Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Эрон ба зидди сохтани постгоҳҳои низомии Туркия дар Сурия баромад

Эрон сохтани постгоҳҳои низомии Туркияро дар Сурия рад кард ва гуфт, ки марзҳои миёни ду кишвар бояд риоя карда шаванд.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Аббос Мусавӣ дар нишасти хабарии ҳафтаина, ки аз телевизиони давлатӣ пахш мешавад, гуфт, масъалаҳои миёни Сурия ва Туркия бояд “бо роҳи дипломатӣ” ҳал карда шаванд.

Ӯ афзуд: "Мо ба зидди сохтани постгоҳҳои низомии Анқара дар Сурия ҳастем... Пуррагии қаламрави Сурия бояд риоя карда шавад.”

Ҳафтаи гузашта президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон созиш кард, ки ҷанг дар шимоли Сурия муваққатан нигоҳ дошта шавад, то нерӯҳои курд аз минтақаҳои таҳти ҳамлаи низомии Анқара берун шаванд.

Мӯҳлати созиш 22-юми октябр ба поён мерасад. Роҳбарони гурӯҳҳои ниманизомии курди Сурия гуфтанд, агар қувваҳои зери роҳбарии Туркия иҷозат диҳанд, нирӯҳои курд дар минтақа монда, ғайринизомиён шаҳрро тарк кунанд ва онҳо омодаанд нерӯҳои худро аз минтақаи сарҳадӣ дар шимолу шарқи Сурия бароварда, иҷрои шартҳои оташбаси Амрикоро риоя кунанд.

Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу рӯзи 20-уми октябр гуфт, ки Анқара намехоҳад “ягон ҷанговари курд” дар "минтақаҳои бехатар"-и барномарезишудааш монад ва Туркия бо Русия, ки нерӯҳояш барои пуштибонии президенти Сурия Башор Асад меҷанганд, баровардани ҷангиёни гурӯҳҳои курдро аз минтақаҳои Манбиҷ ва Кубонии Сурия баррасӣ хоҳад кард.

Зеленский бо сафари чоррӯза дар Ҷопон қарор дорад

21 октябр, Токио

Президенти Украина Владимир Зеленский бо як сафари чоррӯза ба Ҷопон сафар кард, ки дар ҷараёни он дар маросими ба тахт нишастани император Наруҳито иштирок мекунад. Дафтари президенти Украина рӯзи 21 октябр хабар дод, ки дар мулоқот бо нахуствазири Ҷопон Шинзо Абе, Зеленский Токиоро барои идомаи кӯмакҳояш дар амри тақвияти истиқлолият ва тамомияти арзии Украина ташаккур кард.

Ду раҳбар барномаҳои сармоягузорӣ ба Украинаро баррасӣ ва таъкид карданд, ки мизони ёрии молӣ ба Киев аз соли 2014 ба ин сӯ 1,8 миллиард долларро ташкил додааст. Зеленский дар ин дидор мавзӯи ҷорӣ кардани низоми бидуни раводид барои украиниҳо дар остонаи бозиҳои олимпии соли 2020-ро дар Токио матраҳ кард. Ҷопон аз соли 2017 ба ин сӯ муқаррароти виза барои шаҳрвандони украиниро сабуктар кардааст.

Дар ҷараёни сафари ӯ, ки қарор аст то 24 октябр идома ёбад, Зеленский бо ҳарду палатаи парлумон, аъзои анҷумани дӯстӣ бо Украина, раҳбарияти Оҷонсии рушди байналмилалии Ҷопон ва Анҷумани “Иқтисоди нав”-и Ҷопон ва ҳам раҳбарони ширкатҳои хусусӣ дидору гуфтугӯ мекунад.

Интизор меравад, ки Зеленский рӯзи 22 октябр инчунин бо раҳбарони дигар кишварҳое, ки барои ширкат дар маросими ба тахт нишастани император ба Токио мераванд, мулоқот кунад.

Аз Қазоқистон хостанд, роҳбари иттифоқҳои касабаро раҳо кунад

Иттифоқи касабаи байналхалқӣ аз мақомоти Қазоқистон дархост кард, ки роҳбари иттифоқҳои мустақили касабаи ин кишвар Ерлан Балтабойро аз ҳабс раҳо кунанд. Вай баъди ду моҳи раҳоӣ дубора боздошт ва ҳабс шуд.

Ерлан Болтобой рӯзи панҷшанбеи 17 октябр дар толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд. Балтабой аз пардохти ҷаримаи наздики 4 ҳазор доллар саркашӣ кард ва додгоҳ ӯро ба зиндон фиристод.

"Пеш аз ҳама, ҳабси Ерлан Балтабой комилан исботнашуда буд. Тамоми равандаи баррасии парвандаи вай поймолсозии қонун буд ва мо аз авфи вай истиқбол карда будем. Мо талаб мекунем, ки ӯро озод кунанд. Ҳамчунин талаб мекунем, ки парвандаҳои нисбати вай кушодашуда бекор гарданд",-омадааст дар номаи Шэрон Бэрроу, дабири кулли Иттифоқи касабаи байналхалқӣ, ки рӯзи 18 октябр нашр шуд.

Балтабой ҳанӯз моҳи август аз зиндон дар асоси авфи президенти Қазоқистон раҳо шуда буд. Вай оғози моҳи ҷорӣ гуфт, аз авфи президентро қабул надорад ва барои тантанаи адолати додгоҳӣ мубориза мебарад.

