Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Назарбоев дар робита бо марги панҷ кӯдак дар сӯхтор тасаллият баён кард

Матбуоти расмӣ тасаллияти президенти Қазоқистон дар робита бо марги панҷ тифли ноболиғ дар як сӯхтори хона дар шаҳри Остонаро нашр кард. Дар як сӯхтори шаби 4 феврал дар кулбае, ки барои зиндагии муваққатӣ пешбинӣ шудааст, якбора панҷ фарзанди як оила ҷон дод. Субҳи 5 феврал маросими хоксупории онҳо баргузор шуд.

Президент Нурсултон Назарбоев дар як изҳороташ ба мақомот таъкид кардааст, ки чораҳои заруриро андешанд, то ки чунин ҳодисаҳо такрор нашаванд. Ӯ ин ҳодисаро “як фоҷеаи азим” номидааст. Бо дастури президенти Қазоқистон, ҳукумат ва ҳокими Остона бояд тамоми кӯмакҳои заруриро ба ин оила бирасонанд.

Атфоли дар сӯхтор кушташуда ҳама духтарҳои 1 то 12-сола буданд. Ба ҳангоми сӯхтор волидони ин кӯдакон дар ҷои кор буданд. Раиси шаҳри Остона ҳодисаро “як саҳлангории хадамоти изтирорӣ” номидааст. Марги кӯдакон боиси сарусадо дар ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Доналд Трамп дар баробари Конгресс суханронӣ мекунад

Президенти ИМА Доналд Трамп қарор аст шоми 5 феврал бо паёми дуюми худ дар баробари Конгресс суханронӣ кунад ва ин навбат қарор аст дар масоили муҳоҷират, низоъ дар Ховари Миёна ва иқтисоди ИМА тамаркуз кунад. Суханронии президент дар шароите шунида мешавад, ки ихтилофҳои дохилии миёни демократҳои Конгресс ва президент дар ҳоли афзоиш аст.

Суханронии президент чанд рӯз баъди хатми мутаваққифшавии кори ҳукумати Амрико баргузор мешавад, ки 35 рӯз идома дошт ва тӯлонитарин дар таърихи ин кишвар буд. Ҳукумат баъди он аз кор монд, ки ҳарду палатаи Конгресс аз маблағгузории яке аз тарҳҳои баҳсбарангези президент – бунёди девор дар хати марз бо Мексика худдорӣ кард. Трамп бовар дорад, ки ин марз макони қочоқи маводи мухаддир ва ҳам убури ғайриқонунии муҳоҷирон аз кишвари ҳамсоя шудааст. Созиши фаъол кардани кори ҳукумат то 15 феврал идома мекунад ва Трамп таҳдид кардааст, ки агар Конгресс бо тахсиси 5,7 миллиард доллар маблағ розӣ нашуд, дар кишвар ҳолати фавқулодда эълон мекунад.

Трамп қарор буд рӯзи 29 январ дар Конгресс суханронӣ кунад, вале раиси Маҷлиси намояндагон Ненсӣ Пелосӣ нагузошт, ки ин маросим баргузор шавад. Зимни сӯҳбаташ бо хабарнигорон рӯзи 1 феврал Трамп ишора кард, ки дар суханрониаш ҳолати фавқулодда эълон мекунад. “Шумо суханрониро шунида, мебинед, ки дафъатан баъди пахши он чӣ мешавад”, гуфт Трамп.

Бар асоси конститутсияи Амрико, қарорҳои марбут ба хароҷотро Конгресс қабул мекунад ва бо тасмимҳои худ сарфу харҷи пули андозсупорандагонро тасдиқ ё рад мекунад.
Мутаваққифшавии кори ҳукумат, ки садҳо ҳазор коргари сохторҳои федеролиро бемаош гузошт, ба обрӯи Трамп латма зад.

Мақомот дар Хатлон "Амалиёти иҷоранишин"-ро роҳандозӣ карданд

Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати умури дохилӣ дар Хатлон.

Мақомоти интизомӣ дар ҷануби Тоҷикистон "Амалиёти иҷоранишин"-ро роҳандозӣ кардаанд. Ҳадаф аз роҳандозии ин амалиёт, ошкор кардани ҷинояткорӣ будааст. Генерал Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати умури дохила дар Хатлон мегӯяд, ин амалиёт як моҳ идома мекунад.

Искандар Солезода рӯзи 5-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, вақте як нафари ҷинояткор ё таҳрибкор мехоҳад амале анҷом диҳанд, дар оғоз як ё ду рӯз пеш ҷойбаҷо мешаванд ва баъдан ҷойи ҳодисаро омӯхта, амалеро анҷом медиҳанд.

Ба ин манзур, мақомоти интизомӣ дар Хатлон мегӯянд, ки афроди иҷорадиҳанда бояд дар мавриди афроде, ки дар хонаҳояшон иҷора менишинанд, маълумот ироа кунанд. Ҳамчунин ба гуфтаи мақомот, моликони меҳмонхонаҳо бояд давоми як шабонарӯз дар бораи меҳмонони хориҷии худ гузориш диҳанд.

Ин амалиёт ҳудуди ҳафт моҳ пас аз ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара сурат мегирад. Дар ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ дар рӯзи 29-уми июли соли гузашта, чаҳор сайёҳи хориҷӣ ҷон бохта ва ду тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Мақомоти интизомӣ дар Хатлон мегӯянд, ки соли гузашта ҷиноятҳои дорои хусусиятҳои террористӣ ва экстремистӣ назар ба соли 2017 дар ҳудуди вилоят камтар будааст.

Искандар Солеҳзода афзуд, ки рӯзҳои ахир ду сокини ноҳияи Вахш, ки шомили "Давлати исломӣ" будаанд, пушаймон шуда, ба ватан баргаштанд ва мавриди афв қарор гирифтанд. Ба гуфтаи вай, қарор аст рӯзҳои наздик нафари савум низ баргардонида шавад.

