Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Тавофуқи Амрико ва Туркия дар бораи оташбас дар шимоли Сурия

Муовини президенти Амрико пас аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, ду тараф ба сари оташбас дар шимоли шарқи Сурия ба тавофуқ расидаанд.

Майк Пенс шоми 17-уми октябр дар нишасти хабарӣ дар Анкара гуфт, амалиёти низомии Туркия ба муддати 120 соат (баробар ба панҷ рӯз) боздошта мешавад, то шибҳинизомиёни курд аз "хатти таъйин‌шуда", яъне беш аз 30-километрии марз бо Туркия ақибнишинӣ кунанд.

Баъд аз эълони ин хабар, Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия, гуфт, "ин оташбас нест", балки "таваққуфи муваққатии амалиёт аст". Вай дар нишасти хабарӣ дар Истанбул гуфт, "мо фақат метавонем ҳамлаҳоро то замоне ки унсурҳои террористӣ аз ин минтақа ақибнишинӣ кунанд, боздорем."

Туркия шибҳинизомиёни курд, маъруф бо номи "Ягонаҳои мудофеи халқ"-ро созмони террористӣ мехонад.

Дар ҳамин ҳол, президент Доналд Трамп тавофуқ бо Туркияро ба маънои "наҷоти ҷони миллионҳо нафар" донист ва дар паёме дар "Твиттер" аз Раҷаби Таййиб Эрдуғон ва ҳамчунин аз Майк Пенс ва Майк Помпео ташаккур кард.

Трамп дар рӯзҳои ахир ба хотири тасмимаш дар бораи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз шимоли Сурия ҳадафи интиқодҳои шадиде аз тарафи аъзои Ҳизби Демократ ва Ҳизби Ҷумҳурихоҳ будааст, ки бовар доранд, вай бо ин иқдом курдҳоро бе ҳимоят гузоштааст. Курдҳо дар набард ба зидди гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" муттаҳиди калидии Амрико буданд.

Амалиёти нерӯҳои Туркия дар шимоли Сурия рӯзи 9-уми октябр шуруъ шуд.

Вакилони тоҷик тарҳи қонуни афвро баррасӣ карданд. ВИДЕО

Ба эҳтимоли ғолиб вакилони мардумии Тоҷикистон ҳафтаи оянда тарҳи Қонуни афвро дар ҷаласаи порлумон баррасӣ мекунанд. Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки рӯзи 16-уми октябр дар ҷаласаи шӯрои маҷлис дар баробари чанд санади дигар тарҳи қонун “Дар бораи афв” баррасӣ шуд.

Дар баёнияи расмӣ аз рӯзи 17-уми октябр дар ин бора омадааст: "Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров хоса лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв»-ро муфассал шарҳу тавзеҳ дод” ва бо қарори Шӯро масъалаҳои мазкур ҷиҳати пешниҳоди хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон супорида шуданд."

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми октябр тарҳи қонуни нави авфро ба Маҷлиси намояндагон фиристод. Бар асоси ин санад, қарор аст дар Тоҷикистон, 20 ҳазор нафар аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва ё аз зиндон озод карда шаванд ва ё ҷазои баъзеҳо сабук ва парвандаи қисме дигар қатъ карда шавад.

Ҷаласаи Маҷлиси намояндагон рӯзи 23-уми октябр дар Душанбе баргузор мешавад. Дар сурати тасвиб, тарҳи қонун ба Маҷлиси миллӣ ва сипас барои имзо ба раиси ҷумҳур фиристода мешавад. Мақомот гуфтаанд, ки қонун бояд дар аввалҳои моҳи ноябр ҳукми иҷро бигирад.

20 ҳазор тоҷикистониро афв мекунанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Президенти собиқ аз муҳофизони давлатӣ маҳрум мешавад

Георгий Маргвелашвили бо ҷонпосонаш

Президенти пешини Гурҷистон Георгий Маргвелашвилӣ аз 16 декабр гирифта, бе муҳофиз гаштугузор хоҳад кард. Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, чизе ба амнияти ӯ таҳдид намекунад ва зарурат ба ҷонпосони давлатӣ дар миён нест. Маргвелашвилӣ аз ин тасмим эътироз кард ва мегӯяд, он "ангезаҳои сиёсӣ" дорад.

Вале мақомоти Гурҷистон гуфтаанд, ин тасмим пас аз қабул шудани қонуне гирифта шудааст, ки бар пояи он амнияти мансабдорони баландпоя, ба шумули президентҳо, пас аз як соли рафтан аз вазифа набояд аз тарафи давлат таъмин гардад. 16 декабр аз поёни кори Георгий Маргвелашвилӣ ҳамчун раисиҷумҳури Гурҷистон яксоли расо мегузарад.

Ҳамзамон дар қонунҳои ин кишвар гуфта мешавад, дар сурати ошкор шудани хатар ба ҷони президенти пешин, Хадамоти посбонии давлатӣ метавонад, ба шеваи истисноӣ амнияти ӯро бар душ гирад. Арзёбии амнияти мансабдоони пешини давлати Гурҷисттон ҳар чанд моҳ баргузор мегардад ва тасмими ниҳоӣ бар пояи натиҷаҳои он гирифта мешавад.

Ба фарқ аз Гурҷистон дар чандин кишвари дигари пасошӯравӣ давлат амнияти президентҳои собиқро якумрӣ таъмин менамояд. Бархе аз онҳо пас аз рафтан аз сари қудрат низ соҳиби дастгоҳи густардаи идорӣ, маоши баланд ва нуфуз дар умури давлатро дар ихтиёр хоҳанд дошт.