Додгоҳи шаҳри Чимкенти Қазоқистон Балтабойро моҳи июли соли ҷорӣ 7 сол аз озодӣ маҳрум карда буд.

Иттиҳоди Аврупо ба Бритониё барои хориҷшавӣ то феврал муҳлат медиҳад

Хориҷшавии Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо мумкин аст, то моҳи феврали соли 2020 ба таъхир гузошта шавад. Дар ин бора расонаҳои Бритониё бо такя ба манобеи дипломатӣ дар Иттиҳоди Аврупо хабар медиҳанд.

Бритониё ҳамчунин метавонад, пеш аз моҳи феврал - дар моҳҳои ноябр, декабр ё январ аз Иттиҳод хориҷ шавад, дар сурате ки агар тарҳи қонуни хориҷшавӣ дар порлумони Бритониё тасдиқ гардад.

"Агар сарвазири Бритониё бо монеаҳои нав рӯ ба рӯ гардад ё порлумони Бритониё баргузории раъйпурсии навро талаб кунад, дар он сурат Иттиҳоди Аврупо бо роҳбарии Олмон ба ин кишвар то моҳи июни соли оянда муҳлат хоҳад дод",-менависанд расонаҳо.

Рӯзи шанбе порлумони Бритониё раъй дод, ки то қабули ҳамаи тарҳҳои лозим барои хориҷшавӣ аз Иттиҳоди Аврупо масъалаи хориҷшавӣ ба таъхир гузошта шавад.

Рӯзи якшанбе Ҷонсон ба Иттиҳоди Аврупо якбора ду нома ирсол кард. Дар номаи аввал вай бидуни имзо тамдиди муҳлати хориҷшавиро дархост кард ва дар номаи дувум, ки зераш имзо гузошт, таъхири хориҷшавии Бритониёро аз Иттиҳод иштибоҳ номид.

Ҷонсон гуфт, талошҳои хориҷшавии кишвараш аз Иттиҳоди Аврупо тавассути порлумон идома хоҳанд кард. Сарвазири Бритониё бовар дорад, ки рӯзи 31 октябр ба созиши хориҷшавӣ аз Иттиҳод даст хоҳад ёфт.

Дастури Бердимуҳаммадов барои фурӯхтани маҳсулоти барзиёд ба хориҷ

Чорӣ Гилиҷов, ноиб-сарвазири Туркманистон дар умури тиҷорат рӯзи 18 октябр аз анҷоми чораҳо оид ба пуштибонии тиҷорати хурду миёна, инчунин дар бораи густариши истеҳсоли дохилӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷ ба президенти он кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳисобот дод.

Бердимуҳаммадов ба Гилиҷов дастур дод, ки бозорро омӯзад, талаботи истифодабарандагони дохилиро таҳлил намояд ва барномаҳои муосирро барои тавлиди маҳсулоти рақобатпазир роҳандозӣ кунад.

Ба ҷуз ин, президенти Туркманистон гуфтааст, равобити тиҷории хориҷӣ густариш дода шуда, барои фурӯши маҳсулоти барзиёди ватанӣ дар хориҷ бозори нав пайдо гардад.

Хабар дода намешавад, ки дар Турманистон кадом навъи маҳсулот барзиёд истеҳсол мешавад, аммо расонаҳои мустақил солҳои охир аз камбуди орд, равған, шакар, тухм ва нон дар бозорҳо Туркманистон иттилоъ медиҳанд. Навбатпоии мардум низ барои хариди ин маҳсулот мушоҳида мешавад.

Дар Озарбойҷон чанд ширкатдори намоиши эътирозӣ боздошт шуданд

Боку, 19 октябр

Полис дар Боку, пойтахти Озарбойҷон чанд нафарро боздошт кард, ки бо ҳадафи ширкат дар рӯзи дуюми эътирозҳои иҷозанашуда ҷамъ омада буданд.

Рӯзи 20 октябр дар маркази шаҳри Боку ҳудудан 50-60 нафар, аксаран занон ҷамъ омаданд, вале полис нагузошт раҳпаймоии онҳо баргузор шавад. Тибқи гузоришҳо, афсарон шиорҳои дар дасти эътирозгарон бударо хароб ва ба илова, чанд эътирозгарро боздошт карданд. Ҳадафи эътирозгарон мубориза бо хушунат нисбати занон аст ва дар шиорҳои онҳо ҳам ҷумлаҳои мисли “Нест бод хушунат алайҳи зан” навишта шудааст.

Рӯзе аз ин пеш полис даҳҳо эътирозгарро боздошт кард, ки барои озодии зиндониҳои сиёсӣ ва коҳиши қимати газу барқ барои аҳолӣ садо баланд карданд. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев соли 2003 баъди марги падараш Ҳайдар Алиев раҳбарии кишвари иборат аз 10 миллион ҷамъиятро ба ӯҳда гирифт. Алиев дар ин муддат батадриҷ ҷомеаи мадании ин кишварро осеб расонд. Даҳҳо фаъолон, журналистон ва ҳомиёни ҳуқуқ боздошт ва ба зиндон маҳкум шуданд. Мунаққидон ин ҳама амалҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Дар Озарбойҷон расонаҳои байналмилалии мустақил ҳам баста шудаанд.

Дар Узбекистон мардҳо барои ҳомиладорӣ ва таваллуд кумакпулӣ гирифтаанд

Давоми 2,5 соли охир дар муассисаҳои буҷавии Узбекистон дар доираи харҷҳои кумакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд 330 ҳазор доллар ғайримақсаднок харҷ шудааст. Дар ин бора аз Додситонии кулли Узбекистон хабар доданд.

