Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Ҷанҷоли ҷосусӣ: ИМА аз Русия шарҳи боздошти шаҳрвандашро талаб кард

Майк Помпео

Мақомоти ИМА интизор доранд, ки дар робита ба боздошти сарбози пешини нерӯҳои пиёданизоми баҳрии Амрико Пол Уилан, ки ахиран дар Русия бо ҷурми ҷосусӣ боздошт шуд, аз Маскав маълумоти бештар бигиранд, - дар ин бора Котиби давлатии ИМА Майк Помпео хабар дод.

"Мо ба Русия изҳори умед кардем, ки соатҳои наздик ба ӯ дастрасӣ пайдо кунем ва дар бораи ин қазияи маълумоти бештар бигирем",- гуфт Помпео рӯзи 2 январ дар ҷараёни сафараш ба Бразилия.

Рӯзи 31 декабр Хадамоти амнияти федеролии Русия - ФСБ гуфт, ки шаҳрванди ИМА Пол Уилан рӯзи 28 декабр "ҳангоми анҷоми амали ҷосусӣ" боздошт шуд. Алайҳи ӯ аз рӯи банди 276- Қонуни ҷиноии Русия (ҷосусӣ) парванда боз шудааст.

Хонаводаи Уилан иттиҳоми ҷосусиро рад мекунад ва мегӯяд, ки ӯ ба Русия барои ширкат дар як ҷашни арусӣ рафта буд.

Пол Уилани 48 сола сарбози пешини нерӯҳои пиёдагарди баҳрии ИМА аст, ки дар Мичган зиндагӣ мекунад. Ӯ солҳои ахир дар бахши амнияти ширкати BorgWarner кор мекард, ки барои автомошинҳо лавозими иловагӣ месозад. Ба гуфтаи The Washington Post, Пол Уилан соли 1994 дар нерӯҳои пиёдагарди баҳрӣ ба хизмат оғоз кард ва соли 2008 аз он хориҷ шуд.

Миёнаҳои моҳи декабри соли 2018 дар ИМА додгоҳи шаҳрванди Русия Мария Бутина баргузор шуд. Бутина ба созиши ҷиноятӣ бо ҳадафи кор кардан дар ИМА, ба сифати агенти хориҷии бидуни сабти ном, муттаҳама шуд. Ин шаҳрванди Русия ба хотири ҳукми сабуктар бо додгоҳи ИМА созиш ва гуноҳашро эътироф кард.

Миллиардерҳои Русия дар як сол қариб $6 миллиард гум карданд

Миллиардери рус Виктор Векселберг

Ба маълумоти оҷонсии Bloomberg, миллиардерҳои рус дар соли 2018 ҷамъулҷамъ 5,9 миллиард доллар гум карданд. Дар феҳрасти 500 сарватманди дунё, ба гуфтаи Bloomberg, 25 шаҳрванди Русия шомил аст.Дар давоми соли гузашта танҳо нуҳ нафари онҳо тавонистанд дороии худро бештар кунанд.

Сегонаи сарватмандони рус, ки натавонистанд доротар шаванд, молики "Ренова" Виктор Векселберг бо $3,1 миллиард бохт, президенти ширкати маъдани Урал Искандар Маҳмудов бо $2,4 миллиард ва молики "Серверстал" Алксей Мордашев бо $2,2 миллард доллар бохт номбар мешаванд.

Ба сафи онҳое, ки ба сарвати худ сарват зам кардаанд, ҳамраиси "Лукойл" Вагит Алекперов бо афзоиши дороии $3,4 миллард ва ҳамраисони "Новатэк" Леонид Михелсон ва Генадий Тимченко ворид шудаанд, ки ҳар яке дороии худро ба маблағи $2,7 миллард афзун кардааст.

Сарватмандтарин шаҳрванди Русия яке аз моликони аслии "Норникел" Владимир Потанин аст, ки Bloomberg дороии ӯро $20 миллиард шумурдааст.

Аз 20 шахси сарватманди дунё чордаҳ нафар шаҳрванди ИМА мебошанд. Муваффақтарини онҳо бунёдгузори Amazon Ҷефф Безос аст: дороии ӯ $125 миллиард ҳисоб шудааст.

Намояндаи Тоҷикистон раҳбари сохтори зиддитеррористии СҲШ шуд. ВИДЕО

Ҷумъахон Ғиёсов шурӯъ аз 1 январ раҳбарии Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро ба ӯҳда гирифт. Хабаргузории Интерфакс рӯзи чоршанбе бо такя ба вазорати умури хориҷии Узбекистон хабар дод, ки шурӯъ аз 1 январ бар асоси қарори Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ раиси Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии мубориза бо терроризми ин созмонро, ки қароргоҳаш дар Тошканд аст, намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов ба ӯҳда мегирад. Дар ин мақом ӯ се соли оянда кор хоҳад кард.

Ғиёсов давоми солҳои 2017-2018 дар вазифаи муовини раиси кумитаи иҷроияи ин сохтор кор карда, пеш аз он дар КДАМ ва Кумитаи умури дини Тоҷикистон кор кардааст.

Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ соли 2004 таъсис шуда, дар шаҳри Тошканд амал мекунад. То охири соли 2018 раҳбарии ин сохторро намояндаи Русия Евгений Сисоев ба ӯҳда дошт.