Дар нишасти Иттиҳоди Аврупо хуруҷи Бритониёро баррасӣ мекунанд

Борис Ҷонсон

Имрӯз дар Брюссел саммити дурӯзаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) шуруъ мешавад. Мавзуи меҳварии саммит - хуруҷи Бритониё аз ИА аст.

Аммо гуфтугӯҳо дар мавриди тарҳи нави созиши хуруҷи Бритониё ё ба истилоҳ Брекзит, ки рӯзҳои охир миёни Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо идома дошт, то субҳи 17 октябр бе натиҷа буд.

Дар ҳамин ҳол 19 октябр муҳлате ба поён мерасад, ки порлумони Бритониё ба сарвазири ин кишвар Борис Ҷонсон барои таҳияи созишнома дода буд. Агар ин созиш таҳия нашавад, Ҷонсон маҷбур аст, барои таъхири хуруҷи кишвараш аз ИА муҳлати иловагӣ дархост кунад.

Рӯзи чаҳоршанбе гуфтугӯҳо тамоми рӯз давом карданд. Шоми он рӯз хабар расид, ки матни созишнома тақрибан мувофиқа шудааст. Манобеи огоҳ гуфтанд, Бритониё гузаштҳои зиёде кардааст, аз ҷумла дар бораи марзҳои Ирландия.

Аммо намояндагони Ҳизби иттиҳоди демократии Ирландияи Шимолӣ мухолифи ин тарҳ аст. Бидуни раъйи онҳо Борис Ҷонсон наметавонад, ризоияти порлумонро дар мавриди созишномаи хуруҷ аз ИА дарёфт кунад. Аъзои Ҳизби иттиҳоди демократӣ субҳи рӯзи панҷшанбе иттилоъ доданд, ки шартҳои созишнома онҳоро қонеъ намекунад. Гуфтугӯҳо давом доранд.

Порлумони Бритониё тасмим дорад, натиҷаҳои гуфтугӯи саммити ИА-ро рӯзи шанбеи 19 октябр баррасӣ кунад.

Борис Ҷонсон борҳо ба такрор гуфтааст, ки Бритониё дар ҳар сурат 31 октябр аз ИА хориҷ мешавад.

Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон соли оянда баргузор мешавад

Раиси Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон Нурҷон Шайлдабекова

Интихоботи вакилони даъвати 8-уми порлумони Қирғизистон моҳи октябри соли оянда баргузор мешавад. Дар ин бора раиси Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон Нурҷон Шайлдабекова хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дар ду соли оянда дар Қирғизистон интихоботҳои маҳалливу шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Пештар аз ин бархе аз расонаҳо ва вакилон гуфта буданд, ки эҳтимол дорад, тирамоҳи соли ҷорӣ порлумон пароканда ва интихоботи ғайринавбатӣ баргузор шавад.

"Гуфтугӯҳо дар бораи пароканда кардани порлумон дар долонҳои "Кохи сафед" идома дорад, аммо ман бар ин назарам, ки амалӣ кардани ин тарҳ ба кишвар чизе намедиҳад, танҳо манфиатҳои афроди алоҳидаро бароварда мекунад", - навишта буд вакили порлумони Қирғизистон Достон Бекешев, рӯзи 20 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Аида Қосималиева, ноиб-раиси порлумон низ овозаҳои парокандашавии порлумонро тасдиқ кард.

"Баргузории интихобот дар баҳор ё тирамоҳи соли 2020 фарқи зиёде нахоҳад дошт. Ҳарчанд ин аз омилҳои зиёде вобаста аст, вақт нишон медиҳад. Ҳарчанд интихоботи пеш аз муҳлат "орзу"-и бархе аз масъулон аст. Аз ҳамон оғози порлумони кунунӣ дар ташвишанд", - навишт Аида Қосималиева дар саҳифаи Твиттер.

Муҳлати эътибори порлумони кунунии Қирғизистон тирамоҳи соли оянда ба поён мерасад.

Трамп бо ирсоли номае аз Эрдуғон хост, "аҳмақ набошад"

Доналд Трамп ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Дар рӯзи шуруи амалиёти низомии Туркия дар Сурия - 9 октябр - президенти ИМА Доналд Трамп ба ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон нома ирсол кардааст. Трамп бо ирсоли нома аз Эрдуғон хостааст, ки "аҳмақ набошад" ва "худро ҷавони ҷасур тасаввур накунад".

Дар ин нома Трамп Эрдуғонро бовар мекунонад, ки бо роҳбарияти курдҳои Сурия ба созиши мутақобилан судманд даст ёбад. Трамп ҳамчунин Эрдуғонро огоҳ месозад, ки дар сурати ҳамлаи артиши Туркия ба Сурия, президенти Туркия масъули қатли ҳазорон одам хоҳад буд. Президенти Амрико илова кардааст, ки иқтисоди Туркия дар натиҷаи таҳримҳои амрикоӣ "маҳв" хоҳад шуд.

Кохи сафед дурустии ин номаро тасдиқ кард.

Амалиёти низомии Туркия ба минтақаи курднишини Сурия 9 октябр шуруъ шуд. Ин амалиёт дуруст дар замоне оғоз гардид, ки артиши ИМА берунравӣ аз Сурияро шуруъ кард. Курдҳо барои кумаки низомӣ ба ҳукумати Сурия муроҷиат карданд.

Имрӯз, 17 октябр, мулоқоти ноиб-президенти ИМА Майк Пенс ва котиби давлатии ИМА Майк Помпео бо президенти Туркия дар назар аст. Ахиран Трамп бори дигар таҳдид кард, ки агар Анқара бо намояндагони Амрико созиш ҳосил накунад, зидди Туркия таҳрим ҷорӣ хоҳад кард.

