Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Як ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистонро аз дасти Толибон гирифтанд

Мақомоти Вазорати дифои Афғонистон гуфтанд, рӯзи 12-уми октябр ноҳияи Дашти Арчии вилояти Кундузро аз зери тасарруфи ҷангҷӯёни Толибон озод кардаанд. Ин ноҳия дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир аст. Дар баёнияи Вазорати дифои Афғонистон гуфта шудааст, нерӯҳои давлатии Афғонистон ба маркази ноҳия ҳамла бурда, "паноҳгоҳҳои душманро хароб карданд" ва "ба онҳо зиёни ҷиддӣ расонданд". Толибон аз соли 2015 ба ин тараф дар вилояти шимолии Кундуз, ки аз назари стратегӣ ва иқтисодӣ муҳим шумурда мешавад, ҳузури густарда доранд.

Гузориши нав: Тақрибан нисфе аз муҳоҷирон маълумоти олӣ доранд

Ҳудуди 40 дарсади афроде, ки аз Тоҷикистон ба хориҷа муҳоҷират мекунанд, шахсони дорои маълумоти олӣ будаанд. Дар ин бора дар гузориши нави Бонки Ҷаҳонӣ таъкид шудааст. Гузориш ҳафтаи гузашта бо номи "Муҳоҷират ва фирори мағзҳо" нашр шуд.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ҳамчунон самти муҳоҷират аз кишварҳои Осиёи Миёна дар ҳоли тағйир аст. Дар пасманазари рукуди иқтисодӣ ва рушди суст дар Русия даромади муҳоҷирон кам шудааст ва бисёре аз муҳоҷирон рӯ ба кишварҳо аврупоӣ овардаанд.

Тағйирёбии самти муҳоҷират дар ҳолест, ки ба навиштаи гузоришгарони Бонки Ҷаҳонӣ суръати рушди иқтисод дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Миёна имсол коҳиш ёфта, ҳамагӣ 1,8 дарсадро ташкил хоҳад дод. Соли 2018 ин кишварҳо шоҳиди рушди 3,2-дарсадӣ будаанд.

Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, суст шудани суръати рушди иқтисод дар Русия ва Туркия ба коҳиши рушди иқтисоди минтақа таъсир гузоштааст.

Ҳоло ба навиштаи муаллифони Бонки Ҷаҳонӣ, ҳар саввумин муҳоҷир дар ҷаҳон рӯ ба сӯи Аврупо меорад ва муҳоҷирати густарда дар кишварҳои ин минтақа мухолифонро метавонад ба миён орад. Бонки Ҷаҳонӣ ба кишварҳои аврупоӣ тавсия додааст, ки барномаҳои кумак ба бекоронро бештар ва барномаҳои боло бурдани сатҳи тахассуси коргаронро ройгон ба роҳ монанд, то коргарони маҳаллӣ дар бозори меҳнат бо муҳоҷирон, ки аксаран сатҳи тахассуси поинтар доранд, вориди рақобат нашаванд. Чун чунин рақобат боиси ба вуҷуд омадани эътирозҳои иҷтимоӣ мешавад.

Тоҷикистон солҳо боз бо падидаи "фирори мағзҳо" рӯ ба рӯст. Аз кишвар асосан шахсони соҳибихтисос ва хусусан пизишкон ва муаллимон тавассути барномаи имтиёздори "Ҳамватан" ба Русия кӯч мебанданд. Вале мақомот пайваста фирори мағзҳоро рад карда, онро муҳоҷирати мавсимӣ донистаанд.

Чанд кишвари аврупоӣ фурӯши аслиҳаро ба Туркия маҳдуд кардаанд

Чанде аз кишварҳои аврупоӣ фурӯши аслиҳаро ба Туркия маҳдуд кардаанд. Ин иқдом ба амалиёти низомии Туркия дар шимоли шарқи Сурия рабт дорад.

Дар ин маврид раҳбарони Олмону Фаронса рӯзи шанбеи 12-уми октябр маълумот доданд. Онҳо гуфтанд, аз фурӯши силоҳҳое, ки Туркия метавонад аз он дар амалиёт ба зидди курдҳо истифода кунад, худдорӣ мекунанд.

Пеш аз ин тасмими кишварҳои аврупоӣ, Лигаи кишварҳои араб дар иҷлоси изтирории худ дар Миср ин иқдоми Туркияро "ишғоли сарзаминҳои як кишвари араб" хонда ва маҳкум карданд.

Туркия мехоҳад дар шимоли шарқи Сурия як минтақаи амн эҷод кунад, то садҳо ҳазор муҳоҷири Сурияро, ки ба ин кишвар паноҳ бурдаанд, дар ин минтақа ҷо ба ҷо намояд ва гурӯҳҳои курдро, ки "террорист" мехонад, аз марзҳои худ дур нигаҳ дорад.

Дар ин миён бахши амалиёти Вазорати дифои Туркия эълон кардааст, ки шаҳри муҳими сарҳадии Сурия – Раъсулайнро тасарруф намудааст.

Тед Круз гуфт, раҳбари Ҳонг Конг мулоқоташро бо ӯ бекор кардааст

Тед Круз, сенатор аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ

Тед Круз, сенатори амрикоӣ мегӯяд, раҳбари Ҳонг Конг, ки аз пуштибонии Чин бархӯрдор аст, мулоқоташро бо ӯ бекор кардааст.

