Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Тазоҳуроти зидди таъқиботи сиёсӣ дар Русия

Рӯзи 29-уми сентябр дар шаҳри Маскав тазоҳуроти зидди “таъқиботи сиёсӣ дар Русия” баргузор шуд. Мақомоти шаҳри Маскав ба баргузории он иҷозат додаанд. Иштирокдорон дар суханрониҳои худ ба озодии зиндониҳои сиёсӣ даъват карданд.​

Пахши зиндаи барномаҳои ТВ "Настоящее время" аз тазоҳуроти Маскав (бо забони русӣ):

Пулиси Русия гуфт, дар тазоҳуроти рӯзи якшанбе дар пойтахт 20 ҳазор нафар ҷамъ омадаанд. Дар миёни онҳо Алексей Навалний, раҳбари мухолифин низ ҳаст.

Тобистони имсол дар шаҳрҳои гуногуни Русия ҳазорон нафар ба сабаби роҳ наёфтани номзадҳои мухолифон ба интихоботи маҷлисҳои шаҳри Маскав ва Санкт-Петербург ва бо талаби интихоботи озоду одилона эътироз карданд. Мақомот гуфтанд, ки номзадҳои мухолифин натавонистаанд, барои сабти ном ба қадри кофӣ имзо ҷамъ оваранд.

Дар натиҷа, беш аз ду ҳазор нафар дастгир ва баъзеи онҳо ҷаримаву ҳабс шуданд.

Дар интихоботи Афғонистон чанд нафар раъй дод? Омор ва тахминҳо. ВИДЕО

Як узви Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон гуфтааст, бино ба ҳисоби ғайрирасмӣ, дар интихоботи раёсати ҷумҳури рӯзи 28-уми сентябр дар ин кишвар "каме беш аз ду миллион нафар" ба пойи сандуқҳои раъйдиҳӣ рафтаанд. Дар ҳоле ки барои иштирок дар интихоботи президентии ин кишвар беш аз нӯҳуним миллион нафар сабтином шуда буд.

Нозирони Кумисюни мустақили ҳимоят аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон гуфтанд, ки ҳузури занон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ "хеле кам буд".

Нақши занон дар интихоботи президентии Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00

Баъзе аз ниҳодҳои дохилии нозир дар Афғонистон гуфтаанд, ки интихоботи президентии рӯзи шанбе нисбат ба чанд интихоботи гузашта "шаффофтар буд", аммо "иштироки мардум кам ба назар мерасид".

Дар интихоботи президентии Афғонистон дар соли 2014-ум 7 миллион нафар овоз дода буд.

Интизор меравад, Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон ба зудӣ шумори умумии онҳоеро, ки дар интихобот иштирок кардаанд, эълон кунад. Аз ҳисобҳое, ки то кунун анҷом гирифтааст, дар тақрибан 2600 марказ беш аз як миллион нафар раъй додаанд. Ин омор ҳудуди 55 дарсади марказҳои раъйдиҳиро дар бар мегирад.

Баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Дар интихоботи Афғонистон 15 номзад рақобат карданд ва номзадҳои асосӣ Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури феълӣ ва Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон буданд.

Дар миёни номзадҳои дигар, Раҳматулло Набил, раиси собиқи Хадамоти амнияти миллӣ ва ҳам Гулбиддин Ҳикматёр, яке аз ҷангсолорони ифротӣ ҳам ҳастанд.

Интизор меравад, натиҷаҳои аввали интихобот рӯзи 19-уми октябр эълон шавад, чун барои мақомоти интихоботӣ барои расидагӣ ба шикоятҳо ва гирифтани натиҷаҳо аз минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ фурсат лозим аст. Натиҷаҳои ниҳоиро рӯзи 7-уми ноябр эълон мекунанд.

Узбекистон аз Сурияву Ироқ 235 шаҳрвандашро берун меорад

Узбекистон аз Сурияву Ироқ 235 шаҳрванди худро берун меорад. Дар ин бора Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбекистон, охири ҳафта дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хабар дод.

Ӯ гуфт, «интизори бозгашти 65 кӯдак аз Ироқ ва 179 нафари дигар аз Сурия ҳастем. Дар ин замина ба пуштибонии созмонҳои байналмилалӣ ва баъзе аз кишварҳо ниёз дорем.»

Комилов ҳамчунон гуфт, Узбекистон дар мавриди ба ҳаёти осоишта баргардондани онҳое, ки аз минтақаҳои низоъ баргаштаанд, таҷруба дорад. «Умедворем, ки гуруҳҳои нав кӯшиш нахоҳанд кард, то ба чунин минтақаҳо бираванд», -- афзуд ӯ.

Мақомоти Узбекистон моҳи майи имсол аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна 156 шаҳрванди худ, асосан занону кӯдаконро ба кишвар оварданд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, баъзе аз онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуда, дигарон ба ҳаёти осоишта баргаштаанд.

Тоҷикистон низ то кунун беш аз 80 кӯдакро аз Ироқ ба ватан оварда, баъзеи онҳоро ба наздикон ва қисми зиёдро ба интернатҳо супурдааст.

Додгоҳҳои Ироқ даҳҳо зани тоҷикро барои ҳамзистӣ бо ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави «Давлати исломӣ» ба муддати тӯлонии зиндон ва ҳабси абад маҳкум кардаанд. Қарор аст, Тоҷикистон аз Сурия низ занону кӯдаконро баргардонад.

Қаблан мақомот гуфта буданд, ки тақрибан ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷангҳои Ховари Миёна рафтаанд.

Трамп: Демократҳо мехоҳанд, ҳама ихтиёрро дар даст гиранд

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – аз таҳқиқ дар мавриди изҳори нобоварӣ ё импичменти ӯ ба сабаби гуфтугӯи телефониаш бо Владимир Зеленский, президенти Украина, шадидан интиқод кард ва онро "бузургтарин дасиса дар таърихи сиёсии Иёлоти Муттаҳида" хонд.

Қаблан аъзои демократи Маҷлиси Намояндагони Амрико иддао карданд, ки Трамп моҳи июли имсол ба Зеленский гуфтааст, фаъолиятҳои иқтисодии Ҷо Байден, рақиби эҳтимоли Трамп дар интихоботи соли 2020 ва писарашро таҳқиқ кунад. Ба иттилои демократҳо, Трамп гуфтааст, танҳо дар он сурат кумакҳои низомӣ ба Киевро афзоиш хоҳад дод.

