Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Мувофиқати курдҳо бо Русияву Сурия барои муқобила бо Туркия

Шаҳри Тали Абёд дар Сурия. Амалиёти Туркия инҷо ҳам идома дорад.

Раҳбари курдҳои Сурия мегӯяд, созиши ҳосилшуда бо миёнҷигарии Маскав бо раиси ҷумҳур Башшор Асад ба ирсоли нерӯҳои Сурия ба марз тамаркуз кардааст ва масоили сиёсиро ду тараф дертар баррасӣ мекунанд. Алдор Халил, сиёсатмадори курд гуфт, ҳадафи “тадобири фавқуллода”, ки зери назари Русия шарики калидии Башшор Асад андешида мешавад, монеъ шудан ба амалиёти Туркия дар шимолушарқи Сурия аст.

Бо вусъат гирифтани амалиёти Туркия, Амрико рӯзи 13-уми октябр гуфт, ки 1000 сарбозашро аз шимолушарқи Туркия берун мебарад. Амалиёт як ҳафта пеш ва баъди он оғоз ёфт, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико тасмим гирифт, нерӯҳои кишварашро, ки солҳо боз дар Сурия буданд, аз ду посгоҳи дурафтода хориҷ кунад. Туркия мегӯяд, ҳадафи амалиёташ дар қаламрави Сурия размандони курди Ягонаҳои муҳофизи халқ ҳастанд, ки Анкара онҳоро “террорист” меномад.

Сарбозони Сурия ҳоло барои вуруд аз шаҳри марзии Манбиҷ ба Дерик омодагӣ мегиранд. Онҳо барои ин кор бо Нерӯҳои Демократии Сурия мувофиқат кардааанд, ки Ягонаҳои муҳофизи халқ шохаи он аст. Ин созмон шимолушарқи Сурияро зери назорат дорад.

Бадрон Ҷиё Курд, яке аз мақомҳои курд гуфтааст: “Баъд аз онки амрикоиҳо минтақаро раҳо карданд ва ба туркҳо имкони ҳамла доданд, мо маҷбур шудем, роҳи дигареро ҷустуҷу кунем ва он ҳам гуфтугу бо Димишқ ва Маскав аст, ки ин ҳамлаҳои Туркияро рафъ кунем.” Созмони Милал мегӯяд, дар натиҷаи амалиёти Туркия бештар 130 ҳазор нафар аз хонаҳояшон гурехтаанд.

Зеленский аз ҳамватанонаш хост, ба иғво дода нашаванд

Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аз онҳое, ки дар раҳпаймоиҳои бахшида ба Рӯзи муҳофизони ватан ширкат мекунанд, хостааст, барои расонаҳои Русия баҳонае барои манфӣ нишон додани кишвар пеш наоранд. Ӯ рӯзи 13-уми октябр тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамватанонаш муроҷиат кард. Ӯ навишт, "набояд ба иғвои онҳое дода шаванд, ки мехоҳанд, барои телевизионҳои Русия саҳнаи диданӣ омода кунанд."

Владимир Зеленский ба гузоришҳои телевизионҳои Русия ишора кардааст, ки аксаран Украинаро кишваре ҷилва медиҳанд, ки ифротгароёни мутаасибе онро мудирият мекунанд. Дар Рӯзи муҳофизони ватан умдатан гуруҳҳои миллатгаро, собиқадорони ҷанг ва ихтиёриёни ҷанг дар Донбасс ҷамъ мешаванд.

Рӯзи муҳофизони ватан дар Украина баъди он эълон шуд, ки Русия нимҷазираи Қримро ишғол кард ва дар вилоятҳои Донетс ва Луҳанск муноқишаҳои ҷудоиталабонро барангехт.

Владимир Зеленский навишт, “Рӯзи 14-уми октябр дар пойтахт собиқадорону ихтиёриёни зиёде ҷамъ меоянд. Ман нигаронии шумо дар бораи ҳалли вазъият дар Донбассро мефаҳмам. Ҳаққи шумост, ки мехоҳед, муборизаатон зоеъ нашавад. Ман ҳамчун раиси ҷумҳури Украина ва фармондеҳи олии нерӯҳои мусаллаҳ намегузорам чунин шавад."

Пулиси Украина мегӯяд, қарор аст дар гӯшаҳои гуногуни кишвар 300 раҳпаймоӣ сурат бигирад.

Сӣ Ҷинпин: Талоши тақсим кардани Чин ноком хоҳад шуд

Пулиси зидди шӯриш дар Чин

Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, бо ишора ба эътирозҳо дар Ҳонгконг, ки чаҳор моҳ боз идома дорад, гуфт, "ҳама гуна талоши тақсимсозии Чин бо порасозии ҷисмҳо ва ба хоку хокистар табдил додани устухонҳо анҷом мешавад".

Ба иттилои расонаҳои расмии Чин, Сӣ Ҷинпин дар ин бора дар ҷараёни сафараш дар рӯзҳои истироҳати гузашта дар Непал таъкид кардааст.

Изҳороти Ҷинпин дар ҳоле садо медиҳад, ки эътирозгарон дар Ҳонгконг ахиран бо мақомот задухӯрд карданд. Дар Тайван ҳам, ки Пекин онро ҷузъе аз қаламравӣ худ медонад, вазъ муташанниҷ шудааст. Чин пештар аз ин "нерӯҳои хориҷӣ"-ро дар густариш додани эътирозҳои Ҳонгконг айбдор кард.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ Чинро ба хотири поймол кардани ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ақаллиятҳои Тибет ва Шинҷон, маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоъ, мавҷуд набудани рақобати воқеии сиёсӣ айбдор мекунанд.

Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2018 хабар дод, ки дар "марказҳои мубориза бо терроризм" дар Чин наздики 1 миллион ақаллияти миллӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар Непал наздики 20 ҳазор тибетиҳои фирорӣ зиндагӣ мекунанд ва таҳти фишори Пекин ҳукумати коммунистии Непал фаъолияти ақаллиятҳои тибетиро маҳдуд кардааст.

Ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон дар садамае дар Русия

Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар қаламрави Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Хешовандони яке аз қурбониён, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар фалокати рӯзи 12-уми октябр дар ноҳияи Первомайский дар наздикии марзи Қазоқистон яке аз наздикони 31-солааш аз шаҳри Панҷакент ҷон бохтааст.

Азбаски хешовандони дигар аз сарнавишти ин ҷавон бехабаранд, Радиои Озодӣ номи ӯро ба далелҳои ахлоқӣ нашр намекунад. Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки бештар аз 40 сол доштааст, қурбонии дувум аст.

Ба гуфтаи мақомоти интизомии Русия, ронандаи тоҷик бо мусофирон ба Қазоқистон мерафтанд ва 3 километр дуртар аз гузаргоҳи марзии Маштаково ба садама дучор шудаанд.

Зоҳиран ронандаро дар мошин хоб бурдааст, ки мошини “Лада Ларгус”-и ӯ ба роҳи муқобил баромада ва ба мошини боркаш бархӯрдааст. Чаҳор мусофири дигари мошин, шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон ҷароҳат бардоштаанд.

Расонаҳои Русия навиштаанд, ки муфаттишони Бозрасии Давлатии Русия сабабҳои садамаро таҳқиқ мекунанд.

Шаҳрванди Узбекистон мехост, нусхаи қадимии Қуръонро $150 ҳазор фурӯшад

Маъмурони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон (ХАДУ) дар вилояти Фарғона мардеро боздошт карданд, ки мехост нусхаи қадимии китоби Қуръонро бар ивази 150 ҳазор доллар ба як шаҳрванди Қирғизистон фурӯшад.

Зодаи 49-солаи Бухоро Фаррух Шарапов бо мусоидат ва миёнаравии як шиносаш аз Канада бояд китобро ба шаҳрванди Қирғизистон мефурӯхт. Тарафҳо созиш карда буданд, ки Шарапов пас аз дарёфти 150 ҳазор доллар китобро аз роҳи пинҳонӣ ба Қирғизистон интиқол медиҳад.

Бар асоси хулосаи ташхиси Вазорати фарҳанги Узбекистон, матни Қуръон дар асри XVI навишта шуда, хаттот мулло Юсуф Саҳҳоф онро ба шакли китоб даровардааст. Дар робита ба ин қазия парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Тибқи қонунҳои Узбекистон, интиқоли нусхаи мазкури китоби Қуръон бо назардошти арзиши таърихӣ, илмӣ ва осорхонаияш ба хориҷ манъ аст. Он акнун ба Осорхонаи давлатии Узбекистон супорида мешавад.

Дар Узбекистон дигар хориҷиҳоро барои нақзи қоидаҳои иқомат муҷозот намекунанд

Сенати Узбекистон бо қабули тағйирот ба қонунгузорӣ ҷавобгарии ҷиноиро барои хориҷиҳое бекор кард, ки қоидаҳои буду бошро дар он кишвар нақз мекунанд.

Ҳамчунин бар асоси ин тағйирот, шаҳрвандони хориҷӣ ва ё афроди бешаҳрвандии зери 17 сол барои вайрон кардани қоидаҳои буду бош ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб нахоҳанд шуд.

Моддаи 224-уми Кодекси ҷиноии Узбекистон барои вайрон кардани қоидаҳои буду бош то 3 соли ҳабсро пешбинӣ мекард. Ҳамакнун ин меъёр бекор мешавад.

Дар Узбекистон нархи нон 40-50 дарсад боло меравад

Дар Узбекистон мумкин аст нархи нон то ба 1500 сӯм (наздик ба 1,5 сомонӣ) боло равад. Гуфта мешавад, болоравии нархи нон пас аз озод кардани нархи гандум ва орд рӯй медиҳад. Нархи як кило орд, мумкин аст, аз 1400 сӯм (1,4 сомонӣ) то ба 2000-2500 сӯм (2,1-2,6 сомонӣ) расад. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ёриҳои давлатӣ ба хонаводаҳои камбизоат ва серфарзанд афзуда хоҳад шуд. Бино ба хабари расмӣ, дар Узбекистон наздик ба 1,6 миллион одам аз давлат кумак мегирад. Нархи нон дар Узбекистон бори охир моҳи сентябри соли 2018 боло рафта буд. То он гоҳ нон дар Узбекистон 600-650 сӯм (наздик ба 0,7 сомонӣ) нарх дошт.

Шайхҳои араб иҷозаи шикор дар Қазокистонро пайдо карданд

Мақомоти Қазоқистон расман ба чаҳор шайх аз Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар иҷозат доданд, ки дар моҳҳои октябр-ноябри соли ҷорӣ дар мамнуъгоҳҳои Қазоқистон бо боз шикор кунанд. Дар ин бора қарори сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин содир шудааст.