Ин намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ рӯзи 12-уми октябр гуфт, Карри Лам аз вай хоста буд, суҳбат дар бораи ин шаҳри пурҷанҷолро махфӣ нигоҳ дорад ва дар ин маврид ба расонаҳо лаб накушояд. Чизе, ки сенатори амрикоӣ қабул накардааст.

Сенатор Круз яке аз мунтақидони Чин аст. Вай ҳангоми сафари дурӯзааш ба Ҳонг Конг аз раҳбари он Карри Лам интиқод кард ва гуфт, «ба назар мерасад, ӯ дар бораи озодии баёну озодии матбуот ошноӣ надорад».

Ба қавли Тед Круз, лағви мулоқот сустии Ламро нишон медиҳад, ки аз эътирозҳои мардум дар хиёбонҳои Ҳонг Конг ҳарос дорад.

Ҳукумати Ҳонг Конг дар номае ба хабаргузории «Рейтерс» гуфтааст, Карри Лам бо сенатори амрикоӣ вонахӯрд.

Дар Ҳонг Конг чанд моҳ боз эътирозҳо ба зидди ҳукумат ҷараён дорад. Тазоҳургарон хоҳони озодиҳои дохилии Ҳонг Конг аз Чин ҳастанд.

Имрон Хон байни Эрону Арабистони Саудӣ миёнравӣ мекунад

Имрон Хон, нахуствазири Покистон

Имрон Хон, нахуствазири Покистон, ба Эрону Арабистони Саудӣ меравад, то барои ҳалли буҳрони миёни ду рақиби минтақаӣ ба воситаи гуфтугӯҳо талош кунад. Вазорати корҳои хориҷии Покистон хабар дод, ки қарор аст Имрон Хон рӯзи 13-уми октябр ба Теҳрон расад ва сипас вориди Арабистони Саудӣ хоҳад шуд. Дар пайи ҳамлаи 14-уми сентябр ба муассисаҳои истихроҷи нафти Арабистони Саудӣ, Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – аз Имрон Хон хоста буд, барои коҳиши танишҳо миёни ду кишвари мусалмон нақши муассир ифо кунад. Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷии Покистон, ҳафтаи гузашта гуфта буд, Саудӣ шарики стратегии Исломобод ва Эрон ҳамсояву дӯсти Покистон аст. Шӯришиёни ҳусии Яман, ки аз пуштибонии Эрон бархӯрдоранд, масъулияти ҳамлаи 14-уми сентябр ба корхонаҳои нафти Арабистони Саудиро ба уҳда гирифтаанд. Риёз ва муттаҳидонаш дар ин кор Эронро айбдор мекунанд. Аммо Теҳрон ҳамагуна дахолат дар ин ҳамлаҳоро рад кардааст.

Размоиши “Бародарии шикастнопазир” дар Ҳарбмайдони Тоҷикистон

Нерӯҳои посдори сулҳи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар тамрини “Бародарии шикастнопазир” дар размоишгоҳи Ҳарбмайдони Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард. Тамрин аз 21 то 29-уми октябри имсол баргузор мешавад. Дар ин бора Ҳавзаи Низомии Марказии Русия хабар дод. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки зери назорати Русия амал мекунад, як ташкилоти низомӣ ва сиёсӣ буда, ба узвияти он Арманистону Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил ҳастанд. Хадамоти матбуоти Ҳавзаи Низомии Марказии Русия гуфт, Маскав ба размоиш беш аз 2 ҳазор нафар ва зиёда аз 600 техникаву аслиҳа мефиристад. Ба қавли манбаъ, ҳадафи асосии тамрин “такмили маҳоратҳои амалии фармондеҳони СПАД” будааст. Ин тамрин зери раҳбарии Александр Лапин, фармондеҳи Ҳавзаи Низомии Марказии Русия мегузарад. Паймони Амнияти Дастҷамъӣ соли 1992 дар Тошканд имзо шуда, соли 2002 ба Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ тағйири ном кард.

Талаби Лигаи кишварҳои араб ва Фаронса аз Туркия

Аҳмад Абулғейт

Фаронса ва Лигаи кишварҳои араб хоҳони қатъи ҳамлаҳои Туркия ба шимоли Сурия шудаанд. Аҳмад Абулғейт, раиси Лигаи кишварҳои араб, рӯзи 12-уми октябр аз Туркия хост, нерӯҳои худро аз кишвари ҷангзадаи Сурия берун кунад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаи Туркия ба шимоли Сурия боиси мавҷи нави беҷошудагон гардида, дастовардҳо дар ҷанг ба зидди гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро ба хатар рӯ ба рӯ кардааст.

Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, низ ҳушдор додааст, ки ин ҳамла метавонад боиси аз нав ҷон гирифтани фаъолияти ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” шавад.

Дар баёнияи Макрон гуфта шудааст, вай ин масъаларо дар суҳбати телефонӣ бо президенти Амрико Доналд Трамп низ дар миён гузоштааст. Вале маълум нест, оё аз Трамп хоста шудааст, ки дар ин қазия дахолат кунад, ё не.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, амалиёт ба зидди шӯришиён курди Сурия идома хоҳад ёфт ва ба гуфтаи ӯ Туркия ҷангҷӯёни курд ва ДОИШ-ро ҳадаф қарор медиҳад.

Эрдуғон қаблан гуфта буд, ки ҳадафи ин амалиёти ҳавоӣ ва заминӣ дар шимоли шарқи Сурия эҷоди як минтақаи амн аст.