Раиси ҷумҳур Трамп дар як паёми видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтааст, "демократҳо мехоҳанд ҳамаи ихтиёрро ба даст гиранд".

Аъзои демократ дар Маҷлиси Намояндагони Амрико ҳафтаи гузашта талошҳоро барои таҳқиқ дар мавриди импичменти Доналд Трамп оғоз карданд.

Доналд Трамп мегӯяд, "демократҳо мехоҳанд, аслиҳа ва озодии мардуми Амрикоро бигиранд", аммо чунин иқдомҳо, ба гуфтаи ӯ, "ҳеч гоҳ имконпазир нахоҳад буд".

Бино ба Қонуни асосии Амрико, президенти ин кишвар барои хиёнат, порагирӣ ё ҷиноятҳои дигари вазнин метавонад аз мақомаш маҳрум шавад.

Ду президенти пешини Амрико Эндрю Ҷонсон дар соли 1868 ва Билл Клинтон дар соли 1998 бо изҳори нобоварӣ рӯ ба рӯ шуда буданд, вале Сенат онҳоро "орӣ аз хато" эълон кард. Соли 1974 президент Ричард Никсон дар пайи таҳдиди импичмент аз мақомаш истеъфо дод.

Шӯришиёни ҳусии Яман гуфтанд, ба Саудӣ "ҳамла кардаанд"

Шӯришиёни ҳусии Яман иддао карданд, ки дар наздикии шаҳри Наҷрон, дар ҷануби Арабистони Саудӣ, ҳамлаи бузургеро ба роҳ андохтанд.

Онҳо гуфтанд, дар ин ҳамла шумори зиёди низомиёни артишро дастгир карда, мошину васоили дигарашонро бо худ оварданд.

Сухангӯи шӯришиёни ҳусии Яман рӯзи 28-уми сентябр дар баёнияе гуфт, дар натиҷаи ҳамла "се афсари Арабистон кушта шудааст".

Эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ то кунун дар ин маврид чизе нагуфтааст. Ин эътилоф аз соли 2015 боз бо шибҳинизомиёни ҳусӣ дар ҳоли ҷанг аст.

Дар ҷанги Яман ҳазорон нафар кушта ва ҳазорон тани дигар ба як буҳурони башарӣ дучор шудаанд.

Дар аввали моҳи сентябр ҳусиҳои зери ҳимояти Эрон иддао карданд, ки ба чанд муассиаҳои истихроҷи нафти Арабистони Саудӣ ҳамла кардаанд. Саудӣ ва Амрико дар ин ҳамла Эронро гунаҳкор донистанд. Теҳрон ҳамагуна дахолат дар ҳамлаи рӯзи 14-уми сентябр ба корхонаҳои истихроҷи нафти Саудиро рад кардааст.

Ҳусиҳо рӯзи 20-уми сентябр гуфта буданд, агар эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ҳамлаҳоро бас кунад, онҳо низ ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавопаймои бидуни сарнишин ба Саудиро бозмедоранд. Эътилоф ҳанӯз ба ин пешниҳод ҷавоб надодааст.

Барномаи нави ИМА барои ҳимоят аз соҳибкорони Осиёи Марказӣ

Иёлоти Муттаҳида Tech Central Asia – барномаи наверо барои рушди ихтироъкорӣ ва тиҷорат дар Тоҷикистону се кишвари дигари Осиёи Марказӣ эълон кардааст.

Мақомоти сафорати Амрико дар Душанбе охири ҳафтаи гузашта дар баёнияе гуфтанд, ин барнома ба соҳибкорону донишҷӯён ва ихтироъкорон барои оғоз ва рушди фаъолият дар Қазоқистону Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ёрӣ мерасонад.

Ба онҳое, ки тарҳҳояшон дар ин барнома пазируфта хоҳад шуд, имкони гирифтани "маслиҳати мутахассисон, иштирок дар лексияҳо ва дарсҳои амалӣ доир ба соҳибкорӣ" дода мешавад.

"Муаллифони пешниҳодҳои беҳтарин ба шаҳри Нурсултони Қазоқистон ба маъракаи ҷамъбастии барномаи Demo Day, ки дар Донишгоҳи Назарбоев баргузор мегардад, даъват карда мешаванд. Ин ба онҳо имконияти ҷамъоварии пул барои амалӣ кардани барномаҳои пешниҳодиро медиҳад", -- гуфта шудааст дар баёния.

Барномаи Tech Central Asia аз тарафи NURIS (бахши инноватсионии Донишгоҳи ба номи Нурсултон Назарбоеви Қазоқистон) якҷо бо сафорати Амрико ва Бизнес-инкубатори давлатии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Интихоби тарҳҳо дар шаҳри Душанбе рӯзи 28-уми сентябр анҷом шудааст, вале натиҷаи он ҳанӯз маълум нест.

Раҳпаймоии ним миллион нафар дар Канада бо Грета Тунберг

Раҳпаймоӣ рӯзи 27-уми сентябр сурат гирифт.

Грета Тунберг, фаъоли навраси муҳити зистӣ дар раҳпаймоии 500 ҳазор нафар дар шаҳри Монреали Канада ширкат кард, ки мехоҳанд, аз ин роҳ огаҳӣ аз хатари тағйири иқлимро боло баранд. Онҳо дар ин раҳпаймоӣ аз раҳбарони ҷаҳон хостанд, барои коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ, як омили асосии гармоиши курраи Замин кори бештар кунанд.

Духтари 16-сола аз Шветсия ҳамчунин бо Ҷастин Трудо, нахуствазири Канада мулоқот кардааст ва рӯзи 27-уми сентябр гуфт, ки ӯ барои коҳиши газҳои гӯлхонаи “ба қадри кофӣ талош намекунад.” Ӯ афзуд: “Паёми ман ба тамоми раҳбарони ҷаҳон яксон аст. Бишнавед ва бар асоси илм амал кунед.”

Дар Канада, донишгоҳу мактабу коллеҷҳо дарсҳоро лағв карда ба донишҷӯён иҷоза доданд, ки дар раҳпаймоӣ ширкат кунанд. Грета Тунберг ба як рамзи ҳаракати эътирозии ҷаҳонӣ ба зидди гармоиши курраи Замин табдил шудааст. Бо илҳом аз ӯ миллионҳо нафар аз ҷавонон дар ҷаҳон ба кӯчаҳо баромада ва аз раҳбаронашон хостаанд, ки барои пешгирӣ аз гармоиши сайёра чораҳои бештар андешанд.

