Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Сафири Британия зинда будани Скрипалҳоро таъид кард

Сафорати Британия дар Маскав

Сафири Британия дар Русия Лори Бристоу дар сӯҳбат бо хабаргузории "Интерфакс" зинда будани Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлияро тасдиқ кард. Дипломати британиявӣ ҳамчунин гуфт, ки дахости Русия барои мулоқот бо Скрипалҳо ба онҳо супурда шуд. Ба ин тартиб, сафири Британия ба изҳороти сафорати Русия дар Лондон вокуниш нишон дод, ки гуфтааст наметавонад зинда будани Скрипалҳоро "таъид кунад".

Лари Бристоу гуфт, ки агар Скрипалҳо хоҳиши бо намояндагони дипломатии Русия мулоқот кардан дошта бошанд, ҷониби Британия чунин шароитро фароҳам месозад. Агар чунин хоҳиш набошад, гуфт сафир, ҷониби Британия наметавонад ин мулоқотро ба Скрипалҳо таҳмил кунад. Бристоу тасдиқ кард, ки Сергей Скрипал ва духтари ӯ дар ҷойи амн қарор доранд. "Талош карданд, ки онҳоро бо истифода аз гази фалаҷкунандаи асаб ба ҳалокат расонанд. Мо вазифадорем, ки аз онҳо ҳимоят кунем",- гуфт сафир.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Британия ба таҳқиқи муштараки қазияи Скрипалҳо якҷо бо Русия манфиатдор нест.

"Мо боварр дорем, ки медонем ин одамҳо кӣ буданд. Мо ҳамчунин бовар дорем, ки Русия низ ин одамҳоро медонад. Агар Русия дар бораи даст доштанаш ва ё даст доштани нафаронаш ба мо маълумот бидиҳад, мо аз ин истиқбол мекунам, аммо намехоҳем бо онҳо таҳқиқоти муштарак анҷом диҳем",- гуфт Лори Бристоу ба хабаргузории "Интерфакс".

Сергей Скрипал- корманди пешини идораи истихбороти Русия, ки Маскав ӯро ба ҷосусӣ муттаҳам карда буд, ва духтари ӯ Юлия моҳи марти соли 2018 дар як боғи шаҳри Солсберии Британия дар ҳоли беҳушӣ пайдо шуданд. Онҳо чандин моҳ дар бемористон таҳти назорати табибон буданд.

Британия борҳо гуфтааст, ки ҳамла ба Скрипалҳо кори дасти Русия аст ва гази фалаҷкунандаи асаб -"Новичок" дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсол мешуд.

Кардинал Пелл ба бадрафтории ҷинсӣ муттаҳам шуд

Кардинал Ҷорҷ Пелл

Додгоҳи мунсифа дар Австралия кардинал Ҷорҷ Пеллро дар содир кардани ҷиноятҳои ҷинсӣ муҷрим шинохт. Ба ин тартиб, ин баландтарин мақоми зинанизоми католикӣ аст, ки ба ҷиноятҳои ҷинсӣ айбдор шуд. Дар ин бора бахши русии Би-би-сӣ рӯзи 26-уми феврал хабар дод.

Ҳукми додгоҳ ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта содир шуд, аммо бо назардошти баъзе масоили ҳуқуқӣ аз эълонаш худдорӣ карданд. Додгоҳ таъйид кард, ки Пелл соли 1996 дар ҳуҷраи калисои Мелбурн нисбат ба ду бача иқдомоти хушунатомезро ба кор бурд. Кардинал гуноҳро комилан рад кард.

Ҳайати мунсифа далелҳои вакили Пеллро рад кард, ки иттиҳомро бепоя ва маҳсули тахайюли қурбониҳо хонд.

Ҳамчун хазинадори Ватинкан Пелли 77-сола шахси сеюм дар зинанизоми католикӣ буд. Ӯ моҳи июни соли гузашта ба кӯдакозорӣ муттаҳам шуд. Он замон Пелл рухсатӣ гирифт ва аз Ватикан ба Австралия рафт, то шахсан дар додгоҳ иштирок кунад.

Мурофиаи Пелл соли гузашта ду дафъа баргузор шуд, зеро ҳайати мунсифаи аввал натавонист ба қарори мушаххас бирасад.

Миёнаҳои моҳи декабр попи Рум Франсиск се кардиналро аз кобинаи ғайрирасмиаш хориҷ кард. Гуфта мешавад, ки ду нафари онҳо, аз ҷумла Пелл ба дастдарозии ҷинсӣ рабт доштанд.

Калисои католикӣ солҳои ахир ба силсилаи иттиҳомоти марбут ба дастдарозии роҳибон алайҳи бачаҳо ва талошҳои Ватикан барои пинҳон доштани ин мавридҳо рӯ ба рӯ шуд. Ҷанҷол моҳи август баъди нашри гузориши ҳакамони бузурги Пенсилвания сар зад. Бинобар ин санад, ходимони калисои католикӣ беш аз 70 сол бо ин ё он шева дар баробари ҳазорҳо бача ҷинояти ҷинсӣ содир кардаанд.

Вакилони Манафорт додгоҳро ба тараҳҳум даъват карданд

Манафорт дар додгоҳ

Вакилони мудофеи Пол Манафорт, раҳбари собиқи ситоди интихоботии президент Доналд Трамп, аз додгоҳи амрикоӣ даъват карданд, ки ҳукми зерҳимояи онҳоро нарм кунад ва на бештар аз 10 сол диҳад.

Дар муроҷиат ба додгоҳи федеролӣ, ки бояд 13-уми март ҳукми Манафортро эълон кунад, вакилони мудофеъ навиштанд, ҷиноятҳои содиркардаи Манафорт ба маъракаи интихоботии Доналд Трамп рабт надорад.

Зимнан, додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер дар робита ба эҳтимоли ҳамкории Манафорт бо Русия дар раванди маъракаи интихоботии соли 2016 Амрико таҳқиқ анҷом медиҳад. Пол Манафорт чанд моҳ роҳбари ситоди интихоботии Доналд Трамп буд.

