Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Дафни 69 қурбонии ҳамла ба масҷиди Чодарӣ дар шарқи Афғонистон

Рӯзи 19-уми октябр маросими дафни даҳҳо қурбонии ҳамлаи маргбор ба масҷиди Чодарӣ дар вилояти Нангарҳор, шарқи Афғонистон, баргузор шуд. Суҳроб Қодирӣ, узви Шӯрои вилоятии Нангарҳор, гуфт, дар ҳамлаи рӯзи ҷумъа дастикам 69 нафар кушта шудаанд. Вай афзуд, "ҷасади ҳамаи онҳоро, бо шумули кӯдакону пиронсолон, ба наздиконашон супурдем. Ҷасади бисёре дар зери харобаҳо мондааст", -- гуфт Қодирӣ.

То ба ҳол ҳеч гуруҳ масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Дар шарқи Афғонистон, бахусус вилояти Нангарҳор, ҳам Толибон ва ҳам гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳузури фаъол доранд. Сухангӯи Толибон дар баёнияе ҳамла дар Нангарҳорро маҳкум кард ва онро “ҷинояти ҷиддӣ” номид.

Сафири Амрико дар Афғонистон дар Твиттер ҳамла ба зидди намозгузоронро бераҳмӣ хонд ва гуфт, “ҳамаи афғонҳо ҳақ доранд, ки дар амният зиндагӣ ва ибодат кунанд.”

Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ҳамла ҳадаф дошт, ки умедҳоро барои барқарории сулҳ дар Афғонистон зери соя бибарад.

Гулобистони 45-сола яке аз маҷруҳони ҳодиса аст. Вай ба хабаргузории "Ройтерс" гуфтааст, таркиш замоне рух дод, ки масҷид пур аз намозгузорон буд.

Ҳамла ба масҷиди Чодарӣ дар вилояти Нангарҳор баъд аз он сурат гирифт, ки Созмони Милали Муттаҳид шумораи ғайринизомиёни кушташуда дар тобистони имсол дар кишвари ҷангзадаро бесобиқа донист. Дар гузорише, ки рӯзи 17-уми октябр нашр шуд, Созмони Милал гуфт, дар моҳҳои июл-сентябри имсол дар Афғонистон 1174 ғайринизомӣ кушта шудаанд.

Вобастагӣ ба маводи мухаддир ва... Ҳукми набераи Назарбоев дар Бритониё

Ойсултон Назарбоев

Ойсултон Назарбоев, набераи 28-солаи Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон, рӯзи 18-уми октябр бо ҷурми ҳамла ба корманди пулис Росса Сембрук дар Лондон шартан як сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Дар хабари додгоҳ гуфта мешавад, Назарбоеви хурдӣ рӯзи 5-уми июни имсол зери таъсири маводи мухаддир дар ноҳияи Ковент-Гарден ба пулис муқобилият нишон дода, дасти яке аз онҳоро газидааст. Ба хулосаи тафтишот, дар дасти афсари пулис из ё пайи газидаи ӯ боқист.

Ду рӯз пеш аз ин ҳодиса, Назарбоеви хурдӣ аз айвони меҳмонхонаи International Park Plaza Hotel дар Лондон таҳдид карда буд, ки худро ба замина партофта, худкушӣ мекунад.

Додгоҳ Назарбоеви хурдиро муваззаф кардааст, ки худро аз вобастагӣ ба маводи мухаддир табобат кунад ва, инчунин, ҷарима супорад. Дар ҳамин ҳол, баъзе аз расонаҳои Бритониё навиштанд, масъалаи ихроҷи Ойсултон аз ин кишвар низ матраҳ аст.

Ойсултон Назарбоев писари Дариға Назарбоева, раиси Сенат ва духтари калонии президенти пешини Қазоқистон, хатмкардаи Академияи ҳарбии Сандҳерст аст.

Дар соли 2017 корманди Федератсияи футболи Қазоқистон буд. Ойсултон ҳамон сол эътироф кард, ки бо маводи мухаддир мушкил дорад ва ба қавли ӯ маҳз бобояш, Нурсултон Назарбоев ӯро аз ин дард наҷот додааст.

Вай гуфта буд, баъд аз марги бобояш академик Мухтор Алиев ва худкушии падараш Роҳат Алиев дар зиндони Австрия ба маводи мухаддир рӯ овард.

Канда шудани садди дарёи Сейба дар Русия 15 нафарро кушт

Дар натиҷаи канда шудани садди дарёи Сейба дар минтақаи Красноярски Русия 15 нафар кушта ва чандин тани дигар маҷруҳ шудаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия гуфтааст, ҳодиса субҳи якшанбеи 19-уми октябр рух дод. Хабаргузории давлатии ТАСС ба нақл аз мақомоти ин вазорат гуфт, 15 нафар нопадид шудаанд. Бар асоси гузоришҳо, дар замони рух додани ҳодиса 270 нафар дар он ҷо кор мекарданд.

