Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Эъломи иттиҳом ба се зодаи Осиёи Марказӣ дар Шветсия

Акс аз бойгонӣ

Додситонии Шветсия се зодаи кишварҳои Осиёи Марказиро расман ба омодагӣ ба амали террористӣ муттаҳам кардааст. Хабаргузории «РИА Новости» навишт, ки иттиҳомро рӯзи 28-уми декабр эълон кардаанд.

Додситонии Шветсия гуфтааст, ки агар муттаҳамон ба ҷиноят амали террористиро ба анҷом мерасонданд, талафот аз он бисёр зиёд мебуд.

Ба гуфтаи додситонӣ ҳарсе нафар мехостаанд, “бо истифода аз маводи кимиёвӣ ва абзорҳои дигар амали террористӣ анҷом диҳанд”. Онҳоро ҳамчунин ба нақзи қонуни манъи сармоягузории ҷиноятҳои вазнин муттаҳам мекунанд.

Ба гуфтаи додситонҳо, пуле ки ин афрод фиристодаанд, ба дасти гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” расидааст. Муттаҳамон ба ҷиноят иттиҳомотро рад мекунанд. Муҳокимаи парвандаи онҳо рӯзи 7-уми январи соли 2019 сурат мегирад.

Рӯзномаи шведии Dagens Nyheter навиштааст, ки боздоштшудагон аз Узбекистону Қирғизистон ҳастанд ва бо Раҳмат Оқилов, як шаҳрванди дигари Узбекистон иртибот доштаанд, ки барои анҷоми амали террористӣ ба зиндони якумрӣ маҳкум шудааст.

Боздошти шаҳрванди Амрико бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Маскав

Хадамоти Федеролии Амнияти Русия мегӯяд, ки як шаҳрванди Амрикоро бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Маскав дастгир карданд.

Бино ба гуфтаи ин ниҳоди Русия, шаҳрванди амрикоӣ ҳангоми “амалиёти ҷосусӣ” дастгир шуд ва дар сурати собит шудани иттиҳом мумкин аст, ӯро аз 10 то ба 20 соли зиндон маҳкум кунанд.

Сафорати Амрико ҳануз ин хабарро шарҳ надодааст. Хадамоти Федеролии Амнияти Русия мегӯяд, ки шаҳрванди Амрикоро рӯзи 28-уми декабр дастгир кардаанд. Ҷузъиёти дигаре дар ин бора дар даст нест.

Путин гуфтааст, омодаи муколама бо Амрикост

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, кишвараш ҳамчунон омодаи муколама бо Амрико аст. Ӯ дар ин бора дар номаи табрикӣ ба унвони Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико суҳбат навиштааст.

Аз муҳтавои нома дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Русия рӯзи 30-уми декабр хабар дод. Муносибатҳои Амрикову Русия бинобар масоили зиёде аз ҷумла, нақши Русия дар ҷанги Сурия ва шарқи Украина, дахолати эҳтимолии он ба интихоботи Амрико сард шудааст.

Охири моҳи ноябр Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ғайринтизор аз мулоқот бо Владимир Путин даст кашид. Ӯ киштиҳову маллоҳони Украинаро далел овард, ки нерӯҳои Русия онҳоро моҳи ноябр дар наздикии нимҷазираи Қрим дастгир карданд.

Дар номаи Владимир Путин омадааст, ки ҳамкориҳои Русияву Амрико “муҳимтарин унсури суботи стротегӣ ва амнияти байналмилалӣ” аст.

Ҳалокати 94 хабарнигор дар як сол

Федератсияи Байналмилалии Хабарнигорон (IFJ) гуфт, дар соли 2018 қатлу куштори хабарнигорон дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст, ҳарчанд дар чанд соли гузашта тамоюл ба самти коҳиш буд. Афғонистон дар ин сол хатарноктарин ҷойи кор барои хабарнигорон будааст.

Дар гузориши ин созмон, ки рӯзи 31-уми декабр нашр шуд, омадааст, дар соли 2018 94 хабарнигор ва кормандони расонаҳо дар натиҷаи сӯиқасд, бомбгузорӣ ва ё даргириҳо ба ҳалокат расидаанд. Дар соли 2017 теъдоди ҳалокшудагон ба 82 нафар мерасид.

Дар Афғонистон дар соле, ки ба поён расид, 16 хабарнигору кормандони расонаҳо кушта шудаанд. Дар Мексика 11, дар Яман 9 ва дар Сурия 8 нафар ба ҳалокат расидаанд. Нуҳ нафар аз кормандони матбуот дар Афғонистон танҳо дар моҳи апрел ва дар натиҷаи ҳамлаи маргталабона ҷон доданд.

Идомаи тазоҳуроти донишҷӯёни норозӣ дар Теҳрон

Эътирози донишҷӯён дар рӯзи 30-уми декабр.

Садҳо нафар аз донишҷӯёни Донишгоҳи Озоди Эрон рӯзи дуввум аст, ки бо талаби истеъфои мақомоти донишгоҳ тазоҳурот мекунанд. Онҳо мегӯянд, садамаи автобуси мусофирбар, ки дар натиҷаи он даҳҳо донишҷӯ куштаву захмӣ шуданд, ба сабаби саҳлангории мақомоти донишгоҳ будааст.

Хабаргузории тобеи вазорати варзиш ва ҷавонони Эрон навишт, ки тазоҳургарон талаб доранд, Алӣ Акбар Вилоятӣ раиси Шӯрои муттасадиёни донишгоҳ аз мақомаш истеъфо бидиҳад.

Тазоҳургарон аксҳои қурбониён ва осебдидагони садамаи нақлиётии рӯзи 25-уми декабрро дар даст доштанд.

Дар натиҷаи ин садама 10 донишҷӯ ба ҳалокат расиданд ва 27 тани дигар захм бардоштанд. Автобуси ҳомили 30 донишҷӯ ҳангоми ҳаракат дар як роҳи кӯҳӣ аз роҳ хориҷ шуда ва ба сутуни бетонӣ бархӯрдааст.

Мақомоти донишгоҳ аввал гуфтанд, ки сактаи мағзии ронанда сабаби фалокат шудааст, аммо баъдан ин фарзияро рад карданд.

Донишҷӯён мегӯянд, автобусҳои куҳнаи донишгоҳ ва нигаҳдории бади онҳо сабаби садама шудааст. Онҳо талаб доранд, донишгоҳ автобусҳои нав бихарад.

Номаи Путин ба Трамп: "Омодаи гуфтугӯ ҳастем"

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар номае ба ҳамтои амрикоии худ соли навро табрик гуфт. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Путин дар ин нома навишт, ки Русия омодаи гуфтугӯ бо Амрико дар бораи масоили мухталиф аст.

Дар охири моҳи ноябри имсол Трамп мулоқоти барномарезишуда бо Путин дар нишасти Гурӯҳи 20 дар Аргентинаро лағв кард. Сабаби ин иқдом боздошти киштиҳои украинӣ аз сӯи нерӯҳои баҳрии Русия гуфта шуда буд.

Владимир Путин дар номаи худ ба Трамп таъкид кардааст, ки равобити Амрико ва Русия муҳимтарин омил барои эҷоди субот ва амнияти байналмилалӣ аст.

Майли раҳбари Куриёи Шимолӣ ба гуфтугӯҳои бештар

Ким Ҷон Ун

Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ хостааст, ки соли оянда мулоқотҳо бо раҳбарони Куриёи Ҷанубӣ бештар шавад. Ӯ дар ин бора дар як номае ба унвони Мун Ҷае, раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ суҳбат кардааст. Ким Ҷонг Ун ҳамчунин аз он изҳори таассуф кардааст, ки натавонист, то охири имсол ба Сеул сафар кунад. Ким Эй Кум, сухангӯи раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ дар ин бора гуфт:"Ким Йонг Ун мегӯяд, майл дорад, ки гуфтугӯҳо бо раиси ҷумҳур Мун Ҷае дар соли 2019 дар бораи сулҳу тараққиёт ва орӣ аз аслиҳаи атомӣ кардани нимҷазираи Куриё бештар шавад."

Раҳбарони ду кишвар дар соли 2018 се дафъа мулоқот карданд. Дар ин сол Куриёи Шимолӣ ҳамчунин се дафъа озмоишҳои атомӣ ва мушакӣ анҷом дод ва мавриди интиқоди ғарб ва ҳамсокишвараш қарор гирифт.

Ким Ҷонг Ун ҳамчунин бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мулоқот кард. Ду тараф дар бораи даст кашидани Куриёи Шимолӣ аз озмоишҳои атомӣ суҳбат карданд, аммо ин масъала то кунун пешрафте надоштааст.

Боздошти панҷ муттаҳам ба терроризм дар Ҳолланду Олмон

Чаҳор нафар дар шаҳри Роттердам дастгир шудаанд. Акс аз бойгонӣ

Нерӯҳои амниятии Ҳолланд ва Олмон мегӯянд, панҷ нафарро, ки қасд доштанд дар Ҳолланд “амалҳои террористӣ” анҷом бидиҳанд, дастгир карданд.

Пулиси ин кишвар рӯзи 29-уми декабр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки чаҳор нафар аз онҳо дар шаҳри Роттердам дастгир шуданд. Ба гуфтаи мақомоти Олмон як тани дигари муттаҳамонро, ки 26 сол дорад, бо дархости Ҳолланд дар шаҳри Майнз боздошт карданд.

Ному насабашро нагуфтанд, вале ба қавли пулиси Олмон “Ӯ ба омодагӣ барои ҳамла ба Ҳолланд муттаҳам мешавад.” Мақомоти ду кишвар дар бораи кӣ ва аз куҷо будани муттаҳамон ҷузъиёт надодаанд ва пулиси Ҳолланд гуфтааст, ки онҳо ба “омодагӣ барои ҷиноятҳои террористӣ муттаҳам мешаванд” ва тафтиш дар ин замина идома дорад.

Лукашенко: "Шӯхӣ кардам, ки гуфтам, мо аз ҳам безор шудаем"

Мулоқоти Владимир Путин ва Александр Лукашенко дар рӯзи 25-уми декабр.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва ҳамтои беларуси ӯ, Александр Лукашенко рӯзи 29-уми декабр дар шаҳри Маскав ҷанҷол сари қимати нафту газ ва дигар масоилеро баррасӣ кардаанд, ки ба робитаҳои наздики ду кишвар латма задаанд.

Дар чанд рӯзи гузашта бори дуввум аст, ки ду раҳбар мулоқот мекунанд. Аввали имсол Русия низоми молиётситониро иваз кард, ки сабаб шуд, Ҷумҳурии Беларус барои газу нафту воридотӣ аз Русия пули бештар бипардозад. Минск ин амалкардро танқид кард, вале Маскав гуфт, ки бо вуҷуди ин ҳама, Ҷумҳурии Беларус газу нафтро назар ба кишварҳои дигар бо қимати поинтар мегирад.

Хабаргузории “Интерфакс” рӯзи 29-уми декабр аз қавли Александр Лукашенко навишт, “Ман шӯхӣ кардам, ки мо аз ҳамдигар безор ва хаста шудаем. Аммо ғолибан мо аз ҳамдигар безор намешавем, чун масъалаҳое ҳаст, ки бояд баррасӣ шаванд ва ин кори мо аст.”

Шореҳон мегӯянд, Русия мехоҳад, Белорус бар асоси аҳдномаи иттиҳоди ду тараф аз соли 1999 ҳамгироии бештаре дошта бошад. Аммо Маскав гуфтааст, ҳеҷ гуна барномае барои ба бахше аз Русия табдил додани Ҷумҳурии Беларус вуҷуд надорад.

Русия талаби Олмону Фаронсаро рад кард

Киштиҳои боздоштшудаи Украина

Вазорати умури хориҷии Русия талаби Олмону Фаронса барои раҳоии маллоҳони украиниро ғайриқобили қабул номид ва рад кард. Баёнияи вазорат дар ин бора рӯзи 29-уми декабр ва баъди он нашр шуд, ки Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи 28-уми декабр хостанд, маллоҳони украинӣ озод карда шаванд.

Русия 24 маллоҳро моҳи гузашта бо ду киштиашон дар гулугоҳи Керч дастгир кард. Гулугоҳи мазкур Баҳри Сиёҳро бо Баҳри Азов мепайвандад. Мақомоти Русия гуфтанд, киштиҳои украинӣ дар наздикиҳои нимҷазираи Қрим ғайриқонунӣ ба қаламравҳои обии Русия ворид шудаанд. Ин нимҷазираи Украинаро Русия соли 2014 ба қаламрави худ шомил кард.

Ангела Меркел ва Эммануэл Макрон дар баёнияи муштарак гуфтанд, “тафтишҳои беш аз ҳади Русия” мояи нигаронии амиқ аст ва хостанд барои тамоми киштиҳое, ки аз гулӯгоҳи Керч мегузаранд, “ҳаракати бемамониат, озоду амнро” фароҳам созад ва маллоҳони украиниро бе ҳеҷ шарте раҳо кунад.

Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки Путин масъалаи озодии маллоҳонро бо Ангела Меркел баррасӣ кардааст, вале ба қавли ӯ, Русия дар ин замина “бар асоси қонунҳои кишвар” амал мекунад.

Пулиси Миср гуфт, баъди ҳамла ба сайёҳон 40 ҷангҷӯро куштааст

Пулиси Миср мегӯяд, ки дар пайи амалиёти хос дар он кишвар чиҳил ҷангҷӯи эҳтимолиро куштаанд.

Вазорати корҳои дохилии Миср рӯзи 29-уми декабр дар баёнияи расмӣ гуфт, чиҳил нафар дар амалиёти ҳамоҳангшудаи нерӯҳои амниятӣ дар минтақаи Ҷиза ва нимҷазираи Синой кушта шуданд.

Бино ба хабари телевизиони давлатии Миср, "унсурҳои террористӣ" қасд доштаанд, ки ба ниҳодҳои давлатӣ, бахши сайёҳӣ, нерӯҳои амниятӣ ва калисоҳо ҳамла кунанд.

Амалиёти нерӯҳои пулиси Миср баъди як рӯзи таркиш дар наздикии Аҳроми бостониии Қоҳира сурат гирифт. Дар ин таркиш чаҳор нафар кушта шуда ва 12 тан маҷруҳ шуданд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Миср гуфта буд, ки кушташудаҳо сайёҳони ветнамӣ буданд. Дар миёни захмиҳо низ ёздаҳ ветнамӣ ва як ронандаи мисрӣ ҳастанд.

Масъулияти ҳамларо то ба ҳол касе ё гуруҳе бар дӯш нагирифтааст. Дар ду соли гузашта бори аввал аст, ки сайёҳони хориҷӣ дар Қоҳира ҳадаф қарор мегиранд.

Нерӯҳои Миср чандин сол боз дар нимҷазираи Синой бо ифротгароён даргир ҳастанд.

Дар Узбекистон омӯзгореро шавҳараш бо табар зад. ВИДЕО

axe

Омӯзгореро дар шаҳри Каттақурғони вилояти Самарқанди Узбекистон шавҳараш бо табар задааст. Мақомоти интизомии Узбекистон гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 25-уми декабр рух дода, зан бо ҷароҳатҳои зиёд зинда мондааст.

Омӯзгорро субҳи 25-уми декабр дар назди дарвозаи мактаб пайдо карданд.

Як ҳамкори омӯзгори маҷруҳ ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, “дар ноҳияи мо деҳае бо номи "Сталин" ҳаст. Марде аз ҳамин деҳа бо омӯзгор робитаи заношӯӣ дошт. Субҳ аз садои доду фарёд бедор шудем ва дидем, ки ҳамкори мо назди дарвозаи мактаб хоб аст. Баъдтар фаҳмидем, ки ӯро шавҳараш бо табар задааст.”

Мақомоти интизомии шаҳри Каттақурғон мегӯянд, марди гумонбар боздошт шудааст.

“Гумонбар П.М. рӯзи 26-уми декабр боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст. Зан зинда монда, айни ҳол дар бемористон аст. Нисбат бар мард бар асоси моддаи "Барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ" парванда боз шуд. Бино ба иттилои ибтидоӣ, мард аз рӯи рашк ба ҳамсараш ҳамла кардааст”, - хабар доданд мақомоти интизомӣ.

Мард бо табар дар сару рӯ ва дасту пои зан задааст. Қисме аз захмҳо амиқ ва қисми дигар сатҳӣ шумурда мешаванд. Дар ҳоли ҳозир вазъи вай муътадил арзёбӣ мегардад.

Марди сезана бо табар яке аз ҳамсарҳояшро захмӣ кард
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:07 0:00

Интихоботи президентии Украина 31 март баргузор мешавад

Маъракаи интихоботи президентии Украина 31 декабр шуруъ мешавад. Комисияи марказии интихоботии он кишвар чунин қароре қабул кард. Бино бар қарори Комисия, раъйдиҳӣ рӯзи 31 марти соли 2019 баргузор мегардад.

Пешбарӣ ва қабули ҳуҷҷатҳо аз номзадҳо то 3 феврал идома мекунад. Комисияи марказӣ то санаи 8 феврал ҷараёни сабти ном анҷом медиҳад ва номзадҳои интихоботиро эълон мекунад.

Агар интихобот дар як давра ҷамъбаст шавад, натиҷаи он 10 апрел эълон мешавад. Дар сурати дар даври аввал муайян нашудани ғолиб, даври такрории интихобот 21 апрел барпо мешавад. Дар ин сурат, натиҷаи интихобот 1 май эълон ва маросими савгандёдкунии президенти нав 31 май доир мешавад.

Бино бар натиҷаҳои назарпурсӣ, тақрибан 21 дарсади пурсидашудаҳо омодаанд, ба ҷонибдорӣ аз роҳбари ҳизби "Баткившина" Юлия Тимошенко овоз диҳанд. Владимир Зеленский, коргардон ва шоумен миёни номзадҳои эҳтимолӣ мақоми дувумро касб мекунад. 13 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ба ҷонибдорӣ аз вай раъй хоҳанд дод. 11 дарсади дигари пурсидашудаҳо гуфтаанд, барои президенти амалкунандаи Украина Петр Порошенко раъй медиҳанд.

Даниел Рустамов ба даври ниҳоии “Голос”-и Русия роҳ наёфт. ВИДЕО

Даниел Рустамов

Даниел Рустамов, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, ба даври ниҳоии озмуни овозхонии “Голос”-и Русия роҳ наёфт. Вай шоми 28-уми декабр дар даври ниманиҳоии озмун дар муқоиса ба рақибаш Рушана Валиева раъйи камтари мардумро ба даст овард ва аз озмун берун шуд.

Дар озмуни “Голос” дар баробари доварон, сокинон низ ҳақ доранд, ки тавассути фиристодани паёмак ё смс аз овозхони писандидаи худ ҳимоят кунанд. Даниел Рустамов маҳз бо смс-ҳои зиёде, ки ба тарафдорӣ аз ӯ фиристода шуд, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта буд.

Шоми ҷумъа Даниел Рустамов таронаи Бруно Марс Treasure ва Рушана Валиева таронаи Земфира “Ариведерчи”-ро иҷро карданд.

Даниел Рустамов дар сухани охиринаш дар саҳнаи “Голос” аз мардуми Тоҷиикстон барои ҳимоят аз ӯ сипосгузорӣ намуд.

Даниели 23-соларо дар Тоҷикистон аксарият тавассути ҳунарнамоиаш дар лоиҳаҳои маъруфи мусиқии телевизионҳои Украина ва Русия мешиносанд. Қабл аз озмуни "Голос" ӯ дар лоиҳаи X-Factor-и Украина ва баъдан дар барномаи “Песни”-и телевизиони ТНТ низ рақобат дошт.

Даниел Рустамов моҳи ноябри соли 1995 дар хонаводаи пизишк дар Душанбе ба дунё омадааст. Ҳоло донишҷӯи Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои Маскав аст.

Даниел Рустамов: Интизори муъҷиза ҳастам
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:42 0:00

Қонуни нав. Зиндони террористонро аз дигарон ҷудо карданд

Бино ба қонуне, ки раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин имзо кард, аз ин ба баъд афроди муҷрим ба терроризм аз зиндониҳои дигар ҷудо нигаҳдорӣ хоҳанд шуд. Қоннун дар пойгоҳи расмии иттилооти ҳуқуқии Русия нашр шуда ва мавриди иҷро қарор гирифтааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, муқаррароти нав ба онҳое дахл дорад, ки барои мусоидат ба иҷрои таркишҳо, даъват ба терроризм, гаравгонгирӣ ва иштирок дар гуруҳҳои ифротгаро маҳкум шудаанд.

Пойгоҳи “Медиазона” рӯзи 28-уми декабр хабар дод, ки қонуни нав барои афроди гунаҳкор ба терроризм маҳдудияти дигаре дар назар гирифтааст. Агар дар гузашта ҳангоми тафтишот як рӯзи боздоштшудаҳо якуним рӯз ҳисоб карда мешуд, ҳоло афроди муҷрим ба терроризм аз он маҳрум гардидаанд.

Русия як тоҷики муттаҳам ба терроризмро ба “Интерпол” дод

Аббос Байнаев

Русия боз як зодаи Тоҷикистонро барои иштирок дар ҳайати созмонҳои террористӣ муттаҳам карда, ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ супурд. Аббос Байнаев, зодаи шаҳри Истиқлол (Табошаҳри собиқ)-и вилояти Суғд 27-сола буда, шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад. Бино ба иттилои расмии “Интерпол” – пулиси байналмилалӣ – Байнаев забонҳои тоҷикиву русӣ ва узбекиро хуб медонад.

Дар саҳифаи расмии “Интерпол” дар интернет дастикам 31 шаҳрванди Тоҷикистон бо дархости Русия ҷустуҷӯ мешаванд. Аксари ин афрод барои фаъолиятҳои террористӣ, ташвиқ ва тарғиби терроризм дар хоки Русия, узвият дар гурӯҳҳои ифротгаро ва куштору қочоқи маводи мухаддир муттаҳаманд.

Тоҷикистон дар навбати худ рӯйхати алоҳидаи афроди таҳти ҷустуҷӯро таҳия кардааст, ки он шомили садҳо нафар аст. Бисёре аз онҳо тавассути “Интерпол” ва қисме бо ёрии пулиси Туркия ва Русия ҷустуҷӯ мешаванд.

Бино ба омори охирине, ки мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, аз соли 2014, аз оғози таъсиси гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ", тақрибан 1900 ҷангҷӯи тоҷик ба ҳайати ин гуруҳ дар Ироқу Сурия шомил шудаанд.

Пулиси Русия даҳҳо роҳрӯби эътирозгарро дар Маскав боздошт кард

Поккориҳо дар кӯчаҳои пур аз барфи Маскав

Пулиси Русия дастикам 30 роҳрӯбро, ки бо шикоят аз пардохт нашудани соатҳои изофии корӣ дар назди идораи ҳокимияти ноҳияи Нагорний ҷамъ шуда буданд, боздошт кард.

Роҳрӯбҳо мегӯянд, ки онҳоро маҷбур мекунанд, ба ҷойи кормандони буҷавӣ кӯчаҳоро аз барф тоза кунанд, аммо пул намедиҳанд. Ба гуфтаи ин коргарон, вазифаи онҳо танҳо аз тоза кардани ҳавлии биноҳо иборат аст, на поккории кӯчаҳо.

Пойгоҳи "ОВД-Инфо" рӯзи 29-уми декабр хабар дод, ки раиси Шӯрои ноҳия бо эътирозгарон мулоқот кард.

Варвара Грязнова, фаъоли ҳуқуқи башари Русия гуфт, дар эътироз асосан шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғизистон иштирок карданд. Боздоштшудаҳо ҳадди ақал ба ду идораи пулис интиқол ёфтанд.

Курдҳои Сурия Манбиҷро ба нерӯҳои Башор Асад супурданд

Аксбардории низомиён бо парчами Сурия

Нерӯҳои президенти Сурия Башор Асад рӯзи ҷумъа ба шаҳри шимолии Манбиҷ ворид шуданд, ки муддати тӯлонӣ таҳти назорати дастаҳои худдифои Курд буд.

Дар изҳороти фармондеҳии Сурия гуфта мешавад, ки нерӯҳо дар заминаи созиши пешакӣ бо Курдҳо "барои ҳимояи аҳолӣ" аз ҳамлаи Туркия ба Манбиҷ ворид шуданд. Тибқи хабарҳо, дар шаҳр парчами Сурия баланд шудааст.

Пештар аз ин фармондеҳии дастаҳои Курд аз хуруҷи Манбиҷ хабар дод ва нерӯҳои Сурияро расман ба шаҳр даъват кард.

Кремл аз гузаштани шаҳр ба назорати нерӯҳои Асад истиқбол кард.

Манбиҷ шаҳре дар вилояти Ҳалаб аст, ки чанд сол таҳти тасарруфи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИИШ) қарор дошт. Соли 2016 дастаҳои Курд бо пуштибонии эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико Манбиҷро аз тундравони "Давлати исломӣ" бозпас гирифтанд.

Анкара борҳо гуфтааст, ки ҳузури курдҳо дар Манбиҷ ба амнияти Туркия хатар дорад ва таҳдид кард, ки шаҳрро аз роҳи амалиёти низомӣ тасарруф хоҳад кард.

Чанде пеш президенти ИМА аз хуруҷи нерӯҳи амрикоӣ аз Сурия хабар дод. Ба гуфтаи президент, саркӯби ДИИШ-ро дар қаламрави он кишвар бояд Туркия ба охир расонад. Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон омодагии кишварашро барои мубориза бо ҷангҷӯёни ДИИШ ва ҳамчунин дастаҳои курд баён дошт.

Дар чунин ҳолат, курдҳо тасмим гирифтанд, ки Манбиҷро ба нерӯҳои ҳукумати Сурия супоранд. Онҳо ҳамчунин барои муқовимат ба вуруди эҳтимолии нерӯҳои Сурия ба минтақа изҳори омодагӣ карданд.

Раиси ФФА барои дастдарозӣ ба бозигарони зан мамнуъулхуруҷ шуд

Занҳои варзишгари Афғонистон

Мақомоти Афғонистон раҳбари Федератсияи футболи ин кишварро дар заминаи иттиҳоми озори ҷинсӣ ва ҷисмонии бозигарони зан, дар гузашта ва ҳоло, мамнуъулхуруҷ эълон карданд.

Додситони кулли ин кишвар рӯзи 28-уми декабр эълон кард, ки раҳбари Федератсияи футбол Киромиддин Карим ва чаҳор узви федератсия ҳақ надоранд аз кишвар хориҷ шаванд.

Додситонии кулли Афғонистон рӯзи 5-уми декабр, чанд рӯз баъди нашри матлаби The Guardian, дар робита ба озори ҷинсии занҳои футболбози Афғонистон, ин панҷ нафарро аз мақом барканор ва ба таҳқиқи қазия оғоз кард.

Рӯзи 9-уми декабр Федератсияи Байналмилалии Футбол - FIFA, Киромиддин Каримро аз фаъолият дар сатҳи кишвар ва миқёси байналмилалӣ барои 90 рӯз маҳрум кард.

Қарори додситонӣ дар робита ба мамнуъулхуруҷ шудани раҳбар ва чаҳор узви дигари Федератсияи футболи Афғонистон як рӯз баъд аз нашри бахши дигари гузориши The Guardian содир шуд.

Нашрияи британиягӣ дар гузориши ахираш шикояти занҳои футболбози афғон алайҳи Киромиддин Каримро нашр кард, ки аз дастдарозии ҷинсӣ то озори ҷисмонӣ ва таҳдид ба хонаводаҳои онҳоро фаро гирифтааст.

Вакилони Ҷохар Тсарнаев лағви ҳукми қатли ӯро дархост карданд

Ҷохар Тсарнаев

Вакилони Ҷохар Тсарнаев - ҳамлагари марафони Бостон, аз додгоҳ дархост карданд, ки ҳукми қатли зерҳимояи онҳо бекор шавад. Ба гуфтаи вакилон, баргузор шудани мурофиа дар макони ҳамлаи террористии моҳи апрели соли 2013 баррасии мунсифонаи қазияро ғайриимкон кард.

Вакилони Тсарнаев рӯзи 27-уми декабр бо ироаи дархости худ ба додгоҳи Бостон эътироф карданд, ки Ҷохар Тсарнаев ва бародари ӯ Темирлан Тсарнаев дар ҳамла ба марафон ё дави Бостон се нафарро кушта, 250 тани дигарро маҷруҳ карданд.

Аммо онҳо далел оварданд, ки баррасиҳои густардаи ин ҳодиса дар матбуот, бо шумули "қиссаҳои дилхароши қурбониҳо", ба маъное буд, ки қариб тамоми ҳайати мунсифаи додгоҳ таҳти таъсир қарор гирифт.

"Ин қазия бояд дар Бостон баррасӣ намешуд", - навиштаанд вакилони Тсарнаев. Онҳо ҳамчунин ба мушкилоти дигари ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ишора карданд.

Ҷохар Тсарнави чечентабор, ки шаҳвандии ИМА-ро дарёфт кард ва дар донишгоҳи Массачусеттс мехонд, баъди ду соли ҳамла ба марафони Бостон, ки онро ҳамроҳ бо бародараш Темирлан Тсарнаев таҳррезӣ карда буд, ба марг маҳкум шуд.

Темрилан Тсарнаев дар ҷараёни амалиёти амниятӣ кушта шуд ва бародари ӯ Ҷохар Тсарнаев, ки ҳоло 25 сол дорад, ба гуноҳаш иқрор кард. Ӯ дар маҳбаси амнияташ шадиди Колорадо нигаҳдорӣ мешавад.

Президент Трамп ба суолҳои додситони махсуси ИМА посух намедиҳад

Руди Ҷулианӣ

Президент Доналд Трамп ба суолҳои додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер дар бораи эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи президентии соли 2016 дигар посух намедиҳад.

Ин нуктаро вакили дифои президенти ИМА Рудолф Ҷулианӣ дар суҳбат бо Hill TV баён дошт. Ҷулианӣ гуфт, раҳбари Кохи сафед ба гуруҳи додситон иттилои кофӣ пешниҳод кардааст.

Вакили дифои Трамп пештар дар суҳбат бо Fox News гуфта буд, ки ба мулоқоти шахсии президент бо муфаттишон мухолиф аст. Зеро ба гуфтаи ӯ, онҳо эҳтимол дорад, бо суолҳои худ Трампро ба иштибоҳ андозанд. Ҷулианӣ гуфт, ки вакилони дифоъ тавони посухдиҳӣ ба суолҳои иловагии тими Мюллерро доранд.

Ҷулианӣ додситони махсусро ҳамчунин ба он айбдор кард, ки ба пок кардани мукотибаи ҷосуси пешини Бюрои федеролии тафтишотӣ Питер Стржок иҷозат додааст. Стржок дар паёмакҳои худ гӯё гуфтааст, ки мехоҳад, ба интихоби Трамп ба мақоми президентӣ монеъ шавад. Мукотиба замоне пок карда шуд, ки ҷосуси пешин дар тими додситони махсус кор мекард. Ба иттилои Вазорати адлияи ИМА, паёмакҳо дар бойгонии бюро нигаҳдорӣ мешуданд, вале ба иллати нуқси техникӣ пок шуданд.

Тафтиши дахолати эҳтимолии Русияро ба интихоботи президентии соли 2016 дар ИМА идома дорад. Додситон Мюллер мехоҳад маълум кунад, ки ситоди интихоботии Трамп барои шикасти рақиби ӯ Ҳилларӣ Клинтон аз Ҳизби демократ, бо Русия созише дошт, ё не. Москва дахолати худро ба интихоботи кишварҳои хориҷӣ рад мекунад.

Раиси пешини Хадамоти гумруки Қирғизистон аз Боку ба Бишкек истирдод шуд

Истирдоди Адамқул Жунусов - раҳбари пешини Хадамоти гумруки Қирғизистон. 28 декабр, 2018

Кормандони Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон рӯзи 28 декабр Адамқул Жунусов, раҳбари пешини Хадамоти давлатии гумруки ин кишварро аз Озарбойҷон ба Бишкек оварданд.

Нисбати Жунусов моҳи августи соли ҷорӣ бо айби "Сӯистифода аз мақоми хизматӣ" ғоибона айб эълон шуда буд. 28 августи имсол додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон қарори ҳабси Жунусовро содир кард.

Ба иттилои тафтишот, аз соли 2013 то 2016 Жунусов бо намояндагони ширкати "А." ва дигар масъулони хадамоти гумрук робитаи фасодолуд барқарор кардааст. Ӯ дар сохтакории сандаҳои ширкат кумак кард ва ширкат аз ин роҳ дар пардохтҳои гумрукӣ соҳиби афзалият шуд.

Зиёне, ки Жунусов ба буҷаи давлат расонд, 2,3 млн доллар ҳисоб шудааст.

Жунусовро 4 декабр дар фурудгоҳи байналмилалии Боку боздошт карданд.

Ифтитоҳи бинои нави шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Шоҳмансур

Биноҳои нави шӯъбаҳои КДАМ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, ифтитоҳ шуд. Расонаҳои давлатии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки рӯзи 27-уми декабр дар маросими ифтитоҳи ин бино раиси КДАМ Саймуъмин Ятимов ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат карданд.

Манобеи расмӣ мегӯянд, ки ин бино бо маблағи 3,5 миллион сомонӣ аз сӯи ширкати сохтмонии "Сабр-Аф" бунёд шудааст. Гуфта мешавад, ки бино аз 4 ошёна, аз ҷумла, 8 ҳуҷраи корӣ, бойгонӣ, анбор, ҳаммом, толори варзишӣ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.

"Имрӯз беҳсозии шароити хизматӣ барои кормандони сохторҳои қудратӣ аз ҳадафҳои аслии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад",-омадааст дар хабарҳои расмӣ.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Шоҳмансурро "тӯҳфаи арзишманд"-и президент Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони амниятӣ дар "Рӯзи кормандони амнияти миллӣ", гуфтааст.

Таъсиси муассисаи давлатии "Бизнес-инкубатори Тоҷикистон"

Рӯзи 28-уми декабр дар Душанбе маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баргузор шудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин нишаст нақшаи кории ҳукумат дар нимсолаи аввали соли оянда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Манбаъ мегӯяд, ки дар ин нишаст вазири молияи Тоҷикистон дар бораи будҷаи давлатӣ барои соли 2019 ва ҳамчунин таҳияи нишондиҳандаҳои будҷаи давлатӣ барои солҳои 2020-2022 гузориш додааст. Ҳамчунин вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода роҷеъ ба масълаҳои марбут ба иқтисоди кишвар, гузориш ироа кардааст. Аъзои ҳукумат дар ин нишаст шуморе аз лоиҳаҳои қонунҳоро баррасӣ намуда ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол кардаанд.

Дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон инчунин масъалаҳо дар бораи Стратегияи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030, тартиби додани кафолатҳо ба кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок менамоянд баррасӣ шуданд. Қарор шудааст, ки дар кишвар муассисаи давлатии "Бизнес-инкубатори Тоҷикистон" таъсис дода шавад.

Додситонии Ишқобод ҷамъоварии пул аз волидонро барои Соли нав тафтиш дорад

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон мудирони мактаб ва боғчаҳое, ки барои чорабиниҳои солинавӣ аз волидон пул ҷамъ карданд, ба бозпурсӣ даъват мешаванд. Пештар хабар дода шуд, ки дар боғчаҳои пойтахти Туркманистон аз волидон барои таҷлили соли нав 80-манатӣ (ҳудуди 23-долларӣ) талаб доранд.

"Додситонии Ишқобод дар асоси шикояти волидон мудирони мактабу боғчаҳоро ба бозпурсӣ даъват мекунад. Волидон шикоят кардаанд, ки мудирҳо барои чорабиниҳои солинавӣ аз онҳо пул талаб доранд", - хабар додааст "Хроника Туркменистана" бо истинод ба як манбаи худ.

Дар додситонии Ишқобод ба мудирон ҳушдор доданд, ки барои ин амалашон ба онҳо парвандаи ҷиноӣ ё ҳадди ақал маъмурӣ таҳдид мекунад. Мудирони мактабу боғчаҳои ноҳияи "Хитровка" аллакай бозпурсӣ шудаанд. Ба иттилои расонаҳо, дасти кам дар ду боғчаи Ишқобод аз волидон барои туҳфаи солинавӣ 70-манатӣ ва барои даъвати Бобои барфиву наберааш 10-манатӣ талаб шудааст.

Бархе аз волидон ба иллати надоштани пул гуфтанд, ки ба фарзандонашон дар хона туҳфа медиҳанд ё он рӯз кӯдаконро ба боғча намебаранд. Вале мудирони боғчаҳо пешниҳоди волидонро рад карда, гуфтаанд, ки бояд пулро супоранд, чун аз боло фармон шудааст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Марги шубҳабарангеҳи сарбози 20-сола дар Роғун
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:16 0:00
XS
SM
MD
LG