Ба иттилои додситонӣ, дар муассисаҳои буҷавии он кишвар ҳолатҳое мушоҳида шудааст, ки бо роҳи тақаллубкорӣ ба мардон кумакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд додаанд. Барои мисол, ба як коргари бемористони вилояти Ҷиззах 2,1 миллион сӯм ва ба муҳофизи мактаби №20 дар Ҷиззах 900 ҳазор сӯм пардохт шудааст.

Хабар дода мешавад, ки дар дуздии ин маблағҳо афроди масъули давлатӣ даст доштанд. Ба вижа иқтисоддони Раёсати молии вилояти Сирдарёи Узбекистон О.А. бо масъулони дигар забон як карда, 358 млн сӯмро аз худ кардааст.

Барои ин қонуншиканӣ бархе аз афроди масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ ва бархеи дигар ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудаанд.

Зарар дар ҳаҷми 1,1 млрд сӯм ба давлат баргардонида ва ҳаққи 30 шаҳрванди дигар барқарор шудааст.

Шикояти маҳбуси якумрии қирғиз аз бадрафтории сардори зиндон

Ҳомии ҳуқуқи маҳкум ба ҳабси якумрии Қирғизистон Азимҷон Аскаров ба Комиссари олии ҳуқуқи инсони СММ, намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ин кишвар ва маркази Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Бишкек номаи боз навиштааст. Номаро раҳбари бунёди ҷамъиятии "Voice of Freedom" Абдумомун Мамараимов дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард.

Аскаров дар ин номааш аз муносибати сардори зиндони рақами 19-и Қирғизистон Н. А. Труспеков шикоят карда, гуфтааст, ки Труспеков вохӯриҳои ӯро бо наздиконаш маҳдуд карда, зуд-зуд вайро ба утоқи ҷаримавӣ интиқол медиҳад ва талаби пардохти нафақаро, ки қонун муайян кардааст, рад мекунад.

"Дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукумати Қирғизистонро ба иҷрои дархости Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ барои озодии фаврии ман даъват доранд, сардори зиндони рақами 19 маро таҳқир карда, намегузорад, ки бо наздиконам мулоқот кунам",-навиштааст Аскаров.

Азимҷон Аскаров баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо дар ҷануби Қирғизистон ва иштирок дар куштори корманди милиса боздошт шуд. Бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки парвандаи Аскаровро бозбинӣ кунанд. Додгоҳ 24 январи соли 2017 ҳукми зинаҳои поёниро бетағйир боқӣ гузошт.

Ҳашт созмони ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Amnesty International, Human Rights Watch ва Civil Rights Defenders дар арафаи сафари Федерика Могеринӣ, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ ба Қирғизистон аз ӯ даъват карданд, ки аз мақомоти Бишкек озодии фаврии Азимҷон Аскаровро дархост кунад.

Могеринӣ баъди мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Бишкек дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, "ҳамаи мавзуъҳои марбут ба Аскаров дар ҳоли баррасӣ аст".

Узбекистон вазифадор шуд, ба соҳибкори турк $40 млн ҷуброн пардозад

Додгоҳи ҳакамии байналмилалӣ ҳукумати Узбекистонро вазифадор кард, ки ба ширкати туркии "Gunes Tekstil Konfeksiyon Sanayi ve Ticaret Ltd" $40 миллион ҷуброн пардозад. Дар ин бора нашрияи "Global Arbitration Review" (GAR) иттилоъ дод.

Шаҳрванди 50-солаи Туркия Воҳид Гюнеш, ки солҳои 2004-2011 дар шаҳри Тошканд фурӯшгоҳи "Turkuaz"-ро таъсис дода буд, ҳукумати Узбекистонро ба додгоҳи ҳакамии байналмилалӣ кашида, талаб кард, дороии мусодирашуда дар моҳи апрели соли 2012 баргардонида шавад.

Маркази байналмилалии ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ, ки мақараш дар ИМА аст, (ICSID) шикояти соҳибкори туркро 7 сол баррасӣ ва ниҳоят 4 октябри соли равон қарор кард, ки ҳукумати Узбекистон бояд дар ҳаҷми 40 миллион доллар ҷуброн пардозад.

Бино ба маводи парванда, ширкати туркии Gunes Tekstil Konfeksiyon Sanayi ve Ticaret Ltd бо айби ҳукумати Узбекистон 180 миллион доллар хисорот дидааст. Тошканди расмӣ то ҳол ин қарори ICSID-ро шарҳ надодааст.

Ёдрас мешавем, Воҳид Гюнеш пас аз 7 соли фаъолият дар Узбекистон боздошт ва 9 моҳ дар ҳабс нигаҳ дошта шуд. Додгоҳи Узбекистон ӯ ва ҳафт соҳибкори дигарро дар саркашӣ аз пардохти андоз ва "мусоидат ба иқтисоди соягӣ" айбдор кард. Фурӯшгоҳи "Turkuaz" баста шуд.

Айби соҳибкорон пас аз пардохти 700 ҳазор доллар ба мақомоти Узбекистон сабук ва аз кишвар ихроҷ карда шуданд.

