Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Тоҷикистон қасд дорад фурӯшгоҳҳои электрониро андоз бандад

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, гуфт, ният доранд, аз фурӯшгоҳҳои электронӣ низ молиёт ситонанд.

Давлатзода рӯзи 14-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, “Русия аз соли 2014-ум 160 ширкати хориҷиеро, ки тавассути платформаҳои Гугл, Эйпл, Фейсбук, Майкрасофт, Ибей, Али Экспресс ва Яҳу ба фурӯши фиттаву китобҳо ва маҳсулот машғул буд, андоз бастааст. Танҳо дар 8 моҳи соли гузашта аз ин ҳисоб ба буҷаи Русия 7,9 миллиард рубл ворид гардидааст.”

Ба ин далел, ба гуфтаи ӯ, Кумитаи молиёт ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, андоз бастани ширкатҳои хориҷие, ки машғули фурӯшҳои электронӣ ҳастанд, ба мақсад мувофиқ мебошад.

“Ин таҷрибае, ки дигар кишварҳо аллакай истифода мекунанд ва чаро мо аз он истифода накунем? Кишварҳои хориҷӣ аз имкониятҳои бештар барои ғанӣ карданӣ буҷаи худ бархурдоранд, вале боз ҳам аз ин роҳ низ истифода мекунанд”, - афзуд ӯ.

Рамазон Раҳимзода моҷарои пулис ва Истад Қурбоноваро шарҳ дод

Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии худ ба қазияи сокини ноҳияи Айнӣ Истад Қурбоноваи 70-сола низ дахл кард ва гуфт, ки дар рафтори кормандони милиса дар пайванд ба ин қазия, ҳеҷ амали ҷиноятӣ дида намешавад. Рамазон Раҳимзода рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабариаш ба суоли Радиои Озодӣ дар ин робита посух дод.

Ӯ дар шарҳи ин қазия гуфт, ки Истад Қурбонова қаблан се маротиба, аз ҷумла, барои "авбошӣ" ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буд ва ин маротиба аз сӯи додситонии ноҳияи Айни алайҳи вай барои "ғасби намудани қитъаи замин" ва "қасдан нест намудани молу мулк" парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд ва ӯро ба ҳабс гирифтанд.

Ба гуфтаи вазир, Истад Қурбонова замони дар ҳабс будан кӯшиши сӯзонидани худро кард. "Мо барои сари вақти пеши роҳи инро нагирифтан, се корманди корҳои дохилиро ҷазои интизомӣ додем",-афзуд вай.

Ба гуфтаи вазири умури дохилии Тоҷикистон, ин зан се маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ва ҳамчунин чор фарзанди ӯ ва се бародараш низ қаблан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашонида шуда буданд. Оқои Раҳимзода аз хонаводаи Истад Қурбонова бо ин сабабҳо, "оилаи ноустувор" ном бурд.

Сокини ноҳияи Айнии вилояти Суғд Истад Қурбонова рӯзи 2-юми январи имсол бо иттиҳоми ғасби замин дастгир шуд ва баъди даҳ рӯз ӯро бо бадани сӯхта ба бемористон бурданд. Ӯ ва наздиконаш иддао карданд, ки Қурбонова дар боздоштгоҳи пулис шиканҷа шудааст.

Худи ӯ рӯзи 30-юми январ дар сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки "ҳафт-ҳашт кас даромаданд. Онҳо табибро низ даъват карда ва гуфтанд, як "укол" кун, то баданаш карахт шавад". Истад Қурбонова мегӯяд, баъди ин давоми ҳодисаро дар ёд надорад, аммо замоне ки ба худ омад, "куртааш месӯхт".

Мақомот мегӯянд, ӯ барои сарпечӣ аз ҳозир шудан ба бозпурсӣ моҳи октябри соли гузашта таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифта ва аввали моҳи январ дастгир шудааст.

Дар ҳоли ҳозир се корманди ИВС ё боздоштгоҳи Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ "барои хунукназарӣ ҳангоми адои вазифа, ки боис ба қасди худсӯзии Истад Қурбонова шуд”, аз кор ронда шудаанд. Таҳқиқи парвандаи Истад Қурбонова аз тарафи додситонӣ ҷараён дорад.

Додситонии ноҳияи Айнӣ Истад Қурбоноваро моҳи октябри соли 2018 бо даъвои масъулони корхонаи "Сохтмон СТД" ба ҷавобгарӣ кашидааст. Ин ширкат иддао дорад, ки Қурбонова дар тақрибан 2-3 сотих замини ин корхона анбору ҳоҷатхона сохта ва онро худсарона аз худ намудааст ва бояд бозпас гирифта шавад.

Раиси пешини Додгоҳи ноҳияи Айнӣ 7 сол зиндонӣ шуд

Икром Ҷумъазода

Икром Ҷумъазода, раиси пешини Додгоҳи ноҳияи Айнии вилояти Суғд, бо ҷурми ришвагирӣ ба ҳафт соли зиндон маҳкум шудааст.

Дар ин бора Муҳаммад Мирзозода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Додгоҳи вилояти Суғд, рӯзи 14-уми феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Ӯ гуфт, ҳукми Ҷумъазодаро Додгоҳи олии Тоҷикистон содир кард.

