Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Дар ҳамлаи интиҳорӣ дар Эрон дастикам 27 нафар кушта шуд

Бино ба гузоришҳо аз Эрон, дар ҳамлаи интиҳорӣ дар вилояти Сиистон ва Балуҷистон дастикам 27 узви Сипоҳи посдорони инқилоб кушта шудаанд. Ҳодиса рӯзи 13-уми феврал рух дод.

Бино ба гузоршиҳо аз Эрон, инфиҷор дар канори мусофирбаре иттифоқ афтодааст, ки коркунони Сипоҳро мекашонд.

Қароргоҳи қудси сипоҳи посдорон гуфт, сарнишинони мусофирбар нерӯҳое буданд, ки пас аз анҷоми маъмурияти марзбонӣ бармегаштанд. Онҳо дар ҷодаи Хош-Зоҳидон ҳадафи ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифтаанд. Ин манбаъ мегӯяд, ҳамлаи интиҳорӣ бо истифода аз худрави пур аз маводи тарканда сурат гирифтааст.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Ҷайш-ул-адл” бар дӯш гирифтааст. Ин гуруҳ тайи тақрибан се соҳи охир дар се ҳамла даст доштани худро эълон кард.

Рӯзи 29-уми январи имсол дар натиҷаи бомбгузорӣ дар Зоҳидон, маркази вилояти Сиистон, се маъмури пулис захмӣ шуда буданд. Моҳи декабри соли гузашта низ дар натиҷаи инфиҷор дар Чобаҳори Сиистон ду корманди пулис кушта ва 42 тани дигар захмӣ шуданд.

Дар вилояти Сиистон ва Балуҷистон асосан мусалмонони пайрави мазҳаби суннӣ зиндагӣ мекунанд.

Пирӯзии наврасони тоҷик дар озмуни ҷаҳонии нанотехнология

Хурсанд Ёров

Дар озмуни байналмилалии нанотехнология, ки ба шакли ғоибона ва миёни беш аз 8 ҳазор толибилм аз 28 кишвари дунё баргузор шуд, Тоҷикистонро гурӯҳе аз хонандагони гимназияи Тоҷикистону Русия “Ҳотам П. В” намояндагӣ кард.

Далер Пиров, хонандаи синфи 10-и ин мактаб, дар озмун мақоми аввалро касб намуда, хонандагони синфҳои 8 ва 11 Яҳё Шамсиева, Темур Саломатшоев, Фараҳманд Ҳасанов, Муҳаммадҷон Камолиддинзода, Саидансор Саидаҳтамов, Мурод Абдураҳим, Иброҳим Саидов ва Каёнуш Рустамзода натиҷаҳои хуб ба даст оварданд.

Хонандагони тоҷик бо ғолибият дар бахши ғоибонаи озмун ба даври ниҳоии он, ки қарор аст дар Русия баргузор шавад, роҳ ёфтанд.

Ин бори аввал нест, ки исми хонандагони мактаби “Ҳотам ПВ” дар феҳрасти беҳтарин нанотехнологҳои наврас қарор мегирад. Баҳори соли гузашта ҳам гурӯҳе аз хонандагони ин мактаб дар дар озмуни байналмилаллии илмҳои нанотехнология ширкат намуданд ва Далер Пиров ҳам он замон ғолиб эълон шуда буд.

Нахустин ғолибиятро аз озмуни ҷаҳонии ин илми муосиру мураккаб соли 2008 Хурсанд Ёров, хатмкардаи литсей-интернати «Ҳотам ПВ» барои Тоҷикистон оварда буд. Ӯ байни намояндаҳои 20 кишвар ғолиб дониста шуд. Ин озмун ба таври онлайн баргузор шуда буд ва Хурсанд он замон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки мустақилона тариқи интернет ба омӯзиши ин илми муосир пардохтааст.

Нанотехнология маънои тағйири хосияти ҷинсҳоро дорад ва хусусияти муҳимаш дар он аст, ки ҳар чиз ё маводро дар хурдтарин ҳаҷм мавриди омӯзиш ва истифода қарор медиҳад

Дар Варшава конфронси Ховари Миёна ҷараён дорад

Дар конфронси калоне дар Варшава, ки ба масоили Ховари Миёна бахшида шуда, ташкилкунандааш ИМА мебошад, Эрон дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Теҳронро дар амалҳои душманона гунаҳгор карда дар паёмадҳои номатлуби рафтораш ҳушдор доданд. Майк Помпео, котиби давлатии ИМА ва вазири хориҷаи Полша Ясек Чапутович раҳбарии ин конфронси байналмилалиро ба ӯҳда доранд, ки ду рӯз идома мекунад. Дар он намояндагони 60 кишвар ширкат мекунанд. Дар нишаст инчунин муовини президенти Амрико Майк Пенс ва нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ширкат доранд.

Ҳалокати як корманди ширкати IRS дар зери тарма

Як ронандаи мошини пуриқтидори пок кардани роҳҳо аз барф дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ шоми 13-уми феврал дар зери тарма монда ва ба ҳалокат расидааст.

Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса дар километри 65-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ иттифоқ афтод. "Ронанда Туғён Умаров, сокини 65-солаи деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб ҳангоми пок кардани роҳ зери тарма монд", - афзуд ӯ.

Ба қавли Далери Абдулло, айни замон ҷасади Туғён Умаров аз қаъри дара берун оварда шуда, ба манзилаш интиқол ёфт.

Ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки аз шаби гузашта дар ағбаҳои Анзоб ва Шаҳристон беист барф меборад ва ҳаракат дар ин масир қатъ шудааст. Шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ аз масирҳои душворгузар дар фасли зимистон ба шумор меравад ва соли 2017 дар ин масир чандин нафар зери тарма монда ва ҷон бохта буданд.

Аз аввали имсол дар минтақаҳои Тоҷикистон беш аз ҳолати тармафароӣ сабт шудааст, ки дар натиҷаи он 9 нафар ҷон бохта, ҷустуҷӯи ҷасади як нафар дар ҷамоати Шинги шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҳанӯз идома дорад.

Кори ду комиссиюни интихоботии Афғонистон мавриди таҳқиқ қарор гирифт

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки аз рӯи иттиҳоми сӯиистифода шудани мақоми аъзои ду коммиссиюни интихоботии ин кишвар дар ҷараёни интихоботи сартосарии соли гузашта таҳқиқот шурӯъ шудааст. Додситонии кулли Афғонистон рӯзи 12 феврал гуфт, ки дар паи ин иттиҳомот 12 узви Комиссиюни мустақили интихоботӣ ва ҳам Комиссиюни мустақили шикоятҳои интихоботӣ аз мақомҳояшон барканор шуданд. Ба мақомдорони собиқ инчунин амр шуд, ки кишварро тарк накунанд.

Дар паи интихоботи моҳи октябри порсол мақомоти интихоботӣ шадидан мавриди интиқод қарор гирифтанд ва дар миёни ин танқидҳо муассирии ками кори онҳо, набуди кормандони интихоботӣ дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ ва ҳам набуди маводи интихоботӣ зикр мешуд. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 15 вилоят ҳанӯз эълон нашудааст. Ин таҳаввулот дар остонаи интихоботи президентии Афғонистон сурат мегирад, ки моҳи июл барпо хоҳад шуд.

Рӯзи 12 феврал дафтари президенти Афғонистон эълон кард, ки ҳамаи аъзои ин ду комиссиюн ба хотири тағйирот дар қонун аз мақомҳояшон озод мешаванд. Ва ин дар ҳоле буд, ки 11 феврал Комиссиюни мустақили интихоботҳо ҳукумати Афғонистонро дар мудохила ба ҷараёни интихоботҳо гунаҳгор кард.

Президенти собиқи Арманистон дар порагирӣ гумонбар мешавад

Муфаттишон дар Арманистон нисбати президенти собиқи ин кишвар Роберт Кочарян парвандаи наве дар робита бо фасодкорӣ боз кардаанд. Дар гузашта Кочарян барои нақзи низоми конститутсионӣ гумонбар шуда буд. Арам Орбелян, вакили дифои Кочарян рӯзи 12 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар иттиҳоми нав гуфта мешавад, ки як соҳибкорзан бо номи Силва Ҳамбартсумян маҷбур шудааст ба як вазири Арманистон пора диҳад. Вакили дифоъ аз ин беш сӯҳбат накард.

Худи Ҳамбартсумян моҳи октябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки соли 2008 маҷбур шудааст ба вазири он замон экологияи Арманистон Арам Ҳарутсунян ба андозаи 14 миллион доллар пора диҳад. Моҳи январ додгоҳе дар Ереван ба ҳабси Ҳарутсунян амр кард, вале макони будубоши вазири собиқи ҳукумаи зери раҳбарии Кочарян маълум нест. Кочарян бори аввал моҳи июли порсол барои истифодаи нирӯ алайҳи эътирозгарони мухолифин дар давоми ҳукмронии даҳсолааш дар солҳои 1998 то 2008 гумонбар дониста шуд. Ӯро баъди он боздошт карданд, ки раҳбари мухолифин Никол Пашинян дар паи эътирозҳои хиёбонии мардум моҳи май ба мақоми нахуствазирӣ интихоб шуд.

Дар ятимхонаҳои Узбекистон дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Kyrgyzstan - video camera 1

Дар ятимхонаҳои Узбекистон то 1 июни соли 2019 дурбинҳои наворбардорӣ насб мешавад.

Президенти ин кишвар 11 феврал фармон "Дар бораи чораҳои иловагии тақвияти ҳифзи иҷтимоии кӯдакони ятим"-ро имзо кард. Дар асоси ин фармон, вазорати маорифи халқӣ вазифадор шудааст, ки дар ятимхонаҳо дурбини наворбардорӣ насб кунад.

Расонаҳо дар бораи хушунат дар ятимхонаҳои Узбекистон дар гузашта борҳо гузориш доданд.

Фармони президенти он кишвар ҳамзамон афзоиши маоши омӯзгорону мураббиён ва кумакпулӣ ба тарбиятгирандагони ятимхонаҳоро дар назар дорад.

ИА ва СММ аз Маскав хостанд, дар Донбасс низоъ наангезад

Фаронса, Олмон, Бритониё, Белгия ва Лаҳистон аз Русия даъват карданд, ки низоъандозӣ, пуштибонии молӣ ва низомии ҷудоихоҳонро дар шарқи Украина қатъ кунад.

Кишварҳои Аврупо то кунун зидди ғасби Қрим аз сӯи Русия ҳастанд. Амалкарди Маскав истиқлол ва ягонагии марзии Украинаро вайрон ва суботи дунёро халалдор мекунад. Дар ин бора дар изҳороти муштараки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо зикр шудааст. Чунин изҳорот дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ бахшида ба вазъи Украина қабул гардид.

