Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Русия ҷазо барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонуниро сахттар кард. ВИДЕО

Думаи Давлатии Русия рӯзи 15-уми октябр қонунеро тасвиб кард, ки ҷавобгариро барои миёнравӣ дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ сахттар мекунад.

Созмонҳои миллатгаро дар Русия борҳо ба тарафдорӣ аз шадид шудани муҷозот барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ садо баланд кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, қонуни нав бештар онҳо ва намояндагони ҷамъиятҳоро ҳадаф қарор медиҳад.

Ин лоиҳаро Дума ё Маҷлиси шаҳри Маскав пешниҳод карда буд ва рӯзи сешанбе аз тарафи Маҷлиси федералӣ – Палатаи болоии Порлумони Русия тасдиқ шуд. Бар пояи иловаҳо дар Кодекси ҷиноӣ ва ҷиноӣ-мурофиавии Русия ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ бо як нишонии нав собит мешавад, ки он ҳам "суиистифода аз вазифаи хидматӣ" мебошад.

Акнун фарди муҷрим то 7 сол аз озодӣ маҳрум шуда, аз ӯ то ним миллион рубл ҷарима ситонида мешавад. Бар илова, то 3 сол боздошти маошу дигар намудҳои даромад пешбинӣ шудааст.

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия Каримҷон Ёров мегӯяд, чунин қонун пеш ҳам вуҷуд дошт, аммо ин дафъа ҷазо сахттар шудааст.

Ҷазо барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия сахттар шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Моҳи июл дар шаҳри Маскав муфаттишон ҳамроҳ бо хадамоти амнияти федералӣ 3 корманди раёсати умури муҳоҷиратро якҷо бо чанд мансабдори дигар бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир карда буданд. Тахмин мешавад, ки онҳо дар соли 2018 ба 190 муҳоҷир бо роҳи ғайриқонунӣ ба истилоҳ "регистратсия" фароҳам кардаанд.

Дар Лағмон 3 пулисро куштанд, 36 нафарро захмӣ карданд

Лағмон яке аз вилоятҳои ноороми Афғонистон аст.

Дар натиҷаи таркиши мошини бомбгузоришудае дар шарқи Афғонистон 3 афсари пулис кушта шудаанд ва 36 нафари дигар ба шумули 20 кӯдак ҷароҳат бардоштаанд. Таркиш рӯзи 16-уми октябр дар назди идораи пулис дар ноҳияи Алишанги вилояти Лағмон рух додааст.

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, дар натиҷаи таркиш қисме аз як мадрасаи динӣ вайрон шудааст. Асадулло Давлатзай, сухангӯи волии Лағмон гуфт, ки 20 нафар аз маҷрӯҳон донишҷӯён ҳастанд.

Ҳеҷ гуруҳе масъулияти таркишро бар ӯҳда нагирифтааст. Нусрат Раҳимӣ, ҳамларо кори дасти Толибон хонд. Афғонистон ҳоло мунтазири натиҷаҳои даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст, ки моҳи гузашта баргузор шуд. Интихобот ҳам ба ҳамлаву бомбгузориҳои Толибон ҳамроҳ буд.

Ду сарбози украинӣ аз тири нишонзанҳо кушта шудаанд

Акс аз бойгонӣ

Артиши Украина гуфт, дар 24 соати гузашта дар шарқи ҷангзадаи кишвар ду сарбозаш кушта ва як нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар нишасти хабарии рӯзи 15-уми октябр дар шаҳри Киев гуфтанд, ки дар миёни кушташудагон Ярослава Никоненкои 36-сола, як сарбози нерӯҳои хос ҳам будааст. Ба гуфтаи артиши Украина, ҳарду сарбоз аз тири нишонзан ба ҳалокат расидаанд.

Падари Ярослава, Сергей Никоненко низ соли 2015 дар ҷанги Донбас кушта шудааст. Дар умум дар моҳи октябр 7 низомии Украина дар шарқи кишвар ба ҳалокат расидаанд. Муноқиша дар инҷо дар моҳи апрели соли 2014 баъди ошӯби ҷудоиталабони тарафдори Русия оғоз ёфт.

Дар он сол ҷудоиталабон идораҳои ҳукуматӣ, милиса ва дигар ниҳодҳои амниятиро дар вилояти Донетск ва Луганск ишғол карданд. Аз аввали сол то кунун ба навиштаи вебсайти хабарии Сенсор.нет 90 сарбози украинӣ дар муноқишаҳо дар шарқи кишвар кушта шудаанд.

Амрико як бонки азими Туркияро ба ҷиноят муттаҳам кард

Аксари саҳмияҳои "Халқбанк" дар дасти давлати Туркия аст.

Додситонҳои Амрико як бонки бузурги Туркияро бо иттиҳоми нақш доштан дар канор задани таҳримоти Амрико ба зидди Эрон ба ҷиноят муттаҳам кардаанд. Додситонҳои Ню Йорк рӯзи 15-уми октябр гуфтанд, “Халқбанк”, ки саҳмияҳои зиёдаш мутаалиқи давлат аст, дар як шабакаи васеи печидае ҳамроҳ будааст, ки ба Эрон кӯмак мекардааст, ғайриқонунӣ миллиардҳо доллар даромади нафтро ба даст биёрад.

Ба гуфтаи додситонҳо, мақомоти баландпояи Эрону Туркия аз тарафи мақомоти баландпояи ҳарду кишвар пуштибонӣ мешудаанд. Ҷефрӣ Берман, додситони амрикоӣ гуфт, мудирони баландпояи “Халқбанк” “бешармона дар канори задани таҳримоти Амрико” ширкат кардаанд.

