори девони вазирон кумакро ихтиёрӣ гуфтаанд.

Омӯзгори мактаби рақами 31-и Ҷалолқудуқ Дилбар Кобулова мегӯяд, иҷрои қарори № 41-и Девони вазирони Узбекистон аз 22 январ ба як абзори ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ табдил ёфтааст.

"Дар қарори девони вазирон омадааст, ки метавонем бо хоҳиши худ кумак кунем. Дар онҷо гуфта нашудааст, ки якрӯза маошро ситонанд. Гуфтам, ки ин ташаббуси ман нест ва маоши якрӯзаамро намедиҳам. Мудир ва муҳосиби мактаб дар аввал гуфтанд, ки кумак ихтиёрӣ аст. Вале дертар маълум шуд, ки раҳбарияти ноҳия ба мудири мактаб фишор овардааст, то имзо ва "розигӣ"-и ҳамаи омӯзгоронро барои интиқоли 5 миллион сӯм (ҳудуди $600) ба даст орад", - гуфт ӯ.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки ӯ ва чанд ҳамкораш ба додани маоши якрӯзаи худ розӣ нашуданд ва бинобар ин, натавонистанд маоши моҳи январро дарёфт кунанд.

Як гуруҳи омӯзгорони Самарқанд низ гуфтанд, дар асоси дастури раҳбарияти маориф ба таври хаттӣ иҷборан "розигӣ" доданд, ки маоши якрӯзаашон ба беҳсозии вазъи зистмуҳитии атрофи баҳри Арал интиқол ёбад.

Аз Бонки халқии Узбекистон дар рӯзи равшан $100 000-ро дуздиданд

Аз бахши Бонки халқии Узбекистон дар ноҳияи Ёзёвони вилояти Фарғона 5 феврал 100 ҳазор доллари амрикоиро дуздиданд. Дуздӣ пас аз соати корӣ ошкор шуда, шабона тамоми кормандони бахш, аз мудир то посбонро боздошт карданд.

Ба гуфтаи наздикони яке аз масъулони Бонки халқӣ, маъмурони ҳифзи ҳуқуқ кормандони бонкро тамоми шаб бозпурсӣ карда, субҳи 6 феврал ба шуъбаи пулис бурдаанд. Як корманди пулиси Ёзёвон бо тасдиқи ин хабар гуфт, то ҳол маълум нест, ки пулро кӣ дуздидаааст.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, хазинадори бонк тахминан наздикиҳои соати 10-и шаб фаҳмидааст, ки 100 ҳазор доллар гум шудааст. "Тамоми кормандони бонкро шаб аз хонаҳояшон ба бинои бахш оварда, то субҳ бозпурсӣ карданд ва сипас ба шуъба бурданд", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, субҳи 6 феврал манзили дасти кам 20 корманди бонкро бозҷӯӣ карданд.

Рӯзноманигорони маҳаллӣ мегӯянд, як гуруҳи махсуси муфаттишон аз Идораи умури дохилии вилояти Фарғона ҳодисаро таҳқиқ доранд.

"Чанд рӯз пеш ба бахши Бонки халқӣ доллари нақдина овардаанд. Дар говсандуқ 180 ҳазор доллар будааст, ки 100 ҳазор долларашро дуздидаанд. Калиди говсандуқ дар дасти се кас - мудири бахш, сармуҳосиб ва хазинадор будааст", - изҳор дошт манбаъ.

​Яке аз кормандони Бонки халқӣ, ки аз ҷузъиёти ҳодиса огаҳ аст, гуфт, он шаб дар бинои бахш дар халтаҳои калон сӯми узбекӣ буд, вале касе ба онҳо даст нарасондааст.

Мақомоти Қирғизистон: агар дар додгоҳ шаҳодат диҳанд, нисбати Отамбоев парванда боз мешавад

Котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Дамир Сагинбоев рӯзи 6 феврал эҳтимоли бекоршавии дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро шарҳ дод.

Ба гуфтаи вай, лоиҳаи қонуни марбут ба дахлнопазирии президенти пешинро порлумони Қирғизистон баррасӣ мекунад ва баъди тағйири лоиҳа масъалаи дахлнопазирии Отамбоев ҳал мешавад.

"Масъалаи ҷалби вай ба ҷавобгарии ҷиноӣ баррасӣ мешавад. Агар дар ҷараёни додгоҳ мансабдорони боздоштшуда нисбати вай (Отамбоев) шаҳодат диҳанд, ки дар ҷинояте даст дорад, эҳтимол ба ҷавобгарӣ ҷалб шавад", - гуфт Сагинбоев.

