Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Эрон-Камбоҷа: 2:0. Вале чаро ҷараёни бозӣ ба ҳошия рафт?

Варзишгоҳи Озодӣ, Теҳрон, 10 октябр

Нахустин бор дар таърихи 40 соли охири Эрон занон барои тамошои футболи мардон ба варзишгоҳ роҳ ёфтанд. Бозӣ шоми 10 октябр дар варзишгоҳи Озодии шаҳри Теҳрон шурӯъ шуд, ки рақобатҳои мунтахаби миллии Эрон ва Камбоҷа дар чаҳорчӯби бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол мебошад.

Радио Фардо хабар медиҳад, ки дар даҳ дақиқаи аввали бозӣ эрониҳо ба дарвозаи рақиб ду гол заданд ва пеш гузаштанд. Вале ба назар мерасад, ки на ҷараёни бозӣ, балки иҷозаи ширкати занони тамошобин дар он мояи таваҷҷӯҳи бештар ба ин бозӣ гардид.

Барои фароҳам шудани чунин имконият талошҳои чандинсолаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи занон, фишори афзояндаи Федератсияи байналмилалии футбол ва ниҳоят, марги фоҷеабори як духтари мухлиси футбол сабаб шуд. Ин духтари ҷавон худро баъди он оташ зад, ки додгоҳе ӯро барои талоши ворид шудан ба варзишгоҳ ба шаш моҳи ҳабс маҳкум кард.

Мақомот дар Эрон гуфтанд, аз миёни 80 ҳазор ҷой дар варзишгоҳ дар як макони ҷудогонае 3500 ҷой барои бонувон ихтисос дода мешавад мешавад. Шоҳидон мегӯянд, ки дар бозӣ дар фазои наздик ба идона ҷараён дорад.

Путин меравад, Раҳмон чӣ? Дар Ишқобод ҷаласаи сарони ИДМ баргузор мешавад

28 сентябри соли 2018, Тоҷикистон.

Рӯзи 11 октябр дар Ишқободи Туркманистон раҳбарони кишварҳои узви Итиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ) барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони ин созмон ҷамъ мешаванд. Ба иттилои расмии котиботи ИДМ, дар ҷаласаи президентони кишварҳои узви ин созмон, эъломияи ҳамкориҳои стратегии иқтисодӣ ва Барномаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти ифротгароӣ имзо шавад. Инчунин қарор аст раҳбарии давраии ин созмон ба Узбекистон гузарад, созмоне, ки ҳамчун вориси Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфта, аз тарафи коршиносон "клуби президентҳо" унвон шудааст ва амалан нуфузи зиёде надорад. Хабаргузориҳои русӣ гуфтанд, ки дар ин нишаст президенти Русия Владимир Путин иштирок хоҳад кард.

Феълан маълум нест, ки оё президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба Туркманистон сафар мекунад ё хайр. Соли гузашта, замоне, ки раҳбарии давраии ин созмон аз Душанбе ба Ишқобод мегузашт, президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ин нишаст ҳозир нашуд ва бархе таҳлилгарони сиёсӣ вуҷуди сардӣ дар равобити ду ҳамсояи наздикро далели худдории президенти Туркманистон аз сафар ба Тоҷикистон арзёбӣ кардангд. Мақомоти тоҷик Туркманистонро дар эҷоди монеаҳо дар убуру мурури мошинҳои боркаш аз қаламрави ин кишвар айбдор кардааст.

То ҳол дар ин замина тағйироте мушоҳида намешавад. Як рӯз пеш аз ҷаласаи сарони кишварҳо, дар пойтахти Туркманистон ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи ин созмон баргузор шуд ва дар ҳошияи он Сергей Лавров бо ҳамтоҳояш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби, ба истилоҳ, гурӯҳи панҷгона ба иловаи Русия дидору гуфтугӯ карданд. Тоҷикистонро дар ин нишаст вазири хориҷа Сироҷиддин Мӯҳриддин намояндагӣ кард.

Озарбойҷону Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистону Украина шомили ИДМ ҳастанд. Гурҷистон баъди ҷанги кӯтоҳмуддати соли 2008 бо Русия аз узвияти он хориҷ шуд. Украина ба далели мухолифатҳояш бо Русия ва ишғоли Қрим аз тарафи Маскав дар соли 2014 чанд сол боз намояндагони худро ба нишастҳои созмон намефиристад.

Дар Қазоқистон "Форуми тиҷорати Осиёи Миёна" доир мешавад

Рӯзҳои 12-13 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон бо ибтикори Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

Аз сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 10-уми октябр ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, ки дар ин форум роҳбарони ширкатҳо, намояндагони бахши давлатӣ ва коршиносони соҳа аз Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла намояндагони ҳукумати Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Манбаъ афзуд, мавзӯи форуми имсола "Равишҳои инноватсионӣ ва сармоягузорӣ дар бахши меваю сабзавот" буда ва ширкатдорон бо технологияҳои нав, имкониятҳои сармоягузорӣ ва дурнамои рушди тиҷорат, шинос мешаванд.

Аз ҷумла, ширкатдорон бо равишҳои гуногуни сармоягузорӣ дар бахши меваю сабзавот дар Осиёи Миёна ва берун аз он шинос мешаванд. Ҳамчунин коршиносони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ин бора ҷаласаи худро доир мекунанд ва мутахассисони Барномаи Рушди СММ ширкатдоронро бо истеҳсоли маҳсулот дар минтақа шинос мекунад.

Дар ҳошияи ин форум ширкати байналмилалии омӯзишии "CERT Academy" конфронси амалиеро оиди "Тағйир додани тафаккур дар системаи идоракунӣ бо стандартҳо нав"-ро мегузаронад.

