Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҳабиб Нурмагомедов ба мӯҳлати нӯҳ моҳ аз ҳақи ширкат дар бозиҳо маҳрум шуд

Ҳабиб Нурмагомедов

Ҳавер Мендес, мураббии Ҳабиб Нурмагомедов қарори комиссияи аёлати Невадаи Амрико барои муваққат маҳрум кардани ин варзишгар аз иштирок дар мусобиқаҳоро нодуруст хондааст. Дар ин бора ӯ ба оҷонсии ТАСС хабар додааст. Рӯзи сешанбе, 29 январ ин варзишгар барои нӯҳ моҳ аз ҳақи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шуд. Ӯ ба он муттаҳам шуд, ки пас аз пирӯз шудан дар мусобиқаи UFC бо Конор Макгрегор аз ринг ба берун ҷаста бо тарафдорони ҳарифаш задухӯрд кардааст.

Ҳамчунин ин варзишгар ба пардохти 500 ҳазор доллар ҷарима вазифадор шуд. Ҳарифи ӯ Макгрегор барои шаш моҳ аз ҳақи ширкат дар муҳорибаҳои бидуни қоида маҳрум шудааст. Мӯҳлати ин маҳрумият аз 6-уми октябри соли 2018 сар мешавад.

Конор Макгрегор рақиби деринаи Нурмагомедов аст
Конор Макгрегор рақиби деринаи Нурмагомедов аст

“Маҳрум кардан ба чунин мӯҳлат аз рӯи адолат нест. Аҷиб аст, ки рақибашро барои чунин қонуншиканӣ ба мӯҳлати камтар маҳрум карданд,” - гуфт Мендес.

Мурабии Ҳабиб умедворӣ кард, ки дар ин фурсат варзишгар тамрин мекунад ва қавитар ба майдон бармегардад.

Муҳорибаи бидуни қоидаи ду нафар шаби 6-уми октябр дар шаҳри Лас-Вегас дар Амрико сурат гирифт. Рақиби ҷанҷолии ӯ аз Ирландия Конор Макгрегор, ки бо баёниҳои басҳсбарангезаш ном баровардааст, дар даври чаҳоруми рақобат ба фишори сахт ва нафасгиркунандаи Ҳабиб Нурмагомедов, тоб наёвард ва таслим шуд

Ҳалокати 9 нафар дар як садама дар Дарвоз

Дар натиҷаи як садамаи мудҳиш дар қаламрави ноҳияи Дарвоз 9 нафар аз ҷумла чаҳор кӯдаки хурдсол ҳалок шудаанд. Яке аз шоҳидони ҳодиса рӯзи 29-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, садама дар қаламрави деҳаи Вишхарв рух додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ронандаи мошини "Опел-Зефира" ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадааст ва мошин ба дарёи Панҷ афтодааст.

Дар Раёсати умури дохилии вилояти Бадахшон вуқуи фалокатро тасдиқ карда гуфтанд, ки гуруҳи кормандони милиса ба маҳалли ҳодиса рафтаанд ва таҳқиқ шуруъ шудааст.

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадҳои қурбониёнро аз рӯдхона бароварда, ба рустои Курговади Дарвоз интиқол додаанд.

"Опел-Зефира" мошини сабукрав буда, барои 7 мусофир ҷой дорад.

Порошенко барои давраи дуюм довталаби курсии президентӣ шуд

Сӯҳбати Петр Порошенко дар назди тарафдоронаш. 29 январ, 2019

Президенти Украина Петр Порошенко рӯзи сешанбе аз пешбарии номзадиаш ба давраи дуюми президентӣ хабар дод.

Ӯ дар форуми "Аз Крут то Брюссел" суханронӣ кард. Манзур даргирии Крут аст, ки 101 сол пеш дастаҳои украинӣ ба болшевикҳо муқовимат карда буданд.

Президенти Украина ваъда дод, ки дар сурати интихоб шуданаш соли 2024 барои вуруди Украина ба Иттиҳоди Аврупо расман ариза медиҳад.

Ба гуфтаи Порошенко, ӯ ба даври нави раёсат меравад, то таъғирнопазирии масири кишвар ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО-ро таъмин кунад.

Ӯ ба ин бовар аст, ки кишвараш дар баробари Русия ба "сулҳи сард" ниёз дорад, ки шарташ эътирофи якпорчагии Украина аз ҷониби Маскав ва ҳақи Украина ба ҳаракат дар ҷодаи худ аст.

Петр Порошенко ҳамчунин аз рақибонаш, аз ҷумла Юлия Тимошенко интиқод ва онҳоро ба президенти популисти Венесуэла Николас Мадуро монанд кард, ки ҳукуматаш бинобар буҳрони амиқи сиёсӣ ва иқтисодӣ таҳти шубҳа қарор гирифт.

Бинобар назарпурсиҳо президенти феълӣ аз номзадҳои мавриди алоқа нест. Дар ин пурсишҳо Юлия Тимошенко пешсаф аст ва дар ҷойи дуюм ҳаҷвнигор Владимир Зеленский қарор дорад. Порошенко дар ҷойи сеюм ё чаҳорум аз пуштибонии ҳудудан 10 дар сади райъдиҳандагон бархурдор аст.

Бинобар назарсанҷии Пажуҳишгоҳи сотсиологии Киев, ки рӯзи сешанбе пахш шуд, 70 дар сад ба Порошенко эътимод надоранд ва танҳо 16 дар сад аз аз ӯ тарафдорӣ мекунанд.

Ҳамсари Зайнобиддинов: шиканҷа шудани ҳамсарамро такзиб накардаам

Ҳусниддин Зайнобиддинов

Кумитаи тафтишоти вилояти Челябинск хабарҳо оиди шиканҷа шудани шаҳрванди 29-солаи Қирғизистон Ҳусниддин Зайнобиддиновро, ки дар робита ба таркиши бинои истиқоматии Магнитогорск боздошт шуда буд, таҳқиқ мекунад.

