Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Мақомоти узбек зидди фаъолон аз абзорҳои ҷосусӣ истифода кардаанд

Бино ба як гузориши хабаргузории “Ройтерс”, маъмурони истихбороти Узбекистон барои силсилаи ҳамлаҳои сайберӣ ё киберӣ зидди фаъолон ва мухолифин аз абзорҳои ҷосусии компютерие истифода кардаанд, ки дар фурӯш дастрас аст.

Дар ин бора рӯзи 3-юми октябри имсол мутахассисони соҳаи амнияти сайберии ширкати “Касперский” дар нишасти VirusBulletin дар Лондон хабар доданд. Гузоришро муҳаққиқ Брайан Бартоломю муаррифӣ кардааст.

Онҳо гуфтанд, дар чанде аз компютерҳои ҳакерон системаи зиддивирусии “Касперский” насб шудааст, ки рамзҳои шубҳаоварро шиносоӣ мекунад ва барои ташхис мефиристад.

Мутахассисони ширкати “Касперский” ба осебпазирии зиёд аз як манбаъ таваҷҷуҳ кардаанд. Дар натиҷаи таҳқиқот маълум шудааст, IP-адресе, ки аз он рамзҳои зиёновар меояд, дар домени itt.uz ҷойгир буда, ба номи қисми ҳарбии 02616 дар Тошканд сабт ёфтааст.

Ин қисми низомӣ дар ҷараёни мурофиаи журналист Бобомурод Абдуллоев, муттаҳам ба фаъолияти зиддиконститутсионӣ зикр шудааст.

Газета.uz бо такя ба нақл аз вакили мудофеъ навишта буд, ки маҳз ҳамин қисми низомӣ таҷҳизоти электронии нафари зери ҳимояти ӯро барои ташхис гирифтаст.

Мутахассисони ширкати “Касперский” гуруҳи SandCat-ро низ ба Хадамоти амнияти миллии Узбекистон марбут донистанд. SandCat ба таҳияи вирусҳо машғул аст.

Брайан Бартоломю гуфт, SandCat асосан “ҳомиёни ҳуқуқ, журналистон ва мухолифин”-ро ҳадаф қарор додааст.

Эътирози ҳазорон нафар зидди нақшаи Зеленский дар Украина

Тазоҳуроти рӯзи 6-уми октябри 2019. Шаҳри Киев

Ҳазорҳо нафар дар Киев рӯзи 6-уми октябр зидди нақшаи президенти Украина Владимир Зеленский барои баргузории интихобот дар минтақаҳои зери назорати ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия ба кӯчаҳо баромаданд. Онҳо ин нақшаро ҳамчун "таслим шудани Украина ба Русия" маҳкум карданд.

Украина ва Русия бо миёнравии Олмону Фаронса рӯзи 1-уми октябр созиши пешакӣ ё озмоиширо бо ҷудоиталабон дар бораи баргузории интихоботи маҳаллӣ дар шарқи Украина имзо карданд.

Зеленский ин тавофуқро "қадами зарурӣ" пеш аз баргузории нишасти раҳбарони Русияву Фаронса ва Олмон барои ба даст овардани сулҳ тавсиф намуд.

Рӯзи 6-уми октябр дар шаҳри Харков, шарқи Украина, ки зери назорати нерӯҳои давлатӣ аст, низ тақрибан 300 нафар дар назди бинои ҳукумат ҷамъ шуданд. Онҳо аз кормандони созмонҳои ҷамъиятӣ, фаъолон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ иборат буданд.

Тақозои асосии онҳо ташкили ҷаласаи ғайринавбатии шӯрои вилоятии Харков аст, то шикояти расмии зидди нақшаи интихоботро омода кунад.

Раиси ҷумҳури Украина рӯзи 1-уми октябр розӣ шуд, ки дар қаламрави ду минтақаи шарқии ишғолшудаи ин кишвар интихоботи маҳаллӣ баргузор шавад. Ин ҳам пас аз он ки ҳама воҳидҳои мусаллаҳ ин минтақаро тарк кунанд ва назорати масофаи 400-километрии наздисарҳадӣ бо Русия аз нав ба даст оварда шавад.

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 1-уми октябр дар нишасте дар Киев гуфта буд, "дар зери мили яроқ интихобот баргузор карда намешавад ва нахоҳад шуд. Ҳеч гуна таслимшавӣ ҳам нахоҳад буд".

Минтақаҳои ишғолшуда пас аз баргузории интихоботе, ки аз тарафи САҲА озод ва одилона ҳисобида мешавад ва аз рӯи формулаи маъруф ба Штайнмайер, ки як ҷузъи харитаи роҳ барои ба даст овардани сулҳ аст, мақоми худидоракуниро соҳиб хоҳанд шуд.

Дар задухӯрди панҷсола байни ҷудоиталабон ва нерӯҳои давлатии Украина дар шарқи ин кишвар беш аз 13 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Қонуни асосии Туркманистонро тағйир медиҳанд

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Як комиссияи вижа ба омода кардани тарҳи ислоҳҳо ба Қонуни асосии Туркманистон, кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ, оғоз кардааст.

Оҷонси иттилоотии давлатии Туркманистон хабар дод, ки ҷаласаи аввали аъзои комиссия рӯзи 4-уми октябр баргузор шуд. Раиси ҷумҳур Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов гуфтааст, тағйирот ба Конститутсия “ба вазъи тағйирёбандаи иқтисодиву сиёсии ҷаҳон” рабт дорад.

Бори охир Қонуни асосии Туркманистонро моҳи сентябри соли 2016 ислоҳ карданд. Он замон яке аз бандҳои муҳими тағйирот бардоштани маҳдудияти синни номзад ба мақоми президентӣ буд.

Дар гузашта афроди аз 70-сола боло ҳаққи номзад шудан ба мақоми президенти Туркманистонро надоштанд ва ин банд дар тарҳи се соли пеш бекор карда шуд.

Вале Қонуни асосии Туркманистон танҳо ба афроди аз чиҳилсола боло иҷоза медиҳад, ки довталаби курсии президентӣ шаванд. Ин банд роҳро барои ба қудрат расидани афроде ба мисли писари президент Сардор Бердимуҳаммадов, раиси вилояти Ахал, боз мекунад.

Интизор меравад, Конститутсияи Туркманистон дар шакли нав соли 2020 барои баррасӣ ба порлумон пешниҳод шавад.

Қонуни асосии Туркманистон соли 1992 қабул шуда, то кунун шаш дафъа ба он тағйирот ворид шудааст.

Посухи нерӯҳои демократии Сурия ба ҳушдори Эрдуғон

Нерӯҳои демократии Сурия (SDF) ҳушдор додааст, ки агар Туркия зидди ин нерӯҳо ба ҳамлаҳои ҳавоӣ ё заминӣ даст занад, ҷанги калонеро дар баробари ин кишвар оғоз хоҳанд кард. Ин нерӯҳо аз пуштибонии Амрико бархӯрдор аст ва минтақаҳои шимоли шарқи Сурияро зери назорат дорад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, рӯзи 5-уми октябр гуфт, "Анкара имрӯз ё фардо алайҳи мавзеъҳои нерӯҳои демократии Сурия дар шимоли дарёи Фурот ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии худро оғоз хоҳад кард".

Вай афзуд, "мо барои ин амалиёт омодагӣ гирифта ва нақшаҳои худро пурра кардаем."

Раиси ҷумҳури Туркия ҳамчунин аз муттаҳидони худ хост, то ба гуфтаи вай, ин масъаларо рӯшан кунанд, ки Ҳизби коргарони Курдистон ва шибҳинизомиёни курдро дар Сурия ба ҳайси созмонҳои даҳшатафкан мешиносанд, ё не.

Нерӯҳои демократии Сурия дар эътилофи зидди режими Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия шомил аст.

Кинг ва Фиркин пас аз озодӣ аз Эрон ба Австралия рафтаанд

Ҷоли Кинг ва Марк Фиркин

Ҷоли Кинг ва Марк Фиркин – ду веблогнавис аз Австралия – баъд аз раҳоӣ аз зиндони Эрон ба ватани худ баргаштаанд.

Мақомоти Австралия 6-уми октябр гуфтанд, рӯзе, ки Теҳрон веблогнависонро озод кард, онҳо низ як муҳаққиқи эрониро раҳо намуданд. Ин муҳаққиқи эронӣ беш аз як сол боз дар Квинсленд дар боздошт буд.

Австралия Ризо Деҳбошии 38-сола, муҳаққиқи саратон дар Донишгоҳи Квинслендро моҳи сентябри соли 2018 бо дархости Амрико дастгир кард. Иёлоти Муттаҳида ӯро барои муомила бо ҳадафи содироти таҷҳизоти низомӣ ба Эрон гумонбар карда буд.

Додситони кулли Австралия гуфт, баъд аз омӯзиши ҳамаҷонибаи парванда зидди дархости Амрико қарор қабул карданд.

Ду шаҳрванди Австралия моҳи июли имсол дар Эрон бо иттиҳоми ҷосусӣ зиндонӣ ва рӯзи 5-уми октябр озод шуданд. Онҳо тайи ду соли гузашта дар бораи сафарҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷузъиёт медоданд, аммо тобистони имсол хомӯш шуданд ва дертар хабари боздошти онҳо дар Эрон нашр шуд.

Вазири умури хориҷии Австралия мегӯяд, як шаҳрванди дигари ин кишвар то ҳанӯз дар Эрон зиндонӣ аст.

Идомаи тазоҳуроти хунин дар Ироқ ва талаби Созмони Милал

Тазоҳуроти хунин дар Бағдод ва чанд шаҳри дигари Ироқ вориди рӯзи шашум шуд.

Мақомоти Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди хушунатҳо дар ин кишвар изҳори таассуф карда ва хостаанд, ба он ҳарчи зуд поён дода шавад.

Намояндаи хоси дабири кулли Созмони Милал барои Ироқ Ҷанин Ҳеннис Пласшаерт дар "Твиттер" навишт, "кушта шудани инсонҳо дар ин ҷой таккондиҳанда аст."

Пеш аз ин Комиссияи ҳуқуқи башари порлумони Ироқ хабар дод, ки шумораи кушташудаҳо дар тазоҳуроти ахири ин кишвар ба 100 нафар расида ва беш аз 4 ҳазор тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҳеннис Пласшаерт гуфт, афроде, ки дар хушунатҳо даст доранд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва тақозо намуд, ки рӯҳияи ваҳдат дар Ироқ ҳоким шавад.

Тазоҳурот дар робита бо бекорӣ ва хадамоти сусту нокофӣ рӯзи сешанбеи гузашта дар Ироқ оғоз шуд ва ба зудӣ ба як ҳаракати густарда барои хатми фасоди идорӣ ва ҳатто тағйири ҳукумат табдил ёфт.

Ин эътирозҳо дар Бағдод ва чанд шаҳри дигари Ироқ давом дорад ва ҳукумат дастрасӣ ба расонаҳои иҷтимоиро қатъ кардааст.

Муқтадо Садр, раҳбари шиаҳои Ироқ, хоҳони интихоботи пеш аз вақт шуда ва раҳбари дигари шиаҳои ироқӣ Оятуллоҳ Сиистонӣ гуфтааст, аз талаби эътирозгарон пуштибонӣ мекунад.

Қабл аз ин Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ гуфта буд, ба тақозоҳои қонунии эътирозгарон тавваҷуҳ хоҳад кард, вале ба қавли ӯ, мардуми Ироқ набояд интизори муъҷиза бошанд, ки ин мушкилот дар як лаҳза ҳал хоҳад шуд.

Баёнияҳои тазодомез дар бораи музокироти Амрико ва Кореяи Шимолӣ

Раҳбарони Амрико ва Кореяи Шимолӣ

Намояндагони Кореяи Шимолӣ ва Амрико дар бораи музокироти ҳастаии ду тараф дар Стокҳолм хулосаҳои тазодомезро баён карданд.

Ҷониби Кореяи Шимолӣ шоми 5-уми октябр эълон кард, ки музокирот дар ин маврид пурра боздошта шуд, чун ба иддаои онҳо, “Амрико мавқеъ ва нияти пешинаи худро тағйир надодааст”.

Вале Морган Ортагус, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, гуфт, шарҳи Кореяи Шимолӣ “баёнгари муҳтаво ва рӯҳияи музокироти хубе, ки сурат гирифтааст, нест.”

Ин мулоқоти аввалини расмӣ ва корӣ баъд аз дидори Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Ким Чен Ун, раҳбари раҳбари Кореяи Шимолӣ дар моҳи июни имсол мебошад. Он вақт раҳбарони ду кишвар дар мавриди аз сар гирифтани музокирот мувофиқа карда буданд.

Музокироти ду тараф баъд аз як мулоқоти ниматамому ноком дар моҳи феврали имсол дар Ветнам барҳам хӯрда буд.

Вазири корҳои хориҷии Амрико Майк Помпео рӯзи 5-уми октябр дар Юнон гуфт, барвақт аст, ки гуфта шавад ин музокирот сабаби ғайриҳаставӣ шудани нимҷазираи Корея хоҳад шуд, ё не.

Рӯзи 2-юми октябр, чанд соат баъд аз он ки Кореяи Шимолӣ, гуфт, ба азсаргирии музокирот ҳозир мебошад, як мушаки қорапайморо партоб кард.

Покистон хостори музокироти дубораи Амрико бо Толибон шуд

Акс аз ҷараёни яке аз музокираҳои Амрико бо гурӯҳи Толибон дар Қатар

Покистон талош дорад то музокироти лағвшуда миёни ҳайати Амрико ва намояндагони Толибон дар Қатар аз сар гирифта шавад.

Ин талошҳо пас аз сафари ҳайати Толибон бо раҳбарии Мулло Абдулғанӣ Бародар ба Исломобод оғоз шуд.

Ин гурӯҳ рӯзи 3-уми октябр бо мақомҳои баландпояи Покистон дидору гуфтугӯ карданд.

Сафари ин ҳайат ба Исломобод ҳамзамон бо сафари Залмай Халилзод, намояндаи хоси Амрико барои сулҳ дар Афғонистон иттифоқ афтод.

Як мақомдори Покистон ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки Залмай Халилзод бо ин гурӯҳ дидори кутоҳе низ дошт.

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон гуфт, ки Толибон ба тавофуқи эҳтимолӣ, ки дар Қатар миёни онҳо ва Амрико имзо шуда буд, вафодор ҳастанд ва омодаанд, музокиротро давом диҳанд.

Аввали моҳи сентябр Доналд Трамп, президенти Амрико аз қатъи гуфтугӯ барои сулҳ дар Афғонистон бо Толибон хабар дод. То ин вақт намояндагони Амрико бо гурӯҳе аз Толибон барои сулҳ дар Афғонистон музокира мекарданд.

Музокира замоне қатъ шуд, ки Толибон дар ҳамлае 11 сокини одӣ ва як сарбози амрикоиро дар Афғонистон куштанд.

Дар эътирози Ироқ наздики 100 кас кушта шудааст

Тобути як қурбонии эътирозҳои чанд рӯзи охир дар Ироқ

Шумораи қурбониёни эътирозоти хушунатбори чанд рӯзи охир дар Ироқ наздики сад нафар ҳисоб шудааст.

Хабаргузории Фаронса рӯзи шанбе бо такя ба манобеи худ шумораи қурбониёнро 93 нафар эълон кард.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, мушаххас нест, ки ин омор то рӯзи ҷумъаро дар бар мегирад ё онҳое низ, ки рӯзи шанбе ҷони худро аз даст додаанд, шомили ин руйхат ҳастанд.

Рӯзи ҷумъа дар Бағдод неруҳои амниятӣ ба гурӯҳҳои мухталифи эътирозгарон, ки талош мекарданд худро ба майдони “Таҳрир” бирасонанд, ҳамла карданд.

Мавҷи эътирозҳои мардум дар Ироқ рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта дар вокуниш ба бештар шудани шумораи бекорон, фасод ва заъфи давлат дар ҳали мушкилоти мардум дар чанд шаҳри ин кишвар баргузор шуд.

Бар асоси гузоришҳо дар ин эътирозҳо чаҳор ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шудааст.

Ҳонконг эътироз бо ниқобро манъ кард

Ҳазорон сокини Ҳонконг ба хиёбонҳо рехтанд ва аз қарори манъ кардани ниқоб эътироз карданд. Дар ин бора ББС хабар додааст.

Аксари сокинон бо рӯйи пушида дар раҳпаймоиҳои эътирозӣ ширкат мекарданд. Аз 6-уми октябр бо рӯйи пушида ба хиёбон баромадан манъ аст.

Дар Ҳонконг пас аз ин ки як ходими пулис аз тири силоҳи эътирозгари 14 сола маҷрӯҳ шуд, бо қароре пушонидани рӯйро манъ карданд. Ходими пулис дар ҳолати вазнин дар беморхона қарор дорад.

Беш аз сад рӯз боз дар Ҳонконг мардум алайҳи ҳукумати Чин эътироз мекунанд.

Ширкатдорони эътироз талаби амалӣ кардани ислоҳоти демократиро доранд.

Сар аз соли 1997 ба ин тараф ин бадтарин буҳрони минтақаи нимамухтори таҳти роҳбарии Пекин аст. Бритониё дар соли 1997 Ҳонконгро ба ихтиёри Чин супурд.

Норозигии мардуми Ҳонконг баъди он сар зад, ки мақомот тасмим гирифтанд, қонуншиканон ва ҷинояткоронро ба Чин истирдод кунанд. Мунтақидон мегӯянд, мақомоти ду кишвар мумкин аст, аз лоиҳаи қонун сӯистифода кунанд ва дигарандешонро ба Чин истирдод намоянд.

Ҳонконг ҳеч гоҳ давлати мустақил набуд. Дар муддатҳои мухталиф он аз сӯи Чин, Бритониё, Ҷопон идора мешуд. Соли 1997 Ҳонконг ба ихтиёри Чин гузашт. Вале Ҳонконг аз худмухтории расмӣ ва ҳаққи интихоби мустақилонаи роҳбар бархӯрдор аст.

Чин ҳангоми қабули Ҳонконг аз Бритониё ваъда дод, ки ҳадди ақал тайи 50 соли оянда ҳуқуқҳои асосии инсонро дар ин минтақа ҳифз мекунад.

Муаллифи китоби "Арӯсони Оллоҳ"-ро озод карданд

Юлия Юзик, муаллифи ктоби "Арӯсони Аллоҳ"

Ҳукумати Эрон Юлия Юзик, рӯзноманигори русро, ки дар Теҳрон боздошт шуда буд, раҳо кардааст.

Дар ин бора хабаргузории "РИА Новости" бо такя ба Аббос Мусавӣ, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Эрон хабар додааст.

Ба гуфтаи ин мақомдори Эрон, журналист барои «додани як қатор тавзеҳ» боздошт шуд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Юзик барои ҳамкорӣ бо хадамоти истихборотии Исроил боздошт шудааст.

Юзик, ки дар Эрон ҳамчун хабарнигори расонаи русӣ кор мекард, рӯзи 3 октябр баъди ворид шудан ба Теҳрон бо кадом як даъватномаи ношиносе боздошт шуд. Ӯ гуфт, ки баробари дар хоки Эрон фуруд омаданаш шиносномаи ӯро мақомоти марзбонии Эрон гирифтанд.

Юзик соли 1981 дар минтақаи Ростови Русия таваллуд шудааст. Ӯ соли 2003 баъди нашри китобаш бо номи “Арӯсони Оллоҳ” маъруф шуд, ки дар бораи занони бомбгузор дар минтақаи аксаран мусалмоннишини Қафқози Шимолии Русия қисса мекард.

Дар Эрон як журналисти рус боздошт шуд

Юлия Юзик

Мақомоти Русия ва наздикони Юлия Юзик, журналисти рус гуфтанд, ки ӯ дар Теҳрон боздошт шудааст. Сухангӯи сафорати Русия дар Теҳрон Андрей Ганенко рӯзи 4 октябр ба хабаргузории Интерфакс гуфт, ки дипломатҳои рус аз ҳодиса огоҳанд ва барои дарёфти хабари бештар кор мекунанд. Ӯ ҷузъиёти аз ин бешро шарҳ надод. Духтари Юзик дар саҳифаи фейсбукии модари худ навишт, ки ӯ “мушкилоти хеле зиёд дорад” ва додгоҳ “сарнавишти ӯро муайян мекунад”.

Борис Войтсеховский, ҳамсари собиқи Юзик ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯро дар ҷосусӣ ба манфиати Исроил гунаҳгор мекунанд. Ин хабар расман тасдиқ намешавад.

Бар асоси иттилои Войтсеховский, дар сурати гунаҳгор эълон шудани Юзик дар додгоҳ, ӯро 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Ӯ инчунин гуфт, Юзик, ки дар Эрон ҳамчун хабарнигори расонаи русӣ кор мекард, рӯзи 3 октябр баъди ворид шудан ба Теҳрон бо кадом як даъватномаи ношиносе боздошт шуд. Ӯ гуфт, ки баробари дар хоки Эрон фуруд омаданаш шиносномаи ӯро мақомоти марзбонии Эрон гирифтанд.

Юзик соли 1981 дар минтақаи Ростови Русия таваллуд шудааст. Ӯ соли 2003 баъди нашри китобаш бо номи “Арӯсони Оллоҳ” маъруф шуд, ки дар бораи занони бомбгузор дар минтақаи аксаран мусалмоннишини Қафқози Шимолии Русия қисса мекард.

Украина марди беларуси гумонбар дар ҷосусиро озод кард

Юрий Политика дар додгоҳи Чернигов

Мақомоти украинӣ як шаҳрванди Беларус Юрий Политикаро, ки барои ҷамъоварии иттилои махфӣ ба як созмони номаълуми давлатӣ дар додгоҳ посух медиҳад, озод карданд.

Тарас Ҳоролюк, вакили дифои Политика ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳе дар шаҳри шимолии Чернигов рӯзи 3 октябр ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат шахси зерҳимояи ӯро озод кард. Политика бояд дар мурофиаҳои додгоҳӣ иштирок кунад.

Политика соли 2017 дар марзи Беларусу Украина боздошт ва дар ҷосусӣ гумонбар шуд. Мақомоти украинӣ гуфтанд, ки ӯ дар бораи амалиёти нирӯҳои мусаллаҳи Украина бар зидди ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар минтақаи шарқи Украина иттилои махфие дар даст дошт. Баъди боздошти Политика дар Украина, мақомот дар Беларус моҳи октябри соли 2017 журналисти украинӣ Павло Шаройкоро боздошт ва ӯро дар ҷосусӣ айбдор карданд. Шаройко моҳи маи соли гузашта ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.
Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар дар ҳарду кишвар аз Минск ва Киев даъват карданд, ки Палитика ва Шаройкоро бо ҳам табдил кунанд.

Озодии Политика як рӯз пеш аз мулоқоти дар шаҳри украинии Житомир барномарезишудаи миёни президентони Беларус ва Украина – Александр Лукашенка ва Владимир Зеленский сурат гирифт.

Додситони кулли Украина: Дар бораи хилофкориҳои писари Байден хабар надорам

Ддодситони кулли Украина Руслан Рябошапка

Додситони кулли Украина гуфт, ки дар бораи кадом фаъолияти ғайриқонунии писари собиқ муовини президенти ИМА Ҷо Байден хабаре надорад, вале гуфт, ки ҳоло додситонҳо чанд парвандаи махфӣ, аз ҷумла якеро, ки марбут ба макони кори Ҳантер Байден аст, таҳқиқ мекунанд.

Зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар Киев рӯзи 4 октябр додситони кулл Руслан Рябошапка гуфт, ки дар робита бо парвандаи марбут ба ширкати Burisma, ки соли 2014 Ҳантер Байденро ба кор гирифта буд, ҳеҷ як ҳуқуқшиноси хориҷӣ бо ӯ дар тамос нашудааст.

Сӯҳбати телефонии президенти ИМА Доналд Трамп ва президенти Украина Владимир Зеленский, ки дар ҷараёни он Трамп раҳбари Украинаро водор мекунад, ки аз паи таҳқиқи парвандаи писари Байден шавад, боиси шурӯи ҷараёни радди салоҳият ё импичменти президенти Амрико шуд.

Қонунгузорони амрикоӣ ин масъаларо мавриди таҳқиқ қарор додаанд, ки то куҷо Трамп мехоҳад аз роҳи фишор ба ҳукумати хориҷӣ дар роҳандозии таҳқиқи кори рақиби интихоботиаш манфиати хусусӣ бардорад.

Рябошапка ба саволи хабарнигорон дар бораи ин ки оё ӯ дар заминаи кадом хилофкориҳои писари Байден хабар дорад, гуфт, ки “ман чунин иттилое надорам”.

Ба савол дар бораи ин ки оё ҳуқуқшиноси хусусии ӯ Рудолф Ҷулинӣ бо ӯ дар тамос шуд ё на, додситони кулли Украина таъкид кард, ки ҳеҷ кас аз хориҷа бо ӯ дар тамос нашудааст ва гуфт, ки “додситонҳо аз сиёсат берун ҳастанд”.

Оҷонсии ҳастаии СММ: Эрон "дар самти дуруст ҳаракат мекунад"

Ниҳоди нозири фаъолиятҳои ҳастаӣ дар назди СММ мегӯяд, ки Эрон бо барномаи ҳастаиаш “дар самти дуруст” ҳаракат мекунад, вале айни замон ҳушдор дод, ки ба масъалаҳо то ҳол пурра расидагӣ нашудааст. Иҷрокунандаи вазифаи раиси оҷонсии энержии ҳастаии назди СММ Корнел Ферута гуфт, ки давоми чанд ҳафтаи ахир Эрон дар заминаи амнияти барномаи ҳастаиаш ба саволҳо посух дод.

Оҷонсии энержии ҳастаии СММ моҳи гузашта ба Теҳрон гуфт, ки ирсоли гузориш оид ба амнияти барномаи ҳастаии Эрон аз назари вақту фурсат хеле муҳим аст. Оҷонсӣ нагуфт, ки манзураш аз масъалаҳои ҳалношуда чист, вале дипломатҳо гуфтанд, ки оҷонсӣ интизор аст, ки Эрон ба онҳо намунаҳои оғози соли ҷорӣ аз амборҳои воқеъ дар наздикиҳои Теҳрон гирифташударо ирсол кунад.

Дар як изҳороти нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфта шуд, ки Эрон бо фаъолиятҳои ғайрирасмии ҳастаӣ машғул аст ва далели ин ошкор шудани намунаҳое аз уран дар муҳити зисти атрофи он макон аст. Вале Эрон ин иттиҳомҳоро рад карда гуфт, ки ин як муассисаи шустушӯи қолиҳо аст.

Корнел Ферута ахиран ба журналистон дар Вена гуфт, ки пешравӣ дар паи мулоқот ва гуфтугӯ бо мақомҳои мухталифи расмии Эрон чанд ҳафта пеш пешравиҳо ба даст омадааст.

“Ин як ҷараёни ҷорӣ аст. Ман пешгӯӣ карда наметавонам, ки чӣ гуна анҷом мешавад. Ҳамкорӣ ба маънои он нест, ки ҳама масъалаҳо ҳал шудаанд, вале ин қадаме ба самти дуруст мебошад”, гуфт Ферута. Ферута гуфт, ки саволҳои Оҷонсии нирӯи ҳастаӣ ба таври мустақим ба созиши соли 2015-и миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ рабт надоранд.

Хокистари ҷасади Маҳатма Ганди дуздида шудааст

Зарфи дорои хокистари ҷасади роҳбари ҳаракати озодихоҳи Ҳиндустон Маҳатма Гандиро аз осорхонаи марказии он кишвар рабуданд. Ҳамзамон рӯи аксҳои ин сиёсатмадор "хоин" навиштанд. "Ҳодисаи мазкур дар солгарди 150-уми вай, дар таърихи 2 октябр рух дод",-менависанд расонаҳо.

Гандӣ моҳи январи соли 1948 кушта шуд ва хокистари ҷасади ӯро, ки бар асоси анъанаҳои ҳиндӣ сӯзонида шуда буд, тақсим ва дар чанд осорхона нигаҳ медоштанд. Рабуда шудани зарфи хокистари ӯро аз осорхонаи марказӣ соати 11 шаб мушоҳида карданд ва пулис айни ҳол гумонбаронро меҷӯяд.

Гандӣ ҳаракати муқовимати бидуни хушунатро нисбати ҳукумати истеъмории Англия роҳандозӣ кард ва ин навъи ҳаракат дар саросарӣ дунё паҳн шуд. Бисёре аз ҳиндуҳо ӯро падари миллат унвон мекунанд. Ҳиндустон маҳз дар замони роҳбарии вай дар соли 1947 соҳиби истиқлол шуд.

Аммо бархе аз сокинони дигар ӯро барои созиш кардан бо аҳолии мусалмони Ҳинд танқид мекунанд. Ин афрод мегӯянд, масъулияти тақсими кишвар ба Ҳинду Покистон бар дӯши Гандӣ аст.

ИМА ба Зеленский дар ивази таҳқиқи Байден сафар ба Вашингтонро пешниҳод кардааст

Волкер ба Маҷлиси намояндагон ворид мешавад

Матни имейлу мукотибаҳое, ки тоза нашр шуданд, ҳокӣ аз онанд, ки ба назар мерасад, дипломатҳои баландпояи амрикоӣ бар ивази таҳқиқи аъмоли оилаи Ҷо Байден, собиқ муовини президент дар Украина ба президенти ин кишвар Владимир Зеленский пешниҳод карданд, ки бо як сафари баландпоя аз ИМА дидан кунад. Бастаи мукотибаҳо шоми 3 октябр аз ҷониби мақомоти Маҷлиси намояндагон дар паи мусоҳиба бо Кӯрт Волкер, собиқ фиристодаи вижаи ИМА дар Украина фош шуд, ки ҳафтаи гузашта аз мақомаш истеъфо дод.

Қаблан як манбаъ дар ҳукумати ИМА гуфт, ки дар сӯҳбати телефонии 25 июл Трамп Зеленскийро ба шурӯи таҳқиқи аъмоли писари Ҷо Байден, як узви шӯрои мудирони ширкати газе дар Украина водор кард. Дар матни мукотибаи фошшуда қабл аз сӯҳбати телефонии Трамп ва Зеленский субҳи 25 июл навишта шудааст, ки фиристода мегӯяд: “Аз Кохи Сафед хабар расид – ба назар мерасад президент Z трампро бовар кунонд, ки таҳқиқро ба роҳ мемонад / “ба умқи он чи ки (соли 2016) рух дод, меравад”, мо таърихи сафар ба Вашингтонро дақиқ мекунем”.

Як мушовири Зеленский зоҳиран ин пешниҳодро пазируфт ва ин ризоият ҳамчунин марбут ба таҳқиқи кори ширкати гази Burisma дар Украина мебошад. Писари Байден – Ҳантер замоне, ки падараш муовини президент Барак Обама буд, раҳбарии шӯрои мудирони ин созмонро дар Киев ба ӯҳда дошт.

Вале то ҳол ҳеҷ нишонаҳои қонуншикании эҳтимолие, ки метавонист аз ҷониби падару писар Байден роҳ дода шавад, пешниҳод нашудааст.

Ҳуқуқшиноси эҳсонкори қирғизистонӣ соҳиби ҷоизаи СММ шуд

Азизбек Ашӯров, ҳуқуқшиноси қирғизистонӣ соҳиби ҷоизаи ба номи Нансени Дафтари комисари олии СММ дар умури паноҳандагон шуд. Маросими эътои ҷоиза рӯзи 2 октябр дар Женева барпо шуд.

Моҳи июли соли ҷорӣ Қирғизистон нахустин кишваре дар дунё гардид, ки масъалаи бешаҳрвандиро ҳал кардааст. Дар ин дастовард хадамот ва кумакҳои Азизбек Ашӯров кам набуд. Созмони "Ҳуқуқшиносони бидуни марзи Водии Фарғона", ки роҳбариашро Ашӯров дар ихтиёр дорад, ба афроди беҳуҷҷат ва бешаҳрвандӣ кумакҳои ройгони ҳуқуқӣ мерасонад.

Ба иттилои маъмурияти СММ дар умури паноҳандагон, созмони "Ҳуқуқшиносони бидуни марзи Водии Фарғона" ба бештар аз 10 ҳазор фарди бешаҳрвандӣ кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонидааст. Ашӯров гуфт, ба ин теъдод одамон давоми чаҳор соли охир кумак расонида шудааст.

Ҳукумати Қирғизистон дар якҷоягӣ бо ҳуқуқшиносони созмони "Ҳуқуқшиносони бидуни марзи Водии Фарғона" ва ёрии маъмурияти СММ дар умури паноҳандагон сар аз соли 2014 ба деҳаҳои он кишвар рафта, афроди бешаҳрвандиро пайдо ва барояшон ҳуҷҷат таҳия кардаанд. Дар саросари Қирғизистон 13 ҳазору 707 фарди бе шаҳрвандӣ пайдо гардид.

Ҷоизаи СММ ба ифтихори муҳақиқ Фритоф Нансен (1861-1930) гузошта шуд, ки вай дар бахши ҳимояи ҳуқуқи паноҳандагон фаъолият мекард.

Украина аз ИМА 150 мушаки Javelin мехарад

Департаменти давлатии ИМА шартномаи фурӯши 150 мушаки зидди тонкии Javelin ба Украина ва таҷҳизоти дигари муҳим барои ин мушакҳоро тасдиқ кард. Дар ин бора вазорати мудофиаи ИМА рӯзи панҷшанбе хабар дод. Мушакҳо ва таҷҳизоти муҳим барои онҳо бештар аз 39 миллион доллар арзиш доранд. Ин дувумин маҷмуи мушакҳои Javelin аст, ки ба Украина фурӯхта мешавад. Соли гузашта ИМА ба Украина 200 мушак ва 37 маҷмаи партобкунанда ирсол карда буд.

Дар гуфтугӯи телефонии президенти ИМА Доналд Трамп дар таърихи 25 июли соли ҷорӣ бо ҳамтои украинаш Владимир Зеленский маҳз ҳамин навъи мушак баррасӣ шуда буд. Он гуфтугӯ боис гардид, ки Конгресси ИМА масъалаи эъломи нобоварӣ ба Трампро ба муҳокима бигирад.

Дар ин гуфтугӯ Зеленский изҳор дошт, Украина ба интиқоли минбаъдаи аслиҳа аз ИМА умедвор аст. Трамп дар посух аз Зеленский "хостори кумак" шуд ва дархост кард, ки фаъолияти писари мухолифи сиёсиаш Ҷо Байден дар Украина тафтиш шавад. Демократҳои Конгресс ба хулоса расиданд, ки Трамп ба президенти Украина бад-ин тартиб, бо ҳадафи зиён расонидан ба шаҳрванди ИМА, фишор овардааст. Трамп инро рад мекунад.

Интиқоли аслиҳаи кушандаро ба Украина нахуст ҳукумати Трамп шуруъ кард. Барак Обама, президенти пешини ИМА ба Украина танҳо аслиҳа ва таҷҳизоти ғайрикушанда интиқол дода буд. Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз дақиқ нест, ки мушакҳои Javelin дар ҷангҳои шарқи Украина то кунун истифода шудааст ё на.

Трамп аз Чин хост, ки Ҷо Байденро таҳқиқ кунад

Дар пасманзари даъватҳо ба шурӯи ҷараёни радди салоҳияти президент Доналд Трамп дар Конгресс, худи раиси ҷумҳури Амрико ахиран аз Чин расман хост, ки номзади демократҳо ба интихоботи президентӣ Ҷо Байденро таҳқиқ кунад. Доналд Трамп барои айни чунин дархост аз ҳукумати Украина, ки ҳафтаи гузашта ошкор шуд, бо таҳдиди импичмент ё радди салоҳият рӯбарӯ шудааст. Трамп рӯзи 3 октябр дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Кохи Сафед гуфт, ки бовар дорад ҳам Чин ва ҳам Украина бояд фаъолияти собиқ муовини президент Ҷо Байден ва писари соҳибкораш Ҳантро таҳқиқ кунанд ва даъват ба импичментро интиқод кард.

Ӯ гуфт: “Метавонам бигӯям, ки президенти Украина Владимир Зеленский, агар ман ба ҷои ӯ будам, машварат медодам, ки онҳо ҳарду Байденро тафтиш кунанд. Илова ба ин, Чин бояд тафтиши онҳоро шурӯъ кунад, чунки он чизе, ки дар Чин гузашт, ҳамонгуна, ки дар Украина буд, бад аст”. Ба саволи ин ки оё ӯ аз президенти Чин Сӣ Ҷинпин хоста буд, ки айни корро бикунад, Трамп гуфт: “На, дархост накардам, вале мо бояд сари ин чиз фикр кунем”. Каме баъди ин Трамп дар твиттераш навишт, ки ин масъулияти ӯ аст, ки фасодро таҳқиқ кунад. “Ҳамчун президенти ИМА, ман ҳамаи ҳуқуқро дорам ва зиёда аз ин, вазифадорам, ки ФАСОДРО тафтиш кунам ва аз кишварҳои дигар ҳам дархост кунам, ки ба мо кӯмак кунанд”. Чин ва ИМА дар ҳолати ҷанги тиҷоратӣ ҳастанд, ки ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири худро гузоштааст.

Дар Намангон ҳангоми санҷиши чархофалаки нав як духтар ҳалок шуд

Дар боғи фароғатии "Водии афсонаҳо"-и Намангони Узбекистон ҳангоми озмоиши чархофалаки нав як духтари 18-сола ҷон бохтааст.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, Эля Холиқова, ки дар боғ ба ҳайси нозир кор мекард, 30 сентябр ҳангоми озмоиши чархофалаки нави "Spin block" ба ҳалокат расид.

Ба огаҳии Додситонии кулли Узбекистон, ҳодиса дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯи худи духтар рух дод.

Яке аз кормандони боғи "Водии афсонаҳо" ҳалокати духтарро "ҳодисаи нохуш" номида, гуфт, худи Холиқова айбдор аст. "Вай бидуни иҷозат дар чархофалаке, нишаст, ки озмоиш мешуд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Эля Холиқова, соли таваллудаш 2001, корро дар боғи фароғатии Намангон 1 августи соли равон оғоз карда буд.

СММ: Дар чор сол 14 ҳазор ҳодисаи нақзи шадиди ҳуқуқи кӯдакон дар Афғонистон сабт шудааст. ВИДЕО

Як гузориши СММ мегӯяд, ки бадшавии вазъи амниятӣ дар Афғонистон дар давоми тахминан чор соли охир боиси рух додани 14 ҳазор ҳодисаи “нақзи шадиди” ҳуқуқи кӯдакон шудааст, ки инчунин боиси марги 3500 тифл гардид.

Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ “мизони ташвишовар”-и нақзи ҳуқуқи кӯдакон дар Афғонистонро аз ҳама ҷониб маҳкум кард ва гуфт, ки кӯдакон паёмадҳои низоъҳои мусаллаҳонаро дар тани худ эҳсос мекунанд.

Дар фурсати таҳқиқшуда инчунин 9 ҳазор кӯдак маҷрӯҳ шудааст, мегӯяд гузориш.
Яке аз масоили мавриди нигаронии ҷиддӣ, ба гуфтаи Гутерреш, ин аст, ки солҳои 2015 то 2018 аз се як ҳиссаи афроди кушташуда дар Афғонистонро кӯдакон ташкил додаанд. Ин нишондод дар қиёс бо солҳои аз ин пеш 82 дар сад бештар будааст, гуфт ӯ.

Сабаби аслии маргу мири кӯдакон таркиши маводи мунфаҷира ва ҳамлаҳои ҳавоӣ мебошад.

Раҳбари СММ гуфт, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ дар 43 дарсади фоҷеаҳои кӯдакон дар Афғонистон гунаҳгор ҳастанд. Аз дасти онҳо 3450 тифл кушта ва 9149 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Гузориш ҳамчунин мегӯяд, ки ширкати 274 кӯдак дар ҳайати гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҳам нирӯҳои давлатӣ тасдиқ шудааст, вале шумори воқеӣ метавонад бештар бошад. Танҳо соли 2016 се ҳазор кӯдак барои ширкат дар гурӯҳҳои мусаллаҳ ҷалб шуда буданд, мегӯянд муҳаққиқони СММ.

Гузориш ҳамчунин ҳодисаҳои хушунати ҷинсӣ нисбати 13 писар ва чор духтарро қайд кардааст, ки танҳо омори тасдиқшуда мебошад ва ба гуфтаи Гутерреш, шумори воқеии ин ҳодисаҳо метавонад ба маротиб бештар бошад.

Дар Афғонистон 3500 кӯдак қурбони ҷангҳои чор соли охир шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

Ҳонгконг қонуни нави ҳолати изтирориро қабул кард

Мақомот дар Ҳонгконг дар паи чор моҳи эътирозҳои хиёбонии мардум қонуни ҳолати изтирориро қабул карданд, ки ба эътирозгарони зиддидавлатӣ бо ниқоб пӯшондани чеҳраро манъ мекунад.

Керри Лам, як мақоми иҷроия дар ҳукумати Ҳонгконг рӯзи 4 октябр бо муаррифии қонуни нав гуфт, ки ин амал дар шароити “таҳти хатар қарор гирифтани оромиши ҷомеа” ва ба хотири “бозгашт ба сулҳ” карда мешавад.

Эътирозҳо моҳи июн дар паи омода шудани тарҳи баъдан мутаваққифшудаи ихроҷ шурӯъ шуд ва ба як маъракаи зиддичинӣ бадал шуд. Эътирозгарон Пекинро ба дахолат дар умури мухторияти Ҳонгконг муттаҳам мекунанд.

Бо ин вуҷуд, ки қонун расман танҳо баъди нимаи дуюми моҳи октябр аз ҷониби парлумони Ҳонгконг қабул мешавад, аллакай нисфишаби 4 октябр он ҳукми қонунро касб хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки дар эътирозҳои Ҳонгконг бисёр эътирозгарон ба хотири пинҳон доштани ҳуввияташон аз кордиҳандаву раҳбаронашон ва ба хотири ҷилавгирӣ аз осеб дидани манфиатҳои тиҷоратӣ бо ниқоб дар рӯй раҳпаймоӣ мекунанд. Қонуни нав мегӯяд, онҳое, ки муқаррароти ҳолати изтирориро нақз мекунанд, бо таҳдиди то як соли зиндон ва ҷарима дар ҳаҷми 3200 доллар ҷазо дода мешаванд. Дар маҷмӯъ то ҳол 1750 нафар барои иштирок дар эътирозҳо боздошт шудаанд.

Роҳбари пешини иттифоқҳои касабаи Қазоқистон ба додгоҳи болоӣ шикоят мебарад

Ерлан Балтабой, роҳбари пешини созмони касабаи "Меҳнати шоиста", ки моҳи июли соли ҷорӣ бо айби "дуздӣ" 7 сол зиндонӣ шуда буд, тасмим дорад, ба додгоҳи болоӣ шикоят барад. Балтабой моҳи августи соли ҷорӣ дар пайи фармони авфи президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз зиндон озод шуд.

Балтабой ахиран гуфт, аз фармони авфи президент баъди он даст кашидааст, ки мақомот ба вай иҷозаи озодона фаъолият кардан дар бахши иттифоқи касабаро надоданд. Мақомот нисбати Ерлан Балтабой дар моҳи сентябри соли 2018 бо моддаи "Аз худ кардан ва ё харҷ кардани амволи ғайр" парвандаи ҷиноӣ кушода буданд.

Чанде аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз таъқиби Балтабой изҳори нигаронӣ ва даъват ба қатъи парвандаи ӯро карда буданд. Балтабой таъқиби нисбаташ шуруъшударо "амали рейдерӣ бо ҳадафи маҳви созмонҳои мустақили касаба" унвон карда буд. "Ман бовар дорам, ки парванда нисбати ман бо ташаббуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боз шудааст ва ҳадафаш канор задани ман аз фаъолият дар иттифоқи касаба аст",-гуфт Балтабой.

Дар Намангон як падар писари яксолаашро кушт

Дар Намангони Узбекистон падаре, ки намехост, алимент супорад, писари яксолаашро дар канали Шимолии Фарғона харқ кард. Додгоҳ ин мардро 18 сол зиндонӣ кард.

Додгоҳи вилоятии Намангон Расулбек Тошпулодови 26-соларо дар куштори барқасдонаи писари яксолааш айбдор кард.

Расулбек Тошпулодов соли 2017 издивоҷ карда, 4 июли соли 2018 соҳиби фарзанд шуд. Аммо 24 апрели соли ҷорӣ бо баҳонаи ин ки писараш ба ӯ шабоҳат надорад, аз ҳамсараш ҷудо шуд.

Додгоҳ қарор кард, ки Расулбек Тошпулодов 70 дарсади даромадашро ба писараш пардозад.

Ин мард 8 июли соли ҷорӣ писарашро рабуда, ба канали Шимолии Фарғона ғарқ кард.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Гуфтугӯ бо Анваршоҳ Мирзоев дар бораи вазъи футболи тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:18 0:00
XS
SM
MD
LG