Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Толибон ва фиристодаи Амрико дар Покистон аз чӣ хоҳанд гуфт?

Ҳайати Толибон. Акс аз бойгонӣ

Гуруҳи Толибон хабар дод, ки як ҳайати он рӯзи 2-юми октябр ба Покистон рафтааст. Ин дар ҳолест, ки Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои сулҳи Афғонистон, низ дар Исломобод аст ва бо мақомоти ин кишвар мулоқот хоҳад кард.

Маълум нест, намояндагони Толибон ва фиристодаи хоси Амрико дидор хоҳанд дошт, ё не.

Муллоабдулғанӣ Бародар, яке аз раҳбарони Толибон гуфтааст, ҳайат бо мақомоти Покистон "масъалаҳои муҳим"-ро баррасӣ мекунанд.

Дар оғози солҳои 1990, замоне ки ҷунбиши Толибон ташкил шуд ва ҳангоми ҷанги дохилии Афғонистон, Покистон аз ин гуруҳ пуштибонӣ кардааст. Гуфта мешавад, ҳайати Толибон ба раҳбарияти Исломобод дар бораи сабабҳое, ки ба қатъи музокироти сулҳ расонд, маълумот медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, як мақоми афғон гуфт, ҷангҷӯёни Толибон ҳамла ба Толиқон, маркази вилояти шимолии Тахорро оғоз кардаанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Афғонистон рӯзи 2-юми октябр дар таркиши бомби канори роҳ дар минтақаи шарқии Каписо низ шаш нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохта, чанд нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Шарти Украина барои баргузории интихобот дар минтақаи шарқӣ

Владимир Зеленский

Украина муваққатан розӣ шудааст, ки дар қаламрави ду минтақаи шарқии ишғолшудаи худ интихоботи маҳаллӣ баргузор шавад. Ин ҳам пас аз он ки ҳама воҳидҳои мусаллаҳ ин минтақаро тарк кунанд ва назорати масофаи 400-километрии наздисарҳадӣ бо Русия аз нав ба даст оварда шавад.

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 1-уми октябр дар нишасте дар Киев гуфт, ин созишнома дар Минск миёни Русия ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ба даст омадааст ва барои поён додани ҷанг дар Донбасс роҳи гуфтушунидҳои сулҳро бо Маскав фароҳам мекунад. Ин созишномаро шаш сол шудааст.

Зеленский гуфт: "Дар зери мили яроқ интихобот баргузор карда намешавад ва нахоҳад шуд. Ҳеҷ гуна таслимшавӣ ҳам нахоҳад буд".

Минтақаҳои ишғолшуда пас аз баргузории интихоботе, ки аз тарафи САҲА озод ва одилона ҳисобида мешавад ва аз рӯи формулаи маъруф ба Штайнмайер, ки як ҷузъи харитаи роҳ барои ба даст овардани сулҳ аст, мақоми худидоракуниро соҳиб хоҳанд шуд.

Русия ва Украина ҳамаи маҳбусони мондаро доду гирифт мекунанд ва Киев пеш аз интихобот назоратро ба қаламравҳои ишғолшуда ба даст хоҳад гирифт, ки аз рӯи Конститутсия ва қонунгузории Украина баргузор хоҳад шуд.

Вокуниши ҳукумати Бадахшон ба хабари дар ихтиёри Чин гузоштани кони "Якҷилва"

Як изҳороти ҳукумати вилояти Бадахшон ба ҷойи рӯшанӣ андохтан дар бораи созиши Тоҷикистону Чин бар сари кони нуқраи “Якҷилва”-и Мурғоб, баръакс, рақамҳои тазодомезро бештар кардааст.

Изҳорот рӯзи 2-юми октябр дар ҷавоб ба вокунишҳои мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Бисёриҳо аз он ки Тоҷикистон чанд кони тилову нуқраро пайиҳам дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ мегузорад, танқид карданд.

Дар ҷаласаи рӯзи 1-уми октябр дар порлумони Тоҷикистон гуфта шуд, ки кони “Якҷилва” барои 7 сол дар ихтиёри ширкати чинӣ гузошта шудааст. Дар вокуниши мақомоти Бадахшон мехонем: “Кони Якҷилва ба мӯҳлати 20 сол барои истифода ба шарикони чинӣ дода шуд ва дар сурати розигии тарафҳо, шартнома боз идома хоҳад ёфт.”

Рӯзи гузашта дар порлумон ҳамчунин захираи ин кон 113 тонна нуқра гуфта шуд, вале ҳукумати Бадахшон мегӯяд, захираи ин кон ба 415 тонна мерасад. Маълум нест, ин рақамҳо аз куҷо ба даст омадаанд ва чаро гуногунанд.

Порлумони Тоҷикистон рӯзи якуми октябр мувофиқат кард, ки кони нуқраи Якҷилва барои истифода дар ихтиёри ширкати "Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед"-и Чин гузошта шавад. Масъулони Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфтанд, ин ширкати чинӣ барои корҳои истихроҷ дар кони нуқраи "Якҷилва" 39,6 миллион доллар сармоя ҷудо кардааст.

Вале мақомот ҷузъиёти созиш бо ширкати чиниро ошкор накарданд. Ҳамчунин маълум нест, ин ширкат дар натиҷаи музояда ё тендер кор дар ин кони нуқраро ба даст овардааст ё аз тарафи мақомот интихоб шудааст.

Бо ишора ба чунин норӯшаниҳо чанде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шаффофияти корро зери суол бурдаанд. Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 2-юми октябр гуфтаанд, “ин ягон фурӯш ё ба каси дигар додани бойигарии табиӣ ва пардохти ягон намуди қарз набуда, раванди маъмулии кор дар бораи ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад".