Тафтишот ҳамзамон мегӯяд, ки худи ҷабрдида ва ҳамсари ӯ "истифодаи нерӯ аз ҷониби пулисро қотеона рад мекунанд". Дар ин бора додситони вилояти Челябинск Виталий Лопин ба сомонаи Znak.com рӯзи 29 январ хабар дод. Ӯ ҳамзамон тасдиқ кард, ки "дар бадани ин мард осеби ҷисмонӣ мушоҳида мешавад".

Нашрияи "Новая Газета" бо Ҳалимахон - ҳамсари Ҳусниддин Зайнобиддинов дар тамос шуд. Ӯ гуфт, ки ҳеҷ гоҳ аз суханони қаблиаш, ки шавҳараш шиканҷа шуд, даст накишидааст. Ба гуфти ин зан, ҳамсараш кормандони пулисро дар шиканҷа айбдор накарда буд, ӯ аз ходимони ФСБ - Хадамоти амнияти федеролии Русия шикоят кард.

Дар бораи боздошти ҳамсараш аз тарафи ходимони пулис ва шиканҷа шудани ӯ Ҳалимахон ҳафтаи гузашта ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

Сокини 29-солаи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон Ҳусниддин Зайнобиддинов яке аз онҳоест, ки дар натиҷаи рейдҳои баъди таркиши бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск боздошт шуд. Ин шаҳрванди Қирғизистон ба ҳамсараш гуфт, ки пулис дар робита ба таркиши бино аз ӯ гумонбар шудааст ва аз ӯ дар бораи соҳибони аксҳо нишондод талаб кард. Ба гуфтаи Зайнобиддинов, ходимони пулис ба бадани ӯ барқ монданд ва латтукӯб карданд. Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Русия гуфт, ки Зайнобиддинов дар робита ба таркиш пурсуҷӯ нашуда буд, аммо мавриди шиканҷа қарор гирифтани ӯро шарҳ надод.

Аммо Ҳалимахон мегӯяд, "вақте дар бинои пулис бо ӯ мулоқот кардам, сару рӯяш сиёҳу чашмонаш сурх буд ва дар биниаш осори латтукӯб дида мешуд. Ҳусниддин гуфт, ӯро дар шуъбаи пулис шаш соат шиканҷа карданд. Ба гӯшу сараш барқ мондаанд. Ӯ аз ҳуш рафтааст". Ба гуфтаи ӯ, шавҳарашро маҷбур кардаанд, ки айбномаи сохтаро ба гардан бигирад.

Ҳусниддин Зайнобиддинов дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии рақами 2-и шаҳри Магнитогорск қарор дошта, рӯзҳои наздик аз Русия ба Қирғизистон истирдод хоҳад шуд.

Лавров: Русия барои пуштибонӣ аз Мадуро тамоми талошашро ба харҷ медиҳад

Николас Мадуро ва Владимир Путин дар мулоқоти Маскав

Вазорати умури хориҷии Русия таҳримҳои ИМА алайҳи PDVSA -ширкати газу нафти Венесуэларо шадидан маҳкум кард.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ин таҳримҳоро "ғайриқонунӣ" ва "бадбинона" эълон кард. Ба гуфтаи Лавров "Русия барои пуштибонӣ аз президенти Венесуэла Мадуро тамоми талошашро ба харҷ хоҳад дод". Русия ба фарқ аз ИМА Мадуроро раҳбари қонунии Венесуэла мешуморад. Лавров Амрикоро ба омодагӣ барои сарнагун кардани Мадуро муттаҳам кард.

Баҳои ба ин монанд аз забони сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков низ садо дод.

Қаблан вазири молияи Русия Сейргей Сторчак гуфт, ки баъди ҷори шудани таҳримҳои ИМА масъалаи бозгардони қарзи ин кишвар ба Русия мушкил хоҳад шуд. Ба гуфтаи Сторчак, Венесуэла баъди ду моҳ бояд ба Русия 100 миллион доллар диҳад. Ба гуфтаи вазир, Каракас дар пардохти қарз то ҳол таъхир накардааст.

Аз соли 2006 Русия ба Венесуэла 17 миллиард доллар қарз додааст.

Ахиран ИМА алайҳи ширкати давлатии газу нафти Венесуэла таҳрим ҷорӣ кард ва дороиҳои ин ширкат ба маблағи 7 миллиард долларро масдуд кард.

Вазорати молияи ИМА мегӯяд, таҳримҳо танҳо дар ҳоле лағв мешаванд, ки агар ширкати давлатии газу нафт таҳти назорати Хуан Гуайдо гузарад, ки худро президенти муваққати ин кишвар эълон кардааст.

Хуан Гуайдо - раҳбари Ассамблеяи миллӣ - ҳафтаи гузашта худро раҳбари муваққатии Венесуэла эълон кард ва Мадуроро ғосиб номид. ИМА, Канада ва аксар давлатҳои Амрикои Лотинӣ ӯро эътироф карданд. Русия, Чин, Туркия ва як идда кишварҳои дигар аз Мадуро пуштибонӣ мекунанд. Мадуро ҳамчунин аз пуштибонии генералҳои кишвараш бархӯрдор аст.

Николас Мадуро қудратро дар Венесуэла соли 2013 ба даст овард. Он замон ӯ дар интихоботе пирӯз шуд, ки пас аз марги раҳбари пешини ин кишвар Уго Чавес сурат гирифт. Мадуро барои риоя накардани меъёрҳои демократӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон танқид мешавад.

Венесуэла ба буҳрони шадиди иқтисодӣ гирифтор аст. Соли 2018 нишондиҳандаи таваррум дар кишвар аз хатти миллион дар сад гузашт. Се миллион нафар кишварро тарк кард.

Bellingcat: Итолиё ба Туркманистон ба маблағи €257 млн аслиҳа фурӯхт

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Туркманистон аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) аслиҳаи зиёде мехарад. Бино ба натоиҷи пажӯҳиши гуруҳи Bellingcat, бештари силоҳҳо аз Итолиё харидорӣ мешаванд.