Дар қарор омадааст, ки шайх Халиф Бин Зиёд ал-Наҳаян иҷозат дорад, бо бозҳои шикорӣ дар вилояти Туркистон 43 мурғи ҳилол (дрофа) ва дар ҳудуди вилоятҳои Қазоқистони Ҷанубӣ, Ҷамбил, Қизилорда 90 мурғи дигар шикор кунад.

Ду шайхи дигар - Сурур ва Сайф Бин Муҳаммад ал-Наҳаян низ иҷозат гирифтаанд, ки 43-мурғӣ дар вилояти Мангистау шикор кунанд.

Шайхи қатарӣ Ҷасим Бин Ҳамод Бин Халиф ал-Cонӣ иҷозат дорад, 27 мурғи ҳилол дар вилояти Ҷамбил ва 30 мурғи дигар дар вилояти Алмато шикор кунад.

Барои шикори ҳар кадом мурғ шайхҳои араб ба буҷаи Қазоқистон 1700 долларӣ пардохт хоҳанд кард.

Дрофа дар Китоби сурхи Қазоқистон ҳамчун навъи парандае шомил шудааст, ки дар марҳалаи нобудшавӣ қарор дорад. Сарфи назар аз ин, мақомоти Қазоқистон давоми чанд соли охир ба шайхҳои араб иҷозаи шикори ин мурғро медиҳанд.

"Дарс"-и тарбияи ахлоқии духтарон ба волидони туркман

Дар мактабҳои миёнаи Туркманистон дар робита ба тарбияи маънавии духтарон бо иштироки падару модарон ҷаласаҳо баргузор карда мешаванд. Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, аз ибтидои ҳафтаи гузашта дар мактабҳои пойтахти Туркманистон чунин ҷаласаҳо баргузор карда мешаванд.

"Дар мактабҳои миёнаи Ишқобод мулоқоти падару модарони хонандагони синфҳои болоӣ бо намояндагони ниҳодҳои гуногуни давлатӣ баргузор мешавад. Дар ин вохӯриҳо тарбияи маънавии духтарон баррасӣ мешавад. Ба модарон гуфта мешавад, ки вақтҳои охир ҳомиладоршавии хонандагон афзоиш ёфтааст. Ҳатто ҳомиладоршавии синфҳои 7 ба қайд гирифта шудааст",-афзуд хабарнигор.

Ба гуфтаи хабарнигор, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ дар мулоқот бо волидон "рафтори ахлоқии духтарон"-ро баррасӣ карда, гуфтаанд, нушидани нушокиҳои спиртӣ ва сигоркашӣ миёни духтарон афзоиш ёфтааст.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти назари масъулони Вазорати маорифи Туркманистон, аз ҷумла раҳбарияти Идораи маорифи Ишқобод дар ин замина бенатиҷа буданд.

Пештар хабарнигори радио иттилоъ дода буд, ки кормандони мақомоти додгоҳӣ, додситонӣ, пулис, маориф ва тандурустии вилояти Лебап бо хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Туркманобод суҳбатҳои тарбиявӣ анҷом медиҳанд.

Мусофирбарҳои Бишкек ба низоми электронии пардохт мегузаранд

Нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон аз 1 январи соли 2020 ба низоми электронии пардохт хоҳанд гузашт.

Дар навбати аввал бо кортҳои электронии мазкур танҳо ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ пардохт карда мешавад. Дар оянда қарор аст, ба он пардохти пули таваққуфгоҳ, иҷораи дучарха ва билетҳои осорхонаву театр низ шомил карда шаванд.

Кортҳои электронӣ се навъ - боимтиёз барои нафақахӯрон, барои мактаббачаҳо ва муқаррарӣ хоҳанд буд.

Аз 20 сентябри соли равон барои санҷиш дар 10 автобус ва 10 троллейбуси шаҳри Бишкек низоми электронии пардохт ҷорӣ шудааст.

Лоиҳаи "Низоми электронии пардохт"-ро дар нақлиёти мусофирбари Бишкек ширкати швейтсарии "BPC AG" иҷро мекунад. Ширкат хадамоти худро 24 миллион 120 ҳазор сом (344 ҳазор доллар) муайян кардааст.

Як ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистонро аз дасти Толибон гирифтанд

Мақомоти Вазорати дифои Афғонистон гуфтанд, рӯзи 12-уми октябр ноҳияи Дашти Арчии вилояти Кундузро аз зери тасарруфи ҷангҷӯёни Толибон озод кардаанд. Ин ноҳия дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир аст. Дар баёнияи Вазорати дифои Афғонистон гуфта шудааст, нерӯҳои давлатии Афғонистон ба маркази ноҳия ҳамла бурда, "паноҳгоҳҳои душманро хароб карданд" ва "ба онҳо зиёни ҷиддӣ расонданд". Толибон аз соли 2015 ба ин тараф дар вилояти шимолии Кундуз, ки аз назари стратегӣ ва иқтисодӣ муҳим шумурда мешавад, ҳузури густарда доранд.