Зафар Саидзода консул дар Екатеринбург ва Содиқ Имомӣ сафир дар Исроил шуд

Зафар Саидзода

Рӯзи 17-уми октябр дар чанде аз ниҳодҳо ва сафоратҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бар асоси амри раиси ҷумҳур, Зафар Саидзода аз мақоми мушовири президент озод ва консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия таъйин шудааст. Саидзода дар гузашта ба ҳайси сухангӯи президенти Тоҷикистон низ кор кардааст.

Бо амри дигар, Хуршед Зиёӣ муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон шудааст. Дар ин рӯз Исматулло Насриддин, сафири Тоҷикистон дар Покистон, ҳамзамон намояндаи расмии кишвар дар Бангладеш; Ардашер Қодирӣ сафири Тоҷикистон дар Индонезияву Тайланд, Султон Раҳимзода сафир дар Непал ва Шри-Ланка ва Содиқ Имомӣ сафири Тоҷикистон дар Узбекистон ва ҳамзамон намояндаи кишвар дар Исроил шудааст.

Ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон барои захмӣ кардани як пулис дар Бошқирдистон

Додгоҳи олии Бошқирдистон як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикикистонро ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва захмӣ кардани як корманди пулис, ба 15 сол зиндон маҳкум кардааст. Мақомоти додгоҳӣ номи ин шаҳрванди Тоҷикистонро ошкор накардаанд.

Расонаҳои Бошқирдистон рӯзи 16-уми октябр аз қавли масъулони додгоҳи минтақавӣ хабар додаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли гузашта дар як махфигоҳи шаҳри Дюртюли маводи мухаддирро дар ҳаҷми калон нигоҳ медоштааст. Ин амали ӯ аз тарафи кормандони пулис таҳти назорат қарор доштааст.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар вақти боздошташ бо зарбаи корд ба сина ва шиками корманди пулис задааст. Аз тарафи ҳамкори дигари пулис аз ин ҳамла ҷилавгирӣ шудааст.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар вақти мурофиа қисман гуноҳи худро эътироф кардааст. Додгоҳи Бошқирдистон ӯро ба 15 сол маҳкум намудааст.

Ҳамасола даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва зиндонӣ мешаванд. Ҳоло дар зиндонҳои Русия чанд ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон давраи ҷазои худро сипарӣ мекунанд, ки шуморе аз онҳо ба қочоқи маводи мухаддир айбдор шудаанд.

Номаи Конгресси Амрико ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Радиои Озодӣ

Ҳайати мушовараи озодии матбуоти Конгресси Амрико бо ирсоли номае ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз хабарҳо дар бораи озору азият, таҳдид ва шумори изтиробангези мавридҳои надодани иҷозатномаи фаъолияти кор (акредитасия) ба кормандони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, изҳори нигаронӣ кард.

Дар ин нома, ки аз тарафи намояндаи демократҳо Адам.Б.Счифф (Adam B. Schiff) ва ҷумҳурихоҳон Стив Чабот (Steve Chabot) имзо шудааст, гуфта мешавад, ки Конгресси Амрико, ҳамчун сармоягузори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки ҳадафаш рушди матбуоти озод ва мустақил аст, аз он нигарон аст, ки идома ёфтани чунин вазъият, "эҳтимолан ба муносибатҳои Амрико ва Тоҷикистон осеб расонад ва ба обрӯи Тоҷикистон латма занад".

Дар номаи Ҳайати мушовараи озодии матбуоти Конгресси Амрико аз рӯзи 9-уми октябр ишора шудааст, ки дар ҳоли ҳозир нӯҳ хабарнигору кормандони ёрирасони Бюрои Радиои Озодӣ дар Душанбе бинобар надоштани иҷозатномаи кор аз сӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, аз идомаи фаъолият маҳрум мебошанд.

Аз ҷумла се нафаре, ки нав истихдом шудаанд ва шаш нафари дигар, ба шумули раҳбари Бюро ва як нафари дигар аз соли 2017 ба ин сӯ, дар интизори дарёфти иҷозатнома кор аз сӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳастанд. Аз моҳи июни имсол наворбардор Бароталӣ Назаров (Барот Юсуфӣ) низ аз ҳаққи фаъолият маҳрум шуд. Дар ин нома гуфта мешавад, ки илова бар ин, иҷозатномаи фаъолияти боз 9 тан аз хабарнигорони Радиои Озодӣ сар аз 1-уми ноябр ба поён мерасад.

​Дар номаи аъзои Конгресси Амрико омадааст, ки Радиои Озодӣ дар бораи ҳар кишваре, ки гузориш медиҳад ва ҳар кишваре, ки дар он бюро дорад, меъёрҳои рӯзноманигориро риоя мекунад ва рисолати он пешниҳоди хабарҳои дуруст барои мухотабони маҳаллӣ аст.

"Мо нигаронем, ки иҷозатномаи кор (акредитасия) ҳамчун монеа ва талоше барои таъсир расонидан ба фаъолияти мустақили рӯзноманигории Радиои Озодӣ, истифода шавад. Тавоноии матбуот барои кори дақиқ ва мустақил, ҷузъи муҳими як ҷомеаи озод аст. Ҳифзи озодии матбуот дар саросари ҷаҳон барои ҳамаи мо як авлавияти муҳим аст",-омадааст дар ин нома.

Дар поёни ин нома аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хоста шудааст, ки итминон бидиҳад, ки ба Радиои Озодӣ иҷозаи фаъолият дода мешавад ва кормандони он ба зудӣ иҷозаи фаъолият дарёфт мекунанд.

Ин барои бори авал нест, ки раванди дарёфти иҷозатномаи кор боиси нигарониҳо мешавад. Дар соли 2016 низ пас аз нашри як мақола дар мавриди мақоми нави яке аз духтарони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати умури хориҷӣ, ин вазорат аккредитасияи шаш корманди Радиои Озодиро бозхонд карда буд.