Халабони русе, ки Тоҷикистон афв карда буд, дар Конго ба ҳалокат расид

Владимир Садовничий ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе. 23-юми ноябри 2011

Халабони рус Владимир Садовничий, ки соли 2011 дар Тоҷикистон ба 8,5 соли зиндон маҳкум ва дертар зери фишорҳои мақомоти Русия афв шуда буд, дар як садамаи ҳавопаймо дар шарқи Конго ба ҳалокат расидааст.

Сафорати Русия дар ин кишвари африқоӣ рӯзи 12-уми октябр марги халабонро тасдиқ кард. Мақомот гуфтанд, халабони дигари рус Виталий Шумко низ дар ин ҳодиса ҷон бохтааст. Амалиёти наҷот ва ҷустуҷӯи ҷасадҳо идома дорад. То ҳол сабаби садама эълон нашудааст.

Хабаргузориҳои Русия навиштанд, ҳодиса рӯзи 10-уми октябр, баъд аз як соати парвози ҳавопаймои Ан-72 рух дод. Пораҳои ҳавопайморо дар минтақаи Маниема, шарқи Конго ёфтаанд. Хабаргузории РИА Новости навишт, ҳавопаймо бори раҳбари Ҷумҳурии Демократии Конго Феликс Чисекедиро мекашонд. Дар дохили он ҳашт нафар будаанд.

Владимир Садовничий ним сол умри худро дар боздоштгоҳи шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин) гузарондааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ӯро моҳи марти соли 2011 ҳамроҳи шаҳрванди Эстония Алексей Руденко бо иттиҳоми гузаштани ғайриқонунӣ аз марз, қочоқ ва поймол кардани меъёрҳои байналмилалии парвоз дастгир карданд. Додгоҳ ҳардуи онҳоро ба ҳаштуним соли ҳабс маҳкум намуд.

Он замон Садовничий ва Руденко дар ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД” кор мекарданд ва ҳавопаймои онҳо пайиҳам ва бе огоҳӣ дар фурудгоҳи маркази вилояти Хатлон поин омада буд.

Тафтишот гуфт, ки ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи низомии шаҳри Кобул ба ҳаракат даромада буданд. Худи ҳавонавардон гуфтанд, сабаби фуруд омадан ба Бохтар пешгирӣ аз садамаи эҳтимолии ҳавопаймоҳо буд, зеро захираи сӯзишвории онҳо ба поён расидааст.

Вале шубҳаи мақомоти Тоҷикистонро ин масъала ба худ ҷалб кардааст, ки ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД” дар минтақаи оффшории Вирҷинияи Бритониё сабтином шуда, ҳавопаймоҳои АН-72 аз соли 2008 ба ин тараф дар ҳеҷ кишваре сабтином нашудаанд ва молики асосии онҳо низ маълум нест.

Додгоҳи вилояти Хатлон ҳамон сол ду ҳавопаймои АН-72 ва муҳаррикеро, ки бо пули онвақта 1 миллиону 88 ҳазор сомонӣ арзиш дошт ва ба ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД" мутааллиқ буд, ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира кард.

Қазияи мазкур дар расонаҳои хабарии Русия ба таври густарда бозтоб ёфт, боис ба танишҳои лафзии мақомоти Тоҷикистону Русия гардид. Мақомоти Маскав тавассути боздошту ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик мақомоти ба Душанбе фишор оварданд, то ҳукми додгоҳ бознигарӣ шавад.

Кор ба ҷое расид, ки додгоҳи вилояти Хатлон бо даъвои додситонии минтақа ҳукми додгоҳи Бохтарро “ниҳоят сахт” хонд ва онро тағйир дод. Ҳукми Садовничий ва Руденко ба 2,5-солӣ поин оварда шуд ва онҳо якбора бар асоси қонуни афв аз идомаи адои ҷазо озод шуданд.

Бо ин ҳол, халабонҳо бо ҳукми додгоҳи Хатлон розӣ набуданд ва тақозо доштанд, ки додгоҳ онҳоро комилан бегуноҳ эътироф кунад.

Вазорати корҳои хориҷии Русия низ дар пайи ин ҳукм гуфта буд, ки гуноҳи муттаҳамон дар додгоҳ исбот нашудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз бархе расонаҳои хабарии русӣ интиқод карда гуфтанд, ки парвандаи халабонҳо ангезаи сиёсӣ надошт ва Садовничий ва Руденко “воситаи муомилоти тиҷоратии касе нашудаанд”.

Садовничий ва Руденко, ки қариб ним сол дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Бохтар нигоҳдорӣ шуданд, пас аз як рӯзи эълони ҳукми додгоҳи Хатлон ба Русия ва Эстония баргаштанд, вале ҳавопаймоҳо дар Бохтар дар ҳабс монданд.

Шикояти раиси Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон аз қарори Додситонӣ

Саидбек Нуриддинов

Раиси Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон аз қарори Додситонии кули Тоҷикистон, ки даъвои шиканҷа шудани як вакили ҷавонро рад кард, ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ хабар дод, ки Саидбек Нуриддинов, раиси Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон аризаи худро ба додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе супурд.

Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон аз Додситонии кулли Тоҷикистон хоста буд, ки нисбат ба кормандони Оҷонсии зидди фасод, ки вакили ҷавонро шиканҷа кардаанд, парванда боз кунад.

Рӯзи 29-уми сентябр Додситонии кули Тоҷикистон аз боз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шиканҷа шудани Абдулазиз Абдураҳмонзода, вакили ҷавон худдорӣ кард.

Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон мегӯяд, Абдулазиз Абдураҳмонзода барои он ки гӯиё талаби кормандони Оҷонси зиддифасодро дар бораи "пора" додан ба як додрас рад кард, шиканҷа шудааст. Иддаое, ки масъулони Оҷонсӣ рад ва баръакс вакили дифоъро ба қаллобӣ муттаҳам мекунанд.

Абдулазиз Абдураҳмонзода 27 сол дошта, чаҳор сол боз ба ҳайси вакили дифоъ кор мекунад. Парвандаи ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ, ки аз ҷониби Оҷонсии зидди фасод боз шудааст, баррасӣ мешавад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, солҳои охир дар Тоҷикистон фаъолияти вакилони мудофеъ мушкил шудааст. Ду соли пеш баъд аз имтиҳони Вазорати адлияи Тоҷикистон тақрибан якуним ҳазор вакили дифоъ ҳаққи фаъолиятро аз даст доданд. Ҳоло 800 нафар мақоми вакили мудофеъро соҳиб шудаанд.

Додситонӣ амалҳои адвокати Трампро таҳқиқ мекунад

Рудолф Ҷулианӣ

Додситонӣ дар Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ба таҳқиқи аъмоли Рудолф Ҷулианӣ, вакили дифои Доналд Трамп оғоз кардааст.

Дар ин бора нашрияи “The New York Times” бо такя ба манбаи худ хабар додааст.

Ба иттилои нашрия, Ҷулианӣ ба нақзи қонун дар бораи лоббигарӣ гумонбар мешавад. Ин таҳқиқ ба парвандаи зидди ёрдамчиёни адвокати Трамп-Лва Парнаса ва Игор Фрумана, тоҷирони зодаи шӯравӣ, ки бо иттиҳоми нақзи қонун дар бораи маблағгузории маъракаи интихоботӣ боздошт шудаанд, рабт мегирад.

Додситонии федеролӣ ҳамчунин даст доштани Ҷулианиро дар истеъфо рафтани Мэри Йованович, сафири ИМА дар Украина месанҷад.

Онҳо ба ин боваранд, ки адвокати Трамп кушиш мекард, ба кори ӯ халал расонад.

Худи Ҷулианӣ даст доштанаш дар истеъфо рафтани Йовановичро рад мекунад, вале эътироф мекунад, ки ҳамроҳ бо ёрдамчиаш ва додситонии Украина дар бораи ӯ, Ҷозеф Байдену писараш маълумот ҷамъ кардааст.

Таҳқиқи фаъолияти Байден ва писараш дар Украина боиси оғози маъракаи импичменти Трамп шуд.

Бино ба иттилои «Associated Press» Йованович аз мақомаш ба он хотир барканор шуд, ки хоҳиши Ҷулианро дар бораи фишор ба мақомоти Украина барои таҳқиқи фаъолиятҳои писари Байден иҷро накард. Писари Байден дар Украина тиҷорат дорад.

Худи сафири собиқ ҳоло дар ҷалассаи пушидаи Конгерс дар мавриди импичменти эҳтимолии Трамп иштирок мекунад.

Матбуоти амрикоӣ навиштанд, ки Йованович гуфтааст, зери фишор ба истеъфо рафта буд.

Қазоқистон ба чор шайх иҷозаи шикори мурғи Дуғдоғро дод

Ҳукумати Қазоқистон расман дар моҳи октябр ва ноябри имсол ба чор шайх аз Имороти муттаҳидаи Араб иҷозаи шикори мурғи Дуғдоғ дар мамнӯгоҳҳои кишварро дод.

Ин чор нафар паррандаҳои нодирро тариқи шоҳин шикор хоҳанд кард.

Ин қарорро Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон имзо кардааст.

Шайхҳо аз Имороти муттаҳидаи Араб дар минтақаҳои махсус ҳифзшаванда дар Қазоқистон мурғҳои нодирро шикор хоҳанд кард.

Барои ҳар паррандаи шикоршуда онҳо ба буҷаи Қазоқистон 1700 доллар пардохт хоҳанд кард.

Мурғи Дуғдоғ, ки ба чор шаҳрванди АМА иҷозаи шикорашро додаанд, дар китоби Сурхи Қазоқистон ҳамчун паррандаи нодир сабт шудааст.

Вазири дифои Амрико: Мо аз кӯмак ба курдҳо даст намекашем

Марк Эспер, вазири дифои ИМА

Марк Эспер, вазири дифои Ийолоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи ҷумъа гуфт, ки ИМА аз кӯмак ба низомиёни курд, ки дар шимоли Сурия ҷойгиранд, даст намекашад ва ҳамкориро бо онҳо идома медиҳад.

“Мо курдҳоро ба ҳоли худ нагузоштаем. Ҳеҷ кас ба Туркия барои ин амалиёт чароғи сабз нишон надодааст”,--гуфт Марк Эспер зимни як нишасти матбуотӣ.

Чанд рӯзи ахир дар ҷомеаи Амрико Доналд Трамп, президенти кишварро барои берун кардани як гурӯҳ низомиёни амрикоӣ аз марзи Туркия дар Сурия, ки ба ҳарбиёни курд кӯмак мекарданд, танқид мекунанд.

Пас аз се рӯзи берун шудани низомиёни амрикоӣ аз минтақа, ки бо қарори Доналд Трамп сурат гирифт, Туркия дар ин минтақа амалиёти низомӣ роҳандозӣ кард.