Норвегия 60 шаҳрванди Қазоқистонро ихроҷ мекунад

Акс аз бойгонист.

Як дипломати қазоқ гуфт, 60 шаҳрванди Қазоқистонро дар Норвегия боздошт кардаанд ва мумкин аст, онҳоро барои риоят накардани муқаррароти сафар хориҷ кунанд. Талгат Ҷумъагулов аз сафорати Қазоқистон дар Норвегия рӯзи 27-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаҳрвандон дар як меҳмонхонае дар шаҳраки Эйдсвол дастгир шудаанд.

Ба қавли дипломат: “Онҳо бо раводиди туристӣ ба Норвегия омадаанд ва хостаанд, ҳамчун муҳоҷир дар инҷо бимонанд, вале акнун ихроҷ мешаванд.” Расонаҳои Норвегия рӯзи 25-уми сентябр дар бораи боздошти 67 хориҷӣ гузориш доданд ва гуфтанд, ки аксарияти онҳо шаҳрвандони Қазоқистон ҳастанд. Солҳои ахир теъдоди зиёде аз қазоқҳо барои пайдо кардани ҷойи кору ҷойи иқомати беҳтар ватанашонро тарк карда, ба дигар кишварҳо рафтаанд.

Руди Ҷулиани аз сафар ба Арманистон даст кашидааст

Руди Ҷулиани

Руди Ҷулиани, вакили дифои хусусии Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико ба таври ногаҳонӣ аз ширкат дар як нишасте дар Арманистон даст кашидааст, ки қарор буд, онҷо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳам ширкат кунад.

Рӯзномаи Вашингтон Пост рӯзи 27-уми сентябр гузориш дод, ки Руди Ҷулиани дар мусоҳибае тасдиқ кард, ки ба Ереван меравад, аммо баъди гузориши рӯзнома дар бораи нишаст гуфтааст, ки дар он ширкат намекунад. Руди Ҷулиани ба “Вашингтон Пост” гуфтааст, намедонист, ки Владимир Путин ҳам онҷо меравад. Ҷулиани яке аз афроди асосӣ дар моҷарои суҳбати телефонии Доналд Трамп бо Володомир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аст.

Бино ба гузориши рӯзнома, Руди Ҷулиани гуфтааст, аслан аз дастури кор ва феҳрасти ширкаткунандагони нишаст дар Арманистон хабар надошт. Ӯ гуфтааст, “Фикр мекардам, ки ба як нишасти амниятӣ ба Арманистон меравам. Кохи Сафед ва вазорати умури хориҷии Амрико ин хабарро шарҳ надодаанд.

Истеъфои фиристодаи хоси Амрико барои Украина

Курт Волкер ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Украина

Бо авҷ гирифтани моҷаро бар сари амалкарди Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар робита ба кӯмаки низомӣ ба Киев, Курт Волкер, фиристодаи вижаи Амрико барои Украина аз мақомаш истеъфо додааст. Донишгоҳи Давлатии Аризона, ки Курт Волкер онҷо ҳам кор мекунад, рӯзи 27-уми сентябр гузориши Си Эн Эн, Ню Йорк Таймс ва дигар расонаҳои амрикоӣ дар бораи истеъфоро тасдиқ кард.

Ҳукумат ва Вазорати умури хориҷии Амрико ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд ва худи Волкер ҳам ба номаи электронии Радиои Озодӣ посух надод. Номи Курт Волкер дар шикояти як мақоми собиқи Кохи Сафед омадааст, ки аз амалкарди Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико пинҳонӣ ба мақомоти назоратӣ шикоят бурдааст.

Ба гуфтаи ин фард Доналд Трамп, кӯмаки низомӣ ба Украинаро ба таъхир андохтааст, то ин кишварро маҷбур кунад, ки дар бораи писари рақиби эҳтимолиаш дар интихоботи оянда Ҷо Байден иттилооти бадномкунанда ба даст биёрад. Петро Порошенко, раиси ҷумҳури собиқи Украина, Курт Волкерро барои мусоидаташ дар тақвияти ҳамкориҳои Амрикову Украина ситоиш кардааст.

HRW ва Хонаи Озодӣ аз Тоҷикистон хостанд, "интиқомҷӯӣ"-ро бас кунад

Ду созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқи инсон аз давлати Тоҷикистон хостаанд, “интиқомҷӯӣ аз хешовандони дигарандешон”- ро бас кунад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Хонаи Озодӣ, ки дар Ню Йорк қароргоҳ доранд, рӯзи 27-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфтанд, боздошти як фаъоли мухолифони давлат дар Белорус ва даъвати хешовандони яке дигар ба идораҳои амниятӣ “интиқомҷӯӣ барои интиқоди онҳо аз маҳдуд кардани озодиҳои бунёдӣ дар Тоҷикистон аст.”

Баёнияи мазкур баъд аз он нашр шуд, ки мақомоти Беларус гуфтанд, Фарҳод Одинаев, яке аз аъзои собиқи Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломиро дар марзи кишвар дастгир кардаанд.

Ӯ, ки ба машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон ба Варшава мерафтааст, бо дархости қаблии ҳукумати Тоҷикистон дастгир шудааст. Ӯро ба узвият дар созмони мамнуъ ва тарғиби ифротгароӣ муттаҳам мекунанд.

Аз ин пештар Маҳмудҷони Файзраҳмон, яке дигар аъзои ҳизби мазкур гуфт, ки баъди суханронии ӯ дар як нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава ва интиқоди ӯ аз сиёсатҳои давлат, мақомот модари ӯ ва ду хешованди дигарашро ба идораи амниятӣ даъват кардаанд.

Марк Берендт, мудири бахши Аврупо ва Авруосиё дар Хонаи Озодӣ гуфтааст: “Ҳадаф гирифтани мунтақидон дар хориҷ аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла бо дархости боздошти онҳо аз Интерпол, таҳдид ба хонаводаҳои онҳо нишон медиҳад, ки чӣ гуна кишварҳои саркӯбгар дар минтақа мекӯшанд, мунтақидонашонро хомӯш кунанд.”

Стив Свердлов, пажуҳишгари аршади Дидбони Ҳуқуқи Башар барои Осиёи Марказӣ гуфтааст, давлати Беларус бояд тааҳудоти байналмилалиашро иҷро карда ва “Одинаевро ба ҳеҷ ҷое аз ҷумла Тоҷикистон нафиристад, чун мумкин аст, бо ӯро дар онҷо бадрафторӣ ё шиканҷа сурат бигирад.”