Ба қавли додситонҳо, бонки туркӣ бахусус дар солҳои 2012 то соли 2016 ба Эрон кӯмак кардааст, бар хилофи таҳримоти Амрико даромади нафту газро дар бозорҳои байналмилалӣ вориди муомила кунад. Яке аз мудирони собиқи “Халқбанк” Маҳмад Ҳоқон Атиллоро соли гузашта бо гуноҳҳои шабеҳ ба зиндон маҳкум карданд.

Фиристодаҳои Амрико ба Туркия мераванд

Инҷо шаҳри Рас ал Оини Сурия аст, ки нерӯҳои Туркия онҷо амалиёт мебаранд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, муовин ва ду дипломати баландпоя ва мушовири амниятиашро ба Анкара мефиристад, то аз Туркия бихоҳанд, ки амалиёташ дар шимолушарқи Сурияро қатъ кунад. Айни замон Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, ҳеҷ гоҳ амри оташбас намедиҳад. Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳур, Майк Помпео, вазири умури хориҷӣ, Роберт О Брайен, мушовири амниятӣ миллӣ рӯзи 16-уми октябр ба Анкара мераванд.

Пештар аз ин дафтари Майк Пенс гуфт, ки ӯ рӯзи 17-уми октябр бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфтугу мекунад ва ба раиси ҷумҳур мерасонад, ки “фавран созиши оташбас эълон карда, шароитро барои роҳи ҳалли мусолиматомез фароҳам кунад.” Айни замон, Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳангоми бозгашт аз Озарбойҷон ба хабарнигорон гуфт: “Онҳо ба мо мегӯянд, ки оташбас эълон кунем. Мо ҳеҷ гоҳ оташбас эълон намекунем.”

Ду рӯз пеш аз сафари ҳайати Амрико барои оғози амалиёт дар шимолушарқи Сурия ба зидди се узви ҳукумати Туркия таҳримот эъмол кард ва боҷи фулузоти воридотии кишварро боло бурд. Туркия ҳафтаи гузашта бо мақсади танг кардани Қувваҳои Демократии Сурия таҳти раҳбарии курдҳо аз минтақаи марзӣ, амалиёт оғоз кард. Туркия Ягонаҳои муҳофизати халқи курдҳоро созмони террористӣ медонад.

Зиндон ба ҷои ҷарима. Ҷазо барои шиканҷа дар Тоҷикистон сахттар шуд

Ба дунболи интиқоди зиёд аз рафтори маъмурони амниятӣ ва милиса дар Тоҷикистон, вакилони мардумӣ ҷазо барои бадрафторӣ ва шиканҷа ба муттаҳамон ба ҷиноятро сахттар карданд. Баъди ислоҳи Кодекси ҷиноӣ, акнун онҳое, ки даст ба шиканҷа мезананд, аз 2 то 15 сол ба зиндон маҳкум мешаванд.

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 16-уми октябр тағйироти пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноиро қабул кард. Мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, ин тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ бар асоси тавсияҳои Барномаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид ворид карда шудааст.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 16-уми октябр дар ҷаласаи порлумон гуфт, "ҳар нафар, хоҳ намояндаи мақомоти давлатӣ ё ғайри он, даст ба шиканҷа мезанад, ҷазои сангин дар интизораш хоҳад буд". Ба ин тартиб, пардохти ҷарима аз Кодекси ҷиноӣ берун шуда, ба айбдоршавандаҳо маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Бар асоси тағйироте, ки ворид карда шуд, мақомдороне, ки даст ба ҷиноят мезананд, баъд аз адои ҳукми додгоҳ аз 10 то 15 сол ҳаққи фаъолият дар идораҳо ё муассисаҳоро надоранд. Ба гуфтаи вазири адлияи Тоҷикистон, ворид кардани тағйирот дар Кодекси ҷиноӣ як ҳушдор ба доираҳое мебошад, ки даст ба зӯроварӣ ва шиканҷа мезананд. Аммо коршиносон мегӯянд, дар зиндагии воқеӣ ин модда дар ҳолатҳои хеле кам татбиқ мешавад.

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки ҳодисаҳои бадрафторӣ бо боздоштшудаҳову зиндониҳоро назорат мекунад, мегӯяд, дар солҳои 2011-2015 беш аз 200 ҳодисаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро сабт кардаанд. Бар асоси 16 парвандаи ҷиноӣ бо ёрии фаъолони ҳуқуқ 25 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико аз 13 марти соли ҷорӣ гуфта шудааст, бо ин ки Қонуни асосии Тоҷикистон истифодаи шиканҷаро манъ мекунад ва дар Кодекси ҷиноӣ моддаи ҷудогонаи ҷазо барои шиканҷа ворид шудааст, хабарҳои зиёде дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ дар ҷараёни бозпурсиҳо нашр мешаванд.

Дар давоми шаш моҳи аввали соли 2018 ба номи Додситонии кулли Тоҷикистон 37 шикоят аз шиканҷа ворид шудааст, ки 16 ҳодисаро дар се моҳи аввали сол Эътилофи зидди шиканҷа сабт кардааст.