Гузориши нав: Тақрибан нисфе аз муҳоҷирон маълумоти олӣ доранд

Ҳудуди 40 дарсади афроде, ки аз Тоҷикистон ба хориҷа муҳоҷират мекунанд, шахсони дорои маълумоти олӣ будаанд. Дар ин бора дар гузориши нави Бонки Ҷаҳонӣ таъкид шудааст. Гузориш ҳафтаи гузашта бо номи "Муҳоҷират ва фирори мағзҳо" нашр шуд.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ҳамчунон самти муҳоҷират аз кишварҳои Осиёи Миёна дар ҳоли тағйир аст. Дар пасманазари рукуди иқтисодӣ ва рушди суст дар Русия даромади муҳоҷирон кам шудааст ва бисёре аз муҳоҷирон рӯ ба кишварҳо аврупоӣ овардаанд.

Тағйирёбии самти муҳоҷират дар ҳолест, ки ба навиштаи гузоришгарони Бонки Ҷаҳонӣ суръати рушди иқтисод дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Миёна имсол коҳиш ёфта, ҳамагӣ 1,8 дарсадро ташкил хоҳад дод. Соли 2018 ин кишварҳо шоҳиди рушди 3,2-дарсадӣ будаанд.

Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, суст шудани суръати рушди иқтисод дар Русия ва Туркия ба коҳиши рушди иқтисоди минтақа таъсир гузоштааст.

Ҳоло ба навиштаи муаллифони Бонки Ҷаҳонӣ, ҳар саввумин муҳоҷир дар ҷаҳон рӯ ба сӯи Аврупо меорад ва муҳоҷирати густарда дар кишварҳои ин минтақа мухолифонро метавонад ба миён орад. Бонки Ҷаҳонӣ ба кишварҳои аврупоӣ тавсия додааст, ки барномаҳои кумак ба бекоронро бештар ва барномаҳои боло бурдани сатҳи тахассуси коргаронро ройгон ба роҳ монанд, то коргарони маҳаллӣ дар бозори меҳнат бо муҳоҷирон, ки аксаран сатҳи тахассуси поинтар доранд, вориди рақобат нашаванд. Чун чунин рақобат боиси ба вуҷуд омадани эътирозҳои иҷтимоӣ мешавад.

Тоҷикистон солҳо боз бо падидаи "фирори мағзҳо" рӯ ба рӯст. Аз кишвар асосан шахсони соҳибихтисос ва хусусан пизишкон ва муаллимон тавассути барномаи имтиёздори "Ҳамватан" ба Русия кӯч мебанданд. Вале мақомот пайваста фирори мағзҳоро рад карда, онро муҳоҷирати мавсимӣ донистаанд.

Чанд кишвари аврупоӣ фурӯши аслиҳаро ба Туркия маҳдуд кардаанд

Чанде аз кишварҳои аврупоӣ фурӯши аслиҳаро ба Туркия маҳдуд кардаанд. Ин иқдом ба амалиёти низомии Туркия дар шимоли шарқи Сурия рабт дорад.

Дар ин маврид раҳбарони Олмону Фаронса рӯзи шанбеи 12-уми октябр маълумот доданд. Онҳо гуфтанд, аз фурӯши силоҳҳое, ки Туркия метавонад аз он дар амалиёт ба зидди курдҳо истифода кунад, худдорӣ мекунанд.

Пеш аз ин тасмими кишварҳои аврупоӣ, Лигаи кишварҳои араб дар иҷлоси изтирории худ дар Миср ин иқдоми Туркияро "ишғоли сарзаминҳои як кишвари араб" хонда ва маҳкум карданд.

Туркия мехоҳад дар шимоли шарқи Сурия як минтақаи амн эҷод кунад, то садҳо ҳазор муҳоҷири Сурияро, ки ба ин кишвар паноҳ бурдаанд, дар ин минтақа ҷо ба ҷо намояд ва гурӯҳҳои курдро, ки "террорист" мехонад, аз марзҳои худ дур нигаҳ дорад.

Дар ин миён бахши амалиёти Вазорати дифои Туркия эълон кардааст, ки шаҳри муҳими сарҳадии Сурия – Раъсулайнро тасарруф намудааст.

Тед Круз гуфт, раҳбари Ҳонг Конг мулоқоташро бо ӯ бекор кардааст

Тед Круз, сенатор аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ

Тед Круз, сенатори амрикоӣ мегӯяд, раҳбари Ҳонг Конг, ки аз пуштибонии Чин бархӯрдор аст, мулоқоташро бо ӯ бекор кардааст.

Ин намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ рӯзи 12-уми октябр гуфт, Карри Лам аз вай хоста буд, суҳбат дар бораи ин шаҳри пурҷанҷолро махфӣ нигоҳ дорад ва дар ин маврид ба расонаҳо лаб накушояд. Чизе, ки сенатори амрикоӣ қабул накардааст.

Сенатор Круз яке аз мунтақидони Чин аст. Вай ҳангоми сафари дурӯзааш ба Ҳонг Конг аз раҳбари он Карри Лам интиқод кард ва гуфт, «ба назар мерасад, ӯ дар бораи озодии баёну озодии матбуот ошноӣ надорад».

Ба қавли Тед Круз, лағви мулоқот сустии Ламро нишон медиҳад, ки аз эътирозҳои мардум дар хиёбонҳои Ҳонг Конг ҳарос дорад.

Ҳукумати Ҳонг Конг дар номае ба хабаргузории «Рейтерс» гуфтааст, Карри Лам бо сенатори амрикоӣ вонахӯрд.