Раиси пешини Додгоҳи ноҳияи Айнӣ тобистони соли гузашта аз тарафи маъмурони Оҷонси зидди фасод дастгир шуда буд. Мақомот ӯро дар ду ҳолат ба гирифтани тақрибан ҳаштсад доллар айбдор карданд. Аммо баъзе аз манобеъ маблағи ришваро 16 ҳазор доллар шумурда буданд.

Қарори барканории Икром Ҷумъазода рӯзи 30-юми июл аз мақоми раиси Додгоҳи ноҳияи Айнӣ содир шуд. Сабаби барканории ӯро раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон “содир намудани кирдоре” донист, ки “шаъну эътибори судяро паст мезанад”.

Масъалаи боздошти Икром Ҷумъазода баъди он доғ шуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз эҳтимоли озодӣ ваё бараъкс бад шудани вазъи саломатии ӯ дар СИЗО-и рақами дуи Хуҷанд хабарҳо паҳн шуд.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳоли Ҷумъазода баъди боздошт ва вақти бурдан ба Душанбе дар роҳ бад шуда, ба ҳолати "беҳушӣ" афтода буд. Баъдан ӯро дар бемористон табобат кардаанд.

“Ҳукми Икром Ҷумъазода мавриди иҷро қарор гирифтааст ва ҳоло ӯ дар зиндон адои ҷазо мекунад”, - гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси Додгоҳи вилояти Суғд.

Толибон: мулоқоти навбатӣ бо амрикоиҳо дар Покистон мегузарад

Ҳайати Амрикоро дар музокирот намояндаи расмии ин кишвар Залмай Халилзод раҳбарӣ мекунад

Толибон гуфтанд, ки рӯзи 18 феврал дар чаҳорчӯби музокироти сулҳи Афғонистон дар Покистон бо намояндаи ИМА дидору гуфтугӯ мекунанд, вале мақомоти Департаменти давлатӣ гуфтанд, ки ҳанӯз даъватномаи ширкат дар нишастро дастрас накардаанд. Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид рӯзи 13 феврал гуфт, ки мулоқоти онҳо дар Исломобод мегузарад ва дар ду ҳафтаи баъди ин, яъне 25 феврал, қарор аст дар Қатар, музокироти дуҷониба барпо шавад. “Дар ҳоле, ки мо эълони Толибонро шунидем, ҳанӯз барои ширкат дар ин нишаст даъватномаи расмӣ дарёфт накардем”, гуфт сухангӯи Департаменти давлатӣ.

Сухангӯи Толибон гуфт, ки ҷониби онҳо инчунин қарор аст бо нахуствазири Покистон Имрон Хон барои “баррасии фаротари равобити миёни Покистону Афғонистон” дидору гуфтугӯ кунанд. Музокироти сулҳи миёни ИМА ва Толибон дар моҳҳои охир бештар шудааст.

Нишасти Варшава: Фишор ба Эрон афзоиш ёбад

ИМА ва Исроил дар ҷараёни конфронси бахшида ба масоили Ховари Миёна дар Варшава талош доранд болои Эрон фишори бештар оваранд, вале дар Теҳрон ин нишастро як “сирк” унвон кардаанд. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео, муовини раиси ҷумҳур Майк Пенс ва нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу қарор аст дар рӯзи дуюми ин конфронс 14 феврал суханронӣ кунанд. Дар ин нишасти намояндагони 60 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.

Зимни суханронӣ дар остонаи шурӯи нишаст, Помпео гуфт, ки “бидуни муқовимат бо Эрон ҷаҳон наметавонад ба сулҳ дар Ховари Миёна даст ёбад”. Нетаняҳу шоми 13 феврал гуфт, ки намояндагони даҳҳо ҳукумат “дар як ҷо истода бо як қудрати бемисл, рӯшан ва муттаҳид зидди як таҳдиди умумии режими Эрон сӯҳбат мекунанд”.

Бо ин вуҷуд, бисёр кишварҳои аврупоӣ ба ин нишаст танҳо кормандони сатҳи поёни ҳукуматҳои худро фиристода, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могеринӣ аз ин нишаст канорагирӣ кард. Вашингтон ва муттафиқони аврупоиаш дар заминаи аз созиши ҳастаӣ бо Эрон берун шудани президент Доналд Трамп ва бозгардони таҳримҳои иқтисодӣ ихтилофи назар доранд. Иттиҳодияи Аврупо хостори ҳифзи ин санад аст ва мехоҳад, ки шарту шурути ҳосилшуда нигоҳ дошта шавад. Дар нишасти Варшава Русия, Чин ва ҳам фаластиниҳо ширкат намекунанд.

ВКД-и Тоҷикистон: "Соли гузашта 11 амали террористӣ ошкор шуд"

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки соли гузашта аз ҷониби мақомоти интизомӣ 298 тан аз аъзои тарафдорони гурӯҳҳои экстремистӣ боздошт шудаанд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 14-уми феврал зимни нишасти хабарии ин ниҳод ҳамчунин гуфт, ки соли гузашта аз сӯи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар 11 амали террористӣ ошкор ва тарроҳони онҳо дастгир карда шуданд. Ба гуфтаи генерал Раҳимзод 7-тои ин амалҳои террористиро кормандони ВКД ошкор карданд.