Мунтақидони Доналд Трамп мегӯянд, Амрико муттаҳиди худро дар минтақа танҳо гузошт.

Аммо Марк Эспер, вазири дифои Амрико амалиёти Туркияро таҳдид ба низомиёни курд хонд ва гуфт, ки курдҳоро танҳо нахоҳанд гузошт.

Пас аз чанд соати нишасти вазири дифои Амрико ба қароргоҳи неруҳои амрикоӣ дар наздикии шаҳри Кубонии Сурия ҳамла сурат гирифт. Туркия гуфт, ки ҳамла иштибоҳӣ буд.

Боздошти ду сокини Исфара дар марз бо Қирғизистон

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ду сокини шаҳри Исфараро марзбонони қирғиз дар мавзеи "Пули офтобруя" боздошт кардаанд.

Ҷониби Қирғизистон ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ё рад накардааст, вале дар гузашта, мақомоти қирғиз, боздошти сокинонро дар ин мавзеъ ба марзшиканӣ рабт дода буданд.

Аминҷон Нозиров, корманди шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҷамоати Ворухи Исфара гуфт, шоми рӯзи 11-уми октябр сокинонро дар чарогоҳи «Пули офтобруя» боздошт кардаанд.

Марз дар ин минтақа мушаххас нест ва зимни рафтуо дар ин ҳудуд зуд-зуд миёни сокинону мақомоти ду кишвар нофаҳмӣ рӯх медиҳад.

Як сокини ҷамоати Ворух, ки шоҳиди боздошти сокинон будааст, бидуни зикри номаш гуфт, онҳо дар чарогоҳ ба шикор машғул буданд.

Ӯ гуфт, ҳамроҳонаш дуртар аз ӯ қарор доштанд ва сарҳадбонҳо ҳардуро бо худ бурданд.

Қисме аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст. Аксари баҳсҳои марзӣ, ба гуфтаи коршиносон, аз номушаххасӣ дар марз рух медиҳад.

Эрон аз ҳамла ба киштии "Собитӣ" хабар дод

Ба гуфтаи Ширкати миллии нафткаши эронӣ, як киштии нафткаши эронӣ ба зарбаҳои эҳтимолии мушакӣ дар соҳили Арабистони Саудӣ дучор шуда, ки сабаби рехтани нафт ба баҳри Сурх шудааст.

Ин ширкати давлатӣ рӯзи 11 октябр гуфт, "Собитӣ" дар 100 километрии бандари Ҷидда дар Арабистони Саудӣ дучори ду инфиҷор дар танаш шуд. Дар изҳорот омадааст, ки ин таркишҳо "эҳтимол аз зарбаҳои мушакӣ руй дода бошанд."

Телевизиони давлатӣ бо такя ба ширкати миллии нафти Эрон хабар дод, ки киштӣ бо ду мушак зада шудааст.

Аз ҷониби масъулони Саудӣ дар бораи ин ҳодиса, ки пас аз тезу тунд шудани кашмакашҳо дар минтақа ба вуқӯъ пайвастааст, ҳеҷ гуна тасдиқи фаврӣ нарасидааст.

Ширкати миллии нафткаши эронӣ гуфт: " Ҳама ҳайати киштӣ амн ҳастанд ва киштӣ низ устувор аст."

Хабаргузории давлатии IRNA гуфт: " Даруни "Собитӣ" оташе нест ва киштӣ" пурра пойдор аст. "Рехтани нафт аз нафткаши эронӣ" нигоҳ дошта шудааст ва ҳолат таҳти назорат аст. "

Се гузинаи Трамп дар рӯ ба рӯйи ҳамлаи Туркия ба курдҳои Сурия

Ҳангоме ки Туркия ҳамлаҳои худро ба артиши курдҳои Сурия пурзур кард ва дар Конгресси ИМА ҷорӣ кардани таҳримҳо ба Анқара барои амалҳояш дар шимолу шарқи Сурия оғоз ёфт, ҳазорон нафар хонаҳои худро тарк карданд. Дар ин ҳамлаҳои се рӯзи охир даҳҳо нафар кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол, президент Доналд Трамп рӯзи 10 октябр гуфт, ки омода аст "дар созиши миёни Туркия ва курдҳо миёнаравӣ кунад.

Қарори Трам дар бораи берун бурдани нерӯҳои ИМА, ки ба қувваҳои курд дар минтақа ёрӣ мерасонданд, пеш аз ҳуҷуми низомии Туркия буд.

”Мо яке аз се гузинаро дорем: Ҳазорон сарбозро фиристем ва ба таври низмӣ пирӯз шавем, Туркияро аз ҷиҳати молиявӣ ва таҳримҳо сахт зарба занем ё миёни Туркия ва курдҳо барои созиш миёнаравӣ кунем",--навишт ӯ дар Твиттер.

Баъдтар, ҳангоме ки хабарнигорон дар бораи гузинаҳояш пурсиданд, Трамп гуфт, "умедворам, ки тавонем миёнаравӣ кунем."

Вай афзуд, ки Иёлоти Муттаҳида мумкин аст, "ба зидди Туркия бо таҳримҳо ва дигар чизҳои молиявӣ кори сахтеро" анҷом диҳад.

Ҳангоми суханронии ӯ, 29 узви ҳизби ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси намояндагон эълом доштанд, қонунеро ошно хоҳанд кард, ки аз рӯи он мешавад ба Анқара барои амалҳояш дар шимоли Сурия таҳримҳо ҷорӣ кард. Ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси намояндагон ва Сенат, ба изҳороти рӯзи 6 октбри Трамп дар бораи баровардани нерӯҳои Амрико аз шимоли Сурия зидд буданд ва мунаққидон онро ҳамчун хиёнат ба нерӯҳои курди ҳампаймони Иёлоти Муттаҳида медонанд.