Дар Ҳонг Конг чанд моҳ боз эътирозҳо ба зидди ҳукумат ҷараён дорад. Тазоҳургарон хоҳони озодиҳои дохилии Ҳонг Конг аз Чин ҳастанд.

Имрон Хон байни Эрону Арабистони Саудӣ миёнравӣ мекунад

Имрон Хон, нахуствазири Покистон

Имрон Хон, нахуствазири Покистон, ба Эрону Арабистони Саудӣ меравад, то барои ҳалли буҳрони миёни ду рақиби минтақаӣ ба воситаи гуфтугӯҳо талош кунад. Вазорати корҳои хориҷии Покистон хабар дод, ки қарор аст Имрон Хон рӯзи 13-уми октябр ба Теҳрон расад ва сипас вориди Арабистони Саудӣ хоҳад шуд. Дар пайи ҳамлаи 14-уми сентябр ба муассисаҳои истихроҷи нафти Арабистони Саудӣ, Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – аз Имрон Хон хоста буд, барои коҳиши танишҳо миёни ду кишвари мусалмон нақши муассир ифо кунад. Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷии Покистон, ҳафтаи гузашта гуфта буд, Саудӣ шарики стратегии Исломобод ва Эрон ҳамсояву дӯсти Покистон аст. Шӯришиёни ҳусии Яман, ки аз пуштибонии Эрон бархӯрдоранд, масъулияти ҳамлаи 14-уми сентябр ба корхонаҳои нафти Арабистони Саудиро ба уҳда гирифтаанд. Риёз ва муттаҳидонаш дар ин кор Эронро айбдор мекунанд. Аммо Теҳрон ҳамагуна дахолат дар ин ҳамлаҳоро рад кардааст.

Размоиши “Бародарии шикастнопазир” дар Ҳарбмайдони Тоҷикистон

Нерӯҳои посдори сулҳи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар тамрини “Бародарии шикастнопазир” дар размоишгоҳи Ҳарбмайдони Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард. Тамрин аз 21 то 29-уми октябри имсол баргузор мешавад. Дар ин бора Ҳавзаи Низомии Марказии Русия хабар дод. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки зери назорати Русия амал мекунад, як ташкилоти низомӣ ва сиёсӣ буда, ба узвияти он Арманистону Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил ҳастанд. Хадамоти матбуоти Ҳавзаи Низомии Марказии Русия гуфт, Маскав ба размоиш беш аз 2 ҳазор нафар ва зиёда аз 600 техникаву аслиҳа мефиристад. Ба қавли манбаъ, ҳадафи асосии тамрин “такмили маҳоратҳои амалии фармондеҳони СПАД” будааст. Ин тамрин зери раҳбарии Александр Лапин, фармондеҳи Ҳавзаи Низомии Марказии Русия мегузарад. Паймони Амнияти Дастҷамъӣ соли 1992 дар Тошканд имзо шуда, соли 2002 ба Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ тағйири ном кард.

Талаби Лигаи кишварҳои араб ва Фаронса аз Туркия

Аҳмад Абулғейт

Фаронса ва Лигаи кишварҳои араб хоҳони қатъи ҳамлаҳои Туркия ба шимоли Сурия шудаанд. Аҳмад Абулғейт, раиси Лигаи кишварҳои араб, рӯзи 12-уми октябр аз Туркия хост, нерӯҳои худро аз кишвари ҷангзадаи Сурия берун кунад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаи Туркия ба шимоли Сурия боиси мавҷи нави беҷошудагон гардида, дастовардҳо дар ҷанг ба зидди гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро ба хатар рӯ ба рӯ кардааст.

Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, низ ҳушдор додааст, ки ин ҳамла метавонад боиси аз нав ҷон гирифтани фаъолияти ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” шавад.

Дар баёнияи Макрон гуфта шудааст, вай ин масъаларо дар суҳбати телефонӣ бо президенти Амрико Доналд Трамп низ дар миён гузоштааст. Вале маълум нест, оё аз Трамп хоста шудааст, ки дар ин қазия дахолат кунад, ё не.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, амалиёт ба зидди шӯришиён курди Сурия идома хоҳад ёфт ва ба гуфтаи ӯ Туркия ҷангҷӯёни курд ва ДОИШ-ро ҳадаф қарор медиҳад.

Эрдуғон қаблан гуфта буд, ки ҳадафи ин амалиёти ҳавоӣ ва заминӣ дар шимоли шарқи Сурия эҷоди як минтақаи амн аст.

Халабони русе, ки Тоҷикистон афв карда буд, дар Конго ба ҳалокат расид

Владимир Садовничий ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе. 23-юми ноябри 2011

Халабони рус Владимир Садовничий, ки соли 2011 дар Тоҷикистон ба 8,5 соли зиндон маҳкум ва дертар зери фишорҳои мақомоти Русия афв шуда буд, дар як садамаи ҳавопаймо дар шарқи Конго ба ҳалокат расидааст.

Сафорати Русия дар ин кишвари африқоӣ рӯзи 12-уми октябр марги халабонро тасдиқ кард. Мақомот гуфтанд, халабони дигари рус Виталий Шумко низ дар ин ҳодиса ҷон бохтааст. Амалиёти наҷот ва ҷустуҷӯи ҷасадҳо идома дорад. То ҳол сабаби садама эълон нашудааст.