Ҳамон сол намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот бо нашри як баёния, аз сӯи бархе кишварҳои аъзо истифода шудани акредитасия ҳамчун "иҷозаи кор" (work permit)-ро интиқод кард ва эълон намуд, ки акредитасия набояд ба унвони абзоре барои назорати муҳтаво хизмат кунад.

Ҳузури наздики 500 қирғизистонӣ дар урдугоҳҳои Сурия

Мирлан Тургунбоев, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфт, дар урдугоҳҳои Сурия наздики 500 қирғизистонӣ нигаҳдорӣ мешавад. Ба гуфтаи вай, музокираҳо барои баргардонии занону кӯдакон аз урдугоҳҳо ба Қирғизистон идома доранд.

"Корҳои шиносоии шахсияти шаҳрвандони мазкур идома доранд. Бештар аз 500 қирғизистонӣ дар урдугоҳҳо ва зиндонҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Талошҳо барои баргардонии онҳо давом дорад",-гуфт Тургунбоев.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки дар Қирғизистон бо роҳбарии ноиб-сарвазир Жениш Раззоқов гуруҳи корие барои баргардонии қирғизистониҳо аз Сурияву Ироқ таъсис шудааст. Гуфта мешавад, ки дар минтақаҳои ҷангии Ироқ 78 кӯдаки шаҳрвандони Қирғизистон қарор дорад, ки модаронашон дар зиндон ҳастанд.

Ба иттилои расмӣ, дар солҳои 2013-2014 наздики 800 қирғизистонӣ ба сафи ҷангҷӯёни Сурияву Ироқ пайвастаанд. Аз ин шумор 150 танашон зан буданд.

Интихоботи порлумонии Узбекистон $25 миллион харҷ дорад

Дар Узбекистон барои омодагӣ ва баргузории интихоботи порлумоние, ки моҳи декабри соли ҷорӣ дар назар аст, наздики 25 миллион доллар ҷудо мешавад. Дар ин бора Комисияи марказии интихоботии Узбекистон хабар дод.

Ин маблағ аз буҷаи давлат ҷудо ва ба тартиби зер харҷ мешавад:

- барои омодагӣ ва баргузории интихоботи Палатаи қонунгузори Маҷлиси олӣ 10,2 миллион доллар;

- барои омодагӣ ва баргузории интихоботи порлумонии Ҷумҳурии Қарақалпоқистон, маҷлисҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ 4,8 миллион доллар;

- барои баргузории чорабиниҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва маъракаи номзадҳо 4,9 миллион доллар;

ва 4,3 миллион доллари дигар барои хариди дастгоҳҳои зарурӣ, мол ва дигар хизматрасониҳои Комисияи марказии интихоботӣ.

Конгресс хуруҷи сарбозони Амрикоро аз шимоли Сурия маҳкум кард

Палатаи намояндагони ИМА бо аксари оро қатъномаеро ба тасвиб расонд, ки бурунрафти нерӯҳои амрикоиро аз шимоли Сурия маҳкум мекунад. Низомиёни амрикоӣ бо дастури президенти ИМА Доналд Трамп шимоли Сурияро тарк карданд.

Дар қатънома, аз ҷумла омадааст, ки Туркия бояд амалиёти низомии худро дар шимоли Сурия қатъ кунад. Конгрессменҳо ҳамчунин аз Кохи Сафед даъват карданд, ки нақшаи маҳви гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ)-ро пешниҳод кунад.

Тасмими Трампро барои берун бурдани сарбозони амрикоӣ аз шимоли Сурия ҳам намояндагони Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва ҳам демократҳо танқид карданд. Қонунгузорҳои амрикоӣ нигаронанд, ки ҷангиён дар минтақа дубора фаъол хоҳанд шуд. Пентагон низ гуфта буд, ки хатари дубора фаъол шудани ДИ вуҷуд дорад.

Президенти ИМА дар як нишасти хабарӣ дар Вашингтон изҳори умед кард, ки Туркия ва Сурия мушкили ба миён омадаро худ ҳал хоҳанд кард. Трамп ҳамчунин гуфт, Вашингтон низ ба ҳалли ин масъала кумак мекунад. Ба гуфтаи Трамп, ӯ аз мулоқоти президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ва муовини президенти ИМА Майк Пенс умеди зиёд дорад, ки қарор аст 17 октябр баргузор шавад. Трамп боз таҳдид кард, ки агар Эрдуғон ва Пенс ба созиш нарасанд, зидди Туркия таҳрим ҷорӣ мекунад.

Амалиёти низомии Туркия зидди гуруҳҳои курд дар шимоли Сурия 9 октябр оғоз шуд. Ин амали Анқараро дар Вашингтон танқид карданд, вале Трамп гуфт, ба он дахолат нахоҳад кард. ИМА аз курдҳо ба ҳайси ҳампаймони асосии худ дар мубориза бо ДИ ҳимоят мекунад.

Русия ҷазо барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонуниро сахттар кард. ВИДЕО

Думаи Давлатии Русия рӯзи 15-уми октябр қонунеро тасвиб кард, ки ҷавобгариро барои миёнравӣ дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ сахттар мекунад.

Созмонҳои миллатгаро дар Русия борҳо ба тарафдорӣ аз шадид шудани муҷозот барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ садо баланд кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, қонуни нав бештар онҳо ва намояндагони ҷамъиятҳоро ҳадаф қарор медиҳад.

Ин лоиҳаро Дума ё Маҷлиси шаҳри Маскав пешниҳод карда буд ва рӯзи сешанбе аз тарафи Маҷлиси федералӣ – Палатаи болоии Порлумони Русия тасдиқ шуд. Бар пояи иловаҳо дар Кодекси ҷиноӣ ва ҷиноӣ-мурофиавии Русия ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ бо як нишонии нав собит мешавад, ки он ҳам "суиистифода аз вазифаи хидматӣ" мебошад.