Пулиси Душанбе гуфт, муноқиша миёни ҷавонон боиси нигаронии ҷиддӣ аст

Пулиси Душанбе дар пайи ду ҳодисаи кордзандӣ дар миёни донишҷӯёни пойтахт, ки бо марги як нафар анҷомид, амалиёти шартии "корд"-ро шуруъ кардааст. Дафтари матбуоти пулиси Душанбе гуфт, амалиёти мазкур бо талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифт ва ҳадаф аз он монеъ шудан ба муноқишаҳои гуруҳии ноболиғону ҷавонон аст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни амалиёти "Корд" аз чаҳор нафар сокини пойтахт кордҳои дудама (финка) дарёфт карда онҳоро ба ҳабси маъмурӣ гирифтаанд. Мақомоти пулиси Душанбе гуфтанд, ҳатто аз хонандагони мактаби миёна низ корд ва воситаҳои махсуси барқдиҳанда (электрошокер) пайдо кардаанд.

Мақомот дар ҳоле ба ҷустуҷӯи корд дар миёни ҷавонон шуруъ кардаанд, ки ҳафтаи гузашта як донишҷӯи Донишгоҳи тиҷоратӣ дар пайи муноқиша ҷон дод. Дилмурод Фозилов, ки ҳамагӣ як моҳ қабл таҳсилро дар ин донишгоҳ шурӯъ карда буд, субҳи 8-уми октябр дар роҳ ба дарс аз захми корд кушта шуд. Мақомот дар ин кор донишҷӯйи дигари Донишгоҳи тиҷорат Убайдулло Қурбонови 18-соларо гумонбар медонанд. Инчунин мақомот гуфтанд, як донишҷӯи Донишгоҳи аграриро низ барои кордзанӣ дастгир кардаанд.

Масъулини Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар як муроҷиатнома ба сокинони пойтахт гуфтанд, "афзоиши содиршавии авбошиҳои гурӯҳӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон бо истифода аз корд ва дигар силоҳҳои сард" боиси нигаронии ҷиддии мақомот ва сокинон шудааст.

Назарбоев дар саммити Шӯрои туркон дар Боку ҷоиза гирифт

Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон дар саммити Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон, ки дар пойхтахти Озарбойҷон баргузор шуд, ширкат варзид. Айдос Укибой, сухангӯи Назарбоев хабар дод, ки дар ҷараёни ҷаласаи Шӯро ба Назарбоев ордени Ҷаҳони туркӣ доданд.

Назарбоев мақоми раиси мудовими Шӯрои туркиро дорад. Ин мақом ба вай бо ташаббуси Туркия дода шудааст.

Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон, ки ҳамчунин бо номи Шӯрои туркӣ машҳур аст, моҳи октябри соли 2009 таъсис шуд. Дар ин Шӯро айни ҳол Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Узбекистон шомил ҳастанд.

Нурсултон Назарбоеви 79-сола моҳи марти соли ҷорӣ аз мақоми президентӣ истеъфо дод. Аммо вай раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон ва раиси ҳизби ҳокими кишвараш боқӣ мондааст.

Созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ Назарбоевро дар замони роҳбарияш борҳо барои поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандони Қазоқистон ва озодии баён дар он кишвар танқид карда буданд.

"Росатом": Гуфтугӯҳои сохтмони неругоҳи атомӣ дар Узбекистон содда нестанд

Гуфтугӯҳои миёни "Росатом" ва ҳукумати Узбекистон оиди сохтмони неругоҳи атомӣ содаву осон намегузаранд. Дар ин бора рӯзи 14 октябр Алексей Лихачев, раиси "Росатом" хабар дод.

"Гуфтугӯҳо осон нестанд, зеро арзиши неругоҳро муайян кардан муҳим аст. Ва ин дақиқан аз ду марҳила иборат хоҳад буд",-гуфт Лихачев.

Алексей Лихачев 3 сентябр дар шаҳри Тошканд гуфта буд, ки сохтмони неругоҳи атомӣ дар Узбекистон соли 2020 шуруъ мешавад. Аммо расонаҳо менависанд, ин сохтмон соли 2022 оғоз хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир ширкати русии «Aтомстройэкспорт» дар наздикии кӯли Тузкан дар вилояти Ҷиззахи Узбекистон корҳои омодагӣ ба сохтмони неругоҳро анҷом медиҳад.

Ҳанӯз 19 октябри соил 2018 президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои русаш Владимир Путин ба сохтмони нахустин неругоҳи атомӣ дар Узбекистон оғоз бахшида буданд.

Узбекистониҳои урдугоҳҳои Сурия аз асорати артиши Асад тарс доранд

Шаҳрвандони Узбекистон, ки дар урдугоҳҳои "Ал-Хол" ва "Роҷ"-и шимолу шарқи Сурия қарор доранд, аз асир афтодан ба дасти артиши президенти он кишвар Башор Асад тарс доранд. Ба гуфтаи як зани узбекистонӣ, баъди шуруъи амалиёти низомии Туркия дар шимоли шарқи Сурия, дар урудгоҳҳо соати қуюд эълом шудааст.

Ин зан ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, 13 октябр хабар расид, ки курдҳо бо артиши Асад созиш кардаанд. "Ин хабар моро (аъзоёни пешини гуруҳи "Давлати исломӣ") тарс додааст. Овозаҳое ҳаст, ки моро ба ихтиёри Асад медиҳанд", - гуфт вай.

Чанд зани дигар, ки дар урдугоҳи "Роҷ" қарор доранд, низ аз ин пешомади эҳтимолӣ тарс доранд. "Мо садои тиру тӯпи артиши Туркияро мешунавем. Интизорем, ки зудтар омада моро асир гиранд. Дар сурати ғайр, курдҳо метавонанд, моро ба ихтиёри артиши Асад гузоранд, ки онҷо мо ва кӯдакони моро марг интизор аст", - гуфт як зани дигари узбекистонӣ.