"Парвандаи ӯ - ҷинояти одамкушӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфта ва ё пирамидаи молӣ нест. Пол Манафорт замони мушовир буданаш дар Украина аз роҳҳои дигар пул кор карда, аммо дар ин бора ба давлат хабар надодааст. Вай ин айбро эътироф мекунад", - омадааст дар муроҷиати вакилони мудофеъ.

Вакилон мегӯянд, дар таҷрибаҳои гузашта онҳое, ки айни ҷинояти Манафортро анҷом дода буданд, ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ нашудаанд. Ба илова, Манафорт зиёни расондаашро ҷуброн кард ва розӣ шуд, ки ҷаримаи чандмиллиониро пардохт намояд.

Роберт Мюллер, додситони махсус мегӯяд, Пол Манафорт барои "мудовим ва бармало" анҷом додани ҷинояткорӣ бояд то 25 сол зиндонӣ шавад. Вакилони мудофеъ даъво доранд, ки ӯ аз карда пушаймон ва сазовори гузашт аст.

Ҷасади бунёдгузори НТВ дар меҳмонхонаи Испания ошкор шуд

Игор Малашенко

Хабари марги сиёсатшинос ва мудири расона Игор Малашенко дар Испания шоми гузашта пахш шуд.

Бунёдгузори шабакаи телевизиони НТВ зоҳиран худкушӣ кардааст. Дар ин бора чанд манбаи наздик ба хонаводаи Малашенко ба нашрияи "Коммерсант" хабар доданд.

Вақтҳои ахир Игор Малашенко даргири баҳси додгоҳӣ бо ҳамсари собиқаш Елена Пивоварова буд, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад. Онҳо се фарзанд доранд. Пивоварова барои тақсими дороиҳои хонаводагӣ ба додгоҳи Амрико муроҷиат кард.

Божена Ринска, блогнавис ва ҳамсари ахири Малашенко дар бораи ин баҳс дар Фейсбук бисёр матлаб нашр мекард. Ӯ аз ҷумла навишта буд, ки Пивоварова 80 дар сади дороиҳои ҳамсари собиқашро талаб кардааст.

Миёнаҳои моҳи феврал Ринска аз пайравонаш дар Фейсбук, ки теъдодашон ба 200 ҳазор мерасад, кумак хост ва аз эҳтимоли марги ҳамсараш ҳушдор дод. Ринска навишт, ки барои "пешгирӣ аз куштори ҳамсараш" тасмим гирифт аз мавқеи ҷамъиятии худ истифода кунад.

Ӯ Малашенкоро ҳамчун шахси "моил ба зиндагибезорӣ ва дорои руҳияи ноуствор" тасвир кард. Миёнаҳои моҳи феарал Малашенко бо бемории асаб ба бемористон афтид.

Елена Пивоварова баҳси додгоҳӣ бо ҳамсари собиқаш ва ҳамин тавр хабари марги ӯро шарҳ надод.

Игор Малашенко соли 1993 шабакаи телевизионии НТВ-ро таъсис дод ва чанд соли баъдӣ мудири кул ва президенти ин шабака буд. Соли 1996 ӯ раҳбари ситоди интихоботии президенти пешини Русия Борис Елтсин шуд. Баъди пирӯзии Елтсин ба ӯ вазифаи раҳбари маъмурияти президентро пешниҳод карданд, аммо ӯ қабул накард.

Авоили соли 2000-ум баъди пароканда шудан ва ба ихтиёри Кремл гузаштани НТВ, Малашенко аз Русия ба Ню-Йорк рафт ва 9 сол дар онҷо зиндагӣ кард. Дар ин муддат ӯ мудири кулли шабакаи RTVI, саҳоми "Эхо Москвы" ва сомонаи Newsru.com буд. Аз соли 2010 Малашенко раҳбари ширкати "Интер ТВ" буд. Ӯ соли 2012 ба Русия баргашт ва соли гузашта ситоди интхоботии Ксения Собчакро раҳбарӣ кард.

Ҳамкорони собиқаш ба марги ӯ вокуниш ва аз ӯ ҳамчун корманди ҳирфаӣ ситоиш карданд.

Трамп барои мулоқот бо Ким Чен Ин ба Ветнам рафт

Парчамҳои ИМА, Кореяи Шимолӣ ва Ветнам

Президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи 25-уми феврал ба Ветнам сафар кард. Қарор аст, дар онҷо мулоқоти навбатии ӯ бо раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин баргузор шавад.

Раҳбарони ду кишвар рӯзҳои 27 ва 28-уми феврал дар Ҳаной вохӯрда, барномаи ҳастаии Пхенянро баррасӣ хоҳанд кард. Интизор меравад, ҷонибҳо қатъи расмии ҷанги Куриёро низ ба баҳс бикашанд, ки бо имзои созишномаи оташбаси Пханмунҷом дар рӯзи 27-уми июли соли 1953 ба поён расида буд.

"Куриёи Шимолӣ пас аз халъи комили силоҳи ҳастаӣ аз назари иқтисодӣ хеле зуд рушд хоҳад кард. Бидуни халъ, тавре ки ҳаст, мемонад. Ким тасмими дуруст мегирад", - навишт Трамп дар Твиттер пеш аз сафараш ба Ветнам.

Президенти Амрико рӯзи 25-уми феврал ҳангоми суханронияш дар Кохи Сафед гуфта буд, ки ӯро дар пеш "саммити бошукуҳ" мунтазир аст. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео низ 24-уми феврал дар суҳбат бо телевизиони Fox изҳори умед кард, ки ҷонибҳо дар саммит ба "пешрафти муҳим"-е ноил хоҳанд шуд".

"Эҳтимол аст, ин ҳосил нашавад, вале умед дорам, ки хоҳад шуд", - афзуд ӯ.

Ким Чен Ин бо қатораи зиреҳпӯши худ озими Ветнам шуда, интизор меравад, субҳи 26-уми феврал вориди Ҳаной шавад.

Амрико 4,6 млн доллари Боқиевҳоро ба Қирғизистон медиҳад

Қурмонбек Боқиев - президенти пешини Қирғизистон

ИМА тасмим дорад, ки 4,6 миллион доллари дуздии хонаводаи президенти пешин Қурмонбек Боқиевро ба Қирғизистон бозпас диҳад. Дар ин бора муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА Элис Уэллс хабар дод.