Лоиҳаи қонун "Дар бораи фаъолияти президенти Ҷумҳурии Қирғизистон"-ро порлумони он кишвар баррасӣ мекунад.

Ибтидои моҳи октябри соли 2018 Палатаи конститутсионии Қирғизистон моддаи 12 қонун "Дар бораи кафолати фаъолияти президент"-ро ғайриконститутсионӣ эътироф кард. Ин модда дахлнопазирии мутлақи президенти пешинро кафолат медиҳад. Палатаи конститутсионӣ қарор кард, ки дахлнопазирӣ бекор шавад.

Роза Отунбоева ва Алмосбек Отамбоев аз статус ё унвони президенти пешин бархурдоранд. Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев баъди инқилобҳои мардумӣ аз ин статус маҳрум шуданд.

Дар Қазоқистон чаҳор узви як хонавода аз бӯи газ ҳалок шуданд

Дар вилояти Павлодари Қазоқистон чаҳор узви як хонавода - зану шавҳар ва ду кӯдаки онҳо - аз газ заҳролуд шуда, фавтиданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар медиҳанд, ки ҷасади 4 узви як хонавода рӯзи чаҳоршанбе дар манзили хусусие пайдо шуд. Онҳо аз бӯи газ фавтидаанд.

Мақомот ному насаби фавтидаҳоро нашр карданд: Рустам Бекболотов (соли таваллуди 1979), Наталя Бекбатирова (соли таваллуди 1982), Динара Бекбатирова (соли таваллуди 2004) ва Дамир Бекбатиров (соли таваллуди 2007). Ба иттилои мақомот, Наталя Бекбатирова дар моҳи 5-уми ҳомиладорӣ қарор дошт.

Мақомот мегӯянд, аз рӯи ин ҳодиса тафтиши пешакӣ шуруъ шудааст.

Трамп: ИМА ҳафтаи оянда маҳви ДИИШ-ро расман эълом мекунад

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе гуфт, эҳтимол аст, ҳафтаи оянда расман эълом карда шавад, ки тамоми минтақаҳои зери назари гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИИШ) аз дасти ҷангҷӯён озод шуданд.

Ин изҳорот дар ҷараёни мулоқоти Трамп бо намояндагони эътилофи низомии 79 кишвар ба раҳбарии Амрико садо дод, ки давоми чанд соли ахир зидди ДИИШ мубориза мебаранд. Ба гуфтаи президенти ИМА, ҷангҷӯёни созмони тундрав ҳоло як қисмати хурди минтақаеро дар даст доранд, ки "хилофат"-и худ эълом карда буданд.

Мақомҳои расмии ИМА ҳафтаҳои ахир эълом карданд, ки ҷангҷӯёни ДИИШ 99,5 дарсади минтақаҳои зери назорати худро аз даст додаанд ва ҳоло танҳо 5 километри мураббаъро дар навоҳии рӯдхонаи Фурот, дар Сурия идора мекунанд.

"Эҳтимол аст, ҳафтаи оянда расман эълом карда шавад, ки мо 100 дарсади ҳудуди хилофатро озод кардем", - гуфт Трамп. Вай афзуд, ки ИМА бо вуҷуди бурунрафти нирӯҳояш аз Сурия ҳамла ба ҷангҷӯёни боқии созмонро идома хоҳад дод.

Қарори Трамп барои бурунрафти нирӯҳои ИМА за Сурия қонунгузорҳои амрикоӣ -- ҳам демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳонро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, эҳтимол дорад, ДИИШ дубора фаъол шавад.

Расонаҳо: Қирғизистон ба Русия пешниҳод кард, ба сохтмони неругоҳҳо баргардад

Қирғизистон ба Русия пешниҳод кард, ки ба амалисозии лоиҳаи сохтмони силсиланеругоҳҳои Норини болоӣ баргардад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба вазорати энержии Русия иттилоъ дод.

Ба иттилои хабаргузорӣ, "ин масъала аз сӯи ҳукумат ва ширкатҳои хусусӣ баррасӣ мешавад". Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки бо ҷониби Қирғизистон шароити барқарории ҳамкорӣ муҳокима нашудааст. Мақомоти Қирғизистон ин хабарро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Соли 2012 ҳукуматҳои Қирғизистону Русия дар мавриди сохтмони силсиланеругоҳҳои Норини болоӣ созишнома имзо карданд. Дар доираи ин созишнома қарор буд, дар Қирғизистон 4 неругоҳ сохта шавад.