Инчунин, шурӯъ аз 1 январи соли 2019 бар асоси қарори шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ, ба вазифаи дабири кулли ин созмон намояндаи Узбекистон Владимир Норов таъин шуд. Норов дар гузашта раиси Пажӯҳишгоҳи мутолеоти стратегии назди президенти Узбекистон ва вазири умури хориҷии ин кишвар кор кардааст. Норов дар ин мақом шаҳрванди Тоҷикистон Рашид Олимовро иваз кард.

Ба узвияти Созмони ҳамкорҳои Шонгҳой Ҳинд, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Покистон, Тоҷикистон ва Узбекистон шомил ҳастанд.

Владимир Норов ба курсии дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шангҳай нишаст
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:20 0:00

Эътирозҳои Ҳиндустон баъди ибодати занҳо дар маъбади Сабаримала

Эътирози занон дар Ҳиндустон - 1 январ, 2019

Ба думболи ибодати ду зан дар маъбади шаҳри Сабаримала, аёлати Керала - бузургтарин макони зиёрати ҳиндуҳо, эътирозҳо оғоз шуданд. Пулис барои пароканда кардани тазоҳурот аз гази ашковар истифода кард. Дар ин бораи матбуоти Ҳиндустон рӯзи 2 январ хабар дод.

Эътирозгарон якчанд роҳро бастанд. Баъзе иштирокдорони тазоҳурот дукондорон ва савдогаронро ба коршиканӣ даъват карданд. Дар баъзе ноҳияиҳои аёлат мардум ба сӯи пулис санг андохтанд.

Рӯзи 1 январ барои аввалин бор дар чандин аср, ба ду зан даст дод, ки дар маъбад ибодат кунанд. Ҳамон рӯз занон дар Ҳиндустон пушти ҳам саф кашида аз худ ба дарозои 620 килолметр занҷири зинда сохтанд. Бо ин шева онҳо пуштибонии худро аз баробарии ҷинсӣ баён карданд. Ба гуфтаи мақомот дар намоишҳо беш аз 5 миллион нафар иштирок кард.

Муддати тӯлонӣ занҳои аз 10 то 50 сола ҳақ надоштанд ба маъбади Сабаримала ворид шаванд. Моҳи сентябри соли 2018 Додгоҳи олии Ҳиндустон қарори манъро расман бекор кард. Аммо мардҳо тамоми занҳоеро, ки мехостанд ба маъбад ворид шаванд, бо сангу чӯб заданд.

Рӯзи 4 март дар Бадахшон интихобот баргузор мешавад

Рӯзи 4 март дар ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар интихобот Ёдгор Файзов бар ивази узви хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии ВМКБ Шодихон Ҷамшед ба узвияти маҷлис шомил мешавад. Ин тасмим рӯзи 2 январ дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гирифта шуд, ки таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси комиссиюни интихоботҳо баргузор гардид.

Шодихон Ҷамшед то 1 октябри соли 2018 дар мақоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор карда баъди интиқодҳои президенти Тоҷикистон аз тартибу интизом дар вилоят аз мақомаш барканор шуд. Ба ҷойи ӯ раҳбари Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон Ёдгор Файзов таъйин шуд. Файзов феълан иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Бадахшон аст ва қарор аст номзадии ӯро маҷлиси вилоятӣ тасдиқ кунад. Шодихон Ҷамшед ба мақоми муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон таъин шуд.

Президент фармони "Солҳои рушди деҳоту сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро имзо кард

Президенти Тоҷикистон рӯзи 2 январ фармонеро имзо кард, ки тибқи он солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
эълон мешавад. Дар вебсайти президент гуфта мешавад, ки ин тасмим мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Тоҷикистон, бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди деҳот, соҳаи сайёҳӣ ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ гирифта мешавад. Масъулияти назорати иҷрои ин фармон ба дӯши Дастгоҳи иҷроияи президент вогузор мешавад. Қарор аст дар давоми як моҳ нақшаи нақшаи чорабиниҳо барои амалисозии ин барнома таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26-уми декабр дар паёми солонаи худ ба порлумони Тоҷикистон ҳадаф аз ин тасмимро, рушди деҳоти кишвар ва ҳамчунин ҷалби сайёҳон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ унвон кард.

Соли 2018 дар Тоҷикистон "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон шуда буд. Ҳукумат ба ҳадафи рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби ҷаҳонгардон, сохтори наверо бо номи Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис дод. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ гуфт, ки шумораи сайёҳон дар соли 2018 назар ба соли қаблӣ дувуним баробар афзоиш ёфт.

Netflix саҳнаи танқиди Арабистони Саудиро аз шоу бардошт

Ҳасан Минҳоҷ

Онлайн-синамои Netflix саҳнаи танқиди Арабистони Саудиро аз намоиш берун кард. Дар ин бора матбуоти ИМА рӯзи 2 январ хабар дод.

Муҷрии телевизион Ҳасан Минҳоҷ Риёзро барои куштори журналист Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Туркия, танқид кард. "Фурсате расидааст, ки муносибат бо Арабистони Саудӣ бозбинӣ шавад. Ман инро ҳамчун як мусалмон, ҳамчун як амрикоӣ мегӯям",- гуфт Минҳоҷ дар барномаи мазҳакавиаш бо номи " Қонуни Ватанпарастӣ".