Даргириҳои пароканда дар шимоли Сурия ва гуфтугӯи Трамп бо Эрдуғон

Доналд Трамп ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Дар пайи нашри гузоришҳое, ки аз вуқӯи даргириҳои пароканда дар шимоли Сурия ба рағми созиши оташбас хабар медод, Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – бо ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон телефонӣ суҳбат кардааст. Трамп рӯзи ҷумъа дар “Твиттер” навишт, раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, чанд мавриди тирандозӣ ва партоби мушак буд, ки зуд мутаваққиф шуд. Ҳамзамон нозирони ҳуқуқи башари Сурия, ки қароргоҳаш дар Бритониёст, гуфтаанд, дар ҳамлаҳои рӯзи ҷумъаи нерӯҳои Туркия 14 ғайринизомӣ ва ҳамчунин 8 ниманизомии курд дар дохил ва атрофи шаҳри Раъс-ал-айн кушта шудаанд. Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи панҷшанбе дар Анқара эълом кард, ки Туркия бо барқарории оташбаси панҷрӯза барои ақибнишинии ниманизомиёни курд то 32-километрии дохили хоки Сурия мувофиқат кардааст. Туркия ниманизомиёни курд – Ягонаҳои мудофеи халқро “террорист” мехонад ва бо таъкид ба фосилаи аз 30 то 35-километрии ин гурӯҳ аз марзҳояш, минтақаи амнро эҷод мекунад. Раиси ҷумҳури Туркия дар нишасти хабарии рӯзи ҷумъа дар Истанбул ба давлати Сурия ҳушдор дод, ки агар дар ин минтақа хатое кунад, бо посухи Туркия рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Дар ҷанги ҳаштсолаи Сурия миллионҳо нафар бехонаву дар шудаанд, ки беш аз 3 миллиони он дар Туркия ҳастанд.

Аз муҳоҷират то Афғонистон. Раиси порлумони Русия дар Душанбе чӣ гуфт?

Вячеслав Володин, раиси Думаи Давлатии Русия

Вячеслав Володин, раиси Думаи Давлатӣ, порлумони Русия, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе омадааст, рӯзи 19-уми октябр бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард.

Мақомот дар хабаре гуфтанд, ду тараф “вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ карданд.” Дар ин суҳбат вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза ба зидди терроризм низ баҳс шудааст.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз Вячеслав Володин хостааст, иҷрои тарҳи сохтмони панҷ мактаби русӣ дар минтақаҳои кишварро тезонанд.

Володин моҳи апрели имсол низ бо Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Думаи Давлатии Русия суҳбат дошт.

Раиси Думаи Давлатӣ, порлумони Русия, шоми 18-уми октябр ба Тоҷикистон омад. Вай дар суҳбати дигараш бо раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров масъалаи муҳоҷирони кориро баррасӣ кардааст. Баъзе аз хабаргузориҳо навиштанд, ки гӯиё ҷониби Тоҷикистон масъалаи пардохти нафақаи муҳоҷиронро дар миён гузоштааст, вале Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумон онро кард.

Султонов гуфт, «бале, масъалаи муҳоҷират баррасӣ шуд. Раиси Маҷлиси Намояндагон хост, дар доираи созишномаҳои имзошуда ба муҳоҷирони корӣ кумак кунанд, вале дар масъалаи нафақа чизе набуд.»

Вячеслав Володин гуфтааст, соли гузашта муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон 2,5 миллиард доллар фиристодаанд, ки ба тақрибан сеяки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар баробар аст. «Мо бояд ҳама коро кунем, ки ҳар касе Русияро ҷойи кор интихоб мекунад, бояд омода бошад ва забонро донад», -- афзудааст ӯ.

Беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо аз вазъи будубош ва иҷозаи кору бархӯрди мақомоти он кишвар шикоят доранд. Масъалаи дар Тоҷикистон ва ё дар Русия гирифтани пули нафақаашон низ муаллақ мондааст.

Пешвои тазоҳургарони қазоқ ба зиндон рафт

Ержан Элшибоев

Додгоҳи Қазоқистон як пешвои тазоҳургарон дар шаҳри Жанаозенро бо гуноҳи авбошӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Ержан Элшибоевро бо гуноҳи осеби ҷисмонӣ расонидан ба як нафар дар ҷараёни занозанӣ дар соли 2017 гунаҳкор донистанд.

Элшибоев аввали имсол тазоҳуроти гурӯҳе аз ҷавонони бекорро раҳбарӣ карда буд. Худи ӯ ва тарафдоронаш мегӯянд, ки парванда ангезаҳои сиёсӣ дорад ва Элшибоев барои он ба зиндон маҳкум шудааст, то дар оянда тазоҳурот баргузор накунад. Элшибоев яке аз раҳбарони намоишҳои эътирозии ҷавонони бекор дар шаҳри Жанаозен буд. Ин раҳпаймоиҳо моҳҳои феврал ва ман сурат гирифтанд.

Ҷавонони ин шаҳри нафтхез талаб доштанд, ки онҳоро бо ҷойи кор таъмин кунанд. Азбаски як тазоҳурот дар Жанаозен дар моҳи декабри соли 2011 бо марги 16 пулис анҷомид, мақомоти Қазоқистон ба ҳаргуна эътироз дар шаҳр ҳассосият нишон медиҳанд.

Намози ҷумъаро ба хоку хун оғушта карданд

Нангарҳор яке аз вилоятҳои ноороми Афғонистон аст.