Ӯ ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ба ҳар гуна интиқомҷӯӣ аз хешовандони дигарандешон дар хориҷ фавран хотима диҳанд.

Нашри феҳрасти 10 ганҷинаи Тоҷикистон. Кадомҳоянд?

Бо ҳадафи мусоидат ба ҷалби саёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон, Бонки Ҷаҳонӣ ва Кумитаи саёҳӣ феҳрасти 10 ганҷи бузурги Тоҷикистонро нашр кардаанд. Дар он шаҳраки қадимаи Саразм, Панҷакенти қадим, Ҳафткӯл, Қалъаи Ҳисор, Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Қалъаи Карон, Боғи миллии Тоҷикистон, Гармчашма, Қалъаи Ямчун ҳамчун 10 ганҷинаи бебаҳои Тоҷикистон муаррифӣ шудаанд.

Бонки Ҷаҳонӣ дар ин китобчаи 35 саҳифаӣ сарзамини зебое барои сайёҳӣ номидааст, ки чаҳорроҳаи тамаддунҳои гуногун ва Шоҳроҳи Абрешим қарор дорад. Китобчаи муаррифӣ дар вебсайти Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 26-уми сентбр нашр шуд. Хабаргузории “Ховар” рӯзи 27-уми сентябр навишт, ки соли 2018 бори аввал дар таърихи кишвар бештар аз 1 миллион сайёҳ ба дидани Тоҷикистон омадаанд.

Ҳукумат рушди туризмро барои пешрафти иқтисод бисёр муҳим номидааст, аммо зербунёдҳои заиф, набуди хатсайрҳои ҳавоӣ ба кишварҳои гуногун, мушкилот дар гирифтани раводид, вуҷуди фасод дар байни маъмурони милисаро аз мушкилоти умдае меноманд, ки монеи омадани саёҳон ба Тоҷикистон шудаанд.

Барои қатли хоҳари маъруфаш ба зиндони якумрӣ маҳкум шуд

Додгоҳе дар Покистон рӯзи 27 сентябр Муҳаммад Васим, бародари ситораи кушташудаи шабакаҳои иҷтимоиро барои қатли хоҳараш дар соли 2016 ба ҳукми зиндони абад маҳкум кард. Додгоҳи шаҳри Мултон гуфт, ки Қандил Балуч қурбонии куштори номусӣ шуд ва бародараш масъули ин куштор дониста мешавад. Сардор Маҳбуб, вакили дифои Муҳаммад Васим гуфт, ки ӯ ва зерҳимояаш аз болои ин ҳукм шикоят мекунанд. Ба гуфтаи вакил, шаш гумонбари дигари ширкатдор дар қатли ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шуданд. Дар миёни онҳо ду бародари дигари Балуч, амакбача, ҳамсоя, як ронанд ва як муллои маҳаллӣ ҳам гумонбар дар куштор буданд.

Васим дар як нишасти матбуотии соли 2016, ки аз ҷониби полис ташкил шуд, эътироф кард, ки хоҳари 26-солаашро барои фаъолиятҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ қатл кардааст.

Қандил Балуч бо нашри видеоҳои чолишбарангезаш маъруф буд. Ӯ мегуфт, ки мехоҳад зеҳни ҷомеаи муҳофизакори Покистонро тағйир диҳад. Ӯ пеш аз қатлаш чандин бор паёмҳое бо таҳдиди марг дарёфт кардааст.

Балуч, ки исми воқеиаш Фавзия Азим буд, дар бархе матолиб ҳамчун Ким Кардашяни покистонӣ ёд мешуд, чунки талош дошт худро ба ҳайси як модел ва ҳунарманди зебову намунавии аврупоӣ дар як кишвари суннатии Осиёи Ҷанубӣ муаррифӣ кунад.

Куштори ин зани ҷавон боиси эътирозҳои зиёд ва даъват аз ҳукумат барои ташдидёбии муҷозот барои кушторҳои номусӣ ва маҳдудкунии ҳуқуқи зан гардид.

Дар Намангон рейди зидди риш баргузор шуд

Ҷамолиддин Муҳаммад, як сокини Тошканд ба президент муроҷиат карда хост, ки ба риштарошиҳои маҷбурӣ хотима диҳанд. Риши ӯро дар Тошканд дар як рейди полис тарошиданд

Тоҷирони бозор дар шаҳри шарқии Намангони Узбекистон мегӯянд, ки мақомот кормандони бозор ва муштариёнро маҷбур мекунанд, ки ришҳои худро битарошанд. Тоҷирон мегӯянд, ки шурӯъ аз 22 сентябр дар бозори маҳсулоти кишоварзии Чорсӯ нафароне бо либоси мулкӣ гаштугузор карда бидуни намоиши санадҳои худ мардони ришдорро нигоҳ медоранд. Ин нафарон ба таври шифоҳӣ худро ҳамчун ходимони ҳифзи қонун муаррифӣ карда мегӯянд, ки риши худро битарошанд. Бархе аз мардони ришдорро ба идораи полис мебаранд ва маҷбуран риши онҳоро метарошанд. Дар ҳолатҳои дигар онҳо мардонро танҳо ҳушдор дода ҷавоб медиҳанд.

Вале бархе тоҷирон мегӯянд, ки бино ба масоили эътиқодӣ намехоҳанд риши худро битарошанд. Мақомоти маҳаллӣ барои шарҳи ин ҳодиса дастрас набуданд.

Амалиёти мақомот дар Намангон як моҳ баъди чунин рейде дар Тошканд баргузор шуд. Дар як бозори маҳаллии пойтахти Узбекистон мақомот тоҷирону харидорони ришдорро ба идораи полис бурда, он ҷо ришашонро гирифта ҷавоб доданд.
Дар вокуниш ба интиқодҳо ба ин амали мақомот моҳи август полиси шаҳри Тошканд бо нашри изҳороте гуфт, ки бо далелҳои амниятӣ аз бархе мардони ришдор хостанд, ки ришҳояшонро тарошида дар шиносномаҳои биометриашон акс гиранд. Шавкат Мирзиёев соли 2016 президенти Узбекистон шуд ва иқдоми муайяне дар заминаи сабуктар шудани муқаррароти сиёсиву динӣ даст гирифт. Вале боз ҳам, ба гуфтаи нозирон, дин аз ҷониби мақомот шадидан назорат мешавад.

Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмини об дар Хатлон $ 58 млн. тақдим кард

Бонки ҷаҳонӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон рӯзи 25 сентябр татбиқи барномаи наверо шурӯъ кард, ки таъмини об ва меъёрҳои беҳдорӣ ё санитарияро дар манотиқи деҳот дар назар мегирад. Тарҳе бо арзиши 58 миллион доллар ба ҳукумати Тоҷикистон ба ҳайси грант ё кӯмаки бебозгашт дода мешавад ва қарор аст дар давоми панҷ соли оянда дар вилояти Хатлон мушкили дастрасии манотиқи деҳот бо оби тоза ҳалли худро пайдо кунад.

Тарҳи мазкур таъмини 400 ҳазор аҳолӣ бо оби поки ошомиданӣ ва сохтмони нуқтаҳо ё макони гигиенаву тозагӣ ваё ташноб барои 100 ҳазор кӯдаку наврасро дар назар мегирад. Масъулини Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, ки иншооти санитарӣ дар 200 мактаб ва марказҳои саломатӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон бунёд ё барқарор мешавад.

Нигина Алиева, сухангӯи дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 26 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки иҷрои лоиҳа аз шаҳри Бохтар – маркази маъмурии вилояти Хатлон оғоз шуд. Нигина Алиева гуфт, ки лоиҳа шаш ноҳияи водии Вахш ва як ноҳияи минтақаи Кӯлобро фаро мегирад. Ӯ гуфт:

“Лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои грантии анҷумани байналмилалии рушд сарпарастӣ мешавад. Ҳадафаш беҳтар кардани хизматрасонии обтаъминкунӣ ва санитарӣ дар минтақаҳои камбизоати Хатлон мебошад. Лоиҳа тоза оғоз шуда, дар панҷ соли оянда амалӣ мешавад.”

Бар асоси ин лоиҳа, қарор аст масъалаи дастрасии мардум ба оби поки ошомиданӣ дар ноҳияҳои Вахш, Леваканд (собиқ Сарбанд), Кушониён (собиқ Бохтар), Дӯстӣ (Ҷиликӯл), Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Ҷалолиддини Румӣ), Ҷайҳун (Қумсангири пешин) ва ноҳияи Восеъ амалӣ шавад. Бар асоси барнома, назорати иҷрои тарҳро вазорати молия, Корхонаи воҳидии давлатии “Хоҷагии манзилию комуналӣ” ва ниҳодҳои дигари давлатӣ ба ӯҳда мегиранд.

Ҷамшед Табарзода, директори генералии Корхонаи воҳидии давлатии “Хоҷагии манзилию комуналӣ” дар суҳбат ба Радиои Озодӣ лоиҳаро барои рушди деҳот ва зиндагии мардум муҳим хонда гуфт, ки бо пули Бонки ҷаҳонӣ таъмини истгоҳҳои обкашонӣ ва азнавсозии лӯлаҳои обгузар дар назар аст:

“Бо ин грант техникаҳо харидорӣ меашвад, қубурҳои обгузаре, ки 50 ва 70 сол хизмат кардаанд, иваз карда мешаванд. Қубурҳои обкашонӣ дар шаҳру навоҳӣ таъмин мешаванд. Харидории таҷҳизот дар назар аст, ки мардумро ба оби тозаи ошомиданӣ таъмин кунад. Дар баъзе деҳаҳо умуман хаттӣ обкашонӣ нест, ки онҳоро ба хатти об таъмин мекунад.”

Роҳандозӣ шудани тарҳи навсозии системаи обтаъминкунӣ дар Хатлон дар ҳолест, ки мушкили дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ яке аз сангинтарин мушкилоти деҳоту шаҳрҳои Тоҷикистон баъди касби истиқлол шудааст. Бар асоси ҳисобҳои мухталиф, аз 40 то 50 дар сади аҳолии Тоҷикистон бо дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ мушкил доранд.

Дар ҷамоати деҳоти “Машъал”-и ноҳияи Вахш чанд деҳоте ҳаст, ки онҷо оби ошомиданӣ нест ва заминҳои зиёде ба хотири набудани об кишт намешаванд. Сокинон як тонна обро бо қимати беш аз 150 сомонӣ мехаранд. Қарор аст қубурҳои обгузар ба ин ҷо ҳам кашида шаванд.

Арабистон Саудӣ: "Ҳадди аксар ба Эрон фишор оваред"

Арабистони Саудӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо кард, ки “ҳадди аксар ва бо истифода аз ҳама василаҳои имконпазир” фишор оварад, то ки, ба гуфтааш, ба “таҷовуз”-и Эрон, як ҳамсояаш дар минтақа хотима дода шавад. Иброҳим Ал-Ассаф, вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ дар маҷмаи кулли СММ рӯзи 26 сентябр гуфт, ки қатъ кардани захираҳои молии Теҳрон беҳтарин роҳи хотима додан ба поймолкуниҳои қонунҳои байналмилалӣ аз ҷониби Эрон мебошад. Вазири хориҷа батакрор гуфт, ки Эрон дар ҳамлаи мушакӣ ба бузургтарин муассисаҳои нафтии Арабистони Саудӣ масъулият дорад. Дар паи ҳамлаи 14 сентябр ба таври муваққаттӣ истеҳсоли 5 дар сади ҳаҷми рӯзонаи истихроҷи нафт коҳиш ёфт. ИМА, Фаронса, Бритониё ва Олмон барои ин ҳамла Теҳронро гунаҳгор карданд. Ассаф гуфт, “мо хеле хуб медонем, ки дар пушти ин ҳамла кӣ истодааст”. Ӯ гуфт, “мо ин режимро 40 сол аст, ки хуб мешиносем”. Ӯ гуфт, ки таркиш бо ҳадафи харобкорӣ на танҳо дар минтақа, балки дар тамоми ҷаҳон карда шуд. Эрон ин иттиҳомотро рад кардааст.