Мақомоти Саудӣ ин саҳнаро нақзи қонунҳои маҳаллӣ оиди ҷиноятҳои киберӣ арзёбӣ карданд. Netflix гуфт, ки ба озодии эҷодӣ эҳтиром мегузорад, аммо тасмим гирифт, ки саҳнаро лағв кунад.

Ҳоло ин саҳна дар ИМа дастрас буда, аммо дар Арабистони Саудӣ масдуд шудааст.

Мақоланависи The Washington Post Ҷамол Хошуқҷӣ аввали моҳи октябр дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул кушта шуд. Ин журналисти саудӣ солҳои ахир аз Риёз шадидан интиқод мекард. Хадамоти истихбороти Туркия ва ИМА ба ин натиҷа расидаанд, ки мақомоти баландпояи Арабистони Саудӣ эҳтимол дар кушори журналист даст доранд. Риёз ин иттиҳомро рад мекунад. Ҷасади Хошуқҷӣ то ҳол пайдо нест.

Дар Амрико алайҳи муҳоҷирон аз гази ашковар истифода шуд

Муҳоҷирон дар марзи Мексика

Марзбонҳои ИМА бо ҳадафи пароканда кардани муҳоҷирон дар марзи Мексика аз гази ашковар истифода карданд. Дар ин бора хабаргузории Associated Press рӯзи 2 январ гузориш дод. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, ҳудудан 150 нафар мехостанд марзро дар минтақаи Тихуан убур кунанд.

Хадамоти марзбониву гумрукии ИМА гуфт, ки гази ашковарро барои дифоъ аз худ ба кор бурданд. Марзбонҳо мегӯянд, ки муҳоҷирон ба тарафи онҳо санг партофтанд. Ба ғайр аз ин, онҳо хостанд якчанд кӯдакро аз монеаи марзӣ ба тарафи ИМА партоянд. 25 нафар боздошт шудааст.

Хабарнигори Associated Press мегӯяд, ки муҳоҷирон баъди истифодаи гази ашковар ба сӯи марзбонҳо санг партофтанд.

Муҳоҷирон мегӯянд, ки онҳо бо корвони Гондурас моҳи декабри соли 2018 ба марз расиданд. Бахши умдаи онҳо дар минтақаи Тихуан имкони дархости паноҳандагии сиёсӣ дар ИМА-ро интизоранд. Аммо бинобар теъдоди зиёди паноҳҷӯён мумкин ин раванд якчанд моҳро дар бар бигирад.

Муқовимати президенти ИМА Доналд Трамп бо демократҳо дар Конгресс дар робита ба сармоягузории девор дар марзи Мексика, ки Кохи сафед бар сари сохтмони он пофишорӣ дорад, ба қатъ шудани қисме аз фаъолиятҳои ҳукумат расонд. Чаҳоряки идораҳои давлатӣ корро муваққатан қатъ карданд.

Пекин барои ҳамоиш бо Тайван "тамоми чораҳо" - ҳифз мекунад

Сӣ Ҷинпин

Сӣ Ҷинпин гуфт, Чин аз истифодаи "тамоми чораҳо" алайҳи ҳамагуна нерӯе, ки ба ҳамошии осоиштаи Чин бо Тайван муқовимат мекунад, даст намекашад.

Раҳбари Чин рӯзи 2 январ дар як изҳорот гуфт, шубҳае нест, ки ин ҳамоиш сурат мегирад. Ӯ аз мардуми ҳарду тарафи халиҷи Тайван даъват кард, ки барои расидан ба ин ҳадаф талош кунанд.

Рӯзи 1 январ президенти Тайван Тсай Инвен аз Чин даъват кард, ки барои ҳалли мушкили дуҷониба танҳо аз роҳи мусолиҳатомез кор бигирад.

Ӯ дахолати Чин ба рушди сиёсӣ ва иқтисодии Тайванро "бузургтарин чолиш кишвар" унвон кард.

Чин мудохила ба умури дохилии Тайванро рад мекунад.

Нерӯҳои миллии Чин, бо сарварии Чан Кайшӣ, соли 1949, баъди бохтани ҷанги шаҳрвандӣ ба коммунистҳо аз Тайван фирор карданд. Чин Тайванро як бахши қаламрави худ медонад.

Пайдо шудани пораҳои "Чакан"-и мутааллиқ ба қарнҳои 2-3-и пеш аз милод

Бостоншиносони тоҷик якҷо бо гурӯҳе аз антропологҳои Русия дар ноҳияиФархори ҳаммарз бо Афғонистон пораҳои матои "Чакан"-ро пайдо карданд, ки ба қарнҳои (2-3-и) пеш аз милод рост меояд.

Азизулло Муродов, мудири Осорхонаи ноҳияи Фархор чоршанбе 2-юми январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин матоъ дар ковишҳои солҳои гузашта аз бадани ҷасади як духтари 11-12-сола аз мавзеи Уртабуз пайдо шуда буд. Муродов гуфт, ки барои дақиқ кардани таърихи ин матоъ онро барои ташхис ба Русия бурда буданд. Ӯ мегӯяд, ки баъди ташхис дақиқ карданд, ки ин матоъ чакан буда, аз асрҳои (2-3-и) пеш аз милод мондааст.