Додгоҳе дар ИМА қарор кард, ки дар маҷмуъ 6 млн доллари дуздии Боқиевҳоро ба Қирғизистон баргардонад.

Ҳукумати Қирғизистон тавассути ширкатҳои ҳуқуқӣ аз ИМА дархост карда буд, ки пулҳои мусодирашударо ба Қирғизистон супорад. 4 октябри соли 2018 вазорати адлияи ИМА дархостро таъйид кард. Аммо аз 6 млн доллари даъвошуда танҳо 4,6 миллионашро ошкор карданд.

"Баргардонидани ин маблағ дар муносибатҳои ду кишвар аҳамияти зиёд дорад. Ин рӯйдод баёнгари пуштибонии ҳукумати ИМА аз сиёсати зиддикоррупсионии президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков аст", - гуфт Элис Уэллс.

Ӯ афзуд, пулҳои мазкур барои рушди минтақаҳо, таъмини аҳолии деҳот бо оби ошомиданӣ ва ғайра харҷ мешаванд.

Қурмонбек Боқиев аз соли 2005 то 2010 президенти Қирғизистон буд. Ӯ дар таърихи 7 апрели соли 2010 дар натиҷаи инқилоби мардумӣ аз мақом барканор шуд. Боқиев ҳоло дар Белорус зиндагӣ мекунад.

Ҳукумати нави Қазоқистон ба кор шуруъ кард

Девони вазирони Қазоқистон

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ҳайати ҳукумати нави кишварашро тасдиқ кард.

Аскар Мамин - сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд. Женис Қосимбек, ки то ин замон вазири саноат ва рушди зерсохтор буд, муовини сарвазир таъйин шуд. Алихон Смаилов вазири молия ва ҳамзамон муовини аввали сарвазир аст.

Асар Жумагалиев вазири рушди рақамӣ, мудофиа ва саноати кайҳонӣ таъйин гардид.

Даврон Абаев, ки дар ҳукумати пешин вазири иттилоот ва иртиботот буд, ҳамакнун ба вазирии иттилоот ва рушди ҷомеа расид. Вазирони пешин: Бейбут Атамқулов - вазири корҳои хориҷӣ; Нурлан Ермекбоев - вазири мудофиа; Ерлан Тургумбоев - вазири корҳои дохилӣ; Марат Бекетаев - вазири адлия; Елжан Биртанов - вазири тандурустӣ мақомҳои худро ҳифз карданд.

Фаронса ба рӯзноманигори фирории қирғиз паноҳгоҳи сиёсӣ дод

Улуғбек Бобоқулов

Фаронса ба рӯзноманигор Улуғбек Бобоқулов, ки ду сол пеш, пас аз иттиҳоми барангехтани кинаи байниқавмӣ Қирғизистонро тарк карда буд, мақоми паноҳандагӣ дод.

Бобоқулов дар суҳбат бо “Фергана.ру” гуфт, ки масъулони Идораи муҳоҷират ва шахсони бешаҳрвандии Фаронса рӯзи 25 феврал бо ӯ тамос гирифта, хабар доданд, ки минбаъд таҳти ҳимояи ин кишвар қарор дорад.

Ҳамчунин ба рӯзноманигор гуфта шудааст, ки дар ҳолати баргашт ба ватан, муроҷиат ба намояндагиҳои дипломативу консулгарии Қирғизистон дар Фаронса ва хориҷ аз он мақоми паноҳандагияшро аз даст хоҳад дод.

“Мақомоти кишварам зидди ман бо айбҳои сохта парванда боз карданд ва мақомоти Фаронса ба ману аъзои хонаводаам паноҳгоҳ доданд ва барои пайдо кардани ҷои кор низ шароит фароҳам шудааст”, -- афзуд Бобоқулов.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 9 июни соли 2017 бар зидди Бобоқулов парвандаи ҷиноӣ боз кард. Бобоқулов ба ин айбдор мешавад, ки гӯё дар Fergananews.com ва расонаҳои дигар матолиби ҳангомасоз ва ва бо ангезандаи зидди қавмӣ нашр кардааст.

Вале худи рӯзноманигор иттиҳомро як тарҳи сохта ва кори президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев меномад.

ТАСС: "Русия ба Тоҷикистон таҷҳизоти зиддиҳавоӣ додааст"

Акс аз бойгонӣ.

Русия ахиран ба таври ройгон дар ҳаҷми 9 миллион доллар ба артиши Тоҷикистон таҷҳизоти зиддиҳавоӣ додааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС рӯзи 25-уми феврал бо такя ба манобеи худ дар вазорати дифои Русия хабар додааст.

Ин вазорат гуфтааст, интиқоли таҷҳизот низомӣ дар чаҳорчӯбаи иҷрои барномаи навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон анҷом мешавад. Дар вазорати дифои Русия ҳамчунин ба ТАСС гуфтаанд, ки Русия ин барномаро ба унвони як абзори калидӣ барои афзоиши қобилиятҳои ҷангии ин шарики Маскав дар минтақаи Осиёи Миёна дар назар дорад.

Дар моҳи сентябри соли 2018 раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев гуфта буд, ки Боку аз Маскав бо маблағи 5 миллиард доллар доллар таҷҳизоти низомӣ мехарад. Дар моҳи июли соли гузашта гузоришҳо мунташир шуд, ки ҷониби Русия ба маблағи 200 миллион доллар ба Арманистон аслиҳа додааст.

Худкушии эҳтимолии корманди раёсати андози Хатлон

Як корманди Раёсати андози вилояти Хатлон худкушӣ кардааст.

Ҷасади Сайвалӣ Абдуллоеви 56-соларо субҳи 25-уми феврал аз банди доре дар манзили падараш дар шаҳри Кӯлоб ёфтанд. Ба қавли наздикон, ӯ ду рӯз пеш аз шаҳри Бохтар ба Кӯлоб барои дидори пайвандон рафта буд. Аз рӯи ин ҳодиса Додситони шаҳри Кӯлоб таҳқиқро оғоз кардааст.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии Кӯлоб рӯзи 25-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин мард чанд сол боз дар Кумитаи андоз ва раёсатҳои он дар шаҳру навоҳӣ кор мекард. Ҳоло тафтишот дар баробари дурустии фарзияи худкушии Абдуллоев, бояд сабабҳои сар задани ҳодисаро ҳам бисанҷанд."