Акнун фарди муҷрим то 7 сол аз озодӣ маҳрум шуда, аз ӯ то ним миллион рубл ҷарима ситонида мешавад. Бар илова, то 3 сол боздошти маошу дигар намудҳои даромад пешбинӣ шудааст.

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия Каримҷон Ёров мегӯяд, чунин қонун пеш ҳам вуҷуд дошт, аммо ин дафъа ҷазо сахттар шудааст.

Ҷазо барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия сахттар шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Моҳи июл дар шаҳри Маскав муфаттишон ҳамроҳ бо хадамоти амнияти федералӣ 3 корманди раёсати умури муҳоҷиратро якҷо бо чанд мансабдори дигар бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир карда буданд. Тахмин мешавад, ки онҳо дар соли 2018 ба 190 муҳоҷир бо роҳи ғайриқонунӣ ба истилоҳ "регистратсия" фароҳам кардаанд.

Дар Лағмон 3 пулисро куштанд, 36 нафарро захмӣ карданд

Лағмон яке аз вилоятҳои ноороми Афғонистон аст.

Дар натиҷаи таркиши мошини бомбгузоришудае дар шарқи Афғонистон 3 афсари пулис кушта шудаанд ва 36 нафари дигар ба шумули 20 кӯдак ҷароҳат бардоштаанд. Таркиш рӯзи 16-уми октябр дар назди идораи пулис дар ноҳияи Алишанги вилояти Лағмон рух додааст.

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, дар натиҷаи таркиш қисме аз як мадрасаи динӣ вайрон шудааст. Асадулло Давлатзай, сухангӯи волии Лағмон гуфт, ки 20 нафар аз маҷрӯҳон донишҷӯён ҳастанд.

Ҳеҷ гуруҳе масъулияти таркишро бар ӯҳда нагирифтааст. Нусрат Раҳимӣ, ҳамларо кори дасти Толибон хонд. Афғонистон ҳоло мунтазири натиҷаҳои даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст, ки моҳи гузашта баргузор шуд. Интихобот ҳам ба ҳамлаву бомбгузориҳои Толибон ҳамроҳ буд.

Ду сарбози украинӣ аз тири нишонзанҳо кушта шудаанд

Акс аз бойгонӣ

Артиши Украина гуфт, дар 24 соати гузашта дар шарқи ҷангзадаи кишвар ду сарбозаш кушта ва як нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар нишасти хабарии рӯзи 15-уми октябр дар шаҳри Киев гуфтанд, ки дар миёни кушташудагон Ярослава Никоненкои 36-сола, як сарбози нерӯҳои хос ҳам будааст. Ба гуфтаи артиши Украина, ҳарду сарбоз аз тири нишонзан ба ҳалокат расидаанд.

Падари Ярослава, Сергей Никоненко низ соли 2015 дар ҷанги Донбас кушта шудааст. Дар умум дар моҳи октябр 7 низомии Украина дар шарқи кишвар ба ҳалокат расидаанд. Муноқиша дар инҷо дар моҳи апрели соли 2014 баъди ошӯби ҷудоиталабони тарафдори Русия оғоз ёфт.

Дар он сол ҷудоиталабон идораҳои ҳукуматӣ, милиса ва дигар ниҳодҳои амниятиро дар вилояти Донетск ва Луганск ишғол карданд. Аз аввали сол то кунун ба навиштаи вебсайти хабарии Сенсор.нет 90 сарбози украинӣ дар муноқишаҳо дар шарқи кишвар кушта шудаанд.

Амрико як бонки азими Туркияро ба ҷиноят муттаҳам кард

Аксари саҳмияҳои "Халқбанк" дар дасти давлати Туркия аст.

Додситонҳои Амрико як бонки бузурги Туркияро бо иттиҳоми нақш доштан дар канор задани таҳримоти Амрико ба зидди Эрон ба ҷиноят муттаҳам кардаанд. Додситонҳои Ню Йорк рӯзи 15-уми октябр гуфтанд, “Халқбанк”, ки саҳмияҳои зиёдаш мутаалиқи давлат аст, дар як шабакаи васеи печидае ҳамроҳ будааст, ки ба Эрон кӯмак мекардааст, ғайриқонунӣ миллиардҳо доллар даромади нафтро ба даст биёрад.

Ба гуфтаи додситонҳо, мақомоти баландпояи Эрону Туркия аз тарафи мақомоти баландпояи ҳарду кишвар пуштибонӣ мешудаанд. Ҷефрӣ Берман, додситони амрикоӣ гуфт, мудирони баландпояи “Халқбанк” “бешармона дар канори задани таҳримоти Амрико” ширкат кардаанд.

Ба қавли додситонҳо, бонки туркӣ бахусус дар солҳои 2012 то соли 2016 ба Эрон кӯмак кардааст, бар хилофи таҳримоти Амрико даромади нафту газро дар бозорҳои байналмилалӣ вориди муомила кунад. Яке аз мудирони собиқи “Халқбанк” Маҳмад Ҳоқон Атиллоро соли гузашта бо гуноҳҳои шабеҳ ба зиндон маҳкум карданд.

Фиристодаҳои Амрико ба Туркия мераванд

Инҷо шаҳри Рас ал Оини Сурия аст, ки нерӯҳои Туркия онҷо амалиёт мебаранд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, муовин ва ду дипломати баландпоя ва мушовири амниятиашро ба Анкара мефиристад, то аз Туркия бихоҳанд, ки амалиёташ дар шимолушарқи Сурияро қатъ кунад. Айни замон Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, ҳеҷ гоҳ амри оташбас намедиҳад. Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳур, Майк Помпео, вазири умури хориҷӣ, Роберт О Брайен, мушовири амниятӣ миллӣ рӯзи 16-уми октябр ба Анкара мераванд.

Пештар аз ин дафтари Майк Пенс гуфт, ки ӯ рӯзи 17-уми октябр бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфтугу мекунад ва ба раиси ҷумҳур мерасонад, ки “фавран созиши оташбас эълон карда, шароитро барои роҳи ҳалли мусолиматомез фароҳам кунад.” Айни замон, Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳангоми бозгашт аз Озарбойҷон ба хабарнигорон гуфт: “Онҳо ба мо мегӯянд, ки оташбас эълон кунем. Мо ҳеҷ гоҳ оташбас эълон намекунем.”

Ду рӯз пеш аз сафари ҳайати Амрико барои оғози амалиёт дар шимолушарқи Сурия ба зидди се узви ҳукумати Туркия таҳримот эъмол кард ва боҷи фулузоти воридотии кишварро боло бурд. Туркия ҳафтаи гузашта бо мақсади танг кардани Қувваҳои Демократии Сурия таҳти раҳбарии курдҳо аз минтақаи марзӣ, амалиёт оғоз кард. Туркия Ягонаҳои муҳофизати халқи курдҳоро созмони террористӣ медонад.

Зиндон ба ҷои ҷарима. Ҷазо барои шиканҷа дар Тоҷикистон сахттар шуд

Ба дунболи интиқоди зиёд аз рафтори маъмурони амниятӣ ва милиса дар Тоҷикистон, вакилони мардумӣ ҷазо барои бадрафторӣ ва шиканҷа ба муттаҳамон ба ҷиноятро сахттар карданд. Баъди ислоҳи Кодекси ҷиноӣ, акнун онҳое, ки даст ба шиканҷа мезананд, аз 2 то 15 сол ба зиндон маҳкум мешаванд.

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 16-уми октябр тағйироти пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноиро қабул кард. Мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, ин тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ бар асоси тавсияҳои Барномаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид ворид карда шудааст.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 16-уми октябр дар ҷаласаи порлумон гуфт, "ҳар нафар, хоҳ намояндаи мақомоти давлатӣ ё ғайри он, даст ба шиканҷа мезанад, ҷазои сангин дар интизораш хоҳад буд". Ба ин тартиб, пардохти ҷарима аз Кодекси ҷиноӣ берун шуда, ба айбдоршавандаҳо маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Бар асоси тағйироте, ки ворид карда шуд, мақомдороне, ки даст ба ҷиноят мезананд, баъд аз адои ҳукми додгоҳ аз 10 то 15 сол ҳаққи фаъолият дар идораҳо ё муассисаҳоро надоранд. Ба гуфтаи вазири адлияи Тоҷикистон, ворид кардани тағйирот дар Кодекси ҷиноӣ як ҳушдор ба доираҳое мебошад, ки даст ба зӯроварӣ ва шиканҷа мезананд. Аммо коршиносон мегӯянд, дар зиндагии воқеӣ ин модда дар ҳолатҳои хеле кам татбиқ мешавад.

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки ҳодисаҳои бадрафторӣ бо боздоштшудаҳову зиндониҳоро назорат мекунад, мегӯяд, дар солҳои 2011-2015 беш аз 200 ҳодисаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро сабт кардаанд. Бар асоси 16 парвандаи ҷиноӣ бо ёрии фаъолони ҳуқуқ 25 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико аз 13 марти соли ҷорӣ гуфта шудааст, бо ин ки Қонуни асосии Тоҷикистон истифодаи шиканҷаро манъ мекунад ва дар Кодекси ҷиноӣ моддаи ҷудогонаи ҷазо барои шиканҷа ворид шудааст, хабарҳои зиёде дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ дар ҷараёни бозпурсиҳо нашр мешаванд.

Дар давоми шаш моҳи аввали соли 2018 ба номи Додситонии кулли Тоҷикистон 37 шикоят аз шиканҷа ворид шудааст, ки 16 ҳодисаро дар се моҳи аввали сол Эътилофи зидди шиканҷа сабт кардааст.

Пулиси Душанбе гуфт, муноқиша миёни ҷавонон боиси нигаронии ҷиддӣ аст

Пулиси Душанбе дар пайи ду ҳодисаи кордзандӣ дар миёни донишҷӯёни пойтахт, ки бо марги як нафар анҷомид, амалиёти шартии "корд"-ро шуруъ кардааст. Дафтари матбуоти пулиси Душанбе гуфт, амалиёти мазкур бо талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифт ва ҳадаф аз он монеъ шудан ба муноқишаҳои гуруҳии ноболиғону ҷавонон аст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни амалиёти "Корд" аз чаҳор нафар сокини пойтахт кордҳои дудама (финка) дарёфт карда онҳоро ба ҳабси маъмурӣ гирифтаанд. Мақомоти пулиси Душанбе гуфтанд, ҳатто аз хонандагони мактаби миёна низ корд ва воситаҳои махсуси барқдиҳанда (электрошокер) пайдо кардаанд.

Мақомот дар ҳоле ба ҷустуҷӯи корд дар миёни ҷавонон шуруъ кардаанд, ки ҳафтаи гузашта як донишҷӯи Донишгоҳи тиҷоратӣ дар пайи муноқиша ҷон дод. Дилмурод Фозилов, ки ҳамагӣ як моҳ қабл таҳсилро дар ин донишгоҳ шурӯъ карда буд, субҳи 8-уми октябр дар роҳ ба дарс аз захми корд кушта шуд. Мақомот дар ин кор донишҷӯйи дигари Донишгоҳи тиҷорат Убайдулло Қурбонови 18-соларо гумонбар медонанд. Инчунин мақомот гуфтанд, як донишҷӯи Донишгоҳи аграриро низ барои кордзанӣ дастгир кардаанд.

Масъулини Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар як муроҷиатнома ба сокинони пойтахт гуфтанд, "афзоиши содиршавии авбошиҳои гурӯҳӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон бо истифода аз корд ва дигар силоҳҳои сард" боиси нигаронии ҷиддии мақомот ва сокинон шудааст.

Назарбоев дар саммити Шӯрои туркон дар Боку ҷоиза гирифт

Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон дар саммити Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон, ки дар пойхтахти Озарбойҷон баргузор шуд, ширкат варзид. Айдос Укибой, сухангӯи Назарбоев хабар дод, ки дар ҷараёни ҷаласаи Шӯро ба Назарбоев ордени Ҷаҳони туркӣ доданд.

Назарбоев мақоми раиси мудовими Шӯрои туркиро дорад. Ин мақом ба вай бо ташаббуси Туркия дода шудааст.

Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон, ки ҳамчунин бо номи Шӯрои туркӣ машҳур аст, моҳи октябри соли 2009 таъсис шуд. Дар ин Шӯро айни ҳол Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Узбекистон шомил ҳастанд.

Нурсултон Назарбоеви 79-сола моҳи марти соли ҷорӣ аз мақоми президентӣ истеъфо дод. Аммо вай раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон ва раиси ҳизби ҳокими кишвараш боқӣ мондааст.

Созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ Назарбоевро дар замони роҳбарияш борҳо барои поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандони Қазоқистон ва озодии баён дар он кишвар танқид карда буданд.

"Росатом": Гуфтугӯҳои сохтмони неругоҳи атомӣ дар Узбекистон содда нестанд

Гуфтугӯҳои миёни "Росатом" ва ҳукумати Узбекистон оиди сохтмони неругоҳи атомӣ содаву осон намегузаранд. Дар ин бора рӯзи 14 октябр Алексей Лихачев, раиси "Росатом" хабар дод.

"Гуфтугӯҳо осон нестанд, зеро арзиши неругоҳро муайян кардан муҳим аст. Ва ин дақиқан аз ду марҳила иборат хоҳад буд",-гуфт Лихачев.

Алексей Лихачев 3 сентябр дар шаҳри Тошканд гуфта буд, ки сохтмони неругоҳи атомӣ дар Узбекистон соли 2020 шуруъ мешавад. Аммо расонаҳо менависанд, ин сохтмон соли 2022 оғоз хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир ширкати русии «Aтомстройэкспорт» дар наздикии кӯли Тузкан дар вилояти Ҷиззахи Узбекистон корҳои омодагӣ ба сохтмони неругоҳро анҷом медиҳад.

Ҳанӯз 19 октябри соил 2018 президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои русаш Владимир Путин ба сохтмони нахустин неругоҳи атомӣ дар Узбекистон оғоз бахшида буданд.

Узбекистониҳои урдугоҳҳои Сурия аз асорати артиши Асад тарс доранд

Шаҳрвандони Узбекистон, ки дар урдугоҳҳои "Ал-Хол" ва "Роҷ"-и шимолу шарқи Сурия қарор доранд, аз асир афтодан ба дасти артиши президенти он кишвар Башор Асад тарс доранд. Ба гуфтаи як зани узбекистонӣ, баъди шуруъи амалиёти низомии Туркия дар шимоли шарқи Сурия, дар урудгоҳҳо соати қуюд эълом шудааст.

Ин зан ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, 13 октябр хабар расид, ки курдҳо бо артиши Асад созиш кардаанд. "Ин хабар моро (аъзоёни пешини гуруҳи "Давлати исломӣ") тарс додааст. Овозаҳое ҳаст, ки моро ба ихтиёри Асад медиҳанд", - гуфт вай.

Чанд зани дигар, ки дар урдугоҳи "Роҷ" қарор доранд, низ аз ин пешомади эҳтимолӣ тарс доранд. "Мо садои тиру тӯпи артиши Туркияро мешунавем. Интизорем, ки зудтар омада моро асир гиранд. Дар сурати ғайр, курдҳо метавонанд, моро ба ихтиёри артиши Асад гузоранд, ки онҷо мо ва кӯдакони моро марг интизор аст", - гуфт як зани дигари узбекистонӣ.

Амалиёти Туркия дар Сурия 9 октябр шуруъ шуд. Ин амалиёт номи "Манбаи сулҳ"-ро гирифтааст. Мақомоти Туркия мегӯянд, зидди гуруҳҳои террористӣ мубориза мебаранд.

Ба гуфтаи занони узбекистонӣ, дар урдугоҳи "Ал-Хол" айни ҳол наздики 50 зан аз Узбекистон ва бештар аз 100 кӯдак ва дар урдугоҳи "Роҷ" бештар аз 30 зан ва наздики 100 кӯдак қарор дорад.

Ҳамаи ин занон ҳамсарони аъзои пешини гуруҳи "Давлати исломӣ" ҳастанд.

Вакилони дифоъ аз ҳабс озод шудани Отамбоевро талаб карданд

Вакилони дифои президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар мурофиаи нахустини парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани саркардаи олами ҷиноӣ Азиз Батукаев аз додгоҳ хостанд, ки шахси зери ҳимояи онҳоро аз ҳабс озод кунад.

Ба иттилои вакили дифои президенти пешини Қирғизистон Замир Жоошев, додгоҳ ҳар дуи дархостҳоро рад кард. Додситон Медербек Абдишев гуфт, ҳукми ҳабси гумонбар дар ҳоле тағйир дода мешавад, ки вазъи сиҳатии ӯ бад шавад ва табибон онро тасдиқ кунанд.

Жоошев гуфт, мурофиаи навбатӣ 16 октябр баргузор ва дар он масъалаи бекор кардани муҳри махфии яке аз ҷилдҳои парванда баррасӣ хоҳад шуд. Дар ҷилди мазкур баёноти Шамил Атаханов ва як табиб аст.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 15 октябр баррасии парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани Батукаевро бе иштироки Отамбоев оғоз кард. Пештар мурофиа ду бор ба далели ҳозир нашудани Отамбоев ба додгоҳ ба таъхир гузошта шуданд.

Соли 2013 додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар асоси ташхиси табибон қарори пеш аз муҳлат озод кардани Азиз Батукаевро қабул кард. Батукаев ҳамон рӯзи озодшавиаш аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин ҳодиса баҳси густардаеро ба миён овард.

Дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани Батукаев зидди як қатор мансабдорони вақти қирғиз тафтишот оғоз шудааст. Дар миёни онҳо вазири пешини тандурустӣ Динара Сагинбаева, мушовири пешини раҳбари Хадамоти зиндонҳо Калибек Качкиналиев, муовини пешини сарвазир Шомил Атахонов, додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Салянова ва чандин табиб низ ҳастанд.

Дар робита ба озодии Батукаев зидди президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ айб эълом шуд.

Дар Туркманистон бемории гепатит афзоиш ёфтааст

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, дар вилоятҳои Лебап, Дашоғуз ва Ахали Туркманистон шумори гирифторони бемории гепатит афзоиш ёфтааст.

"Дар Дашоғуз дар ҳоли ҳозир аз бемории гепатити А асосан наврасон ва кӯдакон ранҷ мебаранд. Шумори одамони калонсоли гирифтор ба он хеле кам аст. Бори охир се сол пеш ин беморӣ дар миёни сокинони Лебап густариш ёфта буд", - афзуд хабарнигор.

Хабарнигори радио тавонист дар ин замина бо табибон ва сокинони маҳаллии Дашоғуз суҳбат кунад. "Беморӣ бо сулфа, табъ ва зуком оғоз мешавад. Сипас ранги пуст зард мегардад. Билирубини бархе аз кӯдакон то ба 120 боло хоҳад рафт", - иттилоъ дод хабарнигор.

Як табиб аз Дашоғуз ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ҳолатҳое низ мавҷуд аст, ки сокинон аз бемории мазкур ба ҳалокат расидаанд. "Дар беморхонаҳо дору нест. Вақте вазъи бемор вазнинтар бошад табибон доруи "Гептрал" тавсия медиҳанд, ки 600 манат арзиш дорад ва на ҳама сокинон дар чунин вазъи фақри сартосарӣ метавонанд онро харанд. Дар бораи сирояти бемории гепатит расман гап задан манъ аст", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи табиб, аз моҳи августи соли равон ба ин сӯ ҳолатҳои гирифтор шудан ба гепатит афзоиш ёфтааст.

Мақомоти Туркманистон ва расонаҳои расмии ин кишвар дар ин замина хабар намедиҳанд.

Боздошти раиси дастгоҳи ҳокимияти Мастчоҳ дар як амалиёти вижа

Акс аз бойгонӣ

Кормандони Оҷонсии зидди фасод рӯзи 15-уми октябр дар як амалиёти вижа роҳбари дастгоҳи ҳокимияти ноҳияи Мастчоҳ Муҳаммад Идизодаро бо гумони гирифтани ришва боздошт кардаанд. Наздикони ӯ мегӯянд, номбурда ҳамагӣ ним сол пеш ба ин мақом таъйин шуда, дасти пок дошт ва ин боздошт зимни туҳмат анҷом ёфтааст.

Аммо як манбаъ дар Оҷонсии зидди фасод гуфт, Муҳаммад Идизода бар пояи баёноти як шаҳрванд боздошт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як шоҳиди воқеа ба Радиои Озодӣ гуфт, амалиёти кормандони Оҷонсии зидди фасод бо дуруштӣ ва зиёдаравӣ ҷараён ёфта, дар оғози он чанд нафар аз кормандони дастгоҳ ва корафтодагоне, ки ба идораи ҳокимияти ноҳия омада буданд, боздошт шудаанд.

"Сипас баъди дастгир шудани роҳбари дастгоҳ дигарон раҳо гардиданд ва М. Идизодаро дар коргоҳаш як муддат бозпурсӣ карданд. Вай дар гирифтани пора дар ҳаҷми калон муттаҳам гашта, боздошт ва ба шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд", -- афзуд мусоҳиби мо.

Намояндаи Оҷонсии зидди фасод, ба шарти ифшо нашудани номаш ин хабарро тасдиқ кард ва афзуд, дар боздошти Муҳаммад Идизода 11 корманди ин ниҳод иштирок кардаанд, аммо зиёдравие аз ҷониби онҳо сурат нагирифтааст.

Намояндаи оҷонсӣ аз баёни тафсилоти бештар худдорӣ намуд ва ҳамчунин нагуфт, ки боздоштшуда ба гирифтани чӣ миқдор ришва гумонбар мешавад. Вале шоҳиди воқеа ба Радиои Озодӣ гуфт, гумон меравад, Муҳаммад Идизода ҳангоми гирифтани 25 000 сомонӣ пора боздошт шудааст.

Ин дувумин мавриди боздошти мансабдорони ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ дар як соли охир аст. Се моҳ пеш мудири шуъбаи рушди иҷтимоии ҳукумати ин ноҳия бо гумони қаллобӣ боздошт шуда буд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Ваъдаи кор дар Чехия дурӯғ баромад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00
XS
SM
MD
LG