Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Низомиёни Габон хостанд "ҳукумати ғайридемократӣ"-ро сарнагун кунанд

Сарбозони Габон мардумро ба исён даъват карданд. 7 январ, 2019

Рӯзи 7 январ дар Габон кӯшиши табаддулоти давлатӣ анҷом шуд, ки дар ҷараёни он низомиён идораи радиои давлатиро тасарруф ва поёни ҳукумати Алӣ Бонгоро эълон карданд. Хабаргузории Reuters гуфт, ки баъди чанд соат ҳукумат тавонист исёнро хомуш кунад.

Ба гуфтаи шабакаи радиои RFI, соати 3:30-и вақти маҳаллӣ, гурӯҳи иборат аз панҷ афсари Горди ифтихории кишвар ба бинои радиои миллӣ ворид шуданд. Баъди ин "Радио Габон" бетанаффус ба пахши сухаронии яке аз исёнгарон оғоз кард, ки аз истеъфои президент Алӣ Бонго Ондимба хабар дод. Хабаргузории Reuters аз қавли як шоҳид гуфт, ки субҳ барои пуштибонӣ аз табаддулот наздик ба се ҳазор нафар ба кӯчаҳои Габон баромад.

Намояндаи ҳукумат Гӣ-Бертран Мапангу гуфт, ки нерӯҳои содиқ ба мақомот бинои радиоро ишғол ва чаҳор табаддулотчӣ, бо шумули раҳбари эҳтимолии оноҳро боздошт карданд. Нафари панҷум фирор кард, аммо баъдан дастгир шуд.

Радиои RFI бо такя ба намояндаи президент аз кушта шудани ду шӯришгар хабар дод.

Қарори табаддулотро шӯришгарон ба вазъи сиҳатии президент рабт доданд: Алӣ Бонго баъди хунрезии мағзӣ аз охири моҳи ноябр ба ин тараф дар Марокаш табобат мегирад.

Дар муроҷиати афсарон ба мардум гуфта мешуд, ки ҳукумат дар асл дар дасти гурӯҳи муҳофизакорон ва низомиёне қарор дорад, ки бо баҳонаи президент ҳадафҳои худро пиёда мекунанд.

Алӣ Бонго Ондимба аз соли 2009 ба ин кишвари ғанӣ аз захоири табии раҳбарӣ мекунад. Аз соли 1967 падари ӯ Омар Бонго раҳбари давлат буд.

Дар ин кишвари Африқои Марказӣ ва мустаъмараи пешини Фаронса 300 низомии Фаронса ба таври доимӣ мустақар аст. Аввали сол ИМА низ ба Габон 80 сарбоз фиристод.

Узбекистон ба ҷуфтҳои беникоҳ иҷозат дод дар меҳмонхона якҷо бошанд

Узбекистон - Урганҷ

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев фармонеро имзо кард, ки дар дар баробари масоили дигар ба ҷуфтҳои беникоҳ иҷозат медиҳад, ки дар ҳуҷраи меҳмонхона якҷо бошанд.

Биноба амри президент, ки онро Хабаргузории давлатии Узбекистон нашр кард, ҳадаф таъмини "ҳарими хусусӣ"-и ҷуфтҳои беникоҳ аст.

http://uza.uz/uz/documents/o-zbekiston-respublikasida-turizmni-jadal-rivojlantirishga-o-05-01-2019

"Меҳмонхонаҳо бояд сарфи назар аз суроғаи доимии муштариҳо, шарҳвандӣ ё муносибати ҷуфтҳо боякдигар ба онҳо хизмат расонанд",- омадааст дар фармони президент.

Фармони президент бар иловаи рӯйхати мавҷуда, ҳамчунин сафари бидуни визаи шарҳвандони чандин кишвари дигарро кафолат медиҳад.

Феълан Узбекистан ба шаҳрвандони Фаронса, Туркия, Исроил, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Сингапур, Ҷопон, ва бисёр кишварҳои Шӯравии пешин сафари бераводид пешниҳод мекунад.

Узбакистон ҳамчунин гуфтааст, ки сар аз моҳи феврал ба шаҳрвандони Олмон, Британия, Ирландия ва якчанд кишвари узви Иттиҳоди Аврупо раводиди 30-рӯзаи туристӣ медиҳад.

Шавкат Мирзиёев, ки соли 2016, баъди марги президенти худкома Ислом Каримов ба қудрат расид, барномаи ислоҳотро эълон кардааст, ки Узбекистонро ба рӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ боз мекунад.

Раҳбари PrimeMedia бинобар иттиҳоми таҷовуз корашро қатъ кард

Алексей Мигунов

Алексей Мигунов - соҳибкори Владивосток ва ҳамраиси медиҳолдинги PrimeMedia ки ба таҷовузи хабарнигори сомонаи "Сибирь Реалии" Екатерина Федорова муттаҳам шудааст, фаъолияташро дар ширкати PrimeMedia мувақатан қатъ кард. Ба ғайр аз ин, Мигунов муваққатан аз узвияти як қатор созмонҳои ҷамъиятӣ низ хориҷ шуд. Дар ин бора Мигунов дар Фейсбук хабар дод.

"Зарур мешуморам, ки ширкат ва ташкилотро ба "қазияи хусусӣ" ворид накунам",- гуфт Мигунов. Ӯ ҳамчунин гуфт, бо ҳуқуқдонҳо, ки аз манофеи ӯ ҳимоя мекунанд дар тамос аст ва шоҳидонро ҷустуҷӯ дорад. Ба ғайр аз ин, Мигунов барои расонаҳое, ки ин хабари ба гуфтаи ӯ "нодуруст ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ хатарнок"-ро пахш кардаанд, муроҷиатнома омода мекунад.