Дар натиҷаи ду таркиш ҳангоми намози ҷумъа дар Афғонистон 30 нафар кушта шудаанд. Сӯҳроб Қодирӣ, узви шӯрои вилояти Нангарҳор гуфт, ки дар ин бомбгузорӣ дар рӯзи 18-уми октябр бештар аз 100 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Фоҷиа дар ноҳияи Ҳаска Мена рух додааст. Сӯҳроб Қодирӣ афзуд, “Мумкин аст, теъдоди қурбониёну осебдидагон зиёдтар бошад, чун маъмурони наҷот ва мардум ба берун кашидани ҷасадҳо аз зери харобаҳо идома медиҳанд.”

Маълум нест, сабаби таркиш чӣ будааст, аммо бино ба баъзе гузоришҳо, тири минамёт ба боми масҷид бархӯрдааст. Телевизиони “Тулӯъ” аз қавли мақомот хабар дод, ки да масҷид ду таркиш ба вуқӯъ пайвастааст. Аммо Атоуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи волии Қандаҳор гуфт, ки боми масҷид дар натиҷаи таркиш фӯру рафтааст. Зарғон Шоҳ, як табиби шифохонаи ноҳия ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳамла 32 нафар кушта ва 60 тан захмӣ шудаанд. То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Сӯхтор дар корхонаи пахтаи Восеъро ба сахтӣ хомӯш кардаанд. ВИДЕО, АКС

"Салом Икром", ягона корхонаи шахсии пахтатозакунӣ дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, рӯзи 16-уми октябр ба коми оташ рафтааст. Ин корхонаро моҳи августи имсол ба истифода дода буданд.

Масъулони корхона гуфтанд, дар беш аз як моҳи мавсими ҷамъоварии пахта анбори онҳо аз "тилои сафед" пур шуд ва як бахши пахтаи коркардшуда аз байн рафта, қисми дигар осеб дидааст. Онҳо тахмин мезананд, ки зиёни расида аз сӯхтор ба миллионҳо сомонӣ баробар аст, аммо комиссияи вижа ҳанӯз хулосаи худро нагуфтааст. Ҳоло тамоми маҳсулотро аз анборҳо берун овардаанд.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷо бинед:

Сӯхтор дар корхонаи пахтаи ноҳияи Восеъ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00

Ҳотамшоҳ Назаров, сардори идораи оташнишонии минтақаи Кӯлоб рӯзи 18-уми октябр гуфт, комиссияи вижа аз ҳисоби намояндагони ҳукумати ноҳия ташкил шудааст. "Аъзои комиссия дар ҷойи ҳодиса ҳастанд. Пахтаҳоеро, ки оташ нагирифтаанд, ҷудо мекунанд ва хисорот пас аз он маълум мешавад", – гуфт ӯ.

Масъулони идораи сӯхторнишонӣ гуфтанд, ҳодиса бо "сабабҳои техникӣ" рух додааст. Ин сӯхтор соати 7-и субҳи рӯзи 16-уми октябр ба вуқуъ пайваста, осебе ба тану ҷони коргарон нарасондааст. Шоҳидон мегӯянд, маъмурони оташнишонӣ барои хомӯш кардани он ду рӯз талош карданд.

Корхонаи нави пахтатозакунӣ, ки моҳи августи имсол ба кор сар карда буд, дар тақрибан се гектар замин ҷойгир шудааст. Як манбаи огоҳ гуфт, ин корхона то ин дам тавонистааст ҳудуди 1000 тонна пахтаро коркард кунад. Дар гузашта чанде аз бозорҳо дар вилояти Хатлон оташ гирифта буданд. Мақомот сабаби баъзе аз ин ҳодисаҳоро "расиши кӯтоҳи ноқилҳо" гуфтаанд, баъзеи дигарро "барқасдона" тафсир кардаанд.

Аксҳои бештар дар ин ҷост:

Дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон гурӯҳи доимоамалкунанда ба кор оғоз мекунад

Як гурӯҳи корӣ таҳти раҳбарии раиси вилояти Суғд дар пайи мулоқоти муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Разақов оид ба аломатгузорӣ ва ташхиси марзи муштараки ду кишвар, аз мавзеъҳои сарҳадӣ дар ҷамоати Ворухи Исфара дидан намудааст. Дар ин ҳайат мутахассисони Идораи заминшиносӣ, геодезӣ, бахши топографӣ ва намояндагони ҳукумати Исфара ҳузур доштаанд.

Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара рӯзи 18-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи корӣ таҳти раёсати Раҷабабой Аҳмадзода аз қитъаҳои баҳсии сарҳадӣ дидан намуда, бо сокинони ин мавзеъҳо суҳбат кард ва ба ҷараёни бунёди роҳҳои мошингард ошно шуд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 16-уми октябр дар шаҳри Бодканд мулоқоти кории муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Разақов баргузор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар Бодаканд ҳамчунин вохӯрии навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи ду кишвар баргузор шудааст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба ҳадафи расидан ба натиҷаҳои назаррас роҷеъ ба ҳалли зудтари муйяан намудани марз, гурӯҳи доимамалкунанда таъсис шуд ва ҳоло ба кори худ оғоз намудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Баҳсу гуфтугӯ сари минтақаҳои боқимонда солҳост идома дорад, вале бенатиҷа. Аз ин сабаб, дар минтақаҳои баҳсталаб ва номуайян сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор ҷангу даъво ва борҳо хунрезӣ кардаанд.

Талафоти ғайринизомиёни афғон СММ-ро ошуфта кардааст

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, аз моҳи июл то сентябр дар Афғонистон теъдоди бесобиқаи мардуми ғайринизомӣ куштаву маҷрӯҳ шудаанд ва хушунат дар инҷоро “ғайриқобили қабул” номид. Дар як гузориши тозае дар рӯзи 17-уми октябр Созмони Милалӣ гуфт, ки дар ин муддати кӯтоҳ дар Афғонистон бештар аз 1170 нафар кушта ва бештар аз 3100 нафар захмӣ шудаанд.

Дар гузориш омадааст, “унсурҳои зиддиҳукуматӣ” ба мисли Толибон гунаҳкори аслии афзоиши талафот дар миёни мардум аст. Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон мегӯяд, ки дар 9 моҳи имсол дар кишвар бештар аз 2500 нафар кушта шудаанд ва 5600 ҷароҳат бардоштаанд. Чиҳилу як дар сади онҳо занону кӯдакон будаанд.

Тадамичӣ Ямамото, намояндаи хоси Созмони Милал дар Кобул гуфт, “Талафот дар миёни мардуми ғайринизомӣ ғайри қобилиқабул аст” ва бахусус дар ҳоле, ки ҳамаи тарафҳо мефаҳманд, ки муноқиша дар Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад. Фиона Фразер, масъули ҳуқуқи башари дафтари Созмони Милал дар Кобул гуфт, “Асари муноқиша дар Афғонистон ба мардуми ғайринизомӣ ошуфтакунанда аст.”

Дар ҷануби Туркманистон хонандагони мактаб ба ҳайси пешхизмат кор мекунанд

Ба далели вазъи бади иқтисодӣ дар Туркманистон хонандагони синфҳои болоӣ дар шаҳри Марӣ дар қаҳвахонаву тарабхонаҳо ба ҳайси пешхизмат кор мекунанд.

"Дар бисёре аз қаҳвахонаву тарабхонаҳои шаҳри Марӣ пешхизматонро аз ҳисоби хонандагони мактаб зиёд дидан мумкин аст. Писарону духтарон ҳангоми ҷашнҳои арусӣ пешхизматӣ мекунанд",-иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 16 октябр.

Ба гуфтаи вай, соҳибони тарабхонаҳо ба синну соли хонандагон таваҷҷуҳ намекунанд. Одатан онҳоро ба хотири шакли зоҳириашон ба кор қабул мекунанд. Хабарнигор мегӯяд, волидони онҳо низ мухолифи кор кардани фарзандонашон нестанд.

"Волидон мегӯянд, зиндагӣ душвор шудааст ва хуб аст, ки ҷавонон барои сару либос ва дигар харҷҳои худ пул меёбанд",-гуфт хабарнигор.

Телевизиони "Апрел"-и Қирғизистонро ба эфир роҳ надоданд

Дар Қирғизистон телевизиони "Апрел"-ро ба далели дар ҳабс будани амволаш иҷозаи фаъолият надоданд. Дар ин бора ҳайати эҷодии "Апрел" хабар дод. Рӯзноманигорон гуфтанд, ки шабакаи "Апрел" баста нашудааст, зеро иҷозатномаи вазорати фарҳанг ҳанӯз амал мекунад.

"Мо барнома таҳия кардем, мушкилиҳои техникиро рафъ сохтем. Аммо иҷозат надоданд, ки ба эфир бароем. Ширкати "Технологияҳои рақамӣ", ки пахши барномаҳои "Апрел"-ро таъмин мекунад, посухи рад дод. Қубод Оторбоев, мудири "Технологияҳои рақамӣ" гуфт, амволи "Апрел" дар ҳабс аст", - гуфтанд рӯзноманигорони телевизион.

Ҳайати кормандони "Апрел" мегӯянд, бастани эфири шабака идомаи маъракаи маҳдудсозии озодии баён дар Қирғизистон аст. Онҳо аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва ҷомеаи рӯзноманигорӣ хостанд, барои ҳалли мушкилашон мусоидат кунанд.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон шоми 9 август бо такя ба қарори додгоҳ амволи ширкати "Медиа-Форум" ва телевизиони "Апрел"-ро ҳабс кард. Расонаҳо ва чанде аз коршиносон ин амалро фишор ба озодии баён унвон карданд.

Идомаи ҷанг дар Рас ал-Айн идома кард бо вуҷуди оташбас

Рас ал-Айн дар рӯзи 17-уми октябр

Бо вуҷуди созиши оташбаси ҳосилшуда бо миёнҷигарии Амрико рӯзи 18-уми октябр тирандозиву ҷанг дар шаҳри марзии Рас ал-Айни Сурия идома кард. Дуд аз ин шаҳр, саҳнаи асосии ҷанг миёни нерӯҳои Туркия ва размандони курд ба ҳаво мепечид, вале дар дигар манотиқи марзӣ оромӣ ҳукмфармо буд ва садои ҷангу тирандозӣ ба гӯш намерасид.