Аммо моҳи августи соли 2016 Қирғизистон якҷониба аз созишнома хориҷ шуд. Бишкек гуфт, ки ҷониби Русия ба далели буҳрони молӣ имкон нахоҳад дошт, ки дар солҳои наздик созишномаро иҷро кунад.

Ширкати "РусГидро" талаб кард, ки маблағҳои сарфшуда баргардонида шаванд. Ширкат гуфт, ҳаҷми маблағи сармоягузоришуда 37 млн долларро ташкил медиҳад. Қирғизистон дар навбати худ талаб кард, ки харҷҳо исбот шаванд. 31 октябри соли 2018 "РусГидро" ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят бурд. Қирғизистон вазифадор аст, на дертар аз 15 апрели соли ҷорӣ посухи шикоятро диҳад.

Боздошти як ҳуқуқшиноси "Агроинвестбонк"

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар як ҳуқуқшиноси "Агроинивестбонк"-ро барои гирифтани пора боздошт кард ва нисбати ӯ бар асоси моддаи 279-и Кодекси ҷиноятӣ ,парванда боз намуд.

Сӯҳроб Раҳимов, ҳуқуқшиноси "Агроинивестбонк" аз як муштарии бонк барои аз гарави бонк озод намудани се манзил 2500 доллар талаб карда, ҳангоми гирифтани 1500 доллар дастгир шуд. Оҷонсӣ мегӯяд, Сӯҳроб Раҳимов бар асоси шикояти як сокини Душанбе боздошт шуд, ки моҳи ноябри соли гузашта аз ӯ ришва талаб карда буд.

Дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "ин ҳуқуқшинос барои аз гарави бонк озод намудани манзилҳои истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаҳои Чортут - 61, Ҳилолӣ - 44 ва Хлопзаводская - 95, аз ӯ пора ба маблағи маблағи 2500 доллари ИМА талаб намуда, аз ин маблағ 1000 доллари ИМА-ро пешакӣ гирифта, боқимонда 1500 доллари ИМА-ро талаб намудааст".

Кормандони ин оҷонсӣ Сӯҳроб Раҳимовро ҳангоми гирифтани 1500 доллари боқимонда (14 ҳазор сомонӣ) дастгир кардаанд. Боздошти ин ҳуқуқшиноси бонк дар ҳолест, ки "Агроинвестбонк" яке аз бонкҳои дучори мушкил дар Тоҷикистон аст.

"Агроинвестбонк" ба амонатдоронаш то оғози соли 2018 ҳар моҳ 500-сомонӣ пардохт мекард, вале моҳҳои охир ин пардохтҳо боз ҳам коҳиш ёфта, бархе аз муштариҳо мегӯянд, моҳҳо боз ҳамин маблағро ҳам дарёфт карда наметавонанд.

Мақомоти "Агроинвестбонк" дар гузашта гуфтаанд, ки барои ислоҳи вазъ ва хидматрасонии муносиб ба муштариён барномаҳои зиёде иҷро мекунад. Аз ҷумла, ду ҳазор корманди бонкро ихтисор карданд, то харҷ камтар шавад.

Дар Қирғизистон масъалаи фурӯши об ба ҳамсоякишварҳо дубора баҳс шуд

Порлумони Қирғизистон масъалаи истифодаи пулакии захираҳои обро барои Узбекистону Қазоқистон баррасӣ кард.

Вакилони порлумони Қирғизистон лоиҳаи қонун "Дар бораи ворид кардани тағйирот ба бархе аз санадҳои ҳуқуқии Қирғизистон (Кодекси об, қонун "Дар бораи об")"-ро ба баррасӣ гирифт. Ҳадафи асосии ин тағйирот пулакӣ кардани истифодаи захираҳо ва иншооти обии кишвар аст. Бархе аз вакилон пешниҳод карданд, ки аз Узбекистону Қазоқистон барои истифодаи оби Қирғизистон маблағ талаб карда шавад.

"Наздики 22 миллиард метри мукааб оби обанборҳои Қирғизистон ҳамасола ба Узбекистону Қазоқистон меравад. Яъне, бештар аз 80 дарсади об ба ҳамсояҳо дода мешавад. Чанде пеш мо мехостем, барои таъмири обанбори Токтогул 450 миллион доллар ҷудо кунем. Чаро ҳукумати мо аз ҳамсоякишварҳо талаб намекунад, ки барои сарбанд маблағ пардохт кунанд?",-гуфт вакил Умбеталӣ Қидиралиев.

Жанибек Карималиев, муовини вазири кишоварзии Қирғизистон посух дод, ки бо ворид кардани тағйирот ба қонунҳо имкони талаб кардани пардохт барои истифодаи об аз ҳамсояҳо пайдо мешавад.