Кишварҳои ИА соли 2008 мавқеи ягонаеро қабул карданд, ки ба давлатҳои саркӯбгар силоҳ намефурӯшанд. Ба ҷуз ин, қонунгузории Итолиё содирот ва интиқоли силоҳро ба воситаи кишварҳое манъ мекунад, ки ҳукумати онҳо дар нақзи конвенсияи байналмилалии ҳуқуқи инсон айбдор аст.

Ин ҳарду санад ба Туркманистон дахл дошт, чун ҳукумати он назарҳои алтернативии сиёсӣ ва озодии диниро сахт маҳдуд карда, дастрасии сокинонро ба иттилоъ шадидан назорат мекунад.

Бино ба гузориши солонаи ИА, Туркманистон аз соли 2007 то 2017 аз кишварҳои иттиҳод ба маблағи 370 миллион евро силоҳ харидааст, ки 76 дарсади онҳоро (257 млн доллар) Итолиё интиқол додааст.

Бештари кишварҳои ИА маълумот дар бораи содироти силоҳи худро ошкоро нашр мекунанд. Вале Итолиё маълумотро пинҳон медорад ва бинобар ин, пажӯҳиш мушкил буда, муайян кардани рақамҳои солона номумкин аст.

Кишварҳои ИА бештар туфанги ARX-160 содир кардаанд, ки онро дар роҳпаймоии низомии моҳи сентябри соли 2018 дар Туркманистон дидан мумкин буд. Туркманистон соли 2017 ба маблағи 528 ҳазор евро туфанг харидааст.

Остона: аз 300 қазоқистонӣ дар Сурия 100 тан ҷангҷӯ ҳастанд

Дастаҳои Курд дар Сурия

Дар минтақаҳои ҷангии Сурия бештар аз 300 шаҳрванди Қазоқистон ҳузур дорад, ки наздики 100 танашон ҷангҷӯ ҳастанд.

Дар ин бора Нургалӣ Билисбеков, раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 29 январ дар як ҷаласаи порлумонии он кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар байни онҳо занҳо низ ҳузур доранд.

"Занҳо асосан аз паси шавҳарҳояшон ба он ҷо мераванд. Аммо занҳое ҳам ҳастанд, ки дар Қазоқистон парвандаи ҷиноӣ доштанд. Дар сурати ба ватан баргаштанашон мо онҳоро ба ҷавобгарӣ ҷалб мекунем", - гуфт муовини раис.

Ба иттилои ин мақоми амниятӣ, "бо назардошти вазъ дар минтақаҳои ҷангии Сурия, Ироқ, Афғонистон ва минтақа" барои Қазоқистон хатарҳои мушаххасе мавҷуд аст.

"Мутаассифона, мо дар меҳвари манфиатҳои созмонҳои байналхалқии террористӣ қарор дорем. Дар ин бора боздошти гуруҳе шаҳодат медиҳад, ки ибтидои моҳи январ дар Алмато ифшо шуд. Ба онҳо амалан аз хориҷ дастур медоданд, ки дар ҳудуди Қазоқистон чи амалҳоеро анҷом диҳанд. Ҳадафашон фаҳмо - барҳам задани оромӣ ва ташкили бетартибӣ", - гуфт Билисбеков.

Пештар аз ин мақомоти Қазоқистон дар бораи аз Сурия берун овардани 47 қазоқистонӣ хабар доданд.

Додситон барои раҳбарони пешини хадамоти амният ҳабси абад талаб кард

Айбдоркунандаи давлатӣ 21 январ барои генерали пешини Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон (Хадамоти амнияти миллии пешин ё СНБ) Ҳаёт Шарифхоҷаев ҳабси якумрӣ талаб кард. Парвандаи Шарифхоҷаевро додгоҳи низомии Узбекистон пушти дарҳои баста баррасӣ мекунад.

Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти адлияи Узбекистон, Шарифхоҷаеви 52-сола дар анҷоми як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла "сӯиистифода аз мақом, ташкили гуруҳи ҷиноӣ, шиканҷа ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани афроди бегуноҳ" айбдор мешавад.

Сардори хадамоти таъмини амнияти ҳайати шахсии СНБ Узбекистон Шарифхоҷаев 30 марти соли гузашта дар асоси баёноти сардори пешини Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои молӣ, андоз ва пулшӯии ноҳияи Чилонзори ин кишвар Зиёдулло Иногамов боздошт шуд.

Он рӯз манзили зисти ӯ дар ноҳияи Мирзоулуғбеки шаҳри Тошканд ва хонаи ҳамсари пешинаш дар маҳаллаи "Бешагач" кофтукоб шуданд. Тайи чаҳор соли ахир ин бори дувум буд, ки Шарифхоҷаевро дастгир мекунанд.

Баҳори соли 2015 зидди ӯ бо ҷурми фасодкорӣ ва азхудкунии пулҳои буҷаи давлат парванда боз шуда буд. Манобеъ он замон хабар доданд, ки генералро боздошт карданд. Вале ӯ чӣ гуна озод шуд, маълум нест.

Ба гуфтаи манобеъ, генерал Шарифхоҷаев ва бародари хурдиаш полковники амният Ҷавдат Шарифхоҷаев "маъракаи роҳандозишуда" зидди духтари калонии президенти пешини Узбекистон Гулнора Каримоваро раҳбарӣ мекарданд. Каримова моҳи декабри соли 2013 дар суҳбат бо нашрияи туркии "Ҳуррият" гуфт, бародарон Шарифхоҷаевҳо дар фасодкорӣ даст доранд.

Дертар Каримова бо нашрияи швейтсарии Bilan дар бораи фасодкории Ҳаёт Шарифхоҷаев муфассалтар суҳбат кард. Шарифхоҷаев он замон муовини раиси СНБ Узбекистон Рустам Иноятов буд.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз кушта шудани 35 нафар дар эътирозҳои Венесуэла хабар доданд

Шумори қурбониён дар эътирозҳои зидди президенти Венесуэла Николас Мадуро дар давоми як ҳафта ба 35 тан расид. Эътирозгарон ва чанде аз кишварҳои хориҷӣ қонунӣ будани ҳукумати Мадуроро эътироф намекунанд.