Нафткаши бритониёии ҳабсшуда соҳилҳои Эронро тарк кард

Молики шведии киштии “Stena Impero” гуфт, нафткаше, ки таҳти парчами Бритониё ҳаракат мекунад ва моҳи июл аз ҷониби Эрон ба ҳабс гирифта шуда буд, соҳилҳои Бандар Аббосро тарк кард. Эрик Ҳаннел, раҳбари кулли ширкати “Stena Bulk” бо нашри як паёми хаттӣ гуфт, ки нафткаш дар ҳоли ҳаракат аст ва “вақте он вориди обҳои байналмилалӣ шуд, иттило хоҳем дод”. Мақомоти Эрон хабари рӯзи 27 сентябрро тасдиқ карданд, ки воқеан ҳам нафткаш Эронро тарк кард. Аз ин пеш ширкати дигари интиқолҳои дарёӣ бо номи Refinitiv гузориш дод, ки киштии “Stena Impero” соҳилҳои Эронро тарк карда масири худро тағйир дод ва ба ҷои Ҷубайл ба самти Порт Рашид ҳаракат мекунад.

Порт Рашид як бандари тиҷоратӣ дар соҳилҳои Дубаи Имороти Муттаҳидаи Араб аст ва Ҷубайл шаҳри бандарӣ дар Арабистони Саудӣ аст. Киштии нафткаш пеш аз боздошташ дар таърихи 21 июл макони ниҳоии ҳаракаташро соҳилҳои Ҷубайл навишта буд. Мақомоти Эрон киштии “Stena Impero” ва ҳайати маллоҳонро дар нақзи қоидаҳои ҳаракат дар обҳои байналмилалӣ муттаҳам карда нафткашро дар таърихи 19 июл ба ҳабс гирифт. Ин ҳодиса ду ҳафта баъди он рух дод, ки нирӯҳои бритониёӣ дар наздикиҳои Гибралтар як киштии нафткаши эрониро боздошт карданд. Киштии эроние, ки баъдан озод шуд, исмашро ба “Adrian Darya 1” тағйир дода ҳаракаташро идома дод.

Даъвати дипломати Русия ба ВКХ Қирғизистон барои барномаи Малахов

Вазорати хориҷаи Қирғизистон намояндаи сафорати Русия дар Бишкекро дар робита бо барномаи телевизионии Андрей Малахов даъват кард. Рӯзи 26 сентябр, ба иттилои дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Қирғизистон, ба вазорат корманди сафорат дар мақоми мушовир ва фиристода даъват шуд. Дар ин даъват ба намояндаи сафорати Русия гуфта шуд, ки барандаи “Барномаи зинда бо Андрей Малахов” («Прямой эфир с Андреем Малаховым») дар робита бо қазияи Исломбек Акбаров, ки тобистони соли ҷорӣ бо ширкати ӯ дар Маскав як садамаи автомобилӣ рух дод ва як нафар кушта шуд, ҳарфҳои носазо садо дод. Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон бо ёдоварӣ аз ҳамкориҳои шарикии Русия ва Қирғизистон аз лаҳни бархе журналистон дар матбуоти давлатии Русия изҳори нигаронӣ кардааст.

Барномаи Малахов, ки яке аз пуртамошобинтарин дар телевизионҳои Русия аст, рӯзи 24 сентябр пахш шуд. Дар он дар бораи садамаи автомобилии рӯзи 8 июл дар Маскав баҳс шуд, ки яке аз ширкатдорони он сокини 23-солаи Қирғизистон буд. Дар ин ҳодиса Александр Маругов, писари як миллиардери рус Владимир Маругов даргузашт.

Андрей Малахов дар ин барнома гуфт, ки эҳтимолан ин ҳодиса куштори фармоишӣ буд ва ба ҷавони қирғиз барои анҷоми ин куштор метавонистанд 100 ҳазор доллар маблағ бидиҳанд. Ӯ инчунин гуфт, ки барои мардуме дар як деҳаи дур 10 доллар арзиш дорад, ин пули калон аст. Ин суханҳои Малахов хашми бисёр корбарони Интернетро ба бор овард ва ҳамватанони Исломбек Акбаров аз Малахов талаб карданд, ки узрхоҳӣ кунад. Сафорати Русия дар Қирғизистон ба ин интиқодҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ посух дод ва навишт, ки “Малахов қаҳрамони мо нест”.

70 мактаби Қирғизистон соҳиби китобхонаи рақамӣ шуданд

Дар доираи лоиҳаи "Ilim Box" дар 70 мактаби вилоятҳои Иссиқкӯл, Талас ва Чӯйи Қирғизистон ба воситаи дастгоҳҳои махсус китобхонаҳои рақамӣ ташкил карда шуд.

Ба гуфтаи ҳамоҳангсозони лоиҳа - намояндагони ҷомеаи Интернет дар Қирғизистон (ISOC) - лоиҳа ба ҳалли мушкилиҳои монанд ба норасоии китоб ва набудани Интернет дар мактабҳои ин кишвар равона шудааст.

Дар китобхонаи рақамӣ "Википедия" бо забонҳои қирғизӣ, русӣ ва англисӣ, Академияи Хан бо забони англисӣ, ҳазорҳо китоби электронӣ, дарсҳои садоӣ ва видеоӣ мавҷуд аст. Хонандагон метавонанд, бе Интернет ба китобхонаи мазкур ворид шаванд.

Лоиҳаи "Ilim Box" барои хонандагон ва омӯзгорони 70 мактаб муаррифӣ шуда, китобхонаи рақамӣ дар муассисаҳои таълимие ташкил гаштааст, ки мушкили дастрасӣ ба Интернет ё норасоии китобро доранд.

Ташаббускорони лоиҳа гуфтанд, тасмим доранд, ин гуна китобхонаро дар 100 мактаб дар саросари Қирғизистон ташкил кунанд.

Дар Туркманистон барои хариди орд 1 моҳ пеш навбат мегиранд

Дар фурӯшгоҳҳои давлатии вилояти Марии Туркманистон аз муштариён талаб мешавад, ки барои хариди орд як моҳ пеш навбат бигиранд.

"Дар фурӯшгоҳҳои давлатии Марӣ мушкили норасоии орд идома дорад. Баъзан муштариён барои харидории орд занозанӣ мекунанд, зеро барои ҳама намерасад. Фурӯшандаҳо ба муштариён мегӯянд, ки агар номашон дар рӯйхат нест, пас бояд дар рӯйхати моҳи оянда навбат бигиранд", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи хабарнигор, орди истеҳсоли маҳаллиро, ки дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ пайдо кардан хеле мушкил аст, дар фурӯшгоҳҳои хусусӣ ва бозорҳо бо нархи 5-6 баробар гарон мефурӯшанд.

Дар фурӯшгоҳҳои давлатии Туркманистон 1 кило орд 1 манат ва дар бозору фурӯшгоҳҳои хусусӣ 5-6 манат (1,5 доллар бо қурби расмӣ) аст.