Ҳукумати Бадахшон ҳамзамон мегӯяд, “роҳи ягонаи рушди иқтисоди вилоят тараққӣ додани саноатӣ кӯҳӣ дар ин минтақаи кӯҳистонӣ мебошад, аммо чун сармояҳои дохилӣ барои ба кор андохтани чунин конҳо кофӣ нест, бояд сармояҳои хориҷӣ ҷалб шаванд.”

Ҳоло ширкатҳои чинӣ истихроҷи аксар конҳои тилои Тоҷикистонро дар даст доранд. Ба ҷуз аз ширкати муштараки Тоҷикистону Чин -- "Зарафшон", чиниҳо кони тиллои "Покруд" дар Ромит ва ширкати ТВЕА-и ин кишвар бар ивази сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, парвонаи ду кони тилло дар ноҳияи Айнӣ -- "Дуобаи шарқӣ" ва "Кумарғи боло"-ро ба даст овард.

Ҷопон гуфт, мушаки Кореяи Шимолӣ ба минтақаи иқтисодиаш расид

Кореяи Шимолӣ рӯзи 2-юми октябр дур аз соҳили шарқии худ ба камияш як мушакро партоб кардааст. Мақомоти Ҷопон гуфтанд, мушак ба минтақаи махсуси иқтисодии ин кишвар расид. Кореяи Ҷанубӣ тахмин зад, ки мушакро аз киштии зери дарё сар додаанд.

Мақомоти Ҷопон гуфтанд, Кореяи Шимолӣ ду мушак партоб кард ва қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро поймол кард.

Ин мушак дар ҳоле партоб шуд, ки як рӯз пеш мақомоти Кореяи Шимолӣ аз барқарор шудани музокирот бо Вашингтон хабар доданд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 2-юми октябр аз Пхенян хост, аз иғво худдорӣ кунад ва ба музокироти ҳастаӣ пойбанд бошад. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, "мо аз Кореяи Шимолӣ мехоҳем, уҳдадориҳои худро бар асоси қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал иҷро кунад ва дар таъмини субот дар нимҷазираи Корея саҳм гузорад."

Ин мушаки нӯҳум аст, ки Кореяи Шимолӣ аз моҳи июни имсол ба ин тараф партоб кардааст. Пхенян танҳо дар моҳи август панҷ мушакро санҷид.

Вазири корҳои дохилии Туркманистонро аз ҷаласа ва аз мақом ронданд

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, вазири корҳои дохилии ин кишвар Искандар Муликовро бо иттиҳоми суистифода аз мансаб ва ришвахорӣ аз мақом барканор ва аз ҷаласаи Девони вазирон берун кард.

Тасмим баъд аз шунидани ҳисоботи Ботир Атдаев, додситони кулли Туркманистон, гирифта шудааст. Атдаев вазири умури дохилиро ба суистифода аз мақом муттаҳам кард.

Искандар Муликов аз моҳи майи соли 2009 раҳбарии ин идораи муҳими қудратиро ба уҳда дошт.

Рутбаи Муликов то ба сатҳи майор поин бурда шуда, аз тамоми мукофотҳои давлатӣ маҳрум гаштааст. Ба ҷойи ӯ Мамадхон Чакиев, ки то ин замон муовини раиси Девони вазирон буд, вазири умури дохилии Туркманистон таъйин шуд.

Аз ин пеш бахши туркмании Радиои Озодӣ аз боздошти ронандаи Искандар Муликов -- Мақсад Амонов хабар дода буд. Манобеъ хабар медиҳанд, ки боздошти ронандаи вазир баъди ҳабси тоҷири ишқободӣ Чари Қулов ва вазири пешини равобити иқтисоди хориҷӣ Амандурдӣ Ишанов сурат гирифтааст.

Бино ба хабарҳо, дар шаҳри Ишқобод чандин фурӯшгоҳ, тарабхона ва қаҳвахона ба Муликов тааллуқ доштаанд. Тарабхонаи "Океан", қаҳвахонаҳои "Айперӣ" ва "Ғизои туркӣ" мусодира карда шуданд.

Дар Туркия таҳқиқи сабабҳои марги духтари узбекро талаб доранд

Фаъолони Туркия, ки аз ҳуқуқи кӯдакон ва бонувон ҳимоят мекунанд, зери шиори "Бо Нодира чӣ шуд?" маъракаи густардаеро ба роҳ монданд. Додситонии шаҳри Анқара Нодира Қодироваи 23-соларо дар танфурӯшӣ айбдор мекунад.

Вазорати умури хориҷии Узбекистон бо нашри як иттилоия гуфт, раванди таҳқиқи марги фоҷеавии Нодира Қодирова зери назорати сафорати ин кишвар дар шаҳри Анқара қарор дорад.

Ба огаҳии вазорат, дар ҳоли ҳозир додситонии Анқара тафтиши ҳодисаро оғоз карда, тамоми шоҳидонро бозпурсӣ ва хотири телефони ӯ ва мукотибаҳои электрониашро таҳқиқ дорад. Дар Додситонии Анқара гуфтанд, ки хулосаи ташхиси тиббиву додгоҳиро мунтазиранд.

Ҷомеашиноси узбек Баҳодур Файзӣ, ки дар Туркия зиндагӣ мекунад, гуфт, ҳазорҳо шаҳрванди ин кишвар ба маъракаи мазкур пайваста, таҳқиқи сабабҳои воқеии марги Қодироваро талаб доранд.

Вакили дифои маъруф дар Туркия ва раҳбари созмони ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакону бонувон Муҷде Тозбей Эрден (Mujde Tozbey Erden) гуфт, ба таҳқиқи қазияи марги Нодира Қодирова пардохтааст ва аз кӯшишҳои пинҳон кардани ин ҷиноят пешгирӣ хоҳад кард: "Талаб хоҳем кард, ки ин парванда одилона ва бо риояи талаботи қонун тафтиш шавад".