Амалиёти Туркия дар Сурия 9 октябр шуруъ шуд. Ин амалиёт номи "Манбаи сулҳ"-ро гирифтааст. Мақомоти Туркия мегӯянд, зидди гуруҳҳои террористӣ мубориза мебаранд.

Ба гуфтаи занони узбекистонӣ, дар урдугоҳи "Ал-Хол" айни ҳол наздики 50 зан аз Узбекистон ва бештар аз 100 кӯдак ва дар урдугоҳи "Роҷ" бештар аз 30 зан ва наздики 100 кӯдак қарор дорад.

Ҳамаи ин занон ҳамсарони аъзои пешини гуруҳи "Давлати исломӣ" ҳастанд.

Вакилони дифоъ аз ҳабс озод шудани Отамбоевро талаб карданд

Вакилони дифои президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар мурофиаи нахустини парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани саркардаи олами ҷиноӣ Азиз Батукаев аз додгоҳ хостанд, ки шахси зери ҳимояи онҳоро аз ҳабс озод кунад.

Ба иттилои вакили дифои президенти пешини Қирғизистон Замир Жоошев, додгоҳ ҳар дуи дархостҳоро рад кард. Додситон Медербек Абдишев гуфт, ҳукми ҳабси гумонбар дар ҳоле тағйир дода мешавад, ки вазъи сиҳатии ӯ бад шавад ва табибон онро тасдиқ кунанд.

Жоошев гуфт, мурофиаи навбатӣ 16 октябр баргузор ва дар он масъалаи бекор кардани муҳри махфии яке аз ҷилдҳои парванда баррасӣ хоҳад шуд. Дар ҷилди мазкур баёноти Шамил Атаханов ва як табиб аст.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 15 октябр баррасии парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани Батукаевро бе иштироки Отамбоев оғоз кард. Пештар мурофиа ду бор ба далели ҳозир нашудани Отамбоев ба додгоҳ ба таъхир гузошта шуданд.

Соли 2013 додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар асоси ташхиси табибон қарори пеш аз муҳлат озод кардани Азиз Батукаевро қабул кард. Батукаев ҳамон рӯзи озодшавиаш аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин ҳодиса баҳси густардаеро ба миён овард.

Дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани Батукаев зидди як қатор мансабдорони вақти қирғиз тафтишот оғоз шудааст. Дар миёни онҳо вазири пешини тандурустӣ Динара Сагинбаева, мушовири пешини раҳбари Хадамоти зиндонҳо Калибек Качкиналиев, муовини пешини сарвазир Шомил Атахонов, додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Салянова ва чандин табиб низ ҳастанд.

Дар робита ба озодии Батукаев зидди президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ айб эълом шуд.

Дар Туркманистон бемории гепатит афзоиш ёфтааст

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, дар вилоятҳои Лебап, Дашоғуз ва Ахали Туркманистон шумори гирифторони бемории гепатит афзоиш ёфтааст.

"Дар Дашоғуз дар ҳоли ҳозир аз бемории гепатити А асосан наврасон ва кӯдакон ранҷ мебаранд. Шумори одамони калонсоли гирифтор ба он хеле кам аст. Бори охир се сол пеш ин беморӣ дар миёни сокинони Лебап густариш ёфта буд", - афзуд хабарнигор.

Хабарнигори радио тавонист дар ин замина бо табибон ва сокинони маҳаллии Дашоғуз суҳбат кунад. "Беморӣ бо сулфа, табъ ва зуком оғоз мешавад. Сипас ранги пуст зард мегардад. Билирубини бархе аз кӯдакон то ба 120 боло хоҳад рафт", - иттилоъ дод хабарнигор.

Як табиб аз Дашоғуз ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ҳолатҳое низ мавҷуд аст, ки сокинон аз бемории мазкур ба ҳалокат расидаанд. "Дар беморхонаҳо дору нест. Вақте вазъи бемор вазнинтар бошад табибон доруи "Гептрал" тавсия медиҳанд, ки 600 манат арзиш дорад ва на ҳама сокинон дар чунин вазъи фақри сартосарӣ метавонанд онро харанд. Дар бораи сирояти бемории гепатит расман гап задан манъ аст", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи табиб, аз моҳи августи соли равон ба ин сӯ ҳолатҳои гирифтор шудан ба гепатит афзоиш ёфтааст.

Мақомоти Туркманистон ва расонаҳои расмии ин кишвар дар ин замина хабар намедиҳанд.

Боздошти раиси дастгоҳи ҳокимияти Мастчоҳ дар як амалиёти вижа

Акс аз бойгонӣ

Кормандони Оҷонсии зидди фасод рӯзи 15-уми октябр дар як амалиёти вижа роҳбари дастгоҳи ҳокимияти ноҳияи Мастчоҳ Муҳаммад Идизодаро бо гумони гирифтани ришва боздошт кардаанд. Наздикони ӯ мегӯянд, номбурда ҳамагӣ ним сол пеш ба ин мақом таъйин шуда, дасти пок дошт ва ин боздошт зимни туҳмат анҷом ёфтааст.

Аммо як манбаъ дар Оҷонсии зидди фасод гуфт, Муҳаммад Идизода бар пояи баёноти як шаҳрванд боздошт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як шоҳиди воқеа ба Радиои Озодӣ гуфт, амалиёти кормандони Оҷонсии зидди фасод бо дуруштӣ ва зиёдаравӣ ҷараён ёфта, дар оғози он чанд нафар аз кормандони дастгоҳ ва корафтодагоне, ки ба идораи ҳокимияти ноҳия омада буданд, боздошт шудаанд.