Дар бораи марги эътирозгарон хабаргузории AFP бо такя ба роҳбари барномаҳои таҳсилот ва амал дар умури ҳуқуқи инсон хабар медиҳад. Ба иттилои созмони Foro Penal, 850 каси дигар ҳабс шудааст.

Мавҷи нави эътирозҳо дар Венесуэла моҳи ҷорӣ шуруъ шуд. 21 январ мақомоти Венесуэла дар бораи пахши табаддулоти низомӣ хабар доданд. Ходимони Гвардияи миллӣ талош карданд, ки аз эътирозҳо ҳимоят кунанд, аммо дар баробари неруҳои содиқ ба Мадуро таслим шудаанд. Боздошти ходимони гвардияи миллӣ эътирозҳои навро ба вуҷуд овард. 23 январ сардори Ассамблеи миллии Венесуэла Хуан Гуайдо дар пайи буҳрони конститутсиониву иқтисодӣ худро президенти муваққат эълон ва дар ҳузури эътирозгарон дар шаҳри Каракас савганд ёд кард.

Гуайдо гуфт, президент Николас Мадуро, ки моҳи майи соли 2018 аз пирӯзиаш дар интихобот хабар дода буд, дигар қодир нест, уҳдадориҳояшро ба ҳайси роҳбари давлатӣ иҷро кунад. Гуайдо ваъдаи баргузории интихоботи ғайринавбатиро дод. Қариб ҳамаи кишварҳои Амрикои Лотинӣ ӯро президенти муваққат эътироф карданд. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳам гуфтанд, дар сурати баргузор нашудани интихоботи қарибулвуқуи ғайринавбатӣ Гуайдоро президенти Венесуэла эътироф хоҳанд кард.

Дар айни ҳол бештари мансабдорони баландпоя ва низомиён ба Мадуро содиқ мондаанд. Гуайдо дар мусоҳибааш бо Washington Post гуфт, ҷонибдоронаш бо низомиёни Венесуэла гуфтугӯ доранд.

Дар Душанбе "Маркази байналмилалии намоишгоҳӣ" бунёд мешавад

Дар шаҳри Душанбе Маркази байналмиллалии намоишгоҳӣ сохта мешавад, ки аз 22 табақа иборат хоҳад буд. Дар ин бора 29-уми январ дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ин марказ аз 22 ошёна ва ду намоишгоҳи бузург иборат буда, дар табақаҳои дигар дафтарҳои ширкатҳову созмонҳои хориҷӣ ҷой дода мешаванд. Ҳамчунин меҳмонхона барои меҳмонони ин марказ ва таъсисоти фароғатӣ бунёд хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Ҷамшед Аҳмадзода, қарор аст ин марказ дар рӯбарӯи автовокзали шаҳри Душанбе сохта шавад ва барои сохтмони ин марказ ҳудуди 5 гектар замин ҷудо карда шудааст.

Ҷаноби Аҳмадзода афзуд, ки тибқи лоиҳаи пешакӣ барои сохтмони ин марказ 200 миллион сомонӣ зарур аст ва ширкатҳои чиниву ҳиндӣ барои сармоягузории ин тарҳ изҳори омодагӣ кардаанд. Феълан музокирот барои интихоби як ширкате барои сармоягузорӣ ва иҷрои тарҳи сохтмони Маркази байналмиллалии намоишгоҳӣ идома дорад.

Амрико ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон таҷҳизоти амниятӣ дод

Дар маросими таслими ин таҷҳизот Саймумин Ятимов, раиси КДАМ ва Кевин Коверт, Кордори сафорати ИМА, иштирок доштанд.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,8 миллион доллар, таҳҷизоти амниятӣ тақдим кард. Тибқи иттилои Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ин таҷҳизот субҳи 29-уми январ ба мақомоти тоҷик таслим карда шуд. Дар маросими таслими ин таҷҳизот Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Кевин Коверт, Кордори сафорати ИМА дар Душанбе иштирок кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, ки таҷҳизоти сенсории назорати заминӣ барои тақвият додани иқтидори нерӯҳои барои назорати доимии қисмҳои марзие, ки таввассути посдории маъмулӣ имконнопазиранд, мусоидат хоҳад намуд. Ин усули назорати марзҳо барои фарогирии мунтазами қитъаҳои сарҳадии дастнорас ва дорои шароити мураккаб, мувофиқ мебошад.

Амрико давоми 27 соли ахир ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллар кӯмак кардааст. Давлати Амрико дар бунёду бозсозии дидбонгоҳҳои марзӣ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон саҳм гирифта ва ба нерӯҳои низомӣ таҷҳизоти фаннӣ, техника ва воситаҳои нақлиёт додааст. Ба гуфтаи масъулони Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар чанд соли ахир Амрико барои сохтмону таъмири дидбонгоҳҳо ва омӯзиши афсарони марзбон миллионҳо доллар харҷ кардааст.

Душанбеву Вашингтон дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои амниятию низомӣ аз чанд сол ба ин тараф барномаҳои “Мубориза бо терроризм”, “Маблағгузории низомии хориҷӣ”, “Таҳсилот ва бозомӯзии байналмилалии низомӣ”, “Ҳамкорӣ барои сулҳ” ва ғайраро пиёда мекунанд.

Додситонӣ аз боздошти 4 масъули тарҳи "Манзили дастрас" хабар дод

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, қазияи тарҳи "Манзили дастрас"-ро Раёсати парвандаҳои муҳими додситонӣ зери назорат гирифта, чаҳор нафар боздошт шудаанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 29-уми январ дар ҳузури хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ин чаҳор нафар онҳое мебошанд, ки даст ба фиреби муштариёни тарҳи "Манзили дастрас" задаанд. Додситони кулл, аз ҷумла гуфт, аз як нафар боздошшуда 500 ҳазор сомонӣ рӯёнда ва аз дигарӣ 4 адад техника гирифта шуд.

