Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Дар рӯзи таҷлил аз инқилоби исломӣ Рӯҳонӣ ИМА-ро дар "тавтеа" гунаҳгор кард

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар рӯзи таҷлил аз 40-солагии инқилоби исломии Эрон, ки боиси суқути режими шоҳ шуд, ИМА-ро дар “тавтеа” гунаҳгор кард.

Зимни муроҷиат ба ширкатдорони ҳамоише дар майдони Озодии шаҳри Теҳрон рӯзи 11 феврал, Рӯҳонӣ инчунин гуфт, бо вуҷуди ихтилофҳои ИМА ва муттафиқонаш, Эрон ният дорад қудрати низомӣ ва барномаи мушакиашро тавсеа бахшад.

Дар маросими таҷлил аз 40-солагии инқилоби исломӣ дар Эрон ҳазорҳо сарбозу низомӣ, рӯҳониён ва шаҳрвандони оддӣ иштирок карданд. Дар ҳодисаҳои соли 1979 тарафдорони ҳукумати исломӣ ба раҳбарии Оятулло Рӯҳулло Хумайнӣ ҳукумати шоҳ Ризо Паҳлавиро барканор карда, сари қудрат омаданд.

Дар ҷараёни гирдиҳамоии рӯзи 11 феврал издиҳоми мардум бо шиору навиштаҷоти ҳамешагии мисли “Марг бар Амрико”, “Марг бар Исроил” ва дигарҳо ҳозир шуданд.

Ҷашнгирӣ аз инқилоб дар Эрон ҳамасола рӯзи 1 феврал – дар рӯзи бозгашти Хумайнӣ аз хориҷа шурӯъ мешавад ва рӯзи 11 феврал, дар рӯзи суқути ҳукумат анҷом меёбад.

Ҷашнҳои имсола дар шароите мегузарад, ки таниш дар равобити Эрону ИМА баъди берун шудани Вашингтон аз созиши ҳастаии соли 2015 ва бозгашти таҳримҳо болои иқтисоди Эрон дар ҳоли афзоиш аст.

Сафари котиби давлатии ИМА дар Аврупо шурӯъ шуд

Помпео аз чап ва Орбан аз рост

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео рӯзи 11 феврал сафари панҷрӯзаи худро ба кишварҳои Аврупо шурӯъ кард, ки ҳадафаш мухолифат ба нуфузи афзояндаи Русия ва Чин дар Аврупои Марказӣ мебошад. Помпео рӯзи 11 феврал вориди Венгрия шуда, баъдан аз Словакия ва Полша ҳам дидан мекунад. Қарор аст сафари ӯ бо дидор аз Брюссел ва Рейкявики Исландия дар таърихи 15 феврал ҷамъбаст шавад.

Мақомоти баландпоя гуфтанд, ки Помпео бояд бо нахуствазири Венгрия Виктор Орбан, як тарафдори президенти Амрико Доналд Трамп дидору мулоқот кунад. Як мақоми амрикоӣ бидуни бурдани номаш гуфт, ки дар музокирот талошҳо барои “тақвияти равобити амниятӣ ба хотири муқобила бо таҷовузи Русия ва тақвияти НАТО”, ҳамчунин кӯмак ба Украина баррасӣ мешавад.

Ба илова дар ҷараёни музокироташ бо мақомоти Венгрия, масъалаи дифои мушакӣ ва ҳавоӣ баррасӣ шуда, саҳми ин кишвар дар Афғонистон ва муборизааш бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ховари Миёна матраҳ мешавад.
Қарор аст Помпео аз ҷомеаи шаҳрвандии Венгрия пуштибонӣ карда бо раҳбарони созмонҳои ҷамъиятии ин кишвар мулоқот кунад.

Венгрия, ки дар гузаштаҳо аз ҷониби созмони Хонаи озодӣ ба унвони як кишвари “озод” арёбӣ мешуд, ба хотири ҳамлаҳои пайвастаи ҳизби нахуствазир Виктор Орбан ба матбуот, додгоҳҳо, гурӯҳҳои динӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар гузориши соли 2019-аш ҳамчун як давлати “қисман озод” арзёбӣ мешавад.

Департаменти давлатӣ гуфт, ки сафари Помпео ба Аврупои Марказӣ баъди 30 соли суқути “деворҳои оҳанин” дар паи талошҳои озодихоҳона ва истиқлолталабонаи кишварҳои аврупоӣ сурат мегирад.

Қарор аст рӯзҳои 13 ва 14 феврал Помпео дар конфронси бахшида ба Ховари Миёна иштирок кунад, ки масоили Эронро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор додааст. Дар ин нишаст қарор аст нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, муовини президенти Амрико Майк Пенс, домоди президент ва ҳам мушовири калони Трамп дар умури Ховари Миёна Ҷаред Кушнер ва дигарҳо иштирок кунанд.

"Роҳпаймоии хашми модарон" дар саросари Русия

Дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербурги Русия чандин иштирокдори ҳамоиши эътирозии "Роҳпаймоии хашми модарон"-ро боздошт карданд, ки рӯзи 10 феврал бидуни иҷозати мақомот баргузор шуд.

Ба ҷонибдорӣ аз фаъоли "Русияи боз" Анастасия Шевченко, ки бар асоси банди "созмонҳои номатлуб" айбдор мешавад, дар Екатеринбург, Ярославл, Қазон, Махачқалъа, Орёл ва чандин шаҳри дигари Русия тазоҳурот баргузор шуд. Чунин тазоҳурот дар Псков низ баргузор шуд.