Нодира Қодирова, зодаи 23-солаи вилояти Ҷиззахи Узбекистон чаҳор сол пеш барои кор ба Туркия рафта буд. Ӯ моҳҳои ахир дар манзили генерали мустаъфии турк Ширин Унал ба ҳайси парастор кор мекард. Бино ба хабари расонаҳои Туркия, субҳи 24 сентябр Қодироваро бо захми тир аз ноҳияи қалбаш дар манзили Унал пайдо карданд ва дертар дар бемористон ҷон дод.

Хабар дода мешавад, зодаи Узбекистон гӯиё худкушӣ кардааст. Аммо Ширин Унал аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунад. Нодира Қодирова як соли охир аз модари Ширин Унал парасторӣ мекард.

Муҳаммадалӣ Қодиров, бародари Нодира Қодирова мегӯяд, хоҳараш ҳеч сабабе барои худкушӣ надошт.

Аксияи ҷавонони тоҷику қирғиз барои коҳиши танишҳои марзӣ

Гурӯҳе аз ҷавонони Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҳалли мусолиматомези даргириҳои марзӣ иқдомотеро рӯйи даст гирифтаанд.

Минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон сари ҳар чанд вақт шоҳиди танишҳоест, ки дар бисёре аз мавридҳо боис ба кушта ва захмӣ шудани сокинон ва марзбонони ду тараф мешавад.

Баргузоркунандагон ҳадаф аз ин иқдомро наздик кардани сокинони ду кишвар барои коҳиши танишҳо дар минтақа мегӯянд. Ин чорабиниҳо ба таври умда дар минтақаҳои марказӣ ва дур аз маҳаллӣ даргириҳои марзии гузашта баргузор мешавад. Зеро тибқи гуфтаи баргузоркунандагон, дар ин ҷойҳо ба далели дурӣ аз минтақаҳои пуртаниши марзӣ, сокинони маҳаллӣ бештар таҳти таъсири овозаҳо ва маълумоти нодуруст қарор мегиранд.

Баргузоркунандагон мегӯянд, дар доираи ин чорабиниҳо, дар Ҷалолободу Хуҷанд, Бишкек, Панҷакент, Ӯш, Конибодом, Бодканд, Исфара, Лайлак ва дигар шаҳру ноҳияҳо ҷавонон чорабиниҳои хиёбонӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мекунанд, дар мавриди сулҳ баҳс менамоянд, озмуни наққошии беҳтаринро доир мекунанд ва ҳамзамон кӯчаву хиёбонҳоро аз партовҳо пок мекунанд. Ин аксия аз охири моҳи сентябр оғоз ёфта ва то нимаи моҳи октябр идома мекунад.

Ба гуфтаи баргузоркунандагони аксия, ин барномаҳои якрӯза дар мактабҳо, паркҳо, майдонҳо ва дигар ҷойҳои умумӣ ба ҳадафи ҷалби тавҷҷуҳи мардуми маҳаллӣ дар кумак ба коҳиши сатҳи танишҳои изтирорӣ баргузор мешавад.

Ин тарҳ бо пуштибонии Созмони Мушорикати ҷаҳонии пешгирӣ аз даргириҳои мусаллаҳона (Global Partnership for the Prevention of Armed Conflict / GPPAC) тавассути созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар зери чатри шабакаи "Водии сулҳ" муттаҳид ҳастанд, амалӣ мешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Баҳсу гуфтугӯ сари минтақаҳои боқимонда солҳост идома дорад, вале бенатиҷа. Аз ин сабаб, дар минтақаҳои баҳсталаб ва номуайян сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор ҷангу даъво ва борҳо хунрезӣ кардаанд.

"Арванд". Дар Тоҷикистон бонки нав таъсис ёфт

Дар Тоҷикистон бонки нави "Арванд" ба кор оғоз кард. Масъулони дафтари матбуоти Бонки Миллӣ мегӯянд, бонки нав дар заминаи ташкилоти қарзии "Арванд" ва "Акссесбонк Тоҷикистон" таъсис ёфтааст.

Ба қавли манбаъ, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки Миллӣ бо супурдани иҷозатнома ба бонки навтаъсис "ба дастрасии аҳолӣ ба хадамоти арзону босифат" дастур додааст.

Бонки нав дар шароите таъсис мешавад, ки ду бонки калонтарини кишвар "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" гирифтори буҳрон ҳастанд ва ду бонки дигар муфлис эълон шудаанд. Мақомот эътироф мекунанд, ки дар се соли ахир мизони бовари сокинон ба бонкҳо кам шудааст.

Саҳомони "Акссесбонк Тоҷикистон" ва ташкилоти қарзии "Арванд", ки якҷоя бонки "Арванд"-ро таъсис доданд, асосан созмонҳои молии хориҷӣ мебошанд. Тибқи иттилои Бонки Миллӣ, саҳмияҳои "Акссесбонк Тоҷикистон" дар дасти ширкати "Access Microfinance Holding AG" аст.

Феълан дар Тоҷикистон 17 бонк ва ҳудуди 60 ташкилоту фондҳои қарзӣ амал мекунанд.

Занеро, ки дар бемористони Тошканд фавтид, бе ташхиси тиббӣ дафн карданд

Рӯзи 24 августи соли ҷорӣ дар клиникаи шахсии ҷарроҳии плостикии Mont Blanc дар шаҳри Тошканди Узбекистон Гулшан Шарифоваи 24-сола фавтид.

Гулшан дувумин мизоҷи клиникаи мазкур аст, ки дар чанд муддати охир мефавтанд. Аммо касе аз масъулон ё табибони ин клиника ба ҷавобгарӣ ҷалб нашудааст.

Гулшан Шарифова мехост, дар клиникаи Тошканд ҷарроҳии пластикӣ анҷом диҳад.