Амрико сарпарасти асосии форум дар доираи тарҳи USAID оид ба рақобатпазирӣ, савдо ва ҷойҳои корӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад ва онро бо шарикони маҳаллӣ ва байналмилалии худро доир мекунад.

Ин форум дар ҳоле баргузор мешавад, ки коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди талошҳо, тиҷорат миёни ин кишварҳои Осиёи Миёна бо Амрико ба андозаи кофӣ густарда нест.

Кишварҳои Осиёи Миёна бо Амрико дар доираи Гурӯҳи С5+1 ҳам ҳамкорӣ доранд. Гурӯҳи С5+1 аз Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ -Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ташкил шудааст.

Мулоқоти нахустини вазирони хориҷаи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва ИМА моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд ва ширкаткунандагон дар заминаи ҳамкориҳо дар бахшҳои амният, иқтисодиёт ва муҳити зист ба мувофиқа расиданд.

Трамп ҳамкорӣ накарданашро бо Конгресс шарҳ дод

"Мо ҳамкорӣ мекунем, агар ҳуқуқҳои моро таъмин мекунанд", - гуфт Доналд Трамп дар шарҳи рад кардани ҳамкориаш дар пажуҳиши марбут ба эъломи нобоварӣ ба президент, ки аз сӯи Кохи Cафед роҳандозӣ шудааст.

Доналд Трамп ваъда кард, ки дар сурати таъмин намудани "ҳамаи ҳуқуқҳояш" дар раванди эъломи нобоварӣ нисбати президент бо Кохи Cафед ҳамкорӣ мекунад.

Трамп гуфт, демократҳои Конгресс ҳуқуқи ҷумҳурихоҳонро маҳдуд карда, вакили мудофеи президентро бо маводи парванда ошно намекунанд. "Онҳо ба мо барои бозии одилона ҳақ намедиҳанд. Ин ноодилонатарин вазъ аст, ки мо шоҳидаш шудем",-гуфт афзуд Трамп.

Рӯзноманигорон ҳамчунин аз Трамп хостанд, ки даъвати Ҷо Байден, рақиби эҳтимолии интихоботии Трампро дар интихоботи соли ояндаи президентӣ шарҳ диҳад. Ҷо Байден ба эъломи нобоварӣ ба Трамп даъват карда буд.

Нуфуз ё рейтинги Байден мисли санг меуфтад, гуфт Трамп. Далелҳои фасодкории вай сабт шудааст. "Ман дар назар дорам, ки вай гуфта буд: мо ба украинҳо ду миллиард доллар - ё чи қадар маблағ буд он ҷо - намедиҳем, то замоне ки онҳо додситонро барканор накунанд. Ва баъдаш, марҳамат: додситон дигар вуҷуд надорад...", - афзуд Трамп.​

Конгресси ИМА баъди он раванди эъломи нобоварӣ ба Трампро шуруъ кард, ки президенти ИМА гӯё дар ҷараёни як суҳбати телефонӣ дар моҳи июли соли ҷорӣ ба президенти Украина Владимир Зеленский фишор овардааст. Дар он суҳбати телефонӣ Трамп аз ҳамтои украинаш дархост кард, ки тафтиш нисбати писари Ҷо Байденро идома диҳанд. Ба гуфтаи Трамп, Байдени хeрдӣ дар Украина фасодкорӣ кардааст. Мунтақидони Трамп мегӯянд, вай аз ҳадди салоҳиятҳояш берун рафта, талош кардааст, ки нисбати рақиби эҳтимолиаш далел пайдо кунад.

Рӯзи сешанбе Кохи Сафед расман хабар дод, ки дар робита ба пажуҳиши эъломи нобоварӣ бо демократҳои Конгресс ҳамкорӣ намекунад. Нэнсӣ Пелосӣ, раиси Палатаи намояндагон гуфт, талоши пинҳон кардани ҳақиқат аз сӯи президент ҳамчун далели монеъ шудан ба адолати додгоҳӣ баҳо дода мешавад.

Президенти Узбекистон бо сафари дурӯза ба Ишқобод меравад

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 10-11 октябри соли 2019 дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Ишқободи Туркманистон иштирок хоҳад кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, дар ҷаласа маҷмуи масоиле баррасӣ мешаванд, ки ба рушду тақвияти ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар доираи иттиҳод равона шудаанд. Ҳамчунин дар робита ба мушкилиҳои байналмилалӣ табодули назар карда мешавад.

Дар поёни ҷаласа имзо як қатор санадҳо, аз ҷумла Қарори интиқоли раҳбарии ИДМ дар соли 2020 ба Узбекистон, Эъломияи ҳамкориҳои стратегии иқтисодӣ, изҳороти раҳбарони кишварҳои ИДМ бахшида ба 75-умин солгарди пирӯзии мардумӣ Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 ва Барномаи ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2020-2022 дар назар аст.

Ҳамчунин Шавкат Мирзиёев дар доираи саммити ИДМ бо раҳбарони як қатор кишварҳо дар Ишқобод мулоқот хоҳад кард.

Эрон хабарнигори рус Юлия Юзикро озод кард

Юлия Юзик.

Мақомоти Эрон хабарнигори рус Юлия Юзикро аз боздошт раҳо карданд. Юзик бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Исроил ҳафтаи гузашта дар шаҳри Теҳрон боздошт шуда буд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, вай ба Москва баргаштааст.

Дар ҳамин ҳол, хабар дода намешавад, ки айбҳои нисбати Юзик эъломшуда бекор гардидаанд ё на ва ё умуман, айбе эълом шуда буд ё на.

