Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Туркия рафтори ҳукумати Чинро нисбат ба ӯйғурҳо танқид кард

Туркия бархӯрди ҳукумати Чинро бо турктаборони он кишвар маҳкум кард ва онро “як иқдоми шармовар” дар баробари башарият донист. Ҳомӣ Оқсӯй, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Туркия, рӯзи шанбе гуфт, “воқеият ҳамин аст, ки Чин беш аз як миллион ӯйғурро бидуни майли худашон дар манотиқи дурафтодаи Шинҷон дар боздошт нигоҳ доштааст”. Ӯ таъкид кард, ки мусалмонони ӯйғур дар ин минтақа таҳти фишор қарор доранд. Иддаои Вазорати умури хориҷии Туркия дар ҳоле сурат мегирад, ки гурӯҳе аз мутахассисони Созмони Милали Муттаҳид ахиран дар як гузориш гуфтанд, наздик ба як миллион ӯйғур ва ақаллияти турктабор дар Шинҷони Чин дар лагерҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Пекин ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, ӯйғӯрҳо барои омӯзиши касб ба марказҳои махсус фиристода шудаанд. Понздаҳ миллион аз ӯйғурҳо дар Чин ба сар мебаранд ва солҳо боз аз бадрафтории мақомоти он кишвар шикоят доранд.

Манъи истифода аз хадамоти ширкати ҳавопаймоии Туркманистон

Сафорати Амрико дар Туркманистон аз кормандонаш хостааст, ки аз хадамоти ширкати ҳавопаймоии ин кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ истифода накунанд. Ин тасмим пас аз манъи парвози ҳавопаймоҳои "Туркменҳовайоллари" дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо сурат гирифт. Оҷонси амнияти ҳавонавардии Аврупо (EASA) парвози ҳавопаймоҳои ширкати миллии Туркманистонро то замони тасдиқи посухгӯ буданаш ба талаботи ҷаҳонии амнияти ҳавонавардӣ боздошт. "Дар робита ба ин, кормандони сафорати Амрико наметавонанд бо ҳавопаймоҳои ширкати миллии Туркманистон сафар кунанд", – гуфта шудааст дар баёнияи сафорат. Бино ба ин баёния, ин тасмим ба парвозҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ дахл дорад. Сафари дипломатҳои амрикоӣ бо ҳавопаймоҳои Туркманистон танҳо баъди бардошта шудани маҳдудияти Оҷонси амнияти ҳавонавардии Аврупо мумкин хоҳад шуд. Рӯзи 4-уми феврали имсол дар сайти Вазорати умури хориҷии Бритониё хабар нашр шуд, ки Оҷонсии амнияти ҳавонавардии Аврупо ширкати "Туркменҳовайоллари"-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст. То ба ҳол маълум нест, ширкат чӣ меъёрро вайрон кардааст.

Порошенко: Барои эмин мондан аз Русия бояд ба ИА ва НАТО пайваст

Петро Порошенко

Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, кишвараш ба хотири дар амон мондан аз ҷониби Русия бояд ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО бипайвандад. Порошенко ин ҳарфҳоро дар оғози корзори интихоботии худ рӯзи шанбе баён кард ва Маскавро ба тарҳрезии мудохила дар интихоботи Украина муттаҳам намуд. Ӯ ҳамчунин гуфт, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, истиқлоли Украинаро вайрон хоҳад кард. Петро Порошенко барои мондан дар қудрат барои як давраи панҷсолаи дигар дар интихобот иштирок мекунад. Қарор аст, интихоботи президентии Украина рӯзи 31-уми марти имсол баргузор шавад. Мақомоти интихоботии Украина гуфтанд, 44 номзад барои иштирок дар сабқати пеши рӯ номнавис шудаанд.

Амрико гуфт, понздаҳ ҷангҷӯи “Аш-Шабоб”-ро куштааст

Нерӯҳои давлатии Сурия

Артиши Амрико хабар дод, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ понздаҳ ҷангҷӯи гуруҳи “Аш-Шабоб” дар Сомалӣ кушта шудааст. Пентагон рӯзи 9-уми феврал дар як баёния гуфт, ин ҳамлаҳо аз тарафи нерӯи вижаи Амрико ба ҳимоят аз сарбозони ҳукумати Сомалӣ алайҳи ҷангҷӯёни “Аш-Шабоб” сурат гирифт. Фармондеҳии Амрико дар Африқо низ гуфт, “ҳамлаҳо рӯзи шашуми феврал сурат гирифт.” Дар идома гуфта шудааст, дар ҳамлаи аввал ёздаҳ тан ва дар ҳамлаи дувум чаҳор тан аз шӯришиён кушта шуданд. Дар аввали моҳи феврал низ дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ сездаҳ шӯришии “Аш-Шабоб” кушта шуданд. Гуруҳи “Аш-Шабоб” вобаста ба шабакаи “Ал-Қоида” аст.

Тақрибан 600 сокини Суғд – дар Ироқу Сурия ва Афғонистон

Раиси вилояти Суғд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир тақрибан 600 нафар аз сокинони минтақа дар Афғонистону Сурия ва Ироқ ҳастанд. Раҷаббой Аҳмадзода дар бораи шахсият ва синну соли онҳо чизе нагуфт, вале таъкид кард, ки “аксари ин афрод роҳи бозгашт ба кишварро меҷӯянд”.

“Якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо 12 нафари онҳоро баргардондем. Дар суҳбат гуфтанд, ки дар Афғонистону Сурия ва Ироқ чӣ рӯзҳои сахтеро аз сар гузаронданд. Марҳала ба марҳала ҳамаи онҳоро ба ватан меорем”, - афзуд ӯ охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо хабарнигорон.

Аҳмадзода гуфт, ин сокинони вилоят Суғд дар солҳои 2014-2015 ба кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна рафтаанд. Ба қавли ӯ, солҳои охир пайвастани сокинони минтақа ба сафи ҷангҷӯён дар Афғонистону Сурия ва Ироқ сабт нашудаааст.

Раҷаббой Аҳмадзода
Раҷаббой Аҳмадзода

Бино ба иттилои расмӣ тақрибан 1900 шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайваста, ба майдонҳои ҷанг дар Ховари Миёна рафтаанд. Бархе аз ин афрод кушта ва бархеи дигар пинҳон шудаанд.

Тайи як соли охир додгоҳҳои Ироқ беш аз чиҳил зани тоҷикро бо ҷурми пайравӣ аз гуруҳи “Давлати исломӣ” ва ҳамзистӣ бо ҷангҷӯён ба солҳои тӯлонӣ, ҳабси абад ва қатл маҳкум кард. Дар ҳоли ҳозир масъалаи ба Тоҷикистон овардани 95 кӯдаки ин занҳо аз Ироқ ба Душанбе Баррасӣ мешавад.

Дар ҳоле ки мақоомт мегӯянд, аксари ин афрод аз камсаводӣ ва таассуб ба гуруҳҳои тундгаро печидаанд, иддае аз коршиносон ин вазъиятро ба бекории шадид дар кишвар низ рабт медиҳанд.

Дар ҷанги байни маҳбусон дар зиндони Самара 17 нафар захмӣ шуд

Дар бархӯрд дар яке аз зиндонҳои Русия 17 нафар захмӣ шуд. Дар ин маврид мақомоти зиндон рӯзи 9-уми феврал хабар доданд. Онҳо гуфтанд, ки ҷанги байни маҳбусон дар зиндони Самара шаби ҷумъа рух додааст. Расонаҳо аз қавли мақомот гуфтанд, дар ҷараёни бархӯрд маҳбусон ҷиҳози хобро ба оташ кашидаанд. Баъди ин ҳодиса дар зиндон иқдомоти шадиди амниятӣ ҷорӣ шудааст. Зиндонҳои Русия ҳамеша ба хотири шароити ногувор ва бадрафторӣ бо маҳбусон таҳти танқид қарор доранд.

Садҳо ҷосуси Русия ва Чин дар Брюссел кор мекардаанд

Идораҳои Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел

Идораи умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки садҳо нафар аз ҷосусони Русия ва Чин дар Брюссел фаъолият мекунанд. Рӯзномаи “Велт ам Зонтаг”- Олмон бо такя ба дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо навиштааст, ки “ҳудуди 250 ҷосуси Чин ва 200 ҷосуси Русия дар ин пойтахти аврупоӣ фаъолият мекунанд.”

Бино ба ин гузориш, ба дипломатҳои аврупоӣ тавсия додаанд, ки ба баъзе аз гӯшаҳои муайяни Брюссел аз ҷумла ресторанҳо ва қаҳвахонаҳои маъруф дар назди қароргоҳи асосии Кумиссиёни Аврупо нараванд.

Дар гузориши рӯзномаи олмонӣ омадааст, ки ҷосусони рус ва чинӣ дар сафоратҳо ва намояндагиҳои тиҷоратии кишварҳояшон кор мекунанд.

Ҷавони тоҷикро бо хоҳиши худаш ҳабс карданд

Акс аз бойгонист.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як сокини шаҳри Душанберо бо хоҳиши худаш ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум ва барои 5 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кардааст.

Додгоҳ бо нашри як баёнияи расмӣ рӯзи 8-уми феврал хабар дод, ки Сино Махсутов, сокини 40-солаи ноҳияи Синоро чанде пеш барои ронандагӣ дар ҳоли мастӣ муҳокима кардаанд.

Ба гуфтаи додгоҳ Сино Махсутов, “ба гуноҳаш иқрор шудааст, аз кирдораш изҳори пушамонӣ карда ва аз додгоҳ тақозо кардааст, ки нисбат ба ӯ ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин кунад” чунки ӯ имкону шароити пардохти ҷаримаро надорад.

Дар баёнияи додгоҳ омадааст, ҳангоми таъини ҷазо дархости Сино Махсутов ва шароиту шахсияташро ба эътибор гирифтанд ва ӯро ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд. Ҳамингуна ӯ ҳақ надорад баъди адои ҳукм то 5 сол ронандагӣ кунад.

Барои ронандагӣ дар ҳоли мастӣ дар Тоҷикистон то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст, вале агар ронандаи маст, сабаби садама ва ё фоҷиае шавад, ба солҳои тулонии зиндон маҳкум мешавад.

Ҷавони тоҷикро рӯзи 17-уми январ дар хиёбони Рӯдакӣ дар маркази Душанбе дастгир кардаанд.

Боздошти як хориҷӣ бо ҷурми терроризм дар Қирғизистон

Хориҷии боздоштшуда дар Қирғизистон

Шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Миёна бо иттиҳоми ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ба хотири анҷоми ҳамлаи террористӣ дар Қирғизистон боздошт шуд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 8-уми феврал ҳарчанд гуфт, ки ӯ зодаи яке аз кишварҳои собиқ шӯравии Осиёи Миёна ҳаст, вале аз кишвари мушаххасе ном набурд.

Ба гуфтаи КДАМ ин нафар бо иттиҳоми ҷиноятҳои сангин дар кишвари худ мавриди пайгард қарор дорад ва узви ташкилоти террористӣ мебошад.

Ин нафар дар ҷануби Қирғизистон, шаҳри Ҷалолобод ҳангоми убури ғайриқонунии марз боздошт шуд. Мақомоти қирғиз мегӯянд, ин нафар дар кӯҳҳо таҷрибаи ҷангӣ ва сохтани маводҳои таркандаро омӯхтааст.

КДАМ-и Қирғизистон гуфт, пас аз бозҷӯи нафари боздоштшударо ба кишвараш истирдод мекунад.

"Маро мекушанд". Илтиҷои қазоқтабори чинӣ аз президенти Узбекистон

Фурдугоҳи Тошканд

Як шаҳрванди қазоқтабори Чин, ки дар фурудгоҳи Тошканд боздошт шудааст, аз ҳукумати Узбекистон хост, ӯро истирдод накунад. Соҳибкор Ҳалимбек Сяхеман, ки номаш ҳамчун Ғалимбек Шагиман низ сабт шудааст, аз Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон хост, ки “ҳамчун бародари мусалмони туркзабон” ӯро ба Чин таслим накунад, ки он ҷо ба марг маҳкум мешавад.

Ҳалимбек ин дархостро рӯзи 7-уми феврал дар навори видеоие кардааст, ки дар саҳифаи фейсбукаш нашр шудааст. Зоҳиран, ин навор дар бинои фурудгоҳи байналмилалии Тошканд сабт шудааст. Ин видео бо акси шиносномаи Ҳалимбиек дар гурӯҳҳои марбут ба фаъолони ҳуқуқи башар низ пахш шудааст, ки тақозои истирдод нашудани ӯ ба Чинро доранд. Ин дар ҳолест, на ҳукумати Узбекистон ва на Чин дархости истирдоди ӯро тасдиқ накардаанд.

Юнон ба узвияти Македонияи Шимолӣ дар НАТО розӣ шуд

Порлумони Юнон

Сарвазири Юнон ҷумҳурии Македонияи Шимолиро ҳамчун шарики “дӯст” ситоиш кард ва аз он хост, баталошҳо барои “амният, субот ва ҳамкорӣ” дар кишварҳои Балкан ҳамроҳ шавад. Порлумони Юнон рӯзи 8-уми феврал протоколи пазируфтани ҳамсоякишвараш ба узвияти НАТО-ро имзо кард. Алексис Тсипрас қабл аз овоздиҳии вакилон барои қабули Македонияи Шимолӣ ба НАТО гуфт: “Бори дигар мехоҳам таъкид кунам, ки Македонияи Шимолӣ аз кишвари хеле дӯсти Юнон аст” . Ин кишвари Югославияи собиқ барои ворид шудан ба НАТО аз 153 раъй дар порлумони Юнон 140 раъй дарёфт кард. Овоздиҳӣ баъди он баргузор шуд, ки Македония бо талаби Юнон исмашро ба Македонияи Шимолӣ иваз кард. Мухолифатҳои Юнон барои Македония номгузорӣ шудани кишваре дар Балкани Ғарбӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки Македония исми як вилояти қадимие дар қаламрави Юнон мебошад. Юнон гуфт, ҳаросаш ин аст, ки рӯзе ба хотири муштаракоти ном, иддаоҳои марзӣ сар мезанад. Ихтилоф дар исми кишвар талошҳои Македонияро барои узвияташ дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО дучори мушкил карда буд. Музокироти миёни Юнону Македония хеле мушкил пеш мерафт. Гурӯҳҳои миллатгаро дар ҳарду кишвар мухолифи созиш буданд. Вале дар ниҳоят нахуствазирони ду кишвар тавонистанд, созишномаро ба тасвиб расонанд, то ки равобити ду кишвар оддӣ шавад.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ Юсуфи 5-соларо меҷӯянд

Юсуф Саидов 5 сола аст.

Хешовандони як тифли тоҷик, ки тақрибан 10 рӯз пеш бенишон шуд, мегӯянд, ҷустӯҷуи онҳо ва мақомоти интизомӣ ҳеҷ натиҷае надодааст. Юсуф Саидови 5-сола рӯзи 31-уми январ дар назди хонаашон дар деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ ғайб зад.

Шаҳобиддин Саидов, амаки Юсуф рӯзи 9-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз нопадид шудани бародарзодааш, бо аҳли деҳ тамоми атроф, ду гуристони деҳа, наҳри беоби наздики деҳаро ҷустуҷӯ кардаанд, вале кӯдак, ё аломате аз ӯро пайдо накардаанд.

Ӯ афзуд, баъди гум шудани Юсуф ба мақомоти милиса муроҷиат кардаанд ва онҳо низ дар ин замина парванда боз кардаанд ва ҷустуҷуи тифли 5-соларо идома медиҳанд. Шаҳобиддин Саидов гуфт, Юсуф зоҳиран ҳангоми бозӣ дар назди хонаашон соати 12 нисфирӯзӣ ғайб задааст ва касе ҳам намедонад, ки куҷо рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, фақат фурӯшандагони мағозаҳои наздик гуфтаанд, ки тифлро дидаанд.

Деҳаи Ҷӯйбодом дар канори шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва дар гузашта шоҳиди чунин ҳодиса нашудааст. Гум шудани тифл дар деҳот дар Тоҷикистон аҳёнан рух медиҳад, чун мардум ҳамдигар ва атфоли ҳамдигарро мешиносанд ва дар сурати танҳо дидани тифли хурдсол ӯро ба назди волидонашон бармегардонанд.

Аммо дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон дар гузашта нопадид шудани се тифли хурдсол дида шудааст, ки дуторо бо гузашти солҳо пайдо накардаанд, вале ҷасади якеро дар ноҳияи Ҳисор ёфтаанд.

Волидони тифли гумшуда бо насби эълонҳо дар деҳоти атроф ва ҳам нашри он дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардум хостаанд, дар сурати дидани ӯ ба волидон муроҷиат кунанд. Рақам барои муроҷиат ҳам гузоштаанд, ки ин аст 901-55-15-97, 905-88-68-68

Чиҳил соли зиндон барои қатли 6 мусулмон дар Канада

Александр Бизоннете

Додгоҳи Канада як ҷавонеро, ки шаш намозгузорро дар масҷиди шаҳри Квебек кушт, ба бештар аз 40 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми Александр Бизоннетеи 29-сола рӯзи 8-уми феврал содир шуд. Ӯ фақат баъди 40 сол ҳақ дорад, дархости авф кунад.

Ин ҷавон рӯзи 28-уми январи соли 2017 бо тирандозӣ дар масҷид 6 нафарро ба ҳалокат расонд. Франсуа Ҳуё, додраси парванда зимни қироати ҳукм гуфт, ки қотил нисбат ба “муҳоҷирони мусулмон нафрати амиқ доштааст.” Ӯ бо муроҷиат ба гунаҳкор гуфт, “Ту ҳафт ҳамватани худро барои он куштӣ, ки аз ту фарқ мекарданд.”

Додрас ҳамчунин гуфт: “Бо ин нафрату нажодпарастӣ, зиндагии онҳо, аз худат ва аз волидонатро зеру забар кардӣ. Ҷинояте, ки ту кардӣ сазовори сахттарин маҳкумият аст.”

Додрас тақозои 150 соли зиндонро, ки сахттарин ҳукм дар таърихи муосири Канада мешуд, рад кард, зеро ба гуфтаи ӯ, чунин ҷазо дарозтар аз умри қотил ва ноодилона мебуд.

Айман Дирбалӣ, ки дар натиҷаи тирандозӣ комилан фалаҷ шуд, гуфт, аз он маъюс шудааст, ки ба қотил ҳукми тулонитар надоданд. Ҷастин Трудо, нахуствазири Канада, тирандозиро ҳамлаи террористӣ номида, маҳкум кардааст.

Александр Бизоннете баъди намози шом ба масҷиди Квебек ворид шуда ба самти 40 нафар, ки дар байнашон кӯдакон ҳам буданд, тир андохт.

Путин генералҳои сохторҳои низомиро барканор кард

Президенти Русия Владимир Путин беш аз даҳ фармондеҳи низомиро, ки дар ҳукумат вазифа доштанд, барканор кард. Бар асоси фармоне аз рӯзи 8 феврал, Путин нӯҳ генерал ва ду полковникро, ки дар Кумитаи тафтишот ва вазоратҳои дохиливу ҳолатҳои изтирорӣ кор мекарданд, аз мақом барканор кард. Дар миёни онҳо генерал Сергей Солопов, сардори раёсати ҷилавгирӣ аз фасоди полиси Маскав ва генерал Ирина Зейберт, мушовири аршади раиси Кумитаи тафтишот низ ҳастанд.

Дар бораи сабабҳои барканории онҳо чизе гуфта намешавад. Ҳеҷ як аз барканоршудаҳо дар миёни ҷомеа шинохта набуданд.

Лондон 650 ҳазор доллари писари нахуствазирро ҳабс кард. ВИДЕО

Владимир Филат соли 2016 ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳе дар Бритониё амр кард, ки 650 ҳазор доллари писари собиқ нахуствазири Молдова Владимир Филат дар чаҳорчӯби таҳқиқоти Оҷонсии ҷиноятҳои Бритониё ҳабс мешавад. Ин оҷонсӣ рӯзи 7 феврал гуфт, ки Лука Филат барои иҷораи як пентҳаузаш дар ғарби Лондон 500 ҳазор доллар пешпардохт додааст. "Ин маблағ дар паи фаъолиятҳои ғайриқонунии падараш” ба даст омадааст, гуфтааст оҷонсӣ.

Владимир Филат соли 2016 бо қарори додгоҳе дар Молдова ба мӯҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ӯро ба он гунаҳгор карданд, ки дар давоми кораш ба ҳайси нахуствазир солҳои 2009 то 2013 дар нопадид шудани 1 миллиард доллари бонкҳои Молдова даст задааст. Пулҳои гумшуда ба 10 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Молдова баробар аст.
Лука Филати 22-сола дар он муттаҳам мешавад, ки баъди ба хотири таҳсил ба Лондон кӯчиданаш зиндагии шик дошта моли гаронбаҳо мехарид ва аз ҷумла арзиши мошини Bentley-и ӯ 259 ҳазор доллар буд.
Оҷонсӣ мегӯяд, бо ин ки Лука Филат манбаи сабтшудаи даромади молӣ надорад, ба се ҳисоби бонкии ӯ аз ширкатҳои воқеъ дар Туркия ва Ҷазираҳои Кайман пулҳо ворид мешавад.

Пули бедардимиён на ба сарвазири собиқ насиб кард, на ба писараш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00

Ин пулҳо ҳанӯз моҳи маи соли 2018 масдуд шуда баъди ин таҳқиқи манбаи воридшавии онҳо шурӯъ шуд. Дар ҳукми додгоҳии рӯзи 7 февралаш додрас Майкл Сноу гуфт, ки баъди таҳқиқу таҳлил ба ин натиҷа омадааст, ки пулҳо дар натиҷаи фаъолиятҳои ҷиноии падари ин ҷавон ба даст омадааст.

Бар асоси қонуни соли 2017 дар бораи дороиҳои машкук, Бритониё ҳақ дорад хориҷиҳоро ҳам аз назари фасоду даромадҳои молии сабтнашуда таҳқиқ кунад. Нахустин нафаре, ки мавриди ҳадафи ин қонун қарор гирифт, ҳамсари бонкдори собиқи Озарбойҷон Замира Ҳоҷиева мебошад. Ҳоҷиева ҳоло талош дорад ба Озарбойҷон истирдод нашавад, чун дар ватанаш дар ду парвандаи марбут ба тақаллуб гумонбар мешавад. Ҳамсари Ҳоҷиева ҳам мӯҳлати 15-солаи зиндонро пушти сар мекунад. Ҳоҷиевҳо ин иттиҳомотро рад мекунанд.

Муолиҷаи 56 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон.ВИДЕО

Ноҳияи Ишкошим

Дар беморхонаҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон соли гузашта 56 шаҳрванди Афғонистон муолиҷа гирифта, як нафар амалиёти пайвандсозии гурдаро дар Душанбе пушти сар кардааст.

Дар ин бора рӯзи 8 феврал дар нишасти матбуотии раҳбарияти вазорати беҳдошти Тоҷикистон хабар дода шуд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар заминаи кӯмаки тиббӣ ба сокинони он сӯи дарё тавофуқе миёни вазорат ва Бунёди Оғохон амал мекунад.

Соли 2018 дар Тоҷикистон 56 шаҳрванди Афғонистон муолиҷаи тиббӣ гирифтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфт, дар доираи шартнома табибони тоҷик асосан ба шаҳрвандони манотиқи наздимарзии Бадахшони Афғонистон кӯмаки тиббӣ мерасонанд.

Ба гуфтаи вазир, “ҳамзамон агар ҳолатҳои фаврии ҷарроҳӣ, табибони тоҷик ба қаламрави Афғонистон мераванд.”

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 км марзи муштарак дорад ва як бахши он аз байни вилоятҳои Бадахшон мегузарад, ки дар ҳарду ҷониби марз воқеъ аст. Дар миёни муштариҳои афғони бемористонҳои Бадахшони Тоҷикистон гоҳо низомиёни нирӯҳои давлатии Афғонистон ҳам вомехӯранд, ки дар паи ҳодисаҳои марзӣ бо ҷароҳатҳои мухталиф барои муолиҷа муроҷиат мекунанд.

Хоманаӣ: шиори "марг бар Амрико" яъне "марг бар Трамп" аст

Ayatollah Khamenei met with Iranian air force officers-- 8 Feb 2019

Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ гуфт, ки шиори “марг бар Амрико” на ба мардуми Амрико, балки ба президенти ин кишвар Доналд Трам ва дигар тасмимгирандагони амрикоӣ марбут аст. Хоманеӣ гуфт, ки манзури онҳо аз шиори “марг бар Амрико” – “марг ба Трамп, Ҷон Болтон (мушовири амнияти миллӣ) ва Помео (Майк Помпео, котиби давлатии ИМА) мебошад.

Ин маънои марг бар ҳукуматдорони Амрикоро дорад”, гуфт раҳбари олии Эрон дар ҷараёни суханронии рӯзи 8 февралаш дар маросиме бо ширкати афсарони нирӯҳои ҳавоӣ, ки ба 40-солагии инқилоби исломӣ бахшида шуда буд.

Шиори мазкур одатан дар ҷараёни маъракаҳои серҷамъияти давлатии Эрон, аз ҷумла дар намозҳои ҷумъа пахш мешавад. Хоманаӣ гуфт, “ин шиор ба маънои марг бар чанд шахсест, ки ин кишварро раҳбарӣ мекунанд. Мо чизе бар зидди мардуми амрикоӣ надорем”.

Хоманеӣ гуфтааст, то замоне, ки Эрон сиёсати душманонааш нисбати Эронро идома медиҳад, ин шиор аз байн намеравад. Таниш дар равобити Теҳрону Вашингтон баъди он шиддат гирифт, ки бо қарори Доналд Трамп ИМА аз созиши соли 2015-и ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуд ва дубора таҳримҳои иқтисодиро барқарор кард. Кишварҳои дигари имзогузошта зери ин санад аз Аврупо, ки талош доранд созишномаро ҳифз кунанд, аз назари Хоманаӣ, “қобили эътимод нестанд”.

Хоманаӣ гуфт, “машварат медиҳам, ҳамон тавре, ки ба амрикоиҳо эътимод надорем, ба аврупоиҳо ҳам бархурд шавад”. Ӯ дар идома гуфт: “Намегӯем, ки бо онҳо робитаҳоро қатъ мекунем, вале ин ҷо масъалаи эътимод матраҳ аст”.

Бритониё, Фаронса ва Олмон ахиран механизми нави пешбурди тиҷорат бо Эронро муаррифӣ карданд, ки ба ширкатҳои аврупоӣ имкон медиҳад бидуни нақзи таҳримҳои амрикоӣ бо Эрон додугирифтҳои тиҷоратии қонунӣ дошта бошанд.

Ин тасмим мавриди истиқболи Иттиҳодияи Аврупо шуд, ки Эронро барои барномаи “бесуботкунанда”-и баллистикӣ ва “фаъолиятҳои душманонааш” дар чанд кишвари узви ИА ва дахолат дар умури кишварҳои Ховари Миёна интиқод мекунад.

Парлумони Юнон барои тасвиби протоколи Македония овоз медиҳад

Парлумони Юнон қарор аст рӯзи 8 феврал протоколи ба узвияти НАТО пазируфтани ҳамсоякишвари Македонияро ба тасвиб расонад ва бо ҳамин қарор аст ихтилофҳое, ки даҳсолаҳо идома дошт, хотима меёбад. Овоздиҳӣ баъди он баргузор шуд, ки ин ҷумҳурии бахше аз Югославияи пешин розӣ шуд, ки бо талаби Юнон исмашро ба Македонияи Шимолӣ иваз кунад. Ин овоздиҳӣ шоми ҷумъа баргузор мешавад. Мухолифатҳои Юнон барои Македония номгузорӣ шудани кишваре дар Балкани Ғарбӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки Македония исми як вилояти қадимие дар қаламрави Юнон мебошад. Юнон гуфт, ҳаросаш ин аст, ки рӯзе ба хотири муштаракоти ном, иддаоҳои марзӣ сар мезанад. Ихтилоф дар исми кишвар талошҳои Македонияро барои узвияташ дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО дучори мушкил карда буд. Музокироти миёни Юнону Македония хеле мушкил пеш мерафт. Гурӯҳҳои миллатгаро дар ҳарду кишвар мухолифи ин созиш буданд. Вале дар ниҳоят нахуствазирони ду кишвар – Алексис Тсипсаси юнонӣ ва Зоран Заеви мақдунӣ тавонистанд ин созишномаро ба тасвиб расонанд, то ки равобити ду кишвар оддӣ шавад.

Сергей Юрский, ҳунарпешаи маъруфи рус даргузашт

Дар шаҳри Маскав дар синни 83-солагӣ яке аз ҳунарпешаҳои маъруф ва пурмаҳсули Русия, коргардон ва шоир Сергей Юрский даргузашт. Дар ин бора рӯзи 8 феврал дафтари матбуоти театри Моссовет хабар дод. Юрский соли 1935 дар шаҳри Ленинград таваллуд шуда, Институти театрии ба номи Островскийро хатм кардааст. Солҳои баъдӣ дар театри драмавии ба номи Горкий таҳти раҳбарии Георгий Товстоногов нақшҳо офаридааст.

Аз соли 1978 Юрский муқими Маскав шуд ва дар театри Моссовет кор мекард. Чанде баъд раҳбари ҳамин театр шуд. Барои тамошобинони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Юрский бештар бо нақшҳояш дар синамо шиносу маъруф шудааст. Ӯ дар беш аз панҷоҳ филм нақш бозӣ кардааст.

Сергей Юрский дар зиндагиаш мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дошт, борҳо дар масоили маҳдудияти озодии баён ва ҷанг дар Чеченистон, озод шудани маҳбусони сиёсӣ баромад карда, шурӯи ҷанг дар Украинаро интиқод ва хатми таъқиби ҷиноии Кирилл Серебренников, режиссери русро талаб кардааст.

Русия: ИМА бояд системаи дифои мушакиашро дар Руминия хароб кунад

Русия гуфт, ки ИМА бояд системаи дифои мушакии МК-41-и худро дар Руминия ба хотири мувофиқат бо талаботи созиши ҳастаии замони Ҷанги Сард тахриб кунад. Дар изҳороте, ки рӯзи 7 феврал нашр шуд, вазорати дифои Русия инчунин гуфт, ки Вашингтон бояд дастгоҳҳои парвози бидуни сарнишинашро ҳам бо ҳамин сабаб нобуд кунад. Вазорати дифои Русия атташеи низомии сафорати ИМА-ро даъват карда, талаби хаттии Маскавро ба дасти ӯ супурд.

Русия рӯзи 3 феврал иҷрои созиши нирӯҳои миёнапарвози ҳастаии соли 1987-ро боздошт ва ин тасмим як рӯз баъди он гирифта шуд, ки ИМА дар бораи хориҷ шуданаш аз созиш дар фурсати шаш моҳи баъдӣ хабар дод. Маскав мегӯяд, ки шартҳои созишномаро вайрон накардааст. Системаи дифои мушакӣ дар шаҳри Девеселуи ҷануби Руминия ҷойгир шудааст. Он моҳи маи соли 2016 мустақар шуда қодир ба нобуд кардани мушакҳо дар масофаҳои тӯлонӣ мебошад.

Дар посух ба ин таҳаввулот вазири дифои Руминия Теодор Мелешкану рӯзи 7 феврал гуфт, ки ин танҳо як системаи дифои мушакӣ асту бас. Мелешкану гуфт, ки талаби Русия танҳо баҳонае барои барномаи низомии худи ин кишвар аст, ки шартҳои созиши аслиҳаро нақз мекунад. Ӯ афзуд, ки ин мавзӯъро бо муттафиқонашон дар миён гузошта ба як мавқеи воҳид меоянд.

Варзиши киберӣ дар Қирғизистон расман навъи варзиш эътироф шуд

Варзиши киберӣ ё интернетӣ дар Феҳристи миллии навъҳои варзиш ва риштаҳои варзишии Қирғизистон шомил шуд.

Ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2018 Оҷонсии давлатии кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ин бора қарор содир карда буд.

Нуриддин Султамбоев, сухангӯи Оҷонсӣ хабар дод, се навъи дигари варзиш - кунг-фу, варзиши чир ва карлинг шомили феҳрасти миллии Қирғизистон шуданд.

Сарватмандтарин марди дунё мегӯяд, ӯро "шантаж" мекунанд

Ҷефф Безос, молики ширкати Amazon рӯзи панҷшанбе гуфт, вай мавриди қаллобӣ ва "шантаж"-и нашрияи National Enquirer қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи Безос, нашрия таҳдид кардааст, агар миллиардер аз идомаи таҳқиқот дар бораи пайдо кардани аксҳои хусусӣ ва муколамаи электронии Безос даст накашад, аксҳои урёни ӯро нашр хоҳад кард.

Безос номаҳои электронии нашрияи National Enquirer ҳамагонӣ кард, ки аз вай талаб мешавад, аз идомаи таҳқиқот даст кашад. Безос, ки бештар аз 130 миллард доллар сарват дорад, бо киро кардани детективи хусусие мехоҳад, дақиқ кунад, ки чи гуна аксҳои ишқварзии вай бо маъшуқааш ба дасти нашрия расидааст. Чанде пеш нашрияи National Enquirer мақолаеро дар бораи робитаҳои ғайриникоҳии Безос нашр кард. Як рӯз пеш аз нашри мақола Безос хабар дод, ки аз ҳамсараш ҷудо мешавад.

Ба гуфтаи молики Amazon, хабари шуруъи таҳқиқ роҳбари нашрия Дэвид Пекерро ба хашм овард. Пекер бо тими президенти ИМА Доналд Трамп робитаҳои зич дорад. Безос ҳамчунин афзуд, инъикоси қатли рӯзноманигори Саудӣ Ҷамол Хошуқчӣ аз сӯи нашрияи Washington Post низ мумкин аст, Пекерро ба хашм оварда бошад. Нашрияи Washington Post ба Безос тааллуқ дорад.

Дар минтақаҳои Қазоқистон ба иллати сармо мактаб ва роҳҳо баста шуданд

Дарсҳо барои хонандагони мактабҳои вилоятҳои Қарағанда, Павлодар, Кокшетау, Қазоқистони Шарқӣ ва Қазоқистон Шимолӣ қатъ шуд.

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон низ 8 феврал барои хонандагони басти аввали мактабҳо ва коллеҷҳо дарсҳоро бекор карданд. Сармои сахт дар қисмати марказӣ ва шимолии Қазоқистон боиси чунин тасмимгирӣ шудааст.

Сардиҳо ҳамзамон ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳҳоро манъ кард. Ҳаракат дар роҳҳои вилояти Павлодар ва аз Остона ба ҳамаи самтҳо қатъ шудааст. Дар вилоятҳои Қазоқистони Шарқӣ, Акмолин ва Қазоқистони Шимолӣ ҳаракати нақлиёти ҷамъиятиро қатъ намуданд.

Ҳавосанҷони Қазоқистон аз сардиҳои 45-дараҷаӣ хабар медиҳанд.

Муҳоҷири узбек барои наҷоти 8 одам медал гирифт

Борис Дубровский, губернатори вилояти Челябинск рӯзи 6 феврал дар як ҷамъомади тантанавӣ ба шаҳрванди Узбекистон Оламафрӯз Абдуллоев ноишоне бо номи "Ба некӣ кардан биштоб" тақдим кард. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе маркази иттилооти вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар дод.

Оламафрӯз Абдуллоев рӯзи 31 декабри соли 2018 аз зери харобаҳои биное дар шаҳри Магнитогорск 8 нафарро наҷот дод. Вай яке аз аввалинҳо буд, ки то омадани наҷотдиҳандагон ба кӯмаки сокинони бинои сарозершуда шитофт.

Ба Оламафрӯз рӯзи 5 феврал дар бинои Консулгарии Узбекистон дар Екатеринбурги Русия ҳам аз номи вазорати корҳои хориҷии Узбекистон туҳфа ва сипоснома тақдим карданд.

Дар натиҷаи таркиш дар бинои истиқоматии Магнитогорск рӯзи 31 декабри соли 2018 - 39 нафар кушта шуд. Дар миёни онҳо як зани тоҷик бо се фарзандаш ҳам даргузашт. Мақомоти Русия гуфтанд, бино бар асари таркиши гази табиӣ фурӯ рехт.

Ҳукумат ба хонандаи ҳушманди бухороӣ хона сохт

Дониёр Исмоилов бо модараш.

Дар вилояти Бухорои Узбекистон мақомоти маҳаллӣ барои хонаводаи хонандаи синфи 9 Дониёр Исмоилов хона сохтанд. Дониёр борҳо дар олимпиадаҳои байналхалқӣ аз фанни риёзӣ ширкат кардааст. Дар ҳоли ҳозир дар хонаи навсохт корҳои рангу бор идома дорад.

Соли гузашта расонаҳои маҳаллӣ хабар дода буданд, ки модари Дониёр Исмоилов аз дарди ҷигар ранҷ мекашад ва падараш мардикор аст. Ба далели мушкилиҳои хонаводагӣ вай натавонист, ки таҳсилашро идома диҳад.

Ба навиштаи расонаҳо, раиси вилояти Бухоро Уктам Барноев Дониёрро ба ҳузур пазируфтааст. Раёсати маориф ба Дониёр ноутбук ва шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Узбекистон китобхонаи шахсӣ тақдим мекунанд.

Ёфтҳои бештар

ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Зиндагии Гулбаҳор дар "Кохи яхин"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00
XS
SM
MD
LG