Юсуф Раҳмон афзуд, тафтиши қазияи мазкур идома дорад ва талош доранд зарари расондашуда ба ин тарҳ рӯёнда шавад. Додситонии кулл аз мардум тақозо кард, ки ҳангоми маблағгузорӣ ба тарҳҳои сохтмонӣ танҳо тариқи роҳҳои қонунӣ маблағ истифода баранд.

Ҳарчанд Додситони кулл аз чаҳор нафари боздошшуда ном набурд, аммо тибқи иттилои қаблӣ Нурулло Наимов, раҳбари собиқи тарҳи "Манзили дастрас" яке аз боздошшудаҳо мебошад. Масъулини "Манзили дастрас” мегӯянд, ҳоло ҳудуди 80 дарсади корҳо дар ин тарҳҳо иҷро шудааст ва талош мекунанд, ҳар чӣ зудтар хонаҳо дастрасӣ соҳибонашон гарданд.

Сохтмони хонаҳои "Манзили дастрас" дар Душанбе соли 2013 шурӯъ шуда, қарор буд, моҳи сентябри соли 2015 нахустин соҳибони худро пайдо намояд. Собиқ шаҳрдори Душанбе бо пиёда кардани ин лоиҳа мехост, аҳли фарҳангу ҳунар, омӯзгорону табибон ва дар маҷмӯъ кормандони буҷетӣ бо манзили арзон таъмин шаванд.

Нафароне, ки то ин вақт дар шаҳри Душанбе иҷоранишин буданд ва орзуи соҳиб шудан ба хонаи худро доштанд, дар ин тарҳ роҳи ҳалли мушкили худро медиданд, вале дар панҷ соли гузашта бо мушкили зиёдтаре рӯ ба рӯ шуданд.

Мураббии боғча кӯдаконро мебаст ва даҳонашонро бо "скотч" ширеш мекард

Бинои Кумитаи тафтишоти Русия

Кумитаи тафтишоти Русия ба таҳқиқи шикоятҳое оғоз кард, ки мураббии боғчаи кӯдакон дар Сибир кӯдаконро мебаст ва даҳони онҳоро бо лентаи ширешдор ё скотч маҳкам мекард.

Кумитаи тафтишот рӯзи 28 январ дар як изҳорот гуфт, ки таҳқиқи ибтидоии гузориши гӯё зӯроварӣ ба кӯдакон дар боғчаи бачагонаи Омскро оғоз кардааст. Ин ниҳод гуфт, гузоришҳои матбуотӣ ва шарҳҳои интернетӣ мегӯянд, ки гӯё як муаллима дар боғчаи бачагон кӯдаконро мебаст ва даҳонашонро бо "скотч" маҳкам мекард.

Гузоришҳои матбуотӣ аз шарҳ дар шабакаи иҷтимоии ВКонтакте маншаъ мегиранд, ки дар он ҷо яке аз волидон муаллимаро ба ин амалҳо муттаҳам кардааст.

Мақомоти шаҳри Омск рӯзи 28 январ гуфтанд, муаллимае, ки номаш дар баҳсҳо зикр шуд, боғчаи бачаҳоро тарк кард ва аз 25 январ ба ин тараф дар онҷо кор намекунад.

Ба думболи дархости яке аз волидон раҳбари боғча комиссия тартиб дод ва иттиҳомро санҷид,- гуфт маъмурияти шаҳри Омск.

Соли гузашта ду боғчаи кӯдакон дар Аскрахан ва Саратов дар робита ба иттиҳоми зуроварӣ ба бачаҳо мавриди санҷиш қарор гирифт.

Тоҷикистон миллиардҳо киловат нерӯи барқ фурӯхтааст

Мақомоти Вазорати энержӣ ва захираҳои об мегӯянд, содироти барқ ба хориҷи кишвар дар соли гузашта беш аз як миллард киловат соат афзоиш ёфтааст.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷа 2 милларду 406 миллион киловатт соат ба хориҷа барқ интиқол додааст, ки нисбат ба як соли пеш 1 милларду 138,7 млн киловатт соат зиёд аст.

Ба қавли ҷаноби Усмонзода, харидорони асосии нерӯи барқи Тоҷикистон дар соли гузашта Афғонистон ва Узбекистон будааст. Тибқи омори вазири энержӣ, дар соли гузашта аз Тоҷикистон ба Афғонистон беш аз 966 миллион киловат соат ва ба Узбекистон қариб 1,5 миллард киловат соат барқ интиқол ёфтааст.

Усмоналӣ Усмонзода ҳамчунин гуфт, нерӯгоҳи барқии обии "Роғун" давоми ду моҳи аввали кор беш аз 90 миллион киловат соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст. Вазири энержӣ афзуд, Тоҷикистон аз ҳисоби содироти барқ ба хориҷа 626 миллион сомонӣ, муодили 66 миллион доллар маблағ ба даст овардааст.

Зиндониҳоро аз Душанбе ба дигар ҷой мебаранд

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ба зудӣ зиндониҳоро аз маҳбасҳои пойтахт ба шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ мекӯчонанд.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, «ин ба маъное нест, ки зиндониҳо зиёд шудаанд, балки ҳадаф ба пуррагӣ кӯчондани маҳбасҳо аз шаҳри Душанбе ба ноҳияҳои атроф аст».

Ба иттилои вазири адлия, зиндони нав дар шаҳри Ваҳдат бо 50 миллион сомонӣ, муодили беш аз 5 миллион доллар, сохта шудааст. Интизор меравад, теъдоде аз зиндониҳои Душанбе имсол ба онҷо баранд.

Аммо ӯ гуфт, сохтмони зиндони нав дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳанӯз оғоз нашудааст. Ин зиндон асосан барои нигаҳдории маҳбусони якумрӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Тоҷикистон 12 ҳазор нафар адои ҷазо мекунанд. Мақомот мегӯянд, аксари ин афрод барои дуздиву куштор, қочоқи маводи мухаддир, пайравӣ аз ҷараёнҳои мамнӯи мазҳабӣ ва терроризм айбдор ҳастанд.