Додгоҳ ба Шевченко иҷозат надод, ба аёдати духтари 17-солааш биравад, ки охирҳои моҳи январ дар шуъбаи эҳёгарӣ даргузашт.

"Дар шуъбаи эҳёгарӣ даргузашт ва Анастасияро иҷозат надоданд, ки ба аёдаташ биравад. Зеро ӯ ба хотири мавқеи шаҳрвандӣ дар ҳабси хонагӣ қарор дошт. Имрӯз таъқиби модароне, ки ояндаи беҳтар, созмон додани давлату ҷомеаи беҳтарро мехоҳанд, як кори маъмулӣ ва ҳаррӯза шудааст", навиштаанд иштирокдорони "Роҳпаймоии хашми модарон" дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.

Созмондиҳандагони ҳамоиши эътирозӣ раҳоии занон ва тамоми маҳбусони сиёсиро дар Русия талаб доранд.

Дар эътирозҳои Маскав садҳо нафар иштирок доштанд. Пулиси Петербург иштирокдорони ҳамоиши эътирозиро, ки аз тахминан 150 нафар иборат буд, бо таҳдиди истифодаи нирӯи ҷисмонӣ хост, пароканда шаванд. Ҷамъшудаҳо масири худро тағйир дода, дар кӯчаҳо ором ва бидуни шиор роҳпаймоӣ карданд. Вале бо вуҷуди ин пулис чанд касро дастгир кард.

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International Анастасия Шевченкоро маҳбуси сиёсӣ эътироф карда, аз мақомоти Русия талаб намуд, ӯро фавран озод кунанд.

Намоиши филми "арӯсрабоӣ" қирғизистониҳоро ба хашм овард. ВИДЕО

Саҳнае аз филми арӯсрабоӣ

Намоиши филми бисёрсериягии "Акшоола – Шуои сафед", ки яке аз қаҳрамонони он дуздида мешаваду баъди гуфтугӯ зиндагиро бо нафари рабоянда идома медиҳад, хашми корбарони қирғизро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

Ин филмро телевизиони асосии Қирғизистон тирамоҳи соли 2018 ба намоиш гузошт ва таҳиягаронаш мегӯянд, рабудани арӯс "анъанаи қадимӣ"-и мардуми қирғиз аст. Вале корбарон таҳиягарони онро дар таблиғи ҷинояткорӣ айбдор мекунанд.

"Шуои сафед" яке аз нахустин филми бисёрсериягӣ дар Қирғизистон аст. Онро Ширкати телевизион ва радиои ин кишвар бо пули буҷа ба навор гирифтааст. Ҳарчанд ҳаҷми харҷи филм гуфта намешавад, вале ба иттилои тасдиқношуда, дар таҳияи он 250 ҳазор доллар сарф шудааст.

Бештари бинандаҳоро филми мазкур ба ҳайрат овардааст. Яке аз қаҳрамонони он бо ҳадафи издивоҷи иҷборӣ дуздида мешавад ва шавҳараш чандин бор ӯро латтукӯб низ мекунад. Вале пас аз як суҳбат бо дугонааш, ки ӯро ба зиндагӣ ташвиқ мекунад, вазъ ғайриинтизор тағйир меёбад.

"Ҳамааш хуб мешавад, Ойпарӣ. Ту танҳо Амонро гунаҳкор накун. Шояд ту ҳам гуноҳе дошта бошӣ. Дар бораи ҷанбаҳои мусбати ӯ фикр кун. Аз ҳама муҳимаш ӯ туро дӯст медорад", - мегӯяд дугонааш ба арӯси рабудашуда.

Коргардони филм Ирис Окенова мегӯяд, "Шуои сафед"-ро дар асоси романе таҳия кардаанд, ки воқеияти таърихӣ дорад.

Шӯрои нозирони Ширкати телевизион ва радиои Қирғизистон ваъда додааст, ки дар наздиктарин ҷаласаи худ филмро баррасӣ хоҳад кард. Вале фаъолон мегӯянд, бо ирсоли як хитоба аз мақомот дархост хоҳанд кард, ки филм дубора намоиш дода нашавад.

Ба амрикоиҳо парвоз бо ҳавопаймоҳои Туркманистон манъ шуд

Сафорати Амрико дар Туркманистон аз кормандонаш хост, ки аз хадамоти ширкати ҳавопаймоии ин кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ истифода накунанд.

Ин тасмими сафорат 7 феврал пас аз он гирифта шуд, ки парвози ҳавопаймоҳои "Туркменҳовайолларӣ"-ро дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳоди Аврупо манъ карданд.

Оҷонси амнияти ҳавонавардии Аврупо (EASA) парвози ҳавопаймоҳои ширкати миллии Туркманистонро то замони тасдиқи посухгӯ буданаш ба талаботи ҷаҳонии амнияти ҳавонавардӣ боз дошт. "Дар робита ба ин, кормандони сафорати Амрико наметавонанд бо ҳавопаймоҳои ширкати миллии Туркманистон сафар кунанд", – омадааст дар баёнияи сафорат.

Ба огаҳии сафорат, ин тасмим ба парвозҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ дахл дорад. Сафари дипломатҳои амрикоӣ бо ҳавопаймоҳои Туркманистон танҳо баъди бекор шудани маҳдудияти Оҷонси амнияти ҳавонавардии Аврупо мумкин хоҳад шуд.

Рӯзи 4-уми феврали имсол дар сомонаи Вазорати умури хориҷии Бритониё хабар нашр шуд, ки Оҷонсии амнияти ҳавонавардии Аврупо ширкати "Туркменҳовайолларӣ"-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст. То ба ҳол маълум нест, ширкат чӣ меъёрро вайрон кардааст.

Мураббии узбек дар шикастани дандони кӯдаки 4-сола айбдор мешавад. ВИДЕО

Модари як писарбачаи 4-сола аз шаҳри Ангрени Узбекистон мегӯяд, мураббии боғча фарзанди ӯро латтукӯб карда, дандонашро шикастааст. Дар видеое, ки дастраси мо шуд, кӯдак мегӯяд, вақте мураббӣ ӯро зад, дандонаш шикаст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, мураббӣ фарзандашро пайваста латтукӯб мекард ва 28 январ, пас аз он ки кӯдак бо дастони хунолуд ба хона баргашт, ӯ ба раҳбарони боғча шикоят кард.

"Дастонаш пури хун буд. Рафта, пурсидам, ки чаро боз кӯдакро заданд. Вале мураббӣ дар посух гуфт, ки беҳтар аст, фарзандамро дуруст тарбия кунам. Акнун ӯ то 9-солагӣ бе дандон мегардад?", - изҳор дошт ӯ.

Яке аз раҳбарони боғчаи мазкур гуфт, ҳоло масъаларо баррасӣ доранд ва мураббӣ танбеҳ гирифта, аз модари кӯдак узр пурсид.

"Дандони кӯдак афтидааст. Ба гуфтаи модари ӯ, дандони фарзандаш дар натиҷаи латтукӯб шикастааст. Вале мураббӣ мегӯяд, ӯро латтукӯб накардааст. Бо вуҷуди ин мо аз модари кӯдак узр пурсидем", - афзуд вай.

Модари кӯдак мегӯяд, аз шеваи "муҷозот" шудани мураббии боғча норозӣ аст. "Мураббие, ки кӯдаконро мезанад, набояд дар боғча кор кунад. Ӯ бо навиштани баёнот ва як танбеҳ аз ҷавобгарӣ озод шуд", - илова кард ӯ.

Мақомоти Қазоқистон: дудбаро надоштани хона боиси марги панҷ хоҳар шуд

Мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон сабаби дар оташсӯзӣ ҳалок шудани панҷхоҳаронро дар шаҳри Остона шарҳ доданд.

"Набудани мурӣ ё дудбаро боиси оташсӯзӣ шудааст. Сақфи хона оташ гирифта, фурӯ рехтааст", - хабар дод Жасулан Актаев, як мақомдори Қазоқистон.

Вай гуфт, дар бештари ҳолатҳо соҳибони манзилҳо кормандони ҳолатҳои фавқулодаро намегузоранд, ки хонаҳояшонро тафтиш кунанд. Чораи ягонаи пешгирӣ аз оташсӯзӣ - баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ аст, мегӯяд мақомдор.

Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Остона насби дастгоҳҳои аз сухтор огоҳкунанда дар манзили хонаводаҳои серфарзанд шуруъ шуд. Мақомоти он кишвар дар минтақаҳои дигари Қазоқистон низ тифтишро шуруъ карданд.

Ба гуфтаи Актаев, ҳамасола дар Қазоқистон наздики 15 ҳазор оташсӯзӣ сар мезанад, ки 70 дарсади онҳо дар манзилҳои зист рух медиҳанд. Шумори қурбониён дар як соли охир қариб 20 дарсад зиёд шудааст. Дар як моҳи соли 2019 дар оташсӯзиҳои Қазоқистон 116 одам кушта шудааст.

Рӯзи 4 феврал дар шаҳри Остона дар сухтори як манзили зист панҷ фарзанди як оила кушта шуд, ки калонтарини онҳо 12 сол ва хурдтаринашон ҳамагӣ чанд моҳ умр дошт. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки ҳангоми сухтор волидон дар хона набудаанд.

Аз сокинони Бишкек даъват шуд, барои арусӣ аз бонк қарз нагиранд

Шаби 10 ба 11 феврал як гуруҳи фаъолон дар рӯи роҳи наздик ба муассисаҳои молии шаҳри Бишкеки Қирғизистон навиштанд, ки "Барои арусӣ аз бонк қарз нагиред!".

Барои навиштаҳо даромадгоҳи бонкҳо ҳадафмандона интихоб шудааст, хабар доданд фаъолон.

Фаъолон бовар доранд, ки одамон бо пул муносибат карданро намедонанд. "Барои баргузории чорабиниҳои камаҳамият қарз мегиранд. Онҳо барои тиҷорат на, балки барои баргузории туй қарз мегиранд. Баъд дар чоҳи қарз фурӯ мераванду ҷавонон ба ивази чашидани хушиҳои зиндагӣ дар фикри баргардонидани қарз мешаванд", - шарҳ доданд онҳо.

Фаъолон гуфтанд, ки рафтори онҳо ба ҳеч ваҷҳ зидди фаъолияти бонкҳо равона нашудааст.

Дар Қирғизистон маросимҳои арусӣ бо ширкати шумори зиёди меҳмонон барпо мешаванд ва дар бештари ҳолат навхонадорон ё волидони онҳо маҷбур мешаванд, ки аз бонк қарз бигиранд. Ҳукумат ва порлумони Қирғизистон аз маъракаҳои серхарҷ борҳо изҳори нигаронӣ ва даъват карданд, ки танзиме ҷорӣ шавад.

Туркия рафтори ҳукумати Чинро нисбат ба ӯйғурҳо танқид кард

Туркия бархӯрди ҳукумати Чинро бо турктаборони он кишвар маҳкум кард ва онро “як иқдоми шармовар” дар баробари башарият донист. Ҳомӣ Оқсӯй, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Туркия, рӯзи шанбе гуфт, “воқеият ҳамин аст, ки Чин беш аз як миллион ӯйғурро бидуни майли худашон дар манотиқи дурафтодаи Шинҷон дар боздошт нигоҳ доштааст”. Ӯ таъкид кард, ки мусалмонони ӯйғур дар ин минтақа таҳти фишор қарор доранд. Иддаои Вазорати умури хориҷии Туркия дар ҳоле сурат мегирад, ки гурӯҳе аз мутахассисони Созмони Милали Муттаҳид ахиран дар як гузориш гуфтанд, наздик ба як миллион ӯйғур ва ақаллияти турктабор дар Шинҷони Чин дар лагерҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Пекин ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, ӯйғӯрҳо барои омӯзиши касб ба марказҳои махсус фиристода шудаанд. Понздаҳ миллион аз ӯйғурҳо дар Чин ба сар мебаранд ва солҳо боз аз бадрафтории мақомоти он кишвар шикоят доранд.

Манъи истифода аз хадамоти ширкати ҳавопаймоии Туркманистон

Сафорати Амрико дар Туркманистон аз кормандонаш хостааст, ки аз хадамоти ширкати ҳавопаймоии ин кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ истифода накунанд. Ин тасмим пас аз манъи парвози ҳавопаймоҳои "Туркменҳовайоллари" дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо сурат гирифт. Оҷонси амнияти ҳавонавардии Аврупо (EASA) парвози ҳавопаймоҳои ширкати миллии Туркманистонро то замони тасдиқи посухгӯ буданаш ба талаботи ҷаҳонии амнияти ҳавонавардӣ боздошт. "Дар робита ба ин, кормандони сафорати Амрико наметавонанд бо ҳавопаймоҳои ширкати миллии Туркманистон сафар кунанд", – гуфта шудааст дар баёнияи сафорат. Бино ба ин баёния, ин тасмим ба парвозҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ дахл дорад. Сафари дипломатҳои амрикоӣ бо ҳавопаймоҳои Туркманистон танҳо баъди бардошта шудани маҳдудияти Оҷонси амнияти ҳавонавардии Аврупо мумкин хоҳад шуд. Рӯзи 4-уми феврали имсол дар сайти Вазорати умури хориҷии Бритониё хабар нашр шуд, ки Оҷонсии амнияти ҳавонавардии Аврупо ширкати "Туркменҳовайоллари"-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст. То ба ҳол маълум нест, ширкат чӣ меъёрро вайрон кардааст.

Порошенко: Барои эмин мондан аз Русия бояд ба ИА ва НАТО пайваст

Петро Порошенко

Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, кишвараш ба хотири дар амон мондан аз ҷониби Русия бояд ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО бипайвандад. Порошенко ин ҳарфҳоро дар оғози корзори интихоботии худ рӯзи шанбе баён кард ва Маскавро ба тарҳрезии мудохила дар интихоботи Украина муттаҳам намуд. Ӯ ҳамчунин гуфт, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, истиқлоли Украинаро вайрон хоҳад кард. Петро Порошенко барои мондан дар қудрат барои як давраи панҷсолаи дигар дар интихобот иштирок мекунад. Қарор аст, интихоботи президентии Украина рӯзи 31-уми марти имсол баргузор шавад. Мақомоти интихоботии Украина гуфтанд, 44 номзад барои иштирок дар сабқати пеши рӯ номнавис шудаанд.

Амрико гуфт, понздаҳ ҷангҷӯи “Аш-Шабоб”-ро куштааст

Нерӯҳои давлатии Сурия

Артиши Амрико хабар дод, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ понздаҳ ҷангҷӯи гуруҳи “Аш-Шабоб” дар Сомалӣ кушта шудааст. Пентагон рӯзи 9-уми феврал дар як баёния гуфт, ин ҳамлаҳо аз тарафи нерӯи вижаи Амрико ба ҳимоят аз сарбозони ҳукумати Сомалӣ алайҳи ҷангҷӯёни “Аш-Шабоб” сурат гирифт. Фармондеҳии Амрико дар Африқо низ гуфт, “ҳамлаҳо рӯзи шашуми феврал сурат гирифт.” Дар идома гуфта шудааст, дар ҳамлаи аввал ёздаҳ тан ва дар ҳамлаи дувум чаҳор тан аз шӯришиён кушта шуданд. Дар аввали моҳи феврал низ дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ сездаҳ шӯришии “Аш-Шабоб” кушта шуданд. Гуруҳи “Аш-Шабоб” вобаста ба шабакаи “Ал-Қоида” аст.

Тақрибан 600 сокини Суғд – дар Ироқу Сурия ва Афғонистон

Раиси вилояти Суғд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир тақрибан 600 нафар аз сокинони минтақа дар Афғонистону Сурия ва Ироқ ҳастанд. Раҷаббой Аҳмадзода дар бораи шахсият ва синну соли онҳо чизе нагуфт, вале таъкид кард, ки “аксари ин афрод роҳи бозгашт ба кишварро меҷӯянд”.

“Якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо 12 нафари онҳоро баргардондем. Дар суҳбат гуфтанд, ки дар Афғонистону Сурия ва Ироқ чӣ рӯзҳои сахтеро аз сар гузаронданд. Марҳала ба марҳала ҳамаи онҳоро ба ватан меорем”, - афзуд ӯ охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо хабарнигорон.

Аҳмадзода гуфт, ин сокинони вилоят Суғд дар солҳои 2014-2015 ба кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна рафтаанд. Ба қавли ӯ, солҳои охир пайвастани сокинони минтақа ба сафи ҷангҷӯён дар Афғонистону Сурия ва Ироқ сабт нашудаааст.

Раҷаббой Аҳмадзода
Раҷаббой Аҳмадзода

Бино ба иттилои расмӣ тақрибан 1900 шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайваста, ба майдонҳои ҷанг дар Ховари Миёна рафтаанд. Бархе аз ин афрод кушта ва бархеи дигар пинҳон шудаанд.

Тайи як соли охир додгоҳҳои Ироқ беш аз чиҳил зани тоҷикро бо ҷурми пайравӣ аз гуруҳи “Давлати исломӣ” ва ҳамзистӣ бо ҷангҷӯён ба солҳои тӯлонӣ, ҳабси абад ва қатл маҳкум кард. Дар ҳоли ҳозир масъалаи ба Тоҷикистон овардани 95 кӯдаки ин занҳо аз Ироқ ба Душанбе Баррасӣ мешавад.

Дар ҳоле ки мақоомт мегӯянд, аксари ин афрод аз камсаводӣ ва таассуб ба гуруҳҳои тундгаро печидаанд, иддае аз коршиносон ин вазъиятро ба бекории шадид дар кишвар низ рабт медиҳанд.

Дар ҷанги байни маҳбусон дар зиндони Самара 17 нафар захмӣ шуд

Дар бархӯрд дар яке аз зиндонҳои Русия 17 нафар захмӣ шуд. Дар ин маврид мақомоти зиндон рӯзи 9-уми феврал хабар доданд. Онҳо гуфтанд, ки ҷанги байни маҳбусон дар зиндони Самара шаби ҷумъа рух додааст. Расонаҳо аз қавли мақомот гуфтанд, дар ҷараёни бархӯрд маҳбусон ҷиҳози хобро ба оташ кашидаанд. Баъди ин ҳодиса дар зиндон иқдомоти шадиди амниятӣ ҷорӣ шудааст. Зиндонҳои Русия ҳамеша ба хотири шароити ногувор ва бадрафторӣ бо маҳбусон таҳти танқид қарор доранд.

Садҳо ҷосуси Русия ва Чин дар Брюссел кор мекардаанд

Идораҳои Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел

Идораи умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки садҳо нафар аз ҷосусони Русия ва Чин дар Брюссел фаъолият мекунанд. Рӯзномаи “Велт ам Зонтаг”- Олмон бо такя ба дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо навиштааст, ки “ҳудуди 250 ҷосуси Чин ва 200 ҷосуси Русия дар ин пойтахти аврупоӣ фаъолият мекунанд.”

Бино ба ин гузориш, ба дипломатҳои аврупоӣ тавсия додаанд, ки ба баъзе аз гӯшаҳои муайяни Брюссел аз ҷумла ресторанҳо ва қаҳвахонаҳои маъруф дар назди қароргоҳи асосии Кумиссиёни Аврупо нараванд.

Дар гузориши рӯзномаи олмонӣ омадааст, ки ҷосусони рус ва чинӣ дар сафоратҳо ва намояндагиҳои тиҷоратии кишварҳояшон кор мекунанд.

Ҷавони тоҷикро бо хоҳиши худаш ҳабс карданд

Акс аз бойгонист.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як сокини шаҳри Душанберо бо хоҳиши худаш ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум ва барои 5 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кардааст.

Додгоҳ бо нашри як баёнияи расмӣ рӯзи 8-уми феврал хабар дод, ки Сино Махсутов, сокини 40-солаи ноҳияи Синоро чанде пеш барои ронандагӣ дар ҳоли мастӣ муҳокима кардаанд.

Ба гуфтаи додгоҳ Сино Махсутов, “ба гуноҳаш иқрор шудааст, аз кирдораш изҳори пушамонӣ карда ва аз додгоҳ тақозо кардааст, ки нисбат ба ӯ ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин кунад” чунки ӯ имкону шароити пардохти ҷаримаро надорад.

Дар баёнияи додгоҳ омадааст, ҳангоми таъини ҷазо дархости Сино Махсутов ва шароиту шахсияташро ба эътибор гирифтанд ва ӯро ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд. Ҳамингуна ӯ ҳақ надорад баъди адои ҳукм то 5 сол ронандагӣ кунад.

Барои ронандагӣ дар ҳоли мастӣ дар Тоҷикистон то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст, вале агар ронандаи маст, сабаби садама ва ё фоҷиае шавад, ба солҳои тулонии зиндон маҳкум мешавад.

Ҷавони тоҷикро рӯзи 17-уми январ дар хиёбони Рӯдакӣ дар маркази Душанбе дастгир кардаанд.

Боздошти як хориҷӣ бо ҷурми терроризм дар Қирғизистон

Хориҷии боздоштшуда дар Қирғизистон

Шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Миёна бо иттиҳоми ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ба хотири анҷоми ҳамлаи террористӣ дар Қирғизистон боздошт шуд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 8-уми феврал ҳарчанд гуфт, ки ӯ зодаи яке аз кишварҳои собиқ шӯравии Осиёи Миёна ҳаст, вале аз кишвари мушаххасе ном набурд.

Ба гуфтаи КДАМ ин нафар бо иттиҳоми ҷиноятҳои сангин дар кишвари худ мавриди пайгард қарор дорад ва узви ташкилоти террористӣ мебошад.

Ин нафар дар ҷануби Қирғизистон, шаҳри Ҷалолобод ҳангоми убури ғайриқонунии марз боздошт шуд. Мақомоти қирғиз мегӯянд, ин нафар дар кӯҳҳо таҷрибаи ҷангӣ ва сохтани маводҳои таркандаро омӯхтааст.

КДАМ-и Қирғизистон гуфт, пас аз бозҷӯи нафари боздоштшударо ба кишвараш истирдод мекунад.

"Маро мекушанд". Илтиҷои қазоқтабори чинӣ аз президенти Узбекистон

Фурдугоҳи Тошканд

Як шаҳрванди қазоқтабори Чин, ки дар фурудгоҳи Тошканд боздошт шудааст, аз ҳукумати Узбекистон хост, ӯро истирдод накунад. Соҳибкор Ҳалимбек Сяхеман, ки номаш ҳамчун Ғалимбек Шагиман низ сабт шудааст, аз Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон хост, ки “ҳамчун бародари мусалмони туркзабон” ӯро ба Чин таслим накунад, ки он ҷо ба марг маҳкум мешавад.

Ҳалимбек ин дархостро рӯзи 7-уми феврал дар навори видеоие кардааст, ки дар саҳифаи фейсбукаш нашр шудааст. Зоҳиран, ин навор дар бинои фурудгоҳи байналмилалии Тошканд сабт шудааст. Ин видео бо акси шиносномаи Ҳалимбиек дар гурӯҳҳои марбут ба фаъолони ҳуқуқи башар низ пахш шудааст, ки тақозои истирдод нашудани ӯ ба Чинро доранд. Ин дар ҳолест, на ҳукумати Узбекистон ва на Чин дархости истирдоди ӯро тасдиқ накардаанд.

Юнон ба узвияти Македонияи Шимолӣ дар НАТО розӣ шуд

Порлумони Юнон

Сарвазири Юнон ҷумҳурии Македонияи Шимолиро ҳамчун шарики “дӯст” ситоиш кард ва аз он хост, баталошҳо барои “амният, субот ва ҳамкорӣ” дар кишварҳои Балкан ҳамроҳ шавад. Порлумони Юнон рӯзи 8-уми феврал протоколи пазируфтани ҳамсоякишвараш ба узвияти НАТО-ро имзо кард. Алексис Тсипрас қабл аз овоздиҳии вакилон барои қабули Македонияи Шимолӣ ба НАТО гуфт: “Бори дигар мехоҳам таъкид кунам, ки Македонияи Шимолӣ аз кишвари хеле дӯсти Юнон аст” . Ин кишвари Югославияи собиқ барои ворид шудан ба НАТО аз 153 раъй дар порлумони Юнон 140 раъй дарёфт кард. Овоздиҳӣ баъди он баргузор шуд, ки Македония бо талаби Юнон исмашро ба Македонияи Шимолӣ иваз кард. Мухолифатҳои Юнон барои Македония номгузорӣ шудани кишваре дар Балкани Ғарбӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки Македония исми як вилояти қадимие дар қаламрави Юнон мебошад. Юнон гуфт, ҳаросаш ин аст, ки рӯзе ба хотири муштаракоти ном, иддаоҳои марзӣ сар мезанад. Ихтилоф дар исми кишвар талошҳои Македонияро барои узвияташ дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО дучори мушкил карда буд. Музокироти миёни Юнону Македония хеле мушкил пеш мерафт. Гурӯҳҳои миллатгаро дар ҳарду кишвар мухолифи созиш буданд. Вале дар ниҳоят нахуствазирони ду кишвар тавонистанд, созишномаро ба тасвиб расонанд, то ки равобити ду кишвар оддӣ шавад.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ Юсуфи 5-соларо меҷӯянд

Юсуф Саидов 5 сола аст.

Хешовандони як тифли тоҷик, ки тақрибан 10 рӯз пеш бенишон шуд, мегӯянд, ҷустӯҷуи онҳо ва мақомоти интизомӣ ҳеҷ натиҷае надодааст. Юсуф Саидови 5-сола рӯзи 31-уми январ дар назди хонаашон дар деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ ғайб зад.

Шаҳобиддин Саидов, амаки Юсуф рӯзи 9-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз нопадид шудани бародарзодааш, бо аҳли деҳ тамоми атроф, ду гуристони деҳа, наҳри беоби наздики деҳаро ҷустуҷӯ кардаанд, вале кӯдак, ё аломате аз ӯро пайдо накардаанд.

Ӯ афзуд, баъди гум шудани Юсуф ба мақомоти милиса муроҷиат кардаанд ва онҳо низ дар ин замина парванда боз кардаанд ва ҷустуҷуи тифли 5-соларо идома медиҳанд. Шаҳобиддин Саидов гуфт, Юсуф зоҳиран ҳангоми бозӣ дар назди хонаашон соати 12 нисфирӯзӣ ғайб задааст ва касе ҳам намедонад, ки куҷо рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, фақат фурӯшандагони мағозаҳои наздик гуфтаанд, ки тифлро дидаанд.

Деҳаи Ҷӯйбодом дар канори шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва дар гузашта шоҳиди чунин ҳодиса нашудааст. Гум шудани тифл дар деҳот дар Тоҷикистон аҳёнан рух медиҳад, чун мардум ҳамдигар ва атфоли ҳамдигарро мешиносанд ва дар сурати танҳо дидани тифли хурдсол ӯро ба назди волидонашон бармегардонанд.

Аммо дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон дар гузашта нопадид шудани се тифли хурдсол дида шудааст, ки дуторо бо гузашти солҳо пайдо накардаанд, вале ҷасади якеро дар ноҳияи Ҳисор ёфтаанд.

Волидони тифли гумшуда бо насби эълонҳо дар деҳоти атроф ва ҳам нашри он дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардум хостаанд, дар сурати дидани ӯ ба волидон муроҷиат кунанд. Рақам барои муроҷиат ҳам гузоштаанд, ки ин аст 901-55-15-97, 905-88-68-68

Чиҳил соли зиндон барои қатли 6 мусулмон дар Канада

Александр Бизоннете

Додгоҳи Канада як ҷавонеро, ки шаш намозгузорро дар масҷиди шаҳри Квебек кушт, ба бештар аз 40 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми Александр Бизоннетеи 29-сола рӯзи 8-уми феврал содир шуд. Ӯ фақат баъди 40 сол ҳақ дорад, дархости авф кунад.

Ин ҷавон рӯзи 28-уми январи соли 2017 бо тирандозӣ дар масҷид 6 нафарро ба ҳалокат расонд. Франсуа Ҳуё, додраси парванда зимни қироати ҳукм гуфт, ки қотил нисбат ба “муҳоҷирони мусулмон нафрати амиқ доштааст.” Ӯ бо муроҷиат ба гунаҳкор гуфт, “Ту ҳафт ҳамватани худро барои он куштӣ, ки аз ту фарқ мекарданд.”

Додрас ҳамчунин гуфт: “Бо ин нафрату нажодпарастӣ, зиндагии онҳо, аз худат ва аз волидонатро зеру забар кардӣ. Ҷинояте, ки ту кардӣ сазовори сахттарин маҳкумият аст.”

Додрас тақозои 150 соли зиндонро, ки сахттарин ҳукм дар таърихи муосири Канада мешуд, рад кард, зеро ба гуфтаи ӯ, чунин ҷазо дарозтар аз умри қотил ва ноодилона мебуд.

Айман Дирбалӣ, ки дар натиҷаи тирандозӣ комилан фалаҷ шуд, гуфт, аз он маъюс шудааст, ки ба қотил ҳукми тулонитар надоданд. Ҷастин Трудо, нахуствазири Канада, тирандозиро ҳамлаи террористӣ номида, маҳкум кардааст.

Александр Бизоннете баъди намози шом ба масҷиди Квебек ворид шуда ба самти 40 нафар, ки дар байнашон кӯдакон ҳам буданд, тир андохт.

Путин генералҳои сохторҳои низомиро барканор кард

Президенти Русия Владимир Путин беш аз даҳ фармондеҳи низомиро, ки дар ҳукумат вазифа доштанд, барканор кард. Бар асоси фармоне аз рӯзи 8 феврал, Путин нӯҳ генерал ва ду полковникро, ки дар Кумитаи тафтишот ва вазоратҳои дохиливу ҳолатҳои изтирорӣ кор мекарданд, аз мақом барканор кард. Дар миёни онҳо генерал Сергей Солопов, сардори раёсати ҷилавгирӣ аз фасоди полиси Маскав ва генерал Ирина Зейберт, мушовири аршади раиси Кумитаи тафтишот низ ҳастанд.

Дар бораи сабабҳои барканории онҳо чизе гуфта намешавад. Ҳеҷ як аз барканоршудаҳо дар миёни ҷомеа шинохта набуданд.

Лондон 650 ҳазор доллари писари нахуствазирро ҳабс кард. ВИДЕО

Владимир Филат соли 2016 ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳе дар Бритониё амр кард, ки 650 ҳазор доллари писари собиқ нахуствазири Молдова Владимир Филат дар чаҳорчӯби таҳқиқоти Оҷонсии ҷиноятҳои Бритониё ҳабс мешавад. Ин оҷонсӣ рӯзи 7 феврал гуфт, ки Лука Филат барои иҷораи як пентҳаузаш дар ғарби Лондон 500 ҳазор доллар пешпардохт додааст. "Ин маблағ дар паи фаъолиятҳои ғайриқонунии падараш” ба даст омадааст, гуфтааст оҷонсӣ.

Владимир Филат соли 2016 бо қарори додгоҳе дар Молдова ба мӯҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ӯро ба он гунаҳгор карданд, ки дар давоми кораш ба ҳайси нахуствазир солҳои 2009 то 2013 дар нопадид шудани 1 миллиард доллари бонкҳои Молдова даст задааст. Пулҳои гумшуда ба 10 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Молдова баробар аст.
Лука Филати 22-сола дар он муттаҳам мешавад, ки баъди ба хотири таҳсил ба Лондон кӯчиданаш зиндагии шик дошта моли гаронбаҳо мехарид ва аз ҷумла арзиши мошини Bentley-и ӯ 259 ҳазор доллар буд.
Оҷонсӣ мегӯяд, бо ин ки Лука Филат манбаи сабтшудаи даромади молӣ надорад, ба се ҳисоби бонкии ӯ аз ширкатҳои воқеъ дар Туркия ва Ҷазираҳои Кайман пулҳо ворид мешавад.

Пули бедардимиён на ба сарвазири собиқ насиб кард, на ба писараш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00

Ин пулҳо ҳанӯз моҳи маи соли 2018 масдуд шуда баъди ин таҳқиқи манбаи воридшавии онҳо шурӯъ шуд. Дар ҳукми додгоҳии рӯзи 7 февралаш додрас Майкл Сноу гуфт, ки баъди таҳқиқу таҳлил ба ин натиҷа омадааст, ки пулҳо дар натиҷаи фаъолиятҳои ҷиноии падари ин ҷавон ба даст омадааст.

Бар асоси қонуни соли 2017 дар бораи дороиҳои машкук, Бритониё ҳақ дорад хориҷиҳоро ҳам аз назари фасоду даромадҳои молии сабтнашуда таҳқиқ кунад. Нахустин нафаре, ки мавриди ҳадафи ин қонун қарор гирифт, ҳамсари бонкдори собиқи Озарбойҷон Замира Ҳоҷиева мебошад. Ҳоҷиева ҳоло талош дорад ба Озарбойҷон истирдод нашавад, чун дар ватанаш дар ду парвандаи марбут ба тақаллуб гумонбар мешавад. Ҳамсари Ҳоҷиева ҳам мӯҳлати 15-солаи зиндонро пушти сар мекунад. Ҳоҷиевҳо ин иттиҳомотро рад мекунанд.

Муолиҷаи 56 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон.ВИДЕО

Ноҳияи Ишкошим

Дар беморхонаҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон соли гузашта 56 шаҳрванди Афғонистон муолиҷа гирифта, як нафар амалиёти пайвандсозии гурдаро дар Душанбе пушти сар кардааст.

Дар ин бора рӯзи 8 феврал дар нишасти матбуотии раҳбарияти вазорати беҳдошти Тоҷикистон хабар дода шуд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар заминаи кӯмаки тиббӣ ба сокинони он сӯи дарё тавофуқе миёни вазорат ва Бунёди Оғохон амал мекунад.

Соли 2018 дар Тоҷикистон 56 шаҳрванди Афғонистон муолиҷаи тиббӣ гирифтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфт, дар доираи шартнома табибони тоҷик асосан ба шаҳрвандони манотиқи наздимарзии Бадахшони Афғонистон кӯмаки тиббӣ мерасонанд.

Ба гуфтаи вазир, “ҳамзамон агар ҳолатҳои фаврии ҷарроҳӣ, табибони тоҷик ба қаламрави Афғонистон мераванд.”

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 км марзи муштарак дорад ва як бахши он аз байни вилоятҳои Бадахшон мегузарад, ки дар ҳарду ҷониби марз воқеъ аст. Дар миёни муштариҳои афғони бемористонҳои Бадахшони Тоҷикистон гоҳо низомиёни нирӯҳои давлатии Афғонистон ҳам вомехӯранд, ки дар паи ҳодисаҳои марзӣ бо ҷароҳатҳои мухталиф барои муолиҷа муроҷиат мекунанд.

Хоманаӣ: шиори "марг бар Амрико" яъне "марг бар Трамп" аст

Ayatollah Khamenei met with Iranian air force officers-- 8 Feb 2019

Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ гуфт, ки шиори “марг бар Амрико” на ба мардуми Амрико, балки ба президенти ин кишвар Доналд Трам ва дигар тасмимгирандагони амрикоӣ марбут аст. Хоманеӣ гуфт, ки манзури онҳо аз шиори “марг бар Амрико” – “марг ба Трамп, Ҷон Болтон (мушовири амнияти миллӣ) ва Помео (Майк Помпео, котиби давлатии ИМА) мебошад.

Ин маънои марг бар ҳукуматдорони Амрикоро дорад”, гуфт раҳбари олии Эрон дар ҷараёни суханронии рӯзи 8 февралаш дар маросиме бо ширкати афсарони нирӯҳои ҳавоӣ, ки ба 40-солагии инқилоби исломӣ бахшида шуда буд.

Шиори мазкур одатан дар ҷараёни маъракаҳои серҷамъияти давлатии Эрон, аз ҷумла дар намозҳои ҷумъа пахш мешавад. Хоманаӣ гуфт, “ин шиор ба маънои марг бар чанд шахсест, ки ин кишварро раҳбарӣ мекунанд. Мо чизе бар зидди мардуми амрикоӣ надорем”.

Хоманеӣ гуфтааст, то замоне, ки Эрон сиёсати душманонааш нисбати Эронро идома медиҳад, ин шиор аз байн намеравад. Таниш дар равобити Теҳрону Вашингтон баъди он шиддат гирифт, ки бо қарори Доналд Трамп ИМА аз созиши соли 2015-и ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуд ва дубора таҳримҳои иқтисодиро барқарор кард. Кишварҳои дигари имзогузошта зери ин санад аз Аврупо, ки талош доранд созишномаро ҳифз кунанд, аз назари Хоманаӣ, “қобили эътимод нестанд”.

Хоманаӣ гуфт, “машварат медиҳам, ҳамон тавре, ки ба амрикоиҳо эътимод надорем, ба аврупоиҳо ҳам бархурд шавад”. Ӯ дар идома гуфт: “Намегӯем, ки бо онҳо робитаҳоро қатъ мекунем, вале ин ҷо масъалаи эътимод матраҳ аст”.

Бритониё, Фаронса ва Олмон ахиран механизми нави пешбурди тиҷорат бо Эронро муаррифӣ карданд, ки ба ширкатҳои аврупоӣ имкон медиҳад бидуни нақзи таҳримҳои амрикоӣ бо Эрон додугирифтҳои тиҷоратии қонунӣ дошта бошанд.

Ин тасмим мавриди истиқболи Иттиҳодияи Аврупо шуд, ки Эронро барои барномаи “бесуботкунанда”-и баллистикӣ ва “фаъолиятҳои душманонааш” дар чанд кишвари узви ИА ва дахолат дар умури кишварҳои Ховари Миёна интиқод мекунад.

Ёфтҳои бештар

ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Зиндагии Гулбаҳор дар "Кохи яхин"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00
XS
SM
MD
LG