Рамазон Раҳимзода дар ин нишасти хабарӣ ҳамчунин хабар дод, ки дар натиҷаи корҳои таблиғотии мақомоти корҳои дохилӣ, соли гузашта 99 шаҳрвандони кишвар, ки дар муноқишаҳои кишварҳои хориҷӣ ширкат доштанд, ба Тоҷикистон оварда шуданд. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳимзода, дар маҷмӯъ давоми солҳои гузашта 188 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар муноқишаҳои кишварҳои хориҷ иштирок доштанд, ба кишвар баргардонида шуданд.

Баъди шикасти ДИИШ ва озод шудани манотиқи зиёде аз дасти онҳо, занону кӯдакони зиндамондаи тоҷик дар Ироқ дар зиндон ва дар Сурия дар паноҳгоҳҳои Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд. Ба ин ду кишвари ҷангзадаи Ховари Миёна наздики 1900 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон сафар кардаанд. Сарнавишти бештари онҳо маълум нест.

"Шаҳри бехатар" соли 2018 аз қонуншиканҳо беш аз 30 млн сомонӣ ҷамъ овард

Мақомоти маркази "Шаҳри бехатар" мегӯянд, ки дар соли 2018 аз ҳисоби ҷаримаҳои қонуншиканӣ дар роҳҳои Душанбе, беш аз 30 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст. Полковники милиса Иброҳим Раҳмонзода, рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарии вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, фақат дар якуним моҳи соли ҷорӣ беш аз 2 миллион сомонӣ аз ин ҳисоб ҷамъ карда шудааст.

Ин масъули маркази "Шаҳри бехатар" афзуд, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе 200 чорроҳа вуҷуд дорад дар 74 чорроҳа 855 камераҳои назоратӣ ва дигар камераҳои гузошта шудааст. Иброҳим Раҳмонзода айни замон гуфт, агар пиёдагардон ҳам қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нақз кунанд, ҷарима мешаванд. "Ин на бо воситаи камераҳо, балки аз тарафи нозирони роҳ боздошт ва ҷаримабандӣ мешаванд ва моддаи махсус оиди қоидаро вайрон кардан аз сӯи пиёдагардон вуҷуд дорад",-афзуд вай.

Раиси барканоршудаи Хадамоти амнияти Узбекистон боздошт шуд

Ихтиёр Абдуллоев

Раҳбари барканоршудаи Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон Ихтиёр Абдуллоеви 53-сола 11 феврал ба муҳлати як моҳ ба ҳабс гирифта шудааст.

Ба гуфтаи кормандони Хадамоти давлатии Узбекистон, дар ҳоли ҳозир Абдуллоев дар боздоштгоҳи муваққатии хадамот ба сар бурда, дар ин ҷо бозпурсӣ мешавад.

Пештар расонаҳои Узбекистон хабар доданд, ки Абдуллоев 8 феврал аз мақоми худ канор рафт. Гуфта шуд, ки тайи як соли ахир ӯ худро хуб ҳис намекард ва ду ҷарроҳиро пушти сар кардааст.

Вале як манбаъ дар ҳукумати Узбекистон 11 феврал гуфт, зидди Ихтиёр Абдуллоев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи як афсари Хадамоти амнияти давлатӣ, зидди Абдуллоев яке аз хешонаш Алишер Эшонхоҷаев баёнот додааст, ки ба ҳайси мушовири раҳбари хадамот кор мекард. Худи Эшонхоҷаев низ дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳ аст.

Як мансабдори наздик ба раҳбарияти Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон гуфт, Абдуллоев ва Эшонхоҷаев 11 феврал дар асоси баёноти собиқ муовини аввали раиси ХАД Ҷаҳонгир Эгамови 46-сола дастгир шуданд. Эгамов 11 январи соли равон боздошт шуда буд.

Афсари Хадамоти амнияти давлатӣ мегӯяд, фаъолияти Ихтиёр Абдуллоев тайи шаш моҳи ахир зери назорати сахт ҷараён мегирифт. Ба гуфтаи манбаъ, як бахши назоратро ронандаи худи ӯ анҷом медодааст. Раиси барканоршудаи ХАД Узбекистон дар ҳоли ҳозир ба "сӯистифода аз мақом" ва "гирифтану додани ришва" айбдор мешавад.

Манбаи наздик ба ҳукумати Узбекистон гуфт, аз 10 январ то 11 феврали соли равон ҳудуди 100 корманди ХАД боздошт шуда, зиддашон парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст. Ба гуфтаи ӯ, Ихтиёр Абдуллоев баъди он ба "ғазаб"-и президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гирифтор шуд, ки ошкор гашт, ХАД суҳбатҳои телефонии хонаводаи ӯро гӯш карда, аъзои ин хонадонро таҳти дидбонӣ қарор додааст.

Ҷузъиёти бозпурсии Муродалӣ Алимардон дар утоқи кориаш

Муродалӣ Алимардон

Мақомоти раёсати Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд ҷузъиёти бозпурсии Муродалӣ Алимардон, раиси “Агроинвестбонк”-ро ошкор карданд.

Карим Иброҳимзода, раиси намояндагии Оҷонсии зидди фасод, рӯзи 14-уми феврал гуфт, Алимардон дар робита ба парвандаи мудири корхонаи пахтатозакунӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди пурсиш қарор гирифт. “Бозпурсӣ дар утоқи кории Муродалӣ Алимардон гузашт”, - афзуд ӯ.