"Ин дар ковишҳои солҳои пеш пайдо шуда буд ва онро барои ташхис ба Русия бурда буданд ва дар онҷо дақиқ карданд, ки ин чакан аст ва ба асрҳои 2-3 пеш аз милод тааллуқ дорад. Ин чакан ҳангоми ковиш аз тани як духтари 11-12 сола пайдо шудааст ва дар он нақшҳои гул ва гунчишк тасвир ёфтааст ва ҳоло пораҳои он дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад",--гуфт мусоҳиби мо.

Ковишҳои бостоншиносӣ аз тобистони соли 2013 дар мавзеи "Уртабуз"-и шаҳраки Фархор оғоз шуда, то ин замон даҳҳо мавод ва ашёи таърихӣ пайдо шудааст. Соли 2014 дар пайи як кофтуков дар ин мавзеъ муҳаққиқон аз умқи 10 метри зери хок гӯри 2,5-метраи инсон ва даҳҳо адад ҳайкалчаҳои Буддоро пайдо карда буданд.

Саидмурод Бобомуллоев, раиси Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон дар як сӯҳбати қаблиаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бозёфти ахир баёнгари он аст, ки дар асри биринҷии миёна дар ҳудуди Фархори имрӯза одамон зиндагӣ доштанд.

Ҷаноби Бобомуллоев афзуд, ки дар он замон одате миёни мардум вуҷуд доштааст, ки баъди фавт дар бари ҷасад кӯза ва даруни он шир, гӯшт ё об мегузоштанд. Ӯ мегӯяд, ки ҳар як бозёфти пайдошуда як саҳифаи навро барои рӯшан кардани таърихи тоҷикон боз мекунад.

"Дар таърихи шашҷилдаи халқи тоҷик ва умуман дар таърихи халқи тоҷик, аз сабабе, ки далелҳо набуданд ва як ақидае буд, ки дар инҷо мардуми маданияти Ҳисор, яъне мардуми давраи асри санг зиндагӣ мекардаст, ки ба асри 12-11 пеш аз мелод ба инҷо мардумон омаданд, ки бо номи маданияти археологии Вахш машҳур аст. Аммо ин бозёфтҳои мо нишон медиҳад, ки тамоми Бохтари бузурги он замон, ки қисмати чапи дарёи Ому қисмати асосии Бохтар буд ва дар онҷо мардум зиндагӣ мекард, аммо дар тарафи рости дарёи Ому мардум зиндагӣ карда як фарҳанг доштаанд",-гуфт Бобомуллоев.

Зимнан, бостоншиносони тоҷик мегӯянд, бовар меравад, ки дар ин мавзеъи Уртабуз даҳҳо осори таърихӣ нуҳуфтааст, ки таҳқиқӣ васеъро ва ковишҳои бузургро талаб мекунад.

Шоумен ва продюсери Украина довталаби курсии президентӣ шуд

Владимир Зеленский

Шуомен ва продюсер Владимир Зеленский эълон кард, ки дар интихоботи президентии Украина иштирок мекунад. Ӯ бо ин эълон аз тариқи шабакаи телевизионии 1+1 ба мурдуми Украина муроҷиат кард. Муроҷиати Зеленский чанд дақиқа пеш аз фарорасии соли нав пахш шуд. Барои ин, шабака суханронии табрикотии президент Петр Порошенкоро ба вақти дигар гузаронд. Суханронии президент замоне пахш шуд, ки соли 2019 фаро расида буд.

Зеленский гуфт, ки дар вазъияти феълӣ ҳар як сокини Украина се роҳ дорад. Якум - шеваи зиндагии феълиро идома диҳад ва бо ҷараён ҳаракат кунад. Дуюм барои мардикорӣ ба хориҷи кишвар равад ва сеюм - роҳе, ки ӯ интихоб кардааст.

Маъракаи интихоботӣ расман 31 декабр оғоз шуд. Райъдиҳӣ 31 март баргузор мешавад. Биноба маълумоти марказҳои омӯзиши афкори умум, феълан раҳбари ҳизби "Баткившина" Юлия Тимошенко бар дигарон бартарӣ дорад. Ҷойи дуюм бо Владимир Зеленский аст. Шабакаи телевизионии 1+1, ки муроҷитаи Зеленскийро пахш кард, ба ӯ таалуқ дорад.

Туркманистон фурӯши шаробро маҳдуд кард

Қонуни нави Туркманистон, ки фурӯши шаробро маҳдуд мекунад, ба иҷро даромад.

Сар аз 1 январ фурӯши шароб дар ин кишвари асосан мусалмоннишин дар қатор, ҳавопаймо, киштӣ ва муассисаҳои варзишӣ мамнӯъ шуд.

Дарёфти шароб барои аҳолии 5,6 миллионнафарии Туркманистон дар иду ҷашнҳо низ мушкил мешавад, зеро шароб дар ин рӯзҳо ба фурӯш намебарояд.

Сар аз соли 2021, рузҳои шанбе ва якшанбе машруботи алкоҳолӣ, ба ғайр аз бару ресторанҳо дигар дар ягон ҷо пайдо намешавад.