Хабаргузориҳои Русия навиштанд, ҳодиса рӯзи 10-уми октябр, баъд аз як соати парвози ҳавопаймои Ан-72 рух дод. Пораҳои ҳавопайморо дар минтақаи Маниема, шарқи Конго ёфтаанд. Хабаргузории РИА Новости навишт, ҳавопаймо бори раҳбари Ҷумҳурии Демократии Конго Феликс Чисекедиро мекашонд. Дар дохили он ҳашт нафар будаанд.

Владимир Садовничий ним сол умри худро дар боздоштгоҳи шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин) гузарондааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ӯро моҳи марти соли 2011 ҳамроҳи шаҳрванди Эстония Алексей Руденко бо иттиҳоми гузаштани ғайриқонунӣ аз марз, қочоқ ва поймол кардани меъёрҳои байналмилалии парвоз дастгир карданд. Додгоҳ ҳардуи онҳоро ба ҳаштуним соли ҳабс маҳкум намуд.

Он замон Садовничий ва Руденко дар ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД” кор мекарданд ва ҳавопаймои онҳо пайиҳам ва бе огоҳӣ дар фурудгоҳи маркази вилояти Хатлон поин омада буд.

Тафтишот гуфт, ки ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи низомии шаҳри Кобул ба ҳаракат даромада буданд. Худи ҳавонавардон гуфтанд, сабаби фуруд омадан ба Бохтар пешгирӣ аз садамаи эҳтимолии ҳавопаймоҳо буд, зеро захираи сӯзишвории онҳо ба поён расидааст.

Вале шубҳаи мақомоти Тоҷикистонро ин масъала ба худ ҷалб кардааст, ки ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД” дар минтақаи оффшории Вирҷинияи Бритониё сабтином шуда, ҳавопаймоҳои АН-72 аз соли 2008 ба ин тараф дар ҳеҷ кишваре сабтином нашудаанд ва молики асосии онҳо низ маълум нест.

Додгоҳи вилояти Хатлон ҳамон сол ду ҳавопаймои АН-72 ва муҳаррикеро, ки бо пули онвақта 1 миллиону 88 ҳазор сомонӣ арзиш дошт ва ба ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД" мутааллиқ буд, ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира кард.

Қазияи мазкур дар расонаҳои хабарии Русия ба таври густарда бозтоб ёфт, боис ба танишҳои лафзии мақомоти Тоҷикистону Русия гардид. Мақомоти Маскав тавассути боздошту ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик мақомоти ба Душанбе фишор оварданд, то ҳукми додгоҳ бознигарӣ шавад.

Кор ба ҷое расид, ки додгоҳи вилояти Хатлон бо даъвои додситонии минтақа ҳукми додгоҳи Бохтарро “ниҳоят сахт” хонд ва онро тағйир дод. Ҳукми Садовничий ва Руденко ба 2,5-солӣ поин оварда шуд ва онҳо якбора бар асоси қонуни афв аз идомаи адои ҷазо озод шуданд.

Бо ин ҳол, халабонҳо бо ҳукми додгоҳи Хатлон розӣ набуданд ва тақозо доштанд, ки додгоҳ онҳоро комилан бегуноҳ эътироф кунад.

Вазорати корҳои хориҷии Русия низ дар пайи ин ҳукм гуфта буд, ки гуноҳи муттаҳамон дар додгоҳ исбот нашудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз бархе расонаҳои хабарии русӣ интиқод карда гуфтанд, ки парвандаи халабонҳо ангезаи сиёсӣ надошт ва Садовничий ва Руденко “воситаи муомилоти тиҷоратии касе нашудаанд”.

Садовничий ва Руденко, ки қариб ним сол дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Бохтар нигоҳдорӣ шуданд, пас аз як рӯзи эълони ҳукми додгоҳи Хатлон ба Русия ва Эстония баргаштанд, вале ҳавопаймоҳо дар Бохтар дар ҳабс монданд.

Шикояти раиси Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон аз қарори Додситонӣ

Саидбек Нуриддинов

Раиси Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон аз қарори Додситонии кули Тоҷикистон, ки даъвои шиканҷа шудани як вакили ҷавонро рад кард, ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ хабар дод, ки Саидбек Нуриддинов, раиси Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон аризаи худро ба додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе супурд.

Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон аз Додситонии кулли Тоҷикистон хоста буд, ки нисбат ба кормандони Оҷонсии зидди фасод, ки вакили ҷавонро шиканҷа кардаанд, парванда боз кунад.

Рӯзи 29-уми сентябр Додситонии кули Тоҷикистон аз боз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шиканҷа шудани Абдулазиз Абдураҳмонзода, вакили ҷавон худдорӣ кард.

Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон мегӯяд, Абдулазиз Абдураҳмонзода барои он ки гӯиё талаби кормандони Оҷонси зиддифасодро дар бораи "пора" додан ба як додрас рад кард, шиканҷа шудааст. Иддаое, ки масъулони Оҷонсӣ рад ва баръакс вакили дифоъро ба қаллобӣ муттаҳам мекунанд.