"Сипас баъди дастгир шудани роҳбари дастгоҳ дигарон раҳо гардиданд ва М. Идизодаро дар коргоҳаш як муддат бозпурсӣ карданд. Вай дар гирифтани пора дар ҳаҷми калон муттаҳам гашта, боздошт ва ба шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд", -- афзуд мусоҳиби мо.

Намояндаи Оҷонсии зидди фасод, ба шарти ифшо нашудани номаш ин хабарро тасдиқ кард ва афзуд, дар боздошти Муҳаммад Идизода 11 корманди ин ниҳод иштирок кардаанд, аммо зиёдравие аз ҷониби онҳо сурат нагирифтааст.

Намояндаи оҷонсӣ аз баёни тафсилоти бештар худдорӣ намуд ва ҳамчунин нагуфт, ки боздоштшуда ба гирифтани чӣ миқдор ришва гумонбар мешавад. Вале шоҳиди воқеа ба Радиои Озодӣ гуфт, гумон меравад, Муҳаммад Идизода ҳангоми гирифтани 25 000 сомонӣ пора боздошт шудааст.

Ин дувумин мавриди боздошти мансабдорони ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ дар як соли охир аст. Се моҳ пеш мудири шуъбаи рушди иҷтимоии ҳукумати ин ноҳия бо гумони қаллобӣ боздошт шуда буд.

Путин аз Саудӣ ба Имороти Муттаҳидаи Араб рафт

Президенти Русия бо сафари аввалини худ ба кишвари Халиҷи Форс дар даҳсолаи охир ба Имороти Муттаҳидаи Араб рафт.

Владимир Путин рӯзи 15-уми октябр аз Арабистони Саудӣ ба Абу-Дабӣ парвоз кард ва ӯро дар фурудгоҳ шоҳзода шайх Муҳаммад бин Зайд Ал-Наҳён пешвоз гирифт. Путин дар Риёз бо шоҳ ва валиаҳди Арабистони Саудӣ гуфтугӯ кард.

Раиси ҷумҳури Русия ва шоҳ Салмон маросими имзои як қатор қарордодҳои миллиарддолларии сармоягузориро миёни ду кишвар роҳбарӣ мекарданд, ки бахшҳои монанд ба фазонавардӣ, фарҳанг, тандурустӣ ва фанновариҳои пешрафтаро дар бар мегиранд.

Ба гуфтаи вазири энергетикаи Саудӣ шоҳзода Абдулазиз бин Салмон, ин доду гирифтҳо созишномаи “устувор”-и ҳамкориҳои миёни кишварҳои ба ном ОПЕК - Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт ва 10 узви ғайри картелро дар бар мегиранд.

Русия узви ОПЕК нест, аммо барои кам кардани захира ва боло рафтани нархҳо пас аз рукуди соли 2014, ки ба иқтисоди Русия ва Арабистони Саудӣ вазнин овардааст, бо ин гурӯҳ ҳамкорӣ мекунад.

Путин гуфт, Русия "ба рушди муносибатҳои дӯстона ва судманд бо Арабистони Саудӣ аҳамияти вижа медиҳад".

Узбекистон расман панҷумин узви Шурои туркӣ шуд

Нишасти сарони кишварҳои туркзабон дар Боку, 15-уми октябри соли 2019

Узбекистон дар ҳамоиши сарони кишварҳои туркзабон дар Боку расман ба Шӯрои туркӣ пазируфта шуд. Ин шӯро дар моҳи октябри соли 2009 бо ширкати Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон ва Қирғизистон таъсис ёфта буд.

Узбекистон моҳи гузашта барои узвият дар ин созмон ариза дод.

Дар ҳамоиши гузаштаи сарони кишварҳои туркзабон дар Қирғизистон дар соли 2018 Маҷористон ҳамчун нозир ба ин эътилоф пазируфта шуд.

Ҳамоиши нав дар ҳоле ҷараён мегирад, ки Туркия дар шимоли Сурия амалиёти ҳарбӣ анҷом медиҳад ва барои ин ҳадафи танқидҳои густардаи байнулмилалӣ қарор ёфтааст. Мавқеъгирии кишварҳои узв дар Шурои туркӣ эълон нашудааст.

Дар ин ҳамоиш Шӯрои туркӣ президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро, ки аз сари қудрат рафта бршад ҳам, фишангҳои зиёди ҳокимият дар Қазоқистон дар дасти ӯянд, барои хидматҳояш ба ҷаҳони туркзабон ордени "Ҷаҳони турк"-ро гирифт ва ҳам пешниҳод шуд, ки ӯ раҳбари абадӣ ва ифтихории ин шуро баргузида шавад.

Назарбоев пешниҳод кард, номи "Шӯрои туркӣ" ба "Созмони давлатҳои туркзабон" иваз карда шавад.

Амрико се вазири Туркияро таҳрим кард

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико

Иёлоти Муттаҳида дар посух ба ҳамлаи низомии Анкара ба шимоли шарқи Сурия ба вазири дифои Туркия ва ду вазири дигар таҳримҳо ҷорӣ кард.

Вазири мудофиа Ҳулуси Акар, вазири корҳои дохилӣ Сулаймон Сойлу ва вазири энержӣ Фатиҳ Донмез ба рӯйхати сиёҳи таҳримҳои хазинадории Амрико ҷой дода шуданд. Дороиҳои онҳо дар Иёлоти Муттаҳида баста ва доду гирифти онҳо бо Амрико ё баръакс боздошта шудааст.