Рӯзноманигор Екатерина Федорова Мигуновро ба таҷовуз муттаҳам мекунад, ки моҳи октябри соли 2018 рух дод. Федорова дар ин бора аз тараиқи Фейсбук хабар дод. Ба гуфтаи журналист, Мигунов баъди шоме, ки онҳо бо ҳам сипарӣ карданд, ӯро ба хона гусел мекард ва дар ҳоле, ки маст буд, ӯро таҷовуз кард ва осеби ҷисмонӣ расонд.

Мигунов иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, "ҳеҷ гуна таҷовуз вуҷуд надошт". Ӯ суханони Федороваро талоши "дасткории далелҳо ва дуруғбофӣ" номид. Мигунов ишора кард, ки иттиҳоми шояд ба хотири бадном кардани созмони ӯ тарҳрезӣ шудааст.

Екатерина Федеорова бо якчанд тарҳ, аз ҷумла "Феминологӣ", бунёди "Нужна помощь" сомонаи "Такие дела", "Сибирь Реалии" ва маҷаллаҳои Life Model ва Call Culture ҳамкорӣ мекунад.

Алексей Мигнуов - муовини раҳбари кулл ва ҳамраиси Медиахолдинги PrimeMedia аст.

Бародари Уилан боздошти ӯро ба қазияи Мария Бутина вобаста кард

Пол Уилан ва Мария Бутина

Бародари Пол Уилан - шаҳрванди ИМА, ки бо ҷурми ҷосусӣ дар Русия боздошт шудааст, эҳтимоли табодули ӯро бо шаҳрванди Русия Мария Бутина, ки дар ИМА ба даст афтод, соқит намекунад. Дэвид Уилан дар сӯҳбат бо хабаргузории Associated Press ба робитаи ин ду қазия ишора кард.

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи якшанбе дар Кохи сафед ба суоли журналисте дар бораи сарнавишти Уилан посух дод ва гуфт, "мо ин мавзӯро пайгирӣ мекунам".

Қаблан Олег Морозов аъзои Шурои федератсияи Русия Пол Уиланро номзади муносиб барои табодул бо Мария Бутина номид. Аммо дар Вазорати умури хориҷӣ баррасии ин масъала пеш аз вақт унвон карданд.

Маъмурони ФСБ-и Русия Пол Уиланро рӯзи 28 декабр боздошт ва рӯзи 29 декабр бо қарори Додгоҳи Москва ба ҳабс карданд. Пол Уилан дар ростои 20 соли зиндон қарор дорад.

Уилани 48-сола сарбози пешини нерӯҳои пиёдагарди баҳрии ИМА аст, ки дар Мичиган зиндагӣ мекунад. Ӯ солҳои ахир дар бахши амнияти ширкати BorgWarner кор мекард, ки барои автомошинҳо лавозими иловагӣ месозад. Ба гуфтаи The Washington Post, Пол Уилан соли 1994 дар нерӯҳои пиёдагарди баҳрӣ ба хизмат оғоз кард ва соли 2008 аз он хориҷ шуд.

Миёнаҳои моҳи декабри соли 2018 дар ИМА додгоҳи шаҳрванди Русия Мария Бутина баргузор шуд. Бутина ба созиши ҷиноятӣ бо ҳадафи кор кардан дар ИМА, ба сифати агенти хориҷии бидуни сабти ном, муттаҳама шуд. Ин шаҳрванди Русия ба хотири ҳукми сабуктар бо додгоҳи ИМА созиш ва гуноҳашро эътироф кард.

Таиланд гуфт, ки духтари фирории саудиро депорт намекунад

Раҳаф Алкунун - акс аз видео бардошта шуд

Мақомоти Таиланд гуфтанд, шаҳрванди 18-солаи Арабистони Саудиро, ки ба гуфтаи худаш баъди таҳдиди марг аз хонаводааш рӯ ба фирор овард, депорт намекунад.

Қазияи ин духтар дар ҳоле расонаӣ шуд, ки ӯ худро дар меҳмонхонаи фурӯдгоҳи Бангкок, пойтахти Таиланд бандӣ кард ва аз Австралия паноҳандагӣ хост.

Раҳаф Муҳаммад Алкунун рӯзи 5 январ дар ҳоле ба пахши паёмҳои кӯмакталабона дар Твиттер оғоз кард, ки баъди расиданаш аз Кувайт ба Банкок шиносномаашро масодира карданд.

Алкунун аз Идораи Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон ва ҳар нафари дигар, ки метавонад ба ӯ дасти кӯмак дароз кунад, ёрӣ пурсидааст.

Вакили ӯ рӯзи 7 январ гуфт, ки дархости ҷилавгирӣ аз депортатсияи Алкунун ба Додгоҳи Ҷиноии Бангкок фиристода шуд.

Идораи Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон низ дар як изҳорот гуфт, ки барои дастрасӣ ба мақомоти Таиланд, мулоқот бо худи Раҳаф Алкунун ва ниёзи ӯ барои ҳимояи байналмилалӣ талош доранд.

Алкунун дар Твиттер навишт, ки агар мақомоти Арабистони Саудӣ ӯро иҷборан ба хонаводааш баргардонанд, ҳаёташ ба "хатари ҷиддӣ" рӯ ба рӯ мешавад. Ӯ дар сӯҳбат бо матбуот гуфтааст, ки эҳтимол кушта шавад.

Раҳаф Алкунун мегӯяд, ки аз зуроварӣ дар хонаводааш, бо шумули латтукӯб ва таҳдиди марг аз ҷониби мардҳои хонавода фирор кард. Ин зани саудӣ мегӯяд, вақте мӯи худро кӯтоҳ кард, хонаводааш ӯро ба муддати шаш моҳ дар як утоқ зиндонӣ карданд.