Хешовандони Абдуллоев нахостанд дар бораи ҳодиса изҳори назар кунанд. Феълан маълум нест, то куҷо ҳодиса ба фаъолиятҳои касбии Сайвалӣ Абдуллоев дар идораи андоз рабт дорад.

Ба иттилои ҳамкорон, Сайвалӣ Абдуллоев ду ҳафта қабл аз Кумитаи андози ҷумҳурӣ ба Раёсати андози вилояти Хатлон ба кор рафт ва иҷрои вазифаҳояшро дар ин идора тоза оғоз карда буд.

Як корманди раёсати андози вилояти Хатлон дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт: "Рӯзи ҷамъа бо мо буд ва то рӯзи душанбе худоҳофизӣ карда ба Кӯлоб рафт. Вале саҳар хабар доданд, ки Сайвалӣ даст ба худкушӣ задааст. Ростӣ, мо ҳама ҳайронем, чун бисёр одами кордон ва мутахассиси хуб буд."

Бори аввал нест, ки кормандони мақомот дар шаҳри Кӯлоб даст ба худкушӣ мезананд. Як сол қабл дар ҳамин шабу рӯз Азизмад Юсупов, сардори идора ё ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Кӯлобро аз банди дор дар таҳхонаи манзили иҷорааш пайдо карда буданд.

Баъди таҳқиқ ва хулосаи Маркази ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ дақиқ карда шуда буд, ки ӯ даст ба худкушӣ задааст. Аммо пайвандони Азизмад Юсупов бовар надоштанд, ки ӯ худкушӣ кардааст. Пас аз ин ҳодиса хонаводаи Юсупов тақозо карда буданд, фавти писарашон ҷиддӣ таҳқиқ шавад ва ба Додситони кул шикоят бурданд.

Беш аз 1 миллион $. Фурӯши амволи "Умед 88" ба фоидаи "Роғун"

Мақомот дар шимоли Тоҷикистон амволи ширкати “Умед 88”, яке аз ширкатҳои дар гузашта пештози тиҷорати сӯзишвориро ба музояда гузоштаанд.

Ин амвол аз чанд нуқтаи фурӯш ва анбори нигоҳдории сӯзишворӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд иборат аст ва аз якуним миллион то тақрибан 16 миллион сомонӣ (муодили 1 миллиону 600 ҳазор доллар) нархгузорӣ шудааст.

Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки музояда рӯзи 25-уми феврал баргузор шуд, аммо тафсилот дар даст нест.

Дар огоҳии музояда гуфта шудааст, ки “савдои оммавии молу мулки ғайриманқули мансуб ба қарздор, барои рӯёндани маблағи зарар ба манфиати нерӯгоҳи Роғун амалӣ мешавад.”

Раҷабалӣ Одинаев
Раҷабалӣ Одинаев

Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати “Умед-88”, моҳи октябри соли 2017 дастгир ва баъдан ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Дар аввал мақомот ӯро барои барнагардондани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки Вазорати молия ҳамчун қарз ба ширкати зери раҳбарии ӯ дода буд, айбдор карданд.

Сипас ба парвандаи ӯ “дуздии моликияти давлатӣ” ва “исрофкорӣ” ҳам зам шуд.

Мақомот мегӯянд, ҳоло як парвандаи дигари Раҷабалӣ Одинаев дар баррасӣ аст. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар аввали моҳи феврали имсол дар нишасти матбуотӣ гуфт, парвандаи нави Одинаев ба қарзҳои бонкие рабт дорад, ки то ҳол баргардонда нашудаанд.

Қаблан наздиконаш боздошт ва ҳабси Раҷабалӣ Одинаевро маҳкум карда ва гуфта буданд, ки дар сурати раҳо шудан ӯ имкон дорад қарзҳоро баргардонад.

Bloomberg: Путин таъқиби Калвиро тавҷеҳшуда номид

Майкл Калви дар додгоҳ

Президенти Русия Владимир Путин таъқиби додгоҳиии сармоягузори амрикоӣ Майкл Калви ва мудирони аршади бунёди "Бэрин Восток"-ро тавҷеҳшуда унвон кард. Дар ин бора оҷонсии Bloomberg рӯзи 25-уми феврал бо такя ба се иштирокчии гуфтугӯи пушти дарҳои баста бо Путин хабар дод. Гуфта мешавад, ки ин мулоқот ҳафтаи гузашта доир шуд.

Ба гуфти онҳо, аз Путин дар ин мулоқот дар бораи қазияи Калви ва таъсири эҳтимолии он ба фазои сармоягузории Русия суол шуд. Президенти Русия гуфтааст, "ба натиҷагирии тафтишот, ки бунёдгузори "Бэринг-Восток" ва ҳамкорони ӯ бо роҳи қаллобӣ 2,5 миллиард рублро аз худ кардаанд, наметавон чашм пӯшид".

Путин ҳамчунин гуфтааст, мақомоти тафтишот боздошти Каливиро бо ӯ ҳамоҳанг накардаанд, аммо афзӯд, дар баъзе мавридҳо боздошти гумонбар ҳатто дар қазияҳои иқтисодӣ низ роиҷ аст. Ин дар ҳолест, ки ӯ борҳо ошкоро ба нигаҳдории гумонбарони ҷиноятҳои иқтисодӣ дар боздоштгоҳҳо мухолифат нишон дода буд.

Калви ва панҷ нафари дигар рӯзи 15-уми феврал дар Маскав боздошт шуданд. Соҳибкор расман ба қаллобӣ дар ҳаҷми бузург муттаҳам мешавад.

Кремл то ҳол хабари Bloomberg-ро шарҳ надодааст.