СММ ҳамзамон созишномаи Минскро дар бораи танзими низоъи Донбасс бенатиҷа эътироф кард. Мирослав Енча, ёвари дабири кулли СММ гуфт, созишномае, ки чаҳор сол пеш қабул гардида буд, "қисми бештараш иҷро нашудааст". Низоъи мазкур "дар қалби Аврупо" хуфта ё дар ҳолати таваққуф нест, балки қурбонӣ гирифтанро идома медиҳад, гуфт Енча.

Сар аз соли 2014 ба ин тараф дар низоъи шарқи Украина бештар аз 3 ҳазор сокини осоишта кушта шудааст. Дар маҷмуъ дар ин низоъ на камтар аз 9 ҳазор зиён дидааст. 1,5 миллион сокини вилоятҳои Луганск ва Донетск гуреза шудаанд.

Қарзи давлатии Амрико аз марзи 22 триллион доллар гузашт

Ҳаҷми қарзи давлатии ИМА бори аввал дар таърихи ин кишвар аз марзи 22 триллион доллар гузашт. Аз замони сари қудрат омадани президент Доналд Трамп қарзи ин кишвар бештар аз 2 триллион доллар афзудааст.

Ҳаҷми қарзи давлатӣ баъди он рӯ ба афзоиш ниҳод, ки дар моҳи декабри соли 2017 бо ташаббуси Трамп ислоҳоти андоз рӯи даст гирифта шуд. Дар натиҷа буҷаи федеролӣ 1,5 триллион долларро ҷамъ оварда натавонист. Қонуни афзоиши харҷи низомӣ ва эҳтиёҷҳои дохилӣ низ ба бештар шудани қарзи давлатӣ таъсир расонидаанд.

Қарзи давлатии ИМА аз ҳисоби ҳаҷми солонаи касри буҷаи федеролии ин кишвар ташкил мешавад. Бино ба таҳлилҳои Раёсати буҷаи Конгресси Амрико, дар соли 2019 касри буҷа 897 миллиард долларро дар бар хоҳад гирифт. Ин нишондод нисбати соли гузашта 15 дарсад зиёд аст. Ба ҷуз ин, бино ба таҳлили раёсати мазкур, ҳаҷми касри буҷа ҳамасола боло рафта, дар соли 2022 ба 1 триллион доллар хоҳад расид.

Кохи сафед тасдиқ мекунад, ки ислоҳоти нави андоз фоидаовар хоҳад буд, зеро ин ислоҳот бояд ба рушди иқтисод мусоидат кунад. Аммо иқтисоддонон ақидаи мазкурро ҷонибдорӣ намекунанд.

Дар ҷануби Қирғизистон баргузории тӯйро маҳдуд мекунанд

Ҳукумати вилояти Бодканди Қирғизистон бо таҳияи қоидаҳое мехоҳад, баргузории тӯйю маъракаҳоро дар ин минтақа ба танзим дарорад. Таҳиягарони қоидаҳо мегӯянд, ҳадафи онҳо коҳиши харҷи сокинон ба тӯйю маросимҳо аст.

Дар ҳукумати Бодканд гуфтанд, танзими тӯйю маросимҳо пешниҳоди як гуруҳ аз сокинони деҳаи Оқ-Турпоқи ноҳияи Қадамҷой аст. Дар ин деҳа соли гузашта чунин қоида ҷорӣ шуда ва натиҷаи хубе ҳам овардааст. Сокинони деҳа пешниҳод кардаанд, ки ин таҷриба дар саросари ноҳия амалӣ шавад. Вале раҳбарияти Бодканд тасмим гирифтааст, ки онро дар тамоми вилоят ҷорӣ намояд. Қоидаҳои баргузории тӯйю маъракаҳо пас аз таҳия мавриди баррасии ом қарор хоҳанд гирифт.

Бино ба омори ғайрирасмӣ, дар вилояти Бодканд солона ба ҷуз аз маросими ҷанозаву азодорӣ, беш аз 6 ҳазор тӯйю маърака баргузор мешавад. Иқтисодшиносони маҳаллӣ мегӯянд, сокинон ба ин маросимҳо беш аз 4 миллиард сом (ҳудуди 57 миллион доллар) харҷ мекунанд.

Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Қирғизистон соли 2018 озмуни беҳтарин шеваи баргузор кардани тӯйро эълом карда буд. Ҳадафи озмун гузаронидани суру маросимҳои хурсандӣ дар асоси беҳтарин намунаҳои таҷрибаи ҷаҳонӣ ва пешгирӣ аз харҷҳои зиёдатӣ гуфта шуд.

Тоҷикистон қасд дорад, ки барқро ба Узбекистон гаронтар фурӯшад

Тоҷикистон ба Узбекистон пешниҳод кардааст, ки имсол барои истифодаи барқ маблағи бештар пардохт кунад. Рустам Маҷидзода, сардори бахши молияи "Барқи тоҷик" рӯзи 13-уми феврал дар нишастии хабарии ин ниҳод гуфт, ки "мо ҳоло ба Узбекистон як киловатт-соат барқро ба нархи 2 сент мефурӯшем."

Аммо ин масъули ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, ки имсол ба Узбекистон нархи баландтареро барои пардохти истифодаи барқ пешниҳод карданд. Рустам Маҷидзода мушаххас нагуфт, ки нархи пешниҳодии онҳо чӣ қадар аст, аммо таъкид намуд, ки он назар ба нархи қаблӣ бештар аст.

Ба гуфтаи ин масъули ширкати "Барқи тоҷик", дар бораи нархи интиқоли барқи имсол, то ҳанӯз бо Узбекистон ба тавофуқ нарасидаанд. Вай афзуд, ҳадаф аз пешниҳод кардани нархи баландтар, ин афзоиш додани даромади "Барқи тоҷик" ва беҳбуд бахшидан ба вазъи энержии кишвар мебошад.