Арабистони Саудӣ ба мардҳои хонавода ҳақ медиҳад, ки аз занҳо, ҳатто агар болиғ бошанд, сарпарастӣ кунанд ва фирори занҳо аз хона масъалаи маргу зиндагиро ба миён меорад.

Ҳолливуд барандагони ҷоизаи "Golden Globe"-ро эълон кард

Ҷоизаи Golden Globe

Дар Лос Анҷелес 76-умин маросими супудани ҷоиза синамо -"Golden Globe" баргузор шуд. Ҷоизаро барои беҳтарин филми драмавӣ - "Ҳамосаи боҳемия"-и Брайан Сингер гирифт. Иҷрокунандаи нақши аслӣ Раме Малик беҳтарин актери драмавӣ эъттиироф шуд.

Дар бахши "Коргардони беҳтарин" ин ҷоизаи амрикоиро Алфонсо Куарони мексикоӣ бо худ бурд ва филми сиёҳу сафеди ӯ бо номи "Рум" дар бахши беҳтарин филми хориҷӣ ғолиб омад. Ин филм пештар дар фестивали синамои Венетсия ҷоизаи "Шери тиллоӣ"-ро ба даст оварда буд.

"Марди анкабутӣ" ё "Человека паук" беҳтарин филми аниматсионӣ ва дар бахши волотарин сериали драмавӣ филми бисёрсериягӣ дар бораи ҷосусҳои КГБ дар ИМА - "Амрикоиҳо" беҳтарин шинохта шуд.

Ҳунарманд Ҷефф Бридҷес ҷоийзаи "Golden Globe"-ро барои шоистагӣ дар синамо ба даст овард. Майкл Дуглас барои нақшаш дар сериали "Усули Комински" беҳтарин ҳунарманди комедӣ эълон шуд.

Ҷоизаи беҳтарин саундтрек ё мусиқии матни филмро Леди Гага барои таронаи "Shallow" дар филми "Ситора тавлид шуд" ба даст овард.

Раҳбари NASA сафари Рогозинро ба Амрико бекор кард

Ҷим Брайденстайн ва Дмитрий Рогозин

Раҳбари Оҷонсии кайҳоншиносии Амрико (NASA) Ҷим Брайденстайн гуфт, сафари раҳбари Роскосмос Дмитрий Рогозин ба ИМА-ро, ки қарор буд, моҳи феврали соли равон баргузор шавад, бекор мекунад.

Брайденстайн дар суҳбат бо The Washington Post гуфт, оҷонсӣ тирамоҳи соли гузашта Рогозинро, ки номи ӯ дар рӯйхати таҳримшудаҳо ҳаст, ба хотири ҳифзи "робитаҳои наздики корӣ" ба ИМА даъват карда буд. Вале баъди танқиди сахти як қатор сенаторҳо ин тасмим бозбинӣ шуд.

Аз ҷумла, сенатори демократ Ҷин Шаҳин Рогозинро яке аз меъморони "маъракаи таҷовузкорона"-е номид, ки Кремл зидди ҳамсояҳои худ пеш мебарад. Ба гуфтаи сенатор, Рогозин ҳамчунин бо изҳоротҳои зиддиамрикоияш маъруф аст ва сафари ӯ ба ИМА амнияти миллии Амрикоро халалдор мекунад.

Суханони Шаҳинро муовини раиси кумитаи иктишофии Сенат Марк Уорнери демократ ва раиси зеркумитаи фазонавардӣ Тед Крузи ҷумҳурихоҳ низ ҷонибдорӣ карданд.

Дмитрий Рогозин ҳанӯз дар замони муовини сарвазири Русия буданаш ба рӯйхати таҳримшудаҳо ворид шуда буд. Ӯ бо изҳоротҳои тунди зиддиамрикоияш маъруф аст. Брайденстайн моҳи октябри соли гузашта аз Русия дидан карда буд. Ба иттилои Politico, он замон ӯ аз Рогозин даъват карда буд, ки аввалҳои соли равон аз қароргоҳи NASA дар Ҳюстон боздид кунад.

Ҷонибҳо бо вуҷуди сард шудани муносибатҳои ИМА ва Русия дар бахши кайҳоннавардӣ ҳамкорӣ мекунанд. Дар Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ намояндагони Русия ва Амрико, ки ба воситаи киштии русии "Союз" ба кайҳон интиқол меёбанд, боҳам фаъолият мекунанд,.

Тақозои Нетаняҳу аз Трамп дар бораи Баландиҳои Ҷулон

Бенямин Нетаняҳу

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тақозо кардааст, ки Баландиҳои Ҷулон дар марзи Сурияро ба ҳайси қаламрави он кишвар эътироф кунад. Ӯ рӯзи 6-уми январ гуфт, ки агар ҳаво мусоид бошад, бо Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллӣ дар ҳукумати Амрико ба ин минтақа сафар мекунад.

“Агар шумо дар онҷо бошед, бармало дарк мекунед, ки чаро мо Баландиҳои Ҷулонро ҳеҷ гоҳ тарк намекунем ва чаро барои мо эътирофи ҳаққи Исроил ба Баландиҳои Ҷулон муҳим аст” - гуфтааст, Бенямин Нетаняҳу ба Ҷон Болтон.

Бенямин Нетаняҳу гуфтааст, ки масъалаи мазкурро бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико баррасӣ кардааст.