Ба фарзияи тафтишот, Калви барои дуздии 2,5 миллиард рубл аз "Восточный" схемаи қаллобӣ кашид. Худи соҳибкор иттиҳомро рад мекунад. Қаблан Майкл Калви дар додгоҳ иттиҳомро ба низои дохилӣ дар байни ӯ ва узви шӯрои мудирони "Бэринг-Восток" Шерзод Юсупов ва саҳмиядори дигар Артем Аветисян рабт дод.

Роҳбарияти "Сапат" шикояти бадрафторӣ дар литсейҳои туркиро месанҷад

Литсеи "Сапат" дар Қирғизистон

Роҳбарони мактабҳои "Сапат" тасмим доранд, аризаҳои хушунат ва бадрафторӣ нисбати хонандагон дар ин муассисаро мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Хонандагони "Сапат" ахиран дар интернет бо хэштег ё барчаспи #metoosebat дар бораи бадрафториҳои дар паси девори мактабҳои мазкур хабар шикоят нашр карданд.

Ба гуфтаи Нурлан Худойбердиев, роҳбари муассисаи мазкур, муносибат бо хонандагон ҳамеша зери назорат аст. "Зоҳиран дар бораи хушунатҳо хатмкардагони 10-15 сол пеш менависанд. Сарфи назар аз ин, мо тафтиш хоҳем кард. Дар сурати тасдиқи шикоятҳои интернетӣ, омӯзгорон аз кор ронда хоҳанд шуд", - гуфт вай.

Дар чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ хатмкардагони литсейҳои туркии "Сапат" аз бадрафториҳое ёд мекунанд, ки нисбати онҳо сурат гирифтааст. Хонандагон аз бадрафтории омӯзгорон, таҳқир ва ҳатто озори ҷисмонӣ қисса мекунанд.

Дар Қирғизистон шабакаи литсейҳои туркии "Сапат" амал мекунад, ки садҳо хонандаро бо таҳсил фаро гирифтааст.

Ҳунарманди шабеҳи Ким Чен Ун аз Ветнам "депорт" шуд

Ҳовард Икс ва Рассел Уайт

Дар фосилаи кӯтоҳ аз вуруди раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун ба Ҳаной, мақомоти Ветнам ҳунарманди шабеҳи ӯро аз кишвар хориҷ карданд. Музокироти Ким Чен Ун бо президенти Амрико Доналд Трамп дар ин кишвар баргузор мешавад.

Ҳунарманди мазҳака, ки худро Ҳовард Икс меномад, рӯзи ҷумъа ҳамроҳ бо рафиқаш, ки Доналд Трампро тақлид мекунад, ба Ветнам омад. Онҳо дар кӯчаҳои пойтахти Ветнам зоҳир шуданд ва таваҷҷуҳи раҳгузарон ва журналистонро ҷалб карданд.

Рӯзи 25-уми феврал кормандони пулис ба меҳмонхонае, ки Ҳовард Икс дар он ба сар мебурд, омаданд, то ба фурудгоҳ сафабар кунанд. Мақомоти расмӣ қарори худро шарҳ надоданд. Чораҳои амниятӣ дар Ҳаной дар остонаи саммити Амрико-Кореяи Шимолӣ таҳким ёфтанд.

Ҳовард Икс соли гузашта ҳангоми мулоқоти Трамп ва Ким Чен Ун ба Сингапур рафт. Ӯ дар онҷо боздошт шуд, вале мақомот аз депортатсия худдорӣ варзиданд.

Ба Рассел Уайт - ҳунарпешаи шабеҳи Трамп иҷозат доданд, ки дар Ветнам бимонад, аммо дар мазҳари ом ҳозир нашавад.

Мулоқоти дуюми раҳбарони ИМА ва Кореяи Шимолӣ дар Ветнам ба рӯзҳои 27-28 феврал барномарезӣ шудааст. Дар мулоқот масълаи халъи силоҳи ҳастаии Кореяи Шимолӣ дар назар аст. Ким Чен Ун ду рӯз пеш савори қатори зиреҳпӯш ба роҳ баромад. Ӯ аз тариқи Чин ба Ветнам меравад.

Коргардони шинохта Георгий Данелия дар вазъияти кома қарор дорад

Герогий Данелия

Коргардони шинохтаи синамои Иттиҳоди Шӯравӣ Георгий Данелия бо бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ба бемористон интиқол ёфт ва дар Маскав дар вазъияти комаи иҷборӣ қарор дорад.

Галина Юркова-Данелия, ҳамсари коргардони 88-сола гуфт, ки ӯро рӯзи 23-юми феврал оҷилан ба бемористон бурданд.

Данелияи гурҷитабор силсилаи филмҳоро таҳия кард, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ маҳбубият пайдо карданд. Филмҳои машҳури Данелия бо шумули "Я шагаю по Москве", "Афоня", "Мимино", "Осенний марафон" ва "Джентелмен удачи" то ҳол тамошобин доранд.

Филми "Осенний марафон" соли 1979 баландтарин ҷоизаи фестивали байналмилалии Сан Себастианро дар Испания ва ҷоизаи муътабари дигарро дар фестивали байналмилалии Венетсия дарёфт кард.

Трамп боло бурдани таърифаҳоро барои Чин мутаваққиф кард

Доналд Трамп

Доналд Трамп, президенти Амрико, қарори боло бурдани таърифаҳо ба маҳсулоти истеҳсоли Чинро, ки бояд рӯзи 1-уми март ба иҷро медаромад, мутавақиф кард. Дар ин бора Трамп дар "Твиттер" хабар дод ва тасмимашро ба "музокироти сермаҳсул" бо Чин вобаста донист.

Ба гуфтаи президенти ИМА, "дар сурати идомаи пешрафти бештар" дар гуфтушунидҳо, мулоқоти ӯ бо раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин барои бастани шартномаи тиҷоратӣ барномарезӣ хоҳад шуд. Аммо ӯ дар бораи замони мушаххаси мулоқот бо раҳбари Чин маълумот надод.

Доналд Трамп ҳамчунин ба нақши созандаи Сӣ Ҷинпин дар омода шудани мулоқоти Амрико-Кореяи Шимолӣ дар сатҳи олӣ барои 27-28-уми феврал дар Ветнам таъкид кард.