Дар гузашта созмонҳои байналмилалӣ гуфта буданд, дар зиндонҳои Тоҷикистон афроде низ нигаҳдорӣ мешаванд, ки бо ангезаҳои сиёсӣ маҳкум шудаанд.

ДИИШ масъулияти таркиш дар калисои Филиппинро бар дӯш гирифт

Филиппиниҳо ба Попи Рум Франсиск гӯш медиҳанд

Ҷангиёни марбут ба гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" масъулияти бомбагузории клисое воқеъ дар ҷазираи шимолии Филиппин ва ҳамла ба пойгоҳи низомии Нигерияро бар дӯш гирифтанд.

Ин гурӯҳи мусаллаҳ рӯзи 27 январ дар як изҳорот иддао кард, ки ду бомбагузор маводи мунафаҷираро субҳ дар калисои ҷомеъи Ҷоло - истеҳкоми ҷангиёни исломӣ, 1,000 километрии пойтахт Манила ба кор даровард. Аксари бошандагони ин ҷазира насронӣ ҳастанд.

Дар таркиш дастикам 20 нафар кушта ва 80 нафар маҷруҳ шуд. Як инфиҷор ҳангоми намозгузорӣ дар калисо ва дуввум дар тавқифгоҳи мошинҳо рух дод.

Раҳбари пулиси минтақавӣ гуфт, ки 14 шаҳрванди мулкӣ ва шаш сарбози амниятӣ кушта шуд.

Ҷазираи Ҷоло дербоз ба хушунат гирифтор аст ва гурӯҳи "Абу Сайёф" дар ташкили ин хушунатҳо муттаҳам мешавад. Филиппин ва ИМА "Абу Сайёф"-ро ин гурӯҳи террористӣ эълон кардаанд.

ДИИШ ҳамчунин иддао кард, ки дар ҳамлаи рӯзи 26 январ 30 сарбози артиши Нигерияро дар деҳкадаи Логомани, аёлати Борно қурбон кард.

Аммо сухангӯи нерӯҳои Нигерия ин иддаоро рад кард ва гуфт, ки ҳамлаи шӯришгарон ба Логомани пас гардонда шуд, чанд сарбози захмӣ шуд, вале хисороти ҷонӣ вуҷуд надорад.

Вазорат: "Созмонҳо аз хориҷ 750 миллион сомонӣ гирифтаанд"

Созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар Тоҷикистон аз хориҷи кишвар 750 миллион сомонӣ "грант" ё кумаки билоиваз гирифтаанд. Ин рақам дар соли гузашта ба 855 миллион сомонӣ баробар буд.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, грантҳоро асосан созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дарёфт кардаанд. Ба иттилои вазири адлия, дар кишвар беш аз 1700 созмони ғайриҳукуматӣ фаъол аст.

"Ҳудуди 58 миллион доллари грантҳо бо доллари амрикоӣ, тақрибан 8 миллион бо евро, наздики 8 миллион бо рубл, 2,5 миллион бо фунт стерлинг, 6,5 миллион бо франки швейтсарӣ ва ҳамчунин 78 миллион бо сомонӣ дастрас шудааст", - афзуд ӯ.

Вазири адлияи Тоҷикистон, инчунин, гуфт, дар соли 2018 беш аз 180 иттиҳодияи ҷамъиятиро сабтином карда, ба 85 ариза ҷавоби рад додааст. Рустами Шоҳмурод гуфт, "ҳолатҳое ҳаст, ки ҳуҷҷати онҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Ба ҳар яке аз ин созмонҳо далели ҷавоби радро нишон медиҳем. Аксари онҳо баъди дуруст кардани ҳуҷҷатҳо дубора сабти ном шуданд."

Вазорати адлияи Тоҷикистон се сол пеш созмонҳоро муваззаф намуд, ки ҳамагуна даромад ва маблағҳои гирифтаашон аз хориҷро ба мақомот гузориш бидиҳанд.

Ҳарчанд ин пешниҳод боис ба нигаронии созмонҳо шуд ва онро ҳамчун фишор маънидод карданд, ҳукумат онро шаффофият ва танзими кори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ номид.

Додгоҳи олӣ ҳукми писари генерали тоҷикро бетағйир гузошт

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми писари генерали тоҷикро бетағйир гузошт, ки барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи 28-уми январ аз қавли хешовандони Моҳира Ятимова, ҳамсари собиқи Бобоҷон Ширинзода хабар дод.

Аҳлиддин Ятимов, падари Моҳира Ятимова, субҳи рӯзи 28-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, коллегияи Додгоҳи олӣ оид ба парвандаҳои махсусан вазнин шикояти наздикони Бобоҷон Ширинзодаро баррасӣ кард ва бетағйир гузошт. Вай гуфт, ҳукми додгоҳ рӯзи 15-уми январ содир шудааст ва ӯ рӯзи душанбе хулосаи додгоҳро дарёфт кардааст.

Хешовандони духтар гуфтаанд, ки Додгоҳи олӣ ҳукми додгоҳи поёниро дуруст ва одилона шуморида ва онро бетағйир гузоштааст. Бобоҷон Ширинзодаро додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 1-уми ноябри соли 2018 барои қатли бераҳмонаи ҳамсар дар пеши чашмони фарзандонаш ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

Вакилони дифои Ширинзода мегуфтанд, ки ҷазо бисёр сахт аст, чун “ҷавони 33-сола ҳамсарашро зери шиддати равонии зиёд ва ё аффект” куштааст. Бобоҷон Ширинзода, фарзанди генерал Раҷабалӣ Ширинов, муовини собиқи раиси Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аст.

Ӯ баъди қатли занаш дар моҳи июн дастгир шуд. Бобоҷон Ширинзода ҳамсарашро, ки барои дидани ду фарзандаш омада буд, шоми 6-уми июн дар пеши чашми онҳо бо 13 зарби корд куштааст. Хешованди Моҳира Ятимова мегӯянд, Бобоҷон Ширинзода пайваста ҳамсарашро латту кӯб карда ва азоб медодааст.

"Шолҳои қирмиз" дар Фаронса "ҷомазардҳо"-ро ба чолиш кашид

Намоиши эътирозии "рӯсариҳои қирмиз". 27 январ, 2019

Дар Порис аввалин тазоҳуроти хиёбонии ҷумбиши "шолҳои қирмиз" баргузор шуд. Ба ин ҷумбиш онҳое шомил шуданд, ки ба арзишҳои ҷумҳурихоҳӣ арҷ мегузоранд ва зуровариеро, ки вақтҳои ахир тазоҳуроти ба истилоҳ "ҷомазардҳо" ба думбол дошт, рад мекунанд. Ҳарду ҳам "ҷомазардҳо" ва ҳам "шолҳои қирмиз" дар интернет тавлид шуданд ва хусусияти шабакавӣ доранд. Ташкилкунандагони ин ҷумбишҳо мегӯянд, ки бо ҳеҷ нерӯи сиёсӣ робита надоранд, аммо бисёр фаъолон гуфтанд, аз сиёсати президенти феълӣ Эммануэл Макрон пуштибонӣ мекунанд.

Дар эътрози "Не ба инқилоб, бале ба демократия", ба маълумоти пулис беш аз 10 ҳазор нафар иштирок кард. Ҷумбиши "ҷомазардҳо" охири ҳафта дубора тазоҳурот доир кард.

Дар ин эътирозҳо боз бо пулис задухурд сурат гирифт. Яке аз раҳбарони ҷумбиш Жером Родригес захм бардошт. Гуфта мешавад, эҳтимол Родригес аз як чашмаш, ки аз тири резинӣ осеб дид, маҳрум шавад.

Жером Родригес
Жером Родригес

Пулис ҳодисаро бозҷӯӣ мекунад. Рӯзи шанбе ба сурати умум наздик ба 70 ҳазор иштирокчии эътирози "ҷомхзардҳо" ба кӯчаҳои Фаронса баромад.

Ҷумбиши "ҷомазардҳо", ки ҳамчун эътироз алайҳи боло рафтани таруфаи маводи сухт ба майдон баромад, ҳоло рақибони масири сиёсии мақомоти Фаронса - аз ҳад чапгаро ва аз ҳад ростгароҳоро баҳам овардааст. Онҳо маъмулан рӯзи шанбе тазоҳурот баргузор мекунанд.

Кумитаи рушди сайёҳии Узбекистон ҳудуди 500 ҳоҷатхона бунёд кард

Узбекистон - ҳоҷатхонаи шаҳрӣ

Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Узбекистон мегӯяд, соли гузашта дар ин кишвар 462 ҳоҷатхонаи нави умумӣ бунёд шуд.

Ба маълумоти кумита, соҳибкорон пас аз дарёфти паёмак дар бораи аз андоз озод шудани бунёдкунандагони ҳоҷатхонаҳои умумӣ 50 ҳоҷатхона сохтанд. Ҷамъан, дар соли 2018 ҳудуди 500 ҳоҷатхона бунёд шуд.

Бар асоси қарори ҳукумати Узбекистон дар бораи рушди сайёҳӣ, соли 2018 ба соҳибкороне, ки ҳоҷатхонаҳои умумӣ сохтанд, аз нигоҳи андоз имтиёзҳои зиёд дода шуд.

Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Узбекистон моҳи сентябри соли гузашта бо ирсоли паёмакҳо шаҳрвандони ин кишварро аз имтиёзҳои мазкур огаҳ кард, ки онро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва блогнависони узбек ба масхара кашиданд.

Кумита ҳамчунин гуфт, моҳи октябри соли 2018 барномаи мобилии UzFinder-ро роҳандозӣ мекунад, ки ба сайёҳон дар пайдо кардани наздиктарин ҳоҷатхона кумак мерасонд. Ин барнома ҳамчунин ба ҷаҳонгардон наздиктарин фурӯшгоҳи ғизо, меҳмонсаро ва ҷойҳои дигарро нишон медиҳад.

Бино ба омори расмӣ, соли 2018 аз Убекистон 5 миллион сайёҳ боздид кард, ки назар ба соли 2017 ду баробар бештар аст.

Гумонбари дуздии расми Куинҷӣ боздошт шуд

Архип Куинҷӣ. Ай-Петрӣ, Қрим

Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод, ки гумонбари дуздии тасвири Куинҷӣ "Ай-Петрӣ. Қрим" аз нигористони Третяков боздошт шуд. Расмро ҳам пайдо карданд.

Гумонбар - марди 31 сола аст, ки пештар барои нигаҳдории маводи мухаддир боздошт шуда буд.

"Гумонбар дар шаҳраки Заречии вилояти Москва боздошт шуд. Мард гуфт, расмро дар як бинои навсохт дар ноҳияи Одинтсово пинҳон кардааст. Кормандони пулис расмро пайдо карданд", - хабар дод Ирина Волк, намояндаи вазорати корҳои дохилии Русия.

Хабари дуздида шудани расмро, ки нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дар Вазорати фарҳанг ва Вазорати умури дохилии Русия тасдиқ карданд. Расмро ҳангоми намоишгоҳ дар ҳузури тамошобинон дуздидаанд. Шахси номаълуме дар либоси корманди осорхона расми Куинҷӣ "Ай-Петрӣ. Қрим"-ро гирифта, ғайб задааст.

Дар нигористони Третяков аз моҳи октябр ба ин сӯ намоишгоҳи Архип Куинҷӣ, рассоми нимаи дувуми асри XIX ва аввали асри XX идома дорад. Расми "Ай-Петрӣ" ба Осорхонаи Петербурги Русия таалуқ дошт. Арзиши бимавии тасвир 12 миллион рубл аст. Дар осорхона гуфтанд, ки расмро бима карда буданд.

Ҳаҷми иқтисоди "соягӣ" дар Қирғизистон муайян шуд

Корхонаи дӯзандагӣ дар Қирғизистон

Ҳаҷми иқтисоди Қирғизистон, ки дар соли 2017 аз назорат берун мондааст, 125,2 млрд сом (1,8 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад. Ин рақам баробар ба 23,6%-и Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Қирғизистон аст.

Ба маълумоти Кумитаи омори Қирғизистон, саҳми иқтисоди пинҳонӣ ё ба истилоҳ "соягӣ" дар ММД дар соли 2017 назар ба соли 2016 коҳиш ёфтааст ва он асосан дар бахшҳои савдои яклухту чакана, таъмири мошин ва сохтмон мушоҳида шудааст.

Вазорати иқтисоди Қирғизистон соли 2018 бо дастгирии Бонки аврупоии бозсохт ва рушд ба пажуҳиши ҳаҷми бахшҳои иқтисоди ин кишвар оғоз кард, ки аз назорат берунанд. Коршиносон сабабҳои асосӣ ва миқёси иқтисоди пинҳонӣ ё ба истилоҳ “соягӣ”-ро муайян ва тавсияҳои худро барои коҳиши он пешниҳод мекунанд.

Вазорати иқтисоди Қирғизистон тасмим дорад, дар асоси натиҷаҳои пажуҳиш нақшаи тадбирҳои коҳиши сатҳи иқтисоди аз назорат берунро барои солҳои 2019-2020 таҳия кунад.

Вазорат тасдиқ мекунад, ки ҳаҷми иқтисоди пинҳонӣ дар ин кишвар бузург буда, дар сатҳи баланд боқӣ хоҳад монд.

ИМА аз пешрафт дар гуфтугӯ бо Толибон хабар дод

Залмай Халилзод

Даври ахири гуфтугӯи намояндагони ИМА бо гуруҳи мусаллаҳи Толибон дар робита ба сулҳи Афғонистон назар ба гуфтугӯҳои пешин "комёбтар" буда, ҳангоми баррасии масоили муҳим пешрафти "бузург" ҳосил шудааст.

Ин нуктаро намояндаи махсуси ИМА дар умури Афғонистон Залмай Халилзод дар шарҳи гуфтугӯҳои ду ҷониб дар Қатар баён дошт.

Халилзод гуфт, ҳоло ба Афғонистон меравад, то созишҳои ҳосилшударо бо мақомоти Афғонистон баррасӣ кунад. Аммо ӯ ҳамзамон дар Твиттер навишт, ки ҷонибҳо на дар робита ба ҳамаи масоил ба созиш расидаанд.

Пештар хабаргузориҳои байналмилалӣ бо истинод ба намояндаи Толибон навиштанд, ки ИМА ва гуруҳи Толибон дар мулоқоти Қатар роҷеъ ба ҳалли осоиштаи низои Афғонистон ба созиши муқаддамотӣ расиданд.

Бар пояи созиш, Толибон кафолат хоҳад дод, ки ба гуруҳҳои террористии "ал-Қоида" ва "Давлати исломӣ" иҷозат намедиҳад, аз ҳудуди Афғонистон истифода кунанд. Он ҳамчунин сулҳ, созишнома дар бораи ҳукумати муваққатӣ дар Афғонистон ва бурунрафти нирӯҳои хориҷиро аз ин кишвар дар давоми 18 моҳ пешбинӣ мекунад.

Матни созишнома нашр нашудааст ва намояндагони ИМА низ бандҳои мушаххаси онро шарҳ намедиҳанд.

"Ютэйр" 10 мусофири тоҷикро аз Душанбе ба Маскав набурд

Гурӯҳи 10-нафарии мусофирони хатсайри Душанбе-Москва тариқи ширкати ҳавоии "Ютэйр" субҳи имрӯз натавонистанд ба пойтахти Русия парвоз кунанд. Онҳо аз ширкати русӣ тақозои ҷуброни маънавӣ ва моддӣ барои таъхири парвоз мекунанд. Исҳоқбой Нуров, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз тариқи ин парвоз бояд субҳи имрӯз дар як ҳамоиши илмӣ дар вилояти Москва ширкат кунад, аммо ҳамакнун танҳо имшаб имкон дорад ба пойтахти Русия парвоз кунад.

Вай аз ширкати "Ютэйр" тақозо дорад, ки ӯро дар фурудгоҳ пешвоз гирифта, то маҳалли баргузории ҳамоиш бирасонад. Ҳусейн Усмонов, намояндаи ин ширкати русӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, парвоз накардани гурӯҳи мусофирон ба Москва ба ин сабаб будааст, ки аз Русия ҳавопаймои кӯчактаре ба Душанбе омада, натавонистааст ҳамаи мусофиронро ба Москва интиқол диҳад. Вай ваъда дод, ки ҳамаи шикоятҳои мусофирон аз сӯи раҳбарияти ширкат баррасӣ мешавад.

Сафири нави Амрико ба Душанбе меояд

Сафорати Амрико дар Душанбе хабар дод, ки Марк Поммершайм, сафири тозатаъйини он кишвар ба зудӣ барои иҷрои вазифаҳояш ба Тоҷикистон меояд. Рӯзи дақиқи омадани ӯро эълон накардаанд.

Дар баёнияи сафорат аз рӯзи 27-уми январ омадааст, ки дипломати собиқадорро Доналд Трамп раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида рӯзи 12-уми сентябр ба ин мақом пешниҳод кард ва номзадии ӯ расман рӯзи 7-уми январ тасдиқ шудааст.

Марк Поммершайм аз соли 2015 то соли 2018 муовини сафири Амрико дар Қазоқистон буд. Аз ин пештар дар вазорати умури хориҷии Амрико ба ҳайси як дипломати баландпоя дар умури Қафқоз ва Авруосиё кор кардааст.

Ӯ собиқаи хабарнигорӣ ҳам дорад ва дар дафтари телевизиони Си Эн Эн дар Русия кор кардааст. Соҳиби зан ва се фарзанд аст. Марк Поммершайм ҷойгузини хонум Элизабет Миллард шуд, ки ӯ баъди анҷоми масъулиятҳояш соли 2018 Тоҷикистонро тарк кард.

Ёфтҳои бештар

ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
ҲСДТ бо чӣ умед дар интихобот иштирок мекунад?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Зиндагии Гулбаҳор дар "Кохи яхин"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00
XS
SM
MD
LG