Карималиев гуфт, Қазоқистон барои истифодаи об наздики 313 ҳазор доллар пардохт мекунад. Масъалаи танзими истифодаи об дар солҳои 2007-2008 бо ширкати кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон баррасӣ шуда буд, аммо он замон ин масъала ба нафъи Қирғизистон ҳал нашуд.

Толибон ба ихроҷи нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон даъват карданд

Намояндагони Толибон ва ҳайате ба раҳбарии раиси ҷумҳурии собиқи Афғонистон Ҳомиди Карзай дар ҷараёни рӯзи дуюми музокирот дар шаҳри Маскав ба ихроҷи нирӯҳои хориҷӣ аз хоки ин кишвар даъват карданд. Ин музокирот бо вуҷуди ҳузур надоштани намояндагони ҳукумати Афғонистон аз ҷониби бархе ҳамчун “музокироти байнихудии” афғонҳо арзёбӣ шуд. Ин нишаст аз ҷониби дафтари президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ интиқод шуд.

Музокироти Маскав дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар шаҳри Доҳа, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ музокироти сулҳ ба хотири хатми ҷанги 17-сола дар ин кишвар дар ҳоли анҷомёбӣ аст, бо ин вуҷуд, ки Толибон ҳамоно аз мулоқоти мустақим бо намояндагони ҳукумати Афғонистон худдорӣ мекунанд.

Президенти ИМА Доналд Трамп дар ҷараёни суханрониаш дар Конгресс шоми 5 феврал ин музокиротро “созанда” номид ва дар робита бо хатми ҷанги тӯлонӣ мӯҳтотона изҳори назар кард. 6 феврал Толибон иддао карданд, ки Вашингтон дар ҷараёни музокирот дар Доҳа розӣ шуданд, ки то охири апрел нисфи нирӯҳои заминии худро аз хоки Афғонистон берун кашанд ва ин ҷараён гӯё шурӯъ шудааст. Абдулло Салом Ҳанафӣ, муовини раиси дафтари сиёсии Толибон дар Доҳа дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Маскав гуфт, ки “амрикоиҳо розӣ шуданд, ки нисфи нирӯҳояшонро билофосила берун кашанд. Берункашӣ 1 феврал шурӯъ шуда то охири апрел идома меёбад”, гуфт ӯ.

Янукович: "Маро аҳмақ карда партофтанд"

Виктор Янукович, президенти собиқи Украина, намояндагони Иттиҳодияи Аврупоро гунаҳкор кард, ки моҳи феврали соли 2014 ӯро фиреб додаанд. Янукович рӯзи чаҳоршанбе гуфт, аврупоиҳо ӯ водор намуданд, ки бо мухолифон созиш кунад, "вале баъдан аз мақом барканор шудани ӯро қонунӣ арзёбӣ намуданд".

"Маро аҳмақ карда партофтанд", - гуфт ӯ дар нишасти хабарӣ дар Маскав.

Раиси ҷумҳури пешини Украина гуфт, чанд рӯз қабл аз як муолиҷаи тиббӣ аз хориҷа ба Русия баргашт. Дар ин муддат дар ғайбаш дар додгоҳи Киев Януковичро бар асоси моддаҳои "хиёнати давлатӣ" ба 13 соли зиндон маҳкум карданд.

Ӯ гуфт, бо вуҷуди гунаҳкор эълон шудан, исми ӯ дар феҳристи афроди мавриди ҷустуҷӯи полиси байналмилалӣ - Интерпол нест ва метавонад ба ҳар кишвар сафар кунад.

Янукович ҳукумати Украинаро мавриди интиқод қарор дод ва президенти кунунӣ Петро Порошенкоро муттаҳам кард, ки намехоҳад дар кишвар сулҳ барқарор шавад. Ба қавли Виктор Янукович, Украина "макони ҷангу бесуботӣ" шудааст ва ба ин моҷаро "беихтиёр пои Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва Русия кашида шуд".

Ӯ, инчунин, сиёсати иқтисодии Украинаро интиқод кард ва гуфт, ки панҷ соли охир "сиёҳтарин" давра дар таърихи ин кишвари мустақил буд. Вай истиқлолхоҳии калисои православии Украинаро низ танқид кард.

Ба бовари Янукович, интихоботи президентии соли 2019 дар Украина одилона ва озод нахоҳад буд.