Ба қавли мақомот, Иброҳим Бобоҷонов – мудири корхонаи пахтатозакунӣ – аз соли 2011 то 2013 аз “Агроинвестбонк” барои тиҷорат беш аз даҳ миллион сомонӣ ва севуним миллион доллар гирифта, вале онро бо ин ҳадаф истифода накардааст. Балки маблағҳоро барои рӯйпӯш намудани қарзҳои қаблиаш боз ба худи “Агроинвестбонк” додааст.

Карим Иброҳимзода гуфт, “дар доираи тафтиши пешакии парванда Муродалӣ Алимардон ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ шуд. Дар натиҷаи таҳқиқи дурусти парванда ва ба роҳ мондани чорабиниҳои фаврӣ маблағи қарз барқарор карда шуд.”

Раёсати Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд хабар дод, ки Иброҳим Бобоҷонов баъди барқарор кардани маблағи қарз афв шудааст.

Муродалӣ Алимардон соли 2015, дар оғози бӯҳрони бонкӣ, раиси “Агроинвесбонк” таъйин шуд. Ӯ дар гузашта дар мақоми муовини нахуствазир ва раиси Бонки Миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Дар Тоҷикистон 19 нафар ба ҳайси афроди бехонаву дар ба қайд гирифта шудаанд. ВИДЕО

Сарварбӣ Шарипова, як зани бехона дар Кӯлоб

Дар Тоҷикистоне, ки беш аз 9 миллион аҳолӣ дорад, бар асоси омори расмӣ ҳамагӣ 19 нафари бехонаву дар сабти ном шудаанд. Ин рақамро Гулнора Ҳасанзода, раиси оҷонсии омори Тоҷикистон рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарии ин ниҳод эълон кард.

Вай гуфт, 19 нафаре ки ҳамчун афроди бехонаву дар қайд шудаанд, дар ҷараёни барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 муайян шуда, аз он замон то кунун ин омор такмил ё иваз нашудааст.

Ҳасанзода мегӯяд, ин нафарон онҳое ҳастанд, ки дар куча ё хиёбонҳо зиндагӣ карда расман манзили зист надоранд. Ба гуфтаи ин масъулин, қарор аст омори ахир ва мушаххас дар маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2020 дақиқ шавад. Мақомот мегӯянд, ки сабти номи ин афрод ба унвони бехонаву дар ё бомж (гирифташуда аз истилоҳи русии "без определенного места жительства") баъди он имконпазир шуд, ки ин нафарон аз сӯҳбат бо кормандони барӯйхатгирии аҳолӣ эътироф карданд, ки дар кӯчаву хиёбон зиндагӣ мекунанд ва дар ҷое қайди расмӣ надоранд.

Апаи Сарварбӣ дар кӯча ба сар мебарад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:04 0:00

Мақомоти оҷонсии омор мегӯянд, ки шумори дурусти ин гурӯҳ дар маъракаи соли 2020-и барӯйхатгирии аҳолӣ санҷида мешавад.

Омори мазкур, ки дар нишасти хабарии мақомоти омор садо дод, мавриди шубҳаи хабарнигорон шуд, ки аз мушкил будани вазъи иқтисодӣ, гарон будани манзил дар кишвар ва ҳам баланд будани сатҳи бекорӣ ҳамарӯза гузоришҳо менависанд. Дар нуқоти мухталифи Душанбе маҳаллаҳое вуҷуд дорад, ки дар он афроди бехонаву дар ба таври гурӯҳӣ ваё дар канори ҳам ба сар мебаранд ва мегӯянд, асосан аз роҳи талбандагӣ ваё кӯмаки афроди хайрхоҳ нони ҳамарӯзаашонро дарёфт мекунанд.

Дар Душанбе ба панҷ бомж ҷои кору сарпаноҳ доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Русия, Чин ва Қазоқистон шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон номбар шуданд

Бар асоси омории расмӣ, дар соли 2018 гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар як соли гузашта 4222,9 миллион долларро ташкил додааст, ки ин рақам дар қиёс ба соли 2017 - 250 миллион доллар зиёд будааст. Гулнора Ҳасанзода, раиси оҷонсии омори Тоҷикистон рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, дар ин муддат Тоҷикистон ба маблағи 1073,3 миллион доллар мол содир кардааст.

Воридоти мол 3149,6 миллион доллар будааст. Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми содироти мол коҳиш ва аммо ҳаҷми воридот афзоиш ёфтааст. Ҳасанзода гуфт, Тоҷикистон бо 100 кишвари хориҷи дур ва бо 10 кишвари узви ҷомеаи Муштаракулманофеъ муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Мувофиқи маълумоти оҷонси омори Тоҷикистон, Русия бо 30 дарсади ҳаҷми умумии содироти мол ба ин кишвар шарики рақами яки тиҷоратии Тоҷикистон аст. Чин бинобар арзон ва рақобатпазир будани молҳояш дар Тоҷикистон харидори зиёд дошта ва 19 дарсади савдои хориҷи Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд. Қазоқистон бо 18 дарсад севвумин шарики тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Нонфурӯшҳои Ишқободро маҷбур доранд, нархро поин баранд

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон мақомот нонфурӯшҳоро низ маҷбур доранд, ки нонро бо нархи муайянкардаи давлат фурӯшанд.

