Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Дар Қирғизистон таҳқиқи дубораи куштори журналист Алишер Соипов шурӯъ шуд

Алишер Соипов, журналисти маъруф дар 26-солагӣ кушта шуд

Мақомоти Қирғизистон ба таҳқиқи дубораи куштори журналисти мустақил Алишер Соипов шурӯъ карданд, ки 12 соли пеш дар шаҳри Ӯш мавриди ҳамлаи маргбор қарор гирифт. Бародари ӯ Шоҳрух Соипов рӯзи 3 октябр ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки додситонии кулли Қирғизистон дар посух ба созмони IFEX ё шабакаи байналмилалии дифоъ аз озодии баён, мақарраш дар Канада гуфт, ки таҳқиқи дубораи парвандаи журналист дар охири моҳи август аз нав шурӯъ шуд.

Шоҳрух Соипов гуфт, ки аз шунидани ин хабар бисёр хушҳол шуд, вале, ба назари ӯ, “пайдо кардани шахсияте, ки воқеан ҳам хостори куштори Алишер Соипов буд, имкон надорад”. Соипов гуфт, ки мақомот ба онҳо хабар доданд, ки ба таҳқиқи дубораи парвандаи бародари журналисташ пардохтаанд.

Шурӯи таҳқиқи дубораро ба Радиои Озодӣ дар идораи додситонии кулли Қирғизистон ҳам тасдиқ карданд.
Соипов муассис ва сардабири нашрияи “Сиёсат” 24 октябри соли 2007 дар маркази шаҳри Ӯш аз тири туфанг кушта шуд. Ӯ он замон инчунин барои Радиои Озодӣ ва Садои Амрико ҳам гузоришҳо медод.
Баъди куштори ӯ рӯзномаи узбекзабонаш, ки дар ҳудуди Қирғизистон ва Узбекистон паҳн мешуд, аз нашр бозмонд.

Соли 2010 додгоҳи Ӯш як сокини маҳаллӣ Абдулғаффор Расуловро дар куштори Соипов гунаҳгор ва ӯро ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Вале хешовандони Соипов аз болои ин ҳукм шикоят карданд. Онҳо гуфтанд, ки нақшаи куштори ӯ хеле хуб тарҳрезӣ шуда буд ва қотили воқеӣ бемуҷозот мемонад.

Соипов, ки миллаташ узбек буд, дар гузоришҳои худ дар бораи гурӯҳҳои ҷангии исломӣ ва мухолифон дар минтақа мақолаҳо менавишт. Ӯ инчунин соли 2005 дар бораи қатли эътирозгарон дар шаҳри Андиҷони Узбекистони ҳамсоя ҳам гузоришҳо нашр карда буд.

Соли 2012 вазорати дохилии Қирғизистон бар асоси куштори Соипов таҳқиқи тозае ба роҳ монд, вале ин таҳқиқ ҳам бо сабаби мушкили мушаххас кардани шахсиятҳои гумонбарони куштор ноком шуд.

Як корманди полиси Фаронса баъди ҳамла ба ҳамкоронаш кушта шуд

Атрофи қароргоҳи марказии полиси Париж, ки дар назди калисои Нотр Дам воқеъ аст, муҳосира шудааст

Як корманди дафтари марказии идораи полиси шаҳри Париж баъди он ки чор ҳамкорашро бо зарби корд маҷрӯҳ кард, аз тири туфанги як ходими дигари полис кушта шуд.

Феълан сабаби рух додани ин ҳодиса маълум нест. Ҳамлаи рӯзи 3 октябр дар дар қароргоҳи марказии полис воқеъ дар назди калисои Нотр-Дам рух дод.

Муфаттишон гуфтанд, ки фарзияи аввали онҳо ин аст, ки ҳамлаи маргбортарин ба полис дар таърихи чанд соли охири Фаронса дар паи моҷарои корӣ рух додааст.

Мақомоти умури нақлиёти Париж гуфтанд, ки минтақаи атрофи идораи полис муҳосира шуда, бо далелҳои амниятӣ истгоҳи наздиктарини метро ҳам баста шудааст.

Як сухангӯи полис гуфт, ки феълан ин ҳодисаро ба ҳеҷ шакл шарҳ дода наметавонад.

Манобеи полис гуфтанд, ки ҳамлагар дар бахши маъмурияти идораи полис кор мекард, вале тасдиқи дурустии ин хабар феълан имкон надорад.

Ҳамла як рӯз баъди он рух дод, ки ходимони полис дар саросари Фаронса бо талаби шароити беҳтари кор намоиши эътирозӣ баргузор карданд.

"Сайтбандӣ" ба Русия "сироят" кард. ВИДЕО

Сайтбандӣ ба Русия сироят кард.
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Amnesty International, созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, ки қароргоҳаш дар Лондон аст, аз Русия даъват кард, дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории "Фергана-нюс"-ро фавран барқарор кунад.

Раиси бахши русии Amnesty International Наталия Звягина рӯзи 2-уми октябр ин амалро ҳамла ба озодии баён номид.

«Роскомнадзор» ё Идораи нозири соҳаи мухобирот дар Русия шоми якуми октябр сайти оҷонси иттилоотии «Фергана-нюс»-ро дар рӯйхати сомонаҳои мамнуъ шомил кард. Ба навиштаи Amnesty International, субҳи 2-юми октябр дастрасӣ ба ин сайт дар қаламрави Русия номумкин шуд.

«Фергана-нюс» яке аз оҷонсиҳои пешқадами русзабон дар бозтоби ҳодисаҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Кормандони оҷонсӣ мегӯянд, аз «Роскомнадзор» ҳеҷ хушдоре дар бораи поймол намудани қонунҳо дастрас накардаанд.

Дар гузашта панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ борҳо дастрасӣ ба ин сайтро манъ ва ё маҳдуд карда буданд. Феълан фақат Туркманистон ин сайтро бастааст.

"Роскомнадзор" – хадамоти нозири арсаи мухобирот дар Русия – моҳи августи имсол дастрасӣ ба сомонаи оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс"-ро низ дар қаламрави ин кишвар масдуд карда буд.