Виктор Янукович моҳи феврали соли 2014 дар авҷи эътирозҳои хиёбонӣ аз Киев фирор кард ва баъдан бо қарори Рада ё порлумон, аз қудрат барканор шуд. Тамоми ин солҳо ӯ дар Русия зиндагӣ мекунад ва мегӯяд, ки барканориаш ғайриқонунӣ буд.

Ҳукми додгоҳи Киев рӯзи 24-уми январи имсол содир шуд. Дар шарҳи қарори додгоҳ гуфта шуд, амалҳои Янукович боис ба "ғасби Қрим аз ҷониби Русия, шурӯи ҷанг дар Донбасс ва хисороти зиёд барои Украина шуд".

Мақомоти Қазоқистон: ҳалокати 5 кӯдак дар сӯхтор натиҷаи "хатои наҷотбахшон" буд. ВИДЕО

Дар шаҳри Остона 5 феврал ҷасади панҷ хоҳареро ба хок супурданд, ки шаби 4 феврал дар натиҷаи оташ гирифтани як кулбаи муваққатӣ дар маҳаллаи "Коктал-1"-и ноҳияи Сариарк ба ҳалокат расиданд.

Дар ҷанозаи кӯдакон одамони зиёде иштирок доштанд. Бештари онҳо суол мекарданд, ки чаро шаҳрдории пойтахти Қазоқистон ба ин оилаи серфарзанд хона надод ва чаро волидони кӯдакон маҷбур буданд, шабона кӯдаконро танҳо гузошта, кор кунанд.

Сӯхтор тахминан соатҳои сеи шаб рух додааст. Падари кӯдакон корманди барқ буда, он шаб ба маҳалли кораш даъват шудааст. Модари онҳо низ се рӯз пеш дар як корхонаи маҳсулоти плостикӣ ба кор даромадааст. Ин хонаводаи серфарзанд сахт ба маблағ ниёз дошта, мақомот ҳатто онҳоро бо сабабҳои номаълум дар навбати хона нагузоштаанд.

Ҳамсояҳои қурбониён мегӯянд, волидони кӯдакон борҳо аз мақомот дархости хона карда буданд. Вале мақомот мегӯянд, ин хонавода чунин дархост накарда буд. Сухангӯи шаҳрдории Остона Элмира Жургенбоева дар нишасти хабарӣ тасдиқ кард, ки оилаи мазкур дар навбати хона қарор надошт ва танҳо ҳамчун оилаи серфарзанд аз давлат дар ҳаҷми 30 доллар кумакпулӣ мегирифт.

"Шаҳрдор ва кормандони хадамоти иҷтимоӣ аз вазъи хонавода хабар надоштанд. Шояд танҳо дар мактаб медонистанд", - афзуд Жургенбоева.

Ба иттилои сомонаи шаҳрдории Остона, бештари сӯхторҳо (беш аз 50%) дар пойтахти Қазоқистон дар маҳаллаҳои аҳолинишин ва зиёда аз 65%-и онҳо дар манзилҳои хусусӣ рух медиҳанд.

Хоксупории 5 тифли қурбонии сӯхтор дар Остона
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

Парвандаи Сафар Исҳоқов ба Додситонии кул ирсол шуд

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон парвандаи фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкекро ба Додситонии кулли ин кишвар фиристод. Дар ин бора вакили дифои яке аз гумонбарон ва сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов хабар дод. Ба гуфтаи вакили дифоъ Нурбек Токтакунов, Додситонии кулли Қирғизистон бояд давоми панҷ рӯз айбномаро тасдиқ ва эълом кунад. Сипас парванда ба додгоҳ ирсол мешавад ва додгоҳ низ дар навбати худ бояд давоми даҳ рӯз нахустин мурофиаро баргузор намояд. Токтакунов изҳор дошт, ки ба иллати камии муҳлат наметавонад бо тамоми маводи парванда ошно шавад, чун он аз 53 ҷилд иборат аст. Кумитаи амнияти Қирғизистон Исҳоқовро 5 июни соли гузашта бо ҷурми фасодкорӣ ҳангоми иҷрои тарҳи "Бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек" дастгир кард. Ӯ дар он айбдор мешавад, ки ҳангоми раҳбари шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президент будан аз манфиатҳои ширкати хориҷӣ ҷонибдорӣ кардааст. Худи Исҳоқов ин гумонро рад мекунад.

Додгоҳи Узбекистон бори нахуст парвандаи марбут ба ҳиҷобро баррасӣ мекунад

Додгоҳи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд рӯзи 5 феврал баррасии шикояти падари як донишомӯзи литсейи Академияи исломии Узбекистонро зидди раҳбарияти таълимгоҳ оғоз кард, ки бо рӯймоли мазҳабӣ омадан ба дарсро манъ намудааст. Ба гуфтаи Абдувоҳид Яъқубов, падари донишомӯзи 17-солаи литсей, ки худ ҳуқуқшинос аст, додгоҳи Шайхонтоҳур баррасии шикояти ӯро ба рӯзи 7 феврал мавқуф гузошт. Яъқубов мегӯяд, пас аз эътирози ӯ додраси парванда иваз карда шудааст.

"Духтари ман ноболиғ аст ва бинобар ин, хостам, аз ҳуқуқҳои ӯ худам ҳимоят кунам. Ба додгоҳ шикоят бурда, бекор кардани қарори дохилии таълимгоҳро талаб кардам, ки омадани донишомӯзонро ба дарс бо рӯймоли исломӣ манъ мекунад. Зеро ин хилофи Конститутсия ва санадҳои байналмилалиест, ки ҳукумати Узбекистон онҳоро имзо кардааст", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Аз аввали соли хониш дасти кам чаҳор донишомӯзи Академияи байналмилалии исломии Тошканд барои ба дарсҳо наомадан ихроҷ шудаанд. Яке аз ин донишҷӯён Луиза Муминҷоноваи 19-сола 5 феврал гуфт, ба далели манъи пӯшидани рӯймоли исломӣ натавонист таҳсилашро идома диҳад. "Ба ман гуфтанд, ки таҳсил ё рӯймолро интихоб кун ва ман рӯймолро интихоб карданд", - афзуд Луиза. Як ёвари ректори Академияи исломии Тошканд тасдиқ кард, ки бо рӯймоли исломӣ ё ҳиҷоб омадан ба дарсҳо манъ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар деворҳои академия кодекси либоси донишомӯзон возеҳ навишта шудааст ва дар баробари ҳиҷобу рӯймоли исломӣ пӯшидани ҷинсу доманҳои кутоҳ барои духтарон манъ аст.

Толори консерти Остонаро "эътирози худҷӯши модарон" фаро гирифт. ВИДЕО

Садҳо сокини шаҳри Остонаи Қазоқистон, ки аксарашон модарони серфарзанд буданд, рӯзи 6 январ дар маркази Остона ҷамъ омада, беҳсозии шароити зисту зиндагиашонро талаб карданд. Қисме аз онҳо дар толори консерти "Остона" гирди ҳам омаданд.

Мулоқоти шаҳрвандон бо афроди расмӣ ба ҷамъомади худҷӯш табдил шуд. Даҳҳо зан ба саҳна баромада, талабҳояшонро баён карданд. Таъмини манзил, фарогирии кӯдакон дар боғчаҳо, афзоиши кумакҳои моддӣ ва беҳсозии шароити зиндагонӣ - аз талабҳои асосии модарон буд. Бархе аз дигар ҷамъомадагон истеъфои вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро талаб карданд.

Ҳокими шаҳри Остона Ермек Амоншоев, ки дар ҷамъомад ҳузур дошт, сокинонро ба эътидол даъват ва ваъда дод, ки талабҳои онҳо "дар асоси қонун" баррасӣ хоҳанд шуд. Намояндагони додситонӣ ва вазорати меҳнату ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дар толор ҳузур доштанд.

Модарони серфарзанд ҳамчунин муроҷиаташонро ба президент ва ҳукумати Қазоқистон баён карданд. Дар ин муроҷиат низ беҳсозии шароити зиндагӣ зикр шудааст.

Модарони серфарзанд дар пайи марги 5 кӯдаки як хонавода дар асари сӯхтори рӯзи 4 феврал гирди ҳам омаданд. Дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе даҳҳо сокин дар бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ шуданд.

Дар Конститутсияи Қазоқистон омадааст, ки "ақди никоҳ ва хонавода, модарӣ, падарӣ ва даврони кӯдакӣ таҳти ҳимояти давлат аст".

Кобули расмӣ ва Толибон барои гуфтугӯи мустақим ба Тошканд даъват шуданд

Вазири умури хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи даҳшатафкани Толибонро барои гуфтугӯи мустақим ба шаҳри Тошканд даъват кард.

Бино ба хабарҳои расмӣ, Комилов ин изҳороти худро дар мулоқот бо намояндаи махсуси дабири кулли СММ, раҳбари Маъмурияти СММ барои мусоидат ба Афғонистон Тадамичӣ Ямамото баён доштааст. Ямамото дар доираи як сафар меҳмони Тошканд аст.

Абдулазиз Комилов изҳор доштааст, ки Узбекистон омодааст, тамоми шароитро барои гуфтугӯи мустақими ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар ҳудуди худ фароҳам кунад.

Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Узбекистон, намояндаи СММ аз сиёсати Узбекистон ба раҳбарии президент Шавкат Мирзиёев дар робита ба раванди сулҳи Афғонистон ва барқарорсозии ин кишвар аз нигоҳи иҷтимоиву иқтисодӣ истиқбол кардааст.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, хабари "бомбгузорӣ"-и фурудгоҳ аз хориҷ фиристода шудааст

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) хабари бомбгузорӣ шудани фурудгоҳи "Манас"-ро шарҳ дод.

Ба иттилои ин ниҳод, соати 14:41 дақиқаи 5 феврал ба почтаи электронии яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии Қирғизистон дар бораи гузоштани бомб дар яке аз биноҳои фурудгоҳ паём расид. "Гуруҳи навбатдори КДАМ ва ВКД ба ҷои ҳодиса рафтанд. Дар ҷараёни тафтиш ҳеҷ дастгоҳи таркандае пайдо нашуд", - хабар дод КДАМ.

Бино ба иттилои пешакӣ, хабари бомбгузорӣ аз хориҷи Қирғизистон ирсол шудааст.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, касонеро ҷустуҷӯ доранд, ки хабари бардурӯғи бомбгузориро фиристодаанд.

Додгоҳи Қазоқистон муттаҳами "даъват ба ғасби ҳукумат"-ро сафед кард

Додгоҳи шаҳри Актауи Қазоқистон рӯзи 6 феврал сокини маҳаллӣ - Айгул Акбердиеваи 39-соларо сафед кард, ки дар "даъват ба ғасби ҳукумат" айбдор мешуд. Ин зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мукотибаҳои созмони дар Қазоқистон мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" ширкат кардааст.

Жанар Сундеткалиева, вакили мудофеи Акбердиева гуфт, ки нафари таҳти ҳимояи вай "барои вуҷуд надоштани ҷиноят" сафед карда шуд. Акбердиева айби эълоншударо рад мекунад.

Ҳукми додгоҳии Акбердиева дар ҳоле сурат мегирад, ки дар чандин шаҳри Қазоқистон баъди марги панҷ кӯдаки як хонавода дар таърихи 4 феврал, гирдиҳамоиҳо барпо мешавад. Акбердиева - модари 4 фарзанд дар додгоҳ гуфт, "вазъи иҷтимоии мардум бад аст" ва ба ин далел "аз сиёсатҳои давлат ҳимоят намекунад" ва дар бораи мафҳуми "даъват ба ғасби ҳукумат" танҳо дар додгоҳ огоҳӣ пайдо кард.

Акбердиева гуфт, "ҳаргиз касеро даъват накардааст ва танҳо фикри худро баён доштааст". Додситон аз додгоҳ хоста буд, ки ӯро панҷ сол зиндонӣ кунад, зеро гумони эълоншуда "комил исбот гардидааст".

Баррасии парвандаи Акбердиева ҳанӯз 24 сентябри соли гузашта шуруъ гардида буд. Шавҳари 45-солаи Акберидева - Абловас Ҷумаев бо айни ҳамин айб моҳи сентябр се сол зиндонӣ шуд. Ин зану шавҳар айбномаро сиёсӣ медонанд.

НАТО ва Македония созишномаи таърихии узвиятро имзо карданд

Кишварҳои узви НАТО рӯзи 6 феврал бо Македония як санади аъзогӣ имзо карданд, ки Скопйеро барои пазириш ба узвияти ин паймони низомӣ як қадам наздиктар мекунад. Ин созиш баъди он ҳосил шуд, ки Македония ва Юнон дар баҳси номгузорӣ шудани кишвар ҳама ихтилофҳоро бартараф карданд ва баъди ин муносибатҳои ду кишвар оддӣ шуд.

Вазири хориҷаи Македония Никола Димитров ҳамроҳ бо намояндагони 29 кишвари узви НАТО созишномае имзо кард, ки таҳти раҳбарии дабири кулли ин паймон Йенс Столтенберг дар Брюссел баргузор шуд. Столтенберг баъди ин маросим дар саҳифаи худ дар шабакаи Twitter навишт, ки “имрӯз як рӯзи таърихӣ аст. Ҳамаи кишварҳои узв протоколи узвият бо Македонияро имзо карданд, ки ба минтақа амният ва шукуфоии бештар меорад. Базудӣ қароргоҳи НАТО-ро 30 парчам оро хоҳад дод”.