"Табибон гуфтанд, ки ҷарроҳии Гулшан сабук аст ва 20 дақиқа вақт мегирад. Аммо 20 дақиқа ҳам нагузашта, ба ман гуфтанд, ки духтаратон ба кома рафтааст",-нақл кард Умед Абдушукуров, падари Гулшан.

Умед Абдушукуров мегӯяд, чанд рӯз пеш аз марги духтари вай, дар клиникаи ҷарроҳии пластикӣ як муштарии дигар - зани 42-сола вафот кардааст.

Гулшан Шарифова дар соли севуми Донишкадаи молии Тошканд таҳсил мекард.

Дар ВКД-и Туркманистон "поккорӣ" шуруъ шуд

Искандер Муликов, вазири умури дохилии Туркманистон.

Дар вазорати корҳои дохилии Туркманистон "поккорӣ"-и кадрҳо шуруъ шудааст. Дар ҳоли ҳозир ронандаи вазири корҳои дохилии Туркманистонро боздошт карданд.

Расонаҳо менависанд, худи вазири корҳои дохилӣ Искандар Муликов аз мақом барканор шуд.

Манобеъ хабар медиҳанд, ки боздошти ронандаи вазир баъди ҳабси тоҷири ишқободӣ Чари Қулов ва вазири пешини равобити иқтисоди хориҷӣ Амандурдӣ Ишанов сурат гирифтааст.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки 1 октябр чанде аз сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Туркманистон аз мақом барканор шудаанд.

Вазири корҳои дохилии Туркманистон Искандар Муликов аз соли 2009 ба ин тараф дар мақоми вазирӣ амал мекард.

Дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории "Фарғона" дар Русия маҳдуд шуд

"Роскомнадзор" дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории "Фарғона"-ро дар ҳудуди Русия маҳдуд кард. Дастрасӣ ба сомонаи мазкур барои нашри хабару маълумоте маҳдуд шудааст, ки паҳни онҳо дар ҳудуди Русия манъ аст.

Хабаргузории "Фарғона", ки дар Русия сабти ном шудааст, дар бораи ҳаводиси кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад. Масъулони хабаргузорӣ мегӯянд, то ҳол аз ҷониби Русия ҳеч гуна огоҳие нагирифтаанд ва сабаби маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаи худро низ дар ҳудуди ин кишвар намедонанд.

Дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории "Фарғона" дар ҳоли ҳозир ба ҷуз аз Русия дар Туркманистон низ маҳдуд аст.

Раиси пешини КДАМ-и Қирғизистон дар пайгарди қонунӣ қарор гирифт

Раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ва собиқ котиби Шӯрои дифои ин кишвар Бусурмонқул Табалдиев ҳадафи пайгарди қонунӣ, аз ҷумла ба воситаи пулиси байналмилалӣ ё худ Интерпол қарор дода шуд.

Зидди ӯ дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани "дузди қонунӣ" Азиз Батукеав бо банди "Фасодкорӣ" тафтишот оғоз гаштааст. Дар ҳоли ҳозир маҳалли будубоши гумонбар маълум нест.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, таҳқиқи бо фармони кӣ озод шудани Батукаевро ба поён расонидааст ва дар доираи ин парванда ҷамъан 19 кас гумонбаранд. "Бо 14 гумонбар барои ҳамкорӣ дар рафти тафтишот созишнома имзо карда шудааст", - афзудааст вазорат.

Табалдиев соли 2013, вақте Батукаевро пеш аз муҳлат аз зиндон озод карданд, котиби Шӯрои дифои Қирғизистон буд. Як қатор мансабдорони қирғиз, аз ҷумла ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар он кишвар Акун Турсунов он сол тасдиқ карда буданд, ки Батукаев бемори ҷиддӣ аст.

Додситонии кулли Қирғизистон соли 2019 дар пайи санҷиш хулосаи мансабдоронро сохта ва озодии Батукаевро ғайриқонунӣ номида, зидди панҷ табиб, вазири пешини тандурустӣ, муовини пешини додситони вилояти Норин, муовини пешини сарвазир ва собиқ додситони кулли ин кишвар айб эълом кард. Бархе аз онҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Вазир гуфт, дар тафтиши парвандаи марги писари Кудебоев ба касе фишор наовардаанд

Вазири умури дохилии Қазоқистон Ерлан Тургумбоев гуфт, Вазорати корҳои дохилӣ ва додситонӣ дар раванди тафтиши парвандаи марги Нурсултон Кудебоев, писари сардори пулиси Алмато Серик Кудебоев иштирок надоранд.

Ба гуфтаи Тургумбоев, парвандаро Хадамоти тафтишоти иқтисодӣ таҳқиқ мекунад ва қарори ҳабси табибонро низ барои дуруст иҷро накардани вазифаҳояшон додгоҳ содир кардааст.

Тургумбоев афзуд, ки Кудебоев дар ҳабси табибон даст надорад. Ӯ дар посух ба суоли рӯзноманигорон, ки гуфтанд, беҳтар нест, то анҷоми тафтишот сардори пулиси Алмато аз мақомаш барканор шавад, изҳор дошт, ки барои ин кор ҳеч заруратеро намебинад.

"На ВКД ва на додситонӣ, ки писари Кудебоев онҷо кор мекард, парвандаро тафтиш накардаанд. Ҳеҷ гуна фишоре аз ҷониби ВКД ва додситонӣ сурат нагирифтааст",-афзуд Тургумбоев.

Нурсултон Кудебоеви 29-сола, ки ба ҳайси муовини додситони ноҳияи Алтауи Алмато кор мекард, охирҳои моҳи август дар яке аз бемористонҳои Олмон ҷон бохт. Ӯро пеш аз рафтанаш ба Олмон дар бемористони рақами 4-и шаҳри Алмато ҷарроҳӣ карда буданд.