Вазорати хазинадорӣ рӯзи 14-уми октябр гуфт, вазоратҳои дифоъ ва энержӣ низ бо таҳримҳо рӯбарӯ шуданд. Стивен Мнучин, вазири хазинадорӣ гуфт: "Иёлоти Муттаҳида ҳукумати Туркияро барои авҷ гирифтани зӯровариҳо аз ҷониби қувваҳои Туркия, таҳдиди шаҳрвандони бегуноҳ ва нооромӣ дар минтақа ҷавобгар медонад."

Ноиби президенти Амрико Майк Пенс гуфт, Трамп ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ бо Эрдуғон аз ӯ даъват кардааст, ки дар Сурия фавран оташбас кунад.

Пенс гуфт, ӯ ба зудӣ ба минтақа сафар хоҳад кард, то ба бӯҳроне поён диҳад, ки дар он беш аз 160 000 шаҳрванди осоишта аз хонаҳои худ дар ин минтақа гурехтаанд.

Туркия ҳафтаи гузашта бо мақсади танг кардани Қувваҳои Демократии Сурия таҳти раҳбарии Курдҳо аз минтақаи марзӣ, амалиёт оғоз кард. Туркия ягонаҳои муҳофизати халқҳои Курди Сурияро ҳамчун созмони террористӣ медонад.

Беш аз 3,4 ҳазор хонавода дар Қирғизистон қарзи боимтиёз дарёфт кардааст

Аз оғози фаъолияти "Ширкати давлатии қарздиҳӣ" дар Қирғизистон 4371 хонавода тавассути қарзҳои боимтиёз соҳиби манзил шудаанд. Дар ин бора ҳукумати Қирғизистон хабар дод.

Ба иттилои ҳукумати он кишвар, барои таъмини хонаводаҳо бо манзил қарзҳои ширкати мазкур 3 баробар кам карда шудааст. "Дар соли 2016 аз 12-14 фоиз ба 10-12 поин оварда шуд. Дар соли 2017 то 8-10 фоиз ва дар соли 2018 ба 7-9 фоиз расид. Дар ҳоли ҳозир ба сатҳи 6-8 дарсад расонидан корҳо давом доранд", - хабар медиҳад ҳукумати Қирғизистон.

"Дар баробари ин сохтмони 60 манзил дар шаҳри Норин ва 135 хонаи дигар шаҳри Бишкек ба охир мерасад. Ба маҳзи анҷоми сохтмон, ин манзилҳо ба иҷора дода мешаванд ва дар ниҳоят иҷоранишинон метавонанд, онҳоро шахсӣ кунанд. Дар иҷора гирифтани ин манзилҳо ба кормандони соҳаи буҷавӣ авлавият дода мешавад", - хабар доданд дар ҳукумати Қирғизистон.

Гуфтугӯи Қазоқистон бо ҳайати Чин дар пайи эътирози нафткашҳо

Ҳукумати вилояти Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 14 октябр эълом кард, ки бо ҷониби Чин гуфтугӯ мекунад. Ин гуфтугӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки коргарони ширкати нафткаши муштараки Қазоқистону Чин "СНПС-Оқтеппамунайгаз" ахиран даст ба эътироз зада буданд.

Коргарони ширкати мазкур аз миёнаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ ба ин тараф афзоиши маошашонро талаб доранд.

"Ҳайати Чин мегӯяд, даромади ширкат аз фармоишгарон вобаста аст. Давоми 10 соли охир тарофаҳои ширкат тағйир наёфтаанд. Дар ин муддат дар кишвар беқурбшавии асъор сурат гирифт, тағйироти дигаре рух дод. Мо пешниҳод кардем, ки тарофаҳои нафткашӣ тағйир дода шаванд, то мушкилоти иқтисодӣ ҳал гардад",-гуфт Кайрат Бекенов, ҳокими вилояти Оқтеппа.

Ҳайати Чин тасмим дорад, баъди омӯзиши ҳуҷҷатҳои молии ширкат дар мавриди боло бурдани маоши коргарон изҳори назар кунад. Коргарони қазоқистонии ширкати муштараки нафткаш 11 октябр 50 дарсад боло бурдани маошашонро талаб карданд.

Ба иттилои мақомот, дар ширкати нафткаши "СНПС-Оқтеппамунайгаз" 1200 кас кор мекунад, ки аз ин ҳисоб 10 дарсад шаҳрвандони Чин ва боқимонда шаҳрвандони Қазоқистон ҳастанд.

Трамп аз Эрдуғон хост, ба ҷанг дар Сурия хотима диҳад

Доналд Трамп, президенти ИМА аз ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон хост, бо гуруҳҳои курд дар шимолу шарқи Сурия созишномаи оташбас имзо кунад. Дар ин бора ноиб-президенти ИМА Майк Пенс иттилоъ дод. Ду президент ахиран суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.

Пенс ҳамчунин гуфт, дар фурсатҳои наздик ҳайати амрикоиро дар сафари Туркия роҳбарӣ мекунад. Ин ҳайат талош хоҳад кард, ки ҷанги байни туркҳо ва курдҳои Сурия қатъ шавад.

Пештар аз ин мақомоти ИМА зидди вазирҳои дифоъ, энержӣ ва корҳои дохилӣ, инчунин нисбати вазоратҳои дифоъ, энержӣ ва дохилии Туркия таҳрим эълом карданд. ИМА расман ҳукумати Туркияро дар ташаннуҷи вазъ ва густариши хушунат дар минтақа айбдор кард.

Трамп ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки ИМА вазифадор нест, курдҳои Сурия муҳофизат кунад. "Ман зидди касе нестам, ки мехоҳад, курдҳои Сурияро ҳимоят кунад, бигзор Русия, Чин ва ё Наполеон Бонапарт бошад. Умедворам, муваффақ шаванд, мо дар фосилаи 7 ҳазор мил қарор дорем!",-навишт президенти ИМА.

Ахиран гуруҳҳои курд, ки шимолу шарқи Сурияро таҳти назорат доранд, дар робита ба мустақар кардани неруҳои ҳукуматӣ дар марз бо Туркия, бо Димишқ созиш карданд. Курдҳо умедворанд, бо кумаки артиши Сурия ҳамлаи туркҳоро пас гардонанд.

Артиши Туркия амалиёти низомиро дар шимоли Сурия 9 октябр шуруъ кард. Дар ин бора Раҷаб Эрдуғон дар саҳифаи "Твиттер" хабар дод. Амалиёт номи "Манбаи сулҳ"-ро гирифт. Мақомоти Туркия гуфтанд, ҳадаф аз амалиёт - мубориза бо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ва гуруҳҳои мусаллаҳи курдӣ дар минтақа аст. Туркия ҳамчунин иддао дорад, ки қасдаш аз ин амалиёт таъсиси минтақаи амне дар марзи Туркияву Сурия аст, то фирориҳои Сурия тавонанд ба манзилҳояшон баргарданд.

Намояндаи "Неруҳои демократии Сурия" Мустафо Балӣ гуфт, неруҳои ҳавоии Туркия дар шимоли Сурия ба "минтақаҳои аҳолинишин" ҳамла мекунанд. Вай пештар аз ин огоҳ карда буд, ки "агар артиши Туркия ба минтақаи таҳти назорати курдҳо ворид шавад, зидди артиши Туркия ҷанг хоҳанд кард".

Ду сарбози узбек дар пахтазор зери чархи трактор ҷон доданд

Ду сарбозе, ки барои пахтачинӣ ба ноҳияи Боёвути вилояти Сирдарёи Узбекистон сафарбар шуда буданд, 13 октябр зери чархи трактор монда, ҷон бохтанд. Онҳо аз вилояти Фарғонаи Узбекистон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуда буданд.

Як масъули Раёсати тандурустии вилояти Сирдаё бо тасдиқи ин хабар гуфт, сарбозон дар натиҷаи як "ҳодисаи нохуш" ҷон бохтанд.

"Сарбозон, ки 20 солӣ доштанд, дар ҷӯйборе дар пахтазор хоб рафтаанд. Тракторе, ки пахта мекашонд, онҳоро пахш кардааст. Ҷавонон дар тан либоси низомӣ доштанд. Ин як ҳодисаи нохуше аст, ки касе онро пешгӯӣ карда наметавонист",-изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Сардухтури ноҳияи Боёвут Олим Бемуродов гуфт, аз рух додани ин ҳодисаи нохуш хабар дорад, вале масъули таъмини амнияти сарбозон табиби низомии ситоди пахтачинӣ аст. Ба гуфтаи сардухтур, ин бори аввал аст, ки дар мавсими имсолаи пахтачинии ноҳия касе ҷон медиҳад.

Дар бештари ноҳияҳои Узбекистон имсол мавсими ҷамъоварии пахта моҳи сентябр оғоз шуд. Расонаҳои хабарӣ бо вуҷуди ваъдаи мақомоти узбек, ки гуфтанд, ба меҳнати иҷборӣ роҳ нахоҳанд дод, аз иҷборан сафарбар шудани кормандони буҷавӣ ба пахтазорҳо хабар медиҳанд.

Гуруснашинии 5 зиндонӣ дар Узбекистон зидди шиканҷа

"Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қазияи шиканҷа ва бадрафторӣ бо зиндониёни маҳбаси № 64/4 дар Қизилтеппаи вилояти Навоӣ фавран бояд дахолат кунад",-омадааст дар изҳороти Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ (AHRCA), ки мақарраш дар Фаронса аст.

Ба огаҳии анҷуман, панҷ маҳбус дар вилояти Навоии Узбекистон ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ 10 октябри соли равон гуруснанишинӣ эълом карданд.

Даҳ зиндонии маҳбаси № 64/4, ки дар корхонаи хиштбарорӣ кор мекарданд, аз маъмурияти зиндон дархост кардаанд, ба онҳо дастпӯш ва пояфзолҳои нав диҳанд.

"Сардори маҳбас В.Ю. Рустамов дар посух онҳоро бо чӯбдаст сахт латтукӯб карда, ба утоқи ҷаримавӣ интиқол додааст. Панҷ тани онҳо 10 октябр бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи худ даст ба гуруснанишинӣ задаанд",-навиштааст сомонаи AHRCA.

Ба иттилои AHRCA, дар корхонаи хиштбарории маҳбаси 64/4 дар се баст - ҳаштсоатӣ кори шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст ва он дар як шабонарӯз 400 ҳазор дона хишт истеҳсол мекунад.

"Дар ин корхона маҳбусоне ҳам кор мекунанд, ки вазифадор нестанд, ба ҷониби ҷабрдида ҷуброн пардозанд. Кор фармудани маҳбусон дар он хилофи уҳдадориҳои байналмилалиест, ки Узбекистон дар бахши ҳуқуқи инсон бар зимма гирифтааст",-афзудааст анҷуман.

Ду қазоқтабори фирории Чинро дар Қазоқистон боздошт карданд

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон ду фирории Шинҷон - Кастер Мусохон ва Мурагер Алимулиро баъди он боздошт карданд, ки онҳо аз мақомоти Қазоқистон дархости паноҳандагӣ карданд.

Кастер Мусохон ва Мурагер Алимулӣ пештар аз ин бо нашри наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки ба далели таъқиби мақомоти Чин тасмим гирифтаанд, фирор кунанд.

Гулҷон Токтасинқизӣ, як фаъоли иҷтимоӣ гуфт, ду қазоқтабори Шинҷонро мақомоти амниятии Қазоқистон боздошт карданд.

Мусохон ва Алимулӣ дар нимаи аввали рӯзи 14 октябр нишасти матбуотӣ баргузор карда буданд. Ба гуфтаашон, хонаводаи онҳо дар Чин мондаанд.

Мусохони 30-сола ва Алимулии 25-сола гуфтанд, рӯзи 1 октябр марзи давлатии Чинро убур ва 5 рӯз дар минтақаи байни сарҳади ду давлат боқӣ монданд. Танҳо дар рӯзи 6 октябр муваффақ шуданд, ки вориди Қазоқистон шаванд.

Кастер Мусохон гуфт, баъди он аз Чин фирор кард, ки "наздики чаҳор солу ҳашт моҳи охир дар урдугоҳ нигаҳдорӣ мешуд". Мусохон мегӯяд, дар урдугоҳ ба ӯ фишор меоварданд ва латту кӯб мекарданд. Алимулӣ низ аз фишору латту кӯби мақомоти Чин нақл кард.

Як узбекистонӣ дар Петербурги Русия амакашро кушт

Консулгарии Узбекистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия занозании рӯзи 11 октябрро дар ноҳияи Калинини ин шаҳр тасдиқ кард. Дар ҷараёни он занозанӣ шаҳрванди Узбекистон Ш.И. кушта шудааст.

"Дар куштори Ш.И. бародарзодаи вай Ф.К. айбдор мешавад. Зидди Ф.К. парванда боз шудааст",-хабар дод вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.

Консулгарии Узбекистон дар шаҳри Санкт-Петербург вазъро зери назар гирифта, аз мақомоти тафтишотии Русия дархости иттилои бештар кардааст.

Амрико алайҳи Туркия ба хотири Сурия таҳрим эълом кард

ИМА зидди Туркия барои амалиёти нерӯҳои низомиаш дар шимоли Сурия таҳрим эълом кард.

Дар изҳороти котиби давлатии ИМА Майк Помпео омадааст, Вазорати молия ва Департаменти давлатӣ бар пояи фармоне, ки президент Доналд Трамп имзо кард, метавонанд зидди ниҳодҳои давлатии Туркия ва шахсони алоҳида барои даст доштан дар амалиёте таҳрим эълом кунанд, ки сулҳу субот дар шимоли Сурияро ба ҳам мезанад.

Зидди вазоратҳои энерживу дифои Туркия ва раҳбаронашон бо шумули вазири умури дохилии ин кишвар таҳрим ҷорӣ шудааст.

Помпео дар изҳороти худ гуфтааст, ки амалиёти низомии Туркия зидди курдҳои Сурия талошҳо барои мубориза бо терроризмро ба ҳам зада, ҳаёти сокинони осоишта ва субот дар минтақаро зери хатар гузошт. ИМА аз Туркия даъват кард, ки амалиётро фавран қатъ кунад.

Президенти ИМА дар Твиттер бори дигар аз тасмими худ барои берун бурдани сарбозони амрикоӣ аз шимоли Сурия ҳимоят карда, гуфт, Вашингтон вазифаи худро дар он кишвар анҷом дод ва суриягиҳоро аз туркҳо ҳимоят нахоҳад кард.

Туркия мегӯяд, ҳадаф аз амалиёти низомияш, ки дар он гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифони Сурия низ иштирок доранд, бехатар гардонидани марзҳои худ аз террористон аст.

Расонаҳо рӯзи душанбе хабар доданд, ки раҳбарияти курдҳои Сурия бо Димишқи расмӣ ба созиш расиданд. Бар асоси ин созиш, артиши президент Башор Асад дар як қатор минтақаҳои аҳолинишини шимоли Сурия ҷойгир шуданд, то аз ҳамлаи низомиёни турк пешгирӣ кунанд

Путин дар доираи як сафар дар Арабистони Саудӣ қарор дорад

Валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон рӯзи душанбе бо президенти Русия Владимир Путин расман дидору гуфтугӯ кард.

Бино ба иттилои хабаргузории "SPA"-и Арабистони Саудӣ, ҷонибҳо равобити дуҷониба, ташаннуҷи авзоъ дар Яману Сурияро баррасӣ ва ба зарурати мубориза бо терроризму ифшои манбаъҳои сармоягузории созмонҳои тундрав таъкид карданд.

Путин 14 октябр дар пасманзари афзоиши ташаннуҷи авзоъ дар Халиҷи Форс бо мақсади имзои як созишномаи нафтӣ ба Арабистони Саудӣ сафар кард. Кремл гуфт, ҳадафи сафари Путин ҷалби сармоя ба Русия аст.

Президенти Русия пеш аз сафараш ба шаҳри Риёз бо телевизионҳои "Al Arabiya", "Sky News Arabia" ва "RT Arabic" суҳбат карда, гуфт, бо шоҳ ва валиаҳди Арабистони Саудӣ муносибатҳои хуб дорад.

Қарор аст, Путин 15 октябр озими Имороти Муттаҳидаи Араб шавад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Боздошти даҳҳо зиндонии афвшуда дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00
XS
SM
MD
LG