Боздиди ғайримунтазираи Пелоси аз Афғонистон

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико Ненси Пелосӣ ва чанд узви баландпояи Конгресс бо як сафари эълоннашуда 20 октябр аз Афғонистон дидан карданд. Дар иттилоияи расмии баъди хатми ин сафар нашршуда, ӯ бо президент Ашраф Ғанӣ ва ҳам вазири дифоъ Марк Эспер, ки дар Кобул буд, бо чанд фармондеҳи баландпоя ва сарбози амрикоӣ дидору гуфтугӯ кард. Ҳайати Конгресс аз намояндагони ҳарду ҳизб иборат мебошад. Ин нахустин сафари Эспер ба Афғонистон баъди таъиноташ дар моҳи июл бо ҳадафи зоҳиран талошҳои нави Амрико барои хатми ҷанги тӯлонитарин дар таърихи ИМА мебошад. Эспер инчунин бо Ғанӣ дидору гуфтугӯ карда, бо 14 ҳазор сарбози амрикоӣ, ки дар Афғонистон мебошанд, мулоқот кард. Низомиёни ИМА 18 соли гузашта дар раъси як эътилофи байналмилалӣ бо ҳадафи муқобила бо ҷангҷӯёни Ал-Қоида ва Толибон вориди Афғонистон шуданд.

Мулоқоти президенти Афғонистон ва вазири дифои ИМА дар Кобул
Мулоқоти президенти Афғонистон ва вазири дифои ИМА дар Кобул


Моҳи гузашта президент Доналд Трамп музокираҳо бо Толибонро боздошт ва эҳтимоли ин вуҷуд дорад, ки ИМА беш аз 5 ҳазор нирӯяшро аз Афғонистон берун мекашад. AP гузориш дод, ки Эспер ба хабарнигороне, ки ҳамроҳаш рӯзи 20 октябр сафар мекарданд, гуфт, ки Вашингтон бидуни хатми талошҳояш дар мубориза бо ҷангиёни Ал-Қоида ва “Давлати исломӣ” шумори нирӯҳоро то 8600 нафар коҳиш медиҳад. “Ҳадаф ҳамоно то ҷое даст ёфтан ба созиши сулҳ аст, ки роҳи беҳтарини ҳаракат ба пеш аст”, гуфт Эспер.

Ҳинду Покистон аз марги сарбозону мулкиҳо дар Кашмир хабар доданд

Маросими видоъ бо яке аз кушташудаҳо дар минтақаи Носирии Кашмир. 20 октябр

Дар задухӯрди рӯзҳои 19-20-уми октябр дар марзи Покистону Ҳинд дастикам 7 мулкӣ ва се сарбоз кушта шудаанд. Ба эҳтимоли ғолиб, аз моҳи август ба ин сӯ ин ҳодисаи хунинтарин дар минтақаи Кашмири зери назари Деҳлӣ мебошад. Гузоришҳои мухталиф мегӯянд, шумори қурбониҳо метавонад афзоиш ёбад. Сухангӯи артиши Покистон генерал-майор Осиф Ғафур дар паёме тавассути Твиттер рӯзи 20-уми октябр тирандозии бесабаб аз ҷониби Ҳинд дар хатти назорати марзиро гунаҳкор кард, ки ба гуфтааш, “махсус зидди мардуми мулкӣ” нигаронида шудааст. Низомиёни покистонӣ ба AFP гуфтанд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса “шаш мулкӣ ва як сарбоз дар Кашмири зери назари Покистон кушта шуданд”. Ғафур гуфт, дар ин ҳодиса инчунин ду сарбози покистонӣ ва панҷ мулкӣ маҷрӯҳ шуданд. Ӯ афзуд, ки артиши покистонӣ посух дод ва нӯҳ сарбози ҳиндиро кушта чанд нафари дигарро маҷрӯҳ кард. Ӯ гуфт, ки ду захирагоҳи ҳиндӣ “хароб карда шуд”. Вале манбаъҳои ҳиндӣ дар бораи он чи ки гузашт ва ҳам омори хисорот иттилои баҳсбарангезе нашр карданд. Полиси аршади ҳиндӣ ва мақомоти низомӣ ба Reuters ва AP гуфтанд, ки сарбозони покистонӣ як посгоҳи ҳиндӣ ва ҳам манотиқи мулкиро ҳадаф қарор дода, як сарбоз ва ду мулкиро куштанд. Сухангӯи артиши Ҳинд ба AFP гуфт, ки ду сарбози ҳиндӣ ва як мулкӣ кушта шуда, се нафари дигар дар минтақаи кӯҳии Купвара “дар натиҷаи оташи бесабаби ҷониби Покистон” кушта шуданд.

Вазири дифои Амрико ба Афғонистон рафт

Марк Эспер дар мулоқот бо Ашраф Ғанӣ

Ненсӣ Пелосӣ, раиси Маҷлиси намояндагон ва Марк Эспер вазири дифои Амрико рӯзи 20-уми октябр вориди пойтахти Афғонистон шуданд. Баъди расидан ба мақоми вазир дар моҳи июл бори аввал аст, ки Марк Эспер ба Афғонистон меравад.

Сафари вакил ва вазири амрикоиро аломате аз талошҳои нави Иёлоти Муттаҳида барои хотима додан ба тӯлонитарин ҷанг дар таърихи Амрико медонанд. Бино ба гузоришҳо Марк Эспер бо раиси ҷумҳур Ашрафӣ Ғанӣ мулоқот мекунад ва ба дидори баъзе аз 14 ҳазор нафар аз сарбозони Амрико меравад. Иёлоти Муттаҳида 18 сол аст, ки эътилоферо раҳбарӣ мекунад, ки барои ҷазо додани Ал-Қоида ва аз ҳукумат рондани Толибон дар соли 2001 таъсис дод.