Пулис марги корманди Комиссариати ҳарбии Хоруғро шарҳ дод

Акс аз бойгонӣ.

Раёсати вазорати умури дохилӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо нашри як изҳорот ҳодисаи марги як корманди Комиссариати ҳарбии ин вилоятро шарҳ дод.

Аз рӯзи 9-уми октябр ба ин тараф дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре чарх мезанад, ки корманди Комиссаритаи ҳарбии вилоят Расул Азимшоев аз сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расонида шуда ва ҷасадаш ба дарёи Панҷ андохта шудаст. Дар зери ин хабар, ки дар гурӯҳи "Памир-Нюс" ба нашр расид, даҳҳо нафар шарҳу тавзеҳ навиштанд.

Дар изҳороти Раёсати умури дохилии Бадахшон, ки рӯзи 11-уми октябр дар сафҳаи "Фейсбук"-и мақомоти ин вилоят ба нашр расид, гуфта мешавад, ки Расул Азимшоев бинобар ҷанҷолҳои хонаводагӣ зери фишор қарор дошт ва бинобар ҳамин, тариқи худкушӣ худро ба дарёи Панҷ андохтааст.

Мақомоти пулиси Бадахшон дар шарҳи ҳодиса мегӯянд, ки ин корманди 36-солаи рӯзи 1-уми октябр аз маҳалли зисташ дар кӯчаи Аёмбеки шаҳри Хоруғ берун рафта ва ба тарафи номаълум ғайб зад ва пас аз муроҷиати наздикони ӯ, як рӯз пас тайи амалиёти ҷустуҷӯ пайдо ва ба пайвандонаш супурда шуд.

Дар изҳороти Раёсати корҳои дохилии Бадахшон гуфта мешавад, ки рӯзи 6-уми октябр бори дигар аз тарафи наздикони Азимшоев дар робита ба бедарак шудани ӯ ба Шӯъба вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ ариза ворид мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, пас аз корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи 8-уми октябр ҷасади Азимшоев дар дохили мошинаш "бе аломатҳои марги маҷбурӣ" аз дарёи Панҷ пайдо ва ба наздиконаш супурда мешавад.

Назари наздикони Азимшоев дар робита ба ин ҳодиса то ба ҳол маълум нест. Раёсати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар робита ба ин ҳодиса аз сӯи Додситонии вилоят парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ба гуфтаи мақомот, Азимшоев бо ҳамсараш мушкили хонаводагӣ дошт ва барои аз якдигар ҷудо нашуданашон ба онҳо ду моҳ муҳлат дода шуда буд ва дар ин муддат онҳо аз ҳамдигар ҷудо зиндагӣ карда, завҷааш дар маҳаллаи Поршневи шаҳри Хоруғ дар хонаи падараш истиқомат менамудааст. Вале дар байни ў ва завҷааш мунтазам ҷангу ҷанҷол ва муноқишаҳои оилавӣ сар мезадааст. Азимшоев соҳиби ду фарзанди ноболиғ будааст.

"Нияти ҳамла" шаҳрванди Қазоқистонро 10 сол зиндонӣ кард

Додгоҳе дар Алматои Қазоқистон як мардро бо айби ҳамкорӣ бо террористон 10 сол зиндонӣ кард. Дар ин бора сомонаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон 11 октябр хабар дод.

"Айбномаи Битимбоев А.Ж. эътибори қонунӣ пайдо кард. Вай дар омодагӣ ба амали террористӣ, таблиғи терроризм, ангехтани бадбинии динӣ ва ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ айбдор шуд",-омадааст дар хабари КДАМ.

"Дар рафти тафтишот муайян шуд, ки вай бо истифода аз маводи тарканда дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон таркиш ташкил кардан мехост", - хабар дод кумита.

Марди гумонбар моҳи апрели соли ҷорӣ дар Алмато боздошт шуд. Тафтишот мегӯяд, вай тасмим дошт, ба Сурия рафта ба сафи ҷангҷӯён пайвандад.

Мақомоти Қазоқистон соли гузашта хабар дода буданд, ки аз оғози ҷангҳо дар Шарқи Наздик наздики 800 шаҳрванди Қазоқистон ба сафи гуруҳҳои террористӣ пайвастаанд. Аз оғози соли ҷорӣ бештар аз 500 шаҳрванди Қазоқистон, асосан занону кӯдакон аз Сурия ба Қазоқистон баргардонида ва бархе аз онҳо дар Қазоқистон зиндонӣ шудаанд.

Узбекистон 64 кӯдакро аз Ироқ баргардонд

Субҳи 11-уми октябр 64 кӯдакро аз Ироқ ба шаҳри Тошканди Узбекистон баргардонданд. Дар ин бора Явлон Вахапов, сафари Узбекистон дар ИМА хабар дод. "Аз ин шумор 39 писар ва 25 духтар ҳастанд. Аз ҷумла 14 тани онҳо камтар аз 3 сол син доранд",-гуфт сафир.

Волидони аксари ин кӯдакон ба Ироқу Сурия рафта, ба гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ва дигар ҷангҷӯён пайваста ва дар ниҳоят кушта ва ё боздошту зиндонӣ шудаанд.