Тафтиши қазияи латту кӯби муҳоҷирони узбекистонӣ дар Маскав

Дар шаҳри Балашихи вилояти Маскави Русия нисбати кормандони милисае тафтиши хизматӣ шуруъ шуд, ки вориди манзили иҷораи муҳоҷирони узбек шуда, онҳоро латту кӯб карданд. Пештар аз ин хабар расида буд, ки ду моҳиҷири узбекистонӣ аз тарси пулис аз ошёнаи дувум ба замин паридаанд.

"Дар сурати ошкор шудани айби милисаҳо, онҳо аз мақомоти милиса ронда ва дар асоси қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ба ҷуз ин, роҳбарони бевоситаи онҳо низ ба ҷавобгарӣ ҷалб мешаванд", - гуфт Татяна Петрова, масъули маркази матбуотии раёсати корҳои дохилии вилояти Маскав.

Шаби 20-уми сентябр дар шаҳри Балаших Дилшод Темиров ва Илҳом Холматов ҳамроҳ бо дӯстони дигарашон ба меҳмонии муҳоҷири қирғизистонӣ Элёрбек Умаров омаданд. Баъди чанде се марди рус бо либоси мулкӣ вориди манзили иҷораи онҳо шуданд ва ба лутту кӯб шуруъ карданд. Мардони воридшуда худро корманди милиса муаррифӣ ва маблағ талаб карданд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, латту кӯб наздики 2 соат давом кард. Илҳом бо Дилшодбек маҷбур шуданд, аз ошёнаи дувум ба замин паранд.

Муҳоҷирони узбек як муддат дар ҳолате беҳушӣ қарор доштанд. Муҳоҷирони тоҷик онҳоро диданд ва ёрии таъҷилиро даъват карданд. Се корманди пулис мунтазири рафтани мошини ёрии таъҷилӣ шуда ва баъдан аз ҷои ҳодиса фирор карданд.

Муҳоҷирони узбек бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд.

ИМА бори дигар Димишқро дар истифодаи силоҳи кимиёӣ айбдор кард

Масъулияти ҳамлаи эҳтимолии кимиёӣ ба вилояти Идлиб дар моҳи майи соли равон бар зиммаи режими президенти Сурия Башор Асад аст. Ин иддаоро котиби давлатии ИМА Майк Помпео зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Ню-Йорк баён дошт.

Ба иттилои хабаргузории Ройтерс, Помпео гуфт, маълумот дар бораи ҳамлаи мазкурро иктишофҳои амрикоӣ омӯхтаанд. Вале мақомоти Сурия ҳамеша мегӯянд, ки силоҳи кимиёӣ надоранд ва даст доштани худро низ дар ҳамлаҳои кимиёии эҳтимолӣ рад мекунанд.

Вашингтон пас аз ҳодисаи моҳи май Маскав ва Сурияро дар ҳамла ба иншооти мадании Сурия айбдор кард. Помпео ҳамчунин дар нишаст аз таҳрими ду ширкати дигари русие хабар дод, ки ба ҳукумати Сурия сӯзишворӣ интиқол медиҳанд. Вазорати умури хориҷии Русия тасмими Вашингтонро "бемулоҳизагии сиёсӣ" номид. Ба гуфтаи вазорат, ширкатҳои таҳримшуда барои неруҳои Русия дар Сурия сӯзишвории авиатсионӣ интиқол медиҳанд.

Эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии ИМА мубориза бо тундгароёнро дар Сурия соли 2014 оғоз кард. Эътилоф аз неруҳои мухолифи демократ ҳимоят мекунад. Амалиёти низомии Русия дар Сурия 30-юми сентябри соли 2015 оғоз шуд. Эътилоф борҳо Москваро ба ҷонибдорӣ аз режими Асад айбдор кард. Кишварҳои Ғарб ӯро ба нақзи густардаи ҳуқуқи инсон айбдор мекунанд.

Вазир: Қазоқистон аз хисороти бозори нафти Саудӣ сӯистифода намекунад

Канат Бозумбоев, вазири энержии Қазоқистон гуфт, кишвараш талош надорад, ки аз хисороти бозори нафти Арабистони Саудӣ ба нафъи худ истифода кунад.

"Ғайриахлоқист, ки бигӯем, Қазоқистон аз мушкили ҳамкорони саудии худ сӯистифода мекунад. Панҷ миллион бушка нафт дар рӯз ба бозор ворид намешавад? Маҷмуи иқтидори истихроҷи Қазоқистон дар рӯз 1,8 миллион бушка аст. Мо ҳарчанд талош кунем, наметавонем ин холигиро пур созем", - гуфт вазир рӯзи 26-уми сентябр.

Ҳафтаи гузашта расонаҳо аз қавли вазири нафти Умон Муҳаммад Румҳӣ навиштанд, ки бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, масъулиятҳои коҳиш додани истихроҷи нафтро иҷро намекунанд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар он кишвар рӯзона то 1,79 миллион бушка нафт истихроҷ шудааст. Ин наздики 64 бушка камтар аз ҳаҷмест, ки Қазоқистон ба истихроҷи он дар доираи созишномаи ОПЕК+ ҳақ дорад.

Ширкати Aramco-и Арабистони Саудӣ хабар дод, дар натиҷаи ҳамлаи 14-уми сентябр ба корхонаҳои полоиши нафташ истихроҷи нафтро рӯзона 5,7 миллион бушка кам кард. Арабистони Саудӣ наздики 10 дарсади нафти дунёро таъмин мекунад.

Лавров муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ дод

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, бо ишора ба сулҳ ва баҳси дигарбораи ҳукумати Тоҷикистон бо мухолифонаш гуфтааст, “Маскав барои коҳиш додани ташаннуҷ ҳама корро мекунад”.

Лавров дар ин бора рӯзи 25-уми сентябр дар мусоҳибааш бо хабарнигори нашрияи Коммерсант дар шаҳри Ню-Йорк ибрози назар кардааст. Матни ин мусоҳиба рӯзи чаҳоршанбе дар сомонаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия низ нашр шуд.

То ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон ба ин ишораи Сергей Лавров вокунише накардаанд.

Ин мақоми баландпояи ҳукумати Русия ба вазъи Тоҷикистон дар мусоҳибааш баъд аз он дахл кардааст, ки хабарнигор аз ӯ дар бораи поён ёфтан ё наёфтани омилҳои низоъ дар ҳавзаи пасошӯравӣ пурсид. Сергей Лавров гуфтааст, “омили низоъ ҳанӯз боқист, ҳарчанд на ба он ҳадде, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.”