Созмони Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия, ки дар Бритониё қароргоҳ дорад, гузориш дод, ки даргириҳои пароканда дар Рас ал-Айн идома ёфт, ваде баъди мувофиқати Анкара ва Вашингтон дар бораи созиши панҷрӯзаи оташбас дар рӯзи 17-уми октябр Туркия амалиёт ба зидди нерӯҳои ба раҳбарии размандагони курдро дар минтақа қатъ кардааст.

Бар асоси созиш, размандангони курд, бояд манотиқи марзии Сурия бо Туркияро тарк кунанд. Ин созиш дар ҷараёни мулоқоти Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико ҳосил шуд. Нерӯҳои Туркия то кунун бисёре аз размандагони курдро аз минтақаи тақрибан 100 километрӣ дар марзи Сурияву Туркия дар байни шаҳрҳои Рас ал Айн ва Тал Абёд танг карданд. Қисме аз размандони курд ҳанӯз ҳам дар шаҳри Рас ал-Айн боқӣ мондаанд ва бо размандони Суриягӣ, ки аз тарафи Туркия ҳимоят мешаванд ва мехоҳанд, шаҳрро ишғол кунанд, меҷанганд.

Брюссел ба хуруҷи Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо мувофиқа кард

Иттиҳоди Аврупо (ИА) хориҷшавии Бритониёро аз созмони мазкур мувофиқа кард. Дар ин бора Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо дар поёни саммити Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел хабар дод. Ба гуфтаи вай, созишнома имкон медиҳад, ки аз бархӯрд байни Лондон ва Брюссел пешгирӣ шавад.

Дар изҳороте, ки дар сомонаи Иттиҳоди Аврупо нашр шудааст, гуфта мешавад, Бритониё 1 ноябр аз Иттиҳод хориҷ мешавад. Аммо бар асоси қонунгузории Бритониё, ин кишвар танҳо дар сурате метавонад аз Иттиҳод хориҷ шавад, ки порлумони он кишвар созишномаро тасдиқ кунад.

Туск гуфт, Брюссел омода аст, дар сурати аз сӯи порлумони Бритониё қабул нашудани созишнома, муҳлати хориҷшавии ин кишварро тамдид кунад. Ин дар ҳолест, ки пештар роҳбари Комисияи Аврупо Жан-Клод Юнкер гуфт, Иттиҳоди Аврупо тасмим надорад, муҳлати хуруҷи Бритониёро тамдид кунад.

Борис Ҷонсон, сарвазири Бритониё дар навбати худ гуфт, ҷонибҳо ҳеҷ баҳонае барои ба таъхир андохтани хуруҷи кишвараш аз Иттиҳод надоранд.

Ҷонсон изҳори умедворӣ кард, ки порлумон аз ин созишнома истиқбол менамояд. Аммо бисёре аз нозирон ба ҳарфҳои сарвазир шубҳа доранд.

Маҳрум шудани Отамбоев аз мақоми президенти пешин баррасӣ мешавад

Палатаи конститутсионии Қирғизистон 23 октябр шикоят дар бораи маҳрум шудани Алмосбек Отамбоевро аз мақоми президенти пешин баррасӣ хоҳад кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон (ҲСДҚ) иттилоъ дод.

Як қатор вакилони порлумон ва намояндагони ҲСДҚ ду бор ба Палатаи конститутсионии Қирғизистон муроҷиат карданд. Муроҷиати якум ба таҳрири нави қонун "Дар бораи кафолати фаъолиятҳои президент" аст, ки президентҳои пешинро аз фаъолиятҳои сиёсӣ маҳрум мекунад.

Дар муроҷиати дуввум ҷонибдорони Отамбоев аз палатаи мазкур хостаанд, қарори порлумони Қирғизистон дар бораи таъсиси комиссияи махсусро барои эъломи айб зидди президенти пешини Қирғизистон бекор кунад.

Комиссияи порлумонии Қирғизистон дар аввал зидди Отамбоев бар асоси 9 банд айб эълом кард, вале сипас се банди онро барои рабт надоштанашон ба давраи президентии ӯ бекор карданд.

Президенти пешини Қирғизистон дар фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев, ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек айбдор карда мешавад.

Дертар Отамбоев дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани Батукаев се бор ба бозпурсӣ даъват шуд, вале ӯ нарафт.

Дар натиҷа рӯзҳои 7-8 августи соли равон дар деҳаи Кой-Тош "амалиёти иҷборан эҳзор кардани президенти пешини Қирғизистон ба бозпурсӣ" баргузор шуда, дар натиҷаи он даҳҳо кас осеб диданд. Аз ҷумла, як афсари Кумитаи амнияти ин кишвар ҷон бохт.

Алмосбек Отамбоев дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти Қирғизистон қарор дошта, ба ӯ то 26 соли зиндон таҳдид мекунад. 15 октябр нахустин мурофиаи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани Батукаев баргузор шуд, вале Отамбоев ба он нарафт.

Иттиҳоди Аврупо буҷаи мубориза бо тағйири иқлимро баррасӣ мекунад

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 18-уми октябр дар шаҳри Брюссел дигарбора буҷаи иттиҳод барои мубориза бо тағйири иқлимро баррасӣ мекунанд. Рӯзи аввали нишаст бе қабули қарор дар бораи узвияти эҳтимолии Македонияи Шимолӣ ва Албания поён ёфт, чун Фаронса гуфт, ки ин ду кишвар ҳанӯз барои қабул омода нашудаанд.

Анти Ринне, нахуствазири Финландия субҳи 18-уми октябр гуфт: “Мо умедворем, ки ба созиш мерасем”. Гитанас Науседа, раиси ҷумҳури Литва ба хабарнигорон гуфт, “Мо бояд эътироф кунем, ки ба мувофиқа нарасидем, зеро се кишвар нахостанд, музокироти узвият бо ҳарду кишвар шурӯъ шавад.” Ӯ ба Фаронсаву Ҳолланд ва Дания ишора кард. Ҳоло маълум нест, музокирот барои қабули эҳтимолии Македония Шимолӣ ва Албания кай шурӯъ мешавад.

Дувумин нишасти изтирории ҳавопаймои "Uzbekistan Airways" дар ду рӯзи охир

Ҳавопаймои ширкати "Uzbekistan Airways", ки аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия парвоз мекард, маҷбур шуд, дар шаҳри Қазон фуруд ояд.

Ба огаҳии ширкати "Узбекистон ҳаво йӯлларӣ", халабонҳо дар пайи бад шудани вазъи сиҳатии як мусофир тасмим гирифтаанд, ки дар наздиктарин фурудгоҳ - шаҳри Қазон ба замин нишинанд.

Ду рӯз пеш низ ҳодисаи ҳамсон рух дода буд.

Ҳавопаймои "Uzbekistan Airways" 15 октябри соли равон ҳангоми парвоз аз шаҳри Фарғона ба шаҳри Москваи Русия ба далели вазъи саломатии як мусофир дар фурудгоҳи Самара ба замин нишаст.

Покистон мунтазири посухи муҳими ФАТФ

Акс аз бойгонӣ

Покистон мунтазир аст, бидонад, ки онро аз феҳрасти кишварҳое, ки бо сармоягузории терроризм дуруст мубориза намебаранд, берун мекунанд, ё не. Рӯзи 18-уми октябр дар шаҳри Париж пойтахти Фаронса, нишасти панҷрӯзаи ФАТФ ба анҷом мерасад ва дар он бояд дар бораи хориҷ кардан ё накардани Покистон аз феҳраст қарор қабул шавад.

Мумкин аст, ин кишвар мисли Эрону Куриёи Шимолӣ дар феҳрасти кишварҳое ворид шавад, ки бо сармоягузории терроризм ба қадри кофӣ мубориза намебаранд. ФАТФ як ниҳоди назоратӣ ва муқобила бо пулшӯӣ ва сармоягузории терроризм соли гузашта Покистонро ба феҳрасти кишварҳое шомил кард, ки бо сармоягузории терроризм ба қадри кофӣ муқобила намекунад, то аз ин роҳ ба он фишор биёрад, кӯмак ба гурӯҳҳои тундравро хотима бидиҳад.

ФАТФ, ки ба он 35 кишвар ва ду созмони минтақавӣ шомиланд, бонку сармоягузоронро ташвиқ мекунад, ба кишварҳои шомили рӯйхати сиёҳ қарз надиҳанд. Амрикову кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мехостанд, Покистон ҳамагуна роҳҳои сармоягузорӣ ба гурӯҳҳои террористиро бубандад.

Эътирози коргарон дар ҷануби Қирғизистон

Наздики 100 тан аз кормандони ширкати "Корхонаи Ҷалолобод ЖБИ", ки ба сохтани маҳсулоти оҳаниву бетонӣ машғул аст, намоиши эътирозӣ ташкил карданд.

Онҳо талаб доранд, ки корхона ба истифодаи барқ гузарад ва коргаронро заҳмат надиҳад. Ширкати "Элдик"-и Бунёди идораи амволи давлатӣ хабар дод, барқи коргоҳи бетонрезӣ иҷборан қатъ шудааст. "Элдик" талаб дорад, ки коргоҳ бинои иҷораро ба далели ба поён расидани муҳлати шартнома тарк кунад.

Коргарони "Корхонаи Ҷалолобод ЖБИ" бо баргузории роҳпаймоии эътирозӣ даъват карданд, ки мақомот монеи фаъолияти соҳибкорон нашаванд ва барқро ба коргоҳ баргардонанду роҳбарияти "Элдик"-ро сабукдуш кунанд.

"Соли 2017 мо ин коргоҳро ба иҷора гирифтем. Ин бино дар ҳолати вайронӣ қарор дошт. Мо бо маблағи ҳангуфт дастгоҳ харидем. Агар пештар инҷо 43 кас кор мекард, ҳоло шуморашон ба 103 тан расидааст. Мо андоз месупорем. Ширкати "Элдик" бо баҳонаи ба охир расидани муҳлати шартнома мехоҳад, моро аз корхона пеш кунад. 10 рӯз пеш барқро қатъ карданд, мо наметавонем кор кунем",-гуфт Бакит Борошев, мудири корхона.

Алексей Апиев, мудири ширкати "Элдик" мегӯяд, шартнома бо коргоҳи бетонрезӣ 1 солу се моҳ пеш ба охир расида буд. Сарфи назар аз ин, корхонаи бетонрезӣ намехоҳад, биноро тарк кунад.

Будҷавиҳои Туркманистон ба пахтачинӣ идома медиҳанд

.

Дар ҳоли ҳозир дар майдонҳои пахтаи Туркманистон шумори кормандони будҷавие кам нест, ки иҷборан ба пахтачинӣ ҷалб шудаанд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар шимоли Туркманистон кормандони бандари баҳрӣ ба пахтачинӣ ҷалб шудаанд. "Тамоми ҳайати кормандони бандари баҳрии байналхалқии Туркманбошӣ ба шаҳри Сердар ба пахтачинӣ сафарбар шудаанд", - менависад сомонаи Turkmen.news.

Ин кормандон ҳамчунин вазифадор шудаанд, ки ғизояшонро бо худ баранд ва барои худ ҷойи хоб пайдо кунанд. "Бархе аз одамон бо додани маблағ худро аз пахтачинӣ озод мекунанд",-навишт сомона.

"Ягона ноновари хона довталабона ба саҳрои пахта рафт. Баъди 10 рӯз бо сару рӯи сиёҳшуда ва лоғар баргашт. Мегӯяд, танҳо нону об тановул мекард ва дар саҳро мехуфт, зеро сокинони маҳаллӣ ба пахтачинон ройгон ҷойи хоб намедиҳанд",-нақл кардааст расонаи мазкур аз сарнавишти як корманди бандари баҳрӣ.

Сарфи назар аз танқидҳои байналхалқӣ дар робита ба истифодаи меҳнати маҷбурӣ дар саҳроҳои пахтаи Туркманистон, ин кишвар аз таҷрибаи мазкур даст намекашад. Истеҳсоли пахта аз сӯи давлат назорат мешавад. Туркманистон тасмим дорад, соли ҷорӣ 1 миллион 50 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунад.

HRW Қазоқистонро ба ҳимояти занон аз хушунати хонаводагӣ даъват кард

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) шарикони байналхалқии Нурсултон, аз ҷумла ИМА ва Иттиҳоди Аврупоро даъват кард, ки аз ҳукумати Қазоқистон талаб кунанд, барои хушунати хонаводагӣ ҷавобгарии ҷиноӣ муқаррар намояд.

HRW 17 октябр бо нашри як таҳқиқот гуфт, занҳои қазоқистоние, ки мавриди хушунати хонаводагӣ қарор мегиранд, ба андозаи кофӣ ҳимоят намешаванд ва ба адолат низ дастрасӣ надоранд.

Ба гуфтаи созмон, ҳукумати Қазоқистон бояд ба Кодекси ҷиноии ин кишвар бандеро изофа кунад, ки хушунати хонаводагиро ҷинояти сангин меҳисобад.

"Занон дар Қазоқистон ба зиндагии бидуни хушунат, таъқиб ва таҳқир ҳақ доранд. Мақомоти қазоқ бояд амнияти онҳоро таъмин ва дар робита ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар ин бахш чораҳои таъхирнопазир андешанд",-гуфт пажӯҳишгари HRW дар Осиёи Марказӣ Виктория Ким.

Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ дар соли 2018 назар ба соли 2015 тақрибан 104 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бино ба маълумоти "Иттиҳоди марказҳои буҳронӣ", ки 16 созмони ғайридавлатиро дар бар мегирад, дар Қазоқистон солона садҳо зан аз дасти хушунаткорон ба ҳалокат расида, дар ҳар ҳаштумин оила хушунати хонаводагӣ мавҷуд аст.

Қазоқистон 14 танро пас аз бозгашт аз Сурия ба терроризм айбдор кард

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон (КАМҚ) 17 октябр гуфт, тафтиши парвандаҳои 14 шаҳрванди ин кишвар, ки аз Сурия ба ватан баргаштаанд, ба поён расидааст. Ҳамаи ин шаҳрвандони Қазоқистон ба терроризм гумонбаранд.

Бино ба фарзияи тафтишот, шаҳрвандони Қазоқистон дар сафи яке аз шохаҳои гуруҳи "Давлати исломӣ" (ДИ) дар Сурия ҳузур доштанд. Ҳоло зидди онҳо бо айби "иштирок дар фаъолияти террористӣ, ҷалби одамон ба гуруҳҳои тундрав ва таблиғи терроризм" парванда боз шудааст. Кумита шахсияти гумонбаронро ошкор намекунад.

Сомонаи КАМҚ ҳамчунин хабар додааст, ки пештар низ 10 мард ва 5 зан баъди бозгашт аз Сурия бо ҷурми "иштирок дар фаъолияти ДИ" ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шуданд.

Мақомоти Қазоқистон ибтидои соли равон хабар доданд, ки дар доираи як амалиёт шаҳрвандони худро аз Сурия ба ватан баргардонданд. Зидди даҳҳо нафари онҳо бо ҷурми терроризм айб эълом карда шуд.

Дума расонаҳои хориҷиро ба дахолат дар умури Русия айбдор кард

Василий Пискарев.

Комиссияи Думаи давлатӣ барои тафтиши дахолати берунӣ дар умури Русия расонаҳои хориҷиро ба нақзи қонуни интихоботии ин кишвар айбдор кард. Дар ин бора "Интерфакс" бо истинод ба раиси комиссия Василий Пискарев иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Пискарёв, расонаҳои хориҷӣ қонуни интихоботро дар рӯзи хомӯшӣ, як рӯз пеш аз интихобот ва рӯзи интихоботи 8 сентябр нақз карданд. Ба навиштаи "Интерфакс", раиси комиссия бахши русии Радиои Озодӣ, телевизиони "Настояшее Время", "Садои Амрико", бахши русии Би-би-сӣ, "Медуза" ва "МБХ-Медиа"-ро мисол овардааст.

Пискарёв намуна наовард, ки расонаҳо чи гуна қонунро поймол кардаанд. Ҳоло Думаи давлатии Русия дар ин замина ба Роскомнадзор ва Додситонии кул шикоят бурданист.

Бар асоси қонунгузории Русия, дар рӯзи хомӯшӣ - як рӯз пеш ва рӯзи интихобот ҳамагуна таблиғоти интихоботӣ манъ аст. Расонаҳо то баста шудани дари марказҳои раъйдиҳӣ ҳаққи навиштан дар бораи натиҷаҳои интихоботро надоранд.

Дума аз дахолати эҳтимолии расонаҳои хориҷӣ ба умури дохилии Русия дар пасманзари эътирозҳо зидди роҳ наёфтани номзадҳои мустақил ба интихобот хабар медиҳад. Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейм Флай гуфт, амали комиссияи Дума барои тафтиши дахолат ба умури дохилии Русия ҳуқуқи шаҳрвандони ин кишварро ба дастрасии манобеи мустақили иттилоот зери хатар мегузорад.

Тавофуқи Амрико ва Туркия дар бораи оташбас дар шимоли Сурия

Муовини президенти Амрико пас аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, ду тараф ба сари оташбас дар шимоли шарқи Сурия ба тавофуқ расидаанд.

Майк Пенс шоми 17-уми октябр дар нишасти хабарӣ дар Анкара гуфт, амалиёти низомии Туркия ба муддати 120 соат (баробар ба панҷ рӯз) боздошта мешавад, то шибҳинизомиёни курд аз "хатти таъйин‌шуда", яъне беш аз 30-километрии марз бо Туркия ақибнишинӣ кунанд.

Баъд аз эълони ин хабар, Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия, гуфт, "ин оташбас нест", балки "таваққуфи муваққатии амалиёт аст". Вай дар нишасти хабарӣ дар Истанбул гуфт, "мо фақат метавонем ҳамлаҳоро то замоне ки унсурҳои террористӣ аз ин минтақа ақибнишинӣ кунанд, боздорем."

Туркия шибҳинизомиёни курд, маъруф бо номи "Ягонаҳои мудофеи халқ"-ро созмони террористӣ мехонад.

Дар ҳамин ҳол, президент Доналд Трамп тавофуқ бо Туркияро ба маънои "наҷоти ҷони миллионҳо нафар" донист ва дар паёме дар "Твиттер" аз Раҷаби Таййиб Эрдуғон ва ҳамчунин аз Майк Пенс ва Майк Помпео ташаккур кард.

Трамп дар рӯзҳои ахир ба хотири тасмимаш дар бораи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз шимоли Сурия ҳадафи интиқодҳои шадиде аз тарафи аъзои Ҳизби Демократ ва Ҳизби Ҷумҳурихоҳ будааст, ки бовар доранд, вай бо ин иқдом курдҳоро бе ҳимоят гузоштааст. Курдҳо дар набард ба зидди гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" муттаҳиди калидии Амрико буданд.

Амалиёти нерӯҳои Туркия дар шимоли Сурия рӯзи 9-уми октябр шуруъ шуд.

Вакилони тоҷик тарҳи қонуни афвро баррасӣ карданд. ВИДЕО

Ба эҳтимоли ғолиб вакилони мардумии Тоҷикистон ҳафтаи оянда тарҳи Қонуни афвро дар ҷаласаи порлумон баррасӣ мекунанд. Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки рӯзи 16-уми октябр дар ҷаласаи шӯрои маҷлис дар баробари чанд санади дигар тарҳи қонун “Дар бораи афв” баррасӣ шуд.

Дар баёнияи расмӣ аз рӯзи 17-уми октябр дар ин бора омадааст: "Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров хоса лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв»-ро муфассал шарҳу тавзеҳ дод” ва бо қарори Шӯро масъалаҳои мазкур ҷиҳати пешниҳоди хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон супорида шуданд."

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми октябр тарҳи қонуни нави авфро ба Маҷлиси намояндагон фиристод. Бар асоси ин санад, қарор аст дар Тоҷикистон, 20 ҳазор нафар аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва ё аз зиндон озод карда шаванд ва ё ҷазои баъзеҳо сабук ва парвандаи қисме дигар қатъ карда шавад.

Ҷаласаи Маҷлиси намояндагон рӯзи 23-уми октябр дар Душанбе баргузор мешавад. Дар сурати тасвиб, тарҳи қонун ба Маҷлиси миллӣ ва сипас барои имзо ба раиси ҷумҳур фиристода мешавад. Мақомот гуфтаанд, ки қонун бояд дар аввалҳои моҳи ноябр ҳукми иҷро бигирад.

20 ҳазор тоҷикистониро афв мекунанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сармояҳои барбодрафта? Шикваи онҳое, ки аз "Нури Раҳмон" хона мехостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00
XS
SM
MD
LG