Македония ва Юнон соли гузашта созишномаи тағйири ном кардани Македонияро ба Ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ имзо карданд. Македония гуфт, умедвор аст, ки Юнон кишвари нахустини узви НАТО мешавад, ки протоколи узвиятро тасвиб мекунад ва баъди ин кишвар бо номи наваш номгузорӣ мешавад.

Шурӯъ аз соли 1991 Юнон бо “Македония” номгузорӣ шудани исми кишвари собиқ узви Югославия мухолифат дошт ва мегуфт, ки айни чунин номро як вилояти таърихии Юнон дорад. Ин санад бо номи “Созишномаи Преспа” маъруф шуд, ки ба номи дарёе гузошта шудааст, ки аз марзи ду кишвар мегузарад ва созишнома ҳам соли гузашта дар соҳилҳои ин дарё имзо шуда буд.
Дар Атен раиси маҷлис гуфтааст, ки протокол рӯзи 7 феврал вориди барномаи парлумон мешавад ва рӯзи 8 феврал овоздиҳӣ барпо хоҳад шуд.

Эрон гуфт, "Амрико аз диктатору қассобу тундравҳо" ҳимоят мекунад

Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дар вокуниш ба интиқоди президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, ки ИМА “диктатор, қассоб ва тундравҳо”-ро дар Ховари Миёна ҳимоят мекунад. Бо ин изҳороташ, ки дар шабакаи Twitter нашр шуд, Зариф рӯзи 6 феврал ба суханронии президенти Амрико дар Конгресс вокуниш нишон дод. Баъди он ки моҳи маи порсол Трамп ба таври якҷониба аз созиши соли 2015-и ҳастаӣ бо Эрон берун шуду дубора таҳримҳои иқтисодиро болои ин кишвар таҳмил кард, таниш дар равобити Теҳрону Вашингтон боло гирифт.

Дар саҳифаи Twitter-аш вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ навишт, ки “адовати ИМА боиси пуштибонӣ аз диктаторҳо, қассобону тундравҳо шуд, ки дар минтақа танҳо харобӣ меоранд”. Трамп дар суханронии худ дар Конгресс аз қарори берун шудан аз созиши ҳастаӣ ҳимоят кард. Трамп Эронро “сармоягузори калони терроризм дар ҷаҳон” номид ва гуфт, ки маъмурияти Амрико барои муқобила бо ин таҳдидҳо қотеона амал мекунад. Вале Зариф гуфт, ки Эрон, аз ҷумла ҷомеаи яҳудиҳои сокини ин кишвар баъди инқилоби исломии соли 1979 “40 соли пешрафташ”-ро таҷлил мекунад.

Парвандаи дувуми раиси “Умед-88” ҳам ба додгоҳ рафт. ВИДЕО

Мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, ки алайҳи раиси ширкати “Умед-88” Раҷабалӣ Одинаев боз як парвандаи ҷиноӣ дар дасти баррасӣ аст. Одинаев моҳи сентябри соли 2018 бо иттиҳоми дуздии моликияти давлатӣ ва исрофкорӣ ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 4-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, парвандаи дувуми Одинаев марбут ба қарзҳои бонкиест, ки то ҳол баргардонда нашудаанд.

Парвандаи нав алайҳи ширкати замоне муваффақ ва овозадор дар ҳолест, ки хешовандони Раҷабалӣ Одинаев моҳи октябри соли 2018 бозбинии ҳукми аввалаи ӯро хоста буданд. Онҳо гуфтанд, дар сурати озод шудани раиси "Умед-88", имкони бозгардони қарзҳои давлат вуҷуд дорад.

Вале рӯзи рузи 6-уми январ Мавлуда Қаландарзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон гуфт, "ҳукми раиси ширкати "Умед-88" қувваи қонунӣ гирифта, алакай мавриди иҷро қарор дорад."

Боз як парванда алайҳи раиси "Умед-88" дар додгоҳ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, парвандаи дувуми Раҷабалӣ Одинаев баъд аз эълони ҳукми аввалии ӯ боз шуда, муҳри махфӣ надорад. Ҳоло маълум нест, ки худи Одинаев ба ин парванда ва иттиҳоми нав чӣ назар дорад.

Раҷабалӣ Одинаев аз моҳи октябри соли 2017 дар боздошт аст. Вай ба сабаби напардохтани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки Вазорати молия соли 2015 ҳамчун қарз ба ширкати зери раҳбарии ӯ дода буд, айбдор шуд.

Ёфтҳои бештар

ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Зиндагии Гулбаҳор дар "Кохи яхин"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00
XS
SM
MD
LG