Юлия Юзикро оғози моҳи октябр дар шаҳри Теҳрон боздошт карданд. Вай бо даъват ба Эрон омада буд. Ҳанӯз дар фурудгоҳ шиносномаашро гирифта, гуфтанд, дар бозгашт ба дасташ хоҳанд дод.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон 4 октябр хабар дод, ки Юзикро барои "шарҳи бархе аз масоил" боздошт кардаанд. Вазорат ваъда дода буд, ки вай ба зудӣ раҳо мешавад. Мақомоти Эрон ҳамчунин гуфтанд, ӯро ба далели мушкили виза боздошт кардаанд.

Аммо хабарнигор тариқи телефон ба наздиконаш гуфтааст, ки ӯро бо айби ҷосусӣ ба нафъи Исроил боздошт кардаанд.

Созмони "Хабарнигорони бидуни марз" озодии Юзикро талаб карда буд.

Юзик - муаллифи китобҳои "Арусони Худо" дар бораи террористзанон ва "Рӯзномаи Беслан" - дар бораи фоҷиаи Беслани Русия аст.

Занозании шаҳрвандони Қазоқистон бо роҳсозони чинӣ

Дар ноҳияи Оқсӯи вилояти Алматои Қазоқистон 7 октябр роҳсозони маҳаллӣ ва чинӣ бо ҳам ҷанҷол карданд. Пулиси вилояти Алмато мегӯяд, дар занозанӣ сокинони маҳаллӣ низ иштирок доштанд.

Ба огаҳии пулис, ҷанҷол нахуст миёни чаҳор шаҳрванди Чин -- кормандони ширкати ТОО Citic Construction cар задааст. Дар натиҷа яке аз онҳо, ки қазоқтабор аст ва ҳаққи иқомат дар Қазоқистонро дорад, осеби сабуки ҷисмонӣ дидааст.

Як гуруҳи сокинони маҳаллӣ бо кормандони "Citic Construction", ки шаҳрванди Қазоқистонанд, ҳамроҳ шуда, рӯзи дувум кормандони чиниро латукӯб кардаанд. Дар натиҷа чаҳор шаҳрванди Чин бо осебҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гаштанд.

Дар робита ба ҳодисаи мазкур тафтишот оғоз шуда, пулис мегӯяд, шахсияти гумонбаронро муайян ва онҳоро боздошт кардааст. Ҳамчунин муайян шудааст, ки 33 корманди хориҷии Citic Construction қоидаҳои будубошро дар Қазоқистон риоя намекардаанд.

Садамаи маргбори пулиси узбек ҳангоми фирор аз ҳамкоронаш

Нозири Идораи пулиси вилояти Фарғонаи Узбекистон А.Э., ки 26 сентябр бо мошини хидматияш сокини 52-солаи ноҳияи Риштон Гавҳар Раҳимоваро пахш карда, ба қатл расонда буд, ҳанӯз ҳам дар мақомаш ифои вазифа дорад

Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти умури дохилии Фарғона, нозир Раҳимоваро ҳангоми фирор аз маъмурони амнияти дохилии Идораи пулиси вилоят пахш кардааст. Он рӯз рейди боздошти кормандони пулисе ҷараён дошт, ки дар ҳолати мастӣ ифои вазифа мекунанд.

Намояндаи додситонии вилояти Фарғона гуфт, дар робита ба садама бо иштироки лейтенант А. Э. парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Як манбаъ дар Идораи пулиси Фарғона ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, лейтенант бо вуҷуди боз шудани парвандаи ҷиноӣ ҳанӯз ҳам дар мақоми худ ифои вазифа мекунад.

Ба гуфтаи ин афсар, раҳбарияти Идораи пулиси Фарғона Вазорати умури дохилӣ ва маъмурияти президенти Узбекистонро аз рух додани садама бо иштироки корманди худ огаҳ накардааст, ки хилофи қоидаи мақомоти умури дохилӣ шумурда мешавад.

Дар Идораи пулиси Фарғона тасдиқ карданд, ки бо иштироки корманди онҳо 26 сентябр садама рух додааст, вале гуфтанд, ки "лейтенант ҳеч гоҳ нушокии спиртӣ наменӯшид".

Бахши узбекии Радиои Озодӣ тавонист бо худи лейтенант суҳбат кунад. Нозири узбек гуфт, худро дар ин садама гунаҳкор намеҳисобад ва умедвор аст, додгоҳ қарори одилона содир меунад.

Ба огаҳии додситонии Фарғона, зидди нозир бар асоси банди "Аз беэҳтиётӣ ба қатл расондан" айб эълом шуда, дар сурати исбот ба ӯ 2 соли корҳои ислоҳӣ ё маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 3 сол таҳдид мекунад.

Парлумон ба ҳукумати Руминия нобоварӣ эълон кард

Виорика Дэнчилэ дар ҳалқаи тарафдоронаш раъйи адами эътимодро мешунавад

Дар остонаи интихоботи президентӣ ва соле пеш аз интихоботи парлумонии Руминия, парлумон ба ҳукумати нахуствазири ин кишвар Виорика Дэнчилэ нобоварӣ эълон кард. Дар овоздиҳии рӯзи 10 октябр 238 вакил ба ҷонибдорӣ аз ин қарор овоз доданд ва ин панҷ баробар бештар назар ба ҳаҷми ҳадди аққали овозҳо будааст. Парлумони Руминия аз 465 курсӣ иборат аст. Дэнчиле моҳи августи имсол аксари овози тарафдоронашро аз даст дод. Он замон шарикаш – Иттиҳоди либерал-демократҳо дар паи ихтилофҳо бар сари шахсияти номзади президентӣ аз эътилофи ҳукуматӣ берун шуда буд.