Ҳоло Тоҷикистон аз ҳама бештар ба Афғонистон ва Узбекистон барқ содир мекунад. Қимати барқи содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон сар ҳар киловатт-соат 4 сентро ташкил медиҳад.

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати Барқи тоҷик гуфт, онҳо бо Узбекистон дигар барқро иваз намекунанд (бартер), балки танҳо ба ин кишвар барқ мефӯрушанд. Солҳои қабл Тоҷикистон ба Узбекистон дар фасли тобистон барқ дода, дар фасли зимистон аз ин кишвар барқ мегирифт.

Асозода: Иддаои Талко дар бораи дегҳои алюминий исбот нашуд

Мақомоти "Барқи Тоҷик" гуфтанд, ки иддаои Талко – корхонаи алюминиюми Тоҷикистон – дар бораи бо айби ин ширкат аз кор мондани дегҳои алюминий "исботи худро наёфт".

Дар пайи қатъи интиқоли саросарии барқ дар соли 2016 чанд деги корхонаи Талко аз кор монд. Ширкат қаблан гуфта буд, аз кор мондани дегҳои алюминий бо айби барқ сурат гирифтааст.

Маҳмадумар Асозода, муовини аввали раиси "Барқи Тоҷик", рӯзи 13-уми феврал гуфт, "ин даъво исботи худро наёфт, чун ширкати "Барқи Тоҷик" дар вақти муқарраршуда садамаро бартараф кард".

Бо ин ҳама, масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" мегӯянд, қарзи ширкати Талко аз ҳаққи истифодаи барқ наздик ба 400 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ба қавли масъулони ширкат, Талко феълан дар шабонарӯз 7 миллион киловат соат барқ истифода мебарад.

Тақсим шудани ширкати "Барқи Тоҷик" ба таъхир афтод

Таҷдиди ширкати "Барқи тоҷик" ба таъхир афтодааст. Қарор буд ин ширкат то охири соли 2018 ба ду ширкати алоҳида таъсис ёбад.

Рустам Маҷидзода, сардори бахши молияи "Барқи тоҷик", рӯзи 13-уми феврал дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, раванди таҷдиди ширкат ба таъхир афтодааст. Ба гуфтаи Маҷидзода, сабаби аслии таъхир дар таҷдиди ширкат, ин тӯл кашидани баррасии санадҳо дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ мебошад.

Феълан як гурӯҳи корӣ дар Тоҷикистон таҷдиди ширкати "Барқи тоҷик"-ро амалӣ мекунанд. Масъулини ширкат мегӯянд, ин гурӯҳи корӣ то охири соли гузашта танҳо масъалаҳои асосиро диданд ва таҷдиди ширкат дар вақти муқарраршуда амалӣ нашуд. Феълан маълум нест, ки ширкати "Барқи тоҷик" кай ба ширкатҳои алоҳида тақсим мешавад.

Қарори ҳукумат барои таҷдиди ширкати “Барқи тоҷик” моҳи апрели соли гузашта содир шуд.Дар ин қарор раиси ҷумҳур ба вазорату идораҳои кишвар дастур дода буд, ки дар тӯли се моҳи оянда дар заминаи "Барқи тоҷик" ҷамъияти саҳомии "Шабакаҳои интиқолдиҳандаи барқ" ва "Шабакаҳои тақсимкунандаи барқ"-ро таъсис бидиҳанд.

Бо иҷро шудани ин қарор худи ширкати "Барқи тоҷик" ба истеҳсоли нерӯи барқ машғул гашта, ду ширкати дигар масъули нигоҳубини хатҳои барқу симчӯбҳо ва фурӯшу ҷамъоварии пули барқ хоҳанд буд.

Созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд, борҳо ба Тоҷикистон машварат дода буданд, ки дар ширкати "Барқи тоҷик" таҷдиди сохторӣ сурат гирад. "Барқи тоҷик" солҳост барои фаъолияти ношаффоф ва қарзҳои беш аз 1-миллиард сомониаш танқид мешавад.

Ширкати "Барқи тоҷик" аз корхонаҳои калони давлатии муаммодор дар Тоҷикистон мебошад. Тибқи омори ахири Мирзо Исмоилзода, роҳбари “Барқи тоҷик” қарзи ин ширкат беш аз 23 миллиард сомонӣ мебошад.

Кумитаи занон гуфт, ки ҳиҷоби ягон занро накашидааст

Масъулони Кумитаи занони Тоҷикистон гуфтанд, бархе дар ҷомеа "корҳои фаҳмондадиҳӣ"-и ин ниҳодро нодуруст фаҳмидаанд, зеро кумита ҳиҷоби ҳеч як занро аз сараш накашидааст.

Маҳбуба Азимова, як масъули кумита, рӯзи 13-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар як соли гузашта 48 гурӯҳи кории ин кумита якҷо бо мақомоти интизомӣ рейдҳои фаҳмондадиҳии сарулибос гузарониданд.

Ба қавли Азимова, манзур аз чорабинии "фаҳмондадиҳӣ"-и кумита танҳо пӯшидани рӯймоли тоҷикӣ аст, на бештар аз он. Раиси Кумитаи занон Идигул Қосимзода гуфт, онҳо бо вазорати фарҳанг як намунаи дастурамалро таҳия карда буданд ва занон барои нигоҳ доштани фарҳанги тоҷикӣ, бояд ҳамон либосҳои муайяншударо бояд пӯшанд.

Ӯ дар посух ба суоли он ки то куҷо манъи вуруди занони сатрпӯш ба муассисахои давлатӣ конунӣ мешавад, гуфт, "дастурамали либосҳо аллакай таҳия шудааст".

Мақомоти Кумитаи занон дар ин нишасти хабарӣ шумораи занонеро, ки бо онҳо корҳои "фаҳмондадиҳӣ" сурат гирифтааст, ошкор накарданд. Аммо мақомоти ин ниҳод тобистони соли 2017 гуфта буданд, ки танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо 8 ҳазор зани ҳиҷобпӯш сӯҳбатҳо анҷом доданд. Ба гуфтани онҳо, қариб 90 дарсади ин занҳо розӣ шудаанд, ки аз пӯшидани "либоси мазҳабӣ" даст кашида, ба "либоси миллӣ" рӯ оранд.

Солҳои охир мақомот дар Тоҷикистон назоратро аз болои либос ва намуди зоҳирии сокинон сахттар карда, аз ҷумла, барои донишомӯзону кормандони сохторҳои давлатӣ пӯшидани либоси хусусияти мазҳабидоштаро манъ кардаанд.

Вазоратҳои фарҳангу маориф барои кормандони соҳа намунаҳои либоси занонаву мардонаи аз назари мақомот "роиҷ ва қобили қабул барои Тоҷикистони дунявӣ"-ро пешниҳод кардаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ин кишвар, ки аксар сокинонаш мусалмон мебошанд, дунявӣ аст ва бояд меъёрҳои дунявиятро дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла сарулибос ва намуди зоҳирӣ риоя кунад. Дар чанд соли охир мақомот дар миёни духтарони занони тоҷик рейдҳое ҳам барпо карда, дар сӯҳбат бо бонувони ҳиҷобпӯш машварат додаанд, ки бидуни он ваё ба сар кардани рӯймоли занона ҳиҷоби худро иваз кунанд.

Мухолифони ин муқаррарот мегӯянд, шаҳрвандон бояд дар интихоби сарулибос ва намуди зоҳираш озод бошад. Мавзӯи назорат аз либоси мазҳабии шаҳрвандон дар Тоҷикистон мавриди интиқоди гузоришгарони Комиссияи озодиҳои динии Амрико ва ҳам дигар нозирони риояи ҳуқуқи башар дар хориҷи Тоҷикистон шудааст.

Хайрулло Мирсаидов Гурҷистонро тарк кард ва ба Аврупо рафт

Акс аз бойгонии Хайрулло Мирсаидов

Хайрулло Мирсаидов – хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон – Гурҷистонро ба қасди Аврупо тарк кардааст. Ӯ рӯзи 12-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, феълан дар яке аз шаҳрҳои аврупоӣ қарор дорад.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Мирсаидовро ғоибона ба 8 моҳи зиндон маҳкум карда ва рӯзи 11-уми феврал таҳти ҷустуҷӯ қарор дод. Мақомот ӯро барои сарпечӣ аз корҳои ислоҳӣ ва тарки маҳалли зист айбдор карданд.

Хайрулло Мирсаидов охири соли гузашта бо нияти табобат аз Тоҷикистон ба Гурҷистон рафт. Мақомот гуфтанд, ӯ ҳаққи берун рафтан аз маҳалли зистро надошт ва барои чунин рафтораш ду сол корҳои ислоҳии ӯ ба ҳашт моҳи зиндон иваз шудааст.

Мирсаидов мегӯяд, тамоми ҳукми додгоҳ яктарафа аст ва то замони пурра сафед шудан дар Аврупо хоҳад монд. Ӯ афзуд буданаш дар Гурҷистон ба манфиат набуд ва аз ин хотир ба тарки он кишвар маҷбур шуд.

“Ҳар лаҳза метавонистанд дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ диҳанд. Байни Тоҷикистону Гурҷистон созишномаи боздошт ва истирдоди гумонбарон вуҷуд дорад. Ва агар ин ҳолат иттифоқ меафтод, дар Тоҷикистон боз зиндон интизор буд”, - гуфт ӯ рӯзи сешанбе.

Қазияи Хайрулло Мирсаидов тақрибан ду сол боз идома дорад. Мирсаидов моҳи декабри соли 2017 боздошт ва моҳи июли соли гузашта бо ҷурми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахши маълумоти бардурӯғ" ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Боздошти ӯ баъди он сурат гирифт, ки хабарнигори тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ раиси собиқи идораи ҷавонони вилояти Суғдро ба талаби "пора" муттаҳам кард.

Дар пайи талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмону кишварҳои байналмилалӣ, Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 22-юми августи 2018 Мирсаидовро аз зиндон озод кард, вале доғи судиро аз номи ӯ набардошт. Хайрулло Мирсаидов ба пардохти 78 ҳазор ҳазор сомонӣ ҷарима ва инчунин ду сол корҳои ислоҳӣ муваззаф шуд. Мирсаидов мегӯяд, ин ҷаримаро пардохт кардааст.

Помпео ваъда дод, ки ИМА Словакияро аз назари амниятӣ пуштибонӣ мекунанд

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ки ИМА ба Словакия дар масоили амниятӣ ва иқтисодӣ кӯмакҳо хоҳад кард. Словакия кишвари навбатии Аврупои Марказӣ аст, ки дар ҷараёни сафари панҷрӯзааш Помпео аз он ҳам дидан кард. Ин сафар бо ҳадафи коҳиши нуфузи Русия ва Чин дар минтақа анҷом мешавад.

Дар маросиме, ки дар сарҳади Австрия ва назди Даромадгоҳи муҷассамаи озодӣ барпо шуд, Помпео гуфт: “Мехоҳам мардуми Словакия бубинанд, ки Амрико бо онҳо ҳамкор аст ва ба наздашон баргаштааст”.

Муҷассамаи озодӣ ба хотири 400 қурбонии солҳои 1945-1989 дар марз бо Чехословакияи собиқ гузошта шудааст. Ин шумор мардум ба ҳангоми талоши фирор аз деворҳои сангини режими сотсиалистӣ кушта шуданд.

“Аз номи ИМА ман ифтихор дорам бигӯям, ки дар канори мардуми Словакия ва Аврупо истодаам ва барои бунёди ояндаи шукуфон, боамн ва хеле олӣ ӯҳдадор мешавам”, гуфт Помпео.

Ӯ инчунин гуфт, ки ИМА ва Аврупо “бояд ба арзишҳои худ таъкид кунанд”, чун “таҷовузи Русия озодиҳоро ба ҳам мезанад” ва Чин “аз роҳи тавсеаи нуфузаш дар ҷаҳон мардумро саркӯб мекунад”.

Сафари Помпео ба Аврупо аз дидору гуфтугӯҳо дар Венгрия шурӯъ шуд. Баъди Словакия Помпео қарор аст ба Полша, Белгия ва Исландия сафар кунад.

Дар Будапешт рӯзи 11 феврал Помпео ба хотири таъкиди аҳамияти демократия ва ҳукумати қонун бо нахуствазири ростгаро Виктор Орбан дидору гуфтугӯ кард.

Вашингтон ин масъалаҳоро дар муқобила бо ҳаракатҳои зиддиаврупоиву НАТОи Русия ва Чин муҳим арзёбӣ мекунад.

Сардабири вебсайти беларусӣ дар додгоҳ муҳокима мешавад

12 феврал, Золотова дар додгоҳ ҳозир мешавад

Сардабири як вебсайти хабарии пурхонандае дар Беларус дар паи иттиҳоми ин ки маълумоти расмиро аз як оҷонсии давлатӣ бо роҳҳои ғайриқонунӣ дарёфт кардааст, дар додгоҳ ҳозир шуд. Додгоҳе дар шаҳри Минск рӯзи 12 феврал баррасии муқаддамотии қазияи Марина Золотова, сардабири вебсайти Tut.by-ро шурӯъ кард. Ҳомиёни ҳуқуқ аз ин парванда изҳори нигаронӣ ва аз афзоиши маҳдудияту фишор болои озодии баён дар аҳди Александр Лукашенкоро интиқод кардаанд. Августи порсол полис дафтарҳои кории вебсайти Tut.by-ро ҳамроҳ бо офиси BelaPan кофтукоб кард.

Чанд хабарнигор, аз ҷумла худи Золотова боздошт шуданд. Муфаттишон тахмин карданд, ки кормандони ин ду расона аз компютерҳои худ исму калидвожаҳои бегонаро истифода карда, ба бахши обунаи пулакии оҷонсии давлатии BelTA ворид мешуданд. Як нашрияи дигар – “Беларусская наука” ҳам ҳамчунин мавриди ҳадаф буд. Дар маҷмӯъ 15 нафар бояд муҷозот мешуд, вале ҳама, ба ҷуз Золотова дар ниҳоят баъди пардохти ҷарима озод гардиданд. Золотова дар ин байн бо иттиҳоми дигари “беамалии расмӣ” ҳам гунаҳгор шудааст. Худи ӯ ин иттиҳомротро рад мекунад. Дар сурати гунаҳгор эълон шудани Золотова, ба ӯ муҷозот аз пардохти ҷарима то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Толибон ҳайати музокиротии худро мушаххас карданд

Қароргоҳи Толибон дар Доҳа

Толибон ҳайати 14-нафараи гурӯҳи музокиротиро мушаххас карданд, ки қарор аст моҳи феврал дар даври навбатии гуфтугӯҳо бо фиристодаи вижаи ИМА барои Афғонистон иштирок кунанд. Дар изҳороти ин гурӯҳ аз 12 феврал гуфта мешавад, ки гурӯҳи Толибонро Шермуҳаммад Аббос Станикзай раҳбарӣ мекунад. Ба ин феҳрист инчунин исми Анас Ҳаққонӣ, бародари зиндонии раҳбари шабакаи Ҳаққонӣ, як гурӯҳи бонуфузе дар ҳайати Толибон ворид шудааст. Забеҳулло Муҷаддадӣ, сухангӯи Толибон гуфт, ки Ҳаққонии зиндонӣ дар Кобул бояд “озод шавад ва дар музокирот иштирок кунад”.

Оҷонсии истихбороти Афғонистон - раёсати миллии иттилоот гуфт, ки дар заминаи озод шудани Ҳаққонӣ аз зиндон ҳанӯз ҳеҷ қароре қабул нашудааст. Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки дар паи ҷанги 17-сола дар Афғонистон фиристодаи ИМА Залмай Халилзод ва намояндагони Толибон дар Қатар ба давраи ниҳоии музокираҳо наздик мешаванд. Қарор аст мулоқоти навбатии онҳо 25 феврал дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар баргузор шавад.

Сироҷиддини Мӯҳриддин: Ворид шудан ба ЕАЭС-ро меомӯзем

Тоҷикистон ҳанӯз ба хулосае нарасидааст, ки оё шомили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС), як созмони зери нуфузи Русия, бишавад ё не.

Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт, ҳанӯз ин масъаларо меомӯзанд. “Ин масъаларо ҳамаҷониба меомӯзем ва то ҳанӯз аз коршиносон низ машварати мушаххас нагирифтаем”, - гуфт ӯ рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ.

Русия борҳо ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дари Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба рӯяш боз аст. Дар ин созмони иқтисодӣ Беларусу Қирғизистон ва Қазоқистону Арманистон низ шомиланд.

Сироҷиддини Мӯҳриддин гуфт, бо ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳамкории хуб доранд ва аз сатҳи муносибатҳо розиянд.

Аммо гуфт, “Шумо медонед, ки мо ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё амалан роҳи мустақим надорем. Танҳо бо Қирғизистон марз дорем. Мо беш аз 90 дар сади молро аз тариқи Узбекистон дастрас мекунем.”

Оинномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мегӯяд, дар қаламрави кишварҳои узв гардиши озоди нерӯи корӣ, сармояҳо, мол ва хадамот кафолат дода мешавад.

Дар ин миён муҳоҷирони корӣ ҳастанд, ки муштоқи ҳарчи зуд ба ЕАЭС шомил шудани Тоҷикистон мебошанд. Онҳо бовар доранд, увзияти Тоҷикистон дар ин созмони зери назари нуфузи Русия шароити кори онҳоро дар ин кишвар беҳтар хоҳад кард.

Вале дар гузашта бархе аз мақомот дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки шароити узвият дар созмони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бозгӯи манфиатҳои кишвар нест.

Дар ин бора бештар бихонед:

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Тоҷикистон: Тафриқаҳои гумрукӣ

Патрик Шанаҳан вориди Ироқ шуд

Шанаҳан ва низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон. 11 феврал

Иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои ИМА Патрик Шанаҳан барои машварат бо фармондеҳони низомии амрикоӣ ва мақомоти ироқӣ вориди Бағдод шуд. Дар ҷараёни ин сафар ҳузури ояндаи нирӯҳои амрикоӣ дар Ироқ баъди берун шудани нирӯҳо дар Сурияи ҳамсоя баррасӣ мешавад. Шанаҳан рӯзи 12 феврал аз Афғонистон вориди Ироқ шуд, ки он ҷо бо як сафари эълоннашуда қарор дошт. Сафар ба Бағдод дар ҳоле сурат мегирад, ки президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, вуҷуди пойгоҳи низомӣ дар Ироқ ба он хотир муҳим аст, ки Вашингтон аз наздик аз Эрон назорат кунад. Президенти Ироқ Баҳром Солеҳ баъдан гуфт, ки конститутсияи ин кишвар иҷоза намедиҳад, ки қаламрави Ироқ ҳамчун пойгоҳи таҳдидкунанда ба манфиату амнияти кишварҳои ҳамсоя истифода шавад. Дар пойгоҳи ИМА ҳудудан 5200 низомӣ қарор дорад, ки вазифаашон аз тамрину машварати амниятӣ ба низомиёни ироқӣ иборат аст. Моҳи декабр Трамп бо изҳороташ дар бораи он ки ният дорад 2 ҳазор низомиашро аз хоки Сурия берун кунад, шарикони байналмилалии худро дар ҳайрат гузошт. Дар ин қаламрав низомиёни амрикоӣ ба арабҳои Сурия ва муттафиқони дигарашон – размандагони курд дар мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои ҷангҷӯ мусоидат мекунанд.

Дар интихоботи президентии Украина 44 номзад иштирок мекунад

Дар интихоботи президентии Украина теъдоди рекордии номзадҳо -- 44 кас иштирок хоҳанд кард. Президенти кунунии кишвар Петр Порошенко низ яке аз номзадҳои асосӣ ба шумор меравад ва ваъда медиҳад, ки дар мӯҳлати дуюми панҷсолаи президентияш кишварро ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО шомил хоҳад кард.

Бино ба назарпурсиҳои ахир, дар интихоботи президентии 31 март сарвазири пешини Украина Юлия Тимошенко ва ҳаҷвнигор Владимир Зеленский рақибони асосии Порошенко ҳастанд.

Порошенкои 53-сола, яке аз сарватмандтарин афроди Украина дар натиҷаи эътирозҳое сари қудрат омад, ки моҳи феврали соли 2014 бо сарнагун шудани ҳукумати президенти пешини Украина Виктор Янукович анҷомиданд.

Ӯ ҷонибдори ҳамгироӣ бо Ғарб буда, Русияро барои ишғоли Қрим, барангехтани низоъ ва дастгирии ҷудоихоҳон дар шарқи Украина танқид мекунад.

Тимошенкои 58-сола яке аз раҳбарони "инқилоби норанҷӣ"-и соли 2004 буда, дар интихоботи соли 2014 аз Порошенко шикаст хӯрд.

Дар Қазоқистон 25 навбатдори кони Тенгиз заҳролуд шуданд

Кормандони ширкати пудратчии "Тенгизшевройл" дар шаҳраки навбатдории кони нафту гази вилояти Атирауи Қазоқистон аз ғизо заҳролуд шудаанд.

Хабаргузории расмии "Казинформ" рӯзи 11 феврал хабар дод, ки 25 нафар пас аз хурдани ғизои шом худро "бад" ҳис карданд ва ба беморхонаи шаҳри Кӯлсарӣ интиқол дода шуданд. "21 тани онҳо пас аз муойина ва дарёфти кумаки тиббӣ рухсат шуда, 4 нафари боқӣ бистарӣ гаштанд", - навиштааст хабаргузорӣ бо истинод ба Идораи тандурустии Атирау.