Исроил минтақаи стротегии Баландиҳои Ҷулонро, ки аз Сурия буд, соли 1967 дар Ҷанги шашрӯза дар Ховари Миёна ишғол кард ва соли 1981 ба қаламраваш ҳамроҳ кард. Ҷомеаи байналмилалӣ онро ба ҳайси хоки Исроил ба расмият намешиносад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар гузашта бо сиёсатҳои баҳсбарангези хориҷиаш меъёрҳои байналмилалиро ба эътибор нагирифтааст.

Соли 2017 ӯ эълон кард, ки Амрико шаҳри Байтулмуқаддасро ба ҳайси пойтахти Исроил ба расмият мешиносад ва сафорати Иёлоти Муттаҳидаро аз Тел Авив ба онҷо кӯч медиҳад. Ин амалкарди ӯ, хашми фаластиниён ва эътирози шарикони Амрико ва кишварҳои дигари дунёро барангехт.

Фаластиниён мехоҳанд, Байтулмуқаддаси шарқӣ пойтахти кишвари ояндаи онҳо бошад. Исроил, ки Байтулмуқаддаси шарқиро ба қаламраваш ҳамроҳ кардааст, тамоми шаҳрро пойтахти худ эълон кард, вале ҷомеаи байналмилалӣ ин қарори Исроилро эътироф намекунад.

Контр-адмирал Кевин Суини аз мақомаш дар Пентагон истеъфо дод

Кевин Суинӣ

Раҳбари ситоди Вазорати дифои ИМА Контр-адмирал Кевин Суини баъди фаъолияти дусола дар Пентагон аз мақомаш истеъфо дод. Истеъфои Суини ба думболи аз кор рафтани баъзе мансабдорони баландпояи ин ниҳоди дафоӣ сурат гирифт.

Вазири дифои ИМА Ҷеймс Мэттис, ки Кевин Суини аз зердастони ӯ буд, аввали моҳи январ аз мақом рафт. Мэттис истеъфояшро охири моҳи декабр, дар ҳоле эълон кард, ки президент Трамп гуфт, ки нерӯи дуҳазор нафарии ИМА-ро аз Сурия хориҷ мекунад. Вазири дифоъ дар номаи истеъфояш аз Трамп ном набурд, аммо мавҷудияти ихтилофи ҷиддӣ байни худу президент, аз ҷумла дар робита ба аҳамияти шарикҳо ва истифодаи тавонмандии ИМА-ро зикр кард.

Мэттис аз ҷумла ҳушдор дод, ки Русия ва Чин мехоҳанд ҷаҳони мувофиқ ба модели авторитарии худро таъсис диҳанд ва аз ҳақи ветогузорӣ ба қарори кишварҳои дигар дар иқтисодӣ, дипломатия ва амният бархурдор шаванд.

Ҳалокати 30 нафар дар кони тиллои Бадахшони Афғонистон

Акс аз бойгонист.

Дар натиҷаи фурӯ рехтани нақбе дар як кони тилло дар шимолушарқи Афғонистон 30 нафар ҳалок шудаанд. Мақомот гуфтанд, ки фалокат дар Вилояти Бадахшон рӯзи 6-уми январ рух додааст. Ҷузъиёти дигаре то кунун дар бораи ин ҳодиса ба дасти расонаҳо нарасидааст.

Ду бинои Магнитогорскро вайрон мекунанд

Ду биноро комилан аз байн мебаранд

Мақомоти Русия мегӯянд, биноеро, ки дар натиҷаи фурӯ рафтани қисме аз он 39 нафар ба ҳалокат расиданд, комилан вайрон мекунанд. Намояндагони ҳукумати шаҳри Магнитогорск рӯзи 6-уми январ гуфтанд, ки 9 бинои дигар барои зиндагӣ муносиб аст ва дар ҷояшон мемонанд.

Рӯзи 31-уми декабр дар натиҷаи таркиши газ даромадгоҳи 7-уми бинои 10 табақа дар маркази шаҳр вайрон шуд ва қисме аз вурудгоҳи 8-ум низ осеб дид. Ҳарду ин бино комилан хароб мешаванд.

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия бо судури як дастур барои осебдидагони ҳодиса 65 миллион рубл ва ё 967 ҳазор доллар ихтисос дод. Мақомоти вилояти Челябинск барои онҳо 93 миллион рубл ҷудо кардааст.

Барои онҳое, ки дар ин фалокат сахт осеб дидаанд, 400 ҳазор рубл пардохт мекунанд. Хароҷоти дафни қурбониёнро ҳам давлат мепардохтааст.

Кӯдаки 3-солае, ки аз сараш тир хӯрд даргузашт

Ҳодиса дар Дарбанд рух дод.

31-уми декабр аз балкони хонаашон дар шаҳри Дарбанди Доғистон оташбозии солинавиро тамошо мекард, ки ба сараш тир расид. Хабаргузории “Кавказский узел” навиштааст, ки дар ин шаб касе дар кӯча аз аслиҳаи воқеӣ ба осмон тир андохтааст.

Барои ҷарроҳии кӯдак аз Маскав табиб бурдаанд, вале ба ӯ муяссар нашудааст, ки тирро аз сари кӯдак берун кунад. Тифли 3-сола соати 11 субҳи 5-уми январ ҷон додааст. Вазорати тандурустии Доғистон хабарро тасдиқ кард. Дар бораи таҳқиқи ҳодиса хабаре дар даст нест.

Минаҷӯи мисрӣ ҳангоми кор ба ҳалокат расид

Дар тақрибан ду соли ахир 100 қибтӣ дар Миср кушта шудааст.