Баъдан, рӯзи 2 октябр азимтарин гурӯҳи оппозитсионӣ бо исми PNL эълон кард, ки барои баргузории овоздиҳӣ имзои заруриро чамъоварӣ кардааст.

Дэнчиле аз соли 2016 дар сари қудрат аст ва дар ин муддат мардум борҳо бо талаби ислоҳоти низоми додгустарӣ ва тадбирҳои зиддикоррупсионӣ раҳпаймоӣ кардаанд.

Бо айни ҳамин сабаб ҳам Иттиҳоди Аврупо ва ИМА ҳукумат ва тарафдорони ӯро мавриди интиқод қарор додаанд.

Президент Клаус Йоҳаннис гуфт, ки барои таъйини номзадии нахуствазири наве, ки то замони интихоботи парлумонӣ раҳбарии ҳукуматро ба ӯҳда гирад, бо ҳизбҳои сиёсӣ машварат хоҳад кард. Президенти ростгарои амалкунандаро дар интихоботи 10 ноябр номзади калидӣ меноманд.

Петер Ҳандке ва Олга Токарчук - барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт

Петер Ҳандке ва Олга Токарчук

Академияи Нобел дар Стокҳолм рӯзи 10 октябр ҷоиза дар бахши адабиётро ба ду нависанда аз Полша ва Австрия - Олга Токарчук ва Петер Ҳандке тақдим кард. Исми барандаҳои ҷоизаи бонуфуз дар маросими ботантана эълон шуд. Соли гузашта дар паи як моҷаро маросими тақдими Нобел дар бахши адабиёт боздошта шуд.

Академияи Шветсия дар Стокҳолм ба ҳайати доварон тағйирот ворид ва чанд узви навро барои арзёбии номзадии барандаҳо вориди комиссиюн кард. Дар моҷарое, ки порсол рух дод, поймолшавии оинномаи ҷоиза дар заминаи ихтилофи манфитаҳо ва ҳам озори ҷинсӣ сабаби боздошта шудани маросими ҷоизасупорӣ унвон шуда буд.

Ҳамсари як узви академия Катарина Фростенсон бо иттиҳоми таҷовуз ба номус ба 2,5 соли зиндон маҳкум шуд. Баъди ин шоира Фростенсон ҳайати академияро тарк кард.

То имрӯз ҷоизаи Нобел дар бахши тиб, физика ва химия тақдим шудааст. Қарор аст исми барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел рӯзи 11 октябр эълон шавад ва исми барандаи ҷоиза дар бахши иқтисод 14 октябр маълум мешавад. Арзиши пулии ҳар як ҷоизаи Нобел 9 миллион крон ё 908 ҳазор доллар буда, ҳамасола дар зодрӯзи Нобел 10 декабр тақдим мешавад.

Олга Токарчук барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 2018 дониста шуд. Ӯ соли 1962 дар оилаи украиниҳо таваллуд шудааст. Қаблан романи «Давандаҳо»-и ӯ барандаи ҷоизаи байналмилалии Букер шудааст.

Ғолиби соли 2019-и ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт Петер Ҳандке соли 1942 таваллуд шудааст. Дар миёни асарҳои бисёр машҳури ӯ «Тарси дарвозабон пеш аз зарбаи 11-метра», «Бозгашти батадриҷ ба хона» буда, ӯ муаллифи филми Вин Вандерс «Осмони Берлин» мебошад.

Ҷоизаи Нобел, ки аз соли 1901 тақдим мешавад, то ҳол 590 маротиба тақдим шудааст. 908 шахсият ва 27 созмон барандаи ин ҷоиза шудаанд.

Зеленский: "Пеш аз сӯҳбат бо Трамп хабар надоштам, ки кӯмаки низомӣ боздошта шуд"

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ӯ хабар надошт, ки кӯмакҳои низомии ИМА пеш аз сӯҳбати телефонии ӯ ва президенти ИМА Доналд Трамп боздошта шуда буд. Ин сӯҳбати телефонӣ, ки 25 июл барпо шуд, боиси шурӯи ҷараёни импичмент ё радди салоҳият ба Трамп гардид.

Зеленский рӯзи 10 октябр дар мулоқот бо журналистон дар Киев дар ҷараёни ба гуфтааш, нишасти матбуотӣ ё “марафони якрӯза” гуфт, ки гуфтугӯи телефонӣ марбут ба кумакҳои низомӣ набуд ва дар рафти сӯҳбат “таҳдиде” низ нашудааст . "Ман тасаввур надоштам, ки кӯмаки низомӣ қатъ шудааст. Вақте ман инро фаҳмидам, ин мавзӯъро дар вохӯрии Варшава бо ноиби президент Майк Пенс дар миён гузоштам”, илова намуд ӯ. Демократҳо дар Маҷлиси намояндагон таҳқиқеро сар карданд, ки метавонад ба импечменти Трамп сабаб шавад. Таҳқиқот ба сӯҳбати телефонии Трамп ва Зеленский рабт дорад, ки дар ҷараёни он Трамп аз Зеленский хостааст, ки ноиби президенти пешин Ҷо Байден ва писари ӯ Ҳантерро, ки дар Украина тиҷорат дошт, тафтиш кунад. Демократҳо даъво доранд, ки Трамп ба Зеленский бо таҳдиди боздошти кӯмаки низомӣ фишор овардааст , ки Байденро тафтиш кунад. Трамп ин иддаоро рад карда гуфтааст, ки ягон кори иштибоҳе накардааст.

Аз Узбекистон хостанд, аз таҷрибаҳои "худкомагӣ" даст кашад

Нафосат Оллашукурова.