Дар робита ба марги вай ду табиби беморхонаи рақами 4 Канат Тезекбоев ва Аскар Тунгушбоев ҳабс шуда, шоми 25 сентябр ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод гаштанд.

Муҳоҷирон дар нимсол аз Русия ба кишварҳои ИДМ $5 млрд фиристодаанд

Шахсони воқеӣ дар нимаи аввали соли равон аз Русия ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 5 миллиарду 720 миллион доллар интиқол додаанд.

Ба огаҳии Бонки марказии Русия, дар семоҳаи аввали соли равон аз Русия ба кишварҳои ИДМ 2,7 миллиард доллар интиқол дода шуда, дар семоҳаи дувум ин маблағ то ба 3,2 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.

Ба ҳисоби Бонки марказии Русия, дар миёни кишварҳои ИДМ аз ҳама бештар ба Узбекистон пул фиристода шудааст. Дар нимсол аз Русия ба Узбекистон беш аз 2 миллиард доллар – ҳудуди 800 миллион дар семоҳаи аввал ва 1,2 миллиард дар семоҳаи дувум интиқол додаанд.

Маблағи миёнаи интиқол $350-370-ро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби Кумитаи омори Узбекистон, Маҷмуи тавлидоти дохилии ин кишвар дар нимсолаи аввали соли равон $23,6 млрд будааст.

Тоҷикистон аз нигоҳи ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия дар мақоми дувум қарор дорад. Дар нимсол аз Русия ба кишвар беш аз 1,1 миллиард доллар интиқол дода шудааст. Маблағи миёнаи интиқол $140-150 аст.

Дар мақоми севум Қирғизистон қарор дорад. Дар нимсолаи аввали соли равон аз Русия ба ин кишвар беш аз 930 миллион доллар фиристода шуда, маблағи миёнаи интиқол $180-190-ро ташкил медиҳад.

Бонки марказии Русия ҳаҷми маблағҳоеро ҳисоб кардааст, ки ба воситаи низомҳои интиқолии BLIZKO, CONTACT, Western Union, "Золотая Корона", "Юнистрим" ва Почтаи Русия интиқол ёфтаанд.

Нишаст дар бораи занони тоҷик. Ҷойи баёни мушкилҳо ё..?

Озода Раҳмон аз соли 2016 раиси дастгоҳи иҷроияи президент аст

Мақомот гуфтанд, дар нимаи аввали моҳи октябр дар кишвар "Форуми ҷумҳуриявии занон" баргузор хоҳад шуд, ки онро Озода Раҳмон – раиси дастгоҳи иҷроияи президент ва духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон – раҳбарӣ мекунад.

Ба қавли манобеи расмӣ, "дар форум занони фаъол ва шинохта иштирок карда, масъалаҳои вобаста ба ҷомеа, фарҳанг ва омӯзиши духтаронро баррасӣ мешавад."

Маълум нест, дар ин нишаст аз шиканҷаи занон дар хонавода ва талоқҳои зиёд, ки ба қавли созмонҳои байналмилалӣ вазъи бонувонро дар кишвар бад кардааст, хоҳанд гуфт, ё не.

Аммо ин нишасти занон дар ҳоле баргузор мешавад, ки ба иттилои мақомот Озода Раҳмон моҳи гузашта "сафири созмони байналмилалии занони сиёсатмадори раҳбар" эълон шудааст. Баъзе аз коршиносон бо ишора ба ин мегӯянд, шояд форум ҷавоби Тоҷикистон ба созмон аст ва ба тахмини онҳо "бештар аз пешрафтҳо гуфта хоҳад шуд, на камбудҳо".

Озода Раҳмон, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, се сол боз раиси дастгоҳи иҷроияи президент аст. Вай ҳамзамон раиси Кумитаи Маҷлиси Миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният мебошад.

Духтари 41-солаи раиси ҷумҳур рутбаи мушовири давлатии адлия, рутбаи дипломатии сафири фавқулода ва мухторро дорад ва дар ҳоли ҳозир аз афроди матраҳ дар кишвар аст.

Бархе аз коршиносон ӯро аз номзадҳои эҳтимолӣ дар интихоботи соли ояндаи президентӣ дар Тоҷикистон медонанд, вале на худи ӯ ва на мақомот дар ин бора гап назадаанд.

Солҳои ахир бисёриҳо барои ҳалли мушкили худ дар баробари президент ба Озода Раҳмон низ муроҷиат мекунанд. Коршиносон мегӯянд, "ҳалли мушкили сокинон аз ҷониби ӯ интихобӣ буда, ба сурати умум мансабдори дастрас шумурда намешавад."

Трамп: Адам Шифф барои "хиёнат" ҳабс шавад

Адам Шифф

Президенти ИМА Доналд Трамп дар вокуниш ба нияти Маҷлиси намояндагони ин кишвар барои идомаи таҳқиқи аъмолаш дар пешорӯи эъломи изҳори нобоварӣ, ҳамоно тунд вокуниш мекунад. Рӯзи 30 сентябр Трамп ишора кард, ки раҳбари таҳқиқот – намояндаи ҳизби демократ аз Калифорния Адам Шифф бояд “барои хиёнат” ҳабс шавад. Таҳқиқи конгресс баъди он шурӯъ шуд, ки як манбаъ дар Кохи Сафед гуфт, Трамп президенти Украина Владимир Зеленскийро фишор меорад, то ки ӯ таҳқиқи ҷиноии собиқ муовини президенти Амрико Ҷо Байден ва як номзад ба интихоботи соли ояндаи президентӣ аз демократҳоро ба роҳ монад.

