Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Дар занозании донишҷӯён дар Душанбе як нафар кушта шуд

Дилмурод Фозилов. Акс аз Раёсати умури дохилии Душанбе

Муноқишаи як гурӯҳ аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Душанбе бо марги як нафар анҷомидааст.

Мақомоти умури дохилии пойтахт гуфтанд, задухӯрд субҳи 8-уми октябр дар ҳудуди ноҳияи Сино рух дод. Бино ба иттилои расмӣ, Дилмурод Фозилови 17-сола аз зарби корд дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, дар ин кор ҳамдарсашро Убайдулло Қурбонови 18-соларо гумонбар кардаанд

Мақомот Абдухолиқ Ғафурзода, Кабир Шарифов ва Давлат Ғайбуллоевро аз иштирокдорони дигари занозанӣ ном бурдаанд.

Тафсилоти ҳодиса аз манобеи мустақил дастрас нест. Вале мақомот дар изҳороте мегӯянд, “Убайдулло Қурбонов бо корд як дафъа ба узви ҳаётан муҳим, яъне қисмати дили донишҷӯ Дилмурод Фозилов задааст, ки дар натиҷа ӯ бо бардошти ҷароҳати вазнин ба ҳалокат мерасад. Гумонбар аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.”

Маъмурони милиса Убайдулло Қурбоновро дар ҷараёни як амалиёт дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дастгир кардааст. Зидди ӯ бар асоси моддаи “авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард” ва “одамкушӣ” парванда кушода шудааст. Гумонбар дар ҳабси пешакӣ аст.

Тафтишоти ибтидоӣ маълум кардааст, ки Убайдулло Қурбонов ва Дилмурод Фозилов хатмкардаи мактаби рақами 60-и ноҳияи Синои Душанбе буда, зоҳиран “хусумати даврони мактабӣ ба ин ҳодиса сабаб шудааст”.

Дар гузашта низ чанд муноқишаи маргбори хонандагони мактаб ва донишгоҳҳои кишвар сабт шуда буд. Мақомот дар чунин ҳодиса волидонро гунаҳкор медонанд, ки фарзандони худро беназорат гузоштаанд. Волидон дар навбати худ омӯзгоронро муқассир мехонанд.

Даъвати раҳбарони курдҳо аз мардум зидди амалиёти Туркия

Пас аз изҳороти Анкара дар бораи оғози амалиёти низомӣ дар шимоли Сурия ва баромадани нерӯҳои амрикоӣ аз ин минтақа, раҳбарони курдҳо ба "сафарбаркунии умумӣ" даъват кардаанд.

Давлати ғайринизомӣ ба роҳбарии курдҳо дар шимолу шарқи Сурия рӯзи 9-уми октябр ҳушдор додааст, ки агар амалиёти ҷангӣ оғоз шавад, дар шимоли Сурия "фоҷиаи башарӣ" рӯй хоҳад дод.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров низ ҳушдор дода гуфтааст, амалҳои Амрико дар ин минтақа метавонад "тамоми минтақаро ба оташ кашад".

"Мо аз мардумамон, аз ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ мехоҳем, ки ба тарафи минтақаи наздик ба марзи Туркия ҳаракат ва дар ин вақти хеле муҳими таърихӣ истодагарӣ кунанд", -- гуфтааст раҳбари маҳаллӣ, ки ҳамчун идораи худмухтори шимолу шарқи Сурия номдор аст.

Дар гузоришҳои рӯзи 8-уми октябр гуфта мешаванд, ки артиши Туркия мавқеи худро дар марз бо Сурия устувор кардааст ва даҳҳо мошини низомӣ, боркашонӣ, зиреҳпӯш ва танкҳо ба сӯи шаҳри Акчакале расидаанд.

Мақомоти Туркия гуфтаанд, низомиён ба марзи Сурия ва Ироқ зарба задаанд, то нерӯҳои курд бо истифода аз ин роҳ ягонаҳои низомии худро дар минтақа пурзӯр накунанд.

Муқовимати муҳоҷирони Осиёи Миёна зидди як гурӯҳи ҷинояткор

Шоҳидон нақл мекунанд, ки зодагони Осиёи Марказӣ дар бозори меваву сабзавоти Новосибири Русия зидди гуруҳи мутташакили ҷинояткоре муқовимат нишон додаанд. Ин гуруҳи ҷинояткорро шахсе бо номи Тамерлан - зодаи Узбекистон роҳбарӣ мекунад.

Ба иттилои расонаҳо, гуруҳи вай аз ду сол инҷониб ба ғоратгарӣ ва тамаъҷӯӣ машғул аст. Зарардидагон борҳо ба мақомот аз болои ин гуруҳ шикоят бурданд, аммо шикояти онҳо натиҷае надодааст.

Низоъи охири рӯзи 4 октябр шуруъ ва баъди се рӯз ба занозании гуруҳӣ табдил шуд. Тамерлан рӯзи 7 октябр бо гуруҳи мусаллаҳи 10-нафарӣ вориди бозор шуд. Дар наворҳое, ки дар Интернет нашр шуд, дида мешавад, одамони вай бо ниқоб ва автомату таппонча ба бозор ворид мешаванд.

Жаркинбон Тойтуков, роҳбари диаспораи қирғизҳо дар Новосибир гуфт, ки коргарони бозор бо сангу чӯб ба муқовимати гуруҳи мусаллаҳ баромаданд.