Абдулазиз Абдураҳмонзода 27 сол дошта, чаҳор сол боз ба ҳайси вакили дифоъ кор мекунад. Парвандаи ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ, ки аз ҷониби Оҷонсии зидди фасод боз шудааст, баррасӣ мешавад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, солҳои охир дар Тоҷикистон фаъолияти вакилони мудофеъ мушкил шудааст. Ду соли пеш баъд аз имтиҳони Вазорати адлияи Тоҷикистон тақрибан якуним ҳазор вакили дифоъ ҳаққи фаъолиятро аз даст доданд. Ҳоло 800 нафар мақоми вакили мудофеъро соҳиб шудаанд.

Додситонӣ амалҳои адвокати Трампро таҳқиқ мекунад

Рудолф Ҷулианӣ

Додситонӣ дар Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ба таҳқиқи аъмоли Рудолф Ҷулианӣ, вакили дифои Доналд Трамп оғоз кардааст.

Дар ин бора нашрияи “The New York Times” бо такя ба манбаи худ хабар додааст.

Ба иттилои нашрия, Ҷулианӣ ба нақзи қонун дар бораи лоббигарӣ гумонбар мешавад. Ин таҳқиқ ба парвандаи зидди ёрдамчиёни адвокати Трамп-Лва Парнаса ва Игор Фрумана, тоҷирони зодаи шӯравӣ, ки бо иттиҳоми нақзи қонун дар бораи маблағгузории маъракаи интихоботӣ боздошт шудаанд, рабт мегирад.

Додситонии федеролӣ ҳамчунин даст доштани Ҷулианиро дар истеъфо рафтани Мэри Йованович, сафири ИМА дар Украина месанҷад.

Онҳо ба ин боваранд, ки адвокати Трамп кушиш мекард, ба кори ӯ халал расонад.

Худи Ҷулианӣ даст доштанаш дар истеъфо рафтани Йовановичро рад мекунад, вале эътироф мекунад, ки ҳамроҳ бо ёрдамчиаш ва додситонии Украина дар бораи ӯ, Ҷозеф Байдену писараш маълумот ҷамъ кардааст.

Таҳқиқи фаъолияти Байден ва писараш дар Украина боиси оғози маъракаи импичменти Трамп шуд.

Бино ба иттилои «Associated Press» Йованович аз мақомаш ба он хотир барканор шуд, ки хоҳиши Ҷулианро дар бораи фишор ба мақомоти Украина барои таҳқиқи фаъолиятҳои писари Байден иҷро накард. Писари Байден дар Украина тиҷорат дорад.

Худи сафири собиқ ҳоло дар ҷалассаи пушидаи Конгерс дар мавриди импичменти эҳтимолии Трамп иштирок мекунад.

Матбуоти амрикоӣ навиштанд, ки Йованович гуфтааст, зери фишор ба истеъфо рафта буд.

Қазоқистон ба чор шайх иҷозаи шикори мурғи Дуғдоғро дод

Ҳукумати Қазоқистон расман дар моҳи октябр ва ноябри имсол ба чор шайх аз Имороти муттаҳидаи Араб иҷозаи шикори мурғи Дуғдоғ дар мамнӯгоҳҳои кишварро дод.

Ин чор нафар паррандаҳои нодирро тариқи шоҳин шикор хоҳанд кард.

Ин қарорро Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон имзо кардааст.

Шайхҳо аз Имороти муттаҳидаи Араб дар минтақаҳои махсус ҳифзшаванда дар Қазоқистон мурғҳои нодирро шикор хоҳанд кард.

Барои ҳар паррандаи шикоршуда онҳо ба буҷаи Қазоқистон 1700 доллар пардохт хоҳанд кард.

Мурғи Дуғдоғ, ки ба чор шаҳрванди АМА иҷозаи шикорашро додаанд, дар китоби Сурхи Қазоқистон ҳамчун паррандаи нодир сабт шудааст.

Вазири дифои Амрико: Мо аз кӯмак ба курдҳо даст намекашем

Марк Эспер, вазири дифои ИМА

Марк Эспер, вазири дифои Ийолоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи ҷумъа гуфт, ки ИМА аз кӯмак ба низомиёни курд, ки дар шимоли Сурия ҷойгиранд, даст намекашад ва ҳамкориро бо онҳо идома медиҳад.

“Мо курдҳоро ба ҳоли худ нагузоштаем. Ҳеҷ кас ба Туркия барои ин амалиёт чароғи сабз нишон надодааст”,--гуфт Марк Эспер зимни як нишасти матбуотӣ.

Чанд рӯзи ахир дар ҷомеаи Амрико Доналд Трамп, президенти кишварро барои берун кардани як гурӯҳ низомиёни амрикоӣ аз марзи Туркия дар Сурия, ки ба ҳарбиёни курд кӯмак мекарданд, танқид мекунанд.

Пас аз се рӯзи берун шудани низомиёни амрикоӣ аз минтақа, ки бо қарори Доналд Трамп сурат гирифт, Туркия дар ин минтақа амалиёти низомӣ роҳандозӣ кард.

Мунтақидони Доналд Трамп мегӯянд, Амрико муттаҳиди худро дар минтақа танҳо гузошт.

Аммо Марк Эспер, вазири дифои Амрико амалиёти Туркияро таҳдид ба низомиёни курд хонд ва гуфт, ки курдҳоро танҳо нахоҳанд гузошт.

Пас аз чанд соати нишасти вазири дифои Амрико ба қароргоҳи неруҳои амрикоӣ дар наздикии шаҳри Кубонии Сурия ҳамла сурат гирифт. Туркия гуфт, ки ҳамла иштибоҳӣ буд.