"Вазифаи мо пушти панҷара бурдани сокинон нест, кӯшиш мекунем, ки пешгирӣ кунем, онҳое, ки бармегарданд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мешаванд",-афзуд вай.

Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ-ягона роҳ ба шимоли кишвар, дубора имконпазир шуд. Ин роҳ субҳи 5-уми феврал дар пайи барфрезии шадид баста шуда буд.

Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS рӯзи 5-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд, аммо ҳоло танҳо ба худравҳое, ки аз Хуҷанд ба пойтахт меоянд, иҷозаи убури роҳ дода мешавад.

Ба қавли сухангӯи IRS, талош доранд бо даст додани имконият ҳаракат аз ҷониби Душанбе ба вилояти Суғд низ боз шавад. Масъулини ширкати IRS мегӯянд, хатари фаромадани тарма ҳамчунон боқист ва танҳо имрӯз беш аз 50 тармаро тоза кардаанд.

Дар ду ҳафтаи ахир ин бори дуюм аст, ки роҳи Душанбе-Чаноқ баста мешавад.

Роҳи Душанбе-Чаноқ аз шоҳрагҳои нақлиётии Тоҷикистон вилояти Суғдро ба Душанбе пойтахти кишвар мепайвандад. Дар гузашта дар натиҷаи тарма дар ин роҳ даҳҳо нафар ҳалок шудаанд. Се корманди ширкати мутасаддии нигоҳубини роҳ низ ҳангоми поккорӣ зери тарма монда ба ҳалокат расидаанд.

Сенат бо хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Сурияву Афғонистон розӣ нест

Сенати Амрико дар як иқдоми бештар расмӣ бо амри президент Доналд Трамп дар заминаи хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз хоки Сурияву Афғонистон мухолифат кард. Як таҳрир ба қонун, ки 4 феврал муаррифӣ шуд ва бештар хусусияти ғайриҳатмӣ дорад, гуфта шудааст, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳамоно як хатар ба амнияти Иёлоти Муттаҳида боқӣ мемонад. Аз он ҷо ки Трамп узви ҳизби ҷумҳурихоҳ буда, маҳз намояндагони ҳамин ҳизб назорат бар палатаи болоии Конгрессро ба ӯҳда доранд, таҳрири мазкур ҳамчун мухолифати ҷиддӣ бо сиёсати хориҷӣ арзёбӣ мешавад.

Таҳрире, ки аз он 70 узви маҷлис дар муқобили 26 нафар овоз доданд, мегӯяд, ки дар муқобила бо ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва Ал-Қоида дар Сурия ва Афғонистон пешравӣ ҳосил шудааст. Вале айни замон, хуруҷи комил метавонад минтақаро бесубот кунад ва халое эҷод кунад, ки аз ҷониби Эрону Русия пур мешавад. Таҳрири воридшуда бахше аз қонунест, ки дар робита бо амнияти Ховари Миёна қабул шуда ҳоло бояд аз ҷониби аксар демократҳои Маҷлиси намояндагон ҳам баррасӣ шавад. Феълан тахминан 2 ҳазор сарбози амрикоӣ дар Сурия ва тахминан 11 ҳазори дигар дар Афғонистон мустақар шуда дар сафи нирӯҳои НАТО хизмат мекунанд.

Худойбердӣ Холиқназарзода ва Сайфулло Сафаров бознишаста шуданд

Сайфулло Сафаров

Худойбердӣ Холиқназарзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, бо сабаби бознишастагӣ аз мақоми худ озод шуд. Хадамоти матбуоти президент рӯзи 5-уми феврал гуфт, Диловар Қодирзода мудири нави Маркази тадқиқоти стратегӣ таъйин шудааст. Вай то ин дам раиси Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат буд.

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, низ аз мақоми худ озод ва бознишаста шудааст.

Сафарови 66-сола аз соли 2001 ба ин тараф ба ҳайси муовин ва муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ кор мекард. Ӯ дар гузашта мушовири президенти Тоҷикистон низ буд.

Номи Сайфулло Сафаров сари чанд вақт дар робита ба шарҳи тасмимҳои ҳукумат ва ҳодисаҳо сари забонҳо мешуд. Вай моҳи сентябри соли гузашта дар нишасти ОБСЕ дар Варшава ҷониби Тоҷикистонро намояндагӣ кард ва бо чанд изҳороти худ, аз ҷумла дар бораи эҳтимоли музокирот бо мухолифон, дар сархатти расонаҳо қарор гирифт.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 5-уми феврал чанд тағйироти дигари кадрӣ сурат гирифт. Бар асоси он, Ибодулло Машраб аз мақоми муовини вазири фарҳанг ва Насриддин Исматулло аз мақоми муовини вазири умури хориҷӣ барканор шудаанд. Ибодулло Машраб ба нафақа баромада, Насриддин Исматулло сафири Тоҷикистон дар Покистон таъйин гардидааст.

Неъматулло Эмомзода аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Эрон ва Абдукарим Зарифзода аз мақоми муовини раиси Оҷонси зидди фасод барканор шудаанд. Сабаби барканории Эмомзода расидан ба синни нафақа гуфта шудааст, вале иллати барканории Зарифзода маълум нест.

Носирҷон Салим низ аз вазифаи раиси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон озод шуда, мудири Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ таъйин шудааст.

Ҳар сол дар моҳи январу феврал, дар остона ва баъди маҷлиси солонаи ҳукумат, тағйироти кадрӣ сурат мегирад. Дар тағйироти қаблӣ раисони ширкати давлатии «Тоҷик Эйр», бонки давлатии «Амонатбонк», вазири саноат ва сардори Сарраёстаи геолгияи Тоҷикистон иваз шуданд.