Сафари Марк Эспер тақрибан як моҳ баъд аз он сурат мегирад, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, музокироти сулҳ бо Толибонро боздошт. Гуфта мешуд, ки дар сурати созиши сулҳ бо Толибон Амрико метавонист, 5 ҳазор сарбозашро аз Афғонистон ба кишвар баргардонад.

Хабаргузории “Ассосиейтед Пресс” гузориш додааст, Марк Эспер рӯзи 20-уми октябр ба хабарнигорони ҳамроҳаш гуфтааст, Вашингтон метавонад, 8600 сарбозашро ба Амрико баргардонад ва бо ин ҳам талошҳо барои мубориза бо Ал-Қоида ва гурӯҳи ба ном Давлати Исломӣ осеб набинанд. Ӯ гуфтааст, “Ҳадаф ҳанӯз ҳам расидан ба созиши сулҳ аст.”

Қазоқистон як гузаргоҳашро дар марз бо Узбекистон мебандад

Дар вилояти Тошканди Узбекистон гузаргоҳи марзии "Яллама" дар марз бо Қазоқистон то нимаи аввали соли 2020 баста мешавад.

Сафорати Қазоқистон дар Узбекистон хабар дод, ки дар робита ба таҷдидсозии гузаргоҳ фаъолияти он аз 1 ноябри соли 2019 то нимаи аввали соли оянда қатъ мешавад.

Дар робита ба ин мақомоти гумруки Узбекистон аз шаҳрвандон хостаанд, ки тавассути гузаргоҳҳои марзии дигар убур кунанд.

Гузаргоҳи марзии "Яллама" дар ноҳияи Чинози вилояти Тошканди Узбекистон ҷойгир аст.

Президенти Қирғизистон бо сафари корӣ ба Ҷопон рафт

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 20 октябр дар доираи як сафари корӣ ба Ҷопон рафт.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, Ҷеенбеков дар маросими ба тахт нишастани императори Ҷопон Нарухито иштирок мекунад.

Ҳамчунин ӯ дар доираи ин сафар бо нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ, раҳбарони бузургтарин ширкатҳои ин кишвар ва қирғизистониҳое мулоқот хоҳад кард, ки дар онҷо кору зиндагӣ мекунанд.

Рӯзноманигори узбек Маҳмуд Раҷаб шартан аз озодӣ маҳрум шуд

Додгоҳи вилояти Хоразми Узбекистон шоир ва рӯзноманигор Маҳмуд Раҷабро дар қочоқу ташкили бетартибӣ айбдор ва ба муҳлати 27 моҳ шартан аз озодӣ маҳрум кард.

Маҳмуд Раҷаб, ки 18 октябр, пас аз эъломи ҳукм аз толори додгоҳ озод шуд, то ба поён расидани муҳлати ҷазояш ҳақ надорад, Узбекистонро тарк кунад. Ҳамчунин дар ин муддат агар зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ ё маъмурии дигар боз шавад, ҳукмаш иваз ва зиндонӣ хоҳад шуд. Маҳмуд Раҷаб гуфт, аз ҳукми додгоҳ ба ҷое шикоят намебарад.

Мақомоти Узбекистон Маҳмуд Раҷабро дар талоши ғайриқонунӣ ворид кардани китобҳои роҳбари мухолифон Муҳаммад Солеҳ айбдор мекарданд ва ба ӯ аз 5 то 10 сол зиндон таҳдид мекард.

Моҳи сентябр Маҳмуд Раҷаб ҳамроҳ бо 20 тан аз наздикону пайвандонаш пиёда озими Тошканд шуданд. Онҳо мехостанд, аз "беинтизомӣ ва беқонуние, ки дар вилояти Хоразм ҳукумфармост, ба вазири корҳои дохилии Узбекистон хабар расонанд". Аммо пулис онҳоро баъди тай кардани 50 километр роҳ боздошт кард.

Ҳамаи боздоштшудагон дар нақзи қоидаи баргузории ҷамъомаду ҳамоишҳои оммавӣ айбдор ва 10-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ шуданд. Яке аз ҷонибдорони Раҷаб - омӯзгори забони англисӣ ва блогер Нафосат Оллошукурова пас аз адои ҳукм иҷборан барои табобат ба беморхонаи касалиҳои руҳии Хоразм фиристода шуд.

Боздошти 43 зан бо гумони танфурӯшӣ дар шаҳри Турсунзода

Мақомот дар шаҳри Турсунзода, ғарби Душанбе 43 занро бо гумони машғул шудан ба танфурӯшӣ боздошт кардаанд.

Нашрияи «Қонун ва ҷомеа»-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навиштааст, ки моҳи сентябр чор гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони пулис дар шаҳри Турсунзода амалиёти «Ахлоқ» гузарониданд.

Ба навиштаи нашрия, занҳое, ки дар марказҳои дилхушӣ ва дискоклубҳои ин шаҳр ба танфурӯшӣ машғул буданд, боздошт ва ба ташхиси тиббӣ ҷалб шуданд.

Натиҷаи ташхис маълум кардааст, ки ду тан аз ин занҳо гирифтори бемории хатарноки сироятӣ будаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки изи дасти занҳоро гирифта, онҳоро ҷарима кардааст.

Созмонҳои ҷамъиятӣ ҳамеша аз кори кормандони ВКД нисбат ба занҳое, ки бо гумони танфурушӣ боздошт мешаванд, интиқод мекунанд.