"Зодаи Қирғизистон бо номи Рашид дар гуруҳи ҷинояткор шомил буд. Вай зодагони Осиёи Марказиро ғорат мекард. Онҳо хостанд, бори дигар тоҷиронро ғорат кунанд ва бо ин мақсад, савори се мошин ба бозор омаданд. Наздики 100 одам ба муқовимати тамаъҷӯён бархостанд ва мошинҳояшонро оташ заданд. Се-чаҳор кас аз тирҳои резинӣ маҷруҳ шуданд. Чанд тан аз аъзои гуруҳи ҷинояткор боздошт шуданд. Аммо саркардаҳо ҳанӯз дар озодиянд",-гуфт Тойтуков.

Расонаҳои Русия навиштанд, ки дар занозанӣ наздики 200 кас ширкат кард, ки аз онҳо 50 тан боздошт шудааст.

Омодагии ҳизбҳои Қирғизистон ба интихоботи порлумонии соли 2020

Ҳизбҳои сиёсии Қирғизистон омодагӣ ба интихоботи порлумонии соли 2020-ро шуруъ карданд. "Республика - Ата Журт", дувумин ҷиноҳи бузурги порлумонӣ, тасмим надорад, ки бо ҳайати кунуниаш дар интихоботи навбатӣ ширкат варзад.

"Ата-Журт" қасд дорад, дар интихобот мустақилона ва бо роҳбарии Камчибек Ташиев ширкат варзад. "Республика" ҳанӯз тасмим нагирифтааст ва ҳамчунин роҳбарии ҳизб низ номаълум боқӣ монда, ширкати Омурбек Бабанов дар интихобот низ норушан аст.

Ҳизбҳои "Республика" ва "Ата-Журт", ки дар остонаи интихоботи соли 2014 эътилоф ташкил карда буданд, аз рӯи шумори мандати вакилон дар порлумон ҷои дувумро соҳиб шуданд. Аммо ҳизбҳо тасмим гирифтанд, ки дар интихоботи соли 2020 ба таври алоҳида ширкат варзанд.

Вакилон посухи дақиқ надоранд, ки "Республика" дар интихоботи соли оянда ширкат хоҳад кард ё на. Пештар аз ин ҳизби "Қирғизистон" низ хабар дода буд, ки дар интихоботи соли 2020 ширкат хоҳад кард.

Алайҳи Порошенко парвандаи ҷиноятӣ боз шуд

Бюрои пажуҳишии Украина нисбати президенти пешини он кишвар Петр Порошенко парвандаи ҷиноӣ боз кард. Порошенкоро дар эъломияи нодуруст додан дар бораи дороиҳояш гумонбар мекунанд. Дар ин бора расонаҳои украинӣ хабар медиҳанд.

Бюрои пажуҳишӣ хабар дод, ки парванда дар асоси шикояти яке аз вакилони порлумон боз шудааст. Мақомот аз вакил ном намебаранд. Нисбати Порошенко бо моддаи "сохтакории аснод" парванда боз шудааст. Ин модда ҷаримаи бузург ва ё маҳдуд кардан аз озодӣ то се солро пешбинӣ мекунад.

Дар эъломияи соли 2018 Порошенко даромади шахсӣ ва хонаводагиашро аз 12,4 то 16,9 млн гривен (мутаносибан 47,6 ҳазор доллар то 75,2 ҳазор доллар) арзёбӣ карда буд. Порошенко ҳамчунин дар эъломияаш навишта буд, ки аз ҳисоби пасандозҳояш дар "Бонки байналхалқии сармоягузорӣ" 15,7 млн гривен даромад гирифтааст.

Ҳуқуқшиносон пештар хабар доданд, ки дар бораи се ширкати офшории марбут ба Порошенко иттилоъ пайдо шудааст.

Мушкили дастрасӣ ба сомонаи "Фарғона" дар Русия дубора сар зад

Акс аз бойгонӣ

Масъулони хабаргузории "Фарғона", қароргоҳаш дар Маскав, гуфтанд, ки Роскомнадзор – ниҳоди нозир дар соҳаи мухобироти Русия – дастрасӣ ба як саҳифаи сомонаи онҳоро бастааст. Ба ҳамин далел, ба гуфтаи онҳо, сомона барои аксари корбарон дар ҳудуди Русия дастнорас аст.

Роскомнадзор дар бораи бастани як саҳифаи «Фарғона» шаби сешанбе хабар дод, вале сабаби чунин тасмимро шарҳ надод.

Хабаргузории "Фарғона", ки дар Русия сабти ном шудааст, дар бораи ҳодисаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад.

Ин хабаргузорӣ 1-уми октябр дар ҳудуди Русия пурра баста шуда буд, вале дертар Роскомнадзор ин маҳдудиятро бардошт.

Мудири кулли "Фарғона" Даниил Кислов рӯзи сешанбе гуфт, онҳо бо кумаки ҳуқуқшиносон ва ҳаракати "Роскомсвобода" тавонистанд муайян кунанд, ки ба дастнорас шудани сомонаи хабаргузорӣ дар Русия матлаби худкушии як зани нафақахӯр дар Қирғизистон сабаб шудааст.

Сармуҳаррири хабаргузорӣ Мария Дубнова иттилоъ дод, ки онҳо матлаби мазкурро аз сомона пок ва «Роскомнадзор»-ро огаҳ карданд. Ба гуфтаи Дубнова, «Роскомнадзор» дар аввал нагуфт, ки аз нашри кадом матлаб норозӣ ҳаст ва бе огоҳӣ дастрасӣ ба сомонаро маҳдуд кард.

Пулиси Қазоқистон ҳамлагари автобусҳоро ҷустуҷӯ дорад

Пулиси Қарағандаи Қазоқистон шахсеро ҷустуҷӯ дорад, ки шаби 8 октябр ба сӯи се автобуси мусофирбар бо силоҳи пневматӣ оташ кушодааст.

Ҳодиса дар назди истгоҳи маҳаллаи "Квартали 45" рух дода, дар дохили автобусҳо аз 40 то беш аз 100 мусофир ҳузур доштанд.

Ба огаҳии Департаменти пулиси Қарағанда, дар ин ҳодиса касе осеб надидааст. Дар дохили яке аз автобусҳо тири 4,5-миллиметрие пайдо кардаанд, ки дар силоҳи пневматӣ истифода мешавад.

Дар робита ба ҳодисаи мазкур бо банди "Авбошӣ" тафтишот оғоз шуда, гумонбарро то ҳол боздошт ё шахсияти ӯро муайян накардаанд.

Дар Узбекистон бо диндорон "корҳои фаҳмондадиҳӣ" мегузаронанд

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кумитаҳои маҳаллӣ ва омӯзгорони макотиби вилоятҳои Намангон, Фарғона ва Андиҷони Узбекистон дар мавзӯи "Беҳсозии муҳити динӣ" ҷаласаҳо баргузор мекунанд.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ сабти садоеро аз ҷараёни яке аз ҷаласаҳои мазкур дар деҳаи "Калача"-и ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷон дастрас кард. Дар ҷаласа ҷавонони 18-19-солае иштирок доштанд, ки риш мемонанд ва бо "тоқии ғайрисуннатӣ" ба масҷид мераванд.

Тавре дар навор шунида мешавад, марде худро нозири умури фаҳмондадиҳии Шуъбаи пулиси Шаҳрихон Элмурод Аҳмадалиев муаррифӣ карда, аз ҷавонон даъват мекунад, ки риш нагузоранд. "Агар ҳама риш монанд корҳои давлативу хоҷагидориро кӣ мекунад? Танҳо 60-солаҳо метавонанд, ки риш монанд",-меафзояд ӯ.

Ба гуфтаи нозири узбек, шеваи либоспӯшии арабҳо ва мардуми дигар наметавонад барои узбекҳо намуна шавад. "Мо турк ё эронӣ нестем. Мо узбек ҳастем",-изҳор медорад Аҳмадалиев.

Ҷавони 19-солае аз нозир суол мекунад, оё дар Узбекистон қонуне ҳаст, ки мондани ришро манъ кунад. Нозир ба ҷои посух додан ба таҳдид гузашта, дар хитоб ба ҷавон мегӯяд, ки ман падарбузургу падари туро мешиносам ва инхел суолҳоро дигар надеҳ.

Пештар манобеъ хабар дода буданд, ки кормандони Кумитаи занони ноҳияи Турақӯрғони вилояти Намангон хона ба хона гашта, аз сокинон даъват мекунанд, либосҳои исломӣ напӯшанд ва риш нагузоранд.

Интиқод аз марказҳои иттилоотии ниҳодҳои давлатӣ дар Узбекистон

Комил Алламҷонов.

Оҷонси иттилоотӣ ва иртибототи Узбекистон фаъолияти марказҳои матбуотии ниҳодҳои давлатиро баррасӣ кард.

Комил Алламҷонов, раиси оҷонсӣ ва муовини вай Саида Мирзиёева, духтари президенти Узбекистон дар ҷаласае, ки 4 октябр баргузор шуд, аз фаъолияти марказҳои иттилоотии ниҳодҳои давлатӣ интиқод карданд. Комилҷон Алламҷонов гуфт, марказҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ ба талаботи фазои нави иттилоотӣ ҷавобгӯ нестанд.

"Инҷо аз 78 маркази матбуотӣ намоянда нишастааст. Агар ҳар кадоми онҳо рӯзе як хабар нашр кунанд, фазои матбуотии мо ҳамин миқдор хабар хоҳад дошт. Дар шароити ҷанги иттилоотӣ ин нуктаи бисёр муҳим аст",- гуфт Алламҷонов.

Абдураҳмон Ташанов, рӯзноманигори мустақил аз Узбекистон мегӯяд, марказҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ то ҳанӯз аз расонаҳои мустақил тарс доранд. "То замоне ки тарси марказҳои матбуотӣ аз расонаҳои мустақил ва хориҷӣ идома кунад, мушкили Комилҷон Алламҷонов кам нахоҳад шуд", - гуфт Ташанов.

"Узтрансгаз" $20 миллиони сокинонро бармегардонад

Ширкати "Узтрансгаз"-и Узбекистон наздики 20 миллион доллареро ба сокинон бармегардонад, ки ғайриқонунӣ гирифта буд.

Кумитаи зиддимонополии Узбекистон 7 октябр хабар дод, ки ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ баъди санҷиш дар чанд минтақаи кишвар ошкор шуд.

Ширкати "Узтрансгаз" аз бархе сокинон бо тарофаҳои баланд пули харҷи газ ситонидааст.

Дар ин робита Кумитаи зиддимонополӣ дар асоси қонун дар бораи "Монополияи табиӣ" парванда боз кардаааст.

Тоқаев хост, аз таҷрибаи Чин дар ҷамъоварии иттилоъ пайравӣ шавад

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон дар як ҷаласа рӯзи 8 октябр гуфт, ки кишвараш бояд аз таҷрибаи Чин дар "рақамисозии иттилои шахсии шаҳрвандон" истифода кунад.

"Ширкати чинии Hikvision... Техникаи онҳо хеле рушд кардааст. Онҳо ҳамаи шаҳрҳои асосиро рақамӣ кардаанд. Амиқан рақамӣ кардаанд. Рӯи экран нохун мезанӣ, ҳамаи иттилоъ дар бораи шаҳрванд пайдо мешавад. Донишгоҳро кай хатм кард, вақтҳои холиашро дар куҷо сипарӣ мекунад, аз куҷо қарздор аст ва ғайра", - гуфт Тоқаев.

Ширкати Hikvision, ки Тоқаев аз он тамҷид мекунад, ахиран шомили рӯйхати ширкатҳои таҳримшуда аз сӯи Амрико гардид. Амрико гуфт, ин ва чанд ширкати дигари чинӣ "дар маъракаи таъқибсозии ақалиятҳои қавмӣ" даст доранд.

Аммо Тоқаев мегӯяд, "мо бояд ба ҳамин самт равем. Ин тамоюли ҷаҳонӣ аст. Ман ин дастурро ба мақомоти пойтахтамон, ҳукумат ва вазоратҳои зиддахл медиҳам".

Сенат дахолати Русияро дар интихоботи ИМА тасдиқ кард

Кумитаи иктишофии Сенати ИМА гузориши худро дар бораи истифодаи Русия аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои таъсир расондан ба афкори оммаи амрикоиҳо нашр кард.

Муаллифони гузориш бар инанд, ки гуруҳи ба истилоҳ, "фабрикаи троллейҳо"-и марбут ба Кремл дар давраи интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 барои маъруф шудани Доналд Трамп кор карда, ҳамзамон талош кардааст, обрӯи рақиби асосии ӯ аз Ҳизби демократҳо Ҳилларӣ Клинтонро поин барад. Гузориши сенат хулосаи нашркардаи Хадамоти махсуси ИМА-ро тақвият бахшид.

Кумита 8 октябр дар гузориши худ гуфтааст, Оҷонси пажӯҳишҳои интернетии Русия ҷузъи ҷанги густардаи иттилоотие буд, ки то ҳол идома дорад. Созмондиҳандагони он барои ба вуҷуд овардани ихтилофи назар дар ҷомеа ва доираи сиёсии Амрико талош кардаанд.

Оҷонси пажӯҳишҳои интернетӣ, мақарраш дар Петербург, ки бо номи "фабрикаи троллейҳо" низ маъруф аст, ба соҳибкор Евгений Пригожин, шахси наздик ба Кремл тааллуқ дорад. Додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер дар гузориши худ дар бораи дахолати Русия ба интихоботи президентии ИМА борҳо номи оҷонси мазкурро зикр карда буд.

ИМА зидди як қатор шахсони воқеию ҳуқуқии марбут ба "фабрикаи троллейҳо" бо шумули Евгений Пригожин барои амалҳояшон зидди Амрико таҳрим эълом кардааст.

Дар Қирғизистон омбудсмени тиҷорат фаъолиятро оғоз мекунад

Дар Қирғизистон омбудсмен ё худ ваколатдори тиҷорат Робин Орд-Смит фаъолиятро оғоз мекунад. Дар ин бора худи ӯ 8 октябр дар ҷаласаи Шӯрои тобеи ҳукумати Қирғизистон барои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Робин Орд-Смит, доираи соҳибкорони маҳаллӣ барои ҳимояти соҳибкорӣ аз таҷрибаи кофӣ бархурдор аст ва ӯ талошҳои ҳукумати Қирғизистонро барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва доираи соҳибкорӣ пурра дастгирӣ менамояд.

"Робин Орд-Смит гуфт, бо вуҷуди шаҳрванди Бритониё буданаш барои ҳимояти манфиатҳои соҳибкорони дохиливу хориҷӣ тамоми талошашро хоҳад кард",-иттилоъ додааст хадамоти матбуотии Девони вазирони Қирғизистон.

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев низ дар ҷаласаи мазкур гуфт, шаҳрванди хориҷӣ таъйин шудани ваколатдори тиҷорат паём ба соҳибкорони хориҷӣ аст, ки метавонанд бо дили пур дар иқтисоди ин кишвар сармоягузорӣ кунанд. Нурлан Мусуралиев ва Сергей Пономарев муовинони омбудсмени тиҷорат таъйин шуданд.

Ибтидои соли ҷорӣ сарвазири Қирғизистон қарори ташкили ваколатдори тиҷоратро имзо кард. Ваколатдори тиҷорат масъули ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии тоҷирони Қирғизистон хоҳад буд. Барои фаъолияти ниҳоди нав 1,5 млн евро ҷудо мешавад. Ин маблағро Бонки аврупоии рушду бозсозӣ медиҳад.

Дар маҷмуъ, барои ишғоли курсии ваколатдори тиҷорат 100 кас, аз ҷумла чанд намояндаи тиҷорати Қирғизистон даъвогар буданд. Дар ниҳоят Робин Орд-Смит ба ин мақом интихоб шуд.

Робин Орд-Смити 53-сола аз моҳи июни соли 2015 то моҳи январи соли 2019 сафири Бритониё дар Қирғизистон буд.

Русия маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаи "Фарғона"-ро бекор кард

"Роскомнадзор" маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории "Фарғона"-ро, ки аз 1 октябр дар ҳудуди Русия масдуд шуда буд, бекор кард.

Мудири кулли "Фарғона" Даниил Кислов рӯзи сешанбе гуфт, онҳо бо кумаки ҳуқуқшиносон ва ҳаракати "Роскомсвобода" тавонистанд муайян кунанд, ки ба дастнорас шудани сомонаи хабаргузорӣ дар Русия матлаби худкушии як зани нафақахӯр дар Қирғизистон сабаб шудааст.

Сармуҳаррири хабаргузорӣ Мария Дубнова иттилоъ дод, ки онҳо матлаби мазкурро аз сомона пок ва "Роскомнадзор"-ро огаҳ карданд. Ба гуфтаи Дубнова, "Роскомнадзор" дар аввал нагуфт, ки аз нашри кадом матлаб норозӣ ҳаст ва бе огоҳӣ дастрасӣ ба сомонаро маҳдуд кард.

Хабаргузории "Фарғона", ки дар Русия сабти ном шудааст, дар бораи ҳаводиси кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад.

Трамп гуфт, Туркия аз ҳад гузаронад, иқтисодашро "нобуд мекунад"

Президенти Амрико Доналд Трамп бо раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Мақомоти Туркия гуфтанд, ки тайёрӣ ба амалиёти низомӣ дар шимолу шарқи Сурия "ба поён расидааст", дар ҳоле ки президент Доналд Трамп таҳдид кард, агар Туркия "аз ҳад гузаронад", иқтисоди он кишварро "нобуд мекунад".

Масъулони Вазорати мудофиаи Туркия рӯзи 7-уми октябр дар "Твиттер" навиштанд, қувваҳои мусаллаҳи кишвар "ҳеҷ гоҳ сохтани даҳлези террористиро дар марзҳояшон таҳаммул нахоҳанд кард".

Вазорат гуфтааст, эҷоди "минтақаи амн" дар шимоли Сурия ба мардуми он ва сулҳу оромӣ дар минтақа зарур аст.

Ин изҳорот пас аз тасмими ногаҳонии Трамп дар бораи беруншавии нерӯҳои Амрико аз минтақаҳои назди сарҳади Сурия бо Туркия садо дод, ки нирӯҳои таҳти раҳбарии курдро дар минтақа дар миёни ҳамлаи артиши Туркия мемонад.

Иёлоти Муттаҳида дар Сурия тақрибан 1000 сарбоз дорад ва 50 нафари онҳо аз минтақаи сарҳадӣ бароварда шуда, ба ҷойҳои дигар кӯчонида шудаанд. "Ҷойе, ки оташи ҷанг нест", -- гуфт як мансабдори баландпояи ҳукумати Иёлоти Муттаҳида.

Ягонаҳои муҳофизати халқҳои Курд (YPG), ки ба Қувваҳои Демократии Сурия (SDF) дар шимолу шарқи Сурия бартарӣ доранд, ҳампаймонҳои асосии Амрико дар шикаст додани гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳастанд.

Элиот Энгел: Трамп қасди хуруҷ аз паймони "Фазои боз"-ро дорад

Элиот Энгел, раиси демократи Кумитаи робитаҳои хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико

Як намояндаи баландпояи Маҷлиси Намояндагони Амрико аз Ҳизби демократ мегӯяд, давлати президент Доналд Трамп дар пайи баррасии берун рафтан аз паймони "Фазои боз" мебошад. Ин паймон яке аз паймонҳои муҳим оид ба назорати яроқ ва халъи силоҳ мебошад, ки дар остонаи фурӯпошӣ аст.

Элиот Энгел, раиси демократи Кумитаи робитаҳои хориҷии палатаи мазкур рӯзи 7-уми октябр бо нашри номае чунин иддао кардааст. Аммо ҳеҷ изҳорот ё тасдиқи фаврӣ аз Кохи Сафед ё Пентагон дар бораи ин иддао дода нашудааст.

Энгел дар нома ба мушовири амнияти миллӣ Роберт О,Брайен навиштааст: "Ман аз гузоришҳо дар бораи он ки ҳукумати Трамп масъалаи баромадан аз паймони "Фазои боз"-ро баррасӣ мекунад ва шуморо низ ба чунин амалӣ бепарвоӣ даъват мекунад, сахт нигарон ҳастам".

"Берун шудани Амрико танҳо ба Русия фоида меорад ва ба манфиатҳои амнияти миллии ҳампаймонон ва ҳамроҳони мо зараровар аст", -- навиштааст ӯ.

Паймони 14-солаи "Фазои боз" аз ҷониби 34 давлат имзо шуда, ҳадафи он тақвияти суботи байналмилалӣ бо иҷоза додан ба кишварҳои имзокунанда барои анҷоми парвозҳои назоратӣ ба фарози сарзаминҳои якдигар, мушоҳидаи марказҳои низомӣ ва иншоотҳои дигар аст .

Дар гузашта бархе аз қонунгузорҳо ва мансабдорони ҳарбии Амрико изҳор доштанд, ки Русия бо истифода аз фанноварии дурбини пешрафта, дар қаламрави Иёлоти Муттаҳида парвозҳо мегузаронад.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида ҳавопаймои Русияро бо истифода аз ин фанноварӣ дар соли 2016 аз парвоз нигоҳ доштанд.

Вазири хориҷии Русия бо сафари дурӯза вориди Қазоқистон шуд

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия имрӯз, 8 октябр бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев мулоқот мекунад. Ойбек Смадияров, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки Лавров бо ҳамтои қазоқистониаш Мухтор Тлеубердӣ низ мулоқот хоҳад кард.

"Вазирони хориҷии ду кишвар масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, равобити байналхалқии ду кишварро баррасӣ мекунанд", - гуфт Смадияров.

Масоили байналхалқӣ ва амнияти минтақавӣ низ дар гуфтугӯи ду вазир баррасӣ хоҳад шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масоили омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои дуҷонибаро муҳокима мекунанд. Миёни ин чорабиниҳо - 16-умин форуми байниминтақавӣ дар Омск, мулоқоти СПАД дар пойтахти Қирғизистон ҳастанд.

Неруҳои Туркия ба мавқеи курдҳои Сурия ҳамла карданд

Неруҳои ҳавоии Туркия дар шимолу шарқи Сурия ба мавқеи курдҳо ҳамла карданд. Дар ин бора расонаҳои Сурия хабар доданд. Ҳамла дар вилояти Хасака сурат гирифт, ки ситоди гуруҳҳои мусаллаҳи курдӣ дар ин вилоят қарор дорад. Дар бораи куштаву захмиҳо ҳанӯз хабаре нарасидааст.

Пештар аз ин президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон аз омодагии неруҳои туркӣ ба амалиёти низомӣ дар ҳудуди Сурия хабар дода буд.

Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои эрониаш Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфт, ки амалиёти низомӣ чораи муваққатист, зеро Туркия ба тамомияти арзии Сурия эҳтиром қоил аст.

Курдҳои Сурия - шарикони аслии ИМА дар мубориза зидди гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ҳастанд. Туркия гуруҳҳои курдиро террорист медонад.

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 6 октябр гуфт, агар Туркия коре кунад, ки ба ӯ писанд наояд, иқтисодашро ба ҳам хоҳад зад. "Пештар гуфта будам ва ҳоло боз ҳам мегӯям, агар Туркия коре кунад, ки аз чорчӯба берун бошад, иқтисодашро ба пуррагӣ маҳв хоҳам кард", - изҳор дошт Трамп.

Президентҳои ИМА ва Туркия 6 октябр суҳбати телефониеро анҷом доданд. Трамп пас аз суҳбат гуфт, дар робита ба амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия аз Раҷаб Эрдуғон ҳимоят намекунад. Трамп гуфт, нерӯҳои амрикоӣ дар он иштирок нахоҳанд кард.

Дар Андиҷон мехостанд, латту кӯби хонандаро пинҳон кунанд

Дар шабакаҳои иҷтимоии Узбекистон видеои шикояти хонандае нашр шуд, ки мегӯяд, ӯро як омӯзгор латту кӯб кардааст. Ин ҳодиса як ҳафта пеш дар мактаби рақами 30-и ноҳияи Асакаи вилояти Андиҷон рух додааст.

Дар видео нафаре аз кӯдак сабаби гиряашро мепурсад ва ӯ дар ҷавоб мегӯяд, ки бо як ҳамсабақи худ ҷанҷол карданд ва омӯзгор танҳо ӯро муҷозот намуд. "Муаллима ба рӯям ду бор зад",-мегӯяд хонанда.

Зоҳиран кӯдак аз хонаводаи камбизоат аст ва худи ӯ низ дар навор мегӯяд, ки ҳангоми ҷанҷол ягона шими мактабияш дарид. Кӯдак ҳамчунин шикоят мекунад, ки омӯзгор ҳамеша ӯро таҳқир мекунад.

"Муаллим ҳамеша маро таҳқир карда, "саги безот" мегӯяд. Ӯ чӣ ҳақ дорад, ки маро дашном медиҳад ва латту кӯб мекунад? Дигар хоҳиши иштирок дар дарси ҷуғрофиёро надорам",-меафзояд хонанда.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ маълум кард, ки ҳодиса дар мактаби рақами 30-и Асака рух дода, кӯдак дар синфи 7-ум мехонад. Яке аз кормандони мактаби мазкур, ки аз қазия огаҳ аст, гуфт, ҳодиса як ҳафта пеш дар дарси ҷуғрофиё рух додааст.

"Дар рафти дарс ду хонанда ҷанҷол мекунанд ва омӯзгор яке аз онҳоро ду шапотӣ мезанад. Вақтҳои ахир шикоят аз болои омӯзгори фанни ҷуғрофиё зиёд шудааст",-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Мудири мактаби рақами 30 Гулчеҳра Мирзоахмедова рух додани ҳодиса дар муассисаи таълимии зери раҳбарияшро тасдиқ кард. "Ҳамин ҳоло видеоро тамошо ва омӯзгору волидони кӯдакро даъват кардам. Ин масъаларо ҳал мекунем. Шумо дертар ба ман занг занед",-изҳор дошт мудир. Вале баъдан ба зангҳои мо дигар ҷавоб надод.

Занозании муҳоҷирон дар Новосибирск: 50 кас боздошт шуд

Дар натиҷаи як занозании гуруҳӣ дар шаҳри Новосибири Русия 50 кас боздошт шуданд. Дар ин задухӯрд ҷамъан ҳудуди 200 кас иштирок дошт.

Шоҳидони ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки ҳодиса 7 октябр дар назди бозори "Хилокский" рух дод. Ба маҳалли ҳодиса маъмурони "ОМОН" ва "СОБР" сафарбар шудаанд.

Манбаи хабаргузории "Интерфакс" мегӯяд, иштирокдорони занозанӣ аз силоҳ истифода накарданд ва танҳо нозири минтақавӣ барои огоҳӣ ба осмон оташ кушодааст. Вале хабаргузории ТАСС бо такя ба манбаи худ иттилоъ дод, ки дар задухӯрд аз ислоҳ истифода шудааст. Дар Вазорати умури дохилии Русия гуфтанд, ки дар он ҳодиса як кас осеб дидааст, вале аз шарҳи бештар худдорӣ карданд.

Шоҳидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки дар маҳалли ҳодиса як мошини "Газел" ва як "Инфинитӣ" оташ гирифт. Нашрияи "Новосибирск Онлайн" иттилоъ дод, ки задухурд ба далели оташ гирифтани мошини "Инфинитӣ" сар задааст.

"Тайга.Инфо" навишт, низоъ нахуст миёни ду тоҷир бар сари пули иҷораи анбор сар задааст. "Яке аз тоҷирон афроди мусаллаҳро барои гирифтани пули иҷораи анбор ба сари тоҷири дигар фиристод ва ин муноқиша ҳанӯз 4 октябр оғоз шуда буд", - афзудааст манбаи расона.

Намояндаи ҷамъияти қирғизҳо дар Новосибир Жаркинбой Тойтуков дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки занозанӣ миёни шаҳрвандони Қирғизистон сар зад. Бино ба фарзияи пешакӣ, як шаҳрванди Қирғизистон аз ҳамватанони худ пул тамаъ мекардааст. "Одамони ӯ шаҳрвандони моро латтукӯб карда, пул талаб мекарданд ва намегузоштанд, ки ҳамватанонамон дар бозор ором кор кунанд",-афзуд Тойтуков.

Дар натиҷа тоҷирон дигар вазъро таҳаммул накардаанд ва мошини "Инфинитӣ"-и шаҳрванди Қирғизистонро оташ задаанд.

Сафорати Қирғизистон дар Русия то ҳол ҳодисаро шарҳ надодааст.

Варзишкори узбек пас аз муҳориба дар Грозний ҷон бохт

Варзишкори узбек дар риштаи муҳорибаҳои омехта (ММА) Бекзод Нурматов пас аз рақобат бо варзишкори рус Беслан Исоев дар мусобиқаи шаҳри Грозний, ки 4 октябр баргузор шуд, аз олам даргузашт.

Ҷасади Нурматовро 8 октябр ба ватан оварданд. Бекзод дар мусобиқаи "Absolute Championship Akhmat 100" дар Чеченистон аз рақибаш Исоев бо хол шикаст хӯрда буд.

Ба гуфтаи созмондиҳандагони мусобиқа, Нурматов дар охири муҳориба худро аз зарбаи сахте натавонист ҳимоят кунад. Пас аз поёни муҳориба вазъи сиҳатии Нурматов бад шуда, ӯро ба беморхона интиқол доданд. Пас аз се рӯзи беҳушӣ, шаби якшанбе ба душанбе даргузаштааст.

Хабаргузории русии ТАСС бо такя ба наздикони варзишкор иттилоъ дод, ки ҷасади Нурматовро рӯзи сешанбе ба ватан интиқол медиҳанд ва худи ҳамон рӯз ба хок супорида хоҳад шуд.

Нурматов 27 сол дошта, дар 13 муҳориба 11 пирӯзӣ ба даст овардааст. Вазорати дифои Узбекистон Нурматовро ифтихори артиши ин кишвар номид. Варзишкори узбек солҳои ахир дар яке аз бошгоҳҳои муҳорибаи омехтаи Санкт-Петербург тамрин мекард.

"Расонаҳои Тоҷикистон 159 бор меъёри ахлоқро нақз карданд"

Дар се моҳи ахир аз ҷониби расонаҳо дар Тоҷикистон 159 бор меъёрҳои ахлоқи журналистӣ, нақз шудааст. Шӯрои Васоити Ахбори Омми Тоҷикистон рӯзи 8-уми октябр зимни як ҳамоиш аз мониторинги семоҳаи худ натиҷагирӣ кард. Ба гуфтаи масъулони ин Шӯро, мониторинг 50 расонаи электронӣ ва чопии дохилиро дар бар гирифт.

Масъулони Шӯрои ВАО гуфтанд, ки бар пояи ин мониторинг, давоми ин се моҳ аз ҳама бештар меъёрҳои ахлоқи журналистӣ аз сӯи ҳафтаномаи СССР - 19 бор, "Фараж" ва "Самак" 18 борӣ, "Оила" 16 бор, нақз шудааст.

Бандҳои асосие, ки расонаҳо онро нақз кардаанд, ин ҷудо будани эҷодиёт аз тиҷорату реклама, асардуздӣ, иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр ва ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс мебошад.

Ин нишаст бо ширкати масъулони Шӯрои ВАО намояндагони расонаҳои кишвар дар Маҷмааи "Шарқи Озод" баргузор шуд.

Шӯрои ВАО як созмони мустақили журналистист, ки соли 2009 ташкил шуда, дар баробари ҳимоят аз ҳаққи хабарнигорон муҳтавои матолиби нашрияҳоро аз нигоҳи мутобиқаташон ба Кодекси ахлоқи журналистӣ низ пайгирӣ мекунад.

Эрону Тоҷикистон барои тармими туннели "Истиқлол" $10,5 млн ҷудо карданд

Мақомоти тоҷик ва эронӣ ба мувофиқа расидаанд, ки бархе тарҳҳои ниматамоми Эрон дар Тоҷикистон, монанди туннели "Истиқлол" (Анзоб)-ро, ки насби таҷҳизоти он такмил нашудааст, бо ҳамкории якдигар ба итмом расонанд.

Ин мавзӯъ дар мулоқоти Ризо Ардакониён бо Сӯҳроб Мирзозода, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон дар Теҳрон, матраҳ шудааст. Ба гуфтаи мақомоти эронӣ, ин сафар бар асоси тамоюли ҳар ду кишвар барои фаъолияти бештари Эрон ва ширкатҳои паймонкорӣ ва машваратии Эрон дар Тоҷикистон, сурат гирифтааст.

Муовини вазири энержии Эрон ба расонаҳои ин кишвар гуфтааст, ки маблағи ин тарҳҳо 10,5 миллион доллар мебошад, ки ба таври 50-50 дарсадӣ байни ду кишвар иҷро хоҳад шуд. Ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки ин тарҳҳо ниматамом то соли 2020 ба анҷом расанд. Нақби муҳиме, ки сохтмонаш солҳои тӯлонӣ идома кард, вале ҳанӯз ҳам системаи ҳавокашии муносиб ва рӯшноӣ надорад.

Нақби “Истиқлол”-ро ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли он мепайвандад, Эрон бо харҷи бештар аз 60 миллион доллар ва дар муддати 3 сол сохт. Онро соли 2006 бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба истифода доданд. Аммо нақби мазкур солҳои тӯлонӣ як роҳи торику хатарнок ва ноҳамвор барои нақлиёт буд ва баъд аз тармиму таҷдиди тӯлонӣ дар соли 2011 роҳашро ҳамвор ва обашро хушк карданд.

Эрон, ки бо Тоҷикистон дар чанд соли пеш робитаҳои хуб дошт, ду тарҳи бузург, аз ҷумла нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" –ро амалӣ кардааст. Айни замон ду тараф баъди робитаҳои сарди сесола, ба ҳам наздик мешаванд ва дар тобистони имсол раиси ҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон сафар кард.

Тӯйҳои бидуни санади издивоҷ дар Узбекистон ҷиноят шумурда мешаванд

Дар Узбекистон тасмим доранд, барои бастани никоҳи бидуни сабт дар мақомоти расмии давлатӣ ҷавобгарии ҷиноӣ роҳандозӣ кунанд.

"Барои бастани никоҳи бидуни қайд дар мақомоти давлатӣ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ хоҳад шуд. Дар робита ба ин ҳоло дар ҷумҳурӣ ба қонунгузорӣ тағйирот ворид мешавад ва дар асоси ин тағйирот, домуллоҳое ба ҷавобгарӣ ҷалб мешаванд, ки бидуни санади САҲШ (сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ) зану мардро никоҳ мекунанд",-гуфт Гавҳар Олимова, муовини раиси вилояти Самарқанди Узбекистон.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар Узбекистон соли ҷорӣ расман 33 ҳазор ҷуфт аз қайди расмии никоҳи давлатӣ гузаштаанд. Ин дар ҳолест, ки 12 150 оилаи дигар бар асоси қонунҳои шариат оила бунёд кардаанд.

Гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко

Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко, президентҳои Тоҷикистон ва Белорус ба густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар арсаҳои гуногун таъкид кардаанд. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар ин гуфтугӯи телефонӣ, ки рӯзи 5-уми октябр сурат гирифтааст, президентҳои ду кишвар "ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи минтақивию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд".

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Белорус ҳам мегӯяд, ки сарони ду кишвар аз сатҳи ҳамкориҳои муваффақ дар арсаҳои гуногун изҳори ризоят намудаанд. Ин манбаъ мегӯяд, ки Лукашенко оқои Раҳмонро ба муносибати зодрузаш табрик гуфтааст.

Гуфтугӯи сарони Тоҷикистон ва Белорус дар ҳоле сурат мегирад, ки аз чанд рӯз ба ин тараф як фаъоли сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар Белорус дар боздошт қарор дорад.

Мақомоти Белорус рӯзи 25-уми сентябр Фарҳод Одинаевро дар гузаргоҳи марзии "Каменный Лог", воқеъ дар сарҳади Литва ва Белорус боздошт карданд. Ӯ барои ширкат дар машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон роҳии Варшава буд.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан дар нома ё дархости худ ба ҷониби Беларус, Фарҳод Одинаевро ба "иштироку сармоягузорӣ ва таблиғи фаъолияти ифротгароӣ" муттаҳам карда буданд. Онҳо гуфтаанд, ки парвандаи зидди Одинаев моҳи октябри соли 2018 кушода шудааст. Вале намояндагони мухолифини тоҷик дар хориҷа мегӯянд, Фарҳод Одинаев чанд сол боз аз фаъолиятҳои сиёсӣ даст кашида, дар Маскав "зиндагии ором" дошт.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Манъи парвариши чорво дар гӯшаҳои нави пойтахти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
XS
SM
MD
LG