Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Оғози берун омадани нерӯҳои амрикоӣ аз марзи Сурия ва Туркия

Бино ба гузоришҳо, Иёлоти Муттаҳида эълон кардааст, ки ҳангоми амалиёти фаврии Туркия ба зидди нерӯҳои таҳти раҳбарии курд дар шимолу шарқи Сурия, нерӯҳои Амрико берун хоҳанд шуд.

Пас аз чанд соати ин эълон нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз минтақае дар дарозии марзи Сурия бо Туркия ба ақибнишинӣ сар кардаанд.

Хабаргузории Reuters бо такя ба як мансабдори амрикоӣ гуфтааст, ки рӯзи 7-уми октябр нерӯҳои Амрико ду постгоҳи назоратиро дар Тел Абяд ва Рас ал-Айн тарк кардаанд.

Нозирони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Бритониё, тасдиқ карданд, ки нерӯҳои Амрико аз мавқеи асосӣ дар ин ду маҳал ақибнишинӣ кардаанд. Қувваҳои демократии Сурия (SDF) бо раҳбарии курдҳо низ дар изҳороте гуфтааст, «нерӯҳои Амрико аз минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Туркия берун шуданд».

Туркия моҳҳо боз таҳдид мекунад, ки дар сарҳади шимолу шарқиаш бо Сурия як амалиёти низомӣ оғоз мекунад ва мехоҳад дар он ҷо “минтақаи амн” эҷод кунад.

Кохи Сафед рӯзи 6-уми октябр гуфт, Туркия "бо амалиёти дарози барномарезишудааш дар Сурияи Шимолӣ, ба зудӣ пеш хоҳад рафт".

Дар изҳорот омадааст, Иёлоти Муттаҳида, ки садҳо сарбоз дар Сурия дорад, дар ин амалиёт «ҳамроҳ намешавад ва тарфдорӣ намекунад» ва нерӯҳои ИМА «дигар дар минтақаи наздик нахоҳанд монд».

ИМА аз хабарҳо дар бораи хушунати ақалиятҳо дар Шинҷон нигарон аст

Элис Уэллс, як масъули вазорати хориҷии ИМА аз хабарҳо дар бораи хушунати ҷинсӣ нисбати ақалиятҳои уйғур ва қазоқ дар вилояти Шинҷони Чин амиқан изҳори нигаронӣ кард.

Ин мақомдорои ИМА аз Пекин даъват кард, ки "ҳамлаи бераҳмона ба ҳуқуқи инсон ва озодии виҷдон"-ро қатъ кунад.

Уэллс дар саҳифаи Твиттер мақолаи нашрияи Washington Post-ро бознашр кард, ки дар он суханҳои занони қазоқтабори сокини Шинҷон оварда шудааст. Қазоқтаборон, ки сарфи назар аз монеаҳои давлати Чин билохира ҳудуди он кишварро ба қасди Қазоқистон тарк карданд, аз хушунатҳое нақл карданд, ки нисбати онҳо дар Чин раво дида шудааст. Гулзира Могдини 38-сола, яке аз он занон, ки ҳоло дар Қазоқистон зиндагӣ дорад, мегӯяд, дар Шинҷон тифли батнашро иҷборан исқот кардаанд.

Он занон гуфтаанд, ки дар "урдугоҳҳои бозтарбия"-и Шинҷон муҳофизон занони ҷавонро таҷовуз мекунанд.

Расонаҳо аз мавҷудияти урудгоҳҳои Шинҷон аз соли 2017 ба ин тараф хабар медиҳанд. Расонаҳои Ғарб менависанд, ки дар ин урдугоҳҳо ақалиятҳои қавмӣ, аз ҷумла уйғурҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, тоторҳо ва ғайра, ки пайрави ислом ҳастанд, нигаҳдорӣ мешаванд. Ба иттилои СММ, дар соли 2018 дар урдугоҳҳои мазкур бештар аз 1 миллион одам нигаҳдорӣ мешуд.

Трамп раиси порлумонро ба "хиёнат ба давлат" айбор кард

Доналд Трамп ва Нэнсӣ Пелосӣ

Доналд Трамп, президенти Амрико, шаби 6-уми октябр раиси Палатаи намояндагони Конгресси Амрико Нэнсӣ Пелосиро дар "ҷиноятҳо ва аъмоли вазнин, инчунин эҳтимоли хиёнат ба давлат" айбдор ва ба "эъломи нобоварии фаврӣ" нисбат ба вай даъват кард. Трамп рӯзи якшанбе чунин матнеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард. ​

Айбномаи "ҷиноятҳо ва аъмоли вазнин", ки Трамп ба он такя мекунад - баҳои ҳуқуқиест, ки онро одатан ҳангоми сабти сабабҳои эъломи нобоварӣ истифода мебаранд.

Ин айбнома одатан нисбат ба мансабдорон дар ҳолатҳои зерин истифода мешавад: ҳангоми фасодкорӣ, хунукназарӣ, шоҳидии бардурӯғ додан, сӯистифода аз мансаб, порахӯрӣ, тарс додани шоҳидон, истифодаи ғайримақсадноки амволи давлатӣ, иҷро накардани уҳдадориҳо ва ҷиноятҳои дигар.

Ин изҳороти Трамп дар ҳоле садо медиҳад, ки ахиран аз пайдо шудани шоҳиди дувум дар парвандаи эъломи нобоварӣ нисбати Трамп хабар расид. Гуфта мешавад, шоҳиди дувум аз ҳисоби кормандони мақомоти қудратӣ, омода аст, зидди президент шоҳидӣ диҳад.

Палатаи намояндагони Конгресси Амрико рӯзи 25-уми сентябр раванди эъломи нобоварӣ нисбат ба Трампро шуруъ кард. Президентро дар "ҷиноятҳо ва аъмоли вазнин" айбдор мекунанд. Трамп дар пайи суҳбати телефонии моҳи июл бо президенти Украина Владимир Зеленский ба эъломи нобоварӣ рӯ ба рӯ шуд.

Мухолифони сиёсии президенти ИМА мегӯянд, вай дар суҳбати телефонӣ аз ҳамтои украинаш хостааст, фаъолияти Хантер Байден, писари Ҷозеф Байден - рақиби эҳтимолии интихоботии соли 2020-и Трампро дар Украина тафтиш кунад. Трамп таҳдид кардааст, ки агар тафтиш сурат нагирад, ИМА ба Киев кумаки моливу низомӣ нахоҳад расонд.

Намояндагони Трампу Зеленский мегӯянд, ҳеч гуна фишоре аз сӯи президенти ИМА ҷо надошт.

Дар Тошканд хонандагонро бо рӯймол ба дарс намемонанд

Дар назди дарвозаи мактабҳои яке аз ноҳияҳои шаҳри Тошканд ҳар субҳ омӯзгорон хонандагонро маҷбур мекунанд, ки рӯймолҳои худро бигиранд.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми октябр навори садоиеро аз ҷаласаи шуъбаи маорифи яке аз ноҳияҳои Тошканд дастрас кард. Дар ҷаласа ба иштирокдорон дастур мешавад, ки аз охирҳои моҳи сентябри имсол хонандагонро бо рӯймолҳои мазҳабӣ ба дарсҳо роҳ надиҳанд.

"Соати 7-и субҳ бояд дар назди дарвозаи мактаб як зан ва як мард истанд ва онҳоро ҳамроҳ бо хонандагоне, ки дер меоянд, акс гирифта ба ман фиристанд", -- мегӯяд мудири шуъбаи маорифи яке аз ноҳияҳои Тошканд.

Ӯ ҳамчунин аз муовини мудири мактабҳо даъват мекунад, ки бо эҳсоси волидони диндор бозӣ накарда, риояи либоси ягонаи мактабиро қотеона талаб кунанд. "Вақте омӯзгори мард ба духтарҳо мегӯяд, ки "рӯймолатро каш" ба падари онҳо сахт мерасад. Зеро барои онҳо баробар бо талаби кашидани эзор аст. Бинобар ин, хоҳиш мекунам, дар назди дарвозаи мактаб омӯзгорони зан ҳам истанд ва хонанда бояд пеш аз дохил шудан рӯймоли худро бигирад ва ба навбатдор диҳад. Пас аз дарс навбатдор вақте хонанда аз ҳудуди мактаб берун шуд, рӯймолашро баргардонад. Волидон бояд дар хонаҳои худ амру фармон диҳанд. Хонандаҳо дар мактаб бояд ба талаботи шумо итоат кунанд", -- афзуд вай.

Яке аз иштирокдорони ҷаласаи мазкур гуфт, дар ҳоли ҳозир иҷрои қарори Девони вазирони Узбекистон дар бораи либоси ягонаи мактабиро на танҳо кормандони соҳаи маориф, балки мақомоти махсус ва ҳукуматҳои маҳаллӣ низ назорат мекунанд.

Дар Вазорати хориҷии Тоҷикистон бо сафирони САҲА мулоқот доир мешавад

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо сафирони кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе, як мулоқот баргузор мекунад. Қарор аст, ин дидор имрӯз, 7-уми октябр дар бинои Вазорати умури хориҷӣ баргузор шавад.

Дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабари баргузории ин мулоқотро тасдиқ карданд. Масъулини Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин мулоқот 16 сафири кишварҳои узви САҲА ширкат меварзанд. Дар назар аст, ки дар ин нишаст масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо САҲА баррасӣ гардад.

Ба гуфтаи яке аз ширкатдорони ин мулоқот, дар қатори мавзуъҳои дигар ҳамчунин натиҷаҳои машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава баррасӣ хоҳанд шуд.

Машварати солонаи САҲА дар бораи ҳуқуқи инсон аз 16 то 26-уми сентябр дар шаҳри Варшава -- пойтахти Лаҳистон баргузор шуда буд. Дар ин ҳамоиш намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва низ мухолифони сиёсии он, ширкат доштанд.

Ду табиб дар Қазоқистон ба куштори як навзод гумонбар ҳастанд

Роҳбари як муассисаи тиббиро дар вилояти Атирауи Қазоқистон дар куштори як тифли навзод гумонбар мекунанд. Дар ин бора Шингис Кабдула, як мақомдори Оҷонсии мубориза зидди фасодкории Қазоқистон рӯзи 4 октябр хабар дод.

Лаззат Актаева, ноиб-вазири тандурустии Қазоқистон аз волидони навзод узрхоҳӣ кард. Нисбати табибон бо моддаи "куштор" парванда боз шудааст.

Ба иттилои тафтишот, табибон аз рӯи хунукназарӣ навзодро тифли мурда таваллудшуда сабти ном кардаанд, ҳарчанд тифл ҳанӯз зинда буд. Баъди он ки зинда будани кӯдак дақиқ шуд, табибон нахостанд, санадҳоро дубора сабти ном кунанд: зеро санадҳо дар пойгоҳи умуӣ ворид шуда буд "ва онҳоро тағйир додан имкон надошт", гуфт Шингис Кабдула.

Ба навиштаи расонаҳо, момодоя ба сардухтур тариқи телефон хабар додааст, ки тифл ҳанӯз зинда аст, аммо сардухтур дар навбати худ гуфтааст, ки тифлро "беҳтар аст" дар яхдон боқӣ монанд. Телефони роҳбари муассиса ё сардухтурро мақомоти зидди фасоди Қазоқистон гӯш мекарданд.

Аз рӯи ин модда, сардухтур ва момодояро то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Марги шаш нақбкан дар Бодканди Қирғизистон

Дар вилояти Бодканди Қирғизистон дар нақбҳои шаҳри Қизил-Киӣ ва Сулюктӣ шаш одам фавтид. Дар ин бора кормандони мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон хабар доданд.

Ҳодисаи аввал дар нақби Қизил-Киӣ рӯзи 6 октябр рух дод ва боиси марги 3 одам шуд. Ҷузъиёти дигари ҳодиса хабар дода намешавад.

Ҳодисаи дигар дар нақби шаҳри Сулюктӣ рӯзи 5 октябр рух дода, боиси марги 3 одам шуд. Гуфта мешавад, ҳамаи фавтидаҳо аъзои як оила будаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон то кунун ҳодисаро шарҳ надодааст.

Мақомоти Қирғизистон, дар соли 2017 дар маҷмуъ дар нақбҳои он кишвар 26 садама ё ҳолатҳои фавқулода ва марги 24 одам сабт шуда буд.

Reuters: "Тошканд дар мубориза бо фаъолон аз таҷҳизоти ҷосусӣ истифода кардааст"

Мақомоти ҷосусӣ ё иктишофии Узбекистон дар мубориза зидди фаъолон ва дигарандешон аз таҷҳизоти компютерии ҷосусӣ истифода кардаанд. Дар ин бора мутахассисони амнияти киберии "Лабораторияи Каспер" дар ҷаласае дар шаҳри Лондони Бритониё рӯзи 3 октябр хабар доданд.

Брайн Бартоломю, намояндаи "Лабораторияи Каспер" гуфт, гуруҳи рахнагари SandCat марбут ба Мақомоти амнияти миллии Узбекистон мебошанд. Мутахассисон ошкор карданд, ки нишонии IP яке аз рахнагарон ё ҳаккерҳо дар қисми низомии 02616 дар шаҳри Тошканд сабт шудааст.

Қисми низомии мазкур дар ҷаласаҳои додгоҳии парвандаи рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев зикр гардида буд, ки дар фаъолиятҳои зиддиконститутсионӣ айбдор мешуд. Газета.uz бо такя ба вакили мудофеи рӯзноманигор навишта буд, ки маҳз ҳамин қисми низомӣ муколамаҳои электронии рӯзноманигорро дарёфт карда ва дар ихтиёри додгоҳ гузошта буд.

ИМА: дар "парвандаи Украина" хабарчини дувум пайдо шуд

Дар ИМА дар парвандаи ба истилоҳ, "украинӣ" хабарчини дувум пайдо шуд. Ба иттилои хабаргузории "Reuters", ӯ маълумот дар бораи тамосҳои президенти ИМА Доналд Трамп бо Украинаро бевосита дарёфт мекардааст.

Хабарчини дувум бо кормандони хадамоти назорати дохилӣ дар ҷомеаи иктишофии Амрико тамос гирифтааст. Дар ин бора вакили дифои хабарчин Марк Заид иттилоъ дод.

Заид дар суҳбат бо Эй-би-сӣ тасдиқ кард, ки хабарчини дувумро нозири кул бозпурсӣ кардааст. Заид хабарчини якумро намояндагӣ мекард, ки ҷузъиёти суҳбати телефонии Трамп бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленскийро ба ниҳодҳои дахлдори ИМА ироа кард. Хабарчини якум гуфт, 25 июл Трамп аз Зеленский хост, зидди рақиби эҳтимолияш дар интихоботи президентии Амрико дар соли 2020 Ҷо Байден дар Украина тафтишотро оғоз кунанд.

Трамп ҳамчунин рӯзи ҷумъа аз мақомоти Чин низ хост, фаъолияти Байденро тафтиш кунанд. Дар робита ба ин амалкарди Трамп миёни ҷумҳурихоҳон ихтилофи назар ба миён омадааст. Сенаторҳои ҷумҳурихоҳ Митт Ромни, Бен Сасс ва Сюзан Коллинз сахт ибрози нигаронӣ карданд, ки Трамп барои интихоби дуборааш ба мақоми президентӣ аз кишварҳои хориҷӣ кумак мехоҳад.

Миёни ду шаҳри дигари Узбекистону Қирғизистон автобусҳо ба ҳаракат даромаданд

Миёни шаҳрҳои Қизил-Кияи Қирғизистон ва Фарғонаи Узбекистон автобусҳои мусофирбар ба ҳаракат даромаданд. Дар ин бора Идораи нақлиёти вилояти Бодканди Қирғизистон иттилоъ дод.

Мусофирони нахустини масири нав ройгон интиқол дода шуданд ва минбаъд роҳкиро барои як нафар 65 ҳазор сом (ҳудуди 1 доллар) муайян шудааст. Автобусҳо соатҳои 09:00, 10:00, 14:00 ва 15:00 аз Қизил-Кия ба Фарғона ҳаракат хоҳанд кард.

Пештар, 25 сентябр низ миёни шаҳрҳои Андиҷони Узбекистон ва Ӯши Қирғизистон ҳаракати автобусҳои мусофирбар ба роҳ монда шуд. Роҳкиро 100 сом (ҳудуди 1,5 доллар) муайян гаштааст.

Равуи автобусҳои мусофирбар миёни шаҳрҳои Қирғизистону Узбекистон соли 2005, пас аз ҳаводиси шаҳри Андиҷон қатъ шуда буданд.

Рӯзноманигори узбек баъди бозтоби "пахтачинии иҷборӣ" боздошт шуд

Хабарнигори нашрияи "Ҷамъият"-и Узбекистон Давлатназар Рӯзметов, ки мушкили ҷалби иҷбории оскинон ба маъракаи пахтачиниро бозтоб мекард, 5 октябр дар вилояти Хоразм боздошт шуд. Дар ин бора ҳамсари ӯ Ленинза Алиева иттилоъ дод.

"Шавҳарам соати 11-и нисфирӯзӣ, баъди ним соати рафтанаш аз хона занг зад, ки маро кормандони пулис бо худ мебаранд. Баъд аз ин дигар натавонистам бо вай тамос гирам",-хабар дод Алиева.

Дар ҳоли ҳозир сабаби боздошти Рӯзметов дақиқ нест. "Дар Идораи пулиси вилояти Хоразм нахостанд, дар ин бора суҳбат кунанд. Дар Шуъбаи пулиси ноҳияи Қушкупир низ ҳамин гапро гуфтанд", - афзуд ӯ.

Ёдрас мешавем, Рӯзметов, ки бо матлабҳои танқидияш дар бораи меҳнати иҷборӣ дар Узбекистон маъруф аст, моҳи октябри соли 2018 ба "авбошӣ" айбдор ва ҳафт шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шуд. Худи рӯзноманигор гуфт, ӯро барои фаъолияти касбияш "ҷазо" доданд.

​Додситонии кулли Узбекистон низ то ҳол дар робита ба боздошти Рӯзметов изҳоротеро нашр накардааст.

Мақомоти узбек зидди фаъолон аз абзорҳои ҷосусӣ истифода кардаанд

Бино ба як гузориши хабаргузории “Ройтерс”, маъмурони истихбороти Узбекистон барои силсилаи ҳамлаҳои сайберӣ ё киберӣ зидди фаъолон ва мухолифин аз абзорҳои ҷосусии компютерие истифода кардаанд, ки дар фурӯш дастрас аст.

Дар ин бора рӯзи 3-юми октябри имсол мутахассисони соҳаи амнияти сайберии ширкати “Касперский” дар нишасти VirusBulletin дар Лондон хабар доданд. Гузоришро муҳаққиқ Брайан Бартоломю муаррифӣ кардааст.

Онҳо гуфтанд, дар чанде аз компютерҳои ҳакерон системаи зиддивирусии “Касперский” насб шудааст, ки рамзҳои шубҳаоварро шиносоӣ мекунад ва барои ташхис мефиристад.

Мутахассисони ширкати “Касперский” ба осебпазирии зиёд аз як манбаъ таваҷҷуҳ кардаанд. Дар натиҷаи таҳқиқот маълум шудааст, IP-адресе, ки аз он рамзҳои зиёновар меояд, дар домени itt.uz ҷойгир буда, ба номи қисми ҳарбии 02616 дар Тошканд сабт ёфтааст.

Ин қисми низомӣ дар ҷараёни мурофиаи журналист Бобомурод Абдуллоев, муттаҳам ба фаъолияти зиддиконститутсионӣ зикр шудааст.

Газета.uz бо такя ба нақл аз вакили мудофеъ навишта буд, ки маҳз ҳамин қисми низомӣ таҷҳизоти электронии нафари зери ҳимояти ӯро барои ташхис гирифтаст.

Мутахассисони ширкати “Касперский” гуруҳи SandCat-ро низ ба Хадамоти амнияти миллии Узбекистон марбут донистанд. SandCat ба таҳияи вирусҳо машғул аст.

Брайан Бартоломю гуфт, SandCat асосан “ҳомиёни ҳуқуқ, журналистон ва мухолифин”-ро ҳадаф қарор додааст.

Эътирози ҳазорон нафар зидди нақшаи Зеленский дар Украина

Тазоҳуроти рӯзи 6-уми октябри 2019. Шаҳри Киев

Ҳазорҳо нафар дар Киев рӯзи 6-уми октябр зидди нақшаи президенти Украина Владимир Зеленский барои баргузории интихобот дар минтақаҳои зери назорати ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия ба кӯчаҳо баромаданд. Онҳо ин нақшаро ҳамчун "таслим шудани Украина ба Русия" маҳкум карданд.

Украина ва Русия бо миёнравии Олмону Фаронса рӯзи 1-уми октябр созиши пешакӣ ё озмоиширо бо ҷудоиталабон дар бораи баргузории интихоботи маҳаллӣ дар шарқи Украина имзо карданд.

Зеленский ин тавофуқро "қадами зарурӣ" пеш аз баргузории нишасти раҳбарони Русияву Фаронса ва Олмон барои ба даст овардани сулҳ тавсиф намуд.

Рӯзи 6-уми октябр дар шаҳри Харков, шарқи Украина, ки зери назорати нерӯҳои давлатӣ аст, низ тақрибан 300 нафар дар назди бинои ҳукумат ҷамъ шуданд. Онҳо аз кормандони созмонҳои ҷамъиятӣ, фаъолон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ иборат буданд.

Тақозои асосии онҳо ташкили ҷаласаи ғайринавбатии шӯрои вилоятии Харков аст, то шикояти расмии зидди нақшаи интихоботро омода кунад.

Раиси ҷумҳури Украина рӯзи 1-уми октябр розӣ шуд, ки дар қаламрави ду минтақаи шарқии ишғолшудаи ин кишвар интихоботи маҳаллӣ баргузор шавад. Ин ҳам пас аз он ки ҳама воҳидҳои мусаллаҳ ин минтақаро тарк кунанд ва назорати масофаи 400-километрии наздисарҳадӣ бо Русия аз нав ба даст оварда шавад.

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 1-уми октябр дар нишасте дар Киев гуфта буд, "дар зери мили яроқ интихобот баргузор карда намешавад ва нахоҳад шуд. Ҳеч гуна таслимшавӣ ҳам нахоҳад буд".

Минтақаҳои ишғолшуда пас аз баргузории интихоботе, ки аз тарафи САҲА озод ва одилона ҳисобида мешавад ва аз рӯи формулаи маъруф ба Штайнмайер, ки як ҷузъи харитаи роҳ барои ба даст овардани сулҳ аст, мақоми худидоракуниро соҳиб хоҳанд шуд.

Дар задухӯрди панҷсола байни ҷудоиталабон ва нерӯҳои давлатии Украина дар шарқи ин кишвар беш аз 13 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Қонуни асосии Туркманистонро тағйир медиҳанд

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Як комиссияи вижа ба омода кардани тарҳи ислоҳҳо ба Қонуни асосии Туркманистон, кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ, оғоз кардааст.

Оҷонси иттилоотии давлатии Туркманистон хабар дод, ки ҷаласаи аввали аъзои комиссия рӯзи 4-уми октябр баргузор шуд. Раиси ҷумҳур Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов гуфтааст, тағйирот ба Конститутсия “ба вазъи тағйирёбандаи иқтисодиву сиёсии ҷаҳон” рабт дорад.

Бори охир Қонуни асосии Туркманистонро моҳи сентябри соли 2016 ислоҳ карданд. Он замон яке аз бандҳои муҳими тағйирот бардоштани маҳдудияти синни номзад ба мақоми президентӣ буд.

Дар гузашта афроди аз 70-сола боло ҳаққи номзад шудан ба мақоми президенти Туркманистонро надоштанд ва ин банд дар тарҳи се соли пеш бекор карда шуд.

Вале Қонуни асосии Туркманистон танҳо ба афроди аз чиҳилсола боло иҷоза медиҳад, ки довталаби курсии президентӣ шаванд. Ин банд роҳро барои ба қудрат расидани афроде ба мисли писари президент Сардор Бердимуҳаммадов, раиси вилояти Ахал, боз мекунад.

Интизор меравад, Конститутсияи Туркманистон дар шакли нав соли 2020 барои баррасӣ ба порлумон пешниҳод шавад.

Қонуни асосии Туркманистон соли 1992 қабул шуда, то кунун шаш дафъа ба он тағйирот ворид шудааст.

Посухи нерӯҳои демократии Сурия ба ҳушдори Эрдуғон

Нерӯҳои демократии Сурия (SDF) ҳушдор додааст, ки агар Туркия зидди ин нерӯҳо ба ҳамлаҳои ҳавоӣ ё заминӣ даст занад, ҷанги калонеро дар баробари ин кишвар оғоз хоҳанд кард. Ин нерӯҳо аз пуштибонии Амрико бархӯрдор аст ва минтақаҳои шимоли шарқи Сурияро зери назорат дорад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, рӯзи 5-уми октябр гуфт, "Анкара имрӯз ё фардо алайҳи мавзеъҳои нерӯҳои демократии Сурия дар шимоли дарёи Фурот ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии худро оғоз хоҳад кард".

Вай афзуд, "мо барои ин амалиёт омодагӣ гирифта ва нақшаҳои худро пурра кардаем."

Раиси ҷумҳури Туркия ҳамчунин аз муттаҳидони худ хост, то ба гуфтаи вай, ин масъаларо рӯшан кунанд, ки Ҳизби коргарони Курдистон ва шибҳинизомиёни курдро дар Сурия ба ҳайси созмонҳои даҳшатафкан мешиносанд, ё не.

Нерӯҳои демократии Сурия дар эътилофи зидди режими Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия шомил аст.

Кинг ва Фиркин пас аз озодӣ аз Эрон ба Австралия рафтаанд

Ҷоли Кинг ва Марк Фиркин

Ҷоли Кинг ва Марк Фиркин – ду веблогнавис аз Австралия – баъд аз раҳоӣ аз зиндони Эрон ба ватани худ баргаштаанд.

Мақомоти Австралия 6-уми октябр гуфтанд, рӯзе, ки Теҳрон веблогнависонро озод кард, онҳо низ як муҳаққиқи эрониро раҳо намуданд. Ин муҳаққиқи эронӣ беш аз як сол боз дар Квинсленд дар боздошт буд.

Австралия Ризо Деҳбошии 38-сола, муҳаққиқи саратон дар Донишгоҳи Квинслендро моҳи сентябри соли 2018 бо дархости Амрико дастгир кард. Иёлоти Муттаҳида ӯро барои муомила бо ҳадафи содироти таҷҳизоти низомӣ ба Эрон гумонбар карда буд.

Додситони кулли Австралия гуфт, баъд аз омӯзиши ҳамаҷонибаи парванда зидди дархости Амрико қарор қабул карданд.

Ду шаҳрванди Австралия моҳи июли имсол дар Эрон бо иттиҳоми ҷосусӣ зиндонӣ ва рӯзи 5-уми октябр озод шуданд. Онҳо тайи ду соли гузашта дар бораи сафарҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷузъиёт медоданд, аммо тобистони имсол хомӯш шуданд ва дертар хабари боздошти онҳо дар Эрон нашр шуд.

Вазири умури хориҷии Австралия мегӯяд, як шаҳрванди дигари ин кишвар то ҳанӯз дар Эрон зиндонӣ аст.

Идомаи тазоҳуроти хунин дар Ироқ ва талаби Созмони Милал

Тазоҳуроти хунин дар Бағдод ва чанд шаҳри дигари Ироқ вориди рӯзи шашум шуд.

Мақомоти Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди хушунатҳо дар ин кишвар изҳори таассуф карда ва хостаанд, ба он ҳарчи зуд поён дода шавад.

Намояндаи хоси дабири кулли Созмони Милал барои Ироқ Ҷанин Ҳеннис Пласшаерт дар "Твиттер" навишт, "кушта шудани инсонҳо дар ин ҷой таккондиҳанда аст."

Пеш аз ин Комиссияи ҳуқуқи башари порлумони Ироқ хабар дод, ки шумораи кушташудаҳо дар тазоҳуроти ахири ин кишвар ба 100 нафар расида ва беш аз 4 ҳазор тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҳеннис Пласшаерт гуфт, афроде, ки дар хушунатҳо даст доранд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва тақозо намуд, ки рӯҳияи ваҳдат дар Ироқ ҳоким шавад.

Тазоҳурот дар робита бо бекорӣ ва хадамоти сусту нокофӣ рӯзи сешанбеи гузашта дар Ироқ оғоз шуд ва ба зудӣ ба як ҳаракати густарда барои хатми фасоди идорӣ ва ҳатто тағйири ҳукумат табдил ёфт.

Ин эътирозҳо дар Бағдод ва чанд шаҳри дигари Ироқ давом дорад ва ҳукумат дастрасӣ ба расонаҳои иҷтимоиро қатъ кардааст.

Муқтадо Садр, раҳбари шиаҳои Ироқ, хоҳони интихоботи пеш аз вақт шуда ва раҳбари дигари шиаҳои ироқӣ Оятуллоҳ Сиистонӣ гуфтааст, аз талаби эътирозгарон пуштибонӣ мекунад.

Қабл аз ин Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ гуфта буд, ба тақозоҳои қонунии эътирозгарон тавваҷуҳ хоҳад кард, вале ба қавли ӯ, мардуми Ироқ набояд интизори муъҷиза бошанд, ки ин мушкилот дар як лаҳза ҳал хоҳад шуд.

Баёнияҳои тазодомез дар бораи музокироти Амрико ва Кореяи Шимолӣ

Раҳбарони Амрико ва Кореяи Шимолӣ

Намояндагони Кореяи Шимолӣ ва Амрико дар бораи музокироти ҳастаии ду тараф дар Стокҳолм хулосаҳои тазодомезро баён карданд.

Ҷониби Кореяи Шимолӣ шоми 5-уми октябр эълон кард, ки музокирот дар ин маврид пурра боздошта шуд, чун ба иддаои онҳо, “Амрико мавқеъ ва нияти пешинаи худро тағйир надодааст”.

Вале Морган Ортагус, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, гуфт, шарҳи Кореяи Шимолӣ “баёнгари муҳтаво ва рӯҳияи музокироти хубе, ки сурат гирифтааст, нест.”

Ин мулоқоти аввалини расмӣ ва корӣ баъд аз дидори Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Ким Чен Ун, раҳбари раҳбари Кореяи Шимолӣ дар моҳи июни имсол мебошад. Он вақт раҳбарони ду кишвар дар мавриди аз сар гирифтани музокирот мувофиқа карда буданд.

Музокироти ду тараф баъд аз як мулоқоти ниматамому ноком дар моҳи феврали имсол дар Ветнам барҳам хӯрда буд.

Вазири корҳои хориҷии Амрико Майк Помпео рӯзи 5-уми октябр дар Юнон гуфт, барвақт аст, ки гуфта шавад ин музокирот сабаби ғайриҳаставӣ шудани нимҷазираи Корея хоҳад шуд, ё не.

Рӯзи 2-юми октябр, чанд соат баъд аз он ки Кореяи Шимолӣ, гуфт, ба азсаргирии музокирот ҳозир мебошад, як мушаки қорапайморо партоб кард.

Покистон хостори музокироти дубораи Амрико бо Толибон шуд

Акс аз ҷараёни яке аз музокираҳои Амрико бо гурӯҳи Толибон дар Қатар

Покистон талош дорад то музокироти лағвшуда миёни ҳайати Амрико ва намояндагони Толибон дар Қатар аз сар гирифта шавад.

Ин талошҳо пас аз сафари ҳайати Толибон бо раҳбарии Мулло Абдулғанӣ Бародар ба Исломобод оғоз шуд.

Ин гурӯҳ рӯзи 3-уми октябр бо мақомҳои баландпояи Покистон дидору гуфтугӯ карданд.

Сафари ин ҳайат ба Исломобод ҳамзамон бо сафари Залмай Халилзод, намояндаи хоси Амрико барои сулҳ дар Афғонистон иттифоқ афтод.

Як мақомдори Покистон ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки Залмай Халилзод бо ин гурӯҳ дидори кутоҳе низ дошт.

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон гуфт, ки Толибон ба тавофуқи эҳтимолӣ, ки дар Қатар миёни онҳо ва Амрико имзо шуда буд, вафодор ҳастанд ва омодаанд, музокиротро давом диҳанд.

Аввали моҳи сентябр Доналд Трамп, президенти Амрико аз қатъи гуфтугӯ барои сулҳ дар Афғонистон бо Толибон хабар дод. То ин вақт намояндагони Амрико бо гурӯҳе аз Толибон барои сулҳ дар Афғонистон музокира мекарданд.

Музокира замоне қатъ шуд, ки Толибон дар ҳамлае 11 сокини одӣ ва як сарбози амрикоиро дар Афғонистон куштанд.

Дар эътирози Ироқ наздики 100 кас кушта шудааст

Тобути як қурбонии эътирозҳои чанд рӯзи охир дар Ироқ

Шумораи қурбониёни эътирозоти хушунатбори чанд рӯзи охир дар Ироқ наздики сад нафар ҳисоб шудааст.

Хабаргузории Фаронса рӯзи шанбе бо такя ба манобеи худ шумораи қурбониёнро 93 нафар эълон кард.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, мушаххас нест, ки ин омор то рӯзи ҷумъаро дар бар мегирад ё онҳое низ, ки рӯзи шанбе ҷони худро аз даст додаанд, шомили ин руйхат ҳастанд.

Рӯзи ҷумъа дар Бағдод неруҳои амниятӣ ба гурӯҳҳои мухталифи эътирозгарон, ки талош мекарданд худро ба майдони “Таҳрир” бирасонанд, ҳамла карданд.

Мавҷи эътирозҳои мардум дар Ироқ рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта дар вокуниш ба бештар шудани шумораи бекорон, фасод ва заъфи давлат дар ҳали мушкилоти мардум дар чанд шаҳри ин кишвар баргузор шуд.

Бар асоси гузоришҳо дар ин эътирозҳо чаҳор ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шудааст.

Ҳонконг эътироз бо ниқобро манъ кард

Ҳазорон сокини Ҳонконг ба хиёбонҳо рехтанд ва аз қарори манъ кардани ниқоб эътироз карданд. Дар ин бора ББС хабар додааст.

Аксари сокинон бо рӯйи пушида дар раҳпаймоиҳои эътирозӣ ширкат мекарданд. Аз 6-уми октябр бо рӯйи пушида ба хиёбон баромадан манъ аст.

Дар Ҳонконг пас аз ин ки як ходими пулис аз тири силоҳи эътирозгари 14 сола маҷрӯҳ шуд, бо қароре пушонидани рӯйро манъ карданд. Ходими пулис дар ҳолати вазнин дар беморхона қарор дорад.

Беш аз сад рӯз боз дар Ҳонконг мардум алайҳи ҳукумати Чин эътироз мекунанд.

Ширкатдорони эътироз талаби амалӣ кардани ислоҳоти демократиро доранд.

Сар аз соли 1997 ба ин тараф ин бадтарин буҳрони минтақаи нимамухтори таҳти роҳбарии Пекин аст. Бритониё дар соли 1997 Ҳонконгро ба ихтиёри Чин супурд.

Норозигии мардуми Ҳонконг баъди он сар зад, ки мақомот тасмим гирифтанд, қонуншиканон ва ҷинояткоронро ба Чин истирдод кунанд. Мунтақидон мегӯянд, мақомоти ду кишвар мумкин аст, аз лоиҳаи қонун сӯистифода кунанд ва дигарандешонро ба Чин истирдод намоянд.

Ҳонконг ҳеч гоҳ давлати мустақил набуд. Дар муддатҳои мухталиф он аз сӯи Чин, Бритониё, Ҷопон идора мешуд. Соли 1997 Ҳонконг ба ихтиёри Чин гузашт. Вале Ҳонконг аз худмухтории расмӣ ва ҳаққи интихоби мустақилонаи роҳбар бархӯрдор аст.

Чин ҳангоми қабули Ҳонконг аз Бритониё ваъда дод, ки ҳадди ақал тайи 50 соли оянда ҳуқуқҳои асосии инсонро дар ин минтақа ҳифз мекунад.

Муаллифи китоби "Арӯсони Оллоҳ"-ро озод карданд

Юлия Юзик, муаллифи ктоби "Арӯсони Аллоҳ"

Ҳукумати Эрон Юлия Юзик, рӯзноманигори русро, ки дар Теҳрон боздошт шуда буд, раҳо кардааст.

Дар ин бора хабаргузории "РИА Новости" бо такя ба Аббос Мусавӣ, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Эрон хабар додааст.

Ба гуфтаи ин мақомдори Эрон, журналист барои «додани як қатор тавзеҳ» боздошт шуд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Юзик барои ҳамкорӣ бо хадамоти истихборотии Исроил боздошт шудааст.

Юзик, ки дар Эрон ҳамчун хабарнигори расонаи русӣ кор мекард, рӯзи 3 октябр баъди ворид шудан ба Теҳрон бо кадом як даъватномаи ношиносе боздошт шуд. Ӯ гуфт, ки баробари дар хоки Эрон фуруд омаданаш шиносномаи ӯро мақомоти марзбонии Эрон гирифтанд.

Юзик соли 1981 дар минтақаи Ростови Русия таваллуд шудааст. Ӯ соли 2003 баъди нашри китобаш бо номи “Арӯсони Оллоҳ” маъруф шуд, ки дар бораи занони бомбгузор дар минтақаи аксаран мусалмоннишини Қафқози Шимолии Русия қисса мекард.

Дар Эрон як журналисти рус боздошт шуд

Юлия Юзик

Мақомоти Русия ва наздикони Юлия Юзик, журналисти рус гуфтанд, ки ӯ дар Теҳрон боздошт шудааст. Сухангӯи сафорати Русия дар Теҳрон Андрей Ганенко рӯзи 4 октябр ба хабаргузории Интерфакс гуфт, ки дипломатҳои рус аз ҳодиса огоҳанд ва барои дарёфти хабари бештар кор мекунанд. Ӯ ҷузъиёти аз ин бешро шарҳ надод. Духтари Юзик дар саҳифаи фейсбукии модари худ навишт, ки ӯ “мушкилоти хеле зиёд дорад” ва додгоҳ “сарнавишти ӯро муайян мекунад”.

Борис Войтсеховский, ҳамсари собиқи Юзик ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯро дар ҷосусӣ ба манфиати Исроил гунаҳгор мекунанд. Ин хабар расман тасдиқ намешавад.

Бар асоси иттилои Войтсеховский, дар сурати гунаҳгор эълон шудани Юзик дар додгоҳ, ӯро 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Ӯ инчунин гуфт, Юзик, ки дар Эрон ҳамчун хабарнигори расонаи русӣ кор мекард, рӯзи 3 октябр баъди ворид шудан ба Теҳрон бо кадом як даъватномаи ношиносе боздошт шуд. Ӯ гуфт, ки баробари дар хоки Эрон фуруд омаданаш шиносномаи ӯро мақомоти марзбонии Эрон гирифтанд.

Юзик соли 1981 дар минтақаи Ростови Русия таваллуд шудааст. Ӯ соли 2003 баъди нашри китобаш бо номи “Арӯсони Оллоҳ” маъруф шуд, ки дар бораи занони бомбгузор дар минтақаи аксаран мусалмоннишини Қафқози Шимолии Русия қисса мекард.

Украина марди беларуси гумонбар дар ҷосусиро озод кард

Юрий Политика дар додгоҳи Чернигов

Мақомоти украинӣ як шаҳрванди Беларус Юрий Политикаро, ки барои ҷамъоварии иттилои махфӣ ба як созмони номаълуми давлатӣ дар додгоҳ посух медиҳад, озод карданд.

Тарас Ҳоролюк, вакили дифои Политика ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳе дар шаҳри шимолии Чернигов рӯзи 3 октябр ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат шахси зерҳимояи ӯро озод кард. Политика бояд дар мурофиаҳои додгоҳӣ иштирок кунад.

Политика соли 2017 дар марзи Беларусу Украина боздошт ва дар ҷосусӣ гумонбар шуд. Мақомоти украинӣ гуфтанд, ки ӯ дар бораи амалиёти нирӯҳои мусаллаҳи Украина бар зидди ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар минтақаи шарқи Украина иттилои махфие дар даст дошт. Баъди боздошти Политика дар Украина, мақомот дар Беларус моҳи октябри соли 2017 журналисти украинӣ Павло Шаройкоро боздошт ва ӯро дар ҷосусӣ айбдор карданд. Шаройко моҳи маи соли гузашта ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.
Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар дар ҳарду кишвар аз Минск ва Киев даъват карданд, ки Палитика ва Шаройкоро бо ҳам табдил кунанд.

Озодии Политика як рӯз пеш аз мулоқоти дар шаҳри украинии Житомир барномарезишудаи миёни президентони Беларус ва Украина – Александр Лукашенка ва Владимир Зеленский сурат гирифт.

Додситони кулли Украина: Дар бораи хилофкориҳои писари Байден хабар надорам

Ддодситони кулли Украина Руслан Рябошапка

Додситони кулли Украина гуфт, ки дар бораи кадом фаъолияти ғайриқонунии писари собиқ муовини президенти ИМА Ҷо Байден хабаре надорад, вале гуфт, ки ҳоло додситонҳо чанд парвандаи махфӣ, аз ҷумла якеро, ки марбут ба макони кори Ҳантер Байден аст, таҳқиқ мекунанд.

Зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар Киев рӯзи 4 октябр додситони кулл Руслан Рябошапка гуфт, ки дар робита бо парвандаи марбут ба ширкати Burisma, ки соли 2014 Ҳантер Байденро ба кор гирифта буд, ҳеҷ як ҳуқуқшиноси хориҷӣ бо ӯ дар тамос нашудааст.

Сӯҳбати телефонии президенти ИМА Доналд Трамп ва президенти Украина Владимир Зеленский, ки дар ҷараёни он Трамп раҳбари Украинаро водор мекунад, ки аз паи таҳқиқи парвандаи писари Байден шавад, боиси шурӯи ҷараёни радди салоҳият ё импичменти президенти Амрико шуд.

Қонунгузорони амрикоӣ ин масъаларо мавриди таҳқиқ қарор додаанд, ки то куҷо Трамп мехоҳад аз роҳи фишор ба ҳукумати хориҷӣ дар роҳандозии таҳқиқи кори рақиби интихоботиаш манфиати хусусӣ бардорад.

Рябошапка ба саволи хабарнигорон дар бораи ин ки оё ӯ дар заминаи кадом хилофкориҳои писари Байден хабар дорад, гуфт, ки “ман чунин иттилое надорам”.

Ба савол дар бораи ин ки оё ҳуқуқшиноси хусусии ӯ Рудолф Ҷулинӣ бо ӯ дар тамос шуд ё на, додситони кулли Украина таъкид кард, ки ҳеҷ кас аз хориҷа бо ӯ дар тамос нашудааст ва гуфт, ки “додситонҳо аз сиёсат берун ҳастанд”.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Аз мадрасаҳои Бангладеш наврасони тоҷикро баргардонданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00
XS
SM
MD
LG