Тукманистон, кишваре, ки феълан ба бӯҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, таваррум ва камбуди ғизо гирифтор аст, аз тарафи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - раҳбари худкомае идора мешавад, ки худро ҳамчун варзишгари тавоно дар чандин навъи спорт муаррифӣ мекунад.

https://www.youtube.com/watch?v=Pa5j3-nC4AI

Бердимуҳаммадов аз шаҳрвандони кишвар пайваста даъват мекунад, ки ба варзиш машғул шаванд ва қавл додааст, ки то соли 2015 Туркманистонро аз тамоку озод мекунад.

Трамп раҳбарони Конгрессро ба гуфтугӯи амнияти марз даъват кард

Президент Трамп ва сентаор Линдси Грэм

Дар пасманзаро мушкили тасдиқи буҷа ва қисман қатъ шудани фаъолияи ҳукумати Амрико президенти ИМА Доналд Трамп раҳбарони ҳарду палатаи Конгрессро барои гуфтугӯи амнияти марз ба Кохи сафед даъват кард.

Ёварон рӯзи 1 январ гуфтанд, ки ҳашт раҳбари Конгресс рӯзи 2 январ дар брифинги Вазорати амнияти дохилии ИМА иштирок мекунанд. Маълум нест, ки оё дар байни раҳбарони Конгресс ва маъмурияти президент музокироти буҷа сурат мегирад ё хайр.

Брифинг як рӯз қабл аз даъвати ҷаласаи аввали Конгресси нав, ки дар он Демократҳо аксарият шудаанд, баргузор мешавад.

Трамп барои татбиқи ваъдаи давраи интихоботи соли 2016 - бунёди девори амниятӣ дар байни ИМА ва Мексика 5 миллиард доллар мехоҳад, дар ҳоле, ки Демократҳо дар Конгресс афзоиши сармоягузории марзро рад карданд ва чизе бештар аз 1,3 миллиарди феълӣ додан намехоҳанд.

Муқовимати буҷа, ки 22 декабр оғоз шуд, фаъолияти ҳукумати Амрикоро қисман қатъ кард.

Теъдоди қубониёни таркиши Магнитогорск ба 19 нафар расид

Макони таркиш дар Магнитогорск

Теъдоди қурбониёни таркиш дар хонаи истиқоматӣ дар Магнитогорски Русия ба 19 афар расид. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости рӯзи 2 январ гузориш дод. Ҷасади қурбониҳоро аз зери оворҳои хонаи фурӯрафта берун оварданд. Сарнавишти беш аз 20 нафари дигар маълум нест. Имрӯз дар Челябинск рӯзи мотам эълон шудааст.

Дар Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия мегӯянд, ки ҷустуҷӯи одамон дар чаҳор баст идома дорад.

Кумитаи тафтишоти Русия фарзияи амали террористӣ дар Магнитогорскро рад кард. Изҳороти ин ниҳод дар ҳоле пахш шуд, ки рӯзи гузашта баъзе расонаҳо аз эҳтимоли амали террористӣ гузориш доданд. Аз ҷумла ба навиштаи нашрияи Znak.com хонаеро, ки дар он таркиш рух дод, як рӯз пеш марде иҷора гирифт ва дар он манзил гӯё нишонаҳои маводи мунфаҷира ошкор шуд. Муфаттишолн ошкор шудани нишонаҳои маводи таркандаро рад карданд.

Субҳи 31 декабр сутуни хонаи 10 ошёна дар яке даромадгоҳҳои бино фурӯ рафт. Фарзияи аслӣ таркиши гази табии гуфта мешавад.

Боздошти 3 ноболиғ дар Ҷӯибодом барои дуздӣ

Бинои додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ.

Се ноболиғи 12-13-сола ба иттиҳоми дуздии ҷӯмакҳои обгузар аз манзили як сокини деҳаи Ҷӯибодоми ноҳияи Рӯдакӣ, боздошт шудаанд. Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, ки ин ноболиғон рӯзи 19-уми декабр ба ҳавлии истиқоматии яке аз сокинон ворид шуда, аз онҷо 669-адад ҷӯмакҳои обгузари "Винтел", ки арзиши умумиашон 18 ҳазору 211-сомонӣ мебошад, дуздиданд ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Мақомоти пулис мегӯянд, пас аз он, ки соҳибхона мақомотро дар ҷараён гузоштанд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ин се ноболиғи сокини деҳаи Ҷӯибодом боздошт шудаанд ва тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

Сафорат: Оилаи дувум аз Тоҷикистон дар ҳодисаи Магнитогорск "осеб надидааст"

Мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ки ҳодисаи фурӯ рафтани як бахши бинои бисёрошёна дар Магнитогорскро аз наздик пайгирӣ доранд.

Дар ин ҳодиса Шӯҳрат Улфатов, сокини 28-солаи ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон, осеб дида, ҷустуҷӯи ҳамсар ва се кӯдакаш дар зери вайронаҳо идома дорад.

Масъулони хадамоти матбуоти сафорат рӯзи 1-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ҳодисаи фурӯ рафтани як қисми бино дар Магнитогорск ба ҷуз оилаи Улфатовҳо, боз як хонаводаи дигари тоҷик ҳам буд, ки “аъзои он комилан сиҳату саломат ҳастанд”.

Дар сафорати Тоҷикистон исми ин хонаводаро нагуфтанд. Вале дар рӯйхате, ки Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Магнитогорск нашр кард, ному насаби Самиев Маҳмадрозиқ Бегиҷонович ва ҳафт узви хонаводаи ӯ сабт ёфтааст.