Бино ба иттилои нашрияи минтақавии "Ак жайик", кормандон 8 феврал заҳролуд шуда, табибон вазъи онҳоеро, ки бистарианд, муътадил арзёбӣ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Тенгиз аз нигоҳи ҳаҷми захираи нафт дувумин кони бузургтарини Қазоқистон шумурда мешавад. Ин конро ширкати муштараки "Тенгизшевройл" дар ихтиёр дорад, ки ба ҳайати он Chevron, ExxonMobil Kazakhstan Ventures Inc, ширкати қазоқии "КазМунайГаз" ва LUKArco шомиланд.

Туркманистон иҷрои нақшаи пахтаву гандумро ду-се баробар зиёд эълом кард

Туркманистон дар омори расмиаш зикр кард, ки нақшаи давлатии ғунучини пахтаву гандум дар соли 2018 иҷро шудаааст. Айни замон, ба навиштаи матбуоти мустақил, дар оморҳои расмӣ ҳаҷми ҳосили ҷамъшудаи пахтаро ду ва гандумро се баробар бештар нишон додаанд.

Дар ин бора "Хроника Туркменистана" бо истинод ба арқоме хабар дод, ки дар гузоришҳои Вазорати кишоварзӣ ва оби Туркманистон дарҷ шудаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, кишоварзони Туркманистон соли гузашта 450 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд. Вале ҳукумати Туркманистон 17 декабри соли 2018 ҳаҷми пахтаи ҷамъшударо беш аз 1 миллиону 99 ҳазору 236 тонна эълом кард. Бино бар нақшаи раҳбарияти ин кишвар, бояд 1 миллиону 50 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ мешуд.

"Хроника Туркменистана" менависад, ки соли 2018 нақшаи давлатии гандум дар Туркманистон танҳо 30% иҷро шудааст. Кишоварзон ба ҷои 1,6 миллион тонна гандуми нақшавӣ 538 ҳазор тонна ҷамъоварӣ карданд.

Туркманистон дар пасманзари хабарҳои ҷалби иҷбории кормандони давлатӣ ба пахтачинӣ, таъхири пардохти пули кишоварзон, камҳосилӣ ва худдории деҳқонон аз кишти пахта ба иллати камсудияш аз аввали соли равон нархи хариди давлатии пахта ва гандумро боло бурд.

Дар ин кишвар замин моликияти давлат буда, кишоварзоне, ки онро ба иҷора мегиранд, бо дастури мақомот маҷбуранд танҳо пахта ва гандум кишт кунанд.

Дар Узбекистон мудири мактаберо барои обунаи маҷбурӣ аз кор ронданд

Uzbekistan -- Uzbek newspapers, 11May2013

Мудири мактаби №10 ноҳияи Янгиюли Узбекистон Шавкатҷон Ризоев барои маҷбуран обуна кардани омӯзгорон ба нашрияҳои даврӣ аз мақом барканор шуд.

Дар ин бора рӯзи 11 феврал расонаҳои Узбекистон бо такя ба вазорати маорифи он кишвар хабар медиҳанд.

Ризоев дар моҳи январ ба омӯзгорон дастур додааст, ки якбора ба чанд маҷалла обуна шаванд.

"Роҳбари мактаб дар асоси моддаи 181 Кодекси меҳнат барои ҷалби омӯзгорон дар кори ба рӯйхатгирии сокинон дар охири моҳи декабри соли 2018 танбеҳ гирифта буд. Омӯзгорон набояд ба чунин корҳо ҷалб карда шаванд. Мудири мактаб аз ин хулоса набароварда, моҳи январи соли 2019 омӯзгоронро иҷборан ба чанд маҷалла обуна кардааст", - омадааст дар хабари вазорати маориф.

Конгресси ИМА ба баҳси амнияти марзӣ нуқта гузошт

Демократҳо ва ҷумҳурихоҳони Конгресси ИМА дар масъалаи амнияти марзҳои ҷанубии ин кишвар ба созиши муқаддамотӣ расиданд. Ин созиш бояд аз эълони "шатдаун"-и навбатӣ пешгирӣ кунад. Қарор буд, 15 феврал кори ҳукумат қатъ шавад.

Ричард Шелбӣ, сенатори ҷумҳурихоҳ ба рӯзноманигорон гуфт, ки конгрессменҳо тавонистанд, дар мулоқоти пӯшида ба "созиши усулӣ" даст ёбанд. Мулоқоти пӯшида то нисфишабии рӯзи душанбе идома кардааст. Ҷузъиёти созиш шарҳ дода намешавад.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, президенти ИМА Доналд Трамп аз созиши ҳосилшуда пуштибонӣ мекунад ё на.

Тарҳи созиш ҷудо кардани 1,375 млрд долларро барои сохтмони девори байни марзи ИМА ва Мексико мадди назар дорад. Трамп барои девор 5,7 млрд дархост карда буд. Агар ҷонибҳо то охири ҳафтаи ҷорӣ ба созиш нарасанд, дар он сурат ҳукумати ИМА мумкин аст, дубора қисман фаъолияташро қатъ кунад.

Доналд Трамп рӯзи 25 январ хабар дод, ки муассисаҳои давлатӣ баъди "шатдаун" дубора ба фаъолият мепардозанд. "Шатдаун" дар охири соли 2018 эълон ва 35 рӯз идома кард.

Ёфтҳои бештар

ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG