Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Сафорат: Оилаи дувум аз Тоҷикистон дар ҳодисаи Магнитогорск "осеб надидааст"

Мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ки ҳодисаи фурӯ рафтани як бахши бинои бисёрошёна дар Магнитогорскро аз наздик пайгирӣ доранд.

Дар ин ҳодиса Шӯҳрат Улфатов, сокини 28-солаи ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон, осеб дида, ҷустуҷӯи ҳамсар ва се кӯдакаш дар зери вайронаҳо идома дорад.

Масъулони хадамоти матбуоти сафорат рӯзи 1-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ҳодисаи фурӯ рафтани як қисми бино дар Магнитогорск ба ҷуз оилаи Улфатовҳо, боз як хонаводаи дигари тоҷик ҳам буд, ки “аъзои он комилан сиҳату саломат ҳастанд”.

Дар сафорати Тоҷикистон исми ин хонаводаро нагуфтанд. Вале дар рӯйхате, ки Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Магнитогорск нашр кард, ному насаби Самиев Маҳмадрозиқ Бегиҷонович ва ҳафт узви хонаводаи ӯ сабт ёфтааст.

"Сафар Сафаров, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба маҳалли ҳодиса рафтааст. Мо бо мақомоти Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва Вазорати тандурустии Русия дар тамос ҳастем, ки ба шаҳрванд Шуҳрат Улфатов кумак расонда шавад. Улфатов дар бемористон аст ва ҳолаташ вазнин аст. Ҳар кумак ё таҳияи санаде зарур аст, мо барои ӯ мекунем", - гуфтанд дар хадамоти матбуоти сафорат.

Як бахши бинои чандтабақа дар шаҳри Магнитогорск субҳи 31-уми декабри соли 2018 фурӯ рафт. Шумораи қурбониёни ин ҳодиса рӯзи сешанбе ба ҳашт нафар расид. Чанд тани дигарро зинда аз зери вайронаҳо берун овардаанд. Сарнавишти даҳҳо нафари дигар ҳанӯз маълум нест.

Бино ба иттилои мақомот, сабаби фурӯрезии бино таркиши газ будааст. Дар солҳои 2017-2018 дар Русия дастикам 44 ҳолати таркиши газ дар манзили сокинон сабт шудааст.

Рамазон Раҳимзода рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст

Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ба сафи докторони илми ҳуқуқ пайвастааст. Як мақоми Шӯрои илмии ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи 1-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳимояи рисолаи доктории Раҳимзодаро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ҳимояи рисола рӯзи 29-уми декабри соли 2018 сурат гирифт.

Мавзӯи рисолаи доктории Рамазон Раҳимзода “Фаъолияти ҷустуҷӯӣ-оперативӣ барои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилоти назариявӣ, методология ва таҷриба (таҳлили таърихӣ- ҳуқуқӣ ва умуминазариявӣ)” аст.

Абдураҳим Холиқзода – вакили порлумон ва собиқ раиси Кумитаи дин, Аида Куманалиева – устоди Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон ва Рамон Ромашев – профессори Донишгоҳи гуманитарии иттифоқҳои касабаи шаҳри Санкт-Петербург ба кори илмии Раҳимзода тақриз навиштаанд.

Генерал Рамазон Раҳимзода дар баробари таълифи чанд китоби илмиву таълимӣ дар арсаи криминилистика ва кофтукоби фаврӣ, шеър ҳам менависад. Маҷмӯи шеърҳои Раҳимзода таҳти тахаллуси эҷодии Ниҳонӣ чоп шудааст.

Раҳимзода ҳамчунин пйеса ва матни намоишномаҳои театрӣ низ эҷод мекунад. Моҳи августи имсол Театри академӣ-драмавии ба номи Аблуқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе аз рӯи асари Раҳимзода намоишномаи "Дили модар"-ро таҳия кард, ки ба мубориза бо терроризм бахшида шудааст.

Солҳои охир бисёре аз мақомдорони тоҷик дар мавзуъҳои мухталиф рисолаҳои илмӣ дифоъ кардаанд. Аммо соли гузашта пойгоҳи интернетии "Диссернет" чандин рисолаи олимони тоҷик, аз ҷумла баъзе аз мансабдоронро тақаллубӣ баровард.

Амрико расман аз Бунёди илм ва фарҳанги СММ хориҷ шуд

Амрико расман аз узвияти Бунёди омӯзиш, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНЕСКО хориҷ шуд. Аз 31-уми декабри соли 2018 Амрико ҳаққи узвият намепардозад ва ҳамчунин имкони интихоб дар Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО-ро аз даст дод.

Вашингтон моҳи октбяри соли 2017 тасмим гирифта буд, ки аз ҳайати ЮНЕСКО берун мешавад. Мақомот он вақт тасмимгириҳои созмони илм, фарҳанг ва омӯзиши Созмони Милали Муттаҳидро “зидди исроилӣ" хонда буданд.

Иёлоти Муттаҳида соли 2011 саҳми иқтисодии чашмгиреро, ки дар буҷети ЮНЕСКО дошт, дар эътироз ба тасмими ин созмон дар бораи қабул кардани Фаластин ҳамчун узви комил, бекор кард.

Амрико пеш аз ин низ як бор дар замони раёсати ҷумҳури Роналд Рейган соли 1984 дар эътироз ба ончи "мудирияти бади иқтисодӣ дар ЮНЕСКО ва сиёсатҳои зиддиамрикоӣ" хонда буд, аз ин созмон хориҷ шуд ва дар даврони раёсати ҷумҳури Ҷорҷ Буши дувум, дубора ба ин созмон баргашт.

Созмони ЮНЕСКО аз соли 1945 фаъол аст.

Руминия раёсати Иттиҳодияи Аврупоро бар уҳда гирифт

Руминия раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар уҳда гирифт. Ин дар ҳолест, ки қарор аст Бритониё аз ин иттиҳодия хориҷ шавад ва миллиятгароӣ дар миёни бисёре аз кишварҳои узв рӯ ба афзоиш аст. Руминия раёсати Иттиҳодияи Аврупоро рӯзи 1-уми январи соли 2019 таҳти шиори “Ҳамоҳангии як арзиши муштараки аврупоӣ” барои шаш моҳ бар уҳда гирифт. Лаҳзаҳои калидӣ дар давраи раёсати Руминия дар Иттиҳодияи Аврупо, хуруҷи Бритониё дар моҳи марти имсол ва интихоботи порлумонии Иттиҳодияи Аврупо дар моҳи май хоҳад буд.

Боздошти даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар шаби Соли нав дар Маскав

Мақомоти Русия баъзе аз муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки шаби Соли нав дар маркази Маскав боздошт карда буданд, озод намудаанд. Тибқи ҳисоби бархе аз ҳомиёни ҳуқуқ, мақомоти Русия дар шаби Соли нав тақрибан 500 муҳоҷирро ба идораи пулис бурданд.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 1-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирони тоҷике, ки мушкили ҳуҷҷат надоштанд, баъди тафтиши санадҳо аз идораи пулис озод шуданд. Аҳмадӣ аз ин бештар ҷузъиёт надод ва дақиқан нагуфт, тақдири муҳоҷирони боқимондаи тоҷик чӣ шуд.

Ин дар ҳолест, ки Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон иддао дорад тақрибан 130 муҳоҷири тоҷик аз сӯи пулиси рус дар шаби Соли нав боздошт шуданд.

Муҳоҷирони хориҷӣ дар ҳоле аз сӯи пулис боздошт шуданд, ки барои сайругашти идона ба маркази шаҳри Маскав рафта буданд.

Манбаъ дар додситонӣ: "Паррондани Олимбеков тасодуфӣ нест"

Муносиб Олимбеков

Додситонии ҳарбии вилояти Бадахшон маълум кардааст, ки марги Муносиб Олимбеков, афсари 21-солаи нерӯҳои марзбонӣ аз тири сарбоз Наврӯзов “тасодуфӣ нест”.

Як манбаъ дар Додситонии ҳарбии Бадахшон рӯзи 1-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса баъди он рух додааст, ки “Олимбеков телефони зертобеи худро гирифта ва ӯро шаллоқ мезанад”.

“Дар пай сарбоз ба қаҳру ғазаб омада, ба сӯи Муносиб Олимбеков тир холӣ мекунад ва аз ҷои ҳодиса фирор менамояд. Ӯ қасд доштааст, ба он сӯи марз гурезад”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ӯ гуфт, нисбат ба гумонбар бар асоси моддаҳои 104 ва 335-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “куштор” ва “убури ғайриқонунии марз” парванда боз шуда, тафтиш идома дорад.

Ин сарбози 18-сола аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон буда, баҳори имсол ба артиш даъват шудааст.

Ёҳибек Олимбеков, сокини ноҳияи Ишкошим ва падари афсари кушташуда Муносиб Олимбеков, гуфт, рӯзи ҷумъаи гузашта мақомоти додситонии ҳарбӣ сабаби марги фарзандашро ба ӯ шарҳ додаанд. “Гуфтанд, ки гӯиё писари ман телефонро аз дасти сарбоз гирифта, ӯро шаллоқ зада бошад. Ҳоло бо худи сарбоз вонахӯрдам”, - нақл кард Ёҳибек Олимбеков.

Вай афзуд, хостори тафтиши мунсифона ва муҷозоти гумонбари қатли фарзандаш мебошад.

Ҳодисаи паррондани Муносиб Олимбеков пас аз зуҳри 7-уми декабри соли 2018 дар дидбонгоҳи Андароб дар наздикии шаҳри Хоруғ рух дод. Лейтенант Муносиб Олимбеков муовини сардори дидбонгоҳ буд.

Олимбеков: “Мехоҳам аз гумонбар пурсам, ки чаро Муносибро кушт?”

Шумораи қурбониёни ҳодисаи Магнитогорск ба 8 нафар расид

Мақомоти Русия гуфтанд, ки шумораи қурбониёни фурӯ рафтани қисме аз як бинои чандтабақа дар шаҳри Магнитогорск ба ҳашт нафар расидааст. Сарнавишти даҳҳо тани дигар, аз ҷумла аъзои як хонаводаи шаҳрванди Тоҷикистон то ба ҳол маълум нест.

Евгений Зиничев, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Русия, рӯзи якуми январи соли 2019 гуфт, ки амалиёти наҷот муваққатан боздошта шудааст. Ӯ гуфт, имдодгарон девори даромадгоҳеро таъмир доранд, ки имкони вуруд ба бахши дигари биноро фароҳам мекунад ва барои он як шабонарӯз фурсат лозим аст. Вагарна, ба гуфтаи ӯ, идомаи амалиёти наҷот метавонад боис ба фурӯ рафтани бахшҳои дигари бино шавад.

Раиси Магнитогорск дар як паёми телевизионӣ гуфт, баъди таъмири даромадгоҳ ва аз байн рафтани хавфи фурӯрезии қисми дигари бино, сокинон метавонанд ба хонаҳои худ даромада, санадҳояшонро бигиранд.

Дар вилояти Челябинск 2-юми январ рӯзи мотам эълон шудааст. Мақомот машварат додаанд, ки ҳамагуна барномаҳои тафреҳӣ бекор карда шавад.

Як бахши бинои чандтабақа дар шаҳри Магнитогорск субҳи 31-уми декабр фурӯ рафт. Сарнавишти тақрибан чиҳил нафар номаълум аст. То кунун имдодгарон як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистонро низ аз зери вайронаҳо берун овардаанд ва ӯ дар бемористон бистарист.

Сабаби фурӯрезии бино таркиши газ гуфта мешавад. Дар солҳои 2017-2018 дар Русия дастикам 44 ҳолати таркиши газ дар манзили сокинон сабт шудааст.

Зеленский дар интихоботи Украина номзадиашро мегузорад

Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, шоумен ва раҳбари студияи "Квартал 95", эълон кард, ки дар интихоботи президентии Украина номзадиашро мегузорад. Ӯ шоми 31-уми декабри соли 2018 гуфт, тасмим гирифтаст, ки "дар Украина чизеро тағйир диҳад".

"Муддатҳост, ки аз мепурсанд, иштирок мекунам ё намекунам? Медонед, ба фарқ аз сиёсатмадорони бузургамон намехостам ваъдаи хушку холӣ диҳам. Ва ҳоло, чанд дақиқа пеш аз фаро расидани Соли нав, ба Шумо ваъда медиҳам ва дарҳол иҷро мекунам. Шаҳрвандони азизи Украина, ваъда медиҳам, ки дар интихоботи президентии Украина иштирок мекунам", - афзуд Зеленский.

Владимир Зеленский 40-сола аст ва қаблан дар яке аз наворҳояш гуфта буд, ки маълумоти ҳуқуқшиносӣ ҳам дорад.

Маъракаи интихоботи президентии Украина рӯзи 31-уми декабри соли 2018 шуруъ шуд ва раъйдиҳӣ охири моҳи марти соли 2019 баргузор мегардад.

Бино бар натиҷаҳои назарпурсиҳо, тақрибан 21 дарсади пурсидашудаҳо омодаанд, ба ҷонибдорӣ аз роҳбари ҳизби "Баткившина" Юлия Тимошенко овоз диҳанд. Владимир Зеленский миёни номзадҳои эҳтимолӣ мақоми дувумро касб мекунад. 13 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки ба ҷонибдорӣ аз вай раъй хоҳанд дод.

11 дарсади дигари пурсидашудаҳо гуфтаанд, барои президенти кунунии Украина Петро Порошенко раъй медиҳанд. Порошенко то ба ҳол расман эълон накардааст, ки дар интихоботи навбатии президентӣ номзад хоҳад буд ё на.

Вай дар интихоботи соли 2014 беш аз панҷоҳ дар сади раъйи мардумро ба даст оварда буд, вале баъдан мизони маҳбубияташ поин омад.

Раҳбари Куриёи Шимолӣ: Амрико сабри моро нодуруст нафаҳмад

Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ

Раҳбари Куриёи Шимолӣ ҳушдор дод, ки агар Амрико ба ваъдаҳои худ пойбанд набошад ва ба фишору таҳримҳои зидди ин кишвар исрор варзад, Пхенян дар робитаи худ бо Вашингтон “роҳи нав”-ро ҷустуҷӯ хоҳад кард. Ким Ҷонг Ун дар ин бора дар баёнияаш бахшида ба соли нави 2019 изҳори назар намуд.

Ӯ аз мулоқоти худ дар моҳи июни соли гузашта бо раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар Сингапур ситоиш кард. Раҳбари Куриёи Шимолӣ ибрози омодагӣ кардааст, дар ҳар вақту замоне, ки бошад, бо президент Трамп бори дигар мулоқот кунад.

Вале аз Амрико хостааст, ки муҳлати қатъи тамринҳои низомии муштараки худро бо Куриёи Ҷанубӣ дароз кунад.

"Амрико ба нақзи ваъдаҳои худ идома медиҳад ва бо дархости чизҳои мушаххас, аз ҷумла ҷорӣ кардани таҳримҳо ва фишор, аз сабру шикебоии мо бардошти нодуруст дорад", - афзудааст ӯ.

Сабабҳои сӯхтани арчаи солинавии Раштро гуфтанд. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти ноҳияи Рашт мегӯянд, иллати оташ гирифтани арчаи солинавӣ дар маркази ноҳия дар шаҳраки Ғарм ноқилҳои барқӣ ва гарм шудани чароғҳои ороишӣ будааст.

Дар видеоҳое, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 31-уми декабр дар Фейсбук гузоштаанд, дида мешавад, ки чӣ гуна арчаи хурде месузад. Мардоналӣ Сафаров корманди умури дохилаи ноҳияи Рашт рӯзи 31-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи сухтани арча ҳеҷ кас осеб надидааст.

Вай гуфт, чароғҳои ороишӣ зуд гарм шуда, сабаби сӯхтани арча шудаанд. Ҳодиса замоне сурат гирифтааст, ки мардум дар атрофи арча зиёд будаанд. Вай афзуд, мақомот тасмим гирифтаанд, арчаи дигаре бигузоранд, то барномаи ҷашнӣ халалдор нашавад.

Хисорот аз сӯхтани арча 100 сомониро ташкил додааст. Дар Тоҷикистон чун дар замони шӯравӣ Соли нави милодиро ҷашн мегиранд ва дар маркази ҳар шаҳру ноҳия арчаҳои ороишёфта мегузоранд.

Арчаи солинавӣ дар маркази ноҳияи Рашт сӯхт
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:29 0:00

Эъломи иттиҳом ба се зодаи Осиёи Марказӣ дар Шветсия

Акс аз бойгонӣ

Додситонии Шветсия се зодаи кишварҳои Осиёи Марказиро расман ба омодагӣ ба амали террористӣ муттаҳам кардааст. Хабаргузории «РИА Новости» навишт, ки иттиҳомро рӯзи 28-уми декабр эълон кардаанд.

Додситонии Шветсия гуфтааст, ки агар муттаҳамон ба ҷиноят амали террористиро ба анҷом мерасонданд, талафот аз он бисёр зиёд мебуд.

Ба гуфтаи додситонӣ ҳарсе нафар мехостаанд, “бо истифода аз маводи кимиёвӣ ва абзорҳои дигар амали террористӣ анҷом диҳанд”. Онҳоро ҳамчунин ба нақзи қонуни манъи сармоягузории ҷиноятҳои вазнин муттаҳам мекунанд.

Ба гуфтаи додситонҳо, пуле ки ин афрод фиристодаанд, ба дасти гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” расидааст. Муттаҳамон ба ҷиноят иттиҳомотро рад мекунанд. Муҳокимаи парвандаи онҳо рӯзи 7-уми январи соли 2019 сурат мегирад.

Рӯзномаи шведии Dagens Nyheter навиштааст, ки боздоштшудагон аз Узбекистону Қирғизистон ҳастанд ва бо Раҳмат Оқилов, як шаҳрванди дигари Узбекистон иртибот доштаанд, ки барои анҷоми амали террористӣ ба зиндони якумрӣ маҳкум шудааст.

Боздошти шаҳрванди Амрико бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Маскав

Хадамоти Федеролии Амнияти Русия мегӯяд, ки як шаҳрванди Амрикоро бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Маскав дастгир карданд.

Бино ба гуфтаи ин ниҳоди Русия, шаҳрванди амрикоӣ ҳангоми “амалиёти ҷосусӣ” дастгир шуд ва дар сурати собит шудани иттиҳом мумкин аст, ӯро аз 10 то ба 20 соли зиндон маҳкум кунанд.

Сафорати Амрико ҳануз ин хабарро шарҳ надодааст. Хадамоти Федеролии Амнияти Русия мегӯяд, ки шаҳрванди Амрикоро рӯзи 28-уми декабр дастгир кардаанд. Ҷузъиёти дигаре дар ин бора дар даст нест.

Путин гуфтааст, омодаи муколама бо Амрикост

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, кишвараш ҳамчунон омодаи муколама бо Амрико аст. Ӯ дар ин бора дар номаи табрикӣ ба унвони Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико суҳбат навиштааст.

Аз муҳтавои нома дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Русия рӯзи 30-уми декабр хабар дод. Муносибатҳои Амрикову Русия бинобар масоили зиёде аз ҷумла, нақши Русия дар ҷанги Сурия ва шарқи Украина, дахолати эҳтимолии он ба интихоботи Амрико сард шудааст.

Охири моҳи ноябр Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ғайринтизор аз мулоқот бо Владимир Путин даст кашид. Ӯ киштиҳову маллоҳони Украинаро далел овард, ки нерӯҳои Русия онҳоро моҳи ноябр дар наздикии нимҷазираи Қрим дастгир карданд.

Дар номаи Владимир Путин омадааст, ки ҳамкориҳои Русияву Амрико “муҳимтарин унсури суботи стротегӣ ва амнияти байналмилалӣ” аст.

Ҳалокати 94 хабарнигор дар як сол

Федератсияи Байналмилалии Хабарнигорон (IFJ) гуфт, дар соли 2018 қатлу куштори хабарнигорон дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст, ҳарчанд дар чанд соли гузашта тамоюл ба самти коҳиш буд. Афғонистон дар ин сол хатарноктарин ҷойи кор барои хабарнигорон будааст.

Дар гузориши ин созмон, ки рӯзи 31-уми декабр нашр шуд, омадааст, дар соли 2018 94 хабарнигор ва кормандони расонаҳо дар натиҷаи сӯиқасд, бомбгузорӣ ва ё даргириҳо ба ҳалокат расидаанд. Дар соли 2017 теъдоди ҳалокшудагон ба 82 нафар мерасид.

Дар Афғонистон дар соле, ки ба поён расид, 16 хабарнигору кормандони расонаҳо кушта шудаанд. Дар Мексика 11, дар Яман 9 ва дар Сурия 8 нафар ба ҳалокат расидаанд. Нуҳ нафар аз кормандони матбуот дар Афғонистон танҳо дар моҳи апрел ва дар натиҷаи ҳамлаи маргталабона ҷон доданд.

Идомаи тазоҳуроти донишҷӯёни норозӣ дар Теҳрон

Эътирози донишҷӯён дар рӯзи 30-уми декабр.

Садҳо нафар аз донишҷӯёни Донишгоҳи Озоди Эрон рӯзи дуввум аст, ки бо талаби истеъфои мақомоти донишгоҳ тазоҳурот мекунанд. Онҳо мегӯянд, садамаи автобуси мусофирбар, ки дар натиҷаи он даҳҳо донишҷӯ куштаву захмӣ шуданд, ба сабаби саҳлангории мақомоти донишгоҳ будааст.

Хабаргузории тобеи вазорати варзиш ва ҷавонони Эрон навишт, ки тазоҳургарон талаб доранд, Алӣ Акбар Вилоятӣ раиси Шӯрои муттасадиёни донишгоҳ аз мақомаш истеъфо бидиҳад.

Тазоҳургарон аксҳои қурбониён ва осебдидагони садамаи нақлиётии рӯзи 25-уми декабрро дар даст доштанд.

Дар натиҷаи ин садама 10 донишҷӯ ба ҳалокат расиданд ва 27 тани дигар захм бардоштанд. Автобуси ҳомили 30 донишҷӯ ҳангоми ҳаракат дар як роҳи кӯҳӣ аз роҳ хориҷ шуда ва ба сутуни бетонӣ бархӯрдааст.

Мақомоти донишгоҳ аввал гуфтанд, ки сактаи мағзии ронанда сабаби фалокат шудааст, аммо баъдан ин фарзияро рад карданд.

Донишҷӯён мегӯянд, автобусҳои куҳнаи донишгоҳ ва нигаҳдории бади онҳо сабаби садама шудааст. Онҳо талаб доранд, донишгоҳ автобусҳои нав бихарад.

Номаи Путин ба Трамп: "Омодаи гуфтугӯ ҳастем"

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар номае ба ҳамтои амрикоии худ соли навро табрик гуфт. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Путин дар ин нома навишт, ки Русия омодаи гуфтугӯ бо Амрико дар бораи масоили мухталиф аст.

Дар охири моҳи ноябри имсол Трамп мулоқоти барномарезишуда бо Путин дар нишасти Гурӯҳи 20 дар Аргентинаро лағв кард. Сабаби ин иқдом боздошти киштиҳои украинӣ аз сӯи нерӯҳои баҳрии Русия гуфта шуда буд.

Владимир Путин дар номаи худ ба Трамп таъкид кардааст, ки равобити Амрико ва Русия муҳимтарин омил барои эҷоди субот ва амнияти байналмилалӣ аст.

Майли раҳбари Куриёи Шимолӣ ба гуфтугӯҳои бештар

Ким Ҷон Ун

Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ хостааст, ки соли оянда мулоқотҳо бо раҳбарони Куриёи Ҷанубӣ бештар шавад. Ӯ дар ин бора дар як номае ба унвони Мун Ҷае, раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ суҳбат кардааст. Ким Ҷонг Ун ҳамчунин аз он изҳори таассуф кардааст, ки натавонист, то охири имсол ба Сеул сафар кунад. Ким Эй Кум, сухангӯи раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ дар ин бора гуфт:"Ким Йонг Ун мегӯяд, майл дорад, ки гуфтугӯҳо бо раиси ҷумҳур Мун Ҷае дар соли 2019 дар бораи сулҳу тараққиёт ва орӣ аз аслиҳаи атомӣ кардани нимҷазираи Куриё бештар шавад."

Раҳбарони ду кишвар дар соли 2018 се дафъа мулоқот карданд. Дар ин сол Куриёи Шимолӣ ҳамчунин се дафъа озмоишҳои атомӣ ва мушакӣ анҷом дод ва мавриди интиқоди ғарб ва ҳамсокишвараш қарор гирифт.

Ким Ҷонг Ун ҳамчунин бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мулоқот кард. Ду тараф дар бораи даст кашидани Куриёи Шимолӣ аз озмоишҳои атомӣ суҳбат карданд, аммо ин масъала то кунун пешрафте надоштааст.

Боздошти панҷ муттаҳам ба терроризм дар Ҳолланду Олмон

Чаҳор нафар дар шаҳри Роттердам дастгир шудаанд. Акс аз бойгонӣ

Нерӯҳои амниятии Ҳолланд ва Олмон мегӯянд, панҷ нафарро, ки қасд доштанд дар Ҳолланд “амалҳои террористӣ” анҷом бидиҳанд, дастгир карданд.

Пулиси ин кишвар рӯзи 29-уми декабр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки чаҳор нафар аз онҳо дар шаҳри Роттердам дастгир шуданд. Ба гуфтаи мақомоти Олмон як тани дигари муттаҳамонро, ки 26 сол дорад, бо дархости Ҳолланд дар шаҳри Майнз боздошт карданд.

Ному насабашро нагуфтанд, вале ба қавли пулиси Олмон “Ӯ ба омодагӣ барои ҳамла ба Ҳолланд муттаҳам мешавад.” Мақомоти ду кишвар дар бораи кӣ ва аз куҷо будани муттаҳамон ҷузъиёт надодаанд ва пулиси Ҳолланд гуфтааст, ки онҳо ба “омодагӣ барои ҷиноятҳои террористӣ муттаҳам мешаванд” ва тафтиш дар ин замина идома дорад.

Лукашенко: "Шӯхӣ кардам, ки гуфтам, мо аз ҳам безор шудаем"

Мулоқоти Владимир Путин ва Александр Лукашенко дар рӯзи 25-уми декабр.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва ҳамтои беларуси ӯ, Александр Лукашенко рӯзи 29-уми декабр дар шаҳри Маскав ҷанҷол сари қимати нафту газ ва дигар масоилеро баррасӣ кардаанд, ки ба робитаҳои наздики ду кишвар латма задаанд.

Дар чанд рӯзи гузашта бори дуввум аст, ки ду раҳбар мулоқот мекунанд. Аввали имсол Русия низоми молиётситониро иваз кард, ки сабаб шуд, Ҷумҳурии Беларус барои газу нафту воридотӣ аз Русия пули бештар бипардозад. Минск ин амалкардро танқид кард, вале Маскав гуфт, ки бо вуҷуди ин ҳама, Ҷумҳурии Беларус газу нафтро назар ба кишварҳои дигар бо қимати поинтар мегирад.

Хабаргузории “Интерфакс” рӯзи 29-уми декабр аз қавли Александр Лукашенко навишт, “Ман шӯхӣ кардам, ки мо аз ҳамдигар безор ва хаста шудаем. Аммо ғолибан мо аз ҳамдигар безор намешавем, чун масъалаҳое ҳаст, ки бояд баррасӣ шаванд ва ин кори мо аст.”

Шореҳон мегӯянд, Русия мехоҳад, Белорус бар асоси аҳдномаи иттиҳоди ду тараф аз соли 1999 ҳамгироии бештаре дошта бошад. Аммо Маскав гуфтааст, ҳеҷ гуна барномае барои ба бахше аз Русия табдил додани Ҷумҳурии Беларус вуҷуд надорад.

Русия талаби Олмону Фаронсаро рад кард

Киштиҳои боздоштшудаи Украина

Вазорати умури хориҷии Русия талаби Олмону Фаронса барои раҳоии маллоҳони украиниро ғайриқобили қабул номид ва рад кард. Баёнияи вазорат дар ин бора рӯзи 29-уми декабр ва баъди он нашр шуд, ки Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи 28-уми декабр хостанд, маллоҳони украинӣ озод карда шаванд.

Русия 24 маллоҳро моҳи гузашта бо ду киштиашон дар гулугоҳи Керч дастгир кард. Гулугоҳи мазкур Баҳри Сиёҳро бо Баҳри Азов мепайвандад. Мақомоти Русия гуфтанд, киштиҳои украинӣ дар наздикиҳои нимҷазираи Қрим ғайриқонунӣ ба қаламравҳои обии Русия ворид шудаанд. Ин нимҷазираи Украинаро Русия соли 2014 ба қаламрави худ шомил кард.

Ангела Меркел ва Эммануэл Макрон дар баёнияи муштарак гуфтанд, “тафтишҳои беш аз ҳади Русия” мояи нигаронии амиқ аст ва хостанд барои тамоми киштиҳое, ки аз гулӯгоҳи Керч мегузаранд, “ҳаракати бемамониат, озоду амнро” фароҳам созад ва маллоҳони украиниро бе ҳеҷ шарте раҳо кунад.

Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки Путин масъалаи озодии маллоҳонро бо Ангела Меркел баррасӣ кардааст, вале ба қавли ӯ, Русия дар ин замина “бар асоси қонунҳои кишвар” амал мекунад.

Пулиси Миср гуфт, баъди ҳамла ба сайёҳон 40 ҷангҷӯро куштааст

Пулиси Миср мегӯяд, ки дар пайи амалиёти хос дар он кишвар чиҳил ҷангҷӯи эҳтимолиро куштаанд.

Вазорати корҳои дохилии Миср рӯзи 29-уми декабр дар баёнияи расмӣ гуфт, чиҳил нафар дар амалиёти ҳамоҳангшудаи нерӯҳои амниятӣ дар минтақаи Ҷиза ва нимҷазираи Синой кушта шуданд.

Бино ба хабари телевизиони давлатии Миср, "унсурҳои террористӣ" қасд доштаанд, ки ба ниҳодҳои давлатӣ, бахши сайёҳӣ, нерӯҳои амниятӣ ва калисоҳо ҳамла кунанд.

Амалиёти нерӯҳои пулиси Миср баъди як рӯзи таркиш дар наздикии Аҳроми бостониии Қоҳира сурат гирифт. Дар ин таркиш чаҳор нафар кушта шуда ва 12 тан маҷруҳ шуданд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Миср гуфта буд, ки кушташудаҳо сайёҳони ветнамӣ буданд. Дар миёни захмиҳо низ ёздаҳ ветнамӣ ва як ронандаи мисрӣ ҳастанд.

Масъулияти ҳамларо то ба ҳол касе ё гуруҳе бар дӯш нагирифтааст. Дар ду соли гузашта бори аввал аст, ки сайёҳони хориҷӣ дар Қоҳира ҳадаф қарор мегиранд.

Нерӯҳои Миср чандин сол боз дар нимҷазираи Синой бо ифротгароён даргир ҳастанд.

Дар Узбекистон омӯзгореро шавҳараш бо табар зад. ВИДЕО

axe

Омӯзгореро дар шаҳри Каттақурғони вилояти Самарқанди Узбекистон шавҳараш бо табар задааст. Мақомоти интизомии Узбекистон гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 25-уми декабр рух дода, зан бо ҷароҳатҳои зиёд зинда мондааст.

Омӯзгорро субҳи 25-уми декабр дар назди дарвозаи мактаб пайдо карданд.

Як ҳамкори омӯзгори маҷруҳ ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, “дар ноҳияи мо деҳае бо номи "Сталин" ҳаст. Марде аз ҳамин деҳа бо омӯзгор робитаи заношӯӣ дошт. Субҳ аз садои доду фарёд бедор шудем ва дидем, ки ҳамкори мо назди дарвозаи мактаб хоб аст. Баъдтар фаҳмидем, ки ӯро шавҳараш бо табар задааст.”

Мақомоти интизомии шаҳри Каттақурғон мегӯянд, марди гумонбар боздошт шудааст.

“Гумонбар П.М. рӯзи 26-уми декабр боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст. Зан зинда монда, айни ҳол дар бемористон аст. Нисбат бар мард бар асоси моддаи "Барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ" парванда боз шуд. Бино ба иттилои ибтидоӣ, мард аз рӯи рашк ба ҳамсараш ҳамла кардааст”, - хабар доданд мақомоти интизомӣ.

Мард бо табар дар сару рӯ ва дасту пои зан задааст. Қисме аз захмҳо амиқ ва қисми дигар сатҳӣ шумурда мешаванд. Дар ҳоли ҳозир вазъи вай муътадил арзёбӣ мегардад.

Марди сезана бо табар яке аз ҳамсарҳояшро захмӣ кард
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:07 0:00

Интихоботи президентии Украина 31 март баргузор мешавад

Маъракаи интихоботи президентии Украина 31 декабр шуруъ мешавад. Комисияи марказии интихоботии он кишвар чунин қароре қабул кард. Бино бар қарори Комисия, раъйдиҳӣ рӯзи 31 марти соли 2019 баргузор мегардад.

Пешбарӣ ва қабули ҳуҷҷатҳо аз номзадҳо то 3 феврал идома мекунад. Комисияи марказӣ то санаи 8 феврал ҷараёни сабти ном анҷом медиҳад ва номзадҳои интихоботиро эълон мекунад.

Агар интихобот дар як давра ҷамъбаст шавад, натиҷаи он 10 апрел эълон мешавад. Дар сурати дар даври аввал муайян нашудани ғолиб, даври такрории интихобот 21 апрел барпо мешавад. Дар ин сурат, натиҷаи интихобот 1 май эълон ва маросими савгандёдкунии президенти нав 31 май доир мешавад.

Бино бар натиҷаҳои назарпурсӣ, тақрибан 21 дарсади пурсидашудаҳо омодаанд, ба ҷонибдорӣ аз роҳбари ҳизби "Баткившина" Юлия Тимошенко овоз диҳанд. Владимир Зеленский, коргардон ва шоумен миёни номзадҳои эҳтимолӣ мақоми дувумро касб мекунад. 13 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ба ҷонибдорӣ аз вай раъй хоҳанд дод. 11 дарсади дигари пурсидашудаҳо гуфтаанд, барои президенти амалкунандаи Украина Петр Порошенко раъй медиҳанд.

Даниел Рустамов ба даври ниҳоии “Голос”-и Русия роҳ наёфт. ВИДЕО

Даниел Рустамов

Даниел Рустамов, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, ба даври ниҳоии озмуни овозхонии “Голос”-и Русия роҳ наёфт. Вай шоми 28-уми декабр дар даври ниманиҳоии озмун дар муқоиса ба рақибаш Рушана Валиева раъйи камтари мардумро ба даст овард ва аз озмун берун шуд.

Дар озмуни “Голос” дар баробари доварон, сокинон низ ҳақ доранд, ки тавассути фиристодани паёмак ё смс аз овозхони писандидаи худ ҳимоят кунанд. Даниел Рустамов маҳз бо смс-ҳои зиёде, ки ба тарафдорӣ аз ӯ фиристода шуд, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта буд.

Шоми ҷумъа Даниел Рустамов таронаи Бруно Марс Treasure ва Рушана Валиева таронаи Земфира “Ариведерчи”-ро иҷро карданд.

Даниел Рустамов дар сухани охиринаш дар саҳнаи “Голос” аз мардуми Тоҷиикстон барои ҳимоят аз ӯ сипосгузорӣ намуд.

Даниели 23-соларо дар Тоҷикистон аксарият тавассути ҳунарнамоиаш дар лоиҳаҳои маъруфи мусиқии телевизионҳои Украина ва Русия мешиносанд. Қабл аз озмуни "Голос" ӯ дар лоиҳаи X-Factor-и Украина ва баъдан дар барномаи “Песни”-и телевизиони ТНТ низ рақобат дошт.

Даниел Рустамов моҳи ноябри соли 1995 дар хонаводаи пизишк дар Душанбе ба дунё омадааст. Ҳоло донишҷӯи Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои Маскав аст.

Даниел Рустамов: Интизори муъҷиза ҳастам
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:42 0:00

Қонуни нав. Зиндони террористонро аз дигарон ҷудо карданд

Бино ба қонуне, ки раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин имзо кард, аз ин ба баъд афроди муҷрим ба терроризм аз зиндониҳои дигар ҷудо нигаҳдорӣ хоҳанд шуд. Қоннун дар пойгоҳи расмии иттилооти ҳуқуқии Русия нашр шуда ва мавриди иҷро қарор гирифтааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, муқаррароти нав ба онҳое дахл дорад, ки барои мусоидат ба иҷрои таркишҳо, даъват ба терроризм, гаравгонгирӣ ва иштирок дар гуруҳҳои ифротгаро маҳкум шудаанд.

Пойгоҳи “Медиазона” рӯзи 28-уми декабр хабар дод, ки қонуни нав барои афроди гунаҳкор ба терроризм маҳдудияти дигаре дар назар гирифтааст. Агар дар гузашта ҳангоми тафтишот як рӯзи боздоштшудаҳо якуним рӯз ҳисоб карда мешуд, ҳоло афроди муҷрим ба терроризм аз он маҳрум гардидаанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Кор аз дохили хона. Соҳибхоназанҳо ҳунари комютеру интернетро азхуд карданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:24 0:00
XS
SM
MD
LG