Ба гуфтаи хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ, ҳафтаи гузашта дар растаи бозорҳои "Теке" ва "Алемгошар"-и Ишқобод эъломномаҳое пайдо шуданд, ки нархи нонро нишон медиҳанд.

"Дар онҳо нархи нон бо имзо ва муҳри раҳбарияти бозор нишон дода шудааст. Маъмурияти бозор ва масъулони шаҳрдорӣ ба фурӯшандаҳо ҳушдор доданд, ки агар нонро аз 1 манат гарон фурӯшанд, аз ҷой маҳрум ва 400 манат (114 доллар) ҷарима хоҳанд шуд", - иттилоъ дод хабарнигор 11 феврал.

Дар бозорҳои пойтахти Туркманистон нархи як нони одии 500-граммӣ 3 манат ва нони бо шир 5 манат аст. Ба гуфтаи фурӯшандаҳо, фурӯхтани нон бо нархи муайянкардаи мақомот -- 1 манат барояшон зиёновар аст.

"Ҳоло пайдо кардани орди истеҳсоли Туркманистон хеле мушкил шудааст. Агар пайдо ҳам шавад, бо он танҳо нон пухта намешавад. Онро касе намехарад. Бинобар ин, маҷбурем, орди воридотӣ низ илова кунем. Як кило орди истеҳсоли Русия 12 манат аст. Ҳамчунин барои ҳар як метри раста рӯзона се манат медиҳем", - гуфт як нонпази туркман.

Хабарнигор мегӯяд, дар пайи талаботи ахири шаҳрдории Ишқобод бештари растаҳои нонфурӯшии бозорҳо холӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли яхдонҳои узбекӣ сохта мешавад

Узбекистон ният дорад, дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли яхдонҳои "Артел" созад. Дар ин бора рӯзи 12-уми феврал раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир масъалаи таъсиси корхона дар Душанбе баррасӣ мешавад. Ҳамрализода гуфт, маҳсулоти ширкати "Артел", ки чанд сол пеш вориди бозори Тоҷикистон шуд, харидори зиёде пайдо кард.

Раиси кумитаи сармоягузории Тоҷикистон мегӯяд, сармоягузорони Узбекистон бештар ба бахши кишоварзӣ ва мурғпарварӣ таваҷҷуҳ доранд.

Ин дар ҳолест, ки моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Ӯши Қирғизистон корхонаи муштараки ӯзбекиву қирғизии "Артел" таъсис шуд. "Артел" дар шаҳри Ӯш мошинҳои ҷомашӯӣ истеҳсол мекунад.

Дар ҳамлаи интиҳорӣ дар Эрон дастикам 27 нафар кушта шуд

Бино ба гузоришҳо аз Эрон, дар ҳамлаи интиҳорӣ дар вилояти Сиистон ва Балуҷистон дастикам 27 узви Сипоҳи посдорони инқилоб кушта шудаанд. Ҳодиса рӯзи 13-уми феврал рух дод.

Бино ба гузоршиҳо аз Эрон, инфиҷор дар канори мусофирбаре иттифоқ афтодааст, ки коркунони Сипоҳро мекашонд.

Қароргоҳи қудси сипоҳи посдорон гуфт, сарнишинони мусофирбар нерӯҳое буданд, ки пас аз анҷоми маъмурияти марзбонӣ бармегаштанд. Онҳо дар ҷодаи Хош-Зоҳидон ҳадафи ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифтаанд. Ин манбаъ мегӯяд, ҳамлаи интиҳорӣ бо истифода аз худрави пур аз маводи тарканда сурат гирифтааст.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Ҷайш-ул-адл” бар дӯш гирифтааст. Ин гуруҳ тайи тақрибан се соҳи охир дар се ҳамла даст доштани худро эълон кард.

Рӯзи 29-уми январи имсол дар натиҷаи бомбгузорӣ дар Зоҳидон, маркази вилояти Сиистон, се маъмури пулис захмӣ шуда буданд. Моҳи декабри соли гузашта низ дар натиҷаи инфиҷор дар Чобаҳори Сиистон ду корманди пулис кушта ва 42 тани дигар захмӣ шуданд.

Дар вилояти Сиистон ва Балуҷистон асосан мусалмонони пайрави мазҳаби суннӣ зиндагӣ мекунанд.

Пирӯзии наврасони тоҷик дар озмуни ҷаҳонии нанотехнология

Хурсанд Ёров

Дар озмуни байналмилалии нанотехнология, ки ба шакли ғоибона ва миёни беш аз 8 ҳазор толибилм аз 28 кишвари дунё баргузор шуд, Тоҷикистонро гурӯҳе аз хонандагони гимназияи Тоҷикистону Русия “Ҳотам П. В” намояндагӣ кард.

Далер Пиров, хонандаи синфи 10-и ин мактаб, дар озмун мақоми аввалро касб намуда, хонандагони синфҳои 8 ва 11 Яҳё Шамсиева, Темур Саломатшоев, Фараҳманд Ҳасанов, Муҳаммадҷон Камолиддинзода, Саидансор Саидаҳтамов, Мурод Абдураҳим, Иброҳим Саидов ва Каёнуш Рустамзода натиҷаҳои хуб ба даст оварданд.