Мақомоти Русия далели чунин иқдоми худро расонаӣ накарданд. Масъулони хабаргузорӣ гуфтанд, ба эҳтимоли зиёд Русия аз нашри хабари худкушии як зан дар Хуҷанд нигарон шуда, онҳоро ба таблиғи "ончи дар ҳудуди Русия манъ аст", муттаҳам кардааст.

Курт Волкер дар бораи суҳбати Трамп гувоҳӣ медиҳад

Курт Волкер

Курт Волкер, намояндаи вижаи пешини Амрико дар Украина, нахустин шахси мансабдори Департаменти давлатӣ хоҳад буд, ки дар назди се ҳайати конгресс гувоҳӣ медиҳад. Ин ҳайат таҳқиқи импичменти президент Доналд Трампро баргузор мекунад.

Интизор меравад, Курт Волкер рӯзи 3-юми октябр ихтиёран пушти дарҳои баста ба пурсишҳои қонунгузорони Маҷлиси Намояндагон ҷавоб диҳад.

Онҳо мехоҳанд рӯшанӣ андозанд, ки оё Трамп аз мансаби худ сӯиистифода намуда, аз президенти Украина хостааст, ноиби президенти пешин Ҷо Байден ва писараш Ҳантерро, ки дар Украина доду ситади тиҷоратӣ дошт, тафтиш кунад.

Ҷо Байден як рақиби пешсафи Трамп дар интихоботи соли 2020 мебошад. Ин иттиҳом аз шикояти ҳукумат бармеояд. Трамп дар як гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 25-уми июл ба ӯ фишор овардааст, то як ширкати энергетикиро, ки писари Байден дар курсии шӯрои директоронаш нишастааст, таҳқиқ кунад.

Доналд Трамп пас аз ин гуфтугӯи телефонӣ ба таври ногаҳонӣ тақрибан 400 миллион долларро, ки барои маблағгузории низомӣ ба Украина буд, боздоштааст. Украина аз соли 2014 боз ба зидди ҷудоиталабони пуштибони Русия меҷангад.

Мулоқоти ҳайати Толибон бо Қурайшӣ дар Покистон

Як ҳайати баландпояи Толибон дар Исломобод бо мақсади зинда кардани гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ вохӯрд, ки сафарҳоро ба Русия, Чин ва Эрон дар бар мегирад.

Ин ҳайат бо сарпарастии Мулло Абдулғанӣ Бародар, бунёдгузори гурӯҳи мусаллаҳи афғон ва роҳбари идораи сиёсии онҳо дар Қатар, рӯзи 3-юми октябр бо Қурайшӣ мулоқот карданд.

Президенти Амрико Доналд Трамп моҳи гузашта аз раванди дарози гуфтушунидҳо даст кашид, ки асоси онҳо поён додан ба ҷанги тақрибан 18-солаи Афғонистон буд. Покистон аз ҳарду ҷониб даъват кард, ки гуфтугӯҳоро дубора сар кунанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ пас аз гуфтушунидҳо дар изҳороте гуфт, ки Қурайшӣ ба ҳайати Толибон гуфтааст, "Покистон аз ин пас ҳам тамоми кӯшишҳоро барои расидан ба сулҳу оромӣ дар Афғонистон, ки барои рушди иҷтимоию иқтисодии худи Покистон муҳим аст, идома хоҳад дод".

Дар ин изҳорот омадааст: “Қурайшӣ қайд карда, ки гуфтугӯҳои рӯбарӯи Толибон ва ИМА дар соли гузашта, ки аз ҷониби Покистон сахт ва самимона дастгирӣ карда шуд, акнун барои бастани созишномаи пойдори сулҳ дар Афғонистон таҳкурсии мустаҳкам гузоштааст".

Сухангӯи Толибон Суҳайл Шоҳин, ки дар Қатар аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳ омодааст дубора бо Вашингтон гуфтушунидҳоро сар кунад. Намояндагони Толибон ба Исломобод вақте омаданд, ки намояндаи вижаи Амрико дар Афғонистон Залмай Халилзод низ барои "машварат" бо Покистон дар Исломобод мебошад.

Ду пулис дар Русия баъди латту кӯби муҳоҷирони узбекистонӣ бе кор монданд

Дар шаҳри Балашихи вилояти Москваи Русия ду корманди пулисе аз кор ронда шуданд, ки муҳоҷирони узбекистонӣ аз тарси онҳо аз ошёнаи дувум ба замин парида буданд. Дар ин бора Татяна Петрова, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Москва хабар дод.

"Ду корманди пулис ба хотири содир кардани ҷинояте, ки бадномсозандаи мақомоти корҳои дохилӣ аст, аз кор ронда шуданд ва ба ҷавобгарӣ ҷалб хоҳанд шуд",-гуфт вай. Роҳбари онҳо низ ба вазифаи пасттар таъйин шуда, 10 тани дигар аз кормандон танбеҳ гирифтаанд, хабар дод Петрова.

Шаби 20 сентябр дар шаҳри Балаших Дилшод Темиров ва Илҳом Холматов ҳамроҳ бо дӯстони дигарашон ба меҳмонии муҳоҷири қирғизистонӣ Элёрбек Умаров омаданд. Баъди чанде се марди рус бо либоси мулкӣ вориди манзили иҷораи онҳо шуданд ва ба лутту кӯб шуруъ карданд. Мардони воридшуда худро корманди милиса муаррифӣ ва маблағ талаб карданд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, латту кӯб наздики 2 соат давом кард. Илҳом бо Дилшодбек маҷбур шуданд, аз ошёнаи дувум ба замин паранд.

Муҳоҷирони узбек як муддат дар ҳолати беҳушӣ қарор доштанд. Муҳоҷирони тоҷик онҳоро диданд ва ёрии таъҷилиро даъват карданд. Се корманди пулис мунтазири рафтани мошини ёрии таъҷилӣ шуда ва баъдан аз ҷои ҳодиса фирор карданд.

Муҳоҷирони узбек бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд.

Марги 4 муовини мудирони мактабҳои Фарғона дар роҳ ба сӯи ҷаласаи шабона

Чаҳор мовини мудирони мактабҳои ноҳияи Данғараи вилояти Фарғонаи Узбекистон дар роҳ ба сӯи ҷаласаи шабона дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохтанд

Манбаъ мегӯяд, муовинони мудирон мебоист, дар ҷаласае ширкат кунанд, ки шаби 30 сентябр дар мавзуи дин дар бинои ҳукумати вилоят баргузор шуд. Ронандаро, ки яке аз муовинон буд, пушти фармони мошин хоб бурд ва мошин ба симчӯби канори роҳ бархӯрд.

Ронанда бо яке аз мусофирон дар ҷои ҳодиса ва ду мусофири дигар дар бемористон фавтиданд.

"Муовинон мебоист, дар ҷаласае ширкат кунанд, ки ба мавзуи мубориза зидди ришу ҳиҷоб бахшида шуда буд. Ба онҳо гуфта буданд, ки ҷаласа соати 1 шаб баргузор мешавад. Онҳо соати 11 шаби аз ноҳияи Данғара ба сӯи маркази маъмурии вилояти Фарғона ҳаракат карданд ва мебоист, 90 км-ро тай мекарданд, аммо дар нимароҳ садама карданд", - хабар дод манбаъ.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, аз рӯи ҳодисаи садама тафтиш шуруъ шудааст.

Ural Airlines аз Воронеж ба Душанбеву Ӯш парвозҳо анҷом медиҳад

Сар аз 2-юми ноябри соли ҷорӣ ширкати Ural Airlines ҳар рӯзи шанбе аз Воронежи Русия ба шаҳрҳои Душанбеи Тоҷикистон ва Ӯши Қирғизистон парвозҳо анҷом медиҳад. Дар ин бора хабаргузориҳои русӣ бо такя ба масъулони фурудгоҳи Воронеж, хабар доданд.

Ба иттилои хабаргузориҳои русӣ, парвозҳо тавассути ҳавопаймои навъи Airbus A320 сурат мегирад. Қимати як билет аз Воронеж то Ӯш 8 ҳазору 700 рубл муайян шудааст. Ба гуфтаи хадамоти матбуоти фурудгоҳ, қимати парвоз ба Душанбе баъдтар эълон хоҳад шуд.

Манбаъ дар шарҳи ин хабар мегӯяд, ки ҳавопаймо соати 9:35 дақиқаи вақти маҳаллӣ аз Ӯш парвоз намуда ва соати 11:00 дар Воронеж поин мешавад. Сипас ҳавопаймо соати 12:35 ҳавопаймо ба самти Душанбе ҳаракат намуда ва соати 18:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар пойтахти Тоҷикистон фуруд меояд. Ҳамин тариқ ҳавопаймо соати 19:50 аз Душанбе ба самти Воронеж парвоз мекунад ва соати 22:05 дар Воронеж фуруд меояд.

Гаронии нархи билет дар солҳои ахир сокинони Тоҷикистонро водор кардааст, ки аз тариқи Қирғизистон ва Узбекистон худро ба дигар кишвар расонанд. Гурӯҳи дигар бахусус муҳоҷирон сафар ба автобусро бартарӣ медиҳанд. Арзиши сафар бо автобус ҳудуди 900 сомонӣ аст. Ҳарчанд ба гуфтаи аҳолӣ сафар бо автобус 3-4 рӯз ва пурмашаққат аст, аммо аз сабаби гарон будани парвоз бо ҳавопаймо ночор ба азоби роҳ тоқат мекунанд.

Шикоятҳо аз гаронии нархи чипта борҳо садо додааст. Бахусус дар фасли баҳор ва тирамоҳ дар мавсими рафту баргашти муҳоҷирони корӣ ҳамеша билетҳо гарон мешаванд.

Русия мизбони даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аст ва аз чандин шаҳрҳои ин кишвар ба Душанбеву Хуҷанд ва Кӯлоби Тоҷикистон парвозҳо сурат мегирад. Дар баробари ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ, ширкати "Сомон Эйр"-и ва "Тоҷик Эйр"-и Тоҷикистон низ дар ин масир фаъол аст.

Тафтиши парвандаи хабарнигори Радиои Озодӣ аз сар гирифта мешавад

Ҷалил Отамбоев ба суолҳои Идрис Исҳоқов посух мегӯяд. Акс аз бойгонӣ.

Парвандаи хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Идрис Исоқов, ки пештар қатъ гашта буд, дубора боз карда шудааст. Дар ин бора Раёсати пулиси Ӯш хабар дод.

Ба иттилои пулис, сокини Ӯш 30 сентябр дубора ба пулис муроҷиат карда, гуфтааст, ки хабарнигор аз ӯ маблағи калон талаб дорад ва ду шоҳид низ бо худ бурдааст. Исоқов гӯиё таҳдид кардааст, ки агар 5 ҳазор доллар ё мошини "Лексус"-ашро надиҳад, зиддаш мавод нашр мешавад.

Ин сокини Ӯш 4 апрели соли равон низ айнан бо ҳамин даъво ба пулис шикоят бурда буд, вале дертар парванда ба хотири набудани далел қатъ карда шуд. Худи хабарнигор даъвои сокини Ӯшро туҳмат меномад. Ӯ 1 октябр дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, "ин одам фаромуш кардааст, ки полковники милитсия аст ва барои соҳибкор Жалил Отамбоев кор мекунад". "Агар раҳбараш гӯяд, ки сабаберо пайдо карда, шикоят кун, чи гуна ӯ метавонад рад намояд? Бинобар ин, одамеро, ки мегӯяд, Идрис пул талаб кард, сарзаниш накунед. Танҳо вайро дарк кунед", - навишт ӯ.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ 17 апрел матлаберо зери унвони "Ош: салыктан буйтаган ишкерлер" нашр кард. Дар матлаб сухан аз ҳолатҳои "гурез"-и соҳибкор Жалил Отамбоев аз пардохти андоз меравад. Видеои таҳқиқотро дар Youtube дар 2 ҳафта 378 ҳазор кас тамошо кард.

Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон 22 апрел хабар дод, ки дар робита ба ҳолатҳои дар таҳқиқот зикршуда парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот оғоз шудааст.

Сипас Жалил Отамбоев, ки яке аз сарватмандтарин сокинони вилояти Ӯши Қирғизистон шумурда мешавад, зидди хабарнигор шикоят бурда, ҷубронпулӣ талаб кард. Вале дертар аз даъвояш даст кашид.

Трамп тафтишоти зидди худро кӯшиши табаддулоти давлатӣ номид

Президенти ИМА Доналд Трамп тафтиш барои изҳори нобоварӣ ба худро "кӯшиши табаддулоти давлатӣ" номид. Тафтиши фаъолияти президент ташаббуси демократҳои Маҷлиси намояндагони Конгрессси ИМА аст. Ба оғози он суҳбати телефонии Трамп бо президенти Украина Владимир Зеленский сабаб шуд. Дар бораи ин суҳбат як хабарчини хадамоти махсуси ИМА иттилоъ дод.

Кохи Сафед матни суҳбатро охирҳои моҳи сентябр нашр кард. Бар асоси ин матн, Трамп аз Зеленский хостааст, ки дар Украина зидди писари рақиби эҳтимолияш дар интихоботи президентии соли 2020 Ҷо Байден тафтишотро оғоз кунад. Ба гуфтаи Трамп, Байдени хурдӣ дар Украина даст ба фасодкорӣ задааст. Мунақидон мегӯянд, президенти ИМА ба хотири ба даст овардани мавод зидди рақиби худ аз доираи салоҳиятҳояш берун рафтааст.

Маҷлиси намояндагон дар доираи тафтиши мазкур чандин корманди Департаменти давлатии ИМА, аз ҷумла раҳбари он Майк Помпеоро ба бозпурсӣ даъват карданд. Дар миёни даъватшудаҳо собиқ намояндаи махсуси ИМА дар умури Украина Курт Волкер, сафири пешини Украина дар Вашингтон ​Марӣ Йованович низ ҳастанд.

Трамп ҳамаи иттиҳомро рад мекунад. Помпео дар навбати худ гуфт, демократҳо кормандони Департаменти давлатиро метарсонанд. Худи Зеленский дар мулоқот бо Трамп гуфт, дар ҷараёни суҳбати телефонӣ ҳеҷ гуна фишореро эҳсос накардааст.

Шикояти сокинони Арис аз бад шудани вазъи кӯдаконашон пас аз таркиш

Намое аз шаҳри Арис.

Як гуруҳи сокинони шаҳри Ариси Қазоқистон 2 октябр дар назди бинои шаҳрдорӣ ҷамъ шуда, шикоят карданд, ки вазъи сиҳатии кӯдакони онҳо пас аз таркиши анбори аслиҳа дар моҳи июни соли равон бад мешавад.

Ба иттилои расонаҳо, даҳҳо сокинони Арис ҳамчунин аз шаҳрдорӣ ҷубронпулӣ талаб карданд. Онҳо дар робита ба сифати корҳои барқарорсозӣ дар ҳудуди Арис норозигӣ баён намуданд.

Ба гуфтаи як сокини Арис Бону Кулжабоева, кӯдаки якунимсолааш пас аз таркиши анбори аслиҳа ҳамеша месулфад. Ӯ мегӯяд, то таркиш кӯдакаш аз чизе шикоят надошт. Сокини дигари шаҳр Ойгул Даулетова мегӯяд, баъди таркиши анбори аслиҳа дар пусти кӯдаконаш чизе мебарояд ва аз биниашон хун меравад.

Ҷамъшудаҳо гуфтанд, харҷҳои онҳо ба дору то рафт бештар мешавад ва бинобар ин, аз шаҳрдории Арис кумак талаб доранд. Сокинони Арис мегӯянд, ба изҳороти мақомот, ки гуфтанд, шаҳр аз нигоҳи экологӣ бехатар ва тоза аст, бовар надоранд.

Моҳи июни соли ҷорӣ дар анбори аслиҳаи шаҳри Арис таркиш рух дод. Он замон сокинонро ба ҷои амн интиқол дода буданд. Ба иттилои мақомот, 85 дарсади манзилҳои Арис тахриб ва бештар аз 20 хонаи дигар оташ гирифт. Дар пайи он ҳодиса чаҳор тан кушта шуд.

Малахов - ровии телевизиони Русия аз қирғизистониҳо узр хост

Андрей Малахов, ровии маъруфи телевизиони Русия аз сокинони Қирғизистон бо забони қирғизӣ узрхоҳӣ кард.

"Хиради куҳани мардуми қирғиз далолат мекунад, ки: тавони гӯш карданро дошта бош, то ҳарфат шунида шавад", - гуфт ровӣ. Вай афзуд, аз ҳамаи онҳое узр мепурсад, ки "ҳарфҳояш боиси ранҷишашон шудааст". Малахов "узр мехоҳам"-ро бо забони қирғизӣ низ баён кард.

Узрхоҳии Малахов дар шабакаи телевизионии "Россия-1" баъди як ҳафтаи ҷанҷоле садо дод, ки боиси норизоии мардуми Қирғизистон шуд. Ҳарфҳои Малахов нисбати Исломбек Акбарови қирғизистонӣ ҳамватанони Акбаровро ба хашм овард ва бисёрии онҳо аз Малахов талаби маъзаратхоҳӣ карданд. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ҳам ба ин талабҳо ҳамсадо шуд.

Дар барномаи Малахов садамаи таксирон - зодаи Қирғизистон бо шаҳрванди 22-солаи Русия Александр Маругов муҳокима шуд, ки боиси марги дувумӣ гардид. Пулиси Русия Акбаровро ба ҳабси пешакӣ гирифт. Дар сурати собит шудани айби зодаи Қирғизистон дар ин садама, мумкин аст, вай то панҷ сол зиндонӣ шавад.

Малахов дар барномааш гуфт, садама эҳтимол, тасодуфӣ набуд ва барои иҷрои он ба зодаи Қирғизистон "100 ҳазор доллар пардохт кардаанд". Малахов афзуд, ба далелҳои номаълум "одамони ҷиддие" аз Исломбек Акбаров ҳимоят мекунанд. Ровӣ ҳамчунин чанд маротиба дар барномааш такрор кард, ки ҳаққи хизматрасонии вакили дифои Акбаровро кӣ мепардозад? "Ҳаққи хизмати шуморо кӣ мепардозад? Хешонатон аз Қирғизистон? Панҷ касӣ дар як кат хоб меравед, 10 доллар маошатон ва инак вакили мудофеи костюмпӯш? Вакили дифоъ назди ронандаи таксӣ меояд?", - гуфт Малахов.

"Ба вай 100 ҳазор доллар бидеҳ, ҳамаи хонаводаи ӯро, ҳамдеҳагони ӯро хушҳол мекунӣ. Онҳо то охири умрашон ин маблағро пайдо нахоҳанд кард: онҷо маош 10 доллар аст", - афзуд Малахов.

Ин гуфтаҳои вай қирғизистониҳоро ба хашм овард. Сокинони Қирғизистон давоми як ҳафта ба нишонии Малахов дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорон шарҳ навиштанд.

Бархе аз ҳунармандон ва сиёсатмадорони Қирғизистон ба ин маърака ҳамроҳ шуданд ва ровиро маҳкум карданд. Мавзуи мазкур дар порлумони Қирғизистон ҳам муҳокима шуд.

Рӯзи баъд аз барнома Малахов гуфт, ҳарфҳои вай дар бораи таксирон "нодуруст фаҳмида шудаанд". "Ман мутаассифам, ки ҳарфҳои ман аз ҷониби бархе аз қирғизистониҳо нодуруст фаҳмида шуданд. Ман ҷонибдори сулҳ ва ҳусни ҳамсоядорӣ, адолату озодии баён ҳастам", - гуфт Малахов дар як мусоҳибааш.

Дар Қазоқистон майдонеро ба номи президенти пешин гузоштанд

Майдони марказии шаҳри Тарози Қазоқистонро ба ифтихори президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоев номгузорӣ карданд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ рӯзи сешанбе хабар доданд.

"Майдони Достики Тароз Нурсултон Назарбоев номгузорӣ шавад", - омадааст дар қарори ҳокими вилояти Ҷамбил. Мақомоти маҳаллӣ ҳанӯз моҳи июни соли ҷорӣ хабар дода буданд, ки майдони марказии шаҳрро ба номи Назарбоев хоҳанд гузошт.

Дар Қазоқистон шаҳри Остона - пойтахти он кишвар ба номи Назарбоев гузошта шудааст. Ҳамчунин фурудгоҳи пойтахти Қазоқистон ҳам номи Назарбоевро дорад. Ба ҷуз инҳо, кӯчаҳои марказии чандин шаҳри Қазоқистонро ба Назарбоев табдили ном карданд. Дар он кишвар Мактабҳои интеллектуалии Назарбоев ҳам амал мекунанд. Дар чандин шаҳри дигари Қазоқистон пайкараҳои Назарбоев қомат афрохтаанд.

Назарбоев дар соли 1991 дар Қазоқистон сари қудрат омад ва моҳи марти соли ҷорӣ, баъди қариб 30 соли роҳбарӣ аз мақом канор рафт. Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо изҳор доштанд, ки Назарбоев таҳаммули дигарандешонро надорад ва ҳуқуқу озодиҳои сокинонро поймол мекунад.

Ҳанӯз дар соли 2017 Назарбоев гуфта буд, ки иҷозат нахоҳад, мақомот пайкараҳояшро созанд ва кӯчаву хиёбонҳоро ба ифтихори вай номгузорӣ кунанд.

Толибон ва фиристодаи Амрико дар Покистон аз чӣ хоҳанд гуфт?

Ҳайати Толибон. Акс аз бойгонӣ

Гуруҳи Толибон хабар дод, ки як ҳайати он рӯзи 2-юми октябр ба Покистон рафтааст. Ин дар ҳолест, ки Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои сулҳи Афғонистон, низ дар Исломобод аст ва бо мақомоти ин кишвар мулоқот хоҳад кард.

Маълум нест, намояндагони Толибон ва фиристодаи хоси Амрико дидор хоҳанд дошт, ё не.

Муллоабдулғанӣ Бародар, яке аз раҳбарони Толибон гуфтааст, ҳайат бо мақомоти Покистон "масъалаҳои муҳим"-ро баррасӣ мекунанд.

Дар оғози солҳои 1990, замоне ки ҷунбиши Толибон ташкил шуд ва ҳангоми ҷанги дохилии Афғонистон, Покистон аз ин гуруҳ пуштибонӣ кардааст. Гуфта мешавад, ҳайати Толибон ба раҳбарияти Исломобод дар бораи сабабҳое, ки ба қатъи музокироти сулҳ расонд, маълумот медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, як мақоми афғон гуфт, ҷангҷӯёни Толибон ҳамла ба Толиқон, маркази вилояти шимолии Тахорро оғоз кардаанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Афғонистон рӯзи 2-юми октябр дар таркиши бомби канори роҳ дар минтақаи шарқии Каписо низ шаш нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохта, чанд нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Шарти Украина барои баргузории интихобот дар минтақаи шарқӣ

Владимир Зеленский

Украина муваққатан розӣ шудааст, ки дар қаламрави ду минтақаи шарқии ишғолшудаи худ интихоботи маҳаллӣ баргузор шавад. Ин ҳам пас аз он ки ҳама воҳидҳои мусаллаҳ ин минтақаро тарк кунанд ва назорати масофаи 400-километрии наздисарҳадӣ бо Русия аз нав ба даст оварда шавад.

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 1-уми октябр дар нишасте дар Киев гуфт, ин созишнома дар Минск миёни Русия ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ба даст омадааст ва барои поён додани ҷанг дар Донбасс роҳи гуфтушунидҳои сулҳро бо Маскав фароҳам мекунад. Ин созишномаро шаш сол шудааст.

Зеленский гуфт: "Дар зери мили яроқ интихобот баргузор карда намешавад ва нахоҳад шуд. Ҳеҷ гуна таслимшавӣ ҳам нахоҳад буд".

Минтақаҳои ишғолшуда пас аз баргузории интихоботе, ки аз тарафи САҲА озод ва одилона ҳисобида мешавад ва аз рӯи формулаи маъруф ба Штайнмайер, ки як ҷузъи харитаи роҳ барои ба даст овардани сулҳ аст, мақоми худидоракуниро соҳиб хоҳанд шуд.

Русия ва Украина ҳамаи маҳбусони мондаро доду гирифт мекунанд ва Киев пеш аз интихобот назоратро ба қаламравҳои ишғолшуда ба даст хоҳад гирифт, ки аз рӯи Конститутсия ва қонунгузории Украина баргузор хоҳад шуд.

Вокуниши ҳукумати Бадахшон ба хабари дар ихтиёри Чин гузоштани кони "Якҷилва"

Як изҳороти ҳукумати вилояти Бадахшон ба ҷойи рӯшанӣ андохтан дар бораи созиши Тоҷикистону Чин бар сари кони нуқраи “Якҷилва”-и Мурғоб, баръакс, рақамҳои тазодомезро бештар кардааст.

Изҳорот рӯзи 2-юми октябр дар ҷавоб ба вокунишҳои мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Бисёриҳо аз он ки Тоҷикистон чанд кони тилову нуқраро пайиҳам дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ мегузорад, танқид карданд.

Дар ҷаласаи рӯзи 1-уми октябр дар порлумони Тоҷикистон гуфта шуд, ки кони “Якҷилва” барои 7 сол дар ихтиёри ширкати чинӣ гузошта шудааст. Дар вокуниши мақомоти Бадахшон мехонем: “Кони Якҷилва ба мӯҳлати 20 сол барои истифода ба шарикони чинӣ дода шуд ва дар сурати розигии тарафҳо, шартнома боз идома хоҳад ёфт.”

Рӯзи гузашта дар порлумон ҳамчунин захираи ин кон 113 тонна нуқра гуфта шуд, вале ҳукумати Бадахшон мегӯяд, захираи ин кон ба 415 тонна мерасад. Маълум нест, ин рақамҳо аз куҷо ба даст омадаанд ва чаро гуногунанд.

Порлумони Тоҷикистон рӯзи якуми октябр мувофиқат кард, ки кони нуқраи Якҷилва барои истифода дар ихтиёри ширкати "Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед"-и Чин гузошта шавад. Масъулони Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфтанд, ин ширкати чинӣ барои корҳои истихроҷ дар кони нуқраи "Якҷилва" 39,6 миллион доллар сармоя ҷудо кардааст.

Вале мақомот ҷузъиёти созиш бо ширкати чиниро ошкор накарданд. Ҳамчунин маълум нест, ин ширкат дар натиҷаи музояда ё тендер кор дар ин кони нуқраро ба даст овардааст ё аз тарафи мақомот интихоб шудааст.

Бо ишора ба чунин норӯшаниҳо чанде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шаффофияти корро зери суол бурдаанд. Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 2-юми октябр гуфтаанд, “ин ягон фурӯш ё ба каси дигар додани бойигарии табиӣ ва пардохти ягон намуди қарз набуда, раванди маъмулии кор дар бораи ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад".

Ҳукумати Бадахшон ҳамзамон мегӯяд, “роҳи ягонаи рушди иқтисоди вилоят тараққӣ додани саноатӣ кӯҳӣ дар ин минтақаи кӯҳистонӣ мебошад, аммо чун сармояҳои дохилӣ барои ба кор андохтани чунин конҳо кофӣ нест, бояд сармояҳои хориҷӣ ҷалб шаванд.”

Ҳоло ширкатҳои чинӣ истихроҷи аксар конҳои тилои Тоҷикистонро дар даст доранд. Ба ҷуз аз ширкати муштараки Тоҷикистону Чин -- "Зарафшон", чиниҳо кони тиллои "Покруд" дар Ромит ва ширкати ТВЕА-и ин кишвар бар ивази сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, парвонаи ду кони тилло дар ноҳияи Айнӣ -- "Дуобаи шарқӣ" ва "Кумарғи боло"-ро ба даст овард.

Ҷопон гуфт, мушаки Кореяи Шимолӣ ба минтақаи иқтисодиаш расид

Кореяи Шимолӣ рӯзи 2-юми октябр дур аз соҳили шарқии худ ба камияш як мушакро партоб кардааст. Мақомоти Ҷопон гуфтанд, мушак ба минтақаи махсуси иқтисодии ин кишвар расид. Кореяи Ҷанубӣ тахмин зад, ки мушакро аз киштии зери дарё сар додаанд.

Мақомоти Ҷопон гуфтанд, Кореяи Шимолӣ ду мушак партоб кард ва қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро поймол кард.

Ин мушак дар ҳоле партоб шуд, ки як рӯз пеш мақомоти Кореяи Шимолӣ аз барқарор шудани музокирот бо Вашингтон хабар доданд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 2-юми октябр аз Пхенян хост, аз иғво худдорӣ кунад ва ба музокироти ҳастаӣ пойбанд бошад. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, "мо аз Кореяи Шимолӣ мехоҳем, уҳдадориҳои худро бар асоси қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал иҷро кунад ва дар таъмини субот дар нимҷазираи Корея саҳм гузорад."

Ин мушаки нӯҳум аст, ки Кореяи Шимолӣ аз моҳи июни имсол ба ин тараф партоб кардааст. Пхенян танҳо дар моҳи август панҷ мушакро санҷид.

Вазири корҳои дохилии Туркманистонро аз ҷаласа ва аз мақом ронданд

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, вазири корҳои дохилии ин кишвар Искандар Муликовро бо иттиҳоми суистифода аз мансаб ва ришвахорӣ аз мақом барканор ва аз ҷаласаи Девони вазирон берун кард.

Тасмим баъд аз шунидани ҳисоботи Ботир Атдаев, додситони кулли Туркманистон, гирифта шудааст. Атдаев вазири умури дохилиро ба суистифода аз мақом муттаҳам кард.

Искандар Муликов аз моҳи майи соли 2009 раҳбарии ин идораи муҳими қудратиро ба уҳда дошт.

Рутбаи Муликов то ба сатҳи майор поин бурда шуда, аз тамоми мукофотҳои давлатӣ маҳрум гаштааст. Ба ҷойи ӯ Мамадхон Чакиев, ки то ин замон муовини раиси Девони вазирон буд, вазири умури дохилии Туркманистон таъйин шуд.

Аз ин пеш бахши туркмании Радиои Озодӣ аз боздошти ронандаи Искандар Муликов -- Мақсад Амонов хабар дода буд. Манобеъ хабар медиҳанд, ки боздошти ронандаи вазир баъди ҳабси тоҷири ишқободӣ Чари Қулов ва вазири пешини равобити иқтисоди хориҷӣ Амандурдӣ Ишанов сурат гирифтааст.

Бино ба хабарҳо, дар шаҳри Ишқобод чандин фурӯшгоҳ, тарабхона ва қаҳвахона ба Муликов тааллуқ доштаанд. Тарабхонаи "Океан", қаҳвахонаҳои "Айперӣ" ва "Ғизои туркӣ" мусодира карда шуданд.

Дар Туркия таҳқиқи сабабҳои марги духтари узбекро талаб доранд

Фаъолони Туркия, ки аз ҳуқуқи кӯдакон ва бонувон ҳимоят мекунанд, зери шиори "Бо Нодира чӣ шуд?" маъракаи густардаеро ба роҳ монданд. Додситонии шаҳри Анқара Нодира Қодироваи 23-соларо дар танфурӯшӣ айбдор мекунад.

Вазорати умури хориҷии Узбекистон бо нашри як иттилоия гуфт, раванди таҳқиқи марги фоҷеавии Нодира Қодирова зери назорати сафорати ин кишвар дар шаҳри Анқара қарор дорад.

Ба огаҳии вазорат, дар ҳоли ҳозир додситонии Анқара тафтиши ҳодисаро оғоз карда, тамоми шоҳидонро бозпурсӣ ва хотири телефони ӯ ва мукотибаҳои электрониашро таҳқиқ дорад. Дар Додситонии Анқара гуфтанд, ки хулосаи ташхиси тиббиву додгоҳиро мунтазиранд.

Ҷомеашиноси узбек Баҳодур Файзӣ, ки дар Туркия зиндагӣ мекунад, гуфт, ҳазорҳо шаҳрванди ин кишвар ба маъракаи мазкур пайваста, таҳқиқи сабабҳои воқеии марги Қодироваро талаб доранд.

Вакили дифои маъруф дар Туркия ва раҳбари созмони ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакону бонувон Муҷде Тозбей Эрден (Mujde Tozbey Erden) гуфт, ба таҳқиқи қазияи марги Нодира Қодирова пардохтааст ва аз кӯшишҳои пинҳон кардани ин ҷиноят пешгирӣ хоҳад кард: "Талаб хоҳем кард, ки ин парванда одилона ва бо риояи талаботи қонун тафтиш шавад".

Нодира Қодирова, зодаи 23-солаи вилояти Ҷиззахи Узбекистон чаҳор сол пеш барои кор ба Туркия рафта буд. Ӯ моҳҳои ахир дар манзили генерали мустаъфии турк Ширин Унал ба ҳайси парастор кор мекард. Бино ба хабари расонаҳои Туркия, субҳи 24 сентябр Қодироваро бо захми тир аз ноҳияи қалбаш дар манзили Унал пайдо карданд ва дертар дар бемористон ҷон дод.

Хабар дода мешавад, зодаи Узбекистон гӯиё худкушӣ кардааст. Аммо Ширин Унал аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунад. Нодира Қодирова як соли охир аз модари Ширин Унал парасторӣ мекард.

Муҳаммадалӣ Қодиров, бародари Нодира Қодирова мегӯяд, хоҳараш ҳеч сабабе барои худкушӣ надошт.

Аксияи ҷавонони тоҷику қирғиз барои коҳиши танишҳои марзӣ

Гурӯҳе аз ҷавонони Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҳалли мусолиматомези даргириҳои марзӣ иқдомотеро рӯйи даст гирифтаанд.

Минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон сари ҳар чанд вақт шоҳиди танишҳоест, ки дар бисёре аз мавридҳо боис ба кушта ва захмӣ шудани сокинон ва марзбонони ду тараф мешавад.

Баргузоркунандагон ҳадаф аз ин иқдомро наздик кардани сокинони ду кишвар барои коҳиши танишҳо дар минтақа мегӯянд. Ин чорабиниҳо ба таври умда дар минтақаҳои марказӣ ва дур аз маҳаллӣ даргириҳои марзии гузашта баргузор мешавад. Зеро тибқи гуфтаи баргузоркунандагон, дар ин ҷойҳо ба далели дурӣ аз минтақаҳои пуртаниши марзӣ, сокинони маҳаллӣ бештар таҳти таъсири овозаҳо ва маълумоти нодуруст қарор мегиранд.

Баргузоркунандагон мегӯянд, дар доираи ин чорабиниҳо, дар Ҷалолободу Хуҷанд, Бишкек, Панҷакент, Ӯш, Конибодом, Бодканд, Исфара, Лайлак ва дигар шаҳру ноҳияҳо ҷавонон чорабиниҳои хиёбонӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мекунанд, дар мавриди сулҳ баҳс менамоянд, озмуни наққошии беҳтаринро доир мекунанд ва ҳамзамон кӯчаву хиёбонҳоро аз партовҳо пок мекунанд. Ин аксия аз охири моҳи сентябр оғоз ёфта ва то нимаи моҳи октябр идома мекунад.

Ба гуфтаи баргузоркунандагони аксия, ин барномаҳои якрӯза дар мактабҳо, паркҳо, майдонҳо ва дигар ҷойҳои умумӣ ба ҳадафи ҷалби тавҷҷуҳи мардуми маҳаллӣ дар кумак ба коҳиши сатҳи танишҳои изтирорӣ баргузор мешавад.

Ин тарҳ бо пуштибонии Созмони Мушорикати ҷаҳонии пешгирӣ аз даргириҳои мусаллаҳона (Global Partnership for the Prevention of Armed Conflict / GPPAC) тавассути созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар зери чатри шабакаи "Водии сулҳ" муттаҳид ҳастанд, амалӣ мешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Баҳсу гуфтугӯ сари минтақаҳои боқимонда солҳост идома дорад, вале бенатиҷа. Аз ин сабаб, дар минтақаҳои баҳсталаб ва номуайян сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор ҷангу даъво ва борҳо хунрезӣ кардаанд.

"Арванд". Дар Тоҷикистон бонки нав таъсис ёфт

Дар Тоҷикистон бонки нави "Арванд" ба кор оғоз кард. Масъулони дафтари матбуоти Бонки Миллӣ мегӯянд, бонки нав дар заминаи ташкилоти қарзии "Арванд" ва "Акссесбонк Тоҷикистон" таъсис ёфтааст.

Ба қавли манбаъ, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки Миллӣ бо супурдани иҷозатнома ба бонки навтаъсис "ба дастрасии аҳолӣ ба хадамоти арзону босифат" дастур додааст.

Бонки нав дар шароите таъсис мешавад, ки ду бонки калонтарини кишвар "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" гирифтори буҳрон ҳастанд ва ду бонки дигар муфлис эълон шудаанд. Мақомот эътироф мекунанд, ки дар се соли ахир мизони бовари сокинон ба бонкҳо кам шудааст.

Саҳомони "Акссесбонк Тоҷикистон" ва ташкилоти қарзии "Арванд", ки якҷоя бонки "Арванд"-ро таъсис доданд, асосан созмонҳои молии хориҷӣ мебошанд. Тибқи иттилои Бонки Миллӣ, саҳмияҳои "Акссесбонк Тоҷикистон" дар дасти ширкати "Access Microfinance Holding AG" аст.

Феълан дар Тоҷикистон 17 бонк ва ҳудуди 60 ташкилоту фондҳои қарзӣ амал мекунанд.

Занеро, ки дар бемористони Тошканд фавтид, бе ташхиси тиббӣ дафн карданд

Рӯзи 24 августи соли ҷорӣ дар клиникаи шахсии ҷарроҳии плостикии Mont Blanc дар шаҳри Тошканди Узбекистон Гулшан Шарифоваи 24-сола фавтид.

Гулшан дувумин мизоҷи клиникаи мазкур аст, ки дар чанд муддати охир мефавтанд. Аммо касе аз масъулон ё табибони ин клиника ба ҷавобгарӣ ҷалб нашудааст.

Гулшан Шарифова мехост, дар клиникаи Тошканд ҷарроҳии пластикӣ анҷом диҳад.

"Табибон гуфтанд, ки ҷарроҳии Гулшан сабук аст ва 20 дақиқа вақт мегирад. Аммо 20 дақиқа ҳам нагузашта, ба ман гуфтанд, ки духтаратон ба кома рафтааст",-нақл кард Умед Абдушукуров, падари Гулшан.

Умед Абдушукуров мегӯяд, чанд рӯз пеш аз марги духтари вай, дар клиникаи ҷарроҳии пластикӣ як муштарии дигар - зани 42-сола вафот кардааст.

Гулшан Шарифова дар соли севуми Донишкадаи молии Тошканд таҳсил мекард.

Дар ВКД-и Туркманистон "поккорӣ" шуруъ шуд

Искандер Муликов, вазири умури дохилии Туркманистон.

Дар вазорати корҳои дохилии Туркманистон "поккорӣ"-и кадрҳо шуруъ шудааст. Дар ҳоли ҳозир ронандаи вазири корҳои дохилии Туркманистонро боздошт карданд.

Расонаҳо менависанд, худи вазири корҳои дохилӣ Искандар Муликов аз мақом барканор шуд.

Манобеъ хабар медиҳанд, ки боздошти ронандаи вазир баъди ҳабси тоҷири ишқободӣ Чари Қулов ва вазири пешини равобити иқтисоди хориҷӣ Амандурдӣ Ишанов сурат гирифтааст.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки 1 октябр чанде аз сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Туркманистон аз мақом барканор шудаанд.

Вазири корҳои дохилии Туркманистон Искандар Муликов аз соли 2009 ба ин тараф дар мақоми вазирӣ амал мекард.

Дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории "Фарғона" дар Русия маҳдуд шуд

"Роскомнадзор" дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории "Фарғона"-ро дар ҳудуди Русия маҳдуд кард. Дастрасӣ ба сомонаи мазкур барои нашри хабару маълумоте маҳдуд шудааст, ки паҳни онҳо дар ҳудуди Русия манъ аст.

Хабаргузории "Фарғона", ки дар Русия сабти ном шудааст, дар бораи ҳаводиси кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад. Масъулони хабаргузорӣ мегӯянд, то ҳол аз ҷониби Русия ҳеч гуна огоҳие нагирифтаанд ва сабаби маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаи худро низ дар ҳудуди ин кишвар намедонанд.

Дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории "Фарғона" дар ҳоли ҳозир ба ҷуз аз Русия дар Туркманистон низ маҳдуд аст.

Раиси пешини КДАМ-и Қирғизистон дар пайгарди қонунӣ қарор гирифт

Раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ва собиқ котиби Шӯрои дифои ин кишвар Бусурмонқул Табалдиев ҳадафи пайгарди қонунӣ, аз ҷумла ба воситаи пулиси байналмилалӣ ё худ Интерпол қарор дода шуд.

Зидди ӯ дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани "дузди қонунӣ" Азиз Батукеав бо банди "Фасодкорӣ" тафтишот оғоз гаштааст. Дар ҳоли ҳозир маҳалли будубоши гумонбар маълум нест.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, таҳқиқи бо фармони кӣ озод шудани Батукаевро ба поён расонидааст ва дар доираи ин парванда ҷамъан 19 кас гумонбаранд. "Бо 14 гумонбар барои ҳамкорӣ дар рафти тафтишот созишнома имзо карда шудааст", - афзудааст вазорат.

Табалдиев соли 2013, вақте Батукаевро пеш аз муҳлат аз зиндон озод карданд, котиби Шӯрои дифои Қирғизистон буд. Як қатор мансабдорони қирғиз, аз ҷумла ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар он кишвар Акун Турсунов он сол тасдиқ карда буданд, ки Батукаев бемори ҷиддӣ аст.

Додситонии кулли Қирғизистон соли 2019 дар пайи санҷиш хулосаи мансабдоронро сохта ва озодии Батукаевро ғайриқонунӣ номида, зидди панҷ табиб, вазири пешини тандурустӣ, муовини пешини додситони вилояти Норин, муовини пешини сарвазир ва собиқ додситони кулли ин кишвар айб эълом кард. Бархе аз онҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

"Дар Тоҷикистон рӯз надоданд, гурехта омадем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:50 0:00
XS
SM
MD
LG