Баҳси нафақа дар нишасти хабарии Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ

Сафаралӣ Наҷмиддинов,

Мизони пасти нафақа дар Тоҷикистон, яке аз масъалаҳое буд, ки имрӯз, 5-уми феврал дар нишасти матбуjтии Сафаралӣ Наҷмиддинов, директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар? баҳсҳоеро ба миён овард.

Сафаралӣ Наҷмиддинов дар посухи ба пурсиши хабарнигорон, ки чаро шаҳрвандон 180 сомонӣ -- як нафақаи ночизе мегиранд, иброз дошт, ки ба ин андеша розӣ шуда наметавонад. Ӯ гуфт, ба онҳое 180 сомонӣ нафақапулӣ пардохт мешавад, ки дар ҳеҷ куҷое кор накардаанду ҳиссае надоранд.

Дар ин нишаст, хабарнигорон иловатан пурсиданд, онҳое ҳам, ки cолҳои зиёде кору фаъолият кардаанд, ҳоло то 400-500 сомонӣ нафақа мегиранд ва оё ин маблағ барои рӯзгори онҳо басанда кофӣ аст? Наҷмиддинов шарҳ дод, ки ҳукумат ҳамасола кӯшиш дорад андозаи нафақаро зиёд кунад.

"Вақти гузариш буд, имрӯз муқаррароти нав таъин шуда истодааст, нафақа аз рӯи ҳиссаи сармояаашон таъин мешавад. Мувофиқи дурнамои Стратегияи милли рушди Тоҷикистон, то соли 2030 бояд сатҳи нафақаи минималӣ то 40%-и даромаднокӣ дар ҷумҳуриро ташкил диҳад, яъне то соли 2030 нафақаи шаҳрвандон ҳар сол афзоиш ёфта, на камтар аз 40 фоизи музди меҳнати миёна дар ҷумҳуриро ташкил хоҳад дод".

Бар асоси маълумоти Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, феълан нафақаи ҳадди ақал на камтар аз 180 ва нафақаи миёна бошад 309 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин нишаст масъулини ин ниҳод иброз доштанд, ки афзоиши нафақаи шаҳрванд, аз ҳиссаи маблағҳои ҷамъшудаи ӯ вобастагӣ дорад.

Ба думболи баёни ин муқаррарот, суоли дигар пешниҳод шуд, ки ҳоло шаҳрвандон ҳаҷми нафақаашро аз рӯи ҳиссагузорияш мегирад, яъне ҳар кас худаш барои худаш нафақа омода мекунад, пас аз ҷониби давлат дастгирӣ чӣ аст? Сафаралӣ Наҷмиддинов дар посух гуфт, ба афроде, ки умуман собиқаи корӣ надоранд, солона зиёда аз 180 миллион сомонӣ нафақа пардохт мешавад, ки ин дастгирии давлатӣ аст.

"135 ҳазору 108 нафар аст, ки ягон ташаккули сармоя надоранд, аммо нафақа мегиранд. Шаҳрвандоне ҳастанд, ки андози иҷтимоӣ месупоранд, лекин он маблағҳое, ки месупоранд, барои пардохти нафақаи онҳо кофӣ нест. Масалан, хоҷагии деҳқонӣ аз рӯи патент дар як моҳ 10 сомонӣ андози иҷтимоӣ месупорад, лекин ҳукумат барои таъини нафақа дар як моҳ 180 сомонӣ муайян мекунад, яъне 170 сомонии аз тарафи ҳукумат дастгирӣ меёбад",-афзуд вай.

Масъалаи дигаре, ки атрофаш саволу ҷавоби зиёд сурат гирифт, ин пешбинии имтиёзҳо барои нафақагирон буд. Директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таъкид намуд, ки имтиёзҳо ба ятимони кулл, маризони яккаву танҳо, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ пешбинӣ шудааст. "Дар ин самт, масалан, ирсоли онҳо ба истироҳатгоҳҳо ва пардохти кӯмакпулиҳо аст",-афзуд вай.

Теъдоди нафақахӯрон феълан дар Тоҷикистон ҳудуди 680 ҳазор будааст.

Толибон ба музокироти Маскав ҳозир мешаванд

Ширкатдорони конфронси Маскав. 5 феврал

Ҳайате ба намояндагӣ аз мақомоти Толибон дар Маскав бо шахсиятҳои шинохта, аз ҷумла, собиқ президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфтугӯ анҷом медиҳанд. Ин мулоқот, ки рӯзи 5 феврал бидуни ҳузури мақомоти расмии ҳукумати Афғонистон баргузор мешавад, мавриди интиқоди маъмурияти раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ қарор гирифт.

Ҳукумати Русия даст доштанаш дар корҳои тадорукотии ин нишастро рад карда мегӯяд, ҳамоише, ки музокироти сулҳ ба хотири хатми ҷанги 17-соларо ҳадаф дорад, аз ҷониби ҷамъияти афғонҳои муқими Маскав ташкил шудааст. Ин дар ҳолест, ки баргузории як нишасти баландпояе дар Маскав бидуни ризоияти Кремлин имкон надорад.

Карзай ба нишаст ҳозир мешавад
Карзай ба нишаст ҳозир мешавад

Раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон Абдулло Абдулло гуфт, ки дар маркази чунин музокираҳо бояд ҳукумати ин кишвар қарор дошта бошад ва афзуд, ки аз назари “Кобул чунин музокирот бояд дар шакли дигаргуна баргузор шавад”.

Ӯ гуфт, ки Толибон дар сулҳи Афғонистон як садди бузургтарин мебошанд, вале агар “нишасти Маскав тавонад роҳи музокироти воқеиро боз кунад, боз ҳам як пешравӣ хоҳад буд”.

ИМА дар робита бо ин нишаст расман изҳори назар накардааст. Дар нишасти Маскав ҳайати 10-нафараи Толибон ба раҳбарии Шермуҳаммад Аббос Станикзай иштирок мекунад. Инчунин интизор меравад, ки фармондеҳони бонуфузи ба сиёсат рӯоварда ҳам дар нишасти Маскав ҳозир шаванд.