Аз ҷумла, созмони «Шабакаи Шоҳ Оим», ки вазъи занони танфурӯш дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро таҳқиқ мекунад, дар як гузориш дар соли 2018 ба Созмони Миллали Муттаҳид аз таҳқиру шиканҷаи танфурушон маълумот дода буд.

Дар ин гузориш омадааст: “Маъмурони милиса ҳангоми боздошти танфурӯшон бо ваъдаи онки онҳоро ба идораи милиса намебаранд, аз онҳо ошкор пул меситонанд. Дар баъзе маврид, маъмурони милиса аз баъзе танфурӯшон пайваста пул мегиранд ва ҳангоми амалиёти боздошт ба онҳо намерасанд”.

Бар асоси тағйири ахир дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷарима барои машғул шудан ба танфурӯшӣ ду баробар бештар шудааст. Агар қаблан барои ин кор аз 550 то 1100 сомонӣ ҷарима пешбинӣ мешуд, ҳоло ҷарима то 1650 сомонист. Барои такрори ин амал аз 1650 то 2750 сомонӣ ҷарима ва ё 15 шабонарӯз ҳабс муқаррар шудааст.

Бино ба иттилои манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар соли 2018 ҳудуди шаш ҳазор зан ҳамчун "бадахлоқ" ва танфурӯш сабт шудаанд. Аз ин шумора 32 нафар ноболиғ буда, 1500 нафар аз 18 то 30-сола ва боқимонда аз 30-сола боло ҳастанд.

Шаҳри Турсунзода, ки ахиран гурӯҳе аз занҳо бо гумони танфурӯшӣ он ҷо боздошт шуданд, яке аз шаҳрҳои саноатии Тоҷикистон буда, дар 60 километрии Душанбе қарор дорад.

Меркел ва Путин низоъ дар шарқи Украинаро баҳс карданд

Акси ширкатдорони нишасти "Формати Норманд" аз соли 2015.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон бо Владимир Путин, президенти Русия дар мавриди хатми низоъ дар шарқи Украина суҳбати телефонӣ карданд.

Стеффен Зайберт, намояндаи ҳукумати Олмон гуфт, ки дар маркази таваҷҷӯҳи ду раҳбар омодагӣ ба нишасти қарибулвуқуи «Формати Норманд» қарор дошт.

Таърихи дақиқи нишаст ҳанӯз эълон нашудааст.

Меркел ва Путин вазъи Сурия, Либия ва роҳҳои беҳтари интиқоли газ аз хоки Украинаро баҳс карданд.

«Формати Норманд» нишастест, ки бо ширкати Русия, Украина, Олмон ва Фаронса барои пайдо кардани роҳҳои хатми низои байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар Шарқи Украина баргузор мешавад.

Номи нишаст моҳи июни соли 2014 пас аз вохӯрии сарони кишварҳои Русия, Украина, Олмон ва Фаронса дар Нормандия пайдо шуд.

Трамп аз баргузории нишасти "Ҳафтгонаи бузург" дар клуби шахсиаш даст кашид

Доналд Трамп, президенти Ийолоти Муттаҳидаи Амрико аз баргузории нишасти аз пеш тарҳрезишудаи кишварҳои "Ҳафтгонаи бузург" (G7) дар ҳудуди голф клуби худ дар Майами даст кашид.

Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим пас аз «девонагии расонаҳо, демократҳо ва душмании ғайримантиқӣ» гирифта шуд.

Дастгоҳи Трамп барои баргузории нишасти раҳбарони қудратҳои ҷаҳонӣ ҷойи дигар ҷустуҷӯ доранд.

Аз ҷумла, эҳтимоли баргузор шудани нишаст дар қароргоҳи беруназшаҳрии президент дар Кэмп-Дэвид дар штати Мэрлиенд низ дар назар аст.

Интихоби «Trump National Doral” ҳамчун макони баргузории ин нишаст мавҷи интиқодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ба бор овард.

Онҳо талоши Трампро ғайриқонунӣ ва навъе фоида бардоштан аз президентӣ ба манфиатҳои шахсӣ ва рушди тиҷораташ унвон карданд.

Гуфтугӯи сарони кишварҳои «Ҳафтгонаи бузург» 10-12-уми июни соли 2020 дар назар аст.

Ҳушдори Эрдуғон ба неруҳои курд: "Минтақаи амн"-ро зудтар тарк кунед

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия ба неруҳои курд дар шимоли Сурия ҳушдор дод, ки аз “минтақаи амн” берун раванд, вагарна ба хок яксон мешаванд.

Эрдуғон дар суханронии телевизионии худ гуфт, ки курдҳо бояд ба асоси муомила бо миёнаравиии Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар зудтарин фурсат аз минтақа хориҷ шаванд.

Ӯ гуфт, ки агар дар муҳлати муқарраршуда минтақа холӣ нашавад, “сари террористонро хурд хоҳад кард”.

Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико ҳафтаи гузашта дар Туркия буд ва аз Эрдуғон хост, ки оташбас эълон кунад.

Ӯ рӯзи панҷашнбе гуфта буд, ки Туркия бо барқарории оташбаси панҷрӯза барои ақибнишинии ниманизомиёни курд то 32-километрии дохили хоки Сурия мувофиқат кардааст.

Эрдуғон гуфт, ки ин мавзуро ҳафтаи оянда дар дидор бо Владимир Путин, президенти Русия низ баҳс хоҳад кард.

Бо вуҷуди эълони оташбаси панҷрӯза ҷонибҳои даргир якдигарро ба нақзи он муттаҳам мекунанд.