Хонандагони тоҷик бо ғолибият дар бахши ғоибонаи озмун ба даври ниҳоии он, ки қарор аст дар Русия баргузор шавад, роҳ ёфтанд.

Ин бори аввал нест, ки исми хонандагони мактаби “Ҳотам ПВ” дар феҳрасти беҳтарин нанотехнологҳои наврас қарор мегирад. Баҳори соли гузашта ҳам гурӯҳе аз хонандагони ин мактаб дар дар озмуни байналмилаллии илмҳои нанотехнология ширкат намуданд ва Далер Пиров ҳам он замон ғолиб эълон шуда буд.

Нахустин ғолибиятро аз озмуни ҷаҳонии ин илми муосиру мураккаб соли 2008 Хурсанд Ёров, хатмкардаи литсей-интернати «Ҳотам ПВ» барои Тоҷикистон оварда буд. Ӯ байни намояндаҳои 20 кишвар ғолиб дониста шуд. Ин озмун ба таври онлайн баргузор шуда буд ва Хурсанд он замон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки мустақилона тариқи интернет ба омӯзиши ин илми муосир пардохтааст.

Нанотехнология маънои тағйири хосияти ҷинсҳоро дорад ва хусусияти муҳимаш дар он аст, ки ҳар чиз ё маводро дар хурдтарин ҳаҷм мавриди омӯзиш ва истифода қарор медиҳад

Дар Варшава конфронси Ховари Миёна ҷараён дорад

Дар конфронси калоне дар Варшава, ки ба масоили Ховари Миёна бахшида шуда, ташкилкунандааш ИМА мебошад, Эрон дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Теҳронро дар амалҳои душманона гунаҳгор карда дар паёмадҳои номатлуби рафтораш ҳушдор доданд. Майк Помпео, котиби давлатии ИМА ва вазири хориҷаи Полша Ясек Чапутович раҳбарии ин конфронси байналмилалиро ба ӯҳда доранд, ки ду рӯз идома мекунад. Дар он намояндагони 60 кишвар ширкат мекунанд. Дар нишаст инчунин муовини президенти Амрико Майк Пенс ва нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ширкат доранд.

Ҳалокати як корманди ширкати IRS дар зери тарма

Як ронандаи мошини пуриқтидори пок кардани роҳҳо аз барф дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ шоми 13-уми феврал дар зери тарма монда ва ба ҳалокат расидааст.

Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса дар километри 65-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ иттифоқ афтод. "Ронанда Туғён Умаров, сокини 65-солаи деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб ҳангоми пок кардани роҳ зери тарма монд", - афзуд ӯ.

Ба қавли Далери Абдулло, айни замон ҷасади Туғён Умаров аз қаъри дара берун оварда шуда, ба манзилаш интиқол ёфт.

Ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки аз шаби гузашта дар ағбаҳои Анзоб ва Шаҳристон беист барф меборад ва ҳаракат дар ин масир қатъ шудааст. Шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ аз масирҳои душворгузар дар фасли зимистон ба шумор меравад ва соли 2017 дар ин масир чандин нафар зери тарма монда ва ҷон бохта буданд.

Аз аввали имсол дар минтақаҳои Тоҷикистон беш аз ҳолати тармафароӣ сабт шудааст, ки дар натиҷаи он 9 нафар ҷон бохта, ҷустуҷӯи ҷасади як нафар дар ҷамоати Шинги шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҳанӯз идома дорад.

Кори ду комиссиюни интихоботии Афғонистон мавриди таҳқиқ қарор гирифт

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки аз рӯи иттиҳоми сӯиистифода шудани мақоми аъзои ду коммиссиюни интихоботии ин кишвар дар ҷараёни интихоботи сартосарии соли гузашта таҳқиқот шурӯъ шудааст. Додситонии кулли Афғонистон рӯзи 12 феврал гуфт, ки дар паи ин иттиҳомот 12 узви Комиссиюни мустақили интихоботӣ ва ҳам Комиссиюни мустақили шикоятҳои интихоботӣ аз мақомҳояшон барканор шуданд. Ба мақомдорони собиқ инчунин амр шуд, ки кишварро тарк накунанд.

Дар паи интихоботи моҳи октябри порсол мақомоти интихоботӣ шадидан мавриди интиқод қарор гирифтанд ва дар миёни ин танқидҳо муассирии ками кори онҳо, набуди кормандони интихоботӣ дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ ва ҳам набуди маводи интихоботӣ зикр мешуд. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 15 вилоят ҳанӯз эълон нашудааст. Ин таҳаввулот дар остонаи интихоботи президентии Афғонистон сурат мегирад, ки моҳи июл барпо хоҳад шуд.

Рӯзи 12 феврал дафтари президенти Афғонистон эълон кард, ки ҳамаи аъзои ин ду комиссиюн ба хотири тағйирот дар қонун аз мақомҳояшон озод мешаванд. Ва ин дар ҳоле буд, ки 11 феврал Комиссиюни мустақили интихоботҳо ҳукумати Афғонистонро дар мудохила ба ҷараёни интихоботҳо гунаҳгор кард.