Дар Хатлон 538 танфурӯшро сабти ном кардаанд. ВИДЕО

Искандар Солеҳзода

Мақомоти интизомии Хатлон мегӯянд, соли гузашта дар вилоят 538 танфурӯшро сабт карданд, ки дар байни онҳо 95 нафар гирифтори вируси норасоии масунияти бадан ва ё ВИЧ ҳастанд.

Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, рӯзи 5-уми феврал дар як нишасти хабарӣ дар Бохтар гуфт, "дӯст намедорад, дар бораи ин мавзуъ суҳбат кунад, вале масъалаи доғи ҷомеа аст, ки онҳоро ба ташвиш овардааст."

Ӯ ҳушдор дод, ки дар сурати иртиботи ҷинсӣ бо гирифторон, мумкин аст, бемории вируси норасоии масунияти бадан густариш ёбад ва барои ҳамин онҳо ба зидди "ҷиноятҳои ахлоқӣ" мубориза мебаранд.

Дар Хатлон беш аз 2800 гирифтори вируси норасоии масунияти бадан сабти ном шудаанд ва 900 нафари онҳо зан ҳастанд. Соли гузашта як занеро дар вилоят барои дониста сироят кардани ҳамхобагонаш ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд.

Дар Хатлон 538 танфурӯшро сабти ном кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00

Манъи мошинҳои борбари Тоҷикистон дар марзи Туркманистон. ВИДЕО

Даҳҳо мошини борбар аз Тоҷикистон дубора дар марзи Туркманистон дармондаанд. Ронандаҳо гуфтанд, мақомоти Туркманистон рӯзи 4-уми феврал иҷоза надоданд, ки ба қаламрави ин кишвар ворид шаванд. Ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти Туркманистон шарҳи далели чунин рафторашонро хостаанд.

Мошинҳои боркаши тоҷиконро ба хоки Туркманистон роҳ надоданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, то ба ҳол ҷавоби суоли худро нагирифтаанд. Ӯ афзуд, "ба интиқолдиҳандагони мол гуфтем, як муддат сабр кунанд, то маълум шавад, сабабҳои манъи вуруди мошинҳо ба Туркманистон чист."

“Убури мошинҳои борбари Тоҷикистон аз 4-уми феврал манъ шудааст. То ҳоло тақрибан 20 мошин ҷамъ шуда буд. Имрӯз боз бештар мешавад. Дирӯз ҳатто аз тарафи Термиз ворид шудан намонданд”, - афзуд Ганҷалзода.

Шералӣ Ганҷалзода, инчунин, гуфт, соҳибони мошинҳо метавонанд аз ду роҳи алтернативии дигар истифода кунанд. Ин роҳҳо ба қавли ҳамсӯҳбати мо, тариқи Ҳироти Афғонистон ва бандари Озарбойҷон мебошад. Аммо ба гуфтаи соҳибкорон бо ин ду роҳ масофа зиёд мешавад.

Бори аввал нест, ки Туркманистон бе ягон шарҳ гузаштани мошинҳои боркаши Тоҷикистонро аз қаламраваш манъ мекунад. Аз ҷумла, мақомоти Туркманистон аз охири моҳи августи соли гузашта ба мошинҳои Тоҷикистон иҷоза надод, аз қаламрави Эрон вориди кишварашон шаванд. Гурӯҳе аз ронандагон он вақт гуфта буданд, дар марзи Туркманистон ва Эрон дармондаанд ва намедонанд, сабаби роҳ надодани онҳо ба қаламрави Туркманистон чӣ ҳаст.

Ин роҳбандии мақомоти туркман дар роҳи мошинҳои боркаши Тоҷикистон бештар аз як моҳ идома кард. Дар ин муддат мақомоти Ашқобод ҳеҷ шарҳи возеҳе дар бораи манъи вуруди мошинҳо ва қаторҳои Тоҷикистон ба қаламраваш надод.

Охири моҳи август ва аввали сентябри соли гузашта дар маҷмӯъ танҳо дар гузаргоҳи Лутфобод-Ортиқ 100 мошин дармонда буд. Ин мошинҳо асосан молу маҳсулотро аз Туркияву Эрон меоранд ва аз хоки Эрон ба Туркманистон гузашта, сипас ба Тоҷикистон меоянд.

Тоҷикистону Туркманистон аз ҷумлаи ду кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки соли гузашта дар равобиташон сардӣ эҳсос мешуд. Ин ду кишвар ҳарчанд барои якдигар шарики стратегӣ ба ҳисоб мераванд, вале ҳаҷми тиҷораташон ночиз аст.

Сергей Лавров ба Душанбе омад

Дар "Кохи Миллат" аз субҳи 5-уми феврал музокироти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия идома дорад. Вафо Ниятбеков, роҳбари бахши иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷаноби Лавров шоми гузашта ба Душанбе расид ва ҳоло бо роҳбари Тоҷикистон мулоқот мекунад. Баъд аз анҷоми ин мулоқот музокироти Сергей Лавров бо Сироҷиддин Муҳиддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар назар аст. Дар поёни ин мулоқот ҳар ду вазири Тоҷикистону Русия ба саволҳои хабарнигорон посух хоҳанд дод.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Русия иттилоъ дода буда, ки дар мулоқоти Сергей Лавров бо мақомоти тоҷик масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши сиёсиву амниятӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва чорабиниҳои марбут ба дидорҳои сиёсии мақомоти баландпояи ду кишвар баррасӣ мешаванд.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия "мулоқоти Сергей Лавров бо президенти Тоҷикистон ва роҳбари Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар назар аст. Ҷонибҳо ҷараёни омодагӣ барои дидору мулоқот дар сатҳи олии ду кишварро бо назардошти нақши муҳими Тоҷикистон дар СПАД ва сарҳади тӯлониаш бо Афғонистон, баррасӣ мекунанд".

Зимнан, Сергей Лавров баъд аз анҷоми сафараш ба Қирғизистон шоми 4 феврал аз Бишкек вориди Душанбе шуд. Хабаргузории Sputnik аз қавли Сергей Лавров дар Бишкек навиштааст, Русия омода аст ба лоиҳаҳои CASA-1000 ва ТАПИ ҳамроҳ шавад. "Ширкатҳои мо омодагии худро барои пайвастан ба лоиаҳои CASA-1000 ва ТАПИ, ки аз лиҳози энержӣ ҷолибанд, дар марҳалаи аввали татбиқи ин лоиҳаҳо эълон дошта буданд. Онҳо гуфта буданд, ки дар сурати манфиатдории кишварҳои дахлдор омода ҳастанд ба ин лоиаҳо ҳамроҳ шаванд",- гуфтааст Сергей Лавров.

Тарҳҳои CASA-1000 интиқоли нерӯи барқи изофӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон дар назар дорад. Пешбинӣ шудааст, ки 70% интиқоли қувваи нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва 30% аз Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон сурат хоҳад гирифт. Дар маҷмӯъ, тавассути ин хатти интиқоли нерӯи ба Афғонистон ва Покистон то 5 миллиард кВт/с нерӯи барқ интиқол дода мешавад.

Тарҳи ТАПИ бошад сохтмони хатти лӯлаи гази табиии дарозиаш 1735 километр аз Туркманистон ба Афғонистону Покистон ва Ҳиндустон бо зарфияти солонаи интиқоли то 33 млрдметри мукааб гази табииро дар назар дорад. Маблағи иҷрои ин тарҳ $8 -10 млрд арзёбь мешавад.

Ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ манъ шуд

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ-ягона роҳ ба шимоли кишвар манъ шудааст. Масъулини ширкати IRS мегӯянд, боришот дар роҳ шадид аст ва онҳо водор шуданд, ки ҳаракат дар роҳи мазкурро боздоранд.

Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS рӯзи 5-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сар аз субҳи имрӯз ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт аз километри 47-ум ба Хуҷанд ва аз самти ноҳияи Айнӣ ба сӯи Душанбе манъ шудааст. Ба қавли ин масъули ширкати IRS, аз сабаби боришоти зиёд хавфи фаромадани тарма хеле зиёд аст.

Ҳоло маълум нест, ки ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд кай боз мешавад. Далери Абдулло мегӯяд, бо даст додани имконият кӯшиш мекунанд ҳаракатро дар роҳ барқарор кунанд.

Дар ду ҳафтаи ахир ин бори дуюм аст, ки роҳи Душанбе-Чаноқ баста мешавад.

Роҳи Душанбе-Чаноқ аз шоҳрагҳои нақлиётии Тоҷикистон вилояти Суғдро ба Душанбе пойтахти кишвар мепайвандад. Дар гузашта дар натиҷаи тарма дар ин роҳ даҳҳо нафар ҳалок шудаанд. Се корманди ширкати мутасаддии нигоҳубини роҳ низ ҳангоми поккорӣ зери тарма монда ба ҳалокат расидаанд.

Муҳоҷирони тоҷик бо гумони бемории сурхакон бистарӣ шудаанд

Акс аз бойгонист.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар миёни 23 нафар аз муҳоҷирони корӣ, ки бо гумони гирифторӣ ба бемории сурхакон дар як шифохонаи Маскав бистарӣ шудаанд, ду муҳоҷири кории тоҷик низ ҳаст.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 4-уми феврал бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки кормандони хадамот бо ҳарду муҳоҷир суҳбат кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, намояндагони вазорат ба шифохонаи бемориҳои сироятии рақами 2 дар Маскав рафта ва бо муовини сартабиб дар бораи сирояти беморӣ суҳбат доштаанд.

Наталя Светкова табиби рус ба намояндагони хадамот гуфтааст, ки дар умум 23 коргари ширкати сохтмонии “Ант Япи” бо аломатҳои бемории сурхакон бистарӣ шудаанд ва фақат 2 нафари онҳо муҳоҷирони тоҷик ҳастанд.

Азбаски аёдати онҳо мумкин нест, ба мақомоти Тоҷикистон иҷоза додаанд, бо онҳо телефонӣ суҳбат кунанд. Натиҷаҳои ташхиси ниҳоӣ ҳоло маълум нест. Сурхакон бемории сироятии хатарнок аст, вале муолиҷа дорад. Ба гуфтаи табибон, дар сурати таъхир дар табобат метавонад, беморро бикушад.

Ҳалокати се пажӯҳишгари эронӣ дар натиҷаи сӯхтор

Партоби мушак аз Маркази кайҳонии ба номи Хумайнӣ дар Теҳрон. Акс аз бойгонист.

Дар натиҷаи сӯхтор дар Маркази Таҳқиқоти Кайҳонӣ дар Эрон се пажӯҳишгар ба ҳалокат расидаанд. Муҳаммад Ҷавод Озари Ҷаҳромӣ, вазири мухобироти Эрон рӯзи 3-уми феврал гуфт, оташсӯзӣ дар яке аз биноҳои марказ сабаби марги се пажӯҳишгар шуд. Ҷузъиёти дигари ҳодисаро, ки дар Теҳрон ба вуқуъ пайваст, нагуфтанд.

Ному насабу мақоми қурбониёнро эълон накарданд. Бино ба гузоришҳо сӯхтор ҳангоми таҷлили 40-умин солгарди Инқилоби Исломии Эрон дар бинои марказ сар задааст.