Боздошти ду сокини Исфара дар марз бо Қирғизистон

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ду сокини шаҳри Исфараро марзбонони қирғиз дар мавзеи "Пули офтобруя" боздошт кардаанд.

Ҷониби Қирғизистон ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ё рад накардааст, вале дар гузашта, мақомоти қирғиз, боздошти сокинонро дар ин мавзеъ ба марзшиканӣ рабт дода буданд.

Аминҷон Нозиров, корманди шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҷамоати Ворухи Исфара гуфт, шоми рӯзи 11-уми октябр сокинонро дар чарогоҳи «Пули офтобруя» боздошт кардаанд.

Марз дар ин минтақа мушаххас нест ва зимни рафтуо дар ин ҳудуд зуд-зуд миёни сокинону мақомоти ду кишвар нофаҳмӣ рӯх медиҳад.

Як сокини ҷамоати Ворух, ки шоҳиди боздошти сокинон будааст, бидуни зикри номаш гуфт, онҳо дар чарогоҳ ба шикор машғул буданд.

Ӯ гуфт, ҳамроҳонаш дуртар аз ӯ қарор доштанд ва сарҳадбонҳо ҳардуро бо худ бурданд.

Қисме аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст. Аксари баҳсҳои марзӣ, ба гуфтаи коршиносон, аз номушаххасӣ дар марз рух медиҳад.

Эрон аз ҳамла ба киштии "Собитӣ" хабар дод

Ба гуфтаи Ширкати миллии нафткаши эронӣ, як киштии нафткаши эронӣ ба зарбаҳои эҳтимолии мушакӣ дар соҳили Арабистони Саудӣ дучор шуда, ки сабаби рехтани нафт ба баҳри Сурх шудааст.

Ин ширкати давлатӣ рӯзи 11 октябр гуфт, "Собитӣ" дар 100 километрии бандари Ҷидда дар Арабистони Саудӣ дучори ду инфиҷор дар танаш шуд. Дар изҳорот омадааст, ки ин таркишҳо "эҳтимол аз зарбаҳои мушакӣ руй дода бошанд."

Телевизиони давлатӣ бо такя ба ширкати миллии нафти Эрон хабар дод, ки киштӣ бо ду мушак зада шудааст.

Аз ҷониби масъулони Саудӣ дар бораи ин ҳодиса, ки пас аз тезу тунд шудани кашмакашҳо дар минтақа ба вуқӯъ пайвастааст, ҳеҷ гуна тасдиқи фаврӣ нарасидааст.

Ширкати миллии нафткаши эронӣ гуфт: " Ҳама ҳайати киштӣ амн ҳастанд ва киштӣ низ устувор аст."

Хабаргузории давлатии IRNA гуфт: " Даруни "Собитӣ" оташе нест ва киштӣ" пурра пойдор аст. "Рехтани нафт аз нафткаши эронӣ" нигоҳ дошта шудааст ва ҳолат таҳти назорат аст. "

Се гузинаи Трамп дар рӯ ба рӯйи ҳамлаи Туркия ба курдҳои Сурия

Ҳангоме ки Туркия ҳамлаҳои худро ба артиши курдҳои Сурия пурзур кард ва дар Конгресси ИМА ҷорӣ кардани таҳримҳо ба Анқара барои амалҳояш дар шимолу шарқи Сурия оғоз ёфт, ҳазорон нафар хонаҳои худро тарк карданд. Дар ин ҳамлаҳои се рӯзи охир даҳҳо нафар кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол, президент Доналд Трамп рӯзи 10 октябр гуфт, ки омода аст "дар созиши миёни Туркия ва курдҳо миёнаравӣ кунад.

Қарори Трам дар бораи берун бурдани нерӯҳои ИМА, ки ба қувваҳои курд дар минтақа ёрӣ мерасонданд, пеш аз ҳуҷуми низомии Туркия буд.

”Мо яке аз се гузинаро дорем: Ҳазорон сарбозро фиристем ва ба таври низмӣ пирӯз шавем, Туркияро аз ҷиҳати молиявӣ ва таҳримҳо сахт зарба занем ё миёни Туркия ва курдҳо барои созиш миёнаравӣ кунем",--навишт ӯ дар Твиттер.

Баъдтар, ҳангоме ки хабарнигорон дар бораи гузинаҳояш пурсиданд, Трамп гуфт, "умедворам, ки тавонем миёнаравӣ кунем."

Вай афзуд, ки Иёлоти Муттаҳида мумкин аст, "ба зидди Туркия бо таҳримҳо ва дигар чизҳои молиявӣ кори сахтеро" анҷом диҳад.

Ҳангоми суханронии ӯ, 29 узви ҳизби ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси намояндагон эълом доштанд, қонунеро ошно хоҳанд кард, ки аз рӯи он мешавад ба Анқара барои амалҳояш дар шимоли Сурия таҳримҳо ҷорӣ кард. Ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси намояндагон ва Сенат, ба изҳороти рӯзи 6 октбри Трамп дар бораи баровардани нерӯҳои Амрико аз шимоли Сурия зидд буданд ва мунаққидон онро ҳамчун хиёнат ба нерӯҳои курди ҳампаймони Иёлоти Муттаҳида медонанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Аз мадрасаҳои Бангладеш наврасони тоҷикро баргардонданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00
XS
SM
MD
LG