Як мутахассиси мисрӣ ҳангоми хунсо кардани бомби худсохте дар наздикии як калисои қибтиҳо дар канори Қоҳира ба ҳалокат расидааст. Телевизиони давлатии Миср рӯзи 5-уми январ гуфт, ки дар натиҷаи таркиш дар маҳҳаллаи Шаҳри Наср ду афсари дигар захм бардоштаанд.

Абзори таркандаиро дар дохили халтае дар болои як боме дар наздикии калисо ёфтаанд. Мақомот гуфтанд, ки Мустафо Обид, ки минаҷӯ буд, дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.

Қибтиҳо рӯзи 7-уми январ Мавлуди Исои Масеҳро таҷлил мекунанд. Қибтиҳои Миср 10 дар сади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Аз моҳи декабри соли 2016 то кунун дар натиҷаи ҳамлаи ҷангҷӯён ва ифротгароёни исломӣ аз ҷумла гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” 100 нафар аз қибтиҳо кушта шудаанд.

Русия мегӯяд, табдили "зиндониён" бо Амрико зуд аст

Сергей Рябков

Мақомоти Русия гуфтанд, баррасии табодули шаҳрвандон бо Амрико, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ дастгир шудаанд, барвақт аст. Русияву Амрико дар чанд вақти гузашта шаҳрвандони ҳамдигарро бо иттиҳоми ҷосусӣ дастгир кардаанд.

Мақомоти Русия рӯзи 5-уми январ гуфтанд, ки Дмитрий Макаренко, як шаҳрванди кишвар рӯзи 29-уми декабр дар Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ, қаламрави Амрико дар Уқёнуси Ором дастгир шудааст ва ӯро барои эъломи иттиҳоми тавтиа ба қаламрави Иёлоти Муттаҳида интиқол додаанд. Дар ҳамон рӯз Хадамоти Федеролии Амнияти Русия ва ё ФСБ, Пол Вилан, афсари собиқи амрикоиро бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Маскав дастгир кард.

Мариа Бутина, як шаҳрванди дигари Русия низ айни замон дар Амрико дар боздошт аст ва ба ҷосусӣ муттаҳам мешавад. Русия дар гузашта бо ҳадафи табдили зиндониён, хориҷиёнро дар қаламраваш дастгир кардааст.

Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷии Русия рӯзи 5-уми январ гуфт, ки баррасии масъалаи табдили зиндониён ҳануз зуд аст, чун ҳануз Пол Вилан расман ба ҷинояте муттаҳам нашудааст.

Раҳоии 12 нафар аз дасти Толибон дар Афғонистон

Акс аз бойгонӣ

Неруҳои махсуси Афғонистон 12 нафарро аз як зиндони Толибон дар ҷануби кишвар озод кардаанд, вале дар ҷойи дигар ин гуруҳ 15 корманди давлатро гаравгон гирифтааст.

Раёсати амнияти миллии Афғонистон рӯзи 5-уми январ хабар дод, ки маъмурони амниятии вижа ба зиндони Толибон дар ноҳияи Наҳри Сироҷ дар вилояти Ҳилманд юриш бурда ва асиронро раҳо кардаанд.

Ҳилманд яке аз такягоҳҳои Толибон ва макони аслии кишти кӯкнор аст. Ҷузъиёти дигари амалиётро ошкор накардаанд. Дар ҳамин рӯз мақомоти расмӣ гуфтанд, ки ҷангҷӯёни Толиб 15 корманди ниҳодҳои давлатиро дар вилояти Фароҳ рабудаанд ва ҳоло сарнавишти онҳо маълум нест.

Калисои Украина баъди 330 сол "худмухтор" шуд

Маросими супурдани эъломия дар Истанбул сурат гирифт.

Калисои православии Украина аз усқуфи аъзам Бартоломей санади расмиеро гирифт, ки ба тобеияти 330-солаи ин калисо ба Калисои православии Русия хотима дод. Эъломияи худмухториро, ки аз ин пештар имзо шуд, дар маросими махсус дар шаҳри Истанбул ба Эпифаний, усқуфи нави Киев рӯзи 6-уми январ супурданд.

Маросим дар Калисои Георгии муқаддас сурат гирифт ва дар он Петро Порошенко, раиси ҷумҳур, Андрей Парубий, раиси порлумон ва дигар мақомоти баландпояи Украина ҳузур доштанд.

Баъди хатми маросим Порошенко гуфт, бо қабули эъломияи худмухторӣ, муборизаи тӯлонии Украина барои таъсиси калисои мустақили православӣ ба поён расид. Ӯ гуфт, "Худованд бо Украина буд ва Украина бо Худованд аст.»

Шаҳри Истанбул дар гузашта Константинопол қароргоҳи усқуфи аъзами тамоми масеҳиёни православ буд. Усқуфи аъзам Бартоломей аз пайравонаш хост, ки Калисои Киевро ба расмият бишносанд ва дар ибодаташон дар ҳаққи он дуо кунанд.

Дар Русия мегӯянд, ҷудо шудани Калисои Киев аз Калисои Русия, натиҷаи «тафриқабарангезӣ» ва мудохилаи ҳукумати Украина ба умури калисо аст. Калисои Русия худмухтории Калисои Украинаро ба расмият намешиносад.

Савдогарон намехоҳанд, бозори Ӯш вайрон шавад

Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Ӯш қарори раиси ин шаҳр дар бораи сохтмони боғча дар макони бозори шаҳраки Кулатов рӯзи 8 январ қуваи қонунӣ мегирад.

Савдогарони ин бозор, ки тахриби онро намехоҳанд, ба президент, ҳукуматҳои марказиву маҳаллӣ муроҷиат карданд. Онҳо мехоҳанд, тахриби бозор то соли 2025 ба таъхир гузошта шавад.