Манбаъ гуфт, ки дар як сӯҳбати телефонии 25 июли миёни Трамп ва Зеленский, президенти Амрико раҳбари Украинаро водор кард, ки корҳои Байден ва писари ӯ Ҳантерро, ки як узви шӯрои мудирони ширкати нафтӣ дар Украина аст, тафтиш кунанд. Байден бо президенти пешин Барак Обама кор кардааст.

Феълан ҳеҷ шоҳодате дар заминаи иштибоҳ ё қонуншиканиҳои эҳтимолии Байден нашр намешавад. Котиби давлатии ИМА Майк Помео ҳамчунин рӯзии 25 июл бо Зеленский ҳамсӯҳбат буд. Дар ин бора матбуоти амрикоии мисли Wall Street Journal, Reuters ва AP хабар доданд.

Сӯҳбати Трамп ва Зеленский дар фурсати кӯтоҳи баъди он баргузор шуд, ки президенти Амрико гуфт, кӯмакҳои низомии Украина дар ҳаҷми 400 миллион долларро бозмедорад. Мунаққидон гуфтанд, ки Трамп имкони додани ин кӯмакҳоро барои расидан ба ҳадафҳои хусусиаш истифода кардааст.

Таҷлил аз 70-солагии таъсиси ҳукумати коммунистии Чин. ВИДЕО

Сӣ Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, маъракаҳои расмии таҷлил аз 70-солагии таъсиси ҳукумати коммунистии Хитойро раҳбарӣ кард.

Ин маърака рӯзи 1-уми октябр бо ҳузури сад ҳазор нафар, аз ҷумла 15 ҳазор низомӣ баргузор шуд. Ҳукумати Чин талош кард, то нишон диҳад, ки тавоноии мубориза бо чолишҳо, аз ҷумла эътирозҳои чанд моҳи ахир дар Ҳонгконгро дорад.

Чин дар замони раҳбарии Сӣ Ҷинпинг маблағгузорӣ дар бахши низомиро афзоиш додааст.

Таҷлил аз 70-солагии таъсиси ҳукумати коммунистии Чин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:09 0:00

Бо он ки сарони кишварҳои дигар барои иштирок дар маросими рӯзи сешанбе даъват нашуда буданд, сафирони чанде аз давлатҳо дар он иштирок доштанд.

Ҳукумати коммунистии Чин рӯзи 1-уми октябри соли 1949, баъди ба қудрат расидани коммунистҳо бо роҳбарии Мао Дзе Дун ташкил шуд.

Ҳизби коммунистӣ дар Чин то кунун сари қудрат аст, аммо ислоҳоти иқтисодие, ки дар охири солҳои 1970 оғоз гардид, боис ба пешрафти кишвар ва беҳшавии сатҳи зиндагии мардум шуд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва кишварҳои Ғарб Чинро барои поймолсозии ҳуқуқи инсон, ба вижа ақаллиятҳои миллӣ дар Тибет ва минтақаи худмухтори Шинҷон-Уйғур, маҳдудияти дастрасӣ ба иттилоъ, мавҷуд набудани рақобати воқеии сиёсӣ танқид мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Ҳонгконг, ки 20 сол пеш ба ихтиёри Чин дода шуд, рӯзи сешанбе миёни пулис ва эътирозгарон занозании нав рух дод.

Эътирозгарон талош карданд, ки бо идомаи тазоҳурот маросими ҷашни ҳафтодумин солгарди ҳокимияти ҳизби коммунист дар Чинро таҳти шуо қарор диҳанд.

Ҳонгконг чаҳор моҳ боз шоҳиди эътирозҳои густарда алайҳи тарҳи истирдоди гунаҳкорон ба Чин аст.

Дар ҳамлаи Толибон 11 ходими полис кушта шуд

Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки дар як ҳамлаи Толибон ба қароргоҳи полис дар вилояти шимолии Балхи Афғонистон дасти кам 11 афсари полис кушта шуд. Мунир Аҳмад Фарҳод, сухангӯи волӣ гуфт, ки субҳи барвақти 1 октябр корвони иборат аз тақрибан 400 ҷангҷӯи Толибон савори мотосикл ба қароргоҳи полис дар ноҳияи Шӯртеппа ҳамла карданд. Дар паи ин рӯёрӯии шадиде шурӯъ шуд, ки то ҳол идома дорад. Мунир Аҳмад Фарҳод гуфт, ки дар ин ҳамла “11 афсари полис кушта шуд. Толибон ҳам қурбонии зиёд доданд”. Ба иттилои ин намояндаи давлат, нирӯҳои ҳукуматӣ барои муқовимат ба ҳамлаи Толибон ба минтақа сафарбар шудаанд. Ба иттилои Каримхон, раиси ноҳияи Шӯртеппа, Толибон 13 афсари полисро боздошт карда, бинои идораи полисро оташ заданд.

Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ки ҷангиён назорати минтақаро ба даст оварданд.

Ҳамлаҳои Толибон дар ҳолест, ки дар Афғонистон тоза даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор шуд ва даври дуюм ба моҳи ноябр вогузор шудааст.

Бародари президенти Эрон ба панҷ сол зиндон маҳкум шуд

Ҳусейн Фаридун, бародари раиси ҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, ба панҷ сол зиндон маҳкум шуд. Ба гузориши ИРНА -- хабаргузории давлатии Эрон, Ғуломмуҳсин Исмоилӣ, сухангӯи Додгоҳи олии Эрон рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ гуфт, ки "Ҳусейн Фаридун ба 5 сол ҳабс, ҷазои нақдӣ ва баргардонидани мол ба маблағи 31 миллиард туман, маҳкум шудааст".

Ӯ афзуд, ки "додгоҳи таҷдиди назар раъйи ниҳоиро дар мавриди Ҳусейн Фаридун содир кардааст ва ҳукми ҳафт сол ҳабс ба панҷ сол ҳабс поин оварда шудааст".