Президенти собиқи Арманистон дар порагирӣ гумонбар мешавад

Муфаттишон дар Арманистон нисбати президенти собиқи ин кишвар Роберт Кочарян парвандаи наве дар робита бо фасодкорӣ боз кардаанд. Дар гузашта Кочарян барои нақзи низоми конститутсионӣ гумонбар шуда буд. Арам Орбелян, вакили дифои Кочарян рӯзи 12 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар иттиҳоми нав гуфта мешавад, ки як соҳибкорзан бо номи Силва Ҳамбартсумян маҷбур шудааст ба як вазири Арманистон пора диҳад. Вакили дифоъ аз ин беш сӯҳбат накард.

Худи Ҳамбартсумян моҳи октябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки соли 2008 маҷбур шудааст ба вазири он замон экологияи Арманистон Арам Ҳарутсунян ба андозаи 14 миллион доллар пора диҳад. Моҳи январ додгоҳе дар Ереван ба ҳабси Ҳарутсунян амр кард, вале макони будубоши вазири собиқи ҳукумаи зери раҳбарии Кочарян маълум нест. Кочарян бори аввал моҳи июли порсол барои истифодаи нирӯ алайҳи эътирозгарони мухолифин дар давоми ҳукмронии даҳсолааш дар солҳои 1998 то 2008 гумонбар дониста шуд. Ӯро баъди он боздошт карданд, ки раҳбари мухолифин Никол Пашинян дар паи эътирозҳои хиёбонии мардум моҳи май ба мақоми нахуствазирӣ интихоб шуд.

Дар ятимхонаҳои Узбекистон дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Kyrgyzstan - video camera 1

Дар ятимхонаҳои Узбекистон то 1 июни соли 2019 дурбинҳои наворбардорӣ насб мешавад.

Президенти ин кишвар 11 феврал фармон "Дар бораи чораҳои иловагии тақвияти ҳифзи иҷтимоии кӯдакони ятим"-ро имзо кард. Дар асоси ин фармон, вазорати маорифи халқӣ вазифадор шудааст, ки дар ятимхонаҳо дурбини наворбардорӣ насб кунад.

Расонаҳо дар бораи хушунат дар ятимхонаҳои Узбекистон дар гузашта борҳо гузориш доданд.

Фармони президенти он кишвар ҳамзамон афзоиши маоши омӯзгорону мураббиён ва кумакпулӣ ба тарбиятгирандагони ятимхонаҳоро дар назар дорад.

ИА ва СММ аз Маскав хостанд, дар Донбасс низоъ наангезад

Фаронса, Олмон, Бритониё, Белгия ва Лаҳистон аз Русия даъват карданд, ки низоъандозӣ, пуштибонии молӣ ва низомии ҷудоихоҳонро дар шарқи Украина қатъ кунад.

Кишварҳои Аврупо то кунун зидди ғасби Қрим аз сӯи Русия ҳастанд. Амалкарди Маскав истиқлол ва ягонагии марзии Украинаро вайрон ва суботи дунёро халалдор мекунад. Дар ин бора дар изҳороти муштараки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо зикр шудааст. Чунин изҳорот дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ бахшида ба вазъи Украина қабул гардид.

СММ ҳамзамон созишномаи Минскро дар бораи танзими низоъи Донбасс бенатиҷа эътироф кард. Мирослав Енча, ёвари дабири кулли СММ гуфт, созишномае, ки чаҳор сол пеш қабул гардида буд, "қисми бештараш иҷро нашудааст". Низоъи мазкур "дар қалби Аврупо" хуфта ё дар ҳолати таваққуф нест, балки қурбонӣ гирифтанро идома медиҳад, гуфт Енча.

Сар аз соли 2014 ба ин тараф дар низоъи шарқи Украина бештар аз 3 ҳазор сокини осоишта кушта шудааст. Дар маҷмуъ дар ин низоъ на камтар аз 9 ҳазор зиён дидааст. 1,5 миллион сокини вилоятҳои Луганск ва Донетск гуреза шудаанд.

Қарзи давлатии Амрико аз марзи 22 триллион доллар гузашт

Ҳаҷми қарзи давлатии ИМА бори аввал дар таърихи ин кишвар аз марзи 22 триллион доллар гузашт. Аз замони сари қудрат омадани президент Доналд Трамп қарзи ин кишвар бештар аз 2 триллион доллар афзудааст.

Ҳаҷми қарзи давлатӣ баъди он рӯ ба афзоиш ниҳод, ки дар моҳи декабри соли 2017 бо ташаббуси Трамп ислоҳоти андоз рӯи даст гирифта шуд. Дар натиҷа буҷаи федеролӣ 1,5 триллион долларро ҷамъ оварда натавонист. Қонуни афзоиши харҷи низомӣ ва эҳтиёҷҳои дохилӣ низ ба бештар шудани қарзи давлатӣ таъсир расонидаанд.

Қарзи давлатии ИМА аз ҳисоби ҳаҷми солонаи касри буҷаи федеролии ин кишвар ташкил мешавад. Бино ба таҳлилҳои Раёсати буҷаи Конгресси Амрико, дар соли 2019 касри буҷа 897 миллиард долларро дар бар хоҳад гирифт. Ин нишондод нисбати соли гузашта 15 дарсад зиёд аст. Ба ҷуз ин, бино ба таҳлили раёсати мазкур, ҳаҷми касри буҷа ҳамасола боло рафта, дар соли 2022 ба 1 триллион доллар хоҳад расид.