Дар ин бозор наздики 200 одам ба кор машғул аст. Ҳамчунин деҳқонони гирду атроф барои савдои маҳсулоташон ба ин бозор меоянд.

"Дар ҳар нуқтаи савдои ин бозор то 3-4 одам кор мекунад. Онҳо хонаводаҳояшонро нон медиҳанд. Ҳамасола мо ба буҷа 6 миллион сом даромад меорем", - мегӯяд як тоҷири ин бозор.

Савдогарони бозор мегӯянд, шаҳрдорӣ бидуни машварат бо онҳо қарори тахриби бозорро қабул кардааст.

Аммо мақомоти шаҳрӣ мегӯянд, амалкарди онҳо дар доираи қонун сурат мегирад ва дар ҳоли ҳозир бо тоҷирон гуфтугӯ мекунанд. Қарори тахриби бозор 25 ноябри соли 2018 қабул шуда буд.

Латифи Пидром номзад ба мақоми президентии Афғонистон шуд. ВИДЕО

Латифи Пидром

Латифи Пидром, намояндаи вилояти Бадахшон дар порлумони Афғонистон ва раиси Ҳизби Кунгураи миллӣ, расман номзад ба мақоми президентӣ дар он кишвар шуд.

Маросими сабтиноми Пидром рӯзи 3-юми январ дар Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон сурат гирифт. Эҳсонуллоҳ Ҳайдарӣ ва Муҳаммад Содиқ Вардак муовинони ӯ ҳастанд.

Латифи Пидром дар суҳбат бо хабарнигорон дар Кобул гуфт, "оқои Эҳсон ҳазора аст ва оқои Вардак – паштун. Бар хилофи хеле таблиғоте, ки алайҳи мо ҳаст, мо мардуми худро дӯст медорем ва вақте мегӯем давлату миллат месозем, бо ҳамин мардум ва ҳамин ақвом месозем."

Латиф Пидром-аввалин номзад ба курсии президентии Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Латифи Пидром дар ду даври интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар номзад ба ин мақом буд. Ин шоир ва сиёсатмадор дар таҳкими робитаҳои миёни форсизабонон ва хусусан доираҳои адабии Тоҷикистон ва Афғонистон саҳми бориз дорад ва дар ҳалқаҳои адабӣ ва сиёсии Тоҷикистон эътироф шудааст.

Муҳаммад Ҳаким Торсан номзади дигари интихоботи президентии Афғонистон аст. Номзадии ӯ рӯзи шанбеи 5-уми январ сабт шуд. Торсан дар солҳои 2009 ва 2014 низ барои дарёфти курсии президенти Афғонистон довталабӣ карда буд.

Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд, Ашраф Ғанӣ – раиси ҷумҳури кунунӣ, Ҳаниф Атмар, Ҳикмат Халил Карзай, Залмай Расул, Гулбиддин Ҳикматёр, Башир Бежан ва бархе чеҳраҳои дигар бастаҳои маълумотиро дарёфта карда, вале то ҳол ба ҳайси номзад сабтином нашудаанд.

Қарор буд, интихоботи президентӣ дар Афғонистон баҳори имсол баргузор шавад, вале то 20-уми июл ба таъхир гузошта шудааст.

Туркия эълон кард, ки дар сулҳи Афғонистон саҳм мегирад

Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо Имрон Хон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, гуфт, Истанбул баҳори имсол мизбони нишасти сеҷониба (Туркия, Покистон ва Афғонистон) дар бораи сулҳи Афғонистон хоҳад шуд. Эрдуғон дар ин бора рӯзи 4-уми январ дар мулоқот бо Имрон Хон, нахуствазири Покистон хабар дод.

Раиси ҷумҳури Туркия нишасти сеҷонибаро дар робита ба вазъияти ҳозираи Афғонистон хеле муҳим хонд ва гуфт, “мо, иншоаллоҳ, дар Истанбул нишасти сеҷониба хоҳем дошт, ки мумкин аст пас аз 31-уми март баргузор шавад. Бовар дорам, ки нишасти якҷояи Туркия ва Покистону Афғонистон дар ҳалли бисёре аз масоил кумак мекунад."

Нахуствазири Покистон, ки аз замони расидан ба ин мақом дар моҳи августи соли гузашта бори аввал ба Туркия рафтааст, гуфт, афғонҳо аз ҷанг ранҷ кашида ва ба сулҳ сахт ниёз доранд.

Вай изҳори умед кард, ки нишасти Истанбул битавонад афғонҳоро дар расидан ба сулҳ кумак намояд.

Талошҳо барои дастёбӣ ба сулҳи доимӣ дар Афғонистон ахиран афзоиш ёфтааст. Дар моҳи ноябри соли гузашта Русия мизбони нишасти байналмилалии сулҳи Афғонистон буд, ки дар он ҳайате аз дафтари сиёсии Толибон дар Қатар иштирок дошт.

Моҳи ноябри соли гузашта намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон Залмай Халилзод дар Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳайати Толибон гуфтугӯ намуд.

Доналд Трамп гуфт, ба Габон нерӯҳои низомӣ фиристод

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, низомиёни кишвараш ба Габон, як кишвари африқоӣ, фиристода шуданд. Трамп гуфтааст, бо ҳадафи муҳофизат аз шаҳрвандон ва муасисаҳои дипломатии Амрико дар Ҷумҳурии демократии Конго, дар ҳамсоягии Габон, ба ҳузури низомиён ниёз ҳаст.