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Ҳусейн Фаридун ба пулшӯӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста мешавад. "Форс" менависад, ки вай дар баробари дарёфти ришва, маслиҳатҳои муассире барои супурдани масъулиятҳое дар бонк ва дигар бахшҳои таъсиргузори иқтисодӣ ба афроди хос анҷом додааст ва ин афрод дар муқобил, маблағҳои калонеро ба вай пардохт мекарданд".

Мақомоти додгоҳӣ ҳудуди ду сол қабл аз боздошти Ҳусейн Фаридун ба хотири "иттиҳомоти молӣ" хабар дода буданд.

Узбекистонии дар Туркия кушташударо дар фоҳишагӣ айбдор карданд

Додситонии Туркия ба омӯзиши парвандаи марги зодаи Узбекистон, Нодира Қодироваи 23-сола шуруъ кард, ки рӯзи 24 сентябр дар манзили генерали мустаъфии турк Ширин Унал аз таппонча кушта шуд.

Дар ин бора расонаҳои Туркия хабар доданд. Додситонӣ Лайло Ниёзова, дугонаи Нодираро бозпурсӣ кардааст. Муфаттишони додситонӣ Нодираи кушташуда ва дугонаи ӯро дар фоҳишагӣ айбдор мекунанд.

"Ман ҳаргиз Нодираро ба фоҳишагӣ маҷбур накарда ва чунин шароит ҳам фароҳам наовардаам. Ман ба Тошканд маҳсулоти нассоҷӣ мефиристам ва аз ин ҳисоб даромад ба даст меорам. Нодира ҳаргиз дар манзили ман шабро рӯз накардааст",-гуфтааст Лайло Ниёзова дар ҷараёни бозпурсӣ.

Ба иттилои расонаҳо, Нодира Қодирова аз таппончаи марбут ба генерал маҷруҳ шуда буд. Ҳодиса субҳи рӯзи 24 сентябр рух дод ва Нодира Қодирова дар бемористони Анқара вафот кард.

Хабар дода мешавад, зодаи Узбекистон гӯиё худкушӣ кардааст. Аммо Ширин Унал аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунад. Нодира Қодирова як соли охир аз модари Ширин Унал парасторӣ мекард.

Муҳаммадалӣ Қодирова, бародари Нодира Қодирова мегӯяд, хоҳараш ҳеч сабабе барои худкушӣ надошт.

Консулгарии Узбекистон дар Анқара хабар дод, бародари Нодира барои кумак ба онҳо муроҷиат кардааст.

Фурӯши маводи мухаддир бо Telegram: айбдоршаванда зиндонӣ шуд

Додгоҳе дар Қазоқистон рӯзи 30 сентябр як сокини 22-соларо бо айби дарёфт кардан, нигаҳ доштан ва фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми калон, шаш сол зиндонӣ кард. Ин мард эълони фурӯши маводи мухаддирро тавассути паёмакрасони Telegram ба роҳ монда буд.

Ба иттилои тафтишот, марди айбдоршаванда дар Telegram ҳам эълони фурӯши маводи мухаддирро ба роҳ монда ва ҳам онро нархгузорӣ карда ва маблағи фурӯшро низ тавассути замимаи мобилӣ ба даст меовардааст.

Тафтишот натавонист, муайян кунад, ки ин мард маводи мухаддиро аз куҷо дастрас мекард.

Айбдоршаванда танҳо нигаҳдории маводи мухаддирро эътироф кард. Вай гуфт, ба фурӯши он машғул набуд ва маблағро бо хоҳиши ошнояш қабул мекард. Сокини 22-сола пештар аз ин фурӯши маводи мухаддирро низ эътироф карда буд, аммо баъдтар аз эътирофҳояш даст кашид.

"Ин гуна ҷиноятҳоро ҳоло ошкор кардан хеле душвор аст. Зеро фурӯшандагони маводи мухаддир ин тиҷоратро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ мемонанд ва маблағро ҳам тавассути замимаҳои мобилӣ дарёфт мекунанд. Баъди анҷом додани ду-се амалиёт, симкортро иваз мекунанд ва рақами нав таъсис дода, корашонро пеш мебаранд",-гуфт Куанишбек Абишев, муфаттиши парвандаи мазкур.

Парвандаи интиқоли 5 млн доллари фурудгоҳи Манас ба хориҷ

Хадамоти давлатии мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон муайян кардааст, ки 5 миллион доллари корхонаи "Фурудгоҳи байналмилалии Манас" ба воситаи ширкатҳои оффшорӣ ба хориҷ интиқол дода шудааст.

Ба огаҳии хадамот, раҳбарияти "Фурудгоҳи байналмилалии Манас" соли 2014 барои ба даст овардани 100 дарсади саҳмияҳои ширкати "Маркази сӯзишворӣ", ки он замон дар вартаи муфлисшавӣ қарор дошт, созишномаеро ба имзо расондааст.

Ширкати "Ф.С.Л.", ки раҳбараш шаҳрванди Қибрис аст, моҳи декабри соли 2014 ба "Фурудгоҳи байналмилалии Манас" пешниҳод кардааст, ки ҳамаи саҳмияҳои "Маркази сӯзишворӣ"-ро бар ивази 7 миллион доллари амрикоӣ харидорӣ намояд.

Сардори бахши ҳуқуқии фурудгоҳ Б.М. ва сардори идораи моливу иқтисодии он А.Ж. фаъолияти "Маркази сӯзишворӣ"-ро таҳқиқ карда, фиреб додаанд, ки ширкат манфиатовар буда, қарздор нест. Дар ҳолати муфлисшавӣ қарор доштани онро пинҳон кардаанд.

Дар асоси ин хулоса 25 декабри соли 2014 "Фурудгоҳи байналмилалии Манас" саҳмияҳои ширкати мазкурро бар ивази 5 миллион доллар харидорӣ карда, ду рӯз пас маблағро ба ҳисоби бонкии ду ширкати оффшорӣ интиқол додааст.