"Сафар Сафаров, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба маҳалли ҳодиса рафтааст. Мо бо мақомоти Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва Вазорати тандурустии Русия дар тамос ҳастем, ки ба шаҳрванд Шуҳрат Улфатов кумак расонда шавад. Улфатов дар бемористон аст ва ҳолаташ вазнин аст. Ҳар кумак ё таҳияи санаде зарур аст, мо барои ӯ мекунем", - гуфтанд дар хадамоти матбуоти сафорат.

Як бахши бинои чандтабақа дар шаҳри Магнитогорск субҳи 31-уми декабри соли 2018 фурӯ рафт. Шумораи қурбониёни ин ҳодиса рӯзи сешанбе ба ҳашт нафар расид. Чанд тани дигарро зинда аз зери вайронаҳо берун овардаанд. Сарнавишти даҳҳо нафари дигар ҳанӯз маълум нест.

Бино ба иттилои мақомот, сабаби фурӯрезии бино таркиши газ будааст. Дар солҳои 2017-2018 дар Русия дастикам 44 ҳолати таркиши газ дар манзили сокинон сабт шудааст.

Рамазон Раҳимзода рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст

Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ба сафи докторони илми ҳуқуқ пайвастааст. Як мақоми Шӯрои илмии ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи 1-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳимояи рисолаи доктории Раҳимзодаро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ҳимояи рисола рӯзи 29-уми декабри соли 2018 сурат гирифт.

Мавзӯи рисолаи доктории Рамазон Раҳимзода “Фаъолияти ҷустуҷӯӣ-оперативӣ барои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилоти назариявӣ, методология ва таҷриба (таҳлили таърихӣ- ҳуқуқӣ ва умуминазариявӣ)” аст.

Абдураҳим Холиқзода – вакили порлумон ва собиқ раиси Кумитаи дин, Аида Куманалиева – устоди Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон ва Рамон Ромашев – профессори Донишгоҳи гуманитарии иттифоқҳои касабаи шаҳри Санкт-Петербург ба кори илмии Раҳимзода тақриз навиштаанд.

Генерал Рамазон Раҳимзода дар баробари таълифи чанд китоби илмиву таълимӣ дар арсаи криминилистика ва кофтукоби фаврӣ, шеър ҳам менависад. Маҷмӯи шеърҳои Раҳимзода таҳти тахаллуси эҷодии Ниҳонӣ чоп шудааст.

Раҳимзода ҳамчунин пйеса ва матни намоишномаҳои театрӣ низ эҷод мекунад. Моҳи августи имсол Театри академӣ-драмавии ба номи Аблуқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе аз рӯи асари Раҳимзода намоишномаи "Дили модар"-ро таҳия кард, ки ба мубориза бо терроризм бахшида шудааст.

Солҳои охир бисёре аз мақомдорони тоҷик дар мавзуъҳои мухталиф рисолаҳои илмӣ дифоъ кардаанд. Аммо соли гузашта пойгоҳи интернетии "Диссернет" чандин рисолаи олимони тоҷик, аз ҷумла баъзе аз мансабдоронро тақаллубӣ баровард.

Амрико расман аз Бунёди илм ва фарҳанги СММ хориҷ шуд

Амрико расман аз узвияти Бунёди омӯзиш, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНЕСКО хориҷ шуд. Аз 31-уми декабри соли 2018 Амрико ҳаққи узвият намепардозад ва ҳамчунин имкони интихоб дар Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО-ро аз даст дод.

Вашингтон моҳи октбяри соли 2017 тасмим гирифта буд, ки аз ҳайати ЮНЕСКО берун мешавад. Мақомот он вақт тасмимгириҳои созмони илм, фарҳанг ва омӯзиши Созмони Милали Муттаҳидро “зидди исроилӣ" хонда буданд.

Иёлоти Муттаҳида соли 2011 саҳми иқтисодии чашмгиреро, ки дар буҷети ЮНЕСКО дошт, дар эътироз ба тасмими ин созмон дар бораи қабул кардани Фаластин ҳамчун узви комил, бекор кард.

Амрико пеш аз ин низ як бор дар замони раёсати ҷумҳури Роналд Рейган соли 1984 дар эътироз ба ончи "мудирияти бади иқтисодӣ дар ЮНЕСКО ва сиёсатҳои зиддиамрикоӣ" хонда буд, аз ин созмон хориҷ шуд ва дар даврони раёсати ҷумҳури Ҷорҷ Буши дувум, дубора ба ин созмон баргашт.

Созмони ЮНЕСКО аз соли 1945 фаъол аст.

Руминия раёсати Иттиҳодияи Аврупоро бар уҳда гирифт

Руминия раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар уҳда гирифт. Ин дар ҳолест, ки қарор аст Бритониё аз ин иттиҳодия хориҷ шавад ва миллиятгароӣ дар миёни бисёре аз кишварҳои узв рӯ ба афзоиш аст. Руминия раёсати Иттиҳодияи Аврупоро рӯзи 1-уми январи соли 2019 таҳти шиори “Ҳамоҳангии як арзиши муштараки аврупоӣ” барои шаш моҳ бар уҳда гирифт. Лаҳзаҳои калидӣ дар давраи раёсати Руминия дар Иттиҳодияи Аврупо, хуруҷи Бритониё дар моҳи марти имсол ва интихоботи порлумонии Иттиҳодияи Аврупо дар моҳи май хоҳад буд.

Боздошти даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар шаби Соли нав дар Маскав

Мақомоти Русия баъзе аз муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки шаби Соли нав дар маркази Маскав боздошт карда буданд, озод намудаанд. Тибқи ҳисоби бархе аз ҳомиёни ҳуқуқ, мақомоти Русия дар шаби Соли нав тақрибан 500 муҳоҷирро ба идораи пулис бурданд.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 1-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирони тоҷике, ки мушкили ҳуҷҷат надоштанд, баъди тафтиши санадҳо аз идораи пулис озод шуданд. Аҳмадӣ аз ин бештар ҷузъиёт надод ва дақиқан нагуфт, тақдири муҳоҷирони боқимондаи тоҷик чӣ шуд.

Ин дар ҳолест, ки Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон иддао дорад тақрибан 130 муҳоҷири тоҷик аз сӯи пулиси рус дар шаби Соли нав боздошт шуданд.

Муҳоҷирони хориҷӣ дар ҳоле аз сӯи пулис боздошт шуданд, ки барои сайругашти идона ба маркази шаҳри Маскав рафта буданд.

Манбаъ дар додситонӣ: "Паррондани Олимбеков тасодуфӣ нест"

Муносиб Олимбеков

Додситонии ҳарбии вилояти Бадахшон маълум кардааст, ки марги Муносиб Олимбеков, афсари 21-солаи нерӯҳои марзбонӣ аз тири сарбоз Наврӯзов “тасодуфӣ нест”.

Як манбаъ дар Додситонии ҳарбии Бадахшон рӯзи 1-уми январ ба Радиои озодӣ гуфт, ҳодиса баъди он рух додааст, ки “Олимбеков телефони зертобеи худро гирифта ва ӯро шаллоқ мезанад”.

“Дар пай сарбоз ба қаҳру ғазаб омада, ба сӯи Муносиб Олимбеков тир холӣ мекунад ва аз ҷои ҳодиса фирор менамояд. Ӯ қасд доштааст, ба он сӯи марз гурезад”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ӯ гуфт, нисбат ба гумонбар бар асоси моддаҳои 104 ва 335-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “куштор” ва “убури ғайриқонунии марз” парванда боз шуда, тафтиш идома дорад.

Ин сарбози 18-сола аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон буда, баҳори имсол ба артиш даъват шудааст.

Ёҳибек Олимбеков, сокини ноҳияи Ишкошим ва падари афсари кушташуда Муносиб Олимбеков, гуфт, рӯзи ҷумъаи гузашта мақомоти додситонии ҳарбӣ сабаби марги фарзандашро ба ӯ шарҳ додаанд. “Гуфтанд, ки гӯиё писари ман телефонро аз дасти сарбоз гирифта, ӯро шаллоқ зада бошад. Ҳоло бо худи сарбоз вонахӯрдам”, - нақл кард Ёҳибек Олимбеков.

Вай афзуд, хостори тафтиши мунсифона ва муҷозоти гумонбари қатли фарзандаш мебошад.

Ҳодисаи паррондани Муносиб Олимбеков пас аз зуҳри 7-уми декабри соли 2018 дар дидбонгоҳи Андароб дар наздикии шаҳри Хоруғ рух дод. Лейтенант Муносиб Олимбеков муовини сардори дидбонгоҳ буд.

Олимбеков: “Мехоҳам аз гумонбар пурсам, ки чаро Муносибро кушт?”

Шумораи қурбониёни ҳодисаи Магнитогорск ба 8 нафар расид

Мақомоти Русия гуфтанд, ки шумораи қурбониёни фурӯ рафтани қисме аз як бинои чандтабақа дар шаҳри Магнитогорск ба ҳашт нафар расидааст. Сарнавишти даҳҳо тани дигар, аз ҷумла аъзои як хонаводаи шаҳрванди Тоҷикистон то ба ҳол маълум нест.

Евгений Зиничев, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Русия, рӯзи якуми январи соли 2019 гуфт, ки амалиёти наҷот муваққатан боздошта шудааст. Ӯ гуфт, имдодгарон девори даромадгоҳеро таъмир доранд, ки имкони вуруд ба бахши дигари биноро фароҳам мекунад ва барои он як шабонарӯз фурсат лозим аст. Вагарна, ба гуфтаи ӯ, идомаи амалиёти наҷот метавонад боис ба фурӯ рафтани бахшҳои дигари бино шавад.

Раиси Магнитогорск дар як паёми телевизионӣ гуфт, баъди таъмири даромадгоҳ ва аз байн рафтани хавфи фурӯрезии қисми дигари бино, сокинон метавонанд ба хонаҳои худ даромада, санадҳояшонро бигиранд.

Дар вилояти Челябинск 2-юми январ рӯзи мотам эълон шудааст. Мақомот машварат додаанд, ки ҳамагуна барномаҳои тафреҳӣ бекор карда шавад.

Як бахши бинои чандтабақа дар шаҳри Магнитогорск субҳи 31-уми декабр фурӯ рафт. Сарнавишти тақрибан чиҳил нафар номаълум аст. То кунун имдодгарон як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистонро низ аз зери вайронаҳо берун овардаанд ва ӯ дар бемористон бистарист.

Сабаби фурӯрезии бино таркиши газ гуфта мешавад. Дар солҳои 2017-2018 дар Русия дастикам 44 ҳолати таркиши газ дар манзили сокинон сабт шудааст.

Зеленский дар интихоботи Украина номзадиашро мегузорад

Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, шоумен ва раҳбари студияи "Квартал 95", эълон кард, ки дар интихоботи президентии Украина номзадиашро мегузорад. Ӯ шоми 31-уми декабри соли 2018 гуфт, тасмим гирифтаст, ки "дар Украина чизеро тағйир диҳад".

"Муддатҳост, ки аз мепурсанд, иштирок мекунам ё намекунам? Медонед, ба фарқ аз сиёсатмадорони бузургамон намехостам ваъдаи хушку холӣ диҳам. Ва ҳоло, чанд дақиқа пеш аз фаро расидани Соли нав, ба Шумо ваъда медиҳам ва дарҳол иҷро мекунам. Шаҳрвандони азизи Украина, ваъда медиҳам, ки дар интихоботи президентии Украина иштирок мекунам", - афзуд Зеленский.

Владимир Зеленский 40-сола аст ва қаблан дар яке аз наворҳояш гуфта буд, ки маълумоти ҳуқуқшиносӣ ҳам дорад.

Маъракаи интихоботи президентии Украина рӯзи 31-уми декабри соли 2018 шуруъ шуд ва раъйдиҳӣ охири моҳи марти соли 2019 баргузор мегардад.

Бино бар натиҷаҳои назарпурсиҳо, тақрибан 21 дарсади пурсидашудаҳо омодаанд, ба ҷонибдорӣ аз роҳбари ҳизби "Баткившина" Юлия Тимошенко овоз диҳанд. Владимир Зеленский миёни номзадҳои эҳтимолӣ мақоми дувумро касб мекунад. 13 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки ба ҷонибдорӣ аз вай раъй хоҳанд дод.

11 дарсади дигари пурсидашудаҳо гуфтаанд, барои президенти кунунии Украина Петро Порошенко раъй медиҳанд. Порошенко то ба ҳол расман эълон накардааст, ки дар интихоботи навбатии президентӣ номзад хоҳад буд ё на.

Вай дар интихоботи соли 2014 беш аз панҷоҳ дар сади раъйи мардумро ба даст оварда буд, вале баъдан мизони маҳбубияташ поин омад.

Раҳбари Куриёи Шимолӣ: Амрико сабри моро нодуруст нафаҳмад

Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ

Раҳбари Куриёи Шимолӣ ҳушдор дод, ки агар Амрико ба ваъдаҳои худ пойбанд набошад ва ба фишору таҳримҳои зидди ин кишвар исрор варзад, Пхенян дар робитаи худ бо Вашингтон “роҳи нав”-ро ҷустуҷӯ хоҳад кард. Ким Ҷонг Ун дар ин бора дар баёнияаш бахшида ба соли нави 2019 изҳори назар намуд.

Ӯ аз мулоқоти худ дар моҳи июни соли гузашта бо раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар Сингапур ситоиш кард. Раҳбари Куриёи Шимолӣ ибрози омодагӣ кардааст, дар ҳар вақту замоне, ки бошад, бо президент Трамп бори дигар мулоқот кунад.

Вале аз Амрико хостааст, ки муҳлати қатъи тамринҳои низомии муштараки худро бо Куриёи Ҷанубӣ дароз кунад.

"Амрико ба нақзи ваъдаҳои худ идома медиҳад ва бо дархости чизҳои мушаххас, аз ҷумла ҷорӣ кардани таҳримҳо ва фишор, аз сабру шикебоии мо бардошти нодуруст дорад", - афзудааст ӯ.

Сабабҳои сӯхтани арчаи солинавии Раштро гуфтанд. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти ноҳияи Рашт мегӯянд, иллати оташ гирифтани арчаи солинавӣ дар маркази ноҳия дар шаҳраки Ғарм ноқилҳои барқӣ ва гарм шудани чароғҳои ороишӣ будааст.

Дар видеоҳое, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 31-уми декабр дар Фейсбук гузоштаанд, дида мешавад, ки чӣ гуна арчаи хурде месузад. Мардоналӣ Сафаров корманди умури дохилаи ноҳияи Рашт рӯзи 31-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи сухтани арча ҳеҷ кас осеб надидааст.

Вай гуфт, чароғҳои ороишӣ зуд гарм шуда, сабаби сӯхтани арча шудаанд. Ҳодиса замоне сурат гирифтааст, ки мардум дар атрофи арча зиёд будаанд. Вай афзуд, мақомот тасмим гирифтаанд, арчаи дигаре бигузоранд, то барномаи ҷашнӣ халалдор нашавад.

Хисорот аз сӯхтани арча 100 сомониро ташкил додааст. Дар Тоҷикистон чун дар замони шӯравӣ Соли нави милодиро ҷашн мегиранд ва дар маркази ҳар шаҳру ноҳия арчаҳои ороишёфта мегузоранд.

Арчаи солинавӣ дар маркази ноҳияи Рашт сӯхт
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:29 0:00

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сайфулло Сафаров дар бораи бознишастагиву интихобот гуфт
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:00 0:00
XS
SM
MD
LG