Моҳи майи соли 2019 дар доираи як амалиёти башардӯстонаи дигар аз минтақаҳои низои Шарқи Наздик 156 шаҳрвандони Узбекистон баргардонида шуда буд.

Тоҷикистону Қазоқистон, Қирғизистону Гурҷистон ва дигар кишварҳо низ талоши баргардонидани шаҳрвандони худро аз минтақаҳои низои Шарқи Наздик доранд.

Куба баъд аз 43 сол дубора соҳиби президент шуд

Маҷлиси миллии Куба Мигел Диас-Канелро президент интихоб кард. Дар ин бора дар саҳифаи "Твиттер"-и порлумони Куба хабар дода шудааст. 17 номзад барои курсии президентии Куба даъвогар буданд. Аз 605 вакил 579 тан ба ҷонибдорӣ аз Диас-Канеля раъй доданд.

Дар Куба соли 1976 мақоми президентиро барҳам дода буданд. Раиси Шӯрои давлатӣ ҳамзамон роҳбари давлат буд. Мақоми президентӣ бо қабули конститутсияи нав дар Куба барқарор шуд. Президент аз сӯи порлумон барои 5 сол интихоб мешавад.

Диас-Канел ба ҳайси раиси Шӯрои давлатӣ аз моҳи апрели соли 2018 ба ин тараф Кубаро роҳбарӣ мекард.

Конститутсияи нави Куба моҳи феврали соли ҷорӣ қабул шуд. Ба ҷуз аз тағйири сохтори давлатӣ, ин конститутсия ҳамчунин ба шаҳвардон ҳаққи доштани амволи шахсӣ ва бозори озодро дод.

Нафткашҳои Қазоқистон маоши бештар талаб доранд

Дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 11 октябр коргарони ширкати нафткаши "Нафти шарқ ва хадамот" бо талаби афзоиши маошашон пушти дари корфармо ҷамъ шуданд.

Яке аз эътирозгарон гуфт, пештар аз ин онҳо 50 дарсад боло бурдани маошашонро талаб доштанд ва корфармо афзоиши 20-дарсадиро ваъда дода буд. Аммо онро ҳам иҷро накард.

"Маоши мо кам аст. Ҳадди аксари маош наздики 300 доллар аст", - гуфт Амонтой Бердимагамбетов, яке аз коргарони ширкати "Нафти шарқ ва хадамот".

Кайрат Бекенов, муовини ҳокими вилояти Оқтеппа бо эътирозгарон гуфтугӯ кард. Вай гуфт, ширкат соли ҷорӣ ду маротиба: дар моҳи январ 9 фоиз ва дар моҳи сентябр 20 фоиз маоши коргаронро боло бурд. Бекенов афзуд, болоравии маош соли оянда баррасӣ хоҳад шуд.

Аммо коргарон ин маълумоти Бекеновро рад карданд.

Дар моҳи сентябр коргарони ширкати "Нафти шарқ ва хадамот" гуфта буданд, ки дар сурати боло нарафтани маошашон корпартоӣ хоҳанд кард.

Дар ширкати "Нафти шарқ ва хадамот" дар маҷмуъ 1112 кас кор мекунад, ки аз ин шумор 106 танашон шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд.

Сокинони Фарғона ду ҷавони гумонбар ба дуздиро муҷозот карданд

Мақомоти умури дохилии Узбекистон мегӯянд, ҳодиса ибтидои моҳи равон дар деҳаи "Олтикуш"-и ноҳияи Данғараи вилояти Фарғона рух додааст.

Яке аз шоҳидон, ки ҳодисаро ба навор гирифтааст, мегӯяд, "Сокини "Олтикуш" вуруди пинҳонии ду ҷавон ба боғи себи худро дида, ҳамсояҳоро садо кардааст. Дар натиҷа мардум ҷамъ шуда, ҷавононро боздошт ва дар маҳалли ҳодиса муҷозот карданд".

Дар яке аз наворҳо дида мешавад, одамон ду ҷавонро дашном дода, латтукӯб мекунанд. Дар навори дувум нафаре пешниҳод мекунанд, ки ҷавонони боздоштшударо ба болои хар чапа шинонда, дар кӯчаҳо давр занонанд. Бархеҳо ба латтукӯб накардани ҷавонон низ даъват мекунанд.

Хадамоти матбуотии Идораи пулиси Фарғона гуфт, тафтиши ҳодиса оғоз шуда, натиҷаашро эълом хоҳанд кард.

Як маъмури пулиси ноҳияи Данғара гуфт, ҳодиса 3 октябр дар деҳаи Олтикуш рух додааст. "Соҳиби боғ як мошин себро мефурӯшад ва ду ҷавон субҳи барвақт ба хонаи ӯ даромада, пулҳоро медузданд. Вақти фирор сокинони деҳа онҳоро боздошт ва латтукӯб мекунанд", - афзуд ӯ.

Корхонаи сафолсозии Тошканд дубора гардон шуд

Корхонаи сафолсозии Тошканди Узбекистон дубора ба кор шуруъ кард. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 9 октябр аз ин корхона дидан кард.

Мирзиёев соли гузашта хабар дода буд, ки корхонаи мазкур баъди чанд соли аз фаъолият боз мондан, дубора гардон хоҳад шуд.

Корхонаи мазкур, ки соли 1952 сохта шуда буд, чанд соли охир аз кор ва истеҳсол монда буд.

Барои барқарории ин корхона бештар аз 9,2 миллион доллар харҷ шуд. Дар корхона дастгоҳҳои чинӣ насб шуда, барои 300 кас ҷои кор таҳия гардидааст.

Корхона солона 300 миллион зарфи сафолӣ истеҳсол мекунад.

Олими чиншинос дар Қазоқистон бо айби хиёнат ба давлат зиндонӣ шуд

Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳе дар Алмато Константин Сироежкин, олими чиншиносро бо айби хиёнат ба давлат 10 сол зиндонӣ кард. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон хабар медиҳад. Ҳукми додгоҳ нисбати олим 7 октябр содир шудааст.

Сироежкини 63-сола, шаҳрванди Қазоқистон моҳи феврали соли ҷорӣ дар робита ба ошкор шудани сирри давлатӣ боздошт шуд. Мақомоти Қазоқистон ҷузъиёти парвандаро ошкор намекунанд. Расонаҳо бори аввал аз боздошти Сироежкин дар моҳи май иттилоъ доданд.

Нашрияи Wall Street Journal (WSJ) 10 июли соли ҷорӣ бо такя ба манобеи худ навишт, ки "эҳтимол дорад, Сироежкин ҳуҷҷатҳои махфиеро дар ивази маблағ ба ихтиёри Чин гузоштааст". Нашрияи мазкур менависад, мақомоти Чин парвандаи олимро "бофта унвон мекунанд". Ба навиштаи WSJ, Сироежкин ҳангоми сарвазир будани президенти кунунии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев мушовири вай дар умури Чин буд.

Сироежкин муаллифи бештар аз ҳазор мақола аст. Вай сар аз соли 2006 ба ин тараф дар Институти таҳқиқотҳои стратегии назди президенти Қазоқистон фаъолият дошт.

Нишасти хабарии президенти Украина 14 соат идома кард

Президенти Украина Владимир Зеленский нишасти хабарии бузургеро баргузор кард. Он 14 соат идома ёфт. Дар нишаст даҳҳо рӯзноманигор ба президенти Украина суол доданд ва бештари онҳо ба суҳбати телефонии баҳсбарангезаш бо президенти ИМА Доналд Трамп ва вазъ дар Донбасс рабт доштанд.

Зеленский дар мавриди суҳбат бо Трамп гуфт, намехоҳад, ки Украина ба масъалаи сиёсати дохилии ИМА кашида шавад. Вай бори дигар изҳор дошт, ки Трамп ба ӯ фишор наовардааст ва тафтишот зидди писари муовини пешини президенти ИМА Ҷо Байден дар асоси қонун ва бо дархости додситонии Амрико сурат хоҳад гирифт.

Яке аз мавзуъҳои дигари суҳбати президенти Украина бо рӯзноманигорон вазъ дар Донбасс, пеш аз ҳама санади ба истилоҳ "формулаи Штайнмайер" буд, ки дар гуфтугӯҳои Минск имзо шуд. Ин санад, ки мақомҳои махсусро барои ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луҳанск пешбинӣ мекунад, эътирози сокинони Украинаро ба бор овард.

Зеленский гуфт, аз "Майдони нав" ҳарос надорад ва барои Донетску Луҳанск вақте мақоми нав дода мешавад, ки дар ин замина қонун ба имзо бирасад. Ба гуфтаи ӯ, масъалаи мазкур пас аз саммити "шакли нормандӣ" ҳал хоҳад шуд. Президенти Украина гуфт, мехоҳад ба баҳси "шакли нормандӣ" масъалаи Қримро низ шомил кунад, зеро "ҳама чиз бо ишғоли он дар соли 2014 оғоз шуд".

Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков гуфт, Украина муҳлати ихроҷи нерӯҳоро нақз мекунад. Ӯ ҳамчунин Киевро ба он айбдор кард, ки гӯиё талош дорад, кори "формулаи Штайнмайер"-ро ба ҳам бизанад. Вай таъкид кард, ки агар дар робита ба иҷрои созишномаи Минск натиҷаҳои дақиқ дида нашавад, саммити "чаҳоргонаи нормандӣ" лозим нест.

Дар Қазоқистон волидонро барои тазоҳуроти фарзандашон ҳабс карданианд

Аъзоёни Сенати Қазоқистон пешниҳод карданд, ки волидон барои иштироки фарзанди ноболиғашон дар ҳамоишҳои эътирозӣ ҷарима ё ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс карда шаванд.

Маблағи ҷарима 100 нишондоди маоши ҳадди ақал (252 500 танга ё 647 доллар) аст. Ин банд ба лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи хидмати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия шомил карда шудааст.

Қонунгузории кунунии Қазоқистон барои ҷалби ноболиғон ба қонуншикании маъмурӣ ҷарима ба андозаи 50 нишондод пешбинӣ мекунад. ​

Муаллифони тарҳ бар инанд, ки ҳузури ноболиғон дар ҳамоишҳои эътирозӣ "рушди устувори ҷисмонӣ ва равонии саломатии наврасон"-ро ба ҳам мезанад.

Бар асоси қонунҳои амалкунандаи Қазоқистон, сокинон барои баргузории тазоҳурот бояд аз мақомот иҷозат гиранд. Дар ғайри сурат ҳамоиши эътирозӣ ғайриқонунӣ дониста мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин қонун ҳуқуқи сокинон ба озодии ҷамъомадҳои осоиштаро маҳдуд мекунад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Таҷлил аз солрӯзи Раҳим Масов, нигорандаи "Таърихи табартақсим"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00
XS
SM
MD
LG