Барномаҳои кайҳоншиносӣ ва мушакии Эрон яке аз сабабҳои шиддат гирифтани таниш миёни ин кишвар ва Амрико аст. Раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ гуфтааст, ки Эрон ба зудӣ ду моҳвораеро бо мушакҳои худӣ ба мадори Замин партоб мекунад. Амрико мегӯяд, мумкин аст, Эрон бо истифода аз ин технологияҳо мушакҳои баластикиашро тақвият диҳад.

"Сомон Эйр" ба фурудгоҳи нави Истанбул парвоз мекунад

Ширкати “Сомон Эйр” эълон кард, ки аз рӯзи 3-уми март ба фурудгоҳи нави Истанбул парвоз анҷом медиҳад. Фурудгоҳи тозабунёд, ки 40 километр дуртар аз маркази Истанбул ҷойгир аст, моҳи дигар пурра ба кор оғоз мекунад ва фурудгоҳи “Ататурк” баста мешавад.

Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, ““Сомон Эйр” дар самти Душанбе-Истанбул ҳафтае се маротиба парвоз мекунад”. Парвозҳо рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе иҷро мешаванд.

Ин ширкат дар як хабарнома рӯзи 4-уми феврал навиштааст, ки ҳоло ба Олмон, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон хатсайр ба роҳ мондааст. Моҳи гузашта “Тоҷик Эйр”-ширкати давлатии Тоҷикистон аз парвоз боз монд ва ҳоло бархе аз парвозҳои ин ширкатро “Сомон Эйр” анҷом медиҳад.

Путин, Руҳонӣ ва Эрдуғон хотимаи хунрезӣ дар Сурияро баррасӣ мекунанд

Акс аз бойгонист

Қарор аст, раҳбарони Русияву Эрону Туркия рӯзи 14-уми феврал дар шаҳри Сочӣ ҷамъ биёянд ва авзои Сурияро баррасӣ кунанд. Дар ин бора расонаҳои Туркияву Русия рӯзи 3-уми феврал гузориш доданд.

Ҷузъиёти мулоқоти якҷояи Владимир Путин, Ҳасан Руҳонӣ ва Раҷаб Тайиб Эрдуғонро нашр накардаанд, вале телевизиони НТВ-и Русия гуфт, ки президентҳои се кишвар дар бораи “манотиқи амн” дар атрофи вилояти Идлиб ва ихроҷи барномарезишудаи Амрико Сурияи ҷангзадаро баррасӣ мекунанд.

Се кишвар гуфтаанд, ки мехоҳанд, ҷанги ҳафтсолаи дохилии Сурия аз роҳи мусолиматомез хотима дода шавад. Маскаву Теҳрон дар ин ҷанг ба Башор Асад, раиси ҷумҳури Туркия ва Туркияву Амрико ба гуруҳҳои гуногуни мухолифи он кумак мекунанд.

Музокироти гузашта барои поён додан ба ҷанг, ки то кунун ҷони 400 ҳазор нафарро гирифтааст, натиҷа надодаанд. Муноқишаи тулонӣ миллионҳо нафарро бехонаву беҷо кард ва осори зиёди таърихии кишварро аз байн бурд.

Толибон ба нишасти Маскав ҳайат мефиристанд

Толибон дар нишасти дигаре дар Маскав дар моҳи ноябри соли 2018 ҳам ширкат карданд.

Толибон мегӯянд, дар як нишасти “байниафғонӣ”, ки дар Маскав ширкат мекунад, ки қарор аст, дар он ба ғайр аз намояндагони ҳукумат, чеҳраҳои сиёсӣ ва аз ҷумла Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури собиқ ва дигар намояндагони мухолифон ва қабиласолорон ширкат кунанд.

Нишаст рӯзи 5-уми феврал оғоз мешавад ва ду рӯз идома меёбад. Шӯрои Ҷамъияти Афғонҳо, як созмони иттиҳодияи афғонҳо дар Русия бо нашри як баёнияе дар рӯзи 4-уми феврал гуфт, ки нишаст бо мусоидати ин созмон сурат мегирад.

Ҳукумати Русия гуфтааст, дар ташкили нишаст саҳм нагирифтааст, Амрико ҳануз онро шарҳ надодааст. Мулоқот дар Маскав дар замоне сурат мегирад, ки Амрико талошҳояш барои хотим додан ба ҷанги 17-сола дар Афғонистонро бештар кардааст.

Суҳайл Шоҳин сухангӯи дафтари Толибон дар Қатар гуфт, ки ҳайати онҳоро Шермуҳаммад Аббос Стоникзай раҳбарӣ мекунад. Толибон то кунун аз музокирот бо ҳукумати Ашраф Ғанӣ худдорӣ кардаанд, чун ба гуфтаи онҳо ҳукумати ӯ дастнишондаи Амрикост.

Дар нишаст, Ҳаниф Атмар, мушовири собиқи амнияти миллӣ дар ҳукумат, Муҳаммад Юнус Қонунӣ, муовини собиқи раиси ҷумҳур, Ато Муҳаммад Нур, раиси собиқи вилояти Балх низ дар нишасти Маскав ширкат мекардаанд. Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон бо Толибон гуфтугу анҷом медиҳад, то онҳоро ба музокироти сулҳ бо ҳукумат моил намояд.

Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон, нишасти Маскавро танқид карда ва гуфтааст, чеҳраҳои сиёсие, ки дар он ширкат мекунанд, “барои ба даст овардани қудрат” ба он мераванд. Фозил Фазлӣ, мушовири аршади Ашраф Ғанӣ, нишасти Маскавро мояи таассуф хондааст.

83 нафар мехостаанд, раиси ҷумҳури Украина шаванд

Петро Порошенко

Кумиссиёни марказии интихоботи Украина гуфт, ки сабти номи довталабони номзад ба мақоми раиси ҷумҳур хотима додааст ва 83 нафар барои ширкат дар интихобот ариза додаанд.

Интихоботи Украина рӯзи 31-уми март баргузор мешавад ва кумиссиён то ҳол номзадии 28 нафарро тасдиқ кардааст. Дархости 22 нафари дигарро рад кардааст ва аризаи 33 довталаби дигар ҳанӯз баррасӣ мешавад. Феҳрасти ниҳоии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурро рӯзи 9-уми феврал эълон мекунанд.

Назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки Петро Порошенко, раиси ҷумҳури феълӣ, Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқ ва ҳаҷвнигор Володимир Зеленски дар миёни раъйдиҳандагон маҳбубияти бештар доранд.

Петро Порошенкои 53-cола рӯзи 29-уми январ эълон кард, ки дар интихобот ширкат мекунад ва ваъда додааст, ки Украинаро ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ҳамроҳ мекунад. Юлия Тимошенко дар интихоботи соли 2014 аз Петро Порошенко шикаст хӯрд. Ӯ низ худро як номзади Ғарбгаро муаррифӣ мекунад.

Трамп гуфт, дахолати низомӣ ба Венесуэла яке аз гузинаҳост

ИМА мегӯяд, дахолати низомиро дар Венесуэла ҳамчун яке аз гузинаҳои иқдомҳои худ зидди режими президент Николас Мадуро баррасӣ дорад. Президенти ИМА Доналд Трамп дар ин бора дар суҳбат бо телевизиони CBS изҳори назар кард.

"Намехоҳам дар ин бора суҳбат кунам, вале, албатта, ин гуна гузина дар ҳоли баррасист", – гуфт Трамп дар суҳбат бо муҷрии барномаи "Рӯ ба кишвар" Маргарет Бреннан.

Президенти ИМА афзуд, ки Мадуро чанд моҳ пеш дархости мулоқот бо ӯро кард, вале посухи рад гирифт. Дар ин бора нашрияи ​The Hill хабар дод. Дар матлаби нашрия омадааст, моҳи январ чанд кишвар ба раҳбарии ИМА президентии муваққатии раиси порлумони Венесуэла Хуан Гуайдоро эътироф карданд.

Бишкек таъсиси пойгоҳи дувуми Русияро аз эҳтимол дур намедонад

Аликбек Ҷекшенқулов, сафири Қирғизистон дар Русия.

Аликбек Ҷекшенқулов, сафири Қирғизистон дар Русия таъсиси пойгоҳи дувуми низомии Русияро дар ҳудуди кишвараш аз эҳтимол дур намедонад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ дод.

"Ҳамаи ин суолҳо дар робита ба боз шудан ё нашудани пойгоҳи дувум дар назорати роҳбарияти кишвари мост. Таъсиси пойгоҳи дувуми низомӣ дар ҷануби Қирғизистон дар салоҳияти роҳбарияти олии ду кишвар аст. Ман фикр мекунам, ки ин масъала дар мулоқоти моҳи марти президентҳои ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд", - гуфт Ҷекшенқулов.

Дар ҳамин ҳол сафир афзуд, дар бораи интиқоли ҷангҷӯёни созмони террористии "Давлати исломӣ" аз Сурияву Ироқ ба шимоли Афғонистон хабар мерасад. "Эҳтимоли вуруди онҳо ба Тоҷикистон ва баъдтар ба кишвари мо, мутаассифона, тақвият меёбад", - гуфт сафир.

Дар Қирғизистон чанд иншооти низомии Русия ҷойгир аст. Бузургтарини онҳо - пойгоҳи ҳавоии Кант аст. Соли 2012 ҳамаи иншооти дигари низомии шомили пойгоҳи ҳавоӣ шуданд. Пойгоҳи ҳавоӣ дар тобеияти худ аэродроми Кант, пойгоҳи обии низомии Иссиқкӯл, маркази зилзиласанҷӣ дар шаҳри Майлуу-Суу ва мавҷгири шаҳраки Чалдоварро дорад.

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон моҳи декабри соли 2018 гуфта буд, ки барои кишвараш як пойгоҳи низомии Русия кофист ва гуфтугӯе дар мавриди пойгоҳи дувум сурат нагирифтааст.

Кашфи 40 ҷасади мумиёшуда дар Миср

Акс аз бойгонист.

Мақомоти Миср рӯзи 2-уми феврал гуфтанд, дар як гӯристони бостонӣ дар вилояти биёбонии Минё 40 ҷасади мумиёшударо пайдо карданд, ки бештар аз 2000 сол доранд.

Ба гуфтаи бостоншиносон, мумкин аст, гӯристон аз замони Византияи қадим монда бошад. Дар баёнияи вазорати бостоншиносии Миср омадааст, ки “Дар ин гӯрҳо чандин утоқи дафн ёфт шуд, ки дар онҳо ҷасадҳои мумиёшудаи ҷинсу солҳои мухталиф аз ҷумла кӯдаконро пайдо карданд.”

Бостоншиноси мисрӣ Рамӣ Расмӣ ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки дар байни 40 ҷасад, 12 кӯдак ва 6 ҳайвон низ ҳаст. Мумиё кардани ҷасадҳо умдатан дар Мисри бостон роиҷ буд, аммо аз соли 320 то соли 30-уми пеш аз милод то дар аҳди Птоломей, ҷойгузини Искандари Мақдунӣ идома кардааст.

Ҳафриёт дар Минё дар наздикии Қоҳира моҳи феврали соли 2018 шуруъ шуд. Вазорати бостоншиносии Миср мегӯяд, гӯристони кашфшуда зоҳиран ба як хонаводаи миёнаҳоли хурд тааллуқ доштааст.

Ҳалокати 7 нафар дар садамаи автобус дар Русия

Маҳалли фалокат

Дар натиҷаи садамаи як автобуси ҳомили кӯдакон дар вилояти Калугаи Русия 7 нафар ба ҳалокат расидаанд. Расонаҳои Русия бо такя ба вазорати ҳолатҳои фавқуллода хабар додаанд, ки дар миёни қурбониён 4 кӯдак ва се фарди калонсол ҳастанд.

Ҳодиса рӯзи 3-уми феврал рух додааст ва 32 нафари дигар аз ҷумла 24 кӯдак ба шифохона интиқол ёфтаанд. Дар автобус кудакон ва волидонашон будаанд ва аз шаҳри Яртсево ба як озмуни рақс ба шаҳри Калуга мерафтаанд. Бино ба иттиллои муқаддамотӣ, ях сабаби аз роҳаш хориҷ ва чаппа шудани автобус шудааст.

Зарбулаҷали 7 кишвари Аврупо ба Мадуро хотима меёбад

Николас Мадуро ва Хуан Гуайдо

Ҳафт кишвари Иттиҳодияи Аврупо барои эътирофи Хуан Гуайдо, ба ҳайси раиси ҷумҳури Венесуэла омода мешаванд, чун зарбулаҷали онҳо ба раиси ҷумҳур Николас Мадуро рӯзи 3-уми феврал ба поён мераасад.

Олмону Фаронса, Бритониё, Испониё, Португалия, Ҳолланд ва Белгия аз Николас Мадуро хоста буданд, дар зарфи як ҳафта ва то 3-уми феврал интихоботи нав эълон кунад. Аммо ӯ тақозоро “таҳқир” номида рад кард.

Николас Мадуро рӯзи 2-уми феврал дар як раҳпаймоии тарафдоронаш дар пойтахт шаҳри Каракас гуфт, ки “Раиси ҷумҳури ҳақиқии Венесуэла ман ҳастам”.

Амрикову Канада ва дигар кишварҳои бонуфузи амрикоӣ ба мисли Бразилия Аргентина ва Колумбия тарафдори Хуан Гуайдо, раиси 35-солаи порлумони Венесуэла ва пешвои мухолифон ҳастанд, ки ӯ рӯзи 23-уми январ худро раиси ҷумҳури муваққат эълон кард.

Аммо Русияву Чин аз Николас Мадуро ҳимоят мекунанд. Дар тазоҳуроти тарафдорону мухолифони Николас Мадуро дар як ҳафтаи гузашта 35 нафар кушта шудаанд.

Раиси ҷумҳури феълӣ, ки соли 2013 баъди даргузашти Ҳюго Чавез ба қудрат расид, ба мудирияти нодурусти иқтисоди фалаҷи Венесуэла ва нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам мешавад.

Нахуствазири собиқ мегӯяд, аз тарс ба Маҷористон гурехт

Никола Груевски

Никола Груевски, нахуствазири собиқи Македония гуфтааст, ки аз бими кушта шудан дар зиндон ба Маҷористон гурехт. Дар аввалин мусоҳиба пас аз фирораш Никола Груевски ба телевизиони “Сител”-и Македония гуфтааст, дар аввал мехост ҳукми дусолаи зиндонро адо кунад, вале иттилоъ гирифт, ки касе барномаи нобуд кардани ӯ дар зиндонро мекашад.

Нахуствазири собиқи Македония қарори додгоҳро “ҳукми беақлона ва бе ҳеҷ заминаи қонунӣ” номид. Ӯ соли 2018 бо гуноҳи фасодкорӣ ба 2 соли зиндон маҳкум шуд ва дар ҳамон сол ба Маҷористон фирор кард. Ӯро барои харҷи ғайриқонунии бештар аз 600 ҳазор евро барои харидани мошини Мерседес барои истифодаи хусусӣ ҷазо доданд.

Никола Груевски, бо Виктор Урбан, бо нахуствазири худкомаи Маҷористон иртиботи наздик дорад.

Нахуствазири собиқи Македония дар мусоҳибааш гуфтааст, ки ҳоло собит карда наметавонад, ки мехост дар зиндон ӯро бикушад. Зоран Заев, нахуствазири феълии Македония гуфтааст, ки чунин иддаоҳои Груевски дар бораи таъқиби сиёсӣ асос надоранд. Аммо дар Маҷористон ба далели “таъқиби сиёсӣ “ ҳаққи паноҳандагӣ додаанд.

Дипломати қирғиз: "Эҳтимоли рахна шудани марзи Тоҷикистон афзудааст"

Аликбек Ҷекшенқулов

Аликбек Ҷекшенқулов, сафири Қирғизистон дар Маскав мегӯяд, таъсиси пойгоҳи дуввуми низомии Русия дар қаламрави кишварашро сарфи назар намекунад.

Хабаргузории давлатии ТАСС-и Русия рӯзи 1-уми феврал мусоҳибаи дипломати қирғизиро нашр кард, ки гуфтааст, “Масъалаи таъсис додан ва ё таъсис надодани пойгоҳ зери назорати мустақими раҳбарияти кишвар ва сохторҳои низомӣ аст. “ Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст, ин масъала дар мулоқоти раҳбарони Русияву Қирғизистон дар моҳи март баррасӣ шавад.

Аликбек Ҷекшенқулов гуфтааст, ки хабарҳо дар бораи интиқоли ҷангҷӯёни гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” аз Сурияву Ироқ ба манотиқи шимолии Афғонистон зиёд мешавад.

Аз ин рӯ ба қавли ӯ “эҳтимоли рахна шудани марзи Тоҷикистон аз тарафи онҳо афзудааст”. Русия дар Қирғизистон як пойгоҳи низомӣ дорад, вале бузургтарин пойгоҳаш дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Сооронбой Жеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон моҳи декабри соли 2018 гуфт, ки ҳузури як пойгоҳи Русия дар кишвараш кофист ва суҳбате ҳам дар бораи ифтитоҳи пойгоҳи дуввум сурат нагирифтааст.

Ёфтҳои бештар

ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Зиндагии Гулбаҳор дар "Кохи яхин"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00
XS
SM
MD
LG