Дар робита ба қазияи мазкур бо банди "Беҳуда сарф кардани амволи вогузоршуда дар ҳаҷми махсусан калон" парвандаи ҷиноӣ боз ва сардори пешини бахши ҳуқуқии фурудгоҳ Б.М. боздошт шудааст.

Мудири иҷроияи "Фурудгоҳи байналмилалии Манас" дар солҳои 2013 - 2016 Албек Иброимов аз соли 2018 дар ҳабс буда, зиддаш чандин айб эълом шудааст.

Норвегия 45 шаҳрванди Қазоқистонро ихроҷ кард

Бинои вазорати умури хориҷии Қазоқистон.

Ойбек Смадиёров, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон рӯзи 30 сентябр хабар дод, ки Норвегия 45 шаҳрванди Қазоқистонро ба далели вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират ихроҷ кардааст.

Ба гуфтаи Смадиёров, 59 тан аз қазоқистониҳо бо визаи сайёҳӣ вориди Норвегия шуда, аммо ба меҳнат машғул будаанд. Вай гуфт, интизор меравад, 14 шаҳрванди боқимондаи Қазоқистон ба зудӣ ихроҷ шаванд.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки шаҳрвандони ин кишвар дар Русия визаи Норвегияро дарёфт мекунанд.

Пештар аз ин расонаҳо навиштанд, ки 67 шаҳрванди хориҷӣ дар Норвегия ба далели вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират боздошт шудааст. Гуфта мешуд, ки миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Қазоқистон низ ҳастанд. Сафорати Қазоқистон дар Норвегия хабар дод, ки 60 тан аз боздоштшудаҳо шаҳрвандони Қазоқистонанд.

Писари Гул Шералӣ аз зиндон озод шуд

Диловар Гулов.

Диловар Гулов, писари Гул Шералӣ, собиқ вазири энержии Тоҷикистон баъди як соли адои ҷазо аз маҳбас озод шуд. Ӯ дар латукӯби як корманди пулис айбдор шуда бо ҷурми "авбошӣ" зиндонӣ шуда буд.

Саодат Амиршоева, вакили дифои Диловар Гулов рӯзи 1-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, зерҳимояаш рӯзи 9-ми июл ҷазоро пурра адо карда рузи 10-уми июл ба озодӣ баромад. Амиршоева гуфт ҳоло Диловар Гулов дар Душанбе аст ва ба кору зиндагии худ идома медиҳад. "Ҷиноят рӯзи 8-уми июли соли 2018 содир шуда буд ва як рӯз пас аз он ӯро боздошт карда буданд. Расо як сол адои ҷазо кард ва озод шуд",-гуфт ӯ.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 5-уми ноябри соли 2018 Диловар Гуловро ба муддати як сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Латту кӯби Дилшод Нарзуллозода - корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва боздошти Диловар Гулов шоми 8-уми июл иттифоқ афтод.

Ҳодиса дар яке аз хиёбонҳои марказии Душанбе рух дод ва писари вазири собиқ бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда, ӯро латукӯб кард. Ҷанҷол миёни Гулов ва Нарзуллозода бар сари рондани мошин сар задааст. Баъдан табибон гуфтанд, дар ин муноқиша устухони гуна ва бинии Нарзуллозода шикастааст.

Номи Диловар Гулов аз ин пеш моҳи марти соли гузашта сари забони расонаҳо шуд. Ӯро рӯзи 10-уми март бо гурӯҳе аз дӯстонаш барои халал расондан ба тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амри маъмурони милиса дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳри Душанбе боздошт ва барои панҷ рӯз ҳабс карданд.

Қирғизистон ба гуруҳи кишварҳои бистгонаи ислоҳотхоҳ шомил шуд

Акс аз бойгонӣ.

Бонки ҷаҳонӣ Қирғизистонро ба гуруҳи кишварҳои бистгонаи ислоҳотхоҳи "Doing Business-2020" шомил кард. Муаллифони гузориш мегӯянд, Қирғизистон мавқеи худро дар робита ба нишондодҳои пайвастшавӣ ба неруи барқ, андозбандӣ ва дарёфти қарз аз бонкҳо беҳтар кардааст.

"Пайвастшавӣ ба неруи барқ" дар пайи тақвияти назорат ва замонавӣ сохтани зербиноиҳо беҳтар шудааст. Ислоҳоти нишондодҳои "Дарёфти қарз" ва "Андозбандӣ" аз ҳисоби беҳсозии низоми кори бюроҳои қарзиву содагардонии раванди ҳисоботдиҳӣ ва пардохти андоз сурат гирифтааст.

Ба гуруҳи кишварҳои бистгонаи ислоҳотхоҳ давлатҳое шомил мешаванд, ки бо гузаронидани ислоҳот роҳандозии фаъолияти соҳибкориро дар се бахш ва ё зиёда аз он осон гардонидаанд.

Рӯнамоии расмии рейтинги "Doing Business-2020" охирҳои моҳи октябри соли равон баргузор хоҳад шуд.

Бар асоси Стратегияи миллии рушди Қирғизистон барои солҳои 2018-2040, ин кишвар бояд то соли 2023 ба гуруҳи кишварҳои чилгонае ворид шавад, ки шомили рейтинги "Роҳандозии тиҷорат" ҳастанд. Қирғизистон дар раддабандии соли 2018 дар миёни 190 кишвар мақоми 70-умро касб карда, назар ба соли 2017 ҳафт зина боло рафтааст.

Дар рейтинги Doing Business қонунгузории марбут ба танзими тиҷорат ва иҷрои он дар 190 кишвар баҳо дода мешавад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

"Қанд занад мардуми тоҷик..."
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00
XS
SM
MD
LG