ИМА барнома дошт, ки аз моҳи январи соли 2019 таърифаҳои воридоти маҳсулоти Чинро аз 10 ба 25 дар сад боло бубарад. Аммо моҳи декабр Трамп ва Сӣ Ҷинпин дар нишасти бистгона дар Аргентина қарор карданд, ки боло бурдани таърифаҳо барои 90 рӯз мутавақиф шавад.

Охири моҳи январ бахши навбатии музокироти тиҷоратӣ дар Вашингтон баргузор шуд. Трамп гуфт, умедвор аст, ки созишнома то 1-уми март ба имзо бирасад, зеро дар акси ҳол Вашингтон таърифаҳоро барои маҳсулоти Чин ба маблағи 200 миллирд доллар боло хоҳад бурд.

68% дар Русия ришваситонӣ ва боздоштҳоро аломати пӯсидагии ҳукумат медонанд

Қонунгузори Русия Рауф Арашуков

Аз се ду ҳиссаи русиягиҳо ришваситонии мақомот ва боздошти онҳоро аломати фасодзадагӣ ва пӯсидагии ҳукумат медонанд. 22 дар сад инро мавридҳои алоҳида ва ғайри маъмул барои кишвар хонданд. Дар ин бора бунгоҳи омӯзиши афкори умум - "Левада-центр" дар як пажуҳиш хабар дод, ки ҳафтаи гузашта анҷом шуд.

Боздошти узви Шӯрои Федератсия аз Карачево-Черкесия Рауф Арашуков ва падари ӯ дар охири моҳи январро чаҳоряки пурсидашудаҳо аломати муборизаи ҷиддӣ бо фасодкорӣ ва қариб сеяк мубориза барои тақсими минтақаҳои нуфуз дар байни мақомдорон арзёбӣ карданд.

Рауф Арашуков рӯзи 30-юми январ ҳангоми ҷаласаи Шӯрои Федератсия боздошт шуд. Ӯ ба куштори ду шахсияти ҷамъиятӣ ва сиёсии Карачаево-Черкесия, фишор ба шоҳидон ва дуздии газии табии ширкати "Газпром" ба маблағи 30 миллиард рубл муттаҳам мешавад.

Аз рӯи ин парванда ҳамчунин падари Арашуков, машҳур бо лақаби "султони газ" дар Қафқози Шимолӣ боздошт шуд. Арашуков иттиҳомро рад мекунад ва онро "фармоишӣ" медонад.

Рӯзи 21-уми феврал Бунёди мубориза бо коррупсияи Алексей Навалний дар бораи клани бонуфузи Каитов-Батдиевҳо дар Карачево-Черкесия матлаби таҳқиқотӣ нашр кард. Ба гуфтаи раҳбари мухолифини Русия, "тамоми буҷае, ки аз марказ ба ин минтақа интиқол меёбад дар байни чанд хонавода ҳаллу фасл мешавад".

Венесуэла нерӯҳояшро дар марз бо Колумбия ҷойгир кард

Фармондеҳии артиши Венесуэла "ба хотири ҳифзи сулҳу амнияти мардум тариқи бастани сарҳад" нерӯҳоро дар марз бо Колумбия ҷойгир кард.

Дар ин бора артиши Венесуэла дар Твиттер хабар дод. Қарор буд, 23 феврал амалиёти интиқоли кумаки башардӯстона ба Венесуэла сурат бигирад.

Муовини президенти Венесуэла Делсӣ Родригес низ тасдиқ кард, ки марзҳо бо Колумбия баста шуданд. "Ҳукумат ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки пулҳои ба номи Симон Боливар, Сантандер ва Унион ба далели таҳдидҳои ҷиддӣ ва ғайриқонунии ҳукумати Колумбия зидди сулҳ ва тамомияти арзии Венесуэла муваққатан баста шуданд", - гуфт ӯ.

Дар шаҳри Кукутаи Колумбия, ки бо Венесуэла ҳаммарз аст, корвони мошинҳои кумаки башардӯстонаи ИМА қарор доранд. Мақомоти Венесуэла дастур доданд, марзҳо бо Колумбия ва Бразилия баста шаванд, зеро ба гуфтаи онҳо, кумаки башардӯстона ба тағйири қудрат дар ин кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ба навиштаи хабарнигори "Новая газета", президенти худхондаи Венесуэла Хуан Гуайдо дар шаҳри Кукута қарор дорад. Ӯ 22 феврал дар як консерти хайрия дар Колумбия иштирок кард, ки барои ҷамъоварии кумаки башардӯстона ба сокини Венесуэла баргузор шуда буд.

Маскав ҳазфи матни русиро аз пули миллии Қазоқистон шарҳ дод

Мария Захарова

Ҳазви матни русӣ аз пули миллии Қазоқистон бо фармони президент Нурсултон Назарбоев кори дохилии он кишвар аст. Ин нуктаро сухангӯи Вазорати умури хориҷӣ (ВУХ)-и Русия Мария Захарова рӯзи ҷумъа дар як нишасти хабарӣ баён дошт.

"Ба назари мо, кори дохилии он кишвар аст. Аз сӯи дигар, мо ҷонибдори ҳамкорӣ бо ҳамтоён ва шарикони қазоқи худ дар робита ба ҳуқуқи сокини Қазоқистон ҳастем, ки барояшон забони русӣ ҷойгоҳи махсус дорад", - изҳор дошт Захарова.

Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти Қазоқистон барои ҳифзи ҷойгоҳи забони русӣ талош мекунад. "Инҳо танҳо суханҳои холӣ нестанд. Иқдому гомҳои воқеӣ ҳастанд", - афзуд сухангӯи ВУХ Русия.

"Вале ин масъала на танҳо дар Қазоқистон, балки дар тамоми ҳавзае зери назорат қарор дорад, ки забони русӣ барои сокинонаш забони модарӣ аст", - гуфт Мария Захарова.

Дар Лос-Анҷелес барандагони ҷоизаи "Оскар"-ро эълон карданд

Шаби якшанбе ба душанбе дар толори "Dolby Theatre”-и шаҳри Лос-Анҷелес барандагони ҷоизаи "Оскар"-ро эълон карданд. Маросими ҷоизасупорӣ бори нахуст дар 30 соли ахир бидуни баранда баргузор шуда, мукофотро меҳмонони маъруф тақдим карданд.

Унвони беҳтарин филмро "Китоби сабз"-и Питер Фареллӣ соҳиб шуд, ки ба давраи табъизи нажодӣ дар ИМА бахшида шудааст.

Ҷоизаи "Оскар"-ро дар бахши беҳтарин коргардон Алфонсо Куарон аз Мексика барои филми "Рома"-аш ба даст овард. "Рома" беҳтарин филми хориҷӣ дониста шуда буд. Ин филм пештар ҷоизаи "Шери тилоӣ"-и ҷашнвораи синамои Венетсияро соҳиб шуда буд.

Ромӣ Малик, ҳунарманде, ки дар филми "Бадеҳаи Боҳемия"-и Брайан Сингер нақши Фредди Меркюриро бозидааст, ҷоизаи беҳтарин нақши мардонаро соҳиб шуд. Ромӣ Малик дар ҷараёни эътои ҷоиза гуфт:

“Мо дар бораи як марди ҳамҷинсгаро, як муҳоҷир ва марде, ки ба таври нобахшиданӣ барои худ мезист, филм сохтем. Ин воқеият, ки ман дар ин ҷо истода ҳамроҳ бо шумо имшаб ҷашм мегирам, маънои онро дорад, ки мо ба ингуна қиссаҳо эҳтиёҷ дорем. Худи ман писари як муҳоҷир аз Миср ҳастам. Ман аз амрикоиҳои насли аввал ҳастам ва як бахши зиндагиномаи ман ҳам ҳамин ҳоло иншо шудааст. Аз ин хотир, ман аз ҳар яки шумо сипосгузорам, ки дар чунин як лаҳза ба ман эътимод кардед. Ин як ҷавҳарест, ки тамоми умр онро ҳифз хоҳам кард”.

"Оскар"-ро барои беҳтарин нақши зан ба Оливия Колман доданд.

Дар бахши беҳтарин нақши дувуми мардона Махершалӣ Алӣ, бозигари филми "Китоби сабз" ва дар бахши беҳтарин нақши дувуми занона Реҷинӣ Кинг, бозигари филми "Агар Бил-стрит ба гап медаромад" соҳиби ҷоиза шуданд.

Филми "Кӯҳбарои танҳо"-и Ҷиммӣ Чин ва Элизабет Чай Васархелӣ беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ дониста шуд. Ин филм дар бораи Алекс Хоннолд аст, ки нахустин шуда бидуни кумаке ба куҳи Эл-Капитани Йосемитӣ баромад.

Роҳпаймоии гиромидошти хотираи Немтсов дар даҳҳо шаҳри Русия. ВИДЕО

Дар Маскав, Санкт-Петербург, Воронеж, Ярослав ва як қатор шаҳрҳои дигари Русия рӯзи 24-уми феврал ҳазорон нафар ба кӯча баромада, хотираи Борис Немтсов, мухолифи кушташудаи русро гиромӣ доштанд.

Сокинони Маскав дар "Булварное колтсо" роҳпаймоӣ карда, бино ба иттилои созмони "Ҳисоби сафед", дар он беш аз 10 ҳазор одам иштирок карданд. Пулис гуфт, дар ин роҳпаймои Маскав шаш ҳазор иштирок кардааст.

Роҳпаймоиро ҳаракати "Ҳамраъйӣ", ҳизбҳои ПАРНАС ва "Яблоко", Бунёди мубориза бо коррупсия ва созмонҳои дигари мухолифи Русия ташкил карданд.

Дар он сиёсатмадорон Михаил Касянов, Владимир Рижков, Алексей Навалний, Иля Яшин, Дмитрий Гудков ва Владимир Кара-Мурза иштирок доштанд. Ҷамъшудаҳо ҳамчунин озодии маҳбусони сиёсиро дар Русия талаб карда, баъзе аз онҳо дар даст шиорҳое доштанд, ки ба табодули зиндониён бо Украина даъват мекарданд.

Хотираи Борис Немтсовро дар Санкт-Петербург аз ду то се ҳазор одам гиромӣ доштанд. Тазоҳургарон дар майдони Ленин, дар наздикии истгоҳи Финляндский ҷамъ шуда, бо изҳори норозигӣ аз пайдо нашудани фармоишгарони куштори сиёсатмадори мухолиф тағйироти демократиро дар Русия талаб карданд.​

Раҳпаймоӣ ба ёди Борис Немтсов дар Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

Дар баъзе аз шаҳрҳои Русия, аз ҷумла Томск сокинон ба далели он ки мақомот ба баргузории таҷаммуъҳо иҷозат надоданд, маҷбур шуданд бо тазоҳуроти инфиродӣ хотираи Немтсовро гиромӣ доранд.​

Борис Немтсов шаби 27 ба 28 феврали соли 2015 дар болои Пули калони Москва, дар маркази шаҳр кушта шуд. Панҷ гумонбари ин куштор - шаҳрвандони Чеченистон ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд. Вакили дифои духтари Немтсов Олга Михайлова 24 фервал дар суҳбат бо “Интерфакс” гуфт, наздикони сиёсатмадори кушташуда натавонистанд, дар робита ба раванди тафтишот маълумоте ба даст оранд.

Дар Кумитаи тафтишотии Русия пештар гуфтанд, тафтиши парвандаи узви пешини баталони "Шимол"-и ВКД Чеченистон Руслан Муҳиддинов идома дорад, ки фармоишгар ва созмондиҳандаи куштор шумурда мешавад. Муҳиддинов таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад.

Назарбоев Маминро ба мақоми сарвазирӣ пешбарӣ кард

Аскар Мамин бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон, номзадии Аскар Маминро ба мақоми сарвазири кишвар пешниҳод кард. Назарбоев ин пешниҳодро ба баррасии порлумон фиристод.

Аскар Мамин то 21-уми феврали имсол ба ҳайси муовини аввали сарвазир фаъолият карда буд. Баъди истеъфои сарвазири пешини Қазоқистон Бакитҷон Сагинтаев дар таърихи 21-уми феврал, Мамин иҷрокунандаи вазифаи сарвазир таъйин шуд.

Мамини 53-сола дар гузашта роҳбари ширкати "Роҳи оҳани Қазоқистон", ҳокими шаҳри Остона, вазири нақлиёт ва иртиботот буд.

Ҷустуҷӯи гумонбар дар қатли як зани рус дар Душанбе

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи гумонбари қатли як зани рус дар Душанбе оғоз карданд. Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Наталя Жирнова рӯзи 24-уми феврал аз хонааш пайдо шуд.

Ба қавли манбаъ, Жирнова 65 сол дошт ва дар маҳаллаи 102-и пойтахт зиндагӣ мекард. Ҳамсояҳои ин зани рус гуфтанд, баъди он ки ӯ се рӯз аз хона набаромад, ба пулис муроҷиат карданд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, пулис ҷасади занро аз хонааш пайдо кард.

Гуфта мешавад, зан бо зарби корд кушта шудааст, аммо мақомот ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни таҳқиқ дар ин бора расман ҷузъиёт намедиҳанд.

Сафири нави Амрико дар Тоҷикистон савганд ёд кард

Маросими савгандёдкунии Поммершайм

Марк Поммершайм ба ҳайси сафири нави Амрико дар Тоҷикистон савганд ёд кард. Маросим рӯзи 22-юми феврали имсол дар Вашингтон баргузор шуд.

Номзадии дипломати собиқадор ба мақоми сафири Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми сентябри соли гузашта пешниҳод шуд ва рӯзи 7-уми январи имсол тасдиқ гардид.

Бо ин ҳол, замони ба Тоҷикистон омадани ӯ ҳанӯз маълум нест.

Марк Поммершайм аз соли 2015 то соли 2018 муовини сафири Амрико дар Қазоқистон буд. Аз ин пештар дар Вазорати умури хориҷии Амрико ба ҳайси як дипломати баландпоя дар умури Қафқоз ва АвруОсиё кор кардааст.

Ӯ собиқаи хабарнигорӣ ҳам дорад ва дар дафтари телевизиони CNN дар Русия кор кардааст. Соҳиби зан ва се фарзанд аст. Марк Поммершайм ҷойгузини хонум Элизабет Миллард шуд, ки ӯ баъди анҷоми масъулиятҳояш соли 2018 Тоҷикистонро тарк кард.

Шикоят аз шиканҷа. "Ангуштони Алиҷон доғи сиёҳ дошт"

Нурулло Қодиров. Акс аз Маркази мустақили ҳизфи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, узви Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, рӯзи 22-юми феврал хабар дод, ки сокини ноҳияи Рӯдакӣ Алиҷон Ашӯров барои эътирофи гуноҳ шиканҷа шудааст.

Ашӯрови 27-сола ба ҳайси сартарош дар Русия кор мекард ва моҳи декабри соли гузашта ҳамроҳи зану кӯдаконаш аз онҷо ихроҷ шуд ва ба Тоҷикистон баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе маъмурони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дастгир кардаанд.

Наздиконаш гуфтанд, ки ӯ барои "таваҷҷуҳ ба терроризм" ва "нияти сафар ба Сурия" муттаҳам аст. Нурулло Қодиров, падари Алиҷон, ба Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон гуфтааст, писараш то 3-юми январи имсол дар бинои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил нигоҳдорӣ шуда, баъдан ба СИЗО интиқол ёфт.

Ӯ нақл кардааст, ки рӯзи 28-уми декабри соли гузашта гӯиё як нафари ношинос аз Тоҷикистон ба Алиҷон занг зада ва пешниҳоди сафар ба Сурияро кардааст. “Алиҷон дар навбати худ ҷавоби рад додааст. Рӯзи дигар мақомоти шаҳри Санкт-Петербург ӯро аз Русия ихроҷ карданд. Вале ман ба ин иттиҳом бовар намекунам", - афзудааст Нурулло Қодиров.

Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, мақомот то замони ба СИЗО фиристодан, имкони дидор бо писарашро надодаанд. Ба қавли ӯ, "баъди ин, ман ба худ омада наметавонам. Ангуштони Алиҷон доғҳои сиёҳ доштанд ва ӯ базӯр ҳаракат мекард."

Худи Алиҷон ҳам ба падараш гуфтааст, ӯро шиканҷа кардаанд, то қасди сафар доштан ба Сурияро эътироф кунад. Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Алиҷон Ашӯров мегӯяд, нисбат ба нафари таҳти ҳимояти ӯ "аз усулҳои ғайриқонунии тафтишот ва зӯроварии ҷисмонӣ истифода бурда шудааст. Ба ангуштони дасту пояш ноқил пайваст карда, қувваи барқ сар додаанд."

Абдураҳмон Шарифов мегӯяд, нафари таҳти ҳимояташ танҳо баъди гирифтани ин таҳдид, ки "волидонашро “маҳкам” ва бо зану модараш бадрафторӣ мекунанд”, гуноҳро ба дӯш гирифтааст.

Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ин замина ба Додситонии кул муроҷиат кардааст. Манобеи Додситонии кул ба ин созмон гуфтаанд, ки аз рӯи далели эҳтимоли шиканҷа санҷиши прокурорӣ оғоз шуда ва ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ ҳам гузаронда шудааст.

Вале мақомот дар ин бора ҳанӯз шарҳи расмӣ надодаанд. Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳам мегӯяд, муроҷиати онҳо дар ин бора ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бенатиҷа буд.

Истифода аз шиканҷа ҳангоми бозпурсӣ дар Тоҷикистон аз масъалаҳои доғ ба шумор меравад. Созмонҳои байналмилалӣ борҳо Тоҷикистонро барои шиканҷа танқид карда ва аз мақомот хостаанд, ки шиканҷаро аз байн бибаранд.

Соли гузашта беш аз 40 нафар аз шиканҷа шудани худ ё наздиконашон ба Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон шикоят кардаанд. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, соли гузашта дар робита ба шиканҷа чаҳор парвандаи ҷиноӣ боз карда, ду парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристоданд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

"Қанд занад мардуми тоҷик..."
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00
XS
SM
MD
LG