Кохи сафед тасдиқ мекунад, ки ислоҳоти нави андоз фоидаовар хоҳад буд, зеро ин ислоҳот бояд ба рушди иқтисод мусоидат кунад. Аммо иқтисоддонон ақидаи мазкурро ҷонибдорӣ намекунанд.

Дар ҷануби Қирғизистон баргузории тӯйро маҳдуд мекунанд

Ҳукумати вилояти Бодканди Қирғизистон бо таҳияи қоидаҳое мехоҳад, баргузории тӯйю маъракаҳоро дар ин минтақа ба танзим дарорад. Таҳиягарони қоидаҳо мегӯянд, ҳадафи онҳо коҳиши харҷи сокинон ба тӯйю маросимҳо аст.

Дар ҳукумати Бодканд гуфтанд, танзими тӯйю маросимҳо пешниҳоди як гуруҳ аз сокинони деҳаи Оқ-Турпоқи ноҳияи Қадамҷой аст. Дар ин деҳа соли гузашта чунин қоида ҷорӣ шуда ва натиҷаи хубе ҳам овардааст. Сокинони деҳа пешниҳод кардаанд, ки ин таҷриба дар саросари ноҳия амалӣ шавад. Вале раҳбарияти Бодканд тасмим гирифтааст, ки онро дар тамоми вилоят ҷорӣ намояд. Қоидаҳои баргузории тӯйю маъракаҳо пас аз таҳия мавриди баррасии ом қарор хоҳанд гирифт.

Бино ба омори ғайрирасмӣ, дар вилояти Бодканд солона ба ҷуз аз маросими ҷанозаву азодорӣ, беш аз 6 ҳазор тӯйю маърака баргузор мешавад. Иқтисодшиносони маҳаллӣ мегӯянд, сокинон ба ин маросимҳо беш аз 4 миллиард сом (ҳудуди 57 миллион доллар) харҷ мекунанд.

Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Қирғизистон соли 2018 озмуни беҳтарин шеваи баргузор кардани тӯйро эълом карда буд. Ҳадафи озмун гузаронидани суру маросимҳои хурсандӣ дар асоси беҳтарин намунаҳои таҷрибаи ҷаҳонӣ ва пешгирӣ аз харҷҳои зиёдатӣ гуфта шуд.

Тоҷикистон қасд дорад, ки барқро ба Узбекистон гаронтар фурӯшад

Тоҷикистон ба Узбекистон пешниҳод кардааст, ки имсол барои истифодаи барқ маблағи бештар пардохт кунад. Рустам Маҷидзода, сардори бахши молияи "Барқи тоҷик" рӯзи 13-уми феврал дар нишастии хабарии ин ниҳод гуфт, ки "мо ҳоло ба Узбекистон як киловатт-соат барқро ба нархи 2 сент мефурӯшем."

Аммо ин масъули ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, ки имсол ба Узбекистон нархи баландтареро барои пардохти истифодаи барқ пешниҳод карданд. Рустам Маҷидзода мушаххас нагуфт, ки нархи пешниҳодии онҳо чӣ қадар аст, аммо таъкид намуд, ки он назар ба нархи қаблӣ бештар аст.

Ба гуфтаи ин масъули ширкати "Барқи тоҷик", дар бораи нархи интиқоли барқи имсол, то ҳанӯз бо Узбекистон ба тавофуқ нарасидаанд. Вай афзуд, ҳадаф аз пешниҳод кардани нархи баландтар, ин афзоиш додани даромади "Барқи тоҷик" ва беҳбуд бахшидан ба вазъи энержии кишвар мебошад.

Ҳоло Тоҷикистон аз ҳама бештар ба Афғонистон ва Узбекистон барқ содир мекунад. Қимати барқи содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон сар ҳар киловатт-соат 4 сентро ташкил медиҳад.

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати Барқи тоҷик гуфт, онҳо бо Узбекистон дигар барқро иваз намекунанд (бартер), балки танҳо ба ин кишвар барқ мефӯрушанд. Солҳои қабл Тоҷикистон ба Узбекистон дар фасли тобистон барқ дода, дар фасли зимистон аз ин кишвар барқ мегирифт.

Асозода: Иддаои Талко дар бораи дегҳои алюминий исбот нашуд

Мақомоти "Барқи Тоҷик" гуфтанд, ки иддаои Талко – корхонаи алюминиюми Тоҷикистон – дар бораи бо айби ин ширкат аз кор мондани дегҳои алюминий "исботи худро наёфт".

Дар пайи қатъи интиқоли саросарии барқ дар соли 2016 чанд деги корхонаи Талко аз кор монд. Ширкат қаблан гуфта буд, аз кор мондани дегҳои алюминий бо айби барқ сурат гирифтааст.

Маҳмадумар Асозода, муовини аввали раиси "Барқи Тоҷик", рӯзи 13-уми феврал гуфт, "ин даъво исботи худро наёфт, чун ширкати "Барқи Тоҷик" дар вақти муқарраршуда садамаро бартараф кард".

Бо ин ҳама, масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" мегӯянд, қарзи ширкати Талко аз ҳаққи истифодаи барқ наздик ба 400 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ба қавли масъулони ширкат, Талко феълан дар шабонарӯз 7 миллион киловат соат барқ истифода мебарад.

Ёфтҳои бештар

ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG