Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Боздошти раиси дастгоҳи ҳокимияти Мастчоҳ дар як амалиёти вижа

Акс аз бойгонӣ

Кормандони Оҷонсии зидди фасод рӯзи 15-уми октябр дар як амалиёти вижа роҳбари дастгоҳи ҳокимияти ноҳияи Мастчоҳ Муҳаммад Идизодаро бо гумони гирифтани ришва боздошт кардаанд. Наздикони ӯ мегӯянд, номбурда ҳамагӣ ним сол пеш ба ин мақом таъйин шуда, дасти пок дошт ва ин боздошт зимни туҳмат анҷом ёфтааст.

Аммо як манбаъ дар Оҷонсии зидди фасод гуфт, Муҳаммад Идизода бар пояи баёноти як шаҳрванд боздошт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як шоҳиди воқеа ба Радиои Озодӣ гуфт, амалиёти кормандони Оҷонсии зидди фасод бо дуруштӣ ва зиёдаравӣ ҷараён ёфта, дар оғози он чанд нафар аз кормандони дастгоҳ ва корафтодагоне, ки ба идораи ҳокимияти ноҳия омада буданд, боздошт шудаанд.

"Сипас баъди дастгир шудани роҳбари дастгоҳ дигарон раҳо гардиданд ва М. Идизодаро дар коргоҳаш як муддат бозпурсӣ карданд. Вай дар гирифтани пора дар ҳаҷми калон муттаҳам гашта, боздошт ва ба шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд", -- афзуд мусоҳиби мо.

Намояндаи Оҷонсии зидди фасод, ба шарти ифшо нашудани номаш ин хабарро тасдиқ кард ва афзуд, дар боздошти Муҳаммад Идизода 11 корманди ин ниҳод иштирок кардаанд, аммо зиёдравие аз ҷониби онҳо сурат нагирифтааст.

Намояндаи оҷонсӣ аз баёни тафсилоти бештар худдорӣ намуд ва ҳамчунин нагуфт, ки боздоштшуда ба гирифтани чӣ миқдор ришва гумонбар мешавад. Вале шоҳиди воқеа ба Радиои Озодӣ гуфт, гумон меравад, Муҳаммад Идизода ҳангоми гирифтани 25 000 сомонӣ пора боздошт шудааст.

Ин дувумин мавриди боздошти мансабдорони ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ дар як соли охир аст. Се моҳ пеш мудири шуъбаи рушди иҷтимоии ҳукумати ин ноҳия бо гумони қаллобӣ боздошт шуда буд.

Путин аз Саудӣ ба Имороти Муттаҳидаи Араб рафт

Президенти Русия бо сафари аввалини худ ба кишвари Халиҷи Форс дар даҳсолаи охир ба Имороти Муттаҳидаи Араб рафт.

Владимир Путин рӯзи 15-уми октябр аз Арабистони Саудӣ ба Абу-Дабӣ парвоз кард ва ӯро дар фурудгоҳ шоҳзода шайх Муҳаммад бин Зайд Ал-Наҳён пешвоз гирифт. Путин дар Риёз бо шоҳ ва валиаҳди Арабистони Саудӣ гуфтугӯ кард.

Раиси ҷумҳури Русия ва шоҳ Салмон маросими имзои як қатор қарордодҳои миллиарддолларии сармоягузориро миёни ду кишвар роҳбарӣ мекарданд, ки бахшҳои монанд ба фазонавардӣ, фарҳанг, тандурустӣ ва фанновариҳои пешрафтаро дар бар мегиранд.

Ба гуфтаи вазири энергетикаи Саудӣ шоҳзода Абдулазиз бин Салмон, ин доду гирифтҳо созишномаи “устувор”-и ҳамкориҳои миёни кишварҳои ба ном ОПЕК - Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт ва 10 узви ғайри картелро дар бар мегиранд.

Русия узви ОПЕК нест, аммо барои кам кардани захира ва боло рафтани нархҳо пас аз рукуди соли 2014, ки ба иқтисоди Русия ва Арабистони Саудӣ вазнин овардааст, бо ин гурӯҳ ҳамкорӣ мекунад.

Путин гуфт, Русия "ба рушди муносибатҳои дӯстона ва судманд бо Арабистони Саудӣ аҳамияти вижа медиҳад".

Узбекистон расман панҷумин узви Шурои туркӣ шуд

Нишасти сарони кишварҳои туркзабон дар Боку, 15-уми октябри соли 2019

Узбекистон дар ҳамоиши сарони кишварҳои туркзабон дар Боку расман ба Шӯрои туркӣ пазируфта шуд. Ин шӯро дар моҳи октябри соли 2009 бо ширкати Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон ва Қирғизистон таъсис ёфта буд.

Узбекистон моҳи гузашта барои узвият дар ин созмон ариза дод.

Дар ҳамоиши гузаштаи сарони кишварҳои туркзабон дар Қирғизистон дар соли 2018 Маҷористон ҳамчун нозир ба ин эътилоф пазируфта шуд.

Ҳамоиши нав дар ҳоле ҷараён мегирад, ки Туркия дар шимоли Сурия амалиёти ҳарбӣ анҷом медиҳад ва барои ин ҳадафи танқидҳои густардаи байнулмилалӣ қарор ёфтааст. Мавқеъгирии кишварҳои узв дар Шурои туркӣ эълон нашудааст.

Дар ин ҳамоиш Шӯрои туркӣ президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро, ки аз сари қудрат рафта бршад ҳам, фишангҳои зиёди ҳокимият дар Қазоқистон дар дасти ӯянд, барои хидматҳояш ба ҷаҳони туркзабон ордени "Ҷаҳони турк"-ро гирифт ва ҳам пешниҳод шуд, ки ӯ раҳбари абадӣ ва ифтихории ин шуро баргузида шавад.

Назарбоев пешниҳод кард, номи "Шӯрои туркӣ" ба "Созмони давлатҳои туркзабон" иваз карда шавад.

Амрико се вазири Туркияро таҳрим кард

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико

Иёлоти Муттаҳида дар посух ба ҳамлаи низомии Анкара ба шимоли шарқи Сурия ба вазири дифои Туркия ва ду вазири дигар таҳримҳо ҷорӣ кард.

Вазири мудофиа Ҳулуси Акар, вазири корҳои дохилӣ Сулаймон Сойлу ва вазири энержӣ Фатиҳ Донмез ба рӯйхати сиёҳи таҳримҳои хазинадории Амрико ҷой дода шуданд. Дороиҳои онҳо дар Иёлоти Муттаҳида баста ва доду гирифти онҳо бо Амрико ё баръакс боздошта шудааст.

Вазорати хазинадорӣ рӯзи 14-уми октябр гуфт, вазоратҳои дифоъ ва энержӣ низ бо таҳримҳо рӯбарӯ шуданд. Стивен Мнучин, вазири хазинадорӣ гуфт: "Иёлоти Муттаҳида ҳукумати Туркияро барои авҷ гирифтани зӯровариҳо аз ҷониби қувваҳои Туркия, таҳдиди шаҳрвандони бегуноҳ ва нооромӣ дар минтақа ҷавобгар медонад."

Ноиби президенти Амрико Майк Пенс гуфт, Трамп ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ бо Эрдуғон аз ӯ даъват кардааст, ки дар Сурия фавран оташбас кунад.

Пенс гуфт, ӯ ба зудӣ ба минтақа сафар хоҳад кард, то ба бӯҳроне поён диҳад, ки дар он беш аз 160 000 шаҳрванди осоишта аз хонаҳои худ дар ин минтақа гурехтаанд.

Туркия ҳафтаи гузашта бо мақсади танг кардани Қувваҳои Демократии Сурия таҳти раҳбарии Курдҳо аз минтақаи марзӣ, амалиёт оғоз кард. Туркия ягонаҳои муҳофизати халқҳои Курди Сурияро ҳамчун созмони террористӣ медонад.

Беш аз 3,4 ҳазор хонавода дар Қирғизистон қарзи боимтиёз дарёфт кардааст

Аз оғози фаъолияти "Ширкати давлатии қарздиҳӣ" дар Қирғизистон 4371 хонавода тавассути қарзҳои боимтиёз соҳиби манзил шудаанд. Дар ин бора ҳукумати Қирғизистон хабар дод.

Ба иттилои ҳукумати он кишвар, барои таъмини хонаводаҳо бо манзил қарзҳои ширкати мазкур 3 баробар кам карда шудааст. "Дар соли 2016 аз 12-14 фоиз ба 10-12 поин оварда шуд. Дар соли 2017 то 8-10 фоиз ва дар соли 2018 ба 7-9 фоиз расид. Дар ҳоли ҳозир ба сатҳи 6-8 дарсад расонидан корҳо давом доранд", - хабар медиҳад ҳукумати Қирғизистон.

"Дар баробари ин сохтмони 60 манзил дар шаҳри Норин ва 135 хонаи дигар шаҳри Бишкек ба охир мерасад. Ба маҳзи анҷоми сохтмон, ин манзилҳо ба иҷора дода мешаванд ва дар ниҳоят иҷоранишинон метавонанд, онҳоро шахсӣ кунанд. Дар иҷора гирифтани ин манзилҳо ба кормандони соҳаи буҷавӣ авлавият дода мешавад", - хабар доданд дар ҳукумати Қирғизистон.

Гуфтугӯи Қазоқистон бо ҳайати Чин дар пайи эътирози нафткашҳо

Ҳукумати вилояти Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 14 октябр эълом кард, ки бо ҷониби Чин гуфтугӯ мекунад. Ин гуфтугӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки коргарони ширкати нафткаши муштараки Қазоқистону Чин "СНПС-Оқтеппамунайгаз" ахиран даст ба эътироз зада буданд.

Коргарони ширкати мазкур аз миёнаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ ба ин тараф афзоиши маошашонро талаб доранд.

"Ҳайати Чин мегӯяд, даромади ширкат аз фармоишгарон вобаста аст. Давоми 10 соли охир тарофаҳои ширкат тағйир наёфтаанд. Дар ин муддат дар кишвар беқурбшавии асъор сурат гирифт, тағйироти дигаре рух дод. Мо пешниҳод кардем, ки тарофаҳои нафткашӣ тағйир дода шаванд, то мушкилоти иқтисодӣ ҳал гардад",-гуфт Кайрат Бекенов, ҳокими вилояти Оқтеппа.

Ҳайати Чин тасмим дорад, баъди омӯзиши ҳуҷҷатҳои молии ширкат дар мавриди боло бурдани маоши коргарон изҳори назар кунад. Коргарони қазоқистонии ширкати муштараки нафткаш 11 октябр 50 дарсад боло бурдани маошашонро талаб карданд.

Ба иттилои мақомот, дар ширкати нафткаши "СНПС-Оқтеппамунайгаз" 1200 кас кор мекунад, ки аз ин ҳисоб 10 дарсад шаҳрвандони Чин ва боқимонда шаҳрвандони Қазоқистон ҳастанд.

Трамп аз Эрдуғон хост, ба ҷанг дар Сурия хотима диҳад

Доналд Трамп, президенти ИМА аз ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон хост, бо гуруҳҳои курд дар шимолу шарқи Сурия созишномаи оташбас имзо кунад. Дар ин бора ноиб-президенти ИМА Майк Пенс иттилоъ дод. Ду президент ахиран суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.

Пенс ҳамчунин гуфт, дар фурсатҳои наздик ҳайати амрикоиро дар сафари Туркия роҳбарӣ мекунад. Ин ҳайат талош хоҳад кард, ки ҷанги байни туркҳо ва курдҳои Сурия қатъ шавад.

Пештар аз ин мақомоти ИМА зидди вазирҳои дифоъ, энержӣ ва корҳои дохилӣ, инчунин нисбати вазоратҳои дифоъ, энержӣ ва дохилии Туркия таҳрим эълом карданд. ИМА расман ҳукумати Туркияро дар ташаннуҷи вазъ ва густариши хушунат дар минтақа айбдор кард.

Трамп ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки ИМА вазифадор нест, курдҳои Сурия муҳофизат кунад. "Ман зидди касе нестам, ки мехоҳад, курдҳои Сурияро ҳимоят кунад, бигзор Русия, Чин ва ё Наполеон Бонапарт бошад. Умедворам, муваффақ шаванд, мо дар фосилаи 7 ҳазор мил қарор дорем!",-навишт президенти ИМА.

Ахиран гуруҳҳои курд, ки шимолу шарқи Сурияро таҳти назорат доранд, дар робита ба мустақар кардани неруҳои ҳукуматӣ дар марз бо Туркия, бо Димишқ созиш карданд. Курдҳо умедворанд, бо кумаки артиши Сурия ҳамлаи туркҳоро пас гардонанд.

Артиши Туркия амалиёти низомиро дар шимоли Сурия 9 октябр шуруъ кард. Дар ин бора Раҷаб Эрдуғон дар саҳифаи "Твиттер" хабар дод. Амалиёт номи "Манбаи сулҳ"-ро гирифт. Мақомоти Туркия гуфтанд, ҳадаф аз амалиёт - мубориза бо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ва гуруҳҳои мусаллаҳи курдӣ дар минтақа аст. Туркия ҳамчунин иддао дорад, ки қасдаш аз ин амалиёт таъсиси минтақаи амне дар марзи Туркияву Сурия аст, то фирориҳои Сурия тавонанд ба манзилҳояшон баргарданд.

Намояндаи "Неруҳои демократии Сурия" Мустафо Балӣ гуфт, неруҳои ҳавоии Туркия дар шимоли Сурия ба "минтақаҳои аҳолинишин" ҳамла мекунанд. Вай пештар аз ин огоҳ карда буд, ки "агар артиши Туркия ба минтақаи таҳти назорати курдҳо ворид шавад, зидди артиши Туркия ҷанг хоҳанд кард".

Ду сарбози узбек дар пахтазор зери чархи трактор ҷон доданд

Ду сарбозе, ки барои пахтачинӣ ба ноҳияи Боёвути вилояти Сирдарёи Узбекистон сафарбар шуда буданд, 13 октябр зери чархи трактор монда, ҷон бохтанд. Онҳо аз вилояти Фарғонаи Узбекистон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуда буданд.

Як масъули Раёсати тандурустии вилояти Сирдаё бо тасдиқи ин хабар гуфт, сарбозон дар натиҷаи як "ҳодисаи нохуш" ҷон бохтанд.

"Сарбозон, ки 20 солӣ доштанд, дар ҷӯйборе дар пахтазор хоб рафтаанд. Тракторе, ки пахта мекашонд, онҳоро пахш кардааст. Ҷавонон дар тан либоси низомӣ доштанд. Ин як ҳодисаи нохуше аст, ки касе онро пешгӯӣ карда наметавонист",-изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Сардухтури ноҳияи Боёвут Олим Бемуродов гуфт, аз рух додани ин ҳодисаи нохуш хабар дорад, вале масъули таъмини амнияти сарбозон табиби низомии ситоди пахтачинӣ аст. Ба гуфтаи сардухтур, ин бори аввал аст, ки дар мавсими имсолаи пахтачинии ноҳия касе ҷон медиҳад.

Дар бештари ноҳияҳои Узбекистон имсол мавсими ҷамъоварии пахта моҳи сентябр оғоз шуд. Расонаҳои хабарӣ бо вуҷуди ваъдаи мақомоти узбек, ки гуфтанд, ба меҳнати иҷборӣ роҳ нахоҳанд дод, аз иҷборан сафарбар шудани кормандони буҷавӣ ба пахтазорҳо хабар медиҳанд.

Гуруснашинии 5 зиндонӣ дар Узбекистон зидди шиканҷа

"Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қазияи шиканҷа ва бадрафторӣ бо зиндониёни маҳбаси № 64/4 дар Қизилтеппаи вилояти Навоӣ фавран бояд дахолат кунад",-омадааст дар изҳороти Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ (AHRCA), ки мақарраш дар Фаронса аст.

Ба огаҳии анҷуман, панҷ маҳбус дар вилояти Навоии Узбекистон ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ 10 октябри соли равон гуруснанишинӣ эълом карданд.

Даҳ зиндонии маҳбаси № 64/4, ки дар корхонаи хиштбарорӣ кор мекарданд, аз маъмурияти зиндон дархост кардаанд, ба онҳо дастпӯш ва пояфзолҳои нав диҳанд.

"Сардори маҳбас В.Ю. Рустамов дар посух онҳоро бо чӯбдаст сахт латтукӯб карда, ба утоқи ҷаримавӣ интиқол додааст. Панҷ тани онҳо 10 октябр бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи худ даст ба гуруснанишинӣ задаанд",-навиштааст сомонаи AHRCA.

Ба иттилои AHRCA, дар корхонаи хиштбарории маҳбаси 64/4 дар се баст - ҳаштсоатӣ кори шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст ва он дар як шабонарӯз 400 ҳазор дона хишт истеҳсол мекунад.

"Дар ин корхона маҳбусоне ҳам кор мекунанд, ки вазифадор нестанд, ба ҷониби ҷабрдида ҷуброн пардозанд. Кор фармудани маҳбусон дар он хилофи уҳдадориҳои байналмилалиест, ки Узбекистон дар бахши ҳуқуқи инсон бар зимма гирифтааст",-афзудааст анҷуман.

Ду қазоқтабори фирории Чинро дар Қазоқистон боздошт карданд

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон ду фирории Шинҷон - Кастер Мусохон ва Мурагер Алимулиро баъди он боздошт карданд, ки онҳо аз мақомоти Қазоқистон дархости паноҳандагӣ карданд.

Кастер Мусохон ва Мурагер Алимулӣ пештар аз ин бо нашри наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки ба далели таъқиби мақомоти Чин тасмим гирифтаанд, фирор кунанд.

Гулҷон Токтасинқизӣ, як фаъоли иҷтимоӣ гуфт, ду қазоқтабори Шинҷонро мақомоти амниятии Қазоқистон боздошт карданд.

Мусохон ва Алимулӣ дар нимаи аввали рӯзи 14 октябр нишасти матбуотӣ баргузор карда буданд. Ба гуфтаашон, хонаводаи онҳо дар Чин мондаанд.

Мусохони 30-сола ва Алимулии 25-сола гуфтанд, рӯзи 1 октябр марзи давлатии Чинро убур ва 5 рӯз дар минтақаи байни сарҳади ду давлат боқӣ монданд. Танҳо дар рӯзи 6 октябр муваффақ шуданд, ки вориди Қазоқистон шаванд.

Кастер Мусохон гуфт, баъди он аз Чин фирор кард, ки "наздики чаҳор солу ҳашт моҳи охир дар урдугоҳ нигаҳдорӣ мешуд". Мусохон мегӯяд, дар урдугоҳ ба ӯ фишор меоварданд ва латту кӯб мекарданд. Алимулӣ низ аз фишору латту кӯби мақомоти Чин нақл кард.

Як узбекистонӣ дар Петербурги Русия амакашро кушт

Консулгарии Узбекистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия занозании рӯзи 11 октябрро дар ноҳияи Калинини ин шаҳр тасдиқ кард. Дар ҷараёни он занозанӣ шаҳрванди Узбекистон Ш.И. кушта шудааст.

"Дар куштори Ш.И. бародарзодаи вай Ф.К. айбдор мешавад. Зидди Ф.К. парванда боз шудааст",-хабар дод вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.

Консулгарии Узбекистон дар шаҳри Санкт-Петербург вазъро зери назар гирифта, аз мақомоти тафтишотии Русия дархости иттилои бештар кардааст.

Амрико алайҳи Туркия ба хотири Сурия таҳрим эълом кард

ИМА зидди Туркия барои амалиёти нерӯҳои низомиаш дар шимоли Сурия таҳрим эълом кард.

Дар изҳороти котиби давлатии ИМА Майк Помпео омадааст, Вазорати молия ва Департаменти давлатӣ бар пояи фармоне, ки президент Доналд Трамп имзо кард, метавонанд зидди ниҳодҳои давлатии Туркия ва шахсони алоҳида барои даст доштан дар амалиёте таҳрим эълом кунанд, ки сулҳу субот дар шимоли Сурияро ба ҳам мезанад.

Зидди вазоратҳои энерживу дифои Туркия ва раҳбаронашон бо шумули вазири умури дохилии ин кишвар таҳрим ҷорӣ шудааст.

Помпео дар изҳороти худ гуфтааст, ки амалиёти низомии Туркия зидди курдҳои Сурия талошҳо барои мубориза бо терроризмро ба ҳам зада, ҳаёти сокинони осоишта ва субот дар минтақаро зери хатар гузошт. ИМА аз Туркия даъват кард, ки амалиётро фавран қатъ кунад.

Президенти ИМА дар Твиттер бори дигар аз тасмими худ барои берун бурдани сарбозони амрикоӣ аз шимоли Сурия ҳимоят карда, гуфт, Вашингтон вазифаи худро дар он кишвар анҷом дод ва суриягиҳоро аз туркҳо ҳимоят нахоҳад кард.

Туркия мегӯяд, ҳадаф аз амалиёти низомияш, ки дар он гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифони Сурия низ иштирок доранд, бехатар гардонидани марзҳои худ аз террористон аст.

Расонаҳо рӯзи душанбе хабар доданд, ки раҳбарияти курдҳои Сурия бо Димишқи расмӣ ба созиш расиданд. Бар асоси ин созиш, артиши президент Башор Асад дар як қатор минтақаҳои аҳолинишини шимоли Сурия ҷойгир шуданд, то аз ҳамлаи низомиёни турк пешгирӣ кунанд

Путин дар доираи як сафар дар Арабистони Саудӣ қарор дорад

Валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон рӯзи душанбе бо президенти Русия Владимир Путин расман дидору гуфтугӯ кард.

Бино ба иттилои хабаргузории "SPA"-и Арабистони Саудӣ, ҷонибҳо равобити дуҷониба, ташаннуҷи авзоъ дар Яману Сурияро баррасӣ ва ба зарурати мубориза бо терроризму ифшои манбаъҳои сармоягузории созмонҳои тундрав таъкид карданд.

Путин 14 октябр дар пасманзари афзоиши ташаннуҷи авзоъ дар Халиҷи Форс бо мақсади имзои як созишномаи нафтӣ ба Арабистони Саудӣ сафар кард. Кремл гуфт, ҳадафи сафари Путин ҷалби сармоя ба Русия аст.

Президенти Русия пеш аз сафараш ба шаҳри Риёз бо телевизионҳои "Al Arabiya", "Sky News Arabia" ва "RT Arabic" суҳбат карда, гуфт, бо шоҳ ва валиаҳди Арабистони Саудӣ муносибатҳои хуб дорад.

Қарор аст, Путин 15 октябр озими Имороти Муттаҳидаи Араб шавад.

Президенти Қирғизистон бо сафари корӣ ба Озарбойҷон рафт

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон рӯзи 14 октябр бо сафари корӣ ба Озарбойҷон рафт. Ҷеенбеков дар саммити Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон ширкат мекунад.

Дар ин сафар президенти Қирғизистон бо ҳамтои озариаш Илҳом Алиев, бо ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон ва президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот хоҳад кард.

Ҷеенбековро дар ин сафар шахсони дигари расмии Қирғизистон ҳамроҳӣ мекунанд. Саммити кишварҳои туркзабон 15 октябр баргузор мешавад.

Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон созмони байналхалқиест, ки кишварҳои муосири туркиро муттаҳид мекунад. Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Узбекистон аъзои созмони мазкур ҳастанд.

Соли 2018 саммити ин созмон дар Чолпон-Отаи Қирғизистон барпо шуда буд. Нахустин саммити созмон дар соли 2011 дар Қазоқистон доир гардид.

Туркманистон имкониятҳои Google-ро маҳдуд кард

Бино ба хабарҳои расида, имконияҳои Google, ба вижа захира ё ҳофизаи онлайнӣ дар Туркманистон маҳдуд шудааст.

Мутахассисон мегӯянд, ҳангоми боз кардани ҳофиза ё худ Google-диск дар Туркманистон бар ивази он сомонаи turkmen.news боз мешавад ва ба ин тартиб, Google-диск дастнорас боқӣ мемонад. Ба гуфтаи огаҳон, маҳдудсозии ин хадамот барои мақомоти Туркманистон харҷи гаронеро ба бор овардааст.

Расонаҳо пештар аз ин навишта буданд, ки мақомоти Туркманистон барои харидани дастгоҳҳо ва ҷалби мутахассисон аз хориҷ бо қасди маҳдудсозӣ ва назорати Интернет маблағи ҳангуфте харҷ мекунад. Вазорати амнияти миллии Туркманистон барои маҳдудсозии Интернет ва сомонаҳои махсус аз хадамоти коршиносони ширкати олмонии "Rohde & Schwarz" истифода кардааст.

Яке аз муштариҳои асосии ширкати олмонӣ Хадамоти давлатии "Туркментелеком"-и Туркманистон аст. Бо бастани Google-диск "Туркментелеком" амалан хадамоти дигари Google-ро маҳдуд кардааст.

Ба навиштаи созмонҳои пажуҳишгар, Туркманистон дастрасӣ ба ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ, чанде аз сомонаҳои расонаҳои байналхалқӣ ва хадамоти табодули мадраку аксу наворро маҳдуд кардааст.

Норасоии сӯзишворӣ - мушкили навбатии сайёҳон дар Узбекистон

Сайёҳони итолиёӣ 12 октябр ба далели набудани сӯзишвории дизелӣ дар яке аз нуқтаҳои фурӯши ноҳияи Косони Узбекистон дар нимароҳ монданд. Пештар як автобуси сайёҳони ҷопонӣ низ айнан бо ҳамин мушкил рӯбарӯ шуда буд.

"Як рӯз пас аз нашри видеои дармондани сайёҳони ҷопонӣ дар сомонаи Радиои Озодӣ ба мо танҳо 2 тонна солярка доданд. Ҳоло боз солярка нест. Бо ширкатҳои сайёҳӣ қарордод дорем, вале сӯзишворӣ надорем. Як корманди мо симро дар зарфи шишагӣ баста, охирин қатраҳои соляркаро аз бушка берун кашид ва ин амали ӯ шаҳрвандони хориҷиро ба ҳайрат овард. Онҳо кори вайро аксу навор гирифтанд. Зоҳиран пас аз бозгашт ба хонаашон онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва вазъ дар Узбекистонро баррасӣ хоҳанд кард",-гуфт Ислом Изомов, раҳбари нуқтаи фурӯши сӯзишворие, ки сайёҳон дар он солярка пайдо накарданд.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ пештар хабар дод, ки автобуси сайёҳони ҷопонӣ 4 октябр ба далели набудани солярка ду соат дар Қашқадарё дармонд. Вазорати энержии Узбекистон он замон дар ин ҳодиса раҳбарони нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маҳаллиро айбдор кард.

Вале раҳбари нуқтаи фурӯши сӯзишвории Косон Ислом Изомов иддаои вазоратро хандаовар номид. "Бар асоси қарори Кумитаи давлатии хусусигардонӣ, зиддиинҳисорӣ ва рушди рақобати Узбекистон, нуқтаҳои фурӯш ҳақ надоранд, ки дар биржа солярка ва бензини навъи 80 харанд. Оё Вазорати энержии Узбекистон аз ин огоҳ нест? Онҳо аз қазия хуб огаҳанд, вале коре карда наметавонанд",-афзуд вай.

Изомов дар муроҷиати видеоии худ аз президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев хост, ба мушкили норасоии солярка таваҷҷуҳ зоҳир кунад. Зеро дар ғайри сурат, хориҷиҳо ба вазъи Узбекистон хоҳанд хандид.

Мувофиқати курдҳо бо Русияву Сурия барои муқобила бо Туркия

Шаҳри Тали Абёд дар Сурия. Амалиёти Туркия инҷо ҳам идома дорад.

Раҳбари курдҳои Сурия мегӯяд, созиши ҳосилшуда бо миёнҷигарии Маскав бо раиси ҷумҳур Башшор Асад ба ирсоли нерӯҳои Сурия ба марз тамаркуз кардааст ва масоили сиёсиро ду тараф дертар баррасӣ мекунанд. Алдор Халил, сиёсатмадори курд гуфт, ҳадафи “тадобири фавқуллода”, ки зери назари Русия шарики калидии Башшор Асад андешида мешавад, монеъ шудан ба амалиёти Туркия дар шимолушарқи Сурия аст.

Бо вусъат гирифтани амалиёти Туркия, Амрико рӯзи 13-уми октябр гуфт, ки 1000 сарбозашро аз шимолушарқи Туркия берун мебарад. Амалиёт як ҳафта пеш ва баъди он оғоз ёфт, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико тасмим гирифт, нерӯҳои кишварашро, ки солҳо боз дар Сурия буданд, аз ду посгоҳи дурафтода хориҷ кунад. Туркия мегӯяд, ҳадафи амалиёташ дар қаламрави Сурия размандони курди Ягонаҳои муҳофизи халқ ҳастанд, ки Анкара онҳоро “террорист” меномад.

Сарбозони Сурия ҳоло барои вуруд аз шаҳри марзии Манбиҷ ба Дерик омодагӣ мегиранд. Онҳо барои ин кор бо Нерӯҳои Демократии Сурия мувофиқат кардааанд, ки Ягонаҳои муҳофизи халқ шохаи он аст. Ин созмон шимолушарқи Сурияро зери назорат дорад.

Бадрон Ҷиё Курд, яке аз мақомҳои курд гуфтааст: “Баъд аз онки амрикоиҳо минтақаро раҳо карданд ва ба туркҳо имкони ҳамла доданд, мо маҷбур шудем, роҳи дигареро ҷустуҷу кунем ва он ҳам гуфтугу бо Димишқ ва Маскав аст, ки ин ҳамлаҳои Туркияро рафъ кунем.” Созмони Милал мегӯяд, дар натиҷаи амалиёти Туркия бештар 130 ҳазор нафар аз хонаҳояшон гурехтаанд.

Зеленский аз ҳамватанонаш хост, ба иғво дода нашаванд

Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аз онҳое, ки дар раҳпаймоиҳои бахшида ба Рӯзи муҳофизони ватан ширкат мекунанд, хостааст, барои расонаҳои Русия баҳонае барои манфӣ нишон додани кишвар пеш наоранд. Ӯ рӯзи 13-уми октябр тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамватанонаш муроҷиат кард. Ӯ навишт, "набояд ба иғвои онҳое дода шаванд, ки мехоҳанд, барои телевизионҳои Русия саҳнаи диданӣ омода кунанд."

Владимир Зеленский ба гузоришҳои телевизионҳои Русия ишора кардааст, ки аксаран Украинаро кишваре ҷилва медиҳанд, ки ифротгароёни мутаасибе онро мудирият мекунанд. Дар Рӯзи муҳофизони ватан умдатан гуруҳҳои миллатгаро, собиқадорони ҷанг ва ихтиёриёни ҷанг дар Донбасс ҷамъ мешаванд.

Рӯзи муҳофизони ватан дар Украина баъди он эълон шуд, ки Русия нимҷазираи Қримро ишғол кард ва дар вилоятҳои Донетс ва Луҳанск муноқишаҳои ҷудоиталабонро барангехт.

Владимир Зеленский навишт, “Рӯзи 14-уми октябр дар пойтахт собиқадорону ихтиёриёни зиёде ҷамъ меоянд. Ман нигаронии шумо дар бораи ҳалли вазъият дар Донбассро мефаҳмам. Ҳаққи шумост, ки мехоҳед, муборизаатон зоеъ нашавад. Ман ҳамчун раиси ҷумҳури Украина ва фармондеҳи олии нерӯҳои мусаллаҳ намегузорам чунин шавад."

Пулиси Украина мегӯяд, қарор аст дар гӯшаҳои гуногуни кишвар 300 раҳпаймоӣ сурат бигирад.

Сӣ Ҷинпин: Талоши тақсим кардани Чин ноком хоҳад шуд

Пулиси зидди шӯриш дар Чин

Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, бо ишора ба эътирозҳо дар Ҳонгконг, ки чаҳор моҳ боз идома дорад, гуфт, "ҳама гуна талоши тақсимсозии Чин бо порасозии ҷисмҳо ва ба хоку хокистар табдил додани устухонҳо анҷом мешавад".

Ба иттилои расонаҳои расмии Чин, Сӣ Ҷинпин дар ин бора дар ҷараёни сафараш дар рӯзҳои истироҳати гузашта дар Непал таъкид кардааст.

Изҳороти Ҷинпин дар ҳоле садо медиҳад, ки эътирозгарон дар Ҳонгконг ахиран бо мақомот задухӯрд карданд. Дар Тайван ҳам, ки Пекин онро ҷузъе аз қаламравӣ худ медонад, вазъ муташанниҷ шудааст. Чин пештар аз ин "нерӯҳои хориҷӣ"-ро дар густариш додани эътирозҳои Ҳонгконг айбдор кард.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ Чинро ба хотири поймол кардани ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ақаллиятҳои Тибет ва Шинҷон, маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоъ, мавҷуд набудани рақобати воқеии сиёсӣ айбдор мекунанд.

Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2018 хабар дод, ки дар "марказҳои мубориза бо терроризм" дар Чин наздики 1 миллион ақаллияти миллӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар Непал наздики 20 ҳазор тибетиҳои фирорӣ зиндагӣ мекунанд ва таҳти фишори Пекин ҳукумати коммунистии Непал фаъолияти ақаллиятҳои тибетиро маҳдуд кардааст.

Ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон дар садамае дар Русия

Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар қаламрави Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Хешовандони яке аз қурбониён, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар фалокати рӯзи 12-уми октябр дар ноҳияи Первомайский дар наздикии марзи Қазоқистон яке аз наздикони 31-солааш аз шаҳри Панҷакент ҷон бохтааст.

Азбаски хешовандони дигар аз сарнавишти ин ҷавон бехабаранд, Радиои Озодӣ номи ӯро ба далелҳои ахлоқӣ нашр намекунад. Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки бештар аз 40 сол доштааст, қурбонии дувум аст.

Ба гуфтаи мақомоти интизомии Русия, ронандаи тоҷик бо мусофирон ба Қазоқистон мерафтанд ва 3 километр дуртар аз гузаргоҳи марзии Маштаково ба садама дучор шудаанд.

Зоҳиран ронандаро дар мошин хоб бурдааст, ки мошини “Лада Ларгус”-и ӯ ба роҳи муқобил баромада ва ба мошини боркаш бархӯрдааст. Чаҳор мусофири дигари мошин, шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон ҷароҳат бардоштаанд.

Расонаҳои Русия навиштаанд, ки муфаттишони Бозрасии Давлатии Русия сабабҳои садамаро таҳқиқ мекунанд.

Шаҳрванди Узбекистон мехост, нусхаи қадимии Қуръонро $150 ҳазор фурӯшад

Маъмурони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон (ХАДУ) дар вилояти Фарғона мардеро боздошт карданд, ки мехост нусхаи қадимии китоби Қуръонро бар ивази 150 ҳазор доллар ба як шаҳрванди Қирғизистон фурӯшад.

Зодаи 49-солаи Бухоро Фаррух Шарапов бо мусоидат ва миёнаравии як шиносаш аз Канада бояд китобро ба шаҳрванди Қирғизистон мефурӯхт. Тарафҳо созиш карда буданд, ки Шарапов пас аз дарёфти 150 ҳазор доллар китобро аз роҳи пинҳонӣ ба Қирғизистон интиқол медиҳад.

Бар асоси хулосаи ташхиси Вазорати фарҳанги Узбекистон, матни Қуръон дар асри XVI навишта шуда, хаттот мулло Юсуф Саҳҳоф онро ба шакли китоб даровардааст. Дар робита ба ин қазия парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Тибқи қонунҳои Узбекистон, интиқоли нусхаи мазкури китоби Қуръон бо назардошти арзиши таърихӣ, илмӣ ва осорхонаияш ба хориҷ манъ аст. Он акнун ба Осорхонаи давлатии Узбекистон супорида мешавад.

Дар Узбекистон дигар хориҷиҳоро барои нақзи қоидаҳои иқомат муҷозот намекунанд

Сенати Узбекистон бо қабули тағйирот ба қонунгузорӣ ҷавобгарии ҷиноиро барои хориҷиҳое бекор кард, ки қоидаҳои буду бошро дар он кишвар нақз мекунанд.

Ҳамчунин бар асоси ин тағйирот, шаҳрвандони хориҷӣ ва ё афроди бешаҳрвандии зери 17 сол барои вайрон кардани қоидаҳои буду бош ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб нахоҳанд шуд.

Моддаи 224-уми Кодекси ҷиноии Узбекистон барои вайрон кардани қоидаҳои буду бош то 3 соли ҳабсро пешбинӣ мекард. Ҳамакнун ин меъёр бекор мешавад.

Дар Узбекистон нархи нон 40-50 дарсад боло меравад

Дар Узбекистон мумкин аст нархи нон то ба 1500 сӯм (наздик ба 1,5 сомонӣ) боло равад. Гуфта мешавад, болоравии нархи нон пас аз озод кардани нархи гандум ва орд рӯй медиҳад. Нархи як кило орд, мумкин аст, аз 1400 сӯм (1,4 сомонӣ) то ба 2000-2500 сӯм (2,1-2,6 сомонӣ) расад. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ёриҳои давлатӣ ба хонаводаҳои камбизоат ва серфарзанд афзуда хоҳад шуд. Бино ба хабари расмӣ, дар Узбекистон наздик ба 1,6 миллион одам аз давлат кумак мегирад. Нархи нон дар Узбекистон бори охир моҳи сентябри соли 2018 боло рафта буд. То он гоҳ нон дар Узбекистон 600-650 сӯм (наздик ба 0,7 сомонӣ) нарх дошт.

Шайхҳои араб иҷозаи шикор дар Қазокистонро пайдо карданд

Мақомоти Қазоқистон расман ба чаҳор шайх аз Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар иҷозат доданд, ки дар моҳҳои октябр-ноябри соли ҷорӣ дар мамнуъгоҳҳои Қазоқистон бо боз шикор кунанд. Дар ин бора қарори сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин содир шудааст.

Дар қарор омадааст, ки шайх Халиф Бин Зиёд ал-Наҳаян иҷозат дорад, бо бозҳои шикорӣ дар вилояти Туркистон 43 мурғи ҳилол (дрофа) ва дар ҳудуди вилоятҳои Қазоқистони Ҷанубӣ, Ҷамбил, Қизилорда 90 мурғи дигар шикор кунад.

Ду шайхи дигар - Сурур ва Сайф Бин Муҳаммад ал-Наҳаян низ иҷозат гирифтаанд, ки 43-мурғӣ дар вилояти Мангистау шикор кунанд.

Шайхи қатарӣ Ҷасим Бин Ҳамод Бин Халиф ал-Cонӣ иҷозат дорад, 27 мурғи ҳилол дар вилояти Ҷамбил ва 30 мурғи дигар дар вилояти Алмато шикор кунад.

Барои шикори ҳар кадом мурғ шайхҳои араб ба буҷаи Қазоқистон 1700 долларӣ пардохт хоҳанд кард.

Дрофа дар Китоби сурхи Қазоқистон ҳамчун навъи парандае шомил шудааст, ки дар марҳалаи нобудшавӣ қарор дорад. Сарфи назар аз ин, мақомоти Қазоқистон давоми чанд соли охир ба шайхҳои араб иҷозаи шикори ин мурғро медиҳанд.

"Дарс"-и тарбияи ахлоқии духтарон ба волидони туркман

Дар мактабҳои миёнаи Туркманистон дар робита ба тарбияи маънавии духтарон бо иштироки падару модарон ҷаласаҳо баргузор карда мешаванд. Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, аз ибтидои ҳафтаи гузашта дар мактабҳои пойтахти Туркманистон чунин ҷаласаҳо баргузор карда мешаванд.

"Дар мактабҳои миёнаи Ишқобод мулоқоти падару модарони хонандагони синфҳои болоӣ бо намояндагони ниҳодҳои гуногуни давлатӣ баргузор мешавад. Дар ин вохӯриҳо тарбияи маънавии духтарон баррасӣ мешавад. Ба модарон гуфта мешавад, ки вақтҳои охир ҳомиладоршавии хонандагон афзоиш ёфтааст. Ҳатто ҳомиладоршавии синфҳои 7 ба қайд гирифта шудааст",-афзуд хабарнигор.

Ба гуфтаи хабарнигор, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ дар мулоқот бо волидон "рафтори ахлоқии духтарон"-ро баррасӣ карда, гуфтаанд, нушидани нушокиҳои спиртӣ ва сигоркашӣ миёни духтарон афзоиш ёфтааст.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти назари масъулони Вазорати маорифи Туркманистон, аз ҷумла раҳбарияти Идораи маорифи Ишқобод дар ин замина бенатиҷа буданд.

Пештар хабарнигори радио иттилоъ дода буд, ки кормандони мақомоти додгоҳӣ, додситонӣ, пулис, маориф ва тандурустии вилояти Лебап бо хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Туркманобод суҳбатҳои тарбиявӣ анҷом медиҳанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Ваъдаи кор дар Чехия дурӯғ баромад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00
XS
SM
MD
LG