Ӯ рӯзи 4-уми январ дар нома ба раҳбарони Конгресси Амрико навишт, нахустин гурӯҳи ҳафтоднафарии сарбозони амрикоӣ рӯзи 2-юми январ ба Габон расиданд. Доналд Трамп афзудааст, дар сурати ниёз, ба онҷо нерӯи бештар фиристода хоҳад шуд.

Дар ин номаи Трамп омадааст, то замоне ки вазъияти амниятӣ дар Конго тағйир накунад ва барои ҳузури сарбозон эҳтиёҷ бошад, нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа боқӣ хоҳанд монд.

Ин сарбозон дар ҳоле ба Габон рафтанд, ки интихоботи президентӣ дар Конго, ҳамсояи Габон, пас аз се дафъаи таъхир рӯзи 30-юми декабри соли гузашта баргузор шуд. Ин маърака барои интихоби ҷойгузини Ҷозеф Кабила, раиси ҷумҳури Конго, ба гунаи нисбатан мусолиматомез баргузор шуд. Вай тақрибан 17 сол боз ба ин кишвар раҳбарӣ мекунад.

Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири тақаллуб ва эҳтимоли хушунатҳо пас аз эълони натиҷаҳои ин интихобот дар рӯзи 6-уми январ ибрози нигаронӣ доранд.

Тобути Раҷабмоҳ Исоева ва се кӯдакашро 6 январ ба Душанбе меоранд

Раҷабмоҳ Исоева бо Аҳмаду Фотима ва Муҳаммад

Тобути Раҷабмоҳ Исоева, Аҳмаду Фотима ва Муҳаммад Улфатовҳо, ки дар зери бинои фурӯрафтаи шаҳри Магнитогорск ҷон бохтанд, шоми 6-уми январ ба ватан оварда хоҳад шуд.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи шанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадҳоро тавассути ҳавопаймои "Сомон Эйр" ва аз Екатеринбург ба Душанбе мефиристанд.

Наздиконашон мегӯянд, модару се кӯдак дар деҳаи Ориёни ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон дафн карда хоҳанд шуд.

Падари хонавода Шӯҳрат Улфатов дар ҳодисаи Магнитогорск шадидан маҷруҳ шуда, феълан дар бемористони вилоятии Челябинск дар ҳолати кома ё беҳушии сунъӣ будааст.

Як қисми бинои даҳошёна дар шаҳри Магнитогорск субҳи 31-уми декабри соли 2018 фурӯ рафт. Мақомоти Русия гуфтанд, ки ба эҳтимоли зиёд ҳодиса бар асари таркиши гази табиӣ рух дода, дар натиҷаи он 39 хона пурра ва даҳ манзил қисман хароб шудаву даҳҳо нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ҷасади Раҷабмоҳ Исоеваи 24-сола ва се кӯдакаш, ки дар зери харобаҳои бинои фурӯрафтаи шаҳри Магнитогорск монда буданд, баъди се рӯзи ҳодиса пайдо ва берун оварда шуданд.

Хадамоти наҷот рӯзи чаҳоруми январ хабар дод, ки корҳои ҷустуҷӯиро қатъ кардааст. Ва ҳамон рӯз нахустин маросими дафни қурбониёни фурӯравии як бахши манзили бисёрошёна дар Магнитогорск баргузор шуд.

Боздошти як зан бо гумони ба ВИЧ гирифтор кардани марде дар Хуҷанд

Акс аз бойгонӣ

Як зани 27-сола дар шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми ба вируси норасоии масунияти бадан мубтало кардани марде боздошт шудааст. Аз ин зан ва мард ба далоили ахлоқӣ ва, ҳамчунин, халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот ном бурда намешавад.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 5-уми январ гуфтанд, ин зан дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шуда, феълан дар боздоштгоҳ аст. Ба иттилои манбаъ, гумонбар гирифтори бемории норасоии масунияти бадан буда, номаш дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ дар вилояти Суғд расман сабт шудааст.

“Ӯ новобаста аз ин ки дар бораи бемор буданаш ва хатари он огоҳинома гирифта буд, аз моҳи май то сентябри соли 2018 дидаву дониста бо сокини 20-солаи шаҳри Хуҷанд иртиботи ҷинсӣ карда ва ӯро ба бемории ВИЧ гирифтор намудааст”, - гуфтан дар ВКД.

Дар ҳоли ҳозир мавқеи тарафи гумонбар дастрас нест.

Мақомот мегӯянд, дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ва таҳқиқ идома дорад.

Аз ин пеш, дар моҳи октябри соли 2018 мақомот дар шаҳри Душанбе як сокини 31-соларо бо гумони ба вируси норасоии масунияти бадан мубтало намуданди дигарон боздошт карданд.

Тобистони соли гузашта як зан дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бо ҷурми ба вируси норасоии масунияти бадан гирифтор кардани даҳ мард як сол зиндонӣ шуда буд.

Ибодати занони ҳинду дар маъбади Сабаримала ба задухурд расонд

Эътирозгарон тимсоли раҳбари аёлати Кераларо оташ заданд

Задухурди қишри тундрави ҳиндуҳо рӯзи ҷумъа дар аёлати Керала идома ёфт. Сабаби даргириҳо лағви қонунест, ки ҳузури занҳоро дар маъбади Сабаримала мамнуъ мекард.

Рӯзи 4 январ ниҳодҳои интизомӣ хабар доданд, ки сарфи назар аз эътирозҳо дар атрофи ин макони барои ҳиндуҳо муқаддас, боз як зани дигар ба зиёратгоҳ даромад. Ин сеюмин зан аст, ки ба маъбад ворид шудааст.

То 1 январи соли 2019 вуруди занҳои аз 10 то 50 сола ба муҳимтарин макони ибодати ҳиндуҳо мамнуъ буд.

Бинобар лағви шудани қонуни манъи ибодати занҳои "синни ҳайз" тундравон дар саросари Ҳиндустон даст ба тазоҳурот заданд. Эътрозгарон якчанд идораҳи ҳизби ҳоким ва садҳо автобус ва нақлиёти умумиро оташ заданд.

Дар натиҷаи ин задухурдҳо 1 нафар қурбон шуд.

Рӯзи 1 январ барои аввалин бор дар чандин аср, ба ду зан даст дод, ки дар маъбад ибодат кунанд. Ҳамон рӯз занон дар Ҳиндустон пушти ҳам саф кашида аз худ ба дарозои 620 килолметр занҷири зинда сохтанд. Бо ин шева онҳо пуштибонии худро аз баробарии ҷинсӣ баён карданд. Ба гуфтаи мақомот дар намоишҳо беш аз 5 миллион нафар иштирок кард.

Муддати тӯлонӣ занҳои аз 10 то 50 сола ҳақ надоштанд ба маъбади Сабаримала ворид шаванд. Моҳи сентябри соли 2018 Додгоҳи олии Ҳиндустон қарори манъро расман бекор кард. Аммо мардҳо тамоми занҳоеро, ки мехостанд ба маъбад ворид шаванд, бо сангу чӯб заданд.

Маросими видоъ бо қурбониҳои суқути бинои истиқоматӣ дар Русия

Игор, Милана ва Анастасия - онҳо аз таркиш дар дар Магнитогорск ҳалок шуданд

Рӯзи ҷумъа маросими хоксупории қурбониҳои таркиш ва фурӯпошии бинои истиқоматӣ дар Магнитогорски Русия оғоз шуд. Баъди такиш як бахши бино сарозер шуд ва ба маълумоти расмӣ 39 нафарро қурбон кард.

Дар ду маросими ҷудогонаи хоксупории рӯзи ҷумъа даҳҳо нафар ширкат карданд. Яке аз маросимҳо ба Виктор Воронтсов бахшида шуд, ки дар зери оворҳо ҷон бохт, вале зану духтараш зинда монданд.

Маросими дигар ба хотири хонаводаи Крамаренко буд. Дар пайи таркиш тамои аъзои ин хонавода: зану шавҳари 31 сола Игор ва Анастасия ва духтари якунимсолаи онҳо Милана ҳалок шуд. Дар маҷмуъ рӯзи ҷумъа маросими хоксупории шаш қурбонӣ ҷараён гирифт.

Дар ин ҳодиса як зани тоҷик бо се фарзандаш қурбон шуда, падари хонавода зинда монд. Ҷасади модару фарзандонаш дар Тоҷикистон ба хок супурда мешавад.

Таркиш дар бинои истиқоматии даҳошёна дар Магнитогорск субҳи 31 декабр сурат гирифт. Ба гуфтаи Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ аз таркиши шадид 35 манзил комилан ва 10 хонаи дигар қисман хароб шуд. Хадамоти наҷот аз аз қатъ шудани корҳои ҷустуҷӯӣ хабар дод. Дар ин бино 110 нафар зиндагӣ мекард.

Кумитаи тафтишоти Русия бештар ба фарзияи таркиши гази табии бартарӣ медиҳад.

Коҳиши даромади Apple шохиси Dow Jones-ро ба замин зад

Бозори бурси Ню Йорк

Бар асоси музоядаи рӯзи 3 январ шохиси Dow Jones беш аз 600 нуқта поён омад. Таҳлилгарони бозори бурс ин коҳишро ба камхаридор шудани саҳмияҳои Apple рабт медиҳанд. Ин ширкат чанде пеш аз эҳтимоли кам шудани даромадаш бинобар коҳиши талабот ба таҷҳизоти Apple дар Чин хабар дод.

Раҳбари Apple Ким Кук дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNBC гуфт, ки коҳиши тавони харидорӣ ба кунд шудани суръати рушди иқтисоди Чин ва ҳамчунин ташаннуҷ дар робитаҳои тиҷоратии Вашингтон ва Пекин бастагӣ дорад.

Дар пасманзари ин пешгӯӣ таваҷҷуҳи сармоягузорон ба саҳмияҳои Apple коҳиш ёфт ва онҳо маблағҳои худро ба дороиҳои камхатар гузоштанд. Рӯзи 3 январ дар оғози музояда саҳмияҳои NASDAQ беш аз 9 дар сад ва сармоягузорӣ то 749 миллиард доллар коҳиш ёфт.

Моҳи августи соли гузашта Apple бо сармоягузории 1 триллион доллар гаронтарин ширкати ИМА унвон шуда буд. Коҳиши ногаҳонии шохиси саҳҳом моҳи октябри соли гузашта оғоз шуд. Ба фарзияи Bloomberg, он замон нигарониҳо аз ҷанги тиҷоратии ИМА ва Чин шохиси саҳҳомро поён овард.

Равобити ИМА ва Чин дар пасманзари боло бурдани тарофаҳои тиҷоратӣ аз ҳарду тараф ва танқиди мақомоти ИМА аз Пекин муташаниҷ боқӣ мондааст.

Вашингтон Чинро таҳдиди стратегӣ арзёбӣ мекунад. Аввали моҳи октябр ноиби президенти ИМА Майк Пенс ҳукумати Чинро ба пешбурди сиёсати хашини низомӣ, иқтисодӣ ва маъракаи сиёсӣ муттаҳам кард, ки ба гуфтаи Пенс ҳадафаш афзоиши нуфузи Чин дар ИМА ва саросари ҷаҳон аст.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

20 соли "Азия-Плюс". Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:21 0:00
XS
SM
MD
LG