Туркия ниманизомиёни курд – Ягонаҳои мудофеи халқро “террорист” мехонад ва бо таъкид ба фосилаи аз 30 то 35-километрии ин гурӯҳ аз марзҳояш, минтақаи амнро эҷод мекунад. Раиси ҷумҳури Туркия дар нишасти хабарии рӯзи ҷумъа дар Истанбул ба давлати Сурия ҳушдор дод, ки агар дар ин минтақа хатое кунад, бо посухи Туркия рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Дар ҷанги ҳаштсолаи Сурия миллионҳо нафар бехонаву дар шудаанд, ки беш аз 3 миллиони он дар Туркия ҳастанд.

Дафни 69 қурбонии ҳамла ба масҷиди Чодарӣ дар шарқи Афғонистон

Рӯзи 19-уми октябр маросими дафни даҳҳо қурбонии ҳамлаи маргбор ба масҷиди Чодарӣ дар вилояти Нангарҳор, шарқи Афғонистон, баргузор шуд. Суҳроб Қодирӣ, узви Шӯрои вилоятии Нангарҳор, гуфт, дар ҳамлаи рӯзи ҷумъа дастикам 69 нафар кушта шудаанд. Вай афзуд, "ҷасади ҳамаи онҳоро, бо шумули кӯдакону пиронсолон, ба наздиконашон супурдем. Ҷасади бисёре дар зери харобаҳо мондааст", -- гуфт Қодирӣ.

То ба ҳол ҳеч гуруҳ масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Дар шарқи Афғонистон, бахусус вилояти Нангарҳор, ҳам Толибон ва ҳам гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳузури фаъол доранд. Сухангӯи Толибон дар баёнияе ҳамла дар Нангарҳорро маҳкум кард ва онро “ҷинояти ҷиддӣ” номид.

Сафири Амрико дар Афғонистон дар Твиттер ҳамла ба зидди намозгузоронро бераҳмӣ хонд ва гуфт, “ҳамаи афғонҳо ҳақ доранд, ки дар амният зиндагӣ ва ибодат кунанд.”

Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ҳамла ҳадаф дошт, ки умедҳоро барои барқарории сулҳ дар Афғонистон зери соя бибарад.

Гулобистони 45-сола яке аз маҷруҳони ҳодиса аст. Вай ба хабаргузории "Ройтерс" гуфтааст, таркиш замоне рух дод, ки масҷид пур аз намозгузорон буд.

Ҳамла ба масҷиди Чодарӣ дар вилояти Нангарҳор баъд аз он сурат гирифт, ки Созмони Милали Муттаҳид шумораи ғайринизомиёни кушташуда дар тобистони имсол дар кишвари ҷангзадаро бесобиқа донист. Дар гузорише, ки рӯзи 17-уми октябр нашр шуд, Созмони Милал гуфт, дар моҳҳои июл-сентябри имсол дар Афғонистон 1174 ғайринизомӣ кушта шудаанд.

Вобастагӣ ба маводи мухаддир ва... Ҳукми набераи Назарбоев дар Бритониё

Ойсултон Назарбоев

Ойсултон Назарбоев, набераи 28-солаи Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон, рӯзи 18-уми октябр бо ҷурми ҳамла ба корманди пулис Росса Сембрук дар Лондон шартан як сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Дар хабари додгоҳ гуфта мешавад, Назарбоеви хурдӣ рӯзи 5-уми июни имсол зери таъсири маводи мухаддир дар ноҳияи Ковент-Гарден ба пулис муқобилият нишон дода, дасти яке аз онҳоро газидааст. Ба хулосаи тафтишот, дар дасти афсари пулис из ё пайи газидаи ӯ боқист.

Ду рӯз пеш аз ин ҳодиса, Назарбоеви хурдӣ аз айвони меҳмонхонаи International Park Plaza Hotel дар Лондон таҳдид карда буд, ки худро ба замина партофта, худкушӣ мекунад.

Додгоҳ Назарбоеви хурдиро муваззаф кардааст, ки худро аз вобастагӣ ба маводи мухаддир табобат кунад ва, инчунин, ҷарима супорад. Дар ҳамин ҳол, баъзе аз расонаҳои Бритониё навиштанд, масъалаи ихроҷи Ойсултон аз ин кишвар низ матраҳ аст.

Ойсултон Назарбоев писари Дариға Назарбоева, раиси Сенат ва духтари калонии президенти пешини Қазоқистон, хатмкардаи Академияи ҳарбии Сандҳерст аст.

Дар соли 2017 корманди Федератсияи футболи Қазоқистон буд. Ойсултон ҳамон сол эътироф кард, ки бо маводи мухаддир мушкил дорад ва ба қавли ӯ маҳз бобояш, Нурсултон Назарбоев ӯро аз ин дард наҷот додааст.

Вай гуфта буд, баъд аз марги бобояш академик Мухтор Алиев ва худкушии падараш Роҳат Алиев дар зиндони Австрия ба маводи мухаддир рӯ овард.

Канда шудани садди дарёи Сейба дар Русия 15 нафарро кушт

Дар натиҷаи канда шудани садди дарёи Сейба дар минтақаи Красноярски Русия 15 нафар кушта ва чандин тани дигар маҷруҳ шудаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия гуфтааст, ҳодиса субҳи якшанбеи 19-уми октябр рух дод. Хабаргузории давлатии ТАСС ба нақл аз мақомоти ин вазорат гуфт, 15 нафар нопадид шудаанд. Бар асоси гузоришҳо, дар замони рух додани ҳодиса 270 нафар дар он ҷо кор мекарданд.

Даргириҳои пароканда дар шимоли Сурия ва гуфтугӯи Трамп бо Эрдуғон

Доналд Трамп ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Дар пайи нашри гузоришҳое, ки аз вуқӯи даргириҳои пароканда дар шимоли Сурия ба рағми созиши оташбас хабар медод, Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – бо ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон телефонӣ суҳбат кардааст. Трамп рӯзи ҷумъа дар “Твиттер” навишт, раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, чанд мавриди тирандозӣ ва партоби мушак буд, ки зуд мутаваққиф шуд. Ҳамзамон нозирони ҳуқуқи башари Сурия, ки қароргоҳаш дар Бритониёст, гуфтаанд, дар ҳамлаҳои рӯзи ҷумъаи нерӯҳои Туркия 14 ғайринизомӣ ва ҳамчунин 8 ниманизомии курд дар дохил ва атрофи шаҳри Раъс-ал-айн кушта шудаанд. Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи панҷшанбе дар Анқара эълом кард, ки Туркия бо барқарории оташбаси панҷрӯза барои ақибнишинии ниманизомиёни курд то 32-километрии дохили хоки Сурия мувофиқат кардааст. Туркия ниманизомиёни курд – Ягонаҳои мудофеи халқро “террорист” мехонад ва бо таъкид ба фосилаи аз 30 то 35-километрии ин гурӯҳ аз марзҳояш, минтақаи амнро эҷод мекунад. Раиси ҷумҳури Туркия дар нишасти хабарии рӯзи ҷумъа дар Истанбул ба давлати Сурия ҳушдор дод, ки агар дар ин минтақа хатое кунад, бо посухи Туркия рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Дар ҷанги ҳаштсолаи Сурия миллионҳо нафар бехонаву дар шудаанд, ки беш аз 3 миллиони он дар Туркия ҳастанд.

Аз муҳоҷират то Афғонистон. Раиси порлумони Русия дар Душанбе чӣ гуфт?

Вячеслав Володин, раиси Думаи Давлатии Русия

Вячеслав Володин, раиси Думаи Давлатӣ, порлумони Русия, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе омадааст, рӯзи 19-уми октябр бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард.

Мақомот дар хабаре гуфтанд, ду тараф “вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ карданд.” Дар ин суҳбат вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза ба зидди терроризм низ баҳс шудааст.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз Вячеслав Володин хостааст, иҷрои тарҳи сохтмони панҷ мактаби русӣ дар минтақаҳои кишварро тезонанд.

Володин моҳи апрели имсол низ бо Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Думаи Давлатии Русия суҳбат дошт.

Раиси Думаи Давлатӣ, порлумони Русия, шоми 18-уми октябр ба Тоҷикистон омад. Вай дар суҳбати дигараш бо раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров масъалаи муҳоҷирони кориро баррасӣ кардааст. Баъзе аз хабаргузориҳо навиштанд, ки гӯиё ҷониби Тоҷикистон масъалаи пардохти нафақаи муҳоҷиронро дар миён гузоштааст, вале Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумон онро кард.

Султонов гуфт, «бале, масъалаи муҳоҷират баррасӣ шуд. Раиси Маҷлиси Намояндагон хост, дар доираи созишномаҳои имзошуда ба муҳоҷирони корӣ кумак кунанд, вале дар масъалаи нафақа чизе набуд.»

Вячеслав Володин гуфтааст, соли гузашта муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон 2,5 миллиард доллар фиристодаанд, ки ба тақрибан сеяки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар баробар аст. «Мо бояд ҳама коро кунем, ки ҳар касе Русияро ҷойи кор интихоб мекунад, бояд омода бошад ва забонро донад», -- афзудааст ӯ.

Беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо аз вазъи будубош ва иҷозаи кору бархӯрди мақомоти он кишвар шикоят доранд. Масъалаи дар Тоҷикистон ва ё дар Русия гирифтани пули нафақаашон низ муаллақ мондааст.

Пешвои тазоҳургарони қазоқ ба зиндон рафт

Ержан Элшибоев

Додгоҳи Қазоқистон як пешвои тазоҳургарон дар шаҳри Жанаозенро бо гуноҳи авбошӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Ержан Элшибоевро бо гуноҳи осеби ҷисмонӣ расонидан ба як нафар дар ҷараёни занозанӣ дар соли 2017 гунаҳкор донистанд.

Элшибоев аввали имсол тазоҳуроти гурӯҳе аз ҷавонони бекорро раҳбарӣ карда буд. Худи ӯ ва тарафдоронаш мегӯянд, ки парванда ангезаҳои сиёсӣ дорад ва Элшибоев барои он ба зиндон маҳкум шудааст, то дар оянда тазоҳурот баргузор накунад. Элшибоев яке аз раҳбарони намоишҳои эътирозии ҷавонони бекор дар шаҳри Жанаозен буд. Ин раҳпаймоиҳо моҳҳои феврал ва ман сурат гирифтанд.

Ҷавонони ин шаҳри нафтхез талаб доштанд, ки онҳоро бо ҷойи кор таъмин кунанд. Азбаски як тазоҳурот дар Жанаозен дар моҳи декабри соли 2011 бо марги 16 пулис анҷомид, мақомоти Қазоқистон ба ҳаргуна эътироз дар шаҳр ҳассосият нишон медиҳанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

"Қанд занад мардуми тоҷик..."
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00
XS
SM
MD
LG