Созмони ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон "Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон" (CPJ) аз Узбекистон хост, блогнавис Нафосат Оллашукуроваро озод кунад. Нафосат Оллашукурова, ки пайваста аз фаъолияти мақомоти давлатӣ интиқод мекунад, моҳи гузашта дар бемористони бемориҳои равонӣ бистарӣ шуд.

Додгоҳи вилояти Хоразми Узбекистон 30 сентябр Нафосат Оллашукуроваро баъди 10 рӯзи адои ҳукми маъмурӣ, ба беморхонаи бемориҳои равонӣ фиристод.

Мақомоти Узбекистон бояд "ба ҳама рӯзноманигорон имкони инъикоси озодонаи ҳаводисро бидиҳанд", мегӯяд Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои CPJ. "Агар Узбекистон мехоҳад, ҷаҳон ислоҳоти онро ҷиддӣ қабул кунад, пас зарур аст, ки он кишвар аз таҷрибаҳои худкомагӣ, амсоли интиқоли хабарнигорон ба беморхонаҳои касалиҳои равонӣ даст кашад",- гуфт Гулноза Саид.

Нафосат Оллашукурова дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавзуъҳое амсоли фасодкорӣ ва тахриби ғайриқонунии манзилу амволи сокинонро аз сӯи мақомот инъикос мекунад.

Ихроҷи 11 қирғизистонӣ баъди занозании гуруҳӣ дар Новосибирск

Дар шаҳри Новосибирск Русия баъди занозанӣ дар бозори Хилокс пулис 30 тан аз муҳоҷирони Осиёи Марказиро боздошт кард. Айни ҳол 11 тан аз онҳо дар боздоштгоҳи махсус нигаҳдорӣ ва барои ихроҷ аз Русия омода мешаванд.

Занозанӣ бо иштироки намояндагони диаспораи қирғизҳо дар наздикии бозори Хилокси Новосибирск рӯзи 7 октябр рух дод. Чанд тан аз иштирокдорони ин занозанӣ аз тирҳои резинӣ маҷруҳ шуданд.

Тоҷирони бозор - шаҳрвандони Қирғизистон, ки аз дер боз дар Новосибирск истиқомат доранд - мегӯянд, занозании охир ҳодисаи нотакрор буд. Онҳо борҳо аз тамаъҷӯӣ ва ғорати гуруҳи муташаккили ҷиноӣ ба пулис шикоят кардаанд. Ин гуруҳро қирғизистонии дигар - Тамерлан роҳбарӣ мекунад. Коргарони бозор мегӯянд, гуруҳи Тамерлан тоҷиронро ғорат ва пулис аз гуруҳ ҳимоят мекунад.

Дар пайи ҳодисаи охир пулис бо моддаҳои "авбошӣ" ва "тамаъҷӯӣ" парванда боз кардааст.

Нафткашҳои қазоқ: ба хотири таъсиси иттифоқи касаба таъқиб мешавем

Беш аз 100 корманди ширкати "Кезбӣ" 9 октябр ба нишони эътироз дар назди бинои шаҳрдории Жанаозени Қазоқистон гирди ҳам омаданд. Онҳо мегӯянд, ба иллати таъсиси иттифоқи касаба зери фишори раҳбарияти ширкат қарор доранд.

"Раҳбарият бе сабаб кормандонро меронад",-мегӯянд эътирозгарон. Нафткашҳои қазоқ талаб карданд, ки ба мушкили онҳо шаҳрдори Жанаозен Мақсад Ибагаров расидагӣ кунад. Вале ба назди тазоҳургарон муовини шаҳрдор Галим Байжанов баромад.

"Вайро барои мардум таъйин кардаанд. Вале дубор аст, меравем, ҳатто намехоҳад суханонамонро шунавад. Мехоҳем, шаҳрдор шикояти моро шунавад. Ҷони ман дар хатар аст. Корфармо моро таъқиб мекунад. Раҳбарияти ширкат ба фаъолияти иттифоқи касаба ғайриқонунӣ дахолат мекунад",-гуфт раиси иттифоқи касабаи ширкат Азамат Жапаров.

Ба гуфтаи Байжанов, шикояти нафткашҳо барои баррасӣ ба нозирони меҳнат пешниҳод шуда, он 1 ё 2 моҳ тӯл мекашад. Вале нафткашҳо нигаронанд, ки дар ин муддат раҳбарияти ширкат онҳоро аз ҷои корашон маҳрум хоҳад кард.

Дертар ба бинои шаҳрдорӣ раҳбари ширкати "Кезбӣ" ҳозир шуд, вале ҷонибҳо натавонистанд ба созиш бирасанд. Нафткашҳо пас аз гуфтугӯ бо раҳбарияти ширкат барои ҳалли мушкили худ ба президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев муроҷиат карданд.

Иттифоқи касабаи ширкати "Кезбӣ" 25 июли соли 2019 ба қайд гирифта шуда, ба узвияти он 600 корманд шомиланд.

Қирғизистон аз 1 январ боҷи воридоти мошинро гарон мекунад

Дар Қирғизистон аз 1 январи соли 2020 боҷи гумрукии воридоти мошин бар асоси тарофаҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ситонида мешавад, ки назар ба соли равон чандин баробар гаронтар хоҳад буд.

Барои намуна, дар ҳоли ҳозир нархи расмиёти гумрукии мошини "Toyota Camry" (соли бароришаш 2009) 1250 доллар аст ва он дар соли 2020 то ба 13 600 доллар гарон хоҳад шуд.

Қирғизистон 12 августи соли 2015 ба ИИАО шомил шуда, тайи се сол аз мошинҳое, ки ворид карда мешуданд, бар асоси тарофаҳои иттиҳод боҷи гумрукӣ меситониданд. Вале мақомоти қирғиз моҳи июли соли 2018 тарофаи соли 2014-ро барқарор карда, гуфтанд, Бишкек ҳангоми воридшавӣ ба ИИАО шарт гузошта буд, ки то 1 январи соли 2020 тарофаҳои гумрукиро худ муайян мекунад.

Пештар дар порлумони Қирғизистон ҳукумати ин кишварро барои гароншавии боҷи гумрукии воридоти мошин дар солҳои 2015-2018 танқид карда буданд. Вакилони қирғиз гуфтанд, ҳукумат ҳақ дошт, ки то соли 2020 боҷи мазкурро боло набарад.

Дар занозании донишҷӯён дар Душанбе як нафар кушта шуд

Дилмурод Фозилов. Акс аз Раёсати умури дохилии Душанбе

Муноқишаи як гурӯҳ аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Душанбе бо марги як нафар анҷомидааст.

Мақомоти умури дохилии пойтахт гуфтанд, задухӯрд субҳи 8-уми октябр дар ҳудуди ноҳияи Сино рух дод. Бино ба иттилои расмӣ, Дилмурод Фозилови 17-сола аз зарби корд дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, дар ин кор ҳамдарсашро Убайдулло Қурбонови 18-соларо гумонбар кардаанд

Мақомот Абдухолиқ Ғафурзода, Кабир Шарифов ва Давлат Ғайбуллоевро аз иштирокдорони дигари занозанӣ ном бурдаанд.

Тафсилоти ҳодиса аз манобеи мустақил дастрас нест. Вале мақомот дар изҳороте мегӯянд, “Убайдулло Қурбонов бо корд як дафъа ба узви ҳаётан муҳим, яъне қисмати дили донишҷӯ Дилмурод Фозилов задааст, ки дар натиҷа ӯ бо бардошти ҷароҳати вазнин ба ҳалокат мерасад. Гумонбар аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.”

Маъмурони милиса Убайдулло Қурбоновро дар ҷараёни як амалиёт дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дастгир кардааст. Зидди ӯ бар асоси моддаи “авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард” ва “одамкушӣ” парванда кушода шудааст. Гумонбар дар ҳабси пешакӣ аст.

Тафтишоти ибтидоӣ маълум кардааст, ки Убайдулло Қурбонов ва Дилмурод Фозилов хатмкардаи мактаби рақами 60-и ноҳияи Синои Душанбе буда, зоҳиран “хусумати даврони мактабӣ ба ин ҳодиса сабаб шудааст”.

Дар гузашта низ чанд муноқишаи маргбори хонандагони мактаб ва донишгоҳҳои кишвар сабт шуда буд. Мақомот дар чунин ҳодиса волидонро гунаҳкор медонанд, ки фарзандони худро беназорат гузоштаанд. Волидон дар навбати худ омӯзгоронро муқассир мехонанд.

Даъвати раҳбарони курдҳо аз мардум зидди амалиёти Туркия

Пас аз изҳороти Анкара дар бораи оғози амалиёти низомӣ дар шимоли Сурия ва баромадани нерӯҳои амрикоӣ аз ин минтақа, раҳбарони курдҳо ба "сафарбаркунии умумӣ" даъват кардаанд.

Давлати ғайринизомӣ ба роҳбарии курдҳо дар шимолу шарқи Сурия рӯзи 9-уми октябр ҳушдор додааст, ки агар амалиёти ҷангӣ оғоз шавад, дар шимоли Сурия "фоҷиаи башарӣ" рӯй хоҳад дод.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров низ ҳушдор дода гуфтааст, амалҳои Амрико дар ин минтақа метавонад "тамоми минтақаро ба оташ кашад".

"Мо аз мардумамон, аз ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ мехоҳем, ки ба тарафи минтақаи наздик ба марзи Туркия ҳаракат ва дар ин вақти хеле муҳими таърихӣ истодагарӣ кунанд", -- гуфтааст раҳбари маҳаллӣ, ки ҳамчун идораи худмухтори шимолу шарқи Сурия номдор аст.

Дар гузоришҳои рӯзи 8-уми октябр гуфта мешаванд, ки артиши Туркия мавқеи худро дар марз бо Сурия устувор кардааст ва даҳҳо мошини низомӣ, боркашонӣ, зиреҳпӯш ва танкҳо ба сӯи шаҳри Акчакале расидаанд.

Мақомоти Туркия гуфтаанд, низомиён ба марзи Сурия ва Ироқ зарба задаанд, то нерӯҳои курд бо истифода аз ин роҳ ягонаҳои низомии худро дар минтақа пурзӯр накунанд.

Муқовимати муҳоҷирони Осиёи Миёна зидди як гурӯҳи ҷинояткор

Шоҳидон нақл мекунанд, ки зодагони Осиёи Марказӣ дар бозори меваву сабзавоти Новосибири Русия зидди гуруҳи мутташакили ҷинояткоре муқовимат нишон додаанд. Ин гуруҳи ҷинояткорро шахсе бо номи Тамерлан - зодаи Узбекистон роҳбарӣ мекунад.

Ба иттилои расонаҳо, гуруҳи вай аз ду сол инҷониб ба ғоратгарӣ ва тамаъҷӯӣ машғул аст. Зарардидагон борҳо ба мақомот аз болои ин гуруҳ шикоят бурданд, аммо шикояти онҳо натиҷае надодааст.

Низоъи охири рӯзи 4 октябр шуруъ ва баъди се рӯз ба занозании гуруҳӣ табдил шуд. Тамерлан рӯзи 7 октябр бо гуруҳи мусаллаҳи 10-нафарӣ вориди бозор шуд. Дар наворҳое, ки дар Интернет нашр шуд, дида мешавад, одамони вай бо ниқоб ва автомату таппонча ба бозор ворид мешаванд.

Жаркинбон Тойтуков, роҳбари диаспораи қирғизҳо дар Новосибир гуфт, ки коргарони бозор бо сангу чӯб ба муқовимати гуруҳи мусаллаҳ баромаданд.

"Зодаи Қирғизистон бо номи Рашид дар гуруҳи ҷинояткор шомил буд. Вай зодагони Осиёи Марказиро ғорат мекард. Онҳо хостанд, бори дигар тоҷиронро ғорат кунанд ва бо ин мақсад, савори се мошин ба бозор омаданд. Наздики 100 одам ба муқовимати тамаъҷӯён бархостанд ва мошинҳояшонро оташ заданд. Се-чаҳор кас аз тирҳои резинӣ маҷруҳ шуданд. Чанд тан аз аъзои гуруҳи ҷинояткор боздошт шуданд. Аммо саркардаҳо ҳанӯз дар озодиянд",-гуфт Тойтуков.

Расонаҳои Русия навиштанд, ки дар занозанӣ наздики 200 кас ширкат кард, ки аз онҳо 50 тан боздошт шудааст.

Омодагии ҳизбҳои Қирғизистон ба интихоботи порлумонии соли 2020

Ҳизбҳои сиёсии Қирғизистон омодагӣ ба интихоботи порлумонии соли 2020-ро шуруъ карданд. "Республика - Ата Журт", дувумин ҷиноҳи бузурги порлумонӣ, тасмим надорад, ки бо ҳайати кунуниаш дар интихоботи навбатӣ ширкат варзад.

"Ата-Журт" қасд дорад, дар интихобот мустақилона ва бо роҳбарии Камчибек Ташиев ширкат варзад. "Республика" ҳанӯз тасмим нагирифтааст ва ҳамчунин роҳбарии ҳизб низ номаълум боқӣ монда, ширкати Омурбек Бабанов дар интихобот низ норушан аст.

Ҳизбҳои "Республика" ва "Ата-Журт", ки дар остонаи интихоботи соли 2014 эътилоф ташкил карда буданд, аз рӯи шумори мандати вакилон дар порлумон ҷои дувумро соҳиб шуданд. Аммо ҳизбҳо тасмим гирифтанд, ки дар интихоботи соли 2020 ба таври алоҳида ширкат варзанд.

Вакилон посухи дақиқ надоранд, ки "Республика" дар интихоботи соли оянда ширкат хоҳад кард ё на. Пештар аз ин ҳизби "Қирғизистон" низ хабар дода буд, ки дар интихоботи соли 2020 ширкат хоҳад кард.

Алайҳи Порошенко парвандаи ҷиноятӣ боз шуд

Бюрои пажуҳишии Украина нисбати президенти пешини он кишвар Петр Порошенко парвандаи ҷиноӣ боз кард. Порошенкоро дар эъломияи нодуруст додан дар бораи дороиҳояш гумонбар мекунанд. Дар ин бора расонаҳои украинӣ хабар медиҳанд.

Бюрои пажуҳишӣ хабар дод, ки парванда дар асоси шикояти яке аз вакилони порлумон боз шудааст. Мақомот аз вакил ном намебаранд. Нисбати Порошенко бо моддаи "сохтакории аснод" парванда боз шудааст. Ин модда ҷаримаи бузург ва ё маҳдуд кардан аз озодӣ то се солро пешбинӣ мекунад.

Дар эъломияи соли 2018 Порошенко даромади шахсӣ ва хонаводагиашро аз 12,4 то 16,9 млн гривен (мутаносибан 47,6 ҳазор доллар то 75,2 ҳазор доллар) арзёбӣ карда буд. Порошенко ҳамчунин дар эъломияаш навишта буд, ки аз ҳисоби пасандозҳояш дар "Бонки байналхалқии сармоягузорӣ" 15,7 млн гривен даромад гирифтааст.

Ҳуқуқшиносон пештар хабар доданд, ки дар бораи се ширкати офшории марбут ба Порошенко иттилоъ пайдо шудааст.

Мушкили дастрасӣ ба сомонаи "Фарғона" дар Русия дубора сар зад

Акс аз бойгонӣ

Масъулони хабаргузории "Фарғона", қароргоҳаш дар Маскав, гуфтанд, ки Роскомнадзор – ниҳоди нозир дар соҳаи мухобироти Русия – дастрасӣ ба як саҳифаи сомонаи онҳоро бастааст. Ба ҳамин далел, ба гуфтаи онҳо, сомона барои аксари корбарон дар ҳудуди Русия дастнорас аст.

Роскомнадзор дар бораи бастани як саҳифаи «Фарғона» шаби сешанбе хабар дод, вале сабаби чунин тасмимро шарҳ надод.

Хабаргузории "Фарғона", ки дар Русия сабти ном шудааст, дар бораи ҳодисаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад.

Ин хабаргузорӣ 1-уми октябр дар ҳудуди Русия пурра баста шуда буд, вале дертар Роскомнадзор ин маҳдудиятро бардошт.

Мудири кулли "Фарғона" Даниил Кислов рӯзи сешанбе гуфт, онҳо бо кумаки ҳуқуқшиносон ва ҳаракати "Роскомсвобода" тавонистанд муайян кунанд, ки ба дастнорас шудани сомонаи хабаргузорӣ дар Русия матлаби худкушии як зани нафақахӯр дар Қирғизистон сабаб шудааст.

Сармуҳаррири хабаргузорӣ Мария Дубнова иттилоъ дод, ки онҳо матлаби мазкурро аз сомона пок ва «Роскомнадзор»-ро огаҳ карданд. Ба гуфтаи Дубнова, «Роскомнадзор» дар аввал нагуфт, ки аз нашри кадом матлаб норозӣ ҳаст ва бе огоҳӣ дастрасӣ ба сомонаро маҳдуд кард.

Пулиси Қазоқистон ҳамлагари автобусҳоро ҷустуҷӯ дорад

Пулиси Қарағандаи Қазоқистон шахсеро ҷустуҷӯ дорад, ки шаби 8 октябр ба сӯи се автобуси мусофирбар бо силоҳи пневматӣ оташ кушодааст.

Ҳодиса дар назди истгоҳи маҳаллаи "Квартали 45" рух дода, дар дохили автобусҳо аз 40 то беш аз 100 мусофир ҳузур доштанд.

Ба огаҳии Департаменти пулиси Қарағанда, дар ин ҳодиса касе осеб надидааст. Дар дохили яке аз автобусҳо тири 4,5-миллиметрие пайдо кардаанд, ки дар силоҳи пневматӣ истифода мешавад.

Дар робита ба ҳодисаи мазкур бо банди "Авбошӣ" тафтишот оғоз шуда, гумонбарро то ҳол боздошт ё шахсияти ӯро муайян накардаанд.

Дар Узбекистон бо диндорон "корҳои фаҳмондадиҳӣ" мегузаронанд

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кумитаҳои маҳаллӣ ва омӯзгорони макотиби вилоятҳои Намангон, Фарғона ва Андиҷони Узбекистон дар мавзӯи "Беҳсозии муҳити динӣ" ҷаласаҳо баргузор мекунанд.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ сабти садоеро аз ҷараёни яке аз ҷаласаҳои мазкур дар деҳаи "Калача"-и ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷон дастрас кард. Дар ҷаласа ҷавонони 18-19-солае иштирок доштанд, ки риш мемонанд ва бо "тоқии ғайрисуннатӣ" ба масҷид мераванд.

Тавре дар навор шунида мешавад, марде худро нозири умури фаҳмондадиҳии Шуъбаи пулиси Шаҳрихон Элмурод Аҳмадалиев муаррифӣ карда, аз ҷавонон даъват мекунад, ки риш нагузоранд. "Агар ҳама риш монанд корҳои давлативу хоҷагидориро кӣ мекунад? Танҳо 60-солаҳо метавонанд, ки риш монанд",-меафзояд ӯ.

Ба гуфтаи нозири узбек, шеваи либоспӯшии арабҳо ва мардуми дигар наметавонад барои узбекҳо намуна шавад. "Мо турк ё эронӣ нестем. Мо узбек ҳастем",-изҳор медорад Аҳмадалиев.

Ҷавони 19-солае аз нозир суол мекунад, оё дар Узбекистон қонуне ҳаст, ки мондани ришро манъ кунад. Нозир ба ҷои посух додан ба таҳдид гузашта, дар хитоб ба ҷавон мегӯяд, ки ман падарбузургу падари туро мешиносам ва инхел суолҳоро дигар надеҳ.

Пештар манобеъ хабар дода буданд, ки кормандони Кумитаи занони ноҳияи Турақӯрғони вилояти Намангон хона ба хона гашта, аз сокинон даъват мекунанд, либосҳои исломӣ напӯшанд ва риш нагузоранд.

Интиқод аз марказҳои иттилоотии ниҳодҳои давлатӣ дар Узбекистон

Комил Алламҷонов.

Оҷонси иттилоотӣ ва иртибототи Узбекистон фаъолияти марказҳои матбуотии ниҳодҳои давлатиро баррасӣ кард.

Комил Алламҷонов, раиси оҷонсӣ ва муовини вай Саида Мирзиёева, духтари президенти Узбекистон дар ҷаласае, ки 4 октябр баргузор шуд, аз фаъолияти марказҳои иттилоотии ниҳодҳои давлатӣ интиқод карданд. Комилҷон Алламҷонов гуфт, марказҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ ба талаботи фазои нави иттилоотӣ ҷавобгӯ нестанд.

"Инҷо аз 78 маркази матбуотӣ намоянда нишастааст. Агар ҳар кадоми онҳо рӯзе як хабар нашр кунанд, фазои матбуотии мо ҳамин миқдор хабар хоҳад дошт. Дар шароити ҷанги иттилоотӣ ин нуктаи бисёр муҳим аст",- гуфт Алламҷонов.

Абдураҳмон Ташанов, рӯзноманигори мустақил аз Узбекистон мегӯяд, марказҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ то ҳанӯз аз расонаҳои мустақил тарс доранд. "То замоне ки тарси марказҳои матбуотӣ аз расонаҳои мустақил ва хориҷӣ идома кунад, мушкили Комилҷон Алламҷонов кам нахоҳад шуд", - гуфт Ташанов.

"Узтрансгаз" $20 миллиони сокинонро бармегардонад

Ширкати "Узтрансгаз"-и Узбекистон наздики 20 миллион доллареро ба сокинон бармегардонад, ки ғайриқонунӣ гирифта буд.

Кумитаи зиддимонополии Узбекистон 7 октябр хабар дод, ки ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ баъди санҷиш дар чанд минтақаи кишвар ошкор шуд.

Ширкати "Узтрансгаз" аз бархе сокинон бо тарофаҳои баланд пули харҷи газ ситонидааст.

Дар ин робита Кумитаи зиддимонополӣ дар асоси қонун дар бораи "Монополияи табиӣ" парванда боз кардаааст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Гуфтугӯ бо Анваршоҳ Мирзоев дар бораи вазъи футболи тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:18 0:00
XS
SM
MD
LG