Вай дар идома афзудааст, “дар Осиёи Миёна, масалан, соли 1996 (манзур имзои созишномаи сулҳи тоҷикон) пас аз чанд соли музокирот бо ширкати фаъоли Русия ва Эрон имкон даст дод, ки вазъият дар Тоҷикистон миёни ҳукумати дунявӣ ва ҳизби исломӣ танзим шавад. Намояндагони ин ҳизби мухолиф ба ниҳодҳои давлатӣ, ҳукумат ва порлумон ҷалб шуданд. Ҳоло бошад боз аз нав ташаннуҷ пайдо шуд. Мо ҳамаи корҳоро анҷом медиҳем, ки онро коҳиш диҳем ва бартараф созем. Умед дорам, ин ба мо даст медиҳад”.

Вазири корҳои хориҷии Русия дар ин мусоҳибааш бо нашрияи “Коммерсант” ба вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳам дахл кардааст. Ӯ гуфтааст, дар марзи ин ду кишвар бори аввал нест, ки задухӯрд рух медиҳад.

“Задухӯрд як сол, якуним соли пеш ҳам буд. Мо барои ба эътидол овардани вазъият фаъолона саҳм гузоштем. Дар он марҳила мо мепиндоштем, ки ин корро тавонистем. Ҳамкорони қазоқи мо ёрӣ доданд. Мушкил ҳалношуда мондани делемитатсияи марз аст. Ин раванди дуру дарозе аст, тавре дар марзҳои пасошӯравӣ иттифоқ меафтад. То замоне ки Иттиҳоди Шӯравӣ буд, касе таваҷҷуҳ намекард, ки марзҳои маъмурӣ дар миёни деҳаҳо ва шаҳрҳои начандон бузург аз куҷо мегузаранд. Баъд аз соҳибихтиёрии ҳама ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ ҳал ношуда мондани ин масъала аз худ дарак дод”, -- иброз доштааст Лавров.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Баҳсу гуфтӯгу сари манотиқи боқимонда солҳост идома дорад, вале бенатиҷа. Аз ин сабаб, дар минтақаҳои баҳсталаб ва номуайян сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор ҷангу даъво ва борҳо хунрезӣ кардаанд.

Лаҳистон Мустафо Ҳаётов, узви "Гуруҳи 24"-ро ихроҷ кард

Мустафо Ҳаётов

Мақомоти Лаҳистон (Полша) ахиран як узви созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24"-ро ба Душанбе ихроҷ карданд.

Мустафо Ҳаётови 25-сола се сол баъд аз ворид шудан ба Лаҳистон ва дархости паноҳандагиву ҳаққи иқомат дар ин кишвар посухи рад гирифт ва рӯзи 25-уми сентябр ихроҷ шуд.

Томаш Шовуха, вакили мудофеи ӯ, рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бори охир бо нафари таҳти ҳимояташ рӯзи сешанбе телефонӣ сӯҳбат карда буд. Ӯ гуфт, Ҳаётов аз қарори додгоҳ дар бораи ихроҷаш ба Тоҷикистон бисёр нороҳат буд, чунки мегуфт, "ба ӯ дар ватан бадрафторӣ ва шиканҷа" ва "беш аз 12 соли зиндон таҳдид мекунад".

Мақомоти тоҷик ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд. Рӯзи панҷшанбе як намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар бораи қарори додгоҳ нисбат ба Мустафо Ҳаётов ҳеч иттилоъ надоранд". Дар гузашта низ мақомоти вазорат ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки номи Ҳаётов дар феҳрасти афроди мавриди ҷустуҷӯ вуҷуд надорад.

Вале Саидалӣ Ашӯров, сухангӯи «Гурӯҳи 24» ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҳаётов як соли 2014 дар Русия ба «Гурӯҳи 24» пайваста, масъули тарғиби фаъолиятҳои ҳаракат дар шабакаҳои иҷтимоӣ будааст. Масъулини ин созмон дар Лаҳистон мегӯянд, Ҳаётов нахустин шаҳрванди Тоҷикистон ва як паноҳҷӯи сиёсӣ шуд, ки аз ин кишвари аврупоӣ ихроҷ мешавад.

Вакили дифоъ Томаш Шовуха ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҳаётов муқаррароти будубоши паноҳҷӯёни хориҷиро дар Лаҳистон поймол кард ва соли 2018 ӯро мақомоти Олмон дар хоки ин кишвар боздошт ва ба Варшава фиристоданд.

Аз тобистони соли гузашта то рӯзи 25-уми сентябр ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Лешно Воли дар наздикиҳои Варшава нигаҳдорӣ мешуд. “Ӯро зӯран ва бар хилофи аризаи бозбинӣ шудани ҳукми сеюми додгоҳ ихроҷ карданд”, -- гуфт Шовуха. Вагарна, ба қавли вакил, боз шаш моҳи дигар имкони бозбинӣ шудани парвандаи Ҳаётов вуҷуд дошт.

Мустафо Ҳаётов яке аз даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ва узви созмони дар ин кишвар мамнӯи “Гурӯҳи 24” аст, ки аз мақомоти Лаҳистон дархости ҳаққи паноҳандагӣ карда буд. Аксари онҳо дар чаҳор-панҷ соли гузашта, баъди содир шудани ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар бораи мамнӯъ шудани ин ташаккули сиёсӣ кишварро тарк карда, аз Лаҳистону кишварҳои дигари аврупоӣ дархости паноҳандагӣ карданд.

"Гурӯҳи 24”-ро Умаралӣ Қувватов, тоҷири тоҷик, ки соли 2012 Тоҷикистонро тарк карда буд, дар Маскав таъсис дод. Вай баҳори соли 2015 дар Туркия кушта шуд. Аъзои ин созмон дар ташкили куштори Қувватов мақомоти Тоҷикистонро гунаҳкор карданд. Мақомот ин иддаоро рад кардаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон "Гурӯҳи 24"-ро соли 2014 як ҳаракати экстремистӣ хонд ва фаъолияти онро дар ҳудуди кишвар манъ кард. Чанде аз аъзои он боздошт ва ба солҳои гуногун зиндонӣ шуданд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Барфи аввал дар Душанбе (бидуни шарҳ)
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00
XS
SM
MD
LG